ПУБЛИСИСТИКА

 МОҶАРОИ ГАРАВГОНГИРӢ

 

Сафари аввалини Аҳмадшоҳи Масъуд ба Тоҷикистон

 

Зиндагӣ чунин аст, ки ҳар кас дунёи худро дорад. Яке кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки соҳиби мансабу курсӣ, сарвату боигарӣ бошад. Дигаре худро дар роҳи илму донишу фарҳанг қурбон мекунад. Гурӯҳе ба бедодгариву ғорат даст мезананду «хушбахтӣ»-и худро дар бадбахтии дигарон меёбанд. Аммо дунёи ман дигар аст. Дунёи ман-дунёи ишқу садоқат, муҳаббат ба зану фарзанд, ёру ақрабо, ба мардуми диёрам, ба сарзаминам, ба чашмасорону кӯҳҳои зебоманзараи Тоҷикистонам. Ин имони ман аст.

Худованд барои халқи мо биҳишти дунёро офаридааст ва бояд, ки шукрона кунем. Вале сад афсӯс, ки ношукрӣ кардем. Ба сари якдигар мушт бардоштем. Хуни бародар рехтем. Занҳо беваю тифлон ятим монданд. Дӯстӣ доштем. Тухми душманиро байни мо коштанд. Мардуме, ки асрҳои аср шеъру суруд, достону ҳаммоса меофарид, кохи фарҳангро ба арши аъло расонида буд, ба куштори якдигар даст зад. Гузаштагон бунёд карданд, эҷод карданд. Мо шикастем, поймол намудем. Хирад хор шуд. Ҷои «Малик-уш-шуаро»-ҳоро «Малик-Калашникбардорон» гирифтанд. Хомаҳо хомӯшу «калашник» ба замин тухми аҷал, тухми марг эҷод менамуд.

Бисёр бамаврид гуфтааст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон:

«Ҳар як миллат, қавмият дар давраҳои гуногуни таърих, сарнавишти худашро, тақдирашро худаш ва танҳо худаш бояд муайян созад. Ин миллати ҷонсахт, ки дар ҳеҷ давру замон барои ғасбу тороҷи давлате, ба сари мардуми бегона шамшер накашидааст, фарзандонаш асрҳои аср аз шамшери аҷнабиён борҳо гузаштаанд. Саропои саҳифаҳои таърихаш аз хуни ватандӯстон ва баҳодуронаш гулгун аст».

Сад афсӯс, ки таърих сабақ нашуд. Маҳалгароӣ, хешутабор­парастӣ карданд, байни мардум тухми кинаву адоват коштанд.

Вале шукр, ки оташи забоназадаи ҷанги хонумонсӯз бо заҳматҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хомӯш карда шуд. Нерӯи хираду заковати миллатамон оқибат боло гирифт. Вале ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуда буданд, ки Тоҷикистонро боз ҳам ба гирдоби ҷанги бародаркушӣ кашанд, миллати шарифи моро ғарқи дарёи хун кунанд. Банда шоҳиди бисёр ҳодисаҳои номатлуб ва хунин будам ва мехоҳам, ки порае аз хотироти хешро барои таърих, барои хонандагони арҷманд пешкаш намоям.

Сентябри соли 1996. кашмакашҳои дохили Афғонистон сабаб шуду зарурати бо родмарди тоҷик – Аҳмадшоҳи Масъуд робита кардан ба миён омад. Сӯҳбат бо шахси бовариноки Аҳмадшоҳ замина ба миён овард, ки ин вохӯрӣ доир гардад. Ба хотири таъмини амният ва дар фазои ором доир гаштани мулоқот, баъди гуфтугӯи телефонӣ бо Аҳмадшоҳ мо ба хулосае омадем, ки аз ҳама ҷои мувофиқ барои гуфтушунид ноҳияи Фархор аст. Як рӯз пеш аз мулоқот ман ба раиси ноҳияи Фархор Ҷӯрахон Неъматов тавассути телефон тамос гирифта, аз он кас хоҳиш кардам, ки ягон маҳалли дурустро интихоб ва пешниҳод кунанд. Ин сафари аввалини Аҳмадшоҳ ва шариконаш ба Тоҷикистон буд ва аз чӣ гуна ва дар кадом қароргоҳ маскан гирифтанаш бисёр чизҳо вобастагӣ доштанд. Мақсади асосии мо аз вохӯрии Аҳмадшоҳи Масъуд истифода бурдан аз нуфуз, обрӯю эътибор ва кӯмакҳои беғаразонаи ин лашкаркаши бузург ҷиҳати аз байн бурдани ихтилоф миёни тоҷикон ва ба даст овардани ризояти миллӣ буд. Зеро гурӯҳҳое дар қаламрави Афғонистон зиндагӣ ва фаъолият доштанд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро намехостанд. Омодагии пешакии мо анҷом ёфт. Дар ин бора ман ба Раиси ҷумҳур мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш додам ва бо амри он кас пагоҳии барвақт бо муншии Аҳмадшоҳ ҳамроҳ ба Фархор сафар кардем. Қарибиҳои соати даҳи рӯз ба ҳукумати ноҳия расида, бо раиси он акаи Ҷӯрахон вохӯрдем. Бори дигар шароити омодагиро муштаракона аз назар гузаронида баъди қонеъ гаштан, ҳама якҷоя ба истиқболи меҳмонон ба фурудгоҳи Фархор рафтем. Майдонча пур аз хору хас, мисли маҳали кайҳо аз ёди ҳама кас фаромӯшшуда ба назар мерасид. Бинои маъмурии фурудгоҳ низ фарсуда гардида буд. Ба як илоҷе аз кормандони кӯҳна як каси бо мухобира ошноро пайдо карда овардем. Аз мухобирачӣ умед он буд, ки бо қоидаю қонунҳои ҳавопаймойӣ бо чархбол иртибот гирифта, онро дар маҳалли мувофиқ фурӯд оварад. Аз тапу талоши мо Ҷӯрахон Неъматов хиҷолати бисёр кашид, аммо чӣ илоҷ, ки ин камбудиҳо ба ӯ камтар вобастагӣ доштанд. Қарибиҳои соати дувоздаҳи рӯз аз тарафи ҷануби сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон садои чархбол ба гӯш расид ва баъди 10-15 дақиқа МИ-8 МТВ вориди фурӯдгоҳ шуд. Мо, ҳама истиқболкунандагон ба назди дари баромади чархбол омадем. Дар кушода шуду аз чархбол Аҳмадшоҳ берун омад ва ҳамроҳонашро як-як ба мо муаррифӣ кард. Бо ӯ чанд тан аз вазирон, мушовирон ва размандагони ҷабҳа буданд, ки дар набардҳои шадиди майдонҳои ҷанг ва ҳаёт шарики ӯ буданд. Меҳмонону мизбонон ҳама роҳи бӯстонсарои ҳукумати ноҳияро пеш гирифтем.

Баъди ҷобаҷокунии меҳмонон, аз рӯи маслиҳати пешакӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳ. Шарипов (рӯҳашон шод бод) бо чархбол аз Душанбе ба Фархор омаданд. Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ин бо Аҳмадшоҳ дар Афғонистон вохӯриҳо доштанд ва ӯро хуб мешинохтанд. Баъди ҳолпурсӣ Аҳмадшоҳро ба сари мизи сӯҳбат хонданд. Гуфтугӯи дусоатаи онҳо асосан сари воқеаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳарду кишвар, беҳбудии вазъ ва инкишофи робитаҳои минбаъда сурат гирифт. Пас аз сӯҳбати хоса бо Аҳмадшоҳ, Эмомалӣ Раҳмон ба мо супориш доданд, ки гуфтушунидро давом диҳем ва худашон ба Душанбе баргаштанд.

 

СИМОИ ДӮСТ

 

Пеш аз он ки хотироти хешро перомуни масоили ёдоваршуда иброз дошта бошам, дар ибтидо мехоҳам дар бораи яке аз забардасттарин шахсиятҳои таърихӣ, лашкаркаши барҷастаи асри XX, яке аз фарзонатарин фарзандони миллат, родмарди ватанхоҳ, байрақбардори истиқлолияту озодӣ, инсони фавқулода донишманд, шарифу хоксор Аҳмадшоҳи Масъуд чанде аз дидаю шунидаҳоям ба хонандаи арҷманд нақл намоям.

Банда насиҳатеро аз қиблагоҳи меҳрубон чун овеза ба гӯш дорам, ки мегуфтанд: «Писарҷони азизам, агар хоҳӣ, ки ҳақиқатро пайдо кунӣ, ба ҳар сухан зуд бовар накун, онро аввал то ба охир бишунав, аз нигоҳи мантиқӣ таҳлил бикун, ба он бо назари шубҳа нигар ва баъд ба мулоҳиза бипардоз». Ин панди падар дар душвортарин лаҳзаҳо, ки сарнавишти инсон ҳаллу фасл мегардид, маро ба кор омад ва ман ҳангоми сармуфаттиш ва баъд вазири амният шуда кор карданам, тибқи ҳамин насиҳати падарам бо одамон муомила мекардам.

Нисбати инсони фавқулодда шарифу латиф, муборизу фариштахӯ Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам ҳамин насиҳати падар маро ба ёд омад. Қаблан ӯро ба мо чун «душман» муаррифӣ карда буданд. Вале ман ба ин ҳаргиз боварӣ надоштам. Чӣ сон метавон ҷавонмарди шуҷоъу далерро, ки саодати халқашро саодати хеш, озодии меҳанашро озодии хеш ҳисобида, тамоми умр дар ин ҷода фидокорӣ кардааст, «душман» номид. Ӯ ватани касеро ғасб ва сари касе зулм накардааст, ба кишваре таҷовузро раво надидааст, ҳатто дар замираш ҳам нисбати давлате, ашхосе ягон зарра кинаю кудурат вуҷуд надошт.

Хулоса, ман бо Аҳмадшоҳ, бо ҳамон ватанпарасти асиле, ки солиёни дароз барои озодии Афғонистон дар оташи муборизаҳои шадид бар зидди аҷнабиён чун фӯлод обутоб ёфта буд, муддати тӯлонӣ рӯ ба рӯ нишастем, сӯҳбатҳои гарму ҷӯшон кардем.

Дар урфият мегӯянд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан». Дар тӯли сӯҳбате ки то қарибиҳои бегоҳ доштем, кӣ будани ин шахси банангу ору номусро ман дарк кардам. Ӯ ҳамсӯҳбати хубе будааст. Оҳиста ва бо тамкин сухан меронд. Ҳис кардам, ки вуҷудаш месӯзад барои он бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми сарзаминаш овардаанд. Қиёфааш аз асари фоҷиаҳои ба диёраш омада, бозгӯйӣ мекард. Вай намехандид. Гоҳ-гоҳ як табассум мекард, бо вуҷуди ин ғами ниҳонии кишвараш, мардумаш аз чеҳрааш ҳувайдо буд. Аҳмадшоҳ ашъори дилпазири Ҳофизу Саъдиро хуб медонист. Ҳини гуфтор ду ё чор мисра аз ғазалиёти онҳо мехонд ва дурустии суханҳояшро ба ин васила тасдиқ мекард. Аз ҳама нозукиҳои сиёсати дунё воқиф буд, ӯ файласуфи хубе ба назар мерасид. Аз вазъи кишвари мо ҳам огоҳӣ дошт. Дар раванди сӯҳбат таъкид мекард, ки мо, тоҷикони Тоҷикистон, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем то кашмакашиҳои сиёсиву мансабталоширо аз байн бубарем. Ӯ фоҷиаи давлати Сомониёнро нақл намуда огоҳ кард, ки Тоҷикистон гавҳораи тоҷикони ҷаҳон аст ва танҳо баъди ҳазор сол соҳиби давлати мустақил шудааст. Тоҷикон бояд аз тамоми воситаҳо ва шеваҳо истифода кунанд, ки фоҷиаи Афғонистон такрор наёбад.

Азбаски яке аз вазифаҳои ба дӯши мо кормандони амният гузоштаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон маҳсуб мегардид, мо бояд, ки аз имкониятҳои Аҳмадшоҳ пурра истифода мекардем. Барои амалӣ гардонидани ин мақсади накӯ ва тезонидани раванди бозгашти тоҷикон ба Ватан ӯ розигӣ дод, ки дар шаҳри Толиқон консулгарии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Аҳмадшоҳ чунин ваколатро дошт. Дере нагузашта ин пешниҳодро Вазорати корҳои хориҷии кишвар фаврӣ татбиқ кард.

Вақти гуфтугузор сухан дар бораи гурӯҳи Ризвон Содиров ва худи ӯ низ рафт. Аҳмадшоҳ хабар дод, ки тайи ду сол аст Ризвон ҳамроҳи зиёда аз ҳаштод нафар ҷавонписарони тоҷик дар минтақаи ӯ паноҳ бурда, гӯё дар зери таъсири ақидаи атрофиён ба куллӣ райъи ватандӯстиро пеша карда, барои таъмини якпорчагии миллати тоҷик чун муборизи қавӣ омода шудааст. Ба қавле Ризвон дар набардҳои зидди толибон бо гурӯҳаш хуб корнамоӣ ҳам кардааст. Аҳмадшоҳ гуфт, ки агар чунин зарурият ба миён ояд, метавонад барои ба Ватан баргаштани Ризвон ва зердастонаш кӯмак кунад. Ӯ таклифи ҳайати моро дар бораи халъи силоҳ ва баъд аз ин бозгашти Ризвон Содировро ваъда карда, ба хоҳарзодааш генерал Латиф, ки ҳамроҳаш буд, дар ин хусус супориш дод. Баъдтар маълум гардид, ки Латиф қаллобие содир карда, аз тарси Аҳмадшоҳ қаламрави Афғонистонро тарк намудааст.

Баъди ба анҷом расидани сӯҳбат мо Аҳмадшоҳро аз фурудгоҳи Фархор гусел кардем ва ӯ тавассути чархбол ба Панҷшер баргашт.

 

ТАФРИҚААНДОЗӢ

 

Охирҳои сентябри соли 1996 бори дигар тавассути телефон бо Аҳмадшоҳ дар тамос шудам, ки он вақт айни ҷӯшу хурӯши ҷангҳо бо толибон буд. Аз вазъи кишвараш ва масоили ҳангоми мулоқоти аввал суратгирифта пурсон шудам. Ӯ посух дод, ки масъалаи ба Ватан баргардонидани Ризвонро ҳамроҳи яке аз намояндагои Ҳукумати Тоҷикистон ҳал карданист ва алакай чанд нафаре аз онҳо ба Тоҷикистон рафтаанд. Ин охирин сӯҳбати ман бо Аҳмадшоҳ буд. Моҳи октябри соли зикршуда маро аз вазифа – Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори дигар гузарониданд ва проблемаи Ризвон берун аз доираи фаъолияти ман монд.

Қайд кардани ин андеша низ бамаврид аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо истифодаи одамони бонуфузи давлатҳои дигар ба манфиати бехатарии давлате, ки бо ин ё он масъала сару кор дорад, ваколати муассиса ва идораҳои ҳифзи бехатарии давлатӣ ва миллӣ буд ва мебошад. Мутаассифона, ин раванд имрӯз бо сабабҳои вазъ дар ҷомиа ва кам будани мутахассисоне, ки дар ин бахш фаъолият доранд, қариб ки аз байн рафтааст. Онҳое ки моҳияти ин хадамотро намедонанд, наметавонанд моҳияти ин илми бузургро дарк намоянд. Биёед, ба саҳифаҳои таърих менигарем. Чӣ гуна амалиётҳои касбӣ, чун маҳв кардани Савинков, безарар гардонидани рақибони дохиливу берунӣ мумтозона гузаронида шуда буданд. Чунин мисолҳо зиёданд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки амалиёти таъҷилӣ ва фаврии нисбати Ризвон ва ҳамкоронаш гузаронида, яъне аз Афғонистон овардани онҳо, ки моҳи ноябри соли 1996 сурат гирифт ва он аз тариқи телевизиони марказии Федератсияи Русия нишон дода шуд, аз чанд камбудӣ иборат буд.

Пеш аз ҳама, ӯ мувофиқи гуфтушуниди мо, воқеан агар дили пок медошт, ба Тоҷикистон бе силоҳ меомад ва барои ҷиноятҳое, ки содир карда буд, дар доираи қонун ҷавоб мегуфт. Гумон дорам, ки агар ба ин васила масъала ҳалли худро меёфт, он қадар ҷиноятҳое, ки ӯ пас аз бозгашт содир карда буд, мумкин ки содир намешуданд.

Аз дигар тараф, амалиёти нисбати ӯ гузаронида, то як андоза фош шуд. Ман барномаи симоро дар назар дорам, ки якбора пешкаши ҳамагон гардид ва дар ҳамон марҳила афкори умумро ҳеҷ кас оиди ин масоил наомӯхт ва ба инобат нагирифт. Чунин сурат гирифтани кор дар натиҷа ба он оварда расонд, ки дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият норозигӣ пайдо шуд. Хусусан, ин корро собиқадорони ҷабҳаи халқӣ напазируфтанд ва то андозае шиддатро байни қумандонҳо афзоиш доданд, ки оқибат барои ҳаводорони нооромии вазъ дар кишвар як баҳонаи хуб шуд.

Аслан як чизи дигар ҷолиби қайд аст, ки дар амалиётҳои зикршуда пеш аз ҳама Ризвон дар симои бародараш Содиров Баҳром зинда шуд. Собиқ корманди милиса гурӯҳеро зери даст карда (онҳоеро ки ҳамақидаи Ризвон буданд) дар ҳудуди Обигарм ба тафриқаандозӣ шурӯъ намуд. Дар бораи бедодгариҳои ӯ паи ҳам маълумот мерасид. Аммо афсӯс, ки ягон чораи амалӣ дида намешуд. Аз бемасъулиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода карда, Содиров Б. мавқеи амалиёташро тавсиа бахшид. Вақте ки кормандони милали башар ва амниятро ба гарав гирифтанд, маълум шуд, ки мақсаду мароми ӯ фақат барои ба ҷумҳурӣ овардани бародараш равона шудааст. Мутаасифона, мо ҳикмати халқ: «Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон»-ро ба инобат нагирифтаем.

 

ГАРАВГОНҲО

 

Он чизе ки гӯё ҳама медонистанду интизораш буданд, ба вуқӯъ омад. Аввалҳои феврали соли 1997 як гурӯҳ кормандони расонаҳои хабарии Русия ва дигар давлатҳо, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекарданд, вақти бозгашт аз сафари хидматӣ аз воҳаи Қаротегин, дар шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», болотари шаҳрчаи Обигарм, ба гарав гирифта шуданд. Гуфтушунидҳои намояндагони ҳукуматӣ бо Содиров Б. дар муддати якчанд рӯз натиҷа набахшид. Аз ҳамин лиҳоз моҳи феврали соли зикршуда Вазири амният С. Зуҳуров ва муншии Аҳмадшоҳ оғои Солеҳ мувофиқа карданд, ки ба ситоди дар Обигарм будаи Горди президентӣ рафта аз он ҷо кӯшиш мекунанд, ки дар гуфтушунидҳо гаравгонҳоро Содиров раҳо кунад. Номбурда дар навбати худ пешакӣ талаб ба миён гузошта буд, ки фақат ба ивази бародараш Ризвон ва гурӯҳи дар Афғонистон будаи ӯ гаравгонҳоро аз банд озод мекунад.

11 феврали соли 1997 пагоҳии барвақт ман, чун ҳарвақта, ба дафтари кории Вазири амният Зуҳуров ворид шудам. Ӯ ғарқи хаёл назди тиреза истода буд. Аз чӣ бошад, ки хотирашро каме парешон дидам. Баъди саломуалек аз ӯ пурсидам:

– Чӣ, ягон нохушие рӯй додааст? Ба гумонам, омодаи сафар ҳастӣ? – гарчанде худам баръало медонистам, ки аз Президент сар карда, ташвиши ҳамаи мо аз дасти гурӯҳи Баҳром Содиров озод кардани гаравгонҳо буд.

Саидамир дар ҷавоб гуфт, ки аз рӯи маслиҳат, ӯ омодаи ба Обигарм рафтан аст.

Ба либосҳои танаш нигоҳ карда маслиҳат додам, ки он ҷо хунук аст, мумкин ки гуфтушунид тӯлонӣ шаваду шаб он ҷо бимонӣ ва таъкид кардам, ки ҳеҷ набошад, пойафзоли гарматро пӯш.

– Не, мумкин ки то бегоҳ ба Душанбе баргардем ва агар монеа ё мушкиле ба миён ояд, дар ситоди Горди Миллӣ мемонем. – гуфт ӯ.

Ҳамин ҷо мо бо якдигар хайру манзур карда, ман ба Қӯрғонтепа рафтаму ӯ ба фурудгоҳ.

Ҳамон рӯз ман соатҳои ҳашти бегоҳӣ аз Қӯрғонтепа баргашта рост ба дафтари кориам даромада, фаврӣ аз навбатдори вазорат дар хусуси баргаштан ва ё барнагаштани Саидамир Зуҳуров пурсидам. Навбатдор хабар дод, ки то ҳол аз сабаби набудани барқ ва алоқа нисбати дар куҷо ҷой гирифтани вазир ягон маълумоти аниқ нест. Рости гап, тамоми рӯз ким-чӣ хел ҳиссиёти нохуше вуҷудамро фаро гирифт ва дилам гувоҳӣ медод, ки кадом як воқеаи нохуше бояд сар занад. Чанде кӯшиш кардам, ки бо Обигарм телефонӣ тамос гирам, аммо ҳамеша аз телефончидухтар мешунидам, ки бо сабаби набудани барқ алоқа нест.

Қариби соатҳои дувоздаҳи шаб навбатдор ба ман хабар расонд, ба гуфти муншии Аҳмадшоҳ, ки ҳамсафари Саидамир Зуҳуров буд ва барои гуфтушунид ба қароргоҳи Содиров рафта будааст, Зуҳуровро ба гарав гирифтаанд. Онҳо шарт мондаанд, ки Зуҳуров ва дигар гаравгонҳоро фақат баъди ба назди онҳо овардани Ризвон ва зердастони ӯ, ки дар қароргоҳи Аҳмадшоҳ мебошанд, озод мекунанд. Пеш аз ҳама барои боз як бори дигар аниқ кардани ҳолатҳои ҳодисаи ногувор ман Солеҳро назди худ хонда, дар кадом мавқеъ ва вазъ ба гарав гирифтани Саидамирро пурсидам.

Ӯ дар посух гуфт:

«Вақте ки ман ва оғои Вазир дар Обигарм аз чархбол фуромадем, намояндаи худро ҷониби Баҳром фиристодем, то ки ба мо иртибот гирад. Баъди сипарӣ шудани фосилае, чанд нафар аз гурӯҳи Содиров моро ба мавқеи бетараф хонданд.

Азбаски нафарҳои гурӯҳи Ризвон аксар дар дараи Панҷшер тайи се сол дар парастории мо буданд, ман гумон кардам, ки намаки моро пос медоранд. Ин ҳолатҳоро ба назар гирифта бо оғои Зуҳуров ба хулосае омадем, ки ба ҷои таъиншуда, барои вохӯрӣ меравем ва ҳарду он ҷониб раҳсипор шудем. Ду нафари дигар аз кормандони амният ҳифзи ҷони моро ба ӯҳда дошт. Лаҳзае ки ба нуқтаи пешбинишуда расидем, ба таври оҷил зердастони Баҳром ҳамсафарони оғои Зуҳуровро бесилоҳ гардонида, онҳоро ба қафо баргардониданд. Дар ҳайрат мондам, ки куҷо шуд хотири поси нону намаки мо, ки ҳатто ба ҷои шунидани гуфтаҳои ман дар ҷавоб маро бо гуфтори қабеҳ ақиб гардониданд. Ман дарк кардам, ки зиндагӣ мард будасту баъзе зиндаҳо номард».

 

ҲАМА БАРОИ ТОҶИКИ ПАРЕШОНГАШТА

 

Баъди дақиқ воқиф шудан аз воқеа, қариби соати сеи шаб, ба Раиси Ҷумҳур занг задам. Худашон аз ҳодиса хабардор, хоб набудаанд. Тафсили воқеаро кӯтоҳ арз кардам. Хоҳиш намуданд, ки ман Солеҳро ба утоқи кориашон биёрам. Боз таъкид карданд, ки Абдураҳмон Азимовро ҳам даъват кунам. Вақти таъиншуда мо ба утоқи кории Раиси Ҷумҳур ҳозир шудем. То саршавии сӯҳбат чашм ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон дӯхтаму қалбан ӯро барои дилсӯзиаш, барои ғамхориаш, барои далериаш, барои ҷасораташ ҳазорҳо аҳсанту офарин хондам. Бубинед, ки чанд посе аз шаб гузаштаасту ӯ ҳоло ҳам хоб накардааст. Айём ба дӯшаш чӣ бори сангине гузоштааст.

Ташвишу изтироби Президентро дида ба хаёл фурӯ рафтаам: «Солҳо сипарӣ мешаванд. Ин тақозои замону таърих аст. Насле, ки бунёди тахти тоҷиконро дар зери роҳбарии ин шахс пас аз Исмоили Сомонӣ ӯҳда кардааст, аз байн меравад. Аммо сад афсӯс, ки хомаронҳои мо имрӯз мӯҳри хомӯшӣ ба лаб ниҳодаанд. Моҳҳо – сол, солҳо – аср мешаванду баъд кишваршиносони мо аз бойгониҳо, аз рӯзномаҳои зардшудаи таҳхонаҳо (ба шарте ки боқӣ монанд) ҳақиқати рӯзҳои моро меҷӯянд.

Тасаввур кунед, ки барои тасвири Исмоили Сомонӣ ва услуби давлатдории Сомониён чӣ қадар заҳматҳо кашидем, чӣ қадар талошҳо ба харҷ додем, чӣ қадар манбаъҳои таърихиро варақ задем, то зарра-зарра далелу рақам ва қатра-қатра маълумот ҷамъоварӣ намоем.

Шукри эзиди лоязол, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз қаламкашони зиёд дорад. Пас чаро онҳо нисбати ин воқеаҳо хомӯшанд?!»

Ҳамин вақт овози хастаи Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳа, Саиданвар, Абдураҳмон, чӣ фикрҳо доред?» – гӯён риштаи хаёлоти моро хонду андешаамонро ба сари муаммои ҷойдошта баргардонд. Боз дар рӯбарӯям ҷавонмардеро медидам, ки муддати шаш сол кашмакашиҳои замона ва ғами миллат рангзардаш кардааст. Истироҳат куҷост? Ҳатто дар хонааш хоб нест. Ҳамаи ин ҷонбозиҳо барои ваҳдат, барои якпорчагии ҷумҳурӣ, барои ҷамъ кардани тоҷики парешонгашта буд. Маълум буд, ки ӯ хоб накардааст. Дилаш, вуҷудаш месӯхт. Бале, ин ҳамин тавр буд. Зеро дар ҷанги нопоки ҷинсҳои нопок шахсе дар гарав буд, ки тамоми ҳастиашро дар давоми панҷ сол барои беҳбудии миллат ва сиёсати роҳбари давлат барои ваҳдати халқи тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизаш дареғ намедошт. Ӯ хонаву дару фарзанд нагуфт, бо ранги зарду хазон рӯзу шаб кор кард, то ки мардумон орому осуда бошанд, тӯйҳо кунанд, модарон фарзанд ба дунё оранд, хурсандӣ намоянд. Аммо чӣ илоҷ? Худованд дар байни бандагонаш гоҳ-гоҳ махлуқҳои одамсурати ваҳшисират ҳам меофаридааст, ки сабабгори талхии айши зиндагии халқи бегуноҳ мешаванд, ба куштору тороҷгарӣ даст мезананд. Агар модарон мефаҳмиданд, ки чунинҳоро ба дунё меоваранд, пеш аз зодан онҳоро дар батни хеш мегӯрониданд.

Саидамир ҳам ба амри тақдир ба дасти чунин ноҷинсон афтода буд.

«Ба ҳар сурате ки бошад, – суханашонро давом доданд Раиси Ҷумҳур, – Саидамир ва гаравгонҳоро озод кардан даркор». Ба ман ва Азимов супориш доданд, ки тамоми воситаҳои мавҷуду номавҷудро истифода кунем. Азимовро ба Обигарм раҳсипор намуданд, ба ман супориш доданд, ки бо Аҳмадшоҳ тамос гирифта, аз имконоти бо ӯ доштаам истифода намоям. Сипас, мо баромада ҳар кадом барои иҷрои супоришҳои гирифтаамон пардохтем.

 

ЧОРАҲОИ ТАЪҶИЛӢ

 

Ман тавассути телефон тафсилоти ҳодисаро ба Аҳмадшоҳ расонидам. Илтимос кардам, ки худи Ризвон ба бародараш амр кунад, то гаравгонҳоро раҳо кунанд. Аз рӯи ахборе, ки мо дар даст доштем, Ризвон дар давоми рӯзҳои аввал чанд маротиба ба Баҳром супориш додааст, ки гаравгонҳоро озод кунад. Гӯё Баҳром аз иҷрои ин супоришҳо саркашӣ мекардааст. Баътар фаҳмидем, ки Ризвон ба воситаи телефон як супориш медодасту тавассути мухобира супориши дигар, яъне акси онро.

Муддати ду-се рӯзи аввал қариб ки тамоми воситаҳои мавҷударо барои аз банд раҳонидани гаравгонҳо истифода кардем, аммо бенатиҷа. Талаб якто: Ризвон ва зердастонаш аз Афғонистон оварда, бо гаравгонҳо иваз карда шаванд. Вазъи гаравгонҳо рӯз то рӯз хароб мешуд. Ҳаёти онҳо зери хатар монда буд. Ин қазия аз гуфтугӯҳои телефонии чандин маротибаи байни ману Зуҳуров ва Содиров маълум мешуд.

Чораи дигар набуд. Баъди маслиҳат бо Президенти мамлакат ба хулосае омадем, ки Аҳмадшоҳро ҳамчун миёнарав истифода кунем. 14 феврали соли 1997, соати сеи шаб бо ӯ телефонӣ маслиҳат кардам, ки пагоҳӣ ба Душанбе ояд. Пагоҳӣ ман ӯро дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол карда, ба бӯстонсарои ҳукумат бурдам. Пас аз истироҳати кӯтоҳмуддат Раиси Ҷумҳур ба назди он кас омаданд. Сӯҳбат тӯлонӣ шуд. Аз қиёфаи Аҳмадшоҳ маълум буд, ки ӯ дар хиҷолат аст. Дар раванди сӯҳбат Аҳмадшоҳ пешниҳод кард, ки худи Ризвонро овардан даркор, то ки ба бародараш фармони озод кардани гаравгонҳоро диҳад ва пас баргашта ба Афғонистон равад ва баъди ин масъалаи баргаштани худаш ва зердастонаш дар оянда баррасӣ шавад. Ин фикрро мо писандидем. Воситаи дигаре набуд. Худи ҳамон рӯз аз рӯи мувофиқаи ба миён омада, амалиёт сар шуд. Аҳмадшоҳ ба қароргоҳаш тамос гирифта фармуд, ки худи пагоҳ Ризвон бо як шарикаш ба Душанбе фиристода шавад. Нисбати ин пешниҳод Баҳром ҳам розигӣ дод.

17 феврали соли зикршуда Ризвон боз ба сарзамини Тоҷикистон, қадами нопоки худро ниҳод. Мо ӯро рост ба назди Аҳмадшоҳ овардем. Азбаски ӯ воқиф буд аз ҳодиса, устодаш ба ӯ пешниҳод кард, ки худаш иҷрои корро ба ӯҳда гирад. Ризвон ваъда кард, ки ӯ худи ҳозир омодааст, ки рафта дар ҷояш масъаларо ҳал карда сипас баргардад. Қавл ҳам дод.

Рости гапро гӯям, ман шубҳа кардам, ки Ризвон нону намаки Аҳмадшоҳро ҳам пос надошта ҳамаро фиреб медиҳад ва ин фикрамро ба Аҳмадшоҳ баён намудам.

– Мабод ки ӯ моро фиреб диҳад. Раваду дигар барнагардад ва талаб кунад, ки то боқимондаҳоро аз қаламрави Афғонистон наоранд, гаравгонҳоро раҳо намесозанд.

Аҳмадшоҳ маро бодиққат гӯш карда бо як боварии том изҳор кард, ки мо ин одамро бо гурӯҳаш наҷот додем, парасторӣ кардем, нону намак додем. Ӯ набояд нисбати ман аҳдашро шикаста хиёнат кунад.

«Чӣ навъе ҳам ки бошад, – Президенти ҷумҳур фаҳмида таъкид карданд, – раванди ивазкунӣ тан ба тан, аз рӯи пешниҳод сурат гирад».

Ҳамон рӯз қариби соатҳои сеи рӯз Ризвону шариконаш ба шаҳрчаи Обигарм тавассути чархболе, ки онҳоро ба Тоҷикистон оварда буд, бурда шуданд.

Мо, тоҷикон, аҷоиб хислате дорем: аз ҳад зиёд раҳмдил ва баъзан хеле содадилем. Ҳамин хислатҳо ба фикрам, сабаб шуданду дар Обигарм ба ҷои ивази тан ба тан, Ризвонро боз ба минтақаи гӯё бетараф бурданд, ки аз он ҷо бо роҳи фиреб баромада ба назди бародараш рафт. Шаб интизорӣ кашидем. Ягон хабар нарасид. Фақат рӯзи дигар Баҳром телефонӣ талаб кард, ки гаравгонҳо дар он сурат озод мешаванд, ки боқимондаи зердастони гурӯҳи Ризвон, ки шумораашон зиёда аз шаст нафар будаанд, аз Афғонистон оварда шаванд. Дигар онҳо ба алоқа набаромаданд. Фақат соатҳои ёздаҳи шаб Саидамир телефон карда илтимос кард, ки ҳарчи зудтар мо ҳамин талабро иҷро кунем, ки ҳаёти гаравгонҳо зери хатар аст.

Ман дар навбати худ бори дигар бо Аҳмадшоҳ ҳамсӯҳбат шуда хабар додам, ки Ризвон дигар барнамегардад ва талаби нав ба миён гузоштааст. Камина ба қиёфаи ин родмард нигариста ҳис кардам, ки аз разолат, разолати одаме, ки ӯро дар ғарибӣ падарвор қабулаш карда, обу нонаш додааст, дар хиҷолат мондааст. Хеле ғамгин шуд, то рафтанаш ҳеҷ чиз нахӯрд. Рӯзи дигар хайру маъзур карда ваъда дод, ки баъди ба Афғонистон рафтанаш, барои раҳо кардани гаравгонҳо, зердастони Ризвонро ба Кӯлоб мефиристонад. Аҳмадшоҳ бо мо хайру хуш карда, бо ғазаб ин суханонро ба забон овард: «Ризвон намакдонро шикаст, ҳамчун саги кӯча бояд бимурад».

Аз рафтору кирдори ноҷавонмардонаи гурӯҳи Ризвону бародараш маълум буд, ки онҳо то иҷро шудани талаби пешниҳод кардаашон истодагарӣ намуда, гаравгонҳоро раҳо намекунанд.

Барои татбиқи талаби Ризвону бародараш, ман ҳамроҳи якчанд корманди амният ва муншии дар Душанбе будаи Аҳмадшоҳ 16 феврали соли 1997 ба шаҳри Кӯлоб омадам. Аз рӯи маслиҳат бо Аҳмадшоҳ, ӯ ба воситаи чархболҳои худаш, зердастони Ризвонро, баъди халъи силоҳ, ба Кӯлоб бояд меовард.

 

ОНҲО ГУМРОҲ БУДАНД

 

Чӣ тавре ки ин ҷо сабт шуд, нисбати матонату мардонагии Аҳмадшоҳ, дар ҳақиқат, бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки ин марди ҷафокаш, ҷавонмарди воқеӣ, ростқавлу родмарди майдони садоқат ҳам будааст. Ӯ аз рӯи қавли додааш, баъди ба Панҷшер баргаштан гурӯҳи дар он ҷо маскан доштаи Ризвонро беяроқ намудааст. Кор то ба дараҷае расидааст, ки шаш нафари онҳо аз супоридани яроқ саркашӣ карда, муқобилият нишон додаанд ва дар натиҷа ҳалок шудаанд. Шукри худованд, ки ин мушкилиҳо паси сар шуданду рӯзи 18 феврал дар фазои шаҳри бостонии Кӯлоб ду чархбол пур аз зердастони Ризвон ба фурудгоҳ фаромад. Онҳо 73 нафар буданд. Чил нафари онҳо дар кадом як мавзеи дигар, дуртар аз қароргоҳи Аҳмадшоҳ, ҷой гирифта будаанд, ки аз халъи силоҳ саркашӣ кардаанд.

Вақте ки ба чеҳраи ҳар кадоми онҳо назар кардам, дилам реш-реш шуд. Ҳама рангзарду маъюс буданд. Либосҳои кайҳо боз собунро надидаи онҳо аз он шаҳодат медод, ки моҳҳои дароз зиндагии ваҳшиёна ба сар бурдаанд ва аз онҳо бӯи чарб ба машом мерасид. Нисбати онҳо дар вуҷуд ягон кинаву адоват надоштам. Чунин ҳуқуқи маънавӣ ҳам ҳеҷ кадоми мо надорем. Онҳо ҷавонони 17-22 сола буданд. Аз сӯҳбате, ки бо онҳо доштам фаҳмидам, ки дар муддати зиёда аз се соли ҷудоӣ аз Ватан ягон тасаввуроти аниқе дар бораи Тоҷикистон надоранд. Дар навбати худ ба онҳо фаҳмонидам, ки агар касе хоҳиши ба назди Ризвон рафтан надошта бошад, метавонад ба хона, ба назди падару модар, хешу ақрабо баргардад. Мутаассифона, ҳама ҷавоб доданд, ки ба назди «ҳазрати Ризвон» мераванд. Ман дигар сӯҳбатро кашол надода ба ҳамкоронам фармудам, ки онҳоро дар Кӯлоб ҷо ба ҷо кунанд ва хӯрок диҳанд. Пешакӣ мо як гӯсфандро баҳри зиёфати онҳо сар задем. Ин ҳам ба хотири он, ки солиёни дароз аз Ватан дур буданд ва гумон накунанд, ки мо дар симои онҳо душманро мебинем. То омода шудани онҳо барои ба Обигарм бурданашон, кормандони амният бо ҳар кадоме сӯҳбат карданд. Қисми зиёдашон иброз доштаанд, ки аз тарс ба назди Ризвон рафтанианд ва агар аз райъи худ гарданд, онҳо кушта мешаванд. Албатта, ман ин ҳиссиёти онҳоро аз рӯи таҷрибаи чандсолаам дар мақомоти қудратӣ бе тафсили шарҳи ҳоли онҳо ҳис кардам ва аз ҳамин лиҳоз сари масоили ҷудо кардани онҳо аз гурӯҳи Ризвон дидам, ки агар чанд нафаре аз онҳо мемонд, Ризвон боз масъалаи овардани он зердастонашро низ ба миён меовард. Тарафҳои мусбату манфии ин корро ба назар гирифта, ҳамаи зердастони Ризвонро ба ду чархбол савор карда ба шаҳраки Обигарм равон кардам. Пешакӣ тавассути телефон бо ҳамкасбам Купцов А.С. таъкид кардам, ки ивазкунӣ фақат тан ба тан шавад. Худам бо шариконам ҳамон бегоҳ ба Душанбе баргашта, интизори натиҷаи кор шудам. Аз байн боз як рӯз сипарӣ шуд. 18 феврал худи Президент ба ҷои ҳодиса рафтанд. Гумон мекунам, ки чӣ тавр сурат гирифтани ивазкунии гаравгонҳо бо гурӯҳи Ризвон он қадар аҳамияте надорад ва барои ҳамин ман ин ҳолатҳоро ба қалам надодам. Натиҷа он шуд, ки Саидамир ва дигар гаравгонҳо тан ба тан иваз шуда, ба шаҳраки Обигарм баргардонида шуданд. Худи ҳамон бегоҳӣ ҳамаи онҳо ҳамроҳи Президент ба Душанбе омаданд.

 Ҳамин тариқ, боз як саҳифаи таърихи ҳаёт, саҳифаи нанговар, ки аз разолат ва ноҷавонмардии Ризвону бародараш иборат буд, пӯшида шуд.

 

АМРИ ВИҶДОН

 

 Пеш аз ҷамъбаст ва ба охир расонидани ин фасл баҳри бартараф кардани баъзе овозаҳову шубҳаҳо, ки дар ҳамон рӯзҳои пурташвиш нисбати ба гарав афтидани вазири амният дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа пайдо шуда буданд, бояд баъзе рӯшаниҳо андозам.

 Баъди ду-се рӯзи ин ҳодисаи нохуш як зумра одамоне пайдо шуданд, ки аз «хайрхоҳӣ» бошад ё нотавонбинӣ овоза карданд, ки Зуҳуровро маҷбур сохтаанд, ки ба назди Содиров рафта гаравгонҳоро озод кунад. Ва ба ҳамин васила роҳи аз байн бурдани ӯ гӯё ҳал мешуд.

 Ин овозаҳо ҳама саропо дурӯғи маҳзанд. Дар ин ҷода ягон кас гунаҳкор нест. Ин амал бо хоҳиши худи Зуҳуров ба вуқӯъ пайваста буд. Ӯ худаш, ки дили соф, дасти пок дорад, бо амри виҷдон баҳри адои вазифа рафта буд. Ӯ нағз дарк мекард, ки ин амали ҷинояткорона фақат ба обрӯи миллати тоҷик зиён мерасонад. Фақат ба ҳамин хотир ва ҳамин сабаб ӯ ҷони худро зери хатар гузошт.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид