ЧОР ГАРДИШИ УМРИ ГЕНЕРАЛ ШЕРАЛИЕВ

 

Гоњо маљрои сарнавишти инсон ба њадде таѓйир меёбад, ки ѓайричашмдошт ва дар аввал њатто боварнокарданист. Чунин њаќиќати њаётиро дар мисоли зиндагї ва собиќаи хизматии генерал – майор Нуралї Шералиев, ки солњои гуногун сардори ситоди Фронти халќї, муовини вазири мудофиа ва тўли 10 – сол  сарвари БДА – и љумњурї буд, метавон собит намуд.  

 

Ибтидои умри ў дар умум муќаррарист ва такрори њамон њолномаи маъмул аст:

Дар ноњияи Ховалинг дида ба љањон кушод, мактаби 8 – солаи дењаи Лоњутиро ба итмом расонида, тањсилоти минбаъдаашро дар мактаб – интернати ба номи Шамсиддин Шоњин давом дод. Пас аз касби номаи камол муддате дар истењсолот кор кард, сипас барои хизмати њарбї даъват шуд. Баъди адои ќарзи шањрвандї ба номи донишљўи факултаи муњандисии имрўза Донишгоњи кишоварзии Тољикистон шарафёб шуда, онро соли 1981 хатм намуд. Фаъолияти худро аз рўйи ихтиссос дар Идораи техникаи кишоварзии ноњияи Ховалинг нахуст ба њайси муњандис оѓоз намуда, то ба вазифаи сардори идора сабзид. Он замон дар ноњия иттињодияи тараќќиёфтаи чорвопарварї амал мекард, ки дар ќаламрави умумииттифоќї машњур  ва бевосита ба Вазорати хољагии ќишлоќи Иттињоди Шўравї тобеъ буд. Таъминоти техникии фаъолияти ин иттињодияро идорае ба зимма дошт, ки ба он Нуралї Шералиев сарварї менамуд. Корбарии намуна ва њиссагузории арзандаашро дар пешрафти ноњия,  ки асосан аграрї буд, ба назари эътибор гирифта, ўро ба ишѓоли вазифаи муовини раиси ноњия соли 1991 лоиќ донистанд. Аммо дар ин маќоми масъул дер кор накард. Аз октябри соли 1992  њаёти ў билкул маљрои тоза ёфт. Ватандўстї ва бетараф набудан нисбати амну осоиши њамватанон ўро ба арсаи набард  бо гурўњњои бедодгар овард. Ватан дар коми оташи љанги њамватанї месўхт, шарораи вањшатзои он набзи мўътадили њаёти мардумро торафт  амиќтар ба вартаи ноумедї ва дилшикастагї меафканд.  

Ба ситоди Фронти халќї, ки дар вилояти Ќўрѓонтеппа воќеъ буд, Нуралї Шералиевро бесабаб даъват накарданд. Ќатъият, иродатмандї, якќавлию якрўї ва гоњо якравии ба худ хоси ў  барин мардони аллакай эътиборпайдокарда ва таљрибаи роњбарї андўхта барои ташкили кори ситоди Фронти халќї, ки дар заминаи холї ба тозагї таъсис ёфт, аз њар љињат коромад ва зарур буд. Гувоњи ќадрдонии ин сифатњои Нуралї Шералиев пас аз муддати кўтоњи ба Фронти халќї даъват шудани ў, ба вазифаи сардори ситоди он таъин гардиданаш мебошад. Фармондењи Фронти халќї Сангар Сафаров  бар сари интихоби ў ба ин маќом ќарор ќабул намуд.

Бинобар гуфти Нуралї Шералиев «Сангак Сафаров шахсе буд, ки аз дилу љон барои барќарор кардани њукумати конститутсионї љонфидої намуд, аз сари номуси ватандорї барои ќисмат нашудани Тољикистон.»

Гурўњњои тобеи Фронти халќї дар ибтидо гоњо ба амалњои хилофи ќонун даст мезададанд. Чун Нуралї Шералиев ин њамаро мушоњида намуд, аз даст задан ба чунин амалњо боздоштани размандагони Фронти халќї иќдом намуд. Зеро њар коре, ки дар доираи ќонун сурат мегирад, оќибати хайр дорад, њар амали хилофи он анљомшударо оќибаташ аз ќабл маълум аст. Њар кори хато дер ё зуд  ба сазои муносиби худ хоњад расид. Ќонунияти њастї чунин аст, ба он наметавон муќобил баромад. Аз ин рў, аќли башарї ба хотири ислоњи вазъ ва ба ќолаби бехато ворид намудани маљрои њастї чунин воситаи танзими муносибатњои љамъиятї – ќонунро эљод намуд  ва онро ќувваи амал ва иљроиши бечунучаро бахшид.

Бо њидояту рањнамоии ў  фармондењи Фронти халќї Сангак Сафаров ба минтаќањои наздимарзии Шањритуз ва Панљи Поён рафта, бо мардуме, ки нияти њиљрат ба он сўи дарёро доштанд, вохўрда онњоро барои тарки Ватан нанамудан тарѓиб намуд. Чунин тарзи ташкили кори ситоди Фронти халќї, хусусан ба роњ мондани њамкории њамоњанг бо маќомоти њифзи њуќуќ имкон фароњам сохт, ки тадриљан дар вилояти собиќи Ќўрѓонтеппа назму равиши муќаррарии тартибот таъмин гардад ва манбањои нооромиву тањдидовар бартараф шаванд.

Таъсиси вазорати мудофиа Тољикистон он тавре барои њамагон њаќиќати ошкоро шудааст, дар заминаи холї оѓоз ёфт. Он дар заминаи як гурўњ хизматчиёни њарбие, ки зери сарварии генерал Шишлянников аз Округи њарбии Осиёи Миёна ба Тољикистон омада буданд, ташкил дода шуд. Дастањои тобеи Фронти халќї тадриљан ба тобеияти вазорати навтаъсиси мудофиа гузаштанд. Нуралї Шералиев бошад, муовини вазири мудофиа таъин шуд. Ин замон низ њанўз вазъи амниятї ноустувор буд ва дар ќисмати шарќии мамлакат бархўрдњои мусаллањона идома доштанд. Дар чунин шароити аз нигоњї амниятї ва иќтисодиву молиявї сангин бо сањмгузории Нуралї Шералиев нахустин љузъу томњои Артиши миллї асос гузошта шуданд, аз љумла полкњои низомї дар Восеъ, Саѓирдашт ва Ѓарм, беморхонаи њарбї, омўзишгоњи олии њарбї ва ѓайра. Маъракаи даъвати њарбии љавонон дубора оѓоз ёфт. Аввалин шуда, соли 1994  50 – нафар даъватшавандагон аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бо маќсади аз миён бурдани мањалгарої ва фароњам овардани фазои воњиди эътимоди миллї дар сафњои артиш ба хизмати њарбї сафарбар гардиданд, ки дар ротаи таъминоти моддї ду сол хизмат намуданд ва дар ин  кор Нуралї Шералиев ва полковник Саидањтам Давлатов сањм гузоштанд. Ба дунболи он даъвати љавонон аз дигар минтаќањои Тољикистон оѓоз шуд.

Инчунин барои рафъи мушкилоти набудани афсарони касбии миллї он идда аз тољиконе, ки дар дигар кишварњо хизмати њарбии афсарї доштанд, барои идомаи хизмат дар сафњои Артиши миллии Тољикистон љалб гардиданд.

Чун тарафњои даргири низоъи тољикон зина ба зина барои имзои созишномаи сулњ  мавќеъњои худро наздик месохтанд ва  умеди бењбудии авзои сиёсиву низомї торафт мустањкам мешуд, Нуралї Шералиев масъулияти худро дар таъмини суботу оромї анљомшуда шуморид ва ќасди бозгашт ба кори ќаблиаш – сарварии Идораи техникаи кишоварзии ноњияи Ховалинг намуд. Аммо дар ин миён роњбарияти кишвар барояш роњбарии Бозрасии Давлатии Автомобилии љумњуриро пешнињод намуд ва ў онро пазируфт.

Аз соли 1996  арсаи тозаи фаъолияти ў таъмини амнияти њаракат дар роњњои автомобилгарди љумњурї гардид ва тўли 10 – сол дар ин самт ифои вазифа намуд. БДА он ваќт аз њар љињат, њам аз нигоњи кадрї ва њам аз лињози таъминоти моддї – техникї вазъи хароб дошт. Генерал Шералиев корро аз љалби дубораи афсарони тарки вазифа намуда шурўъ намуд. Он идда кормандони соњаро, ки бадахшонї буданду бар асари њодисањои маълум Душанберо тарк карда буданд, дубора барои идомаи кор дар маќомоти БДА баргардонид. Онњоеро низ, ки бо ањли оилаи худ берун аз Ватан фирорї шуда буданд, ба кор фаро хонд. Дидбонгоњњои БДА дар самтњои муњими роњњои наќлиётгарди љумњурї дубора барќарор карда шуданд. Дар тўли 10 – соли сарварии генерал Шералиев БДА – и љумњурї бо такя ба имкониятњои молиявии бахши худмаблаѓгузории худ тавонист воситањои наќлиёти хизматии муосир харидорї намуда, заминаи моддї – техникии худро мустањкам созад.

Имрўз генерал Шералиев пас аз сипарї намудани чор гардиши умри хеш – кор дар Идораи техникаи кишоварзии ноњияи Ховалинг, ситоди Фронти халќї, Вазорати мудофиа ва БДА  дар нафаќа аст. Ногуфтаи намонад, ки ў номзади илмњои техникї буда, дар мавзўи истифодаи бехатари техникаи соњаи кишоварзї дар Санкт – Петербург рисолаи номзадї њимоя кардааст. Кунун  гузашти њаёташро то ин марњила чунин хулоса менамояд: «њамаи азобу ранљ сипарї шуд, суботу озодии мардумро мебинаму шукр мегўям.»

Бо њамин як љумлаи кўтоњ иктифо мекунад. Одатан даќиќу санљида ва бомулоњиза сухан ба забон меорад, то боиси малоли хотири дигарон нагардад. Табиати рўњу ботинаш аз неъмати тамкину мадоро, риояи одобу  фурўтанї сиришта шудааст. Худтаърифкуниро намепазирад. Мегўяд, ки «њар хизмате карда бошам, дар доираи вазифа ва масъулияти ба ман вогузор шуда, бо дарки эњсоси ватандорї анљом додам, аз ин рў  чї љойгоњ доштани њар касеро танњо мардум ва таърих бањои холисона хоњанд дод.»

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид