Саиданвар Камолов

 

ОТАШРО БО ОТАШ ХОМӮШ

НАМЕКУНАНД

 

 

Душанбе -2018

 

 

ББК.63-3  (2 тоҷик)

Қ-24

Саиданвар Камолов, Оташро бо оташ хомўш намекунанд, Душанбе: Пойтахт, 2018

 

 

Муњаррири масъул:    Муњаммад  Ѓоиб

Њуруфчини компютерї:   Санавбар Холова 


 

 

© Саиданвар Камолов

 

САФАР ФАРЗ АСТ

 

Ҳосил нашавад ризои султон,

 То хотири бандагон наҷӯӣ.

 

Вазъият аз ҳар нигоҳ, чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар ҳассос ва осебпазир буд. Нерӯҳои манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои ҳадафҳои нопоки сиёсӣ дошта, мавриди мувофиқ меҷустанд, то қаламрави низои миллиро васеъ гардонанд ва бо роњи равған рехтан суръати оташи нооромиҳоро тезонанд. Мехостанд, ки Тоҷикистон дар назари ҷаҳониён як кишвари ҷангзада, ноором ва бесубот боқӣ монад. Равандҳои мӯътадилсозии авзоъ ва ба эътидол овардани ҳаёти ҷамъиятиро бо ҳар роҳ тағйир медоданд. Ҷараёни музокиротро, ки дар худ андак нишонаҳои ба тафоҳум наздик расидан  дошт, халалдор мекарданд ва рањгумзадагонро дубора ба кӯи нофаҳмиву номуродӣ њидоят менамуданд. Кўшиш мекарданд, ки даври тафоҳум ба таъхир афтида, гуфтушунидҳо бенатиҷа анҷоманд ва дари умеди оштии миллӣ ба рўи бахудомадагон кушода нашавад.

Шароит дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ осори кафили амну осоиш ва рӯзгори босуботи мардум надошт. Гурӯҳҳои алоҳида низому тартиботи салоҳдиди худро дар минтақаҳои таҳти назораташон ҷорӣ карда, дар роҳи барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ ва ба кор шурӯъ намудани мақомоти идоракунии давлатӣ монеа эљод мекарданд. Шиддати ноамнӣ, бенизомӣ ва хараҷу мараҷи хастакунанда њукм меронд ва он паёмади бисёр ташвишовар дошт.

Аммо бархилофи ин ҳама мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдидҳои гурӯҳҳои силоҳдор Президент дар роњи азми худ ќадами устувор мегузошт ва барои пурра ба эътидол овардани вазъият, фароҳам овардани шароити созиши миллӣ миёни ҳама ҷонибҳои даргир ба хотири таъмини зиндагии осоиштаи мардуми азиятдида ва эҷоди фазои сулҳу оштӣ ҷасорат нишон медод.

Њарчанд дарк мекард, ки айни замон сафар хатари ҷиддӣ дорад, вале хаёли аз роњи пешгирифта пас баргаштанро аз сар дур мекард. Ҳамагон медонистанд, ки дар он айём вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии Тоҷикистон хеле мураккаб буд ва дар нуқтаи доғ қарор дошт. Аз як тараф гуфтушунидҳои пайдарпай бо мухолифин ва аз ҷониби дигар задухӯрдҳои байниҳамдигарӣ дар ноҳияи Тавилдара умеди созишњоро барбод медоданд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ ва алалхусус  радиои «Тоҷикистони озод», радиои «Озодӣ», рӯзномаҳои русии «Независимая газета», «Русские вести», «Сегодня», «Чароғи  рӯз» ва нашрияҳои баъзе кишварҳои ҳамсоя Ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти онро, ҳадафи сарзаниши ҳаррӯзаи худ қарор дода буданд. Чунин ба назар мерасид, ки нерӯҳо дар ду ҷабҳа меҷангиданд: аз як ҷониб майдони корзори набардҳои хунинро дар гӯшаҳои Тоҷикистон  васеъ намуда, аз ҷониби дигар бо роҳи пешбурди ҷанги иттилоотӣ аз минбарҳои расонаҳои хабарӣ барои ташаккули афкори носолим ва ба муқобили ҳокимияти қонунӣ шӯронидани аҳолӣ бонг мезаданд. Ба ҳар навъ худро хайрхоҳи миллат ва кафили пешрафти кишвар муаррифї кардан мехостанд.

Баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ба ҳадафҳои нерӯҳои моҷароҷӯй ҳамроҳ гардида, ба ҳар роҳу васила тамоми имкониятро истифода мебурданд, ки номи Тоҷикистон ва роҳбари онро доғдор намоянд. Њокимияти амалкунандаро нотавону беқудрат гуфта, таъкид менамуданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро хомӯш кардан аз имкон берун аст. Бо њар роњу баҳонаҳои гуногун муњлати ба Ватан баргардонидани гурезаҳоро дароз мекарданд.

Гурӯҳҳои мусаллаҳи дохилӣ бо мададу маслињат ва рањнамоии хоҷагони хориҷии худ бар зидди ҳокимияти Конститутсионӣ на танҳо шиор паҳн мекарданд, балки худсарона амалҳои ваҳшиёна содир намуда, бо ин васила собит кардан мехостанд, ки қудрати сиёсӣ дар дасти онҳост.

Чунин  њолати  ногувор дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва вилояти Хатлон бо сарварии полковник Маҳмуд Худойбердиев бар зидди сиёсати Сарвари давлат оид ба барқарор намудани ризоияти миллӣ, ба мушоњида мерасид. Бадхоњон рӯирост муқобили ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ба ҳайати ҳокимият шомил кардани онҳо садо баланд намуда, мардумро дар њолати дудилагї нигоњ медоштанд. Дар Ҳисор ва хусусан Шаҳринаву Турсунзода  қувваҳои террористӣ таҳти сарварии Ибод Бойматов, Малик Солеҳов, Ҳабиб Насруллоев ва дигарон амалиёташонро ба роҳ монда, худро ҳокими мутлақи минтақа ва таъмингари осоишу амният дар пешорӯи аҳолии маҳаллӣ вонамуд менамуданд, вале дар амал ба тороҷи моликияти ҷамъиятӣ, куштори шахсони бегуноҳ ва  моҷароҷӯӣ даст мезаданд.

Гурӯҳи дигари душмани сулҳу пешрафти Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ  барои худ  лонаи  амн ёфта, берун аз хоки ватан худро пешвои миллӣ ва наҷотбахши Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд. Аз ҷумла як идда ба ном «ҳомиёни миллат» таҳти сарпарастии собиқ сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов дар марказҳои фарҳангии Амрикову Русия ва Ӯзбекистон нишастҳои матбуотӣ гузаронида, миёни мардум дар бораи ҷунбиши ба ном «Эҳёи миллӣ», ки онҳо таъсис дода буданд, хабарҳо паҳн менамуданд. Дар назари ҷомеаи байналмилалӣ ҳокимияти қонунии дар Тоҷикистон амалкунандаро бо ҳар гуна дассиса нишон дода, даъво мекарданд, ки аксарияти мардум ҷонибдори ҷунбиши онҳоянд.

Бисёриҳо намедонистанд, ки ин дастаи навтаъсис аз сарвазири бесалоҳият ва ду ҷонишини собиқаш иборат буда, аслан «Беҳаёони миллат» бояд номида мешуд на, «Эҳёи миллат». Ин «ҳомии миллат» зиёда аз 35 миллион доллари амрикоиро, ки дороии мардуми тоҷик буд, дар вазнинтарин рӯзҳо  аз  хазинаи  давлат  дуздида, то ҳоло овораву дарбадар аст. Аз ин нигоҳ ҷунбиши тозатаъсис миёни мардуми ҷумҳурӣ ҷонибдории умумӣ наёфт. Кишвару созмонҳои хориҷӣ низ  ба  он  эътимоди комил надоштанд, ки то куҷо он метавонад фоҷиаи миллии тоҷиконро хотима диҳад. Дар натиља ин дастаро ҳеҷ кас напазируфт ва «пешвояш» роҳи фиребро пеш гирифт. Дар номаи ӯ ба  унвони роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ду маротиба радиои «Озодӣ» пахш намуд, омада буд: «Дар гуфтушуниди байни мову шумо бо Раҳмонов  бояд  ширкати  муттаҳидаи ҳамаи ҷунбишҳои сиёсӣ, ташкили сохторҳои қонунгузор ва иҷроияро дар давраи интиқоли ҳокимият баррасӣ намоем».

Саийд Абдуллоҳи Нурӣ бо дарназардошти собиқаи пешинаи роҳбарони ин ҷунбиш ва амалҳои содиркардаашон, инчунин дар кадом кишварҳо пуштибон доштани онҳо, гарчанде ба талабҳои пешгузошта ҷавоби саҳеҳ надод, вале хабар расонд, ки иштироки дастаи онҳо имконпазир аст. Аммо, вақте ки Абдуллоҷонов дар мактубаш талаб кард, ки дар Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад, мухолифат ба миён омад ва аз дигар лиҳоз мухолифин дарк намуд, ки аз думболи ин ҷунбиши навбунёд ҳеҷ кас ва ягон қувваи зӯровар нест.

Талошҳои бебарори марказгурезӣ ва ситезаҷӯӣ, намоиши нерӯ дар муқобили ҳокимияти қонунӣ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ доман  паҳн менамуд. Дар водии Вахш Маҳмуд Худойбердиев дар ҳамбастагӣ бо муовини аввали раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Қосим Бобоев ва Шералӣ Мирзоев – роҳбари матлуботи вилоят, ҳокимияти вилоятро  фалаҷ гардонида, воҳидҳои низомиашонро намоишкорона ба водии Ҳисор интиқол дод ва бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ як шуда, заводи алюминии тоҷикро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Вазъият ба навъе шакл мегирифт, ки ҳар кас худро чеҳраи барҷаста ва пешвои қудратманд метарошид ва мехост ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, ҳадафҳои пурғарази шахсеву саркардаҳои худро амалӣ созад.

Аз матни гуфтаҳо ва шиорҳои беҳисоби нерӯҳои моҷароҷӯй ҳувайдо буд, ки онҳо мавқеи ягона ва барномаи амали мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ надоранд. Зуд – зуд дидгоҳу пешниҳодашонро иваз намудан ва тағйири мавқеъ кардананашон аз ноуствории аќидаи онҳо гувоњї медод. Аз љумла қувваҳое, ки Маҳмуд Худойбердиевро сари қудрат оварданд, аз як тараф мегуфтанд, ки барои мухолифин дар Тоҷикистон ҷой нест ва аз дигар тараф ба баъзе сарварони онҳо мулоқот намуда, бар зидди сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон  овоз баланд мекарданд.

Нақшаҳои нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ҳар чӣ густурдатар кардани паҳнои низоъ ва ошуфтагӣ ба шумор мерафт. Мақсад доштанд бо роҳи иғвоангезиву њарзагӯӣ афкори мардумонро дигар карда, онњоро ба роњи ќасдгирї ҳидоят намоянд. Мањз ҳамин гурӯҳҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан бар зидди ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дассисаҳо эҷод мекарданд ва бо истифода аз хабарҳои фитнаангез аз норасоиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар баъзе ноҳияҳо аз номи мардум њарф зада, талабҳо пешниҳод мекарданд. Хушбахтона, мардум зидди онҳо буданд ва аз онҳо ҳазар доштанд.

Маъракаҳои таблиғотие, ки расонаҳои зархариди хориҷӣ ба таври доманадор роҳандозӣ намуда буданд, охирҳои соли 1996 торафт шиддат мегирифт. Нерӯҳои зиддидавлатӣ бо истифодаи фишангҳои мусаллаҳонаву иттилоотӣ талош доштанд, ки қудрати сиёсии кишварро ғасб созанд. Аз  минбарњо эълон менамуданд, ки доираи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо дастгоҳи иҷроияи ӯ маҳдуд аст. Вилоятҳои ҷумҳурӣ ба марказ тобеият надоранд, ќаламрави Қаротегин таҳти идораи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин аст.

Бадахшон майдони митингу роҳпаймоиҳоро мемонд. Дастаҳои гуногуни мусаллаҳи ғайриқонунӣ зери номҳои гурӯҳҳои худмуҳофизати Бадахшон ноҳияҳои вилоятро ба минтақаҳои таҳти нуфузу назорати худ табдил дода, фазои сиёсӣ ва вазъи амниятии Боми Ҷаҳонро бенизом ва шикананда сохта буданд. Мањз дар чунин шароити пурхавфу хатар Президенти Тоҷикистон баҳри дидор бо мардум, таблиғи сулҳ, ба мусолиҳа фаро хондани гурӯҳҳои даргир, ошноӣ бо вазъи вилоят ва зиндагии аҳолӣ ва баҳри  рафъи  ҳамагуна эҳсосоти  номатлуб  азми сафари Бадахшон намуданд ва ин мисрањоро  ҳамчун хотимабахши риштаи андешаҳо шиори худ интихоб карданд:

 

Чу хасм қасди ту кард, барои дафъи зарар,

Ба ҷидду ҷаҳд бикӯш, ар ба ақл машҳурӣ.

Ки гар мурод ба даст оядат, ба ҳам расӣ,

В-агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурӣ.

 

СУПОРИШИ МУҲИМ

 

Мизроб  Кабиров  дар утоқи  кориаш ҳуҷҷатҳои ба ӯ тааллуқдоштаро аз назар гузаронида, ҳар кадомеро ба воҳидҳои дахлдор барои баррасӣ ва иҷро имзо мекард. Дар моҳи октябр, ки рўзњо њам тадриҷан рӯ ба кӯтоҳӣ меоварданд, пардаи торикӣ барвақттар фазову заминро фаро гирифта, расидани шомро наздиктар мекард. Садои занги телефоне, ки мустақиман бо утоқи кории Президент васл буд, ӯро аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо боздошт.

– Гӯш мекунам !

– Мизроб Саидович, ба назди Президент ҳозир шавед, – шунида шуд овози ёвари Президент.

– Хуб шудаст, ҳозир, – гӯён Мизроб Кабиров гӯширо гузошт.

 Мизроб Кабиров дар оинаи барқади кунҷи қабулгоҳ галстуку костюмашро ба тартиб оварда, дастаи дари дутабақаи Президентро тоб дод.

– Иҷозат ҳаст, Эмомалӣ Шарифович? –рухсат хост ӯ.

– Марҳамат, дароед, – гуфтанд.

Президент, чун таомул аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ин маснади олӣ, аз паси мизи корӣ хеста, ба канори рости он гузашт.

Президент баъди салом сари миз ва Мизроб Кабиров аз паҳлӯ ба курсиҳо нишастанд.

– Мо аз рӯзҳои нахустини ба сари кор омадан, – изҳори матлаб намуданд Президент, – тамоми воситаҳо, тамоми ҷаҳду талошамонро ба он равона кардем, ки ҳарчи зудтар дар ҷумҳурӣ оштии миллӣ, сулҳу субот барқарор гардад, онҳое, ки дар даст силоҳ доранд, онро ба замин гузоранд, гурезаҳои иҷборӣ ба манзилҳои доимиашон баргарданд ва мо ҳама якҷо, якдилу яктан Ватани воҳиду ягонаамон – Тоҷикистонро обод созем.

Ватан осуда бошад, ҳар кадоми мо осудаем, Ватан обод бошад, њама хотири шодем. Агар дар як гӯшаи хона нотинҷию нооромӣ бошад, дар гӯшаи дигари он ором нишастан мумкин нест.

Халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мардуми шарифи Бадахшон шоҳиданд, ки бисёре аз он вазифаҳои мушкилтарин роњи ҳалли худро ёфтанд ё дар арафаи анҷомёбианд.     

Шумо медонед, ки бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи Оғохон як Барномаи махсуси дасти мадад ба пешрафти Бадахшон таҳия шудааст, ки он панҷ бахши муҳимтарини ҳаёти вилоятро дар мадди назар дорад: кишоварзӣ, энертетика, саноати кӯҳӣ, тандурустӣ ва маориф.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои комилан ва бомаром амалӣ шудани ин Барнома ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Мизроб Кабиров ҳар сухани Президентро мисли ҳалқа ба гӯш мекарду мунтазири амр мешуд.

– Барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию сиёсии Бадахшону вохӯрӣ бо мардуми он зарурати сафари корӣ ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа ва Ишкошим ба миён омадааст. Аз ин хотир шумо пешакӣ ба Бадахшон сафар намуда, дар ҷояш тайёрӣ бинед.

– Хуб шудааст, – гуфт Мизроб Кабиров, – аммо як матлабро арз карданӣ будам, агар иҷоза фармоед, – як навъ ноҳинҷор гуфт Мизроб Кабиров.

– Марҳамат, бигӯ!

– Албатта, дар лаҳзаҳои вазнин ва ҳассос Шумо ба Бадахшон сафар карда будед. Омодаед барои суботу пешрафти Тоҷикистон ҳамеша кӯшишу саҳмгузорӣ намоед. Лекин ҳоло барои сафар ба Бадахшон иқлим мусоид нест. Обу ҳаво зуд – зуд тағйир меёбад. Аз эҳтимол дур нест, ки чархбол дар бозгашт, бинобар номусоидии обу ҳаво, парвоз карда натавонад ва бозгашти мо ба пойтахт ба таъхир афтад. Масъалаи таъмини амнияти шахсии Шумо аҷаб не, мушкилтар гардад.

Мизроб Кабиров дар бораи номӯътадил будани авзои Бадахшон, ки гурӯҳхои ғайриқонунии мусаллаҳ ҳоло ҳам амал мекарданд, ошкоро нагуфт, балки хост онро қадре пӯшида иброз дорад.

– Кабиров, баъзан муболиға мекунӣ. Ҷои тарс нест. Барои ман аз осудагию ободии Ватанам, оромиву осудагии ҳар як хонадони тоҷикистонӣ дида, муқаддастар чизе нест. Омодаи сафар шав. Ба роҳбари дастгоҳ ва сардори хадамоти муҳофизон дастур медиҳам, ки ҳама чораҳои заруриро бинанд.

Мизроб Кабиров бо эҳтироми хоса аз ҷой бархоста, аз ҳузури Президент берун рафт.

Дар утоқи кории худ ба курсӣ такя зада, нигоҳи андешамандашро аз тиреза намеканд. Мавҷи андешаҳояш танҳо ба кадомин гӯшаи номаълуми тирагї бармехӯрд.

 

 

МАҚОМОТ БА АМНИЯТ КАФОЛАТ НАДОДАНД

 

Чархболи сарҳадбонони рус ба Хоруғ парвоз дошт. Гарчанде ҳаво софу беғубор буд, Мизроб Кабиров дар фазои қалбаш гарди андӯҳро ҳис менамуд. Аниқ намедонист, ки дар Бадахшон авзои ҳукмрон ба чӣ ранг аст.

Аз оҳанги истиқболу хайрамақдами Гулсара Раҳматова, Александр Парфенов ва Ғарибшо Ҳақназарбеков дар фурудгоҳи маркази вилоят чизеро барои худ аниқ тасаввур ва мушаххас карда натавонист. Ҳангоми ҷониби шаҳр рафтан аз Парфенов пурсид:

– Ба куҷо меравем?

– Ба бинои Раёсати амният рафта, бояд нақшаи корро бикашем. Кабиров хомўширо ихтиёр кард. Маълум буд, ки ин пешниҳод љонибдор аст.

Бинои Раёсати амнияти вилоят дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ ҷой дорад. Баробари расидан афсари навбатдор дарвозаро кушоду мошин дар саҳни бино назди даромадгоҳи асосӣ қарор гирифт.

 Харитаи пур аз ҳар гуна ишораҳои вилоятӣ дар як тарафи девори утоқ овезон буд. Сардори раёсат назди харита истода, роҷеъ ба авзои амниятии ҳудуди вилоят ва минтақаҳои марзии он мухтасар маълумот дод.

– Мӯҳтарам Мизроб Саидович, – гуфт ӯ, – тайи рӯзҳои охир авзои сарҳад дар минтақаҳои ҳаммарз бо Бадахшони Афғонистон хеле мураккаб шудааст. Амалиёти ҷангӣ дар Сағирдашт ва Дарвоз барои ҳукумати вилоят нигаронии ҷиддиро пеш овардаанд. Бо роҳи мусаллаҳона ҳал кардани муноқишаҳо боиси тезутунд шудани вазъ ва пайомадҳои номатлуби асаргузор ба шароити амниятӣ гардидааст. Дар ин ҷода тадбир андешида истодаем, вале имконияти пурра надорем. Бисёр маврид оид ба пешгирии рахна шудани хати сарҳади давлатӣ аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст чорасозӣ карда наметавонем, зеро ҳифзи он ба дӯши сарҳадбонони Россия вогузор аст.

Дар натиҷаи баъзе бозиҳои пасипардагӣ ҷангиёни чанд гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон ба ҳудуди вилоят ворид гаштанд. Аксарияташон зодагони вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурианд. Иддае дар Хоруғу Шуғнон ва Ишкошиму Рӯшон ҷой гирифта, ба фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва амалї шудани қонунҳои мављуда халал мерасонанд. Бо онҳо кор бурда истодаем, вале аксарияташон аз ақли солим фарсахҳо дуранд.

– Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ душвор шудагист? – аз сардори раёсати корҳои дохилӣ пурсид Мизроб Кабиров.

– Он гурӯҳҳое, ки ба хоки ҷумҳурӣ ворид шудаанд, дар Бадахшон ба сари мардум вазниниву мушкилоти зиёд меоварданд, – авзои вилоятро тавзеҳ дод сардори раёсат Ғарибшо Ҳақназарбеков. – Онҳо он ќадар бисёр нестанд, вале аз бесалоҳиятии мо ва ҳукуматҳои ноҳия истифода намуда, ба нафъи худашон фаъолият менамоянд. Дар миёни кормандони сохторҳои мо ҳам фардҳое њастанд, ки дурӯягӣ мекунанд, яъне њам бо мову ҳам бо онҳоянд.

Аз рӯи ахбори фаврӣ аксарияти онҳо ҷиноятпешаанд. Байнашон нафарони моил ба созиш ва ҷонибдори субот низ кам нестанд, мо кӯшиш дорем онҳоро ба нафъи мӯътадил гардонидани вазъ истифода барем. Аз дигар ҷониб, мо имконияти ҳамаи силоҳбадастонро барои ҷиноятҳои содиркардаашон ба ҷавобгарӣ кашидан надорем.

 «Он чӣ пешбинӣ доштам, вазъият ҳамон тавр будааст», – аз дил гузаронид Мизроб Кабиров. Мақсади ба Хоруғ омадани худро аз матлаби асосӣ шурӯъ намуд:

– Ба самъатон мерасонам, ки баъд аз ду – се рӯз Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Бадахшон меоянд. Оё шумо кафолати бехатарии Президентро дода метавонед?

Ба чунин суолгузории рӯирост ва ногаҳонӣ ҳам сардори раёсати амният ва ҳам корҳои дохилии вилоят бо назардошти вазъи амниятии ҳукмрон дар Бадахшон омодаи ҷавоби аниқ гуфтан набуданд. Танҳо баён доштанд, ки ҳамаи чораҳои аз ӯҳдааш мебаромадаро анҷом хоҳанд дод, лек кафолати бехатарии пурраро ба зимма гирифтан хеле душвор аст. Оҳанги гапи Кабиров қотеъона буд:

– Ҷанобон, ин вазифаи ҷонии шумост. Тамоми кормандони содиқро сафарбар мекунед. Аммо танҳо ҳардуи шумо аз сафари роҳбари давлат огоҳед. Ба раисони ноҳияҳо ҷиҳати вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ дастур медиҳем. Мегӯем, ки сарвазир меояд. Ҳамроҳ ба ноҳияҳо рафта вазъро дар ҷояш таҳлил мекунем ва баъд қарор қабул менамоем. Таъмини амният мушкилиҳои зиёд дорад. Қариб, ки тамоми вохӯриҳову дидор бо мардум дар ҳавои кушод мегузаранд. Ягон илоҷ ёбед, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи маркази вилоят рӯзи сафари Президент ба Роштқалъа роҳ наёбанд.

Мизроб Кабиров дар куҷо будани раиси вилоятро фаҳмидан хост. Хабар доданд, ки бемор аст.

 

 

ЧОРАҲОИ ПЕШАКӢ

Ноҳияи Роштқалъа, ки охирҳои солҳои ҳаштодум аз ҳайати Шуғнон ҷудо шуда буд, маркази хеле одї дошт. Дар он ҷо ягон биное, ки диққатҷалбкунанда бошад, набуд. Чун боздиди сарвари давлат аз ин ноҳияи навтаъсис ибтидо мегирифт, Мизроб Кабиров ҳамроҳи Гулсара Раҳматова, Парфенов ва Ҳақназарбеков баҳри пешакӣ андешидани чораҳои тадорукотӣ ба Роштқалъа омаданд. Онҳоро раиси ноҳия Шодибек Қиличбеков пазироӣ намуд. Ӯ изҳори омодагӣ намуд, ки барои ташкили вохӯрӣ бо аҳолӣ тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Парфенов ва Ҳақназарбеков нақшаи ҳифзи ҷойи интихобшудаи вохӯрӣ бо мардумро омӯхта, барои сафарбар намудани ходимони ҳифзи ҳуқуқ барномаи кориашонро мувофиқа карданд.

Раиси ноҳия санаи аниқи сафарро дақиқ намудан хост:

– Мизроб Саидович, сафари сарвазир кай дар назар аст?

– Дар ҳамин ду – се рӯзи наздик. Аниқашро баъди гирифтани хабари расмӣ мо ба шумо мерасонем. Агар ягон пурсиши дигар бошад, мо дар Хоруғем, тамос гиред, – гуфт Мизроб Кабиров.

– Маќсадро фаҳмидем. Мо аз пайи кор мешавем, – ҳангоми худоҳофизӣ иброз дошт раиси ноҳия.

Вақти бозгашт ба Хоруғ салоҳ дониста шуд, ки барои пешгирӣ намудани эҳтимолияти ба Роштқалъа роҳ ёфтани унсурҳои ҷиноятпеша дар миёни роҳи Хоруғ – Роштқалъа кормандони ҳифзи ҳуқуқ таркиш ба амал оварда, роҳро мебанданд ва дар хилъати роҳсозон гӯё хокҳои аз кӯҳ лағжидаро аз роҳ тоза кардан мегиранд.

 

Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

 

6 ноябри соли 1996. Фурудгоҳи шаҳри Душанбе. Чархболи тамғаи МИ-8 МТВ омодаи парвоз. Омадани Президентро директори ТИА Ховар Набиҷон Каримов, оператори маркази матбуоти дастгоҳ Абдушукур Саломов, ёвари Президент Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва сардухтури беморхонаи ҳукуматӣ Зулфалӣ Бозоров интизоранд. Ҳаво абрнок. Ҳама дар ҳайрат, ки дар чунин вазъият оё парвоз зарур бошад? Ҳеҷ кас намедонист, ки ба куҷо парвоз мекунанд ва дар чунин ҳаво чӣ тавр парвоз кардан мумкин аст.

Таҳлукаву андешаҳои онҳоро наздикшавии мошинҳои сарвари давлат хотима гузошт. Ҳама ба чархбол ворид шуда, интизори Президент ва муҳофизони ӯ шуданд. Баъди чанд лаҳза Эмомалӣ Раҳмон вориди чархбол гардиданд.

Бо нишастагон саломуалейк намуда, сипас ба Муҳаббатшоев рӯ оварда, гуфтанд:

– Акаи Мазҳабшо, як зодгоҳи шуморо бинем гуфтем, фаҳмидам, ки кайҳо боз нарафтаед, аз ин хотир шуморо ҳамроҳ гирифтем.

– Бисёр кори савоб мекунед, Эмомалӣ Шарифович, – хушҳол гардид Муҳаббатшоев, ки дер боз зодгоҳи худро надида буд.

Дигар касе ба гап ҳамроҳ нашуд. Барои ҳама нишастагон маълум шуд, ки ба Бадахшон сафар доранд. Қиёфаи Эмомалӣ Раҳмон боз ҳолати ҷиддӣ гирифт.

Чархбол ба баландии зарурӣ баромад. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷояшон хеста, ба назди сарнишинон даромаданд. Ин барояшон одат шуда буд. Дар ҳамаи сафарҳо назди сарнишинон нишаста, аз боло набз ва давои ватани паҳновар ва офатзадаро меҷуст. Манзараҳои дилангез, қуллаҳои қаторкӯҳҳо аз матоъи чандинсолаи пиряхӣ либоси оҳарӣ ба бар кардаанд. Лек чунин ба назар мерасид, ки дар ин айёми ивазшавии фасл, вақте тирамоҳи заррин даврони ҳукмронии худро ба зимистони сард вогузор мекунад, табиат ба навъе карахт аст. Шояд набзи ноорому пурфоҷиаи чанд соли рӯёрӯиҳои хунин ба хушрангии табиат низ асар гузошт? Ва ё зери таъсири дуди ҷанг ниҳоди хастаи инсон чеҳраи табиатро аз даричаи ботини андӯҳбори худ ба ин навъ мебинад. На, балки охир табиат худ дар вартаи карахтии худ аст, то баҳорон дубора эҳё гардад, эъҷози сабзишу рӯишро дар пай дошта бошад. Ҳастии миллати қарнҳо боз адабпарвару хушбин, имрӯз хилофи ҳамагуна унсурњои таърихдориву миллатсозӣ, гирифтори карахтист, панҷаи пурваҳшати ҷангу нифоқ ҷисми миллатро бераҳмона мефишорад. Кай он аз ин сарњади нохушоянд ва даҳшатбор берун меояд? Охир қонуни табиат қаҳратунии зимистонро рахна мезанаду ба баҳори дилкушо роҳ мекушояд. Пас қонуни ҳастии инсон низ дар пайи ҳама тиррагиву зулмот ва даҳшату ҷанг рӯзгори пурфараҳ, кабӯтари сулҳ ва ояндаи умедбахшро ҳадя хоҳад овард.

Қуллаҳои осмонбўсу пуртамкини қаторкӯҳҳои Помир намудор гардиданд. На ҳама мусофирон медонистанд, ки чархбол нахуст дар майдончаи барои нишасти он омодакарда, дар Роштқалъа ба замин хоҳад нишаст. Аввал баъзеҳо гумон доштанд, ки таваққуфи аввал дар шаҳри Хоруғ сурат хоҳад гирифт. Аммо чун маркази вилоят дар қафо монду чархбол ҳамоно самти парвозашро идома дод, фаҳмиданд, ки дар тахмину гумони худ хато кардаанд.

Чархбол оҳиста ба замин нишаст. Чархи болоӣ ниҳоят аз гардиш монду қарор гирифт. Дар кушода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашон ба саҳни майдонча баромаданд.

Истиқболгирандагон ба истиснои ду-се нафар, ҳама даступохӯрда шуданд, зеро намедонистанд ҷойи сарвазир Президент меояд. Пас аз саломуалейки сарвари давлат бо ҷамъи истиқболгирандагон раиси ноҳия таклиф намуд:

– Мо бояд ба мактаби ба номи Шанбезода биравем. Мардум он ҷо ҷамъ омадаанд.

Ҳаво салқин буд. То ба мактаб расидан ҳама фаҳмиданд, ки Президент ташриф овардаанд. Аллакай саҳни мактаб ва гирду атрофи онро мардуми ноҳия пур карда буданд. Эмомалӣ Раҳмон байни издиҳом даромаданд. Президент болопӯшашонро дар чархбол гузошта, костюми осмониранг дар бар доштанд. Баъди адои салом Президент эрод гирифтанд:

– Оё дар ҳафтод соли мавҷудияти давлати абарқудрати шӯравӣ имкон набуд, ки дар маркази ноҳия як мактаби дуруст сохта шавад?

Ҳамагон бо нишони ҳамфикрӣ бо ишораи сар дурустии гуфтаи сарвари давлатро тасдиқ карданд. Ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия барои дар мадди назар доштани ин масъала дастур дода шуд. Роҳбари давлати тоҷикон аз директори мактаб дар хусуси дар кадом сатҳ қарор доштани таълиму тарбия пурсон шуданд.

 

– Ба мураккабии вазъ нигоҳ накарда, – гуфт директор, – дарсҳо ягон рӯз қатъ нашудаанд. Муаллимон ҳам мерасанд, – ба қатори муаллимон ишора намуд ӯ.

Либоси хеле хоксоронаи муаллимони мактабро дида, сарвари давлат каме маъюс гардиданд:

– Дар мактаб чанд нафар муаллимон фаъолият доранд?

– 22 зану 33 мард, – ҷавоб дод директори мактаб.

– Чанд вақт шуд, ки моҳона намегиред? – ба муаллимон муроҷиат намуданд Президент.

Муаллимон арз карданд, ки ним сол боз ягон танга нагирифтаанд.

– Хайр чӣ илоҷ, сабр кунед, камтар вақт лозим мешавад, ҳама вазниниҳо даргузаранд, – изҳори умед намуданд сарвари давлат ва ба чанд тан аз муаллимону духтурон соат ҳадя карданд.

Сипас дар назди мардум сухан ронда, роҷеъ ба вазъияти сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, ба эътидол овардани авзоъ ибрози назар намуданд:

– Мо аз оғози гуфтушунид ва то имрӯз дар ин мавқеъ будем ва ҳастем, ки барқарории сулҳу оромиро дар кишварамон танҳо аз тариқи музокироти сиёсӣ бо мухолифин ҳаллу фасл намудан мумкин аст.Ин мавқеи худро мо борҳо, чӣ аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ – аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар ҷараёни музокирот иброз доштем. Мо бар ин ақидаем, ки шарти асосии расидан ба мусолиҳа ин дар навбати аввал қатъи ҳамагуна фишори мусаллаҳона ва истифодаи силоҳ мебошад.

Бо итминон ба шумо мегӯям, ки ин панҷ сол дар замири халқи ман тухми бунёдкорӣ ва созандагиро сабз кардааст. Халқе, ки дар замираш ин нахлро сабзондааст, ба ояндаи равшану пурфайз, ба ояндаи неку обод умеди пурра дорад…

Баъди суханронии Президент навбати саволу ҷавоб расид. Сарвари давлат аз мардум суол карданд, ки оё барномаи пешниҳодшуда дар бораи таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, пурра ба Ватан баргардонидани гурезаҳоро ҷонибдорӣ менамоянд?

Аз ҳар тарафи издиҳом садоҳои ҷонибдорӣ баланд гардид. Ҳамагон тарафдори ризоияти миллӣ ва ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ, инчунин имзои созишномаи оштӣ буданд.

Президент назди мӯйсафеде омада, дасти ӯро фишурда пурсиданд:

– Шумо тинҷӣ ва осоиши зиндагиро мехоҳед?

– Албатта, – ҷавоби тасдиқ дод пирамард ва аз мушкилоти рӯзгор лаб кушод, – бачам, ҳаракати байни ноҳия ва шаҳр мушкил шудааст. Барои хариди маҳсулоти ниёзи аввал ба шаҳри Хоруғ рафтан лозим меояд. Нархи роҳкиро ва нархи маҳсулот гаронтар. Чӣ кор кунем?

Мӯйсафедони дигари дар сафи пешбуда низ гуфтаҳои пирамардро тасдиқ намуданд. Инони суханро мӯйсафеди дигар ба даст гирифт:

– Агар сулҳу салоҳ шавад, ҳамаи ин норасоиҳо худ ба худ аз байн мераванд. Эмомалиҷон, шумо кохи сулҳро меъмор бошед, дигараш тани мо. Мулк, ки обод шуд, сериву пурӣ ва арзонӣ мешавад.

Президент дар ҳалқаи ҳамроҳонашон бо даъвати сардухтури беморхонаи ноҳия, ки худро Пайкармоҳ Алиёрова муаррифӣ намуд, ба сӯи беморхона, ки дар шафати мактаб ҷойгир буд, равон гардиданд. Аз дидани беморхона табъи сарвари давлат хира шуд. Беморхона кӯҳнасохт буда, ҳоли табоҳ дошт. Девор, дару тирезаҳо фарсуда. Вале кормандон ва ҳамшираҳои шафқат либосу хилъатҳои покиза ва озода дар бар доштанд.

Пас аз дидани беморхона Президент дар назди ҳозирин нақшаи худро бобати таъмири беморхона, ҷиҳозонидани он бо амволи зарурӣ ва фиристонидани либосу пойафзол изҳор доштанд ва баъди сафар ин нақшаҳо амалӣ шуданд.

 

 

МАРДУМ КАФИЛИ БЕХАТАРИИ МАН АСТ

 

            Бинои осоишгоҳи Гармчашма, ки дар масофаи 40 км дур аз шаҳри Хоруғ аст, замони шӯравӣ яке аз марказҳои шӯҳратёфтаи табобати бемориҳои пӯст дар миқёси иттиҳод ба шумор мерафт. Аммо аз таъсири зиёновари кашмакашҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ холиву беодам буд. Тарҳи берунаи бинои дуошёнаи чӯбсохти он рангпарида ва дохили утоқҳо таъмирталабу фарсуда ба назар мерасид. Шароити он барои қабули меҳмонони олимақом муносиб набуд. Аммо чӣ илоҷ? Бо супориши раиси ноҳияи Ишкошим Мамнур Қурбоналиев Гармчашмаро барои қабули меҳмонҳо омода карданд.

Дар маҳали наздик ба ҷои нишасти чархбол ду – се кӯдак машғули бозӣ буданд. Вақте чархбол намудор шуд, кӯдакон он қадар таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд. Вақте ки Президент аз он берун омаданд, кӯдакон ҷониби роҳбари давлат давиданд ва бо як ҳисси кунҷковонаи ба худ хос бо диққат ба Президент нигаристанд. Эмомалӣ Раҳмон сари кӯдаконро силакунон савол доданд:

– Маро мешиносед?

Кӯдакон баробар садо баланд карданд:

– Шумо Эмомалӣ, Президенти мо!

Ин вақт аз хушҳолӣ дар чашмони Президент ва атрофиён ашк ҳалқа зад.

Президент мамнунона пурсиданд:

– Шумо Гимни Тоҷикистонро аз ёд медонед?

Яке аз онҳо матни Суруди миллиро бо овози мутантан қироат намуд. Хушҳолии сарвари давлат бештар гардиду сӯҳбатро дар ҳамон рӯҳия идома доданд:

– Дар кадом мактаб мехонед?

– Дар мактаби деҳаамон, – дарҳол ҷавоб гардонд яке.

– Директори мактабатонро ёфтан мумкин?

Кӯдаке, ки гимнро суруда буд, ба марде, ки дар қатори истиқболгирандагон меистод, ишора кард:

– Ана ҳамон кас директори мо.

Директорро ҷеғ заданд. Баъди ҳолпурсӣ Президент даст ба ҷайб бурда, 300 доллар бароварданд ва ба он кас доданд:

– Ин пул аз моҳонаи худам, барои бачаҳо либосу пойафзол харида, тӯҳфа кунед.

Бегоҳӣ Сарвари давлат дар Гармчашма Мизроб Кабировро наздашон даъват карданд. Қозидавлат Қоимдодов низ он ҷо ҳузур дошт.

– Оё дар Рӯшон барои қабули мо омодаанд? – муроҷиат намуданд Президент.

– Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, – посух дод Мизроб Кабиров, – сафар ба Рӯшон берун аз нақша аст. Аз ин хотир вақт лозим аст, ки вазъи он ҷоро таҳлил намуда, ба хулоса биёем.

– Вазъро таҳлил намуда, ахбор диҳед, – ризоият доданд сарвари давлат.

Кабиров бо ходимони ҳифзи амният полковник Давлат Бобоев ва подполковник Мурод Саидов машварат намуда, гуфт:

– Президент ба ноҳияи Рӯшон низ сафари корӣ анҷом доданианд.

– Дар нақшаи мо сафар ба Рӯшон қаблан набуд, – изҳори ташвиш кард Давлат Бобоев, – аз ин хотир барои эҳтиёт розигӣ додан лозим нест. Биё, фикри Парфенов ва Ҳақназарбековро бифаҳмем, баъд ба сарвари давлат гузориш медиҳем.

        Мизроб Кабиров дарњол Парфенов ва Ҳақназарбековро наздаш хонда, гирењи риштаи маќсадро кушод:

– Аз эҳтимол дур нест, ки баъди боздид аз маркази ноҳияи Ишкошим сафари Президент ба Рӯшон пеш ояд. То куљо аз вазъи он мавзеъ иттилоъ доред?

Александр Парфенов ва Ҳақназарбеков ҳар ду вазъи амниятии Рӯшонро манфӣ баҳо доданд. Ба гуфти онҳо бояд пештар то сафари Президент чораҳои зарурии амниятӣ дар маҳал андешида мешуд. Аксари ҳайати шахсии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули таъмини амнияти сарвари давлат дар Ишкошим қарор доранд. Барои аз Ишкошим ба Рӯшон интиқол додани онҳо муњлати муайяне зарур аст. Масофаи роњ низ кам нест. Аз ин хотир пешниҳод намуданд, ки сафар ба Рӯшон мавқуф гузошта шавад. Мизроб Кабиров фикри ҳамагонро ҷамъбаст намуд:

– Мо ҳама гуна иқдоми Президентро дастгирӣ менамоем, Эмомалӣ Шарифович, аммо сафаратонро ба Рӯшон, бо назардошти нозукиҳои таъмини амниятӣ салоҳ намедонем.

Давлат Бобоев низ ҳамин ақидаро изҳор дошт:

– Дар ин маврид бо сардорони раёсатҳои амният ва корҳои дохилии вилоят машварат доштем. Гуфтанд, ки авзои сиёсии маҳал чандон хуб нест. Ба хулосае омедем, ки дар чунин ҳолат таъмини амнияти Президент дар Рӯшон хеле душвор аст. То куҷо ба истиқболи сарвари давлат омода будани мақомоти маҳаллии давлатии ноҳияро низ намедонем.

– Илова бар ин дар чархбол ҳамаи кормандони сохтори қудратӣ ҷой намегиранд. То Рӯшон масофаи роҳи автомобилӣ 200 км аст. Чархбол зуд мерасад, аммо роҳи заминӣ хеле роҳи тӯлонӣ ва мушкил аст. Аз ҳамин хотир саривақт интиқол додани кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини амният аз имкон берун аст, изњори аќида кард Мизроб Кабиров.

– Мардум интизори Президент. Барои вохӯрӣ омодаанд, – барои анҷом додани сафар истодагарӣ кард Қоимдодов.

– Таъмини амнияти сарвари давлатро кӣ ба зимма мегирад? – ҷиддӣ пурсид Давлат Бобоев.

Қозидавлат Қоимдодов гуфт, ки бори тадбирҳои истиқбол ва таъмини бехатариро ба дӯш хоҳад гирифт.

Сарвари давлат ба ҳама гуфтаҳо нуқта ниҳоданд:

– Ҳеҷ ҷойи тарсу ҳарос нест. Ба сарҳадбонони Россия занг мезанам, мадад мекунанд. Фикр мекунам, ки мардум маро Президент интихоб карданд, худашон фазои амнро таъмин хоҳанд намуд. Пагоҳ баъди боздид аз маркази ноҳияи Ишкошим ҳатман ба Рӯшон сафар хоҳем намуд.

– Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бо ризояти шумо ман соати чори субҳ ҳамроҳи Ҳақназарбеков автомошинаи «Волга» – ГАЗ–31»-ро гирифта, ба Рӯшон меравем, – гуфт Кабиров ва илова намуд, – беҳтараш дар таъмини амният ба Холбаш такя намоем.

 

 

ИСТИҚБОЛИ ГАРМ

 

            Саҳар Президент дар ҳавзи Гармчашма оббозӣ карда, баъди субҳона бо мардуми барои гусел ҷамъомада худоҳофизӣ намуданд. Мӯйсафедон дуои хайр гуфта, аз Худованди муттаъол барои сарвари давлат саломатӣ, барори кор дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ таманно карда, бо нидоҳои «Роҳат сафед» даст ба дуо бардоштанд. Чархбол ба самти маркази ноҳияи Ишкошим хати парвоз гирифт. Он дар майдончаи барои нишаст омодашудаи назди беморхонаи маркази ноҳия фуруд омад. Чун сарвари давлат ба замин қадам ниҳоданд, садоҳои «Хуш омадӣ!», «Марҳабо!» аз забони мардуми ҷамъомада баланд шуд. Президент бо шахсони дар қатори аввал истода, даст дода таомули салом ба ҷой оварданду дар иҳотаи ҳамроҳон ва мизбонон ба сӯи ҳукумати ноҳия раҳсипор гардиданд. Ҳолати рӯҳии сарвари давлат болида буд, аз ин хотир ҳини суханрониҳояшон бо мардуми ҷамъомада бо ифтихори баланд, эҳсосоти наҷиб дар бораи шукуфон будани ояндаи Тоҷикистон ва анҷом ёфтани ҳамаи кашмакашиҳову нобасомониҳо ҳарф заданд.

Аз ҷумла таъкид карданд:

– Ба ҳама маълум аст, ки қонунро фақат бо роҳи такя ба қонун дигар кардан мумкин аст. Ин муҳимтарин талаботи демократия мебошад. Чаро мухолифини мо намехоҳанд бо роҳи осоишта боварии халқро ба даст оварда, барномаи худро агар он воқеан ҳам мавҷуд бошад, амалӣ созанд?

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишварамон ба пирӯзии ақли солим бовар доранд. Умед мебандем, ки бо дастгирию мусоидати фаъолонаи намояндагии Созмони Милали Муттаҳид, фиристодагони давлатҳои миёнарав – Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон марҳилаи дарпешистодаи музокирот бо натиҷаҳои барои мардуми Тоҷикистон манфиатбахш ба анҷом мерасад. Тоҷикистониён ҳеҷ гоҳ ин некӣ, хайрхоњӣ ва самимияти дӯстонашонро фаромӯш нахоҳанд кард.

Мардум низ дар гуфтаҳои худ сулҳ ва рӯзгори осоиштаро таманно менамуданд. Яке аз боби нопадид шудани писараш, дигаре дар хусуси аз дасти силоҳбадастон ба яғмо рафтани дороияш, сеюмӣ дар бораи сангиниҳои рӯзгор арзи ҳол мекарданд. Президент ба онҳо умед бахшида, мегуфтанд, ки њама душвориҳо даргузаранд. Дар оянда чашмаҳои шифобахши ноҳияи Ишкошим ба истироҳатгоҳи меҳнаткашони тамоми ҷумҳурӣ табдил хоҳад ёфт ва ин неъматҳои табиат ба нафъи халқу Ватан истифода хоҳад шуд. Ваъда доданд, ки баъди сафар ҷиҳати ободу зебо намудани ин мавзеъ дасти ёрї дароз хоҳанд намуд. Ва имрӯз бо гузашти чандин сол чашмаҳои Фотимаву Зӯҳро, Авҷ ва Гармчашма ба марказҳои табоботиву истироҳатии ҳамагон табдил ёфтаанд.

Дар он ҷо Сарвари мамлакат ба пешқадамони меҳнат  соатҳои дастӣ ҳадя намуданд, ки дар онҳо рамзҳои давлатї акс ёфта буданд. Таҳти таасуроти нек аз вохӯрӣ бо мардум, истиқболи гарми онҳо Президент аз даромадгоҳи чархбол ба мардуми ба гуселбаромада дастафшонӣ намуданд. Чархбол аз замини Ишкошим ба ҳаво хеста, сӯи ноҳияи Рӯшон рафт.

 

САФАРИ ПУРХАТАР

 

            Ҳанӯз субҳ нодамида Мизроб Кабиров ҳамроҳи Ҳақназарбеков савори автомошинаи «Волга» бо азми сафари Рӯшон Гармчашмаро тарк намуда буданд. Онҳо сараввал дар Хоруғ таваққуф карданд. Сардори раёсати корҳои дохилии вилоят ба кормандони худ супоришҳои заруриро доду сипас озими Рӯшон гардиданд. Аллакай тамоми мардуми Бадахшон медонистанд, ки сарвазир неву Президент дар вилоят қарор дорад.

Бо пешниҳоди Кабиров аввал ба қисми ҳарбии сарҳадии Холбаш Холбашев, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон ҷойгир буд, рафтанд. Холбашу ҳамдастаҳояш то соли 1994 дар ҳайати мухолифини ҳукумат қарор доштанд. Баъд вай бо тамоми дастааш ҷониби давлат гузашта, сарвари комендатураи қӯшунҳои сарҳадии вазорати амният дар ноҳияи Рӯшон таъин гардид. Ӯ ҷавонмарди ғайюр ва бонанг аст. Тайи шонздаҳ соли хизмати ҳарбӣ то рутбаи генерал-майор расид ва ҳоло содиқона пайи хизмати Ватан камар бастааст. Отряди сарҳадии Рӯшон зери сарварии Холбаш Холбашев аввалин воҳиди низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки дар ҳудуди Бадахшон таъсис дода шуд ва замони ҳифзи сарҳади муштарак бо Афғонистонро ба зимма доштани сарҳадбонони рус дар хати дуюм бори ҳифозати марзҳои Ватанро ба дӯш дошт. Баъд аз хуруҷи сарҳадбонони Россия отряди мазкур ҳифзи мустақилонаи минтақаҳои марзии ба он вобасташударо шарафмандона ба ихтиёри худ гирифт.

Чун Холбашро дар қисми ҳарбӣ пайдо накарданд, Мизроб Кабирову ҳамроҳонаш ба бинои ҳукумати ноҳия рафтанд. Ба афсарони қисми низомӣ бошад, ки қаблан Кабиров чандин маротиба меҳмони онҳо шуда буд, таъкид намуд, ки агар Холбаш биёяд, аз пайи онҳо ба ҳукумати ноҳия равад.

Раиси ноҳия дар хусуси таъмини вазъи амниятии маҳал ноумедона гап мезад. Ҳамин асно Давлат Бобоев ба тамос баромада, авзоъро пурсон шуд.

– Росташа, гап занам, – идома доданӣ буд Мизроб Кабиров, ки Бобоев сухани ӯро бурид:

– Мо аллакай омада истодаем.

– Биёед, Худо мададгор аст.

Вақте ба саҳни бино баромаданд, Холбаш њам омад.

– Холбаш, вазъ дар ноҳия чӣ гуна аст? – баъди ба боғчаи пушти бинои ҳукумат гузаштан беқаророна пурсид Кабиров.

– Он қадар хуб нест, силоҳбадастони дастаи Биноӣ амал мекунанд, – ошкоро ҳолро баён намуд Холбаш.

– Ҳозир Президент меоянд, ягон ҳодиса рӯй намедиҳад?

– Чаро пешакӣ хабардор накардед, омодагӣ медидем. Аз даҳони мардум шунидем, ки Қозидавлат Қоимдодов меояд. Агар ягон таҳдид ба амният рух дињад, муқовимат мекунем.

– Мо ба умеди ту ҳастем, тайёриатро бибин, аввал ба қисми ҳарбӣ мераванд. Ман як ба шӯъбаи корҳои дохилӣ медарояму баъд ҳамроҳ барои истиқбол меравем.

Мизроб Кабиров ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия полковник Ғарибшоев ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи амният Сӯҳроб Афзалшоев маълум намуд, ки шахси аввали кишвар ба Рӯшон меоянд. Онњо роҷеъ то ба кадом дараҷа эътимодбахш будани вазъи амниятӣ ахбори аниқ пешниҳод карда натавонистанд.

Мизроб Кабиров баъди бозгаштан ба қисми ҳарбӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо пайдо шудани чархбол дар фазо ҳамроҳи Холбаш ба фурудгоҳ рафт. Дар фурудгоҳ сардори ситоди отряди сарҳадбонони Россия дар Хоруғ полковник Чукшев бо чанд адад зиреҳпӯш ва афсарону сарбозони худ аллакай қарор доштанд.

Чархбол дар болои маркази ноҳия як маротиба гардиш намуду баъд фуруд омад. «Волга» – ро барои нишасти Президент омода намуданд. Ба он Қоимдодов ва муовини раиси вилоят Гулсара Раҳматова низ савор шуданд.

Корвони мошинҳо 400 – 500 метр пеш рафта буд, ки чанд силоҳбадаст сари роҳи онро гирифтанд. Ду силоҳбадаст, ки бо норинҷакҳо мусаллаҳ буданд, болои қисми пеши мошин баромаданд. Се нафари дигари онҳо мили автоматҳои худро бо нишони таҳдид сӯи саворањо рост карданд.

Дар мошини дуюм муҳофизони сарвари кишвар Давлат Бобоев, Мурод Саидов савор буданд. Давлат Бобоев аз мошин берун шуда, худро ба назди силоҳбадастон расонид. Вай дар ҳолати омодабош қарор дошт, то дар ҳолати кафидани норинҷак худро болои он партояд. Мурод Саидов ба назди «Волга» омада, ойинаи тарафи нишасти Президентро панаҳ намуд. Ва ба яке аз силоҳбадастон гуфт:

– Бародар, Бадахшонро ба бадбахтӣ гирифтор накун!

Мурод азми амали ҷавобиро дошт, ки Президент шишаи мошини худро паст намуда, гуфтанд;

– Мурод, оташро бо оташ хомӯш намекунанд.

Холбаш чунин сурат гирифтани ҳолро дида, назди силоҳбадастон омад. Ӯро дидан баробар силоҳбадастони сари роҳи мошинҳо, худро канор гирифтанд. Холбаш рӯбарӯи онҳо қарор гирифта пурсид:

– Худаш чӣ гап?

– Ҳеҷ гап не, командир, – ҷавоб гардониданд ду каси аз болои мошин пойин фуромада.

Холбаш ба ронандаи УАЗ–и сарҳадбонон амр дод, ки аз пеши корвони мошинҳо ҳаракат кунад. Мошинҳои раёсатҳои амният ва корҳои дохилии вилоят аз паси онҳо равон шуданд. Сарҳадбонони рус ин ҳамаро мушоҳида намуда, новобаста аз дархости ёрии пешакии Сарвари давлат ягон аксуламал нишон надоданд.

Мошинҳо рост ба қисми ҳарбии сарҳадбонони тоҷик омаданд. Президент бо афсарон ва сарбозон вохӯрӣ намуда, дар бораи мустаҳкам намудани ҳифзи марзи ҷумҳурӣ, таъмини амнияти хоки муқаддаси Ватан супоришҳо доданд. Дар қиёфаи Президент ягон осори тарсу ваҳм ба чашм намерасид, гӯё ҳеҷ воқеаи нохуше рух надода бошад. Он кас аз Давлат Бобоев дар хусуси кӣ будани Биноӣ пурсон шуданд. Бобоев арз дошт, ки собиқ корманди мақомоти корҳои дохилаи вилояти Қӯрғонтепа аст. Гулсара Раҳматова илова намуд:

– Инҳо гурӯҳҳои оппозитсионӣ нестанд, дастаҳои хурди манфиатҷӯянд, ки касе пул диҳад, хизмат мекунанд.

Холбаш ба ҳамин мазмун таъйид кард ва афзуд:

– Биноӣ хусурбачаи Ибод Бойматови регарист ва аз ин бармеояд, ки ӯ хизматгори кадом хоҷа аст.

Президент ботаҳаммул арз карданд:

 

– Чӣ гуна фикру адешаҳо доред, чӣ кор кунем?

Баъзеҳо номусоидии ҳавои тирамоҳ барои парвози чархбол ва ҳарчӣ зудтар бозгаштанро ба пойтахт пешниҳод карданд. Вазнинии вазъияти амниятиро низ хотиррасон сохтанд.

Гулсара Раҳматова шӯхиомез гуфт:

– Чӣ гап шуд, мардако? Ин қадар тарсончак шудед? Мо чанд сол аст, ки дар ин гуна шароит фаъолият дорем. Кори ҳамарӯзаи мо ҳамин хел аст.

Президент ба Холбаш рӯ оварданд:

– Холбаш, ту чӣ мегӯӣ?

Холбаш даст ба чакка бурда, ба таври низомӣ гузориш дод:

– Муҳтарам Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, мардум интизоранд, мо бехатарии шуморо кафолат медиҳем. Халқи Рӯшон, онҳое ки бароятон райъи худро додаанд, шуморо ҳифз мекунанд.

Сарвари давлат фикри худро чунин изҳор карданд:

– Мардум мунтазири моянд. Ман бо нияти вохӯрӣ ба Рӯшон омадаам. Худованд ва халқ кафили бехатарии моянд. Мо бо нияти нек, барои шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва дастгирии ҳамдиёрон омадем.

 

 

СӮИҚАСД

 

            Толори клуби ноҳия аз мардум пур буд. Холбашу кормандони амният ва корҳои дохилӣ атрофи онро дар ҳалқаи муҳофизат гирифтанд. Мардум Президентро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. «Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар!»– гӯён  ҳеҷ боварашон намеомад, ки Президент ташриф овардаанд. Онҳо дарк намуданд, ки ҷасорату нотарсӣ яке аз омилҳои муваффақияту пирӯзмандии Президенти кишвар аст.

Суханронии роҳбари ҷумҳурӣ пешорӯи аҳли толор дар бораи шароити сиёсиву амнияти  кишвар, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, натиҷаҳои музокирот бо мухолифин дар мавриди ризоияти миллӣ, ҳадафҳои нопоки қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ нисбат ба пора – пора тақсим намудани Тоҷикистон бодард ва пуртаъсир буд. Махсус таъкид карданд, ки зодагони ноҳияи Рӯшон Назаршо Додхудоев, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Азалшо Олимов, Нуқра Раҳматова ва дигарон чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ замони соҳибистиқлолӣ хизматҳои арзанда намуданд, ки боиси ифтихори тоҷикистониён аст.

Мардум зимни суҳбат бо нигаронӣ мегуфтанд, ки аз дасти қумандонҳои навбаромад ба дод омадаанд. Ҳарчи зудтар имзо гардидани созишномаи сулҳ ва барқарор шудани ҳокимияти қонуниро интизоранд. Ҳамчунин дар хусуси мушкилоти иқтисодӣ, баста будани роҳҳо шикоят намуда, хоҳиш карданд, ки байни Рӯшону Душанбе парвози чархбол ба роҳ монда шавад. Пас аз бозгашт ба пойтахт сарвари давлат дар ин бора дастур доданд ва хати парвози чархбол кушода шуд.

Вохӯрӣ дар толор бо мардуми ташнаи сулҳу субот дар фазои озоду самимӣ ҷараён гирифт. Рӯшониён ба шарафи ташрифи Президент дастархон ороста буданд. Аммо чун абрҳо ба дарвозаи ҳавои Рӯшон паст фуромада буданд, сарвари мамлакат ба онҳо арзи миннатдорӣ карда, зарурати ҳарчӣ зудтар баргаштанро иброз намуданд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии таҳдиди амниятӣ ҳангоми бозгашт то фурудгоҳ Холбаш ба Парфенов пешниҳод намуд, ки сарвари давлат ба мошини сарҳадбонон савор шаванд. Аммо Парфенов розӣ нашуда, ба УАЗ – и шуъбаи  амнияти вилоят нишастани Президентро бехатар донист. Дар УАЗ–е, ки Президенро ба он нишонданд, Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар курсии пеш нишаст. Мурод Саидов дар нишастгоҳи қафо – ҳампаҳлӯи Президент ва Қозидавлат Қоимдодов ҷой гирифтанд. Пешакӣ ба сарнишинони чархбол тавсия доданд, ки берун набароянд ва муҳарририки чархболро омодаи парвоз созанд, то баробари расидани Президент якбора аз замин бархезад.

Холбаш бо чор афсари мусаллаҳи худ мошинҳояшонро пешсафи қатор намуданд. Вақте аз бинои ҳукумат дур рафта, ба беморхонаи маркази ноҳия наздик шуданд, аз паси дарахтони сафедор чор – панҷ нафар мардони мусаллаҳи ҷомадор сари роҳ баромаданд. Чун онҳо сарҳадбонони Холбашро диданд, зуд ақиб гаштанд ва ба қафои мошинҳо гузаштанд. Ҳамин асно як нафар милитсионер ба Холбаш хабар расонид, ки силоҳбадастон сари роҳ камин гирифтаанд. Садои тирандозии бетартибона ба ҳаво шунида шуд. Мурод Саидов бо тани худ Президентро панаҳ намуда меистод. Афсарону прапоршикҳои зертобеи Холбаш расида омаданд. Мардуми маҳаллӣ, ки бештарашон занону мӯйсафедон буданд як навъ гузаргоҳи зиндаеро ба вуҷуд оварданд, ки барои ҳифзи ҷони Сарвари давлат сипар шуданд. Мошини Президент ҷониби фурудгоҳ рафт.

Чун Холбаш аз мошини худ фаромад, Биноӣ гранатамёт дар даст пеш омад. Сӯҳбати ғайриоддиро Холбаш шурӯъ намуд:

– Чӣ мехоҳӣ?

Биноӣ бо ғазаб гуфт:

– Мезанам!

– Киро мезанӣ? Ту дилу гурдаи задан надорӣ! Канӣ бизан, бинам – чӣ? – таҳдид намуд Холбаш ва гранатаметро аз дасти Биноӣ гирифта як сӯ партофт. Ҳарду дастбагиребон шуданд. Яке аз афсарони Холбаш наздик шуда, мили автоматро ба шиками Биноӣ рост кард ва интизори амр шуд:

– Саросема нашав, худам ҳал мекунам, – ӯро аз паррондан боздошт Холбаш ва Биноиро мӯътақид сохтанӣ шуд:

– Ту як лаҳза ист, ман Президентро гусел мекунам, баъд омада чӣ хеле, ки хоҳӣ, бо ту гап мезанам.

Биноӣ паст намефуромад:

– Холбаш, ту ҳукуматиӣ, ман оппозитсия!

Холбаш заҳрханд намуд:

– Ту аз кай боз оппозитсия шудӣ? Хаёлат ман намедонам, ки ту олоти дасти Ибоду Абдуллоҷонов ҳастӣ.

Биноӣ баъд аз ин сухан аз саманди ифтихор андак паст фаромад:

– Ту аз куҷо дар ин бора медонӣ?

– Ба фикрат ҳеҷ кас намедонад, ки амали имрӯзаи ту фармоишӣ аст? Огоҳ бош, ки тират хок мехӯрад. Ҳеҷ кас садди роҳи иқдомҳои неки Сарвари давлат шуда наметавонад. Як ба гирду атроф нигар, мардуми Рӯшонро бубин, чӣ қадар такягоҳи боэътимод дорад ӯ. Миллати тоҷик барояш ҷавшан шудааст. Гӯш андоз, ту рӯшониҳоро шарманда кардӣ. Онҳо ба ту нафрат доранд. Моро шарманда кардӣ. Ақаллан ба гапҳои модари худат гӯш бидеҳ, ӯ ба ту чиҳо мегӯяд. Дида истодаӣ, ки чархбол мепарад. Ту шармандаву шармсори диёр мемонӣ.

Биноӣ аз гуфтањои Холбаш сар хам карда, дигар ёрои гап задан надошт. Ба ин ҳама сарҳадбонони рус аз 150 – 200 метр дуртар назди БТР – и худ истода, назар мекарданд, лек дахолат наменамуданд.

Холбаш барои гусели Президент ба фурудгоҳ рафт. Кабиров ва Ҳақназарбеков бо Биноӣ ва якчанд силоҳбадастон монданд. Президент қабл аз ба чархбол нишастан аз Холбаш пурсиданд:

– Кабиров куҷо шуд?

– Муҳтарам Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, Кабиров ва Ҳақназарбеков дар назди беморхона монданд. Ман онҳоро соқу саломат то Хоруғ мебарам. Президент як бори дигар таъкид намуданд:

– Холбаш, Кабировро сиҳату саломат фиристон.

Чархбол баъди пӯшида шудани дар ба ҳаво хеста, оҳиста аз назарҳо дур шуд.

 

 

РУҶӮЪ

 

Хонандаи гиромӣ, ин нахустин таҳқиқи публисистӣ ва хотирае дар ин мавзӯъ буд. Мо қариб бо ҳамаи онҳое, ки шоҳиду ширкаткунандаи он лаҳзаҳои ҳассос буданд, ҳамсӯҳбат гардидем. Ёдрас менамоем, ки соли 2001 марҳум Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чун шоҳиди он воқеаҳо чанд лањзаи дидаҳои худро ба нашр расонидаанд. Паҳлӯҳои дигар, ки басо муҳим буданд, пинњон монданд.

Ин ҷо тасмим гирифтем, ки гуфтаҳои худи Биноиро чун иштирокчии он воқеа бе ягон таҳриру илова пешниҳоди хонанда гардонем. Бо сабабҳои барои мо номаълум, Биноӣ на ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъро возеҳу ошкор гуфтааст. Аммо ба ҳар ҳол хушбахтӣ дар он аст, ки вай хатои содиркардаашро дарк намудааст. Воқеан, на ҳар шахс қодир аст, ки иштибоҳи худро пазирад, азми ислоҳи онро бикунад.

Инак, гуфтаҳои  Биноӣ аз забони худи ӯ манзури хулосаву натиҷагирии шумост: «Як рӯз пеш аз сафари Сарвари давлат ба Рӯшон Ҷумъаи Намангонӣ, ки дар Язғулом будубош дошт, ба Рӯшон омад. Мо вохӯрӣ доштем. Ҷумъа гуфт, ки Президент ба Рӯшон меояд, мо бояд ӯро аз байн барем. Пурсидам, ки аз куҷо дар ин бора медонӣ? Зеро худам дар ин хусус хабар надоштам. Ҷумъа ҷавоб дод, ки одамони мо дар ҳама ҷо кор мекунанд, мо ҳама чизро медонем. Аз рӯи гуфти Ҷумъа ба ӯ гӯё аз хориҷ занг зада, чунин супориш додаанд.

Ба Ҷумъа гуфтам, ки Рӯшон минтақаи ман аст, худам ҳал мекунам. Ҳарчанд дар Ванҷ то имзои созишномаи сулҳ парчами наҳзатиҳо афрохта шуда буд, аз Рӯшон то Хоруғ мо парчами давлатиро боло бардошта будем. Амнияти минтақаро дастаи худмуҳофизати Бадахшон таъмин менамуд.

Ҳамон рӯз фаҳмидам, ки Ҷумъа бо дастааш, ки қариб 30 нафар силоҳбадаст будаанд, ба Рӯшон омада, дар хонаи касе панаҳ бурдааст. Чанд тан аз тобеонаш бошанд, дар маркази ноҳия макон гирифтаанд. Зеро вақте ки Президент аз маркази ноҳия мегузашт, садои тир шунида шуд. Кормандони милитсия гумон карданд, ки аъзои дастаи ман тир кушодаанд. Аммо ман ба аъзои дастаи худ амри тир кушоданро надода будам.

Мақсади ҷангиёни Ҷумъа аз чунин тиркушоӣ он буд, ки ҳама фикр кунанд, ки аъзои дастаи Биноӣ тир кушоданд ва байни мову кормандони милитсия бархӯрди мусаллаҳона сурат гирад. Чунин усулро дастаҳои террористӣ бисёр истифода мекунанд.

Ҳамаи инро марзбонони рус аз дур наззора мекарданду ҳатто ба навор мегирифтанд. Мақсади ман бошад, беосеб аз Рӯшон гусел намудани Сарвари давлат буд. Ман гӯё сипар шудам ва нагузоштам, ки қувваҳои хориҷӣ нияти худро ба иҷро расонанд. Ба онҳо ваъда кардам, ки ҳама корро худам мекунам, вале вазифаи ватандӯстонаи худро иҷро намуда, садди роҳи як фоҷиаи бузург шудам. Тасаввур кунед, ки агар ба ҷои ман ҳамон ҷангиёни Ҷумъа мебуданд. Ҳарчанд ин кори маро бисёриҳо нодуруст фаҳмиданд, бигузор фикр кардан гиранд. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат саломатанд ва мардум зиндагии осоишта доранд.

Чун Рӯшон минтақаи таҳти назорати мо буд, намехостам, ки дар он ҷо ягон ҳодисаи нангин рух диҳад. Ҳама маро гунаҳкор мекарданд, вале ман пинњонї ба халқи Тоҷикистон хизмат мекардам ва муқаддасоти Ватанро азиз медоштам. Ҳадафи ман ҷони худро барои ҳифзи ҷони Президент сипар кардан буд. Агар ман намебудам, душманони хориҷӣ корашонро мекарданд. Вале ман онҳоро бовар кунонидам, ки корро ман ба гардани худ мегирам, шумо наздик ҳам нашавед.

Ҳадафи душманони хориҷӣ аз ҳамла ба Президент, халалдор намудани раванди сулҳ ва ба ќадамљои террористон, – ҷои ҷангу ҷидол табдил додани Тоҷикистон буд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ бисёриҳо мехостанд, саҳнаи ҷангро ба Бадахшон кӯчонанд. Ман бошам дар Дашти Шер дидбонгоҳ (пост) гузошта, таъмини амнияти минтақаро ба зимма доштам. Вақте гурӯҳи 3,5 ҳазор нафараи мухолифин вориди Бадахшон шуданд, онҳоро бо илоҷе бе хунрезӣ аз минтақа берун намудам. Тасаввур кунед, ки агар ин миқдор ҷангиёни мусаллаҳ дар Бадахшон мемонданд, чӣ мешуд? Сабаби аз ҷанги гражданӣ вайрону хароб нашудани Бадахшон дар он буд, ки дастаи худмуҳофизати минтақа намегузошт ҳаёти осоиштаи мардум халал ёбад.

Ҳанӯз то сулҳ чанд дафъа ҷониби мухолифин, ҳатто худи Саид Абдуллоҳи Нурӣ маро ба Афғонистон давъат карданд. Аммо нарафтам. Ман даҳшати ҷангро ҳангоми дар Афғонистон дар ҳайати артиши шӯравӣ зидди афғонҳо ҷангидан дида будам, аз ин хотир ба ҳеҷ гурӯҳи муссаллаҳ бо нияти нопок напайвастам. Ҳадафи гурӯҳи ман таъмини амнияту осоиш дар минтақаи таҳти назорати мо буд.

Вақте тобистони имсол Сарвари давлат ба Бадахшон омад, қабл аз он дар интернет хабар паҳн намудаанд, ки гӯё Биноӣ ба ҷони Президент сӯиқасд ташкил карданист. Душманони миллат то ҳол аз амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Лек Сарвари давлат оқилу дурандешанд. Борҳо дидору вохӯрӣ доштем, омодаам агар амр диҳанд, супориши дилхоҳро ба хотири таъмини амният ва нигоҳ доштани фазои осоишта анҷом диҳам. Мо ба Президент дасти мењр дода, гуфтаем: то зиндаем ҳамроҳи Шумоем»

* * *

Аслан роҷеъ ба рухдоди Рӯшон ҳар гуна овозаҳо паҳн шуда буданд. Аммо чун овоза хатарноктарин шакли иттилоърасонист, мо суханони худро ба гуфтаҳои  иштирокдорони он воқеот асос бахшидем. Танҳо дар ин нигошта номи  аслии Биноиро зикр насохтем. Новобаста аз он ки дар паси ин ҳодиса қарор доштани кадом давлат ва нерӯҳои бадхоҳ ба мо маълум аст.

Дар пайи он рӯйдод аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбат ба амали Биноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд. Лек чун Сарвари кишвар аз ин хусус хабар ёфтанд, дастур доданд, ки ба хотири ваҳдати миллӣ ва бо назардошти  ҷавон  будани  Биноӣ таҳқиқи  парванда боздошта  шавад ва ӯро ба ҷавобгарӣ накашанд.

 

Саиданвар Камолов,

генерал-лейтенант

 

 

 

БАРОИ ЌАЙДЊО

 

 

МУНДАРИЉА

 

  1. Сафар фарз аст......................................................

3

  1. Супориш муҳим…………………………………

9

  1. Мақомот ба амният кафолат надоданд………...

11

  1. Чораҳои пешакї………………………………...

14

  1. Мардум кафили бехатарии ман аст……………..

20

  1. Истиқболи гарм…………………………………

24

  1. Сафари пурхатар………………………………..

26

  1. Сўиқасд………………………………………….

30

  1. Руҷўъ……………………………………………..

34

 

 

 

Саиданвар Камолов

 

ОТАШРО БО

ОТАШ ХОМӮШ

НАМЕКУНАНД

 

 

Ба матбаа  ___. ____. 2018 таҳвил гардид. Чопаш ___. ____.2018  ба имзо расид. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҳуруфи адабӣ. Адади нашр ___  нусха.

 

Нашриёти «Пойтахт» ш. Душанбе

к. Деҳотӣ 42 х. 28.

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид