Аз сањифањои таърихи Ќушунњои

сарњадии Љумњурии Тољикистон

 

Сафаралї Сайфуллоев зиёда аз 40 соли умри бебаракати худашро дар сохторњои амнияти миллии собиќ Иттињоди Шўравї ва Љумњурии Тољикистон гузаронида дар ин љода зањматњои зиёде кашидааст. Фаъолияти хизматии ў дар Маскав, Тошканд тайи чанд муддате дар Афѓонистон, собиќ вилояти Кўлоб ва Хатлони њозира гузашта шогирдони зиёде ба воя расонида барои хизмат омода намудааст.

Дар давраи љанги шањрвандї Сайфуллоев њамчун афсар бо супориши роњбарияти маќомоти амнияти љумњурї ба Ќуввањои сарњадї интиќол шуда то соли 2002 ба њайси љонишини аввали раиси Кумитаи давлатии њифзи сарњадии ЉТ ифои вазифа намудааст. Солњои 2002-2006 њамчун аташейи њарбї дар назди сафорати Тољикистон дар Федератсияи Руссия хизмат намуда иљрои ин вазифаро дар Љумњурињои Беларус ва Украина ўњда мекард. Солњои 2005-2006 аз нав муовини аввали раиси Кумитаи давлатии њифзи сарњади Тољикистон таъин шуд. Солњои 2006-2013 љонишини директори минтаќавии Созмони њамкории Шанхай шуда фаъолият намуд.

Савол: - Мўњтарам Сафаралї Сайфуллоевич кадом омилњо сабаб шуданд, ки шумо чекисти касбї барои хизмат ба Ќушунњои сарњадї гузаштед?

- Дар давраи љанги шањрвандї баъди шикаст хурдани гурўњњои зиддиконститутсионї аксарияти онњо ба Љумњурии исломии Афѓонистон ва Љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї фирор карданд. Аз маќсаду мароми ташкилкунандагони табадулоти давлатї маълум буд, ки баъди маскан гирифтан дар сарзамини Афѓонистон, муборизаи яроќнокро аз мавќеъи гурўњњои сиёсатмадороне, ки шарикаќида буданд, хусусан аз нуќтаи назари Афѓонистон, Эрон, Покистон ва Арабистони Саудї давом доданианд ва албатта маълум буд, ки барои гузаронидани амалиётњои љангї, террористї, ќочоќчигї сарњади давлатии он бо Афѓонистон ба куллї истифода хоњад шуд. Ба ин хотир аз охирњои соли 1992 сар карда, иншоотњои техникии дар сарњад мављуда вайрону валангор карда мешуданд. Шумораи марзшиканон аз Тољикистон ба Афѓонистон ва аз Афѓонистон ба Тољикистон торафт зиёд мешуд. Дар њамон рўзњо аз рўи вазъи ба миён омада, сарњадбонони Руссия бо танњої худашон њимояи сарњадро пурра ўњда карда наметавонистанд. Ин њолат дар назди Њукумати навташкили Тољикистон проблемаи нав – яъне мустањкам кардани сарњади давлатиро гузошт.

Аввалин санаде, ки ба њаллу фасли мушкилоти сарњад бахшида шуд, ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 18 - декабри соли 1992 тањти раќами 981 мебошад. Тибќи ин ќарор дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон аз њисоби аъзоёни љабњаи халкї иборат аз 1200 нафар бригадаи таъиноти махсуси марзбонон барпо карда шуд. Ин масъала дар сессияи XVI таќдирсози Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар шањри бостонии Хуљанд баррасї шуда буд. Мафњуми сарњади давлатии Тољикистон дар илми њуќуќшиносї падидаи нав ба шумул меравад. То ба имзо расидани ќарори Президиуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 28-уми декабри соли 1992 оиди таъсис додани Раёсати сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон дар њайати Кумитаи давлатии бехатарї ба њайси сарњади давлатии Иттињоди Шўравї муаррифї мешуд.

Ќушунњои сарњадї ва Вазорати дифои Љумњурии Тољикистон инњо мевањои мустаќилият мебошанд. То ба даст овардани истиќлолияти љумњурї инњо маќомотњои ќудратии собиќ Иттињоди Шўравї буданд ва баъди пароканда шудани СССР дар заминаи холї таъсис ёфтанд. Нахустин сањифаи бунёди таърихи сохторњои сарњадї ин рўзи таъсиси бригадаи таъиноти махсус дар сохтори КДАМ ЉТ 18-декабри соли 1992 дар њайати 1200 нафар мебошад. Ин нахустин ќадамњои давлати соњибистиќлоли тољик дар бунёди ќуввањои сарњади давлатї ба хотири ба њифозат гирифтани марзу буми кишвар буд. Тибќи фармони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии љумњурї полковник Зуњуров С. ин бригада дар шањри Душанбе ташаккул ёфт. Аввалин ќумандони бригадаи мазкур сардори шўъбаи контразведкаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии љумњурї дар вилояти Кўлоб полковник Сайфуллоев Сафаралї таъин шуд.

Савол ба миён меояд, ки оё дар чунин як давраи њасос зарурати ташкил намудани чунин як воњиди њарбї лозим буд? Аз як тараф алангаи оташи љанги шањрвандї њамаро ба коми худ фурў мебурд, аз дигар лињоз ќисми љануби сарњади давлатї бо давлати исломии Афѓонистон беназорат буд. Баъди пош хурдани Иттињоди Шўравї мавќеъи ќушунњои сарњадии Федератсияи Руссия ва ваколатњои онњо муайян набуд. Онњо дар як шароити муаллаќ ќарор дошта бо сабабњои номукаммал будани њайати шахсии дидбонгоњхо аз ўњдаи пурраи њифзи сарњади давлатї намебаромаданд. Ин сабаби ворид шудани гурўњњои силобадасти зархарид ба ќаламрави ноњияњои наздисарњадї шуда буд. Чунин вазъияти ба амаломада роњбарияти сиёсии љумњуриро ўњдадор намуд, ки њифзи ќисмати љанубии сарњади давлатиро, ки амнияти онњо бо сабабњои дар боло зикршуда хеле суст буд, ба ўњдаи бригадаи таъиноти махсус гузорад.

Љињати таъмин намудани њифзи марзи ноњияњои сарњадї гурўњњои зудамал якумаш дар ноњияи Шањритус (ќумандон капитан Раљабов Б.), дуюмаш Ќумсангиру Панљ (капитан Шамолов С.Д.- њоло генерал-майор), сеюмаш Фархор (капитан Арабов Ќ), чорумаш Шўрободу Дарвозу Ванљ (шодравон Давлатов Љ. полковник баъди маргаш) сафарбар карда шуданд. Ин воњидњои номбурда дар хати дуюми марзи љумњурї баъди ќушунњои сарњадии Руссия љойгир карда шуданд.

Њайати шахсии гурўњњои зудамал бо лавозимотњои љангї силоњњои хафиф автомат, саќил, пулемёт, грантамёт, зенитий, АГС-17, 12-адад танк, 28 БТР-80 (мошини зирењпўш), 12 БМП (мошини љангии пиёдагардњо) мусаллањ буданд. Дар тавозуни бригада ва гурўњњои зудамал 5-адад мошинањои алоќа, 10-адад мошинањои кашонидани сўзишворї, 16-адад мошинањои ГАЗ-66 буд. Ситоди бригада дар шањри Кўлоб љойгир шуд. Њайати шахсии бригада ва зерсохторњои ў дар мўътадил гардондани вазъи сарњади Љумњурии Тољикистон бо Афѓонистон, баргардонидани гурезањо аз ќаламрави Убекистон ва Афѓонистон, мањв намудани ќочоќчиён, марзшиканњо матонату мардонагї нишон дода наќши худро дар бунёди пояњои ќушунњои сарњадї гузоштанд.

Ногуфта намонад, ки фармондењи њозираи Сарраёсати ќушунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар генерал-лейтенант Рањмоналиев Раљабалї аввалин афсар ва дастпарвари њамин бригада мебошад. Ў то миёнаи соли 1993 ба њайси сардори шўъбаи тайёрии њарбии ин воњид дар Раёсати њифзи сарњади Кумитаи давлатии амнияти миллї то ба Вазорати дифоъ интиќол шуданаш ифои вазифа намуд.

Ќобили ќайд аст, ки 23-феврали соли 1993 нахустин намоиши њарбии давлати соњибистиќлол дар шањри Душанбе гузаронида шуд. Дар он гурўњи зудамали бригадаи таъиноти махсус тањти сарпарастии капитан Шамолов С.Д. (њоло генерал-майор) ва як ќисми ќушунњои дохилаи Вазорати дохилии Љумњурии Тољикистон иштирок доштанд.

Чї тавре, ки ќайд намудам охирњои соли 1992 ва аввалњои соли 1993 вазъияти оперативї дар ноњияњи наздисарњадии Панљ, Фархор ва Дарвоз хеле мураккаб буд. Дар њамин давраи нишондодашуда 376 нафар марзшиканњо ва ќочоќчиён дастгир карда шуданд. Зиёда аз 70 гурўњњои мусаллањ зада несту нобуд карда шуданд. Яроќу аслиња ва лавозимоти њарбии зиёде мусодира карда шуданд.

- Дар њолате, ки ќушунњои сарњадї дар заминаи холї таъсис ёфтанд, таъмини онњо бо афсарони касбї чї гуна ба роњ монда шуд?

Рўзњои аввали ташаккулёбии бригадаи таъиноти махсус ќисми зиёди афсарон, ки аз ноњияњо дар Љабњаи халќї даъват шуда буданд ба сохтори бригада шомил карда шуданд. Ќисмати зиёди онњо афсарони касбї буданд. Мутаасифона буданд дар байни онњо хизматчиёне, ки одамони тассодуф буданд. Дар давоми соли 1993 якчанд комиссияњои санљишї гузаронида шуд ва он нафарњое, ки ба меъёрњои афсарї љавобгў набуданд аз хизмат барканор карда шуданд.

Ба њамагон маълум аст, ки дар артиш бе марказњои таълимї омода намудани сарбозон аз лињози љангї хеле мушкил аст. Аввалњои соли 1993 дар ин марказ бо усули фаврї сержантњои хурд ва сержантњо, сарбозони техникї ва алоќа омода шуда ба хизмат сафарбар мешуданд. Чунин як маркази таълимї дар ноњияи Њамадонї (сардораш капитан – њоло полковник љонишини сардори Омўзишгоњи Олии сарњадии Сарраёсати Ќушунњои сарњадї КДАМ –и ЉТ, номзади илми сиёсатшиносї Раљабов Љумъахон) таъсис дода шуд.

Ќобили зикр аст, ки аз рўзњои аввали таъсисёбии отряди махсуси сарњадї фаъолияти он бо марзбонони гурўњи сарњадии Русия дар Тољикистон, дар заминаи муносибатњои дўстона сурат гирифта буд. Дар масъалаи њифзи сарњад ба сарњадбонони тољик аз љониби собиќ директори Хадамоти Федералии сарњадии Русия генерали армия Николаев Андрей Иванович бисёр кўмакњои беѓаразона расонда шуданд. Аввалин коре ки ў кард, пазируфтани пешнињоди оид ба кушодани курсњои кўтоњмуддат ва дар Маркази таълимии гурўњи сарњадбонони Русия дар Тољикистон тайёр кардани афсарони хурди низомї мебошад. Ў ин пешнињодро дастгирї карда, харољоташро њам ба ўњда гирифт, муаллимонашро аз Институти сарњадии Голитсини ш. Москав ба Тољикистон фиристод. Ин муаллимон дар тўли солњои 1994 – 1995 дар муддати ду сол дар курсњои шашмоња 4-гурўњ афсаронро дар риштаи сарњад тайёр карданд. Илова бар ин соли 1995 дар Шўрои фармондењии сарњадии давлатњои муштаракулманофеъ Николаев изњор дошт, ки Русия тайёр аст дар асоси шартномањои соњавї дар мактабњои оливу миёнаи касбиаш сарњадчиён-аъзоёни Шўроро ба тањсил ќабул кунад…

 

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид