ББК –84тоҷик7-4

К-24

Сайиданвар Камолов. Роҳи зиндагӣ. - Душанбе, 2016

Ҳайати мушовирон: генерал-полковник Зуҳуров С., генерал-лейтенант Раҳимзода Р. Ҳ., генерал-лейтенант Сайфуллоев С., генерал-лейтенант Азимов А. Н., генерал-майор Тошматов Ӯ.Э.

 

Аксбардор: полковник Аминов Хусрав

Муҳаррири масъул: нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайиданвар Камолов

Аз ҳаёти одамони наҷиб

 

Роҳи Зиндагӣ

 

 

 

Душанбе – 2016

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

“Таърих ҳеҷ гоҳ дар фазои холї ба вуҷуд намеояд. Ҳар як саҳифаи он ба номи абармардоне вобаста аст, ки бо гузашти вақт нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи хеш ва асрҳои минбаъда беш аз пеш равшан мегардад”

 

Э.Раҳмон

 

 

ҚАРОРИ

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

УКАЗ

ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО

СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ

ТАДЖИКИСТАН

Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар асоси қисмҳои ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирї менамоянд, ҳамчунин аз ҳисоби даъвати ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис карда шаванд.

2. Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар бораи ҳайат, сохтори ташкилию штатї, таьминоти моддию техникї, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 декабри соли 1992 таклиф пешниҳод намоянд;

-лоиҳаҳои асноди муҳимтарини қонунгузориро дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

3. Кумитаи Қонунбарорї тартиботи ҳуҳуқї ва ҳуқуқи инсони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои конунгузорї оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.

 

РАИСИ ШЎРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОНОВ

 

18 декабри соли 1992, №3

шаҳри Душанбе

Сарчашмаҳои таърихї гувоҳанд, ки қавмҳои ориёї, аз ҷумла тоҷикон ҳанўз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангї бархўрдор будаанд. Дар китоби “Авесто” омадааст, ки ҷомеаи ориёї аз чор табақа – донишмандону сипоҳиён ва ҳунармандону кишоварзон иборат аст. Яъне сипоҳиён дар ҷомеа дар мақоми дуюм қарор доштанд, ки ин нишони эҳтиром ба муҳофизони марзу буми аҷдодї буд.

Дар китоби мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки бори аввал ром кардани асп ва дар амалиёти ҷангї истифода намудани он низ ба қавмҳои ориёї марбут аст. Дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсї омадааст, ки нахустин силоҳҳо аз қабили кулоҳу зиреҳ ва ҷавшану хафтони ҷангиро шоҳ Ҷамшед – бунёдгузори сипоҳи мунтазами ориёиён сохта буд. Тибқи сарчашмаҳои бостонї дучархаи ҷангї ва дигар асбобу абзори ҳарбї низ кашфи сарлашкарони ориённажот мебошад.

Ҳанўз ҳазор сол пеш сиёсатмадор ва вазири кабири дарбори Салчуқиён Низомулмулк дар асари безаволи худ “Сиёсатнома” ба масъалаҳои низоми ҳарб диққати ҷиддї дода, 12 боби китобашро ба санъати ҳарбї бахшидааст. Ў тамоми бурду бохти лашкар ва ободии мулкро дар ҳамбастагии омили асосї – подшоҳ, лашкар ва раият мебинад.

Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон ба мо имконият дод, ки дар ҷои амалан холї артиши миллї ва дигар рукнҳои давлатдориро таъсис диҳем ва дар як муддати кўтоҳ фаъолияти мунтазами онҳоро таъмин намоем. Ҳамин эҳсоси ирсии аҷдодист, ки низомиёни моро дар роҳи садоқат ба Ватан ва таъмини амнияти кишвар қудрату тавоної мебахшад.

Мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки ҷавонмардонеро, ки ба хотири барқарор намудани сохти конститутсионї, истиқрори сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи зиндагии орому осуда ва меҳнати осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро қурбон кардаанд, то абад пос медоранд.

 

Аз баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Қуллаҳои кўҳҳоят минбару тахти ман аст,

Санги побарҷоят осори сари сахти ман аст.

Ҳар кафи хокат зару ҳар қатраи обат гуҳар,

Панҷаи пур аз сахоят суфраи бахти ман аст.

Қарзи виҷдон, масъулият, ҷавонмардї, номус дар вуҷуди ҳар як фард ҷой доранд, аммо на ҳар як кас қодир аст, ки ин асолатҳои инсониро дарк кунад ва вобаста ба ҳамин фаъолият намояд, созад, сўзад, эҷод кунад. Генерал-полковник Шералї Хайруллоев, ки яке аз шахсиятҳои номвари миллат мебошад ин китоб ба ў бахшида шудааст.

Борҳо шунида будам, ки барои ў мафҳуми инсон аз ҳама чиз муқаддамтар аст. Риояи ҳуқуқи инсон авлотару барояш олитар аз он арзише мавҷуд нест. Маҳз ҳамин сифатҳои нодири касбї ва фазилатҳои волои ахлоқи ҳамидаи башарї ўро имрўз ба дараҷаи баланди қуллаҳои зиндагї оварда расониданд. Дили софу ишқи беғуборе, ки ў нисбат ба мардуми диёраш дорад, маҳбуби замонаш кардааст. Миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои қудратї ў соҳиби обрӯву эътибор, вазну манзалати хос аст. Дар тўли хизмати низомии зиёда аз 44-солааш маҷрои фаъолияти хизматиашро дар асоси қарзи виҷдон, масъулияту ҷавонмардї ва номус ба роҳ монд. Ў барои тақдири миллати аз мудохилаи дасисабозон роҳгумзадаи худ месўхт, тамоми азму талоши ҷавонмардонаи худашро барои гирифтани пеши роҳи селоби харобовар равона кард. Дар тўли зиёда аз 20-сол қотеъона дар роҳи пойдор намудани сулҳу салоҳ, ваҳдат ва якпорчагии ҷумҳурї қадам бардошт, борҳо ҷони худро дар хатар гузошт, дар симои бадхоҳони миллат барои худ душманони ғаддори зиёде пайдо намуд, аммо дудила нашуд. Андешаҳои шубҳаангезро аз сараш дур афканд, муқаррароти қонунро зери по нанамуд, ба қавли худ содиқ монд. Ба касбу пешаи худ, муқаддасоти касбию ҳаётиаш, гузашта аз он ба Президент, Сарқонун ва миллати сарбаландаш хиёнат накард.

Дар замоне, ки мавҷи таҳаввулоти бенизомї шиддат дошт, ҳаракату равияҳои зиёде ба миён омада ба амалҳои ошкорои халалдоркунандаи ҷомеа ва ҳокимияти қонунӣ даст мезаданд, Шералї Хайруллоев дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурї ба ҳайси ҷонишини вазир фаъолият доштанд.

Муҳити ҷомеа, фазои ҳукмрон дар он доираи тафаккуру хостаҳои мардум ба ҳам печидаву як манзараи номафҳуми дилгирро шакл дода буд. Як низоми ягона, роҳи барои ҳамагон мақбули пешрафт дида намешуд. Ҳар гурӯҳ гардиши чархи фалакро табъи дили худ дидан мехост, назму суботи ҷомеаро дар доираи манфиатҳои хеш таъмин карданӣ буд. Шералї Хайруллоев ҳамаи ин равандҳои номақбул ва ғайриоддиро бо диди амиқу назари таҳлилии худ аз мавқеи мақомоти қудратӣ мушоҳидаву натиҷагирї менамуд. Ҳарчанд сайъу талош ба харҷ медод, ки равияву ҷараёнҳои тозазуҳур аз доираи муқаррарсохтаи қонун берун набароянд, лек ҳама роҳравиши интихобкардаи гурӯҳҳои мухолифи ҳокимияти мавҷуда ба сўи кору амали ғайриқонунї мебурданд. Дар сурате, ки Ҳукумати ҷумҳурї, сохторҳо ва шохаҳои дигари давлатї фалаҷ шуда, як қисми ҳайати кормандони Вазорати корҳои дохилї низ ба гурӯҳҳо тақсим шуда буданд. Дастгоҳи марказии вазорат аз ўҳдаи идораи зерсохторҳояш дар вилоятҳои Кўлобу Қўрғонтеппа, ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти автономии Бадахшон намебаромад. Дар ин давраи ҳассос воқеан бо талоши аксарияти кормандони милитсияи кишвар тадбирандешиҳои зиёде барои таъмини риояи бечунучарои қонунҳо андешида шуда буданд. Солҳои пурошўб аксарияти афсарон ва хизматчиёни милитсия дар ҳамбастагї ба кормандони амнияти мақомоти амниятии ҷумҳурї дар роҳи ҳифзи қонуният, таъмини амнияти миллии кишвар ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятї сипари боэътимод гардиданд. Садҳо афсарону хизматчиён дар ин самт дар вақти иҷрои вазифаи хизматї ба шаҳодат расиданд. Руҳашон шоду гўрашон обод бошад.

 

Кардем хайёли ҷовидонї ҳама умр,

Бигзашт бо рохи ҷонфишонї ҳама умр.

Дар заҳмати худ роҳати дунё дидем,

Мурдем барои зиндагонї ҳама умр.

 

Интизорӣ

 

Кайҳо тасмим гирифта будам, ки бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Шералї Хайруллоев ягон чиз нависам. Борҳо дар ин хусус бо ў гуфтугӯ доштам. Вале ў ба ҳеҷ ваҷҳ розї намешуд. Ҳоло барвақт аст, мегуфт, баҳонаҷўї мекард, хоксориашро медонистам, дарк менамудам, ки ў намехост аз фаъолияташ ягон чиз навишта шавад. Саросема нашуда вақтҳои холї мавод ҷамъ намуда, онҳоро таҳлил мекардам, хулоса мебаровардам ва натиҷаи кофтукобҳоямро дар бойгонии компютер ҷо намуда, расидани вақтро интизорї мекашидам. Медонистам, ки вақт худаш беҳтарин ҳакам аст. Ҳама чизро ҷобаҷо мекунад, мепазонад. Аз рўи масали “Сабр кунї, аз ғўра ҳалво мепазад” амал намудам. Ҳамон лаҳзае, ки интизораш будам, фаро расид.

12-уми декабри соли 2015 боз аз сари нав ману Шералї дар ўтоқи кории ў сари ҳамин мавзўъ сўҳбат дорем. Чун пештара сўҳбати ў баъди шунидани матлаби ман аз муқовимат сар шуд. Ў ба саволҳо посух медиҳад: “Шояд, ки барои навиштани ягон очерк ё лавҳа барвақт бошад”. Дар навбати худ изҳор намудам. Заҳмати чандинсолаи ман сари ин мавзўъ аз меъёри лавҳа ва очерк берун аст. Ва боз тазаккур додам: дар бораи паҳлуҳои тарбияи ҳарбї-ватанпарастї дар шароити имрўза, мутаассифона қариб, ки ҳеҷ чиз навишта нашудааст. Имрўз ин фазо хеле холист. Бояд насли оянда донад, ки сабабҳои ба вуқуъ омадани ҷанги шаҳрвандї кадом омилҳо буданд, даврони мустақилият кадом лашкаркашонро ба миён овард. Дар барқарор намудани сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҷамъиятии кишвар афсарон ва генералҳо чї саҳм гузоштанд. Дар урфият мегўянд, ки касе гузаштаашро надонад, оянда надорад.

Ба Хайруллоев муроҷиат карда иброз намудам: “Вақте, ки ягон чиз барои мардум навишта мешавад, фикри шахсии қаҳрамон барои нависанда он қадар ҳам зарур нест. Ин дафъа муқовимат ва мавқеи шахсии шумо он қадар ба инобат гирифта намешавад. Замона тақозо дорад, ки ҷомеаи оянда номи аслии фардҳову шахсиятҳоеро, ки хиштҳои аввалини давлати соҳибистиқлоли тоҷикро гузоштаанд, донад, шиносад ва бо номи онҳо фахр кунад. Сафар Амиршоев, Юлдош-командир, Домулло Азизов ва садҳои дигар барои чї дар замони Шўравї шуҳрат доштанд? Таблиғ ва сиёсати ҳизби коммунист тавонист, ки барои тарбияи насли наврас номи онҳоро вирди забони ҳамагон кунад. Ҳазорҳо филму спектаклҳо ва саҳнаву саҳначаҳо дар васфи онҳо эҷод шуданд. Барои ҳамин, давом додам суханамро, дўстам шумо хафа нашавед, фикри шахсии шумо садди роҳи иқдоми ман шуда наметавонад. Ман дар бораи шахсият, давраҳои ташаккули ў менависам. Фикру афкори одамон ва табақаҳои гуногунмартабаи ҷомеаро барои насли оянда сабт мекунам, то ки онҳо хонанд ва донанд, ки киҳо саҳфаҳои аввалини давлати мустақили тозабунёдро эҷод карданд. Сафҳои нахустини низоми артишро оростанд, ба танзим оварданд, аввалин суруди сарбозро эҷод намуданд ва ба оҳанг дароварданд. Инҷо сухан дар бораи зебогї, ҷавонмардї, ҷавонии бебозгашт ва ҷавонони барнагашта меравад. Бигзор насли оянда донад, ки аввалин афсарон ва лашкаркашони ин миллати куҳанбунёд ва заҳматкашида баъди Муқаннаъ, Темурмалик, Спитамен боз киҳо буданд? Кї баъди Исмоили Сомонї ин миллатро эҳё намуд ва кори ўро давом дод?

Оиди ишқи меҳан менависам. Дар бораи афсару лашкаркаше менависам, ки ҳар чї ки кард ва мекунад барои мардумаш кардааст. Ва аз дарду эҳсосоти иҷтимої ва миллиаш, муҳаббати Ватанаш ҷудоӣ надорад. Нобасомонї ва андуҳи мардум ўро андўҳнок мекунад ва ба шодии мардум шод мешавад. Мардумозоронро нафрин мегўяд. Ишқи Ватан дар вуҷудаш реша дорад. Агар ғайр аз ин буд шоир чунин намегуфт:

Дар лаҳад гўянд агар, душман ба хокат по ниҳод,

Мурдаи садсола бошам, аз кафан берун шавам.

Солҳо сипарї шуда, чун маҷрои об тез мегузаранд. Ҳодисаҳову саргузаштҳои таърихї фаромўш мешаванд. Дар асл бояд ин хел набошад. Шояд, ки дар оянда солноманависон дар бораи ҷанги шаҳрвандї, маҳалгарої ва дигар масъалаҳои дохилї, ки сабабгори муноқиша ва ҷангу ҷидолҳо шудаанд, ҳақиқатро нависанд. Гумон дорам, ки бо гузашти айём шоҳидон ва иштирокчиёни солҳои таъсисёбии таърихи навини тоҷик аз байн мераванд. Солноманависон имконияти объективии замони таъсис ва ташаккулёбии солҳои аввали давлати мустақили тоҷикро аз даст медиҳанд”. Чї тавре, ки дар урфият мегўянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Хамон лаҳзае, ки кайҳо боз интизораш будам, амалӣ шуд. Хайрулоев барои навиштани сатрҳое, ки ба ҳаёти шахсии ў ва атрофиёнаш вобаста аст, розигї дод.

 

Маълумотнома

 

Шералї Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар қишлоқи Булёни поёни ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчї ба дунё омадаанд. Падараш Хайрулло Девонаев соли 1924 дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд. Он кас иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 5 маротиба захмдор гардида, бо ордену медалҳои зиёде мукофотонида шудаанд. Баъди ба зодгоҳашон баргаштан соли 1945 дар вазифаи раиси колхози ба номи Димитрови ноҳияи Данғара фаъолият кардаанд, баъдан ба курси бухгалтерии шаҳри Кўлоб дохил шуда, дар ҳамон ҷо ба завҷааш Майлонбї Мавлонова шинос шуда, соли 1946 бо ў издивоҷ мекунад. Пас аз хатми пурраи курси бухгалтерї бо роҳхат дар вазифаи сармуҳосиби колхозҳои ба номи Ленин, Коммунизм, Роҳи Ленин фаъолият менамояд ва баъдан ба вазифаи директори совхози Ӯртабузи ноҳияи Фархор таъин мешавад. Сипас дар совхози Фрунзеи ноҳияи Данғара сармуҳосиб шуда кор мекунад. Соли 1977 дар синни 53-солагӣ дар айни камолот аз олам мегузарад.

Модараш Майлонбї Мавлонова соли 1932 дар кўчаи Чармгари поёни шаҳри Кўлоб чашм ба олами ҳастӣ кушоданд. 6 писару 4 духтар зоида ба воя расониданд. Писарон – Шералї, шодравон Муҳаммадҷон, Миралї, шодравон Бобоҷон, Шавкат ва Фурқат. Духтарон: Мушкилниссо-раиси ҷамоати Себистони Данғара, Тоҷиниссо, Аслиниссо, марҳума Меҳриниссо. Модараш соли 1997 аз олам гузаштаанд.

Бародарону хоҳарони Шералї Хайруллоев дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла сохторҳои қудратї, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи тандурустї фаъолият менамоянд.

Шералї Хайруллоев соли 1956 ба мактаби миёнаи ба номи Некрасови ноҳияи Фархор ба таҳсил рафта, онро соли 1966 хатм намудаанд.

Аз маълумотҳои ба даст оварда, гуфтаҳои хешону наздиконаш бармеояд, ки ӯ дар айёми наврасї ва ҷавониаш хеле бачаи шўх буда, завқи баланди ҳозирҷавобї низ доштааст. Дар мактаб дониши хуб дошта, хонданаш аз дигарон фарқ мекардааст. Иштирокчии фаъоли ҳамаи ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои фарҳангии мактаб будаст. Завқи сарояндагии хуб дошта, навозандаи хуб ҳам ҳастанд. Худ шоҳиди онам, ки дар вазнинтарин рўзҳои ҷумҳурї, айёми ҷанги шаҳрвандї таппонча намегардонданду вале думбраашонро ҳеҷ вақт фаромўш намекарданд.

Соли 1966 ў ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро дар соли 1970-ум ба итмом расонид. Ҳамзамон, хатмкунандаи Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи мазкур мебошад. Баъди хатми Донишгоҳ соли 1970 ба хизмати ҳатмии ҳарбї ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравї даъват шуда, ба вазифаи командири взводи Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Шўравии Сотсиалистї таъин шуданд. Дар тўли солҳо дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намудаанд, аз он ҷумла, моҳи декабри соли 1970 ба вазифаи ёвари сардори Хадамоти таъминоти молияи қисми низомии 6604-уми шаҳрчаи Нижняя Поймаи кишвари Красноярск, аз моҳи январи соли 1972 то августи соли 1975 сардори Хадамоти молияи қисми ҳарбии 6694, воқеъ дар шаҳри Қизили Ҷумҳурии Автономии Тува, аз моҳи августи соли 1975 то январи соли 1976 сардори Хадамоти хўрокаи қисми ҳарбии 6700 дивизияи 102-юми Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шўравї дар шаҳри Красноярск таъин карда шуд.

Моҳи декабри соли 1976 ба вазифаи муовини командири қисми ҳарбии 6694 оид ба таъминот дар шаҳри Туваи Ҷумҳурии Автономии Тува таъин шуда, дар ин вазифа то моҳи сентябри соли 1977 фаъолият намуд.

Моҳи сентябри соли 1977 бо сабабҳои вазъи оилавї ўро барои идомаи хизмат ба Вазорати корҳои дохилии РСС Тоҷикистон равон намуданд.

Шералї Хайруллоев дар вазифаҳои гуногуни оперативї-роҳбарикунандаи Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати корҳои дохилї, аввалан дар вазифаи муовини сардори муассисаи ЯС 3/8-и ноҳияи Орджоникидзебод, ҳоло Ваҳдат, аз моҳи декабри соли 1978 то августи соли 1981 сардори муассисаи ЯС 3/5 дар ноҳияи Ёвон ва то моҳи июни соли 1983 дар вазифаи сардори муассисаи 3/7-и шаҳри Душанбе адои хизмат кардааст.

Моҳи июни соли 1983 ўро ба вазифаи муовини сардори Раёсати корҳои ислоҳотї ва моҳи октябри соли 1984 сардори ҳамин Раёсат таъин намудаанд. Меҳнати самаранок, кордонию ташкилотчигии Шералї Хайруллоевро ба инобат гирифта, ўро соли 1988 бо фармони вазири корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шўравї ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон таъин карданд. Дар ин вазифаи пурмаҳсул то моҳи апрели соли 1995 фаъолият намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалї Раҳмон ташкилотчигию кордонии Шералї Хайруллоевро ба инобат гирифта, дар марҳилаи душвори таърихї бо фармони худ таҳти № 200 аз 7 апрели соли 1995 ӯро ба вазифаи басо пурмасъул – Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Аз моҳи апрели соли 1995 то ноябри 2013 Шералї Хайруллоев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, фаъолият намудаанд.

Шералї Хайруллоев ҳамчун ходими сиёсию давлатї замоне роҳбарии Вазорати мудофиаро бар дўш гирифт, ки он давраи ҳассосу мураккаби ҷанги шаҳрвандї буд ва баҳри пойдории сулҳ дар Ватанамон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро дар таъмини амнияти кишвар амалї намуда, дар ин ҷода ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.

Таи ин солҳо ҳамкорию ҳамоҳангсозї бо сохторҳои қудратї, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хадамотҳои махсус ва дигар сохторҳои марбута дар миқёси кишварамон ва берун аз он самаранок ба роҳ монда шуда, вусъат ёфтааст.

Имрўзҳо Қувваҳои Мусаллаҳ тавассути заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро вазири мудофиаи ҷумҳурї дар амал татбиқ намудааст, дар байни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷї мақоми хосаеро ишғол намудааст, ки ба он коршиносони ҳарбї баҳои сазовор медиҳанд. Бо ташаббуси бевосити ин шахси кордон муносибатҳои берунаи вазорат ва ҳамкориҳои ҳарбї–техникї густариш ёфта, нуфузи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалї дучанд гаштааст.

Аз нуқтаи назари бузургон танҳо ҳамон шахс хушбахт ва ба қуллаи баланди мурод расида метавонад, ки худро ҳампешаи марому мақсадҳои халқи худ дониста, ба нафъи он хизмати арзанда намояд. Бе муҳобот чунин шахсро дар симои Шералї Хайруллов дидан мумкин аст, ки тамоми ҳастии худро ба хотири оромию осудагии сарзамини худ бахшида истодааст.

Тамоми вазифаҳое, ки ба дўши ў вогузор гардида буд, бо маъсулияти баланд иҷро намуда, бо меҳнати пурсамари худ аз корманди қаторї то Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаанд.

Дар давоми фаъолияти худ, ў шогирдони зиёдеро тарбия карда ба камол расонидааст, ки онҳо дар сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат менамоянд ва боиси ифтихори ҳалқу миллат мебошанд.

Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заҳматхои чандинсолаи Шералї Хайруллоевро ба инобат гирифта, дар таърихи Тоҷикистони мустақил ба ӯ якумин шуда, рутбаи олии афсарї – «генерал-полковник» додаанд.

Фаъолияту меҳнати бенуқсони Шералї Хайруллоевро ҳукумати Иттиҳоди Шўравї, Тоҷикистони соҳибистиқлол, дигар давлатҳои хориҷї ва ҷамъиятҳои байналмилалї қадрдонї намуда, ўро бо зиёда аз 100 ордену медалҳо сарфароз намудаанд. Аз он ҷумла, ордени «Нишони фахрї». ордени «Исмоили Сомонї дарачаи 2», ордени «Ситораи Президент дараҷаи 2», таҳти № 1, ордени «Красная звезда», ордени олии байналмилалї «Золотая звезда», медалҳои «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «За укрепление боевого содружества», «Миротворец» «За воинскую доблесть», «За отличие в охране Государственной границы», унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишони «Заслуженный работник МВД СССР», ифтихорномаҳои фахрии «За активную работу по укреплению и развития Содружества Независимых Государств» ва «За активное участие в работе по укреплению военно-политической интеграции государств-членов ОДКБ» аз қабили онҳо мебошанд.

Ў моҳи сентябри соли 2001 Академики Академияи Байналмилалии ягонагии маънавии халқҳои ҷаҳон (Дипломи №45 аз 7 сентябри соли 2001) ва узви ҳақиқии Академияи Байналмилалии Илмҳои амнияти мучтамаъ (Дипломи ВАНКБ № 2851 аз 12 сентября соли 2013) интихоб шудаанд.

Оилаи Шералї Хайруллоев – Хайруллоева Нурия Бахетгареевна. Онҳо соҳиби ду фарзанд ва ду набера мебошанд. Фарзандонашон Тоҳир Шералиевич ва Таҳмина Шералиевна роҳи тайкардаи падарашонро гирифта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамоянд. Тоҳир Донишкадаи умумиҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро дар шаҳри Сант-Петербург, Акадмияи ҳарбї-дипломатии Вазорати мудофиаи Федератсияи Руссия ва Академияи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русияро дар шаҳри Москва хатм намудааст. Дар вазифаҳои пурмасъули фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда истодааст. Ӯ командири Хадамоти комендантии Кумитаи давлатии амнияти миллї, командири Бригадаи хамлаовари десантї, муовини якуми фармондеҳ – сардори сарситоди Қўшунҳои зудамал, муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст. Ҳоло дар вазифаи пурмасъул Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дорои унвони олии ҳарбии «генерал-майор» мебошад.

Таҳмина хамкунандаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Руссия дар шаҳри Москва ва адъюнктураи ҳамин донишгоҳ мебошад. Рисолаи номзади фанҳои ҳуқуқшиносиро дар шаҳри Москва ҳимоя намудааст. Дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз он ҷумла, сардори шуъба ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои ҳарбї-байналмилалї, намояндаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ситоди муттаҳида дар шаҳри Тампаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка адои хизмат кардааст. Дорои унвони ҳарбии «подполковники адлия» мебошад.

Ҳоло Таҳмина бо сабаби берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимї рафтанаш аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудааст.

 

Тамоми умр санги ғусса баҳри ҳифзи хоки кишварат

хӯрдї,

Зи тири фикри мулки порагашта борҳо дар зиндагї

мурдї.

 

Э з о ҳ

Новобаста аз шикастанафсӣ, хоксории Ш. Хайруллоев мехостам баъзе нуқтаҳоеро, ки берун аз мушоҳида ва хулосаҳои ҷамъкардаи ман буданд, аз дигар сарчашмаҳои таьрихї пайдо намоям. Бидуни он қиссаҳое, ки аз даҳони наслҳои гузашта ба мо расиданд, муайян намудам, ки тибқи насабномаи авлодї дар китоби “Ҷомеьул Асбоб” гузаштаҳои падарии Хайрулоев аз шумули уламо ва ашрофҳои бисёр ҳам бонуфўзи замони худ будаанд. Раванди сӯҳбат нишон дод, ки худи ў оид ба ин масъала маълумоти аниқ ва пурра надоштааст. Бобо ва бибикалонҳои ў аз қиссаҳои то замони мо омада расида, дар қишлоқи Виёни байни ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг дафн карда шудаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Аксҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ

 

капитан Ш.Хайруллоев дар иҳотаи хешу таборҳо.

 

Донишҷӯ: Ш.Хайруллоев дар қатори дуюм

 

Ш.Хайруллоев аз тарафи рост.

 

 

 

Лейтенант Ш.Хайруллоев бо ҳамхизматонаш.

 

Капитан Ш.Хайруллоев.

 

Волидайн, хоҳарону бародарони Ш.Хайруллоев.

 

 

Падари Ш.Хайруллоев бо фарзандонаш. Ш.Хайруллоев дар қатори сеюм

 

 

Ш.Хайруллоев бо падар ва бародаронаш.

 

 

Ш.Хайруллоев бо модару бародаронаш

 

 

Ш.Хайруллоев дар иҳотаи сарбозҳои Тоҷикистон, иштирокчиёни конфронси ҳизби коммунист дар ш.Красноярск

 

 

 

 

 

Ш.Хайруллоев дар иҳотаи бародарон ва хоҳаронаш

 

 

 

Генерал-майор Хайруллоев Тоир Шералиевич –ходими Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди нахустини Шералї Хайруллоев.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шиносоӣ

 

Дар чорсўи зиндагї сарнавишт охирҳои солҳои 70-уми асри гузашта нахустин бор маро ба ин марди адлҷўю ҳақиқатнигоҳ рў ба рў сохт. Дар ҳамон давра Шералї Хайруллоев сардори муассисаи ислоҳотии ноҳияи Ёвон буданд. Ман ба он ҷо барои гузаронидани амалиётҳои фаврї-тафтишотї рафта будам. Яке аз шарикони гурӯҳи айбдоршавандагони парвандаи ҷиної пештар бо дигар парванда ба ҷавобгарии ҷиної кашида шуда, бо ҳукми суд ба муддати 4-сол аз озодї маҳрум шуда буд. Тибқи нишондодҳои шариконаш, ки парвандаи ҷиноиро нисбати онҳо Раёсати тафтишотии Кумитаи бехатарии РСС Тоҷикистон тафтиш мебурд, нафари судшуда иштирокчии бевоситаи ҷинояти содиршуда буд. Дар аввал пурсишҳо ва суҳбатҳои мо бо гумонбар ягон натиҷа надоданд. Баъди бо Шералї Хайруллоев дар ҳамбастагї гузаронидани чораҳои фаврї гумонбаршуда ариза навишта тамоми ҳолатҳои иштироки худаш ва шариконашро ба тафсил кушода то ба анҷом расидани кор бо тафтишот ҳамкорї намуданд.

Шарафи ҳамкорї дар давоми солҳои сипаришуда ва ҳозира, дараҷаи кордонӣ ва касбияти ин инсони саропо тамкину заковатро ба рўям боз намуд. Дар даврони шўравї замоне, ки Шералї Хайруллоев сардори Раёсати корҳои ислоҳотї ва ҷонишини вазири корҳои дохилї буданд, Раёсати тафтишотии КБД РСС Тоҷикистон ба онҳо доимо ҳамкорї дошт. Ҳамкории наздик чеҳраи воқеии инсонро равшан мекунад. Шахсияти Шералї барои ман як саҳифаи тоза, панди зиндагї ва сабақи омўзанда буд. Ҳар қадар, ки дар як доира ҳамкорї доштем, ҳамон андоза ба фазилати фарқкунанда, ғановати афкору умқи назар ва зеҳни қавини он кас боварї ҳосил менамудам.

Аз пештара дида боз дар вақти таҳқиқи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ошноии ман бо Шералї Хайруллоев мустаҳкамтар гашт. Фоҷиаи баҳманмоҳи хунин оғози санҷиши мудҳиши таърихи навини миллати мо буд. Гурӯҳҳои пинҳонкор бе ибо ба фаъолияти ошкоро рў оварданд, ки рехтани хуни одамони бегуноҳро дар пай дошт. Ҷараёни воқеоти замон бо ҳадде босуръат тағйир меёфт, ки гоҳҳо таҳлилу хулосабарории дурусти он даст намедод. Айёми пурошўб ва пуртаззод бо ҳама бенизомиву қонуншикании худ назму низоми ҷомеаро аз ҳам пошида буд.

 

Қатрае буд сари миҷгон

 

Ҳар ки ҷони худро дар роҳи ҳифзи Ватану миллат нигоҳдорї кунад, онро барбод хоҳад дод ва ҳар ки ҷони худро дар ин роҳ аз даст диҳад, онро нигоҳдорї хоҳад кард.

Ҳамаи пешгўиҳо роҷеъ ба бадбахтиҳое, ки охири асри ХХ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравї мебоист рў ба рў мешуд, ба сари ҷумҳурии мо рехт.

Дар ин сол якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолият ва таркиби давлатдории тоҷикон зери хатар монд. Ваҳшати сарнавиште, ки тоҷиконро таҳдид мекард, ночор мамлакатро ба варта мебурд. Ва ин буҳроне буд аз тўфон ҳам шадидтар. Ҳукумати ба ном мусолиҳаи миллї, қудрати канор задани ин пешомади фоҷианокро надошт. Мавқеи Шўрои Олии ҷумҳурї равшан набуд. Бозиҳои пасипардагие, ки ин Ҳукуматро ба саҳна овард, идома меёфт. Аз вакилони халқ, ки шаҳру ноҳияҳои гуногунро намояндагї доштанд, бўе аз якдиливу ҳамбастагӣ эҳсос намешуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Қўрғонтеппаву Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳур гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва худсар бо майлу хоҳиши худ ҳукм меронданд. Мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои худидорї аз фаъолият боз монданд. Дар ҳар нафас фалаҷиву бефаъолиятї эҳсос мешуд. Пеши назари бисёриҳо равшан буд, ки давлату миллати тоҷик дар вартаи хатар қарор дорад. Ба қавли бузургвор Бедил «Қатрае буд, ки сари миҷгон овезон». Дар чунин як ҳолати нобоб неруҳои солими ҷомеа баҳри наҷоти истиқлолият ва соҳибдавлатї ба набард пардохтанд.

Танҳо Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шўрои Олї шуълаи умедро мунаввар сохт. Шералї Хайруллоев дар ин марҳилаи басе вазнин ба яке аз шахсиятҳои тавонои дар роҳи барқарор намудани низоми Ҳокимияти конститутсионї табдил ёфт. Ба ҳайси муовини вазир дар тавозуни қувваҳо ба нафъи осоиши мардум ва ҳифзи дороиҳои миллї бо роҳи пешгирии низоъ ва даргириҳои давомдор саҳм гузоштанд. Дар ин ҷабҳа низ худро дар ҳамон асолати муқаррариашон ҳифз намуда, дар пояи ақлу хирад саллоҳи кор меҷустанд. Дар замони беқонунї талош доштанд то ҳама тасмиму қарор ба адолати иҷтимої созгор бошанд. Дар қатори ҳамсафони худ аввалин пояҳои муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҷинояткориву бедодгарї эҳё намуданд. Сохторҳои қудративу интизомї ва амниятї иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии худро, ки замоне таҳти фишори ҳодисаҳои маълум канор гузошта буданд ё номуносиб анҷом медоданд, дубора рўи даст гирифтанд. Ҳамчун муовини вазири амният боз ба ман муяссар шуд, ки дубора ҳампаҳлўи Шералї нақшаи амалиётҳоро барои оромии кишвар тарҳрезї намоем, роҳ ҷўему тадбирсозї кунем то назму тартибот дар ҷомеа тадриҷан ба маҷрои мўътадил ворид гардад. Дар ин марҳилаи ҳамкорї низ аз ин инсони худогоҳ ва мутахассиси боирода танҳо сифатҳои ибратпазири одамияту касбият дар хотирҳо нақш бастааст.

 

Таъсиси Вазорати Мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Баъди анҷом ёфтани сессияи XVI-ми Шўрои Олї дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва таъини баъзе аъзоёни ҳукумати ҷумҳурї 12-уми декабри соли 1992 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон тавассути чархбол дар стадиони “Динамо”-и пойтахт фуруд омад. Дар гирду атрофи шаҳр заду хурд байни қувваҳои ҳукуматї ва мухолифин идома дошт. Дар рўзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудан сарвари давлат 18-уми декабри соли 1992 қарори Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бригадаи таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуд. Инҳо аввалин меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расиданд. Ҳукумати навтаъсиси кишвар ва сарвари давлат хуб дарк мекарданд, ки давлат бидуни қувваҳои мусаллаҳ ва нерўи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат вуҷуд дошта наметавонад. Дар он рўзҳои бисёр мушкилу ҳасос ва тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомї, аз ҷумла Қўшунҳои сарҳадї ва Вазорати Мудофиа ягон заминаи воқеї мавҷуд набуд. Аксарият шубҳа мекарданд, боварї надоштанд, ки дар чунин як шароити вазнин ва номусоид, вазъи ниҳоят ноороми сиёсї таъсиси артиши миллї имконпазир бошад. Зеро баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравї дар байни 15 ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлате буд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият аз артиши миллї ва қувваҳои сарҳадї, силоҳу лавозимот, ҳатто як бино ҳам мерос нагирифта буд.

Сабаби асосии дар он солхо амалӣ нагардидани милликунонии ҷузъу томҳои собик Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон, аз он ҷумла, полкҳои дар Кўлоб ва Қўрғонтеппа, қисмҳои ҳарбии дар шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буданд, ин эҳтимоли ба ихтиёри гурӯҳҳои алоҳидаи размандагони дар ин минтақаҳо амалкунанда тақсим мегардид. Дар ин ҳолат шояд, ки Тоҷикистон порча-порча гардида, ҳамчун давлати алоҳида аз байн мерафт.

Бинобар ин, он чї, ки буд насиби дивизияи 201-и тирандозї ва гурўҳи сарҳадбонони Федератсияи Руссия гардид. Дар ҳине, ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбї, муҳимоту лавозимот ва иншоотҳои зарурї миллї гардонида, соҳиби артиш ва сохторҳои низомї шуданд.

Аз ҳамин лиҳоз сарвари давлат ва вакилони мардумї ба хулосае омаданд, ки бетаъхир артиши миллиро ташкил намуда аз пайи таъсиси дигар рукнҳои давлатдорї ва танзими фаъолияти онҳо шаванд. Дар баробари ин проблемаи ниҳоят мушкил ва ҳалталаб дар он айёми вазнин Ҳукумат бояд фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла сохторҳои милитсия, прокуратура ва судро пурра барқарор намуда, сипас сохторҳои мубориза бо маводи мухаддир ва дигар сохтору мақомотро таъсис медод. Зеро он ниҳодҳо барои таъмини суботи сиёсї ва амнияти давлат ва ҷомеа саҳми бузург доштанд.

Агарчи қарори Раёсати Шўрои Олї оид ба таъсиси Вазорати Мудофиа тасдиқ шуда бошад ҳам, то моҳи январи соли 1993 дастгоҳи марказии сохтор вуҷуд надошт. Бо сабаби нарасидани афсарҳои касбии дараҷаи лозимї 18-уми январи соли 1993 шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон, хатмкунандаи омўзишгоҳи олии фармондеҳии танкии шаҳри Тошкент ва академияи ҳарбии қўшунҳои зиреҳпўши танкии шаҳри Москав полковник Шишлянников Александр Владимирович даъват гардида, ба вазифаи вазири мудофиа таъин шуд. Вай зиёда аз 50-нафар афсарону хизматчиёнро аз Вазорати дифои Ўзбекистон ба Тоҷикистон интиқол намуд. Як қисми афсарон-мутахассисҳо зодагони Тоҷикистон буданд ва ба ин ҳайат шомил шуданд.

 

Таъинот

Аслан гурӯҳҳои ҳарбиёне, ки дар ҷангҳои шадиди ноҳияҳои Ғарм, Тавилдара ва дигар қисмҳои водии Рашт солҳои 1993-1994 истифода мешуданд, аз ҳисоби силоҳбадастони фронти халқї ба қӯшунҳои Вазорати Мудофиа ва сарҳадї шомилшудагон буданд. Амалиётҳо нишон доданд, ки қувваҳои мусаллаҳ бояд, ки роҳбари миллии худро аз ҳисоби фарзандони сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистон дошта бошад. Сарвари давлат барои амалї гардонидани ин ният ва иҷрои баъзе чорабиниҳои ҳукуматї Шишляниковро бо рутбаи генерал-майор сарфароз гардонида, ӯро аз вазифааш сабукдўш намуд. Дар ҳамон шабу рўзҳо сарҳад ноором буд. Қочоқи яроқу лавозимоти ҳарбї, маводи мухаддир ва марзшиканиҳои дутарафа аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баръакс, дар авҷ буданд. Аз дигар ҷониб шуру ошўбҳои дохили кишвар дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, вилояти Хатлон, ки аз ҷониби қумандонҳои саҳроие, ки аллакай ба Қўшунҳои мусаллаҳ шомил шуда буданд, вазъи сиёсї ва ҷамъиятиро ноором мекарданд. Вазъият талаб мекард, ки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандї пурзӯр карда шавад.

Дар чунин як марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз моҳи апрели соли 1995 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералї Хайруллоев ба вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Бо сабаби ҷанги шаҳрвандї бисёр чеҳраҳои шинохтаи ҳарбї ба ҳар баҳона Тоҷикистонро тарк гуфта буданд. Нафари ҳарбие, ки дар замони барои Тоҷикистон душвортарин, чун фарзанди содиқи Ватан, Тоҷикистонро тарк накарда дар ҳимояи обу хоки он устувор бимонд, дар қатори дигар сарсупурдагони миллат генерал Хайруллоев буд. Дар ҳамон давра мисли сарвари ҷасуру ватанпарвари кишвар Эмомалї Раҳмон, Шералї Хайруллоев низ ҷавон буд. Барои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани ин ё он нафари аз ҳар ҷиҳат пухта расидаи ҳарбї, кори басо пурмасъулият буд. Он замон на ҳар кас ҷуръат дошт, ки роҳбарии идораи қудратиро ба уҳда бигирад. Вазъи кишвар нобасомон буд. Ҳанўз ҳам дар ёд дорем, ки бо супориши сарвари давлат ману Зуҳуров бо даҳҳо ҳарбиёни берунмарзї суҳбатҳо намуда, онҳоро барои кор ба сифати вазиру муовини вазири мудофиа даъват карда будем. Вале бо ҳар баҳона аз роҳбар шудан сар мепечиданд. Ҳамин Хайруллоев буд, ки супориши Сарвари давлатро оиди роҳбари Вазорати Мудофиа шудан ба уҳда гирифта, барои онро аз ҳолати ногувор баровардан камари ҳиммат баст.

Воқеъан эътимоду эътиқоду эҳтиром барои ҳар як инсон ва фарде, ки умри хешро сарфи хизмати Ватан карданист, бузургтарин атои иллоҳист ва ин ҳадяи худовандї ба касе муяссар мешавад, ки барои фатҳи қуллаи мақсуд ҷону тавони хешро дареғ намедорад. Монеаву душвориҳоро оқилонаву дурандешона бартараф месозад, ҳамвора тадбир меандешаду амалї мекунад, пайи беҳдошти рўзгори афсарону аскарон ва афзудани иқтидори ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон шабу рўз заҳмат мекашад.

Беҳуда шоир нафармудааст:

 

Мо дар сафи нанг пеш ҳастем, бас аст,

Дар ҳавсала низ беш ҳастем, бас аст.

Дар гардани мо адои қарзи Ватан аст,

Фарзанди замони хеш ҳастем, бас аст.

 

Соли 1995 Артиши миллии Ватан дар як ҳолати ногувору ноҳинҷор қарор дошт. Афсарону аскарони соҳибкасб, мутахассисони ҳарбӣ намерасиданд. Сохторҳои идораи ҳарбї, ташаккули ҷузъу томҳои низомї, муқаррароту таъинот ва доираи фаъолияти ҳар яки онҳо ҳанўз номукаммал, номунтазам буданд. Шералї Хайруллоев аз пайи ҳикмати корро корфармоён мекунад, рафт ва дар таку дави аз ҳисоби афсарони таъиншуда пурра сохтани фармондеҳии қўшунҳо афтод. Бо кўшишу ташаббусҳои ў ва кормандони сохтори марказї нафарони зиёде ба макотиби гуногунпояи ҳарбии Руссия ва мамолики дигари дунё фиристонида шуданд. Мубодилаи донишу таҷриба ва ҳамкорї бо вазоратҳои дифои мамолики гуногун барқарор гардид. Тибқи қарордод мутахассисони пуртаҷрибаву соҳибмаълумот аз Россия ба ҳайси мушовирон ба Тоҷикистон даъват шуда, дар рушду нумӯи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї саҳми босазо гузоштанд.

Шералї ҳамчун вазири мудофиаи кишвар зимни иҷрои ваколату салоҳият ва тақозои вазифа зуд-зуд сафарҳо менамуд. Сафарҳое, ки мақсад аз онҳо ошноии бевосита бо вазъияти иқтисодиву низомии ҷузъу томҳои ҳарбист. Агар ў қисми ҳарбиро ба чашми сар намедид, ягон қарори қатъї қабул наменамуд. Гўё зарбулмасали “Шунидан кай бувад, монанди дидан”-ро маҳз амалӣ мекард. Баъзан ин диданҳо дар баробари шодиву фараҳ боз нақши ҳузнангез ҳам мегузошт. Ў, ки имони комил дорад, ҳеҷ вақт рӯҳафтода намешуд. Хусусан ман ин ҳолатро дар лаҳзаҳои якҷоя буданамон дар амалиётҳои Тавилдара ва Сағирдашт мушоҳида карда будам. Дар чунин лаҳзаҳои сангин ва гарони рўзгор рў ба танҳої меоварду дуторро ба каф мегирифт. Баъди ҳар як фурўравиҳо ба олами мусиқї пайи тадбири мушкилоте фикри наве тавлид мешуд. Ў дуторро ба даст гирифта доимо таъкид менамуд:

- Мусиқї беҳтарин давои инсон аст! Ҳамин дутор аст, ки гоҳу ногоҳ ба даст мегираму нохун мезанам. Мо ба ҳам роз мегўем, илоҷи дили афгор меҷўем. Мусиқї зеҳнро рўшан месозад.

Ў доим таъкид менамуд:

Аз хоки Ватан ба ман расад гард, бас аст,

Аз боғи гулаш маро гули зард бас аст.

Осуда ватандор набошад харгиз,

Як умр даво ҷустан аз ин дард, бас аст.

 

Мушкилиҳои дохили кишвар

 

Ба саволи шумо як умр корманди соҳаи милиса ва сохторҳое, ки ба ҳамин мақомот марбутанд, ифои вазифа намудед ва яку якбора салоҳияту ваколати шумо 380 дараҷа тағйир ёфт худро дар кадом вазъ ҳис кардед?- Шералӣ Хайруллоев посух медиҳад:

-Рости гап, ки аз вазир таъин шуданам агар гўям, ки аз шодї дар куртаам намеғунҷидам, ба ҳақиқат рост намеояд. Метавонистам, ки ҷои гармамро хунук накунам. Орзу ширин аст, вале сер намекунад. Мо сарбоз ва фармонбардорем. Аз ҷониби Сарфармондеҳи кишвар амр, ки шуд, аз паси иҷрояш мешавем. Сипас ман вазъиятро дар ҷумҳурї хуб медонистам. Айёми ҷўшу хурўши ҷанги шаҳрвандї буд. Қисмати зиёди гурӯҳҳои силоҳбадасти собиқ мухолифин аллакай дар Раштонзамин мавқеи моддї-техникї ва марказҳои ҷангї таъсис дода, омодаи набард буданд. Сарҳади давлатї ҳам дар самти Дарвозу Бадахшон ба таври бояду шояд мустаҳкам набуд.

Нахустин рўзе, ки ба бинои марказии вазорат даромадам, гумон бурдам, ки вориди як иморате шудам, ки кайҳо боз рўи таъмирро надидааст. Дар толор, вақте ки манро шиносонданд, фикр намудам, ки дар ситоди партизанҳо барои ҳалли амалиёти навбатї даъват шуда бошам. Нишастагон як қисм либоси низомии саҳрої доштанду қисми дигар либоси мулкї. Тааҷҷуб накардам. Чунки ин манзара аллакай аз соли 1992 ба ман шинос буд. Шиносої бо ҳайати шахсї нишон дод, ки дар Дастгоҳи марказї як қисм афсароне хизмат мекарданд, ки ҳамроҳи Шишляников аз Ўзбекистон омада буданд ва дигарон афсарони соҳаҳои гуногун буданд. Дар баробари норасоиҳои ташкилї бо муаммо ва проблемаҳое вохўрдам, ки аз тарафи ҳайати шахсии бригадаи 11-ум ва қисми ҳарбие, ки тобеи Маҳмуд Худойбердиев буд, эҷод мешуданд. Аз рўи ахборҳое, ки дар даст доштам, медонистам, ки дар гирду атрофи қумандонҳои ин воҳидҳои ҳарбї ва ҳаммаслакони онҳо бозиҳои пасипардагї оғоз шудаанд. Аз дигар ҷониб байни худи онҳо рақобати носолим барои таҳти тассаруф гирифтани мавқеҳое, ки пахта, сўзишворї ва дигар намудҳои ашёи хом доштанд, сар шуда буд.

Дар чунин як вазъияти ноустувор баъзе косалесон, иғвогарон ба ҳар роҳу восита дар атрофи ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша гирд омада, барои ноором гардонидани вазъи ҷомеа ҳар гуна дасисабозиҳоро оғоз менамуданд. Медонистем, ки ин равандҳо аз ҷониби душманони дохилии кишвар бо дастгирии қувваҳои бурунмарзї чї тавре, ки қабул шудааст, “қувваи сеюм” тамоми имкониятҳои мавҷударо барои ноором гардонидани вазъи сиёсиву ҷамъиятї ва иқтисодї истифода менамуданд. Хусусан дар вилояти Қўрғонтеппа, ноҳияҳои наздисарҳадии Шаҳритуз, Турсунзода, водии Ҳисор гурӯҳҳои зиддиҳукуматї аллакай нақшаи гузаронидани табаддулоти давлатиро тарҳрезї карда буданд. Ба тавсияи хоҷаҳои бурунмарзиашон барои амалї намудани ҳадафҳои нопок онҳо байни мардуми ўзбеку тоҷик, ки асрҳои аср дўсту қарин буданд, тухми адоват мекоштанд. Мехостанд, ки низоъҳои миллиро истифода намуда байни ин ду миллат моҷаро андозанд. Мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо аз суст будани мақмотҳои маҳаллї ва найрангҳои баъзе кормандони онҳо бадхоҳон истифода намуда, исёнгарон вазъиятро ба маҷрои ба онҳо лозим равона намуда, таъсири манфї мерасониданд.

 

 

 

 

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, хусусан ноҳияҳои Шаҳритуз, Сарбанд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав мақомоти иҷроия хеле заиф буд ва қудрат дар дасти қумандонҳо И.Бойматов, М. Солеҳов, Ҳ.Насруллоев (раиси тоҷикматлубот), М.Худойбердиев ва дигарон буд. Дар ин шабу рўзҳо афсарон, мутахассисони касбї дар мақомот хеле кам буданд. Аз ин хотир низому тартибот дилхоҳ набуд. Оиннома ва қоидаҳои хизмати ҳарбї, даъват ба хизмат ва дигар меъёрҳои танзимкунандаи хизмати ҳарбї хеле суст буданд. Дар вилоятҳои Суғду Бадахшон ҷузъу томҳои касбии вазорат фаъолият надоштанд. Зерсохторҳое, ки дар ин вилоятҳо ба нақша гирифта шуда буданд, дар ҳолати ташкилшавї буданд. Ба замми ин аксарияти афсарону сарбозон аз ин минтақаҳо ва бригадаи 11-уму қисмҳои ҳарбии Восеъ ва Колхозобод ба ноҳияи Тавилдара сафарбар шуда буданд. Дар шимоли кишвар вазъи ҷамъиятиву сиёсиро собиқ раиси Ҳукумати вилояти Суғд Ҳомидов ва ҳаммаслакони ў ноором мекарданд. Аҷоиби кор ин буд, ки муовини ў муовини аввали вазири корҳои дохилии Ўзбекистон таъин шуда буд. Қазоват кунед, дар чунин ҳолат Ҳомидов ба кадом осиёб об мерехт?

Дар баробари ин норасоиҳо проблемаҳои байнисарҳадї бо ҳамсояи наздики мо Ҷумҳурии Ўзбекистон ба миён омад. Мутаассифона, то ҳоло моҷарои байнисарҳадӣ бо ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон ҷой дорад.

Дар даҳр фақат мақоми ҳақ мемонад,

Танҳо ба забон каломи ҳақ мемонад.

Аз дар тамоми номдорон гузаранд,

Як номи бузург номи ҳақ мемонад.

 

 

 

 

Ислоҳоти ҳарбӣ ва рушду нумӯи

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар солҳои аввали истиқлолият дар шароити нооромиҳои вазъи кишвар марҳилаи аз як шакл ба шакли дигари давлатдорї - ба сохти давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявї гузаштани Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоту душвориҳо ва монеаҳои зиёд, бомуваффақият амалї гардид.

Барои амалї намудани ин тадбирҳои таърихї пеш аз ҳама таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз рукнҳои асосии давлати мустақил мебошад ва он дар шароити ниҳоят ҳассоси кишварамон бе ягон заминаҳои меросї бунёд шуд.

Аз соли 1995 сохтмони Артиши миллї се марҳиларо дар бар гирифт. Дар марҳилаи нахустин мақсади асосї ин ташаккули қувваҳои ҳарбие буд, ки музаффариятҳои Истиқлолиятро ҳифз ва якпорчагии Ватанро ҳимоя карда тавонанд. Ба ин хотир қисмҳои ҳарбие ташкил гардиданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои зиддиҳукуматї ва ҳифзи сохти конститутсионї ба ҳисоб мерафтанд. Чанд амалиёти пирўзонаву аз лиҳози санъати ҳарбу зарби ҳунармандонаи чунин қисмҳои низомии барқосо ғуррандаву разманда ба дили душманони Ватан даҳшату тарсу ҳарос меафканд, то дигар нияти ғасби ҳукумат надошта бошанд.

Марҳилаи дуюм бошад, такмили сохторҳои ташкилї-штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб рафта, дар ин давра навъҳои асосии Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбї-ҳавої ва Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавої, Коллеҷи олии ҳарбї, Госпитали марказии ҳарбї таъсис ёфтанд ва ба бунёди қисмҳои таъиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд.

То соли 1995 дар Вазорати Мудофиа ҳамагї 3 бригада ва як баталиони посбонї ва баталиони Исфара буду халос. Ин қисмҳои ҳарбии хушкигард яке аз аввалинҳо буда, дар заминаи онҳо бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури вазири мудофиа Қўшунҳои хушкигард ва Раёсати он ташкил гардид.

Қўшунҳои хушкигард яке аз навъҳои муҳим ва сершумори Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ба шумор меравад. Вазифаи асосии ин навъи қўшун аз бурдани амалиётҳо дар хушкї иборат мебошад. Барои такмили малакаю маҳорати хизматчиёни ҳарбї дар ҷузъу томҳо, гузаронидани машғулияту машқҳо, майдончаҳои тактикї, омўзиши посбонї, муҳандисї, сапёрї, майдончаҳои варзишї, шаҳрчаҳои тирпарронї ва майдонҳои омўхтану идора кардани танку дигар техникаҳои зиреҳпўш ва автомашинаҳои ҳарбї бунёд карда шудаанд.

Дар тўли фаъолияти Шералї Хайруллоев Қўшунҳои хушкигард ривоҷу равнақ ёфта, барои таъмини амнияти кишвар як қатор қисмҳои нав таъсис дода шуда, бо техникаҳои гуногуни ҳозиразамон таъмин гардиданд. Ҷузъу томҳои он дар машқҳои муштарак бо сохторҳои қудратии ҷумҳурї ва воҳидҳои ҳарбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштирок намуда, маҳорату қобилияти ҷангї ва касбии худро сайқал дода, дар роҳи мастаҳкамгардонии иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.

Раёсати Қувваҳои ҳарбї-ҳавої мутобиқи дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1993 таъсис дода шуд. Ҳамон вақт дар вазъияти ноороми ҷомеа ва шароити кӯҳсори кишвар таъсисёбии Қувваҳои ҳарбї-ҳавої яке аз иқдомҳои устувори роҳбарияти мамлакат ба ҳисоб мерафт.

Қувваҳои ҳарбї-ҳавої дар марҳилаи ибтидої ҳамагї бо чаҳор адад чархболи ҷангии таъмирталаб ба иҷрои вазифаҳои худ шурўъ намуда буд. Бинобар ин, барои иҷрои вазифаҳои вогузоршуда дар ҳаҷми 30-40 % имкон дошту халос.

Ҳоло бошад, бо кўшишу заҳмати роҳбарияти сиёсии давлат, Ҳукумати ҷумҳурї ва Вазорати Мудофиа имрўз Қувваҳои ҳарбї-ҳавої соҳиби техникаҳои авиатсионии муосири ҷангї, ҷангї-нақлиётї ва машқї, шабакаи алоқаю техникаҳои сўхторнишонї, нақлиёти хизматрасонии соҳавї гашта, иқтидори мудофиавии кишварамонро боз ҳам мустаҳкам менамояд.

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1994 ҳамчунин ба ташкили сохтори Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон шурўъ карда шуд.

Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавої чун яке аз навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи асосии он дар замони осоишта тавассути ҷузъу томҳои зенитию ракетї ва воситаҳои радиотехникї назорат кардани харакати ҳадафҳои фазои ҳавої ва ҳифзи сарҳадоти давлатии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ибтидои ташкилёбї ин навъи қўшун бо техникаи зенитию ракетии фарсудаю кўҳна, воситаҳои радиотехникии номукаммал, шабакаҳои нопурраи алоқа, воситаҳои нақлиёти ба талабот ноҷавобгў муҷаҳҳаз гардида буданд, аз ин лиҳоз, иҷрои вазифаҳои гузошташудаи ҷангиро дар ҳаҷми нокифоя таъмин мекард. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавої бо техникаву аслиҳаи нави ҷангии замонавии зенитию ракетї, воситаҳои ҷангии интиқолшаванда, шабакаҳои муосири радиотехникї ва техникаи таъиноти умумии таъминотї муҷаҳҳаз гардида, дар шароити имрўза омодаанд, ки ҳар як супориши гузошташударо оид ба назорати фазо ва ҳифзи сарҳадҳои ҳавоии кишвар дар сатҳи зарурї ва ба таври эътимодбахш иҷро намоянд.

15 октябри соли 2005 дар натиҷаи муттаҳид гардидани ду навъи қўшун - Қувваҳои ҳарбї-ҳавої ва Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қувваҳои ҳарбї-ҳавої ва мудофиаи зиддиҳавої таъсис дода шуд, ки дар якҷоягї вазифаҳои муҳими вобаста ба муҳофизати амнияти фазои ҳавоии кишварро таъмин менамояд.

Бо дарназардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбї-сиёсии ҷаҳони имрўза ва Осиёи Марказї Шералї Хайруллоев ба мустаҳтаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар бо таъсис додани қисму воҳидҳои ҳарбї, махсусан, дар минтақаҳои таҳдидкунанда таваҷҷўҳи хосса медод. Вобаста ба ин, дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатї дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт, Тавилдара қисмҳои ҳарбии нав таъсис ёфтанд. Дар ин раванд бо фармони Асосгузори сулху вахдати миллї, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон 23 феврали соли 2003 Қўшунҳои зудамал таъсис ёфт. Мақсади асосии бунёди Қўшунҳои зудамал ин ҷорї намудани усулҳои нави амалиётҳои ҷангї бар зидди гурўҳҳои террористї ва дар маҷмўъ боз ҳам сайқал додани маҳорати ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Дар тӯли фаъолияти худ Шералї Хайруллоев бо дарназардошти аҳамияти стратегии мудофиавї доштан ва мавқеи ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойгир намудани маҳалии қисмҳои ҳарбие, ки ташкил карда мешуданд, диққати махус зоҳир менамуд. Чунки дар ҳудуди вилоят то замони ба Истиқолияти давлатї соҳиб гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии бехатарии собиқ Иттиҳоди Шўравї фаъолият мекард.

Масъалаи ҳифзи дастоварди Истиқлолият ва ҳимояи давлату давлатдории миллї ва марзу буми кишвар ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим мебошад. Ин масъала дар шароити мурккаб гардидани вазъи ҳарбї-сиёсї ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, осебпазир гардидани Истиқлолияти давлатҳои миллї аҳамияти боз ҳам ҷиддиро касб мекунад. Аз ин лиҳоз, масъалаи дар ҳудуди вилоят таъсис додани қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиа ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Шералї Хйруллоев ҳамчун як фарди бо нангу номус дар роҳи амалї намудани ин нақшаи муҳими аҳамияти ҳарбї-сиёсї дошта тамоми чораҳои заруриро барои ташкил ва ҷойгир кардани қисмҳои ҳарбии навтаъсиси вазорат дар ҳудуди гарнизони Хоруғ меандешид. Биною иншоотҳое, ки дар ҳудуди гарнизон ҷудо мешуданд, таъмирталаб ва барои ҷойгир намудани ҳайати шахсї номувофиқ буданд. Маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, заҳматҳои шабонарўзии вазири мудофиа ва кўмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як муддати кўтоҳ онҳо аз таъмири асоси бароварда шуда, барои ҷойгир намудани қисмҳои низомї бо техникаҳои ҳарбї сохторҳои дахлдор барои ташкили хизмати шабонарўзї шароити муфид фароҳам оварда шуд.

Дар ин раванд, дар гузаронидани корҳои омодагї ба мавсими тирамоҳ ва зимистон, аз он ҷумла, захираи зарурии амволи шайъї, маводҳои хўрока, сўзишворї ва ҳезум, ҳамзамон, ободонии биною иншоотҳои қисмҳои ҳарбї ва ҷузъу томҳои гарнизон диққати махсус зоҳир карда мешуд.

Қисмҳои ҳарбии вазорат дар гарнизони Хоруғ қувваи асоси буда, дар ҳамбастагї бо Қўшунҳои сарҳадї дар ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷуҳурии Исломии Афғонистон ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд. Дар сатҳи зарурї нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятї, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва ҷудоихоҳ онҳо низ, дар ҳамоҳангї бо дигар сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеш мебошанд. Ҷолиби диққат аст, ки ҳангоми ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ соли 2012 ба вуқуъ омада, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии гарнизони Хоруғ ба фишори издиҳом тоб оварда, омили боэъимод барои ба эътидол овардани вазъият гардидаанд.

Барои сайқал додани маҳорати касбии сохторҳои қударатї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳбарон ва ситодҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он чандин маротиба машқҳои муштарак ба нақша гирифта пайваста гузаронида мешуданд.

Аз ҷиҳати таъмини кадрї қариб 80 фоизи ҳайати шахсии Қўшунҳои зудамал афсарони дорои маълумоти олии ҳарбї мебошанд. Бояд қайд намуд, ки барои таҳсил ба Омўзишгоҳи олии десантии шаҳри Рязани Федератсияи Руссия ҷавонони зиёде фиристода шуда буданд, ки онро хатм намуда, минбаъд асоси афсарони касбии воҳидҳои десантиро ташкил доданд.

Мутобиқи фармони вазири мудофиаи мамлакат дар қисмҳои ҳарбї оид ба тарбияи кадрҳои ҷавон шўрои устодон аз ҳисоби афсарони пуртаҷриба амал менамояд, ки онҳо ба афсарони ҷавон ҳамаи нозукиҳои хизмати ҳарбї ва фаъолияти ҳамарўзаи онро меомўзонанд.

Дар тўли фаъолияти худ баҳри такомули омодагии мудофиавии кишвар дар он тағйиротҳои куллї ба сомон расонида шуд. Аз нуқтаи назари стратегї ҷиҳати сукунати қисмҳои ҳарбї чораҳо андешида шуда, сохтор ба манфиати мудофиа нигаронида шудааст. Ҳодисаҳои солҳои 1998 дар вилояти Суғд, соли 2009 дар Тавилдара ва солҳои 2010-2013 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Хоруғ ба куллї тағйир додани тактикаи пешбурди набардро талаб мекард. Тағйирёбии характери ҷангҳои муосир, шароити табии Тоҷикистон роҳбариятро водор менамуд, ки сари тағйиротҳои куллї андеша намоянд.

Аз рўзи таъсисёбиаш Қўшунҳои зудамал дар якҷоягї бо дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва низомиёни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса, Казоқистон ва Ҳиндустон машқҳои муштарак гузаронида, таҷрибаи ҷангии хешро пайваста такомул медиҳад.

Ҷузъу томҳои десантии Қўшунҳои зудамал замина ва нерўи асосии онро ташкил медиҳад. Дарвоқеъ, десантчиён вазифаҳои вазнину махсусан муҳим, пурхатарро ба ўҳда доранд. Аз он ҷумла, ба роҳ мондани амалиётҳои диверсионию разведкавї, дар ақибгоҳи душман ба таҳлука андохтани ақибнишинии душман ва омода кардани шароит барои ба ҳуҷум гузаштани қувваҳои асосї ва амсоли инҳоро бояд ба анҷом расонад.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ баталионҳои десантї дар ҳамаи машқҳои ҳарбии тактикие, ки дар гўшаҳои гуногуни ҷумҳурї гузаронида мешуданд фаъолона иштирок намуда, давра ба давра омодагии касбї ва маҳорату малакаи чангии худро баланд мебардоранд.

Масалан, рўзи 2 августи соли 1998 дар пойгоҳи ҳарбии «Фахробод» машқҳои воҳидҳои десантӣ гузаронида шуд, ки дар он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба ҳайати шахсии десантчиён тавассути чархболҳо бо парашют партофта шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалї Раҳмон ва намояндагони ҳарбии мамлакатҳои хориҷї дар ин машқҳо иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати десантчиён баҳои баланд доданд. Дар ин чорабинї Президенти кишвар Десантчии фахрї интихоб карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки дуруст ба анҷом расонидани супориши хизматї аз десантчиён омодагии хуби ҷисмонї, истифодаи моҳиронаи силоҳу аслиҳа, маҳорату малакаи баланд дар усулҳои гуногуни задухўрдҳои тан ба тан, ҳушёрию чусту чолокї, дониши хуби ҷуғрофї, донистани нозукиҳои шароити кўҳу биёбон, истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёти заминию ҳавої, гузаштан аз мавзеъҳои мушкилгузар ва ғайраро талаб мекунад.

Десантчиёни тоҷик амалан дар задухўрдҳо бо гурўҳҳои зиддиҳукуматї собит сохтанд, ки ҳайати шахсї баҳри муҳофизати Ватан ҳамеша омода буда, ҷони худро дареғ намедоранд.

Минбаъд, барои дар амал санҷидани механизми иҷрои Аҳдномаи дуҷонибаю минтақавї дар таъмини амният ва таҳияи амалиёти муштараки мақомоти идораи ҳарбї, қўшунҳои давлатҳои Осиёи Марказї ва Федератсияи Русия дар нобуд сохтани дастаҳои террористї якчанд машқҳои муштарак гузаронида шуданд. Соли 2012 дар вилояти Суғд десантчиён дар машқҳои муштараки «Ҳамоҳангии минтақавї-2012» иштирок намуданд. Дар машқҳо гурўҳҳои амалиётї ва намояндагони низомии Қувваҳои мусаллаҳи панҷ давлат, аз он ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ИМА ширкат намуданд.

Шералї Хайруллоев ба омодагии ҷангии тамоми навҳои қўшун диққати махсус зоҳир менамуд. Масалан, фуруд овардани десантчиён тавассути ҳавопаймоҳо ва чархболҳо амалӣ мешуд. Вале фуруд овардани десантчиён вобаста ба мавзеи таъиншуда гуногун мебошад. Дар дашту биёбон ва заминҳои ҳамвор десантчиён бештар бо парашютҳо партофта мешаванд. Дар шароити кўҳу ҷангал бошад, десантчиён бе парашют аз баландии 3-4 метрё бо бандҳо аз чархбол фуруд меоянд. Десантчиёни Қўшунҳои зудамал чунин машғулиятҳоро пайваста ба роҳ мемонад ва таҷрибаи зиёд дорад. Азбаски 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кўҳсор ташкил медиҳад, баланд бардоштани омодагии ҷангии кўҳї яке аз вазифаҳои асосии десантчиён ба ҳисоб меравад. Амалиётҳои ҷангї дар шароити кўҳсор албатта нозукиҳои хоси худро дорад, барои омўзиши тактикаи ҷангии кўҳистон бо ҷузъу томҳои десантии кўҳї пайваста чунин машғулиятҳо гузаронида мешавад. Зеро кўҳистон камтарин хаторо намебахшад. Барои ин бояд пеш аз ҳама омодагии хуби ҷисмонї, чусту чолокї, ҳушёрї ба тариқи гузаштан аз мавзеи мушкилгузар, ноайён наздик шудан ва душманро хуб донистан лозим меояд. Дар кўҳистон онҳо пеш аз ҳама бояд тактикаи ҷангҳои наздикро аз худ карда, дар ҳайати гурўҳҳои хурд амал намудан, бо истифодаи силоҳу аслиҳаи сабук ва задухўрдҳои тан ба тан шинос бошанд, чунки истифодаи техникаи вазнини ҷангї дар кўҳистон чандон мувофиқ нест.

Барои иҷрои амалиётҳои дарозмуддати разведкавї дар кўҳистон десантчиён метавонанд ба мушкилоти зиёд рў ба рў шаванд, ба мисли афтодан ба иҳотаи душман, кўмак аз қувваҳои худї ё гум шудани алоқа бо онҳо ё роҳгум задани худи онҳо.

Бо назардошти зикргардида, вазири мудофиа талаб менамуд, ки дар асоси барномаи махсус машғулиятҳои амалї наздик ба бурдани амалиётҳои ҷангї дар шароити кўҳистон марҳила ба марҳила гузаронида шаванд.

Бояд қайд намоем, ки се баталиони десантии кўҳии Қўшунҳои зудамал ба ҳайати Қувваҳои муштараки зудамали Осиёи Марказї шомил гашта, ба онҳо тибқи барномаи махсуси омодагии ҷангї таълим дода мешаванд. Дар ҳайати ин Қувваҳои муштараки зудамал онҳо чандин маротиба дар машқҳои таълимии низомї бо ҷузу томҳои ҳарбии Федератсияи Руссия, Франсия, Хитой, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина иштирок намуданд.

 

 

 

Иштироки десантчиён дар задухўрдҳо бо гурўҳҳои зиддиҳукуматї дар ҳудудҳои шаҳри Қӯрғонтеппа моҳҳои июл-августи соли 1997, дар вилояти Суғд моҳи ноябри соли 1998 ба муқобили дастаи Маҳмуд Худойбердиев, дар шаҳри Ваҳдат моҳи апрели соли 1998, инчунин дар шаҳри Хуҷанд соли 1998 ва дар Теппаи Самарқандї ба муқобили дастаҳои Раҳмон Сангинов ва Муаккалов моҳи июли соли 2001, солҳои 2010-2011 дар ноҳияҳои Рашт собит сохтанд, ки онҳо дар ҳама ҳолат метавонанд амнияти мардум ва истиқлолияти кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳайати шахсї дар ин набардҳо мардонагию ҷасорат нишон дода, тавонистанд ба душман ғалаба намоянд.

Ба ғайр аз ин, бо роҳбарии афсарони пуртаҷриба якчанд супоришҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳаёти афсарон ва сарбозон хатарнок буд, моҳирона ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра минтақаҳои Тавилдара, Калининобод, Шаҳритус, Даштиҷум, кони тиллои Шугнов, Ванҷ, ВМБК аз мина тоза карда шуда, дар бартараф намудани оқибатҳои офати табиї дар ноҳияҳои Айнї, Ҳамадонї, шаҳри Панҷакент, Бойғозї ва ғайраҳо кўмаки калон расониданд.

 

 

 

Десантчиён ҳангоми аз чархбол фуруд омадан

 

Мавриди қайд аст, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиа Шералї Хайруллоев иншоотҳои барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷудошуда, ба қадри имкон, ба шаҳрчаҳои ҳарбї мутобиқ карда шудаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шаҳрчаҳои ҳарбї - маҷмўи иншооте мебошанд, ки дар онҳо бинои маъмурии

 

 

 

Машқхои муштараки ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд (машқгоҳи Чоруқ-Даррон, соли 2012)

 

идоракунї, парки техникаи ҳарбї, хобгоҳҳои сарбозон ва дигар биноҳои фароғатию маишї барои сарбозон ва инчунин шароити мусоиди истиқоматии афсарон, прапоршикҳо ва аъзои оилаи онҳо фароҳам оварда мешавад. Бо ибораи дигар, шаҳрчаҳои ҳарбї бояд ҳамаҷониба ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат намоянд. Дар ин раванд дар шонздаҳ шаҳру ноҳияҳои кишварамон тавассути муҳайё сохтани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳо биноҳои

 

 

комиссариатҳои ҳарбии дуошёна сохта ба истифода супорида шуданд.

Бешубҳа, аз замони таъсисиёбиаш Қувваҳои Мусаллаҳ дар бархўрду набардҳо, шикасту пирўзиҳо, азобу шиканҷаву чораҷўиҳо, худкушиву худшиносиҳо, ҷудоиандозию ваҳдатсозиҳо, тафриқахоҳию баҳамоиҳо, муборизоту музокирот, машқҳову тамринҳои бешумори ҳарбї рў ба инкишоф ниҳод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ёддоштҳо

 

Бо гузашти замон, таъкид мекунад Шералӣ Хайруллоевич, ман бо як самимияти хосса нисбати он ҷавонону ҷавонмардоне, ки аслан таҳкурсии Вазорати Мудофиаро бунёд намуданд ва аз фронти халқї интиқол шуда буданд, миннатдорї изҳор менамоям. Буданд байни онҳо ашхоси тассодуф. Вале куллан дар ҷорї намудани тартибу низом, пойдор намудани таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї саҳми босазо гузоштанд. Пеш аз ҳама ба дастгоҳи иҷроияи сохтор супориш дода будем, ки таҷрибаи ҷангии онҳоро омўзанд ва ҳамзамон онҳоро барои оянда омода кунанд. Мо аз афсарону сарбозони фронти халқї бисёр чизҳоро омўхтем. Бояд қайд намуд, ки онҳо дар ҳамаи лаҳзаҳои душвор нисбат ба савганди ҳарбї ҷасорату мардонагї нишон дода баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохти конститутсионї ҷони худро дар ҳифзи Ватан ва осудагии мардум нисор намуданд. Ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро фаромўш нахоҳем кард.

 

Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,

Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.

 

Ногуфта намонад, ки 23 феврали соли 1993 бори аввал дар пойтахти ҷумҳурї бо иштироки қисмҳои ҳарбї ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилї, полки оперативї-сарҳадии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ парад гузашт. Ин аввалин намоиши ҳарбї буд баъди ба даст овардани истиқлолият. Аксарияти иштирокчиёни намоиш афсарону сарбозони фронти халқї буданд. Дар ҳамон давра ман ҳамчун муовини вазири корҳои дохилї қўшунхои дохилии Вазорати корҳои дохилиро барои гузаштани намоиши ҳарбї омода карда будам.

 

 

 

 

Дар ин намоиш дар баробари намояндагони Ҳукумати ҷумҳурї, ташкилоту муассисаҳо, роҳбари фронти халқї шодравон С.Сафаров ва сардори ситоди он Н.Шералиев низ ширкат доштанд.

Қобили қайд аст, ки то таъин шудани ман ба ҳайси вазири мудофиа солҳои 1993-1995 Қўшунҳои хушкигард, рўзномаи «Ҳомии Ватан», баъзе сохторҳои марказии Вазорат, Қувваҳои ҳарбї-ҳавої, Коллеҷи олии-ҳарбї, шифохонаи марказии ҳарбї таъсис ёфта буданд.

Аз рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳарбї ҳамеша таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалї Раҳмон қарор доштанд. Бо дастгирии бевоситаи он кас Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъсис дода шуд. Он аввалин муассисаи таълимии омодакунандаи афсарони касбї мебошад, ки замина барои таъсисёбии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурї гардид. Дар 20 соли фаъолияти худ садҳо афсарони касбиро омода намудааст, ки имрўз дар самтҳои гуногуни сохторҳои қудратї хизмат карда, марзу буми кишварро садоқатмандона муҳофизат намуда истодаанд.

Шералї Хайруллоев ҳангоми сафарҳои хизматии худ ба хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ медод, ки китоб ва дигар маводҳои таълимиро барои ғанї гардонидани китобхонаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа дастрас намояд. Дар ин замина дар тӯли фаъолияташ теъдоди хазинаи китобхона зиёда аз 1000 нусхаро ташкил доданд.

 

 

 

 

 

 

Тайи ин солҳо бо сайю кўшиши Шералї Хайруллоев пойгоҳи моддї-техникии Донишкада такмил дода шуда, бинои нави таълимии Донишкадаи ҳарбї иборат аз 4 ошёна бо таҷҳизотҳои замонавї сохта ба истифода дода шуд, ки барои баланд бардоштани савияи таълиму тарбияи курсантон мусоидат менамояд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа таъсис дода шуд, ки он дар навбати аввал кадрҳои соҳаи ақибгоҳро барои Қувваҳои Мусаллаҳ тайёр менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин боргоҳи таълимии ҳарбї се маротиба, солҳои 1994, 2005 ва 2103 ташриф овардаанд.

 

 

 

Тайи ин солҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбї гузаронида шуда, Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст. Ба зиммаи ин Ситод вазифаҳои муҳим аз қабили роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии мамлакат, омўзиши вазъияти ҳарбию сиёсї, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбї ва тайёрии оперативию тактикии ситодҳо ва қўшунҳо вогузор шудааст.

Дар маҷмўъ сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералї ва навъҳои Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақозои замона ба куллї такмил дода шудааст ва қодир аст, ки тамоми фармонҳо, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалї Раҳмонро сарбаландона иҷро намояд.

Хайруллоев бо як табъи хуш, руҳи болида ва ифтихор иброз менамояд, ки пеш аз ҳама бо дастгирии Ҷаноби Олї, мардуми диёр ба мо муяссар шуд, ки дар як муддати кўтоҳ Артиши қобили ҳифзи Ватанро ба воя расонем. Онҳо такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсї борҳо садоқати худро ба Ватани хеш, халқи он, Президенти кишвар собит сохтанд. Мисолҳои ҷонфидоию қаҳрамониҳои ҳайати шахсї дар таърихи 20 соли Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёданд, ки боиси ифтихор ва пайравии ҷавонон мебошанд.

Фарзандони содиқи Ватан – ҳамсафони мо полковникҳо Рамазон Р., Абдураҳим М., подполковникҳо Акрам С., Грудина В.В., майорҳо Ҷӯраев Б.Т., Алишер С., капитанҳо Кошелов А.В., Бойпочоев С.Р., Саидҷалол С., лейтенантҳои калон Амирбеков Х.Х., Мансуров А.Т., лейтенант Давлатҷон Г., сарбозон Ёров Н. ва Раҳимов Ф. ба хотири оромию осоиштагии кишвар ҷони худро дареғ надошта, нисор карданд. Хотираи онҳо ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо намеравад. Руҳашон шод бод.

Ҳайати шахсии Вазорати Мудофиа дар ҳамбастагї бо сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар тўли 20 соли гузашта дар гузаронидани ин чорабиниҳои махсус оид ба эътидол овардани вазъият дар минтакахои зикргашта вазифаи ба ўҳдаашон гузоштаро сарбаландона ичро намудаанд.

Бо ташаббуси бевоситаи Ш.Хайруллоев 15-уми октябри соли 2001 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи корҳои тарбиявї дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Дар асоси консепсияи мазкур як қатор корҳои судманд, ки ба раванди таъсиррасонии мақсаднок барои тарбияи ҳайати шахсї дар рўҳияи ватандўстї, садоқат ва Савганд, ўҳдадориҳои ҳарбї равона гардида буд, амалї шуданд.

Ба мақсади алоқаи наздик пайдо намудан бо падару модар, хешу таборони афсарон ва сарбозон почтаи электронї кушода шуд. Ва сомонаи вазири мудофиа, қуттиҳои арзу шикоят, фиристодани мактубҳои миннатдорї ба волидайни сарбозон, ҷалби хизматчиёни ҳарбї ба бозиҳои варзишию фарҳангї, фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои ҳарбї ва вохўрии падару модарон бо сарбозон ба роҳ монда шуд. Самараи ҳамин корҳои амалии тарбиявї буданд, ки сатҳи ҷинояткорї дар артиш хеле паст шуд. Дар ин самт фаъолияти рўзномаи “Ҳомии Ватан” ва моҳвораи телевизионии “Сарбози Ватан” хеле мусоидат карданд.

Дар тўли хизмати бисёрсолаи худ Хайруллоев барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқї, интизоми ҳарбї ва мубориза бар зидди коррупсия дар байни ҳайати шахсї ҷонбозиҳои зиёде намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси мо низомиён мебошад, - мегўяд Ш. Хайруллоев.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Президенти кишвар дар баромадҳояшон таъкид намуданд, ки амнияти миллату кишвар, ҳайёти осоиштаи ҷомеъа аз устувории вазъи ҳарбї-сиёсї, тартиботи ҳуқуқї, таъмину волоияти қонун, пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорї ва ҳифзи марзу буми кишвар вобаста аст. Барои татбиқ намудани ин муқаррарот яке аз қадамҳои устувор аз нав таҳрир кардан ва такмил додани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрї ва ҳуқуқї буд. Дар ин раванд нахустин қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбї ва хизмати ҳарбї», “Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбаркунӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбї”, “Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи хизмати гарнизонї ва қаравулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расиданд.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корҳои ташкилию тарбиявї доир ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбї, қонуният ва тартиботи ҳуқуқї дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон”, «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқї, баланд бардоштани интизоми ҳарбї дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Дар бораи тасдиқи низомномаи судҳои рафиқонаи шаъну шарафи афсарон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расидаанд.

Ҳамзамон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомнома дар бораи тартиби тарбияи афсарони эҳтиёт барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тасдиқи низомномаи тартиби ба хизмати ҳарби таиёр кардани шаҳрвандон”, “Низомномаи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амволи шайъї”, “Низомномаи мувофиқи сафарбарӣ ба хизмати ҳарбї даъват намудани шаҳрвандон” ва “Низономаи сарулибоси ҳарбї, аломатҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои гералдикии навҳои қўшуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор шуд, ки давра ба давра дар мустаҳкам намудани интизом ва низоми ҳарбї мавқеи хоса гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

Ҳамкориҳои пурсамар

 

Вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

Сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сиёсати сулҳхоҳона ва дарҳои кушода буда, ба ҳаллу фасли тамоми муноқишаҳои минтақавї ва ҷаҳонї, бо роҳи дипломатї равона шуда, ҷонибдори тавсияи муносиботи сиёсї, иқтисодї ва фарҳангї бо кишварҳои олам аст. Вале таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.

Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бар зидди терроризми байналмилалї, пешгирї ва паҳншавии экстремизми динї, сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсї дар ҳудуди Тоҷикистон ва чї берун аз он пайваста бо ҷузъу томҳои ҳарбии давлатҳои хориҷи кишвар машқҳои васеи ҳарбї гузаронида мешавад.

 

Вохӯрии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ш.Хайруллоев бо вазири мудофиа, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Чан Ваньцюань

 

Иштироки бомуваффақияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи системаи муттаҳидаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар машқгоҳҳои «Ашулук»-и Россия, «Саришагон»-и Қазоқистон, машқҳои «Амали якҷоя-2003» дар доираи Ҳамкориҳои Шанхай, «Ҳудуд-2004» дар қаламрави ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ва ташкили машқҳои ҳарбї бо Пойгоҳи 201-уми Россия дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2007 бо номи «Вазифаи сулҳҷўёна» дар вилояти Челябински Федератсияи Россия, ҳамчунин дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї соли 2010 бо номи «Ҳамоҳангї-2010», «Норак зидди террор» соли 2009 дар машқгоҳи «Фахробод», «Ҳудуд-2010» дар машқгоҳи «Матибулоқ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, «Марз-2010» дар вилояти Суғд, «Марз- 2011» дар қисмати шарқии мамлакат ва «Иттиҳоди ҷангї-2011» дар Федератсияи Россия, “Мирная миссия-2012”дар вилояти Суғд ва “Ҳифз-2012”дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тасдиқи гуфтаҳои болост.

 

 

 

Вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳангоми иштирок дар ҷаласаи навбатии созмони мазкур (дар шаҳри Сочї, Федератсияи Россия)

 

Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудият борҳо собит намуданд, ки метавонанд бар зидди ҳама гуна душманони дохиливу хориҷї истодагарї намоянд ва дар ҳифзи марзу буми хеш ҳама вақт омода бошанд.

Вазорати Мудофиа ҳамкориҳои ҳарбї ва ҳарбї-техникиро бо Созмонҳои байналмилалї, аз он ҷумла, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорї дар Аврупо ва шартномаи Атлантикаи Шимолї низ густариш медиҳад.

 

Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев, вазири мудофиаи Федератсияи Россия генерали артиш С. Шойгу ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Т.Омуралиев ҳангоми иштирок дар ҷаласаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї (шаҳри Бишкек Ҷумҳурии Қирғизистон)

 

Ташрифи расмии вазирони мудофиаи мамлакатҳои хориҷи кишвар дар тўли ин солҳо ва баргузор гардидани Маҷлиси навбатии 57-уми Шўрои Вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори нахуст дар бинои Вазорати Мудофиа, дар сатҳи баланд доир гардид, аз воқеаҳои муҳими фаромўшнашавандаи ҳарбї-сиёсї дар таърихи он ба ҳисоб мераванд.

 

Гуфтушуниди вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия генерали артиш С. Шойгу

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Д.К.Ахметов

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми истиқбол ва гуфтушунид бо Вазири мудофиаи Фаронса хонума Мишел Алио Мари

 

 

Иштироки Намояндагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИДМ таҳти сарпарастии вазири мудофиаи Федератсияи Руссия - раиси Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ маршал Сергеев дар машкгоҳи Эшакмайдон

 

 

Истиқболи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато ҳангоми сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Қазоқистон

 

 

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо Сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия генерали артиш В.С.Михайлов

 

Қабули расмии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе

 

 

 

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ҳангоми супоридани тўҳфаҳо ба иштирокчиёни машқҳои муштараки ҷузъу томҳои ҳарбии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї дар машқгоҳи Ҷоруқ-Дарони гарнизони Суғд

 

 

 

 

 

 

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ва муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ўзбекистон Р. Ниёзов ҳангоми иштирок дар ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангсозии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо намояндаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Франсия

Дар онҳо ҷузъу томҳои Вазорати Мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии ҷумҳурї дар якҷоягї бо дивизияи 201-и Россия иштирок доштанд.

Дар давоми фаъолияти кориашон Ш.Хайруллоев борҳо бо вазирони мудофиаи ИМА, Фаронса, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Руссия, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Украина, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Белоруссия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаҳои корї доштанд.

 

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ва вазири мудофиаи Арманистон С. Оганян

 

Онҳо ба Тоҷикистон бо сафарҳои расмї ташриф меоварданд ва дар навбати худ ў ҳам ба ин давлатҳо сафарҳои ҷавобии расмї намудааст. Дар ин вохўриҳо шартномаву мемориандумҳо дар бораи ҳамкориҳои тарафайни ҳарбї, ҳарбию техникї, гузаронидани курсҳои амалии афсарон ва дигар самтҳои фаъолият ба имзо расиданд. Махсус қайд карданӣ хастам, ки муносибатҳои хуби ҳамкориҳои мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон хеле натиҷабахш мебошад. Намояндагии ҳарбии онҳо борҳо ба Вазорат кўмакҳои бебозгашт намуда, соли 2012 дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои «Қасри афсарон» аз ҷониби Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Госпитали ҳарбӣ-дўстии Тоҷикистону Ҳиндустон» дар вилояти Хатлон ва дар шаҳраки Айнӣ майдони ҳавої аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оғоз гардид.

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон А.Р.Джаксыбеков

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Б.Т.Калыев

 

Шарикони стратегӣ

 

Ҷойгиршавии низомиёни Руссия дар ҷумҳурї аз мазмуни шартномаи соли 1999, ки байни Тоҷикистону Россия ба имзо расидааст бармеояд. Ин шартнома дар баробари муқаррар намудани статуси ҳарбиёни Россия ва шароити ҷойгиршавии онҳо ҳамвора зарурияти таъмини бехатарии минтақаро низ дар назар дорад.

Хайруллоев дар сӯҳбат бо як самимияти хоса миннатдории хешро ба ҳукумати Россия, Вазорати Мудофиаи он барои кўмакҳои бебозгашти ҳарбї ва иқтисодии давра ба давра расондаашон баён мекунад. Онҳо дар омода намудани кадрҳои афсарї, техникї, гузаронидани амалиётҳои муштарак, мустаҳкам намудани қудрати мудофиавии мамлакат беғаразона мусоидат намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикитон генерал-полковник Ш. Хайруллоев, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ўзбекистон Р. Ниёзов ва намояндаи Раёсати ҳамкориҳои ҳарбї-байналмилалии Вазорати Мудофиаи Федератсияи Россия В.Вихров ҳангоми иштирок дар ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангсозии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

Аз дигар лиҳоз ширкати Қувваҳои ҳарбии Руссия дар Тоҷикистон ин кафолати бехатарии мо буда, ҳамзамон шарики стратегии мо ба шумор мераванд. Дар рушду тараққиёт, сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї заҳмати мушовирони ҳарбии Руссия низ беназир аст. Ин фишанги ҳамкорї дар давоми солҳои 1994-2003 самараҳои хуб овард.

 

 

Машқҳои тактикӣ дар машқгоҳи ҳарбии Лоҳур бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон, сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Абдулатипов ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш.Хайруллоев

 

Ш.Хайруллоев ва вазирони мудофиаи ИДМ

(шаҳри Минск, соли 2013)

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия С.Б.Иванов

 

 

 

 

Ш.Хайруллоев ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия С.Б.Иванов ҳангоми имзои созишнома байни Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Мудофиаи Федератсияи Россия

 

 

 

Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони вазоратҳои ҳарбии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ва вазири мудофиаи Озарбойҷон генерал-полковник С. Абиев

 

 

Дар баробари ҳамкориҳои мутақобила бо Вазорати Мудофиаи Руссия Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї дар тўли 20 соли фаъолияти хеш бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои ҳамсоя: Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой муносибатҳои ҳамкорї ба роҳ монд. Ногуфта намонад, ки ҳамкориҳои Вазорати мудофиа бо барномаи таҳиянамудаи НАТО «Шарикї барои сулҳ» идома дорад. Ҳар сол ин барнома омода ва тасдиқ шуда, тибқи он ҳаргуна конференсияҳо ва семинарҳо бахшида ба масъалаҳои пойдории сулҳу субот, таъсиси базаҳои таълимї барои омўзиши забонҳои хориҷї ва дигар масъалаҳои ҳуқуқї гузаронида мешаванд.

 

 

 

 

Вохӯрии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Муссалаҳи Федератсияи Россия генерали артиш Н. Е. Макаров

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо намояндаи Департаменти ҳарбии ИМА

 

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Воҳидӣ

 

 

 

 

Ширкати Ш.Хайруллоев дар Анҷумани Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Хайруллоев дар вохӯрии вазирони мудофиаи Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Зебогии артиш дар низоми

афсару сарбоз аст

 

Фикр мекунам роҳбаре, ки аз фарҳанг дурї мегузинад, дастовардҳои хуби корї надорад. Солҳо паси ҳам мегузаранд, дигар мешаванд, сохторҳои ҷамъиятї тағйир меёбанд, вале фарҳангу маданияти миллат ҷовидонист. Фарҳанг қосиди сулҳ аст. Дилҳоро мепайвандад, халқҳоро наздик ва муттаҳид месозад. Фарҳанг, маданият, адаб дар артиш мавқеи хосса бояд дошта бошанд. Фарҳанг ин нишони фазлу адолат аст. Артише, ки аз ин падидаҳо канорҷўї мекунад пояи мукаммал надорад. Он ҷое, ки фарҳанг ҳаст, он ҷо адаб, ақлу хирад низ ҷой дорад. Фарҳанг сарчашмаи зебоист.

 

 

 

 

Зебоии артиш дар фарҳанги ўст. Фарҳанги ў интизом, тартибот, зоҳири афсару сарбоз мебошад. Зебоии артиш тарзи роҳгардї, муоширати хуб, либоси шинами низомї, зиннати қомати баланди ҷавонону

 

Роҳбарони вазоратҳои қудратии ҷумҳурӣ С.Зуҳуров, Ҳ.Шарипов, Ш.Хайруллоев ва С.Камолов дар намоиши ҳарбӣ

 

 

Иштироки афсарзанҳо дар намоиши ҳарбї бахшида ба 20-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Омодагии афсарон ва сарбозон барои гузаштан дар намоиши ҳарбӣ бахшида ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ

 

ҷавонмардоне мебошад, ки ҳамеша омода дар роҳи ҳифзи Ватан, осудагии мардуми диёрашон агар лозим ояд, ҷонашонро дареғ намедоранд. Солҳои аввали таъсисёбии мақомоти қудратии ҷумҳурї баъзе «дўстон»-и мо боварї надоштанд, ки мо қудрати ҳифзи марзу бум, дастовардҳои давлати навбунёд ва созандагиро дорем.

 

Сарварони ҷумҳурӣ дар намоиши ҳарбӣ бахшида ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ

 

 

 

Вохӯрии Ш.Хайруллоев бо афсарони олимартабаи Вазорати Дифоъ дар майдони ғалабаи ш.Душанбе

Мо ба оламиён нишон додем, ки модари тоҷик офарандаи бузургони ҷаҳон Рўдакї, Фирдавсї, Хайём, Сино ва дигар сарлашкару лашкаркашон, фидоиёни Ватанро низ ба дунё оварда метавонад. Давра ба давра гузаронидани парадҳои ҳарбї дар майдони «Дўстї»-и пойтахт бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати Мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандї, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллї, Гвардияи миллї, Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилї ва ҷанговарони башардўст магар ин ҷилои шамъи пурнури хиради миллати кўҳанбунёд, зебоии дунёи адаби ў нестанд? Аз аҷдодони миллати тоҷик ғаму озор неву зебогиву ашъор мерос мондааст. Дар гардиши чархи таърих мо зарбаи ҳазорҳо табарро хӯрдем, лек боз сабзидем, чунки решаҳоямон дар замини аз адлу инсоф ҷой доранд. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Дар ҳама рўи замин донанд аҷдоди маро,

Лафзи ман, гуфтори ман, табъи худододи маро,

Заҳмати ҳарфофаринї номдорам кардааст,

Бо бузургон ҳамнишинї номдорам кардааст.

 

 

Афсарон дар намоиши ҳарбӣ

Ҳар ончи кардем барои шарафу шуҳрат нест мегўяд Шералї, на хонаву ҷо кардем, на талаби имтиёзҳо. Солиёни дароз дар рухсатї ҳам набудем. Кайҳост, ки мафҳуми истироҳат аз ёд рафтааст. Шукронаи онро дорем, ки бо супоришҳои Президенти кишвар ва халқи хештан ин сарзамини мукаддасро аз пайи нопоки нохалафон нигоҳ медорем. Онҳо бисёр буданд, вале Ватан яктост. Ҷумъахо, Маҳмудҳо, Маликҳо ва садҳо касони дигар амсоли онҳо мехостанд, ки айши мардуми моро талх намоянд, аз нав онҳоро ба ҷанги шаҳрвандї кашанд, вале кўшишҳои ғаразноки онҳо амалї нашуд. Тирашон ба ҳадаф нарасид. Онҳо аз ғазаби Худо ва халқ натарсиданд, вале гирифтори ин ғазаб шуданд. Дар рагу пайванди ҳар як афсар, сарбоз ва ҳар кадоми мо ҳисси ватандўстї, покдоманї нисбати ин сарзамин ҷой дорад. Баъди хазорсолаҳо ин миллат худаш тақдири худашро дар назди таърих соҳибї намуд. Ҳар покиву нопокиро дар остонаи дари ин сарзамини куҳанбунёд аввал мо низомиён ҳис мекунем. Шамоли гарму хунуке, ки ҷониби мо мевазад, пеш аз ҳама сӯи мо ва ба рўи мо мевазад. Ин қаламрав, қатраҳои оби зулоли чашмаҳои шаффоф, рўдҳои соф, қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳо, гулу себаргазору майдонҳои зарофари онҳо ҳама аз они моянд. Оромии кишвар ба мо низомиён вобастагї дорад. Аз чашми бади касон бояд оромї, сулҳу суботро эмин нигоҳ дорем. Мо вазифадорем ин хоки муқаддасе, ки садҳо бузургонро ба дунё овардааст, ҳифз намоем, соҳибї кунем.

 

 

Инҳо он омилҳое ҳастанд, ки дар вуҷуд, рагу пайванди мо тоҷикон ҷой доранд ва моро водор месозанд, ки ин сарзаминро, мардуми онро дўст дорем.

Артиш майдони рақсу бозї нест, вале ҳар сарбозе, ки дар хизмат аст, бояд ҳаматарафа бофарҳанг, аз таъриху бузургони шеъру ҳунар воқиф бошад.

 

 

Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев бо ҳайати шахсии Горнизони Душанбе бахшида ба савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, октябри соли 2013)

 

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмон бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарбї ва ҳифзи ҳуқуқ пас аз паради ҳарбї ба муносибати савгандёдкунӣ

 

 

Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ҳангоми таҷлили 19-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, соли 2013)

Сулҳи бебозгашт

 

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравї ба давлатҳои мустақил ҷудо шудани ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод дар баъзе минтакаҳо ҷараёни тезутундшавии маҳалгарої шиддат гирифт. Иддае бо ном «Пешвоёни миллат» барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи мусаллаҳонаро оғоз карданд. Гирдиҳамоиҳои пайдарпаи майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодї» солҳои 1992-юм моҳиятан тақсими як миллат, зарбазании фалокатовар ба якпорчагии ҷумҳурї буд. Баъди шикаст хӯрдани аксарияти гурӯҳҳои зиддиконститутсионї ба қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон гузашта муборизаи яроқнокро аз манфиати сиёсатмадороне, ки ба онҳо шарик буданд, сар намуданд. Таҷрибаи талхи рўзгор исбот намуд, ки сулҳу созишро дар кишвар танҳо бо роҳҳои мусолиматомез барқарор сохтан мумкин аст.

Сулҳу созгорӣ орзўи деринаи мо буд. Таърихи инсоният шаҳодат медихад, ки тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари касе шамшери хусумат набардоштанд. Тоҷикистон баъди мустақил шудани мамлакат ба таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла хориҷї ба гирдоби ҷанги дохилї кашида шуд. Сарнавишти минбаъдаи миллат ва мавҷудияти давлати сохибистиқлоли тоҷик ба он вобаста буд, ки оташи ҷангро мо хомўш карда метавонем ё не. Роҳи мо ба сўи сулҳ роҳи тўлонї буд. Ба мо лозим омад, ки барои комёб шудан ба сулҳу созгор баъзан кўшишҳои ғайриқобили тасаввур ба харҷ диҳем, иродаи қатъї ва матонат зоҳир намоем, қадам ба қадам сабру таҳаммул, бурдборї кунем ва огоҳона ба истиқболи ҳамдигар роҳ паймоем. Мо созишномаи сулҳро ба имзо расонида, амалан ба яке аз муноқишаҳои тўлонї ва пурдаҳшати дар давраи баъди барҳам хўрдани низоми шўравї ба амаломада хотима гузоштем. Бисёр мамлакатҳои минтақа бояд дарк намоянд, ки сулҳи Тоҷикистон девори муътамаде гардид, пеши роҳи як силсила бадбахтиҳоро дар минтақаи Осиёи Марказї боздошт. Ҷангу ҷидолҳо дар мамлакати мо бартараф карда шуданд. Агар муноқиша дар Тоҷикистон қатъ намегардид, сўхтори ҷанги Афғонистон мамлакатҳои Осиёи Марказї ва халқҳоеро, ки боз ҳам дуртар дар самти шимол зиндагї мекунанд, ба маротиб фаро гирифта метавонист.

 

Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи сулҳ ва ризоияти миллї ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №47 аз 16.02.1999 сол «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии доимамалкунандаи Қуввахои мусаллаҳи низоми Иттиҳоди мусаллаҳи тоҷик» фаъолият намуда, солҳои 1999-2001 хеле корҳои назаррасро анҷом бахшиданд. Яъне нақшаи ба артиши ҷумҳурї шомил намудани гурӯҳҳои низомии собиқ мухолифинро тартиб дода, ба ҷобаҷокунии онҳо пардохт.

Аз рўи машваратҳое, ки ҳайати Комиссияи оштии миллї доштанд, пешниҳод шуда буд, ки ба қўшунҳои Вазорати Мудофиа садҳо ҷанговарони мухолифини тоҷик шомил (реинтегратсия) мешаванд. Барои муайян намудани қобилияти коршоямии аъзоёни гурӯҳҳо Комиссияи санҷишии дутарафа таъсис шуда буд. Дар вакти санчиш аз шумораи муайян шуда, барои шомил шудан ба сафи артиши миллї гузаштанд. Аз шумули онҳо чандин нафарҳо имрўз дар сатҳи роҳбарони раёсатҳо, қӯшунҳо, қисмҳои ҳарбї софдилона хизмат карда истодаанд. Адҳамов Ғ. сазовори унвони генерал-лейтенант шуд.

 

 

Дӯсти насиҳатгар

 

Дар зиндагӣ ҳар чиз нақшу мақом, низоми худро дорад ва албатта ин худ ба худ пайдо намешавад. Чӣ тавре, ки бузургон фармудаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Чизе ё касе сабаб мешавад, ки ин нақш ба вуҷуд ояд ва дар авроқҳои рангоранги зиндагӣ сабт шавад. Андеша дорам, ки дар таърихи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хусусан Вазорати Мудофиа нақши Шералӣ Хайруллоев хеле арзанда мебошад. Гарчанде ки ман ӯро мешинохтам, вале муносибатҳои мо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ мустаҳкам шуданд. Охирҳои солҳои 1992-1993 буд. Замоне буд, ки шӯълаи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошт. Марази маҳалгароӣ аллакай аз ҷанини тухми нопокаш баромада сабабгори рехтани хуни бегуноҳи ҳазорон ҳамватанони мо шуда буд. Аз чор як ҳиссаи мардум берун аз қаламрави кишвар дар муҳоҷират сарсону саргардон буданд. Иддае ятиму бепадар, безану бешавҳар ва бепарастор монда буданд. Дар чунин давра бар дӯши насли зодагони солҳои 40-50-и асри гузашта барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ҷумҳурӣ аз ҷониби сарвари давлат гузошта шуда буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурӣ дар баробари ба низом овардани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ҳамзамон ба хотири ҳифзи марзу буми кишвар ба таъсиси Вазорати Мудофиа ва Қушунҳои сарҳадӣ камари ҳиммат баст. Инҳо дар шохаҳои давлатдории ҷумҳурии тозаистиқлол зерсохторҳои нав буданд. Дар замони шӯравӣ ин ду намуди сохтори қудратӣ дар ҷумҳурии мо набуд.аз ҳамин лиҳоз таъсиси онҳо ва амри ҳастӣ намуданашон дар фазои холӣ ба миён омад. Силоҳ он тараф истад, ягон бино ҳам барои фаъолият кардани онҳо мо мерос нагирифтем. Он афсароне, ки дар замони шӯравӣ кору фаъолият мекарданд, аллакай ҳама аз ҷумҳурӣ баромада рафта буданд. Чунин вазъият сарвари давлатро маҷбур сохт, ки ба ҳайси вазири мудофиаи ҷумҳурӣ шаҳрванди хориҷӣ генерал-майор Шишляниковро таъин кунад. Дар асл на кадрҳои роҳбарикунанда буданд, на афсарони таҷрибадор. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳисоби силоҳбадастони Фронти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Ёд дорам, ки сарвари давлат чандин маротиба ба мо супориш дода буд, ки аз ҳисоби тоҷикон-афсарони берунмарзӣ, ки дар қисмҳои ҳарбии собиқ Ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунанд, ягон нафарони арзандаро ёбем, ки то ба ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати Мудофиа ва Қушунҳои сарҳадӣ таъин карда шаванд. Ин таклифро ба нафарҳои шинохта, афсарони баландмақоми тоҷик, ки дар Руссия, Узбекистон, Қазоқистон зиндагӣ ва фаъолият доштанд, пешниҳод карда будем, вале бо ҳар баҳона онҳо сар метофтанд. Дигар илоҷ набуд. Бояд, ки ягон нафари муносибро аз ҳисоби афсарони ҷумҳурӣ меёфтем. Охирҳои соли 1994 ва аввалҳои соли 1995 дар суҳбатҳо ман бо Камолов, номзадии Ш.Хайруллоевро муҳокима намуда ба қароре омадем, ки аз ӯ дида дигар нафари қобилиятнок намеёбем. Ин пешниҳодро ман ба сарвари давлат расондам.

Албатта таъин кардан ва накардани вазир ин салоҳияти худи сарвари давлат буд ва мебошад. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таклифро пазируфта, моҳи апрели соли 1995-ум Ш.Хайруллоевро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ таъин намуданд. Дере нагузашта худи ман ҳам ҳамон сол вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин шудам.

Чӣ дар давраи вазири корҳои дохилӣ ва амнияти ҷумҳурӣ буданам бо Ш.Хайруллоев дар ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ байни ману Хайруллоев ва зердастони мо муносибатҳои хуби корӣ ва хизматӣ мавҷуд буд. Чандин амалиётҳоро мо дар якҷоягӣ таҳия намуда гузаронидем.

Даврае, ки ман солҳои 1999-2004 ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ будам нозирии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқро ба ӯҳда доштам. Қариб, ки ҳамаи проблемаҳои кории Вазорати дифоъ бо ман мувофиқа мешуданд пеш аз пешниҳод ба Сарвари давлат. Мо бо Хайруллоев хеле ҳамкориҳои хуб доштем. Аз диди ман Шералӣ тавонист, ки дар шароити нооромии кишвар, барои амалї намудани тадбирҳои таърихӣ пеш аз ҳама бе ягон заминаи меросӣ барои амалӣ намудани яке аз рукнҳои асосии давлати мустақил Вазорати мудофиаро ташкил диҳад.

Генерал-полковник Зуҳуров Сайдамир

 

Арбоби давлатӣ

 

Бузургон гуфтаанд: ба дараҷаи шараф расидан ба заҳмати бисёр даст медиҳад ва аз мартабаи иззат таназзул кардан ба андак кулфате муяссар мегардад. Чунончи, санги гаронро ба машаққати бисёр аз замин ба дўш бардоштан мумкин аст ва ба андак ишорате метавон бар замин андохт. Аз ин сабаб ба мартабаи баланд расидан сабру таҳаммул бояд намуд. Бе доғи меҳнат давлат муяссар намешавад. Дастмояи бузург ақлу адаб аст на аслу насаб. Ҳар кас ақли соф ва хиради комил дошта бошад худро аз пояи паст ба мартабаи баланд мерасонад. Мартабаи баланд бояд насиби касе шавад, ки аз ҷиҳати насабу фазилати адаб бузургзода бошад.

Ходими сиёсї ва арбоби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералї Хайруллоев аз қабили чунин ашхосанд. Ў дорои хислатҳои неки инсонист. Зиёда аз се даҳсола шуд, ки ман ба ин марди наҷибу ростқавл, оқилу хирадманд, ки яке аз собиқадорони ботаҷриба ва болаёқати мақомоти корҳои дохилии кишвар ва Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад дар самтҳои ба эътидол овардани вазъ дар ҷомеа ва тартибу низоми ҷамъиятї бевосита ҳамкорї доштам ва дорам. Ҳамкории ман бо Хайруллоев дар мудҳиштарин рўзҳои барои ҷумҳурї вазнин давраи ҷанги шаҳрвандї солҳои 1992-юм оғоз шуда буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои пурташвиш Шералї Хайруллоевич дар вазифаи муовини вазири корҳои дохилї фаъолият доштанд. Дар ин давра ман дар ноҳияҳои Ховалинг, Данғара ва Норак ба ҳайси сардори шуъбаи корҳои дохилї кор мекардам.

Ман ҳамчун сардори шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои зикргардида бо Шералї Хайруллоев тез-тез вохўриҳои хизматї мегузаронидам. Он кас доираи салоҳияти хизматиашро хуб медонанд. Дар ҳама ҳолатҳо қарори лозимї қабул карда метавонад. Борҳо ў барои безарар гардонидани гурӯҳҳои силоҳбадаст ва ҷиноятпеша моро дастгирї намуданд.

Дар хотир дорам, ки ҳангоми дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара буданам, амалиётҳои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт оғоз ёфт ва як гурӯҳ кормандони ҷавони ШКД-и ноҳия ҷамъ шуда, хоҳиши дар ин амалиётҳо иштирок намуданро карданд. Ман тавассути телефон хоҳиши кормандонро ба Ш.Хайруллоев расонидам, он кас фармоиш доданд, ки кормандонро ба мошин равон накунед, баъди як соат чархбол мерасад. Ҳамин тавр ҳам шуд, пас аз як соат ду чархбол омада кормандонро ба маҳали хизмат интиқол дод. Ҳамчун роҳбар дар маҳали хизмат кормандонро бо хўрока, пўшока таъмин намуд.

Солҳои 1994-1995 дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг буданам амалиётҳои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ноҳияи Тавилдара оғоз гардид. Солҳои мудҳиш буд. Мунтазам задухурдҳо дар минтақаи Рашт ҷой доштанд. Бинобар сабаби шароити вазнин кормандоне, ки дар амалиёт вобаста шуда буданд аз ҷиҳати хўрока ва сару либос танқисї мекашиданд. Ман оиди ин вазъият ба Шералї Хайруллоев, ки ҳамон вақт вазири мудофиа буданд иттилоот додам. Худи ҳамон рўз ў ба ноҳияи Ховалинг омада, бо тамоми гурӯҳҳое, ки бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунї мубориза мебурданд вохўрда, онҳоро бо маводи хўрокаю пӯшока таъмин намуданд. Бо ҳар корманд суҳбат гузаронида, рўҳияи ҷангии онҳоро баланд бардоштанд. Ва бо командирон суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳо доданд. Новобаста ба кадом мақомот мансубият доштани хизматчиён онҳоро ҷудо намекарданд ва бо ҳама муносибати якхела доштанд. Насиҳат ва маслиҳатҳои Ш.Хайруллоев ба кормандон мақбул буд. Баланд бардоштани руҳияи ҷангии афсарону сарбозон сабаби бомуваффақият ба анҷом расонидани амалиётҳои тарҳрезї шуда буданд.

Дар урфият мегўянд, ки ҳар кї ихтиёри кор ба дўсти насиҳатгар супорад, ҳаргиз дасти нокомї ба домани иқболи ў нарасад. Дар доманакӯҳҳои душворгузар ва дастнораси Норак гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша маскан гирифта, мардумро ғорат намуда, озор медоданд. Новобаста аз оне, ки ҳамзамон вазири корҳои дохилї фаъолият доштанд, ман ба вазири Мудофиаи ҷумҳурї Шералї Хайруллоевич муроҷиат намуда, вазъи кунуниро фаҳмондам. Боварии комил доштам, ки ў маро дастгирї менамояд. Баъди ду соат бо супориши Хайруллоев ду чархболи Вазорати Мудофиа кормандони шуъбаи корҳои дохилиро барои гузаронидани амалиёт ба мавзеи душворгузари кӯҳї расониданд. Дар натиҷа ин амалиёт имконият дод, ки гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи ҷиноятї пурра несту нобуд карда шавад.

Ҳангоми дар вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ фаъолият доштанам соли 2010 дар амалиётҳои безараргардонии гурўҳҳои террористї дар минтақаи Рашт бо Шералї Хайруллоев дар як ситод якҷоя иштирок доштам. Бо фармони Президенти ҷумҳурї Шералї Хайруллоев роҳбари ситод таъин шуда буданд. Таҳти сарпарастии Хайруллоев ва ширкати бевоситаи кормандони милитсия, дигар мақомотҳои ҷумҳурї қариб як сол чорабиниҳои опперативї гузаронида шуданд. Он кас дар ҷаласаҳо гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки асоси муваффақияти мубориза бар зидди терроризм ин дар дилу дидаи мардум маъво гирифтан, бо аҳолии таҳҷоии минтақа ҳамкорї намудан ва серу пур будани ҳайати шахсї мебошад.

Дар ҳодисаҳои ба ҳамагон маълуми Бадахшон, ки соли 2012 дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша ташкил карда шуда буданд дар ситоде, ки таҳти сарпарастии Хайруллоев ба хотири ба эътидол овардани вазъ ва тартиботи оммавї таъсис дода шуда буд ман ҳамчун Вазири корҳои дохилї дар ҳайати он шомил будам. Ба мушкилиҳое, ки дар натиҷаи задухўрдҳо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷой доштанд, нигоҳ накарда ситоди номбурда бо иштироки роҳбарони дигар мақомотҳои қудратии ҷумҳурї аз уҳдаи барқарор намудани тартиботи ҷамъиятї сарбаландона баромаданд. Бешак, дар ин ҷода ҷасурї, мардонагї ва матонати Хайруллоев саҳм гузошт.

Қобили қайд аст, ки аз давраи шиносої бо Хайруллоев чунин хислатҳои наҷиби ў ҷиддї ва серталаб будан нисбати кормандон, масъулияти баланд доштан, ҷавонмарди асил будани ўро дарк намудам. Баъзан шахсро барои камбудиҳо маломат намуда, чанде пас мепурсад: “Хафа шудї?” ва боз таъкид менамояд: “Инро ба фоидаи худат гуфтам, агар хафа шуда бошї ихтиёрат”.

Шералї Хайруллоев дар давраи вазири мудофиаи ҷумҳурї фаъолият доштанаш аз соли 1995 то 2013 дар таъсис ва рушди сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї саҳми хоса дорад. Дар барқарор намудани муносибатҳои байнидавлатї бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Туркиё ва дигар давлатҳои дунё корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Натиҷаи содиқ буданаш нисбати фаъолияти хизматї ва садоқаташ ба Сарвари давлат сабаб шуд, ки се маротиба аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Олї Эмомалї Раҳмон ба ҳайси Вазири Мудофиаи ҷумҳурї таъин шуд.

Дар ҳар суханрониаш гуфтаҳои Роҳбари давлатро ба дигарон дастур медиҳад ва чунин ҳам мешуморад, ки рушди иқтисодї ва истиқлолияти Тоҷикистон ин Эмомалї Раҳмон аст.

Генерал-лейтенант Раҳимзода

Рамазони Ҳамро-Вазири корҳои

дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ватандориро аз ӯ бояд омӯхт

 

Дар урфият дуруст гуфтаанд, ки яке аз дороиҳои маънавии мард шуҷоат аст ва ё бо ибораи дигар шуҷоат дурнамо ва меъёри камоли ҳар мард мебошад. Шуҷоат дар роҳи дифои Ватан, ҳифзи арзишҳои миллї ва гиромї доштани қадру манзалати Ватан ҳамчун гавҳари ноёб ба ҳисоб меравад.

Бо камоли эҳтиром мехоҳам дар робита ба абармарди фидоии Ватан ва аниқтараш дар иртибот ба шахси масъулиятшинос, яке аз роҳбарони низомии Тоҷикистон генерал-полковник Шералї Хайруллоев ҳарф занам ва таассуроте, ки аз эшон дорам арз кунам ва аз шахсияте ёдовар шавам, ки зиндагии пурмаҳсули худро баҳри дифои марзу буми аҷдодї ва Ватани азизаш Тоҷикистон намудааст, нафаре, ки омода аст барои дифои Ватан ҷон ва зиндагии худро фидо намояд, шахсияте, ки ин шиорро ба худ ихтисос дода буд:

 

Кист ғамхори Ватан, гар на ту бошиву на ман,

Чашми бедори Ватан, гар на ту бошиву на ман.

 

Шерали Хайруллоев – инсони шариф, марди асил, афсари фидоии Ватан мебошад.

Ҳангоми дар вазифаи пурмаҳсул ва масъулиятноки вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанаш, ки банда вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар дӯш доштам, пайваста соатҳои 6-и субҳ ва ё 9-и шаб дар утоқи корї дар робита ба масоили хизматї суҳбати телефониро анҷом медод. Агар аз гўшаки утоқи корї ҷавоб намешунид ба рақамҳои ҳамроҳ (телефонии дастї) дар тамос шуда, бо ибораи «ин вилоят Раис дорад ё не» - суханро оғоз менамуд, ки чунин ибора аз афсари олирутбаи дилхоҳ роҳбарро ба масъулиятшиносї водор месохт.

Боре аҳли заҳмати вилоят масъалаи натиҷагирии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии дар соли 2012 анҷом пазируфта ва инунин муайян сохтани вазифаҳоро барои соли 2013-ум баррасї мекардем, ба мо иттилоъ расид, ки намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиа Шералї Хайруллоев ташриф меорад. Ҳайрон шудем ва фикр мекардем, чаро нафаре, ки иттилооти иқтисодӣ надорад, шояд масоили иқтисодиро баррасї ва таҳлил карда натавонад, ҳамчун намояндаи ҳукумат барои натиҷагирї муваззаф шудааст?. Чунки ӯ ҳарбї мебошад, на як донандаи улуми иқтисодї. Чун дар охири ҷаласа масоили иқтисодї ва иҷтимоиро илмї, мантиқї бо далел ва факту рақам таҳлил ва баррасї намуда, дидгоҳу андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни масоили ҳайти иқтисодиву иҷтимоии вилоят арз кард, бовар накардани буд ва бароямон рўшан шуд, ки ў дорои дониш ва иттилооти кофии улуми иқтисодї ва масоили иҷтимої мебошад. Бори дигар ба мутахассиси донишманд, рўшанфикр, нуктасанҷ, оянданигар ва ботаҷриба будани Шералї Хайруллоев мутмаин шудем.

Ҳангоми вохўриҳояш бо афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар вилоят қарор дошта, новобаста зертобеи кадом вазорату идораи қудратї мебошанд, ба тамоми ҷузъиёту вижагиҳои хидматии афсарон аҳамияти ҷиддї медод. Оид ба масъалаи мазкур серталаб ва хеле хасос буд. Ба сарбозон аз интизом, шуҷоат ва ҷиддият ҳарф мезад ва аз худ нисбат ба сарбозон изҳори дилсўзи мекард. Ҳатман аз таъминоти онҳо бо хўрока, сару либос ва дигар намудҳои амволи шайъї, будубошашон, хизматрасонии тиббии онҳо шинос гардида, мушкилоти мавҷударо ҳал мекард. Ў дар симои ҳар як хизматчии ҳарбї ҳомии боэътимоди Ватанро дида, ҳамаи онҳоро барои содиқона ва софдилона дифоъ намудани марзу бум ва Ватан ҳидоят менамуд.

Боре дар рафти сафари хизматиаш ба вилоят аз қисмҳои ҳарбии ноҳияи Ишкошим дидан намуд, чун бегоҳ бевақт шуд хостем ба маркази вилоят нарафта дар ноҳияи мазкур шабро рўз кунем, охирҳои шаб тақрибан соат 4:30 дақиқа буд, ки ҳамшира дари утоқи хоби маро кўфта, Раис хезед дар маркази вилоят огоҳкунї «тревога» шудааст, гуфт. Чун вақте аз хоб хестам дидам, ки Шералї Хайруллоев дар ҷои хобаш нест ва ба ман хабар расид, ки ў дар ин соат дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ ҳамаро ба по хезондааст. Хеле нуктасанҷ ва дорои шеваи кори фавқулоддаи худро дорад.

Аслан шиносоии банда бо муҳтарам Шералї Хайруллоев шуруъ аз соли 2012-ум ҳангоми ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ ба вуқуъ омада пайваста оғоз шуд. Ман дар симои ин шахс инсони комил, марди дурандеш, роҳбари сахтгир, ҳамкори боэътимод, роҳбари кордон ва дилсўзу ғамхорро дарёфтам. Шералї Хайруллоев амнияти давлат ва пешравии ҷомеъаро беҳтарин неъмат медонад ва ҳамеша таъкид менамуд, ки пос доштани арзишҳои миллї вазифаи ҳар як фарди бедордил мебошад. Умуман шахси ҷиддї, баруманд, масъулиятшинос, бедорогоҳ ва нафаре, ки дилу забонаш як аст. Рамуз ва шеваи зиндагиаш қобили омўхтан аст.

Ногуфта намонад вақте ки Шералї Хайруллоев ҳангоми нооромиҳо дар вилоят ба ҳайси намояндаи Ҳукумати ҷумҳурї ташриф овард, дар баробари таъмини суботу амният ба тамоми самтҳои фаъолият, аз он ҷумла соҳаи кишоварзї, ҳифзи иҷтимої, маорифу тандурустї, таъмини саривақтии мардум бо нерўи барқ ва дигар паҳлуҳои зиндагии мардум дахл мекард. Ин амали пешакардаи муҳтарам Шералї Хайруллоев ба ман ҳамчун Раиси вилоят бе таъсир намонд ва дар вуҷудам ҳамчун роҳбар рашкро эҳсос мекардам ва то ҷое иброз медоштам, ки Шералї Хайруллоев, Шумо масъули риштаи низомии кишвар ҳастед ва шояд ба кори хоҷагидории вилоят дахл кардани Шумо аз меъёрҳои кори мақомоти маҳаллї берун бошад. Аммо баъдтар фаҳмидам, ки ин марди шариф бо истифода аз малакаи роҳбарї ва таҷрибаи кориаш барои ман дар шароити ҳамонвақта дасти ёрї ва раҳнамоии зиёде кардааст. Натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии Шералї Хайруллоев ва мардуми заҳматкаши вилоят буд, ки бо дастгирии саривақтї ва роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба чунин рўзҳои босаодат расидем.

Ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ба вуқуъ омада, рўзҳои аввали ташрифи Шералї Хайруллоев ба вилоят аз ҷониби мардум он қадар хуш пазируфта нашуд ва мардум чун диданд, ки савораю пиёда ҷамоат ба ҷамоат, деҳа ба деҳа гашта аз ҳоли мардум пурсон мешавад ва мақсад аз ташрифаш ба вилоят танҳо субот ва тинҷиву амонии ҳар як хонаводаи мардуми Бадахшон, алалхусус шаҳри Хоруғ ҳаст, эътимоду боварии мардум рўз аз рўз ба он кас зиёд шудан гирифт. Зеро ҳангоми вохўрї бо сокинони вилоят ва қабули табақаҳои гуногуни сокинони он ҷавҳар ва ҳадафи аслии ин марди шариф ба он равона шуда буд, ки волоияти қонун риояи арзишҳои миллї пос доштани анъанаҳои мардуми шарифи вилоят дар таҳти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон сарҷамъ ва муттаҳид бошем.

Бо вуҷуди серкорї Шералї Хайруллоев пайваста ба тамрини бадан машғул ҳаст ва ҳамеша ба вазъи саломатии худ аҳамияти ҷиддї медиҳад. Гоҳ-гоҳе ҳазломез мегуфтем, ки рафиқ генерал умри Шумо шумораи садсолаҳоро убур хоҳад кард, чун ҳамеша пайи тамрини бадан ва аз вазъи саломатиатон огоҳ ҳастед.

Дар интихоб ва этикаи пўшидани либоси ҳарбї ва шаҳрвандї бо тозагї ва озодагї намунаи ибрат мебошад. Мисле, ки ҳамеша покиза ва шинам либос ба бар дорад, вуҷуд ва андешааш ҳам, ҳамеша покиза ва беолоиш мебошад. Беҳуда шоир нафармудааст:

 

Мо худ ба гарди домани марде намерасем,

Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.

 

Қосим Қодирї - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Чеҳраи шинохта

 

Аввалҳои соҳои навадум душманони хориҷию дохилї бо умеди аз байн бурдани давлати тозаэҷоди тоҷик тасмими иғвою дасисаҳоро ба кор бурданд ва хеле моҳирона ҷанги тоҷиккуширо созмон бахшиданд.

Ҳазорон шукри Худои мутаол, ки халқи хирадпешаи тоҷик найранги душманро зуд дарк намуд ва гирди ҳам печид.

Бо ҳамин андеша вакилони халқ 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонї Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват карданд ва ба машварат пардохтанд.

Вакилон калиди сарнавишти Давлати тозаистиқлоли тоҷик-ин тифли навзодро, ки баъди 1000 сол арзи ҳастї кардан дорад ба дасти фарзанди фидокори халқ Эмомалї Раҳмон супориданд. Ў парчами Тоҷикистони озодро ба чашмонаш монда бўсид ва савганд хўрд, ки барои осудагии мардум ва ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҷамъиятии ҷумҳурї мубориза хоҳад бурд.

Эмомалї Раҳмон ба савганди хеш вафо кард. Ў роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифта, онро амалї намуд. Тоҷики парешонгаштаро ҷамъ овард, шоҳсутунҳои бинои муҳташами Давлати миллиро як-як тарҳрезї кард ва ба эъмори он пардохт. Дар байни ин шоҳсутунҳо яке аз шоҳсутуни муҳимтару асоситар барпо намудани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, ки он хосияти ҷудонопазири давлати соҳибистиқлол аст. Сарвари давлат роҳбарии ин артиши тозаэҷодро соли 1995 насиби Шералї Хайруллоев гардонд.

Аввалин санаде, ки ба ҳалу фасли мушкилоти Вазорати Мудофиа бахшида шуд Қарори Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 18.12.1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Мо ҳама ҳис мекардем, ки баъди азнавсозии сохтори Вазорати Мудофиа, даставвал бояд фавран масъалаи тайёр намудани афсарони касбї чї дар ҷумҳурї ва чї берун аз ҳудуди он, ҳали худро ба таври шояд ёбад. Пеш аз ҳама бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Шералї барои амалї намудани армонҳои миллї камари ҳиммат баст. Дар тўли ду даҳсолае, ки ў Вазири дифоъ буд дар роҳи таъсис ва рушду нумуи Вазорати Мудофиа заҳматҳои зиёде кашида, бо меҳнати фидокоронаи худ дар ҷумҳурї ва дигар мамолики дунё обрӯву эътибори хуб пйдо намуд. Ў ба сифати муборизи ростини роҳи сулҳ ва дўстии халқҳо ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар карда, аз минбари баланди байналмилалї сухан гуфта, Тоҷикистон ва халқи ўро чун миллати сулҳпарвар, башардўст ва фарҳангию хирадманд ба оламиён муаррифї намудааст. Ба қавли шоири бузург Мирзо Турсунзода иброз кунем, Шералї Хайруллоев «ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан буд».

Муҳаббати поки Шералї Хайруллоев ба сарзамини аҷдодї, обу хоки Ватан, садоқат ба қонун ва Президенти кишвар, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.

Солҳои фалокатбор ва даҳшатангези ҷанги шаҳрвандї дар даврае, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва давлатдории он зери хатари ҷиддї монда буд Шералї Хайруллоев ҳамчун муовини Вазири корҳои дохилии ҷумҳурї дар қатори ҳазорҳо кормандони милиса баҳри ҳимояи давлат, барқароркунии сохти конститутсионї, ҳимояи адолат ва тинҷиву осудагии кишвар синаи хешро сипар намуда, ба олами ҷиноятї, ба муқобили гурӯҳҳои ҷиноятпеша муборизаи беамон мебурд.

Баъди ба ифоқа омадани тарафҳои даргир дар кишвар садҳо гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунї ба дуздї, ғоратгарї, куштор, гаравгонгирї, одамрабої, амалҳои террористї ва дигар ҷиноятҳо даст мезаданд. Хусусан бедодгарию кушторҳои дастаҳои муташаккили яроқноки Раҳмон Сангинов (бо лақаби «Раҳмон-гитлер»), Мансур Маакалов (бо лақаби «Шайх»), Сафар Тағоев (бо лақаби «Подабон») дар шаҳри Душанбе ва атрофии он ба қатлу ғорат даст зада, дар байни мардум тарсу воҳима андохта, нафрати аҳолиро зиёда карда буданд.

Ногуфта намонад, ки дар пурра несту нобуд кардани ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҷузъу томҳои Вазорати Мудофиа бо сарварии бевоситаи вазири он Шералї Хайруллоев саҳми босазо доштанд.

Нақши Шералї Хайруллоев дар гузаронидани чорабиниҳои оперативии солҳои 2010-2011 дар водии Рашт ва соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ба амал омада, ки роҳбарии ситодро ба ӯҳда дошт хеле калон аст. Ў тавонист, ки дар ҳамоҳангї ва ҳамбастагї бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратї гурӯҳҳои исёнгарро маҳв намуда, вазъияти ҷамъиятию сиёсиро ба эътидол оварад. Ӯ низ дар паст намудани шиддати муноқишаҳои сарҳадӣ, ки байни сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва вилояти Баткенти Қирғизистон ба вуқӯъ омада буд ба ҳайси ёрдамчии Президент саҳми босазо дорад. Ба назарам Шералї Хайруллоев сарнавишти хушбахтонае дорад, ки муҳаббати ҳамдиёронаш нисбат ба шахсияти ў аз тарафи халқҳои дигар низ писанд афтодааст. Дар баробари низомї будани ў барои ман ҳамчун намояндаи барҷастаи маданият ва фарҳанги қадими тоҷик мебошад. Ў офаридагори зебоии низомиён аст. Ў чї будани ғаму андуҳро медонад.

Одатан дар зиндагї кас бо чеҳраҳои дурахшоне дучор мешавад, ки абадан дар хотира нақш мебанданд. Чунин шахсонро бузург меноманд, яъне бо маънои он, ки дили бузург дошта, ҳам худро омўхта ҳам дигаронро ва ҳам барои худ кору фаъолият намуда, ҳам барои дигарон хизмат менамоянд.

Барои ман чунин шахс Шералї Хайруллоев, ки солиён боз бо дарки масъулияти баланд дар вазифаҳои пурмасъули давлатї адои хизмат намуда бо поквиҷдонї, ягонагии қавлу амал нисбат ба худу тобеъон серталаб будан, соҳиби обрўю эҳтироми ҳамагон гаштааст, ҳисоб меёбад.

Барои ман дар бораи Шералї Хайруллоев барин инсони хушбахту накўкор, шахси лаёқатманду касбдўст сухан гуфтан ҳам осон асту ҳам мушкил. Осон аз он ҷиҳат, ки ҳамкориҳои зичу пурсамари мо солҳои зиёд боз идома ёфта, дар кору фаъолияти шахсї дорои чунин фазилатҳои олии маънавию адолатпарварї ҳама чиз басо равшан ва падидор аст. Мушкил бошад аз он лиҳоз, ки воқеан фаъолияти бефосила дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори навтаъсиси низомї, роҳи пурпечутобї дар адои хизмати ҳарбї тай намуда ва ҷаҳду талошҳо барои рушду такомули самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатї андешидаи Шералї Хайруллоев воқеан ҳам хеле ибратбахш, аммо басо васеъ мебошанд.

Дар ҷумҳурї шояд кам касоне ёфт мешаванд, ки Шералї Хайруллоевро нашиносанд. Чунки ў бешак яке аз поягузорон ва таҳкимбахши Артиши миллї мебошад, ки ҳоло ҳам ба таҳкиму таррақиёт ниёз дорад.

Шералї Хайруллоев дар таҳкими муқаддасоти оиладорї, дар тарбияи фарзандон низ муваффақ ва комёб аст. Фарзанди калони ў касби пуршарафи падарро интихоб карда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият адои хизмат менамояд.

Воқеан, Ватан азизтарин муқаддасот барои фарзандони миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дўст дошта метавонад, ки ифтихори баланди миллї дошта бошад. Ифтихор аз озодї, ифтихор аз зебої, ифтихор аз Ватан чун модари мушфиқу ғамхор.

Эҳсоси ватандўстии Шералї Хайруллоев чунон самимї ва завқи зебопарастиаш чунон равшананд, ки Тоҷикистон дар назари ў давлати тиллої менамояд. Муҳаббати поки Шералї ба сарзамини аҷдодї, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард. Ғояҳои ягонаи ёру диёр, муҳаббати гарми ватандорї, садоқат ба сарзамини ҳамешабаҳори Тоҷикистон, Сарқонун ва Президенти кишвар, ғояҳои олии умумиинсонї, ҳифзи сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба тақдири одамон, рафоқат ва якпорчагии кишвар армони деринаи ўст.

Генерал-полковник Абдураҳимов Хайриддин Саидович

 

 

Ӯ ҷону тавони худро дареғ намедорад

 

26 августи соли 1994 Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Вазорати мудофиаро бо назардошти шароити кунунї бо Қарори №440-9 тасдиқ намуда, бо ҳамин Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро тасдиқ намуд. Бо дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №05 аз 1 феврали соли 2007 чи хеле, ки ман медонам Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ табдили ном шуд.

Воқеан бо амри тақдир ман ҳам дар вазнинтарин рўзҳои ҷумҳурї барои хизмат ба Вазорати навташкили мудофиа даъват шудам. Ман, ки афсари касбї будам баробари ба Дастгоҳи марказии Вазорати Мудофиа интиқол шуданам ба зимаам таъсиси коллеҷи ҳарбиро гузоштанд. Кор рўзҳои аввал хело вазнин ва душвор буд. Донишҷуёне, ки ба коллеҷ қабул мешуданд аксарияти онҳо бо сабаби нарасидани қувваҳои ҷангї ба минтакаҳои дур сафарбар мешуданд. Апрели соли 1995 буд, ҳамаи афсарони Дастгоҳи марказии вазорати дифоъ ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳ дар толор ҷамъ омада буданд. Дар ин ҷамъомад вазири навтаъиншудаи Вазорати Мудофиа Шералї Хайруллоевро муаррифї намуданд. Он кас дар баромадашон ба иштирокчиён муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори боварии сарвари давлат шаванд ва тартибу низомро бо дастгирии ҳамяроқон дар артиш ҷорї намоянд.

То соли 1997 бо дастгирии муҳтарам Хайруллоев ман роҳбари Коллеҷи олии ҳарбии вазорат будам. Соли 1997 бошад, сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шудам. Воқеъан эътимоду эътиқоди ман нисбати Хайруллоев, ки барои фатҳи қуллаи мақсуд ҷону тавони хешро дареғ намедорад дар давраи ҳамкориҳои пайваста пайдо шуд. Ў пайи беҳдошти рўзгори афсарону аскарон ва афзудани иқтидори ҳарбии Артиши Миллии Тоҷикистон шабу рўз заҳмат мекашид. Дар асл таъсиси Артиши миллї ва сохтору зерсохторҳои ў аз сифр оғоз гардид. Хуб ёд дорам, ки дар он рўзҳои вазнин ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомї ягон заминаи воқеї мавҷуд набуд. Аксарият ҳеҷ бовар надоштанд, ки дар чунин як шароити мушкил - касодии иқтисодї ва вазъи ниҳоят ноороми сиёсї таъсиси Артиши миллї имконпазир бошад. Зеро баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравї дар байни 15 ҷумҳуриҳои собиқи он Тоҷикистон ягона давлате буд, ки аз Артиши шўравї чизе мерос нагирифта буд. Дар чунин шароити сангин Хайруллоев камари ҳиммат баст. Сохтмони сохторҳои вазорат ва ҳамзамон паст кардани шиддати ҷанги шаҳрвандї ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда буд.

Бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионї дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллї фароҳам оварда шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин ҷода пешоҳанг буд, фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, аз он ҷумла Шералї Хайруллоевро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба ватан буд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад.

Афсарону сарбозони Ватан ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон тақдирсоз бо матонату шуҷоат, далериву мардонагї гузаштанд. Дар ин самт Хайруллоев ҳамчун лашкаркаш, арбоби сиёссиву ҷамъиятї, ки cе маротиба аз ҷониби Сарвари давлат дар мансаби вазири мудофиа таъин шудааст, хеле саҳм дошта, дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик мақоми арзанда дорад.

Шодравон Генерал-майори мустаъфӣ Бобоҷонов Содиқ Нурматович

 

 

Ёде аз айёми гузашта

 

Ман солҳои зиёде дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилї кору фаъолият намудам. Як муддате пас аз ба нафақа рафтанам дар он солҳои басо вазнин барои кишварамон, бо даъвати вазири мудофиа генерал-полковник Шералї Хайруллоев ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, фаъолият намудам.

Фикр мекунам, ки ин мудҳиштарин лаҳзаҳое буданд, ки бар души мардуми Тоҷикистон афтоданд ва ҷомеаи мо пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравї то як муддате ҳайрону саргардон буд.

Ман ҳамчун сабиқ корманди Вазорати корҳои дохилї ва хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа дар бораи Шералї Хайруллоев, ки дар вазифаҳои оперативї-роҳбарикунандаи Раёсати корҳои ислоҳотї-меҳнатї то сардори ин раёсат ва баъдан муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, гуфта метавонам, ки ин шахс дар тамоми самтҳои фаъолияташ, худро ҳамчун шахси соҳибтаҷриба, кордону ташкилотчї муаррифї намудааст.

Як мисол аз хизмати он кас дар мақомоти корҳои дохилї. Капитани ҷавон-Шералї Хайруллоевро ба вазифаи сардори яке аз калонтарин муассисаҳои корҳои ислоҳотї- меҳнатї, воқеъ дар ноҳияи Ёвон таъин намуданд, ки ин муассиса аз ҷиҳати тартиботу интизом, риояи қонуният дар байни маҳкумшудагон ва коркарди маҳсулоти ба нақшагирифташуда дар сатҳи пастарин қарор дошт. Роҳбарияти вазорат пешнҳоди сардори Раёсати корҳои ислоҳотиро рад накарда номзадии номбурдаро ба ин вазифаи масъулиятнок тасдиқ кард. Вале Шералї Хайруллоев дар як муддати кўтоҳ тавонист, ки ин муассисаи қафомондаро ба қатори яке аз муассисаҳои ислоҳотии пешкадам барорад.

Соли 1987 дар Муассисаи тарбияи меҳнатии ноболиғон, воқеъ дар шаҳри Конибодоми Хуҷанд ваъзият номўътадил гашт, ки метавонист ба ошўб табдил ёбад. Ман дар он солҳо дар вазифаи муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) фаъолият мекардам. Бо супориши Шералї Хайруллоев вазъи бамиёномадаро санҷида баромадам, муайян намудем, ки сабаби асосии аз кор мондани истеҳсолот нарасидани қисмҳои эҳтиётї барои истеҳсоли чароғпояҳо ва бекормонии тарбиятгирандагон мебошад. Вақте ки аз ин ҳолат ба Шералї Хайруллоев арз намудам, ў гуфт, ки дар давоми як ҳафта масъаларо ҳал менамояд. Бо вуҷуди мушкилотҳои ҷойдошта Шералї Хайруллоев тавонист, ки онро дар мўҳлати кутоҳ ҳал намояд.

Тўли солҳои сардори Раёсати корҳои ислоҳотии ВКД-и РСС Тоҷикистон буданаш, бо тамоми нишондодҳои фаъолият, дар мадди аввал роҳ надодан ба ҷинояткорї дар байни маҳбусон ва иҷрои нақшаҳои истеҳсолї дар байни муассисаҳои ислоҳотї-меҳнатии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шўравї ҷойи ифтихорманди дуюмро ишғол карда, аз он поён нафаромадааст.

Моҳи апрели соли 1995-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шералӣ Хайруллоев ба ҳайси вазири мудофиаи ҷумҳурӣ таъин гашт. Аз нахустин рӯзи таъинот бо мардуми кишвар ҳамтақдир гардида, талхиву шириниҳои меваи истиқлолиятро якҷоя бо онҳо нӯш кард. Дар давраҳои душвору тақдирсози кишварамон дар саҳифаҳои таърихи ин мақомоти навбунёд ҳам бурд буду ҳам бохт ва ҳам садоқат буду ҳам хиёнат. Вале имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки садоқат ба халқу Ватан ва ҷонбозиҳои ҳайати шахсии вазорат баҳри тинҷиву осудагии кишвар, баҳри пешрафту тараққиёт ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз ҳазорҳо бор бештар аст.

Шералӣ Хайруллоев баъди таъинот манро ба кор даъват намуда тақдири сарчашмаи асосии омодасозии афсарони ҷузъу томҳои мақомотро ба ӯҳдаи ман гузоштанд. Бе муҳобот ин хеле масъулияти баландро талаб менамуд. Масъалаи омодасозӣ, таълиму тарбияи афсарон яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз буд.

Ш.Хайруллоев, ки худ афсари касбӣ буд хуб дарк менамуд, ки бояд барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мутахассисҳои варзида омода шаванд. Онҳо бояд пеш аз ҳама таҳкимгарони қонуну анъанаҳои миллӣ мешуданд. Дар чунин як вазъияти ҳассос тибқи супориши сарвари давлат аз як тараф бояд тоҷикон байни худ сулҳ мебастанд, аз дигар ҷониб силоҳбадастони собиқ мухолифин бояд ба Қӯшунҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мешуданд.

Пеш аз ҳама он кас дар мадди аввал масъалаи мустаҳкам кардани тартибу интизомро пешаи худ намуданд. Фақат дар ҳамон шабу рӯзҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ шумораи ҷиноятҳои ҳар сол содир мешудагӣ на кам аз 2000 ташкил мекарданд. Пас худатон қазоват кунед аз сатҳи пасттарини тартибу интизом мо ба дараҷаи баланди низоми миллӣ дар бист сол расидем. Ба ҷои бенизомӣ низом овардем, ба ҷои ашхоси тассодуфӣ командирҳои касбӣ, ки аксарияти онҳо хатмкунандагони Донишкадаи Вазорат, донишкадаҳо ва академияҳои Руссия ва дигар давлатҳои тараққикардаи дунё мебошанд. Дар тӯли фаъолияти кории Шералӣ Хайруллоев зиёда аз 1000 афсарони касбӣ омода шуданд. Дар давоми бист соли сипаришуда зиёда аз 30 нафар афсарон бо унвонҳои олии генерал сарфароз гардиданд. Барои донистани ҳамаи хислатҳои генерал-полковник Хайруллоев бояд мактаби ӯро гузашт. Дар ҳолати зарурӣ ӯ дӯст аст, дар вазъияти ногувор насиҳатгару хирадманд. ӯ натанҳо роҳбар, балки эҷодкор аст. Гоҳ вазиру гоҳ хоҷагидор. Худованд ӯро ҳаматарафа офаридааст. Дар бораи хислатҳои наҷиби ӯ чӣ қадар гап назанем суҳбат охир надорад. Чӣ қадар мушовирони Руссия дар дастгоҳи марказӣ ва қисмҳои низомӣ фаъолият намуда дар таъсис додани артиши миллӣ саҳмгузорӣ намуданд. Тамоми самтҳои кору фаъолияти вазорат бо кӯшишҳои пай дар пайи Шералӣ Хайруллоев оғозу анҷом ёфтанд. Ба он кас муяссар шуд, ки бо зиёда аз 14 вазоратҳои мудофиаи ҷаҳони муосир муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ба роҳ монад. Чӣ қадар кӯмакҳо аз ҷониби онҳо роҳандозӣ шуд. Ин албатта ба эътибор ва шахсияти ин марди бузург: арбоби давлатӣ ва ходими сиёсӣ зич вобастагӣ дорад. Сохтмони хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби давлати Чин, чархболҳо аз Ҳиндустон, силоҳу лавозимоти техникаи ҳарбӣ аз ҷониби Руссия чунин аст номгӯи нопурраи заҳматҳои Шералӣ Хайруллоев.

Он кас тавонистанд, ки пояҳои низомиро бо фарҳанг пайванд кунанд. Таъсиси як оркестри миллӣ ва шомил намудани карнаю сурнай ба ин оркестр. Магар ин эҷодиёт нест? Ин худ фидокорист.

Пас аз адои хизмат дар Вазорати Мудофиа маро ба ҳайси Раиси Шўрои собиқадорони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар ин ҷода ҳам мо собиқадорон дастгирию ғамхории Шералї Хайруллоевро эҳсос менамудем.

Маҳз ҳамин хислатҳо ин марди наҷибро дар байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатї, ҳайати шахсии сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби обрўю эътибори беандоза намудааст.

Генерал-майори мустаъфї Додоматов Исроил Додоматович

 

 

 

 

Ш.Хайруллоев ҳангоми супоридани мукофотҳои давлатї ба афсарон

 

Қабули волидайни сарбозон

 

 

 

 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев ҳангоми вохўрї бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Ҷоруқ-Дарони гарнизони Суғд

 

Ӯ мардест ботинан пок...

 

Рости гап, дар зиндагї бо нафарҳои зиёде ҳамсафар мешавї, якҷоя кор мекунї, мехонї, вале нақши на ҳамаи онҳо дар хотират мемонад. Баъзеҳо фаромӯш мешаванд, шахсе ё гурӯҳе дар кадом як ҳуҷайраи майнаи сар ҷой мегираду баъди гузаштани солҳо дар ҳолати ба онҳо рубарӯ шудан онҳоро ба ёд меорї.

Дар чорсўи зиндагї бо як зумра одамоне вомехўрӣ, ки аз лаҳзаҳои аввали муошират бо онҳо дилгармї пайдо мекунї. Дил мехоҳад, ки бо онҳо ҳамнишин бошї, ҳамкорї кунї. Оиди чунинҳо ақида дорам, ки онҳо беназари худо нестанд. Худованд лоиқ донистааст, ки онҳоро тез эътироф намоянд. Чунинҳо иқтидори дигаронро аз пушташон барои ҳаллу фасли иқдомҳои неку ташаббусҳои наҷиб равона намудан як кашиши ҷозибадор доранд.

Аввалин маротиба вақте ки ман бо Шералї Хайруллоев шиносоӣ пайдо намудам, ин хислатҳоро дар ў дарёфтам. Ин аввалҳои соли 1993-юм ва солҳои баъдинаи хизмат дар қўшунҳои сарҳадї буд. Айеми хурўши ҷанги шаҳрвандї буд. Ман дар бораи Хайруллоев ахбори зиёде доштам ва ғоибона ўро мешинохтам. Аввлин шиносоии наздики мо бо якдигар дар ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурї ба вуқуъ омад. Ҳамон шабу рўзҳо он кас муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурї буданд. Маъмулан мо дар давраи даъват ба қўшунҳои сарҳадї, таъмини наваскарон бо хўроку сару либос ҳамкории зич доштем. Аз вақте ки шиносоӣ пайдо намудам дар давоми ҳамкориҳои пайваста дарк намудам, ки ин шахси бузург ботинан пок аст, кибру ғурур надорад, душмани ҳасадхўрон ва бахилон мебошад. Ҳамкории моро таъин шудани ў ба ҳайси вазири мудофиаи ҷумҳурї боз ҳам зич ва поядор намуд. Ман, ки аъзои ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии даъватшавандагон будам, дар ҷаласаҳои ҳукуматї ва мушовараи Вазорати дифоъ ширкат варзида, бо генерал Хайруллоев аз наздик ошноӣ пайдо намудам. Ў дар як даврае вазир таъин шуд, ки дар ҷумҳурї артиши мукамал надоштем. Вазорати дифоъ дар заминаи гурӯҳҳои силоҳбадасти фронти халқии ҷумҳурї таъсис ёфта буд. Дар ҳамон шабу рўзҳо як низоми муайяни таъминот бо хӯрокворї, сару либос вуҷуд надошт. Дар Раштонзамин ҷангҳои дохилї бо собиқ қувваҳои мухолифин оғоз шуда буд. Бо сабабҳои объективї, набудани нақлиёт, фаъолияти пурра надоштани комиссариатҳои ҳарбї дар Бадахшон, Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї даъвати сарбозон ба хизмати ҳарбї пурра таъмин намешуд. Аз дигар лиҳоз бисёриҳо боварии комил надоштанд, ки қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ таъсис мешаванд. Аслан вазорати дифоъ, гвардияи миллї ва Қўшунҳои сарҳадӣ фарзандони истиқлолият мебошанд. Ба камбудиву норасоиҳои мавҷудаи давлати навбунёди тоҷик нигоҳ накарда генерал Хайруллоев камари ҳиммат баст. Роҳи қафо набуд. Сарвари давлат боварї карданд. Барои ин боварї сазовор шудан ў дарк мекард, ки шабу рўз меҳнат бояд намуд. Ўро гоҳ дар майдони набард медидему гоҳ дар сафар. Шабро шаб, рўзро рўз нагуфта ў заҳмат мекашид. Вазъиятро дида дарк мекард, ки дар байни ба Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудагон шахсони тасодуфї ҳам ҳастанд. Аммо барои сифатан ҷобаҷо намудани ҳайати шахсї ва интихоби кадрҳо вақт лозим буд, мебоист мутахассис, афсари маълумотдор омода намоем. Чи тавре, ки ман бархўрдорам ў пеш аз ҳама барномаи мустаҳкам намудани Қувваҳои Мусаллаҳро ба ҳукумати ҷумҳурї пешниҳод намуд. Уҳдадориҳои дуюмдараҷае, ки ў дар назди роҳбарият, Ситоди генералї, афсарону сарбозони вазорат гузошт, ин пеш аз ҳама ҷорї намудани тартибу низом, риояи оинномаҳо ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбї буд. Ин кори яксолаву дусола набуд. Ҳамзамон, ў аз пайи омода намудани афсарон-кадрҳои баландихтисос шуд. Дар радифи ин проблемаҳои доғи рўз масъалаи реинтигратсия, яъне шомилшавии собиқ мухолифин ба Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад. Имрўз бо боварии том гуфта метавонем, ки ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ҳайати шахсии вазорат бо сарварии генерал Хайруллоев аз уҳдаи ба зиммаи онҳо, ки аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуда буд, сарбаландона баромаданд. Меҳнатҳои шабонарўзии ин марди наҷиб дар муддати таи 20 сол хеле натиҷаҳои пурсамар ба бор оварданд. Қисмати зиёди бригадаву қисмҳои ҳарбї, пиёдагарду ҳавої, ки имрўз амнияти кишварро таъмин менамоянд, самараи меҳнати ҳалоли ин марди ватандӯст аст.

Гумон дорам, ки хеле хушбахтам. Дар баробари ҳамкориҳои пайваста як давраи муайян таҳти сарпарастии Хайруллоев дар сохторҳои берунмарзии вазорат фаъолият доштам. Ин ба аввалҳои солҳои 2000-ум рост меомад. Боре ӯ маро ба наздаш даъват намуда, шухиомез гуфт, ки бекори ва хонанишини маъкул шуд, чї! Ту чї ақида дорї, хоҳиши дар ягон ҷой кор кардан дорї ё не? Ман посух додам, ки ягон таклиф аз ягон сохтор нашуд дигар давутоз ҳам накардам. Тавсия доданд, ки комендатураи шаҳри Душанберо сарварӣ кунам, вале ман миннатдорӣ иброз намуда, гуфтам, ки ягон кори ором бошад, меравам. Рости гап, ки зиёда аз даҳ сол боз дар рухсатї набудам, каму беш хастагиро ҳис мекардам. Хайруллоев суханашро давом дода таъкид намуданд, ки ту як умр дар амният фаъолият доштӣ, бо назардошти таҷрибаи кориат дар Руссия, Белоруссия ва Украина ба ҳайси вобастаи низомї таъин мешавї. Аслан кор карданӣ ҳам набудам, вале рўям нашуд, ки эҳтироми нисбати ў, ҳамчун инсони наҷиб доштанам ин пешниҳодро рад кунам. Баъди гирифтани таъинот дар ин вазифа тайи чор сол дар кишварҳои зикргардида фаъолият доштам. Дар тўли фаъолияти кориам дарк намудам, ки генерал Хайруллоев дар баробари низомї буданаш нозукиҳои дипломатияи ҳарбиро низ хело хуб медонистааст. Дар доираи ҳарбиёни олимартабаи Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил обрўю эътибори хоса дорад. Заҳматҳои кашидаи ў дар тӯли 20 соли фаъолияти кориаш дар вазорати дифоъ сазовори таҳсину офарин аст. Хулоса ў марди шарафу номус ва масъулияти баланд аст (чести и долга).

Генерал-лейтенант

Сайфуллоев Сафаралӣ Ҳакимович

Ӯ маҳал надорад

 

Аз замоне, ки ба ҳайати шахсии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудам бо амри тақдир дар сафи низомї дар як қатор бо Шералї Хайруллоев камари ҳиммат баста, ба халқу Ватан хизмат намудам. Новобаста аз оне, ки мо аз намояндагони низомии собиқ мухолифин будем генерал Хайруллоев аз рўзҳои аввали хизмат ғамхорию парасторї ва бовариро, ки дар ҳаққи афсарону сарбозони ҳукуматї раво медид, аз намояндагони мо низ дареғ намедошт.

Аслан эътимоду эҳтиром барои ҳар як афсаре, ки ҷавонӣ ва ҷованмардиашро сарфи хизмати Ватан кардааст атои Иллоҳист. Ин саховати Иллоҳї насиби фарде мешавад, ки барои ҳифзи муқаддасоти Ватан ҷони худро дареғ надошта, барои афзудани иқтидори артиши миллии Тоҷикистон шабу рўз заҳмат мекашад. Хайруллоев аз зумраи чунинхо мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр сар шуда буд. Чанд соле, ки бо ин марди низомї, донишманду соҳибкасб ҳамсаф будем бо имони комил иброз дорам, ки дар таъсис ва роҳбарии Вазорати Мудофиа хеле саҳми калон дорад. Ёд дорам намоиши Қувваҳои Мусаллаҳро, ки ба ифтихори 10 солагии Истиқлолияти ҷумҳурї баргузор шуда буд, қаторҳои зебои ҷавонмардони тоҷик дар сафҳои низомї, ки аз майдони намоиш мегузаштанд тамошобинони майдонро мот кард. Меҳмонон ва як идда намояндагони кишварҳои дуру наздик ангушти ҳайрат газиданд. Аксарият боварї надоштанд, ки тоҷикон сулҳ мекунанд. Вале онҳо тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомўш кунанд. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик баъди сарсониҳои зиёде дар як муддати кўтоҳ ба чунин низому тартиб муваффақ шаванд. Тааҷҷуби онҳо асос дошт. Қисмати зиёди иштирокчиёни ҷашнвора парокандагиву бенизомии рўзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар ёд доштанд. қобили қайд аст, ки дар замони шўравї дар Тоҷикистон Вазорати Мудофиаи ҷумҳурї фаъолият надошт ва қисмҳои ҳарбии дар қаламрави ҷумҳурї амалкунанда зерсохторҳои Вазорати Мудофиаи Иттиҳоди Шўравї буд. Аз ҳамин хотир баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравї амволу аслиҳаи ҷангии дар ҷумҳурї буда, насиби дивизияи 201-уми тирандозии Федератсияи Руссия шуд. Дар рўзҳои аввали Истиқлолият афсарону сарбозони соҳибкасб, мутахассисони ҳарбї намерасиданд. Сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ташаккули ҷузъу томҳои низомї, таъинот ва салоҳияти онҳо номукаммал ва номунтазам буд. Дар чунин як давраи бесарусомонї Шералї Хайруллоев соли 1995-ум бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Ҷаноби Олї Эмомалї Раҳмон ба ҳайси вазири мудофиа таъин шуд. Дар ҳамон шабу рўзҳо мо берун аз қаламрави Ватан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будем. Новобаста аз оне, ки бо қувваҳои ҳукуматї дар Сангар зидди ҳамдигар будем, таъиноти ўро дар ҷои мансабдорони берунмарзї хуш пазируфтем, чунки ў тоҷик буд.

Мо агар ба солномаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї нигарем, мебинем, ки таи соҳои 1995-2013 бо сарварии Шералї Хайруллоев ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар сипаҳсолори Артиши миллї Эмомалї Раҳмон, хизмати бошарафонаи ҳайати шахсї дар як муддати начандон тўлонї артиши қобили ҳифзи Ватанро ба камол расондем, ки он такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат гардида, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад.

Касали давомнопазири миллати тоҷик ин маҳалгарої буд, ки душманони миллат онро истифода намуда, моро бо ҳам ҷанг андохтанд. Дар тўли хизмати ҳарбиам ба хулоса омадам, ки Хайруллоев гирифтори ин дарди бедаво набудаст. Ў байни хатлониву бадахшонї, раштиву суғдї ва дигар намояндагони миллату халқиятҳо эҳтироми хоса дорад. Ў хеле хоксор ва дастрас мебошад. Ў саропо фарҳангист. Артише, ки фарҳанг надорад, низом надорад;-таъкид мекунад ў. Худаш думбранавоз буда, истеъдоди худододї дорад. Бо заҳматҳои ў дар Вазорати мудофиа ансамбли таронаву рақсии “Ватан” ва оркестри ҳарбї таъсис ёфт. Ў ба созу наво рағбати хоса дорад. Ба хотири эҳтироми ў як зумра санъаткорони шинохтаи тоҷик барои кор ба дастаҳои ҳунарии Вазорати мудофиа барои хизмат омаданд.

Тоҷикистон баъди мустақил шуданаш мамлакат бо таъсири омилҳои гуногун, ба гирдоби ҷанги дохилї кашида шуд. Сарнавишти ояндаи миллат ва мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли тоҷик ба он вобаста буд, ки оташи ҷангро мо хомўш карда метавонем ё не. Роҳи мо ба сўи сулҳ роҳи тўлонї буд. Ба мо лозим омад, ки барои комёбшудан ба сулҳу созгорї баъзан кўшишҳои ғайриқобилї тассавур ба харҷ диҳем, огоҳона ба истиқболи ҳамдигар роҳ паймоем. Имзои Созишномаи Сулҳ амалан ба яке аз муноқишаҳои тўлонї ва пурдаҳшати дар давраи баъди барҳам хўрдани низоми шўравї баамаломада хотима гузоштем.

Вазорати мудофиаи ҷумҳурї таҳти сарпарастии Шералї Хайруллоев дар чаҳорчўбаи сулҳ ва ризоияти миллї ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №47 аз 16.02.1999 сол “Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии доимамалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воҳидҳои мусаллаҳи низомии Иттиҳодияи мусаллаҳи тоҷик” фаъолият карда, таи солҳои 1999-2000 ин иқдоми наҷибро анҷом бахшид.

Аз рўи машваратҳое, ки ҳайати Комиссияи артиши миллї доштанд, пешниҳод шуда буд, ки ба ҷузъу томҳои Вазорати Мудофиа ҷанговарони мухолифини тоҷик реинтегратсия мешавад.

 

 

Бо мақсади муташаккилона ва ҳарчї зудтар ба анҷом расонидани реинтегратсия, тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” аввалин воҳиди ҳарбии мухолифин баталиони 25 дар шаҳри Душанбе ҷо ба ҷо карда шуд. Дар баробари ин дар қисмҳои ҳарбии вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї силоҳбадастони мухолифин шомил кунонида шуданд. Тазаккур бояд дод, ки раванди реинтегратсия ба осонї нагузашт. Ҷобаҷокунї, фаҳмондадиҳї давомнок буд. Як қатор душвориҳо садди роҳ шуданд. Пеш аз ҳама мо масъала гузоштем, ки гурӯҳҳои ба Вазорати Мудофиа шомил мешудагиро, ки ҳар кадом дар зодгоҳашон мавқеъ гирифта буданд аз маҳал ҷудо кунем. Аксарият метарсиданд, ки мабодо баъди шомил шудан ба Қувваҳои Мусаллаҳ барои қонунвайронкуниҳо ё ҷиноятҳои дар давраи ҷанги шаҳрвандї содиркардаашон таъқиб шаванд. Бисёриҳо дар бораи авфномаҳои ҷорї оид ба ҷиноятҳо тасаввурот надоштанд. Ногуфта намонад, ки бо мурури замон бо сабабҳои оммавию ҳолатҳои дигари объективї чанде аз афсарони номбурда баъди муддате дарк карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурї нисбати онҳо ягон ғараз надоранд, аз корҳои ҳарбї даст кашида ба корҳои мулкї рафтанд ва зиндагии осоиштаро авлотар донистанд.

Марҳилаҳои реинтегратсия яке аз пояҳои сиёсати сарвари давлат дар роҳи мустақил кардани раванди сулҳу саллоҳ ва оштии миллї буд.

Вазорати Мудофиаи кишвар бе муболиға аз уҳдаи ин кор баромаданд. Ин кори осон набуд. Буданд қувваҳое, ки бо фаъолиятҳои ҷиноятпешаи худ ба ин раванд зарари маънавї мерасонданд. Онҳо ба ҳар восита кўшиш мекарданд, ки миёни афсарону аскарон тафриқа андозанд, оштинопазириро пеш гиранд. Ба ин хотир ҳам чандин дасиса нисбати афсарону сарбозон раво дида шуда буд.

Дар фарҷоми ҳамин боб зикр карданї ҳастем, ки дар тартибу ташкил, омезиши неруҳои реинтегратсияшуда хизмати Шераї Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа хеле бузург аст.

Артишро бе варзиш тасаввур кардан мумкин нест, зеро Артиш бе варзиш қобили ҳарбу зарб буда наметавонад. Ба мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсї дар Вазорати дифоъ соли 2002 Клуби марказии варзишии Артиш ба фаъолият оғоз намуд.

Ҷиҳати такмил додани дараҷаи ҷисмонӣ ва малакаю маҳорати варзишии ҳайати шахсї Клуби мазкур аз рўи намудҳои гуногуни варзиш маҳорати худро сайқал дода, дар ҳайати командаҳои яккачини ҷумҳурї шарафи Ватанамонро дар арсаи варзиши байналмилалї ҳимоя менамоянд. Ман, ки масъули ин соҳа будам дилсўзї ва дастгирии бевоситаи Шералї Хайруллоевро доимо ҳис мекардам. Дар давоми фаъолияти ў варзишгарони Клуби марказии варзишии Артиш дар 135 мусобиқаҳои ҷумҳуриявї мусобиқаҳои байналмилалї ва спартакиадаи Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуда, дар тўли даҳсолаи охир ба гирифтани 291 медали тилло, 203 медали нуқра ва 253 медали биринҷї ноил шуданд.

Генерал-лейтенант

Адҳамов Ғайрат Сарҳадович

 

Ӯ сазовори эҳтиром аст.

 

Ҳангоме ки ҷанги шаҳрвандї дар Тоҷикистон оғоз гардид, ҳар як фарди баномуси миллат мехост дар барқарорсозии сохти конститутсионї иштирок намояд. Ман, ки ду маротиба дар хоки Афғонистон дар муҳорибаҳо иштирок намуда будам ва медонистам, ки ҷанг ба сари мардум чї бадбахтиҳо оварда метавонад, зарур шуморидам, ки дар қатори дигарон ба сафи артиши навтаъсиси Тоҷикистон шомил шавам. Он вақт ҳоло Вазорати Мудофиа таъсис нашуда буд, Кумитаи мудофиа буд. Сарварии онро Ф.Ниёзов бар уҳда дошт. Солҳои барои халқу Ватан мудҳиштарин буданд.

Ба шарофати талошҳои муҳтарам Эмомалї Раҳмон – Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаби давру замон охири соли 1992 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Новобаста аз нарасидани мутахассисони касбии ҳарбї сохтмони артиши ҷавони Тоҷикистон оғоз гардид. Заминаи моддї-техникї вучуд надошт, аз артиши абарқудрати Шўравї, бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандї, ба Тоҷикистон ҳеҷ чиз мерос намонд.

Ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати Мудофиа дар он солҳо фиристодагони дигар кишварҳо буданд. Вазъияти сол ба сол тезутундшудаистода тақозо мекард, ки фармондеҳии Артиши навтаъсиси Тоҷикистонро бояд кадри миллї ба зимма гирад.

 

Мутассифона, дар он солҳои душвору тақдирсоз на ҳар кас қудрат ва қобилият дошт, ки ба ин сохтори асосии давлат роҳбарї намояд.

Сарвари хирадманду дурандеши кишвар Эмомалї Раҳмон моҳи апрели соли 1995 ба ин вазифа марди ҷавон, вале баруманди кишвар Шералї Хайруллоевро таъин намуд. Солҳои минбаъда нишон доданд, ки сарвари кишвар дар интихоби ин ҷавони бонангу номуси тоҷик иштибоҳ накарданд.

Ман дар давоми 19 соли хизмати худ дар Дастгоҳи марказии Вазорати Мудофиа ба шарофати дастгирии Шералї Хайруллоев аз вазифаи афсари оддии шуъба то ба вазифаи сардори Раёсат, аз унвони капитанї то унвони олии ҳарбии генерал-майорї расидам.

Аз рўи иҷрои вазифаҳои хизматї таи ин солҳо ман бевосита дар паҳлўи Шералї Хайруллоев меистодам, зеро дастурдиҳандаи асосї ва ягонаи ман дар соҳаи пешбурди сиёсати хориҷии ҳарбї он кас буданд. Аз он кас ман бисёр чизҳоро омӯхтам, зеро ў дорои хислатҳои неки инсонї, маҳорати баланди роҳбарї ва сифатҳои баланди инсонї мебошад.

Як хислати хеле наҷибу нодири Ш. Хайруллоев, ки доимо маро дар ҳайрат мегузошт – ин ҳам дурандешї карда тавонистан нисбати ягон шахс, воқеа, ҳодиса ё чизи дигар, ки ў пешгӯйї мекард бо гузашти муддате тасдиқи худро меёфт. Хотираи хеле қавї доранд. Бисёр ҳолатҳое мешуданд, ки Шералї Хайруллоев мо ҷавононро бо нақли айнани корҳои якчанд сол пеш шуда гузашта бо таърихи рўз, исму насаби шахсони иштирокдошта, масъалаҳои баррасишуда, дар ҳайрат мегузоштанд. Мо дар навбати худ аз фаромўшхотирї дар ҳолати ноҳинҷор мемондем.

Дигар хислати олии инсондўстонаи Шералї Хайруллоев он аст, ки ў ҳеҷ гоҳ ягон нафари аз коррафтаро фаромўш намекард. Мо шоҳиди он будем, ки одамони аз вазифа озод гардидаро доимо дилбардорї менамуд ва албатта бо ягон кор таъмин менамуд.

Дар фаъолияти худ барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ тамоми ҳастии худро сарф менамоянд. Тарзи суханронии Ш. Хайруллоев дар ҳар як вохўриҳои сатҳҳои гуногун шунавандаро гўё саргаранг менамуд ва дар натиҷа масъалаҳое, ки солиён ҳалли худро намеёфт бо як суҳбат ҳал мегардиданд. Обрўю эътибори Ш. Хайруллоев берун аз Тоҷикистон бениҳоят баланд буд. Иззату ҳурмате, ки нисбати вай дар кишварҳои хориҷї нишон медоданд, ба калам кашида намешавад. Ин буд, ки Ш. Хайруллоевро вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъї, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун старшинаи худ интихоб намуда буданд. Вақте ки медидем чї тавр Ш.Хайруллоев ҳамаи вазирони мудофиаро ҳамчун сарбозон дар саф гузошта ба Раиси Шўрои вазирони мудофиа гузориш медод, як дидании аҷоибе буд. Ш.Хайруллоев новобаста аз кї будани ҳамсуҳбати худ ҳеҷ гоҳ боло суҳбат намекард ва намегузошт, ки касе худро аз вай боло донад.

 

 

 

 

 

Як воқеаи хотирмон ҳеҷ аз ёдам намеравад. Аввали солҳои дуҳазорум мо бо сафари расмї дар Фаронса будем. Чї сабабе шуду ҷониби фаронсавиҳо баъзе ӯҳдадориҳои худро ба пуррагї иҷро накарданд. Ҳангоми вохўрии расмї бо вазири мудофиаи Фаронса Ш. Хайруллоев ўро хотирнишон карда, чунон бо ҳаяҷону садои баланд норозигии худро иброз медошт, ки вазири мудофиаи Фаронса гаранг шуда, наметавонист ягон сухан кунад. Ман ки дар пахлўи Ш.Хайруллоев нишаста будам, намедонистам чї хел ўро ором созам. Хушбахтона, тавассути духтараш Таҳмина, ки тарҷумонї мекард, хатчае навиштем, ки «…падарҷон, ин ҷо Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон нест ва ҷаноби вазир тобеи Шумо нест…». Вақте ки Ш.Хайруллоев ин хатчаро хонданд, каме сукут намуда, ба ханда даромаданд ва аз вазири мудофиаи Фаронса узрхоҳї намуданд.

Дар васфи Ш.Хайруллоев ҳар қадар нависем, кам аст ва агар кўтоҳакак хулоса намоем, он сатҳе, ки имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, маҳз аз меҳнатдўстї, касбияти олї ва маҳорати баланди роҳбарии Ш.Хайруллоев мебошад. Иштибоҳ намешавад агар гўем, ки хизмат ба халқу Ватан барои Ш.Хайруллоев дар ҷои аввал меистад. Имрўз шогирдону тарбиятгирифтагони Ш.Хайруллоев дар тамоми соҳаҳои сохторҳои кудративу мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият доранд.

Имрўз низ Ш.Хайруллоев ба сифати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллї маҳорату малакаи бойи худро барои тарбияи насли наврас равона дорад. Дар ин кори пуршараф ба ў бурдбориҳои зиёд таманно дорем.

Генерал-майор

Ҳасанов Маъруф Мансурович

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоҳизаҳои шахсии ман нисбат ба

Нерўи Ватан-генерал-полковник

Шералї Хайруллоев

 

Шералї Хайруллоевро ман аз соли 1983 мешиносам, ки ин шахси мўътабар дар он вақт дар вазифаи муовини сардори Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати корҳои дохилии РСС Тоҷикистонро оид ба корҳои оперативї ва аз соли 1984 сардори Раёсати мазкурро ба ўҳда доштанд. Он кас барои мо, афсарони вазорат аввалан ҳамчун корманди оперативї-роҳбарикунанда ва афсаре, ки либоси низомиро бо маданияти баланди талаботҳои оинномавї мепўшиданд, намунаи ибрат буданд. Мо ҳис мекардем, ки чунин роҳбар бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматї низ масъулияти баланд дошта, нисбат ба худашон ва зертобеон истодагару серталаб бошанд. Моҳи октябри соли 1988 он касро ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон таъин карданд ва дар ҳақиқат таҳти роҳбарии Шералї Хайруллоев на танҳо сохторҳое, ки онро сарпарастӣ менамуданд, балки раёсату шўъбаҳое, ки ба онҳо супориш медоданд, вазифаҳои вогузоршударо сари вақт ва дар сатҳи баланди касбї иҷро менамуданд.

Аз апрели соли 1997 то октябри соли 2001 ман дар вазифаи ёрдамчии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ўҳда дошт, адои хизмат мекардам. Дар солҳои басо мушкил барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар аксарияти ҷаласаҳо, ки дар назди муовинони Сарвазири кишварамон Абдураҳмон Азимов ва Сайдамир Зуҳуров баргузор мегардид, иштирок мекардам. Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба эътидол овардани вазъият дар ҷумҳуриамон, баргардонидани гурезаҳо ва низомиёни мухолифин, реинтегратсияи онҳо ба сафи сохторҳои қудратї, гузаронидани амалиётҳои махсус бар зидди гурўҳҳои силоҳбадаст, ки сохти конститутсиониро халалдор менамуданд, қарорҳои дахлор қабул мешуданд, Шералї Хайруллоев ҳамчун вазири мудофиа-аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои муфидро пешниҳод менамуд, ки дар ҳалли мушкилотҳои дарпешистода яке аз мавқеъҳои асосиро дошт.

Ин шахси наҷиб аз рўзҳои аввали ба вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш барои дар амал татбиқ намудани талаботҳои асосгузори Артиши миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро барои ба меъёрҳои умумиҷаҳонї ва байналмилалї ҷавобгў будани Кувваҳои Мусллаҳи Тоҷикистон хизмати шоён намудааст.

Аз моҳи августи соли 2005 то моҳи ноябри соли 2013 таҳти роҳбарии генерал-полковник Шералї Хайруллоев дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудам.

Бояд махсус иброз намоям, ки баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунанда, дараҷаи омодагии касбии ҳайати шахсї, аниқ намудани нақшаҳои оперативї дар самтҳои хатарнок, ҷорї кардани усулҳои нави истифодаи қўшунҳо ҳангоми ташкил ва гузаронидани амалиёти муштараки сохторҳои низомии малакат ва нерўҳои ҳарбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар сатҳи зарурї нигоҳ доштани иқтидори мудофиавии кишвар, инчунин мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқї ва риояи талаботҳои оинномаҳои умимиҳарбиро ҳамрўза он кас таҳти назорати қатъии худ карор медод. Вобаста ба ин, чорабиниҳои зиёдеро барои муқовимат бар зидди терроризми байналмилалї, экстремизм ва дигар зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок ва дар маҷмўъ, барои таъмини амнияти миллї ва бехатарии Тоҷикистон ташкил ва барои гузаронидани онҳо роҳбарии бевоситаро анҷом додааст.

Дар ҳамаи марҳилаҳои ташаккули Артиши миллї баҳри таъмини он бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳарбї ва техникаҳои ҳозиразамон, тамоми имкониятҳоро истифода намудааст. Ҳамзамон, тайи ин солҳо ҳамкорию ҳамоҳангсозї бо сохторҳои қудратї, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хадамотҳои махсус ва дигар сохторҳои марбута дар миқёси кишварамон ва берун аз он самаранок ба роҳ монда шуда, вусъат ёфтааст.

Ҷолиби диққат аст, ки Шералї Хайруллоев ба коргузорї, дар сатҳи баланд ва бо маданияти касбї омода намудани ҳуҷҷатҳои расмї, қабули шаҳрвандон ва сари вақт ҳаллу фасли арзу шикояти онҳо, тайёр кардан ва гузаронидани ҷаласаҳои мушовара ва маҷлисҳои машваратї дар вазорат диққати махсус зоҳир менамуд.

Ҳангоми сафарҳои хизматї ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурї, ман низ дар ҳайати гурўҳи корї шоҳиди он будам, ки Шералї Хайруллоев дар мадди аввал бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатї ва ҳифзи ҳуқуқ, командирони қисмҳои низомии сохторҳои қудратї, комиссариатҳои ҳарбї ҷаласаҳои машваратӣ гузаронида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалї Раҳмонро ба онҳо расонида, ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекард, ки дар иҷрои вазифаҳои худ дар самтҳои фаъолияташон масъулиятнок бошанд.

Дар қисмҳои низомї новобаста ба кадом сохтори қудратї тобеъ буданашон бо ҳайати шахсї мулоқот мекард, қабл аз ҳама бо шароити зисту зиндагонї, рафти хизмат ва таъминоти воқеии онҳо шинос шуда, мушкилотҳои вуҷуддоштаро фавран ҳал мекард. Инчунин, бо шаҳрвандон дар маҳалҳо вохўриҳо гузаронида, сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакатро мефаҳмонид ва арзу шикоятҳои онҳоро ба таъхир нагузошта, дар ҷаҳорчўбаи қонун қарори дахлдор қабул менамуд.

Шукронаи онро мекунем, ки бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва абармардони ҷонфидои миллат ба монанди Шералї Хайруллоев ва дигарон имрўз дар Ватани мо сулҳу ваҳдат пойдор гардида, пешравиҳои куллї дар тамоми самтҳои сиёсї, иқтисодиёт, ҳарбї ва ҳарбї-техникї назаррас буда, Ватани азизамон дар арсаи байналмилалї мавқеи хосаи худро пайдо кардааст.

Генерал-майор

Тошматов Ўктам Эргашевич

 

 

Ҳаёте, ки лоиқ ба пайравї аст

 

(ёддоштҳои шахсии ман оид ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии генерал-полковник Шералї Хайруллоев)

 

Дар ҷараёни хизмати бисёрсолаам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравї ва баъдан Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии ташкилотчии боистеъдод ва роҳбари дақикназар генерал-полковник Шералї Хайруллоев, дар рафтори ў пеш аз ҳама барои ман чунин хислатҳое аз қабили қобилияти кории бузург ва пай дар пай, дониши амиқ ва дақиқи тамоми нозукиҳои бисёрсоҳаи хизмати ҳарбї, фаъолияти аълосифати оперативї, малакаи чуқури таҳлилии шароити бавуҷудомада ва қабули қарорҳои оқилонаву боварибахш хотирмон буданд.

Барои ман ва ҳазорон тарбиятгирандагон ва шогирдон Шералї Хайруллоев ҳамеша намунаи пайравї мебошад. Дар баробари ҷиддї ва серталаб будан, он кас барои мо ҳамеша ҳамчун инсони комил ва роҳбари қавиирода мебошанд ва боқӣ мемонанд. Дар солҳои барои мамлакатамон мудҳиш, дар соли 1994 маро ба вазифаи Комиссари ҳарбии вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) таъйин карданд, ки ин давраи ташаккули Артиши миллї ба шумор мерафт ва мо бо масъалаҳои гуногун аз қабили таъсис додани қисмҳои ҳарбї ва ҷойгир намудани онҳо, интихоби ҳайати фармондеҳии он, таъминоти моддї-техникї, сару либоси низомї, озуқаворї ва ба маҳалҳои амалиёти ҷангї равон кардани воҳидҳои ҳарбї барои ҳифзи сохти конститутсионї дар ҷумҳурї рў ба рў шудем.

Роҳбарияти онвақтаи Вазорати Мудофиа на ҳамеша ба масъалаҳои бамиёномода бо дарки тамом муносибат менамуд ва мушкилоти зиёдеро бар дўши иҷрокунандагони сатҳи ноҳиявї, шаҳрї ва вилоятї мегузошт, чун натиҷа он боиси бесарусомонї, асабоният ва пастравии интизоми ҳарбї, бад шудани рўҳияи ахлоқї дар ҷузъу томҳо гардида, омодагии ҷангии қўшунҳоро халалдор менамуд. Ин солҳо барои ҷумҳурии ҷавони соҳибистиқлоли мо, солҳои ниҳоят вазнин ва тақдирсоз ба шумор мерафтанд. Ба шарофати мардонагї, қавииродагї, меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан ва миллат доштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалї Раҳмон мо бо роҳи сулҳ ва оштии миллї қадам мегузоштем. Дар ин раванд, соли 1995 ба вазифаи Вазири Мудофиа шаҳрванди муқимї Шералї Хайруллоев таъйин гардид. Бе ягон муболиға бояд қайд намоям, ки тамоми мардум, сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ин қарори оқилонаи Сарвари давлатро бо хушнудии беканор истиқбол намуданд, зеро Шералї Хайруллоев солҳои тулонї дар вазифаи оперативї-роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилї аъдои хизмат карда, худро ҳамчун генерали соҳибтаҷрибаю ҳаётдида, ватандӯсти комил ва мутахассиси касбии дараҷаи олї, шахси поквиҷдону хоксор ва кордону ташкилотчї, нисбат ба худ ва зертобеон серталаб нишон додааст.

Аз рўзҳои аввали ба ин вазифа таъйин шудан Шералї Хайруллоев бо ҷиддият машғули ҳалли масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбї, ташкил кардани сохторҳои нав дар системаи вазорат камари ҳиммат баста, ҳамкории судмандро бо сохторҳои дигари қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти маҳаллї, вазорату идораҳои мамлакат ба роҳ монд. Услуб ва тарзи роҳбарї ба куллї тағйир ёфта, ташкили фаъолияти бисёрсоҳаи ҳарбї ба низом дароварда шуда, дар тамоми сохторҳо ва қисмҳои ҳарбї интизоми оҳанин ҷорї гардид, омодагии ҷангии ҳайати шахсї бе таъхир баланд рафт, ки тамоми ҳайати фармондеҳї, аз он ҷумла ман ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои мушовара ва маҷлисҳои машваратии дар вазорат баргузормегардида баръало шоҳиди он будем.

Вазири мудофиа шабу рўз дар ҷои кориаш қарор ёфта, тамоми чораҳои қатъиро барои ҳимоя ва пойдор намудани сохти конститутсионї дар Ватанамон меандешид ва дар ин самт ба ягон хизматчии ҳарбї гузашт намекард. Дар он солҳо мо ҳайати фармондеҳї ва роҳбарикунанда ўро дар байни худ “вазири оҳанин” меномидем, зеро вай метавонист ҳатто дар ними шаб ё саҳарии барвақт вазъияти ин ё он қисми низомї ва комиссариати ҳарбиро дар ҷояш санҷида барояд. Дар сурати пайдо кардани камбудиҳо ислоҳи қатъию бечуну чарои онро дар ҷаҳорчўбаи оинномаҳои умумиҳарбї талаб менамуд.

Дар даврони роҳбарии Шералї Хайруллоев обрў ва нуфузи Вазорати Мудофиа якбора баланд рафта, тамоми масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамакат дар сатҳҳои гуногун ҳалли оперативии худро меёфтанд.

Ҳар вақте ки Шералї Хайруллоев ба вилояти Суғд ба сафари хизматї меомад, шахсан ба тамоми қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд рафта, бо ҳайати шахсии онҳо вохўриҳо мегузаронид ва бо шароити хизмат, сатҳи зиндагию маишї, таъминот бо сару либоси мавсимї, маводи хўрокворї ва ғайра шинос мегардид. Новобаста ба тобеияти идорї бо масъалаҳои мустаҳкам намудани сарҳади давлатї, ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо, сохтмони шаҳракҳои ҳарбии нав, таъмини қисмҳои низомї бо техникаҳои замонавии ҳарбї машғул мешуд.

Пас аз ҳар як шиносої дар вилоят, ў албатта, бо иштироки Раиси вилоят,раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони тамоми сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷлисҳои корї мегузаронд. Ў соҳиби обрўю эътибори калон буд ва ҳар як супориши он кас аз ҷониби тамоми шоҳаҳои ҳокимият ва сохторҳои гуногуни дар вилоят буда, бечуну чаро иҷро мешуданд. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи он кас дар вилоят машқгоҳи таълимии “Чоруқ даррон”-и гарнизони Суғд, госпитали ҳарбии гарнизон, даҳҳо ишоотҳои ҳарбї бо тамоми инфраструктураи зарурии низомї сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ҳамзамон чандин маротиба таъминоти моддию техникии онҳо баланд бардошта шуд.

Борҳо таҳти роҳбарии ў машқҳои муштараки васеи ҳарбї бо иштироки намояндагони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъї гузаронида шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалї Раҳмон, намояндагони олимақоми ҳарбии мамлакатҳои хориҷи кишвар ба ин машқҳо баҳои сазовор додаанд.

Рафтору талаботи қатъї, қобилияти ташкилотчигї, маҳорати сафарбар намудани ҳайати шахсї барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ҳангоми ҳуҷуми отрядҳои мусаллаҳонаи Маҳмуд Худойбердиеви исёнгар ба ҳудуди вилоят, ҳал кардани вазъияти мушкили ҳарбї-сиёсии ба миён омада, дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон аён гаштанд. Ба шарофати обрўю эътибори баланд ва хизматҳои ба Ватан кардааш, тамоми роҳбарони сохторҳои қудратї ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятї он касро эҳтиром менамоянд.

Шералї Хайруллоев ҳамчун роҳбар ғамхории хешро нисбат ба ҳайати шахсї дареғ намедорад. Дар даврони вазир буданашон бо муроҷиат ва пешниҳоди он кас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар хизматчиёни ҳарбиро бо мукофотҳои давлатї ва рутбаҳои олии ҳарбї сарфароз гардониданд. Инчунин, садҳо оилаҳо ба манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Садҳо нафарон дар академияҳо ва муассисаҳои олии ҳарбии ҷумҳурї ва хориҷи кишварро ба итмом расонида, иддае аз онҳо таҳсилро идома медиҳанд.

Барои ман Шералї Хайруллоев ҳамеша ҳамчун устоди бузург, шахси мўътабар ва намунаи ибрат ҳастанд. Новобаста аз серкорї, он кас ҳеҷ гоҳ рафиқону дўстон, ҳамяроқон, ҳамсабақон ва хешу ақраборо фаромўш намекунанд.

Қатъи назар он кас дар кадом вазифа фаъолият накунанд ҳам, барои мо ҳамеша “Рафиқ вазири мудофиа” мебошанд.

 

Генерал-майор Қосимов Азам Усмонович, мушовири вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Аз ӯ дӯстиву дӯст доштанро омӯхтем

 

Таи ҳабдаҳ соле, ки дар вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, аслиҳа, техникаи ҳарбї ва фармондеҳи Қўшунҳои зудамал будан бо дастгирии бевоситаи собиқ вазири Вазорати номбурда, генерал-полковник Шералї Хайруллоев дар паҳлўи он кас хизмат намудам. Шукрона аз он мекунам, ки чархи гардуни фалак ҳамнишини ҳамкориро Хайруллоев ба ман раво дид. Аз ў дарси зиндагї, таҷрибаи ҳаёт, одобу услуби инсонї, хирад ва дўстиву дўст доштанро ёд гирифтам. Ў ошиқ аст, ошиқи зиндагї, ошиқи фарҳангу маданият, мубталои зебогии ин сарзамину миллат мебошад. Хислатҳои наҷиби ўро ман дар давраҳои омодагї ва гузаронидани намоишҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурї дарк намудам. Дар вуҷуди як одам ин қадар масъулият, дилсўзї ва ғамхорї, вазифаҳои мушаххас гузоштан ва иҷрои онҳоро ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа назорат намудан магар ин осон аст? Ӯ доимо таъкид мекард, ки намоиш ин дар баробари қадам задан таблиғи ҷавониву зебогии миллатро нишон додан боз нишонаи Ватану ватандорї, ҳуввияти миллї ва истиқлол мебошад. Номбурда гаштаву баргашта иброз менамуданд халқе, ки таърихи гузаштаи худро намедонад, баҳо надорад. Миллате, ки аз таърих, забон ва тамаддуни хеш огоҳ аст, мағлубнашаванда мебошад. Зеро ифтихори ватандорї, аз донистани таърихи Ватан, забон ва фарҳанги миллї сарчашма мегирад.

Барои ҳайати шахсии Вазорати Мудофиаи ҳамчун падар буда, натанҳо нисбати сарбозону афсарону прапоршикон ғамхорї менамуд, балки диққати ҷиддї барои аҳли оила ва фарзандони онҳо медод.

Дар ин муддат шогирдони бисёре ба камол расонидааст, ки онҳо бо рутбаҳои олии ҳарбї сазовор гардида, дар бисёр сохторҳои қудратии ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона ва содиқона адои хизмат намуда истодаанд.

Ин марди хирадманд тамоми ҳастии худро барои Ватани худ, пойдории миллат ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст гўем ҳам хато нахоҳем кард. Чунки ў дар як муддати кўтоҳ артиши қобили ҳифзи Ватанро ба камол расонид, ки он такягоҳи асосии давлат ва боэътимодии миллат гардида, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалї муаррифї намуда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои ҳарбї-байналхалқї фаъолияти худро бо якчанд мамлакатҳои хориҷї аз қабили Федератсияи Руссия, Хитой, Эрон, ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Афғонистон ва Иттиҳоди Давлатои Мустақил таҳким бахшид.

Ҳама вақт аз ҳайати шахсї масъулияти баланди адои вазифаи хизматї, риоя ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои сарвари давлат ва зиракии сиёсиро талаб менамуд. Шояд хирадмандии падар буд, ки фарзандонаш Тоҳир ва Таҳмина дар рӯҳияи ватандўстиву меҳнатпарастї ба воя расида, ҳамчун афсарони касбї дар марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон содиқона адои хизмат намуда истодаанд.

 

Ш. Хайруллоев ва Л. Файзиев дар намоиши ҳарбї бахшида ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ташрифи вазирони мудофиаи мамлакатҳои хориҷи дуру наздик дар тўли солҳо баргузор гардидани маҷлиси навбатии 57-уми Шўрои Вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори нахуст дар бинои Вазорати Мудофиа дар сатҳи баланд доир гардид, аз воқеъаҳои муҳими фаромўшнашавандаи ҳарбї-сиёсї дар таърихи Вазорати Мудофиа ба ҳисоб меравад.

Дар тўли 20 соли хизмат Ш.Хайруллоев садоқат нисбат ба Савганди ҳарбї зоҳир намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият , пойдории сулҳу суботи кишвар дар ҳамаи лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагї нишон додааст.

Генерал-лейтенант Файзиев Латиф Мирзоевич, мушовири вазири мудофиаи ҶТ.

 

Он заслужил доверие Главы государства

 

Мне предоставлена большая честь, написать свое представление о замечательном человеке нашей современности, который посвятил свою жизнь служению Родине. Именно этой, как мне кажется, главной и большей части его жизни я хочу посвятить свои строки.

Шерали Хайруллоев несомненно является выдающимся государственным деятелем Республики Таджикистан, заслуги которого по достоинству оценены прежде всего доверием главы государства Президента Эмомали Рахмон, уважением народа и многочисленными наградами не только своей страны, но и многих зарубежных государств и международных организаций (орденами, медалями, почетными знаками и званиями). Его авторитет стал залогом успеха при решении многих очень сложных, жизненно важных и судьбоносных вопросов по защите мира и государственной целостности суверенного Таджикистана, обеспечения национальной безопасности.

Понятие «Личность» со всеми своими атрибутами (воля, разум, чувства) полностью соответствует имени Ш. Хайруллоева. Многомерность его личности проявляется в своей целостности: как активного участника историко-эволюционного процесса, влиятельного социального функционера, выбравшего индивидуальный жизненный путь, в ходе которого он преобразует общество и самого себя; как деятельного, свободного ответственного, целенаправленного руководителя, обладающего относительно автономной, устойчивой, целостной системой многообразных, самобытных и неповторимых индивидуальных качеств. Он олицетворяет образ “человека-деятеля”.

Я благодарен судьбе за то, что мое становление как военноначальника и руководителя проходило под его чутким и в то же время жестким руководством.

 

Не могу относить это только к военной деятельности, которая еще в юношестве стала смыслом моей жизни. Его внимание не оставило ни одной детали моей и окружающей меня жизни, которые хоть как-то могли повлиять не только на увеличение моего профессионального потенциала, но и на формирование моего характера.

Поистине великим Учителем он стал целому поколению воинов молодой Армии суверенного Таджикистана от рядового до генерала, от солдата до командующего. В очень трудные для страны годы военного противостояния он смог, используя личный опыт богатой многогранностью деятельности финансиста, экономиста, юриста, психолога и командира в структурах МВД СССР и Республики Таджикистан, стать одним из самых сильных министров - Министром обороны и практически с нуля построить Вооруженные Силы, как основной институт государственности и гарант ее мирного развития. Весомый вклад он внес в создание и укрепление системы региональной безопасности. Это высоко оценили многие главы государств и в первую очередь Содружества Независимых Государств (СНГ) и Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ), а министры обороны в знак признания и уважения избрали его «старшиной» Совета министров обороны.

Шерали Хайруллоев очень любит историю, интересуется жизнью многих великих людей. Через них и свой жизненный опыт он пытается найти ответы на многие глобальные вопросы о месте человека в мире, о его происхождении, предназначении, достоинстве, о смысле его существования, о его роли в истории, его уникальности и типичности и на вопрос о том, как прошлое, настоящее и будущее определяют жизнь человека, границы его свободного выбора.

При всей значимости его личности, государственного статуса и руководящей роли он никогда не возвышается над рутиной повседневной деятельности и не отходит от самого процесса, остается всегда в самой гуще событий, беря на себя наиболее сложные и ответственные функции. Такое безгранично ответственное отношение передается абсолютно всем, с кем он связал свою жизнь. В преобразовании своих поступков, отношений с другими людьми и самого себя осуществляется реализация его индивидуальности и обогащение всего общества. Соотношение в нем понятий “индивид”, “личность” и “индивидуальность” может быть более точно передано историко-эволюционной формулой: “Индивидом родился. Личностью стал. Индивидуальность отстаивает”.

Генерал-лейтенант Надыров Р.Х., Старший советник аппарата Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности

 

Роҳи тайкардаи Шералї Хайруллоев

 

Шералї Хайруллоев фаъолияти хешро дар соҳаҳои мухталифи низомӣ ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз намудааст. Соли 1995 вақте Шералї Хайруллоев вазири мудофиаи кишвар таъин гардид, Вазорати Мудофиаи дар як ҳолати вазнин қарор дошт.

Чунки он солҳо вазъи печидаи ҳарбї-сиёсї ҷараён мегирифт, заминаҳои моддиву техникї ва ҳам таълимии ҳайати шахсї қариб ки вуҷуд надошт. Норасоии мутахассисони низомї баръало эҳсос мегардид. Ва амсоли ин садҳо монеаву мушкилот садди роҳи рушду нумўи Қувваҳои Мусаллаҳ гардида буд. Маҳз ана дар ҳамин гуна вазъияти мушкилу пурмонеа, роҳбарї ва идораи Вазорати дифоъ, ташкили сохтори штатии он, бунёди навҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисмҳои низомї, ҷалби мутахассисони соҳавї ва дигар шароити зарурї барои хизмату ҳимояи Тоҷикистони азиз бар дўши Шералї Хайруллоев афтод.

Маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шералї Хайруллоев дар тўли хизмат ва ҳангоми фаъолияти наздик ба 20 солааш, дар вазифаи вазири мудофиа тавонист, ки дар ҷоддаи пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбї ва мутахассисони варзида муваффақ шавад. Бо хароҷоти камтарин шароитҳои хизматиро барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳо муҳайё созад. Ҳамкориҳои ҳарбї ва ҳарбӣ техникиро бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон густариш диҳад. Бо роҳу усулҳои гуногун интизоми намунавиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин намояд, иродаи афсарону сарбозонро нисбати хизмат ба Ватан қавитар гардонад, дар ҷоддаи тарбияи шогирдон ва ё худ омода намудани кадрҳои миллї саҳми арзанда гузорад ва аз ҳама асос қудрати дифоии Тоҷикистони маҳбубро баланд бардорад.

Роҳи тайкарда, хизматҳои арзанда ва умуман зиндагиномаи Шералӣ Хайруллоев, саҳифаҳои пуртазоду рангинест, ки он пур аз диловариву корнамоиҳо, нотарсиву ҷавонмардї, саршори садоқатмандї ва маҷмуан таърихи зиндаи бунёд, ташкил ва рушду нумӯи Вазорати Мудофиа ва дар маҷмўъ Қувваҳои Мусаллаҳро иникос менамояд. Мавсуф барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Исмоили Сомонї, Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» қадрдонӣ гардида, бо мукофотҳои зиёди давлатї, беш аз сад ордену медал, ифтихорномаву сипосномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравї сафароз гардонида шудааст.

Шералї Хайруллоев ба мисли даҳо сипоҳдорону лашкаркашони бузурги таърихӣ дар давоми фаъолияти хизматӣ зимни ташкили ҳама гуна амалиёти ҷангї боре ҳам шикаст нахўрдааст. Ва шикасту ноумедиро авлотар аз марг медонад.

Мавсуф аз ҷумлаи он генералҳои тоҷикест, ки дар улуми ҳарбу зарб маҳорати баланд ва таҷрибаи омӯхтанӣ дорад. Аз таърихи халқи тоҷик ва саргузашти бузургони гузаштаву имрўза хуб бархўрдор буда дониши баланди сиёсиро доро мебошад. Дар ҷодаи шеъру ғазал ва умуман адабиёти классику муосир донишу фаҳмиши зиёд дорад. Санъати мусиқиро бо тамоми нозукбинї мефаҳмад ва худ низ қобилияти баланди бо чанд намуд асбоби мусиқї навохтанро дорад.

Умуман дигар хусусиятҳои Шералї Хайруллоев низ барои ҳар як афсару сарбоз ва ҳар фарди баномуси диёр мактаби бузургест, ки барои ноил шудан ба чунин мартаба бояд дониш омўхт, таҷриба андўхт ва дақиқкорона амал кард.

Полковник Фаридун Маҳмадалиев, роҳбари Маркази матбуоти Вазорати Мудофиа

 

Гулчинҳо

 

“Шералӣ Хайруллоев на танҳо вазир, балки ба сифати арбоби давлатї ва ҷамъиятию сиёсї дар мамлакатҳои Осиёи Марказї ва Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил шуҳрат дорад.

Ў дар Вазорати Мудофиа 20 сол оқилона сарварї намуда, дар рушду нумўи мақомоти қудратии кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоиста намудааст. Ҳамчун як фарди фарҳангӣ ниҳоят фаъол ва мубориз дар тараққиёти илм ва ҳунари низомї саҳми арзанда дорад. Ба ў муяссар шуд, ки дар сафҳои низоми ҳарбї зебогии миллиро ҳамнафаси замон намуда, онро барои манфиати давлат ва ҷамъият равона созад.

Дар замоне, ки мо вазирони Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил шоҳроҳи ваҳдат барпо менамоем бояд хотиррасон кунем, ки Шералї Хайруллоев дар ин ҷода яке аз аввалинҳо буда, бо меҳнати пурарзиши худаш маҳбуби ҳамагон шудааст”.

Маршал Игор Сергеев, собиқ вазири мудофиаи Федератсияи Руссия

 

Арзандаи ҳама таҳсинҳо

Беҳтарин ганҷина ба ҳар мард ақлу адаб аст, на аслу насаб.

Ҳар фарде, ки ақли солим ва хиради комил дошта бошад, худро то мартабаи баланд мерасонад. Расидан ба ин сатҳ сабру таҳаммул ва заҳмати бисёрро талаб мекунад, зеро бе ин ҳарду комёбӣ муяссар намегардад.

Шералӣ Хайруллоев аз зумраи шахсиятҳои барӯманди кишварамон мебошад, ки дар пойдории сулҳу субот дар кишвар, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат хизмати арзанда кардааст ва имрӯз низ карда истодааст, ки ин арзишҳо дар таъмини амнияти миллии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши босазо гузошта, намунаи олии садоқату матонат ба Ватан арзёбӣ гардидааст, ки наслҳои имрӯза аз ин мактаби садоқату мардонагӣ сабақҳо бардоштаанду хоҳанд бардошт.

Барои ман мояи ифтихор аст, ки дар пайроҳаи зиндагӣ бо ин марди хирадманд ва афсари содиқи Ватан паҳлӯ ба паҳлӯ қадам зада, солҳои зиёд дар Вазорати корҳои дохилии кишвар кору фаъолият намудам.

Ҳанӯз хуб ба хотир дорам, ки соли 1995 пешниҳод оиди таъин намудани ӯ ба ҳайси Вазири Мудофиаи ҷумҳурӣ баррасӣ шуда буд. Ӯ хуб дарк мекард, ки вазъи сиёсию ҷамъиятӣ дар кишвар ниҳоят вазнин аст, вале ӯ наҳаросид ва таклифро рад накард. Ба қалби пок ва маҳорату малакаи касбии хеш, ки эътимод дошт, масъулиятро ба зимма гирифта аз ӯҳдаи он ҳам сарбаландона баромада тавонист ва дар тӯли ду даҳсола вазифаи касбии худро софдилона ба ҷо овард.

Дар ин давра ӯ тавонист дар такмили сохторҳои ташкилӣ-штатии навъҳои асосии артиш, такмил додани малакаи касбии кадрҳои низомӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ҳиссагузор бошад.

Кору пайкори ӯ барои тамоми низомиёни мамлакат ҳамеша намунаи ибрат ва боиси ифтихор аст ва хислатҳои накӯяш ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву ояндаи тоҷик мусоидат намуда, масъулияти онҳоро дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва рушду нумӯи ояндаи Тоҷикистон хоҳад афзуд.

Бисёр мехоҳам, ки ҷавонони мо сифатҳои беҳтарини инсонӣ, аз қабили қавииродагӣ, ҷасорату мардонагӣ ва садоқатмандӣ ба халқу Ватан, ки дар чунин мардони асил таҷассум ёфтаанд, барои худ касб намоянд.

Ба дӯсти азизам Шералӣ Хайруллоев дар фаъолияти кориаш комёбиҳо, дар зиндагӣ бурдбориҳо ва дар ҳаёт сиҳатмандии бардавом орзу мекунам.

Котиби Шӯрои амнияти ҶТ генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров

 

“Саҳифаҳои таърихи Вазорати Мудофиаи ҷумҳурӣ дар тӯли 24 соли истиқлолият пур аз намунаҳои беҳтарини ватандӯстӣ, садоқатмандӣ, далерию шуҷоат ва ҷавонмардиву ифтихори баланди миллӣ доштан мебошад.

Ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки тамоми ҷузъу томҳои Вазорати Мудофиа ба шароити душвори иқтисодиву молиявӣ нарасидани лавозимоти зарурӣ, хӯрока, сару либос, таъминоти ночизи моддию техникӣ нигоҳ накарда дар ҳолатҳои вазнину хатарнок пуршиддату бӯҳронӣ, рӯҳию ҷисмонӣ вазифаҳои хешро адо мекарданд.

Вазорати Мудофиа таҳти сарпарастии генерал-полковник Ш.Хайруллоев дар сангинтарин рӯзҳо таъсис ёфта дар ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бошарафона вазифаҳои хизматии худро дар назди халқу ватан иҷро намуда, дар ҷумҳурӣ сулҳу субот, оромии сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуданд. Вазорати Мудофиа бо ҷонфидоиҳои родмардони хеш баҳри таҳкими истиқлолият, нотарсиву далерӣ ва шуҷоати онҳо бар зидди гурӯҳҳои силоҳбадаст М.Муакалов, М.Худойбердиев, мулло Абдулло ва дигар унсурҳои зиддидавлатӣ, ҳодисаҳои маълуми Раштонзамин ва Бадахшон муборизаи беамон бурдааст. Бевосита ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии сарвари вазорат Шералӣ Хайруллоев мебошад.”

Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти ҶТ генерал-лейтенант Р.Раҳмоналиев

 

“Ман Ш.Хайруллоевро дар давраи ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ буданам мешинохтам. Ӯ бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи рушд ва мустаҳкам намудани Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, устувор намудани сулҳу субот дар ҷомеа вазни саҳми калон дорад.

Дар айни ҳол, ки мо шоҳроҳи Ваҳдат барпо менамоем ва ин роҳи азим сарзамини сабзу хуррами моро ба кишварҳои бузурги олам хоҳад пайваст бояд аз он ёдовар шуд, ки Шералӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар сохтмони Вазорати Мудофиа фаъолона ширкат варзида, зуҳуроти худогоҳии миллӣ ва ватанхоҳии миллати тоҷик мебошанд. Ӯ ба сифати муборизи ростини роҳи сулҳ ва ваҳдат, дӯстии халқҳо ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар намуда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан гуфтааст. Тоҷикистон ва халқи тоҷикро чун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва фарҳангиву хирадманд дар байни ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ба қавли М.Турсунзода “Ба мисли гушту нохун ҳамеша бо ватан буд”.

Муҳаббати поки Шералӣ ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки ватан, садоқати ӯ бешубҳа барои наслҳои ояндаи миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард ”.

Генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов

«Усули хоси роҳбарї ва масъулиятшиносиву ватандўстии вазири мудофиаи ҷумхурї Шералї Хайруллоев нақши муҳим ва ҳалкунандаро дорост. Шералї Хайруллоев дар як муддати кўтоҳ ба он ноил гардид, ки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавобгўи талаботро созмон диҳад».

Амирқул Азимов собиқ раиси Кумитаи

Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи

ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният

«Таджикская армия, имеет богатый боевой опыт, так как они формиравались в ходе военного конфликта и в ее создание и становление велика заслуга Шерали Хайруллаева».

Николай Бордюжа, Генеральный секретарь

Организации договора о коллективной

Безопасности

«Таҳти сарварии бевоситаи Шумо Артиши ҷавони Тоҷикистон қомат рост кардаву ҳоло зинаҳои бунёду созандагиро фатҳ менамояд ва дар кишварамон шабакаи мунтазами тайёр кардани кадрҳои ҳарбї ба роҳ монда шуд. Он заҳматҳои шабонарўзиеро, ки Шумо дар роҳи хизмат ба Ватан ва халқи азизамон кашидед, дар чанд ҷумла ва ҳатто чанд саҳифа ифода намудан душвор аст. Таҷрибаи фаровони Шумо барои ҳамаи мо, махсусан барои афсарони ҷавони кишвар намунаи олии ибрат ва пайравӣ ба шумор меравад»

Аз табрикоти ҳайати шахсии Вазорати

Мудофиаи Чумхурии Точикистон

 

«Еще юнощей Вы избрали нелегкую профессию защитника Отечества. Более чем за 40 лет работы в органах внутренних дел и службы в Вооруженых силах Вы прошли путь от лейтенанта до генерал-полковника, от командира взвода до министра обороны суверенного государства.

Своей принципиальностю, настойчивостью достижении цели и наваторством, чутким и внимательным отношением к людям и сослуживцам Вы завоевали заслуженное уважение и авторитет среди личного состава и населения республики.

Вы возглавили Вооружонные Силы в тяжолый период их становление, когда в стране шла ожесточенная братоубийственная война, когда армия не имела материально-технической базы, вооружения, военной техники, продовольствие и обмундирование, отсутствовало нормативно – прововая база, а главное – подготовленные военные кадры. Вы своим титаническим трудом за короткий исторический период сумели преоброзовать воинские формирование в Вооружонные силы, отвечающие всем требованиям военного исскуства.

Не смотря на всю занятность государственными делами, Вы находили время и уделяли нам, ветеранам внимания, проявляли большую заботу в решении проблем ветеранского движения вооруженных сил»

 

Из оброщения Совета ветеранов военной службы Министерство обороны Республики Таджикистан.

 

С Шерали Хайруллоевичем мы познакомились с момента его назначения на должность министра обороны Республики Таджикистан. В это время я являлся секретарем Совета министров обороны стран – участниц СНГ (СМО), и по должности был обязан проинформировать министров обороны государств СНГ с новым назначением и, естественно поздравить вновь назначенного министра, проинформировать о задачах решаемых СМО и процедурных вопросах, касающихся его деятельности. В голосе Шерали Хайруллоевича звучала скорее грусть, чем радость. Разговаривая с министрами обороны других стран Содружества, я тоже восторга не ощущал. Причина тому понятна: на должность министра обороны пришел чужак из МВД. Для самого министра обороны Республики Таджикистан, всю свою сознательную жизнь прослужившего в структурах внутренних дел, назначение руководителем военного ведомства, было отнюдь не комфортным: он чувствовал себя новобранцем. К тому же, в Таджикистане только что закончилась активная фаза гражданской войны, страна разрушена, армии фактически нет. Все республики бывшего СССР объявили собственными вооруженными силами войска, дислоцированные ранее на их территории (кроме стратегических сил) и, естественно все военно-материальные ресурсы. Руководство Таджикистана этого не сделало, и 201-я мотострелковая дивизия осталась российской. Плохо было с офицерами кадрами.

Генерал А.В. Шишлянников, назначенный первым министром обороны Республики Таджикистан героическими усилиями в условиях гражданской войны и полного безденежья, пытался создать армию, но успел лишь заложить ее основу. Но армией это назвать нельзя. Так, что бывшему заместителю министра внутренних дел Республики Таджикистан надлежало создавать почти с нуля национальные вооруженные силы. На первом для Шерали Хайруллоевича заседании СМО СНГ другие его коллеги проявили некую настороженность, и ожидали, что он обратится с просьбами о помощи оружием, боеприпасами, военной техникой. Так уже бывало не раз. Но новый министр обороны практически ничего материального не клянчил, но просил помочь советами, как строить армию, военными советниками, наставлениями по военному делу. Это был его первый международный успех – советы давать мы любим. И, действительно, Шерали Хайруллоевич внимательно выслушивал все наставления «старших» товарищей, звонил по самым разным вопросам своим коллегам и ни разу не получил отказа. Более того, уже через несколько месяцев ему стали предлагать материальную помощь, причем безвозмездно, понимая ситуацию в республике. К министерству обороны России он обратился за помощью в создании законодательно-нормативной базы минобороны и вооруженных сил. Самые опытные российские генералы и офицеры были направлены в Душанбе, и они не только работали над созданием и продвижением документов, но и докладывали о потребностях формируемой армии Таджикистана, Министерство обороны Российской Федерации, и особенно маршал И.Д. Сергеев, оперативно реагировали на подобные доклады. Тем более, что российская дивизия дислоцировалась в Душанбе. Непосредственное шефство над становлением генерала Хайруллоева в качестве министра обороны взяли его коллеги: генералы С.К. Нурмагомбетов, Герой Советского Союза (Казахстан); Р.У.Ахмедов (Узбекистан); А.И. Кузьмук (Украина). Помогали не только советами – обмундированием, продовольствием, техническими средствами, специалистами.

Проявил себя Шерали Хайруллоевич в коллективе Совета министров и как прирожденный дипломат, и как общительный собеседник, а за дружеским столом и как незаменимый тамада. Уже примерно через полгода генерал Хайруллоев стал любимцем министерского сообщества. Для всех он был Шерали. Посвящены ему такие строки:

 

Ругай таджика, иль хвали

Он никогда не унывает.

Одно лишь имя Шерали

Друзей улыбку вызывает.

В министерстве обороны России его всегда ждали с радостью и удовольствием. И не для того чтобы приятно побеседовать, но прежде понять глубоко процессы происходящие не только в воюющей республике, но и в соседнем Афганистане, потому что через Таджикистан в Россию шли потоки наркотиков, оружия и террористов.

Мне лично довелось много работать с Шерали Хайруллоевичем, и я с удовольствием вспоминаю это время. И могу отметить его страстную любовь к родной республике, неуемное желание сделать возможное и невозможное для безопасности своего народа. Он при поддержке президента Э. Рахмона создал армию и эффективное Министерство обороны республики. С уровнем гостеприимства министерства обороны Таджикистана во время заседаний Совета министров СНГ, совместных учений и прочих мероприятий, могла поспорить только Армения. Все это повышало престиж Республики, авторитет таджикского народа.

И последнее. Ни разу не слышал от генерала Хайруллоева Ш. Х. критических слов в адрес Советского Союза. Только добрые объективные суждения, красивые воспоминания о своей великой Родине.

Л.Г. Ивашов, генерал-полковник, д.и.н. 1992-1996гг.

– Секретарь Совета министров обороны СНГ 1996-

2001гг. Начальник главного управления

международного военного сотрудничества

Министерства бороны Российской Федерации

 

Республика Таджикистан в соответствии с курсом, проводимым Президентом господином Эмомали Рахмоном, активно участвует в развитии многостороннего военного сотрудничества государств-участников Содружества Независимых Государств.

Непосредственным организатором взаимодействия в военной сфере выступает Министерство обороны Республики Таджикистан, которое с апреля 1995 года по ноябрь 2013 года возглавлял генерал-полковник Шерали Хайруллоевич Хайруллоев. Будучи Министром обороны Республики Таджикистан, он более 18 лет являлся активным членом Совета министров обороны государств-учатников СНГ. С присущей ему энергией участвовал в организации деятельности Совета министров обороны, стоял у истоков создания и совершенствования многих его рабочих органов, налаживал и развивал интеграцию стран Содружества в военной сфере.

Шерали Хайруллоевич, обладая государственным масштабным мышлением, внес большой вклад в развитие многостороннего военного сотрудничества государств Содружества, наполнение его конкретным содержанием. Участвуя в заседаниях Совета министров обороны государств-участников СНГ генерал-полковник Шерали Хайруллоевич Хайруллоев проводил линию на обеспечение национальной и совместной безопасности государств Содружества, последовательно отстаивая интересы Республики Таджикистан. Неоднократно под его руководством Минитерство обороны Республики Таджикистан становилось инициатором проведения многих мероприятий разного уровня, направленных на укрепление совместной безопасности и добрососедских отношений государств Содружества. Все это способствовало повышению боевой готовности и боевой выучки Вооруженных Сил, укреплению безопасности и суверенитета РеспубликиТаджикистан.

За период, когда генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х. возглавлял Министерство обороны, на базе Вооруженных Сил Республики Таджикистан стали регулярно проводиться заседания Совета министров обороны, Комитета начальников штабов, профильных координационных комитетов, учебно-методические сборы и другие практические мероприятия, отличавшиеся своей насыщенностью и продуктивностью, а придаваемый мероприятиям организаторами особый (неповторимый) национальный колорит и душевная теплота остались навсегда в приятных воспоминаниях каждого из участников.

Профессионализм, геополитическое мышление, большой практический опыт, организаторские способности руководителя государственного уровня, в сочетании с высоким уровнем культуры, доброжелательного отношения к людям снискали глубокое уважение и доверие среди министров обороны государств Содружества. Всеобщим проявлением уважения к генерал-полковнику Хайруллоеву Ш.Х. стало признание его “старейшиной” Совета министров обороны государств – участников Содружества Независимых Государств.

Шерали Хайруллоевич постоянно оказывал всестороннюю поддержку Секретариату Совета министров обороны государств – участников СНГ, как основному рабочему органу Совета министров обороны государств Содружества. Тесные контакты, сложившиеся между Министерством обороны Республики Таджикистан и Секретариатом СМО СНГ, нашли своё отражение в конструктивном взаимодействии по совершенствованию нормативной правовой базы, динамичному развитию практики военного сотрудничества государств Содружества, расширению его потенциальных возможностей.

Общепризнан личный вклад генерал-полковника Хайруллоева Ш.Х. в обеспечение национальной безопасности Республики Таджикистан, укрепление ее Вооруженных Сил. Все годы беззаветного служения Родине на различных должностях его отличала верность присяге, патриотизм и личное мужество.

И сегодня, благодаря природным данным, упорному труду и целеустремленности, он по праву занимает видное место среди военной и политической элиты Республики Таджикистан, снискал заслуженное признание не только в своей стране, но и далеко за ее пределами. Неиссякаемый потенциал, по прежнему, способствуют его активной жизненой позиции во благо страны, Содружества Независимых Государств и всех людей доброй воли.

Уверен, что отраженные в книге взгляды и мысли, повествующие не только о жизненном пути государственного человека, но и развитии страны, ее роли в обеспечении национальной и международной безопасности имеют огромную ценность для многих поколений соотечественников и всех, кому интересен мудрый взгляд на жизнь и добрые дела.

От имени Совета министров обороны государств – участников Содружества Независимых Государств и личного состава Секретариата Совета министров обороны государств – участников СНГ, пользуясь случаем, хотел бы выразить генерал-полковнику Хайруллоеву Шерали Хайруллоевичу искренние слова признательности за многолетнее плодотворное сотрудничество в интересах безопасного развития Содружества Независимых Горсударств и Республики Таджикистан, подтвердить своё стремление к дальнейшему позитивному взаимодействию.

С глубоким уважением,

Секретарь Совета министров обороны

государств – участников

Содружества Независимых Государств

А. Синайский

Дар васфи дўсти тоҷикам

 

Ман бо Шералї Хайруллоев баъди таъин намуданам ба ҳайси вазири мудофиаи Гурҷистон соли 1995-ум дар ҷаласаи Шўрои вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шинос шудам. Мо ду намояндаи мардуми шарқ моҳияти ботинии якдигарро ҳис намуда, бо ҳам дўсти қарин шуда, таи 20 сол аст, ки садоқати дўстиро нигоҳ медорем. Аз 21-уми декабри соли 1999 иштирокчиёни ҷаласаи Шўрои вазирони мудофиа таклиф намуданд, ки Бошгоҳи вазирони мудофиаи ИДМ таъсис дода шавад. Ман шоҳиди воқеї будам, ки ин пешниҳод аз ҷониби аксарият мақбул дониста шуд. ҳамзамон, зерсохторҳои Шўрои вазирони мудофиа лоиҳаи маводҳои кориро барои ҷаласаи навбатї омода намуданд.

Вазирони мудофиа Грачёв П.С., Козловский П.П., Малтсев Л.С., Саркисян С.А., Топоев Э.Т., Чумаков А.П. ва Хайруллоев Ш. муассисҳои ин ҷамъияти байналмилалї шуда аз рўзи таъсиси он дар рушди фаъолияти ин бошгоҳ саҳм гузоштанд. Хусусан хизмати Хайруллоев, ки дар ташаккул ва рушди он пурсамар фаъолият намудааст, хеле назаррас аст. Новобаста аз он вазъияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошт ва ҳамзамон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис меёфтанд, Шералї вақти худро дареғ надошта дар муайян намудани вазифаҳои бошгоҳ низомнома ва оинномаҳои бошгоҳи вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мунтазам кор мекард. Шералї нисбати муносибатҳои байни ҳайати Бошгоҳ диққати махсус зоҳир намуда, доимо таъкид мекард, ки проблемаҳои миллї, мазҳабї ва дигар меъёрҳои танзимкунанда дар фаъолияти бошгоҳ бояд, ки ҳамеша риоя карда шаванд.

Яке аз хислатҳои наҷиби Шералї он буд, ки дар ҳайати коллективи гуногунақида ва то охир ташаккул наёфта ў доимо кўшиш ба харҷ медод, ки онҳо бо ҳам наздик шуда, беғаразона барои мустаҳкам намудани тайёрии ҷангии қўшунҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил софдилона хизмат намоянд. Дар ҷаласаҳои расмї ў ҳаракат менамуд, ки масъалаои барои баррасии пешниҳодшуда бе зиддияти байниҳамдигарии тарафҳо ва ба манфиати онҳо ҳаллу фасл карда шавад. Дар асл чунин масъалаҳое, ки раванди тунд доштанд, дар муносибатҳои тарафайни намояндагии Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Малдова ба назар мерасид. Бо ташаббуси бевоситаи Ш. Хайруллоев дар оинномаи бошгоҳ чунин матн шомил кунонда шуд: “тарафҳо дар фаъолияти Бошгоҳ бояд, ки принсипҳои хайрхоҳї ва ҳамдигарфаҳмї, меъёрҳои ахлоқи байналмилалиро нисбат ба аъзоёни Бошгоҳ ва шахсҳои сеюм риоя намоянд”. Ногуфта намонад, ки ин иқдом намунаи нави дипломатияи ҳарбї байни аъзоёни Бошгоҳ, ки муносибатҳои мураккаб доштанд аз ҷониби Хайруллоев эҷоди нав буд.

Вохўрї ва робитаҳои пайваста дар пойтахтҳои ИДМ, ки мо ба хотири ҳалли масъалаҳои ҳарбї ҷамъ меомадем, ҷаласаҳо ва машқҳои ҳарбї мегузарондем моро боз ҳам наздику қарин намуд. Дар бораи он чорабиниҳои Шўрои вазирони мудофиа, ки чандин маротиба дар ватани Хайруллоев-Тоҷикистон гузаронида будем, махсус бояд қайд намоем, ки онҳо дар сатҳи баланди меҳмондўстї гузаронида шуда буданд. Ман чунин дараҷаи баланди гузаронидани чорабиниҳоро, ки ҳиммати ҷавонмардї ва саховатмандї доранд, дар Гурҷистон - зодгоҳи худам дидам. Саховат, муҳаббат нисбати қаламрави худ дар вуҷуди Шералӣ фақат метавонад, ки аҷдодї бошад. Мо медонем, ки маданияти баланди шарқ ва назми форс то мелод арзи ҳастї намудааст ва албатта Шералї пайванди ин мерос мебошад. Дар ҷаласае, ки дар шаҳри Душанбе гузашт, баъди фарҷомаш ҳамаи аъзоёни Шўро бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмон ба Гарм-чашма, ки дар баландии2350 метраз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, сафар намудем. Ману Шералї дар ҳамон баландї пешниҳод намудем, ки Рўзи Ғалаба аз ҷониби Милали Муттаҳид дар кураи замин таҷлил карда шавад.

Баъди чанд сол яъне 30 ноябри соли 2006 ин пешниҳоде, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастї намуда буд, татбиқ шуд. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид рўзҳои 8-9 майро рўзҳои хотира ва оштї эълон намуд.

Дўсти ман Хайруллоев дигар хел буда наметавонад. Ў арбоби давлатї, сиёсатмадор ва башардўст буда, фарзанди номбардори Тоҷикистон, дўсти ҷонии ман мебошад.

Вазири мудофиаи Гурҷистон (1994-1999) Ноиби

Президенти бошгоҳи Шўрои вазирони мудофиаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-полковник

Надибаидзе Вардико Михайлович

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

МУНДАРИҶА

 

Интизорӣ .........................................................................................9-11

Маълумотнома .............................................................................12-19

Аксҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ ..................................................................20-27

Шиносоӣ ................................................................................................28-29

Қатрае буд сари миҷгон .......................................................................29-30

Таъсиси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ......................31-32

Таъинот ..................................................................................................33-35

Мушкилиҳои дохили кишвар ..............................................................36-39

Ислоҳоти ҳарбӣ ва рушду нумӯи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ..............40-54

Ёддоштҳо ...............................................................................................55-64

Ҳамкориҳои пурсамар ..........................................................................65-75

Шарикони стратегӣ ..............................................................................76-83

Зебогии артиш дар низоми афсару сарбоз аст ...................................84-92

Сулҳи бебозгашт ...................................................................................93-94

Дӯсти насиҳатгар ..................................................................................95-97

Арбоби давлатӣ ...................................................................................98-101

Ватандориро аз ӯ боядомӯхт ...........................................................102-106

Чеҳраҳои шинохта ............................................................................107-111

Ӯ ҷону тавони худро дареғ намедорад ...........................................112-113

Ёде аз айёми гузашта ........................................................................114-119

Ӯ мардест ботинан пок .....................................................................120-123

Ӯ маҳал надорад ................................................................................124-128

Ӯ сазовори эҳтиром аст ....................................................................129-135

Мулоҳизаҳои шахсии ман нисбат ба Нерӯи Ватан-генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев .........................................................................136-138

Ҳаёте, ки лоиқ ба пайравӣ аст .........................................................139-143

Аз ӯ дӯстиву дӯст доштанро омӯхтем ............................................144-147

Он заслужил доверие Главы государства ......................................147-150

Роҳи тайкардаи Шералӣ Хайруллоев .............................................151-152

Гулчинҳо ..........................................................................................153-164

Дар васфи дӯсти тоҷикам ................................................................165-167

 

 

 

 

 

Сайиданвар Камолов

 

РОҲИ ЗИНДАГӢ

 

муҳаррир: Шералӣ Умар

ҳуруфчини компютерӣ: Холова Санавбар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайиданвар Камолов

Аз ҳаёти одамони наҷиб

 

РОҲИ ЗИНДАГӢ

 

 

 

 

Дар китоб шеърҳо аз ашъори шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб истифода шудаанд.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид