Ҳақталош, беҳарос, қонунписанд

 

Решаи шиносоии наздики ман бо Амирқул Насимович аз таҳқиқи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ибтидо мегирад. Гузашта аз ин солҳои ҳаштодуми асри сипаришуда он касро ҳамчун инсони бомаърифат, ҳуқуқшинос ва муфаттиши варзида мешинохтам. Аммо шарафи ҳамкорӣ ҳангоми таҳқиқу тафтиши парвандаи марбут ба ҳаводиси баҳманмоҳ даричаи одамият ва касбияти волои ин инсони саропо тамкину заковатро ба рӯям боз намуд. Он замон дар вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии мақомоти бехатарии ҷумҳурӣ ифои вазифа доштам. Амирқул Насимович мақомоти прокуратураро намояндагӣ мекарданд. Чун парвандаи воқеаҳои баҳманмоҳ пурсарусадо шуд, барои таҳқиқи мунсифонаи он муфаттишони чандин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ кор мекардем. Ҳамкории наздик чеҳраи воқеии инсонро рӯнамо мекунад. Ҳангоми таҳқиқи парвандаи баҳманмоҳ барои ман ҳамчун шахсе, ки нисфи зиёди умрамро дар мақомоти бехатарӣ сипарӣ мекардам, ҳар амалу рафтори Амирқул Насимович як саҳфаи тоза, панди зиндагӣ ва сабақи омӯзанда буд. Ҳар қадар дар доираи як ҳайат корҳои тафтишотиро пеш мебурдем, ҳамон андоза ба фазилати фарқкунанда, ғановати афкору умқи назар ва зеҳни пурмаънии он кас боварӣ ҳосил менамудам.

Ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин – оғозгоҳи фоҷиаи мудҳиши таърихи навини миллати мо буд. Гурӯҳҳои пинҳонкор беибо ба фаъолияти ошкоро рӯ оварданд, ки рехтани хуни одамони бегуноҳро дар пай дошт. Барои таҳқиқи ин рухдоди ғайричашмдошт, ки вокуниши пуртаъсири иҷтимоиро ба бор оварда, ҳатто набзи сиёсии ҷомеаро тағйир дода буд, гурӯҳи муфаттишони корозмуда, ки ба он Амирқул Насимович низ шомил буданд, ҷалб гардиданд. Сохторҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бори нахуст ба таҳқиқи чунин парвандаи мураккаб ва ҳассос дучор омаданд, зеро ҳар хулоса ва қарори онҳоро ҷомеаи онвақтаи Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашид.

Ҷараёни воқеоти замон ба ҳадде босуръат тағйир меёфт, ки гоҳо таҳлилу хулосабарории дурусти он даст намедод. Айёми пурошӯб ва пуртаззод бо ҳама беназмиву беқонунии худ назму низоми ҷомеаро аз ҳам пошида буд. Танҳо иҷлосияи қисматсози XVI – уми Шӯрои Олӣ шӯълаи умедеро мунаввар сохт. Амирқул Насимович дар ин марҳилаи басо вазнин ба яке аз шахсиятҳои калидӣ дар роҳи барқарор намудани низоми ҳокимияти конститутсионӣ табдил ёфтанд. Ба ҳайси узви Фронти халқӣ дар тавозуни қувваҳо ба нафъи осоиши мардум ва ҳифзи дороиҳои миллӣ танҳо бо роҳи пешгирии низоъ ва даргириҳои давомдор саҳм гузоштанд. Дар ин ҷабҳа низ худро дар ҳамон чеҳраи муқаррариашон ҳифз намуданд, ба пояи ақлу хирад салоҳи кор меҷустанд, дар замони беқонунӣ талош доштанд то ҳама тасмиму қарор ба адолати иҷтимоӣ созгор бошад.

Аллакай касе садди роҳи зуҳури он кас ба унвони як симои наҷотбахш, ҳамсафу ҳамқадами сарвари давлат шуда наметавонист. Зеро Амирқул Насимович ба содагӣ ва осонӣ ба чунин мартабаи эътирофу малакаи касбӣ дастёб нагардида буданд. Аз нигоҳи инсонӣ ва касбӣ дар шинохти асолатҳои ҳаётӣ ва хизматӣ мавқеи устувор ва тағйирнопазир доштанд, ки ҷузъи муҳими шахсият ва тахассусашон ба шумор меравад ва то имрӯз ба он асл содиқу пойбанданд.

Дар вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, дар қатори ҳамсафони худ, аввалин пояҳои муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷинояткориву бедодгариро эҳё карданд. Сохторҳои қудратию интизомӣ ва амниятӣ иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии худро, ки замоне таҳти таъсири ҳодисаҳои маълум канор гузошта буданд ё номуносиб анҷом медоданд, дубора рӯи даст гирифтанд. Ба хайси муовини вазири амният ба ман муяссар гардид, ки дубора ҳампаҳлӯи Амирқул Насимович нақшаи амалиётҳоро тарҳрезӣ намоем, роҳ ҷӯему тачбирсозӣ кунем, то назму тартибот ва амният дар ҷомеа тадриҷан ба маҷрои мӯътадил ворид гардад. Дар ин марҳилаи ҳамкорӣ низ аз ин инсони худогоҳ ва мутахассиси боазми кори худ танҳо сифатҳои ибратпазири одамияту касбият дар хотири ман нақш бастааст.

 

МЕҲВАРИ ҲАМОҲАНГСОЗ

 

Миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта ман ба вазифаи вазири амният, Амирқул Азимов Прокурори генералӣ, Саидамир Зуҳуров вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Хайруллоев вазири мудофиа ва Убайдулло Давлатов раиси Суди Олӣ таъин шудем. Аз ҷониби сарвари давлат дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ вазифаҳои ҷиддӣ ҷиҳати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба миён гузошта шуданд. Акнун замоне фаро расида буд, ки ҳама бояд ба муқаддас шуморидани ҳар ҳарфи қонун одат мекарданд. Ва ин кор душвор буд, бисёре аз шахсиятҳои зӯрманд муҳофизони шахсии мусаллаҳ доштанд, дар доираи «қонун» – ҳои худ рафтору амал мекарданд. Миёни ҷомеа ба хотири «фарқ» кардан ба баъзе амалҳои хилофи қонун даст мезаданд ва фазои нобоварӣ ва бенизомиро миёни ҷомеа бо чунин тарзи кору зиндагии худ ба миён меоварданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба усули муваффақонаи мубориза барои таъмини волоияти қонун – ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ рӯ оварданд. Зеро вазъият чунин шакл гирифта буд, ки танҳо тавассути тарҳрезӣ ба гузаронидани амалиёт якҷоя, табодули иттилоот ва истифодаи захираву имконоти байниидоравӣ, кӯшишҳои натиҷабахш имконпазир мегардид. Тадриҷан гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, ки минтақаҳои алоҳидаро зери нуфузу назорат нигоҳ дошта, ҳукму қарорҳои худро содир мекарданд, барои эҳтироми қонун моил карда шуданд. Дар ин кор Амирқул Насимович бо такя ба дониши амиқи ихтисосии худ ҳамчун ҳуқуқшинос, таҷрибаи тӯли фаъолияти корӣ андӯхта ва ақлу заковати ҳидоятгару раҳкушояшон пайваста маслиҳатҳои муфид медоданд. Ба таври ҳамешагӣ дар ҷамъбасти рӯз натиҷаҳои корро хулосаву натиҷагирӣ мекардем, барои рӯзи дигар тарҳу нақшаи амал месохтем. Он замон нафаре аз мо хоставу ғаразҳои шахсиро аз манфиатҳои байниидоравӣ боло намегузошт. Ҳамагон танҳо дастуру супоришҳои сарвари давлатро дар самти таъмини субот ва фазои амн иҷро менамудем ва дар ин роҳ танҳо ҳамоҳангии зич миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёвару мададгори мо ба ҳисоб мерафт.

 

РАФЪИ НИЗОЪҲО ДАР НУҚТАҲОИ ДОҒ

 

Нотарсӣ ва беҳарос барои пойдории қонуният ва субот талаб ба миён гузоштани Амирқул Насимовичро борҳо шоҳид будам. Хусусан дар лаҳзаҳои пурхавф, ки ҳамчун роҳбари гурӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба музокирот бо қумандонҳои мухолифин гуфтушунидҳоро пеш мебурданд. Он замон дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ Ҷумҳурии исломии Ғарм таъсис дода, дар муқобили мавқеи ҳокимияти марказӣ сиёсатсозӣ мекарданд. Амирқул Насимович борҳо ба ин нуқтаи доғ сафар намуда, аз ҷониби ҳукумат бо қумандонҳо гуфтушунид мекарданд, дар таъсиси чор постгоҳи нерӯҳои давлатӣ дар даромадгоҳи ин минтақа саҳм гузоштанд, қазияи куштори гурӯҳи 64 – нафараи ҷониби давлатро таҳқиқ намуда, гунаҳкоронро ошкор сохтанд. Салиқаву санъати моҳиронаи ҳалли низоъ, ба ҷониби мусолиҳа хондани гурӯҳҳои даргирро дар он айёми ноамниҳо сармашқи корӣ қарор дода буданд. Бо назардошти чунин мавқеи ҳадафрас ва малакаи идоракунии амалиёт ҳангоми задухӯрдҳои мусаллаҳона сарвари давлат ба нуқтаҳои доғ Амирқул Насимовичро сафарбар менамуданд. Рафти воқеот собит менамуд, ки вазъият ба манфиати волоияти қонун ва оромиву субот тағйир меёфт ва дар он Амирқул Насимович ба ҳайси тадбиқкунандаи дастуру вазифагузориҳои сарвари давлат ҳиссагузории намоён доштанд. Амирқул Насимович роҳбарии Гурӯҳи ҳукуматӣ оид ба тоза намудани водии Рашт аз ҳузури гурӯҳи силоҳбадастонро, ки ба онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ аз шумори террористони байнламилалӣ шомил буданд, солҳои 1996 то 1999 иҷро мекарданд. Яке аз корҳое, ки дар ин доира сурат гирифт, аз Тоҷикистон хориҷ намудани дастаи Ҷумъаи Намангонист. Инчунин Амирқул Насимович ба чандин амалиёти нобудсозӣ ва боздошти гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳро қабул надоштанд, роҳбарӣ намуданд.

Вақти ҳуҷуми нерӯҳои Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли кишвар зери ҳамоҳангсозии Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ – Амирқул Насимович ман, ки он вақт раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ будам, муввафақ гардидем, ки афсарони нерӯҳои марзбонии кишварро дар нуқтаҳои холигузоштаи таҳоҷумгарон – фурудгоҳҳои шаҳрҳои Исфараву Панҷекент тавассути ҳавопаймо интиқол дода, ҷобаҷо созем. Собиқ размандагони мухолифин бо сарварии Муҳаммадшоҳ Искандаров, ки ба ҳайати нерӯҳои сарҳадӣ шомил шуда буданд, дар амалиёти мубориза ба муқобили дастаи Маҳмуд Худойбердиев иштирок доштанд.

Минбаъд пас аз дубора ором намудани авзоъ аз ҷониби сарвари давлат вазифа гузошта шуд, ки дар минтақаҳои марзии шимоли кишвар ҳифозати сарҳадро таъмин созем. Ҳамин тариқ, Амирқул Насимович дар ин кор низ мададрасону ғамхори нерӯҳои ҷавони сарҳадии миллӣ шуданд. Ҷузъу томҳои кӯшунҳои марзбонӣ дар шимоли кишвар таъсис ёфтанд, лек онҳо дар масъалаи одитарин шароиту имконоти будубоши низомӣ, озуқаву либос ва аслиҳа танқисӣ доштанд. Амирқул Насимович дар ин лаҳзаҳо мусоидату ҳамкории худро дареғ надошта, ҳампаҳлӯи мо дар таъмин намудани муҳофизати хати марзи давлатӣ саҳмгузору мададрасон гардиданд, ки нақшу заҳматҳояшон дар ҷодаи ҳифзи марзҳои Ватан дар саҳифаҳои таърихи поягузорӣ ва ташаккули қӯшунҳои сарҳадӣ ҷойгоҳи хос ва ифтихорӣ хоҳад дошт.

 

БОВАРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА АМИРҚУЛ АЗИМОВ

АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАД?

 

Ҳарчанд Амирқул Насимович корҳои муҳиму шоистаеро анҷом доданд, ки ба навъи худ дастоварданд, лек ҳеҷ гоҳ ҳарфи худнамоиро ба забон намегиранд. Ҳамчун афсари садоқатпеша ҳар амру фармоиши сарвари давлатро иҷро намуда, ба сифати роҳбари обрӯманду соҳибмалака нерӯи кадрӣ ва имконоту омодагии мақомоти қудратии кишварро муттаҳиду сафарбар карда, чандин талошҳои бадхасмонаро, ки ба халалдор намудани амнияти миллӣ ва осеб расонидан ба низоми ҳокимияти давлатӣ равона шуда будад, хунсо сохтанд. Аз ин ҷост, ки сарвари давлат ба Амирқул Насимович эътимод доранд. Амирқул Насимович садоқати худро нисбат ба Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ватану миллат на аз минбар, балки бо фаъолияти хизматӣ собит кардаанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо роҳбарии бевоситаи Амирқул Насимович дар амалиёти охири водии Рашт барои ба эътидол овардани вазъ дар ин минтақа ба шумор меравад.

Дар масири умр ва собиқаи хизматии худ Амирқул Насимович мисли занбӯри асал танҳо ширинӣ ҷамъ оварданд, ки мағз андар мағз таҷрибаву заковат ва хираду ақли раҳкушост. Истифодаи ин ҳама неъмату ҳосили заҳмати ибратпазири чандинсола дар мақоми намояндагӣ ва қонунгузории кишвар танҳо роҳатрасони давлату миллат хоҳад буд. Бо ворид шудани Амирқул Насимович ба ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии парламенти ҷумҳурӣ боз бо як ҳуқуқшиноси ҳақталош, қонунписанд ва амиқназар пурра хоҳад гардид. Мантиқан низ дуруст аст, ки равиши ҳаётиву кории Амирқул Насимович барин шахсони гаронқадр дар ин марҳилаи умр бо фаъолияти қонунэҷодкунӣ иртибот дошта бошад. Зеро қонунро бояд шахсе эҷод кунаду такмил диҳад, ки худ аз дохили муҳити таъмини волоияти қонун берун омадааст ва дар амал муқаррароти онро тадбиқ кардааст. Парламент маъвои симоҳои писандида ва арзандаи кишвар аст, ки сарнавишти фардои миллатро дурбинона ва дилсӯзона ба ҳар ҳарфу ҳиҷои қонуни наҷотбахш пойбанд месозанд. Амирқул Насимович ҳамчун ҳуқуқшиноси касбӣ, донандаи тавонои назария ва амалияи ҳуқуқ амиқ медонанд, ки танҳо қонун муассиртарин василаи ислоҳи вазъ ва рафъи мушкилот дар роҳи рушди миллист.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид