ҶУМЪАИ НАМАНГОНӢ КИСТ?

 

Ҷумъабой Ҳоҷиев, ҳамчун Ҷумъаи Намангонӣ ҳам муаррифӣ мешуд. Ӯ дар нерӯҳои ҳарбӣ – ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон тайи ду сол (1988-1989) ба сифати сарбоз хизмат кардааст. Баъди ба зодгоҳаш баргаштан, бо омӯзиши дини ислом мепардозад.

Аввалҳои соли 1990 ӯ ба гурӯҳи исломии «Тавба» шомил мешавад. Мақсади асосии ин гурӯҳ ташкили давлати исломӣ дар водии Фарғона буд.

Ба аъзои гурӯҳ назарияи ҷиҳод алайҳи маҳв кардани давлати «кофирон» омӯхта мешуд. Баъди содир кардани ҷиноятҳои вазнин аксари онҳо аз Ӯзбекистон гурехта, барои давом додани мубориза бар зидди ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар дигар давлатҳо маскан гузиданд.

Ҷумъа Ҳоҷиев, ки аз тарафи идораҳои қудратии Ӯзбекистон барои ҷиноятҳои зиддидавлатӣ содир карданаш дар кофтуков буд, соли 1992 аз ин кишвар фирор мекунад ва ба Тоҷикистон меояд.

Соли 1993 дар қаламрави Афғонистон Ҳоҷиев амири эҳёи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон таъин мешавад. Тайёрии ҳарбиро дар қароргоҳҳои муҷоҳидини вилоятҳои Тахор ва Қундуз гузаштааст.

Намангонӣ ба Машҳаду Пешовар сафар карда, бо пешвоёни дини ислом мунтазам мулоқот мекунад ва ҳамчун шахсияти динӣ ташаккул меёбад. Бо хадамоти махсуси дивизияи Покистон ва Эрон алоқа пайдо карда, таҳти сарпарастии онҳо ба кору фаъолият мепардозад.

Ба ин санади таърихӣ – муддате дар минтақаи Тавилдараи Тоҷикистон қарор доштани Ҷуъмаи Намангонӣ рӯй овардан, ба чанд далел аст. Аввал, ин санадро баъзе аз воситаҳои ахбори умум ва ашхоси алоҳида аз рӯи шунидаҳояшон шарҳ медиҳанд, ки ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқат намекунад. Дуюм, онро доираҳои сиёсии баъзе аз кишварҳо тарзе баён мекунанд ва шарҳ медиҳанд, ки бар манфиати кишварашон аст, ба ин хотир онҳо даст ба таҳрифи воқеият заданд. Сеюм, аз ҳудуди Тоҷикистон берун рондани Ҷуъмаи Намангонӣ аз ҷониби мақомоти роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст ва он бояд дар ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, билхоса Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамуд. Вале мутаасифона, баъди ин ҳодисаи таърихӣ ҳам шиддати вазъият коҳиш наёфт. Чорум, амалиёте ки дар ин самт сурат гирифт буд,ибратомӯз аст. Ва шояд дар ҳалли чунин муноқишаҳо, новобаста аз он ки дар кадом кишвар сурат мегирад, мусоидат намояд. Панҷум, сарварони ду ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистону Қирғизистон моҳи августи соли 1999 ва баъдан соли 2000-ум Ҳукумати Тоҷикистонро таввасути ахбори умум мехостанд айбдор кунанд, ки ба амалиёти аз тарафи намояндагони «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» дар ин ҷумҳуриҳо сарзада айбдор бошад. Онҳо ҳарчанд далел надоштанд, вале зӯр зада «исбот кардан» мехостанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон гӯё барои силоҳ­бадастони исломӣ лагерҳои ҳарбӣ омода карда, онҳоро дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонда, сипас тавассути пайроҳаҳои кӯҳӣ ба хоки Ӯзбекистону Қирғизистон мегузаронидаанд. Аслан ҳамин тӯҳмат маро водор кард, ки то ҳадде ба ин масъала равшанӣ андозам ва мардумро аз воқеият огоҳ созам.

 

МУНОҚИШАҲОИ СИЁСӢ

 

Аслан сабаби дар маркази муноқишаи сиёсӣ қарор гирифтани Тоҷикистон воқеаҳои тобистони солҳои 1999 ва 2000-уми дар ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон суратгирифта буданд. Собик сарвари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Ҷумъаи Намангонӣ якҷо бо ҳаммаслаконаш, баъди аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон омадан, дар ноҳияи Боткент ҷой гирифта, зиёда аз ду моҳ бо қувваҳои ҳукуматии Қирғизистон дар задухӯрд буд. Дар рафти амалиёт ба ӯ муяссар гашт фармондеҳи қӯшунҳои дохилаи Қирғизистон, як идда кормандони идораҳои қудратӣ ва се шаҳрванди Ҷопонро ба гарав гирад. Аз рӯи маълумотҳое, ки мо доштем, муддати зиёде кормандони идораҳои қудратии Қирғизистон бо размандагони ӯзбек гуфтушунид карда, чанде аз гаравгононро аз Ҷумъаи Намангонӣ хариданд. Ин хатои аввалини онҳо буд. Мақсади онон бе ҷанг, бо роҳи гуфтушунид ба Тоҷикистон баргардонидани муҷоҳидон буд. Аз тарафи дигар ҳадафи ҳамсояҳо аз ҳудуди Қирғизистон ба Ӯзбекистон нагузаронидани театри ҷанг буд. Натиҷаи ҳамин бозиҳои пасипардагии сиёсӣ буд, ки тирамоҳи соли 1999 Ҷумъа бо зердастонаш ба воситаи пайроҳаҳои кӯҳӣ боз ба Тоҷикистон баргашт. Ин барои аз сари нав айбдор кардани тоҷикон дар расонаҳои хабарӣ маводи тайёр шуд. Албатта, чунин ранг гирифтани кор, ки боиси паст задани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мегашт, сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро ором гузошта наметавонист. Ӯро айбдор карданд, ба унвонаш суханҳои ноҳақ гуфтанд, аммо ӯ ба эҳсос дода нашуд, сахтиҳоро ба дӯш гирифт, оташи кинаву адоватро фурӯ нишонд ва тавсия дод, ки бародарони қирғизро дастгирӣ кунем. Зеро онҳо таҷрибаи ҷангӣ надоштанд.

Зимнан, ин воқеаҳоро баъзе «дӯстон»-и мо мехостанд барои тезу тунд гардонидани вазъи сиёсӣ истифода баранд. Қисме аз гӯруҳҳои дар воҳаи Қаротегин будаи собиқ мухолифин, бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ то ҳол шомил нашуда буданд ва албатта, ин ба нафъи ҷомеа набуд.

Аз дигар тараф, тибқи суратҷаласаи 7 июли соли 1999-ум, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ба имзо расонида буданд, ин санад марҳилаи ба итмом расидани реинтегратсияро ҷамъбаст кард. То 21 августи соли 1994 гурӯҳои силоҳбадасте, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил нашуда буданд, бояд, ки халъи силоҳ мешуданд ё ин ки бар зидди онҳо амалиёт аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешуд.

 Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда дар қатори ин ашхос Ҷумъаи Намангонӣ бо зердастонаш ҳам шомил буд, ки дар мӯҳлати муайяншуда бояд мавқеашро маълум мекард. Ин талаб ба ӯ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд ва маълумоти дақиқ оиди он ки ӯ мақсади тавассути пайраҳаҳои кӯҳӣ ба Қирғизистон рафтанро дорад, доштем. Идораҳои қудратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии мо барқияҳо нисбати тезу тунд шудани вазъият дар баъзе ноҳияҳои ин ҷумҳуриҳо гирифтанд. Мутаасифона, онро ба инобат нагирифтанд ё нахостанд, ки ба инобат гиранд. Оқибат ин бепарвоии онҳо сабаби рехтани хуни ноҳақ дар баъзе навоҳии вилоятҳои Боткенту Фарғона гардид.

БАҲРИ ОРОМИИ КИШВАР

 

Бесарусомониҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар барои мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иқтисодии минтақаи Рашту Тавилдара як комиссияи босалоҳияти давлатӣ таъсис доданд ва онро ваколатдор сохтанд, ки барои мӯътадил гардонидани вазъият тамоми чораҳоро андешад. Ба ин мақсад комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ба он намояндагони ҳукумат ва собиқ мухолифин шомил шуданд. Сарварии комиссияро котиби Шӯрои амният Азимов А.Н. ба дӯш дошт. Ҳайати он аз шахсони зерин иборат буд: Муҳаббатов С., Искандаров М., Адҳамов Ғ., Низомов М., Искандаров М., Хайруллоев С., Сангинов Ҳ., Камолов С., Ҳамроқулов Х., нависанда Меҳмон Бахтӣ ва боз чанд каси дигар. Дар назди аъзои комиссияи бонуфуз вазифа гузошта шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъи ба миён омада дар воҳаи Қаротегин тамоми имкониятро истифода карда, ҳар чӣ зудтар ба сохторҳои ҳукуматӣ шомил кардани гӯруҳҳои собиқ мухолифин ва халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои Ҷумъаи Намангониро ба итмом расонад.

Аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҳайати комиссия бояд, ки рӯзи дигар пагоҳии барвақт сӯи Қаротегин ҳаракат мекард. Дар ин бора мо бо фармондеҳи отряди сарҳадии Ҷиргатол Маҳмадшоҳ Искандаров пешакӣ маслиҳат кардем, ки барвақтар баромада меравем. Соатҳои ҳашти пагоҳӣ ман ва ҳамроҳонам дар ду мошин ба роҳ баромадем. Тахмин қариби соати дувоздаҳ ба маркази ноҳияи Дарбанд расидем ва аз сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ вазъияти роҳро фаҳмида, ба тарафи ноҳияи Ғарм ҳаракат кардем. Наздики соати чор мо ба шаҳраки Ғарм ворид гаштем. Ман ба Маҳмадшоҳ Искандаров фармудам, ки ба воситаи шиносҳояш дар бораи вазъи минтақа ахбори муфасал гирад. Ӯ дар бораи Ҷумъа ва ҳаммаслакони ӯ маълумоти мукаммал дошт.

Аз рӯи далелҳое, ки мо доштем, Ҷумъа бо гурӯҳаш дар ноҳияи Тоҷикобод ё Тавилдара, баъди муҳорибаи вилояти Боткенти Қирғизистон , маскан гирифта буд. Мо дар назди идораи милиса каме дам гирифтем. Муҳамадшоҳ вориди бино шуд ва баъди фурсате берун омада хабар дод, ки дар атрофи роҳи Дарбанд вазъият каме тезу тунд шудааст. Пешакӣ касе аз Душанбе таввасути телефон хабар додааст, ки гуё аъзоёни комиссия ба хотири маҳв кардани гурӯҳи Мулло Абдулло ба ноҳияи Дарбанд омада истодаанд. Мулло Абдулло ба зердастонаш фармудааст, ки тамоми аъзоёни комиссияро беяроқ карда, ҳайаташонро дар сурати муқобилият нишон доданашон несту нобуд созанд. Гӯё ки фармондеҳони собиқ мухолифин дар шахсияти Саламшоҳ Муҳаббатов, Мирзохӯҷа Низомов ба ҳукумат фурӯхта шудаанд ва баъди ба курсии мансаб нишастанашон муҷоҳидинро фаромӯш кардаанд. Ин таблиғоту овозаҳои бардурӯғ қариб буд, ки боиси хунрезӣ шаванд. Хушбахтона, дар ин ҷода барои мӯътадил гардонидани вазъияти ба амаломада Ғайратшо Адҳамов саҳми босазо гузошт ва дар гуфтугӯи тарафайн ба онҳо фаҳмонда тавонист, ки мақсад на ҷанг, балки ба эътидол овардани вазъ дар тамом ноҳияҳои воҳа мебошад. Баъди ба даст овардани ин маълумотҳо мо ҷониби ноҳияи Тоҷикобод роҳ гирифтем. Пешакӣ ба комендатураи сарҳадии Ҷиргатол ва гурӯҳи Абдуносир Носиров, ки ба ҷузъу томҳои сарҳадӣ шомил шуда буданд, фармудем, ки барои таъмини бехатарии аъзоёни комиссия чораҳо андешанд. Вақте ки ба Тоҷикобод расидем, тамоми роҳҳо ва идораҳо таҳти тасарруфи қувваҳои сарҳадӣ буданд. Ҳаво то андозае мӯътадил буд. Аз Тоҷикобод баъди фаҳмидани вазъият мо ба Ҳойит, ба он деҳае рафтем, ки чанд даҳсолаҳо пеш заминларза кулли истиқоматкунандагони онро ба коми хеш кашида буд. Аз набзи замон фаҳмидан осон буд, ки боз бар сари мардуми ин диёр хатаре аз берун таҳдид мекунад ва он ҳарчи зудтар бояд аз байн бурда шавад. Ман ва ҳамроҳонам шаб дар хонаи Маҳмадшоҳ Искандаров монда, пагоҳии барвақт ба ноҳияи Тоҷикобод баргаштем, то ба ҳайат якҷоя шуда нақшаи корро кашем. Вақте ки ба идораи ҳукумат расидем, қариб ҳамаи аъзои комиссия онҷо буданд.

Вазъиятро муҳокима кардем. Шароит дар дохили ноҳия бо сабаби ҷой доштани гурӯҳҳои мусаллаҳ тезу тунд мешуд. Барои ин замина муҳаё буд. Дар қисми болои маркази ноҳия гурӯҳҳои Шайх ҷойгир буданд. Дар марказ бошад, гурӯҳҳои сарҳадӣ ва аз ҷониби дигар ҳозирбошҳое, ки дар ҳайати аъзоёни комиссия омада буданд. Кӯшиши чанд маротиба ба назди Шайх рафтани намояндагон барои гуфтушунид натиҷае набахшид. Аз ҷониби тарафдорони Ҷумъа ҳам ягон кас набаромад. Мураккабии кор дар он буд, ки Шайх ва фармондеҳони маҳалӣ мавҷудияти гурӯҳҳои Ҷумъаро дар Тоҷикобод инкор мекарданд.

САФАРИ СУДМАНД

 

Тамоми муаммоҳои мавҷуда ва дар пеш истодаро ба эътибор гирифта, бо А. Азимов ва аъзои комиссия маслиҳат кардам, ки ман бояд ҳатман ба Тавилдара равам ва роҳе ёфта, бо Ҷумъа гуфтугӯй кунем. Пеш аз сафар ба Тавилдара, ба Маҳмадшоҳ Искандаров фармудам, ки гуфтушунидро ба намояндагони қирғиз ва ҷонибдорони Ҷумъа оиди дарёфт ва озод кардани шаҳрвандони Ҷопон давом диҳад ва худам ҳамроҳи капитан М. Ҳакимов – собиқ фармондеҳи сарҳадии ноҳияи Фархор, ки ҳамчун ронанда ва мукташиф омада буд, дар автомашинаи «Ниссан-Петрул» ба Тавилдара роҳсипор гаштам. Дар роҳ мо якчанд постро гузаштем, онҳоро гурӯҳҳои мухолифин бо як ғурури фақат ба тоҷикон хос, назорат мекарданд. Калонтарин пост дар Лаби Ҷар воқеъ буд. Мо аз он гузашта, аз сероҳаи тарафи Дарбанду Ғарм ба роҳи Тавилдара баромадем. Дар рӯ ба рӯи деҳаи хурдакаки Ҳафтчароғ, дар роҳ аломате бо навиштаҷоташ ба назар мерасид. Дар ин ҷо чархи пеши мошинаи мо кафид. На чандон дуртар аз мо постгоҳе буд ва чор нафар мусаллаҳ ба чашм хӯрданд. Онҳо ба наздамон омаданд. Баъди салому алейк, яке аз онҳо аз ман пурсид: оё Камолов нестам?

– Бале, – тасдиқ кардам ва пурсидам, – Маро аз куҷо мешиносед?

– Дар телевизион дида будам, – гуфт ӯ дар ҷавоб.

Баъди дуруст кардани нуқсони техникӣ мо боз тарафи Тавилдара равон шудем. Тахмин қарибиҳои соати ҳашти бегоҳ ба хонаи Ғайратшо расидем. Ӯ моро хеле хуш пазируфт ва бо тамоми назокати тоҷикӣ меҳмондорӣ кард. Ҳарду сари миз нишаста ба таҳлили вазъияти ба миён омада пардохтем.

 Мо тамоми паҳлӯҳои бе хунрезӣ ҳаллу фасл кардани вазъи дар водӣ ба амаломадаро баррасӣ карда, ба хулоса омадем, ки ягона роҳи дуруст Ҷумъаю зиёда аз сесад силоҳбадастонаш ва ҳамчунин гурезаҳои аз Фарғонаву Андиҷон ва Намангон ҳамроҳ шударо аз сарҳад гузаронида, ба Давлати исломии Афғонистон интиқол додан аст. Ба Комиссия чунин ваколатро сарвари давлат дода буд. Ин дар ҳолате ба миён омад, ки пешниҳодҳои дигари муътадил гардонидани вазъияти минтақаро размандагони ӯзбек қабул надоштанд.

 Ғайратшо дар баҳри фикру андеша ғӯттавар шуд. Ӯ ҳадафашро ба ман иброз надошт. Ман дарк кардам, ки ӯ дар таасуф аст. Адҳамов кӯшиш мекард, ба масъала аз мавқеи ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ баҳо диҳад. Албатта, ин таъхир ва андешаи ӯ асос дошт. Охир ӯ дар муддати зиёда аз чор сол бо Ҷумъа ва зердастонаш дар як сангар меистод, бо эшон ҳаммаслак буд, сарфи назар аз ин, вай матонат нишон дода масъулиятро ба дӯш гирифт ва такрор ба такрор гуфт, ки ба хотири ҳаммаслакӣ ман ҳақ надорам, ки аз баҳри якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ гузарам. Воқеан ҳам Ғайратшоҳ нағз мефаҳмид, ки гуфтугӯи ману ӯ бо Ҷумъа аз мавқеи шахсиву шахсият нест, балки аз мавқеи давлату давлатдорист ва мухолифат бояд бо роҳи сулҳ ва бехунрезӣ ҳал шавад.

Саволи ногаҳонии ман якбора Адҳамовро парешон кард:

-            Ғайратшоҳ, бояд, ки ҳарду бо худи Ҷумъа вохӯрда, рӯ ба рӯ, мушаххас бо ӯ гуфтугӯ кунем, фикрамонро пешниҳод намоем, андешаҳои ӯро шунавем ва сипас ба як қарори муайян омада, хулосаи аниқ барорем.

Ғайратшоҳ ҳамзамон ба суоли ман посух дод ва тасдиқ кард, ки ҳатман бо Ҷумъа робита карда, вазъи ба миён омадаро арзёбӣ намуда, роҳи наҷотро якҷо ҷустуҷӯ кунем. Вақте ки ҳарду ба як хулоса омадем, ӯ ба яке аз ҳозирбошҳояш фармуд, ки то пагоҳ Ҷумъаро дарёфт карда, ба назди мо даъват кунад. Баъд Адҳамов ба ҷои хобаш рафту ман дар меҳмонхона танҳо монда каме дароз кашидам.

 

НАХУСТИН ШИНОСОӢ

 

Қарибии соати панҷи субҳ маро садои ғалоғула аз хоб бедор кард. Дарро кушода дидам, ки рӯи ҳавлӣ аз силоҳбадастон пур аст ва аксарият байни худ бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезаданд. Донистам, ки як идда аз гурӯҳи Ҷумъа омадаанд. Ман оиди мавқеи Ҷумъа фикри шахсии худамро дорам. Ба ҳар ҳол аз эҳтимол дур нест, ки ҳамон шабу рӯз қисми зиёди гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизби исломии Ӯзбекистон ва сарвари онҳо дар қишлоқҳои Тавилдара ҷой доштанд. Баъди фосилае дари меҳмонхона боз гардиду Ғайратшоҳ ҳамроҳи як ҷавони миёнақади ришдор вориди ҳуҷра шуд. Мо шинос шудем. Рӯбарӯям қумандон Ҷумъа, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон ӯро кофтуков доштанд, меистод. Ман бо ӯ салому алейк намуда, ба нишастан имо кардам.

Ӯ ҳам дар навбати худ ғоибона дар бораи ман каму беш маълумот доштааст. Вақти сӯҳбат ӯ баён кард, ки аз ахбороти ба дасти онҳо расида медонанд, ки қушӯнҳои сарҳадӣ пеш аз ҳама гурӯҳҳои мухолифинро, тибқи протоколи сулҳи дар Москав ба имзо расида, пеш аз дигар сохторҳои ҳукуматӣ реинтегратсия карда зиёда аз 2200 нафарро ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сафарбар намудааст. Намангонӣ саволҳои маро шунида, дар бораи фаъолият ва кору бораш то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар давраи мустақилияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақл кард. Асосан ӯ аз синни хурдӣ ба омӯхтани мӯҳтавои дини ислом шурӯъ кардааст. Аслаш деҳқонзода. Чанд тан бародару хоҳараш аз тарафи идораҳои қудратии Ӯзбекистон барои фаъолияти динӣ доштанашон таъқиб шудаанд. Худаш баъди ҳодисаҳои ба ҳама маълуми дар вилоятҳои Андиҷону Намангони Ӯзбекистон рухдода, аз он ҷо фирор карда, бо ҳамроҳии сарвари Ҳизби исломии Ӯзбекистон Тоҳир Юлдошев (ҳоло дар Афғонистон аст) ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар ҷангҳои бародаркушӣ дар Шаҳритус, Қубодиён ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок кардааст. Баъд соли 1992 ҳамроҳи гурезагони Тоҷикистон сарҳади давлатиро убур карда, ба Афғонистон гузаштааст. Онҷо бо тавсияи Мулло Абдуллои Нурӣ қумандони муҷоҳидин таъин гашта, соли 1993 дар муҳорибаҳои сарҳадии дар ноҳияи Шӯрообод гузашта ва солҳои 1994-1997 дар воҳаи Қаротегин (таҳти сарпарастии Зиёев М., Қаландаров Ҳ.) бар зидди қувваҳои Ҳукуматии Тоҷикистон ҷангидааст. Баъди ҷобаҷокунии қисми зиёди сарварон ва гурӯҳҳои мухолифин дар сохторҳои ҳукуматӣ ӯ бо ҳозирбошҳояш боз ба Афғонистон рафта, бо гурӯҳаш дар ҳайати толибон, бар зидди ҳукумати қонунии Афғонистон ҷангидааст.

Ба саволи навбатии «ман бо кадом роҳ боз гашта ба Тоҷикистон омадед?» ӯ як табассум карду ҷавобе надод. Моҳи апрели соли 1999 мо ахбор гирифта будем, ки ӯ аз минтақаи сарҳадии байни ноҳияҳои Рӯшону Язғулом ғайриқонунӣ гузашта, ба Тоҷикистон омадааст. Яке аз занҳояш дар Язғулом зиндагӣ мекардааст ва пеш аз ба Қаротегин омаданаш, ӯ якчанд рӯз он ҷо меҳмон будааст. Барои ман аниқ кардани ин масъала аз он лиҳоз лозим буд, ки тобистон, ҳини воқеаҳои дар Боткенти Қирғизистон рухдода, хабарҳои носанҷидае паҳн шуд, ки гӯё Ҷумъа тавассути ҳавопаймо аз Покистон ба Бишкек омада, бо паспорти қалбакӣ аз нуқтаҳои сарҳадии ноҳияи Ҷиргатол вориди воҳаи Қаротегин шудааст. Ин ҳеҷ мумкин набуд. Зеро тамоми идораҳои қудратии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ӯро кофтуков доштанд ва суратҳояш дар ҳама ҷо паҳн карда шуда буд. Ӯ ин хел ҷуръат надошт. Аз сӯҳбате, ки бо ӯ доштам, аз сурату сираташ маълум буд, ки ӯ муллои таблиғгари хубест, аммо ҳамчун фармондеҳ малакаи зарурӣ надорад. Баъди ошноӣ бо ӯ оҳиста-оҳиста ба сари мақсад омада, аз гаравгонҳои зер­дасташ пурсон шудем.

Ӯ иқрор шуд, ки якчанд корманди идораҳои қудратӣ, аз ҷумла сардори қӯшунҳои Вазорати дохилии Қирғизистон ва се тан шаҳрванди Ҷопонро ба гарав гирифтааст.

Намангонӣ бо тамасхур нақл мекард, ки чанде аз гарвагони қирғизистониро ба ҳукуматдорони онҳо фурӯхта, барои хӯроку либоси аскаронаш андак пул кор кардааст. То чӣ андоза аниқ гуфта бошад, намедонам. Аммо иқрор шуд, ки барои афсарони аз банд озодшуда тайи сад ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Нисбати дар кадом мавқеъ карор доштани боқимондаи гаравгонҳо, ӯ ба мо маълумоте надод. Дар тасарруфи худаш будани гаравгононро тасдиқ карда, хоҳиш намуд, ки Искандаров М. – фармондеҳи отряди сарҳадии Ҷиргатол, рафта бо қирғизҳову намояндагони давлати Ҷопон гуфтушунид кунад ва агар онҳо маблағи талабкардаашро ба ӯ диҳанд, худи пагоҳ гаравгонҳоро хоҳад баргардонд. Аз гуфтаҳои Ҷумъа мо пай бурдем, ки гаравгонҳо дар кадом як гӯшаи кӯҳистон, дар деҳаи Зардолуи вилояти Боткент нигоҳ дошта шудаанд. Бояд ёдовар шавам, ки тамоми гуфтушунидҳоро бо намояндагони идораҳои қудратии Қирғизистон Маҳмадшоҳ Искандаров мебурд. Баъди мусбат анҷом ёфтани масъалаи якум, сӯҳбатро пиромуни масъалаи асосӣ, яъне бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кардани тақдири ояндаи ӯ ва зердастонаш оғоз кардем. Аллакай оиди чорабиниҳое, ки бар дӯши ҳайати комиссия гузошта шуда буданд, ӯ воқиф ва ахбори муфасале дошт. Малуломез ба Ғайратшоҳ муроҷиат карда, ӯро таъна зад, ки солиёни зиёде мо бо шумо дар як сангар ҷангидем, нону намак хӯрдем ва имрӯз, ки шумо, собиқ қумандонҳо, сари қудрат омадаед, чаро моро аз ватанатон меронед? Мо ба ҳеҷ куҷо намеравем. Мо то қатраи охирини хунамон дар раҳи ислом меҷангем. Бигузор ҳукумати Ӯзбекистон донад, ки мо кӣ ҳастем. Ӯ изҳор кард, ки агар тарафдорони ҳизби мо дар Ӯзбекистону Қирғизистон намебуданд, чӣ тавр метавонист бе тайёрӣ, бе ягон замина муҷоҳидинро ба он минтақаҳо фиристонад. Тибқи хабарҳои дар дасти мо буда суханони ӯ воқеият дошт. Воқеан саволе ба миён меояд, ки чаро расонаҳои хабарии ин ду ҷумҳурӣ пайвас­та иттилоъ медоданд, ки гурӯҳҳои ҳизби исломӣ аз сарҳади Тоҷикистон убур кардаанд. Онҳо ки дар самтҳои Боткенту Намангон, Фарғонаву ноҳияи Гулистони вилояти Тошканд меҷангиданд, чӣ гуна пайдо шуданд? Либос, хӯрокворӣ, тиру тӯпро дар муддати се моҳ аз кӣ гирифтанд? Албатта, бе ёрии бевоситаи ташкилотҳои ғайрирасмии ҳизбашон онҳо фаъолият карда наметавонистанд. Фикр мекунам, ки тавассути айбдор кардани Ҳукумати Тоҷикистон оиди зудухӯрдҳо, мехостанд ки мардумашонро аз проблемаҳои дохилӣ, вазъи ноустувори ҷамъиятиву сиёсӣ дур кунанд. Хусусан ҳукуматдорони Ӯзбекистон бояд дарк кунанд, ки қувваҳои беруниву дохилии кишварашон муштаракона амал карда, кайҳо боз мухолифинро ташаккул додаанд. Айб дар вазъи номӯътадили ҳамин кишварҳост, на марзу буми Тоҷикистон!

Ба маломатҳои Ҷумъа нигоҳ накарда, Ғайратшоҳ оҳиста ба сухан даромад ва ба ӯ фаҳмонд, ки «Бародар, ҷои хафагӣ нест. Ҳар як фард бояд ба тақдир тан диҳад. То он рӯзе ки якҷо будем, мо нисбати шумо, зану фарзандатон ҳар чӣ аз дастамон омад, кардем. Лекин имрӯз барои мо аз якпорчагӣ ва ваҳдат дида чизи заруртаре нест. Мо ҷанг карданӣ нестем. Дида истодаӣ, ки ба сари мо айбномаву доғҳои сиёҳро ҳамшаҳриҳоятон бор кардаанд. Ба ин нигоҳ накарда сарвари мо санги маломат назад, ба хотири вайрон нашудани муносибатҳои ҳамсоягӣ то бас гуфтан тамкину тоқат кард. Дӯстам, моро ба ҷоӣ худат дар Ӯзбекистон тасаввур кун. Оё президенти Шумо ваколат медод, ки мо хушӣ ба хушӣ аз он ҷо биравем? Албатта, не! Мо, бошем, тамоми ваколату салоҳиятро дорем, ҳато дастур дорем, ки ту ва зердастону гурезаҳоятро бо анҷому аслиҳаатон ба Афғонистон бурда амниятатонро таъмин кунем».

 

МАШВАРАТ

 

Дар вақти гуфтугӯ ман ҳам Ғайратшоро дастгирӣ карда, розигии Ҷумъаро оиди бе ҷангу ҷидол тарк кардани воҳаи Қаротегин ва ба Афғонистон интиқол дода шуданашон хоҳон шудам. Таклифҳои ӯро оиди кушодани роҳ дар сарҳади ҷониби Ӯзбекистони вилояти Боткенти Қирғизистон мо дастгирӣ накардем. Оқибати чунин «меҳрубонӣ», албатта, ба мо маълум буд. Чунин сурат гирифтани масъала ба ҷанҷолҳои минтақавӣ оварда мерасонд.

Тахминан соатҳои ҳафти саҳар Ҷумъа риштаи суханро канда гуфт: « ба ҳар ҳол бо устодам як машварат карданам лозим» ва хайру маъзур карду рафт.

Мо вақти холиро истифода намуда, барои тарҳи амали минбаъда ба лаби дарёи Хингоб рафтем. Қарибиҳои нисфирӯзӣ баргашта ба меҳмонхона омадем. Ба мо хабар расид, ки А. Азимов илтимос намуданд то бо Тоҷикобод тамос бигирем. Аз мухобирачӣ илтимос кардам, ки моро бо ҳам пайваст кунад. Баъди ҳолпурсӣ ман ба он кас муфассал оиди вохӯриамон бо Ҷумъа иттилоъ додам. Пурсиданд, ки то чӣ андоза бовар кардан мумкин?

Гуфтам: – Аз эҳтимол дур нест, ки гуфтугӯ боз идома ёбад. Аммо аён аст, ки ӯ мушовир дорад ва фишор бештар аз ҷониби қумандонҳои воҳа ҳис карда мешавад, ибрози назар кардам. Ҳамзамон таъкид карданд, ки агар то бегоҳӣ мо наомадем, ба ҳар воситае ки бошад, Шумо ба Тавилдара биёед. Баъди нисфирӯзӣ каме вақти холи пайдо шуду Муҳаммадӣ Ҳакимов ба назди ман даромада хабар дод, ки дар давоми гуфтушунидҳои мо ӯ, дар байни силоҳбадастони ӯзбек ду фарди хориҷиро дида бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Қариб ки ҳамаи зердастони Ҷумъа ба яке аз онҳо Устод Абдулло гӯён бо як эҳтироми хоса муроҷиат мекардаанд ва маслиҳат мепурсидаанд. Номи падари дуввум Абӯ будааст. Баъд маълум гардид, ки мушовирони Ҷумъа – устод Абдулло араб ва Абӯ ҳинду будаанд. Мо аниқ кардем, ки онҳо дар хидмати силоҳбадастони ӯзбек аз рӯзҳои қумандон таъин шудани Ҷумъа ширкат доштаанд. Ҳамаи амалиёт, тайёр кардани лавозимот, тирпаронӣ ва машқҳои ҳарбӣ бевосита таҳти назорати онҳо мегузаштааст. Вақте ки ман аз ин воқеа огоҳ шудам, бар­ало фаҳмидам, ки боз як машварат кунам гуфта рафтани Ҷумъа маънӣ доштааст. Ӯ ҳамин мушовиронашро мадди назар доштааст.

Рӯз бегоҳ шуд. Қарибиҳои соати шаш Амирқул Азимов ба қароргоҳи мо омаданд. Он кас аз гуфтугӯҳои бо Ҷумъа суратгирифтаи мо муфассал воқиф гардиданд.

КАФОЛАТ

 

Баъди шом Ҷумъа боз бо якчанд ҳозирбошҳояш омад. Азбаски мо пагоҳии ҳамон рӯз бо ӯ сӯҳбат доштем, суханро Амирқул Азимов оғоз карданд ва ба Ҷумъа мақсади омадани комиссияи давлатиро ба воҳаи Қаротегин шарҳ доданд. Ман дар ин ҷо мазмуни гуфтушунидро ошкор намесозам, зеро раванди гуфтугӯ ҳамон сӯҳбати субҳ кардаи мо буд.

Ҷумъа домани баҳсро кӯтоҳ карда гуфт:

Мо тамоми андешаҳои шуморо дар тарозуи ақл баркашида, ба хулосае омадем, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба ситоди Ҳизби исломии Ӯзбекистон, ки дар Мазори Шариф ва Қундуз қарор дорад, меравем. Лекин ман чанд савол дорам.

Аввал, кафолати таъмини бехатарии моро кӣ ба ӯҳда мегирад?

Дуввум, ман шубҳа дорам, боз чунин нашавад, ки ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон дар роҳ, дар соҳили дарёи Панҷ аз ҳаво моро бомбаборон кунанд? Худатон медонед, ки Давлати исломии Афғонистон қувваҳои зиддиҳавоӣ надорад;

Сеюм, мо аз Тоҷикистон ба хориҷи он ба шарте меравем, ки зердастони ман аз ҷануби сарҳади ҷумҳурӣ, ки зери назорати толибҳо мебошанд, ба мавзеъҳои Кампи Сахии Афғонистон интиқол дода шаванд. Ба он мавзеъҳо, ки таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд ва зердастони ӯ қарор доранд, мо намеравем. Зеро мо дар ҳайати толибон, дар набардҳои хунин бар зидди онҳо ҷангида будем;

Чаҳорум ва охирин талаби ман ҳамин аст, ки оғоён Адҳамов, Камолов, Азимов ҳамроҳи ман то лаби дарёи Панҷ якҷоя дар як мошин раванд. Агар ҳамин шартҳо иҷро шаванд, мо тайёр ҳастем, ки тамоми гурӯҳҳо ва силоҳбадастонро аз қаламрави Тоҷикистон барорем. Инро гуфту ба сукут рафт. Мо баҳси зиёде накарда, бе шарҳи Ҷумъа ҳам пайхас кардем, ки пешниҳодҳои ӯ аз талвосаи ҷон буданд. Воқеан ӯ метарсид. Лекин барои мо, тоҷикон, аз ҷонҳои ширинамон дида ҳам оромии воҳа ва кишварамон муҳимтар буд. Ва пеш аз сафар Президенти кишвар гӯё, ки пешбинӣ карда бошад, фикру андешаҳои Ҷумъаро таъкид карда буданд: фаъолияти кории комиссия махфӣ гузарад ва ахборот пахш нашавад, ки мо бо гурезаҳои ӯзбек сару кор дорем. Ин дастурҳоро ба дӯши аъзоёни Комиссияи давлатӣ чун масъулияти фавқулода калон гузошта буданд. Андак беэҳтиётӣ боисӣ ҷорӣ гардидани ҷӯйи хун шуда метавонист. Ба хотири амнияти Ҷумъа ва зердастонаш, ҳатто бо сарҳадбонони Русия, ки дар хати аввали марзҳои ҷумҳурӣ меистоданд ва гузаштани силоҳбадастон аз дарёи Панҷ ба Афғонистон бе иҷозати онҳо ҳаргиз амалӣ намешуд, мо хабар додем, ки аз сарҳади Тоҷикистон факат гурезаҳои ӯзбекро таҳти сарварии Рустам (Ҷумъа) мегузаронем.

 Ин ном ба хотири рӯпӯш намудани мақсади амалиёт буд. Минтақаи гузаришро мо заставаи «Қубод»-и ноҳияи Қубодиён интихоб кардем, ки рӯ ба рӯи қарияи Кулӯхтепаи Афғонистон қарор дошт. Дар масофаи 15 км дуртар аз ин қария Кампи Сахӣ мавқеъ аст. Ин ҷойҳо таҳти тасарруфи толибон буданд. Талаби охирини Ҷумъаро ба шарти гаравгон рафтани ашхоси зикршуда қабул кардем. Охирин талаби Ҷумъа сараввал интиқол додани гурезаҳо ва сипас силоҳбадастон буд.

 Баъди қабули ҳамаи талабҳои пешниҳодкардаи Ҷумъа нисбати гаравгонҳои Ҷопон сухан оғоз намудем. Ӯ хабар дод, ки Билол ҳамроҳи Муҳамадшоҳ бо кормандони идораҳои қудратии Қирғизистон ва сафорати Ҷопон гуфтушунид дорад ва то субҳи дигар дар радифи иҷрои талабҳои баррасишуда онҳо низ озод мешаванд. Дар ҳамин ҷо қарибиҳои нисфи шаб сӯҳбати мо анҷом ёфт. Баъд маслиҳат кардем, ки қарибиҳои субҳ сӯи Тоҷикобод ҳаракат мекунем ва гуфтугӯро бо қумандонҳо: Шайх, Мулло Абдулло, Саидхоҷа ва дигарон, ки дар хонаи Шайх мунтазиранд, давом медиҳем. Ҷумъа моро нигарон нашуду баромада рафт. Пагоҳӣ то дамидани субҳ мо ҳам баромада ба Тоҷикобод рафтем.

Дар роҳ ман ғарқи андеша будам, Офаридгорро саволборон мекардам, аз ӯ посух мехостам. Зери лаб ба такрор мегуфтам: «Худоё чӣ гуна тақдир офаридӣ? Мо бандагонат хилофи амрат кор намекунем – ку? Ба лутфу меҳрубониҳоят аҳсант! Офарандаву офаридгори мо туӣ! Ҳамин занҳою духтарҳо, ҳамин тифлакони бегуноҳ чаро ин қадар сарсонанд? Чаро он муштакони пар гуреза ном гирифтаанд? Чӣ гуноҳе дар қаламрави ҳамсоя кардаанд онҳо? Эй Худованди бузург, чаро ин бечорагонро бадбахту парешон ва хонасалот кардаӣ? Чаро? Чаро? Чаро золимпарвару мазлумкуш ҳастӣ? Чаро?! Чаро ба онҳо адл намекунӣ? Ақаллан бифармо, ки ба онҳо бегонагон адл кунанд. Онҳо, аз дасти золимони худӣ ба ин вартаи ҳалокатбор расидаанд. Охир он золимони кӯтоҳназар фикр намекунанд, ки дунё барои касе ҷовидон нест?!.

Риштаи хаёлҳои маро ғалоғулаи гурӯҳҳои мавзеи Лаби Ҷар истодаи мо канд. Муддати чанд дақиқа сардори пост бо мо ҳамсӯҳбат шуда, оиди вазъ хабар расонд ва мо боз масири Тоҷикободро пеш гирифтем.

Дар Тоҷикобод, дар бинои Кумитаи иҷрояи ноҳия мо ба ҳамаи аъзои комиссия оиди гуфтушунидҳо гузориши муфассал додем ва онҳо ҳамаи пешниҳодҳои моро тарафдорӣ карданд. Аъзоёни Комиссияи давлатӣ аз озод шудани гаравгонҳо ба мо мужда доданд. Қарор шуд, ки масъалаҳои ҷобаҷокунӣ ва реинтегратсияро бо фармондеҳони ба сохторҳо шомил гардида, намояндагони идораҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки дар ҳайати комиссия буданд, ҳаллу фасл хоҳанд кард. Гуфтушунидҳо дар Тоҷикобод ду-се рӯз идома ёфтанд ва муддате чанд нагузашта бисёре аз масъалаҳо ҳал шуданд. Дар вохӯрие, ки дар ҳавлии Шайх бо иштироки Ҷумъаву дигар қумандонҳои ноҳия гузашт, мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми гурезаву силоҳбадастони ӯзбек аз Ҳоиту Тоҷикобод, Ғарму Дарбанд ба Тавлидара омада озими сафар мешаванд.

Баъди баргардонидани гаравгонҳо, хусусан шаҳрвандони Ҷопон, аз барномаи марказии телевизиони Федератсияи Русия «Вести» дар бораи нишасти матбуотии дар Бишкек барои журналистони хориҷӣ барпошуда, роҳбарони идораҳои қудратӣ, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон хабар доданд, ки дар натиҷаи фаъолияти самарбахш ва амалиёти моҳиронаи онҳо гаравгонҳо озод карда шуданд. Ноинсофӣ ба ҷое расид, ақаллан як бор нагуфтанд, ки дар ин комёбӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои қудратии Тоҷикистон низ саҳм доранд. Мусаллам аст, ки онҳо чунин рафтори ношоистаро барои худситоӣ дар назди президенташон карданд. Дар асл, тамоми гаравгонҳо харида шуда буданд.

 

АНҶОМИ АМАЛИЁТИ «РУСТАМ»

 

Баъди анҷом ёфтани гуфтушунидҳо дар ҷаласаи машваратии дар Тоҷикобод баргузоршуда, комиссия қарор дод, ки ман фавран ба сарҳади ҷанубии ҷумҳурӣ рафта, ҷойи гузаронидани гурезаҳо ва силоҳбадастонро интихоб ва ҷиҳати амалӣ шудани мақсад замина тайёр кунам. Ба хотири таъмини амният бо А. Азимов маслиҳат кардам, ки гурезаҳоро аз як нуқтаи сарҳад ва силоҳбадастонро аз нуқтаи дигар мегузаронем. Ман ва Муҳаммадӣ Ҳакимов ба Душанбе омадем. Сараввал ман ба назди фармондеҳи қӯшӯнҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон генерал Маркин А.С. даромада тамоми мушкилотро як ба як матраҳ сохтам ва баъди ҳаллу фасли онҳо роҳи ноҳияи Қубодиёнро пеш гирифтам.

Барои эҳтимол ба вуқӯъ напайвастани ягон дасиса роҳи гузаронидани гурезаҳоро аз постгоҳи сарҳадии № 5, воқеъ дар «Бешаи Палангон» ва силоҳбадастони ӯзбекро аз постгоҳи марзии № 4 «Қубод» интихоб кардам.

Тайи даҳ шабонарӯз дар комендатураи сарҳадии Қубодиён бо фармондеҳи собиқи мухолифин Алӣ Ҳалимов истода, дар якҷоягӣ тамоми чораҳоро андешидем ва замина тайёр кардем.

Вақте ки автобус ва мошинҳои боркаш овардани гурезаҳоро сар карданд, аз рӯи нақшаи дар даст буда, онҳо аз мавқеи постгоҳи № 5, тавассути чархболҳо ба ҳудуди Панҷи Афғонистон гузаронида шуданд. Тибқи талаби Ҷумъа ман ҳам бояд дар як мошин ҳамроҳашон мебудам. Ба хотири он, ки аксари корҳои ба беруни кишвар бурдани онҳо ба сарҳад вобастагӣ дошт ва гумони бад накунанд гуфта, рӯзи ба вилояти Хатлон ворид шудани онҳо, ман дар чорроҳаи ноҳияи Ғозималик онҳоро нигарон шудам. Дар мошине, ки Ҷумъа, Амирқул Азимов, Ғайратшоҳ Адҳамов савор буданд, ман ҳам нишаста, ҷониби сарҳад, сӯи ноҳияи Қубодиён роҳ гирифтем. Берун аз ноҳия А. Ҳалимов барои «меҳмонҳои нохонда» дар чанд дег таом тайёр карда буд. Мо, Ҷумъа ва 284 нафар зердастонаш, барои сарфи таъом даъват шудем. Пас аз ба итмом расидани ношто қатораҳои мошин ҷониби сарҳад ҳаракат карданд. Дар постгоҳи марзии № 4 «Қубод» аллакай як гурӯҳи калони афсарони рус таҳти сарварии генерал Маркин А.С. моро интизор буданд. Баржаи одамкашониро мо ду се рӯз пеш аз Панҷи поён бо машақати зиёд омода карда будем. Дар лаби дарё ба он тараф гузаронидани киҳо ва кадом гурӯҳҳоро сарҳозирбоши Ҷумъа, Билол ном шахс роҳбарӣ мекард. Ӯ писарамаки Ҷумъа будааст. Аз гуфтугӯе, ки бо мухобира Ҷумъа мекард, дар он тарафи соҳили дарёи Панҷ ба истиқболи интиқолшавандагон сарвари кулли Ҳизби исломии Ӯзбекистон Тоҳир Юлдошев ва фармондеҳи сарҳадии толибон Ахтар ном шахс омада буданд. Тавассути биржа даҳ – понздаҳ нафарӣ мегузаштанд. Ҷумъа ва ҳозирбошҳояш, ки 20 нафар буданд, маслиҳат шуд, ки пас аз ҳама убур мекунанд.

Генерал Маркин А.С. бо ман сӯҳбат ороста андаке хафагӣ кард ва гилаомез гуфт, ки шумо гурезаҳо гуфтед, инҳо силоҳбадастанд – ку? Ман ба Сарвари қушӯнҳои сарҳадии Русия гуреза гуфта хабар додам ва барои ин танбеҳ гирифтанам мумкин. Ӯро ором карда фаҳмондам, ки ин тавр гузаронидани амалиёт ба он хотир сурат гирифт, ки дар кишвари ҳамсарҳади мо барои гузаронидани ягон дасиса хабар наравад. Сипас Ҷумъаро ба назди Маркин А.С. хонда шинос кардам. Ӯро фармондеҳ Рустам муаррифӣ намудам ва аз термоси генерал Маркин як пиёла чой додам. Худам ба сифати тарҷумон саволу ҷавобҳои онҳоро тарҷума кардам. Дар ҷараёни сӯҳбат Маркин дар кадом мавзеъ ҷойгир шудани Ҷумъаро пурсид. Ба фикрам дар Қундуз, – гуфт ӯ дар ҷавоб. Баъди сӯҳбати на чандон тӯлонӣ навбати гузаронидани Ҷумъа расид. Бо ҳама хайру маъзур кардем. Ӯ арзи сипос кард ва хоҳиш намуд, ки миннатдориашро ба Раиси Ҷумҳур расонам. Пеш аз ба баржа нишастанаш маро имо кард, ки гапи як ба як дорад. Ман дуртар истода ба ӯ ҳамсӯҳбат шудам.

– Қумандон Камолов гӯён ӯ, – ба ман муроҷиат кард – Ёд доред, ки шумо нахустин рӯзи шиносоӣ аз ман пурсидед, ки сарҳадро дар куҷо убур карда, ба Тоҷикистон омадам?

– Бале, – гуфтам.

– Ҳамон лаҳза ба саволи шумо ҷавоб надодам. Он овозаҳо, ки нисбати Муҳамадшоҳи Искандар ҷой дорад ва гӯё, ки ман тавассути Ҷиргатол бо мадади ӯ омадам, асос надоранд. Ин овозаҳо ба он хотир буд, ки нуқтаи асосии ҷои гузаштани ман ошкор нашавад. Ҳамон шабу рӯз нисбати Муҳаммадшоҳ ман ғарази шахсӣ доштам, чунки вақти ба Бишкек рафтани мо ӯ маро дастгирӣ накард, садди роҳ шуд ва мо маҷбур шудем, ки бо пайраҳаҳои кӯҳӣ, бо азобу машақати зиёд он тараф гузарем. Дар асл, ман аз постгоҳи марзи назди Бадахшон гузашта ба Язғулом омада будам.

– Кӣ туро дастгирӣ кард?

Табассум карда гуфт:

– Пули Амрико.

Аз ҷой бархоста тарафи баржа рафт. Болои баржа истода аз Адҳамов илтимос кард, ки ду мошинаи боркашро гузаронанд.

Адҳамов шӯхӣ карда гуфт:

– Ҳеҷ боке нест, агар ду мошин дар Тоҷикистон монад.

– На фақат мошин, балки изи чархҳои онҳоро низ аз замини тоҷикон рӯфта бо худ мебарам, – гуфт дар ҷавоб Ҷумъа.

– Баржа ба самти муқобил ҳаракат кард.

– Баъди дар он соҳили дарё фаромадани онҳо ба Маркин муроҷиат карда, шӯхиомез гуфтам:

– Александр Степанович, оё шумо медонед, ки якҷо ба террористи байналхалқӣ чой нӯшидед?

Ӯ чунин ҷавоб дод:

– Гумон мекардам, ки ин ҳамон падарқусур аст.

Ҳар оғоз, билохира, анҷом дорад.

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид