Аз таърихи ташаккулёбии

сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар замони мустақилият

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба давлатҳои мустақил ҷудо шудани ҷумҳуриҳои собиқ дар баъзе минтақаҳо ҷараёни тезу тундшавии маҳалгаройӣ ба амал омад. Иддае бо номи «пешвоёни» миллат ошкоро барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи мусаллаҳонаро сар карданд. Гурӯҳе аз мансабталабон мехостанд мақсадҳои ғаразноки сиёсии худро дар зери байрақи «бозсозӣ» амалӣ кунанд. Он мардуме, ки «пешвоҳои» навбаромадро дастгирӣ мекарданд, аз мақсадҳои сиёсии онҳо хабар надоштанд, ба назари эшон ин «пешвоён»-и миллат гуё барои истиқлолияти ҷумҳурӣ ба шӯру ошӯб омада бошанд.

Баландтарин нуқтаи авҷгирии вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва сабаби асосии даргириҳо гирдиҳамоии моҳи сентябри соли 1991 ва гирдиҳамоиҳои пай дар пайи 2 майдон: «Шаҳидон»-у «Озодӣ» гардиданд, ки моҳҳои апрел ва майи соли 1992 ба амал омада буданд. Ин гирдиҳамоиҳо моҳиятан тақсими як миллат, зарбазании фалокатбор ба якпорчагии ҷумҳурӣ буд. Дар ду паллаи тарозу тақдири як халқу як миллат, як Ватан ҳаллу фасл мешуд. Ин амалан сангари дутарафа ба муқобили ҳамдигар буд, ки аз он бӯйи хун меомад ва оқибат ба хунрезӣ оварда расонд. Ҳукумати он давр фалаҷ шуд, муддате чанд вазъ дар ҷумҳурӣ бе назорат монд. Дар баъзе ноҳияҳо гурӯҳҳои зиддиконститутсионӣ ва гурӯҳҳои ҳимояи ҳукумати конститутсионӣ таъсис шуданд. Баъди шикаст хӯрдани гурӯҳҳои зиддиконститутсионӣ аксарияти онҳо ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор карданд.

Аз мақсаду мароми ташкилкунандагони табаддулоти давлатӣ маълум буд, ки баъди маскан гирифтан дар сарзамини Афғонистон, муборизаи яроқнокро аз мавқеи манфиати гурӯҳҳои сиёсатмадороне, ки шарикақида буданд, хусусан аз нуқтаи назари Афғонистон, Эрон, Покистон ва Арабистони Суудӣ давом доданианд ва албатта маълум буд, ки барои гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, қочоқчигӣ дар Тоҷикистон сарҳади давлатии он бо Афғонистон, ки 1334 километро ташкил медод, ба куллӣ истифода хоҳад шуд. Ба ин хотир аз охирҳои соли 1992 сар карда, иншоотҳои техникии дар сарҳадбуда шикаста ва вайрону валангор карда мешуданд. Ҳимояи баъзе қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад беш аз пеш душвор мегардид. Шумораи вайронкунандагони хати сарҳад аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон торафт зиёд мешуд. Дар ҳамон шабурӯзҳо аз рӯйи вазъи мавҷуда, сарҳадбонони Русия ба танҳоӣ худашон ҳимояи сарҳадро пурра ӯҳда карда наметавонистанд. Ин ҳолат дар назди Ҳукумати Тоҷикистон проблемаи нав-яъне мустаҳкам кардани сарҳади давлатиро гузошт.

 

Пояҳои ҳуқуқӣ

Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуд, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 - декабри соли 1992 таҳти рақами 981 мебошад. Дар асоси ин қарор дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзоёни ҷабҳаи халкӣ иборат аз 1200 нафар бригадаи таъиноти махсуси марзбонон барпо карда шуд. Ин масъала дар сессияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ шуда буд.

Қушунҳои сарҳадӣ ва Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо меваҳои мустақилият мебошанд. То ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ инҳо мақомотҳои қудратии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва баъди пароканда шудани СССР дар заминаи холӣ таъсис дода шуданд. Сохтори ин бригада тибқи фармони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ полковник Зуҳуров С. дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд. Аввалин қумандони бригадаи мазкур сардори шӯъбаи контразведкаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Кӯлоб полковник Сайфуллоев Сафаралӣ таъин шуд.

Савол ба миён меояд, ки оё дар чунин як давраи ҳасос зарурати ташкил намудани чунин як воҳиди ҳарбӣ лозим буд? Аз як тараф алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебурд, аз дигар лиҳоз қисми ҷануби сарҳади давлатӣ бо давлати исломии Афғонистон беназорат буд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи қушунҳои сарҳадии Федератсияи Руссия ва ваколатҳои онҳо муайян набуд. Онҳо дар як шароити муаллақ қарор дошта бо сабабҳои пурра набудани ҳайати шахсии дидбонгоҳхо аз ӯҳдаи пурраи ҳифзи сарҳади давлатӣ намебаромаданд. Ин сабаби ворид шудани гурӯҳҳои силоҳбадасти зархарид ба қаламрави ноҳияҳои наздисарҳадӣ шуда буданд. Чунин вазъияти ба амаломада роҳбарияти сиёсии ҷумҳуриро ӯҳдадор намуд, ки ҳифзи қисмати ҷанубии сарҳади давлатиро, ки амнияти онҳо бо сабабҳои дар боло зикршуда хеле суст буд, ба ӯҳдаи бригадаи таъиноти махсус гузорад.

Ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи марзи ноҳияҳои сарҳадӣ гурӯҳҳои зудамали бригада якумаш дар ноҳияи Шаҳритус (қумандон капитан Раҷабов Б.), дуюмаш Қумсангиру Панҷ (капитан Шамолов С.Д.- ҳоло генерал-майор), сеюмаш Фархор (подполковник Арабов Қ), чорумаш Шӯрободу Даштиҷум сафарбар карда шуданд. Ин воҳидҳои номбурда дар хати дуюми марзи ҷумҳурӣ баъди қушунҳои сарҳадии Руссия ҷойгир карда шуданд.

Ҳайати шахсии гурӯҳҳои зудамал бо лавозимотҳои ҷангӣ силоҳҳои хафиф автомат, сақил, пулемёт, грантамёт, зенитий, АГС-17, 12-адад танк, 28 БТР-80 (мошини зиреҳпӯш), 12 БМП (мошини ҷангии пиёдагардҳо) мусаллаҳ буданд. Дар тавозуни бригада ва гурӯҳҳои зудамал 5-адад мошинаҳои алоқа, 10-адад мошинаҳои кашонидани сӯзишворӣ, 16-адад мошинаҳои ГАЗ-66 буд. Ситоди бригада дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир шуд. Ҳайати шахсии бригада ва зерсохторҳои ӯ дар мӯътадил гардондани вазъи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, баргардонидани гурезаҳо аз қаламрави Убекистон ва Афғонистон, маҳв намудани қочоқчиён, марзшиканҳо матонату мардонагӣ нишон дода нақши худро дар бунёди пояҳои қушунҳои сарҳадӣ гузоштанд.

Ногуфта намонад, ки фармондеҳи ҳозираи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар генерал-лейтенант Раҳмоналиев Раҷабалӣ аввалин афсар ва дастпарвари ҳамин бригада мебошад. Ӯ то миёнаи соли 1993 ба ҳайси сардори шӯъбаи тайёрии ҳарбии ин воҳид дар Раёсати ҳифзи сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллӣ то ба Вазорати дифоъ интиқол шуданаш ифои вазифа намуд.

Қобили қайд аст, ки 23-феврали соли 1993 нахустин намоиши ҳарбии давлати соҳибистиқлол дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар он гурӯҳи зудамали бригадаи таъиноти махсус таҳти сарпарастии капитан Шамолов С.Д. (ҳоло генерал-майор) ва як қисми қушунҳои дохилаи Вазорати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

 

Таъсиси Раёсати сарҳадӣ

Вазъияти дар сарҳади ҷумҳурӣ ба амал омада андешидани чораҳои фавриро барои ҳарчӣ тезтар мустаҳкам кардани он ба миён гузошта буд. Аз ин хотир Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 фармони таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тасвиб расонид. Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсат ворид карда шуд.

Ин ду санад дар амри барпо намудани Артиши сарҳадии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз бозиданд. Баъд аз ду сол-30-юми майи соли 1994 фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 273 дар бораи барпо намудани Қушунҳои сарҳадии Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Мувофиқи ин фармон ҳар сол 28-уми май чун рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик (бидуни рӯзи истироҳатӣ) таҷлил карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки 28-уми май ҳамчун иди касбии сарҳадбонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баъди Инқилоби Октябр дар замони Шӯравӣ муқаррар шуда буд. Ба хотири посдошти анъанаҳои сарҳадӣ пешниҳоди роҳбарияти Вазорати амният оиди ҳамчун иди касбии сарҳадбонон мондани 28-уми май аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Ҳукумат дастгирӣ карда шуд.

Аз гуфтаҳои боло мумкин аст, ки хонанда савол ба миён гузорад, ки чаро 18-уми декабр рӯзи таъсисёбии бригадаи махсус, 28-уми декабр рӯзи ташкилшавии Раёсати сарҳадӣ ҳамчун рӯзҳои ташаккулёбии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд. Мо дар чунин ақидаем, ки санадҳои зикргардида инҳо таҳкурсӣ ва заминаҳое буданд, ки барои мукаммал гаштани қушунҳои сарҳадӣ шароит фароҳам оварданд. Зарурати пайдарпай мустаҳкам кардани онҳоро ба назар гирифта 30-майи соли 1994 дар пояи Раёсати ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ҳайати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар асоси тадбирҳои муайяншуда барои пурра ва мукаммал намудани ҷузъу томҳои сарҳадӣ аз сохтори Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ 2000 воҳиди хизматӣ аз он ҷумла 228 афсар, 80 прапоршик ва 1692 сарбоз ҷудо карда шуд. Ҳамзамон аз полкҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ 3893 хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷадвали штатии қушунҳои сарҳадӣ ворид карда шуданд ва эҳтимол ба ҳамин хотир соли 1994 ҳамчун рӯзи ҷашн қабул шудааст.

Сарварии аввалини Раёсати сарҳади тоҷикро полковник Рогов А.И. (генерал-майор) ба ӯҳда дошт.

Қарорҳою фармонҳои мазкур дар роҳи барпо намудани Артиши марзбонони тоҷик, дар роҳи ташаккулу такомул ёфтани он аввалин қадамҳои баҳодурона буданд. Аммо артиши мазкур ҳанӯз ҳам зери қаноти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Артиши сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз камшумории хеш, дар ҳассостарин марҳалаи таърихи кишвар-давраи ҷанги ҳамватанӣ тавонист, ки хати дуру дарози марзи онро ҳифзу муроқибат намояд.

Баъд аз ташкили қушунҳои сарҳадӣ батадриҷ он такмил дода шуд, нигаҳбонии сарҳад беш аз пеш мустаҳкамтар гардид.

Дар тобеъияти Сарраёсат ду отряди сарҳадӣ, 1 полки таъҷилии ноҳияи Қумсангир, отряди сарҳадии Шаҳритус, комендатураҳои Қалъаихум ва Рӯшон қарор доштанд. Ғайр аз ин, барои ташкили ротаҳои махсуси алоқа, бинокорӣ, нақлиётӣ иҷозат гирифта шуд. Ҳамзамон нуқтаи сарҳадии гузаргоҳӣ «Хуҷанд», Маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди низомӣ, пойгоҳи таъминоти амвол, дастаи «Фалак», ки қаблан ҳам дар таркиби лашкариёни марзбон амал мекарданд, дар сохтори нави Сарраёсат боқӣ монданд. Сардори Сарраёсати сипоҳиёни сарҳадӣ чун пештара Рогов А.И. таъин карда шуд.

 

Силоҳ роҳи ҳалли масъала нест

Охирҳои соли 1996 ва аз аввалҳои соли 1997 дар ҷомеаи мо, хусусан дар арсаи сиёсат ва сиёсатмадорӣ, таъғйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пай дар пай ба раванди сиёсӣ нигоҳ карда, роҳи сулҳу салоҳро пеш мегирифт. Зиндагӣ возеҳу равшан нишон дод, ки фақат худи тоҷикон қодир ҳастанд оташи даргирифтаи хонаи хешро хомӯш кунанд. Ҳаёт боз ҳам собит намуд, ки силоҳ дар ҷамъият роҳи ҳалли масъала нест. Сарвари ҷумҳурӣ бо дарки масъулият ба хотири таъмини сулҳу ваҳдат, якпорчагии Ватан бисёр талошҳо кард, бо собиқ мухолифин вохӯриҳо, гуфтушунидҳо созмон дод, диду боздид кард ва барои эҷоди сулҳи миллӣ заминаи мусойид фароҳам овард. Аз тарафи дигар, ҷангу ҷидолҳои дохила оҳиста-оҳиста ҳалли худро меёфтанд. Чунин вазъ, чунин шароит боз ҳам мустаҳкам гардонидани сарҳади дохилии давлати Тоҷикистонро тақозо мекард. Ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани сарҳади давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ва ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳад» қабул гардид. Тибқи ин қонун вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти марзбонон ба танзим дароварда шуданд.

 

Ҷойгиршавии хатҳои

марзи ҷумҳурӣ

Аз рӯи мавқеъ ва ҳудуди ҷойгиршавии Тоҷикистон сарҳади он ба ду қисм тақсим мешавад:

қисми аввал, сарҳадоти Давлати исломии Афғонистон (1334 км) ва Ҷумҳурии мардумии Чин (511 км) мебошанд.

қисми дуввум – сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 1363 ва 990 км масофа доранд. Баъди кашмакашиҳои дохилӣ моро лозим омад, ки ба мустаҳкам намудани сарҳади ҷумҳурӣ бо ин кишварҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Дар ин минтақаҳо соли 2000 ҳафт отрядҳои сарҳадӣ ташкил ва онҳо бо нерӯ ва лавозимоти зарурии техникӣ таъмин карда шуданд.

Президенти ҷумҳурӣ роҳбарияти Кумитаро вазифадор карданд, ки то ҳадди имкон барои дар оянда ташакул додани қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ тамоми чораҳо дида шаванд. Бечуну чаро роҳбарони Кумита дарк мекарданд, ки ин ҳам боварии калон ва ҳам масъулияти бузургест дар назди Халқу Ватан. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардан мо бо ҳайати афсарон шинос шудем. Як гурӯҳи афсарони хурд дар қисмҳои ҳарбӣ адои хизмат мекарданд, ки соли 1995-ӯм курси шашмоҳаро дар Маркази таълимии гурӯҳи сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон ва як гурӯҳ курси кӯтоҳмуддатро дар ш. Алма-ато хатм карда буданд. Боқимонда афсарону прапорщикҳое буданд, ки қисми онҳо собиқадорони фронти халқӣ ва иддае тавасути комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмат ҷалб шуда буданд. Ҳамон шабу рӯзҳо қариб, ки дар қисмҳои ҳарбӣ зиёда аз ҳафтод фисади сарбозон набуданд, хусусан дар қисмҳои ҷанубии сарҳад ва ноҳияи Турсунзода. Ин сабаб дошт. Дар муддати солҳои 1995-1997 вазъи сиёсиро дар минтақаи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва дар водии Ҳисору ноҳияи Турсунзода як гурӯҳ исёнгарон - шарикони онҳо такрор ба такрор тезу тунд мекарданд.

 

Ташкилёбии

сохторҳои марзӣ

Пеш аз ҳама баръало ҳис мекардем, ки баъди ташкили сохтори Кумита, даставвал бояд фавран масъалаи тайёр кардани афсарони касбӣ, чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз ҳудуди он, ҳалли худро ба таври бояду шояд ёбад. Барои ин, албатта, маблағҳои калон лозим буданд. Моҳи майи соли 1997 лоиҳаи сохтори Кумита ва Низомномаи он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳайат иборат аз раиси Кумита(генерал-майор Камолов С.), ҷонишини якум(генерал-майор Сайфуллоев С.), сардори Раёсати корҳо оид ба кадрҳо- ҳамзамон ҷонишини раиси Кумита(шодравон генерал-майор Ахмедов М.), сардори Раёсати иктишофӣ-ҳамзамон ҷонишин(генерал-майор Сулаймонбеков А.), ҷонишин оид ба таъминот, ақибгоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ(генерал-майор Ғураев А.) иборат буд. Азбаски сарҳади дохилӣ аллакай мафҳуму мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда буд, зарурияти мустаҳкам намудани сарҳади ҷумҳурӣ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар марҳилаи аввал меистод. Ба ҳамин хотир дар шаҳри Хуҷанд комендатураи сарҳадӣ ва постгоҳҳои назорати сарҳадӣ дар ноҳияҳои Нову Бӯстон ба фаъолият сар карданд. Ба замми ин, аз системаи комендатурие, ки идораи якчанд минтақаро ӯҳда карда наметавонист даст кашида, низоми бригадавӣ ҷорӣ карда шуд. Ба ҳамин хотир дар вилояти Хатлон ташкили 4 отряди сарҳадӣ дар сохтор пешбарӣ шуд. Дар ноҳияҳои Фархору Панҷ ва Ҷилликӯлу Турсунзода аллакай комендатураҳои нав фаъолият доштанд. Дар марказ-яъне кумита бошад, якчанд таркибҳои нави сохторӣ ба монанди Раёсати ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Хадамоти иттилоотӣ, Раёсати иктишофӣ, Маркази ахбор ва чанд воҳиди дигар ба кор сар карданд. Лоиҳаи ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардида бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами № 346-9 аз 5.08. с.1997 тасдиқ ва шумораи сарҳадбонон зиёд карда шуд. Расман баъди қарори Ҳукумат подполковник Эмомов Р. (ҳоло полковник) фармондеҳи отряди 1-ӯм (дар ҳайати ду комендатура), фармондеҳи отряди 2-ӯм подполковник Шамолов С. (ҳоло генерал-майор) (дар ҳайати се комендатура), фармондеҳи отряди 3-юми сарҳадӣ полковник Чолов Қ. (иборат аз ду комендатура), фармондеҳи ливои 4-ӯм подполковник Раҷабов Б. - комендатураи алоҳидаи сарҳадии Дарвоз ва Рӯшон, фармондеҳон Комилов Б.(полковник) ва Холбашев Х.(ҳоло генерал-майор) - сардори комендатураи сарҳадии ноҳияи Турсунзода, полковник Саидов С.(собиқадор) ва полковник Ҳомидов Ҳ.Р. (собиқадор) - сардори камендатураи сарҳадии Хуҷанд таъин гаштанд. Генерал-майор Рогов А.И. (собиқадор) ба сифати сардори ситоди лашкарони сарҳадии ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Пешниҳод оиди дар ш. Душанбе барпо намудани бемористони низомӣ ва дар аэропорти пойтахт таъсис додани шӯъбаи назоратии сарҳадӣ ҳалли худро ёфтанд. Шӯъбаи назорати сарҳадии вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи Хуҷанд ва боз якчанд нуқтаҳои дигари назорати сарҳадӣ дар он ҷо аллакай ба фаъолият шурӯъ карда, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба танзим оварда шуда буданд.

 

 

Такмили сохторҳои КҲСД–и назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва мустаҳкамкунии марзи давлатӣ

бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон

Вақте ки сарҳад ором аст, ҳаёт мӯътадилу осуда мегузарад, одамон бо дили пур ба кору бори худ машғул мешаванд, ҳама дар ин сарзамини муқаддас, ки Ватан ном дорад, аз зиндагӣ файз мебаранд ва барои рушду ободии он ҷаҳду талош меварзанд.

- Оё мардуми тоҷик пурра метавонанд гуфт, ки аз оромии сарҳади Ватан беташвиш бошанд?

Пеш аз ҳама бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти

мӯҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳи бебозгашт барқарор шуд, мулк батадриҷ ободу осуда мегардад ва вазифаи сарҳадбонон аз он иборат аст, ки бояд ин музафариятҳоро ҳифз намоянд. Ҳифзи сарҳади Ватан на танҳо иҷрои вазифаи касбӣ, балки вазифаи муқаддастарини ҳар як шаҳрванд ва шахси ватандӯст ба шумор меравад.

Зоҳиран мафҳуми сарҳади дохилӣ дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъди барҳам хӯрдани он ба миён омад. Дар давраи Шӯравӣ байни ҷумҳуриҳо сарҳад набуд, минтақаҳо аз рӯйи ҳудуди маъмурӣ тақсим мешуданд ва ин ваколат фақат салоҳияти Шӯрои олии СССР буд. Натиҷаи нодуруст ҷудо кардани қитъаҳои сарҳадӣ ба хотири тафриқаандозӣ гузаронида мешуд.

Аксарияти ҷанҷолҳои байнисарҳадӣ баъди соли 1992 миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ натиҷаи нодурустии тақсимоти замину обу иншоотҳое буданд, ки то солҳои 1992 моликияти як ҷумҳурӣ маҳсуб мегардиданд ва баъди аз байн рафтани СССР насиби давлати мустақили дигаре шуданд. Ба ёд оред хунрезиҳои Арманистону Озорбойҷонро барои Қарабоғи кӯҳӣ, Тоҷикистону Қирғизистонро барои минтақаву қитъаҳое, ки чандин даҳсолаҳо пеш тибқи қарорҳои Раёсати Шӯрои олии СССР муайян шуда буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ бо Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Оид ба аз қадимулаём набудани хати сарҳад байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаҳои таърихӣ низ шаҳодат медиҳанд. Таърихи тоҷикони кӯҳанбунёд дар шоҳасари Б.Ғафуров «Тоҷикон» муфассал таҳлил шудааст. Ин ҷо дар бораи давраи аз соли 1992 ин ҷониб, ки ба чӣ душвориву машаққатҳо қӯшунҳои сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷобаҷо кардем, андаке нақл мекунем. То соли 1994-ӯм, то замони артиши тозаэҷоди сарҳади ҷумҳурӣ, вазъи сиёсии дохилии кишвар бо амалиёти муштараконаи мақомоти қудратӣ танзим карда мешуд. Дар марзҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳанӯз нерӯҳои сарҳадӣ вуҷуд надоштанд. Ягон меъёри ҳуқуқӣ дар бораи хати марзи Тоҷикистон, ба ҷуз қарору фармонҳои Раёсати Шӯрои олии СССР, мавҷуд набуд.

Баъди воқеаҳои ба ҳама маълуми солҳои 1992-1993 Ҷумҳурии Ӯзбекистон бе гуфтушунидҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вилоятҳои Сурхондарё, Тирмиз ба сохтмони иншоотҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон сар кард. Гузашта аз ин роҳбарияти Ӯзбекистон Тоҷикистонро ба ҳалқаи муҳосираи иқтисодӣ гирифт. Воқеан, дар давоми муборизаҳои шадиди соли 1992 сарварони Ӯзбекистон ба ҷабҳаи халқии Тоҷикистон хеле ёрии моддиву молиявӣ расониданд. Баъдтар маълум шуд, ки ин кӯмакҳо беғаразона набудаанд. Баъди барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ дар Тоҷикистон, онҳо сиёсатеро пеш гирифтанд, ки бар манфиати миллат ва давлати мо набуд.

Шукри худованди бузург, ки тири ҳадафашон хок хӯрд. Ҳамзамон мо ба оламиён эълом кардем, ки Давлати тоҷик, Миллати тоҷик роҳи тараққиёти худашро худаш интихоб кардааст ва мо зиндагиву кору фаъолиятамонро аз рӯйи анъанаҳои ниёгонамон пеш мебарем.

Хабарҳои дастрас гардидаро пай дар пай таҳлил намуда Президенти кишвар моро вазифадор карданд, ки бунёди Артиши сарҳадиро созмон диҳем ва ҷобаҷокунии сипоҳиёни сарҳадиро дар марзи ҷумҳурӣ бо Ӯзбекистон оғоз намоем. Ин кори осон набуд. Тасаввур кунед, ки ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳритус, Бишкент ва тамоми навоҳии вилоти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамҳудуд мебошанд. Тибқи меъёрҳои сохтори сарҳадӣ дар ҳар як ноҳия як комендатураи сарҳадӣ ва 4 застава бояд амал кунанд. Мо ҳама ин душвориҳоро дарк мекардем, аммо новобаста ба онҳо бояд супориши сарвари давлатро давра ба давра иҷро менамудем.

Нахустин комендатураи сарҳадӣ дар ноҳияи Турсунзода (қумандон Саидов С.) таъсис дода шуд. Чор застава дар марз ва як нуқтаи назорати сарҳадӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Деҳнав» ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин соли 1995- айёме буд, ки қувваҳои исёнгари Бойматов И., Солеҳов М. ва дигарон дар водии Ҳисору Турсунзода таъсири калон доштанд. Аз тарси силоҳбадастон-тобеъони онҳо қариб, ки идораҳои ҳукумати бояду шояд кор намекарданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, комендатураи сарҳадӣ таъсис ёфта ва корро оғоз намуд.

Дуввум воҳиди сарҳадӣ соли 1997 комендатураи «Хуҷанд» (полковник Хомуев Х.Р.) гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд созмон дода шуд. Вай дар ибтидо фақат назорати роҳҳои мошингардро дар ноҳияи Нов, Бӯстон таҳти назорат гирифт.

Роҳбарони Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ дар чандин гуфтушунидҳо бо соҳибмансабони идораҳои қудратии Ӯзбекистон пешниҳод карданд, ки таърихи бисёрасраи рафоқату дӯстии ду халқро ба назар гирифта, бо роҳи кушодани нуқтаҳои назорати сарҳадӣ дар минтақаҳои одамгузар ва ноҳияҳо шурӯъ намоем. Мо ин проблемаро аз он лиҳоз низ пешниҳод кардем, ки дар тӯли асрҳо ин ду халқ бо ҳам омезиш ёфтаанд ва дар ноҳияҳои ҳар ду давлат ҳам хешу таборони зиёд доранд. Аммо, онҳо розигӣ надоданд. Албатта, аз нуқтаи назари сиёсати давлати мустақил ва меъёрҳои хуқуқи байналмиллӣ мо медонистем, ки ҳар давлат метавонад сарҳади давлатии худро мустаҳкам ва ҳифз кунад. Ба ҳамин хотир мо ба консепсияи ҳифзи сарҳад дар тамоми тулӯъи ӯ бо роҳи ташкил кардани сохторҳои сарҳадӣ фавран розӣ набудем ва мехостем, ки ин корро ақалан давра ба давра ба роҳ монем…

 

Мубориза бо гурӯҳҳои

зиддиҳукуматӣ

Шӯру ошӯб дар ш. Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Турсунзодаву Ҳисор аз ҷониби қувваҳои зиддиҳукуматӣ аз тарафи дигар дахолати ғайрирасмии баъзе доираҳои расмии Ӯзбекистон, ки ба ҳар восита мехостанд, вазъиятро дар ҷумҳурии мо номӯътадил гардонанд, Ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур сохтанд, ки масъалаи мустаҳкам кардани марзи ҷумҳуриро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дараҷаи аввали чорабиниҳои Ҳукумат гузорад. Аллакай исёнгарон баъди шикаст хӯрданашон дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон мавқеъ гирифта буданд. Вале онҳо ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

Дар шикаст додани гурӯҳҳои зиддидавлатӣ сарҳадбонони тоҷик низ саҳми бориз доранд. Онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии кишвар далериву шуҷоат нишон доданд, хусусан афсарону сарбозони бригадаҳои сарҳадии 1-3 (полковник Шамолов С.Д., полковник Эмомов Р.) бо ҳунари размандагиашон фарқ мекарданд. Дар ин муҳорибаҳо чандин афсарону сарбозон қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Барои Хизматҳои шоён ва корнамоиҳои ҷангӣ полковник Шамолов С.Д. бо фармони Президенти ҷумҳурӣ сазовори рутбаи олии генерал-майор ва Чолов К. подполковник, (полковник) Раҳимов С.А., подполковник (генерал-майор) Искандаров М. бо ордени «Спитамен»-и дараҷаи аввал мукофотонида шуданд.

Гурӯҳҳои террористии дар кишвари ҳамсоя маскан гирифта мақсадҳои доманадор, аз ҷумла ниятҳои ғасби ғайриқонунии ҳокимиятро амали гардониданӣ шуда, дар мамлакату минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъиятро ҳамаҷониба ноустувор ва тезу тунд карданӣ мешуданд. Ин гурӯҳҳо аз хунрезӣ, қир кардани одамон ҳазар надоштанд. Ҳуҷумҳои пай дар пайи онҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, амалиётҳои террористиашон бар зидди шахсони алоҳида аз соли 1997 ин ҷониб ба роҳ монда шуда буданд. Шаҳодати боз аз сари нав ҷоннокшавии исёнгарон дар хабарҳои ҳаррӯзаи ба дасти мо расанда нишон медоданд, ки онҳо аз ҳадафҳои хеш ба осонӣ даст кашиданӣ нестанд. Ба ин аввалин задухӯрде, ки дар ноҳияи Турсунзода аз ҷониби зердастони собиқ раиси Ҳукумати ноҳия Бойматов И. дар минтақаи заставаи «Гулхас» ба вуқӯъ пайваст, мисол шуда метавонад. Ин ҳамларо сарҳадбонон дар якҷоягӣ бо афсарону сарбозони дигар қувваҳои ҳукуматӣ зада гардонданд ва дар натиҷаи ҷанги шадиди шабонарӯзӣ даҳо марзшиканон аз он ҷумла Бойматов И. кушта шуда, боқимондаҳо боз ба Ӯзбекистон рӯ ба фирор ниҳоданд.

Саволе ба миён меояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафу мароми гурӯҳҳои зиддиҳукуматиро медонист, чаро фавран чора наандешид, марзи дохилии кишварро мустаҳкам накард? Омилҳое буданд, ки ба ин имконият намедоданд. Пеш аз ҳама омили иқтисодӣ. Барои сохтмон, нигоҳ доштани 5-6 ҳазор сарҳадбон маблағ лозим буд. Аз ҷониби дигар, ҳолати баъдиҷангии кишвар талаб мекард, ки гурезаҳоро аз Афғонистон баргардонида бо хонаю ҷой, ҷубронпулӣ таъмин кунем, қувваҳои собиқ мухолифинро реентеграсия карда, ба идораҳои қудратӣ шомил гардонем, пӯшонем, хӯронем, манзил созем. Бо ҳамин сабабҳо мо натавонистем, ки марзи давлати Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон филфавр созмон дода, ҳифзу муроқибати онро таъмин кунем. Он қувваҳои камшуморе, ки дар тӯли сарҳадӣ зиёда аз ҳазор км масофа дошта буданд, бо ду комендатура ва 600 нафар афсарону аскарон ҳеҷ вақт оромии марзи дохилии кишварро ӯҳда карда наметавонистанд.

 

Талошҳои пайгирона

Барои таъмини ҳифзи марз ва ҳалли мушкилоти сарҳадӣ бо исрор ва талошҳои пайгиронаи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои 1996-1998 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои зиёде ба харҷ дод, ки бо нерӯҳои сарҳадии давлати ҳамсоя гуфтушунидҳо карда, масъалаҳои доғи рӯз ва мушкилоти сарҳадро, ки ба ҳарду ҷониб иртибот доштанд, ҳаллу фасл намояд. Мо ба он муваффақ шудем, ки аз ҳарду ҷониб дар сатҳи давлатӣ комиссияҳои ҳаллу фасли масоили сарҳадӣ барпо карда шуданд ва онҳо ҷиҳати рафъи мушкилот борҳо вохӯрданд ва ташкили ҷаласа доданд. Ҳамсояи хуншарикамон дар ин вохӯриҳо бо камоли «меҳр» ваъда мекард, ки ба хотири таҳкими дӯстии таърихии ду халқ-тоҷику ӯзбек ҳар лаҳза омода ҳастанд, ки роҳҳои ҳавоии байни Тошканду Душанбе ва Самарқанду Душанберо боз кунанд. Вале ҳамаи ин ваъдаҳои хушку холӣ буданду бас. Мо ғолибан натиҷаҳои гуфтушунидамонро аз тариқи садою симо ва матбуот ба халқамон иброз медоштем, хотири онҳоро хуш месохтем. Онҳо бо чашми интизор ба ояндаи «хуш» менигаристанд, вале сад афсӯс, ки интизорашон интиҳо надошт. Хулоса гап дигар буду амал дигар.

Дар вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои тарафайн мо гилаи дӯстона мекардем, ки гурӯҳҳои исёнгари Тоҷикистон дар сарзамини шумо паноҳ бурдаанд ва ҳадафҳои нопок доранд. Онҳо исроркорона инкор мекарданд, ки ин гилаатон беҷост…

 

Хурӯши навбатӣ

Гузашта аз ин, дӯстони хуншарики мо аз расонаҳои хабариашон тоҷиконро ба мардумашон чун қавми роҳзану исломгаро таблиғу ташвиқ ва муаррифӣ менамуданд.

Хабарҳои аввали соли 1998- аз сарчашмаҳои гуногуни ба идораҳои қудратӣ воридшуда нишон медоданд, ки дар мавзеҳову мавқеъҳои мухталифи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон силоҳбадастони шумораашон аз 1000 нафар зиёд машқҳои ҳарбӣ мегузаронанд. Онҳо омодагӣ мегирифтанд, ки аз марз гузашта, вазъиятро дар баъзе навоҳии ҷумҳурии мо тезу тунд кунанд. Бо супориши Президенти кишвар мо тадбирҳо меандешидем, аммо онҳо нокифоя буданд, зеро имконияти пурра надоштем. Сабаби асосиаш-касодии иқтисодӣ буд.

Шаби 4-ноябри соли 1998 соати 4-пагоҳӣ зиёда аз ҳазор нафар силоҳбадастон таҳти роҳбарии полковник Худойбердиев М. дар самти шимоли мамлакат аз марзи Ӯзбекистон гузашта, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бе ягон муқобилият, ба ғайри ноҳияҳои Исфара ва Панҷакент, зери тасаруфи хеш даровардаанд.

Тибқи иттилооти мавҷуда Худойбердиев ва ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Зомини Ҷумҳурии Узбекистон тавассути дараи Қумбели шимоли ноҳияи Шаҳристон ворид шуда, қариб бе ягон муқобилият ба Хуҷанд даромада, фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои стратегиро таҳти назорат гирифтаанд. Ягона нуқтае, ки бар зидди онҳо муқобилият нишон додааст, пости нозирони Бехатарии давлатии автомобилии ш. Ӯротеппа будаанд. Дар ин задухӯрдҳои нобаробар 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз рӯи гузориши ҷонишини Вазири амният шодравон Ҷобиров Шамсулло, ки дар вилояти Суғд буд афсарону сарбозон дар ш. Чкаловск дар набардҳои шадид иштирок дошта, талафҳои ҷонӣ доданд. Мо тасмим гирифтем, ки сараввал барои ёрдам расондан ягон гурӯҳро тавассути чархболҳо ба ш. Чкаловск фиристонем. Худи ҳамин шаб фармондеҳи отряди 1-ӯми сарҳадӣ подполковник (полковник) Эмомов Р. амр гирифт, ки гурӯҳи зудамали 48 нафараи ш. Кӯлобро, ки барои сафар омода буданд, шабона ба ш. Душанбе оварда, то пагоҳии барвақт онҳоро ба вилояти Суғд интиқол диҳад. Сарпарастии гурӯҳ ба афсари далеру шуҷоъ майор Аловердиев Шер вогузор шуд. Ин гурӯҳ баъди ба вилояти Суғд расидан дар задухӯрдҳо бар зидди қувваҳои исёнгари Худойбердиев дар якҷоягӣ бо дигар қувваҳои ҳукуматӣ корнамоиҳои беназири ҷангӣ нишон дод. Чанде баъд шуҷоати ин сарҳадчиёни диловар бо нишонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дигар нерӯҳои ҳарбие, ки дар вилоят ҷой доштанд, қариб то омадани қувваҳои иловагӣ аз марказ ягон амалиёт нагузарониданд ва аксарияти мансабдорон бефаъолиятӣ нишон доданд.

 

Иштироки собиқ мухолифин

дар ба эътидол овардани вазъ

Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амр доданд, ки дар сурати нарасидани нерӯҳои ҳарбӣ аз қувваи гурӯҳҳои реентиграсияшудаи собиқ мухолифин низ истифода барем. Қарор шуд, ки якчанд гурӯҳҳо таҳти сарпарастии Искандаров М. ва чанд гурӯҳи дигар ба фурудгоҳи ҳавопаймойии Панҷакент фуроварда шаванд. Таҳлили вазъият нишон дод, ки исёнгарон бо сардории подполковник Зваригин С.А. (ҷонишини Худойбердиев М.) ба ноҳияи Айнӣ ворид шуда ин ҷоро зери назорат гирифтаанд. Дар ағбаи Анзоб роҳи «Душанбе- Суғд» афсарону сарбозони полки таъиноти махсуси Вазорати дохила (фармондеҳ генерал - Қосимов С.) зери назорат гирифтанд. Тибқи дастурҳо ситоди амалкунанда баъди ҷобаҷошавии қувваҳои иловагӣ дар ноҳияи Панҷакент ва ҳаракати онҳо ҷониби ноҳияи Айнӣ дар як вақт бояд амалиётро аз ду тараф барои дар ҳалқаи муҳосира гирифтани қувваҳои зиддидавлатӣ сар мекард. Дар бораи ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда ба Президенти кишвар гузориш тайёр карда, розияташонро гирифтем. Пеш аз оғози ҷо ба ҷокунии қувваҳои ҷангӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд, ки якчанд воҳидҳои техникаи зиреҳпӯшро бо саду панҷоҳ нафар сарҳадчиён омода созем, ки тавассути роҳи оҳан ба вилояти Суғд барои мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ва истифодаи онҳо дар муҳорибаҳо бурда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ин пешниҳоди Ҳукумати Ӯзбекистон мебошад. Воқеан ҳам, баъди ба эътидол овардани вазъият дар вилояти Суғд, ҳамсояҳо ҳамин лаҳзаҳоро ба ёд оварда, бегуноҳии худро «исбот» карданӣ шуданд. Худи ҳамон шаб генерал-майор Шамолов С.Д. тибқи дастури гирифтааш саду панҷоҳ нафар афсарону сарбозонро, ки омодаи сафар буданд, бо чор поя техникаи зиреҳпӯш ба қатора бор карда ҷониби вилояти Суғд равон кард. Сарварии ин гурӯҳро майор (ҳоло полковник) Ҷаъфаров М . ба ӯҳда дошт. Баъди се рӯз онҳо ба ноҳияи Нов расида ҳифзи марзи ҷумҳуриро онҷо ба дӯши худ гирифтанд.

Пагоҳӣ шашуми ноябр аз фурудгоҳи Душанбе аз ҳисоби сарбозони гурӯҳҳои Искандаров М. ва Низомов М. 250 нафарро тавасути ҳавопаймоҳо ба н. Панҷакент интиқол шуданд. Аз тарафи Кумитаи ҳифзи сарҳад 40 афсар бо сардории полковник Раҳимов С. (ҳоло собиқадори қӯшунҳои сарҳадӣ) ба н. Панҷакент фиристонида шуданд. Ин гурӯҳ қаҳрамонии беназир нишон дода ба исёнгарон зарбаи марговар зад. Гузаронидани ин амалиёт ба ӯҳдаи генералҳо Азимов Амирқул ва Камолов С. гузошта шуд.

Дар ҷангҳои шадиди ноҳияи Айнӣ, ҳамаи фиристодагон корнамоиҳои беназир нишон дода, зиёда аз 50 нафар исёнгаронро дастгир карда, ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Тафтишу таҳқиқ нишон доданд, ки онҳо дар ноҳияи Зомини Ӯзбекистон тайёрии ҳарбиро гузашта, барои ғасби вилояти Суғд шабохун задаанд. Ба андешаи мо задухӯрдҳои дар вилояти Суғд ташкил шуда исён не, балки терроризми пардапӯши байналхалқӣ буданд. Шуҷоату қаҳрамониҳое, ки фарзандони диловари Тоҷикистони азиз дар саркӯбии исён ва баъд аз байн бурдани ҳамлаи террористона нишон доданд, пеши чашмони хонандаи мушфиқ корномаҳои ҷанговаронаи Спитамену Шерак, Муқаннаъу Деваштич, Темурмалику Сарбадорон, Восеъу Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳо меҳанпарастони асили миллатро ҷилвагар месозанд. Исми шарифи афсарону аскарон, аз он ҷумла лашкаркашони сарҳадӣ, дар таърихи навтарини халқи баҳодури тоҷик, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли он, дар таърихи корномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.

 

Такмили сохторҳои

қӯшунҳои сарҳадӣ

Солҳои 1999-2000-ӯм бо назардошти рӯз то рӯз мураккабтар гардидани вазъияти фаврӣ дар минтақаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, барои мустаҳкам намудани самтҳои Турсунзода, Эсанбой, Султонободи ноҳияи Шаҳритус тадбирҳои иловагӣ дида шуданд. Дар самти Турсунзода аз ҳисоби захираҳои дохилии воҳидҳои иловагӣ отряди сарҳадӣ (қумандон Саидов) созмон дода шуд. Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҳисор, як комендатураи нави сарҳадӣ (иборат аз се постгоҳи марзӣ сардораш полковник Саидов Рустам) ва чунин як комендатура дар мавзеи Гулхаси ноҳияи Турсунзода илова гардид. Дар ҳайати отряди 4-ӯми сарҳадии ноҳияи Шаҳритус дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон комендатураи «Султонобод» барпо карда шуд. Бо мақсади пурзур намудани ҳифзи сарҳад дар минтақаи вилояти Суғд моҳи апрели соли 2000 зиёда аз 350 нафар сарҳадчиён ба самти Панҷакенту Исфара ва 100 нафари дигар ба Истравшан фиристода шуданд.

Соли 2000-ӯм дар ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд комендатураи нави сарҳадии «Мастчоҳ» (қумандон майор Боқиев Ҷ.) таъсис гардид. Бо фармони Президети Ҷумҳурӣ моҳи июни соли 2001 дар заминаи отряди шашуми сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо маҳали ҷойгиршавӣ дар ш. Хуҷанд гурӯҳи фаврӣ-ҳарбӣ созмон ёфт ва подполковник Ҷаъфаров М. (ҳоло полковник) сардор таъин шуд. Аллакай то саршавии ҷангу ҷидолҳои дохилии Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавзеъҳои Баткент, Ӯш, Фарғона, Гулистонлик хати сарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистону Қирғизистон таҳти назорати сарҳадбонҳои тоҷик қарор дошт. Ҳамзамон ба хотири мустаҳкам намудани марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияҳои Ҷиргатол (фармондеҳ Искандаров М.) ва Исфара бригадаҳои сарҳадӣ ташкил карда шуданд (полковники мустаъфӣ Абдураҳмонов А.).

 

Боз тухми

адоват мекоранд…

Аз моҳи августи соли 2000-ӯм сар карда Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ба гузоштани минаҳои зидди пиёданизом дар минтақаҳои сарҳадӣ оғоз карданд. Ин бе ягон огоҳии тарафи дигар, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибтидо гирифт. Ба хотири сафед кардан ва рӯпӯш сохтани ҷинояткории хеш «ҳамсоя» аз тариқи матбуоти ва таввасути расонаҳои хабарӣ шарҳ медиҳад, ки ин амал барои пешгирӣ кардани террористҳо равона гардидааст. Мутаассифона, бисёр шахсони бехабар аз ин «лутфи ҳамсоя» ба хотири дидорбинии хешу табор ва ё ба бозори ноҳияю деҳааш наздику рӯ ба рӯ рафта, маъюбу шаҳид гардидаанд, тифлаконашон ятиму бе сарпараст мондаанд. Танҳо дар зарфи аз моҳи августи соли 2000 то ба имрӯз садҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минаҳо таркида ба ҳалокат расиданд ва захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Лекин ин дам ягон террорист ё қочоқчӣ осебе надидааст. Ҳамин аст «лутфу марҳамати» ҳамсоя – сояи ҳамдигарӣ!

 

Дар роҳи сулҳу созгорӣ

Таҷрибаи талхи рӯзгор исбот кард, ки сулҳу созишро дар кишвар танҳо бо роҳҳои мусолиматомез барқарор сохтан мумкин аст. Сулҳу созгорӣ орзуи деринаи халқи мо буд.

Таърихи инсоният шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари касе шамшери хусумат набардоштаанд. Тоҷикистон баъди мустақил гардидани мамлакат бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла хориҷӣ ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашида шуд. Сарнавишти минбаъдаи миллат ва мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли тоҷик ба он вобаста буд, ки оташи ҷангро мо хомӯш карда метавонам ё не. Роҳи мо ба сӯйи сулҳ роҳи тӯлонӣ ва мушкил буд. Ба мо лозим омад, ки барои комёб шудан ба сулҳу созгорӣ баъзан кӯшишҳои ғайриқобили тасаввур ба харҷ диҳем, иродаи қатъӣ ва матонат зоҳир намоем, қадам ба қадам сабру таҳаммул, бурдборӣ кунем ва огоҳона ба истиқболи ҳамдигар роҳ паймоем. Мо созишномаи сулҳро ба имзо расонида, амалан ба яке аз муноқишаҳои тӯлонӣ ва пурдаҳшати дар давраи баъди барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ба амаломада хотима гузоштем.

Ошкоро метавонем гуфт, ки агар ҷанги тӯлонии Афғонистон намебуд, дар Тоҷикистон чунин воқеаҳои хунин рух намедоданд. Бисёр мамлакатҳои минтақа бояд дарк намоянд, ки сулҳи Тоҷикистон девори мӯътамаде гардид, пеши роҳи як силсила бадбахтиҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ боздошт. Ҷангу ҷидолҳо дар мамлакати мо бартараф карда шуданд. Агар муноқиша дар Тоҷикистон катъ намегардид, сӯхтори ҷанги Афғонистон мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва халқҳоеро, ки боз ҳам дуртар дар самти шимол зиндагӣ мекунанд, ба маротиб бештар фаро гирифта метавонист.

Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 47 аз 16. 02. с.1999 «Дар бораи таъсиси ҷузъу томҳои мувақатии доимоамалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воҳидҳои Мусаллаҳи низомии Иттиҳоди мусаллаҳи тоҷик» фаъолият карда, хеле корҳои назаррасро дар солҳои 1999-2000 анҷом бахшид. Пеш аз ҳама, вай талаби суратҷаласаро оиди масъалаҳои ҳарбӣ, амалӣ кард. Яъне нақшаи ба лашкарони сарҳадии ҷумҳурӣ шомил гардонидани гурӯҳҳои низомии собиқ мухолифинро тартиб дода, ба ҷобаҷокунии онҳо пардохт.

Гурӯҳи аввали кории мо таҳти сарпарастии шодравон генерал-майор Аҳмадов М. ба фаъолият оғоз намуд. Онҳо 3.10. с.1999 ба самти Ҷиргатол, Тоҷикобод, Ҳойит ва Лахш сафар карда, аз ҳисоби гурӯҳҳои мусалаҳи мухолифин комендатураи сарҳадиро дар муддати як ҳафта таъсис дод ва дар маркази Ҷиргатол ҷой кард. Сарварии гурӯҳи дуюми корро генерал-майор Сайфуллоев С. ба зима дошт. Он ба навоҳии Ванҷу Рӯшон рафта, корҳои тайёрӣ ва дар оянда ташкил кардани комендатураҳоро ба анҷом расонд.

Аз рӯйи машваратҳое, ки ҳайати Комиссияи оштии миллӣ доштанд, пешниҳод шуда буд, ки ба қӯшунҳои сарҳадӣ 2200 ҷанговарони мухолифини тоҷик реентегратсия мешавад. Барои муайян намудани қобилияти коршоямии аъзоёни гурӯҳҳо комиссияи санҷишии дутарафа ташкил шуда буд. Дар вақти санҷиш аз шумораи муайяншуда 1128 нафар барои шомил шудан ба сафи қӯшунҳои сарҳадӣ гузаштанд.

Бо мақсади муташакилона ва ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонидани реентегратсия, аз ҳисоби гурӯҳҳои силоҳбадасти Иттиҳодияи мухолифини тоҷик тибқи моддаи 7 қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи мудофиа» қисмҳои зер таъсис шуданд:

- комендатураҳои сарҳадии «Ҷиргатол»- дар маркази Ҷиргатол (фармондеҳаш полковник Искандаров Муҳаммадшоҳ ҳоло генерал-майори милитсия), «Тешиктош»- дар ноҳияи Қубодиён (фармондеҳаш полковник Ҳалимов Алӣ), «Ванҷ»- дар маркази ноҳияи Ванҷ (фармондеҳаш шодравон полковник Муҳаббатшоев Муқим), «Ишкошим»-дар ноҳияи Ишкошим (фармондеҳаш Худоиев Худойдод), «Мурғоб»-дар маркази ноҳияи Мурғоб (фармондеҳаш подполковник Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқӣ).

Аз ҳайати комендатураи «Тешиктош» 60-нафар сарбозону афсарон барои мустаҳкам кардани марзи ҷумҳурӣ ба ихтиёри отряди 6-ӯми дар вилояти Суғд таъсис ёфта ва баъди исёни Худойбердиев ба ихтиёри комендатураи н. Панҷакент -«Панҷакент» фиристонида шуданд. Баталёни 112 нафараи подполковник Шамсов Алоудин дар ноҳияи Ашт ҷой гирифт. Марҳилаи дуюми реентигратсияи қувваҳои боқимондаи мухолифин, ки аз қаламрави Афғонистон таҳти кафолат ва сарпарастии намояндагони байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ баргардонида шуда буданд, моҳи феврали соли 2000-ум оғоз шуд. Аз сари нав аз ҳисоби низомиёни собиқ мухолифин 928 нафари дигар барои реентигратсия ба лашкарони марзии ҷумҳурӣ вобаста шуданд. Аз ҳисоби онҳо дар отряди сарҳадии «Хуҷанд» комендатураҳои «Табошар»-(фармондеҳаш Саидбурҳонов Сайҷалол), «Ғончӣ»- (қумондонаш шодравон Ҷумаев Саидҷон), «Шоҳон» дар ҳайати бригадаи 1 сарҳадии кумита, дар ноҳияи Шӯрообод (қумондонаш подполковник Хушвахтов Ғоибназар), «Қарақчикул» байни ноҳияи Панҷакенту Айнӣ (қумондонаш полковник Доштов Якшанбе), «Каленинобод» (майор Сияров З.), «Эсанбой» дар ҳайати отряди сарҳадии Турсунзода (қумондонаш майор Шарифов А.) ташкил карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати амният яке аз аввалинҳо шуда зарурияти сулҳу оштии миллиро дар мамлакат дарк карда нахустин хишти бинои сулҳро ҳанӯз соли 1994 гузошт. Бо таблиғоти кормандони Вазорат силоҳбадастони собиқ мухолифин таҳти сарпарастии фармондеҳ Холбашев Холбаш ба хотири якпорчагии ҷумҳурӣ аз ақидаҳои ифротиашон даст кашида, ба қӯшунҳои марзии кишвар шомил шуданд ва дар комендатураи сарҳадии ноҳияи Рӯшон ба фаъолият шурӯъ карданд. Ҳоло генерал-майор Холбашев Холбаш сарвари марзбонҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

 

Чораҳои маҳви

маҳалгароӣ

Тазаккур бояд дод, ки раванди реентигратсия ба осонӣ нагузашт. Ҷобаҷокунӣ, фаҳмонидани вазифаҳои марзбонӣ дар тӯли зиёда аз як сол давом ёфт. Як қатор душвориҳо сади роҳ шуданд. Пеш аз ҳама мо масъала гузоштем, ки гурӯҳҳои ба қушунҳои сарҳадӣ шомилшударо, ки ҳар кадом дар зодгоҳаш мавқеъ гирифта буд, аз маҳал ҷудо кунем. Аксарият метарсиданд, ки мабодо баъди шомил шудан ба Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷиноятҳои дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ содиркардаашон таъқиб шаванд. Бисёриҳо дар бораи авфномаҳои ҷорӣ оид ба ин ҷиноятҳо тасавурот надоштанд. Ногуфта намонад, ки афсарони кумита, ки як ё ду нафарӣ ба ҳайси ҷонишинҳои қумондонҳо таъин шуда буданд, бо сарбаландӣ дар муддати кӯтоҳ аз ӯҳдаи вазифаи ба дӯшашон вогузоршуда баромаданд ва корро дар байни афсарону сарбозон дуруст ба роҳ монданд. Натиҷаи ин рӯй надодани ягон дасисае дар байни марзбонон мебошад. Ҳама дарк мекарданд, ки ҳар ваҷаб ва ҳар кафи хоки Ватан муқаддас аст, сарҳад ҳам аз ҳамин муқаддасот сар мешавад. Бо мурури замон, бо сабабҳои оилавию ҳолатҳои дигари объективӣ чанде аз афсарони номбурда баъди муддате дарк карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати онҳо ягон ғаразе надорад, аз корҳои ҳарбӣ даст кашида ба корҳои мулкӣ рафтанд ва зиндагии осоиштаро авлотар донистанд.

Охирин воҳиди ҳарбие, ки дар қӯшунҳои марзӣ ба реентигратсия нуқта гузошт, ин гурӯҳи силоҳбадасти ноҳияи Тоҷикобод (қумондонаш полковник Зокиров Абдуносир) мебошад. Ин гурӯҳ дар сохтори кумита ба сифати комендатураи «Пролетар» таъсис шуда буд, вале тибқи муқаррарот то ба эътидол овардани вазъияти водии Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод монданд. Баъди амалӣ шудани ин корҳо тирамоҳи соли 2000-ӯм ба ноҳияи Пролетари вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Соли 2000 дар давоми омехтакунии (рататсияи) афсарон дар қушунҳои ҳарбӣ, бисёрии онҳо тибқи хоҳишашон аз қисмҳое ки адои хизмат мекарданд, ба дигар комендатураву постгоҳҳои марзӣ гузаронида шуданд. Бо замми ин комендатураҳои «Ишкошим» ба ноҳияи Турсунзода ва «Колхозчӣ» ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон-ба ноҳияи Конибодом, Исфара кӯчонида шуданд. Ҳамин тариқ, отряди сарҳадии Хӯҷанд, ки соли 1999 таъсис шуда буд, аз ҳисоби комендатураҳои навташкил як отряди сарҳадии бутун шуд ва ҳифзи тамоми марзи кишварро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Ӯротеппа, Зафаробод, Нов, Ғончӣ, Ашт, Исфара, Пролетар ба ӯҳда гирифт.

 

Мушкилиҳои эътидоли

вазъ дар кишвар

Ҳаминро бояд мутазаккир шавем, ки марҳалаҳои реентигратсия яке аз ғояҳои сиёсати сарвари давлат дар роҳи мустаҳкам кардани раванди сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ буд. Қӯшунҳои марзии кишвар, бе муболиға, аз ӯҳдаи ин кор баромаданд. Ин кори осон набуд. Буданд қувваҳое, ки бо фаъолиятҳои ҷиноятпешагии хеш ба ин раванд зарари маънавӣ мерасонданд. Онҳо бо ҳар восита кӯшиш мекарданд, ки миёни афсарону аскарон тафриқа андозанд, оштинопазириро пеш гиранд. Ба ин хотир ҳам чандин дасисаҳо нисбати афсарону сарбозони сарҳадӣ раво дида шуда буд. Масалан, моҳи декабри соли 1998 дар минтақаи Дарбанд гурӯҳи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳадро, ки барои сарбозони Дарвозу Рӯшон маводи хӯрока мебурданд дошта, сержант Раҷабов Б. ва якчанд нафари дигарро маъюбу маслуқ карда, 60 ҷуфт либосҳои низомӣ, 100 телпак ва якчанд халтаи ордро ба зӯрӣ гирифтанд. Моҳи апрели соли 1999 дар ҳудуди ноҳияи Ленин фармондеҳи қисми ҳарбии 2730-и Кумитаи ҳифзи сарҳад подполковник Назаров А. ва лейтенати калони ҳамин қисм Назаров С. бераҳмона аз ҷониби роҳзанҳо қатл карда шуданд. Чунин мисолҳо бисёранд. Ба ҳамаи ин бедодгариҳо нигоҳ накарда, афсарони кумита ҷони худро зери хатар монда ба хотири ваҳдату якпорчагии кишвар дар манотиқи доғ кору фаъолият мекарданд. Дар ин ҷода, нақши генералҳо Сайфуллоев Сафаралӣ, Аҳмадов Маҳмудбек, афсарон Сулаймонбеков Аноятшоҳ, Ғураев Нарзулло, Ҷабборов Ғафор, Аброров Ҳамидулло., Рогов Александр Иванович, Эмомов Рамазон, Саидов Сайобид, Ҷаъфаров Муҳаммад, Шамолов Саидшо, Тӯраев Рамазон, Шарипов Собир ва дигарон хеле бузург аст.

Дар фарҷоми ҳамин боб зикр карданӣ ҳастам, ки дар тартибу ташкил, омезиши нерӯҳои реентеграсияшуда хидмати собиқ ҷонишини сарвазири Ҳукумат, генерал-лейтенант Азимов Абдураҳмон Раупович хеле бузург аст.

 

Муборизаи кормандони КҲСД

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи қочоқ

ва дигар ҷиноятҳои муташакил дар марзи ҷумҳурӣ

Воқеан ҳам, то имрӯз вазъи сарҳад ноором мебошад. Бахусус ҷумҳурии мо, ки дар хати транзитии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷойгир аст, кори сарҳадбононро даҳчанд душвор гардонидааст. Бисёр ҳодисаҳои вайронкунии сарҳад, задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз аз ҳамин сабаб руй медиҳанд. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ки моҳи январи соли 2001 барпо гашта буд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифа гузошт, ки муборизаро дар ин самт пурзӯр кунанд. Баҳри амалӣ гаштани фармону супоришҳои сарвари давлат роҳбарии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зиёдеро ба нақша гирифта буданд.

Дар давоми мавҷудияти асокири сарҳадӣ аз вайрон-кунандагони марз яроқи оташфишон, моддаҳои тарканда, мина, тирҳои гуногун ёфт намуданд. Туфайли зиракию кордонии марзбонон чандин махфигоҳҳои силоҳу аслиҳа ва маводи нашъаовар фош ва мусодира карда шуданд. Садҳо марзшиканон ва қочоқчиён ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, чандин гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қочоқчиён безарар ва несту нобуд карда шуданд. Садҳо марзшиканон ва қочоқчиён ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, чандин гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қочоқчиён безарар ва несту нобуд карда шуданд.

 

Муносибат ва ҳамкорӣ бо сарҳадбонони

Руссия ва гурӯҳҳои марзбони онҳо

дар Тоҷикистон

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии отряди махсуси сарҳадӣ фаъолияти он бо марзбонони гурӯҳи сарҳадии Русия дар Тоҷикистон, дар заминаи муносибатҳои дӯстона сурат гирифта буд. Дар масъалаи ҳифзи сарҳад ба сарҳадбонони тоҷик аз ҷониби собиқ директори Хадамоти Федералии сарҳадии Русия генерали армия Николаев Андрей Иванович бисёр кӯмакҳои беғаразона расонда шуданд. Аввалин коре ки ӯ кард, пазируфтани пешниҳоди оид ба кушодани курсҳои кӯтоҳмуддат ва дар Маркази таълимии гурӯҳи сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон тайёр кардани афсарони хурди низомӣ мебошад. Ӯ ин пешниҳодро дастгирӣ карда, хароҷоташро ҳам ба ӯҳда гирифт, муаллимонашро аз Институти сарҳадии Голитсини ш. Москав ба Тоҷикистон фиристод. Ин муаллимон дар тӯли солҳои 1994 – 1995 дар муддати ду сол дар курсҳои шашмоҳа 4-гурӯҳ афсаронро дар риштаи сарҳад тайёр карданд. Илова бар ин соли 1995 дар Шӯрои фармондеҳии сарҳадии давлатҳои муштаракулманофеъ Николаев изҳор дошт, ки Русия тайёр аст дар асоси шартномаҳои соҳавӣ дар мактабҳои оливу миёнаи касбиаш сарҳадчиён-аъзоёни Шӯроро ба таҳсил қабул кунад…

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳад ҳамкориҳои моро чандин шартномаҳои байни давлатӣ ба танзим медароранд. Аз ҷумла оид ба ҳифзи муштараки сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (аз 25 май соли 1993) шартнома ба тавсиб расидааст. Мувофиқи ин шартнома муҳофизати хати аввали сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба ӯҳдаи марзбонони Хадамоти фидералии сарҳадии Руссия вогузор шудааст. Марзбонони Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 минтақаҳои Дарвоз ва соли 2003 Мурғобро, ки хати аввали марз бо Афғонистону Ҷумҳурии Хитой аст, ба зимма гирифтанд. Ин вазифа ба дӯши ду отряди сарҳадӣ гузошта шуда буд.

Фармондеҳони гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон будаи марзбонони Русия Чичулин А.Т., Тарасенко П.П., Резниченко Н.С. ва билохира Маркин А.С., ки аз соли 1993 инҷониб кору фаъолият менамоянд, ҳар кадоме ба қадри имкон барои ба эътидол овардани вазъи сарҳади Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардаанд. Албатта, хизматҳои шоёни онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик сабт хоҳанд ёфт. Аз назардиди ман самимият ва дилсӯзии генерал-полковник Резниченко Н.С. (ҳоло дар нафақа) чӣ нисбати сарҳадбонони тоҷик ва халқи ин сарзамин хеле меҳрубонона буд. Бо дастгирии бевосита ва дар давраи фаъолияти ӯ ба мо кӯмакҳои зиёде дар соҳаи тайёр кардани сарҳадбонони касбӣ ва мутахассисон расонида шуданд. Мо чандин гурӯҳҳои миначиён, мерганҳо ва дигар мутахассисонро дар марказҳои таълими Хадамоти сарҳадӣ тайёр кардем. Бо ёрию дастгирии ӯ ва кӯмакҳои бевоситаи собиқ директри Хадамоти федералии сарҳадии Русия генералӣ-артишӣ Тотский К.В. ҷавонписарони зиёдеро ба Институти сарҳадии Голитсина, Омӯзшогоҳи сарҳадии вилояти Калининград барои хондан фиристодем.

Дар солҳои 1994-1998 фармондеҳии гурӯҳҳои сарҳадии Хадамоти федералиро генерал Тарасенко П.П. ба зимма дошт. Ӯ мағрур бошад ҳам, назди Хадамоти фидералӣ обрӯи баланд дошт. Шояд, ки ба ин он бадабахтиҳое, ки ба сари мардуми мо омад, сабаб шуда бошанд. Мо нағз дарк мекардем, дар назди онҳо вазифа гузошта шуда буд, ки ҳарчӣ камтар талафоти ҷонӣ диҳанд ва аз лиҳози дигар оромии сарҳад барои онҳо аз дигар муноқишаҳое, ки дар дохили кишвар ба вуқӯъ меомаданд, авлотар буданд. Ба ҳар сурат ақидаҳои худро оиди ин масъала возеҳу равшан намегуфт ва мо дарк мекардем, ки ин шахси низомӣ баъди набардҳои шадиду хунини соли 1993 дар постгоҳи марзии № 12-и ноҳияи Шӯробод ҷой дошта, аз консепсияи мудофиавии сарҳад руй гардонида, стратегияи ҳифзи онро пеш гирифтааст. То солҳои 1994 заду хӯрдҳо бештар дар хати сарҳад мегузаштанд.

Баъди ба истеъфо рафтани директори Хадамоти федералии сарҳадии Русия генерал Николаев А.И., ба ҷойи ӯ Бордюжа Н.Н. таъин шуд. Аввалин сафари ӯ ба ҷумҳурии мо ба ҳайси директори Хадамот моҳи сентябри соли 1998 сурат гирифт. Ин ҳамон лаҳзаҳое буданд, ки толибон қариб тамоми самтҳои шимолии Афғонистонро забт карда, ба сарҳадбонони рус таҳдид мекарданд. Вазъияти ба амаломада дар назди роҳбарияти Хадамоти сарҳадии рус зарурияти дар якҷоягӣ бо сарҳадбонони тоҷик гузаронидани чорабиниҳоро барои мустаҳкам кардани хати аввали марзи ҷумҳурӣ бо давлати Афғонистон гузошт.

Барои амали гардонидани ин пешниҳод, Бордюжа Н.Н. Директори хадамоти Федералии сарҳадии Русия, дар рафти вохӯрии бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тобеъяти баъзе воҳидҳои сарҳадии ҷумҳуриро ба гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон буда, таклиф намуд. Дар сурати тезу тунд шудани вазъияти таъҷилӣ ё таҳдиди толибон ба сохторҳои дар хатти аввали марз ҷой дошта, сарҳадбонони Кумита ва сарҳадчиёни Руссия бояд якҷоя амалиёт карда, ҳифзи ӯро таъмин менамуданд. Ё дар ҳамоҳангӣ гузаронидани корҳои таъҷилӣ, кофтӯкобӣ, таҳқиқӣ ва дигар проблемаҳое, ки бехатарии вазъро дар сарҳад эмин медоштанд, бояд муштаракона ҳаллу фасл карда мешуданд. Натиҷаҳои ҷамъбасти ин вохӯриҳо фармони Президенти кишвар таҳти № УП – 1051 аз 4 сентябри соли 1998 оид ба тобеъяти гурӯҳҳои сарҳадии дар Тоҷикистон будаи Хадамоти Федералии Русия додани баъзе воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ гардид. Тибқи талаботи ин фармон бригадаҳои 1-4-и сарҳадии кумита ба тобеъияти таъҷилӣ шомил гардиданд. Дар асоси фармони Президент низомномаи ба танзим овардани муносибатҳои тобеъияти 9-декабри соли 1998-ӯм бо фармони дигари Президент таҳти № УП – 1124 тасдиқ карда шуд ва худи ҳамон сол 82 км. хатти марзи ҷумҳурӣ бо Давлати исломии Афғонистон дар минтақаи Дарвоз ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик гузашт.

 

Генерал-лейтенант Грицан Виталий Федорович соли таваллудаш 1946, маълумоташ олӣ. Соли 1970 Омӯзишгоҳи олии сарҳадчиёни Кумитаи бехатарии давлатии СССР –ро дар ш. Москав хатм намуда, дар қисмҳои сарҳадии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат карда, солҳои 1992-1993 фармондеҳии Гурӯҳи сипоҳиёни сарҳадии Русияро дар Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1998 раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳҳони сарҳадии давлатҳои муштаракул-манофеъ.

 

Генерал-лейтенант Чечулин Анатолий Терентевич, соли 1947 ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1968 баъди хатми Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Алмаато дар муфризаи сарҳадбонҳои ш. Хоруғ ба кор фиристода мешавад. Ӯ аз соли 1981 то соли 1992 хизмати ҳарбиро дар Тоҷикистон сипарӣ карда, дар қӯшунҳои сарҳадии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои вазифа менамояд. Моҳи апрели соли 1993 ӯ фармондеҳи гурӯҳи сарҳадбонҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъин мегардад. Соли 1998 бо фармони Президенти Федератсияи Русия ба Анатолий Терентевич унвони ифтихории «Сарҳадчии хизмат нишондодаи ФР» дода мешавад.

 

Генерал-полковник Тарасенко Павел Павлович, соли 1948 дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия таваллуд шуда, соли 1971 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Алмааторо хатм кардааст.

Аз афсари сарҳадӣ то ба мақоми ҷонишини аввали фармондеҳи Округи сарҳадии Закавказия расидааст. Охирҳои соли 1993 фармондеҳи Гуруҳи сарҳадбонҳои хадамоти Федералии Русия дар Тоҷикистон таъин карда мешавад. Ҳоло дар Шарқи Дур хидматро давом дода истодааст.

Павел Павлович дар амри тайёр кардани сипоҳиёни сарҳадии тоҷик, омода сохтани ҳайати хурди афсарон ва ташаккули нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ёрии амалӣ ва дониши хешро дареғ надоштааст.

 

Генерал-полковник Резниченко Николай Семенович. Соли 1952 дар вилояти Краснодар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1974 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ба номи К.Е. Ворошиловро хатм намудааст. Баъди ба итмом расонидани таҳсил дар Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия дар мақомоти роҳбарикунанда фаъолият намуда, охирҳои соли 1998 фармондеҳи Гурӯҳи сарҳадбонҳои Хадамоти Федералии сарҳадии Русия дар Тоҷикистон адои хидмат менамояд. Николай Семенович соли 1999 сардори ситод, ҷонишини аввали Хадамоти Федералии Русия таъин мешавад. Ӯ ҷанговари интернатсионалист мебошад. Дар набардҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ду маротиба маҷрӯҳ шуда, барои шуҷоат ва диловариаш сазовори ордени «Ситораи сурх» ва ҳафт медали ҷанги гардидааст. Барои мустаҳкам намудани сохторҳои сарҳадии Тоҷикистон, тайёр намудани афсарони тоҷик, ба эътидол оварани вазъи сиёсӣ талошҳои зиёде ба харҷ дода сазовори ҳурмату эҳтироми мардуми тоҷик шудааст.

 

Генерал-лейтенант Маркин Александр Степанович соли 1950 дар ш. Муроми вилояти Владимири Федератсияи Русия ба олами ҳастӣ чашм во намудааст. Ӯ соли 1968 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ш. Алмааторо хатм намуда, хизмати ҳарбиро дар Муфризаи сарҳади Хоруғ ба ҷо овардааст.

Баъди хатми Академияи ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе дар ҷумҳуриҳои собиқ СССР кору фаъолият менамояд. Александр Степанович соли 1997 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати дифоъи Федератсияи Русияро хатм намуда ба корҳои роҳбарикунанда таъин мешавад. Аз моҳи феврали соли 1999 сардори Гурӯҳи сарҳадбонҳои Русия дар Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин ҷанговари интернатсионалист аст. Хизматҳои генерал-лейтенант Маркин бо орденҳои «Ситораи сурх», «Суворов», «Барои хизматҳои ҷангӣ» ва чандин медалҳо тақдир карда шудааст. Баробари ин ӯ унвони «Корманди фахрии хадамоти сарҳадӣ»-ро дорост. Маркин А.С. муносибатҳои хуби корӣ ва инсонӣ дорад. Дар ҳамкориҳо бо ӯ якчанд амалиётҳои муштарак оид ба несту нобуд кардани гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир ва ашёи стратегӣ гузаронида шуданд, ки онҳо натиҷаҳои хуб бахшиданд.

Мутаассифона, он орзуҳои неку пешниҳодҳои муфид дар ҳаёт татбиқ нашуданд. Хушбахтона, ягон маротиба ҳам толибон кӯшиши вайрон кардани хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро накарданд. Ягона кӯмаке ки ба кумита расид, ин ҳиммати бевоситаи собиқ сарвари гурӯҳи сарҳадӣ генерал-лейтенант Резниченко Н. С. мебошад, ки 6 адад минамиётҳои ҷангӣ ва ду мошини ҷангии БМ-30-ро барои пурқувват намудани қувваҳои эҳтиётии мо, ки дар тобеъияти ситоди гурӯҳи сарҳадбонони Русия буданд, доданд.

 

Фаъолияти Кумитаи Ҳифзи Сарҳади Давлатии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ҳамкорӣ бо Хадамоти мутаалиқаи

дигар давлатҳо

Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷик дар суханрониашон дар ҳузури устодон ва шунавандагони Донишгоҳи СММ дар Токио 15 майи соли 2001 таъкид карданд, ки: «Сиёсати бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар конститутсияи нави соли 1994 қабулшуда зикр ёфтааст, воситаи асосие буд, ки ғояҳои сулҳ, ҷараёни истиқрори он ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро муттаҳид сохт. Ин тарафҳои муқобилро дар масъалаи сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакат ба сомон овард.

Имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр қариб 130 мамлакати ҷаҳон эътироф кардаанд. Аз ин ҷумла қариб 100 давлат ба мо муносибатҳои дипломатӣ доранд».

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр имрӯз сиёсати беруниву дохилии худро мустақилона муайян менамояд, ки он ба ҳамгироии ҳамаҷонибаи мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Лашкарони сарҳадии Тоҷикистон, ҳамчун узви вобастаи ҷомеъа, дастуру нишондодҳои Президенти кишварро дастурамали кори худ намуда, дар ҷараёни ташаккулёбиашон бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои зичи ҳамкорӣ доштанду доранд.

КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда соли 1994-ӯм ба Шӯрои фармондеҳони сарҳадбонҳои Давлатҳои муштаракулманофеъ қабул карда шуд. Дар машваратҳое, ки 47 маротиба дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барпо гардиданд, намояндагии мо ҳамеша иштирок дошт. Се маротиба: солҳои 1996, 1999 ва 2002 ҷаласаи ин Шӯро дар пойтахти Ватанамон ш. Душанбе гузашт. Дар чандин машқҳои ҳарбии гузаронидаи ин Шӯро афсарону сарбозони мо бевосита иштирок намуда, баҳои сазовор гирифтанд.

Самараи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки аз ҳисоби сарбозони нерӯҳои сарҳадии кишвар барои таъмини ҷузъу томҳо бо афсарони соҳибмаълумот ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Украина барои таҳсил ҷавонони зиёде фиристонида шудаанд ва то ҳоло ин раванд идома дорад.

Дар давоми фаъолияти кории Кумита дар ин ҷода кормандони раёсати ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ хеле саҳмгузорӣ карданд. Роҳбарияти Кумита дар назди Шӯро ва роҳбарони сипоҳиёни сарҳадӣ, аъзоёни Шӯро эътибори хуб доштанд. Дар вазнинтарин рӯзҳо аксарияти онҳо ба мо ёрии моддӣ расониданд. Чандин маротиба: солҳои 1994, 1999 кӯмакҳои башаридӯстона аз ҷониби Хадамоти Федералии Русия ба қушунҳои сарҳадии мо расонида шуданд.

Бо сабаби авҷ гирифтани бемории домана дар ҷумҳурӣ соли 2000 аз ҷониби роҳбарияти Департаменти сарҳадии Гурҷистон (генерал-лейтенант Чхеидзе В.А.) ба бемористони ҳарбии сипоҳиёни сарҳадӣ - ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА ёрии беғаразона - доруворӣ расонида шуд.

Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони сафорати Хитой муносибати хуби корӣ барқарор карда буданд. Натиҷаи ин робитаҳо буд, ки соли 1999-ӯм барои бемористони ҳарбии КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Чин ба маблағи 120 ҳазор доллари ИМА таҷҳизоти тиббӣ, ҳамчун ёрдами башарадӯстона, оварда шуд, ки он ба ҳифзи саломатии афсарону сарбозон гузошта шудаанд. Чунин кӯмаки башарадӯстона аз ҷониби сафоратхонаи Чин ба КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тирамоҳи соли 2001 расонида шуд: 14 адад компютерҳо ба мо тақдим гардид. Мо тавонистем, ки Хадамоти иттилоотамонро аз рӯйи меъёрҳои имрӯза ҷиҳозонем.

Баъди ба арсаи сиёсӣ баромадани толибон дар Давлати Исломии Афғонистон ва густохиҳо дар назди тавлидгаронашон-амрикоиҳо, кормандони сафоратхонаи ин кишвари пуриқтидор эҳтиёткорона барои барқарор намудани робитаҳои ҳамоҳангӣ ба Раёсати дар боло зикршуда бо сафир ва отташеи низомии Амрико чандин вохӯриҳо гузарониданд. Албатта, пеш аз ҳама барои суръат гирифтани ин ҳамкориҳо, сафари сарвари давлат ба ИМА такон шуд. Президенти кишвари мо қаблан дар Иҷлосияи Асамблеяи генералӣ огоҳ карда буданд, ки дар Афғонистон хавфи ба вуҷуд омадани давлати террористӣ вуҷуд дорад. Ба хотири пешгирии ин хавф пешниҳод карда буданд, ки дар атрофи Афғонистон аз ҳисоби қувваҳои сулҳҷӯ ҳалқаи бехатарӣ барпо карда шавад. Дар ибтидои ин пешниҳодро ба инобат нагирифтанд. Афсӯс, ки баъди ду –се сол дурустии ин пешниҳодро дарк карданд, вале он бо ёрии силоҳ ҳаллу фасл гардид.

Америкоиҳо бо мақсади истеҳком бахшидани марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 2001 як барномаи мушаххаси кӯмакҳои моддӣ ва маънавиро пешниҳод карданд. Тибқи он нақшаи бо техника ва технологияи ҳозиразамон ҷиҳозонидани КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида шуд ва ба ин мақсад 7,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карданд, ки давра ба давра амалӣ шуд. Солҳои 1999-2001 кормандони КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи кормандони роҳбарикунанда ва дараҷаи раёсату фармондеҳон бо намояндагони сарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон зиёда аз 120 вохӯриҳо гузаронданд. Чунин як вохӯрӣ соли 2001 бо намояндаи сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳои вилояти Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон дар отряди сарҳадии Дарвози Вилояти Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Он вақт намояндагии афғонҳо 64 идораҳои давлатии исломии Афғонистонро дар бар мегирифт. Аз ҷониби мо намояндаи Вазорати амнияти ҷумҳурӣ ва гурӯҳи Хадамоти федералии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Тарафайн як суратҷаласаи муҳими таърихиро ба имзо расониданд. Тибқи ин суратҷаласа тарафи Афғонистон дар ду ҷода кафолати пурсамари ҳамкориҳоро ба ӯҳда гирифта буд. Мувофиқи банди аввали суратҷаласа сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳо кафолат доданд, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро мегиранд. Дар банди дуюм бошад, имзои онҳо оиди роҳ надодан ба гурӯҳҳои Ҷумъа Ҳоҷиев дар минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи онҳо мебошанд. Ин нахустин ҳуҷҷати расмие буд, ки баъди мустақилияти ҷумҳурӣ байни қӯшунҳои сарҳадии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя ба имзо расид.

 

Корҳои таълимӣ

Роҳбарияти Кумита сарҳади Тоҷикистонро пайваста ғамхорӣ менамояд, ки ҳушёрии синфӣ ва фаъолияти дидбонии сарҳадбонҳоро баланд намояд. Бинобар ин бо талоши роҳбарияти Кумита курсҳои кӯтоҳмуддат моҳи декабри соли 1997 таъсис ёфта, то моҳи апрели соли 2001 фаъолият карданд. Дар ин давра якчанд гурӯҳи афсарони хурд баъди шаш моҳи омӯзиш ба қушунҳои марзӣ сафарбар шуданд. Баъди барҳам додани хизмати шартномавӣ як гурӯҳи сесаднафараи сержантҳо курси семоҳаро ба итмом расонида, ба хидмат оғоз карданд.

Дар ин ҷода хидмати сарвари курсҳо полковник Файзиев Яхшибек назаррас мебошад. Ӯ аз таҷрибаи ҳарбиаш истифода бурда, дар як муддати кӯтоҳ ба муввафақиятҳои хуб ноил гашт.

Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ таҳти № 216 аз 15 сентябри соли 2001, аввалин маротиба дар мамлакат «Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ» ташкил карда шуд. Омӯзишгоҳи мазкур дар водии зебоманзари Ҳисор мавқеъ гирифта, барои қушунҳои сарҳадӣ афсаронро тайёр мекард. Баъди хатми омӯзишгоҳ ҷавонони хатмкунанда соҳиби маълумоти соҳави ва ҳуқуқшиносӣ мешуданд. Мӯҳлати омӯзиш чор сол . Аз ин даргоҳ хатмкунандагон бо рутбаи лейтенанти баромада ба дифои марзи ҷумҳурӣ ба хидмат мерафтанд.

Дар ин кори хайр раиси ноҳияи Ҳисор шодравон Каримов Абдулваҳҳоб роҳбарияти кумитаро пайваста дастгирӣ намуда, ёриҳои моддиву маънавии хешро дареғ надоштанд. Эшон бо ин бархурди шарифашон на танҳо марзбонони тоҷикро шоду масрур карданд, балки дар поягузории Артиши сарҳадии Давлати тозаистиқлоли тоҷик, дар таҳким бахшидани истиқлолияту озодии миллӣ саҳми бориз гирифтанд.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаъолияти кумитаро дар тӯли солҳои 1993-2002 бунёди биноҳои маъмурӣ, комендатураҳо, постгоҳҳои марзӣ ва дигар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ ташкил медод. Дар қатори ин иншоотҳо соли 1999 дар ш. Душанбе бемористони ҳарбии бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонидашуда (сардухтур шодравон полковник Қодиров Ш.) ва соли 2000-ӯм шӯъбаҳои ӯ дар вилоятҳои Суғду ва Хатлон баҳри ҳифзи саломатии афсарону сарбозон ба кор шурӯъ карданд.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 544 аз 2 апрели соли 2001-ӯм ба зиммаи лашкарони сарҳадӣ вазифаи ниҳоят мушкил – ташкили назорати муҳоҷират дар нуққоти гузаргоҳҳои сарҳадӣ барпо шуд. Дар бораи муҳоҷират низомнома ва механизми амалӣ гаштани он ба тасвиб расид. Раёсати навташкили назорати муҳоҷират иҷрои ин корро ба ӯҳда гирифт.

Барои мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ ва ба як низоми муайян даровардани силоҳу аслиҳа соли 2000 ду фармони тақдирсоз имзо шуд. Инҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 2000 таҳти № 294 ва 295-ӯм буданд.

Фармонҳои сарвари давлат воқеан ҳам санадҳои хеле муҳим ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷомеа шуданд. Ба ҷо овардани ин фармонҳо пеш аз ҳама ҷорӣ шудани тартибу интизомро дар қисмҳои ҳарбӣ таъмин намуданд ва ба мо имконият доданд, ки хизмат дар асоси қарордод ба таври қатъӣ маън карда шавад. Хизмати афсарону аскарон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифт.

Дар баъзе ҳолатҳои ногувор барои таҳти назорат гирифтан ва ба эътидол овардани вазъи дохилӣ бо фармону дастурҳои фармондеҳи Олии Қушунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ генерали армия Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои ҷудогонаи қушунҳои марзӣ истифода мешуданд. Солҳои 1998-1999 дар ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ва хусусан роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадастон ҷиноятҳои вазнин, одамкушӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, бисёртар гаравгонгирӣ содир карда мешуданд. Ба хотири ҳарчӣ тезтар анҷом додани ин бесарусомониҳо тибқи дастури Президенти кишвар соли 1998-ӯм баталёни таъминоти махсуси ҚХСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қумандон полковник Одинаев Т.) дар мавзеи Элоки ноҳия мавқеъ гирифта, дар муддати як сол оромии зисти мардум ва мусофиронро таъмин карданд. Баъди аз байн рафтани зарурият ин баталён, ки ҳайати шахсиаш 340 нафарро ташкил медод, соли 1999 ба ноҳияҳои Нову Зафарободи вилояти Суғд ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид