Чаро Саидамир Зуњуров љони худро ба гарав гузошт?

 

Айёме, ки мо сари њокимият омадем, ин ноябри соли 1992 буд. Давлат, њукумат, ин чизњо њама рамзї буданд. Агарчи иљлосияи таќдирсози Хуљанд заминаи њукумати конститутсиониро тарњрезї карда бошад њам, дар асл тарафњо њоло дар сангар, зидди якдигар буданд. Љанги шањрвандї давом мекард. Кушторњо идома доштанд. Доду бедодї дар љомеа њукмфармої дошт. Кулли нафарњое, ки ба њайси роњбар пешбарї мешуданд, бо њар бањона рўирост даст мекашиданд. Яке ба оянда боварї надошт, дигаре аз талвосаи љон Душанберо тарк карда буд. Дар кўчањои Душанбе куштору ѓорат љараён дошт. Сохторњои њифзи њуќуќ ва тартиботи љамъиятї фалаљ гардида буданд. Вазорати корњои дохилї кайњо боз дар низоми бенизомї буд. Суду прокуратура ба ном амал мекарданд.

Дар чунин шароите, ки авзои сиёсиву иљтимоии кишвар  печидаву сангин буд, дар иљлосияи 16 – уми Шўрои Олї бо ризоияти сарвари тозаинтихоби Шўрои Олии љумњурї Эмомалї Рањмон Саидамир Зуњуров ба вазифаи раиси кумитаи амнияти миллї таъин шуд.

Аз рўи ахбороти даќиќе, ки дастраси мо шуда буд, аз љониби гурўњњои манфиатдор  барои дар иљлосия пешнињод кардани рўйхати аъзоёни њукумати нав, лоињаи рўйхати њукумати алтернативї тањия гардида, ба вазифаи раиси кумитаи амнияти миллї шахси дигарро пешбарї кардан мехостанд.

Интихоби Саидамир тасодуфї набуд. Аллакай дар солномаи фаъолияти ў собиќаи бобарори хизматї дар  сохторњои Кумитаи давлатии бехатарии Иттињоди Шўравї ва иљрои маъмурияти хизматї дар Афѓонистон љойи намоён дошт.

Саидамир Зуњуров дар байни роњбарони ба тозагї интихоб шуда нахустин шахсияте буд, ки баъди иљлосия 4 декабр ба Душанбе омад. То ин замон њайати асосии кормандони бехатарї ба амалњои бењисоби фитнаву тањрик ва шурў шаромезињои мухолифин нигоњ накарда, аз худ матонат ва хунсардї зоњир намуда, тавонистанд, ба иѓвову васваса дода нашуда, бошарофона вазифаи касбии худро ба љо оваранд. Чунки бањри аксарияти кулли ходимони маќомоти Кумитаи амнияти миллї таќдири Ватану мардум азиз буд. Онњо њарчї ки аз дасташон меомад, талош меварзиданд, вале вазъияти дилшикастагї дар тамоми маќомоти ќудратї ва њифзи њуќуќ, инчунин фаъолияти созмонњои амнияти давлатї таъсир дошт.

Њарчанд созмонњои амнияти давлатї дар давраи тайёрї ба гузаронидани Сессия ХVI Шўрои Олии љумњурї кор мебурданд, вале дар шањри Душанбе, вилояти Ќурѓонтеппа ва ноњияњои тобеи љумњур онњо аз фаъолият бозмонда ва фалаљ гардида буданд.

Сарфи назар аз ин ходимоне њам буданд, ки мавќеи бетараф доштанд, ё барои тезутунд гардонидани вазъият фаъолият мекарданд. Баробари ба фаъолият шурўъ намудани роњбарони нави Кумитаи амнияти миллї ба онњо зарур омад, ки сулњу осоиштагї ва њамдиливу якдилиро дар дохили худ тасбит дињанд.

Ба раиси нави Кумитаи амнияти миллї рўйхати иборат аз 32 нафар кормандоне пешнињод шуд, ки онњо њамчун њамкосаву ёрдамчии фаъоли мухолифин буданд.

Замона пурошўбу изтиробангез буд. Надидани чорањо бањри амнияти ин ќабил кормандон оќибатњои нохуши сангин дар пай дошт. Фањмондани сањву хатоњои онњо осон набуд. Бо вуљуди ин бо онњо сўњбатњои эзоњотї доир намуда, оќибати амалњои содирнамуда ва нохушињои дар пай дошта ба онњо фањмонда мешуд. Онњоеро, ки њаёташон воќеан њам зери хатар буд, ба рухсатии мењнатї ё муваќатан ба рухсатии хизматї ба дигар минтаќа, њатто  берун аз љумњурї мефиристоданд. Тавассути амалї кардани тадбирњои ољилї муяссар гардид, ки ихтилофњои дохилї аз байн бардошта шаванд. Билохир, соири зиёди аз ин кормандон, дар айёми худ бо ќувваи љавонї, вале њанўз њаёт камозмуда дар рафти сангарњои мусаллањонаи рў ба рў њадафу маќсадњои шахсии худро аз даст дода, бо даъвати дил ва иродаи хеш ба маљрои фаъолияти ањли кошифони амнияти кишвар омехта, дар роњи мубориза барои пойдор гардонидани сохти конститутсионї бевосита ширкат варзиданд. Аз байни онњо одамони алоњида сазовори мукофотњои давлатї гардиданд ва дар рутбаву хизмат боло рафтанд.

Њамаи ин чорабинињо аслан ба тадбиќи ќарорњои Сессия ХVI Шўрои Олии љумњурї оиди тасбиту устуворї ва босуботии сулњу ризоияти миллї нигаронида шуда буданд.

Табиист, ки њар як роњбар, ба хусус роњбари ба тозагї таъин гардида, пеш аз њама сохтори худро ба шакли муайян  медарорад ва хамиртурўши самараноки амалї гардонидани вазифањои хоси идораи худро возењ месозад. Дар ин сурат интихоб ва љо ба љо гузории мутахассисон бо назардошти эътибору таъсир ва амали онњо наќши муњим мебозад. Ин  равишу љараёни мураккабест, ки самара ва комёбињо минбаъд дар њар як кор ба њалли дурусти он марбут аст. Дар вазъи мухолифатњои мусаллањона њамагуна амал, ќадру ќимати бузургтар пайдо мекунад.

Њамагуна њалли дуруст, ё ѓалат ба мавќеи шахс дар љомеа марбут аст. Ва худи мавќеъ аз аќидаву љањонбинї ва нуќтаи назар бармеояд: дар кадом тараф истодаї, ба суди кї кор мекунї, билохира, ба кадом сохту тартибот хизмат дорї.

Мањз ба њамин хотир моњи декабри соли 1992 ва январи соли 1993 дар созмонњои кумитаи бехатарии давлатї баъзе таѓйироти сохторї ворид гардид ва роњбарони нави зерсохторњои муњимтарин таъин шуд.

Тамоми њайати бехатарии давлатї дар њолати фавќулода ќарор доштанд. Ба онњо зарур меомад, ки дар вазнинтарин шароит фаъолият намоянд ва аз собитї ва љавонмардї ба зуњур оваранд.

Баробари љорї гардонидани навгонињо дар сохтору ташкили мењнат, кормандони Кумитаи амнияти миллї барои ба амал тадбиќ намудани ќарору барномањое, ки дар Сессия ХVI  ѓайринавбатии таърихи тарњрезї шуданд, шурўъ намуданд. Дар ин роњ, ба роњбарони нав пеш аз њама дар асоси ќарору нишондодњои мазкур наќшаи амал мураттаб сохтанд.

Барои иљрои он зарур меомад чунин корњоро сару сомон дињанд:

таъмини роњу равиши босубот дар љумњурї;

- алоќадри њол гузоштани сањми худ барои њалли масъалањои иљтимоиву иќтисодї;

- боло бурдани рўњияи ахлоќиву сиёсии кормандон ва сафарбар намудани онњо ба иљрои муњимтарин вазифањои хизмативу ољилї;

- њифзи ољилии сарњади давлатии љумњуриро бо Афѓонистону Љумњурии Халќии Чинро ба ўњдаи худ гирифтан;

- фаъол гардонидани чорабинињои оиди иктишоф ва алайњи иктишоф дар дохили мамлакат ва берун аз хати сарњад;

- гузаронидани чорабинињои ољилї-тањќиќї судбахши чекистї нисбати љинояткорони махсус хавфноки давлат террористњо ва роњбарони гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї – таъмини иштироки бевоситаи кормандони соњањои хизмати Кумитаи амнияти миллї дар мубориза алайњи љинояткорї;

- таъмини зерсохторњо бо мутахассисони муносибу сазовор,  интихобу љобаљо гузорї, бењтар  сохтани такмили ихтисос ва дараљаи касбии кормандон;

- бењдошти шароити мењнативу маишї, таъминоти  њуќуќї ва иљтимоии њайати шахсї ;

- ширкати фаъолона дар кори такмилу мукаммалгардонии заминањои ќонунгузорї, ба вуљуд овардани маљмўи меъёрњои идораи њифзи њуќуќ;

- њамкории амалии тарафайн бо маќомотњои ќудратї ва њифзи њуќуќи кишварњои хориљї.

            Бисёр мураккаб буд раванди музокироти тољикон. Баъзан ќатъ мешуду ба ваќти дигар вомегузоштанд. Гоњњо кандаву вайрон мешуд. Мухолифин дар дархости худ устувор буд ва аз фишори рўи рост худдорї намекард. Дар робита бо ин сарвари Љумњурии Тољикистон, роњбарону аъзоёни вакилони њукумат  доимо ба иттилооти ољилї дархурд барои ќабули ќарор ва интихоби роњу усули дуруст бурдани мунозира эњтиёљ доштанд. Табиист, ки ин гунна иттилоотро пайдо кардан лозим. Ва он нињоят бо нерў ва тариќу василаи худї  ба даст меояд. Вазъи њол њунари нозуку зањмати мутахассиси баландихтисоси хизмати ољиливу тањлилии созмонњои амниятро таќозо мекард. Ин вазифа бо сарбаландї иљро гардид. Ва шањодат бар ин бањои баланди роњбарони вакилони њукуматї дар идомаи раванди гуфтугўй ва бањсу мунозирањост.

            Ба маќсади таъсир расондан ба роњбарони мухолифини тољик аз муносибат ва равобити ољилї бо роњбарияти Љумњурии Исломии Афѓонистон, аз љумла Ањмадшоњи Масъуд, Бурњониддин Рабонї, А. Дустум ва дигарон даќиќназарона истифода бурда мешуд. Далели равшани ин мудао мулоќоти моњи декабри соли 1996-уми њукуматї ва мухолифин аст.  Вохўрї дар мавзеи Хостдењ бо иштироки роњбарони Афѓонистон ва миёнравии Созмон Милали Муттањид ба дараљаи олї баргузор гардид. Дар он рољеъ ба ќатъ кардани амалиётњои њарбї дар ноњияњои шарќии Љумњурии Исломии Афѓонистон муњимтарин њуљљатњо имзо гардиданд. Ва ин барои гуфтугўи минбаъда заминаи боэътимод фароњам овард. Ба натиљаи вохўрї дар Хостдењ мавќеи намояндагони олимаќоми Афѓонистон ва  њамчунин вохўрии онњо бо роњбарони мухолифини муттањидаи тољик таъсири бузург расонд.

            Он замон ва он рўзњо роњбарону кормандони фаъоли Кумитаи амнияти миллї, ин суханони Раиси худ Саидамир Зуњуровро пайравї мекарданд: њар ќавме, ки бар зидди худ аз худ људо шавад рў ба харобї меоварад. Ва ин мисли он аст, ки њар шањр ё оилае, ки бар зидди худ аз њам људо шавад, устувор истода наметавонад.

            Агар иблис, ки миёни мардуми тољик даромад, иблисро берун мекард, бар зидди худ аз њам људо мешуд салтанаташ вожгуну ќавмаш пароканда ва гумном мешуд.

            Иттилооти ољилие, ки аз зерсохторњои амнияти миллї давоми тамоми даврањои равиши гуфтугузор ба даст меомад, мувофиќи маќсад ба љомеаи кишвар, созмонњои байналмилалї, намояндагон, гурўњњои њамкору њамсоз ва њамчунин ба Комиссия рољеъ ба назорати ќатъї истифодаи силоњ, ки аз рўи шартномаи њарду тараф таъсис ёфта буд, расонда мешуд. Маќсад аз истифодаи самараноки иттилоот, огоњондани тарафдорони мољарохоњи ќаноти мухолифин буд. Онњо  на танњо бояд мефањмиданд, балки возењ медонистанд, ки муборизаи мусаллањона ба муќобили њукуматї љумњурї, инкор намудани зарурати њарчї зудтар ба Ватан баргардондани гурезањо, нодида гирифтани талошу иќдомњои роњбари ќонунї интихобшудаи мамлакат барои расидан ба сулњи устувор ва ризоияти миллї бемаънист.

            Дар рафти корњои ољилї аз таъсири калони сиёсии њизби мухолифин ба вазъи воќеии мамлакат аз мухолифатњое, ки дар сафи он байни аъзоён ва гурўњњо пайдо мешуданд, ба хотири нигоњ доштани ќисмати боэътимоди он истифода мешуданд.

            Далели ин муддао, амали муносибат бо њизби демократии Тољикистон буд. Амнияти миллї ихтилофњоеро, ки байни аъзоёни ин њизби он замон бонуфуз доштанд, бараълоина дарк намуд. Ва онњоро ба риштаи тањќиќу тањлил гирифт, натиљањои даќиќу хушбинона эњсос кард. Људої дар байни роњбарони њизб имконият дод, ки ќаноати солими он, ки барои бо роњи сулњу салоњ њал кардани мухолифату низои байни тољикон иддао дошт, дастгирї ёбад. Билохир  тавассути зањмати пурљўшу хурўш ва ољилї бо яке аз роњбарони ин ќаноат њамчун њизби мустаќил бо номи платформаи Алма-Ато ба ќайд гирифта шуд.             Ќисмати дигари њизби демократї бо рўњи мољарољўї бадному беобрў шуд ва пасон аз фаъолият монд.

            Ва ин зарбаи вазнине буд бањри мухолифин. Чунки њамзамон роњи кўмак аз хориља баста шуд.

            Раият дарахте аст, агар парварї,

            Ба коми дили дўстон бархўрї.

            Ба берањмї аз бару бораш макан,

            Ки нодон кунад, њайф бар хештан.

         Солњои мухолифи њамдигар рўбарў шавї дар Тољикистон  ва таърихи давлати љавони соњибистиќлол ва нукарону ходимони хизмати махсуси амнияти миллии он давраи басо мураккабе буд. Мухолифати дохилии миёни тољикон ба тадриљ интернатсионалї мешуд ва ќуввањои хориљ аз кишвар ба он љалб мегардид. Ба муќобили Љумњурии Тољикистон ташкилоту созмонњои бисёри тарафдорони ќатъии мољарољуйиву вањшатангезї (террористї), гурўњњо зери роњбарї ва дастгирии хизмати махсус ё сањењтараш идорањои махсуси љосусии як ќатор давлатњо фаъолият мекарданд. Афѓонистони њамсоя он замон майдони терроризми байналхалќї буд. Ва Тољикистон давлати мобайнї ва ё возењтар аз ин сади мављшикан байни мамлакатњои собиќ Иттињоди Шўравї шуд. Табиист, ки дар чунин шароит созмонњои бехтарии Тољикистон, амсоли дигар маќомотњои ќудратии љумњурї аз њама бештар ва дар навбати аввал ба тадбиру чорабинињое ањамият медод, ки оњанги сиёсиву њарбї доштанд. Ва маќсади асосии њама  илољљўї ба фоидаи њар чї зудтар озод намудани Тољикистон аз ќуввањои мољарољўйї (экстримистї) нерўњои мусаллањи ѓайриќонунї ва ќатъ кардани хунрезиву таъмини бехатарии мардум, њифзи объектњои њаётан муњими хољагии халќ буд. Ба замми ин хизматчиёни хосаи тољик анъана ва шаклу услубњои фаъолияти чекистиро (ќабл аз њама амалњои оњанги иктишофу алайњи иктишофдоштаро) моњирона дар кори њамарўза тадбиќ мекарданд. Ва ин замоне буд, ки мутахассисон мисли парандањои муњољир аз кор мерафтанд. Бахусус солњои 1990-1992. Вале дар сафњои Кумитаи амнияти миллии Тољикистон миќдори ба њадди андоза кифояи мутахасисони кордону коршинос боќї мемонанд. Ва онњо устухонбандї, ё худ мояи асосии созмонињои амнияти миллии мамлакат буданду соњиби таљрибаи бузурги гаронбањо дар сохторњои Кумитаи давлатии  бехатарии СССР.

Инсонњое буданд, ки аз нигоњи сипоњї ва бо назардошти муњити њарбиву сиёсї ва шароити ољилї дар минтаќа ва тамоми мамлакат маљмаи тадбиру чорабинињои чекистонро ба амал мебароварданд. Ва маљмўи чорабинињоро, шартан ба чанд самти асоси таќсим кардан мумкин буд:

-таъмини нерўњои фаврї ва воситањои бо муваффаќият гузарондани амалиётњои њарбї рољеъ ба ошкорсозї ва барњам додани гурўњњои террористиву  мољарољўйї ва мубориза алайњи гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї;

-таъсир расондан барои ќаъ кардани амалиётњои мусаллањонаи бародаркўшї;

-кўмак расондан бањри њар чї зудтар ба љойњои зисти доимї баргаштани гурезањо ва таъмини амнияти онњо;

Пўшида нест, ки њанўз њам на аз боби њама амалу чорабинињои ба љо овардаи он рўзњои Чекистон кушоду равшан њарф задан мумкин аст. Танњо мехоњам зикр намоям, ки њамагон дар комёб шудани сулњу осоиши мардуми Тољикистон сањми бузургу шоиста доранд.

Ва ин лањза самтњое ба ёд меояд, ки зикрашон дар боло рафт. Бахусус самти аввал.

Аз њама муњимаш хотирнишон месозам солњои 1992-1993-юмро. Дар оѓози давраи муќовимати мусаллањона, замоне аз дами тир хун мерехт ва мардум њалок мешуд, чекистњо мубориза бурданд, ки ба домон густурдану васеъ шудани зиддияту душманї ва порча-порча њисса шудани Тољикистон аз рўи наќшаи адувон роњ надињанд. Гурўњњои мусаллањонаи ќонунї ба роњи худ мерафтанд. Вале гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї њам кам набуданд. Мањз њамин гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї яке аз сабабњои њамагуна бадбахтињои Тољикистону мардуми он буд. Ва мо ба тањќиќ дарёфтем, ки домонзанони оташи љанги бародаркуш ва ба роњи варта бурдани Тољикистони азиз кињоанд. Омилњои бадхоњ бисёр буданд. Ва яке аз ин омилњо гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї ба њисоб мерафтанд.

            Коршиносони амнияти миллї паст кардани шиддати вазъияти басо нохуши онрўзаро дар зарурати њарчї тезтар аз байн бурдани гурўњу дастањои мусаллањонаи ѓайриќонунї ва тоза кардани мамлакат аз онњо дид.

            Замона мубњаму норавшан буд. Як ќисми мардум боз гаштанд ва боќимонда беруни сарњад монданд. Баёни онњо кам набуданд одамоне,ки ба ин ё он дараља дар ходисањои хунине,ки дар вилояти Ќўрѓонтеппа ба вуќўъ пайваста буд, даст  доштанд. Ба маќсади њар чї зудтар бозовардани гурезањо аз Афѓонистон, тањќиќу омўзиши таѓйироту табаддулотњое, ки байни онњо бурда мешуд, соли 1993 Кумитаи  амнияти миллї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон оиди ташкил намудани гурўњи корї бо чунин одамон таклиф пешнињод кард. Пешнињод ба хушнудї пазируфта  шуд. Ва барои амалї гардондани он аз рўи Ќарори Њукумат ва парламенти Љумњурии Тољикистон ду гурўњи кории Маљлиси Олї барои фаъолият намудан дар љойњои муќимии гурезањо дар Њайратон ва Шерхонбандари сарњади Афѓонистон таъсис ёфт. Дар њайати гурўњњо намояндагони парламент, Чамъияти «Пайванд» (оид ба робитаи њамватанони бурунмарзии Тољикистон). Кумитаи  амнияти миллї, роњбарони вилояти Хатлон дохил мешуданд.

            Дар ин самт кормандони Кумитаи  амнияти миллї барои гирифтани хабарњои арзишманди фаврї нисбати наќшаву амали хизмат махсуси тарафи мухолиф, алалхусус роњбарони бахшњои мољарољўйи иттињоди мухолифини тољик ва њамчунин дигар ташкилотњои шўрангезу бадхоњ, тањќиќу вазъи воќеї дар лагерњои гурезањо ва гузаронидани таъсири мусбї ба онњо тадбиру чорабинињои муњиме ба амал мебаровард.

            Дар роњи иљрои ин маќсад бо намояндагони њукумати Афѓонистон бахусус бо роњбарони Љунбиши миллии исломии Афѓонистон, аз љумла А.Дустум, ки ўњдадор шуда буд, бехатарии гурезањои тољикро дар лагери «КЕМПИ Сахї», ки калонтарин ба њисоб мерафт, таъмин намояд, алоќаи ќавї барќарор буд.

            Баъдан гурўњи чекистњо ба тоза кардани гурезањо њангоми ба Ватан баргаштанашон шуѓл варзиданд. Онњо барои таъмини амнияти гурезањои ба љойњои зисти доимї баргашта корњои муњимеро сомон доданд ва аз худ наќши носутурдание боќї гузоштанд.

            Бо ташаббуси идораи амнияти миллии вилояти Хатлон, бањори соли 1993 барои аз музофотњои шимолии Афѓонистон овардани гурезањо иборат аз шахсиятњои обрўманд, ки асосан собиќ раисони колхозњои минтаќа буданд, намояндагон сафарбар шуданд. Ба онњо муяссар гардид, ки аксарияти њамватанони худро бањри бозгашт ба Ватан њамроњи оилањояшон розї намоянд. Ходимони амният шабу рўз зањмат ба сар мебурданд. Нооромї ва бесаранљомии мардум ба гумонам аз беш онњоро ба ташвиш меовард. Дар хориљи љумњур гумоштагони созмонњои мољарољўйи ва террористї байни тољикони бурунмарзї аз пашшањои Тољикистон фил месохтанд. Ва то љое аз дасташн меомад, аз дилњои сиёњашон ба забонњое, ки аз дўзах оташ мегирифт, суханони талх мерехтанд ва шўру вањшат мебехтанд.  Ва ин њамаро кормандони амният дар пўсту хуни худ эњсос мекарданд. Эњсосоти дардовар. Аз ин рў, бо тамоми њастї бањри њар чї зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсї талош меварзиданд. Баъзан онњо шаклу усули ѓайрианъанавии корро дар пеш мегирифтанд. Онњо аз имкониятњои, ки рўњониёни соњибмартаба доштанду ва њамчунин барномаи фарогири радиои «Хоки Ватан»,   ки бо ташаббуси маќомоти амнияти миллї таъсис ёфта буд, моњирона бањра мебардоштанд.

            Дар чунон як замони пуризтироб ба кормандони амнияти миллї муяссар гардид, ки ба тарзи хеле фаврї уламои маъруфи олами ислом Мулло Муњаммадиро ба барои бозгашт ба Ватан моил ва шавќманд созанд. Ва ин зањмати осон набуд. Китоби ќиссаи «Бозгашт»-и муаллифи ин сатрњо аз ин боб бањс мекунад.

Мулло Муњаммадї байни сокинони шањру ноњияњои вилояти Хатлон мањбубияти хоса дошт. Ин аз тарафи масъулини Кумитаи  амнияти миллї иќдоми беназире буд, ки тўли он аз ду сол мегузарад. Вале дар чунин як давраи доѓи рўз ба Тољикистон бозгаштани чунин ходими барљастаи дини муъбини ислом бањри кормандони амнияти миллї комёбии азим буд. Аз паи Мулло Муњаммадї дусад њазор муридону њамдиёрони ў ба Ватан бозгаштанд.

Барљастатарин далели ин огоњї ва ворид намудани ислоњот дар робитаи кормандони фаврии амнияти миллї бо сарварии гурўњњои мусаллањи самти Бадахшон Саламшоњ Муњаббатов возењу равшан зоњир мешуд. Ва њамкории якљоя натиљањои мусбии худро медод. Тамоил ва мавќеъи Саламшоњ Муњаббатов барои пойдор гардонидани сулњ ва ризоияти миллї нисбат ба дигар ќумандонњои сањрої афзалтар буд.

Соли 1994 бањри шиносоии авзои рўњї ва фикру тањамули мардуми вилояти Кўлоб аз њисоби шахсони обрўманди размандагони самти Дарвозу Ванљ гурўње ташкил дода шуд. Гурўњ ба шањри Кўлоб расид. Аъзоёни гурўњ дар чорабинињои гуногуни оммавї ширкат варзиданд. Дар њамон љо онњоро бо шодии бузург ва  эњсосоти гарму љўшон истиќбол мекарданд.

Сафари шиносоии байни намояндагони мухолифин фоидаи калон дод. Аксарияти онњо эътимоди комил њосил карданд, ки сокинони сарзамини Кўлоб њам ташнаи сулњу рўзгори осоиштаанд. Ва њамон сол Саламшоњ Муњаббатов бо майли дил тавассути Москва ба Эрон ва аз он љо ба Афѓонистон парвоз кард. Маќсад аз  намояндагии ў њарљї зудтар бастани сулњи тољикон буд.

            Саидамир Зуњуров бањри пешгирї аз чунин њодисаи нангине ба ин монанд, Њукумати Љумњур гузориш дод, ки њабси Бозор Собир дар љомеа ангезаи нохуш пайдо кардааст. Он замон љонишини раиси њизби демократии Љумњурии Тољикистон Ойнињол Бобоназарова дар мањбас ва раиси Њизб Юсуф Шодмон ба Љумњурии Исломии Эрон гурехта буд. Њамчунин пешнињод гардид, ки дар як  ваќт бо њамроњии Бозор Собир Ойнињол Бобоназарова њам ба озодї барояду Шодмон Юсуфро авф намоянд.Маќсади нињоии аз ин амал, танњо устувор гардондани мавќеи роњбарони ба тозагї интихобшудаи њукумати љумњурї буд.

            Сарвари давлат Эмомалї Рањмон  ин натиљабардорињои Саидамир Зуњуровро шунид ва бо камоли майл писандаш омад ва супориш дод, ки њуљљатњои дархури ин  заруриятро тайёр намоянд. Хеле бо зудї супориши сарвари давлат иљро шуд ва њуљљатњо дар мувофиќа бо прокурори генералї моњи июли соли 1993 ба имзо расиданд. Чунин амали инсонпарваронаро зиёиёни мамлакату мухолифин ва тамоми сокинони љумњур хеле бо хушї пазируфтанд.

            Соли 1993 Эмомалї Рањмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар ўро Саидамир Зуњуров њамроњї намуд. Ин аввалин вохўрии сарвари давлати тољикон бо вазири мудофиаи Љумњурии Исломии Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд буд. Њангоми мулоќот сухан аз бозгардонии муњољирони тољик ба Ватан рафт. Ањмадшоњ дар рафти вохўрї гуфт: «Њама имконот ва ѓайриимконотро барои бастани сулњ истифода баред, вагарна љанги партизании тўлонии шањрвандї шуморо интизор аст».

            Ањмадшоњи Маъсуд аз нерўи харобиовари љанг сухан ронда комбинати хонасозии шањри Кобулро мисол овард, ки иморати он солњо давом кард ва барои харобу валангор гардониданаш ќариб бист кило моддаи тарканда истифода шуд. Акнун, њоло бањри аз нав бунёд кардани он маблаѓњои бузург зарур аст.

            Бедор кардани эњсосот ва таваљљўњи вазири мудофиаи Давлати Исломии Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд нисбати сулњу пойдору осудагии мардуми сарзамини Тољикистон аз пешомади бузурги давлати тољикон башорат дод.

            Њангоми бозгашт бо хоњиши сарвари давлати тозабунёди тољикон Эмомалї Рањмон ва дахолати бевоситаи Ањмадшоњи Масъуд аз Бадахшони Афѓонистон чор хизматчии њарбии хизмати њатмї ва як нафар капитани сарњади Русия, ки асири ќумандонњои сањроии музофоти Бадахшони Давлатии Исломии Афѓонистон буд, ба Кобул оварда шуданд.

            Сарвари давлат Эмомалї Рањмон онњоро њамроњи худ гирифт. Замоне самолёт аз дарёи Панљ мегузашт, Эмомалї Рањмон ба онњо мужда дод, ки ба Тољикистон омаданд. Капитани рус аз шодї гиря кард.

            Хизматњои шоистаи Саидамир Зуњуров дар љодаи таъмини амнияти миллї, сањмгузорї дар устувор намудани пояњои истиќлолияти миллї ва давлатї, тањкими суботи љомеа бо ордени Исмоили Сомонї, дараљаи дуюм, унвони мўътабари Корманди шоистаи Тољикистон ва чандин унвону мукофотњои дигар ќадр карда шудаанд. Барои таќвияти њиссагузорињои зиёди Зуњуров дар  арсаи ифои вазифањои хизматї, љасорату садоќат, муњаббати саршору бепоёнаш нисбати Ватан њодисаи дигареро ба ќалам медињем, ки пуровозаю камназир аст:

            Аввалњои феврали  соли 1997 як гурўњ кормандони расонањои хабарии Русия ва дигар давлатњо, ки дар љумњурї фаъолият мекарданд, ваќти бозгашт аз сафари хидматї аз водии Ќаротегин дар шоњроњи «Душанбе-Хоруѓ», болотари шањрчаи  Обигарм, ба гарав гирифта шуданд. Гуфтушунидњои намояндагони њукуматї бо Содиров Б. дар муддати якчанд рўз натиља набахшид. Аз њамин лињоз моњи феврали соли зикршуда Вазири амният Зуњуров С., ва муншии Ањмадшоњ оѓои Солењ мувофиќа карданд, ки ба ситоди дар Обигарм будаи Горди президентї рафта аз он љо кўшиш мекунанд, ки дар гуфтушунидњо гаравгонњоро Содиров рањо кунад. Номбурда дар навбати худ пешакї талаб  ба миён гузошта буд, ки фаќат ба ивази бародараш Ризвон ва гурўњи дар Афѓонистон будаи ў гаравгонњоро аз банд озод мекунад.

            11 феврали соли 1997 пагоњии барваќт ман, чун њарваќта, ба дафтари кории Вазири амният Зуњуров ворид шудам. Ў ѓарќи хаёл назди тиреза истода буд. Аз чї бошад, ки хотирашро каме парешон дидам. Баъди саломуалек аз ў пурсидам:

            - Чї, ягон нохушие рўй додааст, ба гумонам омодаи сафар њастї? - гарчанде худам бараъло  медонистам, ки ташвиши њамаи мо, аз Президент сар карда,  аз дасти гурўњи Бањром Содиров озод кардани гарвгонњо буд.

            Саидамир дар љавоб гуфт, ки аз рўи маслињати шуда,  ў  омодаи ба Обигарм рафтан аст.

            Ба либосњои  дар тан будааш нигоњ карда маслињат додам, ки он љо  хунук аст, мумкин, ки гуфтушунид тўлонї шавад ва шаб монї ва таъкид кардам, ки њељ набошад, пойафзоли гарматро пўш.

            - Не, мумкин, ки то бегоњ ба Душанбе баргардем ва агар монеа ё мушкилие ба миён ояд, дар ситоди Горди Миллї  мемонем. – гуфт ў.

            Њамин љо мо бо якдигар хайру манзур карда, ман ба Ќўрѓонтеппа рафтаму ў ба фурўдгоњ.

            Њамон рўз ман соатњои њашти бегоњї аз Ќўрѓонтеппа баргашта рост ба дафтари кориам даромада, фаврї аз навбатдори вазорат дар хусуси баргаштан ва ё барнагаштани Саидамир Зуњуров пурсидам. Навбатдор хабар дод, ки то њол аз сабаби набудани барќ ва алоќа нисбати дар куљо љой гирифтани вазир ягон маълумоти аниќ нест. Рости гап, тамоми рўз ким-чї хел њиссиёти нохуше вуљудамро фаро гирифт ва дилам гувоњї медод, ки кадом як воќеаи  нохуше бояд сар занад. Чанде кўшиш кардам, ки бо Обигарм телефонї тамос гирам, аммо њамеша аз телефончидухтар мешунидам, ки бо сабаби набудани барќ алоќа нест.

            Ќарибињои соатњои дувоздањи шаб навбатдор ба ман хабар расонд, ба гуфти муншии Ањмадшоњ, ки  њамсафари Саидамир Зуњуров буд ва барои гуфтушунид ба ќароргоњи Содиров рафта будааст, Зуњуровро ба гарав гирифтаанд. Онњо шарт мондаанд, ки Зуњуров  ва дигар гаравгонњоро фаќат баъди ба назди онњо овардани Ризвон ва зердастони ў, ки дар ќароргоњи Ањмадшоњ мебошанд, озод мекунанд. Пеш аз њама барои боз як бори дигар аниќ кардани њолатњои њодисаи ногувор ман Солењро назди худ хонда, дар кадом мавќеъ ва вазъ ба гарав гирифтани Саидамирро пурсидам.

            Ў дар посух гуфт:

            «Ваќте,  ки ман ва оѓои Вазир дар Обигарм аз чархбол фуромадем, намояндаи худро љониби Бањром фиристодем, то ки ба мо иртибот гирад. Баъди сипарї шудани фосилае, чанд нафаре аз гурўњи Содиров Б. моро ба мавќеи бетараф хонданд.

            Азбаски нафарњои дар гурўњи Резвон шомил буда, аксарашон дар дараи Панљшер тайи се сол дар парастории мо буданд, ман гумон кардам, ки намаки моро пос  медоранд. Ин њолатњоро ба назар гирифта бо оѓои Зуњуров ба хулосае омадем, ки  ба љои таъиншуда барои вохўрї меравем ва њарду он љониб рањсипор шудем. Ду нафари дигар аз кормандони амният њифзи љони  моро ба ўњда дошт. Лањзае, ки ба нуќтаи пешбинишуда шомил шудем, ба таври ољил зердастони Бањром њамсафарони оѓои Зуњуровро бесилоњ гардонида онњоро ба ќафо баргардониданд. Дар њайрат мондам, ки куљо шуд хотири поси нону намаки мо, ки  њатто ба љойи шунидани гуфтањои ман дар љавоб маро бо гуфторњои ќабењ ќафо гардониданд. Ман дарк кардам, ки зиндагї мард будасту баъзе зиндањо номард.»

            Баъди ду-се рўзи ин њодисаи нохуш як зумра одамоне пайдо шуданд, ки аз «хайрхоњї» бошад ё нотавонбинї овоза карданд, ки Зуњуровро маљбур сохтаанд, ки ба назди Содиров рафта гаравгонњоро озод кунад. Ва ба њамин васила роњи аз байн бурдани ў гўё њал мешуд.

            Ин овозањо њама саропо дурўѓи мањзанд. Дар ин љода ягон кас гунањкор нест. Ин амал бо хоњиши худи Зуњуров ба вуќўъ пайваст. Ў худаш, ки дили соф, дасти пок дорад, бо амри виљдон бањри адои вазифа рафта буд. Ў наѓз дарк мекард, ки ин амали љинояткорона фаќат ба обрўи миллати тољик зиён мерасонад. Фаќат ба њамин хотир ва њамин сабаб ў љони худро зери хатар гузошт.

   

Саиданвар Камолов,

 

узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон, генерал - лейтенант

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид