Марзу марзбонӣ дар аҳди Сомониён

 

Марзу марзбонӣ баробари пайдоиши нахустдавлатҳои ғуломдорӣ асос ёфта буд. Давлатҳои қадима нахустдавлатҳои ғуломдории Осиёи Марказӣ, Суғд, Бохтар, Хоразм ва Парфия (Ашкониён) ба шумор мерафтанд. Мувофиқи ривояти маводҳои таърихӣ дар байни онҳо марзҳои шартӣ-аломатӣ вуҷуд доштанд. Баъдтар дар давраи гузариш ба сохти феодалӣ, дар замони осониён, Ҳайтолиён ва Кӯшониён аломатҳои марзу марзбандӣ хеле густариш ёфтанд.

Марзи давлатҳои Сосониён ва Ҳайтолиён бештар дар замони ҳукмронии Фирукмронии Фирӯз ва Қушнавоз хеле хуб посбонӣ карда мешуд. Муаллифу тарҷумони «Таърихи Табарӣ» Абӯалии Балъамӣ ёд мекунад, ки асосан дар асри VI –и мелодӣ, дар замони Сосониёну Ҳайтолиён, ки тамоми кишвари Осиёи Марказӣ дар итоати онҳо буд, марзбандӣ ва марзбонӣ хеле инкишоф ёфт. Муҳаққиқ бештар дар бораи марзбонии Ҳайтолиён маълумот медиҳад. Вай менависад, ки соли 487-и мелодӣ дар байни Ҳайтолиён ва Сосониён сарҳад муайян карда мешавад. Подшоҳи ҳайтолӣ Қушнавоз ва шоҳи Сосонӣ Фирӯз бо харсангҳо девор бардошта, сарҳади байни давлатҳояшонро муайян менамоянд. Дере нагузашта Фирӯз сарҳадшиканӣ менамояд ва бурҷи муайяншудаи байни кишварҳоро мехоҳад, ки тағйир диҳад. Бо амри вай 500 нафар сарбоз ва 300 фили ҷангиро ба сарҳадвайронкунӣ омода месозад. Дар охир аз сирри ӯ Қушнавоз огоҳ гашта, бар зидди душман чора меандешад. Дар натиҷа Фирӯз талафоти калон дода, дар майдони муҳориба бо ҳафт писараш ҳалок мегардад. Ин корнамоии Ҳайтолиён барои марзшиканони минбаъда дарси ибрат мешавад…

Баъди аз тарафи арабҳо истило шудани Осиёи Миёна масъалаи марзбонӣ ба як низоми муайян дароварда мешавад. Онро бештар шоҳони Тоҳириён ба тартиб меоранд. Аз Сосониён ибрат гирифта, марзи давлати хешро дар Ғарб то мулки Ироқ мустаҳкам менамоянд. Бо ин сиёсати давлатдории хешро дар замони халифаҳои араб Мӯътазид (892-902) ва Мӯътамид (833-842) мустаҳкам мегардонанд.

Муаллифи «Сиёсатнома» Низоммулмулк менависад, ки дар давлату давлатдорӣ ва низоми марзбонӣ ба Сомониён дигар давлатҳо баробар набуданд. Онҳо ҳоло дар замони ҳокими Самарқанд таъин гаштани Нӯҳ ибни Асад (818-842) ба устуворкунии марзҳои давлаташон кӯшиш намуда буданд. Ба ин аввалин юриши Нӯҳ ба Шарқ (соли 825) мисол шуда метавонад. Вай барои аз туркони бодиянишин паноҳ нигоҳ доштани сарҳадҳои шарқии мулки Сомон мубориза намуда, дар дарвозаи Қашғар аввалин боҷхонаи гумрукиро таъсис дода буд.

Муаллифон Ибни Ҳавқал ва Истахрӣ менависанд, ки дар марзбони Сомониён ҳамто надоштанд. Сипоҳиёни онҳо дар Хуросону Мовароунаҳр посбониро хеле хуб ба роҳ монда намегузоштанд, ки туркони бодиянишин марзшиканӣ карда, аспону подаи гову уштур ва рамаҳои бузу гӯсфандро рабаранд.

Сарчашманавис Муҳаммад Муқаддасӣ ёд менамояд, ки бештар қабилаҳои туркии ғузу оғуз марзшиканӣ намуда, молу мулки мардуми таҳҷойиро (тоҷиконро) ба яғмо мебурданд. Сипас пеши роҳи онҳоро Сомониён бастанд. Дар ин ҷода Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ таҷрибаи кофӣ дошт. Ӯ баъди реҳлати волидайн (соли 864) ҳокими Фарғона таъин шу два дар ин мулк таҷрибаи кофии марзбониро азбар намуд. Дар ин ҷо борҳо бо туркони ғоратгар мушт ба гиребон шуду дар охир овозадор гашт. Ин буд, ки соли 874 бухориён аз бародари бузурги вай Абӯнаср ибни Аҳмади Сомонӣ (864-892) талаб ба миён оварданд, Исмоилро волии Бухоро таъин намояд, то ки вай пеши роҳи марзшикании турконро бигирад.

Сабаби асосии бузург шудани Исмоилро дар он дидан мумкин аст, ки вай аз таҷрибаи бобокалонҳояш – пеш аз ҳама аз ҷасурии амакаш Нӯҳ ибни Асад ва падараш Аҳмад ибни Асад огоҳ буд. Дар бораи Исмоил ва корнамоии вай дар Фарғона Абурайҳони Берунӣ дар асари хеш «Фи таҳқиқӣ мо Ли-л-ҳинд» ишора менамояд, ки вай «шаҳрҳо ва навоҳии бисёре аз Синд то сарзамини Ҳиндустон аз душман озод намуд ва шӯҳраташро боло бурд».

Олими машҳури шарқшиноси рус В.В. Бартолд оид ба таърихи қадимтарин ва қадимаи халқҳои Осиёи Миёна, алалхусус тоҷикон бештар диққат додааст. Вай дар асари калонҳаҷми сарчашмавии хеш «Туркистон» ба таҳлили ҷуғрофияи Шарқ аҳамият медиҳад. Олим дар ин сарчашмаи нотакрори хеш оид ба саҳми Сомониён дар мустаҳкам намудани марзу буми Осиёи Миёна бештар нақл мекунад. Ӯ менависад, ки дар замони Сомониён Фарғона аз дигар манотиқи сарҳадӣ бо шаҳрҳои калони хеш Ӯ шва Ӯзканд (Узген) фарқ мекард. Ин шаҳрҳо мулки сарҳадии Сомониён бо туркон ба шумор мерафтанд, ки аз тарафи сарҳадбонони онҳо сахт муҳофизат карда мешуд. «Ӯш дар кӯҳпоя буд, - менависад муаллифи «Ҳудуд-ул-олам», ва бар ин кӯҳ бурҷи дидбонӣ қарор дошт ва посбонҳо марзи исломро аз кофирони турк дар ин ҷо нигоҳ медоштанд. Ӯзканд охирон шаҳри Фарғона дар муҷовироти Туркистон буд».

Исмоил дар муддати волии Бухоро буданаш (874-892), дар муборизаи зидди туркони ғоратгар дастболо гардид ва таъсири хешро ба онҳо гузаронид. Пас аз он, ки амири Сомониён шуд (892-907) он гоҳ бар зидди бодиянишинон муборизаи беамон бур два дар Шимолу Ғарб сарҳади мулки Сомонро мустаҳкам намуд. Вай баъди подшоҳи кулли Сомонӣ шуданаш нахустин юриши хешро ба шимол созмон дод ва соли 893 маркази ҳоқонати туркон-шаҳри Исфиҷобро забт карда, подшоҳи бодиянишонро бо аҳли байташ асир намуда, бо ҳамроҳии даҳ ҳазор ғуломи турк ба Бухорою Самарқанд овард. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» менависад, ки «Ин юриши вай калонтарин буд ва он пеши роҳи сарҳадвайронкунии бодиянишинонро муддати тӯлонӣ баст…».

Олими машҳур ва сайёҳи араб Аҳмади Фазлон чун котиби сафорати халиф Муқтадир (908-932) солҳои 921-922 ба кишвари Сомониён сафар карда буд. Вай дар асари хеш «Сафарнома», дар бораи давлату давлатдории Сомониён, усули шаҳрсозию меҳмонавозии тоҷикон ва марзи мулкҳои онҳо нақлҳои шавқманд намуда, ба усули давлатдории бобокалонҳоямон баҳои хоса додааст. Ӯ менависад, к иду соли умри хешро дар замони ҳукумронии набераи Исмоил-Насри II ибни Аҳмад (914-943) дар Бухорою Самарқанд сипарӣ намудааст. Дар ин муддат бо анъана ва ойинҳои хуби тоҷикон ошно гашта, дар асараш ба тозагии шаҳрҳо, усули меҳмонқабулкунии мардуми маҳаллӣ, тарзи либоспӯшӣ, қабули мусофирони хориҷӣ ва ғайра баҳои баланд медиҳад. Ӯ қайд менамояд, ки марзи мулки Сомон дар шимолу ғарб то ба кӯҳҳои Урал мерасид.

- Вақте, ки мо – мегӯяд ӯ, - ба мулки Булғор (соҳили Волга) сафарамонро идома додем, марзбонони Сомонӣ моро роҳбаладӣ намуданд. Ҳангоми вориди замини булғорҳо шудан огоҳ гаштем, ки дар ташаккули зиндагии булғорҳо, қабули ислом, тарзи меҳмоннавозӣ ва хонасозии онҳо саҳми тоҷикон калон будааст… Муаллиф боифтихор аз забони булғорҳо нақл менамояд, ки тоҷикон онҳоро аз олами ҳайвонӣ (чайланшинӣ) берун оварда, соҳиби хона, мактаб ва масҷид кардаанд. Бо ин онҳо сарҳади давлати хешро дар ғарб мустаҳкам ва дар симои булғорҳои соҳили руди Волга дӯстони хешро пайдо намуданд.

…Сарҳади мулки Сомон хеле васеъ ва фаррох буд. Он аз шимол аз мулки Ҳафтруд (имрӯза Алмаато) ибтидо гирифта, дар ҷануб то ба соҳилҳои халиҷи Форс мерасид. Дар ғарб аз мулки Рай (Эрони Ғарбӣ) доман паҳн карда, дар Шарқ то ба мулки Хутан пайваста буд. Дар ҳамаи ин ҷойҳо Сомониён марзбонӣ мекарданд ва тартиби ба кишварашон ворид шудан ва хориҷ гаштани ашхоси бегонаро назорат мебурданд ва барои мусофирон дар шаҳру деҳоти сарҳадӣ шароитҳои қулайи зиндагиро муҳайё карда буданд. Дар ин хусус Муқаддасӣ чунин ҳикоят намудааст: «Шаҳри марзии Фавора дар биёбон қарор дощт ва дар баробари туркон, ҳамчунин ғузни муқовимат мекард. Дар он ҷо гурӯҳе аз марздорон бо иродаи камтар аз ҳазор мард, бо созу бори бисёре иқомат доштанд. Рӯ ба рӯи Абервард низ работи Куфан воқеъ буд, ки дорои боруе бо чаҳор дарвоза ва масҷиди бузург буд».

… Умарои Сомонӣ бештар ба тайёр намудани марзбонон диққати хоса медоданд. Онҳоро дар Самарқанд, Бухоро, Нишопур, Ҳирот, Чоч таълим медоданд. Дар замони Сомониён ду навъи лашкар амал мекард, ки онҳоро лашкари сароӣ ва ғозиёни дарбор меномиданд. Лашкари сароӣ дар шаҳрҳо, дар саройҳо (гарнизонҳо) нигоҳ дошта мешуд. Инчунин лашкари онҳо сипоҳии берун аз сароӣ низ буд. Чунин лашкарро-лашкари кироӣ мегуфтанд. Дар давраи ҷангҳо аз қувваи чунин лашкар истифода мебурданд. Лашкари сароӣ баробари нигоҳ доштани тартиботи дохила, инчунин вазифаи посбонии сарҳадро низ ба ӯҳда дошт…

Сомониён ба ду самти сарҳад-шимолу ғарб зиёдтар диққат медоданд, зеро ин музофотҳоро бештар туркони бодиянишин зери тохту тозу ғоратгарии хеш қарор дода буданд. Аз ҷумла, марзбонӣ дар Деҳистон хеле мустаҳкам буд. Деҳистон дар Шарқии баҳри Хазар (Каспий) ҷойгир буда, дар аҳди Сомониён он шаҳри бузурги сарҳадию бандарӣ ба шумор мерафт. Вай дорои корвонсаройҳо, масҷиди ҷомеъ буд. Деҳистон қисми ғарбии давлати Сомониёнро аз туркони ғузнасл ҷудо мекард. Аз гуфтаи сарчашмаҳо бар меояд, ки Деҳистон муҳимтарин шаҳри бандарии Сомониён будааст.

Мулки Сомон дар шимол то Хоразм тӯл мекашид. Шаҳрҳои Утрор, Тироз, Исфиҷоб марказҳои сарҳадии Сомониён буданд. Онҳо Осиёи Марказиро аз ҳуҷумҳои ғосибонаи туркони бодиянишини дашти Қипчоқ эмин нигоҳ медоштанд. Дар замони ҳукмронии Нӯҳ ибни Асад ин шаҳрҳо аҳамияти стратегӣ дошта, ба марзи мулки Сомон пайваст шуда буданд.

Муаллифи китоби сарчашмавии «Ҳудуд-ул-олам» менависад, ки Сомониён аз қадим боз ба мустаҳкамкунии мулки шимоли хеш бештар аҳамият медоданд. Он дар замони давлатдории Исмоил ва наберааш Насри II хеле ба низом дароварда шуда буд. Сарчашмаҳо ёдовар мешаванд, ки барои аз ҳуҷумҳои ғузҳо эмин нигоҳ доштани марзи шимоли давлати Сомониён бештар ба ободӣ ва мустаҳкамии шаҳри Саброн диққати хоса медоданд ва онро бо деворҳои баланди похсагин мустаҳкам менамуданд. Шаҳри дигари дар паҳлӯи он қарордошта Ғараб ном дошт, ки мисли Сарбон маркази дидбонии Сомониён буд. Баъдтар дар асри Х он номи Утрорро гирифт, ки дар рафти ғоратгариҳои Чингизхон (1218-1219) хароб карда шуд.

Баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён (соли 999) мулки онҳо байни туркон тақсим гашт. Дар хоки Сомониён давлатҳои ба ном туркӣ, аз қабили Ғазнавиён, Қарохониён, Салчуқиён ва Қарохитоиҳо ташкил ёфтаанд, ки байни худ барои сарҳад шуда, ҷангҳои тӯлонӣ мекарданд.

 

 

Границы государство Саманидов

Саманидская государство существовала в 817-999 годы.

При правлении эмир Нуха ибн Асада была образована госграницы государства Саманидов. В статье речь идёт о границы и таможней службы эпохи Саманидов.

 

 

Адабиёт ва сарчашмаҳо

 

А.Наршахи-История Бухары, Душанбе 2012

Низомулмулк-Сиёсатнаме, Душанбе 1979

А.Байхаки-История Масуди, Душанбе 1981

С. Абдуллоев-Амир Исмоили Сомонӣ, Хуҷанд 1999

Б.Гафуров-Избранные труды, Душанбе 1982

Н. Негматов-Государство Саманидов, Душанбе 1979

С.Мухторов-Сомониён: замон ва макон, Душанбе 2008

 

 

Сирати Исмоил

 

Дар таърихнигории наву кӯҳани тоҷик чеҳраи Исмоил ибни Аҳмад ибни Асади Сомонӣ пурра кушода нашудааст. Қисми кули пажӯҳишгарон ба муборизаҳои Исмоил барои созмон додани давлати муқтадири тоҷик – давлати Сомониён бештар диққат дода, аз баёни сирати некӯи вай худдорӣ кардаанд. Танҳо баъзе лаҳзаҳои зиндагиномаи некӯи ӯ дар асарҳои Абӯбакри Наршахӣ «Таърихи Бухоро» ва Низомулмулк «Сиёсатнома» оварда шудаанд.

Амирони одил аз ҷумлаи Сомониён яке будааст, ки ӯро Исмоил ибни Аҳмад гуфтандӣ қайд менамояд Низомулмулк, - сахт одил будааст ва ӯро сиратҳои некӯ бисёр будааст, бо худои таъоло эътиқоди софе дошт ва дарвешбахшое буд ва аз сияри ӯ боз намудаанд… пеш аз он, ки мо дар атрофисирату одамияти Исмоил ибни Аҳмад гап занем, аввал бояд ба чеҳраи сиёсатмадории ӯ рӯшанӣ андозем, пас дар хусуси хислатҳои некӯи ӯ ҳарф занем.

Исмоил ибни Аҳмад моҳи марти соли 228 ҳиҷрӣ (849) дар оилаи ҳокими Фарғона Аҳмад ибни Асад ба дунё омадааст. Чеҳраи сиёсатмадории ӯ баъди вафоти падараш Аҳмад соли 243 (864) дар Фарғона сурат гирифт. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ӯ худро ба ҳайси сиёсатмадори оқилу доно ифшо намуд. Овозаи зафарёбии ӯ аз болои туркони бодиянишин вайро ба Бухоро овард. Вай соли 253 (874) ҳокими мутлақи вилояти Бухоро таъин гардид. Пас чун шоҳсутуну Бухороро ободу ба туркон дастнорас кард. Сипас баъди вафоти бародараш Абӯнаср соли 271 (892) амири кулли давлати Сомониён эълон гардид ва дар роҳи мутамарказонидани давлати овозадори Сомониён ҷонбозиҳо кард. Ӯ мустақилияти томи давлати хешро аз арабҳо таъмин карда, баъд ҳаволаи ворисонаш намуд…

Ҳамин буд, ки Исмоил ҳамчун амири сиёсатпеша марди адолатпараст, падари сахтгир, подшоҳи одил, заковатманд ва шуҷоатманд ном баровард. Вай кӯшиш менамуд, ки дар қаламрави давлаташ адолатхоҳию некӯпарастӣ бошад.

Адолатии ӯ ба ҳадде буд, ки оиди он ривоятҳо сохтаю бофта мешуданд. Аз ҷумла, қисса мекунанд, ки Исмоил боре аз чунин воқеа огоҳӣ ёфт: дар мулки Рай санги зари хироҷ нисбати ченаки давлатӣ вазнин будааст. Ин хабар ӯро ба ташвиш мемонд. Фавран чора ҷуст. Намояндаи хазинаи хеш Чир Элчиро вазифадор намуд, ки ба Рай рафта, сангҳоро мӯҳр зада, ба Бухоро орад. Ҳангоме, ки намояндаи марказ озими шаҳри Рай шуд, хазинадорон дар тарс афтоданд, ки онҳоро сахт гӯшмол мекунад. Аммо вай мувофиқи дастури амир амал карда, сангҳоро ба Бухоро овард. Баъди аз санҷиш гузаштани сангҳо маълум гардид, ки хазинадорон вазни муқаррарии сангҳоро зиёд карда, андози ғайриқонунӣ ғундоштаанд. Баъди тасдиқ шудани фиреби хазинадорон сангҳои навро ба Рай фиристонда, боа мри Исмоил зарари ба мардум расондаи хазинадорон ба соҳибонаш баргардонида шуд…

Исмоил хоксорию сиёсатмадориро аз падар мерос гирифта буд. Зеро ҳангоми дар ҳаёт будани Аҳмад ибни Асад вай ба писаронаш дарси адабу адолатӣ меомӯзонид, онҳоро ба фӯрутангию шикастанафсӣ тарбия мекард. Сарчашманависон ҳикоят мекунанд, ки баъди сари Абӯнаср ибни Аҳмад Исмоил подшоҳи Сомониён шуд. Он гаҳ бисёриҳо пиндоштанд, ки ӯ бузург шуду хулқу атвори хешро тағйир медиҳад. Боре ба ӯ суол карданд, ки Шумо амири бузург шудеду чаро муносибататон ба дӯстон ҳамон зайл монд. Ӯ чунин посух дод: ин мартабаю сарватро ба мо худо ато кардааст. Мо амир шудем гӯён аз дӯстон рӯ наметобем, худро аз онон боло намегирем. Зеро мо низ бандаи худо ҳастем…

Исмоил марди оддӣ ва дилсӯзи бенавоён буд. Вай кӯшиш ба харҷ медод, ки ба дармондагон дасти кӯмак дароз кунад. Ҳикоят мекунанд, ки ӯ рӯзҳои барфу борон ба кӯчаҳои Бухоро баромада аз аҳволи фуқаро бохабар мешу два ба ятимону бепарасторон мадад мекард. Дар ин хусус муаллифи китоби «Зинат-ул-маҷолис» чунин навиштааст: Гӯянд, ки амир Исмоили Сомонӣ, ки подшоҳи аввал аст аз мулки бани Сомон дар рӯзҳои барфу борон ба асп савор шуда, ба майдон рафтӣ то кассе ҳоҷате ба ӯ арз кунад. Ва чун аз майдон берун омадӣ гирди маҳаллот баромада мардумро садақа додӣ. Навбате бад-ӯ гуфтанд, ки салотин дар ин рӯзҳо берун намеоянд, сабаб чист, ки амир иртикоби машаққати чунин намояд? Ҷавоб дод, ки дар чунин рӯзҳо ғарибон ва ситамрасидагон парешонтар мебошанд, чун дар он ҳолат муҳими эшон сахт гардад, шояд, ки дуое боасар дар бораи манн содир гардад…

Падари Исмоил Аҳмад ибни Асад марди хеле фозилу донишманди илмҳои замонаш ба шумор мерафт. Вай соҳиби ҳафт писар буд ва ба ҳар кадоме аз онҳо муносибати хоса мекард. Баробари мактаб, инчунин худаш ҳангоми фориғ аз кор ба онҳо дарси одаму одамгарӣ, сиёсатмадорӣ таълим медод. Исмоил низ анъанаи падарро идома дод. Вай ба писараш Аҳмад шахсан худаш дарси сиёсатмадорӣ мемӯзонид. Зеро ӯ медонист, ки пас аз маргаш Аҳмад кори вайро пеш мебарад. Бинобар ин нисбати тарбияи писараш хеле ҷиддӣ рафтор мекард.

Муаллифи китоби «Равзат-ус-сафо» Мирханд, дар очерки таърихии хеш «Сомониён» ёдовар мешавад, ки амир Исмоил дар тарбияи писараш Аҳмад кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додаст. Азбаски Аҳмад писари калони оила буд, бинобар ин ба ӯ устодони номии замон дарс мегуфтанд. Аммо Аҳмад саркашӣ карда, дарсҳоро мувофиқи талаботи омӯзгорон аз худ намекард, он боиси муноқишаи байни шогирду устод мешуд. Рӯзе муаллими ҳисоб аз рафтору кирдори Аҳмад ба хашм омада, ба ӯ мегӯяд: «Баракат диҳад худои туров а онро, ки ту аз вай пайдо шудӣ…».

Дар ҳамин асно Исмоил дар ҳуҷраи ҳамшафат менишаст ва аз он суханони омӯзгор гӯшовоз шуда, дар назди устод фарзандашро сахт танбеҳ медиҳад. Муаллим дар ҳарос монда, аз подшоҳ узр мепурсад Исмоил бошад суханони омӯзгорро тавқият бахшида ба ӯ мегӯяд: Ташаккур ба Шумо…

Исмоил ибни Аҳмади Смонӣ дар баробари корҳои дарбору хориҷа, инчунин ба масъалаи лашкар, таъминоти он, гузаронидани машқҳои ҳарбӣ диққати хосса медод. Кори «Девони соҳибушарта» ё «Артиш» дар зери назорати бевоситаи вай қарор дошт. Азбаски ин девон ҳаёту мамоти давлаташро ҳал мекард, бинобар ин подшоҳ кӯшиш ба харҷ медод, ки роҳбарии онро аз ҳисоби шахсони ба худ хеле наздик таъин намояд. Бинобар он худи амир чун сарфармондеҳи олӣ баъзе вақтҳо дар курсии сардори ин девон нишаста, амр медод. Чӣ хеле, ки муаллифи «Таърихи Бухоро» Абӯбакри Наршахӣ менависад, амирон қисми зиёди вақти корҳояшонро дар идораи ҳамин девон сипарӣ мекарданд. Ӯ менависад, к сипаҳсолорро шахсан худи амир аз ҳисоби дӯстони содиқаш интихоб мекард ва аз болои кори ӯ назорат мебурд.

Лашкари Сомониён ҳар сол дар мавзеҳои мухталифи кишвар машқҳои тӯлонии ҳарбӣ гузаронида, сипаҳиёнро ба ҳарбу зарби зидди душман хуб омода месохт. Ин машқҳо бо иштироки фармондеҳи олӣ Исмоили Сомонӣ мегузаштанд. Пас аз он солее як маротиба ё дар рӯзи иди «Наврӯз» ё «Меҳргон» намоиши қӯшуни Сомониён созмон меёфт. Сафкашии низомиро, ки аз ҳисоби қӯшуни савораю пиёдагард, найзазанон ва филҳои ҷангӣ ташкил мешуд, худи подшоҳ қабул мекард. Дар рӯзи тантана сипаҳсолор, сарварони қӯшунҳо, сипоҳиёни ҷасуре, ки дар муҳорибаҳо корнамоӣ нишон медоданд аз дасти амир Исмоил тӯҳфаю инъомҳо мегирифтанд.

Баробари ин Исмоили Сомонӣ нисбати сарлашкарону сипоҳиён серталаб буд. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки лашкараш боинтизому машаққаткаш бошад. Ҳар гоҳ, ки лашкар ба юриши навбатӣ омодагӣ мегирифт, ӯ ҳозиринро таъкид менамуд, ки нисбати молу мулки мардум парҳезгор бошанд.

Сарчашмаҳо ёд мекунанд, ки боре лашкари Сомонӣ озими шаҳри Рай мегардад. Роҳ аз байни боғзору токзори мардум мегузашт. Исмоил сипаҳсолорро огоҳ менамояд, ки сипоҳиён ба тороҷи моли мардум даст назананд. Аммо ду тан аз онҳо гурусначашмӣ карда, чанд дона себро аз боғе медузданд. Онро боғбон пай бурда, ба Исмоил арз мекунад. Подшоҳ аз байни лашкар дуздонро ёфта, амр медиҳад, ки дасти росташонро кӯтоҳ кунанд ва сипаҳсолорро аз вазифа сабукдӯш мегардонад.

Ин рафтори Исмоил барои дигарон панд мешавад. Дигар лашкариёнаш ҳангоми юришҳо ба тороҷи чизу чораи фуқаро даст намезаданд. Минбаъд мардуми дар қаламрави Сомониён буда лашкарро чун посбони хеш эҳтиром менамуданд.

Хилофати араб аз болоравии обрӯ ва нуфузи Исмоили Сомонӣ рашк мебурд. Азбаски ӯ империяи тавонои тоҷикро ташкил намуда буд, бинобар ин халифа Мӯътазия (892-902) аз бартарии Исмоил метарсид ва кӯшиш менамуд, к ибо ҳар восита пеши роҳи ӯро гирад. Дар охир халиф ба он муваффақ шуд, к иду хонадони тоҷикӣ – сомонию саффориро бо ҳам ҷидол кунонида, мавқеъи хешро боло барад. Бо ҳамин нияти ӯ Исмоили Сомонию Амири Саффориро душман кард.

Бо роҳи тӯҳматангезӣ хост, ки якеро шикаст диҳаду иқтидори дигареро суст кунад. Бо иғвои хилофат дар байни Сомониёну Саффориҳо ҷанг сар шуд, ки дар он Исмоил зафар ёфт.

Исмоил марди хирадманд буд. Ҳарчанд, ки аз болои шоҳи Саффориён Амр ибни Лайс ғалаба кард, ӯро асир гирифт, ӯро қатл накард. Як муддат вайро некӯ нигаҳ дошт, пас қатлашро ба худи халифа ҳавола кард.

Исмоил нисбати лашкарони ҳариф хеле хушмуомила ва раҳмдил буд. Вай ба ҳамсафонаш мегуфт, ки «онҳо на боа мри дили худ ба зидди мо ҷанг намудаанд». Чӣ хеле, ки Абӯбакри Наршахӣ дар китоби худ «Таърихи Бухоро» аз номи Исмоил навиштааст: «Чӣ мехоҳед аз ин бечорагон, бимонед то ба мулки хеш бираванд. Ишон ҳаргиз ба ҳарби Шум обоз наоянд ва дигаронро дилтабоҳ кунанд». Бо амри Исмоил ба асирон ҷомаи карбосӣ пӯшонида, ҷавоб медоданд. Ин некии Исмоилро сипоҳиёни душман ба гӯш гирифта, ҳеҷ гоҳ дигар бар зидди лашкари ӯ ба ҷанг намебароянд. Чунин тадбирҳои ибратомӯз дар ҳаёти амир Исмоили Сомонӣ бешуморанд…

Исмоил заковатмандтарин подшоҳи Сомониён ба шумор мерафт. Ӯ аз худ сирати нотакроре барои наслҳои оянда мерос гузошт. Сирати вай дарси ибрат барои ҳар роҳбар, сипаҳсолор, падару бобо мебошад. Бо ин хирадмандии хеш тавонист, ки дар замири халқаш тухми илму маърифат кошта, номи тоҷикро дар қарнҳои миёна дар арсаи олам машҳур гардонад.

 

Пайдоиш ва ташаккули

хадамоти сарҳадии давлати рус

 

Ин самт таърихи тӯлонӣ дорад. Тохтутозҳои гурӯҳҳои бодиянишини тоторҳо князҳои русро маҷбур месохтанд, ки дар қаламрави мулкҳое, ки таҳти тассаруфи онҳо буданд барои ҳифзи диёрашон истеҳкомҳои муҳофизати сарҳадӣ ва дар даромадгоҳи шаҳрҳо, қалъа шаҳрҳои сарҳадӣ бунёд намоянд. Нахустин бозёфти хаттӣ дар бораи ташкил намудани ҳифзи сарҳад фармоиши князи Киеви рус Владимир буд. Тибқи ин санад ҳифзи сарҳади рус дар соҳили дарёҳои Суле, Трубежу, Осетру таъсис дода шуд ва барои хизмат аз қабилаҳои славенҳо мардҳои беҳтарин (лучшие мужя) ба хотири посбонии марзи рус сафарбар мешуданд.

Солҳои 30-юми асри XI ба ин хотир хатти дигари ҳифзи сарҳад ба ӯҳдаи шаҳрҳои соҳили дарёи рост гузошта шуданд. Нимаи дуюми асри XI тохтутозҳои полякҳо дар ҷануби давлати рус князро маҷбур сохтанд, ки хатти сеюми иловагии мудофиаро таъсис диҳад. Ин вазифаро княз бар души шаҳрҳои дар соҳили дарёи Днепр ҷой дошта вогузор намуд. Қиссаҳои то замони мо омада расида номи аввалин шахсеро, ки барои таъсисёбии сарҳади рус ҷонбозиҳои зиёде намудааст шаҳодат медиҳанд, ки родмарди рус Иля Мураметс мебошад. Ӯ хеле марди ғаюр, ҷасуру баномус будааст. Дар хонаи гарм неву дар майдони набардҳои шадид барои ҳифзи марзи буму кишвараш аз ҷароҳатҳои вазнин ба шаҳодат расида майдони ҷангро тарк накардааст. Оромгоҳи ӯ қабристони Киев Печорский мебошад. Номи ӯ аз ҷониби калисои насронӣ ба рӯйхати шаҳидон ворид карда шудааст ва ҳамчун «нигаҳбони сарҳадбонҳои рус» ҳисоб мешавад.

Дар давраи ҳукмронии нахустин князҳои рус бо дастгирии дружинаҳо ихтиёриён ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ аломатҳои огоҳкунӣ дар ҳолати наздик шудани сарҳадшиканон дуд ва оташ ҳамчун воситаҳои алоқа истифода мешуданд. Дар самти шимолу ғарбӣ ва ғарби руси қадим ҳифзи сарҳадро сокинони шаҳрҳои Новгород, Псков, Полодск, Ладогаи кӯҳна ва амсоли онҳо амалӣ мекарданд. Ин ҷо хатар начандон калон буд. Чунки шароитҳои табиӣ дар шакли ботлоқҳои одамногузар, ҳавзҳои пуроб ва буттаву ҷангалзорҳои зич имконият намедоданд, ки душманони рус сарҳадро рахна намоянд. Ҳайати шахсии горнизонҳо ва қалъаҳо назоратчиён ва пустаҳо вазифадор буданд, ки сарҳадро доимо таҳти назорат гирифта дар ҳолати ҷой доштани марзшиканӣ марзшиканҳоро несту нобуд созанд. Мисол, соли 1240-ум сардори гурӯҳи сарҳадбонон дар маҷрои дарёи Нева, Пелгуси наздикшавии киштиҳои флоти ҳарбии Шветсияро дида тез хабар дод. Ин иқдом имконият дод, ки княз Александр сари вақт ва фаврӣ пешдастӣ намуда зарба занад. Дар натиҷа душман талаф ёфта несту нобуд шуд.

Дар харитаи сиёсии давлати рус пайдошавии Москва ҳамчун давлат барои рушди сарҳад восита шуд. Дар ҳамон давра митрополити ҷомеаи рус Алексий дар муроҷиаташ ба насрониҳое, ки дар соҳилҳои дарёҳои Хопер ва Дон истиқомат мекарданд оиди истифодаи «қаровулҳои фахрӣ», «пустаҳои махфӣ» дар нуқтаҳое, ки станичникҳо (деҳотиҳо) сарҳадро ҳифз мекарданд таъкид карда буд. Ин пустаҳо бояд ҳаракати урдуи тоторҳои марзшиканро таҳти назорат мегирифтанд ва дар ҳолати ҷой доштани марзшиканӣ ё ин, ки ҳаракат намудан ҷониби сарзамини рус сари вақт ахбор ирсол менамуданд. Дар қиссаи таърихии муҳорибаи Куликово маълумот оиди «кашшофони махфии сарҳадбонҳо» (разведчикҳо) ҷой дорад. Лашкари Мамай, ки ба самти Москва ҳаракат дошт, дуртар аз шаҳр муҳофизон Родион Жидовинов, Андрей Попов, Фёдр Молик ва дигаронро дар ҳайати 50-нафар дастгир намуданд. Андрей Попов тавонист, ки аз маҳбас гурехта сари вақт дар бораи ҳаракати Мамай ҷониби Москва ба княз Дмитрий хабар расонад. Тавасути гурӯҳи кашшофон (разведчикҳо) маълумоти аз Попов гирифта шуда тасдиқ шуд. 8 сентябри соли 1380 дар натиҷаи истифодаи дурусти маълумоти дар дасташ дошта Дмитрий мавқеи муносиби задухурдро таъмин намуд, ки дар натиҷа лашкари Мамайро торумор кард.

Аз маълумотҳои таърихии давраи князи бузурги Москва Василий-III то давраи мо омада расида ӯ дар давраи ҳукмрониаш қаламравашро ба заставаҳо тақсим кард (соли 1512). Аз нимаи дуюми асри XIV дар давраи пурқувватшавии ҳокимияти князи бузурги Москва дар соҳили дарёҳои Хапер, Воронеж, Дон хатҳои мудофиавии махсус ташкил карда шуданд. Фаъолияти ҳаррӯзаи муҳофизати хатҳои марз дар давлати рус номи Хадамоти сарҳадиро гирифт.

Ҳарбиён ва қушунҳои аз дигар минтақаҳо сафарбар шуда дар пустаҳо ва станитсаҳо «муҳофизони Москва» ном гирифтанд. Дар давраи рушди давлати Москва Сибир ва Шарқи дур забт шудаанд. Соли 1483 Ивани III таҳти роҳбарии княз Фёдр Курский ва Воевод Салтик- Травкин юриш кард. Аз дарёҳои Тоболу, Иртиш ва Об гузашта экспидитсия вобастагии васалии князҳои Вогул ва Югорскийро аз Маскав таъмин намуд. Соли 1582 айёми юриши машҳури Ермак ба шумор мерафт. Дар ин давра қалъа-шаҳрҳои Тобол, Иртиш, Березев, Обдорск, Сургут, Нарим сохта шуданд. Давра ба давра мустаҳкамкунии сарҳадҳои кишварҳои мустамликашуда баррасӣ мешуданд ва ин иқдом бо иштироки бевоситаи казакҳо ва қисмҳои ҳарбӣ амалӣ мешуд. Дар охири асри XVII дар Сибир зиёда аз 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбии сарҳадӣ фаъолият доштанд. Мутаасифона қувваи зикршуда барои ҳифзи сарҳад кам буд ва ҳокимияти маҳаллӣ иловагӣ сокинони маҳалҳоро аз ҳисоби мардум сафарбар мекарданд.

Дар давраи ҳукмронии Иван Грозний қаламрави давлати рус васеъ шуда буд ва марзҳои ӯ ҳам мутаносибан дар ҷануб ва шарқ тӯлонӣ шуданд. 1 январи соли 1571-ум Иван Грозний «ҳарбии машҳури замони худ» боярин М.И. Воротинскиро сардори муҳофизони станитсаҳо ва хадамоти муҳофизон таъин намуд. Ӯ иштирокчии фаъоли юришҳои зидди шведҳо, тоторҳо ва муҳосирони қазон буд. Моҳи феврали соли нишондодашуда таҳти сарпарастии «ҳарбии машҳури замони худ» оинномаи ҳифзи маҳалҳои сарҳади давлатӣ дар станитса ва даштҳои сарҳадӣ омода карда шуд. Онро шоҳ тасдиқ намуд. Ин аввалин меъёри ҳуқуқӣ мебошад, ки таҳи даҳсолаҳо тартиб ва низоми хизмати сарҳадиро барои давлати Москва муайян намуд. Тибқи ин оиннома тартиби муҳофизат аз ду қисм иборат буд:

  1. Станитса
  2. Посбонҳо

Станитсачиҳо ду ҳафта ба хизмат баромада дар минтақаи ба онҳо муайяншуда хизмат мекарданд. Ҳайати гурӯҳ аз чор-шаш нафарӣ, ки аспсавор буданд иборат буд. Ба ҳисоби миёна таҳи чорсад километрро таҳти назорат гирифта марзро ҳифз мекарданд.

Посбонҳо бошанд дар масофаи чил километр сарҳадро муҳофизат менамуданд. Баромад ва бозгашт аз хизмат дар хатсайри муҳофизат дар дафтари махсус қайд карда мешуд. Дар самтҳое, ки эҳтимолияти марзшиканӣ вуҷуд дошт посбонҳо чор-панҷ нафарӣ хизмат менамуданд. Дар нуқтаҳои хатарнок бошад аз даҳ нафар зиёд марзро ҳифз мекарданд. Чолок ва ҳушёр будан яке аз сифатҳои асосии ба гурӯҳ шомил намудани муҳофизон буд. Барои хунукназарона рафтор намудан ё ин, ки набаромадан ба хатсайри муайяншуда посбонҳои гунаҳкорро бо қамчин мезаданд. Онҳое, ки қафо мемонданд ё ба хизмат дер меомаданд ҷарима месупориданд. Барои гум кардан ё дидаю дониста маъюб намудани аспи истифодашуда арзиши асп аз гунаҳкорон ситонида мешуд. Барои расонидани иттилоотҳои бардурӯғ ҷазо пешбинӣ нашуда буд. Оиннома ин амалро манъ карда буд.

То замони мо як санади бебаҳои таърихии Синодикии калисои Успенский омада расидааст. Дар саҳифаҳои ӯ номҳои родмардҳои рус, ки вақти адои хизмат дар марзи Руссия бо Олмон, Литва ва ҷануби кишвар ба шаҳодат расиданд абадӣ сабт карда шудаанд. Тибқи ин сабти калисои насронӣ аз худованд дархост намудааст, ки «аскарони масеҳдусти рус аз болои душман зафарёб бошанд».

 

Сарҳади давлати рус дар давраи

ташаккулёбии империяи бузурги Руссия.

 

Асри XVIII давраи васеъшавии қаламрави Руссия, болоравии мувафақиятҳои ҳарбӣ, ташаккулёбии империяи бузурги рус ва қудрати он ба шумор меравад. Ин пешравиҳо дар давраи ба арсаи сиёсат омадани Петри I (Петри бузург), Екатеринаи II ва лашкаркашҳои беназири рус А.В.Суворов, П.А. Румянсев ва дигарон вобаста буд. Кавказ ва сарватҳои ӯ ҳамеша дар маркази диққати Руссия буд. Петри I соли 1711 муборизаи марҳиладорро зидди Туркия барои ба даст овардани заминҳои назди баҳрҳои Сиёҳ ва Азов оғоз намуд. Ин кашмакашиҳо дар давраи салтанати Екатеринаи II тибқи шартномаи сулҳи Кучук Қайнарчӣ анҷом ёфт. Заминҳои зикршуда то соҳили рости дарёи Кубан ба қаламрави Руссия шомил карда шуданд. Табиист, ки дар баробари васеъ шудани ҳудуди империя хатҳои марзи ӯ низ тағйир меёфтанд. Ба хотири таъсис ва мустаҳкам намудани хатҳои нави марз моҳи январи соли 1778 лашкаркаши бузурги рус Суворов ба Кубан омад. Дар як муддати кӯтоҳ таҳти сарпарастии ӯ дар гирду атрофи шаҳри Кубан панҷ истеҳкоми бузург (қалъа) ва бист посбонгоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд. Хадамоти кашфӣ ҳам ба фаъолият оғоз намуд. Хатти мудофиаи марзи нимҷазираи Қрим таҳррезӣ шуд ва маҷмааи огоҳкунии байни батареяҳои соҳил бо флоти баҳри Сиёҳ таъсис дода шуд.

Соли 1754 фармони шоҳ оиди барҳам додани гумрук ҳамчун сохтори мустақил ба имзо расид. Ин намуди фаъолият ба салоҳияти сарҳад гузаронида шуд. Ҳамзамон дар баробари сарҳадбонон дар нуқтаҳои сарҳадӣ назоратчиҳо ва мушоҳидакорони гумрукӣ ба кор шурӯъ намуданд. Ин иқдом вобаста ба ҳамон давраи таърихӣ як падидаи нав ва пешқадами ҷомеа буд, гарчанде аз камбудиҳо холӣ набуд. Нарасидани ҳайати хизматчиён ва истифодаи мардуми маҳаллӣ имконият намедоданд, ки ба тарзи касбӣ ҳифзи марз ва кори гумрук таъмин карда шавад.

Тағйиротҳои куллӣ дар инкишофи хадамоти сарҳадӣ пеш аз ҷанг бо Наполеон ба вуқӯъ омаданд. Соли 1810 вазири ҳарбӣ М.Б.Барклай-Де-Толе баъди омӯзиши вазъияти кунунии хатти ғарбии марзи Руссия хулосаи ғайриқаноатбахш будани вазъиятро дар ин самт ба шоҳ пешниҳод намуд. Ин пешниҳод баъди баррасӣ аз ҷониби ҳукумати Руссия мақбул дониста шуд ва дар «Низомномаи ташаккулёбии ҳифзи сарҳадӣ» ворид шуда тасдиқ шуданд. Тибқи низомномаи мазкур марзи ғарбии Руссия аз Паланга то Ячерлык (зиёда аз 1600 чақрим) ҷудо карда шуд. Қитъаҳое, ки аз ҳамдигар дар масофаи 150км ҷой дошта онҳоро ҳайати ҳашт полки казакҳои Дон ва се полкҳои казакҳои бучӣ муҳофизат мекарданд. Ҳифзи хатти дуюми сарҳад аз ҷониби муҳофизони соҳил таъмин карда мешуд.

Таҷриба нишон дод, ки ҳайати казакҳо дар арафаи саршавии ҷанги ватанӣ соли 1812 гарчанде, ки аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад сарбаландона баромада бошанд ҳам, вале дар замони осоиштаи баъдиҷангӣ, ки аслан дар қатори дигар вазифаҳои оинномавии марзбонҳо масъалаҳои иқтисодӣ низ гузошта шуда буданд корношоям баромаданд. Аксарияти онҳо дар ҷиноятҳои иқтисодӣ бо қочоқчиҳо шарик мешуданд ё худашон бевосита дар ҳайати гурӯҳҳои муташакил онҳоро сарварӣ мекарданд. Ҳамаи ин камбудиҳоро ба назар гирифта ҳукумати подшоҳии Руссия ҳайати полкҳои казакҳоро аз ҳифзи хатти марз барканор намонд.

Моҳи августи соли 1827 вазири молияи Руссия Е.Ф.Канкрин тарифҳои нави гумрукиро пешниҳод намуд. Қабули ин пешниҳод зиёд намудани пардохтҳои гумрукӣ буданд. Ҳамвора ӯ низомномаро оиди муҳофизати сарҳадӣ ва гумрукӣ тартиб дод. Дар ин санад баррасӣ шуда буд, ки «Тағйироти аввалиндараҷа ин ҷудошавии муҳофизати ҳарбӣ ва таъини қумандонҳои ҳарбӣ бояд шаванд». Муҳофизати сарҳад дар минтақаҳои хушкӣ ва соҳилҳои баҳрии империя соли 1827 таъсис дода шуд. Ин марҳила давраи ба ташкилоти ҳарбӣ мубадалшавии сохторҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад. Ин равандро албатта дар як ё д усол татбиқ кардан душвор буд. Даҳсолаҳо лозим шуданд, ки хадамоти сарҳад аз гумрук ҷудо карда шавад. Нахустин маротиба сохтори сарҳадии Руссия ҳамчун воҳиди алоҳидаи ҳарбӣ бо номи «корпуси ҷудогонаи посбонии сарҳадӣ» дар асоси фармони император Александри III соли 1893 ташкил карда шуд. Новобаста аз он, ки ин воҳиди навтаъсис дар сохтори вазорати молия шомил бошад ҳам аммо даъват барои хизмат ва таъминот тибқи тартиботи низомии ҳарбиён таъмин карда мешуд. Аввалин қумандони корпуси сарҳадӣ генерал Д.Д. Свинин буд. Ӯ иштирокчии ҷанги Руссия-Туркия солҳои 1877-1878 мебошад.

Дар сохтори «корпуси ҷудогонаи сарҳадӣ» Раёсат ҳафт округи ҳарбӣ наваду як бригада, шӯъбаҳои махсуси Беламорск ва Керченский отрядҳо ва пустаҳо шомил буданд. Ҳайати умумии корпус 36709 нафар буд, ки 1033 нафарашро генералҳо, штаб ва обер-офитсерҳо ташкил менамуданд.

Соли 1893 ба ҳайати «корпуси махсуси сарҳадӣ» флотиляи крейсерии гумруки Балтика ворид карда шуд.

Дар соли 1901 дар базаи посбонҳои сарҳадоҳи оҳани Хитои шарқӣ округи сарҳадӣ берун аз Амурск таъсис дода шуд. Сарвари ин округ генерал Мартинов гарчанде марди кордон вале бетақдир таъин карда шуд. То оғози ҷанги якуми ҷаҳон қисмҳои ҳарбии округи зикршуда тааҷубовар ҳам, ки бошад дар қаламрави давлати бо Руссия ҳамсарҳад – Чин роҳи шарқии оҳан ва ҳудудҳои роҳро аз ҳуҷумҳои ғоратгарон ҳифз мекарданд. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 Мартинов хизмати ҳарбиро дар сафи Армияи Сурх идома дода дар сохторҳои таъминотӣ ва Академияи ҳарбӣ фаъолият дошт. Мутаасифона баъди солҳои 30-юми асри XX ӯро барои «амалиётҳои аксулинқилобӣ» айбдор намуда ба қатл расониданд. Баъди мурдани И.В.Сталин ӯро бегуноҳ дониста сафед карданд. Номи неки ин генерали хизматнишондода дар саҳифаҳои таърихи қушунҳои сарҳадӣ ба наздикӣ сабт гардида ӯ зиндаву ҷовид монд.

Дар тарбияи ахлоқии сарҳадбонҳои рус хизмати калисои дини насронӣ хеле назаррас аст. Дар сохтори ҳар як бригадаи сарҳадӣ вазифаи рӯҳонӣ пешбинӣ шуда буд ва барои зиндаву ҷовид мондани сарлашкарони сарҳадӣ онҳо саҳми калон доштанд. Аввалин роҳбари корпуси махсуси сарҳадбонҳо генерал Савинин А.Д. дар арафаи ҷанги империалистӣ ба шаҳодат расид. Соли 1913 ӯро дар Петербург дафн карданд. Мутаасифона дар давраи кашмакашиҳои инқилобӣ ҷанги шаҳрвандии Руссия муборизаҳои дохилӣ оромгоҳи ин шахси муътабар гум шуда буд. Хушбахтона бо дастгирии калисои динии Петербург ҳоло қабри ӯ ёфт шуда аз нав ободу зебо гардонида шуд. Оромгоҳро минтақаи сарҳадии шимоливу ғарбии Хадамоти бехатарии Руссия дар Санкт-Петербург сарпарастӣ мекунад.

Қушунҳои сарҳадӣ

дар арафаи ҷанги якуми ҷаҳон

 

Аз арафаи саршавии ҷанги якуми ҷаҳон қушунҳои сарҳадӣ ба ҳайати артиши амалкунандаи Руссия (бидуни ду бригадаи Осиёи Миёна) шомил шуда дар ҷабҳаҳои гуногун ҷангиданд. Тибқи таҳлилҳои профессори штаби генералии Академияи ҳарбии подшоҳӣ генерал Головин Н.П. дар ҷанги якуми ҷаҳон нисбати дигар қисмҳои ҷангӣ сарҳадбонҳо ва казакҳо корнамоии беназир нишон доданд.

Аксарияти онҳо сазовори ордени Георгий шуданд. Зарбаҳои пайдарпай сабукдӯш кардани қумандонҳои сарҳадӣ сабаб шуд, ки корпуси махсуси сарҳадбонҳо бенизом гарданд. Кӯҳнаро пошу пароканда карда, вале ба ҷои ӯ чизи нав таъсис надоданд. Корпус аз байн рафта бошад ҳам, вале буданд нафарҳое, ки бо як дилсӯзии ба онҳо хос хизматро идома медоданд. Таҷрибаи онҳо барои муҳофизати сарҳади давлати навбунёд лозим буд. Аввалин роҳбари сарҳадбонҳои Шӯравӣ ва охирин сарҳадбони то Инқилобӣ генерал Г.Г. Мокасий –Шибинский буд. Сентябри соли 1918 ӯ аз вазифааш сабукдӯш карда шуд ба хотире, ки ӯ аз қавми графҳо буд ва ҳамчун унсури бегона эътироф нашуд. То ҳоло дар бораи тақдири ӯ ягон маълумот нест.

 

Хадамоти сарҳадӣ

дар давраи Инқилоби Октябр

 

Тибқи директиваи Шӯрои комиссари халқии РФСФР аз 26-уми майи соли 1918 дар Руссия Хадамоти сарҳадӣ таъсис дода шуд. Аввалин роҳбарони ин хадамот В.Р.Минжинский-комиссари халқии молия, ҷонишини раиси КФ «ВЧК» А.Л.Ливиев роҳбари ҳарбии Сарраёсати посбонии РФСФР, П.Ф.Федотов-комиссари ҳарбии Сарраёсатии сарҳадӣ аъзои Шӯрои ҳарбии Руссия таъин шуданд. То соли 1917-ум рӯзи таъсисёбии сарҳад ҳамчун иди маъбад қайд мешуд. Сарҳадбонҳо ӯҳдадор буданд, ки рӯзи ба маъбад даровардани «Олиҳаи муқаддас» «Пресвитая благородица» 21-уми ноябр (4-уми декабр бо солшумории нав) иди сарҳадро ҷашн мегиранд. Сарҳадбонҳо ба ин васила дар рӯҳияи доро шудан ба сифатҳои покизагӣ, поктинатӣ тарбия мешуданд. 28-уми майи соли 1918 раиси Шӯрои халқии РФСФР В.И.Ленин декретро дар бораи таъсис додани муҳофизони сарҳад имзо кард. Ҳамин рӯз ҳамчун рӯзи таъсисёбӣ ва ҷашни рӯзи сарҳад қабул шуд, ки то ҳоло қайд карда мешавад. Яке аз вазифаҳои умдаи давлати навтаъсиси шуроҳо ин мустаҳкам намудани сарҳад ва рушди муҳофизати он буд. Ин ташаббус соли 1923 анҷом ёфт. Ташкилдиҳанда ва ташаббускор дар ин ҷода капитани рангаи як М.В.Иванов буд. Таҳти сарпарастии ӯ дар кӯлҳои Балтика, Чуд ва Псков флотияи Ладога ташкил дода шуд, ки ин муқаддимаи тавлид шудани қушунҳои сарҳадии баҳрӣ буд.

 

Қушунҳои сарҳадӣ дар

давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

22-июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона бе эълони ҷанг соати 4-пагоҳӣ қадами нопокашро ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ монд. Нахустин қувваҳое, ки бо душман ру ба ру шуданд аз баҳри Баренсево то баҳри Сиёҳ сарҳадбонҳо буданд. Аввалин қурбониҳои ҷанг сарбозон, афсарон ва сокинони сарҳадӣ буданд. Новобаста аз оне, ки қувваҳо нобаробар буданд, вале таҳти фишори машинаи пуриқтидори ҷангии Германия онҳо матонат ва мардонагӣ нишон дода дар қалъаи Брест ва дигар нуқтаҳои сарҳадӣ то қатраи охирини хун мардонавор истодагарӣ намуданд. Бисёриҳо қаҳрамонони ҳалокшуда барнагаштанд ва мавқеҳои ҷангиро насупориданд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ӯҳдаи Қушунҳои сарҳадӣ ҳифзи ақибгоҳи қувваҳои амалкунанда гузошта шуда буд. Сарҳадбонҳо дар муҳорибаҳои Одесса, Сталинград, Севастопол, Ленинград, Москва ва озод намудани қаламрави Аврупо иштирок намуда корнамоиҳои беназир нишон доданд. Дар тули ҷанг 150 нафар сарҳадбонҳо сазовори номи баланди қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд. Ҳамвора сарҳадбонҳо дар таъмин намудани чорабиниҳои махсуси давлатӣ иштирок намуданд. Масалан соли 1943-юм ҳайати полки сарҳадии 131 дар конфронси Теҳрон муҳофизати вакилони Иттиҳодияи Шӯравӣ ва роҳбарони иттифоқи зиддигитлериро ба ӯҳда доштанд. Як мисоли аҷоиб: баъди ба анҷом расидани гуфтушунидҳо турнири бозии футбол дар Теҳрон байни сарбозони артишҳои иттифоқ гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаи варзишӣ сарҳадбонҳои Шӯравӣ ғолибият ба даст оварда мукофоти таъсисдодаи шоҳи Эронро ба ватан бурданд. Ҷоизи қайд аст, ки бо Кантария ва онҳое, ки байрақи ғалабаро дар бурҷи Рейхстаг овехтанд яктоашон сарҳадчӣ сержант П.Качикин буд. Мутаасифона ӯ муддати дароз умр надид. Осебҳо ва захмҳои дар ҷанг гирифта умри ӯро канда карданд. Солҳои баъди ҷангӣ обрӯ ва эътибори Иттиҳоди Шӯравӣ даҳчанд афзуд. Қисмати зиёди давлатҳои аз мустамлика озодшуда низоми давлатдорӣ сохти сотсиалистиро интихоб намуданд ва ин сабаби ба ду лагери ба ҳам зид тақсим шудани ҷаҳон гардид. Дунё ба ҷаҳони сотсиалистӣ ва капиталистӣ тақсим шуд. Қисми зиёди давлатҳои капиталистӣ бе мустамлика монданд ва ҳамчун кишварҳои ру ба тараққӣ оварда тарафдори форматсияи сотсиалистӣ шуданд. «Мусобиқаи ду форматсияи бо ҳам зид барои якум будан оғоз шуд». Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ ба тасвиб расонидани шартномаву қарордоҳо бо давлатҳои ҳамсоя, ҷиҳозонидани сарҳад бо таҷҳизоти техникӣ, радиолакатсионӣ ва ғайра буданд. Аз соли 1955-ум сар карда истифодаи чархболҳо дар сарҳад ҳатмӣ кунонида шуд. Аввалин мукофоти давлатӣ барои сарҳадбонҳо нишони «Барои шуҷоат дар посбонии сарҳади СССР» таъсис дода шуд.

 

Давраи баъди ҷангии

қушунҳои сарҳадӣ

 

Корнамоии қаҳрамонона ва анъанаҳои сарҳадӣ аз насл ба насл мондаро насли нави Шӯравӣ идома дода аз таҷрибаи ҷангии давраҳои нав онро бой ва ғанитар намуданд. Дар ин самт мисол шуда метавонад муҳорибаи ҷазираи Дамаск ва ёрии интернатсионалӣ ба Афғонистон. Соли 1969 вазъият дар сарҳади шимоли Чин тезу тунд шуд. Аз рӯи ақидаҳо сабаби ин ҷудокунии хатти марз ба ҳисоб меравад. Айни ҷудокунии хатти марз чиниҳо тез-тез бо сарҳадбонони рус даст ба гиребон мешуданд. Онҳо ҷазираи Дамаскро қаламрави Чин меҳисобиданд. Дар ин задухурдҳо сарҳадбонҳои Шӯравӣ доимо ғолиб мебаромаданд. Ин ҳолат албатта ғазаби сарбозони Чинро дучанд мекард.

2-марти соли 1969-ум 700 сарбози чинӣ ба ҷазираи Дамаск гузашта он ҷо мавқеъ гирифтанд. Онҳоро ду минамет ва як батареяи артилерӣ дастгирӣ менамуданд. Посбонгоҳи Нижнемихайловка фаврӣ омодаи задухурд шуд. Сардори застава лейтенанти калон Иван Стрелников буд. Новобаста аз оне, ки қувваҳо нобаробар буданд сарҳадшиканони чинӣ тоб наоварда дар майдони ҷанг 250 нафарро талаф дода қафо нишастанд. Дар ин ҷанги нобаробар Стрелников қаҳрамонона ҳалок шуд. 15-марти соли зикргардида қушунҳои сарҳадии Чин бо қувваи нав боз ба ҳуҷум гузаштанд. Бо супориши роҳбарияти сиёсии мамлакат истифодаи артилерия ва силоҳи «град» иҷозат дода шуд. Муҳориба ду соат тул кашид. Дар майдони ҷанг онҳо зиёда аз 1000 нафарро бой дода ақибнишинӣ карданд. Аз ҷониби сарбозон ва афсарони санадии Шӯравӣ 58 нафар талафот ёфт.

 

Иштироки қушунҳои сарҳадӣ

дар ҷанги Афғонистон

 

Иштироки қушунҳои сарҳадӣ дар набардҳои Афғонистон як озмоиши дигаре барои онҳо буд, ки дар таърихи навини сарҳад мақоми хоса дорад. Вазифаҳои асосии қушунҳои сарҳадӣ дар ин давра баъди ворид шудан ба Афғонистон чунин буданд.

-Пешгирӣ намудани рахнакунии хатти марз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ;

-Расонидани ёрӣ ба мақомотҳои давлатии Афғонистон дар ноҳияҳои сарҳадӣ;

-Пешгирии ҳодисаҳои истифодаи силоҳ аз ҳудуди Афғонистон бар зидди ноҳияҳои сарҳадии Шӯравӣ;

-Таъмини гузаштани сарбозони Шӯравӣ ба қаламрави Афғонистон ва ҳифзи онҳо.

Қушунҳои сарҳадии КБД СССР ба тариқи расмӣ дар ҷанги Афғонистон иштирок накарданд. Онҳо фақат вазифаи касбии худро иҷро намуда 518 нафар ҳарбиёни сарҳадиро талаф доданд. 12500 нафари дигар ҷароҳатҳои сабуку вазнин бардошта захмӣ шуданд.

 

Пайдоиши усулҳои

муоширати сарҳадӣ

 

Ногуфта намонад, ки сарҳадбонҳо аз давраи пайдоиши худ анъана ва услубҳои хоси «муоширати мобилӣ»-и байниҳамдигарро доштанд. Аз дидбонгоҳҳо ахбор тавассути кабутарҳои омӯхта ирсол мешуд. Посбонҳои марзӣ вақти иҷрои вазифа бо худ ду кабутар мебурданд. Дар ҳолати ба миён омадани зарурат фаврӣ як кабутар бо нома барои ба ҷои таъинот расонидан сар дода мешуд, кабутари дуюм бошад барои истифодаи эҳтимолӣ нигоҳ дошта мешуд.

Ногуфта намонад, ки марзшиканҳо аз ин чолокии сарҳадбонҳо низ бехабар набуданд. Онҳо роҳҳои муборизаи худро барои аз байн рабудани кабутарҳо доштанд. Дар ҳолати дидани кабутари номабар онҳоро ба нишон гирифта мепаронданд. Ин услуб то солҳои 60-уми асри XX дар таҷрибаи сарҳадбонҳо истифода мешуд. Ин намуди муошират дар кинофилми Шуравӣ «Дидбонгоҳи кӯҳсор» нишон дода шудааст.

Қайд кардан лозим аст, ки сарҳад ва гумрук, ки аслан аз ҳисоби одамони пирсол буданд аз ӯҳдаи ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ дар ҳама ҳолатҳо намебаромаданд. Аз ҳамин лиҳоз подшоҳ Николай I дастур дод, ки сохтори муҳофизати сарҳад тағйир дода сохтори ҳарбӣ кушода шавад. Дар ҳамин давра ранги сабзи каллапӯш ва рахи шими сарҳадбонҳо қабул шуд, ки ҳамчун рамзи фарқкунандаи сарҳад аз дигар воҳидҳои ҳарбӣ то замони мо омада расид. Ин рамз, ки маънои ҳамешасабз будани хатти марз ва хоки ватанро таҷассум менамояд, таърихи тӯлонии 200 сола дорад.

 

Аломатҳои марзӣ

Пайдоиш ва ташаккули нишонаҳои сарҳадӣ

 

Аломатҳои сарҳадӣ иншоотҳои махсуси муҳандисӣ буда барои муайян намудани хатти марз таъинот доранд. Онҳо низ дар баробари рушду нумӯъи сарҳад давра ба давра такмил ёфта то замони мо омада расиданд ва қисми таркибии улуми сарҳадшиносӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо дар шакли сутунчаҳо, пирамидаҳо, теппа, баландӣ, ҷӯй, чуқурӣ, санг ва ғайра беандоза ва ба таври содда монда мешуданд. Дар давраҳои қадим вақте, ки хатти сарҳад ва ҳудуди давлатҳо чандон муайян набуд аломатҳои сарҳадӣ ҳам вобаста бо дараҷаи равиши ҷомеа гуногун буданд. Ба ҳайси аломат дарахтро нишон мемонданд, махсус чуқуриҳо мекофтанд, онҳоро аз ангишт ё санг пур мекарданд, шохи дарахтонро мепартофтанд. Ин аломатҳо ҳамчун ифодакунандаи марз шинохта мешуданд. Дар ҷисмҳои сахт нишонаҳо дар намуди салиб, ҳарфҳо сабт мешуданд. Дар ҳама давру замон аломатҳои сарҳадӣ мустаҳкам, назаррас ва бояд дарозмуддат мешуданд. Ҳатто дар давраи ибтидоӣ одамон дар ғорҳо ҷой гирифта, мавзеҳои шикор зисту зиндагиашонро бо нишонаҳои махсус ишора намуда бо ҳамин усул марзи мавзеи ҷои истиқоматашонро аз дигар қабилаҳо ҷудо мекарданд. Дар форматсияи ғуломдорӣ қалъаҳо, деворҳо барои ҳифзи шаҳрҳо ба ҳайси аломатҳои марзӣ сохта мешуданд.

Намуд ва шакли ифодакунии аломатҳои сарҳадӣ ба форматсияи ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. Дар бисёр давлатҳои шарқ ба сифати аломатҳо дарвоза ва девор ҳам истифода мешуд. Мисол: девори машҳури Чин. Вақте, ки таҷҳизоти техникӣ набуданд, барои ҷудо намудани хатти сарҳад дар бисёр давлатҳо марзро ҷуфт мекарданд. Дар таърихи ҷудо намудани хатти марзи Руссия бо Чин ва як қисми давлатҳои ғарб ҳамчун аломат теппаҳои баланд истифода мешуданд. Чунин аломатҳо соли 1727 байни губернияи Иркутск ва дарёи Арғуни хатти марзи Руссия бо Чин монда шуда буданд.

Аввалин маротиба дар таърихи сарҳад марзи Руссия ва Хитой дар аввалҳои асри XVII муайян карда шуд. Дар шартномаи ба имзо расида қисми сарҳад аз мавқеи Шабим-Дабача то Кляхта аломатҳои хатти сарҳад аз хишти пухта деворҳои сутуншакл сохта шуданд. Тибқи шартномаи дар Пекин ба имзо расидаи ин ду давлат аввалин маротиба харитаи марз таъсис ёфт ва тасдиқ шуд. Самтҳои мухталиф бошанд бо ҳарфҳои кирилликии русӣ «А; Б; В; Г; Д; Е; Ж; З; И; К; Л; М; Н; О; П; Р; С; Т» нишон дода шуда буданд. Нахустин нишони сарҳадии №1 соли 1724 дар марзи Руссия гузошта шуда буд. Ин аломат аз хишти пухта дар шакли дудбаро сохта шуд. Сутунчаҳои чубин, ки ифодакунандаи аломати марз буда, соли 1861 дар сарҳади кули Хан байни Чину Руссия гузошта шуданд. Сутунчаҳои соли 1861, ки дар соҳили дарёи Сунгача то мачрои Туменула монда шуда буданд бо ҳарфҳои «Е, И, К, Л, М, Н, О, П, Т» ифода ёфтанд. Соли 1886 баъди ҷудо намудани қисми шарқии сарҳад дар назди кули Ханка аломатҳои чубин ба хоросанг иваз карда шуданд. Ин албатта аз ҷиҳати бардошт дар гармову сармо хеле қуллай буд. Воҳидҳои ченкунӣ низ дар ҳамин давра дар улуми сарҳадшиносӣ ба миён омаданд. Баландии сутунча 143см, бараш 53см ва ғафсиаш 21,5см таҳия гардида қабул шуд. Аломатҳо дар хатти сарҳад яктарафа ва дар масофаи муайян ҷойгир мешуданд. Дар асрҳои XIX-XX дар аломатҳои сарҳадӣ дар сутунчаҳо герби давлатҳо сабт мешуданд. Нишонаҳои рамзҳои давлатӣ рангу бор мешуданд. Дар марзи давлатҳои ғарб таҷрибаи нишонагузорӣ қадам ба қадам пеш рафта зарурати қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ ва байнамилалиро ба миён гузоштанд. Қисмати зиёди давлатҳои ғарб монанди Англия, Олмон, Фаронса аллакай хатҳои марзи давлатии худро ҷудо карда буданд. Тарзи рангу бор гузоштани сутунҳои марзӣ бо пешравии рукнҳои давлатдорӣ тағйир меёфтанд. Қисмати зиёди аломатҳои марзӣ дар харитаҳо, актҳои деморкатсионӣ, шартномаҳои байналмилалӣ шуморагузорӣ мешуданд. 24 сентябри соли 1905 аввалин аломати сарҳадии роҳи оҳан дар Руссия тасдиқ шуд. Тибқи фармони вазири корҳои дохилии Руссия, ки корпуси сарҳадӣ дар ҳайати ин вазорат буд аломати сарҳадии роҳи оҳанро тасдиқ намуд. Тибқи ин фармон сутунча аз оҳан тайёр мешуд. Дар охирҳои асри XX бошад таҷрибаи аломатгузорӣ дар сарҳад дар намуди сутунчаҳо ба як низоми муайян дароварда шуд. 25 сентябри соли 1938 ва чанде дертар 28 майи соли 1954 тасвири техникӣ ва қоидаи ҷобаҷокунии аломатҳои сарҳадӣ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ карда шуданд, ки дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳоло мустақиланд онҳо бетағйир монданд. Дар мавқеҳои хушкигарди сарҳад аз рӯи қоида ду аломат сутунчаҳои чубин ва оҳанин яке дар қаламрави як давлат ва дигараш дар тарафи муқобил гузошта мешаванд. Масофаи байни онҳо аз ҷониби комиссия деморкатсионӣ дар тарафи маҳали сарҳади ду давлат муайян карда мешавад. Ин амал дар протоколи таъсиси ин аломатҳо қайд мешавад. Дар ҷойҳои ҳамвор ва назаррас аломатҳо дар масофаи чашмрас гузошта мешаванд. Дар гардишҳо ва он чойҳое, ки аз чашм дуранд гузоштани аломатҳо ҳатмист.

Дар байни аломатҳои асосии хатти сарҳад аз рӯи қоида нишона монда мешавад. Ҳамвора онҳо бо ҳарфҳои хурд шуморагузорӣ мегарданд. Дар сурат шумораи тартиби рақами аломат ва махраҷ рақами навбатии нишонаи мобайни сарҳад гузошта мешавад. Дар шароити Тоҷикистон марзро аз вилояти худмухтори Бадахшон то вилояти Термизи Узбекистон дарёи Панҷ ҷудо мекунад. Хатти сарҳад аз байни дарё ё фарватери он мегузарад. Нуқтаи аниқи хатти сарҳад дар нақшаи маҳал, ки бо протоколи аломат замима мегардад, бояд нишон дода шавад. Дар мавқеҳое, ки хатти марз аз об ба хушкӣ мегузарад ё баръакс нишонаҳои сарҳадӣ аз се сутунча ва марказ иборатанд ду сутун ва марказ дар як соҳил гузошта мешавад, сутуни самтбандӣ бошад дар соҳили муқобил бояд гузошта шавад.

 

 

 

Сарҳади давлатии Осиёи Миёна

дар ҳудуди асрҳои XIX ва XX

 

Солҳои 60 ва 70 асри XIX Руссия баъди забт кардани қисмати зиёди ҳудуди Осиёи Миёна Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистони ҳозира, ки дар ҳайати Аморати Бухоро буданд бо пешниҳоди амир барои ташкил додани марз шурӯъ намуд. Соли 1886 аввалин горнизони ҳарбӣ дар шаҳри Керкии Туркманистони ҳозира таъсис дода шуд.

Ҳифзи марзи Панҷ ва Амударёро дар ҳамон давра аз ҷониби қисмҳои доимамалкунанда ва пиёдагарди казакҳои рус таъмин карда мешуд. Дар Тоҷикистон бошад нахустин дидбонгоҳи доимамалкунанда аз ҳисоби баталиони 2-юми бригадаи 4-уми Туркистон дар маҳали Шоҷони Помири шарқӣ таҳти сарпарастии полковник М.Е. Ионов ташкил шуд. Соли 1895 бошад дидбонгоҳҳои назоратӣ дар Мурғоб, Лангар, Ишкошим ва Хоруғ бунёд карда шуданд. Соли 1897 штабквартираи дидбонгоҳи Бадахшон аз Шуҷон ва Хоруғ кучонида шуд. Аз ҳамон давра Хоруғ пойтахти Бадахшон эълон шуд. Дар ҳамон давра қалъаи сарҳадбонҳо сохта ба истифода дода шуд, ки дар дохили ӯ идораи афсарон, ҷои хоби сарбозҳо, ошхона, ҳаммом, хонаҳо барои афсарон низ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Аввалҳои соли 1905 Амир Саид Олимхон беки Шуғнонро ба Бухоро бозхонда ба ҷои ӯ дигар касро таъин намуда, ба ӯ супориш дод, ки дар давраи фаъолияташ ба сардори отряди сарҳадии Помир итоат намояд. Сабаби татбиқи чунин қарор аз он иборат буд, ки 15-уми ноябри соли 1904 генерал-губернатори Туркистон ба губернатори ҳарбии Фарғона супориш дод, ки дар Шуғнон, Рӯшон ва Вахон тарзи ҳукмронии Руссия ҷорӣ карда шавад. Ба ҳамин хотир ба ҷои дидбонгоҳи Помир отряди сарҳадии Помир таъсис ёфт. Барои амалӣ намудани фаъолияти кории сардори отряди Помир «Дастурамали муваққатии сардори отряди Помир»-ро генерал-губернатори Туркистон П.Н. Тевяшов тасдиқ намуд. Аз рӯи мазмуни дастурамали мазкур сардори отряд ваколати истифодаи сардори Уездро дошта тобеи губернатори Фарғона буд. Сардори отряд тибқи ин дастурамал ҳуқуқ дошт, ки ба намояндаи амир дар корҳои идоракунӣ супориш ва фармоиш диҳад. Ҳангоми идора намудани аҳолӣ бояд, ки анъанаҳои аҷдодии Бадахшонро риоя менамуд. Ба замми ин ба кори маҳкама, ки аз рӯи анъанаҳои миллӣ ва шариатӣ баррасӣ мешуданд бояд назорат мекард. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани ҳукмронии сохторҳои русӣ мардум имконияти интихоби мансабдорони маҳалро пайдо намуд. Мингбошӣ, қозӣ, оқсақолҳо интихобӣ ҳам, ки шуда бошанд, вале натиҷаи он аз ҷониби сардори отряди Помир тасдиқ мегардид. Бекорон бошанд барои ба мардикорӣ рафтан ба қаламрави генерал-губернатори Туркистон ҳуқуқи озодона рафтанро пайдо намуданд.

Соли 1905 бо иштироки бевоситаи сарҳадбонони рус дар Помир тақсимоти маъмурӣ гузаронида шу два то соли 1925 то таъсис ёфтани вилояти худмухтори Бадахшони кӯҳӣ бетағйир монд. Сарварони ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони сарҳадии рус таъин мешуданд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои приставаро1 доштанд.

Ёрдамчии онҳо аъзоёни волост2 ё ин, ки онҳоро дар маҳалҳо мингбошӣ ҳам меномиданд. Дар тобеияти мингбошиҳо сарварони деҳот оқсақолҳо бо ёрдамчиёни худ арбобҳо ва қозиҳо буданд. То апрели соли 1912 дар сохтори отряди Помир 6 дидбонгоҳҳо – Хоруғ, Помир, Ишкошим, Лангар, Рангкул ва Қизилработ фаъолият менамуданд. Дар ҳайати отряд 7 афсар, 1 духтур, 170 сарбоз (98 тирандоз, 64 казак ва 8 нафар ғайринизомӣ) буданд. Дар ҳамин ҳайат отряди Помир то таъсис ёфтани Ҳукумати Шӯравӣ дар Бадахшон сарҳади давлатиро ҳимоя мекарданд. Сардорони дидбонгоҳҳои Помир «пустаҳо, заставаҳо» капитан Зайсев В.Н. (1893-1894), капитан Скерский А.Т. (1894-1896), капитан Егеерт А.С. (1896-1897), Штабс-капитан, Кивекес Е.К. (1897-1902) ва капитан Снесарёв Е.А. (1902-1904) буданд. Ба ҳайси сардорони отряди Помир афсарони зерин хизмат намуданд: подполковник Муханов М.Н. (1904-1912), подполковник Шпилков Г.А. (1912-1914), полковник Ягело И.Д. (1914-1917), полковник Фенин С.А. (1917-1918).

 

Отрядҳои сарҳадии

Чубек ва Панҷ

 

Дар минтақаи отрядҳои сарҳадии ноҳияҳои Ҳамадонӣ (Московский) ва Панҷ ҳифзи сарҳад дар пойгаҳи корпуси ҷудогонаи посбонии сарҳадӣ ҷой дошт. Соли 1896 дар ҳудуди Туркистон бригадаи сарҳади 31-уми Амударё дар ҳайати 915 хизматчии ҳарбӣ таъсис ёфта ба сохтори округи сарҳадии 7-ум гузаронида шуд.

То соли 1910 дар бригада мардуми маҳаллӣ низ ба хизмати кироя даъват мешуданд. Ситоди бригадаи Амударё дар маҳали Патта-ҳисор (Термизи нав) ҷойгир буд. Дар таркиби бригада чунин зерсохторҳо фаъолият доштанд. Бригада аз 4 шӯъба иборат буд: ситоди шӯъбаи 1 дар Чорҷӯ, шӯъбаи 2 дар Паттаҳисор, шӯъбаи 3 дар Сарой ва шӯъбаи 4 дар минтақаи Йёл ҷойгир буданд. Дар онҳо 51 дидбонгоҳ ва 15 дидбонгоҳҳои оберафсарӣ буд. Ҳар як оберафсар дар тобеааш се-чор пустаҳои оберафсарӣ дошт. Пустаҳое, ки дар итоати оберафсар буданд, отрядро ташкил менамуданд. Се-чор отряде, ки таҳти тассаруфи штабафсар буданд шӯъба ном дошт. Дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистони ҳозира 22 пустаи сарҳадӣ (застава) таъсис дода шуда буданд.

 

 

 

______________________________________________________

 

1) (пристав сардори политсияи маҳаллӣ дар Руссияи то револютсионӣ)

2) Волост-воҳиди поёни маъмурӣ, ки ба таркиби уезд дар Руссияи подшоҳӣ дохил мешуд

 

 

Дар Айваҷ, Панҷи поён, Чубек ва Йёл дар якҷоягӣ бо пустаҳои сарҳадӣ нуқтаҳои гумрукӣ низ фаъолият мекарданд. Пустаҳо вобаста ба мавқеи иҷрокардаи худ аз хишти хом, санг ё намад бе фарши чубин сохта мешуданд. Барои овардани чубу тахта, ки бояд аз Сибир оварда мешуд, роҳ дур ва қимматаш гарон буд. Ба ҳамин хотир маводҳои сохтмони маҳаллиро истифода мекарданд. Бинои дидбонгоҳҳо иборат аз ду хона буданд. Масоҳати хонаи якум аз 18 то 27 м2 буда, дар дохилаш оташдони русӣ барои гармдиҳи ва тайёр намудани хурок барои 8-16 сарҳадбон сохта мешуд. Катҳои ҷои хоб ду қабата буданд. Ҳуҷраи дуюм, ки масоҳаташ то 17м2 буд, барои сардори дидбонгоҳ сохта мешуд. То рӯзҳои мо бинои пустаи валангори «Бурӣ» дар мавзеъи заставаи «Вахш» боқӣ мондааст.

Барои ҳаракат аз Термиз то Сарой «Панҷи ҳозира» сарҳадбонон дар баробари истифодаи хару асп дар дарёи Амударёву Панҷ аз нақлиёти обӣ истифода менамуданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки қумандони ҷудогонаи хадамоти сарҳади Руссия генерали артилерия А.Д.Свинин то 31-ум километр дар заврақи «Светая Олга» то дидбонгоҳи «Файзобод қалъа» заврақсавор омадааст (17км то ноҳияи Панҷи ҳозира монда буд).

Шароити хизмат дар сарҳади Осиёи Миёна мушкилиҳои номусоид ва зиёде барои сарҳадбонон дошт. Гармову сармо, набудани биноҳои истиқоматӣ, озуқа ва хурокворӣ аз як тараф аз дигар лиҳоз нарасидани ҳайати шахсӣ заҳмати сарҳадбононро дучанд вазнин менамуд. Албатта ин камбудиҳо дар посбонии сарҳад ва мукаммал будани он таъсири манфӣ доштанд. Роҳбарияти округи 7-уми сарҳадбонон дар бораи тағйир додани низоми сарҳад ба марказ пешниҳод ирсол намуданд, аммо бо сабабҳои гуногун ин пешниҳодҳо дастгирӣ наёфтанд. Фақат натиҷаи тафтиши соли 1917 аз ҷониби генерал Н.А.Тихочев барои беҳбудӣ каме такон дод. Ӯ лоиҳаи мустаҳкамгардонии сарҳади Осиёи Миёнаро таҳия намуд. Тибқи ин лоиҳа ворид намудани як бригадаи сарҳадӣ иборат аз 1500 сарбоз ва 40 афсар ба нақша гирифта шуда буд. Мутаасифона бо сабабҳои сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои лозимӣ вас ар шудани ҷанги якуми ҷаҳон нақшаи таҳрезигардида амалӣ нашуд.

 

 

Давраи Шӯравӣ

 

Дар айёми барқароркунии ҳокимияти Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Руссия ҳифзи сарҳади Осиёи Миёна чанд муддате фаромуш шуда буд. Ин солҳои 1917-1920-ро дар бар мегирад. Ба хотири эҳё намудани ҳифзи марз 14-уми апрели соли 1920 фармондеҳи фронти Туркистон М.В.Фрунзе фармони рақами 171-ро1 ба имзо расонид. Ӯ супориш дод, ки барои беҳбуд гардонидани фаъолияти сарҳадбонҳои Туркистон двизияи махсуси сарҳадӣ дар ҳайати Раёсати двизия ва 3 бригадаи полки ҷудогонаи 7-уми тирандозӣ бо дивизиони кавалерӣ иборат аз 3 экскадрон таъсис дода шавад. Мутаасифона дар натиҷаи тезу тунд шудани амалиётҳои босмачигарӣ ташкилшавии дивизияи сарҳадӣ боздошта шуда, қисмҳои ҳарбии омода шуда ба артиши амалкунандаи Армияи Сурх фиристонида шуданд. Ба ин монеаҳо нигоҳ накарда ҷоизи қайд аст, ки ҳифзи сарҳадӣ аз мадди назари ҳокимияти Шӯравӣ дур намешуд. Дар чунин як марҳилаи вазнин аз кормандони раёсатҳои дивизияи сарҳадӣ бригадаҳо ва полкҳои сарраёсати сарҳади Туркистон ва дар маҳалҳо раёсатҳои ноҳиявии сарҳадӣ таъсис дода шудаанд. Ба хотири пурзур намудани қувваҳои сарҳадӣ аскарон аз қисмҳои амалкунандаи Армияи Сурх интиқол мешуданд.

28-феврали соли 1921 ба муқобилияти Англия ва собиқ амири Бухоро Амир Олимхон нигоҳ накарда шартномаи байни Иттиҳодияи Шӯравӣ ва Афғонистон ба имзо расид. Тибқи мазмуни ин шартнома тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба Иттиҳодияи давлатҳои сеюми абарқудрат ба хотири нарасонидани зиён ба давлатҳои қарордодро имзонамуда шомил нашаванд. Ба имзо расидани ин шартнома шартҳои муфидро барои ҳифзи сарҳади Афғонистон ба миён овард. Вале оромшавии вазн дертар оғоз ёфт. Вазъияти сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон ноором буд, ки сабабгори ин ҳаргуна қувваҳои носолим буданд. Ба хотири баргардондани мавқеъи сиёсӣ Англия дар ин ҷода барои ноором гардондани вазъи сиёсӣ кушиши бисёре ба харҷ медод. Дар ин амалҳои ноҷавонмардона низ саҳми Амир Олимхон ҳам буд. Орзуи боз аз сари нав баргардондани тоҷ аз хаёлаш нарафта буд. Отрядҳои ҳаракати босмачигарӣ аз ҷониби онҳо сармоягузорӣ мешуд. Онҳо беҳтарин силоҳҳои англисиро доро буданд ва мунтазам хатти марзро вайрон намуда ба горнизонҳои сарҳадии Шуравӣ пай дар пай ҳуҷум менамуданд. Новобаста аз пурқувват буданашон шикаст хурда боз ба ҳудуди Афғонистон фирор мекарданд. Ногуфта намонад, ки дар тарафи муқобили сарҳад онҳо истеҳкомҳои омодагӣ барои машқҳои ҳарбӣ ва пурра намудани сафҳои худ аз ҳисоби зархаридҳои аҷнабӣ доштанд. Қувваи ҷамънамудаи онҳо барои аз нав барқарор намудани ҳокимияти аз даст рафта аз ақибгоҳ омодаи ҳарбу зарб шуданд. Зарбаи асосӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бар зидди болшевикҳо ва тарафдорони онҳо равона шуда буд. Ҷиҳати аз байн бурдани бандаҳои исёнгари ҳаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон гурӯҳҳои зудамал дар ҳайати отряди наздисарҳадии 5-уми ба номи Бухоро қувваҳои ВЧК-ОГПУ ва Армияи Сурх ташкил карда шуданд. Мутаасифона фаъолияти харобкории ҳаракати босмачигарӣ меафзуд ва ин ҳолат гузаронидани чорабиниҳои қатъиро ба миён гузошт. Ба хотири муътадил намудани вазъияти ба миён омада қисмҳои корпуси 13-уми тирандозии Армияи Сурх ин вазниниҳоро ба ӯҳда гирифтанд. Ҳамин тариқ охирҳои солҳои 20 ва 30-юми асри гузашта ташаккулёбии қушунҳои сарҳадӣ дар Осиёи Миёна анҷом ёфт. Оиди ташкил додани 8 округи сарҳадӣ фармони сардори сарраёсати сиёсӣ ба имзо расид. Масъулияти ҷиддӣ ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ба ӯҳдаи сарҳадбонҳои тоҷик гузошта шуд. Таъсисдиҳии қисмҳои сарҳадӣ оғоз ёфт. Соли 1928 отряди Сарой (дертар Тоҷикистон, баъд Панҷ), соли 1930 отряди сарҳадии Хоруғ ва комендатураи сарҳадии Қалъаи Хумб (баъди пошхурии иттиҳоди Шӯравӣ отряди сарҳадии Қалъаи Хумб) ташкил шуданд. Соли 1932 комендатураи сарҳадии Саричашма баъдтар Шуробод таъсис дода шуда, соли 1954 ба ҳайати отряди ноҳияи Москва шомил карда шуд.

28-уми октябри соли 1934 бо фармони комиссари халқии корҳои дохилӣ (НКВД) Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойгоҳи округи сарҳадии Осиёи Миёна 4 округ таъсис ёфт, ки яктои онҳо дар Тоҷикистон ҷойгир шуд. Аз соли 1928 то 1935 дар ҳудуди раёсати ҳифзи сарҳадии РССР Тоҷикистон 308 задухурдҳои мусаллаҳона ҷой доштанд, ки 156-тои онҳо бо бандаҳои мусаллаҳ тааллуқ доштанд. Дар 2232 ҳолат молу амволи дастгиршуда аз қочоқчиён буданд. Соли 1936 дар шаҳри Душанбе бахши омодакунии мутаҳассисҳои миёна ва хадамоти таълимии сагҳои пайгир таъсис дода шуд. Ӯ чунин номгузорӣ шуд: «Раёсати қушунҳои сарҳадии КХКД»-и округи Душанбе. 1-уми сентябри соли 1938 дар пойгоҳи алоқаи раёсати қушунҳои сарҳадии Осиёи Миёна ротаи ҷудогонаи алоқа ташкил карда шуд. Дертар дар пойгаҳи ӯ баталиони алоқаи округи қушунҳои сарҳадии Осиёи Миёна таъсис шуд. Соли 1947 ин баталион аз Тошкент ба Душанбе интиқол дода шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз қисмҳои ҳарбии қушунҳои сарҳадии Осиёи Миёна 1481 нафр сарҳадбонҳо ба фронт фиристонда шуданд.

Соли 1943 амбори ҳарбии рақами 42-и КХКД дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, ки таъминоти сохторҳои сарҳадии ҷумҳуриро бос ару либос ва хурок таъмин мекард. 13 амрти соли 1963 бо фармони раиси Кумитаи бехатарии СССР округҳои сарҳадии Туркменистон ва Осиёи Миёна якҷоя карда шуда номи округи сарҳадии Осиёи Миёнаро гирифт. Идорааш ба шаҳри Ашқобод пойтахти Туркманистон кучонида шуд. Дар шаҳри Душанбе шӯъбаи фаврии ҳарбии сарҳадӣ дар ҳайати отрядҳои Панҷ, Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Хоруғ, баталиони алоқа, маркази таълимӣ, маҳзани нигаҳдориву таъминот ва госпитали ҳарбӣ ташкил шуданд. 8-майи соли 1974 бо фармони (укази) Президиуми (Раёсат) Совети Олии СССР барои дастовардҳои ҳарбӣ-амалӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ, нишондодҳои баланди тайёрии ҷангӣ ва сиёсӣ округи сарҳадии Осиёи Миёна бо ордени «Байрақи Сурх» сарфароз гардонида шуд.

Аз ҳама давраи муҳим дар саҳифаҳои таърихи қушунҳои сарҳадӣ ҷойгиршуда ин марҳилаи Афғонистон мебошад. 25 декабри соли 1979 тибқи қарордоди ҳамкориҳои СССР ва Афғонистон, як миқдори қувваҳои маҳдуди ҳарбии СССР ба қаламрави Афғонистон ворид карда шуданд. Дар набардҳои дохили Афғонистон бар зидди қувваҳои зиддиҳукуматӣ ҳазорҳо сарҳадбонҳо иштирок намуданд. Дар 9 соли ҷанг дар Афғонистон 322 сарбозону афсарон қаҳрамонона ҳалок шуданд. Дар ин ҷанг полковникҳо Ф.С. Шагалаев, С.У. Хабаев (баъди марг) ва капитан В.Ф. Понков сазовори унвони қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд. Онҳо дар қисмҳои сарҳадии шаҳри Душанбе хизмат мекарданд. Бо хотири дастгирӣ намудани қувваҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистону Афғонистон соли 1981 дар назди шӯъбаи фаврии ҳарбии Душанбе экспедитсияи ҳавоӣ ташкил карда шу два чанде баъд полки ҳавоӣ шуд.

10 майи соли 1986 бо фармони Раиси КБД СССР шӯъбаи фаврии ҳарбии «Душанбе» ба гурӯҳи фаврии «Душанбе» гузаронида шуд. Соли 1990 қаноти чапи отряди сарҳадии Хоруғ тақсим шуда, комендатураи Ишкошим номида шуда статуси отрядро гирифт.

Дар давраи Шӯравӣ фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ инҳо буданд:

1. қумандони дивизияи алоҳидаи муҳофизатҳои сарҳадии Туркистон-Федермессер 1920-1921

2. сардори раёсати сарҳадии Туркистон-Федермессер 1921-1922

3. қумандони отряди 5-уми отряди сарҳадии Бухоро-Дайнеко 1923-1924, Дарафеев 1924-1926

4. сардори хадамоти сарҳадӣ дар Осиёи Миёна-Бабкевич 1926-1930

5. сардори Раёсати ҳифзи сарҳад ва қушунҳои ОГПУ дар Осиёи Марказӣ Давидов 1930-1932, Горбунов 1932-1933, Бистрих 1933-1934

6. сардори раёсати дидбонгоҳи сарҳад ва КХКД (НКВД) РСС Тоҷикистон:

- полковник Николаев 1934-1936

- Комбриг Ходирев 1936-1938

- генерал-майор Ринзюнский М.М. 1937-1938

7. сардори округи сарҳадии КХКД СССР

- полковник Котомин 1938-1940

- генерал-майор Киселев 1940-1944

8. сардори қушунҳои сарҳадии КХКД (НКВД) РСС Тоҷикистон

- генерал-майор Котенко С.М. 1944-1947

9. сардори қушунҳои сарҳад ВКД округи Тоҷикистон генерал-лейтенант Лабадзе С. 1947-1953

10. сардори округи сарҳадии КБД СССР дар Осиёи Миёна

- генерал-майор Шербин 1953-1958

- генерал-майор Лапин В.Х. 1958-1963

11. сардори шӯъбаи фаврии ҳарбии «Душанбе» округи сарҳадии КБД СССР дар Осиёи Миёна

- генерал-майор Ғафоров А.Г. 1966-1985

- полковник Висотский 1985-1986

12. сардори гурӯҳи фаврии «Душанбе» округи сарҳадии КБД СССР дар Осиёи Миёна

- генерал-майор Карабейкинев 1986-1987

- генерал-майор Мартовитский А.Н. 1987-1992.

 

Сарҳад дар арафаи

асрҳои XX-XXI

Соли 1992 дар пойгоҳи гурӯҳи фаврии «Душанбе» округи сарҳадии КБД СССР дар Осиёи Миёна баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи қушунҳои сарҳадии ордени байрақи сурхдори Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳамзамон округи сарҳадии Осиёи Миёна барҳам хурд (фармоиши Президенти Руссия аз 23.09.92, амри Вазорати амнияти Федератсияи Руссия аз 19.10.92).

Худи ҳамон сол ба гурӯҳи сарҳадии Тоҷикистон отряди сарҳади Мурғоб ҳамроҳ карда шуд.

Соли 1994-ум дар ҳайати гурӯҳи сарҳадӣ отряди сарҳадбонҳои Қалъи Хумб таъсис шу два соли 1995 бошад Маркази таъиноти махсуси радио, қисми истифодаи техникӣ в аду экскадрилияи ҳавоӣ ташкил карда шуданд.

Моҳи майи соли 1993-ум шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Руссия оиди ҳифзи хатти якуми марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи сарҳадии Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Баъди ба имзо расонидани шартномаи оштии миллӣ бо нерӯҳои мухолифин аксарияти онҳо дар қаламрави Афғонистон маскан гирифта буданд. Вазъият дар сарҳади ҷумҳурӣ бо давлати Исломии Афғонистон хеле муътадил мешуд. Дар чунин вазъият давра ба давра шумораи қисмҳои сарҳадӣ тариқи нақшавӣ ихтисор мешуданд.

Дар хатти дуюми сарҳад тибқи шартномаи зикргашта сарҳадбонҳои тоҷик барои ба посбонии мустақилона гузаштани сарҳади давлатӣ омодагӣ мегирифтанд. Ҳаминро ба назар гирифта соли 1998-ум минтақаи сарҳадӣ Қалъаи Хумб, ки дарозии хатти сарҳад 73 км-ро ташкил медиҳад ба комендатураи сарҳадии «Дарвоз» Кумитаи ҳифзи сарҳадии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Моҳи декабри соли 2002 бошад минтақаи сарҳадии Тоҷикистон бо Хитой, ки дарозии масоҳаташ 511км буд барои посбонӣ ба Кумитаи зикргардида супорида шуд.

Соли 2003 гурӯҳи сарҳадии Руссия тағйири ном намуда Раёсати сарҳадии Ходимияти федералии Хадамоти бехатарии Руссия дар Тоҷикистон номида шуд.

Моҳи ноябр-декабри соли 2004 Кумитаи сарҳадии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи сарҳади ҷумҳуриро, ки хатти он 881,6км буд қабул намуд. Ин минтақаи Ишкошим, Хоруғ, Ванҷ, Рушонро дар бар мегирифт.

Соли 2005 қитъаҳои сарҳадии отрядҳои Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Панҷ ва охири сол горнизони Душанберо Кумитаи ҳифзи сарҳадии ҷумҳурӣ таҳти тассаруфи худ гирифт. Барои дастгирӣ намудани сарҳадбонҳои тоҷик дар фаъолияти хизматӣ дар ҳайати гурӯҳи фаврии Руссия сохтори мушовирҳо ташкил карда шуд, ки тибқи шартномаҳои тарафайн онҳо дар қисмҳои ҳарбӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани зарурият маслиҳатҳо дода, ёрии амалӣ мерасонанд.

Дар давраи баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шӯравӣ дар Тоҷикистон фармондеҳҳои гурӯҳи сарҳадии Руссия инҳо буданд.

Генерал-майор Гритсан В.Ф. 1992-1993

Генерал-лейтенант Чечулин В.Ф. 1994-1995

Генерал-лейтенант Тарасенко П.П.1994-1998

Генерал-лейтенант Резниченко Н.С. 1998-2000

Генерал-лейтенант Маркин А.С. 2000-2003

Генерал-лейтенант Баранев А.Н. 2003-2005

Генерал-майор Кашарин В.А. 2005-2007

Генерал-майор Михеев В.А. 2007 то замони ҳозира.

 

Отряди сарҳадии Панҷ

Соли 1921 посбонии қитъаи сарҳад аз Керки (Туркманистон) то Айвоҷ ба зиммаи бригадаи тирандозии Туркманистон вогузор шуда буд. Соли 1922-юм дар ҳамин қисмати сарҳад аз қисмҳои амалкунандаи чор полки кавалерӣ ва экскадронҳои алоҳидаи сарҳадии 32 ва 33 ташкил карда шуданд. Дар ҳамин давра гузаронидани қочоқи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хеле авҷ гирифта буд. Кам будани посбонгоҳҳои сарҳадӣ ва сарбозҳо имконияти қочоқчиён ва марзшиканонро зиёд мекард. Онҳо сарҳадро убур намуда бе душворӣ ҳадафҳои нопокашонро амалӣ мекарданд. Дар асл доираи фаъолияти посбонгоҳҳо бо сабаби нарасидани сарбозон хеле маҳдуд буд. Экскадронҳои дар боло зикргардида барои аз ӯҳдаи вазифаҳои хизматӣ набаромаданашон барҳам дода шуданд. Ба ҷои онҳо экскадрони 4-уми сарҳадӣ, ки дар хатти марзи Хитой буд интиқол дода шуд. 4 взводи ин экскадрон масофаи байни сарҳади Керки-Айвоҷро, ки дарозии хатти он 350км-ро ташкил мекард таҳти назорат гирифтанд. Мутаасифона ин воҳиди ҳарбӣ низ бо сабабҳои дар боло нишондодашуда аз ӯҳдаи вазифаи ба зиммааш гузошта набаромад.

Июни соли 1923-юм ба хотири таъсис додани ҳифзи доимамалкунандаи сарҳадӣ дивизиони якуми кавалерӣ аз Оренбург ва экскадрони сарҳадии 13-ум аз Тошканд ба сарҳад сафарбар шуда ба ҳайати отряди сарҳадии кавалерии Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Ситоди отряд дар Термиз таъсис ёфт. Дидбонгоҳҳои отряд посбонии хатти марзро аз Палварт то Фархор ба ӯҳда гирифт. Аз Фархор қисмати боқимондаи сарҳадро то марзи Дарвоз ҳайати 6-уми бригадаи кавалерии Алтай ҳимоя мекард.

Соли 1929-ум отряди сарҳадии Бухоро тағйир дода шуд ва экскадронҳо номи комендатураро гирифтанд. Отряд бо рақами 5 шуморагузорӣ шуд. Ним сол нагузашта шумораро иваз намуда боз номи отряди 47-уми узбекро гирифт. 1-уми октябри соли 1928-ум отряди сарҳадии 47-уми Бухоро, ки масофаи ҳудуди ҳимояи 1000км-ри сарҳад ба ӯҳдааш гузошта шуда буд, ба хотири пурзур намудани ҳифзи сарҳад ба 3 қисм тақсим карда шуда номи Тоҷикистонро гирифт. Ҳимояи минтақаи сарҳад аз Термиз то Шоҳон ба зиммаи отряди 48-уми Сарой, ки иборат аз 4 комендатура1 буд вогузор шуд. Як сол баъд комендатураи рақами 5-и Қалъаи Хумб ба ҳайати ин отряд шомил карда шуд. Муддате нагузашта ин воҳиди сарҳадӣ аз ҳайати отряди 48-ум бароварда аз нав мустақил шуд2. 29-уми майи соли 1932 отряди сарҳадии Тоҷикистон баъди гирифтани ордени «Байрақи Сурх» сазовори номи отряди сарҳадии «Байрақи Сурх»-дори Тоҷикистон шуд3.

30-юми июни соли 1932 комендатураи 4-уми Саричашма (ҳозира Ҳамадонӣ) аз ҳайати отряди 48-ум бароварда шуда ҳамчун комендатураи мустақил ба фаъолият шурӯъ кард4.

Барои дурусту самаранок ба роҳ мондани ҳимояи марз ба даст овардани дастовардҳои беназир дар ин ҷода отряди сарҳадии «Байрақи Сурх»-дори Тоҷикистон бо қарори Комитети иҷроияи СССР аз 14.02.1936сол бо ордени «Ленин» мукофотонида шуд. Дере нагузашта соли 1938-ум комендатураи якуми сарҳадии Айвоҷ аз ҳайати отряд хориҷ карда шуда ба сохтори отряди сарҳадии Термиз5 ворид карда шуд. Худи ҳамин соли зикршуда комендатураи сарҳадии Панҷ таъсис шуд. Дар ҳайати ин воҳиди сарҳадӣ 4 заставаи нав таъсис дода шуданд6. Тайи солҳои 20 ва 30-юми асри сипарӣ гардида отряди Панҷ дар торумор намудани бандаҳои босмачиён, ки аксарияти онҳо дар қаламрави Афғонистон маскан дошта ва тез-тез ҳуҷумҳо мекарданд, саҳми арзанда гузошта аксарияти сарҳадшиканҳо ва қочоқчиёнро дастгир намуданд7. Фақат дар солҳои 1931-1940 сарҳадбонҳои ин отряд 41 гурӯҳҳои мусаллаҳро зада несту нобуд карданд. 1288 аъзоёни бандаҳои босмачигарӣ, қочоқчиён ва 12242 вайронкунандагони хатти марз дастгир карда шуданд. Дар ин задухурдҳои нобаробар 15 сарҳадчӣ кушта ва 8 нафар ҷарроҳатҳои гуногун бардоштанд.Дар дастгир намудани марзшиканон сокинони ноҳияҳои сарҳадӣ хеле фаъолона иштирок менамуданд. Бо дастгирии бевоситаи онҳо 426 нафар аз дастгиршудагон аз шумораи дар боло нишондодашуда буданд. Аз байни ин мардуми меҳанпараст 4 нафар ихтиёрӣ ва 2 нафар деҳқон дар задухурдҳои бо марзшиканон дошта қаҳрамонона ҳалок шуданд. Аз отряди сарҳадии Панҷ дар арафаи саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 30-юми июни соли 1941 359 нафар ба фронт сафарбар карда шуданд. Онҳо ба ҳайати полки кавалерии 45-уми қушунҳои сарҳадии НКВД СССР, ки дар фронти амалкунанда буданд, ҳамроҳ карда шуданд. Соли 1943-юм отряди сарҳадии Панҷ дар тобеаш 21 застава дошт. Тибқи ҷадвали баст дар 14-тои он 42-нафарӣ хизматчиёни ҳарбӣ адои хизмат менамуданд. Дар 7-тои он 63-нафарӣ хизматчиёни ҳарбӣ буданд. Дидбонгоҳҳои эҳтиётӣ 32-нафарӣ доштанд1. Ба ғайр аз ин дар ҳайати отряди сарҳадӣ 4 шӯъбаи кашшофӣ (разведка) аз он ҷумла: яктоаш дар Ҷиликул, дуюмаш дар Бохтар, сеюмаш дар Данғара ва чорумаш дар Колхозобод таъсис дода шуд, ки дар сохтори онҳо 3-нафарӣ афсарон фаъолият доштанд2.

Ба нооромии вазъи сарҳад нигоҳ накарда маъмурият ва ҳайати роҳбарикунандаи округи сарҳадӣ мунтазам ба ҳамаи самтҳои фаъолияти сарҳадӣ аҳмият медоданд, фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбиро таҳлил менамуданд ва хулосаҳои зарурӣ пешниҳод мекарданд.

 

  1. Приказ ОГПУ №38/14, приказ ПО №182/6 от 01.07.1929г.
  2. Приказ ОГПУ №020730, №163/76, приказ №48 ПО №10/275 от 02.07.1930г.
  3. Приказ ОГПУ №355-32 распоряжение УПО №14432-32
  4. Приказ ОГПУ №256/34 от 30.07.1930 и №48 ПО от 30.07.1932г №13/182
  5. Приказ НКВД СССР №00532-38г
  6. Распоряжение НКВД СССР №713369-38
  7. Приказ НКВД СССР от 28.05.1943г.

Мисол фақат ах моҳи майи 1947 оғоз карда то январи соли 1948-ум комиссияи муштараки давлатии СССР бо Афғонистон корҳои деморкатсиониро дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом расонданд. Дар хатти марз 24-адад аломатҳои сарҳадӣ №№118-141 ва 76 нишонаҳо мобайни аломатҳо гузошта шуданд.

Дар баробари иҷрои корҳои оинномавӣ сардорони қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарият ба такмили дониши сарҳадбонҳо ниёз доштанд. Ба ҳамин хотир соли 1949-ум дар назди отряд полки таълимӣ барои даъватшудагон ташкил карда шуд. Сарҳадбонҳо дар бахшҳои кутоҳмуддат таълим гирифта, барои адои хизмат ба отрядҳои сарҳадии 35-ум, 81, 117, 66, баталиони алоҳидаи 118 ротаи алоқа ба Тошканд интиқол мешуданд3. Дар арафаи соли 1955-ум комендатураҳои сарҳадии 1,2 ва 3 барҳам дода шуданд. Ҳайати шахсии онҳо, комендатураи сарҳадии 3, дидбонгоҳҳои 14-23, взводи аслиҳаи бетаваққуф куллан бо молу мулкашон ба ҳайати отряди сарҳадии 117-ум гузаронида шуданд. Қисми ҳарбии 2026 соли 1956-ум дар сохтори отряд таъсис дода шуд, ки то соли 2005-ум фаъолият дошт4. Солҳои 1979-1989 отряди сарҳадии Панҷ дар расонидани ёрии интернатсионалӣ ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон иштирок намудааст. Аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии ин отряд 116 нафар ба шаҳодат расиданд. Дар байни онҳо 68 сарбози қаторӣ, 16 ефрейтор, 16 сержант, 20 прапоршик, 2 лейтенант, 1 лейтенанти калон, 3 капитан, 2 майор, 1 подполковник буданд.

Соли 1992 баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ комендатураи Айвоҷ аз ҳайати отряди сарҳадии Термиз бароварда ба сохтори отряди Панҷ ҳамроҳ карда шуд.

Тибқи шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия 25.05.1993с ва қарордоди тарафайн «Оиди ҳамкориҳо дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 16.10.2004» моҳи июли соли 2005-ум қитъаи сарҳадии отряди Панҷ ба Кумитаи ҳифзи сарҳадии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Хабари Инқилоби октябри соли 1917 тобистони соли 1918 ба Помир расид. 30 августи соли 1918-ум бо фармони роҳбарияти Армияи Сурхи коргару деҳқонӣ отряди сарҳади Помир ба тобеияти Раёсати мудофиаи Комиссариати ҳарбии Туркистон дароварда шуд. Сардори отряд полковник С.А.Фенин ҳокимияти навро эътироф накарда ноябри соли 1918-ум бо 32 афсар ва сарбозон тавассути водии Вахон баромада ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард.

Ба хотири ҳарчи тезтар расондани ёрии амалӣ ба сарҳадбонҳои Помир ва барқарор намудани ҳокимияти нав як отряди сарҳадӣ иборат аз 350 нафар таҳти сарпарастии С.Семикина ба Хоруғ интиқол шуд.

 
  1. Приказ НКВД СССР от 09.06.1943г и ПВ НКВД ПО от 26.07.1943г
  2. Приказ ПВ НКВД ПО от 05.11.1948 №20366
  3. Распоряжение УПВ МГБ Таджикский ССР от 13.03.1951г №4/00205
  4. Приказ МВД СССР от 18.06.1955г. и приказ МВД СССР от 04.10.1956г.

 

 

Отряди сарҳадии Хоруғ

 

Аз рӯзҳои аввали ҷойгиршавӣ онҳо ба гузоронидани чорабиниҳои пурзуркунии ҳифзи марз ва таъсисдиҳӣ ва пурқувватгардонии мақомотҳои ҳокимияти нав шурӯъ карданд. Ҳифзи сарҳад дар Бадахшон дар ҳамон давра як зумра хусусиятҳои хос ва монеаҳо дошт, ки ба шароити номусоиди ҷойгиршавии маҳал зич алоқаманд буданд. То соли 1925-ум отряди сарҳадӣ дар вилояти Уш ё Андиҷон ташкил шуда дар ҳайати мукаммал отряди сарҳадии Помирро иваз мекард. Дар чунин вазъият отряди хизматро ба охир мерасонидагӣ барои отряде, ки ба ҷои ӯ меомад ягон шароити мусоид намемонд. Ивазкунандаҳо тамоми маҳсулоти хуроквориро бо худ меоварданд ва мебурданд. Чунин ҳолат фармондеҳи округи ҳарбии Осиёи Миёнаро маҷбур сохт, ки аз чунин раванди кор даст кашида ҷойгиршавии қисмҳои сарҳадро доимӣ кунад. Ба ҳамин хотир ӯ соли 1926-ум фармон имзо намуда мавқеъи ҷойгиршавии отряди Помирро доимӣ эълон кард. Сарбозон аз ҳисоби ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи даъват ба хизмат гирифта мешуданд. Отряд дар ҳайати 227 нафар тасдиқ шуд. Хурок ва либос аз вилояти Уши Қирғизистон оварда мешуд. Дар ҳайати отряд раёсат, қисми сиёсӣ, қисми хоҷагӣ, алоқа, гурӯҳи пулеметчиҳо, тирандозҳо, взводи кавалерӣ ва гурӯҳи сапёрҳо ворид карда шуданд. Дар сохтори отряд заставаҳои «Қизил-Работ», «Помир», «Хоруғ», «Қалъаи Вомар», «Ишкошим» ва «Панчор» ба фаъолияти доимӣ шурӯъ карданд. Аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ 30-нафар ихтиёриҳо ба хизмат барои як сол қабул мешуданд. 10 декабри соли 1930-юм бо фармони сардори ОГПУ Осиёи Миёна1 отряди сарҳади 66-уми Помир таъсис ёфт.

Аз ҳамин рӯз иборатан отряд ба тобеияти соҳавии сарҳадӣ мегузарад. То ин вақт ӯ зерсохтори комиссариати мудофиа буд. Минтақаи посбонии сарҳад, ки ба саллоҳияти ӯ дода шуда буд, дар тӯли 1003 км ҷой дошт. Ситоди отряд дар шаҳри Хоруғ ҷойгир карда шуд. Комендатураи Ишкошим соли 1938-ум ва Мурғоб 1939-ум ташкил карда шуданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз отряди сарҳадии Помир 450 нафар ба фронт сафарбар карда шуда буданд. Соли 1954-ум отряди сарҳадии Помир номи отряди сарҳадии Хоруғро гирифт (қисми ҳарбии 2022).

Дар даҳ соли баъди солҳои 50-ум отряди сарҳадии Помир маротибаҳо тағйир ёфтааст. Соли 1960 отряди сарҳадии Мурғоб барҳам дода шу два ҳамчун комендатура ба ҳайати отряди Хоруғ ҳамроҳ карда шуд1. Дар ҳамон шабу рӯзҳо низ отряди Қалъаи Хумб ҳамчун комендатураи сарҳадӣ ба ҳайати отряди Хоруғ шомил карда шуд2. Дар аввалҳои солҳо 60-ум дар сохтори отряди Хоруғ 4 комендатураи сарҳадӣ ва 29 дидбонгоҳҳо фаъолият мекарданд. Дарозии хатти сарҳад дар масофа 1300км таҳти тасаруфи отряди Хоруғ буд. Соли 1967 боз аз сари нав комендатура «Мурғоб» аз ҳайати отряди Хоруғ бароварда шуд ва

 

  1. Приказ ОГПУ №195/113 от 10.12.1930г

мустақилона дар сарҳадоти шарқии Бадахшон ба Хитой ба фаъолият шурӯъ намуд.

Отряди сарҳадии Москва

 

19 июни соли 1932-юм бо фармони ОГПУ №355 аз ҳайати отряди 48-уми Сарой комендатураи 4-уми «Сари Чашма» бароварда шуда дар қишлоқи Сари Чашма ҷойгир кунонида шуд. Дидбонгоҳи «Чубек», «Даҳана», «Баҳорак», «Сариғор», «Йол», «Анҷирак», «Хирманҷо» ва «Шагон» ба тобеияти ин комендатура ворид карда шуданд.

1 июли соли 1932-юм бо фармони ОГПУ №286/141 комендатураи номбурда аз нав барҳам дода шуд ва дар ҷои ӯ комендатураи 13-уми алоҳидаи Шуробод ташкил ёфт. Воҳидҳои гурӯҳи тезамал, дидбонгоҳи «Боғ»-и навташкил ба сохтори ин комендатура ворид шуданд. Соли 1934-ум комендатураи 13 аз Сари Чашма ба ноҳияи Шуробод кучонида шуд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳайати сарҳадбонҳои комендатура 517 нафар ба фронт сафарбар карда шуданд. 20 марти соли 1954 бо фармони ВКД СССР комендатураи алоҳидаи сарҳадии 13-ум ба мавқеъи отряд гузаронида шуд. Отряди 117 округи ҳарбии Осиёи Миёна (қисми ҳарбии 2033) номида шуд. Соли 1980 дар назди раёсати отряд барои бо отрядҳои муттаҳидаи сарҳадӣ дар набардҳои Афғонистон иштирок дошта гурӯҳи таъҷилии округи сарҳадии Осиёи Миёна иборат аз 7 нафар таҳти сарпарасти яке аз ҷонишинҳои фармондеҳи округ таъсис дода шуда буд. Дар ин ҷанг 48 нафар аз хизматчиёни отряд ба шаҳодат расиданд.Дар асоси шартномаи байнидавлатӣ аз 25.05.1993 тобистони соли 2005 отряд бо тамоми молу амвол, силоҳу лавозимоти ҳарбӣ ба ҳайати Кумитаи ҳифзи сарҳадии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

 

 

  1. Приказ КГБ СССР от 15.01.1960г
  2. Приказ КГБ СССР от 20.08.1959г

 

 

 

 

 

Аз таърихи ташаккулёбии

сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар замони мустақилият

 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба давлатҳои мустақил ҷудо шудани ҷумҳуриҳои собиқ дар баъзе минтақаҳо ҷараёни тезу тундшавии маҳалгаройӣ ба амал омад. Иддае бо номи «пешвоёни» миллат ошкоро барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи мусаллаҳонаро сар карданд. Гурӯҳе аз мансабталабон мехостанд мақсадҳои ғаразноки сиёсии худро дар зери байрақи «бозсозӣ» амалӣ кунанд. Он мардуме, ки «пешвоҳои» навбаромадро дастгирӣ мекарданд, аз мақсадҳои сиёсии онҳо хабар надоштанд, ба назари эшон ин «пешвоён»-и миллат гуё барои истиқлолияти ҷумҳурӣ ба шӯру ошӯб омада бошанд.

Баландтарин нуқтаи авҷгирии вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва сабаби асосии даргириҳо гирдиҳамоии моҳи сентябри соли 1991 ва гирдиҳамоиҳои пай дар пайи 2 майдон: «Шаҳидон»-у «Озодӣ» гардиданд, ки моҳҳои апрел ва майи соли 1992 ба амал омада буданд. Ин гирдиҳамоиҳо моҳиятан тақсими як миллат, зарбазании фалокатбор ба якпорчагии ҷумҳурӣ буд. Дар ду паллаи тарозу тақдири як халқу як миллат, як Ватан ҳаллу фасл мешуд. Ин амалан сангари дутарафа ба муқобили ҳамдигар буд, ки аз он бӯйи хун меомад ва оқибат ба хунрезӣ оварда расонд. Ҳукумати он давр фалаҷ шуд, муддате чанд вазъ дар ҷумҳурӣ бе назорат монд. Дар баъзе ноҳияҳо гурӯҳҳои зиддиконститутсионӣ ва гурӯҳҳои ҳимояи ҳукумати конститутсионӣ таъсис шуданд. Баъди шикаст хӯрдани гурӯҳҳои зиддиконститутсионӣ аксарияти онҳо ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор карданд.

Аз мақсаду мароми ташкилкунандагони табаддулоти давлатӣ маълум буд, ки баъди маскан гирифтан дар сарзамини Афғонистон, муборизаи яроқнокро аз мавқеи манфиати гурӯҳҳои сиёсатмадороне, ки шарикақида буданд, хусусан аз нуқтаи назари Афғонистон, Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ давом доданианд ва албатта маълум буд, ки барои гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, қочоқчигӣ дар Тоҷикистон сарҳади давлатии он бо Афғонистон, ки 1334 километро ташкил медод, ба куллӣ истифода хоҳад шуд. Ба ин хотир аз охирҳои соли 1992 сар карда, иншоотҳои техникии дар сарҳадбуда шикаста ва вайрону валангор карда мешуданд. Ҳимояи баъзе қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад беш аз пеш душвор мегардид. Шумораи вайронкунандагони хати сарҳад аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон торафт зиёд мешуд. Дар ҳамон шабурӯзҳо аз рӯйи вазъи мавҷуда, сарҳадбонони Русия ба танҳоӣ худашон ҳимояи сарҳадро пурра ӯҳда карда наметавонистанд. Ин ҳолат дар назди Ҳукумати Тоҷикистон проблемаи нав-яъне мустаҳкам кардани сарҳади давлатиро гузошт.

 

Пояҳои ҳуқуқӣ

Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуд, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 - декабри соли 1992 таҳти рақами 981 мебошад. Дар асоси ин қарор дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзоёни ҷабҳаи халкӣ иборат аз 1200 нафар бригадаи таъиноти махсуси марзбонон барпо карда шуд. Ин масъала дар сессияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ шуда буд.

Қушунҳои сарҳадӣ ва Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо меваҳои мустақилият мебошанд. То ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ инҳо мақомотҳои қудратии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва баъди пароканда шудани СССР дар заминаи холӣ таъсис дода шуданд. Сохтори ин бригада тибқи фармони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ полковник Зуҳуров С. дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд. Аввалин қумандони бригадаи мазкур сардори шӯъбаи контразведкаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Кӯлоб полковник Сайфуллоев Сафаралӣ таъин шуд.

Савол ба миён меояд, ки оё дар чунин як давраи ҳасос зарурати ташкил намудани чунин як воҳиди ҳарбӣ лозим буд? Аз як тараф алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебурд, аз дигар лиҳоз қисми ҷануби сарҳади давлатӣ бо давлати исломии Афғонистон беназорат буд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи қушунҳои сарҳадии Федератсияи Руссия ва ваколатҳои онҳо муайян набуд. Онҳо дар як шароити муаллақ қарор дошта бо сабабҳои пурра набудани ҳайати шахсии дидбонгоҳхо аз ӯҳдаи пурраи ҳифзи сарҳади давлатӣ намебаромаданд. Ин сабаби ворид шудани гурӯҳҳои силоҳбадасти зархарид ба қаламрави ноҳияҳои наздисарҳадӣ шуда буданд. Чунин вазъияти ба амаломада роҳбарияти сиёсии ҷумҳуриро ӯҳдадор намуд, ки ҳифзи қисмати ҷанубии сарҳади давлатиро, ки амнияти онҳо бо сабабҳои дар боло зикршуда хеле суст буд, ба ӯҳдаи бригадаи таъиноти махсус гузорад.

Ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи марзи ноҳияҳои сарҳадӣ гурӯҳҳои зудамали бригада якумаш дар ноҳияи Шаҳритус (қумандон капитан Раҷабов Б.), дуюмаш Қумсангиру Панҷ (капитан Шамолов С.Д.- ҳоло генерал-майор), сеюмаш Фархор (подполковник Арабов Қ), чорумаш Шӯрободу Даштиҷум сафарбар карда шуданд. Ин воҳидҳои номбурда дар хати дуюми марзи ҷумҳурӣ баъди қушунҳои сарҳадии Руссия ҷойгир карда шуданд.

Ҳайати шахсии гурӯҳҳои зудамал бо лавозимотҳои ҷангӣ силоҳҳои хафиф автомат, сақил, пулемёт, грантамёт, зенитий, АГС-17, 12-адад танк, 28 БТР-80 (мошини зиреҳпӯш), 12 БМП (мошини ҷангии пиёдагардҳо) мусаллаҳ буданд. Дар тавозуни бригада ва гурӯҳҳои зудамал 5-адад мошинаҳои алоқа, 10-адад мошинаҳои кашонидани сӯзишворӣ, 16-адад мошинаҳои ГАЗ-66 буд. Ситоди бригада дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир шуд. Ҳайати шахсии бригада ва зерсохторҳои ӯ дар мӯътадил гардондани вазъи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, баргардонидани гурезаҳо аз қаламрави Убекистон ва Афғонистон, маҳв намудани қочоқчиён, марзшиканҳо матонату мардонагӣ нишон дода нақши худро дар бунёди пояҳои қушунҳои сарҳадӣ гузоштанд.

Ногуфта намонад, ки фармондеҳи ҳозираи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар генерал-лейтенант Раҳмоналиев Раҷабалӣ аввалин афсар ва дастпарвари ҳамин бригада мебошад. Ӯ то миёнаи соли 1993 ба ҳайси сардори шӯъбаи тайёрии ҳарбии ин воҳид дар Раёсати ҳифзи сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллӣ то ба Вазорати дифоъ интиқол шуданаш ифои вазифа намуд.

Қобили қайд аст, ки 23-феврали соли 1993 нахустин намоиши ҳарбии давлати соҳибистиқлол дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар он гурӯҳи зудамали бригадаи таъиноти махсус таҳти сарпарастии капитан Шамолов С.Д. (ҳоло генерал-майор) ва як қисми қушунҳои дохилаи Вазорати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

 

Таъсиси Раёсати сарҳадӣ

Вазъияти дар сарҳади ҷумҳурӣ ба амал омада андешидани чораҳои фавриро барои ҳарчӣ тезтар мустаҳкам кардани он ба миён гузошта буд. Аз ин хотир Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 фармони таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тасвиб расонид. Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсат ворид карда шуд.

Ин ду санад дар амри барпо намудани Артиши сарҳадии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз бозиданд. Баъд аз ду сол-30-юми майи соли 1994 фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 273 дар бораи барпо намудани Қушунҳои сарҳадии Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Мувофиқи ин фармон ҳар сол 28-уми май чун рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик (бидуни рӯзи истироҳатӣ) таҷлил карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки 28-уми май ҳамчун иди касбии сарҳадбонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баъди Инқилоби Октябр дар замони Шӯравӣ муқаррар шуда буд. Ба хотири посдошти анъанаҳои сарҳадӣ пешниҳоди роҳбарияти Вазорати амният оиди ҳамчун иди касбии сарҳадбонон мондани 28-уми май аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Ҳукумат дастгирӣ карда шуд.

Аз гуфтаҳои боло мумкин аст, ки хонанда савол ба миён гузорад, ки чаро 18-уми декабр рӯзи таъсисёбии бригадаи махсус, 28-уми декабр рӯзи ташкилшавии Раёсати сарҳадӣ ҳамчун рӯзҳои ташаккулёбии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд. Мо дар чунин ақидаем, ки санадҳои зикргардида инҳо таҳкурсӣ ва заминаҳое буданд, ки барои мукаммал гаштани қушунҳои сарҳадӣ шароит фароҳам оварданд. Зарурати пайдарпай мустаҳкам кардани онҳоро ба назар гирифта 30-майи соли 1994 дар пояи Раёсати ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ҳайати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар асоси тадбирҳои муайяншуда барои пурра ва мукаммал намудани ҷузъу томҳои сарҳадӣ аз сохтори Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ 2000 воҳиди хизматӣ аз он ҷумла 228 афсар, 80 прапоршик ва 1692 сарбоз ҷудо карда шуд. Ҳамзамон аз полкҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ 3893 хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷадвали штатии қушунҳои сарҳадӣ ворид карда шуданд ва эҳтимол ба ҳамин хотир соли 1994 ҳамчун рӯзи ҷашн қабул шудааст.

Сарварии аввалини Раёсати сарҳади тоҷикро полковник Рогов А.И. (генерал-майор) ба ӯҳда дошт.

Қарорҳою фармонҳои мазкур дар роҳи барпо намудани Артиши марзбонони тоҷик, дар роҳи ташаккулу такомул ёфтани он аввалин қадамҳои баҳодурона буданд. Аммо артиши мазкур ҳанӯз ҳам зери қаноти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Артиши сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз камшумории хеш, дар ҳассостарин марҳалаи таърихи кишвар-давраи ҷанги ҳамватанӣ тавонист, ки хати дуру дарози марзи онро ҳифзу муроқибат намояд.

Баъд аз ташкили қушунҳои сарҳадӣ батадриҷ он такмил дода шуд, нигаҳбонии сарҳад беш аз пеш мустаҳкамтар гардид.

Дар тобеъияти Сарраёсат ду отряди сарҳадӣ, 1 полки таъҷилии ноҳияи Қумсангир, отряди сарҳадии Шаҳритус, комендатураҳои Қалъаихум ва Рӯшон қарор доштанд. Ғайр аз ин, барои ташкили ротаҳои махсуси алоқа, бинокорӣ, нақлиётӣ иҷозат гирифта шуд. Ҳамзамон нуқтаи сарҳадии гузаргоҳӣ «Хуҷанд», Маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди низомӣ, пойгоҳи таъминоти амвол, дастаи «Фалак», ки қаблан ҳам дар таркиби лашкариёни марзбон амал мекарданд, дар сохтори нави Сарраёсат боқӣ монданд. Сардори Сарраёсати сипоҳиёни сарҳадӣ чун пештара Рогов А.И. таъин карда шуд.

Силоҳ роҳи ҳалли масъала нест

Охирҳои соли 1996 ва аз аввалҳои соли 1997 дар ҷомеаи мо, хусусан дар арсаи сиёсат ва сиёсатмадорӣ, таъғйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пай дар пай ба раванди сиёсӣ нигоҳ карда, роҳи сулҳу салоҳро пеш мегирифт. Зиндагӣ возеҳу равшан нишон дод, ки фақат худи тоҷикон қодир ҳастанд оташи даргирифтаи хонаи хешро хомӯш кунанд. Ҳаёт боз ҳам собит намуд, ки силоҳ дар ҷамъият роҳи ҳалли масъала нест. Сарвари ҷумҳурӣ бо дарки масъулият ба хотири таъмини сулҳу ваҳдат, якпорчагии Ватан бисёр талошҳо кард, бо собиқ мухолифин вохӯриҳо, гуфтушунидҳо созмон дод, диду боздид кард ва барои эҷоди сулҳи миллӣ заминаи мусойид фароҳам овард. Аз тарафи дигар, ҷангу ҷидолҳои дохила оҳиста-оҳиста ҳалли худро меёфтанд. Чунин вазъ, чунин шароит боз ҳам мустаҳкам гардонидани сарҳади дохилии давлати Тоҷикистонро тақозо мекард. Ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани сарҳади давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ва ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳад» қабул гардид. Тибқи ин қонун вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти марзбонон ба танзим дароварда шуданд.

 

Ҷойгиршавии хатҳои

марзи ҷумҳурӣ

Аз рӯи мавқеъ ва ҳудуди ҷойгиршавии Тоҷикистон сарҳади он ба ду қисм тақсим мешавад:

қисми аввал, сарҳадоти Давлати исломии Афғонистон (1334 км) ва Ҷумҳурии мардумии Чин (511 км) мебошанд.

қисми дуввум – сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 1363 ва 990 км масофа доранд. Баъди кашмакашиҳои дохилӣ моро лозим омад, ки ба мустаҳкам намудани сарҳади ҷумҳурӣ бо ин кишварҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Дар ин минтақаҳо соли 2000 ҳафт отрядҳои сарҳадӣ ташкил ва онҳо бо нерӯ ва лавозимоти зарурии техникӣ таъмин карда шуданд.

Президенти ҷумҳурӣ роҳбарияти Кумитаро вазифадор карданд, ки то ҳадди имкон барои дар оянда ташакул додани қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ тамоми чораҳо дида шаванд. Бечуну чаро роҳбарони Кумита дарк мекарданд, ки ин ҳам боварии калон ва ҳам масъулияти бузургест дар назди Халқу Ватан. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардан мо бо ҳайати афсарон шинос шудем. Як гурӯҳи афсарони хурд дар қисмҳои ҳарбӣ адои хизмат мекарданд, ки соли 1995-ӯм курси шашмоҳаро дар Маркази таълимии гурӯҳи сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон ва як гурӯҳ курси кӯтоҳмуддатро дар ш. Алма-ато хатм карда буданд. Боқимонда афсарону прапорщикҳое буданд, ки қисми онҳо собиқадорони фронти халқӣ ва иддае тавасути комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмат ҷалб шуда буданд. Ҳамон шабу рӯзҳо қариб, ки дар қисмҳои ҳарбӣ зиёда аз ҳафтод фисади сарбозон набуданд, хусусан дар қисмҳои ҷанубии сарҳад ва ноҳияи Турсунзода. Ин сабаб дошт. Дар муддати солҳои 1995-1997 вазъи сиёсиро дар минтақаи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва дар водии Ҳисору ноҳияи Турсунзода як гурӯҳ исёнгарон - шарикони онҳо такрор ба такрор тезу тунд мекарданд.

 

Ташкилёбии

сохторҳои марзӣ

Пеш аз ҳама баръало ҳис мекардем, ки баъди ташкили сохтори Кумита, даставвал бояд фавран масъалаи тайёр кардани афсарони касбӣ, чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз ҳудуди он, ҳалли худро ба таври бояду шояд ёбад. Барои ин, албатта, маблағҳои калон лозим буданд. Моҳи майи соли 1997 лоиҳаи сохтори Кумита ва Низомномаи он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳайат иборат аз раиси Кумита(генерал-майор Камолов С.), ҷонишини якум(генерал-майор Сайфуллоев С.), сардори Раёсати корҳо оид ба кадрҳо- ҳамзамон ҷонишини раиси Кумита(шодравон генерал-майор Ахмедов М.), сардори Раёсати иктишофӣ-ҳамзамон ҷонишин(генерал-майор Сулаймонбеков А.), ҷонишин оид ба таъминот, ақибгоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ(генерал-майор Ғураев А.) иборат буд. Азбаски сарҳади дохилӣ аллакай мафҳуму мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда буд, зарурияти мустаҳкам намудани сарҳади ҷумҳурӣ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар марҳилаи аввал меистод. Ба ҳамин хотир дар шаҳри Хуҷанд комендатураи сарҳадӣ ва постгоҳҳои назорати сарҳадӣ дар ноҳияҳои Нову Бӯстон ба фаъолият сар карданд. Ба замми ин, аз системаи комендатурие, ки идораи якчанд минтақаро ӯҳда карда наметавонист даст кашида, низоми бригадавӣ ҷорӣ карда шуд. Ба ҳамин хотир дар вилояти Хатлон ташкили 4 отряди сарҳадӣ дар сохтор пешбарӣ шуд. Дар ноҳияҳои Фархору Панҷ ва Ҷилликӯлу Турсунзода аллакай комендатураҳои нав фаъолият доштанд. Дар марказ-яъне кумита бошад, якчанд таркибҳои нави сохторӣ ба монанди Раёсати ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Хадамоти иттилоотӣ, Раёсати иктишофӣ, Маркази ахбор ва чанд воҳиди дигар ба кор сар карданд. Лоиҳаи ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардида бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами № 346-9 аз 5.08. с.1997 тасдиқ ва шумораи сарҳадбонон зиёд карда шуд. Расман баъди қарори Ҳукумат подполковник Эмомов Р. (ҳоло полковник) фармондеҳи отряди 1-ӯм (дар ҳайати ду комендатура), фармондеҳи отряди 2-ӯм подполковник Шамолов С. (ҳоло генерал-майор) (дар ҳайати се комендатура), фармондеҳи отряди 3-юми сарҳадӣ полковник Чолов Қ. (иборат аз ду комендатура), фармондеҳи ливои 4-ӯм подполковник Раҷабов Б. - комендатураи алоҳидаи сарҳадии Дарвоз ва Рӯшон, фармондеҳон Комилов Б.(полковник) ва Холбашев Х.(ҳоло генерал-майор) - сардори комендатураи сарҳадии ноҳияи Турсунзода, полковник Саидов С.(собиқадор) ва полковник Ҳомидов Ҳ.Р. (собиқадор) - сардори камендатураи сарҳадии Хуҷанд таъин гаштанд. Генерал-майор Рогов А.И. (собиқадор) ба сифати сардори ситоди лашкарони сарҳадии ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Пешниҳод оиди дар ш. Душанбе барпо намудани бемористони низомӣ ва дар аэропорти пойтахт таъсис додани шӯъбаи назоратии сарҳадӣ ҳалли худро ёфтанд. Шӯъбаи назорати сарҳадии вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи Хуҷанд ва боз якчанд нуқтаҳои дигари назорати сарҳадӣ дар он ҷо аллакай ба фаъолият шурӯъ карда, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба танзим оварда шуда буданд.

 

Такмили сохторҳои КҲСД–и назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва мустаҳкамкунии марзи давлатӣ

бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон

 

Вақте ки сарҳад ором аст, ҳаёт мӯътадилу осуда мегузарад, одамон бо дили пур ба кору бори худ машғул мешаванд, ҳама дар ин сарзамини муқаддас, ки Ватан ном дорад, аз зиндагӣ файз мебаранд ва барои рушду ободии он ҷаҳду талош меварзанд.

- Оё мардуми тоҷик пурра метавонанд гуфт, ки аз оромии сарҳади Ватан беташвиш бошанд?

Пеш аз ҳама бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти

мӯҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳи бебозгашт барқарор шуд, мулк батадриҷ ободу осуда мегардад ва вазифаи сарҳадбонон аз он иборат аст, ки бояд ин музафариятҳоро ҳифз намоянд. Ҳифзи сарҳади Ватан на танҳо иҷрои вазифаи касбӣ, балки вазифаи муқаддастарини ҳар як шаҳрванд ва шахси ватандӯст ба шумор меравад.

Зоҳиран мафҳуми сарҳади дохилӣ дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъди барҳам хӯрдани он ба миён омад. Дар давраи Шӯравӣ байни ҷумҳуриҳо сарҳад набуд, минтақаҳо аз рӯйи ҳудуди маъмурӣ тақсим мешуданд ва ин ваколат фақат салоҳияти Шӯрои олии СССР буд. Натиҷаи нодуруст ҷудо кардани қитъаҳои сарҳадӣ ба хотири тафриқаандозӣ гузаронида мешуд.

Аксарияти ҷанҷолҳои байнисарҳадӣ баъди соли 1992 миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ натиҷаи нодурустии тақсимоти замину обу иншоотҳое буданд, ки то солҳои 1992 моликияти як ҷумҳурӣ маҳсуб мегардиданд ва баъди аз байн рафтани СССР насиби давлати мустақили дигаре шуданд. Ба ёд оред хунрезиҳои Арманистону Озорбойҷонро барои Қарабоғи кӯҳӣ, Тоҷикистону Қирғизистонро барои минтақаву қитъаҳое, ки чандин даҳсолаҳо пеш тибқи қарорҳои Раёсати Шӯрои олии СССР муайян шуда буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ бо Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Оид ба аз қадимулаём набудани хати сарҳад байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаҳои таърихӣ низ шаҳодат медиҳанд. Таърихи тоҷикони кӯҳанбунёд дар шоҳасари Б.Ғафуров «Тоҷикон» муфассал таҳлил шудааст. Ин ҷо дар бораи давраи аз соли 1992 ин ҷониб, ки ба чӣ душвориву машаққатҳо қӯшунҳои сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷобаҷо кардем, андаке нақл мекунем. То соли 1994-ӯм, то замони артиши тозаэҷоди сарҳади ҷумҳурӣ, вазъи сиёсии дохилии кишвар бо амалиёти муштараконаи мақомоти қудратӣ танзим карда мешуд. Дар марзҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳанӯз нерӯҳои сарҳадӣ вуҷуд надоштанд. Ягон меъёри ҳуқуқӣ дар бораи хати марзи Тоҷикистон, ба ҷуз қарору фармонҳои Раёсати Шӯрои олии СССР, мавҷуд набуд.

Баъди воқеаҳои ба ҳама маълуми солҳои 1992-1993 Ҷумҳурии Ӯзбекистон бе гуфтушунидҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вилоятҳои Сурхондарё, Тирмиз ба сохтмони иншоотҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон сар кард. Гузашта аз ин роҳбарияти Ӯзбекистон Тоҷикистонро ба ҳалқаи муҳосираи иқтисодӣ гирифт. Воқеан, дар давоми муборизаҳои шадиди соли 1992 сарварони Ӯзбекистон ба ҷабҳаи халқии Тоҷикистон хеле ёрии моддиву молиявӣ расониданд. Баъдтар маълум шуд, ки ин кӯмакҳо беғаразона набудаанд. Баъди барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ дар Тоҷикистон, онҳо сиёсатеро пеш гирифтанд, ки бар манфиати миллат ва давлати мо набуд.

Шукри худованди бузург, ки тири ҳадафашон хок хӯрд. Ҳамзамон мо ба оламиён эълом кардем, ки Давлати тоҷик, Миллати тоҷик роҳи тараққиёти худашро худаш интихоб кардааст ва мо зиндагиву кору фаъолиятамонро аз рӯйи анъанаҳои ниёгонамон пеш мебарем.

Хабарҳои дастрас гардидаро пай дар пай таҳлил намуда Президенти кишвар моро вазифадор карданд, ки бунёди Артиши сарҳадиро созмон диҳем ва ҷобаҷокунии сипоҳиёни сарҳадиро дар марзи ҷумҳурӣ бо Ӯзбекистон оғоз намоем. Ин кори осон набуд. Тасаввур кунед, ки ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳритус, Бишкент ва тамоми навоҳии вилоти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамҳудуд мебошанд. Тибқи меъёрҳои сохтори сарҳадӣ дар ҳар як ноҳия як комендатураи сарҳадӣ ва 4 застава бояд амал кунанд. Мо ҳама ин душвориҳоро дарк мекардем, аммо новобаста ба онҳо бояд супориши сарвари давлатро давра ба давра иҷро менамудем.

Нахустин комендатураи сарҳадӣ дар ноҳияи Турсунзода (қумандон Саидов С.) таъсис дода шуд. Чор застава дар марз ва як нуқтаи назорати сарҳадӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Деҳнав» ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин соли 1995- айёме буд, ки қувваҳои исёнгари Бойматов И., Солеҳов М. ва дигарон дар водии Ҳисору Турсунзода таъсири калон доштанд. Аз тарси силоҳбадастон-тобеъони онҳо қариб, ки идораҳои ҳукумати бояду шояд кор намекарданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, комендатураи сарҳадӣ таъсис ёфта ва корро оғоз намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дуввум воҳиди сарҳадӣ соли 1997 комендатураи «Хуҷанд» (полковник Хомуев Х.Р.) гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд созмон дода шуд. Вай дар ибтидо фақат назорати роҳҳои мошингардро дар ноҳияи Нов, Бӯстон таҳти назорат гирифт.

Роҳбарони Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ дар чандин гуфтушунидҳо бо соҳибмансабони идораҳои қудратии Ӯзбекистон пешниҳод карданд, ки таърихи бисёрасраи рафоқату дӯстии ду халқро ба назар гирифта, бо роҳи кушодани нуқтаҳои назорати сарҳадӣ дар минтақаҳои одамгузар ва ноҳияҳо шурӯъ намоем. Мо ин проблемаро аз он лиҳоз низ пешниҳод кардем, ки дар тӯли асрҳо ин ду халқ бо ҳам омезиш ёфтаанд ва дар ноҳияҳои ҳар ду давлат ҳам хешу таборони зиёд доранд. Аммо, онҳо розигӣ надоданд. Албатта, аз нуқтаи назари сиёсати давлати мустақил ва меъёрҳои хуқуқи байналмиллӣ мо медонистем, ки ҳар давлат метавонад сарҳади давлатии худро мустаҳкам ва ҳифз кунад. Ба ҳамин хотир мо ба консепсияи ҳифзи сарҳад дар тамоми тулӯъи ӯ бо роҳи ташкил кардани сохторҳои сарҳадӣ фавран розӣ набудем ва мехостем, ки ин корро ақалан давра ба давра ба роҳ монем…

 

 

 

Мубориза бо гурӯҳҳои

зиддиҳукуматӣ

Шӯру ошӯб дар ш. Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Турсунзодаву Ҳисор аз ҷониби қувваҳои зиддиҳукуматӣ аз тарафи дигар дахолати ғайрирасмии баъзе доираҳои расмии Ӯзбекистон, ки ба ҳар восита мехостанд, вазъиятро дар ҷумҳурии мо номӯътадил гардонанд, Ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур сохтанд, ки масъалаи мустаҳкам кардани марзи ҷумҳуриро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дараҷаи аввали чорабиниҳои Ҳукумат гузорад. Аллакай исёнгарон баъди шикаст хӯрданашон дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон мавқеъ гирифта буданд. Вале онҳо ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

Дар шикаст додани гурӯҳҳои зиддидавлатӣ сарҳадбонони тоҷик низ саҳми бориз доранд. Онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии кишвар далериву шуҷоат нишон доданд, хусусан афсарону сарбозони бригадаҳои сарҳадии 1-3 (полковник Шамолов С.Д., полковник Эмомов Р.) бо ҳунари размандагиашон фарқ мекарданд. Дар ин муҳорибаҳо чандин афсарону сарбозон қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Барои Хизматҳои шоён ва корнамоиҳои ҷангӣ полковник Шамолов С.Д. бо фармони Президенти ҷумҳурӣ сазовори рутбаи олии генерал-майор ва Чолов К. подполковник, (полковник) Раҳимов С.А., подполковник (генерал-майор) Искандаров М. бо ордени «Спитамен»-и дараҷаи аввал мукофотонида шуданд.

Гурӯҳҳои террористии дар кишвари ҳамсоя маскан гирифта мақсадҳои доманадор, аз ҷумла ниятҳои ғасби ғайриқонунии ҳокимиятро амали гардониданӣ шуда, дар мамлакату минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъиятро ҳамаҷониба ноустувор ва тезу тунд карданӣ мешуданд. Ин гурӯҳҳо аз хунрезӣ, қир кардани одамон ҳазар надоштанд. Ҳуҷумҳои пай дар пайи онҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, амалиётҳои террористиашон бар зидди шахсони алоҳида аз соли 1997 ин ҷониб ба роҳ монда шуда буданд. Шаҳодати боз аз сари нав ҷоннокшавии исёнгарон дар хабарҳои ҳаррӯзаи ба дасти мо расанда нишон медоданд, ки онҳо аз ҳадафҳои хеш ба осонӣ даст кашиданӣ нестанд. Ба ин аввалин задухӯрде, ки дар ноҳияи Турсунзода аз ҷониби зердастони собиқ раиси Ҳукумати ноҳия Бойматов И. дар минтақаи заставаи «Гулхас» ба вуқӯъ пайваст, мисол шуда метавонад. Ин ҳамларо сарҳадбонон дар якҷоягӣ бо афсарону сарбозони дигар қувваҳои ҳукуматӣ зада гардонданд ва дар натиҷаи ҷанги шадиди шабонарӯзӣ даҳо марзшиканон аз он ҷумла Бойматов И. кушта шуда, боқимондаҳо боз ба Ӯзбекистон рӯ ба фирор ниҳоданд.

Саволе ба миён меояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафу мароми гурӯҳҳои зиддиҳукуматиро медонист, чаро фавран чора наандешид, марзи дохилии кишварро мустаҳкам накард? Омилҳое буданд, ки ба ин имконият намедоданд. Пеш аз ҳама омили иқтисодӣ. Барои сохтмон, нигоҳ доштани 5-6 ҳазор сарҳадбон маблағ лозим буд. Аз ҷониби дигар, ҳолати баъдиҷангии кишвар талаб мекард, ки гурезаҳоро аз Афғонистон баргардонида бо хонаю ҷой, ҷубронпулӣ таъмин кунем, қувваҳои собиқ мухолифинро реентеграсия карда, ба идораҳои қудратӣ шомил гардонем, пӯшонем, хӯронем, манзил созем. Бо ҳамин сабабҳо мо натавонистем, ки марзи давлати Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон филфавр созмон дода, ҳифзу муроқибати онро таъмин кунем. Он қувваҳои камшуморе, ки дар тӯли сарҳадӣ зиёда аз ҳазор км масофа дошта буданд, бо ду комендатура ва 600 нафар афсарону аскарон ҳеҷ вақт оромии марзи дохилии кишварро ӯҳда карда наметавонистанд.

 

Талошҳои пайгирона

Барои таъмини ҳифзи марз ва ҳалли мушкилоти сарҳадӣ бо исрор ва талошҳои пайгиронаи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои 1996-1998 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои зиёде ба харҷ дод, ки бо нерӯҳои сарҳадии давлати ҳамсоя гуфтушунидҳо карда, масъалаҳои доғи рӯз ва мушкилоти сарҳадро, ки ба ҳарду ҷониб иртибот доштанд, ҳаллу фасл намояд. Мо ба он муваффақ шудем, ки аз ҳарду ҷониб дар сатҳи давлатӣ комиссияҳои ҳаллу фасли масоили сарҳадӣ барпо карда шуданд ва онҳо ҷиҳати рафъи мушкилот борҳо вохӯрданд ва ташкили ҷаласа доданд. Ҳамсояи хуншарикамон дар ин вохӯриҳо бо камоли «меҳр» ваъда мекард, ки ба хотири таҳкими дӯстии таърихии ду халқ-тоҷику ӯзбек ҳар лаҳза омода ҳастанд, ки роҳҳои ҳавоии байни Тошканду Душанбе ва Самарқанду Душанберо боз кунанд. Вале ҳамаи ин ваъдаҳои хушку холӣ буданду бас. Мо ғолибан натиҷаҳои гуфтушунидамонро аз тариқи садою симо ва матбуот ба халқамон иброз медоштем, хотири онҳоро хуш месохтем. Онҳо бо чашми интизор ба ояндаи «хуш» менигаристанд, вале сад афсӯс, ки интизорашон интиҳо надошт. Хулоса гап дигар буду амал дигар.

Дар вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои тарафайн мо гилаи дӯстона мекардем, ки гурӯҳҳои исёнгари Тоҷикистон дар сарзамини шумо паноҳ бурдаанд ва ҳадафҳои нопок доранд. Онҳо исроркорона инкор мекарданд, ки ин гилаатон беҷост…

 

Хурӯши навбатӣ

Гузашта аз ин, дӯстони хуншарики мо аз расонаҳои хабариашон тоҷиконро ба мардумашон чун қавми роҳзану исломгаро таблиғу ташвиқ ва муаррифӣ менамуданд.

Хабарҳои аввали соли 1998- аз сарчашмаҳои гуногуни ба идораҳои қудратӣ воридшуда нишон медоданд, ки дар мавзеҳову мавқеъҳои мухталифи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон силоҳбадастони шумораашон аз 1000 нафар зиёд машқҳои ҳарбӣ мегузаронанд. Онҳо омодагӣ мегирифтанд, ки аз марз гузашта, вазъиятро дар баъзе навоҳии ҷумҳурии мо тезу тунд кунанд. Бо супориши Президенти кишвар мо тадбирҳо меандешидем, аммо онҳо нокифоя буданд, зеро имконияти пурра надоштем. Сабаби асосиаш-касодии иқтисодӣ буд.

Шаби 4-ноябри соли 1998 соати 4-пагоҳӣ зиёда аз ҳазор нафар силоҳбадастон таҳти роҳбарии полковник Худойбердиев М. дар самти шимоли мамлакат аз марзи Ӯзбекистон гузашта, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бе ягон муқобилият, ба ғайри ноҳияҳои Исфара ва Панҷакент, зери тасаруфи хеш даровардаанд.

Тибқи иттилооти мавҷуда Худойбердиев ва ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Зомини Ҷумҳурии Узбекистон тавассути дараи Қумбели шимоли ноҳияи Шаҳристон ворид шуда, қариб бе ягон муқобилият ба Хуҷанд даромада, фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои стратегиро таҳти назорат гирифтаанд. Ягона нуқтае, ки бар зидди онҳо муқобилият нишон додааст, пости нозирони Бехатарии давлатии автомобилии ш. Ӯротеппа будаанд. Дар ин задухӯрдҳои нобаробар 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз рӯи гузориши ҷонишини Вазири амният шодравон Ҷобиров Шамсулло, ки дар вилояти Суғд буд афсарону сарбозон дар ш. Чкаловск дар набардҳои шадид иштирок дошта, талафҳои ҷонӣ доданд. Мо тасмим гирифтем, ки сараввал барои ёрдам расондан ягон гурӯҳро тавассути чархболҳо ба ш. Чкаловск фиристонем. Худи ҳамин шаб фармондеҳи отряди 1-ӯми сарҳадӣ подполковник (полковник) Эмомов Р. амр гирифт, ки гурӯҳи зудамали 48 нафараи ш. Кӯлобро, ки барои сафар омода буданд, шабона ба ш. Душанбе оварда, то пагоҳии барвақт онҳоро ба вилояти Суғд интиқол диҳад. Сарпарастии гурӯҳ ба афсари далеру шуҷоъ майор Аловердиев Шер вогузор шуд. Ин гурӯҳ баъди ба вилояти Суғд расидан дар задухӯрдҳо бар зидди қувваҳои исёнгари Худойбердиев дар якҷоягӣ бо дигар қувваҳои ҳукуматӣ корнамоиҳои беназири ҷангӣ нишон дод. Чанде баъд шуҷоати ин сарҳадчиёни диловар бо нишонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дигар нерӯҳои ҳарбие, ки дар вилоят ҷой доштанд, қариб то омадани қувваҳои иловагӣ аз марказ ягон амалиёт нагузарониданд ва аксарияти мансабдорон бефаъолиятӣ нишон доданд.

 

Иштироки собиқ мухолифин

дар ба эътидол овардани вазъ

Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амр доданд, ки дар сурати нарасидани нерӯҳои ҳарбӣ аз қувваи гурӯҳҳои реентиграсияшудаи собиқ мухолифин низ истифода барем. Қарор шуд, ки якчанд гурӯҳҳо таҳти сарпарастии Искандаров М. ва чанд гурӯҳи дигар ба фурудгоҳи ҳавопаймойии Панҷакент фуроварда шаванд. Таҳлили вазъият нишон дод, ки исёнгарон бо сардории подполковник Зваригин С.А. (ҷонишини Худойбердиев М.) ба ноҳияи Айнӣ ворид шуда ин ҷоро зери назорат гирифтаанд. Дар ағбаи Анзоб роҳи «Душанбе- Суғд» афсарону сарбозони полки таъиноти махсуси Вазорати дохила (фармондеҳ генерал - Қосимов С.) зери назорат гирифтанд. Тибқи дастурҳо ситоди амалкунанда баъди ҷобаҷошавии қувваҳои иловагӣ дар ноҳияи Панҷакент ва ҳаракати онҳо ҷониби ноҳияи Айнӣ дар як вақт бояд амалиётро аз ду тараф барои дар ҳалқаи муҳосира гирифтани қувваҳои зиддидавлатӣ сар мекард. Дар бораи ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда ба Президенти кишвар гузориш тайёр карда, розияташонро гирифтем. Пеш аз оғози ҷо ба ҷокунии қувваҳои ҷангӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд, ки якчанд воҳидҳои техникаи зиреҳпӯшро бо саду панҷоҳ нафар сарҳадчиён омода созем, ки тавассути роҳи оҳан ба вилояти Суғд барои мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ва истифодаи онҳо дар муҳорибаҳо бурда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ин пешниҳоди Ҳукумати Ӯзбекистон мебошад. Воқеан ҳам, баъди ба эътидол овардани вазъият дар вилояти Суғд, ҳамсояҳо ҳамин лаҳзаҳоро ба ёд оварда, бегуноҳии худро «исбот» карданӣ шуданд. Худи ҳамон шаб генерал-майор Шамолов С.Д. тибқи дастури гирифтааш саду панҷоҳ нафар афсарону сарбозонро, ки омодаи сафар буданд, бо чор поя техникаи зиреҳпӯш ба қатора бор карда ҷониби вилояти Суғд равон кард. Сарварии ин гурӯҳро майор (ҳоло полковник) Ҷаъфаров М . ба ӯҳда дошт. Баъди се рӯз онҳо ба ноҳияи Нов расида ҳифзи марзи ҷумҳуриро онҷо ба дӯши худ гирифтанд.

Пагоҳӣ шашуми ноябр аз фурудгоҳи Душанбе аз ҳисоби сарбозони гурӯҳҳои Искандаров М. ва Низомов М. 250 нафарро тавасути ҳавопаймоҳо ба н. Панҷакент интиқол шуданд. Аз тарафи Кумитаи ҳифзи сарҳад 40 афсар бо сардории полковник Раҳимов С. (ҳоло собиқадори қӯшунҳои сарҳадӣ) ба н. Панҷакент фиристонида шуданд. Ин гурӯҳ қаҳрамонии беназир нишон дода ба исёнгарон зарбаи марговар зад. Гузаронидани ин амалиёт ба ӯҳдаи генералҳо Азимов Амирқул ва Камолов С. гузошта шуд.

Дар ҷангҳои шадиди ноҳияи Айнӣ, ҳамаи фиристодагон корнамоиҳои беназир нишон дода, зиёда аз 50 нафар исёнгаронро дастгир карда, ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Тафтишу таҳқиқ нишон доданд, ки онҳо дар ноҳияи Зомини Ӯзбекистон тайёрии ҳарбиро гузашта, барои ғасби вилояти Суғд шабохун задаанд. Ба андешаи мо задухӯрдҳои дар вилояти Суғд ташкил шуда исён не, балки терроризми пардапӯши байналхалқӣ буданд. Шуҷоату қаҳрамониҳое, ки фарзандони диловари Тоҷикистони азиз дар саркӯбии исён ва баъд аз байн бурдани ҳамлаи террористона нишон доданд, пеши чашмони хонандаи мушфиқ корномаҳои ҷанговаронаи Спитамену Шерак, Муқаннаъу Деваштич, Темурмалику Сарбадорон, Восеъу Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳо меҳанпарастони асили миллатро ҷилвагар месозанд. Исми шарифи афсарону аскарон, аз он ҷумла лашкаркашони сарҳадӣ, дар таърихи навтарини халқи баҳодури тоҷик, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли он, дар таърихи корномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.

 

Такмили сохторҳои

қӯшунҳои сарҳадӣ

Солҳои 1999-2000-ӯм бо назардошти рӯз то рӯз мураккабтар гардидани вазъияти фаврӣ дар минтақаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, барои мустаҳкам намудани самтҳои Турсунзода, Эсанбой, Султонободи ноҳияи Шаҳритус тадбирҳои иловагӣ дида шуданд. Дар самти Турсунзода аз ҳисоби захираҳои дохилии воҳидҳои иловагӣ отряди сарҳадӣ (қумандон Саидов) созмон дода шуд. Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҳисор, як комендатураи нави сарҳадӣ (иборат аз се постгоҳи марзӣ сардораш полковник Саидов Рустам) ва чунин як комендатура дар мавзеи Гулхаси ноҳияи Турсунзода илова гардид. Дар ҳайати отряди 4-ӯми сарҳадии ноҳияи Шаҳритус дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон комендатураи «Султонобод» барпо карда шуд. Бо мақсади пурзур намудани ҳифзи сарҳад дар минтақаи вилояти Суғд моҳи апрели соли 2000 зиёда аз 350 нафар сарҳадчиён ба самти Панҷакенту Исфара ва 100 нафари дигар ба Истравшан фиристода шуданд.

Соли 2000-ӯм дар ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд комендатураи нави сарҳадии «Мастчоҳ» (қумандон майор Боқиев Ҷ.) таъсис гардид. Бо фармони Президети Ҷумҳурӣ моҳи июни соли 2001 дар заминаи отряди шашуми сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо маҳали ҷойгиршавӣ дар ш. Хуҷанд гурӯҳи фаврӣ-ҳарбӣ созмон ёфт ва подполковник Ҷаъфаров М. (ҳоло полковник) сардор таъин шуд. Аллакай то саршавии ҷангу ҷидолҳои дохилии Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавзеъҳои Баткент, Ӯш, Фарғона, Гулистонлик хати сарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистону Қирғизистон таҳти назорати сарҳадбонҳои тоҷик қарор дошт. Ҳамзамон ба хотири мустаҳкам намудани марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияҳои Ҷиргатол (фармондеҳ Искандаров М.) ва Исфара бригадаҳои сарҳадӣ ташкил карда шуданд (полковники мустаъфӣ Абдураҳмонов А.).

 

Боз тухми

адоват мекоранд…

Аз моҳи августи соли 2000-ӯм сар карда Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ба гузоштани минаҳои зидди пиёданизом дар минтақаҳои сарҳадӣ оғоз карданд. Ин бе ягон огоҳии тарафи дигар, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибтидо гирифт. Ба хотири сафед кардан ва рӯпӯш сохтани ҷинояткории хеш «ҳамсоя» аз тариқи матбуоти ва таввасути расонаҳои хабарӣ шарҳ медиҳад, ки ин амал барои пешгирӣ кардани террористҳо равона гардидааст. Мутаассифона, бисёр шахсони бехабар аз ин «лутфи ҳамсоя» ба хотири дидорбинии хешу табор ва ё ба бозори ноҳияю деҳааш наздику рӯ ба рӯ рафта, маъюбу шаҳид гардидаанд, тифлаконашон ятиму бе сарпараст мондаанд. Танҳо дар зарфи аз моҳи августи соли 2000 то ба имрӯз садҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минаҳо таркида ба ҳалокат расиданд ва захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Лекин ин дам ягон террорист ё қочоқчӣ осебе надидааст. Ҳамин аст «лутфу марҳамати» ҳамсоя – сояи ҳамдигарӣ!

Дар роҳи

сулҳу созгорӣ

Таҷрибаи талхи рӯзгор исбот кард, ки сулҳу созишро дар кишвар танҳо бо роҳҳои мусолиматомез барқарор сохтан мумкин аст. Сулҳу созгорӣ орзуи деринаи халқи мо буд.

Таърихи инсоният шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари касе шамшери хусумат набардоштаанд. Тоҷикистон баъди мустақил гардидани мамлакат бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла хориҷӣ ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашида шуд. Сарнавишти минбаъдаи миллат ва мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли тоҷик ба он вобаста буд, ки оташи ҷангро мо хомӯш карда метавонам ё не. Роҳи мо ба сӯйи сулҳ роҳи тӯлонӣ ва мушкил буд. Ба мо лозим омад, ки барои комёб шудан ба сулҳу созгорӣ баъзан кӯшишҳои ғайриқобили тасаввур ба харҷ диҳем, иродаи қатъӣ ва матонат зоҳир намоем, қадам ба қадам сабру таҳаммул, бурдборӣ кунем ва огоҳона ба истиқболи ҳамдигар роҳ паймоем. Мо созишномаи сулҳро ба имзо расонида, амалан ба яке аз муноқишаҳои тӯлонӣ ва пурдаҳшати дар давраи баъди барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ба амаломада хотима гузоштем.

Ошкоро метавонем гуфт, ки агар ҷанги тӯлонии Афғонистон намебуд, дар Тоҷикистон чунин воқеаҳои хунин рух намедоданд. Бисёр мамлакатҳои минтақа бояд дарк намоянд, ки сулҳи Тоҷикистон девори мӯътамаде гардид, пеши роҳи як силсила бадбахтиҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ боздошт. Ҷангу ҷидолҳо дар мамлакати мо бартараф карда шуданд. Агар муноқиша дар Тоҷикистон катъ намегардид, сӯхтори ҷанги Афғонистон мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва халқҳоеро, ки боз ҳам дуртар дар самти шимол зиндагӣ мекунанд, ба маротиб бештар фаро гирифта метавонист.

Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 47 аз 16. 02. с.1999 «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои мувақатии доимоамалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воҳидҳои Мусаллаҳи низомии Иттиҳоди мусаллаҳи тоҷик» фаъолият карда, хеле корҳои назаррасро дар солҳои 1999-2000 анҷом бахшид. Пеш аз ҳама, вай талаби суратҷаласаро оиди масъалаҳои ҳарбӣ, амалӣ кард. Яъне нақшаи ба лашкарони сарҳадии ҷумҳурӣ шомил гардонидани гурӯҳҳои низомии собиқ мухолифинро тартиб дода, ба ҷобаҷокунии онҳо пардохт.

Гурӯҳи аввали кории мо таҳти сарпарастии шодравон генерал-майор Аҳмадов М. ба фаъолият оғоз намуд. Онҳо 3.10. с.1999 ба самти Ҷиргатол, Тоҷикобод, Ҳойит ва Лахш сафар карда, аз ҳисоби гурӯҳҳои мусалаҳи мухолифин комендатураи сарҳадиро дар муддати як ҳафта таъсис дод ва дар маркази Ҷиргатол ҷой кард. Сарварии гурӯҳи дуюми корро генерал-майор Сайфуллоев С. ба зима дошт. Он ба навоҳии Ванҷу Рӯшон рафта, корҳои тайёрӣ ва дар оянда ташкил кардани комендатураҳоро ба анҷом расонд.

Аз рӯйи машваратҳое, ки ҳайати Комиссияи оштии миллӣ доштанд, пешниҳод шуда буд, ки ба қӯшунҳои сарҳадӣ 2200 ҷанговарони мухолифини тоҷик реентегратсия мешавад. Барои муайян намудани қобилияти коршоямии аъзоёни гурӯҳҳо комиссияи санҷишии дутарафа ташкил шуда буд. Дар вақти санҷиш аз шумораи муайяншуда 1128 нафар барои шомил шудан ба сафи қӯшунҳои сарҳадӣ гузаштанд.

Бо мақсади муташакилона ва ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонидани реентегратсия, аз ҳисоби гурӯҳҳои силоҳбадасти Иттиҳодияи мухолифини тоҷик тибқи моддаи 7 қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи мудофиа» қисмҳои зер таъсис шуданд:

- комендатураҳои сарҳадии «Ҷиргатол»- дар маркази Ҷиргатол (фармондеҳаш полковник Искандаров Муҳаммадшоҳ ҳоло генерал-майори милитсия), «Тешиктош»- дар ноҳияи Қубодиён (фармондеҳаш полковник Ҳалимов Алӣ), «Ванҷ»- дар маркази ноҳияи Ванҷ (фармондеҳаш шодравон полковник Муҳаббатшоев Муқим), «Ишкошим»-дар ноҳияи Ишкошим (фармондеҳаш Худоиев Худойдод), «Мурғоб»-дар маркази ноҳияи Мурғоб (фармондеҳаш подполковник Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқӣ).

Аз ҳайати комендатураи «Тешиктош» 60-нафар сарбозону афсарон барои мустаҳкам кардани марзи ҷумҳурӣ ба ихтиёри отряди 6-ӯми дар вилояти Суғд таъсис ёфта ва баъди исёни Худойбердиев ба ихтиёри комендатураи н. Панҷакент -«Панҷакент» фиристонида шуданд. Баталёни 112 нафараи подполковник Шамсов Алоудин дар ноҳияи Ашт ҷой гирифт. Марҳилаи дуюми реентигратсияи қувваҳои боқимондаи мухолифин, ки аз қаламрави Афғонистон таҳти кафолат ва сарпарастии намояндагони байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ баргардонида шуда буданд, моҳи феврали соли 2000-ум оғоз шуд. Аз сари нав аз ҳисоби низомиёни собиқ мухолифин 928 нафари дигар барои реентигратсия ба лашкарони марзии ҷумҳурӣ вобаста шуданд. Аз ҳисоби онҳо дар отряди сарҳадии «Хуҷанд» комендатураҳои «Табошар»-(фармондеҳаш Саидбурҳонов Сайҷалол), «Ғончӣ»- (қумондонаш шодравон Ҷумаев Саидҷон), «Шоҳон» дар ҳайати бригадаи 1 сарҳадии кумита, дар ноҳияи Шӯрообод (қумондонаш подполковник Хушвахтов Ғоибназар), «Қарақчикул» байни ноҳияи Панҷакенту Айнӣ (қумондонаш полковник Доштов Якшанбе), «Каленинобод» (майор Сияров З.), «Эсанбой» дар ҳайати отряди сарҳадии Турсунзода (қумондонаш майор Шарифов А.) ташкил карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати амният яке аз аввалинҳо шуда зарурияти сулҳу оштии миллиро дар мамлакат дарк карда нахустин хишти бинои сулҳро ҳанӯз соли 1994 гузошт. Бо таблиғоти кормандони Вазорат силоҳбадастони собиқ мухолифин таҳти сарпарастии фармондеҳ Холбашев Холбаш ба хотири якпорчагии ҷумҳурӣ аз ақидаҳои ифротиашон даст кашида, ба қӯшунҳои марзии кишвар шомил шуданд ва дар комендатураи сарҳадии ноҳияи Рӯшон ба фаъолият шурӯъ карданд. Ҳоло генерал-майор Холбашев Холбаш сарвари марзбонҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

 

Чораҳои маҳви

маҳалгароӣ

Тазаккур бояд дод, ки раванди реентигратсия ба осонӣ нагузашт. Ҷобаҷокунӣ, фаҳмонидани вазифаҳои марзбонӣ дар тӯли зиёда аз як сол давом ёфт. Як қатор душвориҳо сади роҳ шуданд. Пеш аз ҳама мо масъала гузоштем, ки гурӯҳҳои ба қушунҳои сарҳадӣ шомилшударо, ки ҳар кадом дар зодгоҳаш мавқеъ гирифта буд, аз маҳал ҷудо кунем. Аксарият метарсиданд, ки мабодо баъди шомил шудан ба Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷиноятҳои дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ содиркардаашон таъқиб шаванд. Бисёриҳо дар бораи авфномаҳои ҷорӣ оид ба ин ҷиноятҳо тасавурот надоштанд. Ногуфта намонад, ки афсарони кумита, ки як ё ду нафарӣ ба ҳайси ҷонишинҳои қумондонҳо таъин шуда буданд, бо сарбаландӣ дар муддати кӯтоҳ аз ӯҳдаи вазифаи ба дӯшашон вогузоршуда баромаданд ва корро дар байни афсарону сарбозон дуруст ба роҳ монданд. Натиҷаи ин рӯй надодани ягон дасисае дар байни марзбонон мебошад. Ҳама дарк мекарданд, ки ҳар ваҷаб ва ҳар кафи хоки Ватан муқаддас аст, сарҳад ҳам аз ҳамин муқаддасот сар мешавад. Бо мурури замон, бо сабабҳои оилавию ҳолатҳои дигари объективӣ чанде аз афсарони номбурда баъди муддате дарк карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати онҳо ягон ғаразе надорад, аз корҳои ҳарбӣ даст кашида ба корҳои мулкӣ рафтанд ва зиндагии осоиштаро авлотар донистанд.

Охирин воҳиди ҳарбие, ки дар қӯшунҳои марзӣ ба реентигратсия нуқта гузошт, ин гурӯҳи силоҳбадасти ноҳияи Тоҷикобод (қумондонаш полковник Зокиров Абдуносир) мебошад. Ин гурӯҳ дар сохтори кумита ба сифати комендатураи «Пролетар» таъсис шуда буд, вале тибқи муқаррарот то ба эътидол овардани вазъияти водии Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод монданд. Баъди амалӣ шудани ин корҳо тирамоҳи соли 2000-ӯм ба ноҳияи Пролетари вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Соли 2000 дар давоми омехтакунии (рататсияи) афсарон дар қушунҳои ҳарбӣ, бисёрии онҳо тибқи хоҳишашон аз қисмҳое ки адои хизмат мекарданд, ба дигар комендатураву постгоҳҳои марзӣ гузаронида шуданд. Бо замми ин комендатураҳои «Ишкошим» ба ноҳияи Турсунзода ва «Колхозчӣ» ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон-ба ноҳияи Конибодом, Исфара кӯчонида шуданд. Ҳамин тариқ, отряди сарҳадии Хӯҷанд, ки соли 1999 таъсис шуда буд, аз ҳисоби комендатураҳои навташкил як отряди сарҳадии бутун шуд ва ҳифзи тамоми марзи кишварро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Ӯротеппа, Зафаробод, Нов, Ғончӣ, Ашт, Исфара, Пролетар ба ӯҳда гирифт.

 

Мушкилиҳои эътидоли

вазъ дар кишвар

Ҳаминро бояд мутазаккир шавем, ки марҳалаҳои реентигратсия яке аз ғояҳои сиёсати сарвари давлат дар роҳи мустаҳкам кардани раванди сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ буд. Қӯшунҳои марзии кишвар, бе муболиға, аз ӯҳдаи ин кор баромаданд. Ин кори осон набуд. Буданд қувваҳое, ки бо фаъолиятҳои ҷиноятпешагии хеш ба ин раванд зарари маънавӣ мерасонданд. Онҳо бо ҳар восита кӯшиш мекарданд, ки миёни афсарону аскарон тафриқа андозанд, оштинопазириро пеш гиранд. Ба ин хотир ҳам чандин дасисаҳо нисбати афсарону сарбозони сарҳадӣ раво дида шуда буд. Масалан, моҳи декабри соли 1998 дар минтақаи Дарбанд гурӯҳи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳадро, ки барои сарбозони Дарвозу Рӯшон маводи хӯрока мебурданд дошта, сержант Раҷабов Б. ва якчанд нафари дигарро маъюбу маслуқ карда, 60 ҷуфт либосҳои низомӣ, 100 телпак ва якчанд халтаи ордро ба зӯрӣ гирифтанд. Моҳи апрели соли 1999 дар ҳудуди ноҳияи Ленин фармондеҳи қисми ҳарбии 2730-и Кумитаи ҳифзи сарҳад подполковник Назаров А. ва лейтенати калони ҳамин қисм Назаров С. бераҳмона аз ҷониби роҳзанҳо қатл карда шуданд. Чунин мисолҳо бисёранд. Ба ҳамаи ин бедодгариҳо нигоҳ накарда, афсарони кумита ҷони худро зери хатар монда ба хотири ваҳдату якпорчагии кишвар дар манотиқи доғ кору фаъолият мекарданд. Дар ин ҷода, нақши генералҳо Сайфуллоев Сафаралӣ, Аҳмадов Маҳмудбек, афсарон Сулаймонбеков Аноятшоҳ, Ғураев Нарзулло, Ҷабборов Ғафор, Аброров Ҳамидулло., Рогов Александр Иванович, Эмомов Рамазон, Саидов Сайобид, Ҷаъфаров Муҳаммад, Шамолов Саидшо, Тӯраев Рамазон, Шарипов Собир ва дигарон хеле бузург аст.

Дар фарҷоми ҳамин боб зикр карданӣ ҳастам, ки дар тартибу ташкил, омезиши нерӯҳои реентеграсияшуда хидмати собиқ ҷонишини сарвазири Ҳукумат, генерал-лейтенант Азимов Абдураҳмон Раупович хеле бузург аст.

 

 

 

Муборизаи кормандони КҲСД

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи қочоқ

ва дигар ҷиноятҳои муташакил дар марзи ҷумҳурӣ

Воқеан ҳам, то имрӯз вазъи сарҳад ноором мебошад. Бахусус ҷумҳурии мо, ки дар хати транзитии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷойгир аст, кори сарҳадбононро даҳчанд душвор гардонидааст. Бисёр ҳодисаҳои вайронкунии сарҳад, задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз аз ҳамин сабаб руй медиҳанд. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ки моҳи январи соли 2001 барпо гашта буд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифа гузошт, ки муборизаро дар ин самт пурзӯр кунанд. Баҳри амалӣ гаштани фармону супоришҳои сарвари давлат роҳбарии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зиёдеро ба нақша гирифта буданд.

Дар давоми мавҷудияти асокири сарҳадӣ аз вайрон-кунандагони марз яроқи оташфишон, моддаҳои тарканда, мина, тирҳои гуногун ёфт намуданд. Туфайли зиракию кордонии марзбонон чандин махфигоҳҳои силоҳу аслиҳа ва маводи нашъаовар фош ва мусодира карда шуданд. Садҳо марзшиканон ва қочоқчиён ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, чандин гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қочоқчиён безарар ва несту нобуд карда шуданд. Садҳо марзшиканон ва қочоқчиён ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, чандин гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қочоқчиён безарар ва несту нобуд карда шуданд.

 

Нишондодҳои фаъолияти хизматӣ ва ҷангии

қушунҳои сарҳадии ҶТ дар солҳои 1992-2002

 

1993

1994

1995

1996

1997

1998

1999

2000

2001

2002

Марзшиканони дастгиршуда

376

400

68

225

24

80

264

610

143

241

Пешгирии марзшиканӣ

70

25

28

35

17

11

15

27

28

10

Задухурдҳо

60

78

54

41

16

8

6

11

17

6

Тирпарронӣ ҷониби сарҳадбонон

30

45

28

19

11

12

4

7

11

4

Мусодираи силоҳҳои ҷангӣ

150

89

142

134

55

18

41

128

240

41

Мусодираи лавозимоти ҷангӣ

2000

78547

32200

5400

950

2911

1452

2300

21200

991

Гирифтани моддаҳои нашъаовар

150

504

141

135

215

274

156

258,4

277,6

221,7

Маҳви махфигоҳҳо

20

49

52

21

8

3

2

4

6

5

Молҳои арзишнок бо доллар

25

30000

15000

8000

-

6000

11000

25000

5400

3200

Маҳви марзшиканон

130

97

182

85

12

24

6

14

12

4

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дидбонгоҳи сарҳади.

 

 

 

 

 

Камингоҳи гурӯҳи

сарҳадии комендатураи «Қалаи Хумб».

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дидбонгоҳи махфӣ дар хатти марз

 

 

 

 

 

Муносибат ва ҳамкорӣ бо сарҳадбонони

Руссия ва гурӯҳҳои марзбони онҳо

дар Тоҷикистон

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии отряди махсуси сарҳадӣ фаъолияти он бо марзбонони гурӯҳи сарҳадии Русия дар Тоҷикистон, дар заминаи муносибатҳои дӯстона сурат гирифта буд. Дар масъалаи ҳифзи сарҳад ба сарҳадбонони тоҷик аз ҷониби собиқ директори Хадамоти Федералии сарҳадии Русия генерали армия Николаев Андрей Иванович бисёр кӯмакҳои беғаразона расонда шуданд. Аввалин коре ки ӯ кард, пазируфтани пешниҳоди оид ба кушодани курсҳои кӯтоҳмуддат ва дар Маркази таълимии гурӯҳи сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон тайёр кардани афсарони хурди низомӣ мебошад. Ӯ ин пешниҳодро дастгирӣ карда, хароҷоташро ҳам ба ӯҳда гирифт, муаллимонашро аз Институти сарҳадии Голитсини ш. Москав ба Тоҷикистон фиристод. Ин муаллимон дар тӯли солҳои 1994 – 1995 дар муддати ду сол дар курсҳои шашмоҳа 4-гурӯҳ афсаронро дар риштаи сарҳад тайёр карданд. Илова бар ин соли 1995 дар Шӯрои фармондеҳии сарҳадии давлатҳои муштаракулманофеъ Николаев изҳор дошт, ки Русия тайёр аст дар асоси шартномаҳои соҳавӣ дар мактабҳои оливу миёнаи касбиаш сарҳадчиён-аъзоёни Шӯроро ба таҳсил қабул кунад…

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳад ҳамкориҳои моро чандин шартномаҳои байни давлатӣ ба танзим медароранд. Аз ҷумла оид ба ҳифзи муштараки сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (аз 25 май соли 1993) шартнома ба тавсиб расидааст. Мувофиқи ин шартнома муҳофизати хати аввали сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба ӯҳдаи марзбонони Хадамоти фидералии сарҳадии Руссия вогузор шудааст. Марзбонони Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 минтақаҳои Дарвоз ва соли 2003 Мурғобро, ки хати аввали марз бо Афғонистону Ҷумҳурии Хитой аст, ба зимма гирифтанд. Ин вазифа ба дӯши ду отряди сарҳадӣ гузошта шуда буд.

Фармондеҳони гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон будаи марзбонони Русия Чичулин А.Т., Тарасенко П.П., Резниченко Н.С. ва билохира Маркин А.С., ки аз соли 1993 инҷониб кору фаъолият менамоянд, ҳар кадоме ба қадри имкон барои ба эътидол овардани вазъи сарҳади Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардаанд. Албатта, хизматҳои шоёни онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик сабт хоҳанд ёфт. Аз назардиди ман самимият ва дилсӯзии генерал-полковник Резниченко Н.С. (ҳоло дар нафақа) чӣ нисбати сарҳадбонони тоҷик ва халқи ин сарзамин хеле меҳрубонона буд. Бо дастгирии бевосита ва дар давраи фаъолияти ӯ ба мо кӯмакҳои зиёде дар соҳаи тайёр кардани сарҳадбонони касбӣ ва мутахассисон расонида шуданд. Мо чандин гурӯҳҳои миначиён, мерганҳо ва дигар мутахассисонро дар марказҳои таълими Хадамоти сарҳадӣ тайёр кардем. Бо ёрию дастгирии ӯ ва кӯмакҳои бевоситаи собиқ директри Хадамоти федералии сарҳадии Русия генералӣ-артишӣ Тотский К.В. ҷавонписарони зиёдеро ба Институти сарҳадии Голитсина, Омӯзшогоҳи сарҳадии вилояти Калининград барои хондан фиристодем.

Дар солҳои 1994-1998 фармондеҳии гурӯҳҳои сарҳадии Хадамоти федералиро генерал Тарасенко П.П. ба зимма дошт. Ӯ мағрур бошад ҳам, назди Хадамоти фидералӣ обрӯи баланд дошт. Шояд, ки ба ин он бадабахтиҳое, ки ба сари мардуми мо омад, сабаб шуда бошанд. Мо нағз дарк мекардем, дар назди онҳо вазифа гузошта шуда буд, ки ҳарчӣ камтар талафоти ҷонӣ диҳанд ва аз лиҳози дигар оромии сарҳад барои онҳо аз дигар муноқишаҳое, ки дар дохили кишвар ба вуқӯъ меомаданд, авлотар буданд. Ба ҳар сурат ақидаҳои худро оиди ин масъала возеҳу равшан намегуфт ва мо дарк мекардем, ки ин шахси низомӣ баъди набардҳои шадиду хунини соли 1993 дар постгоҳи марзии № 12-и ноҳияи Шӯробод ҷой дошта, аз консепсияи мудофиавии сарҳад руй гардонида, стратегияи ҳифзи онро пеш гирифтааст. То солҳои 1994 заду хӯрдҳо бештар дар хати сарҳад мегузаштанд.

Баъди ба истеъфо рафтани директори Хадамоти федералии сарҳадии Русия генерал Николаев А.И., ба ҷойи ӯ Бордюжа Н.Н. таъин шуд. Аввалин сафари ӯ ба ҷумҳурии мо ба ҳайси директори Хадамот моҳи сентябри соли 1998 сурат гирифт. Ин ҳамон лаҳзаҳое буданд, ки толибон қариб тамоми самтҳои шимолии Афғонистонро забт карда, ба сарҳадбонони рус таҳдид мекарданд. Вазъияти ба амаломада дар назди роҳбарияти Хадамоти сарҳадии рус зарурияти дар якҷоягӣ бо сарҳадбонони тоҷик гузаронидани чорабиниҳоро барои мустаҳкам кардани хати аввали марзи ҷумҳурӣ бо давлати Афғонистон гузошт.

Барои амали гардонидани ин пешниҳод, Бордюжа Н.Н. Директори хадамоти Федералии сарҳадии Русия, дар рафти вохӯрии бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тобеъяти баъзе воҳидҳои сарҳадии ҷумҳуриро ба гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон буда, таклиф намуд. Дар сурати тезу тунд шудани вазъияти таъҷилӣ ё таҳдиди толибон ба сохторҳои дар хатти аввали марз ҷой дошта, сарҳадбонони Кумита ва сарҳадчиёни Руссия бояд якҷоя амалиёт карда, ҳифзи ӯро таъмин менамуданд. Ё дар ҳамоҳангӣ гузаронидани корҳои таъҷилӣ, кофтӯкобӣ, таҳқиқӣ ва дигар проблемаҳое, ки бехатарии вазъро дар сарҳад эмин медоштанд, бояд муштаракона ҳаллу фасл карда мешуданд. Натиҷаҳои ҷамъбасти ин вохӯриҳо фармони Президенти кишвар таҳти № УП – 1051 аз 4 сентябри соли 1998 оид ба тобеъяти гурӯҳҳои сарҳадии дар Тоҷикистон будаи Хадамоти Федералии Русия додани баъзе воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ гардид. Тибқи талаботи ин фармон бригадаҳои 1-4-и сарҳадии кумита ба тобеъияти таъҷилӣ шомил гардиданд. Дар асоси фармони Президент низомномаи ба танзим овардани муносибатҳои тобеъияти 9-декабри соли 1998-ӯм бо фармони дигари Президент таҳти № УП – 1124 тасдиқ карда шуд ва худи ҳамон сол 82 км. хатти марзи ҷумҳурӣ бо Давлати исломии Афғонистон дар минтақаи Дарвоз ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик гузашт.

 

Генерал-лейтенант Грицан Виталий Федорович соли таваллудаш 1946, маълумоташ олӣ. Соли 1970 Омӯзишгоҳи олии сарҳадчиёни Кумитаи бехатарии давлатии СССР –ро дар ш. Москав хатм намуда, дар қисмҳои сарҳадии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат карда, солҳои 1992-1993 фармондеҳии Гурӯҳи сипоҳиёни сарҳадии Русияро дар Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1998 раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳҳони сарҳадии давлатҳои муштаракул-манофеъ.

 

Генерал-лейтенант Чечулин Анатолий Терентевич, соли 1947 ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1968 баъди хатми Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Алмаато дар муфризаи сарҳадбонҳои ш. Хоруғ ба кор фиристода мешавад. Ӯ аз соли 1981 то соли 1992 хизмати ҳарбиро дар Тоҷикистон сипарӣ карда, дар қӯшунҳои сарҳадии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои вазифа менамояд. Моҳи апрели соли 1993 ӯ фармондеҳи гурӯҳи сарҳадбонҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъин мегардад. Соли 1998 бо фармони Президенти Федератсияи Русия ба Анатолий Терентевич унвони ифтихории «Сарҳадчии хизмат нишондодаи ФР» дода мешавад.

 

Генерал-полковник Тарасенко Павел Павлович, соли 1948 дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия таваллуд шуда, соли 1971 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Алмааторо хатм кардааст.

Аз афсари сарҳадӣ то ба мақоми ҷонишини аввали фармондеҳи Округи сарҳадии Закавказия расидааст. Охирҳои соли 1993 фармондеҳи Гуруҳи сарҳадбонҳои хадамоти Федералии Русия дар Тоҷикистон таъин карда мешавад. Ҳоло дар Шарқи Дур хидматро давом дода истодааст.

Павел Павлович дар амри тайёр кардани сипоҳиёни сарҳадии тоҷик, омода сохтани ҳайати хурди афсарон ва ташаккули нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ёрии амалӣ ва дониши хешро дареғ надоштааст.

 

Генерал-полковник Резниченко Николай Семенович. Соли 1952 дар вилояти Краснодар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1974 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ба номи К.Е. Ворошиловро хатм намудааст. Баъди ба итмом расонидани таҳсил дар Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия дар мақомоти роҳбарикунанда фаъолият намуда, охирҳои соли 1998 фармондеҳи Гурӯҳи сарҳадбонҳои Хадамоти Федералии сарҳадии Русия дар Тоҷикистон адои хидмат менамояд. Николай Семенович соли 1999 сардори ситод, ҷонишини аввали Хадамоти Федералии Русия таъин мешавад. Ӯ ҷанговари интернатсионалист мебошад. Дар набардҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ду маротиба маҷрӯҳ шуда, барои шуҷоат ва диловариаш сазовори ордени «Ситораи сурх» ва ҳафт медали ҷанги гардидааст. Барои мустаҳкам намудани сохторҳои сарҳадии Тоҷикистон, тайёр намудани афсарони тоҷик, ба эътидол оварани вазъи сиёсӣ талошҳои зиёде ба харҷ дода сазовори ҳурмату эҳтироми мардуми тоҷик шудааст.

 

 

 

Генерал-лейтенант Маркин Александр Степанович соли 1950 дар ш. Муроми вилояти Владимири Федератсияи Русия ба олами ҳастӣ чашм во намудааст. Ӯ соли 1968 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ш. Алмааторо хатм намуда, хизмати ҳарбиро дар Муфризаи сарҳади Хоруғ ба ҷо овардааст.

Баъди хатми Академияи ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе дар ҷумҳуриҳои собиқ СССР кору фаъолият менамояд. Александр Степанович соли 1997 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати дифоъи Федератсияи Русияро хатм намуда ба корҳои роҳбарикунанда таъин мешавад. Аз моҳи феврали соли 1999 сардори Гурӯҳи сарҳадбонҳои Русия дар Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин ҷанговари интернатсионалист аст. Хизматҳои генерал-лейтенант Маркин бо орденҳои «Ситораи сурх», «Суворов», «Барои хизматҳои ҷангӣ» ва чандин медалҳо тақдир карда шудааст. Баробари ин ӯ унвони «Корманди фахрии хадамоти сарҳадӣ»-ро дорост. Маркин А.С. муносибатҳои хуби корӣ ва инсонӣ дорад. Дар ҳамкориҳо бо ӯ якчанд амалиётҳои муштарак оид ба несту нобуд кардани гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир ва ашёи стратегӣ гузаронида шуданд, ки онҳо натиҷаҳои хуб бахшиданд.

Мутаассифона, он орзуҳои неку пешниҳодҳои муфид дар ҳаёт татбиқ нашуданд. Хушбахтона, ягон маротиба ҳам толибон кӯшиши вайрон кардани хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро накарданд. Ягона кӯмаке ки ба кумита расид, ин ҳиммати бевоситаи собиқ сарвари гурӯҳи сарҳадӣ генерал-лейтенант Резниченко Н. С. мебошад, ки 6 адад минамиётҳои ҷангӣ ва ду мошини ҷангии БМ-30-ро барои пурқувват намудани қувваҳои эҳтиётии мо, ки дар тобеъияти ситоди гурӯҳи сарҳадбонони Русия буданд, доданд.

 

Фаъолияти Кумитаи Ҳифзи Сарҳади Давлатии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ҳамкорӣ бо Хадамоти мутаалиқаи

дигар давлатҳо

Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷик дар суханрониашон дар ҳузури устодон ва шунавандагони Донишгоҳи СММ дар Токио 15 майи соли 2001 таъкид карданд, ки: «Сиёсати бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар конститутсияи нави соли 1994 қабулшуда зикр ёфтааст, воситаи асосие буд, ки ғояҳои сулҳ, ҷараёни истиқрори он ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро муттаҳид сохт. Ин тарафҳои муқобилро дар масъалаи сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакат ба сомон овард.

Имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр қариб 130 мамлакати ҷаҳон эътироф кардаанд. Аз ин ҷумла қариб 100 давлат ба мо муносибатҳои дипломатӣ доранд».

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр имрӯз сиёсати беруниву дохилии худро мустақилона муайян менамояд, ки он ба ҳамгироии ҳамаҷонибаи мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Лашкарони сарҳадии Тоҷикистон, ҳамчун узви вобастаи ҷомеъа, дастуру нишондодҳои Президенти кишварро дастурамали кори худ намуда, дар ҷараёни ташаккулёбиашон бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои зичи ҳамкорӣ доштанду доранд.

КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда соли 1994-ӯм ба Шӯрои фармондеҳони сарҳадбонҳои Давлатҳои муштаракулманофеъ қабул карда шуд. Дар машваратҳое, ки 47 маротиба дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барпо гардиданд, намояндагии мо ҳамеша иштирок дошт. Се маротиба: солҳои 1996, 1999 ва 2002 ҷаласаи ин Шӯро дар пойтахти Ватанамон ш. Душанбе гузашт. Дар чандин машқҳои ҳарбии гузаронидаи ин Шӯро афсарону сарбозони мо бевосита иштирок намуда, баҳои сазовор гирифтанд.

Самараи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки аз ҳисоби сарбозони нерӯҳои сарҳадии кишвар барои таъмини ҷузъу томҳо бо афсарони соҳибмаълумот ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Украина барои таҳсил ҷавонони зиёде фиристонида шудаанд ва то ҳоло ин раванд идома дорад.

Дар давоми фаъолияти кории Кумита дар ин ҷода кормандони раёсати ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ хеле саҳмгузорӣ карданд. Роҳбарияти Кумита дар назди Шӯро ва роҳбарони сипоҳиёни сарҳадӣ, аъзоёни Шӯро эътибори хуб доштанд. Дар вазнинтарин рӯзҳо аксарияти онҳо ба мо ёрии моддӣ расониданд. Чандин маротиба: солҳои 1994, 1999 кӯмакҳои башаридӯстона аз ҷониби Хадамоти Федералии Русия ба қушунҳои сарҳадии мо расонида шуданд.

Бо сабаби авҷ гирифтани бемории домана дар ҷумҳурӣ соли 2000 аз ҷониби роҳбарияти Департаменти сарҳадии Гурҷистон (генерал-лейтенант Чхеидзе В.А.) ба бемористони ҳарбии сипоҳиёни сарҳадӣ - ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА ёрии беғаразона - доруворӣ расонида шуд.

Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони сафорати Хитой муносибати хуби корӣ барқарор карда буданд. Натиҷаи ин робитаҳо буд, ки соли 1999-ӯм барои бемористони ҳарбии КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Чин ба маблағи 120 ҳазор доллари ИМА таҷҳизоти тиббӣ, ҳамчун ёрдами башарадӯстона, оварда шуд, ки он ба ҳифзи саломатии афсарону сарбозон гузошта шудаанд. Чунин кӯмаки башарадӯстона аз ҷониби сафоратхонаи Чин ба КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тирамоҳи соли 2001 расонида шуд: 14 адад компютерҳо ба мо тақдим гардид. Мо тавонистем, ки Хадамоти иттилоотамонро аз рӯйи меъёрҳои имрӯза ҷиҳозонем.

Баъди ба арсаи сиёсӣ баромадани толибон дар Давлати Исломии Афғонистон ва густохиҳо дар назди тавлидгаронашон-амрикоиҳо, кормандони сафоратхонаи ин кишвари пуриқтидор эҳтиёткорона барои барқарор намудани робитаҳои ҳамоҳангӣ ба Раёсати дар боло зикршуда бо сафир ва отташеи низомии Амрико чандин вохӯриҳо гузарониданд. Албатта, пеш аз ҳама барои суръат гирифтани ин ҳамкориҳо, сафари сарвари давлат ба ИМА такон шуд. Президенти кишвари мо қаблан дар Иҷлосияи Асамблеяи генералӣ огоҳ карда буданд, ки дар Афғонистон хавфи ба вуҷуд омадани давлати террористӣ вуҷуд дорад. Ба хотири пешгирии ин хавф пешниҳод карда буданд, ки дар атрофи Афғонистон аз ҳисоби қувваҳои сулҳҷӯ ҳалқаи бехатарӣ барпо карда шавад. Дар ибтидои ин пешниҳодро ба инобат нагирифтанд. Афсӯс, ки баъди ду –се сол дурустии ин пешниҳодро дарк карданд, вале он бо ёрии силоҳ ҳаллу фасл гардид.

Америкоиҳо бо мақсади истеҳком бахшидани марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 2001 як барномаи мушаххаси кӯмакҳои моддӣ ва маънавиро пешниҳод карданд. Тибқи он нақшаи бо техника ва технологияи ҳозиразамон ҷиҳозонидани КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида шуд ва ба ин мақсад 7,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карданд, ки давра ба давра амалӣ шуд. Солҳои 1999-2001 кормандони КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи кормандони роҳбарикунанда ва дараҷаи раёсату фармондеҳон бо намояндагони сарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон зиёда аз 120 вохӯриҳо гузаронданд. Чунин як вохӯрӣ соли 2001 бо намояндаи сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳои вилояти Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон дар отряди сарҳадии Дарвози Вилояти Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Он вақт намояндагии афғонҳо 64 идораҳои давлатии исломии Афғонистонро дар бар мегирифт. Аз ҷониби мо намояндаи Вазорати амнияти ҷумҳурӣ ва гурӯҳи Хадамоти федералии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Тарафайн як суратҷаласаи муҳими таърихиро ба имзо расониданд. Тибқи ин суратҷаласа тарафи Афғонистон дар ду ҷода кафолати пурсамари ҳамкориҳоро ба ӯҳда гирифта буд. Мувофиқи банди аввали суратҷаласа сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳо кафолат доданд, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро мегиранд. Дар банди дуюм бошад, имзои онҳо оиди роҳ надодан ба гурӯҳҳои Ҷумъа Ҳоҷиев дар минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи онҳо мебошанд. Ин нахустин ҳуҷҷати расмие буд, ки баъди мустақилияти ҷумҳурӣ байни қӯшунҳои сарҳадии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя ба имзо расид.

 

Корҳои таълимӣ

Роҳбарияти Кумита сарҳади Тоҷикистонро пайваста ғамхорӣ менамояд, ки ҳушёрии синфӣ ва фаъолияти дидбонии сарҳадбонҳоро баланд намояд. Бинобар ин бо талоши роҳбарияти Кумита курсҳои кӯтоҳмуддат моҳи декабри соли 1997 таъсис ёфта, то моҳи апрели соли 2001 фаъолият карданд. Дар ин давра якчанд гурӯҳи афсарони хурд баъди шаш моҳи омӯзиш ба қушунҳои марзӣ сафарбар шуданд. Баъди барҳам додани хизмати шартномавӣ як гурӯҳи сесаднафараи сержантҳо курси семоҳаро ба итмом расонида, ба хидмат оғоз карданд.

Дар ин ҷода хидмати сарвари курсҳо полковник Файзиев Яхшибек назаррас мебошад. Ӯ аз таҷрибаи ҳарбиаш истифода бурда, дар як муддати кӯтоҳ ба муввафақиятҳои хуб ноил гашт.

Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ таҳти № 216 аз 15 сентябри соли 2001, аввалин маротиба дар мамлакат «Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ» ташкил карда шуд. Омӯзишгоҳи мазкур дар водии зебоманзари Ҳисор мавқеъ гирифта, барои қушунҳои сарҳадӣ афсаронро тайёр мекард. Баъди хатми омӯзишгоҳ ҷавонони хатмкунанда соҳиби маълумоти соҳави ва ҳуқуқшиносӣ мешуданд. Мӯҳлати омӯзиш чор сол . Аз ин даргоҳ хатмкунандагон бо рутбаи лейтенанти баромада ба дифои марзи ҷумҳурӣ ба хидмат мерафтанд.

Дар ин кори хайр раиси ноҳияи Ҳисор шодравон Каримов Абдулваҳҳоб роҳбарияти кумитаро пайваста дастгирӣ намуда, ёриҳои моддиву маънавии хешро дареғ надоштанд. Эшон бо ин бархурди шарифашон на танҳо марзбонони тоҷикро шоду масрур карданд, балки дар поягузории Артиши сарҳадии Давлати тозаистиқлоли тоҷик, дар таҳким бахшидани истиқлолияту озодии миллӣ саҳми бориз гирифтанд.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаъолияти кумитаро дар тӯли солҳои 1993-2002 бунёди биноҳои маъмурӣ, комендатураҳо, постгоҳҳои марзӣ ва дигар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ ташкил медод. Дар қатори ин иншоотҳо соли 1999 дар ш. Душанбе бемористони ҳарбии бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонидашуда (сардухтур шодравон полковник Қодиров Ш.) ва соли 2000-ӯм шӯъбаҳои ӯ дар вилоятҳои Суғду ва Хатлон баҳри ҳифзи саломатии афсарону сарбозон ба кор шурӯъ карданд.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 544 аз 2 апрели соли 2001-ӯм ба зиммаи лашкарони сарҳадӣ вазифаи ниҳоят мушкил – ташкили назорати муҳоҷират дар нуққоти гузаргоҳҳои сарҳадӣ барпо шуд. Дар бораи муҳоҷират низомнома ва механизми амалӣ гаштани он ба тасвиб расид. Раёсати навташкили назорати муҳоҷират иҷрои ин корро ба ӯҳда гирифт.

Барои мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ ва ба як низоми муайян даровардани силоҳу аслиҳа соли 2000 ду фармони тақдирсоз имзо шуд. Инҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 2000 таҳти № 294 ва 295-ӯм буданд.

Фармонҳои сарвари давлат воқеан ҳам санадҳои хеле муҳим ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷомеа шуданд. Ба ҷо овардани ин фармонҳо пеш аз ҳама ҷорӣ шудани тартибу интизомро дар қисмҳои ҳарбӣ таъмин намуданд ва ба мо имконият доданд, ки хизмат дар асоси қарордод ба таври қатъӣ маън карда шавад. Хизмати афсарону аскарон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифт.

Дар баъзе ҳолатҳои ногувор барои таҳти назорат гирифтан ва ба эътидол овардани вазъи дохилӣ бо фармону дастурҳои фармондеҳи Олии Қушунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ генерали армия Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои ҷудогонаи қушунҳои марзӣ истифода мешуданд. Солҳои 1998-1999 дар ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ва хусусан роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадастон ҷиноятҳои вазнин, одамкушӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, бисёртар гаравгонгирӣ содир карда мешуданд. Ба хотири ҳарчӣ тезтар анҷом додани ин бесарусомониҳо тибқи дастури Президенти кишвар соли 1998-ӯм баталёни таъминоти махсуси ҚХСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қумандон полковник Одинаев Т.) дар мавзеи Элоки ноҳия мавқеъ гирифта, дар муддати як сол оромии зисти мардум ва мусофиронро таъмин карданд. Баъди аз байн рафтани зарурият ин баталён, ки ҳайати шахсиаш 340 нафарро ташкил медод, соли 1999 ба ноҳияҳои Нову Зафарободи вилояти Суғд ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

 

 

 

Қумандони бригадаи таъминоти махсуси КАДМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сайфуллоев С. дар вақти

қабули гузориш дар ҳудуди қисми ҳарбӣ. Декабри соли 1992.

 

 

 

 

Афсарони отряди таъминоти махсуси Кумитаи амнияти давлатии Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти варзиш.

Соли 1993.

 

 

 

Афсарони маркази таълими ҳангоми омӯхтани яроқи ҷангӣ.

Соли 1994.

 

 

 

 

 

 

Курсҳои якҷояи тайёрии афсарони хурди сарҳадбонҳои русу тоҷик дар маркази таълимии сарҳадбонҳои гурӯҳи сарҳадии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Соли 1995.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Раҳмон ҳангоми супоридани мукофотҳои давлатӣ ба гурӯҳи сарҳадчиёни тоҷик.

 

 

 

 

 

 

 

 

Феҳрести

меъёрҳои ҳуқуқӣ, қонунҳое, ки дар таъсиси

мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои амнияти миллӣ қабул шудаанд.

 

Ҷангҳои шаҳрвандии дар муддати солҳои 1992-1997 дар мамлакат тӯлкашида, боиси вайронии таъмини амният, бефаъолиятӣ ва дар бисёр минтақаҳо аз байн рафтани мақомоти идораи қудартӣ ва ҳокимияти миллӣ гардид, ки он барои гурӯҳҳои ҷангӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Ҳақиқати воқеӣ аз сарвари давлат, ки аксарияти сохторҳои корношоям насибаш гашта буданд, талаб мекард, ки барои ҳалли вазъи печидаи сиёсӣ ва иқтисодии ба бӯҳронафтодаи кишвар ва барои таъминоти ҳуқуқӣ ҳарчӣ зудтар тадбирҳои фаврӣ биандешад.

Эҳсоси давлати ҳуқуқбунёд амри тӯлонӣ буда, вай тадқиқу таҳлил, омӯзиш ва таҳияю қабули қонунҳоеро тақозо дорад, ки онҳо бояд манфиати давлат, ҷомиа ва афродро ифода намоянд.

Артиши сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун тифли навзод, самараи истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, ки амалан баъди ҳазор сол даст додааст.

Дар эҷод ва ташаккули ин тифл нақши Давлати тозаистиқлоли тоҷик ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи ӯ аз соли 1992 инҷониб як силсила меъёрҳои қонунӣ қабул карда шуданд, ки дар ташкил, рушду нумуъ ва ба танзим оврдани масъалаҳои сарҳадӣ, таъмини ҳуқуқу ӯҳдадориҳои сарҳадбонон дар ҷомеаъ саҳми бағоят бориз доранд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ агарчӣ ҳуқуқҳои конститутсионӣ, маъмурӣ, мақоми ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, асосҳои қонунгузории шаҳрвандӣ, ҳуқуқи экологӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ, андоз, гумрукӣ, ҷиноятӣ ва ғайра аз даврони шӯравӣ сар карда як маҷмӯи муайянро ташкил диҳанд ҳам, ҳуқуқи режими сарҳади давлатӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷойи холӣ қарор дошт. Дар олами улуми ҳуқуқ ҳуқуқи режими сархади давлатӣ падидаи нав аст, ки то ҳоло дар ҷомеа аз ҷониби ҳуқуқдонҳо мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Он санадҳое, ки тайи даҳ соли мустақилияти ҷумҳурӣ ба табъ расиданд, то як андозае сохти марзи маъмурии Тоҷикистонро муайян менамоянд, ба ҳуқуқи конститутсионӣ тааллуқ доранд. Онҳо меъёрҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки сохти миллии Артиши сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим андохта, усули ташаккул, шаклҳои фаъолият ва салоҳияти Сипоҳиёни сарҳадиро муайян мекунанд. Инҳо маҷмуи қарорҳои Маҷлиси миллӣ, фармонҳои Президенти кишвар, Шартномаҳову Суратҷаласаҳои байнидавлатиро дар бар мегиранд.

Нахустин меъёри ҳуқуқие, ки барои таъсиси Сипоҳиёни сарҳадӣ замина гузошт, ин фармони Раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.12. соли 1992 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани ҳифзи марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин қарор дар ҳассостарин рӯзҳои мамлакат, дар мураккабтарин давраи вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ба хотири таъмини риояи қонунҳои режими марзи дар минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳади ҷумҳурӣ, пешгирии ҳодисаҳои ба ҷумҳури овардани аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи нашъаовар қабул карда шуда буд.

Тибқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пурзӯр намудани муҳофизати сарҳади давлатӣ, расонидани ёрии амалӣ ба Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва таъмини ҳамкории самаранок бо онҳо, роҳ надодан ба ҳодисаҳои вайрон кардани марзи Тоҷикистону Афғонистон 28 декабри соли 1992 қарори Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Раёсат оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Бо фармони Раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 майи соли 1994 таҳти рақами № 273 дар заминаи Раёсати муҳофизати сарҳади давлатӣ Сипоҳиёни Вазорати амният таъсис ёфтанд.

Дар ин ҷода меъёрҳои ҳуқуқие, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ эътибор доранд, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳи аввал он қонунҳое, ки ба хотири таъмини амнияти кишвар равона шудаанд ва ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ вобастагӣ доранд. Гурӯҳи дуюм қонун, меъёрҳои ҳукуқӣ, шартномаҳои тарафайни давлатӣ ва соҳавӣ мебошанд, ки бо дигар давлатҳо амал мекунанд ва фаъолияти мақомоти сарҳадиро ба танзим медароранд.

Дар давраи солҳои мустақилият қонун ва меъёрҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи Маҷлиси миллӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расиданд инҳоянд:

- қонун «Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон» аз

1.08. с. 1997;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали

соли 1997, № 57 «Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 «Дар бораи гузаргоҳҳои сарҳадии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» № 368;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди «Номгӯи Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12.09. с.1998 № 368;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.1997 № 318 «Дар бораи тартиби ба роҳ мондани назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои баъзе қитъаҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар фурудгоҳҳое, ки барои парвозҳои байналҳалқӣ кушода шуданд»;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12. с.1998, № 419-11 «Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.1998 № 368 « Оиди нуқтаҳои убур аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.1999, №47 «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии Қувваҳои Мусаллаҳи доим- амалкунанда ва дигар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воҳидҳои мусаллаҳи ҳарбии Иттиҳоди мухолифини тоҷик»;

- Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии гурӯҳи сарҳадоти Федератсияи Русия дар Тоҷикистон аз 25 майи соли 1993;

- Суратҷаласа аз 26.11. соли 1994 «Дар бораи тартиби мабалғгузорӣ ва таъминоти моддӣ-техникии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд»;

- Суратҷаласаи байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия «Дар бораи тартиби фаъолияти намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон» аз 4.03. с.1996;

- Низомнома «Дар бораи ба тобеъияти амалиёти Гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон додани баъзе қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои низомии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 4.09.1998, № УП-1051 қабул шудааст;

Суратҷаласаи иловагӣ миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати сарҳадӣ дар нуққоти убурӣ, ки барои иттиллооти байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мебошанд. Ин суратҷаласа соли 1996 ба имзо расидааст.

Дар феҳрести меъёрҳои ҳуқуқӣ баъзе қарору фармон-ҳое, ки махфианд, нишон дода нашуданд.

- Гурӯҳи дуюми қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, ки дар танзими амнияти миллии кишвар ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳури нақши сарнавиштсоз дошта бо Артиши сарҳадӣ, ки узвии бевоситаи ин қувваҳо мебошанд, иртиботи зич доранд, инҳоянд:

- қонун «Дар бораи мавқеъ (статус) ва заминаҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо» ( 26.06. с.1993);

- қонунҳо «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ( 26.06. с. 1993, № 790) «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода» (25.06. с.1993, № 785) «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.06. с.1993, № 788);

- қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Низомномаи хидмати шартномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12.09. с.1993, № 466);

- Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 21.12. с.1994 «Дар бораи чораҳои тайғирнопазирии минбаъд беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ» аз 23.04. с.1995, № 341;

- қонун «Дар бораи яроқ» (1.02. с.1996, № 232);

- қонун «Дар бораи мақомияти Прокуратураи Ҷум-

ҳурии Тоҷикистон» ( 11.03. с.1996, № 289);

- қонун «Дар бораи сири давлатӣ» (14.12. с.1996);

- Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тад-

бирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» (21.04. с.1997);

- қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ (1.08. с.1997, № 484);

- Фармони Президенти Ҷумҳурӣ аз 13.08. с.1997, № 798 «Дар бораи баъзе тадбирҳои ба эътидол овардани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10. с.1997, № 859 «Дар бораи таъсиси комиссияи марказии муштараки аттестатсияи ҳайати шахсии реинтегратсияшудаи воҳидҳои ҳарбии Иттиҳоди Мухолифини тоҷик ва сохторҳои ҳарбии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои беҳтар кардани тарбияи мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, Горди президентӣ, Сипоҳиёни сарҳадӣ ва дохилӣ дар мактабҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиби ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- «Низомнома дар бораи байрақи ҷангии қисми ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ноябри соли 1998, «Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( 4.11. с.1995, № 208);

- Фармони Раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09. с.1993 «Дар бораи чораҳои иловагии бештар мӯътадил сохтани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ»;

- қонунҳо «Дар бораи амният» (28. 12. с.1993, № 916) «Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( 28.12. с.1993, № 917);

- Фармони рақами 295-и Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи

қатъиян манъ намудани баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳудуди қисмҳо» аз 15.05. с.2000;

Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи барҳам додани хизмати ҳарбӣ дар асоси қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» № 296.

 

 

 

 

 

 

 

У К А З У К А З

ПРЕЗИДИУМИ ШӮРОИ ОЛИИ ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

 

 

Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани ҳифзи

марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашаванда оиди ҳифзи марзи давлатӣ ва таъмини риояи Қоидаҳои режими сарҳад дар минтақаи сарҳадӣ ва хатти сархади ҷумҳурӣ вазъияти фавқулодда ба амал омадааст, ки ин ба андозае вазъияти бе он ҳам мураккаби ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро душвортар мегардонад.

Сатҳи пасти тадбирҳои режимӣ, ки мақомоти амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ анҷом медиҳанд, ба сарҳадбонон мадади зарурӣ нарасондани мақомоти ҳокимият ва идораи маҳаллӣ самараи кори пешгирии ҳодисаҳои ба ҳудуди ҷумҳурӣ овардани яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводи нашъаовар ва содир кардани дигар муомилоти қочоқчигиро кам мекунанд.

Фақат дар муддати аз моҳи маи соли равон ин ҷониб аз вайронкунандагони сарҳад ва қочоқчиён 425 адад яроқи оташфишон, беш аз 128 ҳазор лавозимоти ҷангӣ ва зиёда аз 7 кг моддаҳои нашъаовар гирифта шудааст.

Мувофиқи қарори иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. То мӯътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ноҳияҳои марзии Ҷиликӯл, Қабодиён, Қумсангир, Панҷ, Шаҳритус, Москва, Мӯъминобод, Фархор, Шӯрообод, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон режими гузарномавӣ муқаррар карда шавад.

Шахсоне, ки дар минтақаҳои марзӣ доимӣ истиқомат намекунанд, ба ин ҷойҳо фақат бо рухсатномаҳои (гузарномаҳои) махсусе, ки мақомоти корҳои дохилӣ медиҳанд, рафта метавонанд.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

а) ба рафтуои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи сарҳадӣ сукунати доимӣ доранд, мувофиқи паспортҳои дорои мӯҳри махсуси мақомоти корҳои дохилӣ рухсат дода мешавад;

б) гузарномаи ҳуқуқи вуруд ба минтақаи сарҳадӣ ва иқомат дар он аз тарафи мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомати шаҳрвандон дар асоси аризаи шахсии онҳо ё илтимосномаю ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки дурустии ин аризаю илтимосномаҳоро собит месозанд, дода мешаванд.

Писару духтарони то 16-сола ба минтақаи сарҳадӣ якҷоя бо падару модарон ё ашхоси ҳамроҳикунандаи онҳо ворид гардида, номи онҳо ба рухсатномаи ин ашхос сабт карда мешавад.

в) муҳасилини мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ки пеш аз рафтан ба таҳсил сокини маҳалҳои иқоматии минтақаи сархадӣ буданд, ба ин маҳалҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳое мераванд, ки шахсият ва ба муассисаи таълимӣ мансуб будани онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин аз рӯи справкаи кумиҷрояҳои Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияю деҳаҳо, ки аз маҳалҳои аҳолнишини минтақаи сарҳадӣ барои таҳсил рафтани онҳоро тасдиқ мекунад:

г) гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки барои ёрмандӣ ба колхозҳо (совхозҳо) ҷиҳати анҷом додани корҳои зироат, ба айлоқ бурдани чорво, иҷрои корҳои сохтмон, таҳқиқот ва корҳои зироат, ба айлоқ бурдани чорво, иҷрои корҳои сохтмон, таҳқиқот ва корҳои дигар, ба ҷаноза рафтан ҳамчунин гурӯҳи сайёҳон, дастаи артистон ва дигар коллективҳои шаҳрвандоне, ки дар минтақаи сарҳадӣ зиндагӣ намекунанд, ба ин минтақа мувофиқи рухсатномаи ба номи роҳбари ин гурӯҳ додашуда, ки дар он шумораи шахсони ҳамроҳи ӯ раванда зикр гардидаанд ва мувофиқи рӯйхати ном ба номи рухсатнома замимашуда, ки ба он мансабдорон имзо карда, мӯҳри мудаввари корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои манфиатдори маҳали хуруҷ гузошта шуда, дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст, мераванд. Шахсоне дар рӯйхат зикршуда ба минтақаи сархадӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо мераванд;

д) шаҳравандоне, ки мутобиқи тартиби мукарраргардида ба маҳалҳои аҳолинишини минтақаи сарҳадӣ ба командировка фиристода мешаванд, ба он минтақа аз рӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо ва ҳуҷҷатҳои командировка мераванд, ки ин ҳуҷҷатҳои командировка дар мақомоти корҳои дохилии маҳали хурӯҷ ҳатман ба қайд гирифта мешаванд;

е) ҳаракати аҳолии маҳаллӣ дар ҳудуди минтақи сарҳадӣ ҳангоми торикӣ аз соати 20.00 то 6.00 вақти маҳаллӣ маҳдуд карда мешавад;

ж) ҳамлу нақли аслиҳа, лавозимоти ҷангиро танҳо шахсоне анҷом медиҳанд, ки барои кашондани онҳо ҳуҷҷат доранд ва ин ҳуҷчат аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллии ҷумҳурӣ бо тартиби муқарраргардида дода мешавад.

З) Муқаррар карда шавад, шахсоне, ки дар вайрон кардани қоидаҳои даромадан ба минтақаи сарҳадӣ ё иқомат дар он гунаҳкор дониста шудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷиноӣ, маъмурӣ ё аз ҷиҳати дигар ҷавобгар мебошанд.

4. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади боэтимодии режими гузарнома дар минтақаи сарҳадӣ, пешгирӣ намудани ҳамлу нақли аслиҳа ва қочоқбарӣ берун аз ҳудуди он, роҳ надодан ба кирдори зиддиқонунии муқобили сарҳадчиён ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон, барои адои хизмати якҷоя бо дастаи сарҳадчиён дар нуқтаҳои назоратии риояи тартиботи паспортии сарҳадӣ, тафтиши васоити нақлиёти кормандони худро ҷудо намоянд.

5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фаврию амалии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати риояи қоидаҳои тартиботи сарҳадиро якҷоя бо қӯшунҳои сархадӣ пурзӯр намуда, вайронкунандагони дастгиршудаи сарҳад ва тартиботи сарҳадиро тасфия намояд.

 

 

 

Раиси шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

18 декабри соли 1992 шаҳри Душанбе

 

 

ПРЕЗИДИУМИ ПРЕЗИДИУМ

ШӮРОИ ОЛИИ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

 

Дар бораи ташкили Управленияи оид ба

муҳофизати Сарҳади давлатии Кумитаи

давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Мувофиқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақсади пурзӯр намудани муҳофизати Сарҳади давлатӣ, расонидани ёрии амалӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Федерацияи Россия ва таъмини ҳамкории самараноки онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, инчунин роҳ надодан ба ҳодисаҳои вайрон кардани сарҳади Тоҷикистону Аф ва ба мақсади пурзӯр намудани муҳофизати Сарҳади давлатӣ, расонидани ёрии амалӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Федерацияи Россия ва таъмини ҳамкории самараноки онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, инчунин роҳ надодан ба ҳодисаҳои вайрон кардани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирӣ намудани амали бадхоҳонаи гурӯҳҳои мухталиф ба муқобили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

1. Раёсати оид ба муҳофизати Сарҳади давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 79 нафар ташкил карда шавад:

Сохтор ва номгӯи вазифаҳои Раёсати оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ тасдиқ карда шавад (замимаҳои № № 1 ва 2).

 

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду ҳафта аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афсарони мустаъфӣ ва ӯҳдадорони ҳарбӣ, аз ҷумла дар асоси шартнома мукаммал намудани Раёсати оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ таклиф пешниҳод кунад.

Ба кормандони Раёсати оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ имтиёзоти барои хизматчиёни ҳарбии бригадаи таъиноти махсуси назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дода шавад.

3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (рафиқ Абдуллоҷонов А.) дар мӯҳлати даҳ рӯз масъалаи ҷойгиронӣ, бопултаъминкунӣ, таъминоти моддию техникии Раёсатиро ҳал кунад, инчунин Низомномаи Раёсати оид ба Сарҳади давлатиро таҳия ва бо тасдиқи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

 

 

 

 

РАИСИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОНОВ

 

 

 

28 декабри соли 1992,

шаҳри Душанбе.

№ 989

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Қ О Н У Н И

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Ин Қонун асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидора, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро оид ба масъалаҳои сарҳадӣ муайян ва тақвият менамояд.

 

Б О Б И I

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарҳади давлатӣ – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандаест, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазои ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Сарҳади давлатӣ бо санадҳои қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расондааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро мақоми олии ҳокимияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принципҳои байналхалқии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазои ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархурдор мебошад, арзёбӣ менамояд;

дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аҳдномаҳои амалкунандаи байналхалқӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо – собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад;

ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналхалқӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналхалқӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принципҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зӯрии масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад;

муқарраркунии низоми Сарҳади давлатӣ ва фаъолиятӣ оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад.

Моддаи 3. Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидора, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд.

Тадбирҳои оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ мутобиқи статуси Сарҳади давлатӣ, ки аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси принципҳои эътирофнамудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлатро дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ (минтақаи сарҳадӣ, қисми тоҷикистонӣ, дарьёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои дигари сарҳадӣ, гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, инчунин қаламрави ноҳия ва шаҳрҳои маъмурии назди Сарҳади давлатӣ, минтақаи сарҳадӣ, соҳилҳои дарьё, кӯлҳо ва дигар обанборҳо ё гузаргоҳҳои сарҳадӣ) таъмин менамояд ва аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроия мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буда, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарьёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо аз ҷониби қӯшунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад – аз ҷониби қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ анҷом дода мешавад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғайриқонунӣ тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, таъмини риоя гардидани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва юридикӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳамин Қонун ҳамчун тадбирҳои сарҳадӣ арзёбӣ мегарданд.

Тадбирҳои сарҳадӣ ба системаи тадбирҳои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат мутобиқ мебошанд, дохил мегарданд.

Моддаи 4. Қонунгузорӣ оид ба Сарҳади давлатӣ

Қонунгузорӣ оид ба Сарҳади давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи он қабул мегарданд, иборат мебошад.

Агар дар аҳдномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои дар ҳамин Қонун ва дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ муқарраршуда фарқ дошта бошанд, дар ин сурат қоидаҳои аҳдномаҳои байналхалқӣ истифода мешаванд.

 

Б О Б И II

МУҚАРРАР НАМУДАН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ АЛОМАТГУЗОРИИ ОН

 

Моддаи 5. Муқаррар намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатӣ

Хати Сарҳади давлатӣ бо аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.

Аснод дар бораи тағйир додан ва аниқ кардани хати Сарҳади давлатӣ дар маҳал, ки ба тариқи тафтиши Сарҳади давлатӣ дар асоси аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

Хати Сарҳади давлатӣ, агар дар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин муқаррар карда мешавад:

а) дар хушкӣ – аз рӯи нуқтаҳои махсус, хатҳои релеф ё нишонаҳои доимии аниқ дидашаванда;

б) дар дарьёҳои киштигард – аз миёнаи асосӣ ё талвеги дарё; дар дарьёҳои ғайрикиштигард ва дарёчаҳо – аз миёнаи онҳо ё аз миёнаи шохоби асосии дарё; дар кӯлҳо ва дигар обанборҳо – аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоҳи Сарҳади давлатиро бо кӯлҳо ё дигар обанборҳо мепайвандад.

Сарҳади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кӯл ё дигар обанбор мегузарад, чи ҳангоми тағйирёбии суроби соҳилҳои онҳо ё сатҳи об ва чи ҳангоми ба ин ё он тараф майл кардани маҷрои дарё ва дарёча тағйир намеёбад;

в) дар обанбори гидроузелҳо ва дигар обанборҳои сунъӣ – мутобиқи хати Сарҳади давлатӣ, ки то зери об мондани он мегузашт;

г) дар пулҳою сарбандҳо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кӯл ва дигар обанборҳо мегузаранд, - аз миёнаи ин иншоот ё мувофиқи меҳвари технологии онҳо, сарфи назар аз гузаштани Сарҳади давлатӣ аз об.

Ба обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳое мансубанд, ки соҳилҳои онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Моддаи 6. Аломатгузории Сарҳади давлатӣ

Сарҳади давлатӣ дар маҳал бо аломатҳои аниқ дидашавандаи сарҳадӣ ифода карда мешавад.

Шакл, андозаҳо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳадӣ бо аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Б О Б И III

НИЗОМИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 7. Нигаҳдорӣ ва муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ

Низоми Сарҳади давлатӣ мутобиқи ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо тартиби муайяннамудаи он муқаррар карда мешавад ва қоидаҳои зеринро дар бар мегирад:

- нигаҳдории Сарҳади давлатӣ;

- аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт;

- ба воситаи Сарҳади давлатӣ интиқол додани борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

- аз Сарҳади давлатӣ гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

- пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- якҷоя бо давлатҳои хориҷӣ ҳаллу фасл кардани ҳодисаҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои мазкур вобастаанд.

Бо назардошти манфиатҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд муқаррар накардани баъзе қоидаҳои низоми Сарҳади давлатӣ мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятҳои қоидаҳои муқарраршаванда соддатар карда шавад.

Моддаи 8. Нигаҳдории Сарҳади давлатӣ

Бо қоидаҳои нигаҳдории Сарҳади давлатӣ тартиби гузоштан, ҳифз ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аломатҳои сарҳадӣ ва муоинаи санҷишии онҳо; ҷиҳозонидан ва нигоҳ доштани пайроҳаҳои сарҳадӣ, якҷоя бо давлатҳои ҳамҳудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар маҳал танзим карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷояи гузариши Сарҳади давлатӣ, ки тағйирдиҳии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Бо мақсади ба таври зарурӣ нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қӯшунҳои сарҳадӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи замине, ки бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ ё қад-қади соҳилҳои қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ мегузарад, мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешавад.

Моддаи 9. Аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Аз Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳҳои оҳан ва мошингарди байналхалқӣ ё ба воситаи дигар ҷойҳое, ки бо аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо ҳамин аснод вақти убур аз Сарҳади давлатӣ муайян шуда метавонад, тартиби ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс муқаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва ба воситаҳои нақлиёт шинондан ё бор кардани онҳо мумкин нест.

Нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ маънии қаламраверо дар ҳудуди вокзал, истгоҳҳои роҳи оҳан, автомобил, ҳамчунин бандари дарёӣ, майдони ҳавоӣ, аэродроми барои алоқаҳои байналхалқӣ (парвозҳои байналхалқӣ) кушода, ҳамчунин ҷои дигари махсус ҷиҳозонидашуда, ки дар он ҷой назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, дар мавриди зарурат дигар навъҳои назорат бурда ва аз Сарҳади давлатӣ ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот гузаронда мешавад, доранд.

Ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо мувофиқаи ҳокимияти давлатҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари аз Сарҳади давлатӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбии ин қӯшунҳо ва дигар ашхосро ҳангоми иҷрои вазифаи онҳо оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ истифода баранд.

Киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва низомӣ Сарҳади давлатиро аз дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд.

Киштиронӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо убури Сарҳади давлатӣ бе дохил шудан ба бандарҳои (рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд танзим мегардад.

Ба киштиҳои ғайринизомӣ ҳангоми ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва пас гаштан ба Сарҳади давлатӣ, ба киштиҳои ғайринизомии хориҷӣ ҳангоми шинои осоишта дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои сарҳадӣ бе ворид шудан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд:

а) даромадан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналхалқӣ ва даромадани киштиҳои хориҷӣ кушода нашудаанд;

б) баромадан аз бандарҳое (аз рейдҳое), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналхалқӣ кушода нашудаанд;

в) даромадан ба минтақаҳое, ки шино дар онҳо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти ҳама хабар дода шудааст;

г) таваққуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холӣ (бор) кардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳое, ки барои чунин корҳо муқаррар нашудаанд ё дар ҷойҳое, ки муқаррар шудаанд, аммо барои анҷоми чунин корҳо иҷозати дахлдор мавҷуд набошад, ба об сар додани воситаҳои шинокунанда, ба ҳаво сар додани таҷҳизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онҳо, шикор кардан, анҷом додани фаъолияти таҳқиқотӣ ва дигар фаъолият;

д) дигар амалҳое, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Киштиҳои хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ ҳангоми шино кардан ва қарор доштан дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои алоқаи радиоӣ, киштиронӣ, бандарӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ ва дигар қоидаҳоеро, ки қонунгузорӣ ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намоянд.

Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатиро аз хати махсус ҷудокардашудаи парвоз бо риояи қоидаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигационие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарҳади давлатӣ берун аз хатҳои ҳавоии ҷудокардашуда, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми ёздаҳуми ҳамин модда зикр шудаанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Барои ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс, ҳамчунин ҳангоми парвози транзитӣ ба воситаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд:

а) нишастан дар майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналхалқӣ кушода нашудаанд;

б) парвоз аз майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналхалқӣ кушода нашудаанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми иҷрои парвозҳои махсуси байналхалқӣ парвози ҳавопаймоҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баъди парвоз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавоӣ ва аэродромҳои барои парвозҳои байналхалқӣ кушоданабуда нишастани онҳо танҳо бо иҷозати Ширкати давлатии ҳавоии «Тоҷикистон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад;

в) парвоз карда даромадан ба минтақаҳои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онҳо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;

г) дигар амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо хоҳиши давлатҳои хориҷӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон убури Сарҳади давлатӣ аз қитъаҳои ҷудогонаи он муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад ва дар ин бобат ҳокимияти давлатҳои манфиатдор огоҳонида мешаванд.

Ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаҳои бузург, фалокат ё офатҳои табиӣ ба миён омадаанд, ҷузъу томҳои (нерӯҳои) рафъи садамаю наҷотдиҳӣ, барқароркунӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз Сарҳади давлатӣ убур мекунанд.

Ноилоҷ аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба воситаи хушкӣ, даромадани киштиҳои дарёии хориҷии чи ғайринизомӣ ва чи низомӣ ба қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, маҷбуран ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз карда даромадани ҳавопаймоҳо, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда: фалокат, садама, офати табиӣ, ки ба бехатарии киштиҳо таҳдид менамояд, кашидани киштиҳои вайроншуда, расонидани одамони наҷотдодашуда, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аъзои экипаж ва мусофирон, ҳамчунин бо дигар сабабҳои ноилоҷ рӯй додаанд, вайрон кардани қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ намебошанд.

Капитани киштӣ, командири киштии ҳарбии дарёӣ, командири ҳавопаймо дар ҳолати убури ноилоҷи Сарҳади давлатӣ ё ноилоҷ вайрон намудани тартиби қарор доштан дар обҳо ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Қонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тоҷикистон, майдони ҳавоӣ, аэродром бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мувофиқи дастурҳои онҳо ё дастурҳои капитани киштии дарёӣ ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ёрӣ ё муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рӯйдода омадааст, амал намояд.

Моддаи 10. Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот

Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 11. Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ

Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ ба воситаи нуқтаҳои муқарраршудаи гузариш аз Сарҳади давлатӣ сурат мегирад ва аз эътирофи қонунӣ будани убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхос ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозати убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиётие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани борҳо, молҳо ва ҳайвонот иборат аст.

Мавҷуд будани асноди ҳақиқие, ки ҳуқуқи ворид шудани ашхосро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудани онҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, аснод барои воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот ҷиҳати ба воситаи Сарҳади давлатӣ иҷозат додани убури ашхос воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот асос мебошанд.

Шаҳрвандони ҳориҷӣ ва ашхоси бетабаият, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, инчунин ашхосе, ки нисбати онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардидааст, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида намешаванд.

Тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд мумкин аст тартиби соддатари убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамҳудуд дар мавриди муайян намудани санадҳое, ки ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муқаррар карда шавад. Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти вазоратҳо ва идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иҷозати гузаронидани борҳо, асъор, арзишҳо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда ҳаракаткунанда тааллуқ доранд, берун аз ҷойҳое, ки мақомоти гумрук қарор доранд, аз ҷониби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Иҷозат додан ба ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот барои убури Сарҳади давлатӣ аз назорати сарҳадӣ (тафтиши санадҳое, ки ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муоинаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор намудани вайрон-кунандагони қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ) ва дар мавриди зарурат ҳамчунин назорати гумрукӣ, санитарию карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар навъҳои назорат иборат аст.

Моҳият, воситаҳо ва усулҳои назорат, тартиби истифодаи онҳо дар асоси ҳамин Қонун бо асноди меъёрии мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот – ҳамчунин бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Убури Сарҳади давлатӣ ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳои барои парвозҳои байналхалқӣ пӯшида парвози махсуси байналхалқиро анҷом медиҳанд, ҳамчунин ҳавопаймоҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, ки дар ҷойҳои муқарранашуда ноилоҷ фуруд меоянд, аз ҷониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти амният якҷоя бо маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ё фармондеҳии қисмҳои авиационии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.

Моддаи 12. Ситонидани боҷ барои барасмиятдарории сарҳадӣ

Ҳангоми ба роҳ мондани назорати сарҳадӣ барои барасмиятдарории сарҳадӣ боҷ ситонида мешавад.

Боҷ барои барасмиятдарории сарҳадӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз ашхосе, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд – 0,8 баробари маоши ҳадди ақал;

2) аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва борҳо:

барои тафтиши нақлиёти автомобилии мусофиркаши дорои то даҳ ҷои нишаст, аз ҷумла ҷои ронанда – ду маоши ҳадди ақал; дорои даҳ ва зиёда ҷои нишаст, аз ҷумла ҷои ронанда – се маоши ҳадди ақал;

барои тафтиши нақлиёти автомобилии боркаши қобилияти борбардориаш то панҷ тонна – се маоши ҳадди ақал; дорои қобилияти борбардориаш аз панҷ то бист тонна – ҳафт маоши ҳадди ақал; дорои қобилияти борбардориаш бист ва зиёда тонна – сездаҳ маоши ҳадди ақал. Ҳангоми тафтиши автопоездҳои иборат аз ду ва зиёда ядак (прицеп), ҳар як ядак ҳамчун воситаи нақлиёти алоҳида ҳисобида мешавад;

барои тафтиши ҳавопаймоҳои мусофиркашон ва бору мусофиркашони дорои то даҳ ҷои нишасти мусофир – ҳафт маоши ҳадди ақал; дорои аз даҳ то панҷоҳ ҷои нишасти мусофир – сездаҳ маоши ҳадди ақал; дорои аз панҷоҳ то сад ҷои нишасти мусофир – бист маоши ҳадди ақал; дорои аз сад то дусад ҷои нишасти мусофир – бисту шаш маоши ҳадди ақал; дорои дусад ва зиёда ҷои нишасти мусофир – сию се маоши ҳадди ақал. Барои ҳар сад килограмми пурраи бори кашондашаванда, ки тибқи ҳуҷҷатҳои алоҳидаи молию нақлиётӣ кашонда мешавад, баробари 0,5 маоши ҳадди ақал боҷи иловагӣ ситонида мешавад;

барои тафтиши ҳавопаймоҳои боркаш аз ҳар сад килограмми бори кашондашаванда – 0,5 маоши ҳадди ақал;

барои тафтиши боре, ки бо нақлиёти роҳи оҳан кашонда мешавад, барои ҳар як вагон – цистерна – як маоши ҳадди ақал, барои ҳар як вагони дигар – 1,5 маоши ҳадди ақал;

барои тафтиши киштиҳои мусофиркаши дарьёӣ барои ҳар як ҷои мусофир – 0,5 маоши ҳадди ақал, барои ҳар сад килограмм бор – як маоши ҳадди ақал, барои ҳар сад килограмм бор – як маоши ҳадди ақал.

Тартиби ситонидани боҷро барои барасмиятдарории сарҳадӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 13. Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлатӣ

Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатҳои давлатҳои ҳамҳудуд ва дигар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.

Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлатӣ баъди сохтмон, таҷҳизонидан ва аз тарафи Вазорат ва идораи манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода қабул шудани биноҳо, утоқҳо ва иншоотҳо аз рӯи лоиҳаҳое, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамчунин мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дар назорат дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ширкаткунанда мувофиқа кунонида шудаанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми таҳияи ин лоиҳаҳо бояд биною иншоотҳое, ки барои ташкили назорати сарҳадӣ ва назорати дигар заруранд, пешбинӣ карда шаванд. Сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ ва дигар навъи назорат, мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар анҷом додани назорати риояи низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, метавонанд беподош иморатҳои хизматӣ, иншоот, таҷҳизоти заруриро диҳанд.

Моддаи 14. Анҷом додани фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарҳади давлатӣ ва ба тариқи дигар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ дахолаткунанда, ки ашхоси юридикӣ ва воқеии Тоҷикистон ва хориҷӣ, аз ҷумла якҷоя, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, набояд:

ба саломатии аҳолӣ, бехатарии экологӣ ва ғайраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷии ба он ҳамҳудуд зиён расонад ё дорои таҳдиди расонидани чунин зиён бошад;

ба нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ халал расонад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида мутобиқи аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарордоди дигар бо давлатҳои хориҷӣ, бо риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ ва огоҳонидани Қӯшунҳои сарҳади аз ҷой, вақти убури Сарҳади давлатӣ ва иҷрои корҳо, шумораи иштироккунандагон, киштиҳои шикорӣ ва киштиҳои дигар, воситаҳои нақлиёт ва ғайра, механизмҳои истифодашаванда анҷом дода мешавад.

Моддаи 15. Ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ

Тартиби ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, ба салоҳияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани онҳоро аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд дар бораи Сарҳади давлатӣ ва низоми он, дигар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёии низомӣ ва ғайринизомӣ, дигар воситаҳои нақлиётие, ки ҳангоми убури Сарҳади давлатӣ қоидаҳои бо ҳамин Қонун муқарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ дониста мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ё муваққатан истиқоматдоштаро надоранд ва аз қаламрави давлати хориҷӣ Сарҳади давлатиро убур кардаанд, ҳангоми дар амалҳои онҳо мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят ё қонуншикании маъмурӣ ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

Дар ҳолатҳое, ки нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё истеҳсолот оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ асос набошад ва онҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ надошта бошанд, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро ба таври расмӣ ба мақомоти давлате, ки аз қаламрави он Сарҳади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарҳад ба мақомоти давлати хориҷӣ дар аҳдномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлат пешбинӣ нашуда бошад, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои муайяннамудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ берун мекунанд. Дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ берун карда шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият мақомоти давлате, ки ба (ба воситаи) қаламрави он онҳо берун карда мешаванд, агар ин дар аҳдномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати дахлдор пешбинӣ шуда бошад, огоҳонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанду нисбати онҳо қарори берун кардан қабул шудааст, низ бо ҳамин тартиб аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи дар хориҷа буданашон ҳуҷҷатҳои ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдиҳандаи худро гум кардаанду ба гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ расидаанд, дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ то вақте, ки мақомоти салоҳиятдор шахсияти онҳоро муқаррар менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарӯз. Тартиб ва шароити дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ будани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 16. Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ҳалли масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, танзими моҷароҳои сарҳадӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои муайяни Сарҳади давлатӣ намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссарҳои сарҳадӣ, ашхоси ваколатдори сарҳадӣ ва муовинони онҳо)-ро таъин мекунад.

Намояндагони сарҳадӣ дар фаъолияти худ ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, дастури амал қарор медиҳанд.

Моҷароҳои сарҳадии вобаста бо амали ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва киштиҳои ҳарбии дарёии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ, дигар объектҳои ҳарбӣ ё хизматчиёни ҳарбӣ (ба истиснои объектҳо ё хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар сурати дахл надоштан ба манфиатҳои пешгирӣ намудани фаъолияти хатарноки ҳарбӣ) аз ҷониби намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди зарурат бо ширкати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Масъалаҳо ва моҷараҳое, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

 

 

Б О Б И IV

НИЗОМИ САРҲАДӢ

Моддаи 17. Минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад

Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ дар Сарҳади давлатӣ барои ҳифзи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад муқаррар карда мешаванд.

Минтақаи сарҳадӣ, чун қоида, дар ҳудуди қаламрави шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳае, ки аз хати Сарҳади давлатӣ дар масофаи 50 километр қарор дорад, муқаррар карда мешавад. Ба таркиби минтақаи сарҳадӣ, дар ҷое, ки он муқаррар карда мешавад, ҳамчунин обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо ва ҷазираҳои дар он обҳо ҷойгиршуда дохил карда мешаванд.

Хати сарҳадӣ қисми таркибии минтақаи сарҳадӣ мебошад ва бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои хушкии он ё қад-қади соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар хати арзаш то ду километр муқаррар карда мешавад.

Моддаи 18. Моҳияти низоми сарҳадӣ ва муқаррар намудани он

- Низоми сарҳадӣ аз қоидаҳои зерин иборат аст:

- дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққатӣ, ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳадӣ;

- фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳадӣ;

- шикор кардан, машғул шудан бо фаъолияти таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ.

Муқаррар намудани дигар қоидаҳои низоми сарҳадӣ мумкин нест. Ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад аломатҳои сарҳадӣ гузошта мешаванд.

Бо назардошти хусусияти муносибатҳои Ҷумхурии Тоҷикистон бо давлати ҳамҳудуд дар қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ муқаррар накардани хати сарҳад мумкин аст.

Муайянкунии ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад, гузоштани аломатҳои огоҳкунанда бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Моҳияти мушаххас, ҳудуди фазоӣ ва заминии амалӣ бо ҳамин Қонун пешбинишудаи қоидаҳои низоми сарҳадӣ, доираи ашхосе, ки ба онҳо ин ё он қоидаи зикршуда нисбат дорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд.

Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад

Ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани (гузаштани) ашхосе, ки дар он минтақа доимӣ зиндагӣ намекунанд, агар тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ мумкин нест.

Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба хати сарҳад мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. Ҷойҳои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомнокӣ ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар хати сарҳад аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар карда мешаванд.

Барои ба хати сарҳад дохил шудан, будубоши муваққатӣ, истиқомат ва иҷрои корҳо дар хати сарҳад Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷозат медиҳанд. Дар мавриди зарурат онҳо метавонанд барои ба хати сарҳад дохил шудан ва иҷрои корҳо маҳдудиятҳои муваққатии иловагӣ ҷорӣ намоянд.

Моддаи 20. Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, ҷангал, қаъри замин, обҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд. Корҳо ва чорабиниҳои мушаххас бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд.

Иҷозат барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳо, ғайр аз масъалаҳои пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун, муайян намудани ҷой, вақти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онҳоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳои мунтазам ҷойҳои доимӣ муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 21. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарҳади давлатӣ

Бо мақсади роҳ надодан ба гузаштани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи Сарҳади давлатӣ, нигоҳ доштан ва чарондани чорворо дар хати маҳал (хати карантин) қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

Хати карантин, арзи он, тартиби иҳотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар хати сарҳад ҳамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун сурат мегирад.

Моддаи 22. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои (воситаҳои) камзарфи Тоҷикистон

Киштиҳои (воситаҳои) камзарфи худгард ва ғайрихудгарди Тоҷикистон, ки дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ истифода мешаванд, бояд ба таври ҳатмӣ дар бандар, дарёбанд, истгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта шаванд. Тартиби баромадани ин киштиҳо (воситаҳо) аз нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ва баргаштани онҳо бо огоҳонидани Қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар шуда метавонад ва вақти баромадан, қарор доштан дар об, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда шуда метавонад.

Моддаи 23. Шикоркунӣ, анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ

Шикоркунӣ, анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд ва бо тартиби тибқи талаботи моддаҳои 9, 20, 22 ҳамин Қонун муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

 

Б О Б И V

НИЗОМ ДАР ГУЗАРГОҲҲОИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва муқаррар намудани он

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз қоидаҳои дохил шудан ба ин гузаргоҳҳо, будубош ва баромадан аз онҳо барои ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардан ба гузаргоҳҳо, қарор доштан ва баровардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз онҳо иборат аст, ки танҳо ба манфиати фароҳамсозии шароити зарурӣ ҷиҳати пешбурди назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат муқаррар карда мешавад.

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешавад.

Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори майдони ҳавоӣ, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобил, роҳбари дигар корхонаи нақлиёти бо назардошти шароити маҳаллӣ амре (дастуруламале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти назоратӣ мувофиқа кунонида шуда, низоми ин гузаргоҳи Сарҳади давлатиро муқаррар менамояд.

Низом дар он гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, ки берун аз объектҳои нақлиётии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда ҷиҳозонида шудаанд, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи қисми дуюми ҳамин модда бо мувофиқаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоте, ки аз ин гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ убур кардани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонотро назорат мекунанд, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 25. Тартиби дохил (хориҷ) шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дохил шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва хориҷ шудан аз онҳо, ҳамчунин даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ба ин мақсад ҷудокардашуда мувофиқи рухсатномаҳое, ки аз тарафи маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автомобильҳо ва дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешаванд, амалӣ мегардад.

Моддаи 26. Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ қарор доштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Ҷойҳо ва мӯҳлати дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таваққуф кардани воситаҳои нақлиётие, ки ба хориҷа мераванд, аз ҷониби маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо, дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук муайян карда мешаванд.

Ба воситаҳои нақлиёт наздик шудани ашхос ва роҳ додани ашхос ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хориҷа мераванд, дар вақти тафтиши сарҳадӣ, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат маҳдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаи нақлиёт шинондани мусофирон ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ва фаровардани онҳо ҳангоми расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бор кардани (фаровардани) бағоҷ, почта ва борҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук анҷом дода мешавад.

Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонаҳои нақлиётӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки мувофиқи талаби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ширкати кормандони мақомоти гумрук дар сурати зарурат ҷиҳати муоинаи вагонҳо, автомобилҳо, трюмҳо ва дигар ҷойҳои воситаҳои нақлиётро, ки сурғуч (мӯҳр) карда шудаанд ва борҳои дар онҳо кашонидашавандаро кушоянд.

Воситаҳои нақлиёти ба хориҷа раванда барои берун рафтан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тағйири ҷои таваққуф танҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук ба ҳаракат оғоз мекунанд.

Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ қарор доштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 15 ҳамин Қонун танзим мегардад.

Моддаи 27. Ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои воридшавии чунин киштиҳо кушодаанд, даромада метавонанд. Қоидаҳои даромадан ва қарор доштан дар ин бандарҳо, дарёбандҳо, иҷрои амалиёти боркашонӣ ва мусофиркаш, алоқаи киштиҳо бо соҳил, ба соҳил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба киштӣ даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар қоидаҳои вобаста ба даромадани киштиҳои хориҷӣ ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштан дар онҳоро ҳамин Қонун, асноди дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки ба тарафи бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба мақомоти бандар ё дарёбанди таъинот вақти омадани худро хабар медиҳанд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки тартиби иҷозат ё огоҳкуниро барои воридшавии киштиҳои Тоҷикистон ба бандарҳои худ муайян кардаанд, ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани иҷозати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мувофиқи принципи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.

Киштиҳои дарёии хориҷии низомӣ, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мувофиқи иҷозати пешакии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии низомиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 28. Қоидаҳои иловагии низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ минтақаҳо ва биноҳое, ки дар он бевосита назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва назорати дигар анҷом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин ҷойҳо маҳдудиятҳои иловагии низом, ки дар доираи қоидаҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ҷорӣ мегарданд.

 

Б О Б И VI

ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

ДАР СОҲАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Қонунҳоро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат қабул менамояд;

Аҳдномаҳои байналхалқиро оид ба тақсимоти ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳдномаҳоро оид ба гузариши хати Сарҳади давлатӣ ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соқит менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

фаъолияти мувофиқашудаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

музокирот доир менамояд ва аҳдномаҳои байналхалқиро доир ба масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба имзо мерасонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

тадбирҳои оид ба таъмини ҳимояи Сарҳади давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;

иҷрои ҳамин Қонунро аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Мақомоти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар таъмини ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамояд.

Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд;

дар муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

концепцияи муҳофизати Сарҳади давлатиро омода месозад, соҳаҳои асосии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муайян менамояд, барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳоро тайёр ва механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;

фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;

якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ таъмин менамояд;

дар кори аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳия гардидани санадҳои меъёрӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти ашхоси юридикӣ ва воқеӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ алоқаманд мебошанд, иштирок менамояд;

дар делимитация, демаркация, редемаркацияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;

дарёфт ва таҳлили ахборотро оид ба таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ, пешниҳод намудани онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳонидани вазорату идораҳои манфиатдорро таъмин менамояд;

ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои дахлдори сарҳадии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳои хориҷию ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд.

Ваколатҳои дигари Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайр аз ваколатҳои ҳамин Қонун пешбининамуда, Низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамонияти арзӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад, доир ба муқаррар кардан ва тақвияти Сархадӣ давлатӣ, барқарории низом дар Сарҳади давлатӣ музокирот мегузаронад, аснод ва маводи заруриро таҳия менамояд;

дар доираи салоҳияти худ татбиқи роҳи сиёсати хориҷӣ, аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;

дар доираи салоҳияти худ асноди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаиятро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;

дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ ширкат мекунад, дар ҳудуди салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рӯйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нашудаанд, ҳал менамояд.

2. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар доираи ваколатҳои худ ахборотро оид ба таҳдид ба амният дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дарёфт, таҳлил ва ташхис менамояд;

дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷӯиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;

дар ҳамкорӣ бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бо қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;

таъминоти зиддиразведкавии дохилшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон хориҷ шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият, инчунин низомӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будани шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаиятро ба роҳ мемонад;

ҳамкориро бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад;

дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналхалқӣ, ки дар Сарҳади давлатӣ ё дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ширкат мекунад.

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳимояи Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ таъмин мекунад ва масъули иҷрои ин вазифа мебошад;

ҳимояи мусаллаҳонаи Сарҳади давлатӣ ва ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатиро ҳаллу фасл мекунад;

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкавӣ ва дигар таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравӣ кӯмак мерасонад.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар гузаронидани чорабиниҳои доир ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ, муборизаи зидди фаъолияти пинҳонкорӣ ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои қонуншикании шаҳрвандоне, ки бо тартиби маъмурӣ ё ҷиноятӣ-мурофиавӣ дастгир шудаанд, кӯмак мерасонад;

Қӯшунҳои сарҳадиро аз ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои ғайриқонунии ошкоршуда, ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки нисбати Сарҳади давлатӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кӯшишҳои ғайриқонунӣ доранд, хабардор месозад;

иштироки қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун таъмин менамояд;

иштироки мақомоти корҳои дохилиро дар назорати риояи низоми сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

бо пешниҳоди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳои назди Сарҳади давлатӣ роҳ додани шаҳрвандонро ҳангоми ҷустуҷӯи вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, рафъи ҳуҷуми мусаллаҳона ё ба таври оммавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шаҳрвандони давлати ҳамҳудуд муваққатан маҳдуд ё манъ менамояд;

ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналхалқӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;

ҳангоми дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ рӯй додани ҳолати фавқулодда, ҷорӣ намудани низоми вазъи фавқулодда тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд;

дар тарбияи ҳуқуқии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар Сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои он якҷоя бо Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд.

5. Мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Сарҳади давлатӣ назорати гумрукӣ, санитарию карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назоратро амалӣ менамоянд;

дар бобати ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва дигар манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар Сарҳади давлатӣ чорабиниҳо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;

дар доираи салоҳияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳатмист;

аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон риоя шудани талаботи аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;

дар мавридҳои зарурӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мақомоти назоратӣ (нуқтаҳо) таъсис медиҳанд ва кори онҳоро ташкил менамоянд, мутобиқи талаботи қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун воситаҳо ва усулҳои назоратро муқаррар мекунанд;

бо ҳамдигар ҳамкории мутақобила мекунанд ва ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ кӯмак мерасонанд;

бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ

Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ;

барои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба қӯшунҳо ва мақомоти қонун ваколатдоркарда шароит муҳайё мекунанд, бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи талаботи ҳамин Қонун асноди меъёрӣ қабул менамоянд;

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ қитъаҳои замин ҷудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин қитъаҳо риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист назорат мекунанд;

Қӯшунҳои сарҳадиро оид ба масъалаҳои марбут ба вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор месозанд;

барои ширкати ихтиёрии шаҳрвандон дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ шароит муҳайё мекунанд;

дар қаламрави худ аз тарафи тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя шудани иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Сарҳади давлатӣ назорат мекунанд.

 

 

 

 

Б О Б И VII

ВАКОЛАТҲОИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ, ҚӮШУНҲОИ

МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ, ДИГАР ҚӮШУНҲО ВА

СОХТОРҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОҲАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 33. Ваколатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ муҳофизат мекунанд, ҳамчунин гузариш аз Сарҳади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин мақсадҳо онҳо вазифадоранд:

тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағъир додани убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд;

вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ надиҳанд;

иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмин намоянд;

риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хислати иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, низомӣ гузарондан ва ҳарбию техникиро анҷом диҳанд;

пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ кунанд ва қарорҳои аз рӯи онҳо қабулшударо иҷро намоянд;

аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқ баранд;

пешгирии қонуншиканиҳоеро, ки мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад, ба роҳ монанд;

дар фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд;

дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ дар доираи қаламрави сарҳадӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

1) дар заминҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникацияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд;

2) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар минтақаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он ҷой озодона рафту омад кунанд; аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар хати сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади қисмҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеаҳо талаб намоянд; киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва дигар воситаҳои нақлиётиро мушоират ва дар онҳо қисмҳои сарҳадиро ҷой кунанд; бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии ашхос, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётиро тафтиш намоянд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо тафтиш (муоина) кунанд;

3) тавассути нарядҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки нисбати онҳо асос барои гумони вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба қароргоҳи ҷузъу том, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд; тавассути қайиқҳои сарҳадӣ нигоҳ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштиҳои ғайринизомиеро, ки низомҳои мазкурро вайрон кардаанд ва бурдани онҳоро ба бандар, дарёбандар ё истгоҳи наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ анҷом диҳанд. Ҳангоми муоина кардан ва бурдани киштӣ радиостанцияи он набояд кор кунад. Дар хусуси ҳар як ҳолати муоина ва дастгир намудани киштӣ протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштиронӣ ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;

4) ашхосеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмурӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян кардани ҳолатҳои қонуншиканӣ – то се шабонарӯз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лаҳзаи дастгир кардан ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд ё бо иҷозати прокурор ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз, агар сарҳадшиканон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, ҳамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи ҳамроҳи онҳо буда, дигар ашёе, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва ҳуҷҷати онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ дастгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи ҳамроҳи ӯ буда, протокол тартиб дода мешавад;

5) бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ва дар мавриди онҳо мувофиқи асосҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 15 ҳамин Қонун, қарор дар бораи ба мақомоти давлати ҳамҳудуд супоридани онҳо ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани онҳо қабул шудааст ва ё қарор дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маъмурӣ берун кардани онҳо қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалнома зарур боздоранд;

6) ашхосеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсус барои ин мақсадҳо ҷиҳозонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ, ашхосеро, ки бо тартиби ҷиноятӣ-мурофиавӣ дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онҳо ба сифати чораи эҳтиётӣ дар ҳабс нигоҳ доштан истифода шудааст – дар ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққатӣ ё дар биноҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки махсус бо мақсади нигоҳ доштани ашхоси ба таври маъмурӣ дастгиршуда ҷиҳозонида шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ чунин ашхосро дар ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққатӣ ва дигар биноҳои махсус ҷиҳозонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ доранд;

7) ашхосро ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ даъват намоянд ва аз онҳо дар бораи ҳолатҳои барояшон маълумбудаи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё дигар вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ баёнот гиранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ гирифтани баёнот доир ба ҳолатҳои чунин сарҳадшиканиҳо метавонад дар ҷойҳои дигар анҷом дода шавад. Дар сурати бо даъват ҳозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маҷбурӣ овардан мумкин аст;

8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин асноди беэътиборро гиранд, мӯҳлати амали визаҳои тоҷикии ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият додашударо дар маҳалҳое, ки намояндагиҳои хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надоранд, дароз кунанд. Барои дароз кардани мӯҳлати амали визаҳои тоҷикӣ, ки то даҳ рӯз мӯҳлаташон гузаштааст, ба андозаи даҳ маоши ҳадди ақал пардохт ситонида мешавад; барои дароз кардани мӯҳлати амали визаҳои тоҷикӣ, ки мӯҳлаташон аз даҳ рӯз зиёдтар гузаштааст – ҳабдаҳ маоши ҳадди ақал;

9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии ғайриқонунӣ аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук бошад, онҳоро боздоранд;

10) ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла киштиҳои (воситаҳои) камзарфи дарёиро муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд, онҳоро вазифадор созанд, ки дар ҳамон ҷо қарор дошта бошанд ё ин нуқтаҳоро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯю амалиёти сарҳадӣ, амалҳои дигари кофтуковӣ ҳамчунин ҳаракатҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, ва парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, тарк намоянд;

11) ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ бо огоҳонидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои манфиатдор гузаронидани корҳои гуногунро, ба истиснои корҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ ва корҳои вобаста бо рафъи офатҳои табиӣ ё бемориҳои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваққатан маҳдуд намоянд;

12) дар ҳар вақти шабонарӯз, ба манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва ба биноҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба ғайр аз онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд, дароянд ва онҳоро ҳангоми таъқиби ашхосе, ки нисбати онҳо асоси кофӣ барои гумони вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиқоматӣ бе ризоияти ашхоси дар онҳо муқим сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;

13) бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаро бемамониат истифода баранд ва ҳангоми зада гардонидани ҳуҷум ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеъ шудан ба убури ғайриқонунии оммавии Сарҳади давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, интиқоли ашхосе, ки ба қонуншиканӣ гумонбар шудаанд – воситаҳои нақлиётиеро, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиётии ба шаҳрвандон тааллуқдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соҳибони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун хароҷот ё зиёни расонидашударо ҷуброн кунанд. Воситаҳои алоқа ва нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналхалқӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиётии таъиноти махсус аз ин қоида истисно мебошанд;

14) аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба дӯши Қӯшунҳои сарҳадӣ гузоштаи қонун зарур аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун тартиби дигари ба даст овардани маълумотро муқаррар намудааст;

15) барои иҷрои назорати нигоҳдории низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ бақайдгирии ашхос, баҳисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин мақсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо қонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;

16) ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод доир ба бартараф намудани сабабҳо ва шароити ба содир намудани қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, ки таҳқиқӣ ё пешбарии парвандаҳо аз рӯи онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохиланд, пешкаш намоянд;

17) шаҳрвандонро ба таври ихтиёрӣ дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар шаклҳои дигар ба ҳалли вазифаҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳудуди қаламрави назди сарҳадӣ ҷалб намоянд, инчунин шаҳрвандонеро, ки дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ҳавасманд созанд;

18) силоҳ, техникаи ҷангӣ, воситаҳои махсус, қувваи ҷисмонӣ ва сагҳои хизматиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода баранд;

19) дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба киштиҳои дарёии ғайринизомӣ, ба ғайр аз ин:

агар байрақи киштӣ барафрохта нашуда бошад, пешниҳод намоянд, ки масъулони он байрақро нишон диҳанд;

бозпурсии капитан (соҳиб, команда)-и киштиро доир ба мақсадҳои ворид шудани киштӣ ба ин обҳо анҷом диҳанд;

агар киштӣ байрақи худро набардорад, ба ишораҳои пурсиш ҷавоб надиҳад, ба талаб доир ба тағйири самти ҳаракат итоат накунад ё принципҳои ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиҷаи тафтиши киштӣ ба он метавонад иҷозат дода шавад, ки шинокуниро (қарор доштан) дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муқарраргардида давом диҳад ё пешниҳод карда шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиқи талаботи ҳамин Қонун боздошта шавад;

ашхосеро, ки ҷиноят содир кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аз киштӣ фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро, агар дар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоранд;

киштиеро, ки дар обҳои қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои наздисарҳадӣ қоидаҳои шинокунӣ (қарор доштан)-ро вайрон кардааст, пеш аз ба қаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин киштӣ, пас аз додани ишораи басарӣ ё бонги овозӣ барои истодан аз масофае, ки киштӣ ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъқиб кунанд ва боздоранд;

20) ҷиҳати таъмини амнияти худии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тадбирҳо андешанд;

21) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани ашхос ҷарима банданд. (Эзоҳ: Пардохти ҷарима интиқолдиҳандагонро аз ӯҳдадории ҷуброн намудани хароҷоти воқеии фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бетабаияте, ки бе ҳуҷҷатҳои барои ворид шудан муқарраргардида ба Ҷумҳурии тоҷикистон расонда шудаанд, ба нуқтае, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият сафари худро оғоз намудаанд ё ба ҳар гуна ҷои дигаре, ки воридшавӣ ба онҳо иҷозат дода шудааст, инчунин аз хароҷоти воқеии нигоҳдорӣ ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рондани онҳо озод намекунад).

Ҳангоми иҷрои ҷустуҷӯҳо ва амалиёти сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ метавонанд ҳуқуқи ба онҳо додашударо берун аз ҳудуди дар қисми дуюми ҳамин модда муқарраршуда низ истифода баранд.

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба киштиҳо ва ҳавопаймоҳои (чархболҳои) Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқи:

истифода бурдани нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ, аэродромҳо (майдончаҳои нишаст) дар қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онҳо;

гирифтани маълумоти киштиронӣ , метеорологӣ, гидрографӣ ва дигар маълумот;

таъмин намудани парвоз ва киштиронӣ дода мешавад.

Ҳуқуқҳои дигарро ба Қӯшунҳои сарҳадӣ танҳо қонун дода метавонад.

Аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда барои иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор накардааст, мумкин нест.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ба иҷрои дигар вазифаҳо, ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо ҷалб карда намешаванд.

Моддаи 34. Ваколатҳои Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ

Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ ҳимоя мекунанд, бо ин мақсад онҳо:

риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатиро назорат мекунанд;

пеши роҳи парвози ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондани онҳо чораҳо меандешанд;

ба ҳавопаймоҳое, ки Сарҳади давлатиро дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажорӣ амалҳои беғаразонаи экипажи онҳо ғайриқонунӣ гузаштаанд, кӯмак расонида, самти ҳаракати онҳоро барқарор ва онҳоро барои фаромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун рафтан аз ҳудуди фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунанд.

Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳуқуқ доранд, ки :

Ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунӣ ё убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ воситаҳои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;

дар ҳолатҳои зарурӣ барои муайян кардани вазъият дар фазои ҳавоӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба пешигирӣ ё қатъи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз фазои ҳавоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳо ва воситаҳои дигар навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;

ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё убури ғайриқонунии он дар минтақаҳои алоҳидаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро пурра манъ кунанд ё маҳдуд созанд;

аъзои экипажи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд, баъди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадани онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷойҳои дигар ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои убури ғайриқонунӣ ва ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоридани онҳо, агар дар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, даъват намоянд;

техникаи ҳарбӣ ва силоҳро мутобиқи ҳамин Қонун ба кор баранд.

Моддаи 35. Иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва сохторҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳадӣ давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона дар хушкӣ, соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ оид ба манъ намудани убури ғайриқонунии сарҳад дар маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои ҳарбӣ, гарнизонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои даромадани (убури) ашхос ва воситаҳои нақлиётии бегона пӯшидаанд, ба зиммаи фармондеҳии объектҳои ҳарбӣ ва гарнизонҳои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна қитъаҳо аз ҷониби фармондеҳони (сардорони) Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ якҷоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иштирок дар ҷустуҷӯҳо ва амалиёти сарҳадӣ бо тартибе, ки дар қарорҳои муштараки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, қувва ва восита ҷудо менамоянд.

Дигар намуди ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшанҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

Моддаи 36. Амали якҷоя дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ:

ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд;

дар доираи ваколатҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда фаъолияти мақомоти давлатиро, ки барои нигоҳ доштани низоми Сарҳади давлатӣ намудаҳои гуногуни назоратро амалӣ менамоянд, ба ин фаъолиятҳо дахолат накарда, ҳамоҳанг месозанд;

амали якҷояи қувваҳои худ ва мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд ё ба манфиати Сарҳади давлатӣ фаъолият менамоянд, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ташкил мекунанд. Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳудуди салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист;

дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналхалқии дорои хислати байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, бо мақомоти дахлдор ва қӯшунҳои давлатҳои хориҷӣ амали якҷояро анҷом медиҳанд.

Моддаи 37. Истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ анҷом дода ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани кӯшиши рабуда, ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиётии бемусофир, силоҳ ва техникаи ҷангиро истифода мебаранд.

Силоҳ ва техникаи ҷангиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст: бар зидди ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва восиатҳои нақлиётие, ки сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки қатъи сарҳадшиканӣ ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имкон надорад; барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхосе, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад; барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҷангӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпаронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҷангӣ ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми мусаллаҳона, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона бо хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҷангӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, муқобилияти мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳақ доранд барои безарар сохтани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд.

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҷангӣ ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи онҳо ё муқобилияти мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳие, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад; ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд; ба муқобили ашхосе, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, манъ аст.

Моддаи 38. Истифода воситаҳои махсус.

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаҳои дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ. Моддаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рӯшноидиҳандае, ки таъсири ба тарфи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро мутобиқи моддаҳои 15-17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи милиция» ба кор мебаранд.

 

 

Б О Б И VIII

 

ШИРКАТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛӢ, КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

 

Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ:

Мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси мансабдори онҳо;

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мақомоти давлатие, ки намудҳои гуногуни назоратиро дар Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд, кӯмак мерасонанд, дастурҳои қонунии онҳоро иҷро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онҳо заруриро пешниҳод мекунанд;

барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ шароит фароҳам меоранд.

Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Шаҳрвандон дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ, ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар асоси ихтиёрӣ иштирок менамоянд.

Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Б О Б И IX

ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ

ҲАРБӢ ВА ШАҲРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ҲИМОЯИ

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

Моддаи 41. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо:

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки бевосита дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни ҳарбии иҷрокунандаи вазифаҳои махсус, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статус, замонатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо» муқаррар намудааст, дода мешавад. Онҳо намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талабҳои қонунии онҳо бояд ҳатман аз ҷониби шаҳрвандон ва ашхоси мансабдор иҷро карда шаванд. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз ашхосе, ки аз тарафи қонун махсус ваколатдор шудаанд, ҳақ надорад ба фаъолияти онҳо дахолат намояд.

Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ, сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатӣ, номус ва шараф, амволи хизматчии ҳарбӣ ё аъзои оилаи ӯ боиси ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 42. Ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаҳои онҳо:

Барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо бо сабаби расонидани кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ боиси ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 43. Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Моддаи 44. Муқаррар намудани кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидора дар доираи ваколатҳояшон онҳо ба ғайр аз кафолатҳо ва ҷубронҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда муқаррар намудани дигар кафолатҳо ва ҷубронҳо мумкин аст.

 

Б О Б И X

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ

ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ

ИҶРОИ ҲАМИН ҚОНУН

 

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар Сарҳади давлатӣ

Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

Моддаи 46. Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ, дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд.

 

Б О Б И XI

БО ЗАХИРАҲО ТАЪМИН НАМУДАНИ ҲИМОЯИ

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 47. Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои Фонди мақсадноки рушди Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, анҷом дода мешавад.

Ба таркиби Фонди рушди Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил карда мешаванд:

бисту панҷ фоизи маблағҳои ҳамчун ҷарима барои қонуншикании Қӯшунҳои сарҳадӣ ошкорнамудае, ки бинобар вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ситонида шудаанд, инчунин маблағҳои аз фурӯши амволи барои чунин қонуншиканиҳо мусодирагардида ва қочоқ мутобиқи зербанди 9 қисми дуюми моддаи 33 ҳамин Қонун ошкор ва дастгиршаванда ба даст меоянд;

маблағҳое, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ситонидани боҷ барои барасмиятдарории сарҳадӣ ҳангоми иҷрои назорати сарҳадӣ ва боҷ барои дароз кардани мӯҳлати амали визаҳои муддаташон гузаштаи тоҷикии ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият додашуда ба даст овардаанд;

Маблағҳои фонди рушди Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар замми маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳурӣ барои таъминоти он дода мешаванд, манбаи иловагии маблағгузории системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад ва бояд барои мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, барои ободонии Сарҳади давлатӣ, ҷиҳозонӣ ва рушди системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ, беҳтар намудани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ, ҳаёти ғайринизомии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои оилаҳои онҳо истифода бурда шаванд.

Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз фондҳои давлатии замин, моддию техникӣ ва фондҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Меъёрҳо ва тартиби таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

 

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе, 1 августи соли 1997.

№ 481

_________________

 

 

 

 

ФАРМОНИ П Р И К А З

РАЁСАТИ ШӮРОИ ОЛИИ ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»

Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи Раёсати муҳофизаи сархади давлатӣ, воҳидҳои низомии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳарбиёне, ки аз ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд.

2. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ ба тартиби муқарраршуда дар бораи сохтор ва шумораи умумӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, нақшаи сохтмон ва такмили Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.

3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин ва таҷҳизонидани Қӯшунҳои сархадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои зарурии молиявӣ ва моддию техникӣ ҷудо намояд.

4. рӯзи 28 майро Рӯзи сарҳадчиён эълон намуда, он ҳар сол бидуни истироҳат қайд карда шавад.

5. Ин фармон аз лаҳзаи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад.

6. Фармони мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

шаҳри Душанбе, 30 маи

соли 1994 № 273

 

Ҳ у к у м а т и Ҷ у м ҳ у р и и Т о ҷ и к и с т о н

 

Қ А Р О Р

Аз 1 феврали соли 1997 № 57 ш. Душанбе

 

Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳифзи сарҳади

давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи Саридораи қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ биною иншоот, воситаҳои моддию техникӣ, техникаи ҳарбӣ, силоҳу муҳимот, инчунин ҳайати шахсии Саридораи қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

3. Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи Низомномаи Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ва дар хусуси ворид намудани тағьирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро омода созад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо карда, ба ин мақсад маблағҳоеро, ки барои таъминоти Саридораи қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 пешбинӣ гардидаанд, равона созад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

 

 

Ҳ у к у м а т и Ҷ у м ҳ у р и и Т о ҷ и к и с т о н

 

Қ А Р О Р

 

Аз 15 июли соли 1997 № 318 ш. Душанбе

 

Дар бораи тартиби ба роҳ мондани назорати

сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои баъзе қитъаҳои Сарҳади

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар аэропортҳое, ки

барои парвозҳои байналхалқӣ кушода шудаанд.

 

Ҷиҳати таҳкими амнияти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани истифодаи каналҳои алоқаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои душманона, инчунин зарурати фаъолияти танзимшудаю мувофиқашудаи мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар аэропортҳое, ки барои парвозҳои байналхалқӣ кушода шудаанд Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро оид ба статуси ҳуқуқии Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

 

 

1. Назорати сарҳадиро дар тамоми гузаргоҳҳои мавҷуда ва нав таъсисдодашавандаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, инчунин дар аэропортҳое, ки барои парвозҳои байналхалқӣ кушода шудаанд, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии сарҳадии Федерацияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

 

2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Ленинобод ва Хатлон, шаҳри Душанбе барои муҳайё сохтани шароити зарурӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти гузаргоҳҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида иморат, иншоот, қитъаи замин, воситаҳои алоқа ва мавҷудоти зарурӣ, инчунин барои ҳайати шахсӣ истиқоматгоҳ ҷудо намоянд.

 

3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи будҷети ҷумҳурӣ барои соли 1998 ҷиҳати сохтани (таҷдиди) гузаргоҳҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ва таъсиси инфраструктураи зарурӣ аз рӯи ҳисобҳое, ки Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии сарҳадии Федерацияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи намунавӣ пешниҳод намудаанд, лимити маблағгузории асосӣ ва манбаи бопултаъминкунӣ пешбинӣ намоянд.

 

 

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

 

 

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қ А Р О Р

 

аз 28 октябри с. 1998 № 419-11 ш. Душанбе

 

 

Дар бораи ворид сохтани тағйироту

иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 сентябри соли 1998 № 368 «Оиди нуқтаҳои убур

аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Моддаи 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 368 «Оиди нуқтаҳои убур аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сатрҳои зерин пурра карда шаванд:

Бо назардошти фаро расидани вазъи душвори ҳарбӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ дар Давлати Исломии Афғонистон Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ба аҳолии давлати ҳамсоя, ки мубталои душвориҳои иқтисодӣ гардидааст, сари вақт бору амволи башардӯстона, хоҷагии халқ ва ғайраро бурда расонидан, ки аз тариқи нақлиёт ба Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда истодаанд, фурудгоҳи ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро муваққатан истифода баранд.

 

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳ у к у м а т и Ҷ у м ҳ у р и и Т о ҷ и к и с т о н

 

Қ А Р О Р

 

Аз 12 сентябри соли 1998 № 368 ш. Душанбе

 

НОМГӮИ

 

ГУЗАРГОҲҲОИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

I. Гузаргоҳҳои байналхалқии сарҳади давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷии дур

 

 

  1. Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо давлати Афғонистон

 

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳои бору мусофиркашони дарёи шаҳраки Панҷи Поён ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи бору мусофиркашони дарёи қ. Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи бору мусофиркашони дарёи қ. Теми ноҳияи Шуғнони ВМКБ.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи бору мусофиркашони дарёи қ. Ишкошими ноҳияи ВМБК.

 

 

  1. Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Ҷумҳурии халқи Хитой

 

 

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ, ки дар гузаргоҳи автомобилии қ. Кулами ноҳияи Мурғоби ВМКБ.

  1. Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо Ҷумҳурии Қирғизистон

 

- нуқтаи назорати сарҳадию гумркуӣ дар гузаргоҳи автомобилии қ. Қизил-арти ноҳияи Мурғоби ВМКБ.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи автомобилии қ. Даҳанаи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод.

 

 

  1. Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи автомобилии қ. Патари ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи автомобилии қ. Ҳаштяки ноҳияи Нови вилояти Ленинобод.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар гузаргоҳи автомобилгарди марказии Панҷакент-Самарқанд.

- нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар истгоҳи автомобилии қ. Ештеппаи ноҳияи Турсунзода.

-нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар истгоҳи Конибодоми роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод ҳангоми ворид гардидани шаҳрвандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Нови вилояти Ленинобод, ҳангоми ворид гардидани шаҳрвандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи ноҳияи Турсунзода, роҳи оҳани Тоҷикистон.

-нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Хошади ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатон.

 

 

II. Нуқтаи назорати сарҳадию гумрукӣ, дар гузаргоҳи

Автомобилӣ дар сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои

шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ

 

 

- дар қ. Даҳанаи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Равоти ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод.

- дар қ. Навбунёди ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод.

- дар қ. Алтын-Топгани ноҳияи Масчоҳи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Фотеҳободи ноҳияи Масчоҳи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Комсомольская площадкаи ноҳияи Масчоҳи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Қӯштегирмони ноҳияи Нови вилояти Ленинобод.

- дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Баландчекири ноҳияи Ӯротеппаи вилояти Ленинобод.

- дар қ. Айвачи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.

 

  1. Гузаргоҳҳои сарҳадии давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар роҳҳои парвози байналхалқӣ

 

- майдони ҳавоии ш. Хуҷанд вилояти Ленинобод

- майдони ҳавоии ш. Душанбе

- майдони ҳавоии ш. Кӯлоб вилояти Хатлон

- Фурудгоҳи ҳарбии шаҳраки Айнии ноҳияи Ленин

 

 

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳ у к у м а т и Ҷ у м ҳ у р и и Т о ҷ и к и с т о н

 

Қ А Р О Р

 

Аз 16 феврали соли 1999 № 47 ш. Душанбе

 

Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои муваққатии

Қувваҳои мусаллаҳи доимамалкунанда ва дигар

қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби

воҳидҳои мусаллаҳи ҳарбии Иттиҳоди

мухолифини тоҷик

 

Ҷиҳати иҷрои Протокол оид ба масъалаҳои низомии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва бо мақсади суръатбахшии ҷараёни реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳамдиҳии воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз бақайдгирӣ ва аттестатсия гузаштаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон қарор мекунад:

 

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 

аз ҳисоби воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз бақайдгирӣ ва аттестация гузаштаанд, ҷузъу томҳои дахлдори муваққатии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намоянд. Тартиби ба таври амудӣ тобеияти онҳоро ба фармондеҳии дахлдори сохторҳои соҳибқудрати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, нисбат ба онҳо амали асноди дахлдори меъёрӣ ва ойинномаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад;

 

сохтори ташкилию штатии ҷузъу томҳои дахлдори муваққатиро аз ҳисоби воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таҳия ва тасдиқ намоянд.

Муқаррар карда шавад, ки баъди анҷоми аттестатсия муттаҳидшавии пурраи воҳидҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик бо сохторҳои соҳибқудратӣ сурат мегирад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаққатан таъсисидодашуда манбаи маблағгузориро муайян намояд.

 

 

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

СОЗИШНОМА

миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи вазъи ҳуқуқии сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи

Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доранд.

 

 

 

Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

воқеияти нави сиёсӣ – соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлолиятро, ки Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардаанд, ба даст овардаанд, ба назар гирифта,

бо андешаи густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди тарафайн дар асоси усулият (принсипҳо) ва меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ,

ҳукуқи дахлнопазирии ҳамаи давлатҳои соҳибистиқлолро барои тадбирандешӣ нисбати сарҳади давлатиаш эътироф намуда,

зарурияти таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба роҳбарӣ гирифта,

аҳду паймони усулиро нисбати ҳифзи сарҳадоти тоҷику афғонӣ ва тоҷику чинойӣ аз ҷониби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар давраи гузариш, ки дар Суратҷаласаи натоиҷи музокироти ҳайатҳои давлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1992 акс ёфтаанд, ба назар гирифта,

бо хоҳиши муҳайё сохтани асоси шартномавӣ ҷиҳати буду боши Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи сарҳадот бо Афғонистон ва Чинро таъмин кардани онҳо

оиди масоили зерин мувофиқа намудем:

 

Моддаи 1

Барои ҳадафҳои ҳамин Созишнома истилоҳҳои зайл чунин маънӣ доранд:

1) «Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия»-воҳидҳои бузург, қисмҳо ва воҳидҳои Сипоҳиёни Федератсияи Русия, шӯъбаҳои зиддииктишофие мебошанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд;

2) «ашхосе, ки дар таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия шомиланд»:

а) хидматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия;

б) ашхоси шаҳрванде, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, дар қисмҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дар корхонаҳои Сипоҳиёни Федератсияи Русия кор мекунанд;

3) «аъзои оилаҳое, ки дар таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия шомиланд»-ҳамсарон, фарзандон, ҳамчунин хешовандоне мебошанд, ки ҳамроҳ истиқомат доранд ва дар таъминоти эшонанд.

4) «маҳали ҷойгиршавӣ»- қаламравест, ки дар он ҷо Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҷойгир карда мешаванд, ба шумули ҷо ба ҷо намудани қисмҳои ҳарбӣ бо марказҳои таълимӣ, майдонҳои машқи тирандозӣ ва соири объектҳо, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мавриди истифода қарор медиҳанд;

5) «моли манқули Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия»- тамоми намудҳои аслиҳа, муҳимот, техникаи ҳарбӣ, ба шумули воситаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин ҳар кадом воситаҳои моддии дигар, ки барои таъминоти сипоҳиён заруранд;

6) «моли ғайриманқули Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия»- қитъаҳои замине, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия таҳти тасарруфи хеш қарор додаанд, ва дар шаҳракҳои низомии эшон ҷойгир шудаанд, фурудгоҳҳо, майдонҳои машқи тирандозӣ ва соири биноҳо ва иншоотҳо мебошанд.

 

Моддаи 2

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш то анҷом ёфтани ҷараёни ташаккулёбии Сипоҳиёни сарҳадии худӣ бо мақсади таъмини амнияти худ амнияти Федератсияи Русия ва амнияти дастаҷамъии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатиро бо Афғонистон ва Чин дар ҳудуди қаламрави худ ба ихтиёри Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия медиҳад.

 

Моддаи 3

 

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар давраи буду боши худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистонро бо Афғонистону Чин таъмин менамоянд.

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия барои иҷрои вазифаҳои дигаре, ки ба ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистону Чин марбут нестанд (ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаву фалокатҳо) сафарбар намегарданд.

 

Моддаи 4

 

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар фаъолияти худ оиди ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии ИҶСШС собиқ бо Афғонистон ва Чин, ки нерӯи худро ҳифз кардаанд, зишномаҳои байни давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба масъалаҳои сарҳадии байни давлатҳо, қонунгузорӣ ва асноди дигари меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русияро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, ба раҳнамойӣ мегиранд.

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳаракату амали хешро оид ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамоянд.

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории онро эҳтиром мекунанд, ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат наменамоянд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ашхоси шомили таркиби он, аъзои оилаи онҳоро эҳтиром намуда, ба ягон гуна амале, ки иҷрои вазифаҳои Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро мушкил намоянд, роҳ намедиҳанд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия тадбирҳои зарурии мувофиқат кардашударо меандешад, ки онҳо бехатарии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ҳамчунин ҳифзи амволи онҳоро, ба шумули чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳама гуна амалҳои зиддиҳукуқӣ, таъмин менамояд.

Моддаи 5

 

Сохтори ташкилӣ-штатии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳини имзои ҳамин Созишнома, маҳали ҷойгиршавии онҳо то дар байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон басташудани созишномаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

 

 

Моддаи 6

Фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ дар қисмҳои ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар Федератсияи Русия қабул гардидаанд, ба амал бароварда мешавад.

Маблағгузорӣ ҷиҳати таъмини Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар асоси иштироки саҳми ҳар ду тараф бо ҳисобу китоби минбаъдаи хароҷотҳои воқеъӣ амалӣ мегардад.

Тартиби маблағгузорӣ ва таъмини моддӣ-техникии сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро Тарафҳо дар Суратҷаласаи алоҳида, ки қисми таркибии ҳамин Созишнома мебошад, муайян менамоянд.

 

Моддаи 7

 

Ба манфиати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ҳифзи ҳукуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиётиву ҷустуҷӯӣ ва тафтишоти пешакиро доири корҳои халалдор намудани сарҳади давлатӣ пеш мебаранд. Амалҳои таъхирнопазири тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 8

 

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани сарҳади давлатиро ба танзим медароранд, гузаштани ашхос, васоити нақлиётӣ, бор ва ашёи дигарро аз тариқи нуқтаҳои гузаргоҳии мавҷуда, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин ҷойгиранд, амалӣ менамоянд. Ҳаракати мусофирон ва васоити нақлиётӣ аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳии ба тозагӣ барпошударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми ҳамаи корҳои сохтмонӣ ( таъмири ин нуқтаҳо ва ба вучуд овардани иншоотҳои кӯмакрасонӣ (инфраструктурӣ), ки лоиҳаҳои онҳо бо Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мувофиқа шудаанд, кушода мегарданд.

 

Моддаи 9

 

Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил намудани Сипоҳиёни сарҳадиаш мусоидат мекунад. Ба андозаи ташаккули қувваҳои сарҳадии хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси фармондеҳии Сипоҳиёни сарҳадии он бо ризоияти Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ба тадриҷ посбонии қисмати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Афғонистон ва Чин ба дӯши худ гирифта, муҳофизати онро дар ҳамкории зич бо Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ташкил менамоянд. Тартиби додани қисматҳои нишондодашуда бо Суратҷаласаи алоҳида, дар сатҳи роҳбарияти Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва идораи ҳифзи сарҳади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 10

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳифзи сарҳад аз қувваю воситаҳои қисмҳои ҳавопаймоӣ, ки ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди он ҷойгиранд, аз фурудгоҳҳои пойгоҳӣ ва фурӯдгоҳҳои ҷойгиршавии мувақ-қатиашон истифода мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки ба парвози ҳавопаймоҳо чархболҳо ва дигар дастгоҳҳои парвозкунандаи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳудуди фазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат накунад.

Таъмини парвози ҳавопаймоҳои Сипоҳиёни сарҳадии Русия бе мамониат ва ройгон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 11

 

Бо мақсади пайгирона ташаккул додани Сипоҳиёни сарҳадии худии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия тибқи фармоишот ва дар асоси шартномавӣ ба Сипоҳиёни сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои зарурӣ, аз ҷумла дар тайёр намудани кадрҳои миллӣ, ёрӣ мерасонад.

Тайёр намудани афсарон, прапорщикҳо ва мичманҳо барои Сипоҳиёни сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия бо ризоияти Тарафайн амалӣ мегардад.

Тайёр намудани мутахассисон барои сипоҳиёни сарҳадии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар марказҳои таълимии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12

 

Тарафайн мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ шахсону аъзои оилаи онҳоеро, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошанд, бо тамоми ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар таъмин намуда, ҳамчунин манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхосу аъзои оилаи онҳое, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошанд (ба хизматчиёни ҳарбӣ баъди ҷавоб шудан ба эҳтиёт ва ё ин ки ба истеъфо рафтан) ҳуқуқи ихтиёран гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро медиҳад. Дар ин маврид Тарафайн мӯътақиданд, ки мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои сарҳадии Федератсияи Русия ва кор дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани шаҳрвандӣ ва таъминоти нафақа муайян намудааст, ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13

 

Суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва таъминоти нафақавии собиқ хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадӣ ва аъзои оилаи онҳо мутобиқи Созишнома дар бораи тартиби таъмини нафақавии хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадӣ, аъзои оилаи онҳо ва суғуртаи давлатии хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.

Таъминоти тиббӣ ва санаторӣ-курортии нафақахӯрон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии қувваҳои сарҳадӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, додани ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар имтиёзот аз Тарафи Тоҷикистон бе ҳисоби мутақобила амалӣ мегардад.

 

 

Моддаи 14

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро дар истифодабарии шаҳракҳои казармавию истиқоматӣ, фурӯдгоҳҳо, марказҳои таълимӣ ва майдонҳо бо таҷҳизоту дастгоҳҳо, биноҳову иншоотҳои истиқомативу ғайриистиқоматӣ, қитъаҳои замин, роҳҳои фаръии роҳи оҳан, нақлиёт, васоити почта, телефону телеграф ва алоқаи радиоӣ, нерӯи барқ, хизматҳои коммуналӣ, бинокорӣ ва дигар хизматҳое, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар вақти имзои ҳамин Созишнома истифода менамоянд, нигоҳ медорад. Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия аз супоридани ҳаққи истифодаи замин, истифодаи ҳудуди фазоӣ, фурӯдгоҳҳо, роҳҳои фаръии роҳи оҳан, иншооту биноҳои мухталиф, ҳамчунин аз тамоми намудҳои андозҳо, ба ғайр аз андози даромад аз коргарону хизматчиён, озод мегарданд.

Сохтмони асосии объектҳои мавриди ниёзи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия аз ҳисоби масъалаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 15

 

Дар ҳолати озод шудани иншооту биноҳо, шаҳракҳои казармавию истиқоматӣ, фурӯдгоҳҳо, марказҳои таълимӣ, майдонҳои таълимӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои статсионарӣ ва амволи ғайри манқули дигар, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия истифода менамуданд, Тарафайн принсипҳои зеринро ба роҳбарӣ хоҳанд гирифт:

- амволи ғайриманқуле, ки Сипоҳиён аз ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора гирифтаанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд;

- амволи ғайриманқуле, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия аз ашхоси ҳуқуқӣ ва фардӣ бо пул харидаанд, ҳамчунин иншоотҳое (объектҳое), ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтаанд, баъди гузаронидани онҳо ба доираи ҳуқуқии (юристиксияи) Федератсияи Русия (Фармони (Укази) Президенти Федератсияи Русия аз 24 августи соли 1992 № 921) моликияти Федератсияи Русия мебошанд.

Тартиби додани амволи ғайри манқул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ намудааст, бо Созишномаи алоҳидаи Тарафайн муайян мегардад.

Моддаи 16

 

Амволи манқули Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия моликияти Федератсияи Русия мебошад. Тартиби фурӯши он ба тарафи Тоҷикистон бо Суратҷаласаи алоҳида муайян мегардад.

 

Моддаи 17

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхосу аъзои оилаи онҳое, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошанд, ҳуқуқи соҳиби моликияти ғайриманқули ба онҳо тааллуқдоштаро (хонаҳои истиқоматӣ, боғу заминҳои берун аз шаҳрӣ ва ғайра) нигоҳ медорад.

Барои ашхосе, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои истиқомати доимӣ тарк менамоянд, Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона фурӯхтан ва ё бурдани моликияти ба онҳо тааллуқдоштаро бидуни маҳдудият, бидуни гирифтани боҷ, андоз ва хироҷ имконият медиҳад.

Тарафи Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия барои то ду маротиба дар як моҳ равон кардани маблағҳоро аз тариқи почтаву телеграф, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз музди меҳнати моҳонаи хизматчии ҳарбӣ зиёд набошад, ҳамчунин ба ройгон равон намудани мактубҳо ҳуқуқ медиҳад.

 

Моддаи 18

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии ашхоси аъзои оилаи онҳоро, ки ба таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия шомиланд, дар хонаву ҷойи ишғол намудаи онҳо дар вақти имзои ҳамин Созишнома таъмин менамояд.

Ба ашхосе, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар рӯзи имзои ҳамин Созишнома ҳастанд ва ба беҳтар намудани шароити манзил ниёз доранд, манзилгоҳ мувофиқи тартиби навбатӣ дода мешавад.

Ба хизматчиёни ҳарбии бо манзил таъмин нагардида манзили хизматчиёни ҳарбие, ки рафтаанд, новобаста аз тобеъияти идории онҳо ва ҳамчунин аз ҳисоби фонди манзилии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора гирифтааст, дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармондеҳии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳудуди худ манзилгоҳҳоро ба иҷора медиҳад.

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия бо ризоияти Тарафи Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби худ хонаҳои истиқоматӣ бисозанд, ки моликияти Федератсияи Русия хоҳанд шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манзилгоҳи ишғолкардаи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро дар рӯзи имзои ҳамин Созишнома, новобаста аз тааллуқи идориаш, дар тамоми давраи буду боши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо вобаста менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхосеро, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия буда, маҳалли зисти доимии худ шаҳру ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намудаанд ва дар рӯзи имзои манзилии мақомоти идораи маҳаллӣ мебошанд, бо манзил таъмин менамояд.

Манзилгоҳҳои ишғолнамудаи ашхоси шомили таркибии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти шахсии онҳо дода мешавад.

Дар ҳолати ғайриимкон будан ва фурӯхтани амволи ғайриманқулӣ ба ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо тааллуқдошта, Тарафи Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси мазкур ҷубронпулӣ мепардозад.

 

Моддаи 19

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо дар гирифтани маълумот дар муассисоти таълимии олӣ, миёна ва миёнаи махсус, дар қабул ва нигоҳубин дар муассисоти томактабии кӯдакон, дар таъминоти тиббӣ ва дигар намудҳои таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқҳои баробарро ба шаҳрвандони худ таъмин менамояд.

Моддаи 20

 

Ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо гувоҳномаи шахсӣ, гувоҳномаҳои ҳарбӣ, шиносномаҳо ва кӯдакони ноболиғи онҳо бо сабтҳо дар ин ҳуҷҷатҳо мегузаранд.

Тағири маҳалли хизматчиёни ҳарбӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар васоити моддӣ, ки Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад, ҳамчунин ҳаракати онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйири маҳалли онҳо берун аз ҳудуди он ба манфиати ҳифзи сарҳади давлатӣ бемамониат сурат мегирад.

 

Моддаи 21

 

Масъалаҳои доираи ҳуқуқии марбут бо ҳузури Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба танзим дароварда мешавад:

1) дар ҳолати содир кардани ҷиноят аз тарафи ашхоси шомили Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва ё аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.

Корҳои ҷиноятии содиркардаи шаҳрвандони Федератсияи Русияи шомили Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд;

2) банди 1 ҳамин модда истифода намегардад:

а) дар ҳолати содир гаштани ҷиноят аз тарфи ашхоси шомили таркиби

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва ё аъзои оилаи онҳо ба муқобили Федератсияи Русия, ҳамчунин ба муқобили ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аъзои оилаи онҳо;

б) дар ҳолати содир гаштани ҷиноят аз тарфи ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ.

Оиди корҳои дар зербандҳои «а» ва «б» - и ҳамин банд нишондодашуда, мақомотҳои босалоҳияти Федератсияи Русия мутобиқи қонунгузории Федератсияи Русия амал менмоянд.

 

Моддаи 22

 

Федератсияи Русия зарари моддии дар асари амалҳо ва ё хатогиҳои Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва ё шахсони алоҳидаи шомили таркиби он ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидаро ҷуброн менамояд.

Андозаи зарари расидаро Комиссияи махлуте, ки мутобиқи моддаи 28-и ҳамин Созишнома таъсис дода мешавад, муайян менамояд.

Федератсияи Русия розӣ аст, ки мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчунин зарари дар асари амалҳо ва хатоҳои ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ба муассисаю шаҳрвандони давлатҳои сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидаро низ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон талофӣ намоянд.

Моддаи 23

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зарари моддии ба моликияти Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва ҳамчунин ба ашхоси аз ҳисоби шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошанд ва ин зарар дар натиҷаи амалҳо ва саҳву хатоҳои муассисаҳои маҳаллии давлатӣ расонида шудаанд, ба андозаи муқаррарнамудаи Комиссияи махлут, ки мутобиқи моддаи 28 ҳамин Созишнома таъсис гаштааст, мепардозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин товони зарари ба Федератсияи Русия, ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо, ки дар натиҷаи амалҳо ва саҳву хатоҳои ашхоси алоҳидаи инфиродӣ расонида шудаанд, ба андозае, ки суд дар асоси даъво нисбати ашхоси зарароваранда муайян намудааст, медиҳад.

 

Моддаи 24

 

Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳуқуқ доранд, ки бидуни супоридани боҷ бе сабти махсуси объект васоити радиоэлектронии худро нигоҳ доранд ва истифода намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро дар истифодаи басомадҳои радиойӣ (радиочастот) аз тарафи хадамотҳои амалкунандаи ин Сипоҳиён, мутобиқи тартиби амалкунанда дар вақти имзои ҳамин Созишнома нигоҳ медорад.

Бо мақсади пешгирии халалрасонии радиойӣ, истифодаи якҷояи басомадҳои радиойӣ аз тарафи хадамотҳои радиоии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи карордоди Тарафайн Гурӯҳи якҷояи доимамалкунандаи коршиносон оиди ин масъала ташкил мегардад, ки ин масъалаҳоро ба танзим медарорад.

Моддаи 25

 

Машқҳо ва манёврҳои Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия берун аз мавқеъи ҷойгиршавӣ бо органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда гузаронида мешаванд. Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳуқуқ доранд дар мавқеъи ҷойгиршавӣ ва ҳангоми ҳаракат чорабиниҳоро оиди муҳофизати объектҳои ҳарбӣ мутобиқи тартиботи дар Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия муқарраргардида, амалӣ намояд.

 

Моддаи 26

 

Муқаррароти ҳамин Созишнома, ки ба доираи ҳуқуқӣ ва масъулият барои зарари расонидашуда дахл дорад, ба Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври транзистӣ мегузаранд, мутобиқан истифода мегардад.

Моддаи 27

 

Хизматчиёни ҳарбии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мувофиқи тартиботи Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия муқаррар карда, ҳуқуқи сару либоси барои онҳо муқаррар гардидаро дар бар намуда, гардонидан ва нигоҳ доштании аслиҳаро доранд.

Техникаи ҳавопаймойи зиреҳтанкӣ (бронитанкӣ) ва автомобилии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ва муассисаҳои он бояд рақамҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои возеҳи фарқкунанда дошта бошанд.

Рақамҳои ягонаи бақайдгирӣ ва аломатҳо аз тарафи фармондеҳии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия гузошта шуда мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ хабардор карда мешаванд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагии ашхоси шомили таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии собиқ Иттиҳоди ҶШС ва Федератсияи Русия дода шудааст, бидуни санҷиш ва пардохтани маблағ эътироф менамоянд.

Моддаи 28

 

Бо мақсади ҳал намудани масъалаҳое, ки дар ҷараёни истифодаи ҳамин Созишнома ба вуҷуд меоянд, Комиссияи мухталат ташкил мегардад, ки ҳар кадом аз Тараф се нафарӣ намояндагони худро дар он таъин менамоянд.

Комиссияи мухталат мутобиқи қоидаҳои қабул намудаи худ ёамал хоҳад намуд.

Маҳалли ҷойгирии Комиссияи мухталат шаҳри Душанбе мегардад.

Дар ҳолате, ки Комиссияи мухталат аз ҳалли масъалаи пешниҳодгардида набарояд, ҳалли он ба роҳҳои дипломатӣ супорида мешавад.

Моддаи 29

 

Ҳамин Созишнома бояд тасдиқ (ратификатсия) гардад ва аз рӯзи ивази санадҳои тасдиқӣ (грамотаҳои ратификатсионӣ) эътибор пайдо менамояд.

Ҳамин Созишнома ба мӯҳлати панҷ сол баста мешавад. Дар сурати ба таври хаттӣ хабардор нанамудани ягон тараф оиди нияти қатъ намудани амали он шашмоҳ пеш аз тамом шудани давраи ҷорӣ, амали он худ ба худ давраҳои панҷсолаҳои минбаъда тамдид мегардад.

Ҳамин Созишнома муваққатан аз рӯзи имзошуданаш истифода мегардад.

Ҳамин Созишнома дар ду нусха тартиб дода шудааст, ҳар кадоме ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, зимнан ҳар ду матн эътибори якхела доранд.

Дар ш. Москва 25 майи с. 1993 сурат гирифтааст.

 

 

Аз ҷониби Аз ҷониби Федератсияи Русия Ҷумҳурии Тоҷикистон

__________________ _____________________

 


 

 

 

Замима ба Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷики-стон буду бош доранд.

 

 

Суратҷаласа

дар бораи тартиби маблағгузорӣ ва таъминоти

моддӣ-техникии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи

Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

 

Созишномаро дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба раҳнамойӣ гирифта, Тарафҳо оиди масъалаҳои зайл аҳду паймон намуданд:

1. Маблағгузории нигоҳ доштани Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро ҳарду Тарафҳо дар асоси иштироки саҳмӣ (Тарафи Русия 50 дарсад, Тарафи Тоҷикистон 50 дарсад) ба амал мебароранд.

2. Харҷномаи таъминоти Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро Тарафҳо ҳар сол баррасӣ карда, бо Суратҷаласаи алоҳида тасдиқ менамоянд. Дар сурати дар ҷараёни сол пайдо шудани талабот нисбати маблағгузории иловагӣ масъалаҳои муайян кардани ҳаҷми онҳоро мақомоти Тарафҳо баррасӣ менамоянд.

3. Таъминоти моддӣ-техникии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мувофиқи принсипи ҷудо кардани буҷа барои воситаҳои моддии ҳарду давлат дар ҳаҷми зарурӣ ва феҳрестӣ (номенклатурӣ) амалӣ карда мешавад. Нақшаи таъмини моддӣ-техникӣ ҳар сол баррасӣ шуда, бо Суратҷаласаи алоҳида тасдиқ карда мешавад.

Таҳвили воситаҳои моддӣ-техникӣ дар асоси ҳисобу китоби дуҷониба, тибқи нархҳои ба мувофиқа расида, аз ҳисоби нархномаи тасдиқшуда амалӣ карда мешавад.

4. Тарафи Тоҷикистон дар амри ба Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия вобаста кардани маҳсулоттаъминкунандагони дар қаламрави он истеҳсолшаванда мадад мерасонад.

5. Ашхосе, ки дар таркиби Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия шомиланд, мувофиқи меъёри муайянкардаи мақомоти дахлдори Федератсияи Русия тамоми намудҳои таъминотро мегиранд. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо меъёри таъминот, ё ин ки имтиёзотро нисбат ба меъерҳо ва ё имтиёзоти мушобеҳи дар Федератсияи Русия амалкунанда баландтар муқаррар карда бошад, иҷрои онҳо аз ҳисоби буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. Тарафи Тоҷикистон хидматрасонии ҳисобӣ-хазинавии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, аз ҷумла нақдинаи пулии (рублии) онҳоро дар ҳаҷми пуррааш таъмин менамояд.

7. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ворид сохтани арзи миллии худ ба Федератсияи Русия бо ҳамин асъор маблағҳои барои Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия зарурро, ки ба қаламрави Тоҷикистон меоянд, ҷиҳати сарф намудан медиҳад. Ҳаҷми ин маблағҳо дар асоси мувофиқаи байни мақомоти босалоҳияти Тарафайн муқаррар карда мешавад. Тартиби ҳисобу китобҳо, ҳамчунин меъёри пардохт ба асъори миллӣ бо Созишномаи иловагӣ муайян карда мешавад.

Суратҷаласаи мазкур қисми таркибии Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсия Русия мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд. Ин суратҷаласа тибқи шартҳои дар Созишнома баён гардида, эътибор пайдо мекунад ва фаъолияти худро қатъ ҳам менамояд.

Мувофиқи ризоияти Тарафҳо имкони дар Суратҷаласаи мазкур ворид сохтани тағйирот ва такмилот вуҷуд дорад.

 

Аз ҷониби Аз ҷониби

Федератсияи Русия Ҷумҳурии Тоҷикистон

__________________ _____________________

 


 

 

Илова ба Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

 

Суратҷаласа

миёни Федератсияи Русия ва

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби амалӣ

намудани назорати сарҳадӣ дар нуққоти убурӣ,

ки барои иттилооти байналмилалӣ дар қаламрави

Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мебошанд.

 

Хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

Созишномаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Русияи Федеративӣ, ки 25 майи соли 1993 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доранд, ба раҳнамойӣ гирифта,

бо мақсади таъмин намудани амнияти худи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Федератсияи Русия ва амнияти дастаҷамъӣ-ширкаткунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

ба хотири пешгирӣ кардани он ки аз канали байналмилалии ҳавойии огоҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои барои ИДМ хасмона истифода набаранд,

бо зарурати ҳамоҳанг сохтан ва муттафиқона амал намудани мақомоти назорати сарҳадӣ дар нуққоти убурӣ аз тариқи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эътимоднокӣ ва ҳифзи сарҳадоти хориҷии ИДМ роҷеъ ба масоили зайл розӣ шудем:

1. Гурӯҳи сарҳадии Хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия ҳамроҳи марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асноди қонунии амалкунанда, ки тартиби аз сарҳади давлатӣ убур карданро ба низом медароранд, назорати сарҳад (тафтиши ҳуҷҷатҳо, азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ) ва гузаронидани афрод, воситаҳои нақлиётӣ, бор, амвол ва чизҳои дигарро аз тариқи нуқтаҳои гузаргоҳии мавҷуд дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин, ҳамчунин дар фурудгоҳҳои барои огоҳонии байналмилалӣ кушода амалӣ менамоянд.

Намудҳои дигари назоратро дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

2. Ҳаракати мусофирон ва воситаҳои нақлиётро аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳии ба тозагӣ муқарраршаванда, аз ҷумла дар фурудгоҳҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди анҷом бахшидани тамоми корҳои сохтмонии (азнавсозии) ин нуқтаҳо, барпо намудани инфрастрактураҳои зарурӣ оид ба лоиҳаҳои бо хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия мувофиқашуда ба роҳ монда метавонад.

3. Кумитаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати бо фармондеҳии гурӯҳи сарҳадии хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, на дертар аз 1 июни с. 1997, маҷмӯи тадбирҳоеро вобаста ба супурдани ҳифзи сарҳади хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштироккунандаи ИДМ дар канали байналмилалии ҳавойии огоҳонӣ дар фурудгоҳи «Хуҷанд» ба воҳиди назорати сарҳадии гурӯҳи марзбонони Федералии хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

4. Тарафи Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки барои фароҳам овардани имконияти кор кардани воҳидҳои назорати сарҳадии гурӯҳҳои Федералӣ ва хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои зарурии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ-маиширо (ба шумули бо манзил таъмин намудани хидматчиёни ҳарбии ХСФ Русия) барпо менамояд.

Ҳамин Суратҷаласа қисми таркибии Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 1993 буду бош доранд.

Ба намояндагӣ аз Ба намояндагӣ аз

Ҷ.М. Русияи Федералӣ Ҷ.М. Ҷумҳурии Тоҷикистон

А. Николаев А. Азимов

 

 

 

 

Суратҷаласаи

байни Вазорати корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии

сарҳадии Федератсияи Русия дар бораи тартиби

фаъолияти намояндагони сарҳадии Федератсияи

Русия ва намояндагони Сипоҳиёни сарҳадии

Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия

принсипҳои Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар бораи вазъи ҳуқуқии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия, ки аз 25 майи соли 1993 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ба раҳнамойӣ гирифта, оиди масоили зайл аҳду паймон намуданд:

1. Хадамоти Федералии сарҳадии Федератсияи Русия мабнӣ ба амрҳои Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъин кардани намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия ва ходимони дастгоҳҳои онҳоро таъин мекунад ва дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Фаъолияти намояндагии сарҳадии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия мувофиқи шартномаҳои байналмилалии бо Чин ва Афғонистон ҳифзшуда, ба амал бароварда мешавад.

2. Барои таъмини иштироки Тарафи Тоҷикистон дар ҳайати дастгоҳҳои намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия намояндагони Тарафи Тоҷикистон низ метавонанд ҳамроҳ шаванд.

3. Дар бораи натиҷаҳои кори хеш дар сарҳад намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

4. Намояндагони сарҳадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар фаъолияти хеш шартномаҳои байнидавлатии бо Чин ва Афғонистон ҳифзшуда, асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Федералии Федератсияи Русия «Дар бораи сарҳади давлатии Федератсияи Русия», ҳамчунин санадҳои меъёрии Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русияро дар бахши бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, ба раҳнамойӣ мегиранд.

5. Ҳамин Суратҷаласа аз лаҳзаи ба имзо расиданаш дар тамоми давраи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доштани Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия эътибор дорад.

«4 марти соли 1996 дар Душанбе дар ду нусха ба забони русӣ ба ҷо оварда шуд, ки ҳарду нусха як сон эътибор доранд.

 

 

Ба намояндагӣ аз Ба намояндагӣ аз

Вазорати корҳои хориҷии Хадамоти Федералии сарҳадии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Русия

 

 

 

 

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми декабри соли 1998 № УП – 1124 тасдиқ гардидааст

 

 

 

Дар бораи ба тобеъияти амалиётии Гурӯҳи

сарҳадбонони Хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон додани баъзе қисмҳои низомӣ

ва воҳидҳои низомии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

1. Ҳамин Низомнома мутобиқи Қарордоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25-уми майи соли 1993 дар бораи мақоми (статуси) ҳуқуқии Қувваҳои сарҳадии Федератсияи Русия, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми сентябри соли 1998 № УП – 1051 дар бораи ба тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон додани баъзе қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои низомии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардидааст.

2. Ҳамин Низомнома тартиби ба тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти сарҳадии Федератсияи Русия (минбаъд Гурӯҳи сарҳадбонон) додани қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои низомии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) нисбати масоили дахлдор вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии мардумии Чинро ба танзим дароварда ҳамчунин бо мақсадҳои:

- посбонӣ ва муҳофизати якҷояи сарҳади тоҷику афғон дар шароити муташанниҷ гаштани авзоъ дар вилоёти шимоли Афғонистон ва ҳамчунин посбонии сарҳади тоҷику Чин;

- беҳтару боэътимодтар посбонӣ ва муҳофизат намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин;

- аз байн бурдани такрори якдигар ва ба таври мушаххас муайян намудани вазифаҳои қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита ва Гурӯҳи сарҳадбонон дар посбонии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин;

- ҳамкории мутақобила дар фаъолияти амалиётӣ-кофтукобӣ ва тафтишоти пешакӣ доири қазияҳои (делаҳои) сарҳади давлатӣ ва мубодилаи ахбор доири авзоъи сарҳад ва манотиқи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шинос намудани афсарону мутахассисони қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита бо таҷрибаи амаливу методии ташкили ҳифзи сарҳад, омодагии ҳарбиву сафарбаркунӣ, кори тарбиявӣ, пешбурди хоҷагии ақибгоҳ, нигоҳдории техника, нақлиёт, аслиҳа ва дигар масоили фаъолияти Қушун.

3. Қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита ба тобеъияти амалиёти Гурӯҳи сарҳадбонон дар шакли мавҷудаи сохтори ташкилӣ – штатӣ дода мешаванд.

4. Қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита, ки ба тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонон дода шудааст мувофиқи таъинот истифода мегарданд.

Идора ва истифодаи онҳо дар посбонии сарҳади давлатӣ мутобиқи қарор ва нақшаҳои сардори Гурӯҳи сарҳадбонон ташкил ва амалӣ мегардад.

Вазифагузорӣ ба қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита оиди посбонии сарҳади давлатӣ аз тариқи интишори Дастури якҷояи Сардори Гурӯҳи сарҳадбонон ва Раиси Кумита, фармонҳои (амрҳои) сардори Гурӯҳи сарҳадбонон, ки иҷрои он барои фармондеҳон (сардорон), мақомоти идорӣ ва ҳамчунин барои ҳамаи хизматчиёни қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита, ки ба тобеъияти амалиёти дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

Сардори Гурӯҳи сарҳадбонон ба нафъи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита, ки дар тобеъияти амалиётӣ мебошанд вазифаҳои ҷангӣ мегузорад, ҳамкории онҳоро бо қисмҳо ва воҳидҳои Гурӯҳи сарҳадбонон ва дигар қисмҳову воҳидҳои ҳамкорикунанда нақшагирӣ ва ташкил менамояд, онҳоро дар ҳифзи сарҳад ва амалиётҳои ҷангӣ бо қувваю воситаҳои худ дастгирӣ менамояд, идораи ҷангии онҳоро амалӣ менамояд.

5. Қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумита, ки дар тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонон мебошанд дар вақти иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити муташанниҷ гаштани вазъият дар сарҳад бо қувваю воситаҳои Гурӯҳи сарҳадбонон дастгирӣ ва бо воситаҳои зарурии моддӣ-техникӣ таъмин мегарданд.

6. Бо мақсади ҳамоҳанг намудани кӯшишҳо дар ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ризоияти сардори Гурӯҳи сарҳадбонон ва Раиси Кумита хизматчиёни ҳарбии Гурӯҳи сарҳадбонон ва Кумита метавонанд ба мақомоти идории воҳидҳои бузург, қисмҳо ва воҳидҳои низомии Гурӯҳи сарҳадбонон ва Кумита фиристода шаванд.

7. Фармондеҳии Гурӯҳи сарҳадбонон, воҳидҳои бузург, қисмҳо, воҳидҳо дар ҳалли масъалаҳои омодабоши ҷангӣ ва сафарбаркунӣ, таълимоти ҷангӣ, такмилот, ҳифозат ва нигоҳдории дурусти аслиҳа ва техника, ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи интизоми ҳарбӣ, нигоҳдории фазои солими ахлоқӣ-психологӣ, нигоҳдории тартиботи муқарраргардида ба фармондеҳии Кумита, қисмҳо ва воҳидҳои низомӣ кӯмак мерасонад, ҳамчунин қисмҳо ва воҳидҳои низомии Кумитаро, ки дар тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонон мебошад бо тамоми намуди амвол таъмин менамояд.

8. Маблағгузорӣ, таъминоти моддӣ-техникии қисмҳо ва воҳидҳои Кумита, ки дар тобеъияти амалиётии Гурӯҳи сарҳадбонон мебошанд аз тарафи Кумита амалӣ мегардад.

9. Сардори Гурӯҳи сарҳадбонон ва Раиси Кумита дар якҷоягӣ роҳҳои беҳтарини ҷобаҷогузории қисмҳо ва воҳидҳои Кумитаро, ки ба тобеъияти Гурӯҳи сарҳадбонон дода мешаванд бо дар назардошти вазъияти мавҷудаи амалиётӣ дар сарҳад ва манотиқи назди сарҳад, муайян менамоянд.

10. Фармондеҳии гурӯҳи сарҳадбонон, воҳидҳои бузург, қисмҳо ва воҳидҳо ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳо ва воҳидҳои Кумита, ки ба тобеъияти амалиётӣ дода шудаанд дар ташкил намудани фаъолияти хидматӣ-ҷангии Қушун кӯмаки амалӣ ва методӣ мерасонанд.

11. Сардори гурӯҳи сарҳадбонон бо ризоияти Раиси Кумита намояндагони дахлдори Кумитаро дар дастгоҳҳои (аппарат) намояндагони сарҳадии гурӯҳи сарҳадбонон барои иштирок дар вохӯриҳои дастгоҳҳои намояндагони сарҳадии давлатҳои ҳамсарҳад муайян менамояд.

12. Гурӯҳи сарҳадбонон дар ташаккули минбаъдаи Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар омода намудани мутахассисони хурд дар пойгоҳҳои марказҳои таълимии гурӯҳи сарҳадбонон мусоидат менамояд.

13. Гурӯҳи сарҳадбонон дар таъмини қисмҳо ва воҳидҳои Кумита, ки ба тобеъияти оперативӣ дода мешаванд, бо базаи нормативии дахлдор, ки ҳифзи сарҳад ва фаъолияти хидматӣ-ҷангии Қушунро ба танзим медарорад ва ҳамчунин бо адабиёти методӣ мусоидат менамояд.

14. Дар ҷараёни фаъолияти амалиётӣ-ҷангӣ гурӯҳи сарҳадбонон ва Кумита оиди масоили зерин ҳармоҳа якдигарро хабардор менамоянд:

- дар бораи вазъияити амалиётӣ дар сарҳад ва манотиқи

назди сарҳадӣ;

 

- дар бораи далелҳои дастгир шудани сарҳадшиканон ва

ашхоси дигар, миқдори онҳо ва чораҳои андешида шуда;

- дар бораи далелҳои мусодираи аслиҳа, муҳимот, маводи муходир, ашёи хоми стратегӣ, ашёву амволи дигаре, ки вориди (содири) онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, миқдори онҳо ва чораҳои андешида шуда;

- дар бораи тактикаи амали сарҳадшиканон, ҳиллаву

найрангҳои истифода мекардаашон, мақсад ва сабабҳои сарҳадшиканӣ.

15. Ҳамаи шахсоне, ки аз тарафи сарҳадбонони гурӯҳи сарҳадбонон ва Кумита дастгири шудаанд таҳти омӯзиши (фильтрации) якҷоя бо истифодаи меъёрҳои Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ қарор гирифта ашхоси дастгиршуда, амалӣ қочоқ бо материалҳои дастгир шуда бо акт ба мақомоти дахлдори ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

16. Кумита аз тариқи сардори гурӯҳи сарҳадбонон бояд вазифаҳои амалиёте, ки ҳалли онҳо ба зиммаи қисмҳо ва воҳидҳои Кумита, ки ба тобеъияти амалиёти гурӯҳи сарҳадбонон дода шудааст, донад ва барои таъмини иҷроиши он чораҳо андешад.

17. Ҳаллу фасли масъалаҳои ташкилотии марбут ба тобеъияти амалиёти додани қисмҳо ва воҳидҳои Кумита ба гурӯҳи сарҳадбонон, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи онҳо дар муҳофизати сарҳад аз тарафи гурӯҳи кории якҷоя (муштарак) мувофиқи нақшаи алоҳида амалӣ мегардад.

 

Директори Раиси

Хадамоти федералии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии

Сарҳадии Федератсияи Русия назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-полковник генерал-лейтенант

_________________ К. Тоцкий ____________________ С. Камолов

21 октябри соли 1999 21 октябри соли 1999

 

 

 

 

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид