БОЗГАШТ

(Қиссаи ҳуҷҷатӣ)

  

Мегӯянд, ки нодон аз пой ва доно аз гулӯ ба дом меафтад. Ва тақдири қаҳрамони асар домулло Ҳусниддин, ки марди хеле фозилу покдил аст, аз назари муаллиф ба ҳамин монанд аст. Ӯ ба доми макру риё, ки созандагони он дар солҳои пуршӯр ва тақдирсози миллати тоҷик мавқеи ба худ хоси ҷамъиятӣ пайдо карда буданд, меафтад. Баъдан ҳама раҳгумиҳои худро дарк ва таҳаммул мекунад ва бо мадади Худои мутаол роҳи росту дурустро дар пеш мегираду худро аз олудагиҳои доми макр мераҳонад.

Қарзи виҷдон, масъулият, ҷавонмардӣ, номус барин ангезандаҳои ботинӣ дар вуҷуди ҳама ҷой доранд, аммо на ҳар як фард қодир аст, ки ин асолатҳои инсониро дарк кунад ва вобаста ба ҳамин фаъолият барад, созад, сӯзад, эҷод кунад.

Ин чакидаҳои омӯзандае, ки пешкаши шумо мегарданд, аз ин боб қисса мекунад.

Ҷавонмардони номи аслиашон дар ин навишта тағйирхӯрда номуси волои ватандориро ба намоиш гузошта, барои ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷумҳурӣ ранҷи бисёре кашиданд, бо ифодаи пурраи маънии ин калима – масъулият ҳис кардаанд, вафои қарзи виҷдон намудаанд. Ба хотири Ваҳдати миллӣ аз ҳадафҳои сиёсии хеш даст кашидаанд.

Воқеияти ин навишта бозгӯи таърихи навини тоҷикон аст. Ягон сатри бофта надорад. Маҳз аз чунин ҳодисаҳо саҳифаҳои рангоранги фалсафаи сиёсатмадорӣ ва сиёсатшиносии давлату давлатдории мо ташаккул меёбад. Ин саҳифаҳо таърихномаи ранҷу заҳматҳои Сарвари Давлат, Ҳукумат ва он шахсони ҷудогонаест, ки дар ҷодаи таъмини саодати миллӣ ва рушди устувори Ватанамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонӣ намуданд.

 

АМАЛИЁТИ НОДИР

 Эй бародарон, ҳақиқати хеш фароҳам оваред ва бояд, ки барои якдигар парда аз рӯи дил бардоред, то бепарда асрори даруни якдигар донед ва сабаби камолоти ҳамдигар гардед.

                                                      Абӯалӣ ибни Сино

 Хайрулло ба шаҳри Қӯрғонтепа аз сафари хизматӣ баргашт. Автомошинаи ГАЗ-69, ки мероси даврони шӯравӣ буд, аз дарвозаи пушти бинои раёсат ворид шуд. Дар ин сафар Хайруллоро тобеонаш ҳамроҳӣ мекарданд. Ба дӯши онҳо масъулияти хеле душвор – бунёди роҳҳои ба Ватан баргардонидани гурезаҳо вогузор гардида буд. Тибқи маълумотҳои дастрасшуда шумораи гурезагон на кам аз як миллион нафарро ташкил медод.

Хайрулло медонист, ки албатта, фисади зиёди онҳо гурезаҳои иҷбориянд. Миёни онҳо буданд нафароне, ки аз гурезагон ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ истифода менамуданд. Маълум буд, ки ҳамин қабил одамони ғаразхоҳ садди бозгашти гурезагон ба Ватан мешуданд. Зеро машаққати ғарибӣ, дур аз Ватан умр ба сар бурдан басо сангину аламнок аст.

Ӯ аз мошин поин омада, ба ронанда – Маҳмуд фармуд, ки анҷомҳои сафариашро ба утоқи корӣ оварад. Худаш силоҳашро гирифта ба ошёнаи якуми бино, рост ба қароргоҳи навбатдори масъул рафт. Имрӯз навбатдори масъул Каримов будааст. Бо навбатдор салому пурсупос кард ва гуфт:

– Ҳалим, сардор ҳамин ҷо бошанд?

– Бале, – посух дод ӯ.

– Айни муддао. Ту силоҳро ба сейф гузор, ман назди сардор даромада, аз натиҷаи сафар гузориш медиҳам.

Хайрулло дар роҳрав қадамзанон аз дил гузаронид, ки бо чунин қиёфаи чангзадаву кӯфтагии аз сафари тӯлонӣ ҳосилшуда ба утоқи кори сардор даромадан шояд хуб не. Беҳтараш оббозӣ карда, баъд гузориш диҳад. Дудилагии ӯро навбатдор, ки сарашро аз дари утоқ берун намуда садо баровард, рафъ намуд:

– Хайрулло, сардор занг заданд. Дар хусуси бозгашти шумо пурсон шуданд. Ман расиданатонро гуфтам.

– Чӣ амр карданд? – пурсид вай.

– Ба наздашон дароед, интизоранд, – гуфт навбатдор.

– Ҳалим! Ба фикрам, нофи кормандони фавриро вақти таваллуд кадом малоикаи беқарор буридааст, – шӯхиомез иброз дошт Хайрулло.

– Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, дар пайи хизмат буданро дар назар дорӣ? – озмоишкорона ҳазли ҳамкорашро рӯшан сохтанӣ шуд навбатдор.

– Албатта, ту боз чиро дар назар доштӣ? Сӯҳбат боқӣ, – гӯён Хайрулло дари вурудгоҳро, ки аз он ҷо зинапоя ба ошёнаи дуюм мебурд, боз намуд.

Утоқи сардори раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамин ошёна ҷойгир буд. Аз рӯи тартиби маъмулӣ ёрдамчии сардор – Қудрат дар қабулгоҳ ҳузур дошт.

Қудрат аз ҷояш хеста ба Хайрулло саломи низомӣ доду илова намуд:

– Хуб шуд, ки омадед. Сардор кайҳо боз шуморо итизор. Чандин бор пурсиданд. Дароед.

Хайрулло қисмати рости дари дутабақаи сардорро, ки аз чӯби булут сохта шуда буду вазнин кушода мешуд, боз карда, баъди пурсидани иҷозаи вуруд аз рӯи тартиби низомӣ, ҳарфи ҳозиршавӣ ба забон овард.

– Биё, нишин. Дидам, ки ҳозир шудӣ.

Подполковник Раҳмон Рауфов даст дода бо Хайрулло салом карду ҷониби сейфаш, ки дар канори чапи утоқи дарозрӯя буд, рафт. Аз миёни дӯхтаи ҳуҷҷатҳо бастаи коғазҳои барояш даркориро берун оварда, болои мизи кориаш монд.

Дар ин муддат Хайрулло ба симо ва рафтору ҳаракати сардор зеҳн монда, аз як гӯшаи хотирааш ёди рӯзу солҳои гузашта берун зад. Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ӯ бо сардор якҷояву ҳампаҳлӯ дар мақомоти бехатарӣ адои хизмат доранд. Дар ин миён бо чӣ ҳодисаву таҳаввулоти гуногуне рӯбарӯ шудаанд. Ҷабри чархи фалаки гирдгардонро бубин: ба сарзамине, ки модарони он садҳо хирадмандонро ба дунё овардаанд, имрӯз қадами шуми ҷанг остона мекӯбад. Ҳама даст ба гиребони якдигару даргири ҳаманд. Ӯ рӯ ҷониби офтобшин оварда, андеша меронд: ношукрӣ гузашт. Бин, ки нурҳои хуршед дар фасли баҳор аз шиша мегузаранду гармӣ намебахшанд. Шояд офтоб бадкории инсонҳоро дида, домони саховат ва нуру ҳиммати худро танг намудааст.

Ҳадиси пурҳикмате ба лавҳи хотираш омад:

«Ҳар кӣ мутобаат кунад, хушнудии Худой чунон бошад, ки андар монад ба хашм аз Худой ва ҷойгоҳи ӯ дӯзах аст ва бад аст ҷойгоҳ».

Хайрулло теғи нигоҳи маъниҷӯёнаи сардорро мутаваҷҷеҳи худ дарёфт. Ғалаёни пурандешаи ботини худро фурӯ нанишонда, баръакс ба забон овард:

– Раҳмон Рауфович, дар ду – се рӯзи набудани ман, нисфи зиёди мӯйҳои саратонро гарди сафедӣ гирифтааст. Аз таъсири азияти рӯҳии марбут ба фоҷиаи миллӣ будагист?

Нигоҳи маъниҷӯёнаи сардорро назари тааҷҷубангез иваз намуд. Маънии тааҷҷуби сардор зуд возеҳ шуд:

– Хайрулло, ту аввал як бор худатро дар ойина бин. Ба гумонам, аз бобои барфӣ тафовуте надорӣ. Ҳеҷ боке не, бигзор мӯйҳои мо сафед бошанд, мисли сафедии қуллаҳои боазамати осмонбӯс. Муҳим он ки сар сиҳат бошаду мулк орому босубот. Вазифаи муқаддаси мову ту ҳар чӣ зудтар барқарор намудани сулҳу ризоият, таъмини амнияту рӯзгори басомони мардум аст. Мардуми гурезаву бехонумоншударо сарҷамъ намоем, ба ҳаёти осоишта, манзилу маконашон баргардонем. Имрӯз фалаки ситамгар барои мо муаммо эҷод кардааст. Худи мо Аҳриман шудем. Кохи одобу фарҳанги ҳазорсолаҳо барпосохтаи аҷдодонамонро валангор кардем. Дар тӯли таърих бо мақсади ғасби мулки бегона ба сари мардуми ғайр шамшер набардоштему акнун теғи ҷаҳолатро ба гардани ҳамдигар мезанем. Шоир бамавқеъ фармудааст:

                   Эй зудгард гунбади барафрохта,

                   Хонаи вафо ба дасти ҷафо рӯфта.

 

Гӯё ҳеҷ кас намедонист, ки ин гирдоб рӯзе ҳамаро фурӯ мебарад.

– Мебахшед, Раҳмон Рауфович, – ба гап даромад Хайрулло, – ҳама медонистем, медонистанд.

 

                   То марди хирад, кӯру кар набошад,

                   Аз кори фалак бехабар набошад.

 Мо ин ҳама розҳои ногуфтаро тайи чанд сол ҷамъ кардем, лек нисбати пешгирии хурӯҷи бадфарҷоми онҳо чора наандешидем. Ёд доред, баҳманмоҳро, ки соли 90-ум ба вуқӯъ омад. Он таркиш буд, баҳор неву сармо буд. Алангаи оташи нафс – барои соҳиб шудан ба курсии мансаб. Хуфтагон савори аспи ҷаҳл шуданд. Паймонаи хирад инсоф бишикаст. Рӯзи равшанро мо шаби ялдо кардем. Қадру баҳои мардум аз байн рафт, беарзиш шуд. Зиндагиро ин тахти сахтгунбади гардон, ки сарои мост, валангор намудем.

Миллати мо дар тӯли мавҷудияташ ғазаби худро бо ханҷар идора накардааст. Аҷдодони гузаштаи мо дар ду ҳолат теғ кашидаанд. Вақте бегонагон барои ғасби ин сарзамин омаданд, Дорову Спитамон, Деваштичу Темурмалик дар роҳи ҳақ, муборизаи озодихоҳӣ хун резонданд. Дар ҳолати дуюм, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Сино теғи наҷотро ба хотири наҷоти ҳаёти инсони мариз аз чанголи марг истифода мебурд.

Хайрулло ончунон таҳти таъсири шиддати эҳсоси ҷӯшони ватандӯстӣ ва мавқеи оштинопазирии худ, нисбати бедодгариҳои душманони миллат ҳарф мезад, ки бо кадом мақсад назди сардор омаданашро фаромӯш кард. Сардор низ дар зеҳну мағзи худ чунин андешаҳоро мепарварид. Аммо идома бахшидани домони сӯҳбатро ба вақти дигар гузошту сари матлаби асосӣ таваққуф намуд:

– Бегоҳӣ дар назди раиси кумита ҷаласаи кушода ва фаврӣ оид ба авзои сиёсиву амниятӣ, бо иштироки ҳамаи сардорони раёсатҳо барпо шуд. Меҳвари асосии гуфтугузор мавзӯи ҳар чӣ зудтар ба Ватан бозгардонидани гурезаҳо буд. Бо назардошти супоришу талаби сарвари давлат, аз ҳисоби шахсони бонуфузу мӯътабар, ки миёни аҳолӣ маҳбубият доранд, таъсиси комиссияҳои тарғибу ташкили бозгашти гурезаҳо лозим меояд. Дар ин раванд разведка корҳои зиёдро бояд иҷро кунад. Худат медонӣ, ки ҳамаи гурезаҳои берун аз хоки кишвар, асосан дар Афғонистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҷамоҳири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маскан ҷустаанд. Бештари онҳо дар Афғонистони ҳаммарз, бехонумон, бараҳнаву гурусна, дар ҳолати маҳрумияту бенавоӣ умр ба сар мебаранд. Пирони барҷомонда ва тифлони нотавон аз хурӯҷи бемориҳои гуногун, ки натиҷаи шароитҳои бади иҷтимоии онҳоянд, мефавтанд. Онҳоро дар мазорҳои беному нишон ба хок месупоранд.

Таъкиди раиси кумита дар партави талабу масъалагузориҳои сарвари давлат ҳамин буд, ки агар мо сулҳ хоҳем, ҳар чӣ зудтар фирориёни берун аз марзро баргардонем, ҷобаҷо кунем, хонаву дороии онҳоро боз диҳем, ба онҳое ки манзилашон харобу ғайри қобили истифода шудааст, сарпаноҳ муҳайё созем. Бар замми ин гурезаҳои бозгаштаро бо ҷои кор, шуғли музднок таъмин созем, то маҷрои рӯзгори онҳо бе мӯҳтоҷӣ ба сомон дарояд.

Раиси кумита талаби сарвари давлатро оид ба бозгардонидани мулло Хусниддин ва муридҳояш ба таври алоҳида таъкид намуда, дар назди кормандони амният вазифаҳои ҷиддӣ монданд. Ту мулло Ҳусниддина хуб мешиносӣ. Медонӣ, ки аз дунболи вай наздики дусад ҳазор пайравону эътиқодмандонаш ба хоки ҳамсоя рӯ ба фирор овардаанд.

– Раҳмон Рауфович иттилои мӯътамад дар даст дорам. Мулло Ҳусниддин аз кардаи худ пушаймон шудааст. Ҳамин байти Носири Хусрави Қубодиёнӣ бозгӯи ҳоли муллост:

 

        Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам,

        Ҳаст ҷаҳонам ҳамону ман на ҳамонам.

 – Асли масъала ва мақсади даъвати ту, Хайрулло, ин аст. Лозим меояд нақшаи чорабиниҳоро омода созему дар асоси он иҷрои амалиётро ба роҳ монем. Дар кадом минтақаи шимоли Афғонистон қароргоҳ доштани мулло Ҳусниддин ва пайравону ҳамроҳонаш маълум аст. Муҳимаш тарҳи чорабиниҳои лозимро бо раёсати разведкаи кумита мувофиқа созед. Боз зарур аст, ки бо сарҳадбонон ҳамкории зич дошта бошед. Ман сарҳадбонони русро дар назар дорам. Дар муносибат ва ҳамкорӣ бо онҳо, чораҳои эҳтиётро риоя кунед, зеро аксари сарҳадбонони рус, нисбати ҳодисаҳои рухдода мавқеи муайян надоранд. Ба ҳар ҳол, онҳо ба манбаъҳои ахбори мо бояд халал нарасонанд. Амалиёт бояд пинҳону пардапӯш гузарад. Ягон ҷузъиёти бароят норавшани масъала боқӣ намонд?

– Не, рафиқ полковник, ҳамааш равшану фаҳмост, – ҷавоб дод Хайрулло

– Ин тавр бошад, хеле хуб. Барори кор. Бидон, ки саҳифаи нахустини амалиёт бо номи «Бозгашт», ки дар таърих камназир аст, оғоз шуд. Танҳо дар хусуси рафти амалиёт сари вақт ба ман пешниҳод намудани ахборотро аз ёд набарор.

Хайрулло аз ҷояш хест, гӯё бори масъулият, аллакай, ӯро фаро гирифта бошад, дарро кушоду оҳиста аз утоқи кори сардор берун омад.

ОЁ ИН БОР ГАРОН НЕСТ?

 

Хайрулло дар назди идораи хоҷагии «Меҳнат» ба ронанда ишора намуд, ки мошинро боздорад. Саҳни идораи хоҷагӣ ва роҳрави он беодам буд. Таваккал, ӯ дари ҳуҷраи аввалини рост омадаро кушод. Марди миёнсоле, ки болои мизи кориаш «котиб» навишта шуда буд, аз ҷой бархост ва сабаби ташриф овардани Хайруллоро пурсон шуд.

– Узр мехоҳам, раис дар ҷои корашон бошанд?

– Бале, ҳозир омаданд, шуморо ба наздашон мебарам, – гӯён котиби колхоз Хайруллоро ҳамроҳӣ намуд.

Дар қабулгоҳ се тан мунтазири қабули раис менишастанд. Хайрулло салом доду ба курсии холии тарафи чап нишаст. Котиб ба ҳуҷраи дарун – назди раис даромад. Лаҳзае гузашту Хайруллоро таклифи даромадан намуд.

– Э биё, Хайрулло, чанд муддат аст, ки хабар намегирӣ, – аз ҷо хест раис.

– Худатон вазъи вилоятро медонед. Шабу рӯз аз пайи ба эътидол овардани вазъият ҳастем. Даҳ рӯз мешавад, ки ба хона нарафтаам.

– Гапатон дуруст. Ин чӣ рӯзи сиёҳ буд, ки ба сарамон омад. Одам намеёбем, ки ба саҳро барорем, заминҳоро ҷуфт кунем. Ягон техникаи кишоварзӣ намондааст. Ҳар он чиз ки кирои истифодаву роҳравӣ буд, бурданд, – бо таассуф арзи ҳол намуд раис ва бо ҳамон равиши андӯҳбор суханашро идома дод. – Мо аз ҷаҳл парҳез накардем, шохи хирадро бишкастем. Панд аз дарёи сухан бухор кардем. Мо аз гардиши гетӣ менолем. Ин раво нест.

Имрӯз ҳазорон бегуноҳон аз хонаву дари худ фирор намуда, дар ғурбат ҳоли зор доранд. Аз ранҷи зиёду нотавонӣ мемиранд. Оташ сазои гул нест. Чархи тақдир бекор намеистад. Ҷунбиши он ҳамвор аст, ҳамаро ба коми худ мекашад. Вале ба ҳар роҳ. Якеро тавассути об, дигареро оташ, сеюмиро ба тарзи дигар. Ин ҳама роҳу усулҳо аз илоҳианд. Мо чӣ? Ду қисмат шудем. Салоҳияти суду ваколатҳои маликулмавтро азхуд намуда, якдигарро куштем, ғорат кардем. Шоир дуруст гуфтааст, Хайруллоҷон:

 

       Ҷуз, ки ҳушёр ҳакимон хабар аз кор надоранд,

       Ки фалак бози шикор асту ҳама халқ шикоранд.

Ин сарзаминро боз мисли пештара ободу зебо ва мулки хуррам гардонидан лозим. Сараввал бояд мардумро сарҷамъ кунем. Сулҳу осоиш набошад, мулк обод намешавад. Чандест, ки ҳамин андешаҳо ҳушу ёдам ва хобу хаёламро банд кардааст. Чӣ бояд кард? Тоҷики хору зорро аз мулки мардум боз гардонидан зарур. Кадом воситаҳоро бояд истифода созем, ки ҳама боз сари як миз гирд оянд?

– Ман ҳам, раис, ба ҳамин масъала, яъне ташкили бозгашти гурезаҳо, назди шумо омадам. Агар дастгирӣ кунед, аз ҳисоби шахсиятҳои бонуфузу мӯътабар, як комиссия таъсис дода, наз­ди гурезаҳо фиристем ва онҳоро барои бозгашт ташвиқ намоем, – мақсади омаданашро иброз дошт Хайрулло.

– Оё, баъди ин қадар кашмакашу ҳамдигаркушӣ гурезаҳо ба гуфтаҳову ташвиқҳои мо бовар мекунанд?

– Фикр мекунам, ки ин оғози кор мешавад. Хоҳем, – нахоҳем, вақте мебинанд, ки аксари раисони номдор аз пайи фаъолияти пештараанд, гурезаҳоро барои бозгашт ҳидоят доранд, аксар бовар мекунанд. Албатта, ин кор талошу ташаббуси тӯлонӣ ва таҳаммул мехоҳад. Аммо ҳар навъе, ки бошад, ба чунин самти амал шурӯъ намоем. Роҳи муносибу мувофиқ ҳамин аст. Ё шумо ягон фикри дигар доред?

– Хайрулло, агар оғози ин кор шахсан ба ман вобаста бошад, худи ҳозир барои сафару мусоидат ба бозгашти фирориён омодаам. Аммо дигарон барои чунин сафар оё розианд? Инро ман намедонам. Аз ҷониби дигар, бехтатарии онҳоро кӣ кафолат медиҳад?

– Ташкили комиссия ва ташкили сафар ба Афғонистон ба таври расмӣ сурат мегирад. Мо чунин пешниҳодро ба Шӯрои Олӣ ирсол мекунем, қарори дахлдор дар он ҷо қабул мешавад. Масъалаи таъмини бехатарии аъзоёни комиссияро идораҳои қудратии Афғонистон ва посдорони сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар ин сафар ҳамроҳ хоҳанд буд, ба зимма мегиранд. Пешниҳоди мо ин аст, ки шумо роҳбарии комиссияро ба ӯҳда гирифта, аъзоёни онро аз рӯи салоҳдиди худ интихоб намоед.

– Барои корҳои ташкиливу созмондиҳии комиссия чӣ қадар вақт лозим мешавад? – пурсид раис.

– Ҳар чӣ зудтар анҷом ёбад, ҳамон қадар хуб. Агар мо ҳар қадар таъхиру кашолкорӣ кунем, ҳамон қадар зиндагии фирориён дар ғарибӣ сангину пурмашаққату азияташон тӯлонӣ хоҳад буд.

– Майлаш Хайрулло, барои таъмини якпорчагии ҷумҳурӣ, таъмини сулҳу субот ва осудагии ҳамватанон агар лозим ояд, ҷонамро дареғ намедорам. Бе ин таклифи ту ҳам худам аз чунин вазъият ба танг омада, роҳ меҷустам, то ба ҳар навъе ки бошад, дар бозгашти фирориён ба Ватан саҳмгузор шавем. Охир, ман деҳқонам, дилам ба саҳроҳои холӣ, заминҳои киштношуда, ҳосилҳои талафёфта месӯзад. Ба сарам ҳар чӣ ояд, аз қисмату насиб худ медонам. Ҳамин кор, яъне бозгашти гурезаҳоро ташкил мекунам. Баъди се рӯз рӯйхати аъзоёни комиссияро, аз ҳисоби одамони миёни аҳолӣ обрӯву вазндошта тартиб дода, наздат меоям.

Хайрулло аз чунин ранг гирифтани сӯҳбат бо раис қаноат ҳосил намуда, хайрухуш намуд.

Раиси хоҷагии овозадори «Меҳнат» ба андеша фурӯ рафт. Оё ӯ тавону қудрати ба дӯши худ гирифтани ин бори гаронро дорад? На ҳама кас ба осонӣ барои қабули аъзогии комиссия ризоият медиҳад. Кам нестанд онҳое ки муқобили чунин кору амаланд.

 

АНДЕШАҲО

 Хайрулло аз натиҷаи сӯҳбати худ бо раиси хоҷагии «Меҳнат» Карим Бобоев ба сардори раёсати амнияти вилоят телефонӣ гузориш доду саҳни ҳавлии идора баромад. Ӯ дар ҳалқаи ҳамкорон, роҳравон, атрофи мавзӯи чорабиниҳои дар пеш истода мулоҳиза меронданд. Ҷонишини ӯ Раҳим таклиф намуд, ки барои аз наздик иттилоъ ёфтан, аз нақшаву рӯҳияи домулло Ҳусниддин нафаре аз кормандони мақомоти бехатарӣ, ба шумори гурезаҳои қароргоҳи домулло, ҳамроҳ карда шавад.

– Пешниҳодат, – гуфт Хайрулло, – ҷолибу бамаврид аст. Ман ҳам сари чунин андешаам. Зарур аст, вақти таъсиси комиссия ва ташкили сафари он ба Афғонистон, як тан аз корманди мақомотро низ шомил созем.

– Пешниҳоди дигаре дорам, – гуфт Раҳим, – оё мақбул мешавад? Беҳуда нафари лоиқ кофта нагардем. Беҳтараш имкониятҳои Гадоро истифода барем. Ва Раҳим бо нигоҳи ҷавобҷӯёна ба рӯи Хайрулло нигарист.

– Дуруст, ман низ дар ин андеша будам. Интихоби оқилона, ба назарам, беҳтар аз ӯ касе нест. Аммо бо худи Гадо вохӯрда, мавқеи ӯро фаҳмидан лозим. Ҳама медонанд, ки Гадо яке аз беҳтарин муридони домулло Ҳусниддин аст. Фикр мекунам, вақтҳои охир дар айни ҷӯши низоъҳои дохилӣ низ муносибати ӯ бо домулло бад набуд.

 Хайрулло ҷиддӣ гуфт:

– Раҳим! Бо Гадо маслиҳат карда, ҳар чӣ зудтар вохӯрии маро бо ӯ ташкил намо.

– Ба чашм.

ИҚДОМИ НЕК

Карим Бобоев рӯзи дигар бо раисони хоҷагии ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Колхозобод, ки аксар шогирдону қадрдонҳои худи ӯ буданд, сӯҳбат орост ва мавзӯи ташкили комиссияеро барои мусоидат ба бозгашти фирориён ба миён гузошт. Бештарашон бе дудилагӣ розӣ шуданд. Аммо бархе аз раисони хоҷагиҳо, бо вуҷуди эҳтироми шахсӣ ба Карим Бобоев, дар аввал аз дуруст будани роҳи бо ташкили комиссия ва таблиғ бозпас гардондани гурезаҳо шубҳа доштанд. Ҳарчанд чунин нафарон кам буданд, аммо мавқеъгириҳои онҳо Карим Бобоевро азият медод. Ин қабил раисон аз ҳолати воқеии зиндагии фирориён дар ғурбат огоҳии мӯътамад надоштанд ва то як андоза нисбати сарнавишти онҳо бетафовутӣ зоҳир карданд.

Ному насаби дувоздаҳ раиси колхозро, ки миёни мардуми минтақаи водии Вахш обрӯманд буданду пешниҳоди таъсиси комиссияро пуштибонӣ намуданд ва барои бозгардондани фирориён изҳори омодагӣ карданд, Карим Бобоев ба рӯйхат гирифт. Субҳи барвақт ӯ савори мошини хизматӣ ба шаҳри Қӯрғонтепа рафт.

Навбатдори раёсати амният мақсади омадани ӯро донистан хост:

– Ака, шумо чӣ саргардонӣ доред? Шитобзадагӣ аз чист?

– Не, ман саргардону шитобзада нестам. Бо даъвати Хайрулло Саидов омадам. Лутфан, аз омадани ман он касро огоҳ созед.

– Шумо ин ҷо бошед. Ҳозир ба Саидов гап мезанам.

– Ташаккур, – гуфт Карим Бобоев.

– Намеарзад. Мо дар пайи иҷрои вазифаи хизматием, – посух дод афсари навбатдор.

– Дуруст. Мисли шумо дигарон низ пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ... Аммо муомилаи дурустро дар ин замони пурошӯб баъзеҳо фаромӯш кардаанд.

Хайрулло дере нагузашта ҳозир шуд.

– Раис бобо, хуш омадед, – гӯён Хайрулло ба ӯ даст дод. – Маълум ки коратон натиҷа додааст. Баъди се рӯз меоям гуфта, як рӯз пеш ҳозир шудед. Мефаҳмам, одами дилсӯз, ватандӯсти асилед. Ин ҷо сӯҳбат мекунем, ё дар утоқи банда? – пурсид Хайрулло.

Ҳар ҷо ки маъқул шуморед?

– Утоқи кори ман оромтар. Касе халал намерасонад, ҳамон ҷо меравем.

Утоқи ӯ дар ошёнаи дуюм... Карим Бобоев ба курсӣ нишас­ту ба гап даромад:

– Аз миёни раисони хоҷагиҳо, инчунин шахсони иззатманду баобрӯ дувоздаҳ касро интихоб намудам. Ҳамаашон розӣ, ки ба таври расмӣ назди гурезаҳо рафта, барои мусолиҳаю бозгашт ба хонаву манзилашон даъват кунанд. Моҳияти иқдоми сулҳҷӯёна ва созишкоронаи роҳбарони ҷумҳуриро дар мавриди эҷоди фазои боварӣ ва ризоияти миллӣ ба онҳо фаҳмонидам.

 – Ташаккур, акаи Карим. Ин ташаббусу ҳиссагузории ватандӯстонаи шумо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони тозаистиқлол абадӣ сабт хоҳад шуд. Рӯйхати он бузургмардонро, ки барои пирӯзии сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҷони худро дар хатар гузошта, ба назди гурезаҳо рафтанианд, мо ба раёсати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ пешниҳод мекунем. Шумо тараддуди сафарро бинед. Ҳамин ки фармони раиси Шӯрои Олӣ ба имзо расид, аз пайи амалӣ шудани он мекӯшем.

Хайрулло раисро гусел намуду худ рӯйхатро гирифта, рӯи мизи корӣ гузошт. Ному насаби аксар одамони сабтшуда барояш ошно буданд.

 

ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ

 Гадо Саидраҳмонов зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Вахш буд. Падару модарашро солҳои бунёди Вахшонзамин аз водии Қаротегин муҳоҷир кардаанд. Падари Гадо саводи динӣ дошт. Дар колхози «Коммуна» – и ноҳияи Вахш зиёда аз сӣ сол раиси колхоз буду як сол пеш аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дунёро падруд гуфт. Ӯро ки яке аз шахсони бофазилат ва соҳибиззат ба шумор мерафт, дар ҷануби ҷумҳурӣ ҳама эҳтиром мекарданд.

Ӯ тӯли умри пурбаракат фарзанди худ – Гадоро доим насиҳат медод, ки сарсупурдаи илму ҳунар бошад. Саводи замонавӣ ва динӣ дошта бошад. Гадо нахустписар буд. Таъкид мекард, ки агар хирад набошад, хубу бадро кас намедонад. Оташ хомро мепазад. Хирад бадиро аз дил мебарад. Себу барги себ ҳарду аз як дарахтанд, вале яке талх асту дигаре чун ҳалво. Равшании офоқ аз хуршед аст. Хирад – паймонаи инсоф.

Кӯшишҳои пайвастаи волидайни Гадо барабас нарафтанд. Ӯ аз хурдӣ баробари таҳсил дар мактаби шӯравӣ, ҳамвора дар назди домулло Ҳусниддин сабақ мегирифт. Зеҳнаш тезу хотираш гиро буд. Домулло инро медонист. Ӯро барои хулқу одоби накӯяш дӯст медошт.

Гадо донишкадаи тиббии пойтахтро аъло хатм намуда, дар беморхонаи вилоятӣ (Қӯрғонтепа) ҷарроҳ буд. Муолиҷаву муоинаи тиббии пираш – домулло Ҳусниддин ва аҳли хонаводаашро ба ӯҳда дошт.

 

ЗАИФИИ ИМОН

 

Домулло Ҳусниддин дар доираи исломии сатҳи ҷумҳурӣ (миёни бузургони он) ҷою мақоми хос дошт. Умри ӯ аз шаст гузашта буд. Тайи чил соли охир толибилмон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ назди ӯ сабақ мегирифтанд. Дар воҳаи Қаротегин таваллуд ёфта, баъдан ҳукумати давр ҳамроҳи падару модар ва аҳли оила онҳоро ба водии Вахш муҳоҷир намуд. Падари домулло Ҳусниддин мулло Байзо худ аз сарфу наҳв ва фиқҳи исломӣ бархӯрдор буд. Мардуми маҳалҳои атроф дар ҳолатҳои зарурат ба ӯ муроҷиат мекарданд. Сахтгириҳои падар, ки ҳаққи устоди ҳам дошт, тамоми саводу маърифати динии худро ба писараш гузошт. Домулло Ҳусниддин дар синни чаҳордаҳсолагӣ Қуръони Маҷидро хатм намуд. Падари бузургвор ба ӯ аз таҳти дил дуо дод. Дуои бузург гирифт домулло Ҳусниддин аз падар.

Айёми кӯдакӣ ва давраи камолоту балоғати домулло Ҳусниддин дар ноҳияи Вахш гузашт. Ӯ ҳамзамон дар мактаби миёна аълочии синф буд. Берун аз мактаб дониши динии худро такмил медод. Ҳусниддини ҷавон дар колхоз тракторчӣ шуд, лек шӯҳрату дараҷаи саводаш эътибору мартабаашро хеле боло бурд. Наврасону ҷавонон назди ӯ сабақ мегирифтанд. Оғози солҳои 90 – ум дар ҷумҳурӣ гӯшае набуд, ки мардумони он дар боби мартабаву қудрати динии домулло Ҳусниддин нашунида бошанд.

То саршавии кашмакашҳову майдоннишиниҳо ӯ зидди ҳамагуна ҷангу ҷидол ва гирдиҳамоиҳо буд. Вале рафтуоҳои зиёди пешвоёни дигари дини мубини ислом андешаву мавқеи домуллоро тағйир дод. Домулло Ҳусниддин сустиродагӣ намуд. Суханони падари бузургворашро ба эътибор нагирифт. Оқибат гуреза шуд. Ба мулки бегонагон фирор намуд ва ҳазорҳо нафар пайравонашро бо худ бурд.

 

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

 

Раҳим Шодиев ба Хайрулло расонид, ки Гадо дар беморхонаи вилоятӣ онҳоро интизор аст.

– Чаро вохӯриро дар ҷои кораш таъин намудед? Атрофиёнаш моро бинанд, оё шубҳае намекунанд? Ба сараш боз ягон бадбахтӣ наояд? – гуфт Хайрулло бо дилсӯзии бародарона.

– Не, ҳар рӯз ба Гадо даҳҳо тан муроҷиат мекунанд. Ӯ ҷарроҳ аст, беморонаш бисёр, – дилпурона ҷавоб дод Раҳим.

– Чун ту дилпурона далел меоварӣ, пас кафолат ҳам медиҳӣ. Меравем.

Хайруллову Раҳим ба хотири ошкор нашудани вохӯрӣ мошини хизматиро нагирифта, пиёда аз саҳни идора баромада, ҷониби меҳмонхона рафтанд. Ним соат нагузашта, вориди шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ шуданд. Дари утоқи мудири шӯъбаро кушоданд. Гадо хилъати сафед дар бар кадом як санадро аз назар мегузаронид. Хайруллову Раҳимро дида, ба истиқболашон хест.

– Биёянд – биёянд, кадом шамол паронд? Росташ, ки акаи Хайрулло, хеле шуд, шумора надидам, – ду дасташро дароз намуда гуфт Гадо.

Хайрулло пас аз салому пурсупос хоҳиш намуд, ки ҳеҷ кас надарояд. Гадо гуфт, ки беташвиш бошанд.

– Ман имрӯз навбатдор. Ҳамшираҳои шафқат нестанд. Кор вазнин, ҳар рӯз навбатдорӣ. Нисфи зиёди духтурон гурехтанд. Хайр, чӣ ҷои шикоят? Худкардаро даво нест.

– Дуруст мегӯед, акаи Гадо, – сухани ӯро тақвият бахшид Хайрулло ва идома дод, – мову шумо чанд сол аст, ки аҳди дӯстиву рафиқӣ дорем. Якдигарро аз ҳам ҷудо намепиндорем. Ҳар кадом дар ҷои худ ба ин Ватан, ба ин миллат хизмат мекунем. Шумо дар ҳифзи саломатии миллат бошед, мо ҳифзи бехатарии ҷомеаро ба ӯҳда дорем. Гапи гуфтанӣ, дарду сӯзи миллат зиёд аст, фурсати муносиб ояд, дилҳоро холӣ мекунем. Ҳозир сари мақсад меоям: чӣ моро водор намуд, то ба суроғи шумо, беҳтараш ту, рӯ оварем. Ба дасти мадади ту эҳтиёҷ пайдо шуд.

– Акаи Хайрулло, – гуфт Гадо, – ҳис мекунам. Дар чунин вазъи ноороми ҷумҳурӣ, шумо беҳуда ин ҷо наомадаед. Ҳушу гӯшам ба Шумо. Ҳар чӣ аз дастам ояд, фидои қадаму суханатон.

– Мухтасари сухан ҳамин: – гап сари домулло меравад. Сарвари давлат фармуданд, бо ҳар роҳе ки бошад, домулло ва пайравонашро ба Ватан бозгардонем. Мо мехоҳем, ки домулло дар ғурбат тӯъмаи ҳадафҳои дасисабозҳо нашаванд, – мақсади омаданашро гуфт Хайрулло.

– Бо домулло, пеш аз рафтанаш, дар ин бора чанд бор гуфтугӯ доштем, баҳсу мунозира кардем. Ӯ роҳгум зад. Ҳоло пушаймон шудааст. Душманони дӯстнамояш сахт монеи бозгашти домулло. Намехоҳанд, ки баргардад, – афсурдахотир иброз дошт Гадо.

– Ба хотири ба Ватан бозгардонидани домулло, – гуфт Хайрулло, аз азоби ғарибӣ ва номи фирорӣ будан наҷот додани ӯ мо барои машварат омадем, акаи Гадо.

– Акаи Хайрулло, аз дасти мо чӣ меояд?

– Фикр мекунам, назди домулло рафтан лозим, – асли мақсадро равшантар намуд Хайрулло.

– Баъди ин қадар сӯҳбату баҳсҳои бенатиҷа...

– Ба ҳар ҳол, домулло ба Шумо сахт бовар дорад. Ӯ дар фикри бозгашт аст. Ҳарчанд онро ошкор намесозад. Ба шумо барин як шахси бовариноки ӯ лозим, ки аз таги дили ӯ даромада, барои баргаштан иқдом намояд.

– Ин чӣ тавр мешавад, акаи Хайрулло. Ба одамон чӣ гуна мефаҳмонем?

– Акаи Гадо, ин паҳлӯи масъаларо мо ҳал мекунем. Бигзор барои он сари шумо дард накунад. Як нуктаи муҳими дигар: чун шумо духтуред, гурезаҳо шуморо тез қабул мекунанд. Баъдан, ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ доранд. Худро гуреза муаррифӣ карда, зуд ба муҳити онҳо медароед. Боварӣ дорам, танҳо шумо аз ӯҳдаи ин кори мушкил мебароед.

– Соли якум нест, ки мову шумо рафтуо дорем, акаи Хайрулло. Раҳим ҳам инро нағз медонад. Бовар кунед, ман худ дар фикри чӣ гуна баргардонидани пирам будам. Аз ин хотир, барои бозгашти ӯ, чӣ ҳунаре аз дастам ояд, сарф мекунам.

Хайрулло ба курсии нишастааш такя карда, оҳи сабук кашид.

 

ПАНОҲАТ БА ХУДО

 

Шаби сарди тирамоҳ. Дар лаби дарёи Панҷ ду мард нишаста, сӯҳбат доштанд. Онҳо ҳам барои мардуми овораву саргардони дур аз Ватан месӯзанд. Яке нақша ва роҳҳои тезтар ба Ватан боз овардани фирориёнро кашидааст ва дигаре барои расидан ба ин ниятҳои нек омода шуда, рахти сафар бастааст.

Ҳарду ҳам медонанд, ки вазифаи дарпешистода хеле сангину бимангез аст. Вале аз ин хусус ҳеҷ кадоме ҳарф намезанад. Ин амри тақдир аст. Ҳарду ин амрро як хел мефаҳманд. Чунки парда аз рӯйи дилҳо бардошта буданд ва асрори даруни ҳамдигарро медонистанд.

Хомӯширо Хайрулло вайрон кард:

– Акаи Гадо, бори дигар хотиррасон мекунам, ки шумо ба мулки бегона меравед. Эҳтиёт бошед, каме саҳлангорӣ сабаби марг шуданаш мумкин. Пайдоиши шумо миёни онҳо бояд шубҳа наорад. Шумо барои кофтукови бародаратон рафтаед. Дар Ватан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкиб шудаед ва ин шуморо водор сохт, ки то ором шудани вазъ аз ҷумҳурӣ баромада, ба Афғонистон фирор кунед. Аз эҳтимол дур нест, ки Хадамоти бехатарии Афғонистон сабаби ба хоки ин кишвар ворид шуданатонро тафтиш кунад.

Мо аз ҷониби худ аллакай дар ноҳияҳои наздимарзӣ, дар хусуси ба Афғонистон фирор намуданатон ва ҳолатҳоеро, ки шуморо водор ба чунин амал намуданд, овозаҳо паҳн кардем. Бигзор санҷанд, ягон ҷои тарс нест.

Хайрулло боз инчунин таъкид дошт:

– Барои ҳифзи ҷон ва кафолати бехатариатон, алоқа танҳо тавассути мукотиба ва фақат бо суроғаи хешу таборҳо. Вохӯрӣ дар ҳолатҳои зарурӣ моҳе як маротиба дар ҳамин мавқеъ. Ягон номафҳумӣ ҳаст?

Гадо бо аломати «не» сар ҷунбонд ва гуфт:

– Ҳамаашро фаҳмидам. Дигараш дар дасти Худованд. Таваккал ба Худо.

– Ҳозир сарҳадбонон, – гуфт Хайрулло, – туро бо заврақ мегузаронанд. Биё, рафтем. Туро бо капитан Айниев, ки афсари сарҳадчист, шинос мекунам. Ҳар гоҳ, ки ба вохӯрӣ бароӣ, ӯро меёбӣ. Вай ба ту ёрӣ мерасонад. Онҳо медонанд, ки ҳамкори ман ҳастӣ. Дигар ягон ҳарфи зиёдатӣ ба онҳо нагӯй, махсусан аз боби супоришҳо. Фаҳмо?

Барои Гадо ҳамааш фаҳмо буд ва ӯ қотеъона:

– Бале, ҷои нофаҳмаш намонд, – гуфт.

Баъди вохӯрӣ бо капитан Айниев сарҳадбонҳое, ки барои то он соҳил бурдани Гадо масъул буданд, омаданд.

– Ана, сарҳадбонҳо, – таъкид намуд Хайрулло, – хайр паноҳатон ба Худо, акаи Гадо. Худо ёру мададгоратон.

Ҳамдигарро ба оғӯш гирифтаанд. Гадоро заврақронҳо ба он сӯи соҳили Панҷ бояд мерасонданд...

Хайрулло рост истода, нигоҳ кард ва баъд назди ҳамкоронаш, ки мунтазири ӯ буданд, баргашт.

 

ДАР МУЛК БЕГОНА

 

Айниев аз паҳнобаи дарёи Панҷ Гадоро бо заврақ гузаронида, дар соҳили муқобил – Кулӯхтепаи Афғонистон фуровард. Гадо дар мулки бегона қадам мезад. Ӯ хабар дошт, ки қароргоҳи домулло дар қарияи Заркамар аст. Роҳравон аз мардуми маҳалҳои наздик самти ҳаракати худро пурсида пеш мерафт. Чунин суроғаҷӯиҳои гурезаҳои тоҷик барои ҳокимони улусволиҳои кишвари ҳамсоя хосияти муқаррарӣ касб карда буданд. Аз ин хотир онҳо ҳодисаҳои марзшиканӣ ва ташрифи гурезаҳои тоҷикро беаҳамият мегузоштанд.

Гадо то нисфи рӯз роҳ гашта, оқибат ба мавзеи даркорӣ расид. Қароргоҳи гурезаҳои тоҷик дар дашти кушод доман паҳн карда буд. Аз зане, ки ҳамроҳи се фарзандаш назди хаймаи аввалин нишаста буд, хаймаи домуллоро аниқ намудан хост.

– Ака, тоҷикӣ? – ҷавобан кӣ будани Гадоро донистанӣ шуда пурсид фироризан.

– Бале, хоҳарам, – тасдиқ намуд Гадо.

– Ҳазрати домулло, ҳо, ана дар он хаймаи чорум... Ягон чизи хӯрданӣ надорӣ? Аз дирӯз боз фарзандонам гурусна гуфт ӯ.

– Не, хоҳар, надорам. Худам гурезаам. Мардина надорӣ – чӣ?

– Ҳафтаи гузашта шавҳарам бе ягон касалӣ ногаҳон аз дунё гузашт. Дилаш тоби ин шароити тоқатфарсову ғурбати ғарибиро набардошт. Акнун дар ин мулки бегона намедонам, ҳоли ману тифлаконам чӣ мешавад? Аз оворагиву ғарибӣ дилгир шудем., – ашкрезон шарҳи ҳоли зор намуд фироризани тоҷик ва илтиҷоомез афзуд, – акаҷон, агар ба ҳазрат шахси наздик бошед, гӯед, ки пеш дарояд, мо ҳама аз дунболаш ба Ватани худамон баргардем. Мо дар ин мулк бахту тахт намеёбем. Тоҷиконе, ки шаст – ҳафтод сол пеш ба ин мулк омадаанд, аз назари афғонҳо то ҳол фирорианд.

Гадо эҳсос намуд, ки таҳти суханони пурдарду алами зан вуҷудашро кадом як сӯзише фаро гирифт. Он сӯзиши номус, дарду алами нанги миллӣ буд. Аввалин такони ботиниаш буд, ки бо сӯзу гудози миллаташ, миллате ки Рӯдакиву Саъдиву Ҳофизро ба дунё овардааст, ҳамсадо буд. Миллате, ки бо амри тақдир имрӯз сарсону саргардон, бечораву оворааст. Қалби Гадо реш – реш шуд, лек дасташ кӯтоҳ аст...

Ӯ пас аз дилбардории он зан, оҳиста қадам бардошта ба хаймаи домулло наздик шуд. Пеши хаймаҳо, занону наврасон, ҷавонону пирамардон бо чеҳраҳои аз фироқи Ватан зарду маъюс ва гардгирифтаву офтобзада ба Гадо бодиққат зеҳн мемонданд. Онҳо дарк карданд, ки ин мард барои муҳити онҳо шахси ношиносу бегона аст. Гадо ин хулосаро аз нигоҳҳои гурезаҳо пай бурд.

Вай ба хаймаи домулло Ҳусниддин расид. Ду ҷавон паҳлӯи дари хайма истода буданд. Гадо аз онҳо домуллоро пурсид.

– Шуморо чӣ гуна муаррифӣ кунем? – пурсид яке аз онҳо.

– Гадо!

– Узр ака, кадом Гадо? Шумо муриди ҳазрат – Гадои духтур нестед? – кунҷковиашро давом дод ҷавон.

– Бале!

– Э, акаҷон маро нашинохтӣ! Ман – Садриддин – писари хурдии домулло.

– Бовар кун Садриддин, туро нашинохтам. Чаро ин қадар харобу хазонӣ?

– Э акаи Гадо, як сол зиёд шуд, ки мариз шудам. Ин ҷо ягон доруву дармон, ягон духтур нест. Касал, ки шудед рӯ ба раҳми Худо. Хайр акаи Гадо худатон чӣ хел? Кай ба ин тарафҳо омадед. Беҳтараш намеомадед. Ин мулки бегона аст, моро намепарварад.

– Се-чор рӯз шуд Садриддин, ки ман ба ин тараф гузаштам. Бародарамро ҷустуҷӯ дорам. Аз ӯ ягон хату хабар нест. Барои ӯ таъқиб ҳам шудам. Сарҳадро аз ноҳияи Шӯрообод гузаштам. Илоҷи дигар надоштам. Тақдир ҳамин будааст. Ин рӯз танҳо ба сари ману ту нест. Садриддин, пирам куҷо бошанд? Аз он кас доим дар ташвиш ҳастам.

– Пагоҳӣ ба қароргоҳи гурезаҳои Шаҳритус рафта буд. Шаб аз як касалии сироятӣ аз як оила якбора чор нафар фавтидаанд. Саломатиаш хуб нест. Фишору тапиши дилаш ҳамаамонро дар ташвиш мондааст. Қариб ки ҳар рӯз кораш ҳамин. Нест рӯзе, ки ӯ ба дафни ҳамшаҳриҳои хорузор даъват нашавад. Вақтҳои охир хеле ҷиддӣ ва камгап шудааст. Шабҳои дароз чун шамъ дарун – дарун месӯзад. Нағз кардӣ, ки ба суроғаш омадӣ, акаи Гадо. Дар сӯҳбатҳои гузашта чанде ба ёд овард, шуморо. Ҳар гоҳе ки бистарӣ шавад, такрор ба такрор мегӯяд: Гадои муриди ман агар мебуд, шояд ин қадар азоб намекашидам. Ака хуб шуд, шумо омадед. Аз дидори шумо ӯ чӣ қадар хурсанд мешавад. Мо ҳама ӯро хор кардем. Агар шумо ӯро бинед мумкин, ки нашиносед. Ҳиҷрат аз сарзамини аҷдодӣ ӯро зоеъ кардааст. Мебахшед акаи Гадо, ман аз сӯзиши дили ҳиҷрон шуморо ба хона дароед нагуфтам. Тасаввур кунед, ки хонаи мо ҳамин хайма аст. Марҳамат, ба хаймаи худи ман... Танҳоям. Падарам бо модарам дар хаймаи паҳлӯи мо.

Гадо аз паси Садриддин ба хайма даромад. Фарши дохили хайма бо қамишу болои он гилем партофта шуда буд. Садриддин аз кунҷи хайма кӯрпача гирифта андохт. Дастархон густурд, аз хайма баромада оташ гиронд. Чойҷӯшро пури об карда, наздики оташ гузошт. Рӯи дастархон ноневу нуқле дошт. Садриддин дар чойники сафол чой дам карда овард. Як пиёла рехта назди худаш гузошту пиёлаи дуюмро ба Гадо дароз кард.

– Акаи Гадо айб накунед, ки наздатон дастархони пешина нест, – хомӯширо шикастанӣ шуд Садриддин, – ин ҷо қариб, ки ҳеҷ чиз ёфт намешавад. Бозор дур. Пул нест. Орду ширинӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ... Он ҳам на ҳама вақт насиби ҳама мешавад. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки мо ба ҳамин рӯз мерасем. Ҳангоме ки силоҳ ба даст гирифтем, хаёл мекардем, ҷанги оғознамудаи мо тоҷикон мисли ҷангҳои айёми кӯдакиамон... Вақте бо чашми сар дидам, ки аз ҳар ду ҷониб сангар гирифтаи мо оташкушоӣ сар шуд ва нахустин бор ҷасади одамро, ки бо дасти одам кушта шуду ман дидам, дарк намудам, ки мо даст ба куштори ҳамдигар задам. Аз ин дида гуноҳи азиме нест барои инсон.

Акаи Гадо, аз шумо илтиҷо мекунам, илоҷе карда падари бузургворам устодатонро ба Ватан баргардонед. Ӯ гапи шуморо гӯш мекунад. Худаш аз кардааш пушаймон аст. Такягоҳи боэътимоде надорад. Аз ҷониби муқобил таҳдиду зӯроварӣ мекунанд. Ӯ мардонавор ин сахтиҳоро паси сар мекунад. Дар чорсӯи зиндагӣ раҳгум задааст. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, доим ба мо панд медиҳад, ки одамӣ чун хор пуркин набошад, ки доим халад. Ба онҳое ки мехоҳанд ӯро барои ҳадафҳои сиёсиашон истифода кунанд, мегӯяд: фахр ба тавоноӣ накунед, охири тавоноӣ ин заифист. Шумо медонед, ки паямбарии Яқуб – аз сабри ӯ буд. Бузургии қиблагоҳам дар ҳамин аст. Акаи Гадо шуморо Худованд барои ин мазлумон, ки садҳо тан дар ин дашту даман беному нишон шуданд, фиристод. Ҳама ин ҷо касалманд шуданд. Шумо ин ҷо истеду онҳоро табобат кунед. Мо худ дараки бародари шуморо меёбем. Акаи Гадо, шоире дуруст гуфтааст:

 

        Фақире дар Ватан мирад амир аст,

        Амири бе Ватан зору ҳақир аст.

 

Ёди Ватан кардем. Аз ғарибиамон як сол сипарӣ шуд. Дар ин ҷо низ дигаргунӣ бисёр. Баъзе ҷавонҳоро ба гурӯҳҳои мусаллаҳ шомил намуда, барои ҷанг омода месозанд. Чандин бор омада пешниҳод карданд, ки ҷавонмардҳои қароргоҳи мо ба гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳамроҳ шаванд. Вале қиблагоҳ монеъ шуданд. Ӯро айбдор карданд, ки ба кофирҳо фурӯхта шудааст. Шумо медонед, ки кофирон дар ҷумҳуриамон киҳоянд? Аз рӯи шунидам ҳама тоҷиконанд ва мо миёни худ ҷанг дорем. Пештар таблиғ карда буданд, ки ҷанг барои ҷиҳоду ислом аст. Падари бузургворам ба мардум талқин мекарданд, ки ҷанги тоҷикон, ҷанг барои мансаб ва ҷоҳу ҷалол аст!..

Гадо суханҳои Садриддинро набурида, бо як тамкини хос ва вокунишу эҳсоси зоҳирӣ гӯш фаро медоду худ ба худ андеша меронд. Дар асл оворагиву сарсонӣ беасар намегузаштааст. Одамон дилшикаста шудаанд. Тасаввуроти онҳо дар бораи ба сарзамини ҳамсоя рафтан ва ба зиндагии хуш расидан хаёли хому пуч баромадааст.

Ӯ қарор дод: боэҳтиёт кор кардан лозим меояд. Вазъиятро бояд такон дод. Агар домуллоро баргардонем, пайравонаш аз пасаш қатор мешаванд. Даҳҳо ҳазор ба даҳони он кас нигаронанд. Хайр, сӯҳбатро дигар бо худи домулло идома додан лозим, – андеша намуд Гадо.

 

РӮЙХАТИ НОМЗАДҲО

 

Хайрулло аз хоб хеста дасту рӯ шусту ба утоқи кораш омад. Ду сол мешуд, ки афсарони Кумитаи амният дар ҳолати казармавӣ ва омодабош қарор доштанд. Шабу рӯзро дар идора мегузарониданд. Хайрулло як табақи тирезаро кушода, ба берун нигарист. Шӯълаҳои хуршед гарму нарм буданд. Аз берун бӯи сӯхтор омад, ки ба димоғи Хайрулло нофор расид ва ӯ тирезаро пӯшида, сари миз баргашт. Рӯйхати пешниҳод кардаи Бобоевро аз назар гузаронид. Бо истиснои як-ду нафар, номзадҳои ба аъзогии комиссия тавсия шударо мешинохт.

Гӯширо бардошту ба сардор гуфт:

– Раҳмон Рауфович, рӯйхати номзадҳои гурӯҳи корӣ омода шуд, иҷозат фармоед дарорам.

– Марҳамат, гирифта биё, – гуфт сардор.

Хайрулло нақшаҳои барои бозгашти гурезаҳо омодашударо гирифта ба қабули сардор даромад. Сараввал рӯйхатро пешниҳод кард. Сардор нисбати ҳар номзади пешбинишуда муфассал мулоҳиза ронда, дар қиёс бо ахборе, ки кормандон дар бораи онҳо аз атрофиён ҷамъ оварда буданд, хулоса баровард.

Нисбати ҳар як номзад ақидаи Хайруллоро пурсид. Аз ҷавобҳои ӯ қаноат ҳосил намуда, телефонии «ВЧ»-ро гирифта, ба раиси кумита сим зад:

– Саломатӣ мехоҳам, рафиқ генерал, – гуфт.

Хайрулло фаҳмид, ки Раҳмон Рауфович бо раиси кумита сӯҳбат дорад...

– Ҷаноби генерал. Шӯъбаи кашшофии вилоят супоришро дар бораи пешбарии шахсони барӯманди вилоят, барои пайвастан ба ҳайати гурӯҳи корӣ, иҷро намуд. Номзадии дувоздаҳ нафар раисон ва фаъолони ноҳияҳои вилоятро ба аъзогии гурӯҳ пешниҳод кардаанд. Онҳо ҳама дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда то ҳол ифои вазифа доранд.

Рауфзода баъди гузориши телефонӣ ба супоришҳои раиси кумита мегуфт:

– Майлаш. Хуб шудаст. Чора мебинем. Фаҳмо. Ҳамин тавр... Ҳатман. Итоат!

Ӯ гӯшии телефонро монду ба Хайрулло дастур дод.

– Ҳамаи парвандаҳои нисбати бозгашти гурезаҳо ҷамъшударо омода созед. Баъди нисфи рӯз ҳарду ба Душанбе, назди генерал даъват шудем.

 

ВАЗИФАИ МУШАХХАС

 

Вохӯрӣ бо раиси кумита соати панҷи бегоҳӣ таъин шуда буд. Соати сеи баъди зӯҳр сардор Хайруллоро наздаш хонд. Хайрулло маводҳои даркориро ба «кейс» ҷо карда, либосҳои «комуфляжи»-ашро ба бар намуду ба ҳузури сардор даромад. Сардор ба навбатдор фармуд, ки ронанда омодаи сафар бошад.

Муҳофиз паҳлӯи ронанда нишаста, автомати кӯтоҳмили АКС-ро сари зону гузошт. Хайрулло ва Раҳмон дар нишастгоҳи ақиб ҷо гирифтанд. Риояи таъмини чораҳои бехатарӣ инро талаб менамуд. Ронанда – Маннон танҳо дар чорроҳа аз сардор дастур гирифт, ки ба самти Душанбе ҳаракат кунад. Маннон одат карда буд: сардор ҳеҷ вақт, пешакӣ, вақти сафар самти онро намегуфт. Ин ба он маъно не, ки ӯ ба ронанда бовар надорад. Чунин эҳтиёткорӣ барояш аз давраҳои фаъолияти хизматӣ дар ҷанги Афғонистон хос гашта буд.

 Соати панҷи бегоҳ ба пойтахт расиданд. Маннон аз дарвозаи пушт ба парки автомашинаҳои кумита ворид шуд. Раҳмон ва Хайрулло тарафи бинои дуошёнаи Кумита, ки роҳбарият он ҷо буд, рафтанд. Сардорони раёсатҳои Кумита ҳама ҷамъ омада буданд. Раҳмон ва Хайрулло ба ҳар кадоми онҳо таомули саломро ба ҷо оварданд. Ёрдамчӣ ба утоқи раис даромада, гузориш дод:

– Рафиқ генерал, сарварони раёсатҳои разведка, контрразведка, контразведкаи ҳарбӣ, раёсати Хатлон ҳама дар қабулгоҳанд. Чӣ амр мешавад?

– Гӯед, дароянд, – амр кард раис.

Ёрдамчӣ дари даромадро кушода:

– Рафиқон афсарон, марҳамат дароед! Раис интизори шумо! – гуфт.

Чун ҳама даъватшудагон паси миз нишастанду фазои утоқро оромӣ фаро гирифт, раиси кумита ҳадафи ташкили ҷаласа ва даъвати сардорони раёсатҳоро шарҳ дод:

– Ҳозирини гиромӣ! Мақсад аз даъвати шумо – машварат аст. Ҳама медонед, ки дар қароргоҳҳои шимоли Афғонистон раванди таъсисёбии гурӯҳҳои силоҳбадаст миёни гурезаҳои тоҷик торафт ҷоннок ва фаъол шудааст. Он ҳама тадбир, ки шумо андешидаед, бо назардошти тезутунд боқӣ мондани вазъияти сиёсӣ – амнияти ҷумҳурӣ нокофист. Таблиғот суст ҷараён дорад. Имкониятҳои мавҷуда ҳаматарафа истифода намешаванд. Дар атрофи пешвоёни гурӯҳҳо мавқеи кории мо хеле суст аст. Назорат аз болои раванди ташаккулёбии ситоди мухолифин қаноатманд нест. Ба хотири ҷоннок намудани фаъолияти бозгардонии муҳоҷирон, ғайр аз корҳои ба итмом расида, мо пеш аз ҳама, бояд як комиссияи муштарак таъсис диҳем. Раҳмон Рауфович, шумо дар ин маврид супориш гирифта будед? Чӣ корҳоро анҷом додед?

– Мӯҳтарам раис, – шурӯъ намуд Раҳмон Рауфович, – Як қатор чорабиниҳои муҳимро амалӣ намудем ва дар ин бахш ҳоло тадбирандешиҳои зарурӣ идома дорад. Тавре ки телефонӣ ба Шумо арз намуда будам, рӯйхати номзадии шахсони мӯътабари ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Панҷу Қумсангир ва Колхозободро барои пешниҳод бо худ овардем. Парванда дар дасти Хайрулло, ҳамин ҷост.

Хайрулло, ки интизори ишора буд, рӯйхатро рӯи мизи раиси кумита гузошт. Раис онро аз назар гузаронида, номзадҳоро ба дигарон эълон намуд.

– Нисбати шахсони ба аъзогии комиссия номзадшуда чӣ фикру ақида доред, – ба иштирокчиёни машварат муроҷиат намуд раис, – шояд пешниҳоди дигаре ҳам доред?

– Мумкин? – сухан пурсид сардори Раёсати разведкаи ҷумҳурӣ полковник Тоҷӣ Боев.

– Марҳамат.

– Дар ҳайати комиссия бояд ходими амният низ бошад. Хуб мебуд Хайрулло Саидов, ки қазияи бозгардондани гурезаҳоро бо ҷузъиёташ медонад, ба гурӯҳ ҳамроҳ карда мешуд.

– Ходими амният бигзор бошад, фақат на Хайрулло Саидов, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Раҳмон Рауфов ва пешниҳоди худро асоснок намуд, – Хайрулло Саидовро мо ба гурӯҳи корӣ набояд ҳамроҳ созем. Зеро вақти авҷгирии ҷанги шаҳрвандӣ ӯ дар Қӯрғонтепа буд... Ба замми ин ӯро саррони мухолифин хуб мешиносанд. Чунин хато метавонад ҳам барои Хайрулло ва ҳам барои дигар аъзоёни комиссия хатар эҷод кунад. Хуб мешуд аз дастгоҳи марказии кумита корманди фавриеро ба комиссия шомил созем.

– Пешниҳод маъқул, – гуфт раиси кумита. – Дигарон чӣ андеша доранд?

– Рафиқ генерал, пешниҳод мекунам, ки бо назардошти имкониятҳои разведка алоқаи гурезаҳо бо намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳо, тавассути мухобираҳои дар ихтиёри мо буда, ба роҳ монда шавад. Аз рӯи ахбори манбаъҳои бурунмарзӣ кулли гурезаҳо чунин мешуморанд, ки вазъ дар ҷумҳурӣ ноором аст ва хешу ақрабояшон таҳти таъқибанд. Агар ин корро ба сомон расонем ва барои рафъи овозаву бӯҳтонҳои беасос фаврӣ чора бинем, тадриҷан тарсу бим аз байн меравад.

– Дирӯз мо ахбор гирифтем, ки як гурӯҳ гурезаҳо, ки нияти бозгашт доштаанд, аз бандари Шерхон қафо гаштанӣ шудаанд, зеро намояндаи мухолифин овоза паҳн кардааст, ки гӯё дар шаҳраки Дӯстӣ бародари кадоме аз гурезаҳоро кушта бошанд. Мо фавран бо сохторҳои амнияти вилояти Хатлон хабар додем. Онҳо ҳамон одамеро ки зинда ва саломат аст, ёфта ба бандар бурда, вохӯриашро бо он гурезаҳо ташкил карданд. Дар натиҷа зиёда аз панҷоҳ нафар гузашта омаданд.

– Рафиқ генерал, – баёни фикрашро лозим шуморид ҷонишини раиси кумита Бахтиёр Муддинов, – бо сохторҳои марказ ва зерсохторҳо дар матбааҳои ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон мо чопи рӯзнома ва китобчаҳои хурдҳаҷмро оид ба вазъияти воқеии зиндагии мардум, ба хотири аз байн бурдани таблиғоти беасос дар хусуси ташаннуҷи авзоъ ба роҳ мондем. Аз ин минбар хешу таборҳои гурезаҳо, онҳое ки ба хоки аҷдодӣ баргаштанд, баромадҳо мекунанд. Дар бораи вазъияти сиёсӣ ҳарф мезананд. Аксбардориро хуб истифода мебарем, ки мабодо дар он соҳил шубҳа накунанд. Натиҷа ҳаст. Ба Кумитаи радио ва телевизион тавсия додем, ки барномаи навро бо номи «Хоки Ватан» таҳия кунанд. Ба наздикӣ он дар фазои Тоҷикистону Афғонистон пахш хоҳад гашт. Фикр мекунам, ки бурандаву ғуранда мешавад. Дурнамои ин барнома ба шумо мувофиқа шуда буд.

Машварат то соати ҳашти шаб тӯл кашид. Онро раиси кумита ҷамъбаст намуд:

– Тоҷӣ, шумо як нафар кормандро барои ба ҳайати гурӯҳи корӣ аъзо намудан омӯхта, пешбарӣ кунед.

– Фикр мекунам Зоир Маҳмадов интихоби дуруст аст, – пешниҳоди номзадро ба фурсати дигар мавқуф нагузошта, баён дошт Тоҷӣ Боев, – ӯ таҷрибаи кофии касбӣ дорад, аллакай дар ин самти кор малака пайдо кардааст. Аксарияти чорабиниҳои бо бозгашти гурезаҳо алоқаманд, маҳз бо ташаббуси ӯ гузаронида шуданд. Худаш чандин сафар ба он тарафи дарё дошт. Борҳо дар бандар беморон, пирону кӯдакони ятиммондаро қабул карда, ба Тоҷикистон бозгардонид. Ба замми ин бо Қорӣ Амир – қумандони полки 55-уми шимоли Афғонистон муносибати хуб дорад. Онҳо ӯро дастгирӣ ва амнияти аъзоёни гурӯҳи кориро ҳифз мекунанд.

– Интихоби арзанда, – пешниҳоди Тоҷӣ Боевро ҷонибдорӣ намуд раиси Кумита, – ӯро мо ба ҳайси ҷонишини роҳбари гурӯҳ пешниҳод мекунем.

Сипас нигоҳашро ҷониби Раҳмон Рауфов ва Хайрулло Саидов гардонида, таъкид намуд:

– Вазифаи ҷонии шумо, ташкили бозгардонидани домулло Ҳусниддин ва пайравони ӯст. Тамоми воситаву имконотро корбаст намоед, то натиҷаи кор мусбат шавад. Кашолкориву ба таъхир роҳ додан ба манфиати мо ва худи гурезаҳо нахоҳад анҷомид.

 

ҲАЗОРОН ҒАРИБУ БЕНАВО

 

Гурӯҳи корӣ, ки бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, дар бинои Ҳукумати вилояти Хатлон барои ташкили ҷаласа ҷамъ омад. Роҳбари гурӯҳ Карим Бобоев таъин гардид. Зоир Маҳмадов, ки ҳамчун корманди Вазорати корҳои хориҷӣ муаррифӣ мешуд, ҷонишини роҳбари гурӯҳ буд. Ҷаласа бо ташаббуси Раҳмон Рауфов ва Хайрулло Саидов таҳти сарпарастии роҳбарияти вилоят мегузашт. Дар кори ҷаласа роҳбарони ноҳияҳо ва фаъолон иштирок доштанд. Дар рӯзнома як масъала. Он ҳам – салоҳияти гурӯҳро истифода намуда, гурезаҳоро давра ба давра ба Ватан бозгардонидан! Ҷаласаро раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Абду Ҷамолов оғоз намуд:

– Мӯҳтарам, иштирокдорони ҷаласа! Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки имрӯз ҷумҳурии мо гирифтори бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодист. Садҳо ҳазор ҳамватанони мо сарсону саргардон берун аз сарзамини аҷдодӣ ғарибу бенаво шуда, зиндагии қашшоқонаву пур аз маҳрумият ба сар бурда истодаанд. Мо медонем, ки аксарияти онҳо ба ҷойҳои зисти пештараи худ баргаштанианд. Аммо бо сабабҳои ба мо маълум на ҳама ин имкониятро доранд. Тибқи иттилооти аз сохторҳои амниятӣ ба даст омада, ҷавононро мухолифин ба гурӯҳҳои силоҳнок ҷалб дорад. Зану фарзандони онҳо дар дашту биёбонҳо бесаробон монда, бисёри онҳо аз ҳар гуна бемориҳои вазнину сироятӣ мефавтанд. Ҳолатҳои ба номуси гурезадухтарҳои тоҷик дастдарозӣ намудани афғонҳо кам нестанд. Мо бояд, ки номуси миллиро ба кор бурда, миллатро сарҷамъ кунем, якпорчагии онро таъмин намоем. Ана ба ҳамин хотир шуморо барои машварат ҷамъ кардем. Марҳамат, чӣ фикру андеша, пешниҳоду назар дошта бошед, гап занед.

Аҳли ҷаласа аз фароҳам омадани фурсати муносиб истифода намуда, арзи ҳол, дарди дил мекарданд. Яке бо алам пурсид:

– Дар аксарияти деҳаҳои ноҳияҳои Қумсангиру Шаҳритус хонаву дари мардум харобазор шудааст. Гурезаҳо баъди бозгашт дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

– Аллакай ин масъала дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтааст. Маблағҳои зарурӣ барои сохтмон ҷудо шудаанд ва ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам кӯмакҳои башардӯстона мерасонанд, – ҷавоби итминонбахш дод раиси вилоят.

Суоли дигар аз толор:

– Ман бисёриҳоро медонам, ки мехоҳанд баргарданд. Аммо ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки дасти як қисми онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба хун олуда шудааст. Онҳо тайёранд, ки баргарданд, аммо дар ҷойҳои зисти пештара табиист, ки онҳо таъқиб мешаванд. Амнияти онҳоро давлат кафолат медиҳад?

Раиси вилоят посухи ин саволро ба сардори раёсати амнияти вилоят полковник Раҳмон Рауфов вогузор намуд.

– Саволи бамаврид. Бисёриҳоро чунин ҳолат дар ташвиш андохтааст. Мутаассифона, дар ҷанги шаҳрвандӣ ғаразҳо буданд ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳозир ҳам бошанд. Мушкилоти мазкур аллакай ҳалли худро ёфтааст. Аз рӯи муқаррароти чорабиниҳои давлатӣ чунин шахсон метавонанд, ки ҷои зисти нав интихоб кунанд. Барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, чунон ки таъкид шуд, маблағи зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят ҷаласаро ҷамъбаст намуд:

– Бори дигар таъкид мекунам, ки тамоми дархосту пешниҳодҳои гурӯҳи кориро, ки ба мулки ҳамсоя сафар доранд, дар навбати аввал иҷро бояд кард. То рафтани онҳо ду рӯзи дигар ҳаст. Рӯйхат ва ахборе, ки нисбати ҳамдиёрон доред ва ё дар бораи куҷо буданашон маълумот надоред, ба аъзоёни комиссия диҳед. Онҳо дар он тараф, дар қароргоҳҳо бо одамон вохӯриҳо мегузаронанд ва бо имкониятҳои мавҷуда онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Чун пештара дастгоҳҳои типографию мухобира кор мекунанд. Ҳамаи шароит барои вохӯрӣ ва сӯҳбат дар бандари Шерхон ҳаст. Аз ҳар ду ҷониб мардумро омода кардан даркор, ки дар истиқболи якдигар бошанд.

Бо ҳамин ҷаласаи имрӯзаро ба итмом расонида ба гурӯҳи корие, ки таври расмӣ сафар хоҳанд кард, аз Худованд хоҳонем, ки миллати моро сарҷамъ созад ва сари як дастархон биншонад.

 

БАҲОНА

 

Ҳайати гурӯҳи кориро иборат аз сездаҳ нафар раисони ноҳияҳои ҷануби кишвар ва Хайрулло Саидов тавассути бандари Шерхон воқеъ дар Панҷи Поён гусел карданд. Онҳоро дар он тарафи соҳил намояндаи вилояти Қундуз Алӣ Аҳмад ва корманди Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Смит пешвоз гирифтанд. Яке аз сарварони мухолифини тоҷик дар Афғонистон мулло Исмон миёни пешвозгирандагон буд. Ӯ Карим Бобоев ва Зоир Маҳмадовро мешинохт, аз онҳо авзои Тоҷикистонро донистан мехост. Ба посухҳо дар хусуси мӯътадил будани вазъ қонеъ нашуда, дубора пурсид:

– Вазъият чӣ гуна? Мӯътадилу ором аст, ё ки ҳамарӯза куштору ғорат идома дорад? Дар Қаротегин қувваҳои ҳукуматӣ бесарусомонӣ мекардаанд. Қумандонҳои фронти халқӣ ба ҳеҷ кас итоат надоштанд.

Мулло Исмон дасисакориву нифоқангезии худро дар лаҳзаи аввали ба хоки Афғонистон қадам мондани аъзоёни гурӯҳи корӣ оғоз карданӣ буд, аммо пешниҳоди намояндаи вилояти Қундуз ба ӯ чунин имконро надод.

– Меҳмонони азиз, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мӯтарҳо нишинед! – гуфт ӯ.

Зоир бо Карим Бобоев дар як мошин нишастанд. Ӯ аз Бобоев хоҳиш намуд, ки дар барнома ба қароргоҳи Заркамар рафтанро ворид намуда, ин мавзӯъро ҳини мулоқот бо корманди раёсати кор бо гурезаҳои СММ ба миён гузорад. Бобоев зуд пай бурд, ки манзури Зоир дидорбинӣ бо домулло Ҳусниддин аст. Аз ин хотир бо ишораи тасдиқ ризоият дод.

 

ФИКРИ БОЗГАШТ МОРО ОСУДА НАМЕГУЗОРАД

 

Гадо хастагии роҳро ҳис намуда, дароз кашид. Лаҳзае нагузашту хобаш бурд. Аз хоби ширин ӯро овози Садриддин бедор намуд.

– Акаи Гадо, хезед, қиблагоҳам омаданд. Ман аз омадани шумо ба он кас хабар расонидам. Гуфтанд, ки шуморо аз хоб бедор кунам.

Гадо: «ё пирам» – гӯён хеста, аз хайма берун омад. Дасту рӯяшро шуста, ба хаймаи домулло рафт. Сар ба хайма дароварда пурсид.

– Пирам, мумкин ки дароям?

Домулло беқаророна ба пешвозаш бархост.

– Устод нахезед, – оғӯш кушода наздик омад Гадо.

– Эҳ Гадо, Гадо! биё ки дар машомам бӯи Ватан зад, – бо овози хаста домулло як қадам монду Гадоро ба оғӯш гирифт, муддате сар надод. Вақте ӯро раҳо намуд Гадо дид, ки аз рухсораҳо болои риши сафед чанд қатра ашки домулло рехтанд. Рӯяшро бо камарбанде, ки эҳтимол ҷойнамози ӯ буд, пок кард.

– Биё Гадо. Ту аз куҷо пайдо шудӣ? Хуш омадӣ, – рӯи кӯрпача нишаст домулло, – тақдир туро ҳам саргардон кард? Ҳар вақт ки тапиши тези дили дарманд гулӯгирам мекунад, туро ба ёд меорам. Ҳамдиёрон, хешу ақрабо саломатанд? Бародарат чӣ хел? Ҳоло ӯ дар куҷо? Садриддин гуфт, ки ту ӯро кофта омадаӣ. Дар тарафҳои мо нест. Мумкин ки дар Русия ё ягон ҷои дигар бошад. Домулло саволҳоро паи ҳам мегузошт, гӯё ки наздаш тифле нишаста бошад, гаштаву баргашта сарашро дастмол мекарду мегуфт:

– Дунё сарои роҳгузарон будааст. Дар киштзори дини пайғамбар мо хому хорем. Сафедор аз беҳунарӣ сар боло меафрохтааст. Чӣ қадар таҳқир дидам. Ташна мондам, гушна ҳам. Вале ба хотири нафс пуштамро зери бор намондам. Гумонам, ки хато кардам. Бояд ислоҳ кард. Паймонаи инсофро хирад як бор мебардорад. Шунидам, ки ту ҳам таҳқир шудаӣ?

– Не, на он қадар, – ҷавоб гардонд Гадо, – барои бародарам якчанд маротиба даъват карданд. Каме латукӯб ҳам буд. Ҳамаи ин, албатта, дуюмдараҷа. Маро бештар ҳиҷрати шумо ва саломатиатон дар ташвиш овардааст. Росташ, ки бародар баҳона шуду ба суроғи шумо омадам. Ҳаққи устод аз падар беш аст, гуфтаанд.

Домулло ашк мерехту бо нӯги камарбанд дида пок менамуд. Бо садои гирядор дарди дил мекард, то сабук шавад:

– Гадо, медонӣ – чӣ? Таи як соли гузашта чӣ қадар нола кардам, гиря кардам. Ёди рафтагону беному нишон хуфтагон аз сарам дур намеравад. Ишқи Ватан маро гирифтор кардааст. Ҳама рафт. Ку ҷоҳу ҷалолу ку иззату икром? Нияти бозгашт маро осуда намегузорад. Рӯҳу арвоҳҳо мебахшида бошанд? Гадо, фикри ту дар ин бора чӣ? Оё мардум, ҷомеъа маро авф мекарда бошанд? Ба ин саволҳо ҷавоби аниқ ёфта натавониста истодаам.

– Ҳазратам, ман дар хусуси вазъи имрӯзаи ҷумҳурӣ каме бошад ҳам, тасаввурот медорам. Рӯз то рӯз вазъияти сиёсиву ҷамъиятӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки мардумро сарҷамъ кунад, миллатро сарпарастӣ намояд. Ҳатто ӯ эълон кард, ки то гурезаи охиринро барнагардонам, ором шуда наметавонам. Комиссияҳо ва гурӯҳҳо барои иҷрои ин ҳадаф таъсис шуданд. Якчанд авфнома нисбати иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ӯ, аллакай, ба имзо расидаанд. Касоне ки аз мубориза даст мекашанд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Аз рӯи шунидам, ба наздикӣ, бо сарварии раис – акаи Карим як гурӯҳи корӣ ба ин ҷониб меояд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳамватанони моро ба хоки муқаддаси аҷдодӣ баргардонанд.

– Гадо, ҳар рӯз овозаҳо дар бораи куштору ғоратгарӣ пахш мешаванд. То чӣ андоза онҳо асос доранд?

– Дар асл соли 1992 ва аввалҳои соли 1993 чунин амалҳо буданд дар ҷомеа. Вале оҳиста-оҳиста аз байн мераванд. Ба фикрам, боз каме вақт лозим. Ҳастанд гурӯҳҳое, ки осудагӣ ба манфиати онҳо нест. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки вазъи ноором эҷод кунанд. Албатта, ин амалҳо даргузаранд.

– Исто ки Гадо, ту чанд муддат дар ин ҷо меистӣ?

– Бо дастгирии шумо бародарамро ҷустуҷӯ мекунам. Хабаре ёфтам, ба Ватан бармегардам. То пайдо шуданаш шумо ва гурезаҳоро табобат мекунам. Аз созмонҳои байналмилалӣ кӯмак, доруву дармон мегирам, барои дардмандҳо. Агар имконият бошад, барои ман дар паҳлӯи худ як хайма зада, ҷо кунед. Оё мухолифин қароргоҳи шуморо назорат мекунанд? Ман дар ягон ситод бояд худамро ба қайд гузорам?

– Қароргоҳи мо фақат ба ситоди намояндагони байналмилалӣ муносибат дорад. Ҳамаи анъанаву фаъолияти моро онҳо худ танзим мекунанд. Бо дастгирии онҳо муридҳои ман, ки дар ҳамин қароргоҳанд, ба гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки барои ҷангҳои дохилӣ дар кишварамон омода мешаванд, шомил нашуданд. Онҳо аз дур моро таҳдид карданд, вале наздик нашуданд. Сарвари онҳо чанд маротиба вакил барои гуфтушунид фиристод, вале мо ба ягон мувофиқа наомадем. Талабҳои онҳоро напазируфтам. Маро даъвати ҷиҳод карданд. Ба онҳо фаҳмондам, ки ин кирдори шумо ҷиҳод нест. Ин ҷанги ҳамдигаркушист. Ҷиҳод алайҳи бехудоён эълон мешавад. Тоҷик ба тоҷик зидди ҳам дар сангар ҷиҳод неву ҷанги бародаркуш аст. Аз онҳо пурсидам, ки оё байни умматони ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом, яъне муслимин ҷиҳод равост? Саволҳоям беҷавоб монданду пас гаштанд. Ҳамаи ҳисобу ҳасадро Садриддин ва боз чанд нафар, ки мутасаддианд, пеш мебаранд. Гадо, метавонӣ дар ин минтақа чӣ қадар, ки дилат хоҳад, бо ман бошӣ. Ҳозир рафта хаймаатро қабул кун. Аллакай Садриддин омода сохтааст. Ӯ бисёр бачаи боақлу дурандеш аст. Пагоҳ як хаймаи дигарро барои қабули беморон омода месозад. Дарди ин мардум, дарди ман аст. Чӣ қадар дар ин як сол фавтиданд. Инро ҳеҷ кас ҳисоб накард. Чӣ қадар бе ному нишон шуданд. Ҳафтаи гузашта Сафари бригадирро ба хок супурдем. Ту ӯро нағз мешиносӣ.

– Медонам, кӣ намедонад акаи Сафарро. Аввалин шуда дар ноҳияи Қумсангир парвариши геранро ба роҳ монда буд.

– Бале, бале, Гадо. Ана ҳамон Сафар. Худоё, ҷояш ҷаннат шавад. Ин қадар марди заҳматкаш буд. Садҳо одамонро соҳиби як бурдаи нон кард. Дар ғарибӣ, дар мулки мардум ҷавонмарг шуд. Пеш аз фавт маро ба наздаш хонд. Болои сараш Ёсин хондам. Илтимос кард, ки домулло таваққуф кун, васият дорам. Ман бозистодам. Ӯ ҳарфи васият ба забон овард:

– Устод, медонам, ки умрам ба шумор мондааст. Мефаҳмам, ки турбатамро ба Ватан бурда наметавонед. Агар шуду сулҳу осоиш барқарор шавад, устухонхоямро ба Ватан бурда дар мазоре, ки падару модарам дафн шудаанд, гӯронед. Ҳоло миёнбандамро кушоед, – гуфт.

Миёнбандашро кушодам. Як халтача ниҳон буд.

– Халтачаро кушоед – хоҳиш намуд Сафар.

Кушодам. Дарунаш хоки кайҳо боз хушкида...

– Ин чӣ, Сафар? – гуфтам.

– Ҳазратам, ин як каф хок, хоки Ватан. Ният доштам, агар зинда баргардам, дар ҳавлӣ онро гӯр мекунаму ба ёру ақрабо ва хешу табор мефармоям, ки онро зиёрат кунанд. Сад афсӯс, ки ба муродам нарасидам. Ҳазрати домулло камтарак аз ҳамин хок об кунеду ба сару рӯям молед, ба даҳонам якчанд қатра чаконед.

Аз ҳамон хоки хушк як қошуқ об кардаму ба сару рӯи Сафар молидам. Ҳис кардам, ки гӯё интизорӣ ҳамин амал будааст. Лабонаш хушк мешуданд. Овозаш хира ва гулӯгир шуд. Охирин суханашро ба забон овард:

– Домулло, боқимондаи хокро рӯи қабрам…, – гуфту дилаш аз тапиш бозмонд. Мехост гӯяд, ки болои қабрам пошед. Гадо, баъди ин ҳама ҳолатҳои риққатбор, дили ман касал нашуда, дили кӣ касал шавад? Шоир беҳуда нагуфтааст:

        Он ҷоҳу ҷалоле, ки ба номат бувад имрӯз,

        Он сӯи хирадманд на ҷоҳ асту ҷалол.

 

ДИДОР

 

Аъзоёни гурӯҳи кориро ба штаб-квартираи намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Қундуз оварданд. Дар ҳуҷрае, ки эҳтимол ба ҳайси меҳмонхона истифода мешуд, онҳоро ҷой доданд. Намояндаи ҳокими вилоят меҳмононро хушбошӣ карда рафт. Аъзоёни гурӯҳ бо Ҷон Смит монданд. Нақшаи кори гурӯҳро муҳокима намуда, салоҳияти онро мушаххас сохтанд.

Рӯзи дигар аъзоёни гурӯҳро ба се самт – қароргоҳҳои гурезаҳои тоҷик тақсим карданд. Як гурӯҳ ба Мазори Шариф, гурӯҳи дуюм ҷониби Толиқон ва сеюмаш тарафи Заркамар сафарбар шуданд. Дар ҳар се самт аъзоёни гурӯҳро як нафар намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳӣ менамуд.

Дар гурӯҳе, ки ба қароргоҳи Заркамар расид, Бобоев ва Зоир якҷоя буданд. Аз омадани онҳо Садриддин ба домулло хабар дод. Домулло либосҳояшро пӯшида аз хайма баромад. Ӯ Бобоевро дида шинохт. Ҳарду ба истиқболи якдигар шитофтанд. Якдигарро ба оғӯш гирифтанд. Ду ҳамшаҳрӣ, ҳамсинну сол бесадо гиристанд. Домулло аз он мегирист, ки зери ин гунбади гардон дур аз Ватан сарсону саргардон афтодааст. Карим бошад, дар сарзамини бегона шахсеро ба канор гирифта буд, ки дар Тоҷикистон бисёриҳо ҷуръати наздик шуданро ба ӯ надоштанд. Метарсиданд, аз каромоташ. Ӯ ҳеҷ тасаввур намекард, ки домуллоро чунин хору зор мебинад ва дар хаймаи офаридаи ин фалак фарқ байни гулу хор намондааст. Гавҳарро дар биёбон танҳо мешӯем.

Домулло ёрои сухан гуфтан надошт. Ҳарчанд кӯшиш мекард, ки ларзиши дили ӯро набинанд, аммо он ба душворӣ муяссар мегашт. Ҳаяҷони худро нигоҳ дошта, бо ҳама дидорбинӣ намуда, онҳоро ба хаймаи Садриддин таклиф кард.

Гадо ба Садриддин як дона доруи валидол дода фармуд, ки бурда ба домулло диҳад. Вақте ки меҳмонон ба хайма даромаданд, Садриддин доруро бо ним пиёла об ба падараш хӯронду тез дастархон орост. Домулло даст ба дуо бардошт.

– Хуш омадед, меҳмонони азиз! Хуш омадӣ Карим!. Хеле ғайрат кардӣ. Ҳоло дар куҷоӣ, ба чӣ кор машғулӣ? Ҳеҷ боварӣ надоштам, ки туро дар зиндагӣ боз мебинам.

– Ҳазрати домулло, дунё гирду гардонай. Бин, ки чӣ рӯзҳоро аз сар гузаронидем. Шукронаи парвардигор, ки ҳоло мулк тинҷ... Фақат шумо бузургон заруред, ки ободу зеботар шавад. Мо бо гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон омадем. Дигарон ба самтҳои мухталиф рафтанд. Мо ҷониби шумо. Ҳадаф ба мардум фаҳмонем, ки боз ба ҷойҳои зисти пештараи худ баргарданд. Ҷоҳу ҷалоли худро соҳибӣ кунанд. Мо бояд сулҳ кунем. Барои мо осоиштагӣ аз боду ҳаво дида заруртар аст. Бо кормандони Милали Муттаҳид рӯйхати гурезаҳоро тартиб дода, баъди бозгашт ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунем, то ки барои онҳо маблағҳои зарурӣ дарёфт ва пешбинӣ кунанд. Медонам, ки бе ризоияти шумо, домулло, ин корро ба сомон расонидан ғайриимкон аст.

– Карим, кафолати бехатарии мардумро дар ҷумҳурӣ кӣ медиҳад? – бо оҳанги нигаронӣ савол гузошт домулло.

– Сарвари давлат, Конститутсия ва идораҳои давлатӣ. Шумо хоҳиш дошта бошед, марҳамат, тавассути ин дастгоҳи мухобира метавонед бо раиси ноҳия тамос гиред ва шахси дилхоҳатонро барои фаҳмидани вазъият даъват кунед.

– Не, Карим, – гуфт домулло, – ҳоҷат нест. Медонӣ ки ман ба ту бовар дорам. Рӯйхати гурезаҳои қароргохи мо дар дасти Садриддин ва намояндаи Милали Муттаҳид ҳаст. Дар ҳолати зарурӣ мо ӯро ба шумо пешниҳод мекунем. Аммо хоҳиш мекунам, ба дасти ситоди мухолифин наафтад.

– Домулло, ман кафолат медиҳам. Воқеан, ҳазратам, Сафари геран ҳамин ҷост?

– Э Карим, як моҳ пеш ӯро гӯрондем. Бо сад алам ва хорӣ дунёро падруд гуфт.

– Раис Қосим чӣ?

– Раҳматӣ вақти аз дарё гузаштан бо аҳли оилааш ғарқ шуд.

– Саиди мироб аз колхози худамон чӣ ҳол дорад?

– Шаш моҳ пеш, вақти аз бозор гаштан, ӯро афғонҳо кушта, чизу чораашро гирифтаанд. Зану фарзандонашро мо се рӯз пеш ба Ватан гусел кардем.

Карим Бобоев ҳар боре ба саволҳояш чунин посух мегирифт, ки ин мурд, дигарашро куштанд, фазои дилашро абрҳои ғамолуд тира месохтанд. Аз ҳоли дигарон пурсуҷӯй накарду зери лаб ин байтро хонда, худро таскин дод:

 

                    Аз гардиши гетӣ гила раво нест,

                    Ҳарчанд ки некишро бақо нест.

 

Аъзоёни гурӯҳ чор рӯз дар қароргоҳи домулло Ҳусниддин бо гурезаҳо вохӯрӣ гузаронида, саволу дархостаҳои онҳоро беҷавоб нагузоштанд. Шахсоне, ки хостанд бо наздикони дар Тоҷикистон будаашон, тавассути мухобира тамос гирифтанд, ба нияташон расиданд. Гурезаҳо иштиёқманди бозгашт! Аъзоёни гурӯҳ ҷиҳати ташкил намудани раванди ба Ватан бозгардондани фирориёни самти Заркамар ва муҳокимаи нақшаи кори минбаъдаи худ ба Қундуз баргаштанд.

 

ИН ЧӢ ГУНА ТАҚДИР АСТ?

 

 Пардаи зулмоти шаб фазоро тира намуда, ба коми худ фурӯ мебурд. Ин хомӯширо садоҳои вазиши боди сард, гиряи тифлакон, аллаҳои ҷонгудози модарон аз хаймаҳо ба дашту даман, ки ҳатто гург он ҷо тоқати зистан надошт, вайрон мекарданд.

Дар хаймаҳои сарди миёни қамишзор фирориёни дур аз Ватан маскан гирифта, субҳро интизорӣ мекашиданд. Тифлакон, наврасон, духтарони қадрас, пиру барно, ворисони аҷдодони мардуме, ки асрҳои аср шоҳсутунҳои назми дунёи Рӯдакӣ, Румӣ, Сино ва бисёр нобиғаҳоро ба дунё додааст, сайди фиреб шуда, берун аз марзи Ватан боз як шаби даҳшатнокро рӯз мекарданд. Набуд рӯзу шабе, ки садои ҷонгудози модарони хору зор дар сӯгвории фарзанд вуҷуди одамонро ба ларза наорад. Ҳар рӯз баъди дамидани субҳ саволҳои «имшаб кӣ фавтид?», «киро бурданд?», «кӣ барнагашт?» байни он мардум ба амри анъана даромада буд. Чеҳраи одамон гувоҳӣ медод, ки насли ориёинажодро пару бол шикастааст. Ва гӯё замин ба осмон нидо мекард:

– Эй Яздони пок! Ин чӣ гуна тақдир аст?!.

– Магар ин бандагонат хилофи амри ту кор карданд?

– Офаридгори мо туӣ! Пас чаро ҳамин занҳою духтарон, тифлакони бегуноҳ ин қадар сарсону саргардонанд?

– Чаро ин мушти парҳо гуреза ном гирифтаанд?

– Онҳо чӣ гуноҳе доштанд?

– Чаро онҳо бадбахту хонавайрон шуданд?

– Бахшиш барои куфр!

– Чаро золимонро мепарварӣ, мазлумонро мекушӣ?

– Чаро ба онҳо адл намекунӣ?

– Худиву бегона ба онҳо раҳму шафқат надоранд!

– Онҳо қурбони ҷаҳолату сарватпарастони худӣ шудаанд.

– Оё он кӯтоҳандешон фикр накарданд, ки ҳар як паси якдигар якояк мераванд ва ин дунё барои касе ҷовид намемонад?!

Ин фикру андешаҳоро марде мекард, ки тайи зиёда аз як сол дар диёри бегонагон ғариб буд, дар ҳамон шаби зулмот ва шабҳои дигар хоб набуд, ҳамеша аз вазиши боди сард бӯи хоки Ватанро меҷӯст. Ба он рӯзҳо, лаҳзаҳои пурошӯби якдигаркушӣ бо онҳое ки ин мардумро ғарқи гирдоби бало намуда аз хона бехона, аз Ватан беватан, овораву гадои мулки мардум кардаанд, нафрат мехонд. Дилаш ба мардумаш, мардуме ки дар тӯли таърихи инсоният ба сари касе теғ накашида буд, месӯхт. Дарун-дарун барои тифлакони бегуноҳ ва ҳазороне, ки дар Ватан дунёро падруд гуфтанд, гиря мекард.

 

        …Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

        Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!

 

Мард гаштаву баргашта худро маломат мекард, ки чаро ба гапҳое, ки даҳҳо бор таъкид мекарданд, ки ин ҷангу ҷидолҳо оқибат мардумро душмани якдигар мегардонанд ва ба хонавайронӣ мерасонанд, гӯш надод. Пайваста худ ба худ савол мекард. Оё дар ин бесарусомониҳо аз ӯ хатое гузашт?

Мард пешвои як қабила мардуме буд, ки бо ӯ маслиҳат мекарданд. Аксарияти онҳо ба амри ӯ аз думболаш сарзамини худро тарк гуфта, ба мулки бегона гурехтаанд. Ӯ доим банди фикре буд, ки ин бадтар аз хатост. Мард назди Худованду мардумаш гуноҳи азиме содир кардааст.

Бале, ӯ дар назди мардумаш, виҷдонаш гунаҳкор аст. Пешво буд, ҳазорҳо одамон аз пушти вай намоз хонда, ба даргоҳи илоҳӣ саҷда мекарданд. Бо амри тақдир ӯ фирефта шуд. Ӯ қудрат дошт, ки мардумро аз ҷангу ҷидолҳои байниҳамдигарӣ раҳонда, ба роҳи рост ҳидоят намояд, вале сад афсӯс, ки ирода набардошт, сустӣ кард. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ наҷӯст. Балогардони мардумаш нашуд. Дар ҳоле фазои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бӯҳронӣ буд, мардуме ки ба ӯ бовар доштанд, онҳоро худаш дуо дода, гурӯҳ-гурӯҳ ба мулки бегона гуселонд. Гурӯҳе аз онҳо бо амри ӯ аз Афғонистон силоҳ оварданд.

– Худ қазоват кунед, – зери лаб пичиррос мезад ӯ, – марде, ки он замон домуллои калон буд, оё ба гуноҳи азиме роҳ надод?

– Ин амалҳо аз меъёрҳои Қуръони Шариф берунанд.

– Дидаву дониста куфр кардам. Ношукрӣ аз худам гузашт.

Аз талвосаи ҷон замине, ки хуни нофи авлоду аҷдодон ба хуни ӯ омехтааст, монда ба мулки бегона фирорӣ шуданд. Гӯё ба дузах афтиданд. Аз нигоҳи шариат ин ҷазоро дар зиндагӣ барои гуноҳоям Худованд сазовор донистааст.

Агарчи хок ҳама хок ҳаст, лекин ин хоки ман нест. Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест.

Набзи замини ман дигар аст. Таъми оби чашмасоронро ёд кардам. Оби чашмаҳои ин Ватан лаззати чашмаҳои моро надоранд. Шукри Худованд мекунам, ки аз дигарон дида, шароити хуб дорам, вале бечораам, овораам, бегонаам, ин сарзамин бӯи Ватани маро надорад, агарчи мулки хуб аст. Новобаста аз оне, ки бо мардуми ин кишвар ҳама ҳамзабонем, ҳаммазҳабем, вале барои онҳо бегонаем ва онҳо ҳам барои мо бегонаанд.

Пеш аз дур кардани ин фикру андешаҳо ду мисраъ шеъри Носири Хисравро барои тасаллои дили озурдааш зери лаб зам-зама кард:

       Чӣ буд ин чархи гардонро, ки дигар гашт сомонаш,

       Ба бӯстон ҷомаи зарбафт бидриданд хубонаш.

Байт ба ҳоли зори худи ӯ нисбат дошт.

 

ТАБАДДУЛОТ

 

Андешаҳо он марди ғарибро тамоми шаб – то дами субҳ азоб доданд. Баъди таҳорати бомдод Гадоро, ки дар хаймаи ҳамсоя зиндагӣ дошту ду-се моҳ пеш аз Тоҷикистон омада буд, садо кард:

– Гадо аз хоб хез, ки бомдодро қазо накунӣ.

Гадо, ки шаби дароз аз сардии ҳаво хобаш намебурд, бо овози хаста посух дод:

– Ҳозир!

Домулло боз ба Гадо муроҷиат кард:

– Аз рӯзе ки ту гуреза шуда омадӣ, на шаб хоб дораму на рӯз. Дар танӯри синаам дилам таспида месӯзад. Ман замину хоки Тоҷикистонро дӯст медорам, вале то омадани ту оид ба ин масъала он қадар ҳам ташвиш надоштам. Ба тақдир тан дода будам. Аз он рӯзе ки ту бо ман ҳамтақдир шудӣ, розҳои ниҳонии диламро бедор кардӣ.

Ману ту ҳаммазҳабу ҳаммаслакем ва ба ин хотир мо ҳақ надорем, ки аз баҳри якпорчагии мулкамон ва ваҳдати миллӣ гузарем. Ман мефаҳмам, ки гуфтугӯи ману ту аз мавқеи шахсият нест, балки аз мавқеи миллӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллист.

Домулло суханашро давом дода, аз Гадо чашм намеканд:

– Худ медонӣ, ки ман ба омӯхтани мӯҳтавои дини мубини ислом аз хурдсолӣ шурӯъ намудаам. Раҳматӣ падарам доим таъкид мекарданд, ки писарам, ҳеҷ вақт ба сиёсатмадорӣ дил набанд. Дар зиндагӣ ҳафт бор чен куну як бор бибур. Дар байни мардуми ноҳия ва атрофиён чӣ иззату эҳтироме доштем. Ба сиёсат ҳеҷ гоҳ сару кор намегирифтам. Айни камолот ба ин иштибоҳ роҳ додам. Аз дасти ману манбаринҳо миллат пош хӯрд. Ман осӣ шудам. Худованд гуноҳамро намебахшад.

Эй Яздони пок! Оё илоҷи халосӣ аз ин саргардонӣ ҳаст? Ман аз баҳри ҷони худ мегузарам, то ки ин мардумро ба хоки аҷдодӣ, ба назди рӯҳу арвоҳи обоёну падарон баргардонам.

Ман аз кӣ маслиҳат пурсам? Ба кӣ муроҷиат кунам? Танҳо туро мепарастам ва танҳо аз ту ёрӣ меҷӯям. Маро ба роҳи рост ҳидоят кун, ба роҳи касоне, ки онҳоро эҳсон додӣ, на ба роҳи касоне, ки нисбати онҳо хашм дорӣ!..

«Оқибат мутолиату андеша, ҷустуҷӯй ва огоҳии ӯ аз анвои таълимоти мазҳабҳои исломӣ ва масоили баҳсноки аҳли зоиру шариат ба ақоиду рӯҳияи ҷӯёӣ ва тағйироти куллии мутамойил ба ҳақиқатҷӯии ботинро ба вуҷуд овард».

Дар ин субҳи содиқ Гадо, ки суханҳои домуллоро мешунид ва сӯзиши дили ӯро эҳсос менамуд, сарашро оҳиста бардошта, ҷилави суханро сӯи худ гирифт. Ӯ мефаҳмид, ки гуфтаҳояш «болои намакоб» мешавад, вале қасдан аз дил гузаронид, ки бигузор ба домулло сахтар алам кунад. Албатта, ӯ мефаҳмид, ки домулло аз гуфтаҳои ӯ намеранҷад. Ин асос дошт. Гадо таълими диниро аз домулло гирифта буд ва ӯ яке аз толибилмони болаёқат буд, аз ҳамин лиҳоз домулло ӯро дӯст медошт. Гадо дар навбати худ ин мавқеъро истифода мекард.

– Ҳазратам, шоир фармудааст, – нидо кард Гадо.

 

       Эй хирадманд нигаҳ кун, ки ҷаҳон даргузар аст,

       Чашм биност ҳамоно, агарат гӯш кар аст.

 

Ман ки солҳои сол шуморо мешиносам, устодам ҳастед, аммо чӣ шуд, ки шумо ҷомаи ҷаҳлро гӯё пӯшидед ва ақидаҳои худро якбора тағйир дода ҳамаи мо, пайравонатонро печонида, дар парешон сохтани мардуми диёрамон хеле саҳмгузорӣ кардед. Натиҷааш чӣ шуд?

Гадо ангушт қату рост карда, гӯё натиҷа мешумурд:

– Ғарибӣ, қашшоқӣ, сарсониву саргардонӣ дар мулки мардум.

– Фардо рӯзи қиёмат ҷавоби ин гуноҳи азимро кӣ мегӯяд?

– Оё мову шумо гунаҳкор нестем?

Домулло ба риққат омад ва бо дили озурда худро сафед карданӣ шуд:

– Ман танҳо набудам, дигарон ҳам дар ин кор даст доштанд.

– Ҳазрат, – гуфт ӯ, – саросема нашавед. Шумо дилатонро холӣ кардед. Ман маъзарат мехоҳам, акнун гап задан навбати ман.

– Пеш аз ҳама, устод, ҳазорҳо одамон иззату эҳтироми шуморо барҷо медоштанд. Ҳамту не?

– Бале! – гуфт домулло.

– Пас чаро шумо, – эътироз кард Гадо, – онҳоро ба роҳи рост дар вазъи номусоиди ҷумҳурӣ ҳидоят накардед?

Домулло:

– Ман сарфаҳм нарафтам, – гуфт хиҷолатомез домулло, – намедонистам натиҷаи он ҷангу ҷидол ба ин рӯз оварда мерасонад.

– Тақсирам, чӣ хел сарфаҳм нарафтед? – паст наомада гуфт Гадо. – Худ бисёрии онҳоро ба мулки ҳамсоя фиристодед!

Ҳазратам, дар сураи бани Исроил омадааст: «Ҳар кӣ ҳидоят шавад ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро бар дӯш надорад».

– Ё чӣ тавре ки шоир гуфтааст:

 

        Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам,

        Ҳаст ҷаҳонам ҳамону ман на ҳамонам.

 

– Гадо, – гуфт домулло бо оҳанги имдодхоҳӣ, – ту аз ҷои ҷони ман нагир. Бе ин ҳам худам чандест, ки дарун-дарун месӯзам. Ба ту гуфтам-ку, маро фиреб доданд. Худамро ба сиёсат олуда сохта шармсори ин дунёву қиёмат шудам. Борҳо мансабталошҳо ба ҷону ҳолам намонда, маро роҳгум сохтанд. Исломро наҷот медиҳем гуфта, маро ба доми фиреб андохтанд. Ана, ҳамаи ин сабаб шуду ман гирифтори ин доми бало гаштам!..

Ҳозир Гадо, беҳтараш ту ба ман роҳи халосиро аз ин даҳшат гӯй. Дигар намехоҳам, дар ин ҷойҳо тифлакони миллатам беному нишон шаванд. Фарзандони бародарҳои мову ту чӣ гуноҳе доранд, ки номи нанговари фирорӣ гирифтаанд. Худат медонӣ, ки дар ҳамон сураи ту гуфта омадааст:

«Чун чизеро паймона кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед, ки ин беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст».

Муддатест, ки ману ҳамдиёронам дар мулки бегонагон сарсону саргардонем.

Лаҳзаҳое, ки қосидон бароям хабар меоваранд, таъкидам накарданд, ки дидаву дониста ба мардумам зарар расонидаам ва имрӯз аз кардаи худ пушаймонам.

Ман бар хилофи сураи «ҳуҷурат» рафтор кардам, ки чунин талаб мекунад: «Ва агар ду адад мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед. Ва агар як гурӯҳ ба дигаре таҳдид кард, ба он, ки таҳдид кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо баргардад. Пас бозгашт миёнашон сулҳи одилона барқарор кунед ва адолат варзед, Худо одилонро дӯст дорад».

– Ҳазратам, – гуфт бо оҳанги афсӯс Гадо, – кош ҳамин ҳикматро ду сол пештар дастури амал мекардеду садди роҳи бадбахтиҳо мешудед. Аз ҳама аҷоибаш, барои мо ҳамин аст, ки шумо қурбони ҳукумати бедавлат шудед. Обрӯи шуморо мо дар ҷомеа фақат барои оромии вазъ истифода мекардем. Шумо чашмае будед, ки ҳазорон ташналаб аз илми шумо баҳра мегирифтанд.

Ба ҳамаи номусоидиҳое, ки дар ҷомеаи мо ба вуқӯъ пайваста буд, мо бо чашми хирад назорат мекардем. Аммо яку якбора мавқеи Шумо барои мо, толибилмонатон номафҳум шуд. Мо махфӣ аз Шумо муҳокима мекардем, хулоса мебаровардем. Шоир гуфтааст:

 

        Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯи хеш зиёнро,

        Аз гуфтаи нохуш нигаҳ дор забонро.

 

Аз ҳама нанговараш он аст, ки бо фотиҳаи худи Шумо дар маркази ноҳия ситоди зиддиҳукуматӣ таъсис ёфт. Пирам, маъзарат мехоҳам, вале тайи ду соли охир фақат хато болои хато содир кардем. Ман аминам, ки аз сари нав он иззату икроме, ки байни мардум доштед, барои ба даст овардани он заҳмат мекашед, то Шуморо боз мисли пештара эҳтиром кунанд.

Вазифаи ману Шумо ва онҳое ки дар атрофи шумо, ҳастанд пеш аз ҳама, бояд аз тамоми воситаҳо истифода барем, то ки мардуми саргардони худро ба Ватан баргардонем.

Албатта, дар ин ҷода монеаҳо зиёданд, вале Шумо бояд наҳаросед. Мо барои Ваҳдати Миллӣ омода ҳастем, агар лозим ояд бо Шумо ҷон нисор кунем, то ки мардуми худро аз ғуломӣ раҳонем.

Домулло: – Гадо, аз модар зода шудему ин чархи гардунро дидем. Омадани офтобу моҳтоб, чашм равшан кардани ситораҳо, дамдамаи рӯдҳоро дар баҳорон ва боз фурӯ рафтани офтобу моҳ, ғайб задани ситораҳо, ғуриши дарёҳо аз серобӣ, синакӯбӣ ба сангу харсангҳо ва ба фиғон омадани гӯши соҳилшинони онро шабу рӯз дидем, дар хобу бедорӣ, ҳаракату шалпариву дамгирӣ.

Бале, чархи гиргардонро ноорому бехуфту хоб дар гардиш дидем.

Чӣ меҷӯяд ин чарх? Тақдири ману мардуми мо дар ин чарх аст. Агар Худованд лутф кунад, ки ҳамватанонам боз ба сарзамини бобоӣ раванд, чӣ қадар гуноҳам сабук мешуд.

Ӯ оҳи сӯзоне аз қаъри дил кашид. Ботинаш пурталотуб буд. Андешаҳо ӯро парешон гардонда буданд. Муаммоҳое буданд, ки яку якбора ҳалли онҳо мушкил буд. Ҳоло на ҳама омодаи баргаштан буданд.

 

ТАҚДИРҶУНБОН

 

Овозаи духтури касбӣ будани Гадо, дасти шифобахшу муолиҷагар доштани ӯ ба зудӣ миёни гурезаҳои қароргоҳи Заркамар ва маҳалҳои наздики он паҳн гашт. Дардмандон ба хотири шифо бахшидани бемориҳои азиятдиҳандаи худ назди Гадо рӯи ниёз меоварданд. Шукрона менамуданд,ки чунин марҳамбахши захмҳои дилу ҷисми ранҷури онҳо бемузду хайрхоҳона, Синои замон, мададрасони гурезаҳо гаштааст.

Гадо дар таъмини доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ мушкиле надошт. Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо, ба таври кӯмаки башардӯстона, шароите барои муоинаву муолиҷаи гурезаҳои дардманд фароҳам сохта буд.

Шумори гурезаҳои мариз, ки ба хотири дармонёбӣ ба Гадо муроҷиат мекарданд, торафт меафзуд. Хаймаи ҷудонамудаи домулло Ҳусниддин барои қабулу бистарӣ намудани шумораи афзояндаи одамон тангӣ кард. Домулло хаймаи иловагиро дар ихтиёри табиби ҳозиқи гурезаҳои тану ҷисмашон афсурдаву нотавон гузошт.

Гадо бо суханони нарму пурнавозиш, муомилаи рӯҳбахшу дилҷӯёна паи хидмати маризон қарор дошт. Хурсанд аз он буд, ки дар лаҳзаи мушкил наҷотбахшу имдодрасони ҳаммиллатонаш гардид. Барои сарҷамъиву саодати мардуми диёри худ хизмати хоксоронаеро анҷом доданӣ буд. Кунун чунин фурсати саҳмгузорӣ, дастгиру дармонбахши ҳаммиллатон будан фаро расидааст. Аз ин хотир, тамоми донишҳои касбӣ, малакаву маҳорати соҳавиашро истифода намуда, мекӯшид бо ҳар як бемор дар вобастагӣ бо дарде, ки ӯро азият медиҳаду нороҳат сохтааст, ташхиси дуруст гузошта, муолиҷа бинамояд. Маслиҳатҳои муфид, кӯмакҳои тиббии расонидаи Гадо натиҷа доданд. Беморони сиҳатёфта ба наздаш барои арзи сипосу миннатдорӣ меомаданд. Ҳарфи қадрдонӣ, дуои нек ба забон мегирифтанд.

Намояндаи ваколатдори СММ Ҷон Смит низ бо Гадо равобити хуби дӯстона ва корӣ барқарор кард. Ҳаҷми доруворӣ ва маводи тиббии башардӯстонаро афзоиш дод. Зеро Гадо дар самти фаъолиятҳои созмонҳои байналхалқӣ дар бобати нигаҳдории тандурустии гурезаҳо ҳамдастиву ёрӣ менамуд.

Ҷон Смит рӯзе дар сӯҳбати рӯбарӯ дар хусуси натиҷаи кори комиссияе, ки аз Тоҷикистон барои бозгардонидани гурезаҳо ба Афғонистон омада буд, гап кушод. Худи Гадо низ чандин бор мавриди муносиб ҷуст, то аз натиҷаву мувофиқаҳои ҳосилшуда пурсон шавад. Аммо эҳтиётро аз даст надод. Нагузошт дигарон фаҳманд, ки ба суроғи бародари худ ба Афғонистон омадани ӯ пӯшида нигоҳ доштани ҳадафи аслии рисолаташ, яъне бозгардонидани домулло Ҳусниддин ва эътиқодмандонаш ба шумор меравад.

– Маслиҳат шуд, ки як гурӯҳ аз вакилони қароргоҳхои гурезаҳо ба хотири аз наздик огоҳӣ ёфта аз вазъи сиёсиву амниятии ватани худ ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Агар хоҳиш дошта бошӣ, туро ба ин ҳайат ҳамроҳ мекунем, – пешниҳод кард Смит.

– Чаро не, ман ҷиддан иштиёқманди дидори Ватан ҳастам, пазмони зор шудам. Агар имкон бошад, домулло Ҳусниддинро низ ба ин ҳайат дохил кунед. Сафари ӯ ба Тоҷикистон дар раванди бозгардонидани гурезаҳо нақши муҳиму ҳалкунанда хоҳад бозид.

Смит розӣ шуд. Ӯ хуб медонист, ки масъалаи ба Ватан бозгаштани гурезаҳои қароргохи Заркамар танҳо аз мавқеи домулло Ҳусниддин вобастагӣ дорад. Аз ин хотир бисёр муҳим аст, ки домулло худ бо вазъи мавҷудаи Тоҷикистон ошно шуда, баъди бозгашт ба назди гурезаҳо онҳоро баҳри баргаштан ташвиқ намояд. Худаш пеш гузарад, дигарон пайрави амали ӯ хоҳанд буд.

Гадо ба Смит ваъда дод, ки мавзӯи ба ҳайати вакилони ба Тоҷикистон сафаркунанда ҳамроҳ намудани домуллоро бо худи ӯ ба миён мегузорад.

Чун бегоҳӣ Гадо бо домулло ва Садриддин якҷоя намози шомро хонда ба сӯҳбат нишастанд, фурсати аз ин хусус ба домулло хабар расонидан мувофиқ омад. Одатан, онҳо намози шомро якҷоя адо намуда, баъди анҷоми он то поси шаб қиссаву ривоятхонӣ мекарданд, хотираҳои ширини гузаштаро, айёми ҳаёти осоиштаву босубот дар водии зархези Вахшро ёдоварӣ мешуданд. Гадо дар ҳалқаи суханони ёд аз рӯзҳои ширини гузашта ва тақдири талхи имрӯза пайванди мантиқӣ ёфта, ба домулло пайғом, аниқтараш паёми ҳидоятбахш баҳри бозгашт ба Ватанро расонид.

– Ҳазратам, – гуфт ӯ, – аз рӯи шунидам, ба наздикӣ, ҳайати бонуфузи вакилони гурезаҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Дар он ҷо онҳо бо шароити зисти мардуми маҳаллӣ, онҳое ки пас гаштаанд, шинос мешаванд ва агар маъқул ояд, баъди баргаштан фирориёни тоҷикро тибқи шартномаҳо, ки бо ҳукумат баста мешаванд, ба Ватан бозмегардонанд.

Рӯйхатро намояндагии табақаҳои сулҳпарвари дунё тартиб додан доранд. Агар майл дошта бошед, ман имконият дорам, ки Шуморо ба рӯйхати вакилон ҳамроҳ кунам. Бо онҳо ба Ватан рафта, бо чашми худ мебинед. «Шунидан кай бувад монанди дидан»-гуфтаанд. Худам низ ҳамроҳи Шумо меравам. Домулло аз ин пешниҳод, ки дар дилаш дер боз интизории шунидани онро дошт, хурсанд шуда бо як эҳтироми хоса аз Гадо хоҳиш намуд:

– Имконият бошад, ба Смит расон, то мусоидат намояду маро ба ҳайати вакилон дохил созанд.

 

«МО САФАР ДОРЕМ БО АМРИ ВАТАН»

 

Гадо паёми нишотбахшро ба Смит расонид. Смит хеле хушҳол гардид, ки домулло таклифи сафарро пазируфтааст. Хушҳолии Смит сабаб дошт, ки шояд Гадо ба умқи он сарфаҳм нарафт. Бисёре аз роҳбарони қароргоҳҳои гурезаҳо, ки аксарашон шахсони мазҳабӣ буданд, ба пешниҳоди ҳамроҳ гаштан ба ҳайати вакилон ва сафар ба Тоҷикистон бо шубҳаву нобоварӣ муносибат мекарданд, гоҳо эътироз менамуданд. Мавқеашонро аниқ намегуфтанд, вақт металабиданд, то машварат намуда, ба хулосаи аниқ оянд. Аммо баръакси мавқеъгириҳои сарварони дигар қароргоҳҳо пешвои гурезаҳои Заркамар барои сафар ба Тоҷикистон ризоият дод.

Смит ба Гадо маълум намуд, то пас аз се рӯз ҳамроҳи домулло ба қароргоҳи СММ биёянд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Санаи таъинкардаи Смит ба рӯзи якшанбе рост меомад. Субҳи ҳамон рӯз баъди адои намози бомдод Гадо дар чеҳра ва рафтору амали домулло осори хушнудӣ ва болидагии табъро пай бурд. Аз рӯи фармудаи домулло шабона гурезаҳои қароргоҳро хабардор карда буданд, ки то саҳар пайи машварат ҷамъ оянд.

Чун ҳама ҷамъ омаданд, домулло Ҳусниддин дар назди издиҳом ибрози назар намуд:

– Фарзандони азизам! Бо амри худованди таборак ва таъоло баъди ду рӯз банда ҷиҳати омӯхтани авзои ҷумҳурӣ ба Ватан азми сафар дорам. Ман ҷавобгари тақдири беш аз 200 ҳазор гурезаи тоҷикам, ки имрӯз дар ғурбат ба сар мебаранд. Яъне ҳамаи шумо ва наздикону пайвандонатон. Мақсади сафарам аз наздик дидани вазъи зиндагӣ ва рӯзгори мардум аст. Мехоҳам бинам, ки шароити зисти одамон аз рӯи меъёрҳои риояи шарафи инсонӣ мутобиқ ба қонунҳои ҷомеаи башарӣ чӣ гунаанд? Оё иштирокчиёни набардҳо таъқиб мешаванд ва ё воқеан мавриди авфи умум қарор гирифтаанд? Итминони комил дорам, ки баъди бозгашт назди шумо ҳама ба якҷоягӣ мулки ғурбатро тарк гуфта, дубора ба манзилҳои бобоии худ бармегардем. Ҳар фард, ки дар Ватани худ зода шудааст, соҳиби дороӣ ва хоку буми он аст. Ҳеҷ кас наметавонад касеро аз ватанаш маҳрум созад.

Агар гуфтание доред ё таклифе пешниҳод карданӣ бошед, бифармоед. Гадо дар ин сафар маро ҳамроҳӣ хоҳад намуд. Рӯйхати хешу таборатонро ба ӯ супоред. Мо вақти ба Тоҷикистон расидан суроғи манзилу ҳоли онҳо намуда, баъдан баргашта хабару пайғомашонро бароятон мерасонем.

Гурезаҳои Заркамар, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қумсангир ва Ҷиликӯлу Колхозобод буданд, ба гусели домулло Ҳусниддин ва Гадо баромаданд. Онҳо даст ба дуову илтиҷо бардоштанд:

– Худоё, моро ҳар чӣ зудтар ба неъмати сулҳу салоҳ бирасон, ба сарзамини аҷдодиамон бозгардон. Илоҳо домулло Ҳусниддин ва Гадо сиҳату беосеб ба Ватан расанду паёми бозгашт оваранд. Таҳти сарпарастиву ҳидояташон ба мулку манзили худ баргардем.

Домулло Ҳусниддин «Омин!» – гӯён кафи дуо ба рӯй кашид. Домулло азми сафар дошт ва гурезаҳои зору низор монда, бо дидагони ашкрез, ба умеди дидори навбатӣ, видоъ намуданд.

 

БӮИ ГУЛБЕЗИ ДИЁР

 

Дарё ба чашми домулло ҳайбате надошт. Ба дили Гадо ҳам биме намеовард. Чунки мошин бо роҳи кӯпруки дарозе мерафт, ки аз шохобҳои дарёи Панҷ хеле баланд буд. Боде, ки аз соҳили рости дарё мевазид, ба димоғ бӯи гулбези Ватан меовард. Чӣ қадар ба чашм азизанд биноҳо, кӯчаву хиёбонҳо, боғот ва талу тепаҳо, дараҳои хурду калони болои маҳаллаву ноҳияҳои сарҳадӣ. Аксари онҳо шиносанд. Ӯ дарахтҳои соҳилро дид, ки баргҳояшон зери шуои офтоб ҷило медоданд.

Домулло ба дарё, чакалакзорҳои ҳар ду соҳил зеҳн мемонд ва чизе дарк мекард. Лаб чуфт мекард. Гадо гумон мебурд, ки домулло ҳозир ба ӯ ягон ҳарфи муҳим, шояд баҳсноке гӯяд. Чунки аз пагоҳ, аз он соате, ки ҳамроҳ тараддуди сафар доштанду гурӯҳе аз фирориён ҳардуро гуселониданд, аз ягон хусус миёни онҳо мубоҳиса нашуд. Онҳо то сари кӯпруке, ки ду давлати ҳамсоя Тоҷикистонро бо ҳам мепайваст, бебаҳс омаданд. Домулло мехост ба Гадо он чизро гӯяд, ки пештар пай намебурд. Ин лаҳза, ки домулло аз дарё ва чакалакзорҳои ду самти он чашм канда, нигоҳи худро сӯи осмон, ки ҷо-ҷо абрҳои сафед дар гардиш буданд, нигаронд, андешаҳои худро фурӯ бурд ва дар дил гуфт: он чиро, ки пеш пай намебурдам, акнун донистам: ҳаёти одамӣ шабеҳи дарёи пуроб аст. Дарё аз рӯи кадом як қонунҳое, ки мо қобилияти дарки онро надорем, якбора ба самте мегардаду маҷрои наве мекушояд, ки ҳеч гоҳ ҷараён надошт. Ҷӯшу хурӯш ва ин ғайрати аз ақл беруни дарё хости Худои мутаол аст.

Баҳри ин дарё касе маҷро насохтааст. Чунон ки дарёи ҳаёт наҳри канда нест. Ва ҳеҷ касе наметавонад, онро ба сӯе табъи дили хеш ҷорӣ кунад. Ва ҳеҷ кас қудрат намеёбад, ки хирадмандро бо найранги забону ҷозибаи сарват ба иштибоҳу васваса андозад. Вале кам нестанд инсонҳое якчанд китоб мехонанду худро хирадманд мепиндоранд. Хирадманд он аст, ки ҳақиқатро пайдо кардааст. Ҳақиқат табу тоби буру дӯз надорад. Таги хокистари гарми мо оташи қурбониҳо дар роҳи ҳақиқат ҳанӯз боқист. Замоне наздик аст, ки ин оташ аланга занад ва ба олам шӯълаҳо афканад. Тоҷикон тӯли таърихи дуру дарози худ ба дунё афкори олии зиёде додааст.

Ба чашми домулло маҳале бархӯрд, ки ба маркази ноҳия мепайваст. Муддати мадиде домулло дар он ҷо сукунат дошт. Чӣ қадар сермошин буд он, мошинҳои хоҷагӣ, мошинҳои шахсӣ, мошинҳои пахтачинию кӯраккашӣ ва тракторҳои ҳархела.

Чун мошин назди посбонгоҳи сарҳадӣ истод, домулло ба ҳеҷ касу ба ҳеҷ чиз эътибор надод. Ӯ бо роҳи соҳили дарё пойин фаромад. Даст шуст ва се каф об хӯрд.

– Чӣ хел ширин аст, оби соҳили рости дарёи Панҷ, – гуфт ӯ ба Гадо, ки аз қафои ӯ ба соҳил фаромад.

– Оби соҳили чап чӣ? – пурсид Гадо.

– Оби соҳили чап ҳам оби ҳамин дарёст, – гуфт домулло, – вале он замини бегонаро мелесад.

Оҳо, аз дил гузаронид Гадо, дар ҳақиқат ба дараҷаи олӣ ҷазбаи обу замин ва боду ҳавои Ватан шудааст. Ин ҷо ба ёди Гадо мурғхонаи тӯру оҳанини апааш омад. Даруни тӯр мокиёни серчӯҷае гардиш мекард. Чӣ шуду чӣ монд, мокиён чӯҷаҳояшро хуш надид. Ба як чиз: он ё хас бошад ё кӯлухча сад бор кут зад ва сари ҳар кут-кут чӯҷаҳояшро озор медод. Ин ғазаби апаи Гадоро овард. Ба мокиён чӣ ҷазо доданашро андешид. Ногоҳ: даъфи ин хел оча, – гуфту мокиёнро берун кард. Мокиёни аз чӯҷаҳо барканоргардида ба изтироб афтод. Чор тарафи симтӯр давутоз кард. Мокиён роҳи даромад меҷӯст, аммо намеёфт. Изтироби чӯҷаҳо аз мокиён кам набуд. Ҷуваси баланди онҳо мокиёнро девона мекард. Мокиён аз давутози беруни мурғхона ва чӯҷаҳо аз доду фарёд аз ҳол рафтанд.

Баъди се чор соат апаи Гадо эҳсос намуд, ки мокиёни беҳуш ба худ омадааст ва ба қадри чӯҷадориву очагӣ расидааст. Се – чор соат барои мокиёну дили тангаш мӯҳлате буд баробар ба як аср.

Гадо байни мокиёну чӯҷаҳо ва Ватану фирориёни он, бахусус домуллои ҳамсафараш, ки таҳорат гирифту болои регу хоки соҳили рости дарёи Панҷ чор ракат намози шукрона гузошт, шабоҳате меҷӯст. Ба ақидаи Гадо азоби ҳарду кадом як хел монандӣ дорад, фарқ танҳо дар бардошт аст. Бардошти инсон бузургтар аст. Дар Ватан афтодагон ба андӯҳ мепечанд, дарун-дарун месӯзанд ва бо маром худашонро мехӯранд. Домулло боз ба назари Гадо он киштинишине намуд, ки аз андак алвонҷ хӯрдани киштӣ рӯи мавҷи дарё ба даҳшат афтод. Бехудои рӯзгордидаву ҳаётозмудае мисли апаи Гадо фармуд киштинишини даҳшатзадаро ба дарё афканданд. Чун ӯро аз об берун оварданд, ба гӯшае хазид ва ором гирифт. Ғурбат баҳри баъзе фирориёне, ки дар Ватан бо мағрурӣ ва ҳавобаландӣ ҷони бисёриҳоро ба танг овардаанд ва билохир рӯ ба гурез ниҳоданд, тақдири ҳамон киштинишини даҳшатзадаро насибашон гардонд.

Домулло дуо гуфт, се бор кафи даст ба саҷдагоҳ бардошту бӯсид. Шукронаи ин лаҳза гуфт.

Вале шукргузориҳо бори гарони эҳсосоту ҳаяҷони пурнишоту бо гуноҳхои азим омехтаро, ки ба дил фишор меовард, сабук накард.

Ҳама ба коми аждаҳое бе ному нишон рафтанд. Дарёи Панҷ соқиту орому пурғурур равон аст. Вале Гадо ба шукӯҳу шаҳомати дарё, чакалакҳои соҳилҳои он ва талу тепаҳои дур аз соҳил яке аз китфи дигаре сар бардошта, ба қаторкӯҳҳо мепайвастанд, чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Диққати ӯро бештар ваҷоҳати домулло ба худ машғул медошт. Дар хоки бегона на танҳо домулло, балки ҳама фирориён, аз хурд то калон, худро тани танҳо ҳис мекарданд. Таваҷҷӯҳи ҳама ба шимол буд. Аз бодҳои шимолӣ боде меҷӯстанд, ки аз сӯи Ватан мевазид. Домулло он бодро эҳсос мекард. Чунки ғами ӯ бузургтар буд, ӯ дар уқёнуси андешаҳои печ дар печ, андешаҳои мубҳам мисли он мурғи аз чӯҷаҳо ҷудоафтода баъзан ба талвоса меафтид. Хубии Ватан, бедории кишвар, ҳимояи ҷамъият, ки Гадо гоҳ-гоҳ суханҳои нешдор мегуфт, ба дилаш фишор меоварданд. Баъзан ӯ худро ҳеҷ медонист. Гадо инро аз байте, ки домулло ба ӯ бо дард гуфт, пай бурд:

 

                   Мо кием дар ҷаҳони печ-печ,

                   Чун алиф ӯ худ чӣ дорад, ҳеч-ҳеч.

 

Вале ин лаҳза, ки домулло рӯймол-ҷойнамозро чорқат карда сӯи мошин меомад, тамоми вуҷудаш хубии Ватанро эҳсос мекард.

                   Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,

                   Аз дили ту кай равад Ҳуббулватан.

 

Боз Ватане мисли Тоҷикистон, ки кишвари пур аз сарват ва донишу имон аст. Ба ақидаи Гадо зебоӣ ва қудрати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам нокушода аст. Агар Ватан бо тамоми ҳусну тавоноӣ кушода гардад, дили ҷаҳониёнро мерабояд.

Домулло бо чашмони шӯълабор, ки дар милкҳош нам дошт, ба ҳамсафари худу сардори посбонгоҳ, ки гӯё бо ҳамдигар шинос ва дӯстони наздиканд, ба дарёву чакалакҳои соҳили рости он, ёлаву пуштаҳои аз соҳили он сар бардошта, ба деҳаҳои дури ду тарафи роҳи калон, ки қасабабоғҳоро мемонанд, ишора карда гуфт:

Мулло Гадо, бин чӣ шукӯҳу шаҳомате дорад Ватани мо – Тоҷикистон. Хаёлам, дар ҷаҳон ягонаву беҳамтост!..

Бо ҳамин сухан ҳар ду ба мошини Хайрулло ва Раҳим, ки ба онҳо раҳбалад буданд, нишастанд. Ронанда гӯё ба домулло сухани гуфтание надошт, хомӯшу соқит мошин меронд ва танҳо ба ягон-ягон пурсиши Гадо ҷавоб мегардонд.

– Ана, ба қишлоқи Чаноррағдод, ки як вақте, – Гадо ба домулло гуфт, – истиқомат доштед, расидем. Ин ҷо муридҳои Шумо бисёр буданд. Фурсатамон бисёр. Агар майл дошта бошед, ба ягон хона дароем. Шояд Худойдодро мебинем. Бегумон, аз дидани дидори Шумо хушҳол мегардад.

Домулло каме ба сукут рафт. Ронанда бо ишораи Гадо суръати мошинро суст кард. Гадо соле дар Чаноррағдод пеши ӯ таълим гирифта буд. Баъдан, ҳангоме муридони роҳдури ӯ баҳри домулло дар деҳкадаи Майдон хонаву дар сохта, ба талаби бурдани ӯ омаданд, не нагуфт. Хонаи нав дар ҷои нав, ки ройгон буд, домулло дару ҳавлии инҷоии худро ба муридаш Худойдод бахшид. Замоне домулло дар ҷои нав бо Гадо аз Чаноррағдоду одамони он сӯҳбат ба миён меомад, ӯ медид Гадо тӯли як соли таълим тамоми мардуми ин деҳаи калонро, ки он гоҳ сенздаҳ ҳазор аҳолӣ дошт аз хурд то калон нисбати устоди худ зиёдтар медонад. Зеҳни гиро дорад ин Гадо.

– Бошад, ё не? –гуфт домулло.

– Ба шунидам, – гуфт Гадо, – ба ҷое нарафтааст.

– Хайр, ки бошад, бинем, – гуфт домулло, – бад намешавад.

Мошин аз роҳи калон сӯи чап тоб хӯрд. Роҳи тарафи чап ҳам кушод буд, аз роҳи калон камӣ надошт. Аз ин гардишгоҳ гаражи мошинҳо ва девордармиён парки тракторҳои Чаноррағдод сар мешуд. Дарвозаҳои калони гаражу боғ ба пушт боз буданд. Пеши дарҳо ва майдони васеи гаражу боғ ду-се мошину ду-се трактори бо ду чархи пеш ё қафои миёншикаста ба чашм расид. Домулло ангушти ҳайрат газид. Ин қадар мошину трактор куҷо ғайб зад. Охир ин майдонҳо аз дасти мошину тракторҳо роҳи гузар надошт. Ин майдонҳои калон тангӣ мекарданд. Аз субҳ то як поси шаб аз ин дарвозаҳо даромаду баромади мошинҳо қатъ намегардид. Посбонҳою коргузорон серташвиштарин мардуми ин деҳкада буданд. Ин қадар мошину тракторҳо, боз агрегатҳои кӯракашӣ, борфарориву борбардорӣ куҷо шуданд? Аз кӯчаҳо ҳам овози онҳо ба гӯш намеояд. Ҳама ҷо орому соқит. Ҳа, домулло ба ёд овард. Ба ғорат рафтанд. Қисмате бо роҳи кӯпруке, ки навакак ба он аз сарҳад гузаштанд, ба Афғонистон рафт. Ҳиссаи дигар бо роҳи оҳан ба Русия, бо роҳи автомобил ба Бадахшону Ӯш. Домулло аз хабарҳои пеш аз рӯзҳои гуреза будан ба ӯ расида мошинҳои гаронвазни пахтачиниро ба ёд овард. Кӯпрук ба вазни ин мошинҳо тоб намеовард. Ғоратгарони худиву бегона илоҷи корро ёфтанд. Онҳо то дусаду панҷоҳ балони мошинҳои гаронвазни пахтачиниро аз дарёи Панҷ гузаронданд. Он гоҳ домулло гумон дошт, ки ин ғанимати гурезаҳо мешавад. Гумон беҷо баромад. Бӯи мошину тракторҳову мошинҳои пахтачиниву кӯраккашӣ ба димоғи хайманишинони гуреза нарасид ва суробашонро ҳам ба чашм надиданд. Ҳама ба коми кадом як аждаҳое беному нишон фурӯ рафт.

Ин лаҳза Гадо аз чеҳраи домулло андешаҳои мағшуш хонд. Девори дарози гаражи мошинҳову парки тракторҳо ба охир мерасид. Шояд, аз дил гузаронд Гадо, – домулло аз ба ғорат рафтани техникаи ин ду майдони калони саросар бетонпӯш, ки боигарии мардуми Чаноррағдод буд, ба дил водареғо мегӯяд. Ва дар дил дуди фиғон дорад. Хонаи Худоидод аз гаражи мошинҳову парки тракторҳо хеле дур буд. Домулло аз даруни мошин роҳгузаронро медид бо чеҳраи пурташвишу гирифта ва боз ҳам сахтар ба сукут мерафт. Ба чашми Гадо чунин менамуд, ки устод ёрои ҳарфзанӣ надорад. Бо ҳамин сукут ба дари хонаи Худойдод расиданд.

Дарвозаро ба истиқболи меҳмонон зани ҷавоне бо чеҳраи ғамгин кушод. Ӯ домуллову шогирдро шинохт. Зан, ки ба думболи ӯ духтараку писараке дартоз меомад, ҳини даъвати меҳмонон ба хона ҳарчанд кӯшид ва зӯр зад хандае ба лаб ва шодие ба симои рангбохтаи худ оварад, натавонист.

– Падарам дар хона, – гуфт ӯ дар ҷавоби пурсиши Гадо. Марҳамат.

Ҳарчанд аз чашмони ӯ сояи ғам зоҳир буд, вале меҳмонон аз даъвати ӯ ба хона, назди падараш оҳанги самимияти зани тоҷикро ҳис карданд.

Худойдод аз долон ба истиқболи меҳмонон омад, ки дӯсташон медошту лекин умеди ин лаҳза, ин рӯзро надошт. Ӯ ба оғӯши кушода меҳмононро ба ҳуҷра даровард. Дастархон кушоданд. Ҳуҷра, ҳамон ҳуҷрае, ки домулло ба таълими шогирдон шуғл меварзид ва меҳмононро мепазируфту мегуселонд. Вале дастархон дигар. Нонҳо аз орди ҷуворимакка бо андак омехтаи орди гандум. Нолаҳои гулӯгир бо кӯмаки чой аз гулӯ ба меъда мерафт.

Домулло ва шогирди ӯ дар рӯи Худоидод ҳам шодие надиданд. Ва ин лаҳза байте ба забони Гадо печид ва ба худ гуфт:

 

       Ҳама ҷомаҳо карда пирӯзранг,

       Ду чашмон пур аз хуну рух бодранг.

 

Домулло аз ҳолу аҳволи хонадон ва шаш писари ӯ, ки ҳар якро ном ба ном медонист, пурсид ва падар ҷавоб медод.

– Маҳмадулло куҷо?

– Нест, тақсир.

– Раҳмоналӣ чӣ ҳол дорад?

– Чӣ ҳол медошт? Нест, тақсир.

– Тило дар куҷо?

– Дар ҳеҷ ҷо, тақсир нест.

– Маҳмадалӣ чӣ?

– Аз паи акаҳояш, тақсир.

– Муродалӣ ҳаст?

– Не тақсир, нест.

– Ҳамааш? Ҳамааш нест, тақсир, дар ин ҷанги хонумонсӯз кушта шуданд. Мо ба ҳамин кампир, – ишора кард Худойдод, – ба зани на он кадар пире, ки аз паси ӯ бо чашмони моил ба ашк ба зиёрати домулло омад, – се духтари хонадору набераҳо тани танҳо мондем.

Домулло сахт ноҳинҷор шуд. Баростӣ ҳам, шаш тан ҷавонмардони Худоидод муридони некдили домулло буданд.

Аз нақши таҳиякардаи Гадову Хайрулло ягон нуқта наафтид. Домулло Ҳусниддин ҳарчанд фикр меронд, баҳри таскини дили Худойдод сухане намеёфт. Дар чунин лаҳза хомӯшӣ ҳам тасаллои ғами бузург аст.

– Хайр, – гуфт, Худойдод, – бачаҳоям аз Шумо таълими хуб гирифтанд, тақсир. Рӯзашон ҳамин қадар будааст. Кори баде накарда аз ин дунё рафтанд. Ҷое ки унҳо пеши мо меомаданд, акнун мо пеши онҳо меравем.

– Ҳазрати Холиқи Зулҷалол, – ниҳоят лаб ба сухан кушод домулло Ҳусниддин, – ҷошона тоқи биҳишт гардонад. Ва ӯ бо оҳанги хеле марғубу дилнавоз сурае аз Қуръони Маҷид қироат кард.

Ҳарчанд домулло Ҳусниддин аз ин дидан бори вазнине гирифт, вале акаи Худоидоду «кампир»-аш дар вуҷуди худ сабукие эҳсос карданд.

Гадо ин лаҳзаи муносибро аз даст надод:

– Ҷояшон ҷаннат бошад, – гӯён рӯ ҷониби устод гардонд. Домулло Ҳусниддин бо фаросат дарёфт, ки вақти хестан аст. Бо дуои кӯтоҳ меҳмонон аз ҷой бархостанд. Ҳанӯз то Душанбе роҳи дарозе дар пеш буд. Фардо вохӯриву муҳокимаҳо бо намояндагони давлатҳои бонуфуз ва кумисионҳои ташкилотҳои байналмилалӣ.

Аҷаб нест, аз домулло Ҳусниддин, ки аксари фирориёни мулки афғон ба ӯ эътимоди комил доранд, якчӣ – нимчӣ пурсанд. Домулло ба ҳоле худро ба даст гирифта, бо сари хам ва дили пур аз андӯҳ баромад. Хоктӯдаҳои атрофашон сангчин ё панҷарапечи ду тарафи роҳи калон хотири озурдаи домулло Ҳусниддинро озурдатар мегардонид.

 

ШУБҲАҲО ПАСИ САР МЕШАВАНД

 

Қабл аз сафар ба пойтахт ихлосмандони домулло Ҳусниддин дархост карданд, то ӯ дар намози ҷумъаи масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҷиликӯл пеш гузарад. Домулло ба чунин хоҳиш дар аввал нобоварона муносибат намуд. Аммо онро рӯнамо насохт. Ӯ чунин ақида дошт, ки масҷидҳо фаъолият намекунанд. Онҳоро бастаанд, намозу ибодат аз реҷаи ҳаёти рӯзмарраи мардум барканор рафтааст. Аммо вақте бо дастури Хайрулло, корманди тобеи ӯ – Раҳим домулло ва дигар вакилони гурезаҳоро ба масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҷилликул овард, домулло баръакси пиндошти худро мушоҳида намуд. Ҷамоаи ӯ намозгузор ба нишони эҳтироми домулло аз ҷой бархос­танд. Ташрифи домулло ва ҳамсафонашро хайрамақдам гуфтанд.

Имом-хатиби масҷид эълон дошт, ки имрӯз намози ҷумъаро домулло Ҳусниддин имоматӣ хоҳад намуд. Намозгузорон саф оростанд. Домулло пеш гузашта, ният намуд. Ҳамагон фарзу суннати намози ҷумъаро ба итмом расониданд.

Аммо ҳанӯз ҳам домулло Ҳусниддин ва ҳамсафарони ӯ, ки аз гурезаҳои тоҷик намояндагӣ мекарданд, ба пиндору андешаи худ устувор буданд. Чунин мешумориданд, ки намози ҷумъаро бо супориши ҳукуматдорон ҳамчун чорабинии намоишӣ барпо кардаанд. Яке аз вакилони гурезаҳо тоқат накарду ниҳоят пурсид:

– Масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҳамарӯза фаъолият доранду мардум дар онҳо ҷамъ омада адои намоз мекунанд ё ин маросими намози имрӯзаро бо фармоиши ҳукуматдорон, барои ҷалби назари мо, доир сохтед?

Имом – хатиб аз номи ҳамагон иҷозаи ҷавоб гуфтан ба ин саволро гирифт:

– Ҳамин масҷиде, ки мо бо шумо дар он намози ҷумъаро хондем, доимоамалкунанда аст. Ягон рӯз аз фаъолият намондааст. Масҷидҳои дигар низ фаъолияти бемамониат доранд. Касе кори онҳоро мутаваққиф накардааст. Мардум фарзи намозро ба ҷо оварда истодаанд. Ман бо такя ба имону ихлоси худ ва шоҳидии ҷамоаи намозгузорӣ дар ин масҷид ҷамъомада ин ҳарфҳоро бо тану ҷисми ботаҳорати худ ба забон гирифта истодаам.

Дарахти шубҳаву нобоварии вакилони гурезаҳо ба хок яксон шуд. Меҳри ҳамватаниву ҳаммазҳабӣ боло гирифт. Иштиёқи висол, пок намудани кудурати қалбҳо, эҷоди муҳити бахшишу сафо аз худ дарак дод. Гадо дар паҳлӯи домулло ҷо гирифта, илтимос намуд, ки пешорӯи ҷамоаи намозгузорон сухан гӯяд. Домулло бо майли тамом аз назди меҳроби масҷид ба аҳли намози ҷумъа рӯ овард:

– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим! Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Ҳамватанони азизу олиқадр!

Аҳли масҷид аз ларзиши такондиҳанда ва нидои ҳаяҷонбахши домулло Ҳусниддин он чунон ба ваҷд омаданд, ки ҳамагӣ бархестанд.

Домулло ҳамон савти суханронии то андозае мутантани ҳидоятгаронаашро на танҳо нигоҳ дошт, балки шиддат бахшид:

– Ман хеле шодам, ки имрӯз дар сарзамине, ки хуни нофам, хуни нофи падару бобоёни мо рехтааст, ба ҳайси намояндаи гурезаҳо омадаам. Дар ин мулки аҷдодӣ мо меҳмон нестем, мо ватандорем. Лек бо хости тақдир як муддати муайян аз ин сарзамин канда шудем ва дар мулки бегонагон моро фирорӣ мегӯянд. Миёни гурезаҳои тоҷик унсурҳои ғаразпеша ва бадхоҳони миллати тоҷик ҳар гуна овозаҳо паҳн намудаанд, ки дар Тоҷикистон гӯё коммунистҳо, кофирон ба сари қудрат омадаанд. Масҷиду ибодатгоҳҳоро гӯё бастаанд, чеҳраҳои мазҳабӣ аз ҷониби онҳо кушта мешаванд. Хушбахтона, тайи чанд рӯзе, ки мо – вакилони гурезаҳои тоҷик дар Ватан қарор дорем, бо чигунагии вазъ ошно шудем, шахсан худи банда ба хулосае омадам, ки ҳамаи овозаю дарвозаҳо бепояву беасосанд ва дар паси онҳо аҳдофи ғаразноки гурӯҳҳои алоҳида ниҳон аст.

Бидонед, наҷоти мову шумо танҳо дар ваҳдат аст. Камина бо барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати эътидоли вазъ ва бозгардонидани гурезаҳо шинос шудам. Ин барнома дарвоқеъ ифодагари мақсаду мароми ҳамаи мо ва манфиатҳои миллиамон мебошад. Шахсан ман барои мусоидат дар иҷрои талаботу муқаррароти он бо дилу ҷон омодаам.

Мардуми дар масҷид ҷамъомада баъди ҳар як таъкиди домулло ҳамовозона «Омин, Омин» – гӯён садо мебароварданд. Аз ҳама бештар Гадо ва Раҳим аз чунин ранг гирифтани воқеият хурсанд буданд. Домулло низ бо рӯҳи болидаву табъи хуш ба назар мерасид. Мардуми гирдиҳамомада иззату эҳтироми ӯро ба ҷо оварданд. Домулло аз чунин истиқболи гарм хушҳолӣ менамуд. Албатта, бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи гузашта эътибори домулло миёни аҳолӣ то ҳадде коста буд. Аммо шербачаҳои Раёсати амнияти вилояти Хатлон барои дар чунин сатҳ ташкил намудани пешвозу дидорбинӣ бо домулло Ҳусниддин чандин рӯз заҳмат кашида буданд.

 

ТАКРОР УСЛУБИ БОВАРИСТ

 

Барои вакилони гурезаҳо ҳукумати вилояти Хатлон баъди гузаронидани намози ҷумъа зиёфат орост. Раҳмон Рауфов, Хайрулло, Раҳим ва чанд тани дигар аз кормандони идораи амнияти вилоят низ ба ин зиёфат даъват шуданд. Муҳофизати ҳайати вакилонро ходимони шӯъбаи амният ба зимма доштанд.

Пас аз сарҷамъ гардидани даъватшудагон раиси вилоят онҳоро хуш омадед гуфта, дар зимн чанд нуктаи муҳимро изофа намуд:

– Аз ташрифи шумо аҳли толор хеле миннатпазирем. Аз худованди мутаол хоҳони он ҳастем, ки ҳар чӣ зудтар мову шуморо ба як мақсад – осоиштагии кишвар ва сарҷамъиву якпорчагии ҷумҳурии азизамон бирасонад. Ҳукумати вилоят сайъ дорад, ки тамоми барномаҳои мавҷударо бобати эҷоди фазои сулҳу амният ва барқарор намудани ҳаёти осоишта амалӣ созад.

То имрӯз дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Ҷилликӯл ва Колхозобод аксарияти мардуми фирории аз Афғонистону Ӯзбекистон бозгаштаро ба ҳаёти бонизоми осоишта таъмин сохтем. Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағҳои заруриро барои дастгирии онҳо ҷудо кардааст. Маблағҳои пешбинишуда ба эҳтиёҷмандон расонида шуд. Мактабҳо дубора ба кори худ шурӯъ намуданд. Дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои савдо омодаи хизматрасонӣ ба аҳолианд. Дар ноҳияҳои зикршуда мо тайёрем, ки фирориёни боқимондаро, ки тадриҷан ба Ватан бозгашт мекунанд, бо воситаҳои пулӣ ва дигар навъи кӯмакрасонӣ таъмин созем…

Он чи раиси вилоят арз дошт як навъ маълумоти кӯтоҳ буд дар бораи вазъияти сиёсӣ ва амниятии ҳукмрон дар вилоят ва татбиқи барномаи қабулшуда ҷиҳати истиқрори зиндагии орому осоишта ва бозгардонидану дастгирӣ намудани оилаҳои гурезаҳо.

Ҳама нозу неъмате, ки дастархони густурдаро зебу зинат медиҳад, маҳсули дастранҷи мардуми вилоят буд, – суханашро идома дод раис. – Шукронаи парвардигор, ки ба вазъияти сиёсии ҷомеа ва ҳодисаҳои нангини маълум нигоҳ накарда, бахши кишоварзии вилоят ба пояҳои фаъолияти мӯътадил устувор аст. Мушкил дар он, ки замин интизори соҳиби аслии худ, марди деҳқон. Танҳо нерӯи корие намерасад, ки заминро тухми умед пошида, ҳосили дилхоҳ рӯёнад.

– Умеду итминон дорем, ки бо таъкид мегуфт раиси вилоят, – бо дастгирии шумо вакилони мӯҳтарам гурезаҳои тоҷик, ки дар мулки ҳаммарз дар ғурбат ба сар мебаранд, ба ҳавливу макони худ баргашта, чун пештара дар ободониву зебо намудани сарзаминамон саҳм мегиранд. Ҳақиқат маълум аст: аз берун ҳеҷ кас омада, қаламрави моро обод намесозад. Ман инкор намекунам, ки баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон кӯмакҳои башардӯстона мерасонанд. Аммо бо чунин ёрмандиҳо мушкилиҳои асосии миллату марзу бумамон ҳал намешавад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамагуна кӯмаки хориҷӣ беғаразона сурат намегирад. Суханро дароз намекунам, шояд боиси малоли хотиратон гардад. Ва раис сӯи дастархон нигоҳи мардумро ҷалб намуду иштиҳои том хост.

Гадо дар паҳлӯи рости домулло Ҳусниддин сари дастархон менишаст. Пас аз шунидани гуфтаҳои раиси вилоят фурсати танаффус надода, ба гӯши домулло пичирос зад:

– Ҳазратам, айни муддаост, аз номи вакилон ягон ҳарфи ҷавобӣ гӯед?

– Дар масҷиди ҷомеъ сухан гуфтем, такрори он дар ин ҷо чӣ зарурат дорад? – дудила шуд домулло.

– Бале устод, сатҳи баргузории ин чорабинӣ мӯътабару баланд аст. Намояндагони роҳбарияти ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои иттилоотӣ ҳузур доранд. Мову Шумо дар остонаи падидаи муҳими таърихӣ – бозгардонидани гурезаҳо ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ қарор дорем. Имрӯз агар фикру ақидаатонро пешорӯи рӯзноманигорон нагӯед, ки гуфтаҳоятонро ба тамоми дунё паҳну интишор мекунанд, боз кай хоҳед гуфт?

Домулло Ҳусниддин пиёлаи чои дасташро ба дастархон гузошту бе эълони он, ки ӯ сухан гуфтанист, ба миёнҷои толор омад. Аҳли нишаст пай бурданд, ки домулло гуфтание дорад, Раиси вилоят ба нишони эҳтиром омада, дар паҳлӯи домулло қарор гирифт. Домулло ба ким-кадом нуқтаи сақфи мунаққаши толор дурудароз зеҳн монд. Шояд сухани тозае гуфтанӣ буд, ки дар авроқи хотираш ҷустуҷӯ дошт. Ҳарферо ба забон оварданӣ буд, ки бори маънӣ мекашид.

– Ҷаноби раис, бародарони гаронқадр, ҳозирини мӯҳтарам, – чунин босадоқату меҳрангез суханашро оғоз бахшид домулло ва онро ҳусни идома дод: – Қабл аз ҳама сипосу ташаккури беандозаи ҳайати вакилони гурезаҳои тоҷикро ба роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, мақомоти вилоятиву ноҳиявӣ, барои истиқболи гарм ва нияту тамоюли сидқона ҷиҳати расидан ба бозгашти фирориён ва бунёди рӯзгори бомароми онҳо, бо истифода аз ин фурсат иброз медорам. Шукри яздони пок, ки ҷомеа ба ақли солим такя намуда, роҳи наҷоти миллат ва сулҳу салоҳро ҷустуҷӯ дорад. Ба пиндори ман баъди шиносоӣ бо вазъи зисти гурезаҳои аз ғурбат баргашта метавон яқин гуфт, ки дар ҷодаи расидан ба созиши миллӣ ва фароҳам овардани шароити бароҳату бехавфи зиндагии аҳли ҷомеа дастовардҳои назаррас мавҷуданд. Тайи чанд рӯз бо гурезаҳои ба Ватан баргашта вохӯриҳо доштем, бо шароити зисташон ошно шудем. Ҳама изҳори қаноату шукргузорӣ ва ризоият мекунанд. Таҳқир нашудаанд. Ширкатдоштагони ҳаводиси хунбор мавриди авф қарор ёфтаанд. Бо назардошти ин ҳама ман қотеъона баён медорам, ки вақти бозгардонидани тамоми гурезаҳои тоҷикистонӣ расидааст. Бо айби худи мо ҳаммиллатонамон гуреза шуданд. Дар ин фоҷиаи миллии ҷонсӯз каси ғайр гунаҳкор нест, гунаҳкор худи моем. Сабабгори асосии ҷангу ҷидолҳо мову шумо ҳастем. Феълан сулҳу ваҳдатро ҳам мо худамон бояд барқарор кунем. Равиши сиёсӣ ва иқдомҳои пешгирифтаи роҳбари ҷумҳуриро мо дастгирӣ мекунем.

Албатта, аз ҳарду ҷониби сангар ба хато роҳ доданд. Лек аз он ҳама саҳву ғалат мо бояд дарси ибрат гирем, фазои ҳамдигарфаҳмиро асос гузошта, шеваи дурусту мусолиматомези ҳалли нофаҳмиро ҷӯем. Ғаразҳоро аз дил ронем, рӯ ба музокира оварем. Аз таваҷҷӯҳатон муташаккирам. Худованди азза ва ҷалла ёру мададгоратон!

 

ЗАМОНАТ

 

Хайрулло пеш аз баргаштанаш ба Афғонистон Гадоро наз­ди худ хонд ва зикри чанд нуктаи ҳалкунандаро муҳиму ногузир шуморид. Ба ин паҳлӯҳои муҳими сафари дуюмбораи Гадо ба он сӯ масъалаи ҷамъ намудани гурезаҳои пароканда ва мутамарказ сохтани идоракунии онҳо ҷиҳати осону бемонеа ба Ватан баргардонидани фирориён дохил мешуд. Гузашта аз ин, бо истифода аз сифатҳои ватандӯстӣ, ростқавлӣ ва дигар фазилатҳои хуби домулло Ҳусниддин бояд Гадо дар ин сафари худ ба ташкили бонизоми раванди бозгашти гурезаҳо, қумандонҳову зердастони онҳо муваффақ мешуд. Дар ин миён Гадо эҳтиёту ҳушёрии махсус зоҳир намуда, хатари террор ё нобуд сохтани домулло аз ҷониби бадхоҳонаш ва мухолифони ашаддии бозгашти гурезаҳоро пурра дарк намуда, ҳифзи ҷону тани домуллоро ба зимма мегирифт. Зеро домулло дар занҷираи бозгашти гурезаҳо ба Ватан ҳалқаи муҳим ба шумор мерафт, ки гусаста шудани он муваффақияти амалиёти «Бозгашт» – ро батамом зери шикасти азим қарор медод.

Гадо ҳамчунин ҳидоят гирифт, ки имкон ёфта, домулло Ҳусниддинро бо роҳбарони Афғонистон шинос намуда, мусоидат ва ҳамдастии ҳукуматдорони Кобулро ҷиҳати ширкат ва ҳиссагузорӣ дар таъмини бозгашти гурезаҳои тоҷик ҷалб кунад.

 

ҶАМЪИ МАРДУМИ ПАРОКАНДА

 

Дурӣ аз Ватан, ғарибӣ дар диёри мардум, хориву зории ҳамватанон ранги домуллоро зард ва ҳолати рӯҳии ӯро рӯз то рӯз хароб мекард. Баъди аз Тоҷикистон омадан ақидаи ба Ватан баргаштани домулло боз мустаҳкамтар шуд. Чандин маротиба дар баҳсҳое, ки бо дигар сарварони мухолифин дошт, такрор ба такрор бо роҳи осоишта ба Ватан баргаштани гурезаҳоро ҷонибдорӣ менамуд. Ӯ дар ақидааш устувор буд. Борҳо ӯро таҳдид ҳам карданд, вале ӯ натарсид, фикрашро дигар накард. Ба ӯ фаҳмониданд ва ӯ сарфаҳм рафт, ки дар назди Ислом, виҷдон, замонати мардумро барои гуноҳҳои кардааш мекашад. Ӯ дарк кард, ки ин бозиҳои пасипардагӣ дар зери ниқоби демократия фақат ба хотири ба даст овардани ҳокимият равона шуда буду халос. Ӯ давра ба давра пайравонашро барои ба Ватан баргаштан омода мекард. Аллакай чанд гурӯҳ аз табақаҳои гуногун бо дастгирии ӯ ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ба Ватан баргаштаанд. Домулло дар баромадҳояш расман «ҳукумати мувақкатӣ»-ро рӯирост барои мардумро парокандаву бехонумон карданаш айбдор менамуд. Онҳоро барои сулҳу салоҳ ва гуфтугӯ бо ҳукумати қонунӣ борҳо даъват кард. Аз санг садо буду аз онҳо не.

Он чорабиниҳои фаврие, ки дар атрофи домулло гузаронида мешуданд, албатта, бенатиҷа набуданд. Пеш аз ҳама, бо дастгирии Гадо ва ҳамдастони ӯ домулло бо сарвари Давлати Исломии Афғонистон шиносоӣ пайдо кард. Вохӯрӣ бо ӯ ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ дар бораи тақдири ояндаи Тоҷикистон, албатта, беасар намонданд. Фаъолияти домулло барои ҷамъи мардуми пароканда вусъат меёфт. Шиносоӣ бо шароити зиндагии онҳое ки ба Ватан омада буданд, аз нуқтаи назари воқеият домуллоро боз ҳам дар ақидааш қавитар кард.

Пеш аз бозгашт ба Афғонистон домулло бо Хайрулло вохӯрда буд. Дар бораи зарурияти ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат сӯҳбатҳо доштанд. Домулло омодагии худро барои пешбурди фаъолияти муштарак дар самти бозгардонии гурезаҳо изҳор намуда буд.

Хайрулло барои тезонидани раванди бозгашт ва тезонидани ҳиссиёти зеҳнии домулло шароити вазнини гурезаҳоро дар мулки мардум асос оварда, зимни ҳамон сӯҳбат таъкид намуда буд:

– Ҳазрат, барои мо хеле нанговар аст, вақте ки ҳамватанони мо дар мулки бегона нимбараҳнаву гуруснаанд. Ба номуси занону духтарони тоҷик бегонаҳо даст мебаранд. Аксарияти онҳо аз бечорагиву нодорӣ касал шуда, зиндагиро дар ғарибӣ падруд гуфтаанд. Ба хотири пас гардонидани онҳо бояд мову Шумо ҳамаи имкониятҳоро истифода кунем.

Домулло посухи ба ин давъати Хайрулло додаи худро аниқ дар хотир дошт. Ҳини сӯҳбат ӯ гуфта буд:

– Додарам Хайрулло! Ман сад дар сад фаҳмидам, ки давлати имрӯзаи Тоҷикистон, таҳти сарпарастии сарвари ҷумҳурӣ, тамоми чораҳоро барои якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ мебинад. Ман ҳам тарафдори ҳамин ҳастам. Он чӣ ки дар ин роҳ ба ман вобаста бошад, сайъу талоши худро дареғ намедорам. Аз иззату икроме, ки нисбати ман раво дидед, хеле миннатдорам ва барои бозгардонии бародарону пайравонам бо мадади Худованду дастгирии ӯ ин оғозро анҷом медиҳам.

Домулло ба хотир овард, ки як хоҳиши муҳимро низ ба Хайрулло гӯшзад намуда буд:

– Агар имконият дошта бошед, саломи маро ба сарвари ҷумҳурӣ расонида, маслиҳат диҳед, ки масъалаи сулҳу салоҳро бо Нурӣ ҳал кунад. Нурӣ ба ваҳдат, якпорчагӣ майлу хоҳиш дорад, рӯҳияи ҷангҷӯёна надорад.

Домулло мӯҳтавои сӯҳбати бо Хайрулло доштаи худ ва ваъдаву изҳори омодагӣ карданашро ҷиҳати ташкили ҷараёни бозгашти гурезаҳо дар мағзу тафаккури худ аз чанд паҳлӯ ба тарозӯи андеша баркашида, дар дунёи ақлу хаёли худ роҳ меҷуст, табдире ёфтанӣ буд, ки чорагар бошад. Зеро раванди бозгардонидани гурезаҳо осон набуд. Аксарияти мардҳо бим аз он доштанд, ки барои ҷиноятҳои содиркардаашон дар Ватан ба ҷавобгарӣ кашида шуданашон аз эҳтимол дур нест. Аксарият моҳияти қонуни авфро, ки Шӯрои Олӣ қабул намуда буд, намедонистанд, ба дарки талаботу муқаррароти он намерасиданд.

Монеаҳои дигар ҳам буданд. Намояндагони бархе давлатҳои исломӣ, ки мухолифинро маблағгузорӣ мекарданд, тамоми чораҳоро истифода мебурданд, то ки гурезаҳо барнагарданд. Афғонҳо ҳам муқобили бозгашти тоҷикон мавқеъ доштанд, чунки барои онҳо қувваи кории арзон аз ҳисоби гурезаҳо лозим буд.

Аммо домулло аз ин ҳама монеаву шароитҳои пурмамониат рӯҳшикаставу маъюс нашуд, баръакс баъди аз Ватан баргаштанаш фаъолияташро дучанд намуд. Ӯ дар ҷаласаҳои мухолифин баромад карда, зарурати ҳар чӣ тезтар ба Ватан бозгардонидани гурезаҳоро қотеъона тақозо менамуд. Доимо чунин талаби домуллоро ҷонибдорӣ накарда, зидди таъкидҳои ӯ далелҳои беасос пеш мегузоштанд.

Вале домулло Ҳусниддин муқобили ин ҳама садгузориҳо муборизаву ҷадал менамуд. Ба хотири тезонидани раванди бозгардонии мардум якчанд маротиба ба Шариф – ходими вилояти Қундуз муроҷиат кард. Хоҳиш намуд, ки биное ҷудо кунанд, то ки тартиб рӯйхати умумӣ диҳад марҳила ба марҳила ба Ватан фиристодани гурезаҳоро ба роҳ монад. Вале Шариф зид баромад, мусоидат накард. Ин монеаҳо, ки аз ҳар тараф эҷод мешуданд, садди роҳи домулло шуда наметавонис­танд. Ӯ дар ин ҷода аллакай иқдоми росту устувор дошт. Дастгириҳо аз ҷониби сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғайрат ва бовариашро дучанд карда буданд.

Талошҳои қаҳрамононаи домулло Ҳусниддин самара доданд. Соли 1994 тавассути бандари Шерхон, бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Хайрулло ва хадамоти зердасти ӯ, ду бародару фарзандон ва хешу ақрабои домулло, дар маҷмӯъ наздики 200 ҳазор нафар гурезаҳои тоҷик аз вилоятҳои шимоли Афғонистон ба Ватан бозгаштанд.

Фақат худи домулло Ҳусниддин бо Гадову чанд муриди дигар он ҷо монданд. Тибқи нақшаи тасдиқшудаи раванди бозгардонӣ вақти баргаштани домулло ҳам расида буд.

Аз рӯи маълумотҳое, ки Гадо ва ёронаш фиристоданд, ҳаёти домулло Ҳусниддин мувоҷеҳи хатар қарор дошт. Ашхоси номаълум барои тарсонидан бошад, ё ки маҳв намудани домулло Ҳусниддин ба ҷони ӯ сӯиқасд ташкил карданд. Вале хушбахтона ба ӯ осебе нарасид.

 

НУҚТАИ ОХИРИН

 

Хайрулло дар ин сӯи марз эҳсоси нигаронӣ дошт. Ба хулосае омад, ки ба Ватан бозгардонидани домулло Ҳусниддинро набояд ба таъхир гузошт. Ҳар як лаҳза ғанимат буд. Бо ризоияти роҳбарият соли 1996 домулло Ҳусниддин бо пайравони боқимондааш, тавассути бандари Шерхон, ба Ватан баргашт.

Вақте домулло Ҳусниддин бо мақсади ба ин сӯи соҳил гузаштан лаби соҳили дарёи Панҷ қадам монд, нафарони зишткору бадҳадафе пайдо шуданд, аз ӯ қотеъона ва бо таҳдид талаб намуданд, то ба Тоҷикистон барнагардад. Аммо аз таҳдиду зӯрозмоиҳои он идда ғараздорони бадкеш ба қалби пурмуҳаббат ва имонпарваронаи домулло ҳаросе роҳ наёфт.

Ӯ дар иҳотаи Гадову ҳамроҳони дигараш, ки муштоқи дидори чеҳраи мубаррои Ватан буданд, қадам ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон гузошта, як каф хокро гирифта бӯсиду ба рӯяш молид. Издиҳоми пайравону ихлосмандон, ки ба истиқболи онҳо омада буданд, аз чунин саодати бузург, бозгашти симоҳои нуронӣ, аҳли фазлу имон, поён ёфтани шаби сиёҳи фироқу ғурбат ва тулӯи хуршеди ҷонбахши дидору ҳамнишинии дубора ашк мерехтанд. Ин ашки шодӣ, ашки тақдири онҳое буд, ки ба инсонҳои оқилу хирадманд, ганҷинаи имону маърифати динӣ ихлос доштанд.

Хайрулло ҳам, ки миёни издиҳом қарор дошт, ба хурсандии онҳое ки дар соҳили дарёи Панҷ ба истиқболи домулло ва ҳамсафарони ӯ баромада буданд, шарик шуд. Ӯро ҳаяҷон ва эҳсосоти хушоянд фаро гирифт. Ҳисси миллӣ ва меҳри диёрдорӣ дастболо шуд. Амалиёти «Бозгашт» бобарор анҷом пазируфт, заҳматҳои дусола барабас нарафтанд, натиҷа доданд. Ӯ ноаён аз издиҳоми одамон дур шуда, бо нӯги рӯймолча оби дидагонашро пок намуд.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид