ДАР  ЊИФЗИ  МАРЗУ 

БУМИ  КИШВАР

 

 

 

 

САРСУХАН

             

Аз овони љавонї маро майлу њавас ба  омўзиши таърихи халќу Ватанам буд. Вале дар асарњои таърихие, ки дастраси њамагон буданд, ман имкони тасаввур кардани сарзамини таърихии тољиконро надоштам.

Бо амри таќдир борњо ба Тошканду водии Фарѓона, ба водии Зарафшону Сурхандарёю Ќашќадарё ва сарзамини Афѓонистон сафарњо кардаам. Дар њама љо   лафзи дилбару дилнавози модариамро шунида ба ваљд меомадам ва баъд ангушти тањайюр мегазидам, ки чаро инњо ба забони ангубиносои Рўдакї такаллум мекунанду кишвари азизи ман дар ињотаи чанд кўњ ба худ номи Тољикистонро гирифтааст. Аксар ваќт ѓарќи бањри хаёлот мешудам, баъзењоро саволборон мекардам ва касе аз тарси «сиёсати давлатї» ѓайрат карда  ба ман љавоби аниќу даќиќ намегуфт.

Бори аввал ман ба ин саволњоям аз китоби «Тољикон»-и Бобољон Ѓафуров љавоб пайдо кардам. Худи номи ин  китоб як љањон маънї дошт.

Ба хулоса омадам, ки решаи асосии бадбахтињои мо, тољикон, дар  бедавлатї ва  бегонапарастиамон будааст. Шаъну  шукўњи миллї, номуси ватандорї, худшиносию худогоњиро ба мо давлати миллї мепарваридааст. Ва ин шоњбайтњои  аллома Иќболро хонда яќини комил њосил намудам, ки миллате мањрум аз забону сиришти худ, миллати табиату анъаноти хоси худро надошта, худогоњ нест, балки бардагипараст аст. Он шоњбайтњо чунинанд:

Худо он миллатеро сарварї дод,

Ки таќдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сарукоре надорад,

Ки дењќонаш барои дигарон кишт.

Њазорон шукри офаридагор мекунем, ки моро соњибистиќлол гардонд, сарнавишти моро ба дасти худи мо дод, моро соњиби давлату тољу тахт кард.

Душманони хориљию дохилї бо умеди аз байн  бурдани давлати тозаэљоди тољик тамоми иѓвою дасисањоро ба кор бурданд ва хеле моњирона љанги тољиккуширо созмон бахшиданд.

Њазорон шукри худои муттаол, ки халќи хирадпешаи тољик найранги душмани маккорро зуд дарк кард, гирди њам печид, рў ба њазрати Мавлоно Љалолиддини Балхї овард, ки моро насињат карда буд:

                          Аќлњоро аќлњо ёрї дињад,

                          Машварат идроку њушёрї дињад.

 

Бо њамин андеша вакилони халќ 16-уми ноябри соли  1992 дар Хуљанди бостон Иљлосияи   XVI   Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро даъват карданд ва ба машвара пардохтанд.

Вакилон калиди сарнавишти Давлати тозаистиќлоли тољик-ин тифли навзодеро, ки баъди 1000 сол арзи њастї кардан дорад, ба дасти фарзанди фидокори халќ Э.Ш. Рањмонов супориданд. Ў парчами Тољикистони озодро ба чашмонаш молида бўсид ва савганд хўрд, ки то ќатраи хун дар бадан дорад барои сулњу салоњ, барои комёб шудан ба њусни тафоњум миёни  тољикон, барои шукуфойии кишвар ва осудагии халќ мубориза хоњад бурд. Ў њамчунин ваъда кард, ки меъмори Давлати тозаистиќлоли тољик хоњад шуд.

Эмомалї Шарифович ба савганди хеш вафо кард. Ў сулњи миллиро пеш гирифт, онро ба амал баровард. Тољики парешонгаштаро љамъ овард, шоњсутунњои бинои мўњташами Давлати миллиро як-як тарњрезї кард ва ба эъмори онњо пардохт. Дар байни ин шоњсутунњо яке аз шоњсутуни муњимтару асоситар барпо намудани Ќуввањои Мусаллањ мебошад, ки он  хосияти људонопазири давлати соњибистиќлол аст. Дар системаи Ќуввањои Мусаллањ њалќаи аз њама њассостаринро Артиши сарњадї ташкил медињад.

Дар  таърихи халќи тољик амалан баъди њазор соли даст додани Давлати миллї  нахустин Артиши сарњадї барпо карда шуд, ки асосгузори ин падида Раиси онваќтаи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Э.Ш. Рањмонов ва собиќ Вазири амнияти Љумњурии Тољикистон С.З. Зуњуров мебошанд.

Банда њазорон шукри сарнавиштам мекунам, ки фармондењии ин артиши тозаэљод насибам гардид. Ман бо тамоми њастиям ба эљод, ташкилу таълим, машќу тамрин, ташаккулу тањким бахшидани он пардохтам. Дар тўли солњои 1997-2001-и  роњбариям басе шебу фарозњо, мадду љазрњо, пастию баландињо, камию костагињоро дидам, андаке бошад њам, таљрибаи низомї андўхтам. Гумон мекунам, ки  иншои њамаи ин барои навистани таърихи навини Давлати соњибистиќлоли тољик, хусусан барои офаридани таърихи Ќуввањои Мусаллањи кишвар аз ањамият холї нахоњад буд.

   Дар ин асари ёддоштие, ки пешкаши хонандагони арљманд мегардад, асосан сухан аз боби давраи таъсис, омўзиш, ташаккул ва такомули Артиши сарњадї ва љавонони марзбони фидокори тољик меравад.

 

 

 

ДАВРАИ   ТАЪСИС

 

            Баъди пош хўрдани Иттињоди Шуравї ва ба давлатњои мустаќил људо шудани љумњурињои собиќ  дар баъзе минтаќањо љараёни тезу тундшавии мањалгаройї ба амал омад. Иддае бо номи «пешвоёни» миллат ошкоро барои ба даст овардани њокимият муборизаи мусаллањонаро сар карданд.  Њодисањои сиёсии Тољикистон  аз воќеањои февралии соли 1990 сарчашма гирифтанд. Воќеањои февралї  амалан таркише  дар љомеа буд. Гурўње аз мансабталабон мехостанд маќсадњои ѓаразноки сиёсии худро дар зери байраќи «бозсозї» амалї кунанд. Он мардуме, ки «пешвоњои» навбаромадро дастгирї мекарданд, аз маќсадњои сиёсии онњо хабар надоштанд, ба назари эшон ин «пешвоён»-и миллат барои истиќлолияти љумњурї ба шўру ошўб омада бошанд.

            Баландтарин нуќтаи  ављгирии вазъи сиёсї дар љумњурї ва сабаби асосии даргирињо гирдињамоии моњи сентябри соли 1991 ва гирдињамоињои пай дар пайи 2 майдон: «Шањидон»-у  «Озодї»  гардиданд, ки моњњои апрел ва майи соли 1992 ба амал омада буданд. Ин гирдињамоињо моњиятан таќсими як миллат, зарбазании  фалокатбор ба якпорчагии љумњурї буд. Дар ду паллаи тарозу таќдири як халќу як миллат, як Ватан њаллу фасл мешуд. Ин амалан  сангари дутарафа ба муќобили њамдигар буд, ки аз он бўйи хун меомад ва оќибат ба хунрезї оварда расонд. Њукумати он давр  фалаљ шуд,  муддате чанд вазъ дар љумњурї бе назорат монд. Дар баъзе ноњияњо гурўњњои зиддиконститутсионї ва гурўњњои њимояи њукумати конститутсионї таъсис шуданд. Баъди шикаст хўрдани гурўњњои зиддиконститутсионї  аксарияти онњо ба Љумњурии исломии Афѓонистон фирор карданд.

            Аз маќсаду мароми ташкилкунандагони табаддулоти давлатї маълум буд, ки баъди маскан гирифтан дар сарзамини Афѓонистон, муборизаи яроќнокро аз мавќеи манфиати гурўњњои сиёсатмадороне, ки шарикаќида  буданд, хусусан аз нуќтаи назари Афѓонистон, Эрон, Покистон ва Арабистони Суудї давом доданианд ва албатта маълум буд, ки барои гузаронидани амалиётњои љангї, террористї, ќочоќчигї дар Тољикистон сарњади давлатии он бо Афѓонистон, ки 1334 километро ташкил медод, ба куллї  истифода хоњад шуд. Ба ин хотир аз охирњои соли 1992 сар карда, иншоотњои техникии дар сарњадбуда  шикаста ва вайрону валангор карда мешуданд. Њимояи баъзе ќитъањои људогонаи сарњад беш аз пеш душвор мегардид. Шумораи вайронкунандагони хати сарњад аз Тољикистон ба Афѓонистон ва аз Афѓонистон ба Тољикистон торафт зиёд мешуд. Дар њамон шабурўзњо аз рўйи вазъи мављуда, сарњадбонони Русия ба  танњої худашон  њимояи сарњадро пурра ўњда карда наметавонистанд. Ин њолат дар назди Њукумати Тољикистон проблемаи нав-яъне мустањкам кардани сарњади давлатиро гузошт.

            Аввалин санаде, ки ба њаллу фасли мушкилоти сарњад бахшида шуд, ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 18 - декабри соли 1992 тањти  раќами 981 мебошад. Дар асоси ин ќарор дар назди Кумитаи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон иборат аз 1000 нафар ливои (бригадаи) махсуси марзбонон барпо карда шуд. Баъди 10 рўз  28-уми декабри њамон сол Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон тањти раќами 989 дар њайати Кумитаи бехатарии миллии Љумњурии Тољикистон Раёсати њифзи сарњади Љумњурии Тољикистонро таъсис дод.

            Ин ду санад дар амри барпо намудани Артиши сарњадии Тољикистон наќши сарнавиштсоз бозиданд. Баъд аз ду сол-30-юми майи соли 1994 фармони Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон тањти раќами 273 дар бораи барпо намудани Артиши сарњадии Вазорати Амнияти Љумњурии Тољикистон ба имзо расид. Мувофиќи ин фармон њар сол 28-уми  май чун рўзи иди касбии сарњадбонони тољик (бидуни рўзи истироњатї) таљлил карда мешавад.

            Нахустин фармондењи ливои сарњадии тољик полковник (минбаъд генерал-майор) Сайфуллоев С. таъин гардид. Сарварии аввалин Раёсати сарњадии тољикро полковник Рогов А.И. ба дўш дошт.

            Ќарорњою фармонњои мазкур дар роњи барпо намудани Артиши марзбонони тољик, дар роњи ташаккулу такомул ёфтани он аввалин ќадамњои бањодурона буданд. Аммо артиши мазкур њанўз њам зери ќаноти Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон ќарор дошт.

            Артиши сарњадии Љумњурии Тољикистон, сарфи назар аз камшумории хеш, дар њассостарин марњалаи таърихи кишвар-давраи љанги њамватанї тавонист, ки хати дуру дарози марзи онро њифзу муроќибат намояд.

            Баъд аз ташкили ливои сарњадї батадриљ он такмил дода шуд, нигањбонии сарњад беш аз пеш мустањкамтар гардид. Дар ин амр ва такмили  нерўњои сарњадї ќарори  Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 апрели соли 1995 мусоидат кард. Тибќи ин ќарор  боз њам дар њайати Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон Сарраёсати лашкарони сарњадї барпо карда шуд.

            Дар тобеъияти Сарраёсат ду ливои сарњадї, 1 њанги (полки) таъљилии ноњияи Ќумсангир, сипоњиёни сарњадии Шањритус, комендатурањои ќасабаи Ќалъаихум ва Рўшон ќарор доштанд. Ѓайр аз ин, барои ташкили ротањои махсуси алоќа, бинокорї, наќлиётї иљозат дода шуда буданд. Њамзамон нуќтаи сарњадии гузаргоњї  «Хуљанд», Маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди низомї, пойгоњи таъминоти амвол, дастаи «Фалак», ки ќаблан њам дар таркиби  лашкариёни     марзбон  вуљуд  дошт, дар  сохтори  нави  Сарраёсат боќї монданд. Сардори Сарраёсати сипоњиёни сарњадї чун пештара Рогов А.И.  таъин карда шуд.

Охирњои соли 1996 ва аз аввалњои соли 1997  дар љомеаи мо, хусусан дар арсаи сиёсат ва сиёсатмадорї, таъѓйиротњои куллї ба амал омаданд. Њукумати љумњурї пай дар пай  ба раванди сиёсї нигоњ карда, роњи сулњу салоњро пеш мегирифт. Зиндагї  возењу равшан нишон дод, ки фаќат худи тољикон ќодир њастанд оташи даргирифтаи хонаи хешро хомўш кунанд. Њаёт боз њам собит намуд, ки  силоњ дар љамъият роњи њалли масъала нест. Сарвари  љумњурї бо дарки масъулият ба хотири таъмини сулњу вањдат, якпорчагии  Ватан бисёр талошњо ба харљ дод,  бо собиќ мухолифин  вохўрињо, гуфтушунидњо  созмон дод, диду боздид кард ва барои эљоди сулњи миллї заминаи мусойид фароњам овард. Аз  тарафи дигар,  љангу љидолњои дохила оњиста-оњиста њалли худро меёфтанд. Чунин вазъ, чунин шароит  боз њам  мустањкам гардонидани сарњади дохилии давлати Тољикистонро таќозо мекард. Ба хотири боз њам тањким бахшидани сарњади давлатї бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз моњи феврали соли 1997 Кумитаи њифзи сарњади давлатии  назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд. Ва   њамон сол Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сарњад» ќабул гардид. Тибќи ин ќонун вазифа ва самтњои асосии фаъолияти марзбонон ба танзим дароварда шуданд.

            Давлат мањфуми истиќлолияти миллиро дорад. Он дахлнопазиру таќсимношаванда мебошад ва ин нукта дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ таьќид ёфтааст. Бар дўши сохтори Кумитаи њифзи сарњад вазифаи басо мушкилу масъулиятнок-њифзи марзи давлатї вогузор шудааст. Кумитаи њифзи сарњад дар љумњурии мо маќоми комилан нав аст.

            Аз рўи мавќеъ ва њудуди љойгиршавии Тољикистон сарњади он ба ду ќисм таќсим мешавад:

            ќисми аввал, сарњадоти хориљии Љумњурии Тољикистон бо  марзи умумии кишварњои ИДМ. Ин хати марз тибќи шартномаи ин давлатњо ба расмият дароварда шудааст. Инњо сарњадњои Тољикистону Афѓонистон (1334 км) ва Тољикистону Љумњурии мардумии Чин (511 км) мебошанд.

            ќисми дуввум – сарњадоти дохилии мо, сарњади Тољикистону Ўзбекистон ва Ќирѓизистон, ки мутаносибан 1363 ва 990 км масофа

доранд. Баъди исёни Худойбердиев М. дар шањри Турсунзода ва њуљуми ў ба вилояти Суѓд моро лозим омад, ки ба мустањкам намудани сарњади дохилї ањамияти љиддї дињем. Дар ин минтаќањо соли 2000 њафт отрядњои сарњадї ташкил ва онњо бо нерў ва лавозимоти зарурии техникї таъмин карда шуданд.   

 Президенти љумњурї моњи феврали соли 1997 маро  Раиси Кумитаи Њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин намуда, вазифадор карданд, ки то њаддї имкон барои дар оянда ташакул додани ќўшунњои сарњадии љумњурї тамоми чорањоро бубинем. Камина бечуну чаро дарк мекардам, ки ин њам боварии калон ва њам  масъулияти бузургест дар назди Халќу Ватан. Ин вазифа зањмати бисёреро талаб мекард. Баъди таъин шудан, ман бо њайати афсарон шинос шудам. Як гурўњи афсарони хурд дар ќисмњои њарбї адои хизмат мекарданд, ки соли 1995-ўм курси шашмоњаро дар Маркази таълимии гурўњи сарњадбонони Русия дар Тољикистон ва як гурўњ курси кўтоњмуддатро дар ш. Алма-ато хатм кардаанд. Боќимонда афсарону прапорщикњое буданд, ки ќисми онњо собиќадорони фронти халќї ва иддае тавасути комиссариатњои њарбї ба хизмат љалб шуда буданд. Њамон шабу рўзњо ќариб, ки дар ќисмњои њарбї зиёда аз њафтод  фисади сарбозон набуданд, хусусан дар ќисмњои љанубии сарњад ва ноњияи Турсунзода. Ин сабаб дошт. Дар муддати солњои 1995-1997 вазъи сиёсиро дар минтаќаи собиќ вилояти Ќурѓонтеппа њаммаслакони  Мањмуд  Худойбердиев  ва  дар водии Њисору  ноњияи Турсунзода-Бойматов И. ва шарикони онњо  такрор ба такрор  тезу тунд мекарданд. Далели дигари нооромии он шабу рўзњо, бештар «Синдроми ќумондонњои» собиќ Фронти халќї буд, ки  аз суст будани маќомоти ќудратї суиистеъмол мекарданд. Аксарияти онњо ба ном ќисмњои амалкунандаи њарбї буданд, аммо, мутаассифона, њар ќумондон дар амал дар шахсияти хеш сарлашкарро медид. Барои барќарор кардани лашкарони низомие, ки онњо тањти тасарруфи њарбиёни касбї бошанд, ваќт лозим буд.

            Пеш аз њама баръало њис мекардам, ки баъди ташкили сохтори Кумита, даставвал бояд фавран масъалаи тайёр кардани афсарони касбї, чї дар љумњурї ва чї  берун аз њудуди он, њалли худро ба таври бояду шояд ёбад. Барои ин, албатта, маблаѓњои калон лозим буданд. Моњи майи соли 1997 лоињаи сохтори Кумита ва Низомномаи он ба Њукумати љумњурї пешнињод карда шуд. Њайат иборат аз раиси Кумита, љонишини якўм (генерал-майор Сайфуллоев С.), сардори Раёсати корњо оид ба кадрњо- њамзамон љонишини раиси Кумита (подполковник Ањмадов М.), сардори Раёсати иктишофї-њамзамон љонишин (подполковник Сулаймонбеков А.), љонишин оид ба таъминот, аќибгоњ ва лавозимоти њарбї (подполковник Ѓураев Н.) иборат буд. Азбаски сарњади дохилї аллакай мафњуму мавќеи худро дар љомеа пайдо карда буд, зарурияти мустањкам  намудани сарњади љумњурї бо љумњурињои Ўзбекистону Ќирѓизистон дар марњилаи аввал меистод. Ба њамин хотир дар шањри Хуљанд комендатураи сарњадї ва постгоњњои назорати сарњадї дар  ноњияњои Нову Бўстон ба фаъолият сар карданд. Ба замми ин, мо аз системаи комендатурие,  ки идораи якчанд минтаќаро ўњда карда наметавонист даст кашида, низоми ливоиро (бригадавиро) маќбул донистем. Ба њамин хотир мо дар вилояти Хатлон ташкили 4 ливои сарњадиро дар сохтор пешбарї  намудем. Дар ноњияњои Фархору Панљ ва Љилликўлу  Турсунзода аллакай комендатурањои нав  фаъолият доштанд. Дар марказ-яъне кумита бошад, якчанд таркибњои  нави сохторї  ба монанди   Раёсати њуќуќ ва муносибатњои байналхалќї, Хадамоти иттилоотї, Раёсати иктишофї, Маркази ахбор ва чанд воњиди дигар ба кор сар карданд. Лоињаи ба Њукумати љумњурї пешнињод кардаи мо бо ќарори њукумати љумњурї тањти раќами № 346-9 аз 5.08. с.1997 тасдиќ ва шумораи сарњадбонон  зиёд карда шуд. Расман баъди ќарори Њукумат подполковник Эмомов Р. (њоло полковник) фармондењи ливои 1-ўм (дар њайати ду комендатура),   фармондењи   ливои  2-ўм подполковник Шамолов С. (дар њайати се комендатура),  фармондењи ливои 3-юми сарњадї подполковник Чолов Ќ. (иборат аз ду комендатура), фармондењи ливои 4-ўм  майор Раљабов Б. - комендатураи  алоњидаи  сарњадии Дарвоз ва Рўшон, фармондењон Комилов Б. ва Холбашев Х. - сардори комендатураи сарњадии ноњияи Турсунзода, подполковник Саидов С. ва  полковник Њомидов Њ.Р. - сардори камендатураи сарњадии Хуљанд таъин гаштанд. Генерал-майор Рогов А.И. ба сифати  сардори ситоди лашкарони  сарњадии љумњурї аз тарафи Њукумати љумњурї таъин карда   шуд.  Пешнињодоти мо дар хусуси дар ш. Душанбе барпо намудани бемористони низомї ва дар аэропорти пойтахт таъсис додани шўъбаи назоратии сарњадї њалли худро ёфтанд. Шўъбаи назорати сарњадии вилояти Суѓд дар фурўдгоњи Хуљанд ва боз якчанд нуќтањои дигари назорати сарњадї дар вилояти Суѓд аллакай ба фаъолият шурўъ карда,  аз нуќтаи назари њуќуќї ба танзим оварда шуда буданд.

 

 

ТАКМИЛИ    СОХТОРЊОИ    КЊСД –и   НАЗДИ

ЊУКУМАТИ   ЉУМЊУРИИ   ТОЉИКИСТОН  
ВА МУСТАЊКАМКУНИИ   МАРЗИ  
ДОХИЛИИ  ЉУМЊУРЇ

 

Ваќте ки  сарњад ором аст, њаёт мўътадилу осуда  мегузарад, одамон бо дили пур ба кору бори худ машѓул мешаванд, њама дар ин сарзамини муќаддас, ки Ватан ном дорад, аз зиндагї файз мебаранд ва барои рушду ободии он љањду талош меварзанд.

- Оё    мардуми  тољик пурра метавонанд гуфт, ки аз  оромии сарњади Ватан беташвиш  бошанд?

Пеш     аз   њама   бо    кўшишњои    пайгиронаи    Президенти  

мўњтарами Тољикистон  Э.Ш. Рањмонов дар кишвари мо сулњи бебозгашт барќарор шуд, мулк батадриљ ободу осуда мегардад ва вазифаи сарњадбонон аз он иборат аст, ки  бояд ин музафариятњоро њифз намоянд. Њифзи сарњади Ватан на танњо иљрои вазифаи касбї, балки  вазифаи муќаддастарини њар як шањрванд ва шахси ватандўст ба шумор меравад.

            Зоњиран мафњуми сарњади дохилї дар бисёр љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї баъди барњам хўрдани ин империяи абарќудрат ба миён омад. Дар давраи Шўравї байни љумњурињо  сарњад набуд, минтаќањо аз рўйи њудуди маъмурї  таќсим мешуданд ва ин ваколат фаќат салоњияти Шўрои олии СССР буд. Натиљаи нодуруст људо кардани ќитъањои сарњадї ба хотири  тафриќаандозї гузаронида мешуд.

            Аксарияти љанљолњои байнисарњадї баъди соли 1992 миёни собиќ љумњурињои Шўравї  натиљаи нодурустии таќсимоти замину обу  иншоотњое  буданд, ки то солњои 1992  моликияти  як љумњурї мањсуб мегардиданд  ва баъди аз байн рафтани СССР насиби давлати мустаќили дигаре шуданд. Ба ёд оред хунрезињои  Арманистону Озорбойљонро барои Ќарабоѓи кўњї, Ўзбекистону Ќирѓизистонро барои минтаќаву ќитъањое,  ки чандин дањсолањо пеш тибќи ќарорњои Раёсати Шўрои  олии СССР муайян шуда буданд.

            Љумњурии Тољикистон аз рўйи мавќеи љуѓрофї бо Давлати исломии Афѓонистон, Љумњурии Халќии Чин, љумњурињои Ўзбекистону Ќирѓизистон њамсарњад мебошад. Оиди аз ќадимулаём набудани хати сарњад байни   љумњурињои Осиёи Марказї  сарчашмањои таърихї низ шањодат медињанд. Таърихи  тољикони кўњанбунёд  дар шоњасари Б.Ѓафуров «Тољикон» муфассал тањлил шудааст ва ба њамин хотир   ман   оиди    њудудњои  таърихї  ва  маъмурии сарњади љумњурї то ба даврони расидан  ба соњибистиќлолї,  яъне то 9-сентябри соли 1991, ягон маълумоте ба хонандагони арљуманд пешкаш карданї нестам. Фаќат  мехоњам, ки дар бораи давраи аз соли 1992 ин љониб, ки ба чї душвориву машаќќатњо  ќўшунњои сарњадиро дар марзи Тољикистону Ўзбекистон љобаљо  кардем, андаке наќл намоям. То соли 1994-ўм, то замони артиши тозаэљоди  сарњади љумњурї, вазъи сиёсии дохилии кишвар  бо  амалиёти муштараконаи маќомоти ќудратї танзим карда мешуд. Дар марзњои Ўзбекистону Ќирѓизистон њанўз нерўњои сарњадї вуљуд надоштанд. Ягон меъёри њуќуќї дар бораи хати марзи  Тољикистон, ба љуз ќарору  фармонњои Раёсати Шўрои олии СССР, мављуд набуд.

            Баъди воќеањои ба њама маълуми солњои 1992-1993 Љумњурии Ўзбекистон  бе  гуфтушунидњо бо Њукумати Тољикистон дар вилоятњои Сурхондарё, Тирмиз ба сохтмони иншоотњои сарњадї байни Тољикистону Ўзбекистон сар кард. Гузашта аз ин роњбарияти Ўзбекистон бо сабаби костагии муносибатњо, Тољикистонро ба халќаи муњосираи иќтисодї гирифт. Воќеан,  дар давоми муборизањои шадиди соли 1992 сарварони Ўзбекистон ба љабњаи халќии Тољикистон хеле ёрии моддиву  молиявї карданд. Баъдтар маълум шуд, ки ин ёрдамњо беѓараз набудааст. Баъди барќарор шудани Њукумати конститутсионї дар Тољикистон, онњо сиёсатеро  пеш гирифтанд, ки бар манфиати миллат ва давлати мо набуд. 

Шукри худованди бузург, ки тири њадафашон хок хўрд. Њамзамон сарвари мо ба оламиён эълом кард, ки Давлати тољик, Миллати тољик роњи тараќќиёти худашро худаш интихоб кардааст ва мо зиндагиву кору фаъолиятамонро аз рўйи анъанањои ниёгонамон пеш мебарем. Онњо умеди калон доштанд, ки ба ивази кўмакњо Њукумати Тољикистон фармонбардори эшон мешавад. Ин « густохии» сарвари мо ба њамсояамон писанд наомад,  дар  улуми  дипломатияи  нонавишта таъќиб сар шуд.

            Хабарњои дастрас гардидаро пай дар пай тањлил намуда Президенти кишвар С.Зуњуровро вазифадор карданд, ки бунёди Артиши сарњадиро созмон дињад ва љобаљокунии сипоњиёни сарњадиро дар марзи љумњурї бо Ўзбекистон оѓоз намояд. Ин кори осон набуд. Тасаввур кунед, ки ноњияњои Турсунзода, Њисор, Шањритус, Бишкент ва тамоми навоњии вилоти Суѓд бо Љумњурии Ўзбекистон њамњудуд мебошанд. Тибќи меъёрњои сохтори сарњадї дар њар як ноњия як комендатураи сарњадї ва 4 застава бояд амал кунанд. Мо њама ин душворињоро дарк мекардем, аммо новобаста ба онњо бояд супориши сарвари давлатро давра ба давра иљро менамудем.

            Нахустин комендатураи сарњадї дар ноњияи Турсунзода таъсис дода шуд. Чор застава  дар марз ва як нуќтаи назорати сарњадї дар шоњроњи «Душанбе-Дењнав» ба  фаъолият шурўъ карданд. Ин соли 1995- айёме буд, ки ќуввањои исёнгари  Бойматов И., Солењов М. ва дигарон дар водии Њисору Турсунзода  таъсири калон доштанд.  Аз тарси силоњбадастон-тобеъони онњо ќариб, ки идорањои њукумати  бояду шояд кор намекарданд. Ба ин душворињо нигоњ накарда,  комендатураи сарњадї корро оѓоз намуд.

            Дуввум воњиди сарњадї соли 1997 комендатураи «Хуљанд» гардид, ки дар шањри Хуљанд созмон дода шуд. Вай дар ибтидо  фаќат назорати роњњои мошингардро дар ноњияи Нов, Бўстон тањти назорат гирифт.

            Роњбарони Вазорати амният дар чандин гуфтушунидњо бо соњибмансабони идорањои ќудратии Ўзбекистон  пешнињод карданд, ки таърихи бисёрасраи  рафоќату дўстии ду халќро ба назар гирифта, бо роњи кушодани нуќтањои назорати сарњадї дар минтаќањои одамгузар ва ноњияњо шурўъ намоем. Мо ин проблемаро аз он лињоз низ пешнињод кардем, ки дар тўли асрњо  ин ду халќ бо њам омезиш ёфтаанд ва дар ноњияњои  њар ду давлат њам хешу таборони  зиёд доранд. Аммо, онњо  розигї надоданд. Албатта аз нуќтаи назари сиёсати давлати мустаќил ва меъёрњои  хуќуќи байналмиллї мо медонистем, ки њар давлат  метавонад сарњади давлатии худро мустањкам ва њифз кунад. Ба њамин  хотир мо ба  консепсияи њифзи сарњад дар тамоми тулўъи ў бо роњи ташкил кардани сохторњои сарњадї фавран розї  набудем ва мехостем, ки ин корро  аќалан давра ба давра ба роњ монем…

            Имрўз  дар ќораи Аврупо, ки чун мо тољикону ўзбекон хешу табор нестанд, рафтуомади миллатњои мухталиф ба давлати якдигар  он шаклеро гирифтааст, ки дар даврони шўравї миёни тамоми љамоњир вуљуд дошт.

            Лекин сад дареѓ, ки њамсоя то ба охир ќонунњои нонавиштаи њамсоягариро риоя накард, моро нагузошт, ки орому осуда зиндагї кунем, аз пайи тањким бахшидани истиќлолиятамон шавем. Баръакс, вазъи дохили љумњурии моро муташанниљ сохт, аз душворињои иќтисодии мо суйиистифода карданї шуда, истиќлолияти миллии моро ба боди фано доданї буд. Шукри эзиди лоязол, ки хиради тољикон боз њам боло гирифт ва ин айёрии «њамсоя»-ро нек дарк кард.    

            Шўру ошўб дар ш. Ќурѓонтеппа, ноњияњои Турсунзодаву Њисор аз љониби ќуввањои зиддињукуматї тањти сарпарастии фармондењи ливои  зудамали президенти полковник Худойбердиев М., зердастону њаммаслакони ў, аз  тарафи дигар дахолати ѓайрирасмии баъзе доирањои расмии Ўзбекистон, ки ба њар восита мехостанд, вазъиятро дар љумњурии мо номўътадил гардонанд, Њукумати Тољикистонро маљбур сохтанд, ки масъалаи мустањкам кардани марзи љумњуриро бо Љумњурии Ўзбекистон ба дараљаи аввали чорабинињои Њукумат гузорад. Аллакай  исёнгарон баъди шикаст хўрданашон дар минтаќањои гуногуни Ўзбекистон мавќеъ гирифта буданд. Вале онњо ба маќсади нопоки худ нарасиданд.

 Дар шикаст додани  гурўњњои зиддидавлатї    сарњадбонони  тољик низ  сањми  бориз   доранд. Онњо дар якљоягї бо Горди президентї (Мирзоев Ѓ.)  далериву  шуљоат нишон доданд, хусусан афсарону сарбозони  бригадањои сарњадии 1-3   (фармондењон Чолов Ќ.,  Шамолов С., Эмомов Р. бо њунари размандагиашон фарќ мекарданд. Дар ин муњорибањо чандин афсарону сарбозон ќањрамонона њалок гардиданд. Барои  Хизматњои шоён ва корнамоињои љангї полковник Шамолов С. бо фармони Президенти љумњурї сазовори рутбаи олии генерал-майор ва Чолов бо ордени «Спитамен»-и дараљаи аввал  мукофотонида шуданд.

            Гурўњњои террористии дар кишвари њамсоя маскан гирифта маќсадњои доманадор, аз љумла ниятњои ѓасби ѓайриќонунии њокимиятро амали гардониданї шуда, дар мамлакату минтаќањои гуногуни ноњияњои љумњурї вазъиятро њамаљониба ноустувор ва тезу тунд карданї мешуданд. Ин гурўњњо аз хунрезї, ќир кардани одамон њазар надоштанд. Њуљумњои пай дар пайи онњо дар минтаќањои  сарњадї,   ќисмњои њарбї, амалиётњои террористиашон бар зидди шахсони алоњида аз соли 1997 ин љониб ба роњ монда шуда буданд. Шањодати  боз аз сари нав љоннокшавии исёнгарон дар хабарњои њаррўзаи ба дасти мо расанда нишон медоданд, ки онњо аз њадафњои хеш ба осонї даст кашиданї нестанд. Ба ин  аввалин задухўрде, ки дар ноњияи Турсунзода аз љониби зердастони собиќ раиси Њукумати ноњия Бойматов И. дар минтаќаи заставаи «Гулхас» ба вуќўъ пайваст, мисол шуда метавонад. Ин њамларо  сарњадбонон дар якљоягї  бо афсарону сарбозони Горди президентї зада гардонданд ва дар натиљаи љанги шадиди  шабонарўзї дањо марзшиканон кушта шуда, боќимондањо боз ба Ўзбекистон рў ба фирор нињоданд.

            Муддате нагузашта гурўњи террористї ба љони раиси  ш. Турсунзода Хайруллоев Н. ќасд карда, ўро берањмона дар љойи кораш ба ќатл расонд. Дар њамон шабу  рўзњо боз чунин як амалиёти террористї нисбати афсарони Горди  президентї гузаронида шуд, ки  мутаассифона 17 нафар њалок гардиданд. Мо хабар доштем, ки гурўњњои зиддидавлатї дар љумњурии  њамсоя тањти сарпарастии хољањои худ дар симои Хадамоти амният ва Умури дохила тайёрии њарбї гузаронида  боз мехоњанд, ки як бори дигар «бахташонро» санљида бинанд  ва ба ин хотир дар њама  самтњо таќсим шуда буданд. Ноњияњои Турсунзодаву Шањритус ва вилояти Суѓд ба Хадамоти амниятї ва  ба Вазорати умури дохилаи кишвари њамсоя вобаста шуда буданд. Ба хотири номўтаъдил гардонидани вазъи сиёсї дар минтаќањои назди сарњадї ин ду идораи абарќудрат њамаи чорањоро медиданд ва доимо фаъолияти иктишофї мебурданд. Аз љониби сарњадбонони тољик  њодисањои дастгир кардани шахсоне љой доштанд, ки  дар минтаќањои зикршуда оиди вазъият  маълумот љамъоварї мекарданд.

            Њамзамон мо шоњиди он будем, ки давра ба давра мустањкамкунї, сохтмони иншоотњои сарњадї дар марзи Ўзбекистону Тољикистон аз љониби идорањои ваколатдори давлати њамсоя дар ављ аст. Солњои 1997-1998 ќариб ки тамоми сарњади Ўзбекистон дар мањалњо ягон риефњои кўњї надошта бо ду ќатор симхор дар њудуди вилояти Сурхондарё, Тирмиз ва хати сарњади вилояти Суѓд мустањкам карда шуданд.

            Саволе ба миён меояд, ки Њукумати Тољикистон  њадафу мароми гурўњњои зиддињукуматиро медонист, чаро фавран чора наандешид, марзи дохилии кишварро  мустањкам накард?  Омилњое буданд, ки ба ин имконият намедоданд. Пеш аз њама омили иќтисодї. Барои сохтмон, нигоњ доштани 5-6 њазор сарњадбон маблаѓ лозим буд. Аз љониби дигар,  њолати баъдиљангии кишвар талаб мекард, ки гурезањоро аз Афѓонистон  баргардонида бо хонаю љой, љубронпулї таъмин кунем, ќуввањои собиќ мухолифинро реентеграсия карда, ба идорањои ќудратї шомил гардонем, пўшонем, хўронем, манзил созем. Бо њамин сабабњо мо натавонистем, ки марзи давлати Тољикистонро бо Ўзбекистон филфавр созмон дода, њифзу  муроќибати онро таъмин кунем. Он ќуввањои камшуморе, ки  дар тўли   сарњадї  зиёда аз њазор  км  масофа дошта буданд,  бо  ду комендатура ва  600 нафар афсарону аскарон њељ ваќт оромии марзи кишварро ўњда карда наметавонистанд.

            Барои таъмини њифзи марз ва њалли мушкилоти сарњадї бо исрор ва талошњои пайгиронаи Президент Эмомалї Шарифович  Рањмонов дар тўли солњои 1996-1998 Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон саъю талошњои зиёде ба харљ дод, ки бо нерўњои сарњадии давлати њамсоя гуфтушунидњо карда, масъалањои доѓи рўз ва мушкилоти сарњадро, ки ба њарду љониб иртибот доштанд, њаллу фасл намояд. Бо пофишории Президент Рањмонов мо ба он муваффаќ шудем, ки аз њарду љониб дар сатњи давлатї комиссияњои њаллу фасли масоили сарњадї барпо карда шуданд ва онњо љињати рафъи мушкилот борњо вохўрданд ва ташкили љаласа доданд. Њамсояи хуншарикамон дар ин вохўрињо бо камоли «мењр» ваъда мекард, ки ба хотири тањкими дўстии таърихии ду халќ-тољику ўзбек њар лањза омода њастанд, ки роњњои њавоии байни Тошканду Душанбе ва Самарќанду Душанберо боз кунанд. Вале њамаи ин ваъдањои хушку холї буданду бас. Мо ѓолибан натиљањои гуфтушунидамонро аз тариќи садою симо ва матбуот ба халќамон иброз медоштем, хотири онњоро хуш   месохтем. Онњо бо чашми интизор ба ояндаи «хуш» менигаристанд, вале сад афсўс, ки интизорашон интињо надошт. Хулоса гап дигар буду амал дигар.

            Дар вохўрињо ва гуфтушунидњои тарафайн мо гилаи  дўстона мекардем, ки гурўњњои исёнгари Тољикистон дар  сарзамини шумо паноњ бурдаанд ва њадафњои нопок доранд. Онњо исроркорона инкор мекарданд, ки ин гилаатон бељост…

            Гузашта аз ин, дўстони хуншарики мо аз расонањои хабариашон тољиконро ба мардумашон чун ќавми роњзану исломгаро таблиѓу ташвиќ ва муаррифї менамуданд.

            Хабарњои аввали  соли  1998- аз  сарчашмањои гуногуни ба идорањои ќудратї воридшуда нишон медоданд, ки дар  мавзењову мавќеъњои  мухталифи сарњади давлатии Тољикистону Ўзбекистон силоњбадастони шумораашон аз 50 то 200 нафара  машќњои њарбї мегузаронанд. Онњо омодагї мегирифтанд,  ки аз марз гузашта, вазъиятро дар баъзе навоњии љумњурии мо тезу тунд кунанд. Бо супориши Президенти кишвар мо тадбирњо меандешидем, аммо онњо нокифоя буданд, зеро  имконияти пурра   надоштем.  Сабаби асосиаш-касодии иќтисодї буд.

            Оќибат њар он чи ки мо интизораш будем, бо чашмони сар дидем. Охирњои моњи октябри соли 1998 барои иштирок дар Шўрои фармондењони сарњадии ДММ  сафар доштам. Љаласаи Шўро дар ш. Санк-Петербург мегузашт. 3-ноябр ман ба  Маскав баргаштам. Пагоњї аз барномаи «Вести» фањмидам, ки шаби  4-ноябр соати 4-пагоњї зиёда аз њазор нафар силоњбадастон  тањти роњбарии полковник Худойбердиев М. дар самти шимоли мамлакат аз марзи Ўзбекистон гузашта, шањру ноњияњои вилояти Суѓдро бе ягон муќобилият, ба ѓайри ноњияњои Исфара ва Панљакент, зери  тасаруфи хеш даровардаанд.

            Худи њамон лањзае, ки аз ин рафтори ношоиста воќиф шудам, либосњоямро пўшида рост ба фуругоњи «Домодедово» омадам.  Хушбахтона, он рўз њавопаймои аз Душанбе ба Маскав омадаро  сардори Ширкати њавопаймоии «Тољикистон» М. Мастонгулов идора карда чун камандири киштї омада будааст. Ўро пайдо карда њамсўњбат шудам. Хабари аниќ надоштааст ва ў њам дар ваќти парвоз  аз расонањои хабарї дар ин хусус маълумот гирифта будааст. Илтимос кардам, ки маро бо худ гирад. Баъди нисфирўзї њавопаймо роњи  Душанберо пеш гирифт. Соати њашти бегоњї ман дар фурудгоњ фуромада, ба утоќи кориам рафтам.

Аз љонишинњо, сардорони раёсатњову шўъбањо  оиди  шабохун  задани Мањмуд хабари муфассалтар  гирифтам. Тибќи  иттилооти мављуда Худойбердиев ва њаммаслакони ў аз самтњои шимоли ноњияи Шањристон ворид шуда, ќариб бе ягон муќобилият  ба  Хуљанд даромада, фурудгоњ ва дигар нуќтањои стратегиро тањти назорат гирифтаанд. Ягона нуќтае, ки бар зидди онњо муќобилият  нишон додааст, пости нозирони Бехатарии давлатии автомобилии  ш. Ўротеппа будааст. Дар ин задухўрдњои нобаробар онњо ба њалокат расидаанд. Баъд аз шиносойї бо вазъият гўшаки телефонро гирифта, ба Президенти љумњурї гузориш додам, ки ман пеш аз мўњлат аз сафар баргаштам. Он кас дар утоќи кориашон будаанд ва аз банда изњори миннатдорї карданд. Ба ман фармуданд, ки котиби Шўрои  амният Азимовро ёфта маслињат кунему бо пешнињодњои  мушаххас оиди бењтар намудани вазъияти бамиёномада шабона ба наздашон биравем. Фавран ман бо њамроњии  Азимов А. ба назди Зуњуров С., ки он ваќт Вазири амният буд, барои маслињат ба утоќи кориаш омадем. Ў  хабар дод, ки фармондењи Горди президентї генерал Мирзоев Ѓ. ва љонишини Вазири амният   шодравон  Љобиров Ш. дар вилояти Суѓд мебошанд ва афсарону сарбозони Горди президентї дар ш. Чкаловск дар набардњои шадид иштирок доранд, талафњои љонї њам  ба бор омадааст. Ба хулоса омадем, ки сараввал барои  ёрдам расондан ба љанговарони  Мирзоев ягон гурўњро тавассути чархболњо ба ш. Чкаловск фиристонем. Ман  худи  њамин шаб ба фармондењи ливои  1-ўми сарњадї подполковник Эмонов Р. фармон додам, ки гурўњи зудамали 48 нафараи ш. Кўлобро, ки   барои сафар омода  буданд, шабона ба ш. Душанбе биёранд, то пагоњии барваќт онњоро ба вилояти Суѓд интиќол дињем. Сарпарастии ин гурўњ ба афсари далеру шуљоъ капитан Аловердиев Шер супорида шуд. Ин гурўњ баъди ба вилояти Суѓд рафтанаш дар задухўрдњо бар зидди ќуввањои исёнгари Худойбердиев дар якљоягї бо Горди президентї корнамоињои хуби љангї нишон дод. Чанде баъд ин сарњадчиёни диловар  бо нишонњои  давлатї сарфароз гардиданд. Дар он шабу рўзњо ќариб  ки тамоми њарбу зарбњо алайњи  баталёни Горди президентї, ки дар ш. Чкаловск мавќеъ гирифта буд, равона гардиданд. Мањмуд Худойбердиев бо ин роњ пеш аз њама аз Мирзоев Ѓ.  ќассос мегирифт. Чунки ў гунањкори њама бохтњояшро дар шахсияти Мирзоев медид. Дигар нерўњои њарбие, ки дар вилоят љой доштанд, ќариб  то омадани ќуввањои иловагї аз марказ ягон амалиёт  нагузарониданд ва  аксарияти мансабдорон бефаъолиятї нишон доданд.

            Њини  машварат Зуњуров С. гуфтанд, ки сарфармондењи олии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон иљозат доданд, ки дар сурати нарасидани нерўњои њарбї гурўњњои реентиграсияшудаи собиќ мухолифинро низ истифода барем. Ќарор  шуд,  ки  якчанд   гурўњњо  тањти   сарпарастии Зиёев М., Искандаров М. ва  чанд гурўњи дигар ба фурудгоњи њавопаймойии  Панљакент фуроварда шаванд. Тањлили  вазъият нишон дод, ки исёнгарон бо сардории  подполковник Зваригин С.А. (љонишини Худойбердиев М.) ба ноњияи Айнї ворид шуда ноњияро зери назорат  гирифтаанд. Аз љониби аѓбаи Анзоб роњи «Душанбе- Суѓд»-ро афсарону сарбозони ливои таъиноти махсуси Вазорати дохила (фармондењ генерал - Ќосимов С.) зери назорат гирифтанд. Тибќи дастурњо ситоди амалкунанда баъди љобаљошавии ќуввањои иловагї дар ноњияи Панљакент ва њаракати онњо љониби ноњияи Айнї дар як ваќт бояд амалиётро аз ду тараф барои дар њалќаи муњосира гирифтани ќуввањои зиддидавлатї  сар мекард. Дар бораи њамаи наќшањои пешбинишуда ба Президенти кишвар гузориш  тайёр карда, розияташонро гирифтем. Пеш аз оѓози љо ба љокунии ќуввањои љангї мўњтарам Э.Ш. Рањмонов фармуданд, ки якчанд воњидњои техникаи зирењпўшро бо саду панљоњ нафар сарњадчиён омода созем, ки тавассути роњи оњан ба вилояти Суѓд  барои мустањкам кардани сарњади Тољикистону Ўзбекистон    ва   истифодаи  онњо дар муњорибањо  бурда   шаванд. Э.Ш. Рањмонов таъкид карданд, ки ин  пешнињоди Њукумати Ўзбекистон  мебошад. Воќеан њам, баъди ба эътидол овардани вазъият дар вилояти Суѓд, њамсояњо  њамин  лањзањоро ба ёд оварда, бегуноњии худро «исбот» карданї шуданд. Худи њамон шаб генерал-майор Шамолов С.Д. тибќи дастури гирифтааш саду панљоњ нафар афсарону сарбозонро, ки омодаи сафар буданд, бо чор поя техникаи зирењпўш ба ќатора  бор карда љониби вилояти Суѓд равон кард. Сарварии ин гурўњро майор Љаъфаров М . ба ўњда дошт. Баъди се рўз онњо ба ноњияи Нов расида њифзи марзи љумњуриро онљо ба дўши худ гирифтанд.

            Пагоњї  шашуми ноябр мо аз фурудгоњи Душанбе аз њисоби сарбозони гурўњњои Зиёев М., Искандаров М. ва Низомов М. 250 нафарро тавасути њавопаймоњо  ба н. Панљакент фиристодем. Аз  тарафи Кумитаи њифзи сарњад  40 афсар бо сардории полковник Рањимов С. ( њоло сардори Раёсати нуќтаи назорати сарњадии фурудгоњи Душанбе) ба н. Панљакент фиристонида  шуданд. Ин гурўњ ќањрамонии беназир нишон дода ба исёнгарон зарбаи марговар заданд. Ќарор  шуд, ки ман худи њамин рўз ба ш. Чкаловск ба назди Мирзоев Ѓ. ва Азимов А. барои сарварї ба ноњияи Панљакент парвоз кунем.

            Дар љангњои  шадиди ноњияи Айнї, њамаи фиристодагон корнамоињои беназир нишон дода, зиёда аз 50 нафар исёнгаронро дастгир карда, ба идорањои њифзи њуќуќ супориданд. Тафтишу тањќиќ нишон доданд, ки онњо дар ноњияи Зомини Ўзбекистон тайёрии њарбиро гузашта, дар он љо аз љониби кормандони Хадамоти  амниятии Ўзбекистон мусаллањ шуда, барои ѓасби вилояти Суѓд  шабохун задаанд. Ба андешаи ман задухўрдњои дар вилояти Суѓд ташкил  шуда исён не, балки терроризми пардапўши байналхалќї мебошад.  Шуљоату ќањрамонињое, ки фарзандони диловари Тољикистони азиз дар саркўбии исён ва баъд аз байн бурдани њамлаи террористонаи Мањмуд Худойбердиев ва њаммаслаконаш  нишон доданд, пеши чашмони хонандаи мушфиќ корномањои љанговаронаи Спитамену Шерак, Муќаннаъу Деваштич, Темурмалику Сарбадорон, Восеъу Ањмадшоњи Масъуд ва садњо мењанпарастони асили миллатро љилвагар месозанд. Исми шарифи афсарону аскарон, аз он љумла лашкаркашони сарњадї, дар таърихи навтарини халќи бањодури тољик, дар  таърихи давлати соњибистиќлоли он, дар таърихи корномањои Ќуввањои Мусаллањи љумњурї бо њарфњои заррин навишта мешавад ва љовидонї боќї мемонад.

            Солњои  1999-2000-ўм бо назардошти рўз то рўз мураккабтар гардидани вазъияти фаврї дар минтаќањои сарњадии байни Тољикистону Ўзбекистон, барои мустањкам намудани самтњои Турсунзода, Эсанбой, Султонободи ноњияи  Шањритус тадбирњои иловагї дида шуданд. Дар  самти Турсунзода  аз  њисоби  захирањои  дохилии воњидњои иловагї ливои сарњадї созмон дода шуд. Дар марзи Тољикистону Ўзбекистон дар ноњияи Њисор, як комендатураи нави сарњадї (иборат аз се постгоњи марзї сардораш полковник Саидов Рустам) ва  чунин як комендатура дар  мавзеи  Гулхаси ноњияи  Турсунзода илова гардид. Дар њайати ливои  4-ўми сарњадии ноњияи Шањритус дар сарњади Тољикистону Ўзбекистон комендатураи «Султонобод» барпо карда шуд. Бо маќсади пурзур  намудани њифзи сарњад дар  минтаќаи вилояти Суѓд моњи апрели соли 2000 зиёда аз 350 нафар сарњадчиён ба самти  Панљакенту Исфара ва 100 нафари дигар ба Истравшан фиристода шуданд.

            Соли 2000-ўм дар ноњияи кўњистони Мастчоњи  вилояти Суѓд комендатураи нави сарњадии «Мастчоњ» (иборат аз 4-постгоњи марзї, фармондењаш  майор Боќиев Љ.) таъсис  гардид. Бо фармони Президети Љумњурї  моњи июни соли 2001 дар заминаи ливои шашуми сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд бо мањали љойгиршавї дар  ш. Хуљанд гурўњи фаврї-њарбї  дар њайати 6 муфризаи сарњадї созмон ёфт, 7 ливои  дигари сарњадии кумита ба муфризањои сарњадї табдил дода шуданд. Аллакай то саршавии љангу љидолњои дохилии Ўзбекистону Ќирѓизистон дар мавзеъњои Баткент, Ўш, Фарѓона, Гулистонлик хати сарњади Тољикистон бо Љумњурии Ўзбекистону Ќирѓизистон тањти назорати сарњадбонњои тољик ќарор дошт. Њамзамон ба хотири мустањкам намудани марзи Љумњурии Тољикистон бо Ќирѓизистон дар ноњияњои Љиргатол (фармондењ Искандаров М.) ва Исфара муфризањои сарњадї (иборат аз ду комендатура, фармондењаш Абдурањмонов Т.Р.) ташкил карда шуданд.

            Солњои 1999-2000-ўм боз аз сари нав расонањои хабарии Ўзбекистону Ќирѓизистон бар зидди Њукумати Тољикистон таблиѓоти зањрогин оѓоз карданд. Пеш аз њама онњо њар гуна овозаву хабарњои бардурўѓ пањн намуда  мехостанд, ки камбудињои дар  дохили  кишварашон сарзадаро ба сари  мо  бор кунанд ва то як андозае худашонро дар назди љањониён њамчун «љабрдида»  нишон дињанд. Ба  љангу љидолњое, ки аз љониби мухолифини дохилї дар кишварњояшон сар зада буданд, хостанд маќомоти ќудратии Тољикистон ва Президенти ин мамлакатро гунањгор созанд. Бо њамин маќсад тамоми  воситањоро истифода карда, ба Тољикистон тўњмату бўњтонњо заданд,  ки гуё Љумъаи Намангонї ва зердастони ў дар минтаќањои водии Рашти ин кишвар мавќеъ гирифта,  лагерњои њарбии террористї барпо намуда, дар онњо террористон тайёр карда, бо  кўмаки Тољикистонињо онњоро барои  доир намудани амалиётњои террористї тавассути сарњад ба Ўзбекистону Ќирѓизистон мегузаронанд. Њамаи ин дасисањо беасос ва найрангњои навбатию бозињои сиёсии пасипардагї буданд.

            Ба њамаи ин таблиѓот ва овозањои бардурўѓ нигоњ накарда,  Њукумати Тољикистон, Президенти мамлакат ба мо дастур доданд, ки аз њамсояњо ибрат нагирифта  дар њамоњангї,  якљоягї бо  шахсони муттасадии маќомоти њифзи њуќуќии ин  давлатњо тамоми чорањоро андешем, ки вазъро дар ин кишварњо ба эътидол биёварем. Президенти мамлакат гаштаву баргашта такрор мекарданд, ки нооромии вазъ дар љумњурињои њамсоя ин  њаргиз ба фоидаи мардуми мо нест. Борњо ба сарварони љумњурињои Ўзбекистону Ќирѓизистон таклиф  карда буданд, ки бо иштироки нозирони байналмилалї водии Рашт ва он мавзеъњоеро, ки  гуё таълимгоњњои намояндањои «Њизби њаракати исломии Ўзбекистон» мебошанд,  худашон рафта бо чашмони сар бубинанд ва  хулоса бароранд. Аммо,  њамсояњо  танњо ваъдањо мекарданду  амал набуд. Бо њар бањона аз ин пешнињод саркашї мекарданд. Њатто бањори соли 1999 ва 2000 бо супориши сарвари  давлат дар якљоягї бо котиби Шўрои амният Азимов А. як маротиба  дар  Самарќанд ва даъфаи дуввум дар ноњияи Сари Осиёи Сурхондарёи Љумњурии Ўзбекистон бо вазири корњои дохила, фармондењи ќўшунњои сарњадї ва намояндаи Хадамоти амнияти Љумњурии  Ўзбекистон гуфтушунид карда будем, ки биёед  оиди ин  масъалањо, яъне бар зидди   ќуввањои дар ноњияњои сарњадї вазъро нооромкунанда, муштаракона кору фаъолият намоем. Дар ин  хусус суратљаласањои муштаракона доир шуда буданд. Ва њар ваќте  ки   мо дар бораи аз тарафи маќомоти ќудратии Љумњурии Тољикистон ба Љумъа    Хољаеву  зердастони ў расонидани ёрдаму кўмакњо далелу бурњонњои мушаххас ва мўътамад талаб мекардем, онњо ягон далели эътимодбахш пешнињод карда наметавонистанд. Дар асл   сарчашмаи асосии пањн шудани ин овозањои бардурўѓ нишондодњои  шањрванди Ўзбекистон, намояндаи «Њизби исломии Ўзбекистон» МањмудовУ.Э. мебошад, ки 3.08. соли 2000 дар хати марзи ноњияи Ашт, дар дараи Бурулук аз тарафи сарњадбонњои тољик дастгир ва ба раёсати Вазорати амнияти Љумњурии   Тољикистон   дар   вилояти Суѓд супорида шуда буд.

Ў дар давраи тањќиќ тасдиќ кард, ки то соли 1996  дар ноњияи Тавилдара тайёрии њарбиро  гузашта,  баъд ба Ўзбекистон омадааст. Моњи июли соли  2000 дар наздикии  аѓбаи Панѓоз як  сарњадбони ўзбекро кушта, ваќти убури сарњади Тољикистон ба даст афтодааст. Воќеан њам рўзи  27.07. с. 2000 дар наздикии аѓбаи  номбурдаи марзи давлатии Тољикистон ду шахси   мототсиклсавор аз Ўзбекистон ба њудуди Тољикистон савора мегурезанд ва ваќти итоат накардан як нафари онњо  кушта мешавад, нафари дигараш то рўзи дастгир шуданаш, дар дараю пуштањои Бурулук паноњ мебарад. Ба хотири то чї андоза аниќ будани шахсияти Мањмудов аз рўйи тартиботи муќарарї ба идорањои ваколатдори Ўзбекистон номањо фиристода шуданд. Онњо тасдиќ карданд, ки  ин фард  дар Ўзбекистон чандин  љинояти  вазнин содир   кардааст  ва  солњост, ки ўро љустуљў доранд. Њамон шабу рўзњо ситоди якљоя дар  ш. Хуљанд аз њисоби намояндагони идорањои њифзи њуќуќ ва  ќудратии Тољикистон, Ўзбекистон ва Ќирѓизистон фаъолият мекард, ки маќсади ба эътидол  овардани минтаќањои доѓро дошт. Оиди дастгир шудан ва  нишондодњои Мањмудов намояндагони Ўзбекистон маълумот гирифта талаб карданд, ки њатман  ўро  барои љиноятњои содиркардааш ба Вазорати корњои дохилии Ўзбекистон супоранд. Тибќи  ќарори  муайяншуда  Мањмудов  ба љониби Ўзбекистон  супорида шуд. Дере нагузашта моњи  августи соли 2000 аз сари  нав  дастгоњњои ташвиќї ва  таблиѓии расонањои хабарии њарду кишвар боз аз сари нав  ба  айбдоркунии Љумњурии Тољикистон сар карданд. Њар  далеле, ки  пешнињод  мекарданд, мо медонистем, ки дар асоси нишондодњои  Мањмудов тавсия шуда  буданд. Аз тарафи намояндагии Тољикистон то  ба имрўз касе инкор накардааст ва инкор  њам  намекунад, ки то имзо шудани  суратљаласаи оштии  миллї аз  27.06. с.1997 дар бисёр  ноњияњои водии  Рашт  лагерњои њарбии собиќ мухолифин буданд. Охир мантиќ куљост, ки  Мањмудов дар давоми тањќиќ ва пурсиш гуфта буд, ки ў соли 1996  тайёрии њарбиро дар ноњияњои Тавилдара гузашта  буд. Як чизи дигарро ошкоро баён кардан лозим меояд. Мумкин аст, ки баъзе ќумондонњо аз Афѓонистон ба Тољикистон  омада бошанду баъд гузашта ба Ўзбекистон ё Ќирѓизистон рафта бошанд. Аммо, ќариб тайи ду сол онњоро садњо ва њазорон тарафдоронашон, ки  дар ин љумњурињо муќимианд, дастгирї карданд. Онњо дар Тољикистон набуданд.  Имкониятњои сарњадие, ки бародарони ба  дил наздики мо-ўзбекњо доранд, мо њаргиз дошта наметавонем. Лекин кас дар њайрат мемонад, ки соли 1998 дар ноњияи Шањристон Мањмуд Худойбердиев бо њазор силоњбадаст чї гуна  хати марзи  Ўзбекистонро убур карда ба Тољикистон гузашт, ки  сарњадбонњои ўзбек ўро надиданд?!  Ин «табиист», чунки имрўз хати марзи Тољикистон агар давра ба давра мустањкам шуда истода бошад,  њамсояњо кайњост, ки бисёр љойњоро симхор кашида,  дар он минтаќањое  ки  дастрас нест, минаву дигар моддањои тарканда хобондаанд.

            Аз моњи августи соли 2000-ўм сар карда Љумњурии Ўзбекистон  бар хилофи меъёрњои байналмилалї ба гузоштани минањои зидди пиёданизом дар минтаќањои сарњадї оѓоз карданд. Ин бе ягон огоњии тарафи дигар, яъне Љумњурии Тољикистон, ибтидо гирифт. Ба хотири сафед кардан ва рўпўш сохтани љинояткории хеш «њамсоя» аз тариќи матбуоти ва таввасути расонањои хабарї шарњ медињад, ки  ин амал барои пешгирї кардани террористњо равона гардидааст. Мутаассифона, бисёр шахсони бехабар аз ин  «лутфи» «њамсоя» ба хотири дидорбинии хешу табор ва ё ба бозори ноњияю дењааш наздику рў ба рў рафта маъюбу шањид гардидаанд, тифлаконашон ятиму бе сарпараст мондаанд. Танњо дар зарфи аз моњи августи  соли 2000 то ба имрўз садњо шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар ин  минањо таркида ба њалокат расиданд ва захмњои гуногуни љисмонї бардоштаанд. Лекин ин дам ягон террорист ё ќочоќчї  осебе надидааст. Њамин аст «лутфу марњамати» њамсоя – сояи њамдигарї!

 

 

ДАР РОЊИ СУЛЊУ СОЗГОРЇ

Таљрибаи талхи рўзгор исбот кард, ки сулњу созишро дар кишвар танњо бо роњњои мусолиматомез барќарор сохтан мумкин аст. Сулњу созгорї орзуи деринаи халќи мо буд.

            Таърихи инсоният шањодат медињад, ки тољикон њељ гоњ ба сари касе шамшери хусумат набардоштаанд. Тољикистон баъди мустаќил гардидани мамлакат бо таъсири омилњои гуногун, аз љумла омилњои хориљї ба гирдоби љанги дохилї кашида шуд. Сарнавишти минбаъдаи миллат ва мављудияти давлати соњибистиќлоли тољик ба он вобаста буд, ки  оташи љангро мо хомўш карда метавонам ё не. Роњи мо ба сўйи сулњ роњи тўлонї ва мушкил буд. Ба мо лозим омад, ки  барои комёб шудан ба сулњу созгорї баъзан кўшишњои ѓайриќобили тасаввур ба харљ дињем, иродаи ќатъї ва матонат зоњир намоем, ќадам ба ќадам сабру тањаммул, бурдборї кунем ва огоњона ба истиќболи њамдигар роњ паймоем. Мо созишномаи сулњро ба имзо расонида, амалан ба яке аз муноќишањои тўлонї ва пурдањшати дар давраи баъди барњам хўрдани низоми шўравї ба амаломада хотима гузоштем.

            Ошкоро метавонем гуфт, ки агар љанги тўлонии Афѓонистон намебуд, дар Тољикистон чунин воќеањои хунин рух дода наметавонистанд. Бисёр мамлакатњои минтаќа бояд дарк намоянд, ки сулњи Тољикистон девори мўътамаде гардид, пахши як силсила бадбахтињоро дар минтаќаи Осиёи Марказї боздошт. Ин бадбахтињо дар мамлакати мо бартараф карда шуданд. Агар муноќиша дар Тољикистон катъ намегардид, сўхтори љанги Афѓонистон мамлакатњои Осиёи Марказї  ва халќњоеро, ки боз њам дуртар дар самти шимол зиндагї мекунанд, ба маротиб бештар фаро гирифта метавонист.

            Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон  дар  чањорчўбаи  сулњ ва ризоияти миллї ва тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 47 аз 16. 02. с.1999  «Дар   бораи таъсиси љузъу томњои муваќатии доимоамалкунандаи Ќуввањои Мусаллањ ва ќисмњои дигари њарбии Љумњурии Тољикистон аз њисоби воњидњои Мусаллањи низомии  Иттињоди мусаллањи тољик»   фаъолият карда, хеле  корњои назаррасро дар солњои 1999-2000 анљом бахшид.  Пеш аз њама,  вай  талаби  суратљаласаро оиди  масъалањои  њарбї,  амалї кард. Яъне наќшаи ба лашкарони сарњадии љумњурї шомил гардонидани гурўњњои низомии собиќ мухолифинро тартиб дода, ба љобаљокунии онњо пардохт.

            Гурўњи аввали кории мо тањти сарпарастии генерал-майор Ањмадов М. ба фаъолият оѓоз намуд. Мо 3.10. с.1999 ба самти Љиргатол, Тољикобод, Њойит ва Лахш сафар карда, аз њисоби гурўњњои мусалањи мухолифин комендатураи сарњадиро дар муддати як њафта таъсис додем ва дар  маркази Љиргатол љой кардем. Сарварии гурўњи дуюми корро генерал-майор Сайфуллоев С. ба зима дошт. Он ба навоњии Ванљу Рўшон рафта,  корњои тайёрї ва дар оянда ташкил кардани комендатурањоро ба анљом расонд.

            Аз рўйи машваратњое, ки њайати Комиссияи оштии миллї доштанд, пешнињод шуда буд, ки ба лашкарони сарњадї 2000 љанговарони мухолифини тољик реентегратсия мешавад. Барои  муайян намудани ќобилияти коршоямии аъзоёни гурўњњо  комиссияи санљишии дутарафа ташкил шуда  буд. Дар ваќти санљиш аз шумораи муайяншуда 1128 нафар барои шомил шудан ба сафи лашкарони сарњадї гузаштанд.

            Бо маќсади муташакилона ва њарчї тезтар ба анљом расонидани реентегратсия, тибќи моддаи 7 ќонуни љумњурї «Дар  бораи мудофиа» ќисмњои зер таъсис шуданд:

            - комендатурањои сарњадии «Љиргатол»- дар маркази Љиргатол (фармондењаш  полковник Искандаров  Муњаммадшоњ),  «Тешиктош»- дар ноњияи Ќубодиён (фармондењаш полковник Њалимов Алї), «Ванљ»- дар маркази ноњияи Ванљ (фармондењаш полковник  Муњаббатшоев Муќим), «Ишкошим»- дар ноњияи Ишкошим (фармондењаш Худоиев Худойдод), «Мурѓоб»-  дар маркази ноњияи Мурѓоб (фармондењаш подполковник  Муњаммадбоќиров Муњаммадбоќї).

            Аз њайати комендатураи «Тешиктош» 60-нафар сарбозону афсарон барои мустањкам кардани марзи љумњурї ба ихтиёри ливои 6-ўми дар вилояти Суѓд таъсис ёфта ва баъди исёни Худойбердиев ба ихтиёри  комендатураи н. Панљакент -«Панљакент» фиристонида шуданд. Баталёни 112 нафараи подполковник Шамсов Алоудин дар ноњияи Ашт љой гирифт. Марњилаи дуюми реентигратсияи ќуввањои боќимондаи мухолифин, ки аз ќаламрави Афѓонистон тањти кафолат ва сарпарастии намояндагони байналмилалї ба љумњурї баргардонида шуда буданд, моњи феврали соли 2000-ум оѓоз шуд. Аз сари нав аз њисоби низомиёни собиќ мухолифин 928 нафари дигар барои реентигратсия ба лашкарони марзии љумњурї вобаста шуданд. Аз њисоби онњо дар ливои сарњадии «Хуљанд» комендатурањои «Табошар»-(фармондењаш Саидбурњонов Сайљалол),  «Ѓончї»- (фармондењаш Љумаев Саидљон), «Шоњон» дар њайати бригадаи 1 сарњадии кумита, дар ноњияи Шўрообод (фармондењаш подполковник Хушвахтов Ѓоибназар), «Ќараќчикул»  байни  ноњияи  Панљакенту  Айнї  (фармондењаш полковник Доштов Якшанбе), «Каленинобод» (майор Сияров З.), «Эсанбой» дар њайати  ливои сарњадии Турсунзода (фармондењаш  майор Шарифов А.) ташкил карда шуданд.

Ќобили зикр аст, ки  Вазорати амният яке аз аввалинњо шуда ногузирии сулњу оштии миллиро дар мамлакат дарк карда ва нахустин хишти бинои сулњро њанўз соли 1994 гузошт. Бо таблиѓоти кормандони Вазорат силоњбадастони собиќ мухолифин тањти сарпарастии фармондењ Холбашев  Холбаш ба хотири якпорчагии љумњурї аз аќидањои ифротиашон даст кашида, ба лашкарони марзии кишвар шомил шуданд ва  дар комендатураи сарњадии ноњияи Рўшон ба фаъолият шурўъ карданд. Њоло полковник Холбашев Холбаш сарвари гурўњи њарбї-таъљилии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад. Ин воњиди сарњадї соли 2000 таъсис ёфт.

            Тазаккур бояд дод, ки раванди реентигратсия ба осонї нагузашт. Љобаљокунї, фањмонидани  вазифањои марзбонї дар тўли зиёда аз як сол давом ёфт. Як ќатор душворињо сади роњ шуданд. Пеш аз њама мо масъала гузоштем, ки  гурўњњои ба ќушунњои сарњадї шомилшударо, ки њар кадом дар зодгоњаш мавќеъ гирифта  буд, аз мањал људо кунем. Аксарият  метарсиданд, ки мабодо баъди шомил шудан ба Ќуввањои Мусаллањ барои  љиноятњои дар давраи љанги  шањрвандї  содиркардаашон таъќиб шаванд.  Бисёрињо  дар бораи авфномањои љорї оиди ин љиноятњо тасавурот надоштанд. Ногуфта намонад, ки афсарони кумита, ки як ё ду нафарї ба њайси љонишинњои ќумондонњо таъин шуда буданд, бо сарбаландї дар муддати кўтоњ аз ўњдаи вазифаи ба дўшашон  вогузоршуда баромаданд ва корро дар байни афсарону  сарбозон дуруст ба роњ монданд. Натиљаи ин рўй надодани  ягон дасисае дар байни марзбонон мебошад. Њама дарк мекарданд, ки  њар  ваљаб ва њар  кафи хоки Ватан муќаддас аст, сарњад њам аз  њамин  муќаддасот  сар мешавад. Бо мурури замон, бо сабабњои оилавию  њолатњои  дигари объективї чанде аз афсарони номбурда баъди муддате дарк карданд, ки Њукумати љумњурї нисбати онњо ягон ѓаразе надорад, аз корњои њарбї даст кашида ба корњои мулкї рафтанд ва зиндагии осоиштаро авлотар донистанд.

            Охирин воњиди њарбие, ки дар ќўшунњои марзї ба реентигратсия нуќта гузошт, ин гурўњи силоњбадасти ноњияи Тољикобод (фармондењаш полковник Зокиров Абдуносир) мебошад.  Ин гурўњ дар сохтори кумита ба сифати комендатураи «Пролетар» таъсис шуда буд, вале тибќи муќаррарот то ба эътидол овардани вазъияти водии Рашт дар ноњияи Тољикобод монданд. Баъди  амалї шудани ин корњо тирамоњи соли 2000-ўм  ба ноњияи Пролетари вилояти Суѓд интиќол дода шуданд.

            Тибќи дархосту талабњои  сарвари кишвар соли 2000 дар давоми омехтакунии (рататсияи) афсарон дар ќушунњои њарбї,  бисёрии онњо тибќи хоњишашон аз ќисмњое ки адои хизмат мекарданд, ба дигар комендатураву постгоњњои марзї  гузаронида шуданд. Бо замми ин комендатурањои «Ишкошим» ба  ноњияи Турсунзода ва «Колхозчї» ба сарњади давлатии Тољикистону Ќирѓизистон-ба ноњияи Конибодом, Исфара кўчонида шуданд. Њамин  тариќ, ливои сарњадии Хўљанд, ки соли 1999 таъсис шуда буд, аз њисоби комендатурањои навташкил як ливои сарњадии бутун шуд ва њифзи тамоми марзи љумњуриро бо љумњурињои Ўзбекистон ва Ќирѓизистон дар ноњияњои Панљакент, Шањристон, Ўротеппа, Зафаробод, Нов, Ѓончї, Ашт, Исфара, Пролетар, Љиргатол, Лахш, Мурѓоб ба ўњда гирифт.

            Њаминро бояд мутазаккир шавем,  ки марњалањои реентигратсия яке аз ѓояњои сиёсати сарвари давлат дар роњи мустањкам кардани раванди сулњу салоњ ва  оштии миллї буд.  Ќўшунњои марзии кишвар, бе муболиѓа, аз ўњдаи ин кор баромаданд. Ин кори осон набуд. Буданд ќуввањое, ки бо фаъолиятњои  љиноятпешагии хеш ба ин раванд зарари маънавї мерасонданд. Онњо бо њар восита кўшиш мекарданд, ки миёни афсарону  аскарон тафриќа андозанд, оштинопазириро пеш гиранд. Ба ин хотир њам чандин дасисањо нисбати афсарону сарбозони сарњадї раво дида шуда буд. Масалан, моњи декабри соли 1998 дар минтаќаи Дарбанд гурўњи љиноятпешаи Мулло Абдулло  хизматчиёни њарбии Кумитаи њифзи сарњадро, ки барои сарбозони Дарвозу Рўшон маводи хўрока мебурданд дошта,  сержант Раљабов Б. ва якчанд нафари дигарро маъюбу маслуќ карда, 60 љуфт либосњои низомї, 100 телпак ва якчанд  халтаи  ордро ба зўрї гирифтанд. Моњи апрели соли 1999 дар њудуди ноњияи Ленин фармондењи  ќисми њарбии 2730-и Кумитаи њифзи сарњад подполковник Назаров А. ва лейтенати калони њамин ќисм Назаров С. берањмона аз љониби роњзанњо ќатл карда шуданд. Чунин мисолњо бисёранд. Ба њамаи    ин бедодгарињо нигоњ накарда, афсарони кумита љони худро  зери хатар монда ба хотири вањдату якпорчагии кишвар дар манотиќи доѓ кору фаъолият мекарданд. Дар ин љода  наќши генералњо Сайфуллоев Сафаралї, Ањмадов Мањмудбек, афсарон Сулаймонбеков Аноятшоњ, Ѓураев Нарзулло, Љабборов Ѓафор, Аброров Њамидулло., Рогов Александр Иванович, Эмомов Рамазон, Саидов Сайобид, Љаъфаров Муњаммад, Шамолов Саидшо, Тўраев Рамазон, Шарипов Собир ва дигарон хеле  бузург аст.

Дар  фарљоми њамин боб  зикр карданї њастам, ки дар тартибу ташкил, омезиши нерўњои  реентеграсияшуда хидмати собиќ љонишини сарвазири Њукумат, њоло Раиси Кумитаи  њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон генерал-лейтенант Азимов Абдурањмон Раупович хеле Бузург аст.

 

 

МУБОРИЗАИ  КОРМАНДОНИ  КЊСД  НАЗДИ  ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ  ТОЉИКИСТОН  АЛАЙЊИ  ЌОЧОЌ  ВА ДИГАР  ЉИНОЯТЊОИ  МУТАШАКИЛ   ДАР  МАРЗИ  ЉУМЊУРЇ

Воќеан њам,  то имрўз вазъи сарњад ноором мебошад. Бахусус љумњурии мо, ки дар хати транзитии интиќоли ѓайриќонунии маводи  нашъаовар љойгир аст, кори сарњадбононро дањчанд душвор гардонидааст. Бисёр њодисањои вайронкунии сарњад, задухўрдњои мусаллањона дар марз аз њамин сабаб руй медињанд. Дар љаласаи Шўрои амнияти љумњурї, ки моњи январи соли 2001 барпо гашта буд, сарвари давлат Э.Ш. Рањмонов мањз дар назди маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї вазифа гузошт, ки муборизаро дар ин самт пурзўр кунанд. Бањри амалї гаштани фармону супоришњои сарвари давлат роњбарии Кумитаи њифзи сарњади давлатї тадбирњои зиёдеро ба наќша гирифта буданд.

 Дар давоми мављудияти асокири сарњадї аз вайрон-кунандагони марз яроќи оташфишон, моддањои тарканда, мина, тирњои гуногун ёфт намуданд. Туфайли зиракию кордонии марзбонон чандин махфигоњњои силоњу аслиња ва маводи нашъаовар  фош  ва мусодира карда шуданд.              

            Вазияти амалиётї дар соли 1993-юм дар минтаќаи тољику афѓонии сарњад, бахусус дар самти Шўробод, мураккаб буд, кўшишњои чандинкаратаи сарњадшиканї аз тарафи гурўњњои мусаллањи ќочоќчиён аз њудуди Давлати Исломии Афѓонистон (ДИА) ба Љумњурии  Тољикистон (ЉТ),  зери тирборон ќарор додани постгоњњои сарњадии њам Тољикистон ва њам Русия аз њудуди Давлати Исломии Афѓонистон ва сохтани  пойгоњњои убурї  дар дарањои кўњї ба он хос буд. Дар ин муддат 376 нафар сарњадшикан аз Давлати Исломии Афѓонистон  дастгир гардида, 70 маротиба кўшиши убури сарњади давлатї аз тарафи гурўњњои мусаллањи  марзшиканњо барбод дода шуд.

            Дар соли 1994-ум дар якљоягї бо сарњадбонони Федератсияи Русия (ФР) ва маќомоти дигари њамкорикунанда дар рафти амалиётњои љангї, аз љумла дар моњи сентябри соли 1994, барои барбод додани кўшиши њуљумњои мусаллањона ба сарњад аз њудуди Давлати Исломии Афѓонистон ба Љумњурии Тољикистон, кофтукоби мањал, камин гирифтан, 97 нафар сарњадшикан несту нобуд, 25 кўшиши сарњадшиканї барбод, 49 махфигоњи   аслињаву   муњимот  пайдо гардида,  4 поя дастгоњи зенитии «3 У-23», 11 адад дастгоњи «РС», 7 адад мусалсал (пулимиёт), 4 дастгоњи бесим (радиостанция), 13 мил  камони «БУР», 17 мил норинљакандози зиддитанкии дастии РПГ 7-13, 6 адад  њовони «М-82», 4 мил автомат, 25 мил туфангчаи «ПМ», 1 поя АГС-17, 1 поя оташандоз (огнемёт), 155 кг. 427 гр. маводи мухаддир  тасарруф  ва мусодира гардид. Пеши роњи баровардани 30 000 доллари ИМА гирифта шуда, 49 махфигоњи аслињаву муњимот ва дигар  лавозимоти  моддї пайдо гардид, ки барои гузаронидани амалиётњои тахрибкорона дар њудуди Љумњурии Тољикистон захира гардида буданд. Дар махфигоњњо 2 мил АГС-17, 2 мил мусалсал, 16 адад тамѓаи «АКМ», 3 мил камони «БУР», 2 мил туфангчаи тамѓаи «ПМ», 2 адад дастгоњи бесим ва барои силоњњои мухталифи оташфишон ба миќдори 78547 дона  тиру дигар  муњимоти љанги пайдо гардид.

            Вазъияти амалиётї дар соли 1995-ум, чун пештара, мураккаб монда кўшишњои убури сарњад аз тарафи гурўњњои мусаллањ аз Давлати Исломии Афѓонистон ба Љумњурии Тољикистон, тирборон намудани постгоњњои марзї, њуљумњои мусаллањона ба постгоњњои сарњадї ва  њамчунин талошњои ба даст овардани њокимият дар манотиќи назди марзии Давлати Исломии Афѓонистон хоси он буд.

            Дар 25 њолат кўшишњои убури сарњади давлатї барбод дода шуда,  постњои сарњадї 28 маротиба аз њудуди Давлати Исломии Афѓонистон зери оташфишонї ќарор гирифтанд. Аз  7-ум то 13-уми апрели соли 1995 барои  баргардонидани њуљумњо ба љузъу томњои  гурўњи сарњадбонони Хадамоти Федералии сарњадбонон ва Ќуввањои сарњадии Љумњурии Тољикистон  аз њудуди њам Давлати Исломии Афѓонистон ва њам аз аќибгоњ њангоми пеши роњи гурўњњои мусаллањро гирифтан,  дар сарњад 11 задухўрд ба амал омад. Умуман дар соли 1995 дар рафти задухўрдњои  сарњадї њангоми убури он 382 нафар љангї несту нобуд,  80 нафар захмї, 68 нафар сарњадшикан дастгир гардида, 51 адад автомати «АК», 6 дона гулўлаи норинљакандози зиддитанкии дастии РПГ, 15 дона норинљак (граната), миќдори зиёди муњимот ва 141 кг  маводи  мухаддир мусодира гардид. Дар рафти задухўрдњо танњо дар самти Язѓуломи минтаќаи постгоњи марзии 1-уми сарњадбонон  муфризаи 66-уми сарњадбонон њамроњи  сарњадбонони ФР зиёда  аз 150 нафар љангиёнро несту нобуд карданд.

            Соли 1996 10 нафар сарњадшикан ва 135 нафар вайрон-кунандаи  режими  сарњадї дастгир, 1 кўшиши убури сарњад пешгирї, 2 нафар сархадшикан несту нобуд, 1 адад мусалсал, 2 мил туфангча, 2 мил камон ва 305 кг. 965 гр  маводи мухаддир мусодира карда шуданд.

            Њимояи сарњад соли 1997 дар шароити ќиёми мусаллањонаи  зиддињукуматии Мањмуд Худойбердиев сурат гирифт.

            Соли 1997 24 нафар сарњадшикан ва 255 нафар вайрон-кунандаи режими сарњадї дастгир шуда 215 кг. 210 гр. маводи мухаддир мусодара  гардид.

            Соли 1998 фаъолияти хадамоти љангии КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шароити номўътадил, бахусус дар сарњад бо Давлати Исломии Афѓонистон, афзоиши ташаннуљ доири маводи мухаддир дар сарњад ва манотиќи аќибгоњ сипарї шуд. Дар  њудуди Љумњурии  Тољикистон 2 пойгоњи ќочоќчиёни афѓон пайдо ва несту нобуд карда шуда, 12 нафар шањрвандони Давлати Исломии Афѓонистон, ки ѓайриќонунї дар Љумњурии Тољикистон мезистанд, 5 нафар интиќолдињандагони маводи мухадир (наркокурьер) аз шањрвандони Љумњурии Тољикистон дастгир, ду нафар сарњадшикан несту нобуд, 1 адад норинљакандози  «ГП-25», 7 мил силоњ, асбоби шаббинї, 45 кг  маводи мухаддир ва 612 њазор афѓонї забт карда шуданд.

            Дар љараёни амалиёти «Алкоголь-98» аз тарафи сарњадбонони Љумњурии Тољикистон 2881 литр спирт ва 557 литр араќи воридотї (импортї) мусодира карда шуд. Ба ѓайр аз ин, љињати татбиќи супориши Президенти Љумњурии Тољикистон № 618 аз 18. 05. с.1998 оиди иштирок дар амалиёти «Мак-98»   чорањои фаъол андешида шуданд, ки дар рафти он худи  њамон  сол   476 кг. 245 гр. маводи мухаддир мусодара гардид.

            Њамчунин  соли 1998 сарњадбонони Љумњурии Тољикистон аз марзшиканон, ашхоси дигар ва аз махфигоњњо 3 мил автомати «АКМ», 4 мил туфангчаи «ПМ», 1 мил «ДШК», 1 мил мусалсали ПК», 1 адад норинљакандоз, 7 мил камон  ва ба  миќдори  зиёди муњимот ѓанимат гирифтанд. Илова ба ин  дар минтаќаи КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон 80 нафар марзшикан дастгир, 14 нафар сарњадшикан несту нобуд ва 4 кўшиши аз сарњад  гузаштан пешгирї карда шуд. Аз сарњадшиканон, ашхоси дигар ва аз махфигоњњо 3 мил автомат, 2 мил туфангча, 2 мил мусалсал,  1 адад норинљакандоз, 7 мил камон, 1 адад норинљак, 4 дона тирдони автомат, 1 адад тарконанда (детонатор), 3 дона ресмони бикфорд, 6 адад гулўлаи «ВОГ-25», 1 адад кулоњаки (заряди) «РПГ-7», 2911 дона тирњои мухталифкалибр, 476 кг. 245 гр. маводи мухаддир;  аз васоити техникї: 1 поя мухобираи сохти љопонї, 1 адад телефони бесим (сотовый) ва 1 адад  асбоби шаббинї ба даст оварда шуданд.

            Як миќдор ашёи хоми стратегї ва маводи дигар, ки њамлу наќли онњо манъ аст, низ мусодара гардиданд. Масалан, 7000 дона  ќошуќњои алюминї,  312 баста (блок) сигарети воридотї,  1050 дона араќи воридотии «Марги сиёњ», 65 шиша мањсулоти алкоголї, 940 литр ва 1941 кг спирти этилї,  1 кг мумиё,  612  њазор пули афѓонї, ба маблаѓи 100 000 рубл доруворї, 1 кг симоб,  160 тонна тамоку  ва  5260 кг металлњои ранга.

            Соли 1999 бо маќсади пешгирї кардани  њодисањои сарњадшиканї ва  дастгир намудани ќочоќчиёни афѓон, њамчунин пайдо намудани пойгоњњои њамкасабањои онњо дар манотиќи наздисарњадии кишвар аз тариќи нерўњои њайъати шахсии ливои 1 сарњадї аз 12 то 14.02. с.1999  дар самти Шўрообод амалиёти иктишофї гузаронида шуд, ки  дар љараёни он 2 нафар сарњадшикан дастгир ва 2 нафари дигар  несту нобуд  гардида, 1 мил автомати «АКМ», 7 кг чарс ва 8 кг афюн  ѓанимат гирифта шуданд.

            Худи њамин сол дар минтаќаи  КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон 264 нафар марзшиканњо  дастгир, 6 нафар несту нобуд ва  15 кўшиши сарњадшиканї пешгирї карда шуданд. Аз сарњадшиканон, ашхоси дигар ва аз махфигоњњо 16 мил автомат, 3 мил туфангча, 2 мил мусалсал, 2 адад норинљакандоз, 1 мил камон, 8 адад норинљак, 3 адад тирдони автомати «АКМ», 4 адад гулгўлаи «ВОГ-17», 4 адад кулоњаки (заряди) « РПГ-7 В», 1452 дона тирњои  мухталифкалибр, 2 адад гулгўлаи мошини љангии пиёданизом (БМП), 155 кг. 695 гр. маводи мухаддир, 1 поя мухобира ва  3 адад лавозимоти шиноварї ба даст омаданд. Ашёи хоми стратегї ва маводи  дигаре, ки њамлу наќли онњо манъ аст, аз ќабили алюминий – 3 тоннаю 60 кг., мис – 180 кг, мањсулоти тамоку – 350 ќуттї  ва 50 баста, мањсулоти алкоголї – 48 л., спирти этилї – 124. 5 л., асъор – 250 доллари ИМА, дорувор  ба маблаѓи 700 000 рубл, тамокуи коркардашуда – 80 кг. металлњои ранга- 7 тонна, гандум – 18 тоннаю 50 кг, сангпушт  - 2000 дона, пўсти  гов – 80 тонна, гов – 26 сар ва 10 сар асп мусодара гардиданд.

            Соли 2000-ум дар минтаќаи КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон 14 нафар сарњадшикан несту нобуд, 610 тан сарњадшикан ва 1702 нафар вайронкунандагони режими сарњадї дастгир ва 27 кўшиши сарњадшиканї пешгирї карда шуданд. Ѓайр аз ин 18 далели халалдор гаштани сарњади њавоии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Љумњурии Ўзбекистон ба ќайд гирифта  шуд.

            Дар ин сол аз сарњадшиканон, ашхоси дигар ва аз махфигоњњо 53 мил автомат, 20 мил туфангча, 8 мил мусалсал, 7 адад норинљакандоз, 14 мил камон, 40 дона норинљак, 94 дона тирдони автомати «АКМ», 34 дона гулўлаи «ВОГ-17», 18 адад кулоњаки (заряди) «РПГ-7 В», 6675 дона тирњои  мухталифкалибр, 3 адад гулўлаи мошини љангии пиёданизом (БМП), 1 мил оташандоз (огнемёт), 1 поя тўпи «БМ-80», 1 поя миномёти «М-50»-и сохти Хитойї, 11 адад минањои гуногун, 5 дона шашкањои тротилї,  4 дона тарконанда, 1 кг 600 гр маводи  тарканда, 3 дона асбоби тарконанда ва 258 кг 439, 9 гр маводи мухаддирро  ѓанимат гирифтем.

            Њамчунин ба миќдори  27 тонна алюминий, 5 гр тиллои коркарднагардида,  10 ќуттї мањсулоти тамоку  ва 19 баста (блок),  876 л. спирти этилї, 50 000 афѓонї, ба маблаѓи зиёда аз 1000 сомонї  ба маблаѓи 40 сомонї сарпўши араќ ва 1350 дона пўсти гов мусодара карда шуданд. Инњо ашёи хоми стратегї ва маводи  њамлу наќлашон манъ  гардида буданд.

            Соли 2001-ум њам муњофизати сарњад, чун пештара, дар шароити муташанниљ ва тезутунд сипарї гардид. Онро љангиёни њаракати «толибон», аъзои ќуввањои зиддињукуматии Љумњурии  Тољикистони дар Љумњурии Ўзбекистон паноњ бурда, љангиёни Њаракати исломии Ўзбекистон,  афзудани гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир њам дар сарњад ва њам дар манотиќи аќибгоњ боис  гардида буданд.

            Соли 2001-ум дар минтаќаи КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон 143 нафар марзшикан ва 1417 тан вайронкунандаи режими сарњадї дастгир њамчунин, 12  сарњадшикан несту нобуд карда шуданд. 27 кўшиши сарњадшиканї пешгирї гардид. Дар  хати сарњадї  17 задухўрди мусаллањона ба амал омад.

            Аз сарњадшиканон, ашхоси дигар ва аз махфигоњњо 48 мил  автомат, 12 мил туфангча, 9 мил мусалсал, 18 адад норинљакандоз,  21 мил камон, 99 дона норинљак, 104 дона тирдони автомати «АКМ», 1342 адад гулўлањо барои силоњњои мухталиф, 22366 дона тирњои  мухталифкалибр, 1 адад оташандоз, 5 дона ПТУРС, 36 дона минањои гуногун,  1кг 400гр шашкањои тротилї, 4 дона тарконанда, 4 дона маводи тарканда, 10 дона шашкањои динамитї ва  277 кг 589.3 гр   маводи мухаддир  ѓанимат гарифта шуданд.

            Ашёи хоми стратегї ва маводе, ки њамлу нањли онњо манъ аст аз ќабили мањсулоти тамоку – 117 баста, спирти этилї-12л., асъор – 2500 афѓонї, 550 суми ўзбекї, дорувор – ба маблаѓи 12453 сомонию 550 дирам, пўсти њайвони шохдор –92 дона, аммофос -6 тонна ва селитраи аммиакї – 195 тоннаю  600 кг мусодара гардид.

            Дар соли 2002-юм 108 далели сарњадшиканї ба ќайд гирифта шуд. 10 кўшиши аз марз гузаштан пешгирї, 241 нафар сарњадшикан дастгир, 4 тани онњо несту нобуд, 3 нафарашон захмї, 9 тан ќосидони маводи мухаддир  ва 443 нафар вайронкунандаи режими сарњадї  ба даст афтоданд.   Аз  онњо 221 кг. 750 гр. маводи мухаддир, 15 мил автомат, 2 мил карабин, 2 мил мусалсал,  5 адад  норинљакандоз,  5042  дона   тирњои мухталифкалибр,  75 дона тирдони «АКМ»,  14 дона муњимоти 82 мм, норинљаки РГД – 12 дона, гулўлаи РПГ-22 адад ва минањои зидди пиёданизом – 5 адад гирифта шуданд. Њамчунин ашёи хоми стратегї аз ќабили спирти этилї-70 л,  4 гр., селитра –5 тонна, ба маблаѓи 500 сомонї дорувор, соя-550 кг. шароб –25 литр, алюминий – 2 тонна ва сангњои ќимматбањо -1 кг. 695 гр. мусодира карда шуданд.

            Бо марзбонон 6 маротиба  заддухўрди мусаллањона ба амал омад.

 

 

Муносибат ва њамкорї бо  сарњадбонони

Русия ва гурўњњои марзбони онњо

дар Тољикистон

Ќобили зикр аст, ки аз рўзњои аввали таъсисёбии ливои махсуси сарњадї фаъолияти ў бо марзбонони гурўњи сарњадии Русия дар Тољикистон  дар  заминаи муносибатњои дўстона сурат гирифта буд. Дар масъалаи њифзи  сарњад ба сарњадбонони тољик аз љониби собиќ директори Хадамоти Федералии сарњадии Русия генерали армия Николаев Андрей  Иванович бисёр кўмакњои беѓаразона расонда шуданд. Аввалин коре ки ў кард, пазируфтани пешнињоди Зуњуров С.З. оиди кушодани курсњои кўтоњмуддат  ва дар Маркази таълимии гурўњи сарњадбонони Русия дар Тољикистон тайёр кардани афсарони хурди низомї мебошад. Ў ин пешнињодро  дастгирї карда, харољоташро  њам ба ўњда гирифт, муаллимонашро аз Институти сарњадии Голитсини ш. Москав ба Тољикистон фиристод. Ин муаллимон дар тўли солњои 1994 – 1995 дар муддати ду сол дар курсњои шашмоња 4-гурўњ афсаронро дар риштаи сарњад тайёр карданд. Илова бар ин соли 1995 дар Шўрои фармондењии сарњадии давлатњои муштаракулманофеъ  Николаев изњор дошт, ки Русия  тайёр аст дар асоси шартномањои соњавї дар мактабњои оливу миёнаи касбиаш сарњадчиён-аъзоёни Шўроро ба тањсил ќабул кунад…

Хушбахтона, ман бо сабаби маќоми раиси Кумитаи сарњадбонони Љумњурии Тољикистонро ба дўш доштанам, бо ин марди шариф, инсони наљиб аксар ваќт  сарукор доштам, нишасту бархост кардаам ва ин љо наметавонам, ки аз  кордонию хислатњои башарадўстии ў ёдовар нашавам.

Афроди  некахтар ба наљибию наљобати худ як мамлакатро  бо мамлакати дигар, як халќњоро бо халќи дигар метавонад дўсту мањбуб гардонанд. Бархурди њасанаи ў,  лутфу  илтифоти ў, нерўњои навташкил ва бетаљрибаи сарњадии тољикро пайваста дастгирї кардани ў маро мафтун мекард. Хаёл мекардам, ки ў мутафаккирони тољикро хуб омўхтааст ва мувофиќи фармуда Хоља Њофизи бузург амал мекарда бошад:

 

Дарахти дўстї бишнон, ки коми дил ба бор орад,

Нињоли душманї баркан, ки ранљи бешумор орад.

 

Воќеан њам, собиќ директори Хадамоти федералии сарњадии Русия, генерал-армия Андрей Иванович Николаев дар ќалби мо-марзбонони тољик дарахти дўсти биншонд, муњаббати моро ба халќи бузурги рус дањчанд афзуд ва ин халќи дурандешро њамчун некхоњи тољикону Тољикистон љилвагар сохт. Ман дар шахсияти ин марди бузург сиёсатмадори борикбин ва дурандешро дарк намудам. Мо чандин маротиба њамроњии ў дар дафтари кории Президенти мўњтарам Э.Ш. Рањмонов њамроњи С.З. Зуњуров дар боби бисёр масъалањои сарњадї гуфту шунидњо доштем, бо баъзеи он розї мешудем, баъзеи дигаршро рад мекардем. Масалан, Андрей Иванович намехост, ки сарњадбонони тољик бо сарњадбонони Русия муштаракона дар хати аввали марзи бо Давлати Исломии Афѓонистон ќарор дошта бошанд. Ў борњо тавсия кард, ки лашкарони сарњадии тољик дар шакли баталёнњои зарбзании мутамарказ ташкил карда шаванд. Хушбахтона, Президент ин андешаи Николаевро рад карданд. Дурандешии Президентро воќеањои соли 1997 ба вуќўъпайваста, ки бо кору фаъолияти исёнгароёнаи Мањмуд Худойбердиев ва исёнхоњони дигар иртибот доштанд, собит намуд.

Агар сарњадбонони тољик дар навоњии Колхозобод ва Љилликўл бо њамроњии органњои ќудратї аз пушт ба аскарони Мањмуди исёнгар зарба зада ўро ба шикаст ва фирор ба љониби Ўзбекистон муваљљењ намесохтанд,  худо медонист, ки чї гуна хунрезињои шадид пеш меомад.

Тасаввур мекунам, ки  агар пешнињоди А.И.Николаев пазируфта мешуду мо фаќат дар Ќўрѓонтеппаю Кўлоб як  баталонї ташкил мекардем, њолу ањвол чї мешуд. Гап дар ин љост, ки дар солњои 1992-1993 дар сарњадњои љанубии кишвар, ки тањти  назорати сарњадбонони Русия ќарор доштанд, силоњу аслињаи њангуфте ба ќаламрави љумњурї ворид гардида буданд. Агар њаќиќатро бигўем, сарњадбонони Русия дар баъзе манотиќ назоратро аз даст дода буданд ва аз нигоњи дигар аксари афсарони сарњадии Русия вазъро равшан тасаввур карда наметавонистанд ва возењ дарк намекарданд, ки кадом љонибро тарафдорї кунанду кадомашро не.

Хулоса мо бо Андрей Иванович дўсту рафиќи шафиќ шуда будем.

 Ў соли 1993 бо салоњдиди Вазорати дифоъи Русия ба маќоми директори Хадамоти фидералии сарњадї таъин шуда буд. Андрей Иванович дар тањким бахшидани сарњадоти чї дохилї ва чї берунии Русия хидматњои шоён кардааст. Ўро њам фањмидан лозим. Николаев фарзанди сарсупурдаи миллаташ мебошад ва дар њар ќадам ў манфиатњои геополитикии Русияро мадди назар мегирифт.

Андрей Иванович дар давоми фаъолияти корї ва то ба Думаи давлатї рафтанаш, дар рўзњои вазнинтарини Тољикистон ба ин љо меомад, ёрињои беѓаразонаи моддию маънавї мерасонд, ки сарњадбонони тољик ин хубињои ўро, ин дастгирињои ўро фаромўш нахоњанд кард.

Бояд ќайд  намуд, ки љињати њифзи сарњад њамкорињои моро чандин шартномањои байни давлатї ба танзим медароранд. Аз љумла оиди њифзи муштараки сарњади давлатї мобайни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия (аз 25 май соли 1993) шартнома ба тавсиб расидааст. Мувофиќи ин шартнома  муњофизати  хати аввали сарњади Тољикистону Афѓонистон ба ўњдаи марзбонони Хадамоти фидералии сарњадии Руссия вогузор шудааст. Марзбонони Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 1998 минтаќањои Дарвоз ва соли 2003 Мурѓобро, ки хати аввали марз бо Афѓонистону Љумњурии Хитой аст, ба зимма гирифтанд. Ин вазифа ба дўши  ду муфризаи сарњадї гузошта шудааст. Марзи давлатии моро инчунин баталёнњои сарњадии Љумњурињои Ќирѓизистон дар ноњияи Ишкошим, Љумњурии Ќазоќистон дар ноњияи Дарвоз ва Ўзбекистон дар ноњияи Шањритус тибќи Протоколи оштии миллї,  ки дар ш. Маскав соли 1997 ба имзо расида буд, муњофизат мекарданд. Баробари бењ гаштани вазъи љумњурї  ба нигоњ доштани онњо  зарурате боќї намонд.Охирин баталёни марзбонони Љумњурии Ќазоќистон моњи январи соли 2000 ќаламрави кишвари моро тарк намуд. Баталёни сарњадии Љумњурии Ќирѓизистон бошад,  соли 1999 худсарона баромада рафт.

Мо иттилооти даќиќ доштем, ки дар вилоятњои Баткенту Ўш вазъият ноором аст,  баровардани баталёнњои сулњљўйи сарњадии Ќирѓизистон ба нафъи онњо нест.  Аммо  Президент Аскар Акаев инро  ба инобат нагирифт, ки билохира бо айби онњо дар ин  сарзамин солњои 1999-2000  хунрезињои пай дар пай ба амал омаданд.  Ташкилкунандагони ин хунрезињо онњое буданд, ки дар Афѓонистон парастиш ёфта, тавассути пайрањаву роњњои кўњї ба Ќирѓизистон рафта, дар он љо вазъи сиёсиро номўътадил  гардонданд. Ман Хољаев Љумъа (Љумъаи Намангонї), зердастони ў ва онњоеро дар назар  дорам, ки аз дохил истода ба ин ќуввањо ёрии амалї мерасониданд.  Фармондењии ќўшунњои сарњадии  Русия ба гурўњи сарњадии дар Тољикистон мавќеъият дошта, ањамияти љиддї медод. Баъди пош хўрдани Давлати Шўравї ин гурўњ ягона сохтори мукаммале буд, ки ба маънои томаш дар љумњурии мо фаъолият ва амалиёт дошт ва њоло њам дорад. Пеш  аз њама дар сохтори ў тамоми раёсатњо ва шўъбањое, ки дар замони шўравї буданд, амал мекунанд. Онњо аз Айвољ сар карда, то Ишкошиму Мурѓоб, дар тамоми минтаќањои сарњадї мављудият доранд  Гурўњи сарњадии лашкарони дар Тољикистон будаи Русия чї аз нуќтаи назари техникї ва чї касбї то андозае љињозонида шудаанд, ки имконияти пурраи гузаронидани амалиётњои иктишофї, њарбї ва љангиро дороянд. Тамоми нуќтањо ва гузаргоњњои назорати сарњадї зери тасарруфи онњо мебошанд. Њуќуќи сохторњои мо дар сарњади давлатї бо Љумњурии Афѓонистон, ба истиснои минта-ќавии Дарвоз ва Мурѓоб (сарњад бо Чин), сарфи назар аз он ки оиди гузаронидани амалиётњои муштарак чандин суратљаласањо ба имзо  расида буданд њам, мањдуданд. Агар чунин набошад, пас  чї навъ зиёда аз 10 њазор шањрвандонии Афѓонистон бе иљозатномаи Вазорати корњои хориљии Тољикистон  дар Тољикистон маскан гирифтаанд ва њуќуќи гурезагиро соњиб шудаанд?! Онњо аз  кадом нуќтањои сарњадї гузаштаанд, то њол њељ кас дар љумњурї маълумоти даќиќ надорад. Фаќат  соли 2000  нуќтаи  назорати сарњадии аэропорти Душанбе аз љониби кумитаи Њифзи сарњадии љумњурї тањти назорат гирифта шуду бас. То ба имрўз низ нуќтањои сарњадии назоратии гузаргоњии Ишкошим, Дарвоз, Фархор ва Панљи Поён тањти тасарруфи  онњо мебошанд. Сарфи назар аз он, ки  соли 1996  бо Њукумати  Љумњурии Тољикистон оиди дар њамоњангї фаъолият кардани сарњадбонони тољик бо марзбонони Русия суратљаласа имзо  шуда буд. Афсўс, ки то ба  имрўз он суратљаласа  татбиќи худро наёфтааст.

Фармондењони гурўњи сарњадии дар Тољикистон будаи марзбонони Русия Чичулин А.Т., Тарасенко П.П., Резниченко Н.С. ва билохира Маркин А.С., ки аз соли 1993 инљониб кору фаъолият менамоянд, њар кадоме ба ќадри имкон барои ба эътидол овардани вазъи сарњади Тољикистон сањмгузорї кардаанд. Албатта, хизматњои шоёни онњо дар сањифањои таърихи халќи тољик сабтхоњанд ёфт. Аз назардиди ман самимият ва дилсўзии генерал-полковник Резниченко Н.С. (њоло сардори сарситоди Ќушунњои сарњадии Русия) чї нисбати сарњадбонони тољик ва халќи ин сарзамин хеле мењрубонона буд. Бо дастгирии бевосита ва дар давраи фаъолияти ў ба мо  кўмакњои зиёде  дар соњаи тайёр кардани сарњадбонони касбї ва мутахассисон расонида шуданд. Мо чандин гурўњњои миначиён, мерганњо ва  дигар мутахассисонро дар марказњои таълими Хадамоти сарњадї тайёр кардем. Бо ёрию дастгирии ў ва кўмакњои бевоситаи собиќ директри Хадамоти федералии сарњадии Русия генералї-артишї Тотский К.В. љавонписарони зиёдеро ба Институти сарњадии Голитсина, Омўзшогоњи сарњадии вилояти Калининград барои хондан фиристодем.

Дар солњои 1994-1998 фармондењии гурўњњои сарњадии Хадамоти федералиро  генерал Тарасенко П.П. ба зимма дошт. Ў маѓрур бошад њам,  назди Хадамоти фидералї обрўи хубе дошт. Шояд, ки ба ин он бадабахтињое, ки ба сари мардуми мо омад, сабаб шуда бошанд. Мо наѓз дарк мекардем,  дар назди онњо вазифа гузошта  шуда буд, ки њарчї камтар талафоти љонї  дињанд ва аз лињози дигар оромии сарњад барои онњо аз дигар муноќишањое, ки дар дохили кишвар ба вуќўъ меомаданд, авлотар буданд. Ба њар  сурат аќидањои худро оиди ин масъала возењу равшан  намегуфт ва мо дарк мекардем, ки ин шахси низомї баъди  набардњои шадиду хунини  соли 1993 дар постгоњи марзии  № 12-и ноњияи Шўробод љой дошта, аз консепсияи мудофиавии сарњад руй гардонида,  стратегияи  њифзи онро пеш гирифтааст. То солњои 1994  заду хўрдњо бештар дар хати сарњад мегузаштанд.

То имзо шудани суратљаласаи  Оштии миллї (июни соли 1997) ба ѓайр аз сарварони иттињоди нерўњои мухолифини Тољикистон дигар кулли гурўњњои силоњбадаст (ба истиснои якчанд гурўњ) дар ќаламрави Тољикистон мавќеъ гирифта буданд. Театри љанг кайњо боз аз сарњад ба дохили кишвар гузашта буд. Ман њељ ваќт зидди мављудияти сарњадбонони рус дар Тољикистон набудам ва нестам. Лекин, костагии иќтисодиёти љумњурї, љойгиршавии љуѓрофии он имконият намедињад, ки мо имрўз сад дар сад њифзи марзу буми кишварамонро ба дўши Кумитаи њифзи сарњади љумњурї вогузор намоем. Аз ин хотир бояд њарчи бештар проблемањои сарњад дар  якљоягї ва њамоњангї бо онњо  њалли худро ёбанд.

Фишанги иктишофї дар дасти сарњадчиёни тољик  ки нест, имконияти њифзи истиќлолияти кишвар низ хоњу нохоњ ба монеъагињо дучор мешавад. Набудани робитањои иктишофї бо давлати Исломии Афѓонистон  имконият намедињанд, ки аќалан  дар бораи љинояткории муташаккил, дар бораи гурўњњое, ки дар ду тарафи соњили дарёи Панљ солиёни дароз ба ќочоќи маводи нашаъовар машѓуланд, хабари аниќ дошта бошем. Пас чї гуна, ба тавассути кадом фишангњо Кумитаи сарњадии  љумњурии назди Њукумати Тољикистон бар зидди ќољоќгарї, алайњи маводи нашаъовар метавонад мубориза  барад?! То айёме  ки ин масъала  њалли худро наёбад, аз байн рафтани  мављудияти маводи ќочоќчигї  амри мањол аст. Аз  лињози дигар омўзиши масъала моро водор месозад, ки чунин савол ба миён гузорем: Оё дуруст аст, ки расонањои ахбори оммавї дар сатњњои пасту баланди љомеъа сабабгори асосии пањншавии ин «вабои асрро» дар шахсияти афсарону сарбозони сарњадии тољик мебинанд? Фикр мекунам, ки ин андеша саропо ѓалат аст. Пеш аз њама дар хати аввали сарњади љумњурї бо Афѓонистон (ба истиснои Дарвоз ва Мурѓоб) сарњадбонњои рус истодаанд. Сохторњои Кумитаи њифзи сарњадї дар хати дуюм ва  фарсангњо дуртар аз марзи кишвар мебошанд. Пас аз нуќтаи назари њуќуќї ва шартномаи дар соли 1993 ба имзо расида, масъулият ба дўши сарњадбонони рус гузошта шудааст.

Саволе ба миён меояд, ки оё дар чунин шароит нигоњ доштани сарњадбонњои тољик дар ќисми љанубии кишвар ягон фоидае ба бар меоварад? То солњои 1998 мумкин  ки ба ин зарурат буд.  Гумон мекунам, ки њоло дар як сарњад  ба нигоњ доштани ин ќадар ќувва  њољате нест. Азбаски сарњадбонњои рус маќсади аз ин марз  рафтан надоранд, хуб мешавад, ки  як ќисми ќуввањо ба сарњади дохилии кишвар, янеъ барои мустањкам кардани  сарњад бо  љумњурињои Ўзбекистону Ќирѓизистон доштаамон кўчонида мешуданд, маблаѓњои озод шуда, барои тайёр кардани мутахассисони соња равона мегардид, ё  Њукумати љумњурї  ба таври куллї маблаѓгузориро аз њисоби дигар имкониятњо барои рушду нумўи кумитаи сарњад равона карда, марзи Љумњурии Тољикистонро бо Афѓонистон ба салоњияти кумита медоданд. Дар њолате, ки  дивизияи 201 аллакай њамчун базаи њарбї шинохта шудааст, шояд зарурияти мондани хати аввали сарњади љумњурї бо давлати исломии Афѓонистон дар тасаруфи Хадамоти федералии сарњади Русия оњиста-оњиста аз байн равад.

Њар ваќте, ки бо сарварони Хадамоти федералї њамсўњбат мешудам, як чиз маро ба њайрат меовард. Такрор ба такрор шикоят мекарданд, ки сарњадбонони тољик ба ќочоќи маводи нашъовар сару кор доранд. Худ ба худ суол мекардам, ки чї гуна дар хати дуввуми сарњад истода сарбозони тољик ба ин кор машѓуланд? Њељ ваќт ман аз њаќикат дур рафтанї ва иштироки баъзе афсаронро дар ќочоќи маводи нашаъовар инкор карданї њам  нестам. Дар тўли фаъолияти кориам тибќи ахбори иктишофї дањњо афсаронро, ки дар ин самт «фаъолият» доштанд, аз кор сабукдўш кардаам. Онњое, ки ба ин љиноятпешагї даст задаанд, сад фисад бо шахсњои ваколатдор  муштаракона амал мекунанд.

            Баъди  ба истеъфо рафтани директори Хадамоти федералии сарњадии Русия генерал Николаев А.И.,  ба љойи  ў Бордюжа Н.Н. таъин шуд. Аввалин сафари ў ба љумњурии мо ба њайси директори Хадамот моњи сентябри соли 1998  сурат гирифт. Ин  њамон лањзањое буданд, ки  толибон ќариб  тамоми самтњои шимолии Афѓонистонро забт карда, ба сарњадбонони рус тањдид мекарданд. Вазъияти ба амаломада дар назди роњбарияти Хадамоти сарњадии рус зарурияти дар якљоягї бо сарњадбонони тољик гузаронидани чорабинињоро барои мустањкам кардани хати аввали марзи љумњурї бо давлати Афѓонистон гузошт.

            Барои амали гардонидани ин пешнињод, Бордюжа Н.Н. Директори хадамоти Федералии сарњадии Русия, дар рафти вохўрии бо Президенти љумњурї Э.Ш. Рањмонов наќшаи тобеъяти баъзе воњидњои сарњадии љумњуриро ба гурўњи сарњадии дар Тољикистон буда, таклиф намуд. Дар сурати тезу тунд шудани вазъияти таъљилї ё тањдиди толибон ба сохторњои дар хатти аввали марз љой дошта, сарњадбонони Кумита ва сарњадчиёни Руссия бояд якљоя амалиёт карда, њифзи ўро таъмин менамуданд. Ё дар њамоњангї гузаронидани корњои таъљилї, кофтўкобї, тањќиќї ва дигар проблемањое, ки бехатарии вазъро дар сарњад эмин медоштанд, бояд муштаракона њаллу фасл карда мешуданд. Натиљањои љамъбасти ин вохўрињо фармони Президенти кишвар тањти № УП – 1051 аз 4 сентябри соли 1998 оид ба тобеъяти  гурўњњои сарњадии дар Тољикистон будаи Хадамоти Федералии Русия додани баъзе воњидњои њарбии Кумитаи њифзи сарњади љумњурї  гардид. Тибќи талаботи ин фармон бригадањои 1-4-и сарњадии кумита ба тобеъияти таъљилї шомил гардиданд. Дар асоси  фармони Президент низомномаи ба танзим овардани муносибатњои тобеъияти  9-декабри соли 1998-ўм бо фармони   дигари   Президент  тањти  № УП – 1124 тасдиќ  карда шуд ва худи њамон сол 82 км. хатти марзи љумњурї бо Давлати исломии Афѓонистон дар минтаќаи  Дарвоз ба ихтиёри сарњадбонони тољик гузашт.

 

         Генерал-лейтенант Грицан Виталий Федорович соли таваллудаш 1946, маълумоташ олї. Соли 1970 Омўзишгоњи олии сарњадчиёни Кумитаи бехатарии давлатии СССР –ро дар ш. Москав хатм намуда, дар ќисмњои сарњадии собиќ Иттињоди Шўравї дар вазифањои гуногун адои хизмат карда, солњои 1992-1993 фармондењии Гурўњи сипоњиёни сарњадии Русияро дар Тољикистон ба ўњда дошт.

Аз соли 1998 раиси Хадамоти њамоњангсозии Шўрои фармондењњони сарњадии давлатњои муштаракул-манофеъ. 

 

Генерал-лейтенант Чечулин Анатолий Терентевич, соли  1947 зоида шудааст.  Маълумоташ олї. Соли 1968 баъди  хатми Омўзишгоњи олии сарњадии  Алмаато дар муфризаи сарњадбонњои  ш. Хоруѓ ба кор  фиристода мешавад. Ў аз соли 1981 то соли 1992 хизмати њарбиро дар  Тољикистон  сипарї карда, дар ќўшунњои  сарњадии собиќ Иттињоди Шўравї адои вазифа менамояд. Моњи апрели соли 1993 ў фармондењи Гурўњи сарњадбонњои Федератсияи Русия дар Тољикистон таъин мегардад. Соли 1998 бо фармони Президенти Федератсияи Русия ба Анатолий Терентевич унвони ифтихории  «Сарњадчии хизмат нишондодаи ФР» дода мешавад.

 

Генерал-полковник Тарасенко Павел Павлович соли 1948 дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия таваллуд шуда, соли 1971 Омўзишгоњи олии сарњадии Алмааторо хатм кардааст.

 Аз афсари сарњадї то ба маќоми љонишини аввали фармондењи Округи сарњадии Закавказия расидааст. Охирњои соли 1993 фармондењи Гуруњи сарњадбонњои хадамоти Федералии Русия дар Тољикистон таъин карда мешавад. Њоло дар Шарќи Дур хидматро давом дода истодааст.

Павел Павлович дар амри тайёр кардани сипоњиёни сарњадии тољик, омода сохтани њайати хурди афсарон ва ташаккули нерўњои сарњадии Тољикистон ёрии амалї ва дониши хешро дареѓ надоштааст.

 

Генерал-полковник Резниченко Николай Семенович. Соли 1952 дар вилояти Краснодар зоида шудааст. Ў соли 1974 Омўзишгоњи олии сарњадии ба номи К.Е. Ворошиловро хатм намудааст. Баъди ба итмом расонидани тањсил дар Академияи њарбии Ситоди кулли Ќуввањои Мусаллањи Федератсияи Русия дар маќомоти роњбарикунанда фаъолият намуда, охирњои соли 1998 фармондењи Гурўњи сарњадбонњои Хадамоти Федералии сарњадии Русия дар Тољикистон адои хидмат менамояд.     Николай Семенович соли 1999 сардори ситод, љонишини аввали Хадамоти Федералии Русия таъин мешавад. Ў љанговари интернатсионалист мебошад. Дар набардњои Љумњурии Демократии Афѓонистон ду маротиба маљрўњ шуда, барои шуљоат ва диловариаш сазовори ордени «Ситораи сурх» ва њафт медали љанги гардидааст. Барои мустањкам намудани сохторњои сарњадии Тољикистон, тайёр намудани афсарони тољик, ба эътидол оварани вазъи сиёсї талошњои зиёде ба харљ дода сазовори њурмату эњтироми мардуми тољик шудааст. 

 

Генерал-лейтенант Маркин Александр Степанович соли 1950 дар ш. Муроми вилояти Владимири Федератсияи Русия зоида шудааст. Ў соли 1968 Омўзишгоњи олии сарњадии ш. Алмааторо хатм намуда, хизмати њарбиро дар Муфризаи сарњади Хоруѓ ба љо овардааст.

Баъди хатми Академияи њарбии ба номи М.В. Фрунзе дар љумњурињои собиќ СССР кору фаъолият менамояд. Александр Степанович соли 1997 Академияи њарбии Ситоди кулли Вазорати дифоъи Федератсияи Русияро хатм намуда ба корњои роњбарикунанда таъин мешавад. Аз моњи феврали соли 1999 сардори Гурўњи сарњадбонњои Русия дар Тољикистон мебошад. Ў њамчунин љанговари интернатсионалист аст. Генерал-лейтенант Маркин бо орденњои «Ситораи сурх», «Суворов», «Барои хизматњои љангї» ва чандин медалњо таќдир карда шудааст. Ў њамчунин «Корманди фахрии хадамоти сарњадї» мебошад. Маркин А.С. муносибатњои хуби корї ва инсонї дорад. Дар њамкорињо бо ў якчанд амалиётњои муштарак оид ба несту нобуд кардани гурўњњои ќочоќи маводи мухаддир ва ашёи стратегї гузаронида шуданд, ки онњо натиљањои хуб бахшиданд.

            Мутаассифона, он орзуњои неку пешнињодњои муфид дар њаёт татбиќ нашуданд. Хушбахтона,  ягон маротиба њам  толибон кўшиши вайрон кардани хати сарњади Тољикистону Афѓонистонро накарданд.  Ягона кўмаке ки ба кумита расид, ин њиммати бевоситаи собиќ сарвари гурўњи сарњадї генерал-лейтенант Резниченко Н. С.  мебошад, ки 6 адад минамиётњои љангї ва ду  мошини љангии БМ-30-ро барои пурќувват намудани ќуввањои эњтиётии мо, ки дар тобеъияти ситоди  гурўњи сарњадбонони Русия буданд, доданд.

 

 

ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ЊИФЗИ САРЊАДИ ДАВЛАТИИ

НАЗДИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДАР ЊАМКОРЇ БО  ХАДАМОТИ  МУТААЛИЌАИ
ДИГАР ДАВЛАТЊО

            Сарвари давлати  тозаистиќлоли тољик дар  суханрониашон дар њузури устодон ва шунавандагони Донишгоњи СММ дар Токио 15 майи соли 2001 таъкид карданд, ки: «Сиёсати бунёди давлати демократию њуќуќбунёд ва дунявї, ки дар конститутсияи нави соли 1994 ќабулшуда зикр ёфтааст, воситаи асосие буд, ки ѓояњои сулњ, љараёни истиќрори  он ва имрўзу ояндаи Тољикистонро муттањид сохт. Ин  тарафњои муќобилро дар масъалаи сохтори давлатї ва љамъиятии мамлакат ба сомон овард.

            Имрўз Тољикистонро  њамчун давлати соњибихтиёр ќариб  130 мамлакати љањон эътироф кардаанд. Аз ин љумла ќариб 100 давлат ба мо муносибатњои дипломатї доранд».

            Дар њаќиќат, Тољикистон њамчун давлати  мустаќил, соњибихтиёр имрўз сиёсати беруниву дохилии худро мустаќилона муайян менамояд, ки  он ба њамгироии њамаљонибаи мамлакат ва љомеаи љањонї нигаронида шудааст.

            Лашкарони сарњадии Тољикистон, њамчун узви вобастаи љомеъа, дастуру нишондодњои Президенти кишварро дастурамали кори худ намуда, дар љараёни ташаккулёбиашон бо давлатњои дуру наздик робитањои зичи њамкорї доштанду доранд.

КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон яке аз аввалинњо шуда соли 1994-ўм ба Шўрои фармондењони сарњадбонњои Давлатњои муштаракулманофеъ ќабул карда шуд. Дар  машваратњое, ки 47 маротиба дар давлатњои  Аврупо  ва Осиёи  Марказї барпо гардиданд,  намояндагии мо њамеша иштирок  дошт. Се маротиба:   солњои  1996,  1999 ва 2002 љаласаи ин Шўро дар пойтахти Ватанамон ш. Душанбе  гузашт. Дар чандин машќњои њарбии гузаронидаи ин Шўро афсарону сарбозони мо бевосита иштирок намуда, бањои сазовор гирифтанд.

            Самараи  њамин њамкорињо буд, ки аз њисоби сарбозони  нерўњои  сарњадии кишвар барои таъмини љузъу томњо бо афсарони соњибмаълумот ба Федератсияи Русия, Љумњурии  Ќазоќистон ва Украина барои тањсил  ашхоси зайл фиристонида шудаанд.

 

            Њамагї:          158 курсант ва 26 нафар шунавандаи Академия.

Дар давоми  фаъолияти  кории Кумита дар ин љода  кормандони раёсати њуќуќ ва муносибатњои байналмилалї (сарвараш полковник Тољибоев Э.) хеле сањмгузорї карданд. Роњбарияти   Кумита   дар   назди   Шўро   ва  роњбарони сипоњиёни сарњадї,  аъзоёни Шўро эътибори хуб доранд. Дар вазнинтарин рўзњо аксарияти онњо ба мо ёрии моддї расониданд. Чандин маротиба:  солњои 1994, 1999 кўмакњои  башаридўстона аз  љониби Хадамоти Федералии Русия  ба ќушунњои сарњадии мо расонида шуданд.

            Бо сабаби  ављ гирифтани бемории домана дар љумњурї соли 2000 аз љониби роњбарияти Департаменти  сарњадии Гурљистон (генерал-лейтенант Чхеидзе В.А.) ба бемористони њарбии сипоњиёни сарњадї  - ба маблаѓи 60 њазор доллари ИМА ёрии беѓаразона - доруворї расонида шуд.

            Роњбарияти Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо кормандони сафорати Хитой  муносибати хуби корї барќарор карда буданд. Натиљаи ин  робитањо буд, ки соли 1999-ўм барои бемористони  њарбии КЊСД назди Њукумати Љумњурии  Тољикистон аз давлати Чин ба  маблаѓи 120 њазор доллари ИМА таљњизоти тиббї, њамчун ёрдами башарадўстона, оварда шуд, ки  он ба  њифзи саломатии афсарону сарбозон гузошта шудаанд. Чунин кўмаки башарадўстона аз љониби сафоратхонаи Чин ба КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон  низ тирамоњи соли  2001 расонида шуд: 14 адад  компютерњо ба мо таќдим гардид. Мо тавонистем, ки  Хадамоти иттилоотамонро аз рўйи меъёрњои имрўза љињозонем.

            Баъди ба арсаи сиёсї баромадани толибон дар Давлати Исломии Афѓонистон ва густохињо дар назди  тавлидгаронашон-амрикоињо, кормандони сафоратхонаи ин кишвари пуриќтидор эњтиёткорона барои барќарор намудани робитањои њамоњангї ба Раёсати дар боло зикршуда бо сафир ва отташеи низомии Амрико чандин вохўрињо гузарониданд. Албатта, пеш аз њама барои суръат гирифтани ин њамкорињо, сафари сарвари давлат ба ИМА такон шуд. Президенти кишвари мо ќаблан дар  Иљлосияи   Асамблеяи генералї огоњ карда буданд, ки дар Афѓонистон  хавфи ба вуљуд омадани давлати террористї вуљуд дорад. Ба хотири пешгирии ин хавф пешнињод карда буданд, ки  дар  атрофи Афѓонистон аз њисоби ќуввањои сулњљў њалќаи бехатарї барпо карда шавад. Дар ибтидои ин пешнињодро ба инобат нагирифтанд. Афсўс, ки баъди ду –се сол дурустии ин  пешнињодро дарк карданд, вале он бо ёрии силоњ њаллу фасл гардид.

            Америкоињо бо маќсади  истењком бахшидани марзи Тољикистону Афѓонистон соли 2001 як барномаи мушаххаси кўмакњои моддї ва маънавиро пешнињод карданд. Тибќи он наќшаи бо техника ва технологияи њозиразамон љињозонидани КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон  кашида шуд ва ба ин маќсад  7,9 млн. доллари амрикої људо карданд, ки то имрўз давра ба давра амалї шуда истодааст. Солњои 1999-2001 кормандони КЊСД  назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар сатњи кормандони роњбарикунанда ва дараљаи раёсату фармондењон бо намояндагони сарњадии Ўзбекистону Ќирѓизистон  зиёда аз 120 вохўрињо гузаронданд. Чунин як вохўрї соли 2001 бо намояндаи сарњадбонон ва волињои вулусволињои вилояти  Дарвоз ва Бадахшони Афѓонистон дар муфризаи сарњадии Дарвози Вилояти Кўњистони Бадахшон гузаронида шуд. Он ваќт намояндагии афѓонњо 64 идорањои давлатии исломии Афѓонистонро дар бар мегирифт. Аз љониби мо намояндаи Вазорати амнияти љумњурї ва гурўњи Хадамоти федералии Русия дар Љумњурии Тољикистон низ иштирок доштанд.  Тарафайн як суратљаласаи муњими таърихиро ба имзо расониданд. Тибќи ин суратљаласа  тарафи Афѓонистон дар ду љода кафолати пурсамари њамкорињоро ба ўњда гирифта буд. Мувофиќи банди аввали суратљаласа сарњадбонон ва волињои  вулусволињо кафолат доданд, ки пеши роњи ќочоќи маводи мухаддирро мегиранд. Дар банди дуюм бошад, имзои онњо оиди роњ  надодан ба гурўњњои Љумъа Њољиев дар минтаќањое, ки тањти тасарруфи онњо мебошанд. Ин нахустин њуљљати расмие буд, ки баъди мустаќилияти  љумњурї байни ќўшунњои сарњадии ду  давлати бо њам дўсту њамсоя ба имзо расид.

 

 

Корњои ташкилї, хољагидорї ва

таълимї дар  КЊСД назди Њукумати

Љумњурии Тољикистон

            Дар иќтисодиёти давраи гузариш, ки хазинаи давлат имконияти  пурраи шикамсерї хўрондану пўшондани аскарону афсаронро надорад, наќши корњои ташкилї ва хољагидорї басо муњим аст.

            Таљрибаи кору зиндагї бо нерўњои посбоникунандаи сарњад моро ба хулосае овард, ки дар шароити иќтисоди бозорї роњњои афзун гардондани хазинаи низомї, шикамсеру солим нигоњ доштани аскарону афсаронро њамвора љустуљў     намоем ва то њадде битвонем, ки барои њифзу нигањбонии сарњад шароити њадди аќал муњаё созем.

            Мо ин маъниро хуб дарк мекардем, ки њар як давлати ба истиќлолияти сиёсї ва миллї расида, бояд давраи душвори гузаришро тай намояд, ки он объективан бо пастии сатњи иќтисодї ва як силсила печидагињои дигар иртибот дорад. Тавре бояд мо амал менамудем, ки лашкариёни сарњадиро бо ѓамхории њамаљониба: таъмини маводи ѓизойї, попўшњои хубу сарулибоси гарм, доруворї ва бо раванди таълиму тамрин фаро бигирем.

            Душворињо хеле зиёд буданд. Вале, чунонки дар урфият мегўянд «мард бояд њаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад».  Душманони хориљию дохилї ба мо љанги хонумонсўзи њамватаниро тањмил карданд. Љанг харобињои њангуфте ба бор овард. Иддаойи мо ба давлати тозаистиќлоли тољик, ки амалан сарваташ ба яѓмо рафта хазинааш холї буд, маънї надошт.

            Маро насињати пири хирад ба ёд омад, ки  гуфта буд: «Роњбар на танњо ростќавлу њаќиќатпараст ва адолатпеша, балки тадбирандеш њам бояд бошад». Борњо сари ин масъала ѓарќи андеша шудам ва ба хулоса омадам, ки корро аз такмили сохтори Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, пешгирии дасти ќалб, ташкил  ва тараќќї додани  шаклњои гуногуни хољагї оѓоз бояд кард.

Дар љараёни таъсис ва ташакуллёбии асокири сарњадї роњбарияти Кумитаи  сарњадии давлатї  камшумории мошинњои боркашониро ба назар гирифта, ќарор дод, ки онњоро мутамарказ гардонад. Бо њамин  андеша мо соли 1999 дар њайати кумита як ливои таъминоти амволї бунёд кардем.  Маќсади асосї аз  созмон  додани ин ливо дуруст ба роњ мондани хољагидорї буд. Ба ин маќом Ризоев Раљабалиро фармондењ таъин кардем.

            Дар таркиби ин ливои сарњадї баталёни автомошинњои боркаш (фармондењ майор Худойназаров А.) шомил карда шуд, ки вазифаи асосии он иборат аз ќабул кардан ва ба нуќтањои сарњадии  љумњурї расонидани маводи зарурї барои сарбозон буд. Њадаф аз мутамарказ гардондан ва барпо намудани баталон ќабл  аз њама пеши роњи дуздиро   гирифтан аз љониби  баъзе кормандони таъминот  буд.  Баъди ќабул кардани  маводи  хўрокворї,    сарулибос ва ѓайра шахсони мутасаддї тибќи таќсимот онњоро  ба ќисмњои њарбї  ба  истеъмолкунандагонашон то нуќтаи лозимї бурда расонида, баъд њуљљатњои даркориро оварда, ба Раёсати аќибгоњи Кумита, ба ливои сарњадї њисобот медоданд.

            Ба замми ин вазифаи якумдараљаи ин  ливои мазкур тибќи Низомномааш  аз тараќќї додани   хољагидорї ва таъмини рушду нумўи он иборат буд. Фаќат дар давоми солњои 1999-2002 ин ливо дар натиљаи дуруст ба роњ мондани фаъолияти кориаш тавонист, ки аз заминњои бо ин маќсад људошуда зироатњои зиёди кишоварзї: гандум, пиёз, мош, лўбиё,  картошка, пахта парвариш карда,  даромади соф бигирад. Аз ин маблаѓњои ба даст омада панљоњ њазору 800 доллари амрикоиро барои сохтмони мењмонхонаи «Каён» харљ намудем. Мањсулоту маблаѓњои боќимонда дар ќисмњои њарбии сарњадї сарф карда  шуданд.

            Дар давоми фаъолияти кориаш ливои њафтуми таъминотии лашкариёни сарњадї тавонист, ки парвариши чорвои калони шохдор ва молњои  майдаро ба роњ монад. Дар вилоятњои Суѓду Хатлон кишти заминњои иљоравии ва дар њисоби кумита буда, 146,3 гектарро ташкил медод. Дар давоми солњои 1999-2002 аз ин заминњо ба маќдори зиёда аз панљсад њазор сомонї мањсулот љамъоварї карда шуд.

            Таљрибаи ќисми хољагии ёрирасони  ливои 2-и  сарњадї (фармондењаш генерал-майор Шамолов ) дар   соли 1999-2000-ўм  басе љолиб аст.

            Мувофиќи  маълумотномаи хољагињои ёрирасонї ливои дуюми Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 1999 њамагї дар майдони 173 га замин зироатњои хољагии ќишлоќ кишт карда шуда буд. Аз он љумла:

  1. Гандум – 10 га.
  2. Полезї – 5 га.
  3. Сабзавот – 8 га.
  4. Пахта – 150 га.

Аз 10 га замини гандум њамагї 10000 кг дони гандум истењсол карда шуд, ки маблаѓи умумиаш 2000.000 рублро ташкил медињад.

Аз замини полезї 70.000 кг мањсулот  ба даст оварда шуд, ки маблаѓи умумии он 1500.000 рублро ташкил дод.

Аз замини сабзавот њамагї 130.000 кг мањсулот  ба даст омад, ки маблаѓи умумии он 15600.000 рублро ташкил  дод.

Аз 150 га замини пахтаи  зикршуда 383100 кг пахта ѓунучин карда шуд, он ки 123.800 кг нахи пахтаро ташкил дод. Маблаѓи умумии пахтаи истењсолшуда 131.690,42 доллари америкої  шуд.

Аз њисоби даромади умумии хољагињои ёрирасон, ки 131.692,42 долларро ташкил менамоянд ва 190 доллари америкої ба 163 рубли тољикї рост меомад, њамаи харољотњоро пўшонид ва даромади софи хољагї 144.091.337 рубли тољикиро ташкил  дод.

Маблаѓи  софи хољагии ёрирасон дар шўъбаи молиявии ќисми њарбї даромад шуда, барои пурра таъмин намудани эњтиёљоти лашкарону афсарону хидматчиён харљ гардид.

Хољагињои ёрирасони ќисми њарбї дар соли 1999 ба Кумитаи омори ноњияи Ќумсангир  дар бораи фаъолияти корї ва истењсоли зироатњои кишоварзї, дар хусуси супоридани андози давлатї ва даромади ба даст омада, дурустии аз рўйи њуљљатњои лозимї дар ќисми њарбї истифода намудани онњо њисобот доданд.

Дар соли 2000-ум хољагињои ёрирасони ќисми њарбии номбурда њамагї дар майдони 231 га замин кишти зироатњои хољагии ќишлоќ гузарониданд.

 Аз љумла:

  1. Гандум – 27 га.
  2. Љав – 3 га.
  3. Макка барои дон – 3 га.
  4. Шолї – 7 га.
  5. Пахта – 170 га.
  6. Сабзавот – 1 га.
  7. Полезї – 15 га.
  8. Макка барои силос – 5 га.

 

Аз 360700 кг пахтаи истењсолшуда 107888 кг нах, 197200 кг пунбадона гирифта шуд. Аз пунбадонаи њосилшуда 25000 килограммаш барои тухмї  нигоњ дошта шуд, 70000 килограмаш барои кашидани равѓан харљ гардид, 5700 кг ва 102000 кг барои хидмати завод дода шуданд. Аз боќимондаи пунбадонаи равѓанкардашуда 22000 кг кунљора ва 11000 кг шорот ба ќисми њарбї даромад шудааст. Аз њисоби даромади умумии хољагии ёрирасон њамаи харољотњо пўшонида шуданд.

Даромади софи хољагии ёрирасон дар соли 2000-ум 29.068.3 доллари америкоиро ташкил  дод.

Соли 2001-ум  хољагињои ёрирасони  ливоњои сарњадї маљмўан  дар майдони 271 га замин  зироатњои  мухталиф кишт намуданд.

 Аз љумла:

  1. Гандум – 56 га.
  2. Љав – 4 га.
  3. Помидор – 2 га.
  4. Полезї – 18 га.
  5. Сабзавот – 1 га.
  6. Пахта – 180 га.

Аз  56 га кишти гандум  10 гектарашро даравиданд, ки он 14000 кг њосил дод. Ин гандум  ба ќисми њарбї даромад шуд ва он  маблаѓи умумии  7000 сомониро ташкил дод. Боќимонда  46 га гандумзор ба аъзоёни худи хољагињои ёрирасон  чун  музди мењнат дода шуданд. Њосили гирифташудаи ѓалла ба њисоби миёна 11 сентнерро ташкил дод. Аз 4 га замини љав њамагї ба миќдори 4600 кг  љав ё ба маблаѓи 1.380 сомонї даромад  ба даст оварда шуд.

Соњаи чорводории хољагии ёрирасони ќисми њарбии 2610 аз соли 1995 арзи вуљуд мекард. Дар он сол  саршумори чорвои калони шохдораш ба 40 сар мерасид. Дар тўли солњои 1995-2001 аз ин чорво ба миќдори 103 сар насл гирифта шуд.

Саршумори чорво то 1-уми июли соли 2001 ба 172 сар мерасид. Чорвои майдаи шохдор бошад, дар соли 1995   -53 сарро ташкил медод. То 1-уми  июли соли 2001 аз ин миќдор 167 сар насл гирифта шуд. Саршумори чорвои майдаи шохдор дар таърихи 1-уми июли соли 2001 ба 174 сар расид

Дар тайи ин солњо 87 сар чорвои калону майда бо вазни 9469 кг кушта ва истеъмол карда шуданд. Ѓайр аз ин аз чорвои номбурда ба миќдори 27060 кг шир дўшида ба комбинати шири Ќумсангир супорида шудааст.

Дар баробари ин хољагињои ливоњои сарњадии кишвар ба асппарварї (55 сар) ва асалпарварї низ машѓуланд.

            Як далели барљастаи дигари ѓамхории Президенти кишвар нисбати марзбонони тољик, ба аќидаи ман таъсиси  Омўзишгоњи олии сарњадии Тољикистон мебошад.

Омўзишгоњи олии сарњадии Љумњурии Тољикистон дар заминаи  курсњои олии Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди  Њукумати љумњурї созмон дода шуд.

            Курсњои номбурда моњи декабри соли 1997 таъсис ёфта, то моњи апрели соли 2001 фаъолият карданд. Дар ин давра якчанд гурўњи афсарони хурд баъди шаш моњи омўзиш ба ќушунњои марзї сафарбар шуданд. Баъди  барњам додани хизмати шартномавї як гурўњи  сесаднафараи сержантњо курси семоњаро ба итмом расонида ба хидмат оѓоз карданд.

            Дар ин љода хидмати сарвари курсњо полковник Файзиев Яхшибек  назаррас мебошад. Ў аз таљрибаи њарбиаш  истифода бурда, дар як муддати кўтоњ ба муввафаќиятњои хуб ноил гашт.

            Бо  фармони Президенти љумњурї тањти № 216  аз 15 сентябри соли 2001 аввалин маротиба  дар мамлакат Омўзишгоњи  олии сарњади ташкил карда шуд. Омўзишгоњи мазкур дар водии  зебоманзари Њисор мавќеъ гирифта, барои ќушунњои сарњадї афсаронро тайёр мекунад. Баъди  хатми омўзишгоњ  љавонони хатмкунанда соњиби маълумоти соњави ва њуќуќшиносї мегарданд. Мўњлати  омўзиш чор сол . Аз ин даргоњ хатмкунандагон бо рутбаи лейтенанти баромада ба дифои марзи љумњурї ба хидмат мераванд.

            Бояд тазаккур дод, ки дар ташкил ва сохтмони бинои Омўзишгоњ сардори ў полковник  Саидов Рустам  ташаббуси хуб нишон дод ва сањми босазо гузошт. Дар ин кори хайр њокими ноњияи Њисор мўњтарам Каримов Абдулвањњоб, Раиси Бонки миллии Тољикистон Алимардонов Муродалї роњбарияти кумитаро пайваста дастгирї намуда, ёрињои моддиву маънавии хешро дареѓ надоштанд. Эшон бо ин бархурди шарифашон на танњо марзбонони тољикро шоду масрур карданд, балки дар поягузории Артиши сарњадии Давлати тозаистиќлоли тољик, дар тањким бахшидани истиќлолияту озодии миллї сањми бориз гирифтанд.

Яке аз пањлўњои  муњими фаъолияти  кумитаро дар тўли солњои 1993-2002 бунёди биноњои маъмурї, биноњои муфризавї,  комендатурањо, постгоњњои марзї ва дигар нуќтањои назорати сарњадї ташкил медињанд. Дар  ќатори ин иншоотњо соли 1999 дар ш. Душанбе бемористони њарбии бо технологияи замонавї љињозонидашуда (сардухтур полковник Ќодиров Ш.) ва соли 2000-ўм шўъбањои ў дар вилоятњои Суѓду ва Хатлон бањри њифзи саломатии афсарону сарбозон ба кор шурўъ карданд.

            Тибќи фармони Президенти Љумњурии Тољикистон тањти раќами  544 аз 2 апрели соли 2001-ўм ба зиммаи лашкарони сарњадї вазифаи нињоят мушкил – ташкили назорати муњољират дар нуќќоти гузаргоњњои сарњадї барпо намудем. Дар бораи муњољират низомнома ва механизми амалї гаштани он ба тасвиб расид. Раёсати навташкили назорати муњољират иљрои ин корро ба ўњда гирифт.

            Барои мустањкам кардани интизоми њарбї ва ба як низоми муайян даровардани силоњу аслиња соли 2000 ду фармони таќдирсоз имзо шуд. Инњо фармонњои  Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 маи соли 2000 тањти № 294 ва 295-ўм буданд.

            Фармонњои сарвари давлат воќеан њам санадњои хеле муњим љињати ба эътидол овардани вазъи љомеа мебошанд. Ба љо овардани ин фармонњо пеш аз њама љорї шудани тартибу интизомро дар ќисмњои њарбї таъмин намуданд ва ба мо имконият доданд, ки хизмат дар асоси ќарордод ба таври ќатъї маън карда шавад. Хизмати афсарону аскарон тањти назорати љиддї ќарор гирифт.

            Дар баъзе њолатњои ногувор барои тањти назорат гирифтан ва ба эътидол овардани вазъи дохилї бо фармону дастурњои фармондењи Олии Ќушунњои Мусаллањи  Љумњурї генерали армия Э.Рањмонов љузъу томњои људогонаи  ќушунњои марзї истифода мешуданд. Солњои 1998-1999 дар ноњияи Кофарнињон (Вањдат) ва хусусан роњи автомобилгарди Душанбе-Кўлоб, аз тарафи гурўњњои силоњбадастон љиноятњои вазнин, одамкушї, ѓоратгарї, роњзанї, бисёртар гаравгонгирї содир  карда мешуданд.  Ба  хотири њарчї тезтар анљом додани ин бесарусомонињо тибќи дастури  Президенти кишвар соли 1998-ўм баталёни  таъминоти махсуси ЌХСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (ќумандон полковник Одинаев Т.) дар мавзеи Элоки ноњия мавќеъ гирифта, дар  муддати як сол  оромии зисти мардум ва мусофиронро таъмин карданд. Баъди аз байн рафтани зурурият ин баталён, ки њайати шахсиаш 340 нафарро ташкил медод соли 1999 ба ноњияњои Нову Зафарободи вилояти Суѓд ба сарњади Љумњурии Тољикистону Љумњурии  Ўзбекистон интиќол шуданд.

 

Низоми курсантњои маркази таълими КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Москав.

Соли 2003.

Генерал-полковник Зуњуров Сайд-амир Зуњурович - арбоби давлати, ходими сиёси соли 1951-м дар ноњияи Фархори вилояти Хатлон ба олами њастї чашм боз намудааст. Маълумоташ олї. Хатм-кардаи факултаи таърихи Донишгоњи омўзгории ш. Душанбе. Аз соли 1978 дар маќомоти амнияти давлатї ифои вазифа кардааст.

            Аз корманди одии фаврї то ба дараљаи вазири амният, вазири корњои дохилї ва љонишини Сарвазири мамлакат расидааст. Љанговари интернасионалист мебошад. Солњои 1980, 1983-1985 дар Љумњурияти Демократии Афѓонистон адои вазифаи интернат-сионалї намудааст.

Барои хизматњои шоёнаш бо орденњои «Ситораи сурх», «Барои шуљоат» ва медалњо мукофотонида шудааст. Сазовори унвони корманди шоистаи љумњурист. Хидмати ў дар таъсис, бунёд ва ташаккули Ќўшунњои сарњадии љумњурї хеле калон аст. Амалан Сайдамир Зуњурович як аз асосгузорони Артиши диловари сарњадии Тољикистони соњибистиќлол мебошад. Ин хидмати ў дар сањифаи таърихи навини Давлати мустаќили халќи тољик бо њарфњои заррин навишта хоњад шуд. 

 

Генерал-лейтенант Азимов Амирќул Насимович – арбоби давлатии Тољикистон, соли 1948 дар дењаи Искодари ноњияи Айнї дар оилаи хидматчї ба олами вуљуд омадааст.

            Соли 1972 ў факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистонро хатм намуда худи њамон сол дар Прократураи љумњурї ба њайси муфаттиш ва сармуфаттиш ифои вазифа менамояд. Амирќул Насимович дар тўли солњои 1979-1987 дар Шўъбаи органњои маъмурии Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон кору фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 ў боз дар Прократураи Љумњурии Тољикистон дар маќоми сардори Раёсати тафтишот кор кардааст. Солњои 1992-1994 Азимов љонишини вазири корњои дохилиро ба ўњда дошт. Аз моњи декабри соли 1994 то апрели соли 1995 ў дар маќоми Мушовири давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои мудофиа ва њуќуќ адои хидмат кардааст. Аз апрели соли 1995 то Котиби шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон таъин шуданаш Амирќул Насимович Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон буд. Аз соли 1996 то ба имрўз ў Котиби шўрои амнияти кишвар мебошад.

            Сањми Амирќул Азимович дар амри мусолиматомез њаллу фасл намудани бисёр масъалањои душвору печида, бањсталаб ва муташанниљ калон аст. Ў яке аз муборизони диловари сулњу салоњ дар љумњурї мебошад. Хидматњои ин марди шарифро Президент ва Њукумати Љумњурии Тољикистон бо орденњои «Барои шуљоат», «Дўстї» ва якчанд медалњо ќадр кардаанд.

 

Генерал-лейтенант Абдурањимов Хайриддин Саидович соли 1956-м дар ноњияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Соли 1981 факултаи забони англисии донишкадаи омўзгории шањри Душанберо хатм намудааст. Дар маќомоти амнияти собиќ Иттињоди Шўравї ва љумњурї аз соли 1982 аз корманди одди то сардори Раёсати амнияти Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон расида моњи декабри соли 1999 Вазири амнияти љумњурї таъин шуд. Љанговари интернатсионалист.

Аз соли 1999 љоизаи ордени «Спитамен». Дар давраи тобеъияти Ќўшунњои сарњадї дар сохтори Вазорати амният дар таъсиси Ќўшунњои сарњади љанубии кишвар сањми босазо гузошта, баъди таъин шудан ба њайси Вазири амният дар њамоњанги бо роњбарияти Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои ба тартибу низом овардани Ќуввањои Мусаллањи љумњурї хизматњои беназир кардааст.

 

Генерал-лейтенант Азимов Абдурањмон Рауфович соли 1950-м дар ш. Кўлоб ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоњи омўзгории шањри номбурда мебошад. Дар маќомоти амнияти љумњурї аз соли 1982 ифои вазифа намудааст. Солњои 1993-1996-м сардори Раёсати Вазорати амнияти љумњурї дар вилояти Хатлон буд.

Аз январи соли 1996 то январи соли 2001 дар вазифањои котиби Шўрои амният ва љонишини Сарвазири љумњурї фаъолият кардааст. То таъин шуданаш ба њайси раиси Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, депутати Маљлиси миллии љумњурї, раиси Кумита оид ба тартиботи њуќуќии мудофиа ва амният буд. Солњои 1980-1981 ва 1982-1985 дар давлати Исломии Афѓонистон кор карда, барои диловарї ва корномоињои љангиаш бо ордени «Ситораи сурх» ва «Барои шуљоат» мукофотонида шудааст. 

 

Генерал-лейтенант Купцов Анатолий Григорьевич соли 1939 дар ноњияи Сокински Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Корманди касбии маќомоти амниятї аз соли 1963. Дар Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон аз соли 1984 кор мекунад.

Аз моњи декабри соли 1992 љонишини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллї, аз соли 1994 љонишини аввали вазири амнияти Љумњурии Тољикистонро ба ўњда дорад. Бо ордену медалњои собиќ Иттињоди Шўравї мукофотонида шуда, барои хизматњои калонаш дар тарбияи насли нави кормандони амният ва њисагузориаш дар таъсиси Сипоњиёни сарњадии љумњурї бо фармони Президенти мамлакат дар соли 1999 сазовори ордени «Спитамен» гардидааст.  

 

Генерал-майор Љобиров Шамсулло Бобоевич соли 1954 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Соли 1976 Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм намудааст. Дар маќомоти амнияти давлатї аз соли 1982 фаъолият карда, аз коргари ќаторї то љонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллї, сипас Вазорати амнияти љумњурї расидааст. Бо чанд ордену медалњои давлатї мукофотонида шудааст. Моњи феврали соли 1999, њангоми адои вазифа, фољиавї ба њалокат расид. Ин љавонмарди наљиб дар давраи таъсиси воњидњои сарњадї дар ноњияи Турсунзода хеле сањмгузорї намуда, машаќатњои зиёдеро дар давраи тобеияти Ќўшунњои сарњадї дар маќомоти амнияти давлати паси сар кардааст. То рўзњои вопасини њаёташ барои рушду нумўи сохторњои сарњадї кўмакњои зиёде кардааст. Номи неки ў дар хотири садњо афсароне, ки бо ў њамкорї намуданд, абадї зинда љовид хоњад монд.

 

Генерал-майор Сайфуллоев Сафаралї. Соли 1949 дар ноњияи Фархори вилояти Кўлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Соли 1971 факултаи агрономии донишкадаи кишоварзии љумњуриро хатм намуда, дар Ќуввањои Мусаллањи Иттињоди Шўравї њамчун афсар адои хизмат кардааст. То соли 1975-ум дар соњањои гуногуни кишоварзї фаъолият карда, моњи сентябри њамин сол дар сохтори Кумитаи бехатарии давлатї ба кор ќабул шуда, то соли 1992 ба дараљаи сардори шўъбаи оперативї расидааст.

Бо медалњои «Барои хизмати шоён» дараљањои 1, 2, 3 «Грамотаи фахрии Шўрои Олии СССР» ва соли 1999 «Марзбони шуљоъи Тољикистон» мукофотонида шудааст. Љанговари интернатсионалисти.

            Баъди пош хурдани Иттињодияи Шўравї ва мустаќилият ба даст овардани љумњурї, зарурияти мустањкам кардани марз бо Давлати Исломии Афѓонистон ба миён омад. Моњи декабри соли 1992 Сайфуллоев С. аз љониби роњбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллї вазифадор карда шуд, ки аз њисоби љамъ кардани афсарони эњтиётї ва собиќадорони фронти халќї дар ш. Кўлоб як ливои махсуси сарњадї таъсис дињад. Ў фавран ба кор шурўъ намуда дар ин љода худро њамчун ташкилотчии моњир нишон дод ва дар муддати кўтоњ аз ўњдаи вазифаи ба зимааш гузошта бо сарбаландї баромад. Њамзамон сарварии ливои навташкили сарњадии таъиноти махсусро ба ўњда гирифт. Ин ливо аз чор муфризаи сарњадї иборат буд. Муфризаи якум дар ноњияи Шањритус (фармондењаш лейтенанти калон Рањматуллоев Бахтиёр, њоло корманди ВКД љумњурї, полковник) љой гирифта буд. Њифзи хати сарњад бо Давлати Исломии Афѓонистон дар ноњияњои Шањритус ва Ќубодиён салоњияти ин муфриза буд. Аввалњои соли 1993 фармондењии ин муфризаро Раљабов Бобољон ќабул намуд.

            Муфризаи 2-уми сарњадї тањти сарпарастии капитан Шамолов С.Д. дар ноњияи Ќумсангир (сардори ситод Саидов Ќосим, њоло дар кори мулкї), муфризаи сеюм дар ноњияњои Панљу Фархор (фармондењаш Боболов Усмон) ба њифзи хати марзи љумњурї шурўъ карданд.

            Дар њайати муфризаи чоруми сарњадї ситоди ливо шомил буд. Ин муфриза ваколатдор буд, ки дар ноњияи Шўробод марзи љумњуриро њифз намояд. Дар њайати ситод майор Ањмадов М. (сардор), капитан Эмомов Р. љонишин оид ба таъминот, капитан Шарипов С. сардори шўъбаи молия буданд.

            Ќобили ќайд аст, ки ин ливо соли 1993 дар набардњои хати сарњадии љумњурї дар ноњияи Шўробод, ки нуќтаи доѓ буд, далериву шуљоат нишон дода, чандин њамлањои пай дар пайи марзшиканонро зада гардонид ва садњои онњоро несту нобуд кард. Афсарону сарбозони ливои мазкур то расидани ќуввањои иловагии сарњадбонњои рус ба постгоњи марзии 12-ум онро озод намуданд.

            Соли 1993-ум дар сохтори бригадаи таъиноти махсус дар ноњияи Москав Маркази таълимї барои сарбозон (сардораш полковник Раљабов Љумахон) ба кор шурўъ кард. Маркази мазкур дар давоми мављудияташ то соли 1998-ум зиёда аз њазор сарбозонро касби сарњадбонї омўзонд. Сипас онњо дар курсњои кўтоњмуддати тайёрї хонда, њамчун афсар то њоло фаъолият карда истодаанд.

            Баъди таъсиси Сарраёсати лашкарони сарњадї дар таркиби Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон Сайфуллоев С. моњи январи соли 1994 љонишини аввали сардори Раёсат ва нахустљонишини фармондењи сипоњиёни сарњадї таъин шуд. Солњои 1997 – 2002 генерал-майор Сайфуллоев С. ба њайси љонишини аввали раиси Кумитаи њифзи сарњади давлатии Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолият кард.

            Генерал-майор Сайфуллоев С. њоло ба њайси атташеи низомии Вазорати мудофиаи Тољикистон дар Федерасияи Русия ифои вазифа менамояд.   

 

Генерал-майор Рогов Александр  Иванович. Соли 1950 ба дунё омадааст. Мактаби олии сиёсии сарњадии ба номи Варашиловро хатм карда, аз соли 1970 дар артиши сарњадї адои хизмат мекунад. Моњи январи соли 1993 сардори Раёсати њифзи сарњади давлатии Кумитаи бехатарии миллии Љумњурии Тољикистон ва аз моњи апрели соли 1995 фармондењи   ќўшунњои сарњадї-сардори Сарраёсати артиши сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон таъин шудааст. Моњи сентябри соли 1997 ў муовини Раиси кумита-сардори сарситоди ќушунњои сарњадии Љумњурии Тољикистон таъин шудааст. Аз моњи январи соли 2002 ба њайси муовини аввали сардори Сарситоди ќўшунњои сарњадии Љумњурии Тољикистон адои хизмат кардааст. Сипас моњи июли соли 2002 фармондењи муфризаи сарњадии якуми гурўњи фаврї-њарбии вилояти Хатлонро ба зимма гирифт. Дорандаи ордени «Ситораи сурх» ва чанд нишону медалњои дигар мебошад.

Ин марди наљиб дар тањрезї ва рушду нумўи ќушунњои сарњадии Љумњурии Тољикистон аз рўзњои аввали таъсисёбии онњо донишу фаъолияташро дареѓ надошта,  тамоми малакаи касбиашро истифода кардааст. Хизматњои шоёни ўро Њукумати Тољикистон бо ордени «Спитамен»  ќадр намудааст.

 

       Генерал-майор Ањмадов Мањмудбек. Соли 1957 дар ноњияи Москави вилояти Кўлоб ба дунё омадааст. Маълумоташ олии њарбї. Соли 1977 Омўзишгоњи олии њарбии ш. Алмааторо хатм намудааст. Љанговари интернатсионалист. Аз соли 1992  дар маќоми сардори Ситоди ливои таъиноти махсуси Кумитаи амнияти миллї кор кардааст.

Ањмадов Мањмудбек аз моњи декабри  соли 1993 љонишини Сарраёсати ќушунњои сарњадии Вазорати амният буд. Аз соли 1997 то с.2002 дар маќоми љонишини раиси КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолият намуд. Аз феврали  соли 2002 то моњи ноябри њамин сол сардории Гурўњи њарбии фаврии КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар вилояти Суѓд ба зимма дошт.  Њоло нафаќахўр. Дорандаи ордени «Спитамен» ва  медали «Љасорат» мебошад.

 

Генерал-майор Шамолов Саидшо Давлатович. Соли 1965 дар ноњияи Ховалинги вилояти Кўлоб чашм ба олами њастї боз кардааст. Баъди хатми мактаби миёна солњои 1982-1983 дар  Омўзишгоњи касбї-техникии ш. Горкийи Федератсияи Русия касбомўзї карда, соли 1983 аз он љо ба хизмати њарбї даъват мешавад ва соли 1985 адои хизмат менамояд. Солњои 1986-1991 дар факултаи механикии Донишгоњи кишоварзии Тољикистон  тањсил карда, соли 1991 онро хатм менамояд. Дар артиши сарњадї аз декабри соли 1992 хидмати Ватанро ба зимма дорад. Яке аз аввалин афсарон мебошад, ки дар њайати ливои таъиноти махсус  њамчун фармондењи муфриза (отряд) дар хати сарњади навоњии Ќумсангир ва Панљ  бо гурўњи сарњадбонњои Хадамоти сарњадии Русия дар Тољикистон  муштаракона кору фаъолият карда, дар вазнинтарин рўзњои љумњурї марзи  бо Давлати Исломии Афѓонистон доштаи онро њифзу муроќибат карданд. Соли 1993 ин муфриза ба полки фаврї дар њайати Раёсати артиши сарњадии Кумитаи  амнияти миллї табдил дода шуд ва Саидшо Давлатович фармондењи он таъин гардид. Дар натиљаи фаъолияти хуби ташкилотчигї ва бо ташаббуси мењанпарастонаи ў дар ноњияи Панљ ва Ќумсангир нахустин комендатурњои сарњадї барпо  карда мешаванд. Соли 1997 Шамолов ќумандони муфризаи 2-уми сарњадиро ба зимма мегирад. Афсарону сарбозони муфризаи ў дар тўли 10-соли фаъолияти хеш бо сарњадчиёни Русия дар новоњии Љилликўл, Ќумсангир, Панљ ва минтаќаи Панљи Поён дар хати дуюми сарњад  садњо марзшиканон, ќочоќчиёнро дастгир карда, миќдори калони маводи нашаъовар аз ќочоќчиён ва яроќу лавозимоти њарбї мусодира кардаанд. Бењтарин афсарон дар ин муфризаи сарњадї ба камол расиданд. Инњо полковник Холиќов Њусайн (њоло фармондењи гурўњи зудамали десантии ќўшунњои марзї), подполковник Шарипов Љумахон (фармондењи комендатураи сарњадї), полковник  Љаъфаров Муњаммад (њоло фармондењи муфриза), полковник Ќурбонов Миралї (љонишини фармондењи  муфризаи таъминот), майор Забиров Љавз (љонишини фармондењ  оид ба таъминоти техникї) ва бисёри дигарон.

Ин муфриза дар набардњои  ќуввањои  зиддињукуматї  хеле хуб корнамоињо нишон додааст. Барои шикасти гурўњњои исёнгар дар водии Њисор   ва   ноњияњои   Турсунзода,  Шањритус, Љилликўл соли 1997 Шамолов С.Д. бо фармони Президенти мамлакат сазовори рутбаи олии генерал-майор гардид. Солњои 1993-1999 ў  вакили Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон буд. Дар  соли 2000 Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русияро бо бањои аъло хатм кард. Шамолов  донандаи хуби  забонњои англисї, русї ва арабї мебошад. Саидшо дар рушду нумўи артиши сарњадї сањми калон гузоштааст. Барои  хизматњои шоёнаш дар ин љода  ў бо орденњои «Спитамен», ва «Дўстї» сарфароз карда шудааст.  Дар давоми солњои 1998-2000 Президенти кишвар Э.Ш. Рањмонов ба ќисми њарбие, ки Шамолов С.Д.  фармондењ буд, чандин  маротиба ташриф овардааст.

Њоло Шамолов С.Д. ба њайси атташеи низомии Вазорати дифои Тољикистон дар Љумњурии Чин  таъин шудааст.

 

Генерал-майор Њомидов Љаббор соли 1948 дар ноњияи Хуљанди вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Соли 1970 Университети давлатии Тољикистонро хатм кардааст. Дар ќўшунњои сарњадї аз соли 1975 ифои вазифа менамояд. То соли 1992 ў дар артиши сарњадии собиќ СССР ва то соли 1994 дар гурўњи сарњадбонњои Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия дар Тољикистон хидмат намуда, аз соли 1994 сарварии шўъбаи назорати сарњадии «Хуљанд»-ро дар вилояти Суѓд ба зимма дошт.

            Њомидов аз моњи феврали соли 2002 ба њайси љонишини Раиси КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон хидмати Модар-Ватанро адо менамояд. Ў љанговари интернатсионалист аст. Њомидов бо орденњои «Ситораи сурх», «Барои шуљоат» (Љумњурии Демократии Афѓонистон) ва бисёр медалу ифтихорномањо мукофотонида шудааст. Дар рушду нумўъ ва такомули назорати сарњади кишвар ў сањми босазо дорад.

 

Полковник Ѓураев Алладўст, дар ноњияи Совети вилояти Кўлоб соли 1952 зойда шудааст. Соли 1985-ум Университети давлатии ба номи В.И. Ленини Тољикистонро дар риштаи таърихшиносї хатм намудааст. Дар воњидњои љузъи сарњадии Тољикистон аз соли 1994 адои хидмат намудааст.

Соли 1997 ў љонишини раиси Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин мегардад ва дар ин маќом то соли 2002 кору фаъолият мекунад. Аз моњи июли соли 2002, баъди таъсис додани гурўњи њарби фаврї, дар вилояти Хатлон сардори ин гурўњ таъин шудааст.

 

       Полковник Сулаймонбеков Аноятшоњ, соли 1949 дар ш. Хоруѓи Вилояти Автономии Бадахшони Куњї таваллуд шудааст. Маълумоташ олии техники. Фаъолияти кориро соли 1974 дар маќомоти амнияти љумњурї сар карда то сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли мувафаќ шуда, соли 1997 љонишини Раиси КЊСД назди Њукумати љумњурї ва њамзамон Сардори Раёсати иктишофи ин Кумитаро то соли 2002-ум уњда кардааст.

Дар таъсиси хадамоти сохтори иктишофи сањми босазо гузошта хеле корњои манфиати давлати доштаро анљом додааст. Дар зери роњбари ва ташаббуси бевоситаи ў дањњо њодисањои пешгирии ќољоќи маводи мухадир ва дигар ашёи стратеги дар марзњои љумњурї пешгири ва ќољоќгарон дастгир шуданд.

Бо ордену медалњои хизмати сазовор гардидааст. Њоло дар Шўрои амнияти љумњурї ифои вазифа мекунад.

 

Полковник Ќаландаров Њаким Зокирович соли 1965 дар ноњияи Панљ ба дунё омадааст. Техникуми иќтисодии Душанбе-ро соли 1998 хатм кардааст. Фармондењи Ќуввањои  Мусаллањи ИНОТ. То соли 1994-ум барои шомил шудан ба ќушунњои сарњадї ў ва зердастонаш аз љониби Комиссияи муштараки Њукуматї ва  ИНОТ пешбарї шудаанд. Тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 18.07. соли 1999  љонишини раиси Кумитаи ЊСДТ таъин шуда, 19.01.с.2002 аз ин вазифа сабукдўш мешавад. Њоло сардори Раёсати агросаноатии кумита  мебошад. Соли 2003 бахши ѓоибонаи Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федералии Русияро хатм кардааст.   

Ќаландаров Њ.З., ки дар тўли панљ сол њамчун фармондењи нерўњои собиќ мухолифин буд, яке аз аввалинњо шуда сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат Э.Ш. Рањмоновро ва роњбари ИНОТ, Абдуллои Нўриро оиди ба эътидол овардани вазъи сиёсї дар љумњурї, барќарор шудани сулњи бебозгашт дастгирї намуд. Дар /ин љода зањматњои зиёде кашида, дар тўли фаъолияти хидматиаш чандин маротиба ба водии Рашт сафарњо карда, барои њар чї тезтар ба итмом расидани реинтегратсия фаъолият нишон додааст.

 

Полковник Эмомов Рамазон. Соли 1954 ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Соли 1978  факултаи муњандисии Институти хољагии ќишлоќи Тољикистонро хатм намуда,  солњои 1988-1989 дар таркиби Ќуввањои Мусаллањи СССР дар Афѓонистон адои хизмат кардааст. То соли 1992 дар идорањои кишоварзии Кўлоб ба њайси муњандис фаъолият намуда, дар моњи декабри соли 1992 вазифаи љонишини фармонењи аввали ливои таъиноти махсуси Љумњурии Тољикистонро ба зимма дошт. Ў то соли 1995 дар ин вазифа кор кард.

Тайёрии њарбиро дар  кафедраи низомии донишгоњи зикршуда гузашт.  Соли  1977  рутбаи афсарии лейтенант ўро насиб гашт.  Тобистони соли 1995 Эмомов фармондењи ливои якуми сарњадї (муфриза) таъин  шуда, то сентябри соли 2002 дар ин вазифа кор мекунад, сипас сардори Ситоди муфризаи сеюми сарњадї таъин мешавад.

            Бо  фармони Президенти  љумњурї полковник Эмомов  аз 28.05.99 сазовори ордени «Шараф» гардид. Ў  соли 2003 бахши ѓоибонаи Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федералии Русияро хатм намудааст.

 

Полковник Саидов Саидобид Саидњомидович дар ноњияи Восеъи вилояти Хатлон соли 1965 дар оилаи зиёї чашм ба дунё боз намудааст. Соли 1991-ум Донишкадаи политехникии Љумњурии Тољикистонро хатм карда, нахустин рутбаи низомиро дар кафедраи њарбии донишгоњи зикршуда соњиб мешавад. Фаъолияти хидматиаш соли 1994 дар  Кумитаи  амнияти миллї оѓоз ёфтааст.

Чемпиони Тољикистон оид ба варзиши тарзи «Каратэ» (солњои 1990-92). Ў сараввал  фармондењии гурўњи муњофизини заводи арзии тољикро ба ўњда  дошт. Дар шадидтарин ва муташаниљтарин рўзњои љумњурї  ин кори бошарафро адо менамуд. Соли 1995-ум баъди ба миён омадани зарурияти давра ба давра мустањкам кардани марзи љумњурї бо  Љумњурии Ўзбекистон,  дар ноњияи Регар нахустин воњиди сарњадї комендатураи «Регар»-ро ташкил  кард.  Вазорати амният Саидовро фармондењи  комендатураи ин љо  таъин намуд. 7.06.с.1999 дар заминаи њамин комендатура ливои панљуми сарњадии «Регар» таъсис дода шуд, ки баъдтар ба муфриза бадал гардид. То моњи апрели соли 2002 ин  муфризаро Саидов С. сарварї мекард. Дар айни замон Саидов С.  сардори гурўњи њарбии таъљилии сарњадии вилояти Суѓд мебошад. Ў соли 2003 бахши ѓоибонаи  Академияи Федералии Хадамоти сарњадии Русияро хатм кард. Соли 1997 Саидобид Саидњомидович бо медали «Жуков» ва соли 1999 бо медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон» мукофотонида шудааст.

Полковник Рањимов Сўњроб Гулањмадович соли 1965 дар ноњияи Москави вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Аз соли 1993  то соли 1997 дар маќомоти бехатарии кишвар аз нозири оддї то ба дараљаи сардори шўъбаи зидди терроризм фаъолият кардааст. Аз соли 1997 ин љониб дар ташаккул ва ривољу равнаќ бахшидани умури назоратии сарњадї сањмгузорї намуда, кори ин Хадамотро ба роњ  мондааст.

Њоло  дар фурудгоњи Душанбе сардори шўъбаи назорати сарњадї  мебошад. Дар  бахши 3-уми Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия тањсил менамояд. Соли 1999  барои далерию  шуљоаташ дар набардњои ноњияи Айнї бар зидди ќуввањои исёнгари М. Худойбердиев бо фармони Президенти  кишвар  сазовори медали «Љасорат» гардидааст.

 

Полковник Љаборов Абдуѓаффор соли 1953 дар ш. Кўлоб ба дунё омадааст. Ў Донишгоњи кишоварзии Љумњурии Тољикистон-ро соли 1976-ум хатм намудааст. Њанўз бо фармонњои вазири мудофиаи  СССР соњиби рутбаи њарбии майор гардида буд. Моњи майи с.1998 барои хидмати њарбї ба КЊСД ЉТ ба њайси љонишини Раёсати таъминот, таъин шуда, соли 2001-ум сарварии ин раёсатро то ба имрўз ба ўњда дорад.           Хидматњои Љаборов Абдуѓаффор бо нишонњои «Аълочии сарњад» дараљаи 1, 2 ва медалњои «5 солагии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон» ва «10 солагии Ќуввањои Мусаллањи ЉТ» таќдир карда шудаанд. Дар ташкилу таъсиси воњидњои таъминотии Кумитаи њифзи сарњадии љумњурї суботкорона хизмат намуда, назорати хољагидориро ба роњ мондааст.

 

           Полковник Одинаев Табаралї Сабурович соли 1962 дар ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар оилаи иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Соли 1993 дар маќомоти амниятї ба кор шурўъ карда, то соли  1995 дар Раёсати тафтишоти Кумитаи  амнияти миллї адои хидмат кардааст. Соли 1996 фармондењи ротаи сохтмончиёни      Сарраёсати ќўшунњои сарњадї таъин мешавад. То соли 1997 ў фармондењии  баталёни сарњадиро ба ўњда гирифта, моњи сентябри соли 2001 баъди интиќоли ин баталён ба вилояти Суѓд  ба њайси фармондењи муфризаи 18-уми сарњадї дар ин вилоят таъин гардид.

Њоло дар шўъбаи ѓоибонаи Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федералии Русия машѓулї тањсил аст. Ў њамчунин хатмкардаи курси шашмоњаи тайёрии афсарони Кумитаи њифзи  сарњади љумњурї мебошад. 6.04.1997 барои хидматњояш дар посбонии сарњади Ватан бо  ордени «Љасорат» ва  якчанд  медалу ифтихорномањо мукофотонида шудааст.

 

Полковник Љаъфаров Муњаммад Њайдарович соли 1968 дар ноњияи Восеъи вилояти Хатлон чашм ба оламї њастї боз кардааст. Маълумоташ олї. Соли 1992 факултаи агрономии Донишгоњи кишоварзии Љумњурии Тољикистонро хатм кардааст. Тайёрии низомиро дар кафедраи њарбии номбурда гузашта, рутбаи афсарї дар њамин љо насибаш шудааст.

Љаъфаров Муњаммад аз аёми таъсисшавии нахустии ливои таъиноти махсуси Кумитаи бехатарии миллї сарнавишташро бо артиши сарњадї пайваст. Ў аз моњи декабри соли 1992 ба њайси ронандаи мошинањои зирењпўш, љонишини гурўњи зудамал, сардори ситоди ливои дуюми сарњадї, љонишини ќумандон ва сардори ситоди ливои 6-уми сарњадии «Хуљанд»-и вилояти Суѓд кору фаъолият кард. Љаъфаров соли 2000 фармондењи ливои шашум таъин шуда, баъди дар вилояти Суѓд ворид намудани воњидњои иловагии њарбї, аз соли 2001 дар маќоми сардори гурўњи таъљилии сархадї адои вазифа мекунад. Дар айни њол ў фармондењи муфризаи 2-уми сарњади мебошад.

Муњаммад Њайдарович њоло муњассили бахши сеюми ѓоибонаи Академияи њарбии хадамоти сарњадии Федератсияи Русия мебошад. Ў дар таърихи 28.05.99 бо ордени «Спитамен» таќдир шудааст.  

 

Полковник Тољибоев Эркамбой соли 1942 дар вилояти Тошканди Љумњурии Ўзбекистон таваллуд ёфта, соли 1969 факултаи њуќуќшиносии Университети Давлатии Тољикистонро хатм намуда, аз соли 1969 то соли 1999 дар маќомоти гуногуни собиќ Кумитаи Бехатарии Иттињоди Шўравї, Кумитаи амнияти Милли ва Вазорати бехатарї кор ва фаъолият кардааст. Соли 1999 ў сарварии Раёсати навташкили њуќуќ ва муносибатњои берунии КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ўњда дошт.

Барои корнамоињояш дар Давлати Исломии Афѓонистон соли 1981 бо ордени «Ситораи сурх» ва дар давоми хидматаш бо бисёр медалњо мукофотонида шудааст.

 

Раљабов Љумахон Хољаевич соли 1959 дар ноњияи Москави вилояти Кўлоб дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Соли 1982 донишгоњи омўзгории ш. Кўлобро хатм намудааст. Солњои 1982 – 1983 дар ш. Тошканд ба њайси тарљумони шўъбаи Институти Кумитаи амнияти давлатии СССР кор кард. То соли 1987 дар кори мулкї машѓул буд.

            Аз августи соли 1987 то соли 1989 дар таркиби Ќуввањои Мусаллањи СССР дар Љумњурии Демократии Афѓонистон тарљумонї кард. Соли 1992 љонишини ситоди ливои таъиноти махсуси Кумитаи амнияти миллї таъин шуд. Соли 1993 бо фармони раиси Кумитаи амнияти миллї сардори Маркази таълимии Раёсати лашкарони сарњадии Кумитаи амнияти миллї таъин гардид. Соли 1998 баъди табдил додани ин марказ ба комендатураи сарњадии ноњияи Москав, сардории ин воњиди њарбии сарњадиро ба ўњда дошт. Соли 2002 Љумахон Хољаевич ба вазифаи љонишини сардори муфризаи 1-ум ва њамзамон сардори ситод таъин шуд. Раљабов бо ордени «Ситораи сурх» ва медалњои Ќуввањои Мусаллањи собиќ СССР ва Љумњурии Афѓонистон сарфароз карда шудааст. Њоло дар курси 3-уми Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федерасияи Русия дар бахши ѓоибона тањсил карда истодааст.  

 

Полковник Комилов Бозоралї Ќурбонович соли 1960 дар ноњияи Москваи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоњи омўзгории ш. Кўлоб мебошад. То саршавии љанги њамватанї дар маќомоти Мудофиаи граждании ш. Кўлоб адои вазифа намудааст. Хизмати њарбиро дар бригадаи таъминоти махсуси кумитаи амнияти миллї  оѓоз карда,  то  соли 1994   шўъбаи кор  ва тарбияи кадрњоро сарварї  менамуд.

Аз тирамоњи соли 1994 то 21.04.95 љонишини   фармондењи     ливои  1-уми сарњадї, сардори ситоди ин ливо ва аз 05.08. соли 1995 фармондењи  комендатураи алоњидаи ноњияи Дарвоз таъин шуд. Соли 2001 сарвари муфризаи нав таъсис ёфтаи « Ќалаихум» ва аз  моњи августи њамин сол  то соли 2002-ўм  сардори гурўњи якуми таъљилии сарњадии «Хоруѓ» фаъолият кард. Дар бахши сеюми Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия машѓули тањсил аст.

Дар таърихи 18.05.1999 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон бо медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон» сарфароз  шудааст.

 

Полковник Чолов Ќурбон Ањмадович соли 1960 дар ш. Кўлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Соли 1993 дар њайати Ќўшунњои дохилии Вазорати умури дохила таъсис шуда сарњанг буд.  Соли 1994  бо њайати шахсии њанги мазкур ба ќушунњои сарњади Кумитаи амнияти миллии давлатии Љумњурии Тољикистон гузаронида шуд. Полковник Ќурбон Ањмадович то моњи апрели соли 1995 фармондењи њанги фаврии Раёсати сарњади давлатии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон буд. Баъд ў то соли 2002 фармондењии ливои сеюми сарњадии КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро ба ўњда дошт. Чолов дар набардњои дохилии кишвар зиди афсарону сарбозони исёнгари зиддињукуматї муборизаи оштинопазир бурд. Ливои мазкуро тањти фармондењии Ќурбон корнамоињои љангї нишон дод. Дањњо нафари сарбозони ливо сазовори мукофотњои давлатї шуданд. Соли 1997 бо фармони Президенти кишвар полковник Чолов бо ордени «Спитамен» мукофотонида шуд.  

 

Полковник Ризоев Раљабалї соли 1954 ба дунё омадааст. Факултаи  физикаву математикаи Донишгоњи     омўзгории ш. Кўлобро хатм карда, дар тўли сї соли фаъолияти кории хеш зинањои гуногуни зиндагиро тай намудааст. Дорандаи нишони «Ситораи сурх», мебошад, ки онро њини адои хидмати интернатсионалї дар Афѓонистон  сазовор шудааст. Баъди  соњибистиќлолии Тољикистон ба хотири њифзи марзу буми кишвар сарнавишташро бо нерўњои сарњадии љумњурї пайваст. Дар ибтидо ў сарварии гурўњи фаврии таъминотиро ба ўњда дошт, сипас љонишини ливои якуми сарњадиро адо мекард. Соли  1997 дар назди Кумитаи њифзи сарњадот ливои 7-уми таъминотии махсус ва гурўњи хољагињои ёрирасон ташкил карда шуданд, ки  сардориашро полковник Ризоев Раљабалї ба зимма гирифт.  Њамзамон ў вазифаи ёрдамчии Раиси кумитаро адо  мекард.

               Соли 2000-ум Ризоевро ба ливои 4-ум, ки дар ноњияи Шањритус њимояи сарњадро бо Љумњурии Афѓонистон дар тўли 129 км ва бо   Љумњурии Ўзбекистон дар масофаи 49 км ба ўњда дошт, фармондењ таъин карданд.

 

Полковник Шарифов Собир Ятимович. Соли таваллудаш 1961, зодаи  ноњияи Москва. Дар ливои таъиноти махсуси Кумитаи бехатарии миллии Љумњурии Тољикистон аз 18 декабри соли 1992 то моњи марти соли 1995 ба сифати сардори шўъбаи молиявї хидмат кардааст.

Аз моњи марти соли 1995 то моњи июни соли 1996 дар Сарраёсати артиши сарњадии Вазорати бехатарии Љумњурии Тољикистон дар вазифаи афсари калони шўъбаи буљавию-молиявї кор кардааст. Аз моњи июни соли 1996 то моњи декабри соли 2002 дар Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сардори Раёсати буљавию молиявї буда, аз моњи декабри соли 2002 то моњи марти соли 2003 дар гурўњи фаврї-њарбии вилояти Хатлони Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њайси љонишини сардор оид ба таъминот кору фаъолият мекард.

 

Полковник Искандаров Муњам-мадшоњ Амиршоевич, соли 1968-ум  дар ноњияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Аз љониби Комиссияи якљои њукуматї ва ИНОТ ба сифати афсар ба сипоњиёни сарњадї пешбарї шудааст. Ќобилияти ташкилотчигї ва ташабускориашро ба инобат гирифта, баъди бомувафаќият хатм кардани  курси  шашмоњаи  кўтоњмуддати назди Кумитаи њифзи сарњади љумњурї 30.04. соли 1999  ў сарвари комендатураи «Љиргатол»-и ноњияи Љиргатоли Љумњурии Тољикистон дар марзи давлатии Љумњурии Тољикистону Ќирѓизистон таъин карда мешавад.

Баъди љангу љидолњои дар ноњияњои сарњадии Ќирѓизистон ба амал омада, дохил кардани Ќуввањои иловагї дар њайати ин комендатура, дар сохтори Кумита таъсис додани муфризаи сарњадии «Љиргатол», Искандаров Мањмадшоњ фармондењи  ин муфриза таъин шуд. Соли 2003 бахши ѓоибонаи Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русияро хатм кард.

Барои корнамої, љасорат ва  шуљоаташ дар муњорибањо бар зидди ќуввањои зиддињукуматї 28.05.1999 бо фармони Президенти кишвар сазовори ордени «Спитамен»  гардид.

 

Полковник Холбашев Холбаш Мамадназарович соли 1965 дар ноњияи Рўшон чашм во намудааст. Маълумоташ олї. То солњои 1992-ум дар маќомоти Вазорати корњои дохилии љумњурї фаъолият кардааст.

Тобистони соли 1995 аз аќидањои собиќ мухолифин рў гардонида, бо зердастонаш дар Сарраёсати артиши сарњадии Вазорати амнияти Љумњурї ба њайси сардори комендатураи навтаъсиси «Рўшон» таъин мешавад. Аз моњи декабри соли 2001 љонишини  фармондењи гурўњи таъљилии сарњадии навташкил  ва њамзамон сардори ситод таъин мегардад. Дар айни замон сарвари гурўњи зикргардидаро ба зимма дорад.

 

           Полковник Саидов Рустам Саидумарович соли 1970-м дар ноњияи Њисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Хатмкардаи Университети давлатии Тољикистон. То соли 1999 дар маќомоти милисаи љумњурї фаъолият намуда, худи њамон сол ба Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба хизмат гузашт. Солњои 1992-2001 сардори комендатураи 2-юми ливои сарњадии 5-уми Кумитаи сарњадї аз моњи июни соли 2001 сардори омўзишгоњи олии сарњадии љумњурї. Бо медали  «10-солагии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон» мукофотонида шудааст.

            Њоло дар бахши ѓоибонаи Академияи сарњадии Федератсияи Русия тањсилро дар курси 4-ум давом дода истодааст.

 

Полковник Зокиров Абдуносир Абдуќодирович. Соли  1974 ба дунё омадааст. Донишљўи бахши 4-уми факултаи њукуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Љумњурии Тољикистон мебошад. Моњи майи соли 1999 аз нерўњои низомии ИНОТ ба артиши  сарњадї шомил гардида, ба  њайси фармондењи комендатураи сарњадии «Пролетарск»-и, гурўњи фаврї-њарбии вилояти Суѓд хизмат мекунад.

Њамзамон донишљуи курси сеюми Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия мебошад.

 

Полковник Њалимов  Мирзоалї Сангакович. Соли 1950 ба дунё омадааст. Факултаи зироатшиносии Донишгоњи кишоварзии Тољикистонро хатм карда-аст. Мувофиќи хулосаи Комиссияи атестатсионии  Њукуматї ва ИНОТ ба сипоњиёни сарњадї дар соли 1999 шомил гардидааст.

Аз моњи апрели соли 1999 фармондењи комендатураи алоњидаи сарњадии «Тешиктош»-и ноњияи Ќубодиён таъин шуда ва то имрўз  адои хидмат мекунад. 28.05.1999 барои хизматњои шоён сазовори ордени «Спитамен» шудааст.

 

Полковник Рўзадоров Худодод Абдуласейнович. Соли таваллудаш 1956, зодаи ноњияи Рўшони ВАБК, маълумоташ олї. Бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии Њукуматї ва ИНОТ ба артиши сарњадї шомил шудааст. Соли 1999 сардори комендатураи «Ишкошим»-и ноњияи Ишкошим таъин мешавад. Соли 2001 афсарону сарбозони ин комендатура ба ноњияи Турсунзода кўчонида, бо муфризаи 5-уми сарњади омехта карда мешаванд.

 

Полковник Љумаев Саидљон Хушвахтович зодаи ноњияи Ѓарм буда, соли 1947 ба дунё омадааст. Маълумоташ олї, то соли 1993 корманди  касбии милиса. Тибќи ќарордоди Комиссияи аттестатсионї њамчун фармондењи собиќ гурўњњои мухолифин барои шомил шудан ба ќушунњои сарњадї пешбарї шуд. Соли 2001 баъди таъин шудан ба њайси сардори муфризаи «Ѓончї» дар њайати гурўњи њарбї-таъљилии сарњадии вилояти Суѓд ба фаъолият шурўъ кард.

Бо фармони Раёсати Шўрои Олии СССР соли 1985 барои иљрои ќарзи башардўстона дар Афѓонистон бо ордени «Ситораи сурх» сарфароз гардидааст. Барои барќарор намудани сулњу осоиши кишвар сањми хеле босазо гузоштааст.

 

Полковник Муњаббатов Муќим Рањмоншоевич. Соли 1969 соли таваллуд ёфтааст. Курси шашмоњаи тайёрии афсарони артиши сарњадиро соли 1999 хатм карда, сипас соли 2000-ум ба шўъбаи ѓоибонаи Академияи њарбии хадамоти сарњадии Федералии Русия дохил мешавад ва њоло дар бахши сеюм тањсилро идома дода истодааст.

            Моњи октябри соли 1998 дар аттестатсияи якљояи комиссияи аттестатсионї ба вазифаи сардори комендатура аз дастаи муљоњидини Ванљ пешнињод шудааст. Соли 1999 ба њайси ќумандони комендатураи сарњадии «Ванљ», дар раванди реинтегратсия шомил шудааст. Дар намуди «Дзюдо» Устоди варзиши СССР мебошад.

 

Полковник Сайдуллоев Парвиз Рањмонович, соли 1962 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олї.    Соли 1988 шўъбаи ѓоибонаи факултаи таърихи Университети давлатии Тољикистонро хатм намуда аз соли 1986 то соли 1997 дар Вазорати умури дохила то љонишини сардори Раёсат фаъолият карда аз соли 1998-м сардори хадамоти иттилооти Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи ин марди наљиб кори компютери ва иттилоотии кумита дар давоми солњои 1998-2003 ба роњ монда шуда аст.

 

Полковник Саидбурхонов Саидумрон. Соли 1952 зойда шудааст. Маълумоташ олї. Мувофиќи хулосаи Комиссияи аттестатционии Њукуматї ва ИНОТ ба ќўшунњои сарњадї шомил гардидааст.

            Адои хизматро ба сипоњиёни сарњадї аз моњи декабри соли 1999 ба њайси коменданти комендатураи сарњадии «Табошар»-и ќисми низомии ливои КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд оѓоз намудааст.

               Моњи июли соли 2001 фармондењи муфризаи сарњадии «Хуљанд»-и гурўњи фаврї-њарбии вилояти Суѓд таъин шуд.

 

               Шодравон полковник Давлатов Љангихон соли 1996 дар ноњияи Шўробод таваллуд шуда, соли 1980 Донишгоњи варзиши љумњуриро хатм намудааст. То соли 1994 дар Вазорати умури дохила фаъолият дошт. Моњи майи њамин сол барои кор ба Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон гузаронида шуд. Ў баъд то моњи августи соли 1995 љонишини сарњанги фаврии сарњадї ва аз моњи август то январи соли 1996 љонишини комендатураи сарњадии Ќалъаихумб адои хизмат намудааст.

               Давлатов Љангихон устоди варзиши СССР дар намуди гўштини самбо ва гўштини миллї буд.

               Ў яке аз аввалинњо шуда дар вазнинтарин рўзњои љанги шањрвандї барои њимояи сохти конститутсионї камари њиммат баст ва ба хотири вањдати миллї дар доѓтарин нуќтаи љумњурї бањри њимояи Ватан зањмат кашид.

               Моњи январи соли 1996 њангоми интиќол додани маводи хўрока ва либосворї барои сарбозњои сарњадии Рўшону Ќалъаихумб, ў ва њамроњонашро дастаи миллаткуши мулло Абдулло дар мавзеи Сичароѓи Дарбанд берањмона ба ќатл расониданд.

               Номи фарзанди диловари миллат Љангихон Давлатов ва њамсилоњонаш сањифањои таърихи навини Тољикистони соњибистиќлолро зебу зинат хоњанд бахшид.

Полковник Одинаев  Абдуалим Бањромович соли 1965 дар ноњияи Мўминобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи њуќуќшиносии Университети Давлатии Тољикистон мебошад. То ба хизмати њарбї даъват шуданаш, дар муассисањои љумњуриявї њамчун њуќуќшинос кор карда, соли 1993 дар Вазорати мудофиаи љумњурї ба њайси афсари калони ќисми њарбї хидмат намудааст. Соли 1998 ў барои кор ба Кумитаи њифзи сарњади давлатии љумњурї гузашта, ба њайси љонишини шўъбаи назорати сарњадї, љонишини фармондењи ливои сарњадї ва соли 2000 фармондењи ливои таъминоти моддї-техникї ва аќибгоњ таъин шуда, то имрўз дар ин маќом кор карда истодааст. Одинаев шунавандаи бахши сеюми Академияи њарбии Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия мебошад. Соли 1999 ў барои хизматњои пурсамараш бо ордени «Шуљоат» ќадр карда шудааст. 

 

Полковники хидмати тиббї Ќодиров Тољиддин соли 1946 дар ноњияи Муминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1970 ў Донишгоњи тиббии ба номи Абўалї ибни Синоро хатм намуда, тайёрии њарбиро дар кафедраи њарбии донишгоњи мазкур гузаштааст. Ў дар њамин љо соњиби рутбаи њарбии лейтенант мешавад. Солњои  1970-1972 дар Ќуввањои Мусаллањи СССР ба њайси сардори хизмати тиббии полк адои вазифа намудааст.

            Солњои 1972-1992 дар муассисањои тиббии љумњурї њамчун духтур фаъолият намуда, аз соли  1993 ба сифати афсари эњтиётї ба хизмат даъват шудааст. Ў сарнавишти минбаъдаи хешро бо ќушунњои сарњадї пайваст. Ќодиров аввалин духтуре буд, ки фаъолияташро дар ин бахш аз духтури ливои сар карда, то сардори Раёсати хизмати тиббии Кумитаи њифзи сарњади љумњурї расид. Бо ташаббуси ин марди наљиб соли 1998 дар ш. Душанбе бемористони њарбї созмон дода шуд, ки дар ин шифохона садњо афсарону сарбозон шифо ёфта, боз ба хизмати халќу Ватан баргаштанд. Бо ташаббуси ў соли 2000 дар вилоятњои Суѓд, Хатлон  госпиталњои сањрои ба фаъолият сар карданд.

               Барои хизматњои  шоён соли 1999-ум сазовори медали «Љасорат» шуд.

 

Подполковник Сияров Зикрулло Комилович  соли 1967 дар ноњияи Ѓарм  ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Комиссияи аттестасионї ўро барои ба артиши сарњади ба сифати афсар пешнињод намуд. Моњи июли соли 1999-ум ў ба њайси љонишини сардори комендатураи «Панљакент» таъин шуд.

Аз соли 2002 Сияров, баъди омехтакунии (ротатсияи) ќуввањои реинтегратсияшуда, сарвари комендату-раи ливои 6-уми сарњадии «Калининобод»-и вилояти Суѓд мебошад.

 

Подполковник Абдурањмонов Тоњир Раззоќович. Соли 1955 дар ноњияи Кўлоб ба дунё омадааст. Маълумоташ олии нопурра. Баъди соњибистиќлолии Тољикистон ба хотири њифзи марзу буми кишвар сарнавишташро бо артиши сарњадии љумњурї пайваст. Сараввал ў, соли 1994, иљрокунандаи вазифаи муовини сардори комендатураи сарњадии № 1 оиди кор бо њайати шахсии полки фаврї дар ноњияи Шањритус, сипас аз моњи декабри соли 1994 муовини сарвари комендатураи сарњадии кор бо њайати шахси њамин комендатураи ифои вазифа намуд. Аз моњи апрели соли 1995 Тоњир Раззоќович муовини ќумандон оид ба кадрњо ва њамзамон кор бо њайати шахсии ливои 4-уми сипоњиёни сарњадии  ноњияи Шањритус ва аз сентябри соли 1999 коменданти комендатураи сарњадии «Исфара» дар муфризаи шашуми сарњадии ЌЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон адои хидмат кардааст.

               Аз моњи июли соли 2001 Абдурањмонов ба њайси фармондењи муфризаи 10-уми гурўњи фаврї-њарбии вилояти Суѓд фаъолият менамояд. Аз моњи апрели соли 2002 фармондењии баталёни 41 сарњадиро ба ўњда дошт. Аз моњи майи соли 2003 дар маќоми муовини аввали сардори ситоди гурўњи фаврї-њарбии вилояти Суѓд хидмати Модар-ватанро ба љо меовард. 09.06.1997 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон бо ордени «Жуков» мукофотонида шудааст.  

 

Полковник Сафаров Саидњомид Саймуминович соли 1971 дар ноњияи Ховалинг ба дунё омадааст. Маълумоташ олї. Соли 1997 ба Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз Вазорати амният ба њайси сардори шўъбаи хўрокворї гузоштааст. Дар сохторњои кумита бо ташаббуси бевоситаи ў шўъбањои таъминоти хўрокворї таъсис ёфта пура ба фаъолият шурўъ карданд.

 

Майор Худойназаров Акрамхон Соњибназарович соли 1964 таваллуд шудааст. Маълумоташ олии нопура. Аз моњи июни соли 1993 корманди Кумитаи бехатарии миллии Љумњурии Тољикистон буд. Аз моњи апрели соли 1997 ў барои адои хидмат ба артиши сарњадии Љумњурии Тољикистон гузаронида шуд.

            Худойназаров Акрамхон тайи як сол фармондењи взводи муњофизатии комендатураи КЊСД назди Њукумати Љумњурии Тољикистон шуда кор кард Аз моњи ноябри соли 1998 ў ба њайси фармондењї баталёни алоњидаи боркашонии автомобилии Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон адои вазифа менамояд. Соли 2001 сазовори медали «Марзбони шуљои Тољикистон» шудааст.

Руйхати

марзбононе, ки бо мукофотњои Њукуматї

дар солњои 1997-2003-ум сарфароз гаштаанд.

 

1. Генерал-майор Рогов Александр Иванович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

2. Генерал-майор Њомидов Љабор

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

            3. Генерал-майор Шамолов Саидшо Давлатович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №817 аз 06 сентябри соли 1997. Ордени «Дусти» соли 2000.

4. Генерал-майор Сайфуллоев Сафаралї

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

5. Генерал-майор Ахмедов Мањмудбек

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №631 аз 17 августи соли 2001.

6. Полковник Холбашев Холбаш

Ифтихорномаи Шўрои фармондењони ќушунњои сарњадии Давлатњои Муштаракулманофеъ 05 сентябри соли 1997.

            7. Полковник Саидов Саидобид Саидњомидович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

Медали «Жуков». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №150 аз 20 феврали соли 1997.

8. Полковник Искандаров Мањмадшо Амиршоевич

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

9. Полковник Љафаров Муњамад Њайдарович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

10. Полковник Њалимов Мирзоалї Сангакович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

11. Полковник Саидбурњонов Саидљалол

Соати хосаи инъомї. Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон.

12. Полковник Эмомов Рамазон

Ифтихорномаи Шўрои фармондењони ќўшунњои сарњадии Давлатњои Муштаракулманофеъ 5 сентябри соли 1997.

Нишони сарисинагии Шўрои фармондењони ќўшунњои сарњадии Давлатњои Муштаракулманофеъ 14.04.2000 с.

Ордени «Шараф» Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

13. Полковник Комилов Бозоралї Ќурбонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

Ифтихорномаи Шўрои фармондењони ќўшунњои сарњадии Давлатњои Муштаракулманофеъ 25 сентябри соли 1997.

Ифтихорномаи фахрии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон. Фармони Сарфармондењи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон № 398 аз 05 октябри соли 1994.

14. Полковник Рањимов Сўњробљон Гулањмедович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1307 аз 27 августи соли 1999.

15. Полковник Одинаев Табаралї Сабурович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №818 аз 06 сентябри соли 1997.

16. Полковник Джаборов Абдуѓафор

Медали «5 солагии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон» ва «10 солагии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон».

17. Полковник Амирќулов Нуриддин Амирќулович

Медали «Барои хизматњои шоиста». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз соли 2003.

18. Полковник Самадов Хайрулло Латифович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз соли 2003.

19. Полковник Мирзорањмонов Сафол

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1307 аз 27 августи соли 1999.

20. Полковник Аброров Њамидулло

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

21. Полковник Каримбердиев Султон

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

22. Полковник Чолов Ќурбоналї Ахмедович

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №817 аз 06 сентябри соли 1997.

23. Полковник Њамидов Њаким Рањимович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

24. Полковник Ќурбонов Миралї

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

25. Полковник Њайдаров Мањмуд

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

26. Полковник Гураев Алодўст

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

27. Полковник Сулаймонбеков Аноятбек

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

28. Полковник Мањкамов Фарњод Њамробоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

29. Подполковник Абдурањмонов Тоњир Разоќович

Медали «Жуков». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №735  аз 09 июни соли 1997.

30. Подполковник Азимов Абдурасул Вањобович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1293 аз 28 августи соли 1999.

31. Подполковник Раљабов Рустам Абдуллоевич

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

32. Подполковник Холиќов Њусейн Абдулхаевич

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

33. Подполковник Абдулфайзов Ашўр Илназарович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

34. Подполковник Мирзоев Саидшо

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

35. Подполковник Назаров Абдусалом Латифович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

36. Майор Худойназаров Акрамхон Соњибназарович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз соли 2001.

37. Майор Ќурбонов Рањматулло Зиёдуллоевич

Ордени «Шараф». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

38. Майор Назаров Исматулло Абдуллоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

39. Майор Мирзоев Абдулвоњид

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

40. Майор Мўминов Абдулхайр Абдулњаевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

41. Майор Шарипов Рустам

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

42. Майор Назаров Њасан 

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

43. Майор Муродов Мирзомурод Султонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

44. Майор Султонов Искандар Абдуллоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

45. Майор Пираков Њикматулло Алиќулович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №631 аз 17 августи соли 2001.

46. Капитан Давлатназаров Гулназар Холиќназарович

«Ифтихорнома». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №631 аз 17 августи соли 2001.

47. Капитан Наимов Назаралї Камчаевич

Ордени «Спитамен». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

48. Капитан Ќутбиддинов Алексей Бадруддинович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

49. Капитан Буронов Сафаралї Ќурбонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

50. Капитан Њисайнов Њотам Гулович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1007 аз 18 феврали соли 2003.

51. Капитан Ѓураќулов Ќосим Назриќулович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

52. Капитан Давлатов Мирзошо Одинаевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №631 аз 17 августи соли 2001.

53. Лейтенанти калон Рањмонов Асадулло Ќурбонович

Ордени «Шараф». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

54. Лейтенанти калон Абдуназаров Муродалї Эламонович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

55. Лейтенанти калон Абдуразоќов Эмомалї Љумабоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

56. Лейтенанти калон Њабибуллоев Љамшед Рањматуллоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

57. Лейтенанти калон Федулов Владимир Геннадевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

58. Лейтенанти калон Пирназаров Вазир Мирзоназарович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

59. Лейтенант Насриддинов Тољиддин Сайфиддинович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

60. Лейтенант Њабибулоев Эраљ Саидгулович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

61. Лейтенант Хољаев Фирўз Муинович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

62. Лейтенант Буриев Мањмадиссо Тиллоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

63. Лейтенант Садоншоев Шерзодшо Саломатшоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

64. Лейтенант Саидов Сайвали Мањмадёрович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

65. Лейтенанти хурд Абдуназаров Сафаралї Турсунович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

66. Лейтенанти хурд Одинаев Амиршо Мирзошоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

67. Лейтенанти хурд Файзалиев Муњибулло Мањмадуллоевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

68. Лейтенанти хурд Собиров Ибодулло Буриевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

69. Лейтенанти хурд Одинаев Махсуд Акрамбекович

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

70. Лейтенанти хурд Рањмонов Асадулло Ќурбонович

Ордени «Шараф». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

71. Прапорщик Љалилов Бањром

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 1216 аз 28 майи соли 1999.

72. Прапорщик Њакимов Абдушукур

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

73. Прапорщик Њайдаров Мањмуд Алиевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

74. Прапорщик Хушќадамов Рањимљон Сулаймонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

75. Прапорщик Холлов Ниёзмад Сафарович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

76. Прапорщик Назиров Эмом Бобоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

77. Старшина Ќурбонов Мошариф Аламович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

78. Старшина Ѓуломов Њотамљон Љорубалиев

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

79. Старшина Бобоназаров Хољаназар Бухориевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

80. Сержанти калон Умаров Абдуѓанї Раљабович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

81. Сержанти калон Рањимов Мурод

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

82. Сержанти калон Маљидов Назришо Саломатшоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

83. Сержанти калон Мирзоев Анвар Худойбахшиевич

Ордени «Шараф». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

84. Сержант Њасанов Даврон Абдусаломович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

85. Сержант Юсупов Саймурод Ѓуломович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

86. Сержант Шарипов Ятим Ањмадович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

87. Сержант Шарипов Сўњроб Абдуллоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

88. Сержант Сабуров Дилшод Хушвахтшоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

89. Сержант Нуралиев Абдусалом Авазович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

90. Сержант Нављувонов Сўњроб Давлатшоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

91. Сержант Муродов Раљабалї

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

92. Сержант Мирзоев Тољиддин Иброњимович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

93. Сержант Латипов Саидањтам Љўрахонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

94. Сержант Исломов Анис Темурхонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

95. Сержанти хурд Табаров Шодихон Таѓоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

96. Сержанти хурд Гадоев Ќурбон Бобоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

97. Аскари ќаторї Љаборов Фарњод Акрамович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

98. Аскари ќаторї Њаќбердиев Бекмурод Љўрахонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

99. Аскари ќаторї Њафизов Зафар Абдулазизович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

100. Аскари ќаторї Юсупов Анваршо Набиевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

101. Аскари ќаторї Шарипов Исољон Илњомљонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

102. Аскари ќаторї Фахриев Шерак Зиёевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

103. Аскари ќаторї Фазлиддинов Сирољиддин Шамсиддинович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

104. Аскари ќаторї Устохољаназаров Абдуќодир Нурматович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

105. Аскари ќаторї Ўктамов Шокирљон Умарќурбонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

106. Аскари ќаторї Турсунбоев Аюб Бобомирзоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

107. Аскари ќаторї Мирзоев Махсуддин Рањматуллоевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

108. Аскари ќаторї Мањмудов Сабзалї Гадомадович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон» Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

109. Аскари ќаторї Мадалиев Шерхон Рањмонович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

110. Аскари ќаторї Лашкаров Љиёнхон Ќосимович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

111. Аскари ќаторї Зарифов Абдулњафиз Латифович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

112. Аскари ќаторї Давлатов Саидулло Буйдоќович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

113. Аскари ќатори Ахмедов Акобир Шоњмањмадович

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

114. Аскари ќатори Алиев Рамазон Љураевич

Медали «Марзбони шуљоъи Тољикистон». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999. (Баъди марг)

115. Назаров Сайвалї Набиевич

Медали «Љасорат». Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №1216 аз 28 майи соли 1999.

 

 

Р У Й Х А Т И

Афсарон, прапорщикњо хизматчиёни њарбии ќарордодї

ва сарбозони ЌЊСД-и назди Њукумати Љумњурии Тољикистон,

ки солњои 1992 – 1997 дар ваќти њифзи марзу

буми мамлакат шањид шуданд.

 

Вилояти Суѓд:

1. Шарипов Исањљон                               - сарбоз         шањри Конибодом

2. Устохољаназаров Абдуќодир    - сарбоз                   ноњияи Конибодом, 

        мањаллаи Совет

3. Ўктамов Шокирљон                 - сарбоз         ноњияи Ашт, совхози

        Љарибулоќ

4. Турсунбоев Аюб                      - сарбоз          ноњияи Ашт, совхози

        Љарибулоќ

5. Нишонов Нишонбой               - сарбоз          ноњияи Пролетар,

        Ўзбекќишлоќ

6. Нормуродов Азиз                    - сарбоз          ноњияи Нов

7. Мўминов Љўрабек                               - сарбоз          шањри Конибодом, 

        дењаи Мењнатобод

8. Каримов Неъмат                      - сарбоз          шањри Конибодом,

                                                                        кўчаи Ленин,

        хонаи 104/5

9. Кўчибоев Алишер                               - сарбоз          ноњияи Ашт,

        совхози Љарибулоќ    

10.Ќурбонов Рустам                                - сарбоз          ноњияи Конибодом,

                                  совхози Лоњутї,      

                                  кўчаи Гагарин 18.

11.Абдушоев Њабибулло           - сарбоз           ноњияи Пролетар.

 ВМКБ:

12. Садоншоев Шерзодшоњ                       - лейтенант    шањри Хоруѓ,          

                                                                                          кўчаи Ленин 120

13. Шоњабибулоев Эраљ                 - лейтенант    шањри Хоруѓ, 

                                                                                          кўчаи Љомї 3-6

14. Нављувонов Сўњроб                  - сержанти     ноњияи Рўшон,

                                                                      калон          кўчаи Вомар

15. Маљидов Назришо                    - сержанти     ноњияи Рўшон,

                                                                       калон         кўчаи Вомар

 

16. Егиев Љабор                   - сарбоз          ноњияи Варзоб

Шањритус:

17. Собиров Ибодулло          - лейтенанти хурд  колхози Айвадж,

кўчаи Навобод,

хонаи 8. 

Шањринав:

18. Кукшин Александр       - сержанти хурд         ноњияи Шањринав,

            дењаи Ќаратоѓ

19. Мусоев Маъниёз                       - сарбоз                      ноњияи Шањринав.

Комсомолобод:

20. Розиќов Тољиддин         - лейтенанти хурд     ќишлоќи Гулистон

Бе суроѓа:

21. Набиев Шокир                                      - лейтенант              

22. Назаров Зафар                                       - лейтенанти калон 

23.Беляев Аркадий                                     - прапорщик

24.Рањимов Амираљ                                    - сержант                              

25.Абдуллоев Абдусалом                           - сержант

26. Муродов Рањим                                     - сержант

27.Сафаров Раљабалї                                 - сарбоз

28. Гулов Рањим                                          - сарбоз                                 

29. Мадамиев Шерхон                               - сарбоз                                 

30. Вайсиддинов Сирољиддин                   - сарбоз                                 

31. Юсупов Анваршо                                 - сарбоз                                 

32. Мањмудов Авазхон                               - сержанти калон                

33. Мањмудов Сабзалї                               - сарбоз                                 

 Данѓара:

34. Холов Ниёзмамад          - прапорщики          дењаи Ќули Сўфиён.

                                                            калон                                   

Колхозобод:

35. Тўраќулов Ќосим           - капитан                кўчаи Москва, хонаи

       19, утоќи 39

36. Давлатов Тољиддин      - сержанти хурд    кўчаи Фрунзе

37. Исханов Зафарљон        - сарбоз                 ноњияи Колхозобод.

Љилликўл:

38. Буриев Мамадисо         - сержанти хурд    дењаи Пасарик

Ленин:

39. Ѓафуров Сайфиддин     - сержант             колхози Ленин,

      кўчаи Гулистон

40. Додоев Наљмиддин       - сарбоз                дењаи Ќулписта

41. Исломов Айнї               - сержант             кўчаи Почтовая

42. Тўрахонов Боймурод    - сарбоз                Шўрои ќишлоќи

                                                                             Бодрай

43. Шарипов Султоншо      - сарбоз                мањаллаи Чимухтарек

Кофарнињон:

44. Ахмедов Акобир                       - сарбоз               ќишлоќи

                                                                                  Хољикагнагон

45. Љобиров Фарњод                        - сарбоз               ноњияи Кофарнињон

46. Эмонов Олимхон                      - старшина         ќишлоќи Санговак.

Ёвон:

47. Ахмедов Наврўз            - сержанти хурд        кўчаи Шерозї х.61.

Вахш:

48. Азизов Шамсиддин       - сарбоз                   ќишлоќи Ленинград

Норак:

49. Мамадќулов Собирљон - сарбоз                   кўчаи Ќўрѓан.

Ховалинг:

50. Файзалиев Мењбулло    - лейтенанти хурд      совхози Лоњутї

51. Одинаев Амиршо                      - лейтенанти хурд      ќишлоќи Гулзор

52. Давлатов Сайдали        - старшина                ќишлоќи Навроњо

53. Шарипов Сўњроб                      - сержанти хурд        кўчаи Љонбахт

54. Содиев Худойназар      - старшина                кўчаи      

                                                                                         Строительный

55. Рањмонов Ќудратулло   - старшина                кўчаи 

                                                                                         Строительный.

Шўробод:

56. Назаров Сайвалї           - лейтенанти калон   совхози Шоњин,

                                                                                      ќишлоќи Хирманчо

57. Латипов Саидањтам      - сержант                совхози Чаган,

                                                                                      ќишлоќи Навобод

58. Ќурбонов Њазраталї    - сарбоз                              совхози Шоњин,

                                                                                      ќишлоќи Кишт

59. Набиев Маърўф           - сарбоз                                ќишлоќи Порувор

60. Рањматов Изатулло       - сарбоз                              ќишлоќи Порувор.

Восеъ:

61. Саидов Сайвалї                    - лейтенант               ноњияи Восеъ, кўчаи

                                                                                     Фирдавсї, хонаи 16

62. Ѓуломов Њотамљон     - старшина               ќишлоќи Оќчар

63. Муродов Раљабалї     - сержант                              ќишлоќи Лангарї

64. Олимов Насриддин    - сарбоз                     колхози Арол,

                                                                                     ќишлоќи Тозкалла

65. Боронов Нањтулло     - сержанти хурд                  ноњияи Восеъ,

                                                                                    ќишлоќи Гулистон

 Москов:

66. Рањимов Мурод       - лейтенанти калон      кўчаи Низом

67. Одинаев Махсуд                - лейтенанти калон      кўчаи Пролетар, х.90

68. Рўшиев Абдулњамид - лейтенант               колхози Ленин

                                                                                    ќишлоќи Файзобод

69. Љалилов Бањром                 - прапорщик               колхози Правда,

                                                                                    ќишлоќи Жданов

70. Абдуллоев Ќурбоналї  - сарбоз                 совхози  Иттифоќ,

                                                                                    ќишлоќи Комсомол.

71. Рањимов Усмоналї                   - сарбоз       колхози Киров,

                                                                                    ќишлоќи Давлатобод

72. Саниев Салим                           - сарбоз                  колхози Ленин,

                                                                                    ќишлоќи Файзобод

73. Салимов Љалил                        - сарбоз                   колхози Ленин,

                                                                                    ќишлоќи Файзобод

74. Фахриев Шерак                       - сарбоз                   мањаллаи Сафедор.

Бохтар:

75. Њайдаров Мањмуд             - прапорщик      колхози Коммунизм,

                                                                                     мањаллаи Янгифар-      

                                                                                     ѓона

76. Набиев Шерафган             - сарбоз             колхози Коммунизм,

                                                                                    дењаи Ленин.

Панљ:

77. Стрелков Виктор                           - сарбоз             кўчаи Заводская, 3.

Душанбе:

78. Ходжаев Фируз                - лейтенант         кўчаи Айни,      

                                                                                     хонаи 319, утоќи 43.

79. Њакимов Сайвалї           - лейтенант          кўчаи Федина,

                                                                                     хонаи 18/9, утоќи 1.

80. Шамсов Барулло                         - сарбоз                кўч. Хуљанбиёи поён

Фархор:

81. Абдулназаров Сафаралї     - лейтенант             ноњияи Фархор,      

            Турсунович                                           колхози Ватан,    

                                                                                  дењаи Бохтар.

82. Расулов Њўљамурод           - лейтенант                ноњияи Фархор,   Олтибойевич                                                     кўчаи Њасанов,

                                                                                  хонаи 77

83. Сайдалов Абдулњаким     - лейтенант                ноњияи Фархор,  

                                                                                  ќишлоќи Шафтолубоѓ     

84. Сайдалиев Неъмат           - лейтенант      ноњияи Фархор, сов-

Амонович                                              хози Гулнор, дењаи

    Гулшан.

85. Бобоназаров Њўљаназар                - прапорщики    ноњияи Фархор,

            Бухориевич                                   калон    колхози Ленин                                                                                    кўчаи Душанбе.

86. Ањмедов Наврўз                 - сержанти хурд   ноњияи Фархор,         

      Рањматуллоевич                                                ќишлоќи Магиро-

                                                                                         бод.

87. Умаров Раљабалї                           - сержанти хурд   ноњияи Фархор,

      Эмомалиевич                                                    колхози Роњи

                                                                                                   Ленин, кўчаи Тугул

88. Набиев Шерафган             - сарбоз                  ноњияи Фархор,

        Дардихудоевич                                                           совхози Њисор.

 Кўлоб:

89. Давлатов Љангихон           - полковник            шањри Кўлоб,

                                                                                       мањаллаи 9, кўчаи      

                                                                                       Борбад, хонаи 19,   

                                                                                       утоќи 24.

90. Назаров Исматулло         - майор                   шањри Кўлоб,     

                                                                                       кўчаи Абдуллоевич                                                                             Ленин, 25.

91. Султонов Искандар        - майор                   шањри Кўлоб, Абдуллоевич                                              мањаллаи 10, хонаи   

                                                                                       32, утоќи 16.

92. Ќудбиддинов Алексей       - капитан          шањри Кўлоб, кўчаи

Бадриддинович                                          Шерозї, хонаи 43-4.

93. Абдуразоќов Эмомалї  - лейтенанти                шањри Кўлоб, кўчаи 1          Љумаевич                   калон                 май, хонаи 635.

94. Иброњимов Назримат   - лейтенанти          шањри Кўлоб, мањал-

            Давлатович                      калон               лаи 10, хонаи 22-5.

95. Федулов Владимир        - лейтенанти          шањри Кўлоб, кўчаи

            Геннадьевич                  калон                 Шоњин 43, хонаи 12.

96. Њабибуллоев Љамшед   - лейтенанти          шањри Кўлоб, кўчаи

        Рањматуллоевич                           калон                 Нонбойпоён 123.

97. Ќурбонов Машариф      - старшина             шањри Кўлоб, кўчаи

            Аламович                                                 Мањмадї, хонаи 223.

98.Рањмонов Ќудратулло    - старшина             шањри Кўлоб, кўчаи

              Достиевич                                               Киров, хонаи 233.

99.Абдуллов Абдусалом     - сержант                шањри Кўлоб, кўчаи

            Давлатович                                               Њилоли Ањмар,

                                                                                      хонаи 61.

100. Њусайнов Маљид             -сержанти                шањриКўлоб,

       Муњамадшоевич                                  хурд              колхози Ёладашт.

 

101.Умаров Раљабалї         - сержанти хурд          шањри Кўлоб

        Эмомалиевич                                                                         

102.Алиев Давлатшо                      - ефрейтор            шањри Кўлоб,    Валиевич                                                 колхози Њамадонї.

103.Азизов Шамсиддин      - сарбоз                 ноњияи Кўлоб,

       Саидмуртазоевич                                        колхози Њамадонї, 

                                                                                    Корези поён.

104.Ахмедов Акобир                      - сарбоз                  ноњияи Кўлоб ќиш-

    Шоњмањмадович                                            лоќи Зиракї, кўчаи

                                                                                    Пистамазор.

105.Исханов Зафарљон       - сарбоз                  шањри Кўлоб, 

            Холматович                                             кўчаи Сино.

106.Ќурбонов Рустам          - сарбоз                ноњияи Кўлоб, кол-

      Муродалиевич                                             колзи Лоњутї,

                                                                                   дењаи Ќаратоѓ.

107.Мўсоев Маниёз            - сарбоз                ноњияи Кўлоб, кол-

Назриевич                                               хози Њамадонї,       

                                                                       ќишлоќи Корези    

                                                                       Поён.

108.Мўминов Љўрабек         - сарбоз                   ноњияи Кўлоб, кол-

            Темурович                                               хози Њамадонї,   

                                                                                   ќишлоќи Корези   

                                                                                   Поён

109.Маматќуллов Собирљон  - сарбоз               ноњияи Кўлоб, ќиш-

         Сулаймонќулович                                    лоќи Њамадонї

110.Нишонов Нишонбой      - сарбоз               ноњияи Кўлоб,Шўрои

            Тољибоевич                                            ќишлоќи Зарбдор

                                                                                   ќишлоќи Гулистон.

111.Саниев Салим Зоњирович- сарбоз           ноњияи Кўлоб, кўчаи 

                                                                                   1-май, хонаи 66.

112.Умаров Раљабалї          - сержанти           ноњияи Кўлоб, 

       Эмомалиевич                        хурд              колхози Ёладаш.

 

 

МОЉАРОИ     ГАРАВГОНГИРЇ

САФАРИ АВВАЛИНИ АЊМАДШОЊИ МАСЪУД

БА ТОЉИКИСТОН

Зиндагї чунин аст, ки њар кас дунёи худро дорад. Яке  кўшиш ба харљ медињад, ки соњиби мансабу курсї, сарвату боигарї бошад. Дигаре худро дар роњи илму донишу фарњанг ќурбон мекунад. Гурўње  ба бедодгариву ѓорат даст мезананду «хушбахтї»-и худро дар бадбахтии дигарон меёбанд. Аммо дунёи ман дигар аст. Дунёи ман-дунёи ишќу садоќат, муњаббат ба зану фарзанд, ёру аќрабо, ба мардуми диёрам, ба сарзаминам, ба чашмасорону кўњњои зебоманзараи Тољикистонам. Ин имони ман аст.

            Худованд барои халќи мо  бињишти дунёро офаридааст ва бояд, ки шукрона кунем. Вале сад афсўс, ки ношукрї кардем. Ба сари якдигар мушт бардоштем. Хуни бародар рехтем. Занњо беваю тифлон ятим монданд. Дўстї  доштем. Тухми душманиро байни мо коштанд. Мардуме, ки асрњои аср  шеъру суруд меофарид, коњи фарњангро ба арши аъло расонида буд, ба куштори якдигар даст зад. Гузаштагон  бунёд карданд, эљод карданд. Мо шикастем, поймол намудем. Хирад хор шуд. Љои «Малик-уш-шуаро»-њоро «Малик-Калашниковњо» гирифт. Хомањо хомўшу ў ба замин тухми аљал, тухми марг эљод намуд.

            Бисёр бамаврид гуфтааст Президенти мамлакат Э.Ш. Рањмонов:

            «Њар як миллат, ќавмият дар даврањои гуногуни  таърих, сарнавишти худашро, таќдирашро худаш ва танњо худаш бояд муайян созад. Ин миллати љонсахт, ки дар њељ  давру замоне барои ѓасбу торољи давлате, ба сари мардуми бегона шамшер накашидааст, фарзандонаш асрњои аср аз шамшери аљнабиён борњо гузаштаанд. Саропои сањифањои  таърихаш аз хуни ватандўстон ва  бањодуронаш гулгун аст».

            Сад афсўс, ки таърих сабаќ нашуд. Мањалгарої, хешутаборпарастї карданд, байни мардум тухми кинаву адоват коштанд.

            Вале шукр, ки оташи забоназадаи љанги хонумонсўз бо зањматњои Президенти мамлакат Э.Ш. Рањмонов хомўш карда шуд. Нерўи хираду заковати миллатамон оќибат боло гирифт. Вале ин њама ба осонї ба даст наомадааст. Кўшишњои зиёде ба харљ дода шуда буданд, ки Тољикистонро боз њам  ба гирдоби љанги бародаркушї кашанд, миллати шарифи моро ѓарќи дарёи хун кунанд. Банда шоњиди бисёр њодисањои номатлуб ва хуношом будам ва мехоњам, ки порае аз хотироти хешро барои таърих, барои хонандагони арљманд пешкаш намоям.

            Сентябри соли 1996. кашмакашињои дохилии  Афѓонистон сабаб шуду зурурати бо родмарди тољик - Ањмадшоњи Масъуд робита кардан ба миён омад. Сўњбат бо шахси бовариноки Ањмадшоњ замина ба миён овард, ки ин вохўрї доир гардад. Ба хотири таъмини амният ва дар фазои ором доир гаштани мулоќот, баъди гуфтугўи телефонї бо Ањмадшоњ мо ба хулосае омадем, ки аз њама љои мувофиќ барои гуфтушунид ноњияи Фархор аст. Як рўз  пеш аз  мулоќот ман ба раиси ноњияи Фархор Неъматов Љўрахон тавассути телефон тамос гирифта аз он кас хоњиш кардам, ки ягон мањалли дурустро интихоб ва пешнињод кунанд. Ин сафари аввалини Ањмадшоњ ва шариконаш ба Тољикистон буд ва аз чї гуна ва дар кадом ќароргоњ маскан гирифтанаш бисёр чизњо вобастагї доштанд. Маќсади  асосии мо аз вохўрї Ањмадшоњи Масъуд истифода бурдан аз нуфуз, обрўю эътибор ва кўмакњои беѓаразонаи ин лашкаркаши бузург љињати аз байн бурдани ихтилоф миёни тољикон ва ба даст овардани ризояти миллї буд. Зеро гурўњњое дар ќаламрави Афѓонистон зиндагї ва фаъолият доштанд, ки истиќлолияти Тољикистонро намехостанд. Омодагии пешакии мо анљом ёфт. Дар ин бора ман ба Раиси љумњур мўњтарам Э.Ш. Рањмонов гузориш додам ва бо амри он кас пагоњии барваќт бо  муншии Ањмадшоњ њамроњ ба Фархор сафар кардам. Ќарибињои соати дањи рўз ба њукумати  ноњия расида, бо акаи Љўрахон вохўрдем. Бори дигар  шароити омодагиро муштаракона аз назар гузаронида баъди ќонеъ гаштан, њама  якљоя ба истиќболи мењмонон ба майдони  њавоии Фархор рафтем. Майдонча пур аз хору хас, мисли мањали кайњо аз ёди њама кас фаромўшшуда ба назар мерасид. Бинои маъмурии фурудгоњ низ фарсуда гардида буд. Ба як илоље аз кормандони кўњна як тан мухобиракунандаро пайдо карда овардем. Аз мухобирачї умед он буд, ки бо ќоидаю ќонунњои њавопаймойї бо чархбол иртибот гирифта, онро дар мањалли лозимї фурўд оварад. Аз таппу талошњои мо бечора  акаи Љўрахон хиљолати бисёр кашиданд, аммо чї илољ, ки ин камбудињо ба ў камтар  вобастагї доштанд. Ќарибињои соати дувоздањи рўз аз тарафи љануби сарњади  давлатии Тољикистон ва Афѓонистон садои чархбол ба гўш расид ва баъди 10-15 даќиќа МИ-8 МТВ вориди фурўдгоњ шуд. Мо, њама истиќболкунандагон ба назди дари баромади чархбол омадем. Дар кушода шуду аз чархбол  Ањмадшоњ берун омад ва њамроњонашро як-як ба мо муаррифї кард. Бо ў чанд тан аз вазирон, мушовирон ва размандагони љабањот буданд, ки дар набардњои шадиди майдонњои љанг њаёт ва љонашро њифз кардаанд. Мењмонону мизбонон њама роњи бўстонсарои њукумати ноњияро пеш гирифтем.

            Баъди љобаљокунии мењмонон, аз рўи маслињати пешакї, Президенти кишвар Э.Ш.Рањмонов бо вазири њозираи умури дохила Шарипов Њ. бо чархбол аз Душанбе ба Фархор омаданд. Э.Ш. Рањмонов пеш аз ин бо Ањмадшоњ дар Афѓонистон вохўрињо доштанд ва ўро хуб мешинохтанд. Баъди њолпурсї Ањмадшоњро ба сари мизи сўњбат хонданд. Гуфтугўи дусоатаи онњо асосан сари воќеањои сиёсї ва иќтисодии њарду кишвар, бењбудии вазъ ва инкишофи робитањои минбаъда сурат гирифт. Баъди  сўњбати хоса бо Ањмадшоњ, Э.Ш. Рањмонов ба мо супориш доданд, ки гуфтушунидро давом дињем ва худашон ба Душанбе баргаштанд.

            Пеш аз он ки хотироти хешро перомуни масоили ёдоваршуда иброз дошта бошам, дар ибтидо мехоњам дар бораи яке аз забардасттарин шахсиятњои таърихї, лашкаркаши барљастаи асри XX, яке аз фарзонатарин фарзандони миллат, родмарди ватанхоњ, байраќбардори истиќлолияту озодї, инсони фавќулода донишманд, шарифу хоксор Ањмадшоњи Масъуд чанде аз дидаю шунидањоям ба хонандаи арљманд наќл намоям.

            Банда насињатеро аз ќиблагоњи мењрубон чун овеза ба гўш дорам, ки мегуфтанд: «Писарљони азизам агар хоњї ки њаќиќатро пайдо кунї, ба њар сухан зуд бовар макун, онро аввалан то ба охир бишунав, аз нигоњи мантиќї тањлил бикун, ба он бо назари шубња нигар ва баъд ба мулоњиза бипардоз». Ин панди падар дар душвортарин лањзањо, ки сарнавишти инсон њаллу фасл мегардид, маро ба кор омад ва ман њангоми дар маќоми сармуфаттиш ва баъд вазири амният кор карданам, тибќи њамин насињати падарам бо одамон муомила мекардам, бо онњо пурсишу посух менамудам.

            Нисбати инсони фавќулодда шарифу латиф, муборизу фариштахў Ањмадшоњи Масъуд њам њамин насињати падар маро ба ёд омад. Ќаблан ўро ба мо чун «душман» муаррифї карда буданд. Вале ман ба ин њаргиз боварї надоштам. Чї сон метавон љавонмарди шуљоъу далерро, ки саодати халќашро саодати хеш, озодии мењанашро озодии хеш њисобида, тамоми умр дар ин љода фидокорї кардааст, «душман» номид. Ў ватани касеро ѓасб ва сари касе зулм накардааст, ба кишваре таљовузро раво надидааст, њатто дар замири  ќалбаш њам нисбати давлате, ашхосе ягон зарра кинаю кудурате вуљуд надорад.

            Хулоса, ман бо Ањмадшоњ – бо њамон ватанпарасти асиле, ки солиёни дароз барои озодии Афѓонистон дар оташи муборизањои шадид бар зидди аљнабиён чун фўлод обутоб ёфта буд, муддати тўлонї рў ба рў нишастем, сўњбатњои гарму љўшон кардем.

            Дар урфият мегўянд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан». Дар тўли сўњбате ки  то ќарибињои бегоњ доштем, кї будани ин шахси банангу ору номусро ман дарк кардам. Ў њамсўњбати хубе будааст. Оњиста ва бо тамкин сухан меронд. Њис  кардам, ки  вуљудаш месўзад барои он бадбахтињое, ки ба сари мардуми  сарзаминаш овардаанд. Ќиёфааш аз асари фољиањои ба диёраш омада, бозгўйї мекард. Тамоман намехандид. Гоњ-гоњ як табассум мекард, бо вуљуди ин ѓами нињонии кишвараш, мардумаш  аз чењрааш њувайдо буд. Ањмадшоњ ашъори дилпазири Њофизу Саъдиро хуб медонист. Њини гуфтор ду ё чор мисрае аз ѓазалиёти онњо иќтибос меовард ва дурустии суханњояшро  ба ин  васила тасдиќ мекард. Аз њама нозукињои сиёсати дунё воќиф буд, ў файласуфи хубе ба назар мерасид. Аз вазъи  кишвари мо њам огоњї дошт. Дар раванди сўњбат таъкид мекард, ки мо, тољикони  Тољикистон, бояд кўшиш ба харљ дињем то кашмакашињои сиёсиву мансабталоширо аз байн бубарем. Ў фољиаи давлати Сомониёнро наќл намуда огоњ кард, ки Тољикистон гавњораи тољикони љањон  аст ва танњо баъди њазор сол соњиби давлати мустаќил шудааст. Тољикон бояд аз тамоми воситањо ва шевањо истифода кунанд, ки фољиаи Афѓонистон такрор наёбад.

            Азбаски яке аз вазифањои ба дўши мо кормандони амният гузоштаи Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон њарчї зудтар ба Ватан баргардонидани гурезањо аз Афѓонистон мањсуб мегардид, мо бояд, ки аз имкониятњои Ањмадшоњ пурра истифода мекардем. Барои амалї гардонидани ин маќсади накў ва тезонидани раванди бозгашти тољикон ба Ватан ў розигї дод, ки дар ш. Толиќон консулгарии Тољикистон таъсис дода шавад. Ањмадшоњ чунин ваколатро дошт. Дере нагузашта ин пешнињодро Вазорати корњои хориљии кишвар фаврї татбиќ кард.

            Ваќти гуфтугузор сухан дар бораи гурўњи Ризвон Содиров ва худи ў низ рафт. Ањмадшоњ хабар дод, ки тайи ду сол  аст Ризвон њамроњи зиёда аз њаштод нафар љавонписарони тољик дар минтаќаи ў паноњ бурда, гўё дар зери таъсири аќидаи атрофиён ба куллї райъи ватандўстиро пеша карда, барои таъмини якпорчагии миллати тољик чун муборизи ќавї омода шудааст. Ба ќавле Ризвон дар набардњои  зидди толибон бо гурўњаш хуб корнамої њам кардааст. Ањмадшоњ гуфт, ки агар чунин зарурият ба миён ояд, метавонад барои ба  Ватан  баргаштани Ризвон ва зердастонаш  кўмак кунад. Ў таклифи њайати моро дар бораи халъи силоњ ва баъд аз ин бозгашти Ризвон Содировро ваъда карда, ба хоњарзодааш генерал Латиф, ки њамроњаш буд, дар ин хусус супориш дод. Баъдтар маълум гардид, ки Латиф ќаллобие содир карда, аз тарси Ањмадшоњ ќаламрави Афѓонистонро тарк намудааст.

            Баъди ба анљом расидани сўњбат мо  Ањмадшоњро аз майдони њавоии Фархор гусел кардем ва ў тавассути чархбол ба Панљшер баргашт.

            Охирњои сентябри соли 1996 бори дигар тавассути телефон ба  Ањмадшоњ дар тамос шудам, ки он ваќт айни љўшу хурўши љангњо бо толибон буд. Аз вазъи кишвараш ва масоили њангоми мулоќоти аввал суратгирифта пурсон шудам. Ў посух дод, ки масъалаи ба Ватан баргардонидани Ризвонро њамроњи яке  аз намояндагои Њукумати Тољикистон њал карда истодааст ва алакай чанд нафаре аз онњо ба Тољикистон рафтаанд. Ин охирин сўњбати ман бо Ањмадшоњ буд. Моњи октябри соли зикршуда маро аз вазифаи Вазирии амнияти Љумњурии Тољикистон ба кори дигар гузарониданд ва проблемаи Ризвон берун аз  доираи фаъолияти ман монд.

Ќайд кардани њамин андеша бамаврид аст, ки дар њамаи давру замонњо истифодаи одамони бонуфузи давлатњои дигар ба манфиати бехатарии давлате, ки бо ин ё он масъала сару кор дорад, ваколати муассиса ва идорањои њифзи  бехатарии давлатї ва миллї буд ва мебошад. Мутаассифона, ин раванд имрўз бо сабабњои вазъ дар љомиа ва кам будани мутахассисоне, ки дар ин бахш фаъолият баранд, ќариб ки аз байн рафтааст. Онњое ки  моњияти ин  хадамотро  намедонанд, наметавонанд моњияти ин илми бузургро дарк намоянд. Биёед, ба сањифањои таърих менигарем. Чї гуна амалиётњои касбї, чун мањв кардани Савинков, безарар гардонидани раќибони дохиливу берунї мумтозона гузаронида шуда буданд. Чунин мисолњо зиёданд.

            Бо итминони комил гуфта метавонам, ки  амалиёти таъљилї ва фаврии нисбати Ризвон ва њамкоронаш гузаронида, яъне аз Афѓонистон овардани онњо, ки моњи ноябри соли  1996 сурат гирифт ва он аз тариќи телевизиони марказии Федератсияи Русия нишон дода шуд, аз чанд камбудињо иборат буд.

            Пеш аз њама, ў мувофиќи гуфтушуниди мо, воќеан агар ќалби пок медошт, ба Тољикистон бе силоњ меомад ва барои љиноятњое, ки содир карда буд, дар доираи ќонун љавоб мегуфт. Гумон дорам, ки агар ба ин васила масъала њалли худро меёфт, он ќадар љиноятњое, ки ў пас аз бозгашт содир карда буд, мумкин ки содир намешуданд.

            Аз дигар  тараф, амалиёти нисбати ў гузаронида, то як андоза фош шуд. Ман  барномаи симоро дар назар дорам, ки якбора пешкаши њамагон гардид ва дар њамон марњила афкори умумро њељ кас оиди ин масоил наомўхт ва ба инобат нагирифт. Чунин сурат гирифтани кор дар натиља ба он оварда расонд, ки дар байни табаќањои гуногуни љамъият норозигї пайдо шуд. Хусусан, ин корро собиќадорони фронти халќї напазируфтанд ва то андозае шиддатро байни ќумондонњо афзоёнданд, ки  оќибат барои њаводорони нооромии вазъ дар кишвар як бањонаи хуб шуд.

            Аслан як чизи дигар љолиби ќайд аст, ки дар амалиётњои зикршуда пеш аз њама Ризвон дар симои бародараш Содиров Бањром зинда шуд. Собиќ корманди милиса гурўњеро зери даст карда (онњое, ки дар аќидаи Ризвон буданд) дар њудуди Обигарм ба  тафриќаандозї шурўъ намуд. Дар бораи бедодгарињои ў паи њам маълумотњо мерасиданд. Аммо афсўс, ки  ягон чораи амалї дида намешуд. Аз бемасъулиятии маќомоти њифзи њуќуќ истифода карда, Содиров Б. мавќеи амалиёташро тавсиъа бахшид. Ваќте ки кормандони миллали башар ва амният ба гарав гирифта шуданд, маълум буд, ки  маќсаду мароми ў  фаќат барои ба љумњурї овардани бародараш равона шудааст. Мутаасифона, мо њикмати халќ: «Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон»-ро ба инобат нагирифтем.

            Он чизе, ки гўё њама медонистанду интизораш буданд, ба вуќўъ омад. Аввалњои феврали  соли 1997 як гурўњ кормандони расонањои хабарии Русия ва дигар давлатњо, ки дар љумњурї фаъолият мекарданд, ваќти бозгашт аз сафари хидматї аз водии Ќаротегин дар шоњроњи «Душанбе-Хоруѓ», болотари шањрчаи  Обигарм, ба гарав гирифта шуданд. Гуфтушунидњои намояндагони њукуматї бо Содиров Б. дар муддати якчанд рўз натиља набахшид. Аз њамин лињоз моњи феврали соли зикршуда Вазири амният Зуњуров С., Сарфармондењи Горди президентї Мирзоев Ѓаффор ва муншии Ањмадшоњ оѓои Солењ мувофиќа карданд, ки ба ситоди дар Обигарм будаи Горди президентї рафта аз он љо кўшиш мекунанд, ки дар гуфтушунидњо гаравгонњоро Содиров рањо кунад. Номбурда дар навбати худ пешакї талаб  ба миён гузошта буд, ки фаќат ба ивази бародараш Ризвон ва гурўњи дар Афѓонистон будаи ў гаравгонњоро аз банд озод мекунад.

            11 феврали соли 1997 пагоњии барваќт ман, чун њарваќта, ба дафтари кории Вазири амният Зуњуров ворид шудам. Ў ѓарќи хаёл назди тиреза истода буд. Аз чї бошад, ки хотирашро каме парешон дидам. Баъди саломуалек аз ў пурсидам:

            - Чї, ягон нохушие рўй додааст, ба гумонам омодаи сафар њастї? - гарчанде худам бараъло  медонистам, ки ташвиши њамаи мо, аз Президент сар карда,  аз дасти гурўњи Бањром озод кардани гарвгонњо буд.

            Саидамир дар љавоб гуфт, ки аз рўи маслињати шуда,  ў  њамроњи Ѓаффор  Мирзоев  омодаи ба Обигарм рафтан аст.

            Ба либосњои  дар тан будааш нигоњ карда маслињат додам, ки он љо  хунук аст, мумкин, ки гуфтушунид тўлонї шавад ва шаб монї ва таъкид кардам, ки њељ набошад, пойафзоли гарматро пўш.

            - Не, мумкин, ки то бегоњ ба Душанбе баргардем ва агар монеа ё мушкилие ба миён ояд, дар ситоди Ѓаффор мемонем. – гуфт ў.

            Њамин љо мо бо якдигар хайру манзур карда, ман ба Ќўрѓонтеппа рафтаму ў ба фурўдгоњ.

            Њамон рўз ман соатњои њашти бегоњї аз Ќўрѓонтеппа баргашта рост ба дафтари кориам даромада, фаврї аз навбатдори вазорат дар хусуси баргаштан ва ё барнагаштани Зуњуров пурсидам. Навбатдор хабар дод, ки то њол аз сабаби набудани барќ ва алоќа нисбати дар куљо љой гирифтани вазир ягон маълумоти аниќ нест. Рости гап, тамоми рўз ким-чї хел њиссиёти нохуше вуљудамро фаро гирифт ва дилам гувоњї медод, ки кадом як воќеаи  нохуше бояд сар занад. Чанде кўшиш кардам, ки бо Обигарм телефонї тамос гирам, аммо њамеша аз телефончи духтар мешунидам, ки бо сабаби набудани барќ алоќа нест.

            Ќарибињои соатњои дувоздањи шаб навбатдор ба ман хабар расонд, ба гуфти муншии Ањмадшоњ, ки  њамсафари Зуњуров буд ва барои гуфтушунид ба ќароргоњи Содиров рафта будааст, Зуњуровро ба гарав гирифтаанд. Онњо шарт мондаанд, ки Зуњуров  ва дигар гаравгонњоро фаќат баъди ба назди онњо овардани Ризвон ва зердастони ў, ки дар ќароргоњи Ањмадшоњ мебошанд, озод мекунанд. Пеш аз њама барои боз як бори дигар аниќ кардани њолатњои њодисаи ногувор ман Солењро назди худ хонда, дар кадом мавќеъ ва вазъ ба гарав гирифтани Саидамирро пурсидам.

            Ў посух дод:

            «Ваќте,  ки ман, оѓои Вазир ва ќумандони Горди президентї Ѓаффор дар Обигарм аз чархбол фуромадем, намояндаи худро љониби Бањром фиристодем, то ки ба мо иртибот гирад. Баъди сипарї шудани фосилае, чанд нафаре аз гурўњи Содиров Б. моро ба мавќеи бетараф хонданд. Ќумандон Ѓаффор таъкид кард, ки гуфтушунид дар ситоди ќароргоњи ќисми Горди миллї сурат гирад. Оѓои Зуњуровро њам огоњ кард, ки ба љои пешнињодшуда наравад.

            Азбаски нафарњои дар гурўњи Резвон шомил буда, аксарашон дар дараи Панљшер тайи се сол дар парастории мо буданд, ман гумон кардам, ки намаки моро пос  медоранд. Ин њолатњоро ба назар гирифта бо оѓои Зуњуров ба хулосае омадем, ки  ба љои таъиншуда барои вохўрї меравем ва њарду он љониб рањсипор шудем. Ду нафари дигар аз кормандони амният њифзи љони  моро ба ўњда дошт. Лањзае, ки ба нуќтаи пешбинишуда шомил шудем, ба таври ољил зердастони Бањром њамсафарони оѓои Зуњуровро бесилоњ гардонида онњоро ба ќафо баргардониданд. Дар њайрат мондам, ки куљо шуд хотири поси нону намаки мо, ки  њатто ба љойи шунидани гуфтањои ман дар љавоб маро бо гуфторњои ќабењ ќафо гардониданд. Ман дарк кардам, ки зиндагї мард будасту баъзе зиндањо номард. Ибораи ќумандон Ѓаффорро, ки гуфта буд: «Ман ба назди он нољавонмардон намеравам» фањмидам. Ў рўњшиноси хубе будааст».

            Баъди даќиќ воќиф шудан аз воќеа, ќарибињои соати сеи шаб, ман ба хонаи  Раиси Љумњур занг задам. Худашон аз њодиса хабардор, хоб набудаанд. Тафсили воќеаро кўтоњ арз кардам. Хоњиш намуданд, ки ман Солењро ба утоќи кориашон биёрам, худашон баъди ним соат мерасанд. Боз таъкид карданд, ки Абдурањмон Азимовро њам даъват кунам. Ваќти таъиншуда мо ба утоќи кории Раиси Љумњур њозир шудем. То саршавии сўњбат чашм  ба рўйи Эмомалї Шарифович дўхтаму ќалбан ўро барои дилсўзиаш, барои ѓамхориаш,  барои далериаш, барои љасораташ њазорњо ањсанту офарин хондам. Бубинед, ки чанд посе аз шаб гузаштаасту ў њоло њам хоб накардааст. Айём ба дўшаш чї бори сангине гузоштааст.

            Ташвишу изтироби Президентро дида ба хаёл фурў рафтаам:

            «Солњо сипарї мешаванд. Ин таќозои замону таърих аст. Насле, ки бунёди тахти тољиконро дар зери роњбарии ин шахс пас аз Исмоили Сомонї ўњда кардааст, аз байн меравад. Аммо сад афсўс, ки хомаронњои мо имрўз мўњри хомўшї ба лаб нињодаанд. Моњњо сол, солњо аср мешаванду баъд кишваршиносони мо аз бойгонињо,  аз рўзномањои зардшудаи тањхонањо ба шарте, ки боќї монанд, њаќиќати рўзњои моро мељўянд.   

          Тасаввур кунед, ки барои  тасвири Исмоили Сомонї ва услуби давлатдории Сомониён чї ќадар зањматњо кашидем, чї ќадар талошњо ба харљ додем, чї ќадар манбаъњои таърихиро вараќ задем, то зарра-зарра факту раќам ва ќатра-ќатра маълумот љамъоварї намоем.

Шукри эзиди лоязол, ки Тољикистони соњибистиќлол имрўз ќаламкашони зиёде дорад. Пас чаро онњо нисбати ин воќеањо хомўшанд?!»

            Њамин ваќт садои хасташудаи Эмомалї Шарифович: «Ња, Саиданвар, Абдурањмон, чї фикрњо доред»  риштаи хаёлоти маро хонду андешаамро ба сари муаммои љойдошта баргардонд. Боз дар рўбарўям љавонмардеро медидам, ки  муддати шаш сол кашмакашињои замона ва ѓами миллат рангзардаш кардааст. Истироњат куљост? Њатто дар хонааш хоб нест. Њамаи ин љонбозињо барои вањдат,  барои якпорчагии љумњурї, барои  љамъ кардани  тољики парешонгашта буд. Маълум буд, ки ў хоб накардааст. Дилаш, вуљудаш месўхт. Бале, ба ин њаќ  дошт.  Зеро  дар љанги нопоки љинсњои нопок шахсе дар гарав буд, ки тамоми њастиашро дар давоми панљ сол барои бењбудии миллат ва сиёсати роњбари давлат  барои вањдати халќи тољик ва якпорчагии Тољикистони азизаш дареѓ намедошт. Ў хонаву дару фарзанд нагуфт, бо ранги зарду хазон рўзу шаб кор кард, то ки мардумон орому осуда бошанд, тўйњо кунанд, модарон фарзанд зоянд, хурсандї намоянд. Аммо чї илољ? Худованд дар байни  бандагонаш гоњ-гоњ махлуќњои одамсурати вањшисират њам меофаридааст, ки сабабгори талхии айши зиндагии халќи бегуноњ мешаванд, ба куштору торољгарї даст мезананд. Агар модарон мефањмиданд, ки чунинњоро ба дунё меоваранд, пеш аз зодан онњоро дар батни хеш мегўрониданд.

 Саидамир њам ба амри таќдир ба дасти чунин нољинсон афтода буд.

            «Ба њар сурате, ки бошад, - суханашонро давом доданд Раиси Љумњур, - Саидамир ва гарвгонњоро озод кардан даркор». Ба ман ва Азимов супориш доданд, ки тамоми воситањои мављуду номављудро истифода кунем.  Азимовро  ба Обигарм рањсипор намуданд, ба ман супориш доданд, ки бо  Ањмадшоњ иртибот гирифта, аз имконоти бо ў доштаам истифода намоям. Сипас, њар кадоми мо аз рўи супоришњои гирифтаамон баромада барои иљрояшон пардохтем.

            Ман  тавассути телефон тафсили њодисаро ба Ањмадшоњ расонидам. Илтимос  кардам, ки худи Ризвон ба бародараш амр  кунад, то гаравгонњоро рањо кунанд. Аз рўи он ахборе, ки мо дар даст доштем, Ризвон дар давоми рўзњои аввал чанд маротиба ба Бањром супориш додааст, ки гаравгонњоро озод кунад. Гўё Бањром аз иљрои  ин супоришњо саркашї мекардааст. Баътар фањмидем, ки Ризвон ба воситаи телефон як супориш медодасту тавассути мухобира супориши  дигар, яъне акси онро.

            Муддати ду-се рўзи аввал ќариб, ки тамоми воситањои мављударо барои аз  банд рањонидани гарвгонњо истифода кардем, аммо бенатиља. Талаб як : Ризвон ва зердастонаш аз Афѓонистон оварда бо гарвгонњо иваз карда шаванд. Вазъи гаравгонњо рўз то рўз хароб мешуд. Њаёти онњо зери хатар монда буд. Ин  ќазия аз гуфтугўњои телефонии чандин маротибаи байни ману Зуњуров ва Содиров маълум мешуд.

            Чораи дигар набуд. Баъди маслињат бо Раис ба хулосае омадем, ки Ањмадшоњро њамчун миёнарав истифода кунем. 14 феврали соли 1997, соати сеи шаб бо ў телефонї маслињат кардам, ки пагоњї ба Душанбе ояд. Пагоњї ман ўро дар фурудгоњи Душанбе истиќбол карда, ба бўстонсарои њукумат бурдам. Пас аз истироњати кўтоњмуддат Раиси Љумњур ба назди он кас омаданд. Сўњбат тўлонї шуд. Аз ќиёфаи  Ањмадшоњ маълум буд, ки ў дар хиљолат аст. Дар раванди сўњбат Ањмадшоњ пешнињод кард, ки худи Ризвонро овардан даркор, то ки  ба бародараш  фармони озод кардани гарвгонњоро дињад ва пас баргашта ба Афѓонистон равад ва баъди ин масъалаи баргаштани худаш ва зердастонаш дар оянда баррасї шавад. Ин фикрро мо писандидем. Воситаи  дигаре набуд. Худи њамон рўз аз рўи мувофиќаи ба миён омада, амалиёт сар шуд. Ањмадшоњ ба ќароргоњаш тамос гирифта фармуд, ки худи пагоњ Ризвон бо як шарикаш ба Душанбе фиристонида шавад. Нисбати ин пешнињод Бањром њам розигї дод.

            17 феврали соли зикршуда Ризвон боз ба сарзамини Тољикистон, ќадами нопоки худро нињод. Мо ўро рост ба назди Ањмадшоњ овардем. Азбаски  ў воќиф буд аз њодиса, устодаш  ба ў пешнињод кард, ки худаш иљрои корро ба ўњда гирад. Ризвон ваъда кард, ки ў худи њозир омода њаст, ки рафта дар љояш масъаларо њал карда сипас баргардад. Ќавл њам дод.

            Рости гапро гўям, ман шубња кардам, ки Ризвон нону намаки Ањмадшоњро њам пос надошта њамаро фиреб медињад ва ин  фикрамро ба Ањмадшоњ баён  намудам:

            - Мабодо ў моро фиреб дињад. Раваду  дигар барнагардад ва талаб кунад, ки то боќимондањоро аз ќаламрави Афѓонистон наёранд, гарвгонњоро рањо насозанд.

            Ањмадшоњ  суханњои маро бодиќќат гўш карда бо як боварии том изњор кард, ки мо ин одамро бо гурўњаш наљот додем, парасторї кардем, нону намак додем. Ў набояд нисбати ман ањдашро шикаста хиёнат кунад.

            Чи навъе ки набошад, фањмидагї барин Раис таъкид карданд, ки раванди ивазкунї тан ба тан аз рўи пешнињоди шуда сурат гирад.

            Њамон рўз ќарибињои соатњои сеи рўз Ризвону шариконаш ба шањрчаи Обигарм тавассути чархболе, ки онњоро ба Тољикистон оварда буд, бурда шуданд.

            Мо, тољикон, аљоиб  хислате дорем: аз њад зиёд рањмдил ва баъзан хеле соддадилем. Њамин хислатњо ба фикрам, сабаб шуданду дар Обигарм ба љойи ивази тан ба тан, Ризвонро боз ба минтаќаи гўё бетараф бурданд, ки аз он љо бо роњи фиреб баромада ба назди бародараш рафт. Шаб интизорї кашидем. Ягон хабар  нарасид. Фаќат рўзи дигар Бањром телефонї  талаб кард, ки гаравгонњо дар он сурат озод мешаванд, ки боќимондаи  зердастони гурўњи Ризвон, ки шумораашон зиёда аз шаст нафар будаанд, аз Афѓонистон оварда шаванд. Дигар онњо ба алоќа набаромаданд. Фаќат  соатњои ёздањи шаб Саидамир телефон карда илтимос кард, ки њарчи зудтар мо њамин талабро иљро кунем, ки њаёти гаравгонњо зери хатар аст.

            Ман дар навбати худ боз як бори дигар ба Ањмадшоњ њамсўњбат шуда хабар додам, ки Ризвон дигар барнамегардад ва аз талаби нав ба миён гузоштааш хабар додам. Камина ба ќиёфаи ин родмард нигариста њис кардам, ки аз разолат, разолати одаме, ки ўро дар ѓарибї падарвор ќабулаш карда обу нонаш дода аст, дар хиљолат мондааст. Хеле ѓамгин шуд, то  рафтанаш њељ чиз нахўрд. Рўзи  дигар хайру маъзур карда ваъда дод, ки баъди ба Афѓонистон рафтанаш, барои рањо кардани гаравгонњо, зердастони Ризвонро ба Кўлоб мефиристонад. Ањмадшоњ бо мо хайру хуш карда, бо ѓазаб ин суханонро ба забон овард: «Ризвон намакдонро шикаст, њамчун саги кўча бояд бимўрад».

            Аз рафтору кирдори нољавонмардони гурўњи Ризвону бародараш маълум буд, ки  онњо то иљро шудани талаби пешнињод кардаашон истодагарї  намуда,  гаравгонњоро рањо намекунанд.

            Барои татбиќи талаби Ризвону бародараш ман њамроњи якчанд кормандони амният ва муншии дар Душанбе будаи Ањмадшоњ 16 феврали соли 1997 ба ш. Кўлоб омадем. Аз рўи маслињати бо Ањмадшоњ шуда, ў бояд ки ба воситаи чархболњои худаш зердастони Ризвонро баъди халъи силоњ ба Кўлоб меовард.

            Чї тавре, ки дар њамин сањифањо ќайд кардам, нисбати матонату мардонагии Ањмадшоњ дар њаќиќат боз як бори дигар мо боварї њосил кардем, ки ин марди љафокаш, љавонмарди воќеї, ростќавлу родмарди майдони садоќат њам будааст. Ў аз рўи ќавли додааш, баъди  ба Панљшер баргаштанаш гурўњи дар он љо маскан доштаи Ризвонро беяроќ намудааст. Кор то ба дараљае расидааст, ки шаш нафари онњо аз супоридани яроќ саркашї карда муќобилият нишон додаанд, ва дар натиља њалок шудаанд. Шукри худованд, ки ин мушкилињо паси сар шуданду рўзи 18 феврал дар фазои шањри бостонии Кўлоб ду чархбол пур аз зердастони Ризвон ба майдони фурудгоњ баромаданд. Онњо 73 нафар буданд. Чил нафари онњо дар кадом як мавзеи дигар, дуртар аз ќароргоњи Ањмадшоњ, љой гирифта будаанд ва аз халъи силоњ саркашї кардаанд.

Ваќте  ки ба чењраи њар кадоми онњо назар кардам, дилам реш-реш шуд. Њама  рангзарду маъюс буданд. Либосњои кайњо боз собунро надидаи онњо аз он шањодат медод, ки моњњои дароз зиндагии вањшиёна ба сар бурдаанд ва аз онњо бўи чарб ба машом  мерасид. Нисбати онњо дар вуљудам ягон кинаву адоват надоштам. Чунин њуќуќи маънавї њам њељ кадоми мо надорем. Онњо љавонони 17-22 сола буданд. Аз сўњбате, ки бо онњо доштам фањмидам, ки дар муддати зиёда аз се соли људої аз Ватан ягон тасаввуроти аниќе дар бораи Тољикистон надоранд. Дар навбати худ ба онњо фањмонидам, ки агар кассе хоњиши ба назди Ризвон рафтан надошта бошад, метавонад ба хона, ба назди падару модар, хешу аќрабо баргардад. Мутаассифона, њама љавоб доданд, ки ба назди «њазрати Ризвон» мераванд. Ман дигар сўњбатро кашол надода ба њамкоронам фармудам, ки онњоро дар Кўлоб љо ба љо кунанд ва хўрок дињанд. Пешакї мо як гўсфандро бањри зиёфати онњо сар задем. Ин њам ба хотири он, ки солиёни дароз аз Ватан дур буданд ва гумон накунанд, ки мо дар симои онњо душманро мебинем. То омода шудани онњо барои ба Обигарм бурданашон кормандони амният бо њар кадоми онњо сўњбат карданд. Ќисми зиёдашон дар сўњбатњои хоса иброз доштаанд, ки аз тарс ба назди Ризвон рафтанианд ва агар аз райъи худ гарданд, онњо кушта мешаванд. Албатта, ман ин њиссиёти онњоро аз рўи таљрибаи чандсолаам дар маќомоти ќудратї бе тафсили шарњи њоли онњо њис кардам ва аз њамин лињоз сари масоили људо кардани онњо аз гурўњи Ризвон дидам, ки агар чанд нафаре аз онњо мемонд, Ризвон боз масъалаи овардани дигар зердастонашро ба миён меовард. Тарафњои мусбиву манфии ин корро ба назар гирифта њамаи зердастони Ризвонро ба ду чархбол савор карда ба шањраки Обигарм равон кардам. Пешакї тавассути телефон бо њамкасбам Купцов А.С. таъкид кардам, ки ивазкунї фаќат тан ба тан шавад. Худам бо шариконам њамон бегоњ ба Душанбе баргашта интизори натиљаи кор шудам. Аз байн боз як рўз сипарї шуд. 18 феврал худи Президент ба љойи њодиса рафтанд. Гумон мекунам, ки чї тавр сурат гирифтани ивазкунии гаравгонњо бо гурўњи Ризвон он ќадар ањамияте надорад ва барои њамин ман ин њолатњоро ба ќалам надодам. Натиља он шуд, ки Саидамир ва дигар гаравгонњо тан ба тан иваз шуда ба шањраки Обигарм баргардонида шуданд. Худи њамон бегоњї њамаи онњо њамроњи Президент ба Душанбе омаданд.

            Њамин тариќ, боз як сањифаи таърихи њаёт, сањифаи нанговар, ки аз разолат ва нољавонмардии Ризвону бародараш иборат буд, пўшида шуд.

            Пеш аз љамъбаст ва ба охир расонидани ин фасл бањри бартараф кардани баъзе овозањову шубњањо, ки дар њамон рўзњои пурташвиш нисбати ба гарав афтидани Вазири амният дар байни табаќањои гуногуни љомеа пайдо шуда буданд, бояд баъзе рўшанињо андозам.

            Баъди ду-се рўзи ин њодисаи нохуш як зумра одамоне пайдо шуданд, ки аз «хайрхоњї» бошад ё нотавонбинї овоза карданд, ки Зуњуровро маљбур сохтаанд, ки ба назди Содиров рафта гаравгонњоро озод кунад. Ва ба њамин васила роњи аз байн бурдани ў гўё њал мешуд.

            Як ќисмати дигар миш-миш мекарданд, ки гунањкори асосии ба дасти гаравгонгирњо афтодани Зуњуров ќумондони Горди президентї Мирзоев мебошад.  Ин овозањо њама саропо дурўѓи мањзанд. Дар ин љода ягон кас гунањкор нест. Ин амал бо хоњиши худи Зуњуров ба вуќўъ пайваст. Ў худаш, ки дили соф, дасти пок дорад, бо амри виљдон бањри адои вазифа рафта буд. Ў наѓз дарк мекард, ки ин амали љинояткорона фаќат ба обрўи миллати тољик зиён мерасонад. Фаќат ба њамин хотир ва њамин сабаб ў љони худро зери хатар гузошт.   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Њар оѓоз билохира анљом дорад …

 

Љумъаи Намангонї  кист?

 

 

Љумъабой Њољиев, њамчун    Љумъаи Намангонї њам муаррифї      мешавад. Ў дар нерўњои њарбї  -  њавоии Иттињоди Шўравї дар Афѓонистон        тайи ду сол (1988-1989) ба сифати         сарбоз адои хизмат намудааст. Баъди ба зодгоњаш баргаштан, боз ба омўзиши дини ислом мепардозад.                                          

Аввалњои соли 1990 ў ба гурўњи    исломии «Тавба» шомил мешавад.  Маќсади асосии ин гурўњ ташкили   давлати исломї дар водии  Фарѓона   буд.

Ба аъзои гурўњ назарияи љињод алайњи мањв кардани давлати «кофирон» омўхта мешуд. Баъди содир кардани љиноятњои вазнин аксари  онњо аз Ўзбекистон гурехта, барои давом додани мубориза бар зидди њукуматдорони Ўзбекистон дар дигар давлатњо маскан гузиданд.

Љумъа Њољиев, ки  аз тарафи идорањои ќудратии Ўзбекистон барои  љиноятњои зиддидавлатї содиркардан дар кофтуков буд, соли 1992 аз ин кишвар фирор мекунад ва  ба Тољикистон меояд.

Соли 1993  дар  ќаламрави Афѓонистон Њољиев амири эњёи Њаракати  Исломии Ўзбекистон таъин мешавад. Тайёрии њарбиро дар ќароргоњњои  муљоњиддини вилоятњои Тахор ва Ќундуз гузаштааст.

Намангонї ба Машњаду Пешовар сафар карда, бо пешвоёни дини ислом мунтазам мулоќот меорояд ва  њамчун шахсияти динї ташаккул меёбад. Бо хадамоти махсуси дивизияи Покистон ва Эрон алоќамандї пайдо карда, тањти сарпарастии онњо кору фаъолият мекунад.

 Ба ин санади таърихї -  муддате дар минтаќаи Тавилдараи Тољикистон ќарор доштани Љуъмаи Намангонї рўй овардан, ба чанд далел аст. Аввал, ин санадро баъзе аз воситањои абхори умум ва ашхоси алоњида аз рўи шунидањояшон шарњ медињанд, ки ба њаќиќати таърихї мувофиќат намекунад. Дуюм, онро доирањои сиёсии баъзе аз кишварњо  тарзе баён мекунанд ва шарњ медињанд, ки бар манфиати кишварашон аст, ба ин хотир онњо даст ба тањрифи воќеият заданд. Сеюм, аз њудуди Тољикистон берун рондани Љуъмаи Намангонї аз љониби маќомоти роњбарии Љумњурии Тољикистон ба осонї муяссар нашудааст ва он бояд дар њамкорї ва густариши муносибатњои кишварњои Осиёи Марказї, билхоса Тољикистону Ўзбекистон мусоидат менамуд, вале, мутаасифона, баъди ин њодисаи таърихї њам шиддати вазъият коњиш наёфт. Чорум, амалиёте, ки дар ин самт сурат гирифт ибратомўз аст ва шояд дар њалли чунин муноќишањо, новобаста аз он ки дар кадом кишвар сурат мегирад, мусоидат намояд. Панљум, сарварони ду љумњурии њамсоя - Ўзбекистону  Ќирѓизистон моњи августи соли  1999 ва баъдан соли 2000  Њукумати Тољикистонро таввасути ахбори умум мехостанд айбдор кунанд, ки ба амалиёти аз тарафи намояндагони «Њаракати исломии Ўзбекистон» дар ин љумњурињо сар зада айбдор бошад. Онњо њарчанд далел надоштанд, вале зўр зада «исбот кардан» мехостанд, ки њукуматдорони Тољикистон барои силоњбадастони исломї  лагерњои њарбї омода карда, онњоро дар курсњои кўтоњмуддат омўзонда, сипас  тавассути пайроњањои кўњї ба хоки Ўзбекистон, Ќирѓизистон  мегузаро-ниданд.

       Аслан сабаби дар маркази муноќишаи сиёсї ќарор гирифтани Тољикистон воќеањои тобистони  солњои 1999 ва 2000-уми дар ноњияи Баткенти Љумњурии Ќирѓизистон сурат гирифта буданд. Сарвари Њаракати исломии Ўзбекистон Љумъаи Намангонї якљоя бо њаммаслаконаш, дар ноњияи  Баткент љой гирифта, зиёда аз се моњ бо ќуввањои њукуматии Ќирѓизистон дар заду хўрд буд. Дар рафти  амалиёт ба ў муяссар гашт фармондењи ќўшунњои дохилаи Ќирѓизистон, як идда кормандони идорањои ќудратї ва се  шањрванди Љопонро ба  гарав гирад. Аз  рўйи  маълумотњое, ки  мо доштем, муддати зиёде кормандони  идорањои ќудратии Ќирѓизистон бо размандагони  ўзбек гуфтушунид карда, чанде аз  гаравгононро  аз Љумъаи Намангонї хариданд. Ин хатои аввалини онњо буд. Маќсади онон бе љанг, бо роњи гуфтушунид  ба Тољикистон баргардонидани муљоњидон буд. Аз  тарафи дигар,  бо маќсади  аз њудуди Ќирѓизистон ба Ўзбекистон нагузаронидани театри љанг, мехостанд аз ёрии њарбии ўзбекњо даст кашанд. Натиљаи њамин бозињои пасипардагии сиёсї буд, ки  тирамоњи соли 1999 Љумъа бо зердастонаш ба воситаи пайроњањои кўњї боз ба Тољикистон баргашт. Ин барои аз сари нав  айбдор кардани тољикон  дар  расонањои хабарї маводи тайёр  шуд. Албатта чунин ранг гирифтани кор, ки боиси  паст задани обрўи Тољикистон дар арсаи байналхалќї мегашт сарвари давлати тољикон Эмомалї Шарипович Рањмоновро ором гузошта наметавонист. Ўро айбдор карданд,  ба унвонаш суханњои ноњаќ гуфтанд, аммо ў ба эњсос дода нашуд, сахтињоро ба дўш гирифт, оташи кинаву адоватро фурў бурд ва тавсия дод, ки  бародарони ќирѓизро  дастгирї кунем. Зеро онњо таљрибаи љангї надоштанд.

       Зимнан,  ин воќеањоро баъзе «дўстон»-и мо мехостанд барои  тезу тунд гардонидани  вазъи сиёсї истифода баранд. Ќисме аз гўруњњои дар водии Ќаротегин  мављуд будаи собиќ мухолифин бо сабабњои айнию зењнї ба  Ќуввањои  Мусаллањи  љумњурї то њол шомил нашуда буданд.

Аз дигар тараф, тибќи суратљаласаи 7 июли соли 1999-ум, ки Президенти љумњурї Э.Ш. Рањмонов ва сарвари Неруњои мухолифини тољик Саид Абдуллои Нурї ба имзо расонида буданд, ин санад марњилаи ба итмом расидани реентигратсияро љамъбаст кард. То 21 августи соли 1994 гурўњои силоњбадасте, ки ба маќомоти ќудратии љумњурї шомил нашуда буданд, бояд, ки халъи силоњ мешуданд ё ин ки бар зидди онњо амалиёт аз љониби маќомоти ќудратї ва њифзи њуќуќ гузаронида мешуд.

            Аз рўйи маълумотњои мављуда дар ќатори ин ашхос Љумъаи Намангонї бо зердастонаш њам шомил буд, ки дар муњлати муайяншуда бояд мавќеашро маълум мекард. Ин талаб ба ў аз тарафи Њукумати љумњурї пешнињод шуда буд ва маълумоти даќиќ оиди он ки ў маќсади тавассути пайрањањои куњї ба Ќирѓизистон рафтанро дорад, доштем. Идорањои ќудратии Љумњурии Ўзбекистон ва Ќирѓизистон аз маќомоти ќудратї ва њифзи њуќуќи љумњурии мо барќияњо нисбати тезу тунд шудани вазъият дар баъзе ноњияњои ин љумњурињо гирифтанд. Мутаасифона, онро ба инобат нагирифтанд ё нахостанд, ки ба инобат гиранд. Оќибат ин бепарвоии онњо сабаби рехтани хуни ноњаќ дар баъзе навоњии вилоятњои Баткент, Фарѓона гардид.

Аслан њамин тўхматњо маро водор карданд, ки њар чї набошад њам. То њадде ба ин масъала равшанї андозам, овозањои бардуруѓро ботил созам. Ман на ба умеди њимояи љумњурї, њукумат ва халќи он калам ба даст гирифтам. Зеро хуб медонам, ки њељ як фарди Тољикистон, Њукумати Тољикистон ягон гуноње надоранд.

            Аслан дар ин навиштаљоти навбатиам мехоњам он воќеањоро мавриди назари шумо созам, ки аксари шумо дар ин  бора аз  кўчаву бозор хабар шунидаед. Аммо шумо аз он бехабар, ки дар ќиболи ин воќеањо чї ќадар љонбозињо паси сар шудаанд, кињоянд, ки ба ин корњо  рўзу шаб вобаста буданд. Ин  љо њама аз њаёти воќеии таърихи навтарини  тољикон наќл мешавад. Ягон сатраш  бофта нест. Мумкин шумо саволе ба миён гузоред, ки оё навиштани ин воќеањо зарурате дорад!

            -Бале, зарурат њаст. Мо на барои худнамойї, балки барои таърихи халќамон, барои дарси ибрат шудан ба наслњои ояндаи кишвари мањбубамон, барои тарбияи мењанпарастї, барои аз худхоњї ба манфиати Давлати соњибистиќлол, якпорчагии Ватан, вањдати Миллї даст кашидан аз имтиёзоту ѓаразњои шахсї, њадафњои сиёсї ва ѓайра њар чї ки дидему кардем, менависем.

            Аз чунин њодисањо сањифањои рангоранги фалсафаи сиёсатмадорї ва сиёсатшиносии  давлату давлатдории  мо ташакул меёбад. Ин сањифањо таърихи ранљу зањмати сарвари Давлат, Њукумат  ва аъзоёни Њукумат, шахсони људогонае, ки  дар  ин љода кору фаъолият кардаанд, мебошад.

Њамаи бесару - сомонињои дар водии Рашт мављударо ба назар  гирифта, барои мўътадил гардонидани вазъи сиёсиву иќтисодии минтаќаи моњи ноябри соли 1999-ум номбурда Раиси Љумњур як комиссияи босалоњияти давлатї таъсис доданд ва онро ваколатдор карданд, ки тамоми чорањои заруриро андешад.

Дар њайати комиссияи таъсисгашта  намояндагони њукуматї ва собиќ мухолифин шомил шуданд. Сарвари комиссия  котиби Шўрои амният Азимов А.Н.  Њайати комиссияи тарафайн аз шахсони зерин иборат буд: Муњббатов С.,  Искандаров М.,  Адњамов Ѓ., Низомов М., Зиёев М., Искандаров М., Хайруллоев С., Сангинов Њ., Камолов С., Њамроќулов Х.  нависанда Мењмон Бахтї  ва боз як чанд нафари дигар. Дар назди  аъзоёни ин комиссияи  бонуфуз вазифа гузошта шуд, ки пеш аз њама, барои ба эътидол овардани вазъи ба миён  омада, дар водии Ќаротегин тамоми имкониятро истифода карда, њар чї зудтар ба сохторњои њукуматї шомил кардани гўруњњои боќимондаи мухолифин ва халъи силоњ намудани гўруњњои Љумъаи  Намангониро  ба итмом расонад.

            Аз рўи маслињати пешакї њайати  комиссия бояд, ки рўзи дигар пагоњии барваќт сўйи Ќаротегин њаракат мекард. Дар навбати худ мо бо фармондењи муфризаи сарњадии Љиргатол Искандаров М. пешакї маслињат кардем, ки  барваќтар баромада  меравем. Соатњои њашти пагоњї ман ва њамроњонам дар ду мошин ба роњ баромадем. Тахминан ќарибињои соати дувоздањ ба маркази ноњияи Дарбанд расида, аз сардори Шўъбаи корњои дохилї вазъияти роњро фањмида, баъд ба тарафи ноњияи Ѓарм њаракат кардем. Наздикињои соати чор  мо ба шањри Ѓарм ворид гаштем. Ман ба Искандаров фармудам, ки аз шиносњояш  дар бораи вазъият ахбороти муфасал гирад.

            Аз рўйи далелњое ки  мо доштем, Љумъа бо аъзои њизби исломии Ўзбекистониаш дар ноњияи Тољикобод ё Тавилдара, баъди аз муњорибањои дар вилояти Баткенти Ќирѓизистон кардааш, маскан гирифта буд. Мо дар  назди  идораи милиса каме дам гирифтем. Муњамадшоњ вориди бино шуд ва баъди фурсате берун омада хабар дод, ки дар атрофи роњи Дарбанд вазъият каме тезу тунд шудааст. Пешакї касе аз Душанбе тавасути телефон  хабар додааст, ки гуё  аъзоёни комиссия ба хотири мањв кардани гўруњи Мулло Абдулло ба ноњияи Дарбанд омада истодаанд. Мулло Абдулло ба зердастонаш фармудааст, ки тамоми аъзоёни комиссияро беяроќ карда, њайаташонро дар сурати муќобилият нишон доданашон  нобуд созанд. Гўё, ки фармондењони собиќ мухолифин дар шахсияти Муњаммадрўзї, Саламшоњ, Мирзохўља ба њукумат фурўхта шудаанд ва баъди  вазифа гирифтан муљоњидинро фаромўш  кардаанд. Ин таблиѓотњову овозањои бардурўѓ ќариб буд, ки боиси хунрезї шаванд. Хушбахтона, дар ин љода барои муътадил гардонидани вазъияти ба амаломада, Адњамов Ѓайратшо сањми босазо гузошт ва дар  гуфтугўи тарафайн ба онњо фањмонда тавонист, ки маќсад на љанг, балки ба эътидол овардани вазъ дар тамоми ноњияњои водї мебошад. Баъди ба даст овардани ин маълумотњо мо љониби ноњияи Тољикобод  роњ гирифтем. Пешакї ба камендатураи сарњадии Љиргатол ва гўруњи Носиров Абдуносир, ки бо љузъу томњои сарњадї шомил шуда буданд,  фармудам, ки барои таъмини бехатарии аъзоёни комиссия чорањо андешанд. Ваќте ки ба Тољикобод расидем, тамоми роњњо ва идорањо тањти тасарруфи ќуввањои сарњадї буданд. Аллакай  заминро   пардаи торикии шаб фаро гирифта буд ва дар ќишлоќњо оромии шабро фаќат  уллоси  сагон вайрон мекард. Њаво то андозае  мўътадил буд. Аз Тољикобод баъди фањмидани вазъият мо ба Њойит, ба он дењае рафтем, ки чанд дањсола пеш заминларза кулли истиќоматкунандагони онро ба коми худ фурў бурда буд. Аз набзи замин фањмидан осон буд, ки боз бар сари мардуми ин диёр хатаре аз берун,  тањдид мекунад ва он њарчи зудтар бояд  аз байн бурда шавад. Мо шаб дар хонаи Искандаров монда, пагоњии барваќт ба ноњияи  Тољикобод баргаштем, то  ба њайат якљоя шуда наќшаи корро кашем. Ваќте ки ба идораи Њукумат   расидем, ќариб њамаи аъзни комиссия онљо буданд. Фаќат  Зиёев М. ба гуфти онњо шаб бо чархбол ба ноњияи  Тавилдара  рафта будааст. Вазъият дар дохили ноњия бо сабаби љой доштани  гўруњњои мусаллањ тезу тунд мешуд. Барои ин замина муњаё буд. Дар ќисми болои маркази ноњия гуруњњои Шайх љойгир буданд. Дар марказ бошад, гўруњњои сарњадї ва аз љониби дигар њозирбошњое, ки дар њайати аъзоёни комиссия омада буданд. Кўшиши чанд маротиба ба назди Шайх рафтани намояндагон оиди гуфтушунид  натиљае набахшид. Аз љониби  тарафдорони Љумъа њам ягон кас набаромад. Мураккабии кор дар он буд, ки Шайх ва фармондењони мањалї мављудияти гуруњњои Љумъаро дар Тољикобод инкор  мекарданд.

Тамоми муаммоњои мављуда ва дар пеш истодаро ба эътибор гирифта бо Азимов А. ва аъзоёни комиссия маслињат кардем, ки  бояд њатман  ба Тавилдара рафта Љумъаро ёбем. Пеш аз  сафар ба Тавилдара, ба Искандаров фармудем, ки  гуфтушунид-њоро ба  намояндагони ќирѓиз ва љонибдорони Љумъа оиди дарёфт ва озод кардани шањрвандони Љопон давом дињад ва мо њамроњи капитан Њокимов М.- собиќ фармондењи комендатураи сарњадии ноњияи Фархор, ки њамчун ронанда ва  иктишофчї  омада буд, дар автомашинаи «Ниссан-Патрол» ба Тавилдара роњсипор гаштем. Дар роњ мо якчанд постњоро гузаштем, онњоро гўруњњои силоњбадаст бо як ѓурури фаќат ба тољикон хос, назорат мекарданд. Калонтарин пост дар  Лаби Љар воќеъ буд. Мо аз он гузашта аз сероњаи тарафи Дарбанду Ѓарм ба роњи Тавилдара баромадем.

Тахминан ќарибињои соати њашти бегоњ  буд, ки ба хонаи Мирзо расидем. Ў моро хеле хуш пазируфт ва бо тамоми назокатњои тољикї мењмоннавозї намуд. Баъд ману Мирзо сари миз нишаста вазъияти ба миён омадаро тањлил  кардем.

            Мо тамоми пањлўњои бе хунрезї њаллу фасл кардани вазъи дар водї ба амалоамадаро  тањќиќ карда, ба хулоса омадем, ки  ягона роњи дуруст Љумъаю  зиёда аз сесад силоњбадастонаш ва њамчунин  гурезањои аз Фарѓонаву Андиљон ва Намангон њамроњ шударо аз минтаќа барорем. Комиссия чунин ваколатро аз сарвари давлат дошт.

            Мирзо дар бањри фикру андеша ѓўтавар шуд. Ў њадафашро ба ман иброз надошт. Ман наѓз дарк кардам, ки ў дар таассуф аст.  Мирзо кўшиш мекард, ба масъала аз мавќеи љавонмардї, ватандўстї бањо дињад. Албатта ин таъхир ва андешаи Мирзо асос дошт. Охир ў дар муддати зиёда аз чор сол  бо Љумъа ва зердастонаш дар як  сангар меистод, бо эшон њаммаслак буд,  сарфи назар аз ин,  Мирзо матонат нишон дода  масъулиятро ба дўш гирифт ва такрор ба такрор гуфт, ки ба хотири њаммаслакї ман њаќ надорам, ки аз бањри якпорчагии Тољикистон ва вањдати миллї гузарам. Воќеан њам Зиёев наѓз мефањмид, ки гуфтугўи мо бо  Љумъа аз мавќеи шахсиву шахсият нест, балки аз мавќеи давлату  давлатдорї, сиёсатмадорї   аст ва он ба таври бояду шояд  фаќат бо роњи сулњу салоњ ва бехунрезї анљом ёбад.

-          Саволи ногањонии ман якбора Зиёевро парешон кард:

-          Мирзо!  Бояд, ки  бо худи Љумъа вохўрда, мушахас бо ў 

гуфтугў кунем,  талабро оиди тарк кардани ќаламрави љумњурї пешнињод кунем, фикрњои ўро шунавем ва сипас  ба як ќарори муаяйн омада, хулосаи  аниќ  барорем.

-          Мирзо њамзамон ба суоли ман посух дод ва тасдиќ кард,

ки албатта њарчї набошад њам,  мо,  њатман, ба Љумъа робита карда, вазъи ба миён омадаро арзёбї намуда, роњи наљотро якљоя љустуљў мекунем. Ваќте ки њарду ба як хулоса омадем, Мирзо ба яке аз њозирбошњояш фармуд, ки то пагоњ Љумъаро дарёфт карда ба назди мо даъват кунад. Баъд Мирзо ба љойи хобаш рафту ман дар  мењмонхона танњо монда каме ёзидам.

Ќарибии   соати   панљи    субњ     маро     садои    ѓалоѓула

дар  њавлии Мирзо аз хоб бедор кард. Дарро кушода дидам, ки рўи њавлї аз силоњбадастон пур аст ва аксарияти омадагон байни худ бо забони узбекї њарф мезаданд. Пайхас кардам, ки як идда аз гўруњи Љумъа омадаанд.

            Баъди фосилае  дари мењмонхона боз гардиду Мирзо њамроњи як љавони миёнаќади ришдор вориди њуљра шуданд. Мирзо марди воридгаштаро ба ман шиносонида гуфт, ки њамин аст ќумондон Љумъа. Ман бо ў салом алейк ва ба нишастан  имо  кардам.

Намангонї саволњои маро шунида дар бораи фаъолият ва кору бораш то пош хўрдани Иттињодияи Шўравї ва дар давраи мустаќилияти Љумњурии Узбекистон наќл кард. Асосан ў аз синни хурдї ба омўхтани мўњтавои дини мубини ислом шурўъ кардааст. Аслаш дењќонзода. Чанд тан бародару хоњараш аз тарафи идорањои ќудратии Ўзбекистон барои фаъолияти динї доштанашон гуё таъќиб шудаанд. Худаш баъди њодисањои ба њамагон маълуми дар вилоятњои Андиљону Намангони  Ўзбекистон рух дода, аз он љо фирор карда,  бо њамроњии сарвари њизби исломии Ўзбекистон  Тоњир Юлдошев(њоло дар Афѓонистон аст) ба Тољикистон меояд. Ў дар љангњои бародаркушї дар  Шањритус, Ќуббодиён ва дигар ноњияињои  вилояти Хатлон иштирок кардааст. Баъд њамроњи гурезагони Тољикистон соли 1992 сарњади давлатиро убур карда ба давлати исломии  Афѓонистон   гузаштааст.  Онљо   ба њайси  ќумандони  муљоњидин таъин гашта, соли 1993 дар муњорибањои сарњадии  дар ноњияи  Шўробод гузашта ва солњои 1994-1997 дар водии Ќаротегин  бар зидди ќуввањои Њукуматии Тољикистон љангидааст.

Аз сўњбате, ки бо ў доштам, аз сурату сираташ маълум буд, ки ў муллои таблиѓгари хубест,  аммо њамчун фармондењ малакаи зарурї надорад. Баъди  ошнои бо ў ман ва Мирзо оњиста-оњиста ба сари маќсад омада аз гаравгонњои  зери дасташ  буда пурсон шудем.

            У иќрор кард, ки  якчанд кормандони идорањои ќудратї, аз он љумла сардори ќушунњои Вазорати дохилии Ќирѓизистон, ва се тан шањрванди Љопонро  ба гарав гирифтааст,  аниќтараш аз тарс онњо худашонро супориданд.

Намангонї  бо тамасхур наќл мекард, ки чанде аз гарвагони Ќирѓизистониро ба њукуматдорони онњо фурўхта барои хўроку либоси аскарбачањояш андак пул њам кор кардааст.  Иќрор шуд, ки барои афсарони аз банд озодшуда тайи сад њазор доллари амрикойї гирифтааст, ва тибќи маслињати пешакї бо ќирѓизњо ба Тољикистон баргаштааст. Нисбати дар кадом мавќеъ ќарор доштани боќимондаи гаравгонњо, ў ба мо ягон гуна маълумот надод. Дар тасарруфи худаш будани гаравгононро тасдиќ карда хоњиш намуд, ки ќирѓизњову намояндагони давлати Љопон  агар онњо маблаѓи талабкардаашро ба ў дињанд, худи пагоњ гаравгонњоро  бармегардонад. Аз гуфтањои Љумъа мо пай бурдем, ки гаравгонњо дар кадом  як гўшаи кўњистон, дар  дењаи Зардолуи вилояти Баткент нигоњ дошта шудаанд. Бояд ёдовар шавам, ки барои бурдани гуфтушунидњо бо намояндагони идорањои ќудратии Ќирѓизистон Искандаров М.  мутасади буд.

Баъди мусбат анљом  ёфтани   масъалаи  якум,  ману Мирзо љилави сўњбатро пиромуни проблемаи асосї, яъне  бехунрези њалу фасл кардани таќдири ояндаи ў ва зердастонаш оѓоз кардем.  Алакай оиди чорабинињое, ки бар дўши њайати комиссия гузошта шуда буданд, ў воќиф ва ахбори муфасале дошт. Ба тарзи  малуломез ба Мирзо мурољиат карда ўро таъна кард, ки солиёни зиёде мо бо шумо дар як сангар   љангидем, нону намак хўрдем ва имрўз, ки шумо, собиќ ќумандонњо, сари ќудрат омадаед,  моро аз ватанатон меронед. Мо ба њељ куљо намеравем. Шумо тасавур кунед, ки агар тарафдорони њизби мо дар Ўзбекистону Ќирѓизистон намебуданд, чї тавр ман бе тайёрї, бе  ягон замина муљоњидинро ба он минтаќањо мефиристодам. Тибќи хабарњои расида вазъ њамин тавр њам буд. Воќеан њам саволе ба миён меояд, ки чаро расонањои хабарии ин ду љумњурї пайваста иттилоъ медоданд, ки  гўруњњои њизби исломї аз сарњадї Тољикистон убур кардаанд. Онњо ки дар самтњои Баткенту Намангон, Фарѓонаву дигар ноњияњои  Ўзбекистон мељангиданд, чї гуна пайдо шуданд?  Либос, хўрокворї, тиру тўпро дар мудати се моњ аз кї гирифтанд? Албатта, бе ёрии бевоситаи ташкилотњои ѓайрирасмии њизбашон онњо фаъолият карда наметаовнистанд. Фикр мекунам, ки тавасути айбдор кардани Њукумати Тољикистон оиди зудухўрдњо, мехостанд, ки мардумашонро аз проблемањои дохилї, вазъи ноустувори љамъиятиву сиёсї дур кунанд. Хусусан њукуматдорони Ўзбекистон бояд дарк кунанд, ки ќуввањои беруниву дарунии кишварашон муштаракона амал карда кайњо  боз мухолифинро ташаккул додаанд. Айб-вазъи номуътадили њамин кишварњост, на марзу буми Тољикистон!

 Ба маломатњои Љумъа нигоњ нокарда Мирзо оњиста ба сухан даромад ва ба ў фањмонд, ки «Бародар љои  хафагї нест, њар як фард бояд ба таќдир тан дињад. То он рўзе  ки якљо будем, мо нисбати шумо, зану фарзандатон њар чї аз дастамон омад, кардем. Лекин  имрўз  барои мо аз як порчагї ва вањдат дида чизи заруртаре нест. Мо  тарафдори рехтани хуни ноњаќ нестем.  Дида истодайї, ки ба сари мо айбномаву доѓњои сиёњро њамшањрињоятон бор  кардаанд. Ба ин нигоњ нокарда сарвари мо санги маломат назад, ба хотири вайрон нашудани муносибатњои њамсоягї то бас гуфтана тамкину тоќат кард.  Таклифњои ўро  оиди кушодани роњ дар сарњади  љониби Ўзбекистони вилояти  Баткенти  Ќирѓизистон мо  дастгирї накардем. Оќибати чунин «мењрубонї», албатта,  ба мо маълум буд. Чунин  сурат гирифтани масъала ба љанљолњои  минтаќавї оварда мерасонд.

            Тахминан соатњои њафти сањарї Љумъа риштаи суханро канда гуфт: « ба њар њол бо устодам як машварат карданам лозим» ва хайру маъзур   карду рафт.

Ману     Мирзо ваќти холиро  истифода намуда, барои  маслињати кор ба лаби дарёи Хингоб рафтем. Ќарибињои нисфирўзї баргашта ба хонаи Мирзо омадем.

Ваќте     ки    вориди  хона   шудем,   ба  мо   хабар  доданд, 

ки Азимов А. илтимос кардаанд, ки бо Тољикобод  тамос бигирем. Аз мухобирачї илтимос кардам, ки моро бо њам пайваст кунад. Баъди њолпурсињои такрорї ман ба он кас  муфасал оиди вохўриамон бо Љумъа иттилоот додам. Пурсиданд, ки то чї андоза бовар кардан мумкин? – Гуфтам: аз эњтимол дур нест, ки боз гуфтугў идома ёбад. Аммо аён њаст, ки ў мушовир дорад ва фишор бештар аз љониби баъзе ќумандонњои водї њис карда мешавад, гўён ибрози назар кардам. Њамзамон таъкид карданд, ки агар то бегоњї мо наомадем, ба њар воситае ки бошад, Шумо ба Тавилдара биёед. Баъди нисфирўзї каме ваќти холи пайдо шуду Муњаммадї Њакимов ба назди ман даромада хабар дод, ки дар давоми гуфтушунидњои мо ў, дар байни силоњбадастони ўзбек ду фарди хориљиро дида бо онњо њамсўњбат шудааст. Ќариб  ки њамаи зердастони Љумъа ба яке аз онњо Устод Абдулло гуён  бо як эњтироми хоса мурољиат мекарданд ва маслињат  мепурсиданд. Номи падари дуввўм Абў будааст. Баъд маълум гардид, ки мушовирони Љумъа – Устод Абдуло араб ва Абў њинду будаанд. Мо аниќ кардем, ки онњо дар хидмати силоњбадастони ўзбек аз рўзњои ќумандон таъин шудани Љумъа ширкат доштаанд.  Њамаи амалиётњо, тайёр кардани лавозимотњои  тирпарронї, машќњои њарбї бевосита дар тањти назорати онњо мегузоштааст.  Ваќте ки ман аз ин воќеа огоњ шудам, бараъло фањмидам, ки Љумъа боз як машварат кунам гуфта рафтанаш маънї доштааст. Ў њамин мушовиронашро модди назар доштааст.

            Рўз  њам бегоњ шуд. Ќарибињои соати шаш Амирќул Азимов  бо њамроњии Ѓайратшо Адњамов ба хонаи Мирзо омаданд. Он кас аз  гуфтугўњои бо Љумъа љой доштаи мо муфассал воќиф гардиданд.

            Баъди шом њозирбошњои Мирзо хабар доданд, ки Љумъа бо якчанд њозирбошњояш омад. Расидан, пас ўро Мирзо ба мењмонхонае ки мо љойгир шуда будем, даъват кард. Азбаски ману Мирзо пагоњии њамон рўз бо ў сўњбат доштем, суханро Азимов оѓоз карданд ва ба Љумъа  маќсади омадани комиссияи давлатиро ба водии Ќаротегин шарњ доданд ва талаб карданд, ки њамаи онњо минтаќаро тарк кунанд. Ман дар ин љо мазмуни гуфтушунидро ошкор намесозам, зеро  раванди гуфтугў њамон сўњбати субњидам кардаи моро такрор менамояд.

Љумъа домани бањсро кўтоњ  карда  гуфт:

     -    Мо   тамоми   андешањои шуморо дар тарозуи аќл баркашида ба хулосае омадем, ки  Тољикистонро тарк мекунем.

            Инро гуфту ба сукут рафт. Мо бањси зиёде накарда ва бе шарњи Љумъа њам пайхас кардем, ки  розигии ў аз талвосаи љон аст. Воќеан, ў метарсид. Лекин барои мо, тољикон, аз љонњои ширинамон дида њам оромии водї ва кишварамон ширинтар буд.

            Баъди ќабули  талаби мо бехунрези њаллу фасли масъала нисбати гаравгонњои Љопон  боз сухан оѓоз  намудем. Ў хабар дод, ки Билол њамроњи  Муњамадшоњ бо кормандони идорањои ќудратии Ќирѓизистон ва сафорати Љопон гуфтушунид дорад ва то субњи дигар дар радифи иљрои талабњои баррасишуда онњо низ озод мешаванд. Дар њамин љо ќарибињои нисфи шаб сўњбати мо анљом ёфт. Баъд маслињат кардем, ки  ќарибињои субњ сўи  Тољикобод њаракат мекунем. Љумъа моро нигарон нашуду баромада рафт. Пагоњї то дамидани субњ мо њам баромада ба Тољикобод рафтем.

            Дар роњ ман ѓарќи фикру андеша будам, Офаридагорро саволборон мекардам, аз ў посух мехостам. Зери лаб  ба такрор мегуфтам: « Худоё чї гуна таќдир офаридї?  Мо бандагонат хилофи амрат кор намекунем - ку, ба лутфу мењрубонињоят ањсант, офарандаву офаридгори мо  туйї, њамин занњою духтарњо, њамин тифлакони бегуноњ чаро ин ќадар сарсонанд, чаро он муштакони пар гуреза ном гирифтаанд, чї гуноње дар ќаламрави њамсоя кардаанд онњо. Э, Худованди бузург чаро ин бечорагонро бадбахту парешон ва хонасалот кардайї?,  Чаро?, Чаро?, Чаро золимпарвару мазлумкуш њастї? Чаро?! Чаро ба онњо адл намекунї?  Онњо аз дасти  золимони худї ба ин вартаи њалокатбор расидаанд. Охир  он золимони  кўтоњназар фикр намекунанд, ки дунё барои касе љовидон нест?!.

            Баъди  ба Тољикобод, расидан дар  бинои Кумитаи иљрояи ноњия мо  ба њамаи аъзоёни комиссия  оиди гуфтушунидњо гузориши муфассал додем ва аъзоёни Комиссияи давлатї аз озод шудани гаравгонњо ба мо мужда доданд. Ќарор  шуд, ки масъалањои љобаљокунї ва реинтегратсияро бо фармондењони  ба сохторњо  то њол  шомил намуда, намояндагони идорањои ќудратии љумњурї, ки дар њайати комиссия буданд, њаллу фасл хоњанд кард. Гуфтушунидњо дар Тољикобод    ду-се рўз идома ёфтанд ва муддате чанд нагузашта бисёре аз масъалањо  њал шуданд. Дар вохўрие, ки дар њавлии Шайх бо иштироки Љумъаву дигар ќумандонњои ноњия гузашт, мо ба мувофиќа расидем, ки тамоми гурезаву силоњбадастони узбек аз Њоиту Тољикобод, Ѓарму Дарбанду  Тавлидара  озими сафар шуда дар муддати дањ рўз минтаќаро тарк мекунанд.

Хонандагони гиромї! Ба он хотир љараёни сўњбат, гуфтушунид, нишасту бархост, талошу муборизањои Комиссияи давлатии Тољикистонро оид ба мўътадил гардондани вазъи минтаќа, бе хунрезї њаллу фасл кардани тамоми масъалањо ќаламдод кардам, ки Шумо аз баъзе рафторњои нољавонмардонаи роњбарияти маќомоти ќудратии Љумњурии Ќирѓизистон огоњ нестед.

 Баъди баргардонидани гаравгонњо, хусусан шањрвандони Љопон, аз  барномаи марказии телевизиони Федератсияи Руссия «Вести» дар бораи нишасти матбуотии дар Бишкек барои журналистони хориљї барпошуда, Президенти Ќирѓизистон  љаноби А.Акаев, роњбарони идорањои ќудратї, котиби Шўрои амнияти Ќирѓизистон  бењаеёна хабар доданд, ки дар натиљаи фаъолияти самарбахш ва амалиётњои моњиронаи онњо гаравгонњо озод карда шуданд. Ноинсофї ба љое расид, ки аќалан як бор нагуфтанд дар ин комёбї кормандони њифзи њуќуќ ва идорањои ќудратии Тољикистон низ сањм доранд. Дар асл, тамоми гаравгонњоро харида  ба Љумъа маблаѓи калони сўм доданд, ки њудуди Ќирѓизистонро  тарк карда боз ба Тољикистон баргарданд.

Баъди  муњлате, ки аъзоёни комиссия ба Љумъа талаб пеш-

нињод карда буданд, ў бо зердастонаш ќаламрави Тољикистонро тарк кард.

Њар оѓоз билохира анљом дорад.

 

 

 

Фењрести

меъёрњои њуќуќї, ќонунњое, ки дар таъсиси

маќомоти ќудратии Љумњурии Тољикистон

барои амнияти миллї ќабул шудаанд.

 

            Љангњои  шањрвандии  дар муддати солњои 1992-1997  дар мамлакат тўлкашида, боиси вайронии таъмини амният, бефаъолиятї ва дар бисёр минтаќањо аз байн рафтани маќомоти идораи ќудартї ва њокимияти миллї гардид, ки он барои гурўњњои љангї шароити мусоид фароњам овард.

            Њаќиќати воќеї аз сарвари давлат, ки аксарияти сохторњои корношоям насибаш гашта буданд, талаб мекард, ки барои њалли вазъи печидаи сиёсї ва иќтисодии ба бўњронафтодаи  кишвар ва барои таъминоти њуќуќї њарчї зудтар тадбирњои фаврї биандешад.

            Эњсоси  давлати њуќуќбунёд амри   тўлонї буда, вай тадќиќу тањлил, омўзиш ва тањияю ќабули ќонунњоеро таќозо дорад, ки онњо бояд манфиати давлат, љомиа ва афродро ифода намоянд.

            Артиши сарњадии Љумњурии  Тољикистон,  чун тифли навзод,  самараи  истиќлолияти давлатии кишвар мебошад, ки амалан баъди њазор сол даст додааст.

Дар эљод ва ташаккули ин тифл наќши Давлати тозаистиќлоли тољик ва Президенти мамлакат Э.Ш. Рањмонов хеле бузург аст. Мањз бо талошњои пайгиронаи ў аз соли 1992 инљониб як силсила меъёрњои  ќонунї ќабул карда  шуданд, ки дар ташкил, рушду нумуъ ва ба танзим оврдани масъалањои сарњадї,  таъмини њуќуќу ўњдадорињои сарњадбонон дар љомеаъ сањми баѓоят бориз доранд.

            Дар илми њуќуќшиносї агарчї њуќуќњои конститутсионї, маъмурї, маќоми њокимияти давлатї дар мањалњо, асосњои ќонунгузории шањрвандї, њуќуќи экологї, оилавї, мењнатї, молиявї, соњибкорї, андоз, гумрукї,  љиноятї  ва ѓайра аз даврони  шўравї сар карда як маљмўи муайянро  ташкил  дињанд њам, њуќуќи режими сарњади давлатї дар љумњурї дар љойи холї ќарор дошт. Дар   олами улуми њуќуќ  њуќуќи режими сархади давлатї падидаи нав аст, ки то њоло дар љомеа аз љониби њуќуќдонњо мавриди тањќиќ ќарор нагирифтааст. Он санадњое, ки тайи дањ соли мустаќилияти љумњурї ба табъ расиданд, то як андозае сохти марзи маъмурии  Тољикистонро муайян менамоянд, ба њуќуќи конститутсионї тааллуќ доранд. Онњо меъёрњои њуќуќие њастанд, ки сохти миллии Артиши сарњадии Љумњурии Тољикистонро ба танзим андохта, усули ташаккул, шаклњои фаъолият ва салоњияти Сипоњиёни сарњадиро муайян мекунанд. Инњо маљмуи  ќарорњои Маљлиси миллї, фармонњои Президенти кишвар, Шартномањову Суратљаласањои байнидавлатиро дар бар мегиранд.

            Нахустин меъёри њуќуќие, ки  барои таъсиси Сипоњиёни сарњадї замина гузошт, ин фармони Раёсати Шўрои олии Љумњурии Тољикистон аз 18.12. соли 1992 «Дар бораи тадбирњои бењтар намудани њифзи марзи давлатии Љумњурии Тољикистон» мебошад. Ин ќарор дар њассостарин рўзњои мамлакат, дар  мураккабтарин давраи  вазъи љамъиятиву сиёсї ба хотири таъмини риояи ќонунњои режими марзи дар минтаќаи сарњадї ва хати сарњади љумњурї, пешгирии њодисањои ба љумњури овардани аслиња, лавозимоти љангї, маводи нашъаовар ќабул  карда шуда буд.

            Тибќи Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва бо маќсади пурзўр намудани муњофизати сарњади давлатї, расонидани ёрии амалї ба Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва таъмини њамкории самаранок бо онњо, роњ надодан ба њодисањои вайрон кардани  марзи Тољикистону Афѓонистон 28 декабри соли  1992 ќарори  Раёсати Шўрои Олии Тољикистон «Дар бораи ташкили Раёсат оид ба  муњофизати сарњади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид.

            Бо фармони Раёсати Шўрои олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъсиси Ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон» аз 30 майи соли 1994 тањти раќами № 273 дар заминаи Раёсати муњофизати сарњади давлатї Сипоњиёни Вазорати амният таъсис ёфтанд.

            Дар ин љода меъёрњои њуќуќие, ки имрўз дар  љумњурї эътибор доранд, ба ду гурўњ таќсим мешаванд. Гурўњи аввал он ќонунњое, ки  ба хотири таъмини амнияти кишвар равона шудаанд ва ба Ќуввањои Мусаллањи љумњурї  вобастагї доранд. Гурўњи дуюм ќонун, меъёрњои њукуќї, шартномањои тарафайни давлатї ва соњавї мебошанд, ки бо дигар давлатњо амал мекунанд ва фаъолияти  маќомоти сарњадиро ба танзим медароранд.

            Дар давраи солњои мустаќилият ќонун ва меъёрњои њуќуќие, ки   аз тарафи Маљлиси миллї, Њукумати љумњурї ва Президенти Љумњурии  Тољикистон ба табъ расиданд инњоянд:

-          ќонун «Дар бораи сарњади давлатии Тољикистон»  аз

1.08. с. 1997;

-          ќарори   Њукумати   Љумњурии Тољикистон аз  1 феврали

соли 1997, № 57 «Дар бораи таъсиси Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон»;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 сентябри соли 1998  «Дар бораи гузаргоњњои сарњадии давлатии Љумњурии Тољикистон» № 368;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оиди «Номгўи  Гузаргоњњои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон» аз 12.09. с.1998 № 368;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15.06.1997 № 318 «Дар бораи тартиби ба роњ мондани назорати сарњадї дар гузаргоњњои баъзе ќитъањои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар фурудгоњњое, ки барои парвозњои байналњалќї кушода шуданд»;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28.12. с.1998,  № 419-11  «Дар бораи ворид сохтани таѓйироту иловањо ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12.09.1998 № 368 « Оиди  нуќтањои убур аз тариќи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон»;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 16.02.1999, №47 «Дар бораи таъсиси љузъу томњои муваќќатии Ќуввањои Мусаллањи доим- амалкунанда ва дигар ќисмњои њарбии Љумњурии  Тољикистон аз њисоби воњидњои мусаллањи њарбии Иттињоди мухолифини тољик»;

            - Созишномаи байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии гурўњи сарњадоти Федератсияи Русия дар Тољикистон аз 25 майи соли 1993;

            - Суратљаласа аз 26.11. соли 1994 «Дар бораи тартиби мабалѓгузорї ва таъминоти моддї-техникии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошанд»;

            - Суратљаласаи байни Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ва хадамоти Федералии  сарњадии  Федератсияи Русия «Дар бораи тартиби фаъолияти намояндагони сарњадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар ќаламрави Тољикистон» аз 4.03. с.1996;

            - Низомнома  «Дар бораи ба тобеъияти амалиёти Гурўњи сарњадбонони Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон додани баъзе ќисмњои низомї ва воњидњои низомии Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон», ки дар асоси фармони Президенти љумњурї аз 4.09.1998, № УП-1051 ќабул шудааст;

            Суратљаласаи иловагї миёни Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон дар бораи тартиби амалї намудани назорати сарњадї дар нуќќоти убурї, ки барои иттиллооти байналмилалї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон боз мебошанд. Ин суратљаласа соли 1996 ба имзо расидааст.

            Дар фењрести  меъёрњои  њуќуќї баъзе ќарору  фармон-њое, ки  махфианд, нишон дода нашуданд.

            - Гурўњи дуюми ќонунњо ва меъёрњои њуќуќии амалкунанда, ки дар танзими амнияти миллии кишвар ва бунёди Ќуввањои Мусаллањи љумњури наќши сарнавиштсоз дошта бо Артиши сарњадї, ки узвии бевоситаи ин ќуввањо мебошанд, иртиботи зич  доранд, инњоянд:

            - ќонун «Дар бораи мавќеъ (статус) ва заминањои њимояи иљтимої ва њуќуќии хидматчиёни  њарбї ва ањли оилаи онњо» ( 26.06. с.1993);

            - ќонунњо «Дар  бораи  ўњдадории  умумии  њарбї  ва  хизмати   њарбї ( 26.06. с. 1993, № 790) «Дар бораи низоми њуќуќии вазъияти фавќуллода» (25.06. с.1993, № 785) «Дар бораи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон (26.06. с.1993, № 788);

            - ќарори Шўрои  Вазирони Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи «Низомномаи хидмати шартномавї дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон» (12.09. с.1993, № 466);

            - Фармони Президенти љумњурї аз 21.12. с.1994 «Дар бораи чорањои тайѓирнопазирии минбаъд бењтар намудани фаъолияти маќомоти корњои дохилї, амният ва Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон»;

            - Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи чорањои пурзўр намудани мубориза бар зидди љинояткорї, мустањкам намудани ќонуният ва тартиботи њуќуќї» аз 23.04. с.1995, № 341;

-          ќонун «Дар бораи яроќ» (1.02. с.1996, № 232);

-          ќонун  «Дар   бораи    маќомияти    Прокуратураи    Љум-

њурии Тољикистон» ( 11.03. с.1996, № 289);

-          ќонун «Дар  бораи сири давлатї» (14.12. с.1996);

-          Фармони     Президенти   љумњурї     «Дар    бораи     тад-

бирњои   пурзўр кардани мубориза бо терроризм» (21.04. с.1997);

            - ќонун «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї (1.08.    с.1997, № 484);

            - Фармони Президенти  Љумњурї аз 13.08. с.1997, № 798 «Дар бораи баъзе тадбирњои ба эътидол овардани вазъи њарбию сиёсї дар Љумњурии Тољикистон»;

            - Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28.10. с.1997, № 859 «Дар бораи таъсиси комиссияи марказии муштараки аттестатсияи њайати шахсии реинтегратсияшудаи воњидњои њарбии Иттињоди Мухолифини тољик ва сохторњои њарбии Њукумати Љумњурии Тољикистон»;

            - ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои бењтар кардани тарбияи мутахассисон барои Ќуввањои Мусаллањ, Горди президентї, Сипоњиёни сарњадї ва дохилї дар мактабњои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаи Љумњурии Тољикистон»;

            - Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои таъхирнопазири тањкими ќонуният, тартиби њуќуќї, баланд бардоштани интизоми њарбї дар Ќуввањои Мусаллањ ва дигар воњидњои њарбии Љумњурии Тољикистон»;

            - «Низомнома дар бораи байраќи љангии ќисми њарбии Ќуввањои Мусаллањ, дигар ќўшунњо ва воњидњои њарбии  Љумњурии    Тољикистон» ноябри соли 1998, «Доктринаи њарбии Љумњурии Тољикистон» ( 4.11. с.1995, № 208);

            - Фармони Раёсати Шўрои олии Љумњурии Тољикистон аз 30.09. с.1993 «Дар бораи чорањои иловагии бештар мўътадил сохтани вазъи љамъиятиву сиёсї дар љумњурї»;

            - ќонунњо   «Дар  бораи  амният»  (28. 12. с.1993,  № 916)  «Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии     Тољикистон» ( 28.12. с.1993, № 917);

-          Фармони раќами 295-и  Президенти љумњурї «Дар бораи

ќатъиян манъ намудани  баромадани хизматчиёни њарбї аз њудуди ќисмњо» аз 15.05. с.2000;

Фармони Президенти љумњурї «Дар бораи барњам додани хизмати њарбї дар асоси ќарордод дар Ќуввањои Мусаллањ, дигар ќўшунњо ва воњидњои њарбии Љумњурии Тољикистон» № 296.

 

 

 

 

 

 

 

            У  К А З                                                                                                                                             У  К  А  З

 ПРЕЗИДИУМИ   ШЎРОИ  ОЛИИ                                                         ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

   ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН                                                                       РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

 

 

Дар бораи тадбирњои бењтар намудани њифзи

марзи давлатии Љумњурии Тољикистон

 

            Сарфи назар аз тадбирњои андешидашаванда оиди њифзи марзи давлатї ва таъмини риояи Ќоидањои режими сарњад дар минтаќаи сарњадї ва хатти сархади љумњурї вазъияти фавќулодда ба амал омадааст, ки ин ба андозае вазъияти бе он њам мураккаби љамъиятию сиёсии Љумњурии Тољикистонро душвортар мегардонад.

            Сатњи пасти тадбирњои режимї, ки маќомоти амнияти миллї ва корњои дохилї анљом медињанд, ба сарњадбонон мадади зарурї нарасондани маќомоти њокимият ва идораи мањаллї самараи кори  пешгирии њодисањои ба њудуди љумњурї овардани яроќ,  лавозимоти њарбї, маводи нашъаовар ва содир кардани дигар муомилоти ќочоќчигиро кам мекунанд.

            Фаќат дар муддати аз моњи маи соли равон ин љониб аз вайронкунандагони сарњад ва ќочоќчиён 425 адад яроќи оташфишон, беш аз 128 њазор лавозимоти љангї ва зиёда аз 7 кг моддањои нашъаовар гирифта шудааст.

            Мувофиќи ќарори иљлосияи шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва бо маќсади бењтар намудани њифзи марзи давлатии Љумњурии Тољикистон Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

            1. То мўътадил гардидани вазъи љамъиятию сиёсї дар ноњияњои марзии Љиликўл, Ќабодиён, Ќумсангир, Панљ, Шањритус, Москва, Мўъминобод, Фархор, Шўрообод, Ванљ, Дарвоз, Ишкошим,  Мурѓоб, Рўшон ва Шуѓнони Љумњурии Тољикистон режими гузарномавї муќаррар карда шавад.

            Шахсоне, ки  дар минтаќањои марзї доимї истиќомат  намекунанд, ба ин љойњо фаќат бо рухсатномањои (гузарномањои) махсусе, ки маќомоти корњои дохилї медињанд, рафта метавонанд.

            2. Муќаррар карда шавад, ки:

            а) ба рафтуои шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар минтаќаи сарњадї сукунати доимї доранд, мувофиќи паспортњои дорои мўњри махсуси маќомоти корњои дохилї рухсат дода мешавад;

            б) гузарномаи њуќуќи вуруд ба минтаќаи сарњадї ва иќомат дар он аз тарафи маќомоти корњои дохилии мањалли истиќомати шањрвандон дар асоси аризаи шахсии онњо ё илтимосномаю њуљљатњои дахлдоре, ки дурустии ин аризаю илтимосномањоро собит месозанд, дода мешаванд.

            Писару духтарони то 16-сола ба минтаќаи сарњадї якљоя бо падару модарон ё ашхоси њамроњикунандаи онњо ворид  гардида, номи онњо ба  рухсатномаи ин  ашхос сабт карда мешавад.

            в) муњасилини мактабњои олї, миёнаи махсус ва дигар муассисањои таълимї, ки пеш аз рафтан ба тањсил сокини мањалњои иќоматии минтаќаи сархадї буданд, ба ин мањалњо мутобиќи њуљљатњое  мераванд, ки  шахсият ва ба муассисаи таълимї мансуб будани онњоро тасдиќ  менамоянд, инчунин аз рўи справкаи кумиљрояњои Шўрои депутатњои халќи ноњияю дењањо, ки аз мањалњои ањолнишини минтаќаи сарњадї барои тањсил рафтани онњоро тасдиќ мекунад:

            г) гурўњњои шањрвандоне, ки барои ёрмандї ба колхозњо (совхозњо) љињати анљом додани корњои зироат, ба айлоќ бурдани чорво, иљрои корњои сохтмон, тањќиќот ва корњои зироат, ба айлоќ бурдани чорво, иљрои корњои сохтмон, тањќиќот ва корњои дигар, ба љаноза рафтан њамчунин гурўњи сайёњон, дастаи артистон ва дигар коллективњои шањрвандоне, ки дар минтаќаи сарњадї зиндагї намекунанд, ба ин минтаќа мувофиќи рухсатномаи ба номи роњбари ин гурўњ додашуда, ки дар он шумораи шахсони њамроњи ў раванда зикр гардидаанд ва мувофиќи рўйхати  ном ба номи рухсатнома замимашуда, ки ба он мансабдорон имзо карда, мўњри мудаввари корхонаю муассисањо ва ташкилотњои манфиатдори мањали хуруљ гузошта шуда, дар маќомоти корњои дохилї ба ќайд гирифта шудааст, мераванд. Шахсоне дар рўйхат зикршуда ба минтаќаи сархадї мувофиќи  њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсияти онњо мераванд;

            д) шањравандоне, ки мутобиќи тартиби мукарраргардида ба мањалњои ањолинишини минтаќаи сарњадї ба командировка фиристода мешаванд, ба он минтаќа аз рўи њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсияти онњо ва њуљљатњои командировка мераванд, ки ин њуљљатњои командировка дар маќомоти корњои дохилии мањали хурўљ њатман ба ќайд гирифта мешаванд;

            е) њаракати ањолии мањаллї дар њудуди минтаќи сарњадї њангоми торикї аз соати 20.00 то 6.00 ваќти мањаллї мањдуд карда мешавад;

            ж) њамлу наќли аслиња, лавозимоти љангиро танњо шахсоне анљом медињанд, ки барои кашондани онњо њуљљат доранд ва ин њуљчат аз тарафи маќомоти корњои дохилї ва амнияти миллии љумњурї бо тартиби муќарраргардида дода мешавад.

            З) Муќаррар карда шавад, шахсоне, ки дар вайрон кардани ќоидањои даромадан ба минтаќаи сарњадї ё иќомат дар он гунањкор дониста шудаанд, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз љињати љиної, маъмурї ё аз љињати дигар љавобгар мебошанд.

            4. Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба маќсади боэтимодии режими гузарнома дар минтаќаи сарњадї, пешгирї намудани њамлу наќли аслиња ва ќочоќбарї берун аз њудуди он, роњ надодан ба кирдори зиддиќонунии муќобили сарњадчиён њангоми иљрои вазифањои хизматиашон, барои адои хизмати якљоя  бо дастаи сарњадчиён дар нуќтањои назоратии  риояи тартиботи паспортии сарњадї, тафтиши васоити наќлиёти кормандони худро људо намоянд.

            5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон њифзи фаврию амалии сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, назорати риояи ќоидањои  тартиботи сарњадиро якљоя бо ќўшунњои сархадї пурзўр намуда, вайронкунандагони дастгиршудаи сарњад ва тартиботи сарњадиро тасфия намояд.

 

 

 

Раиси шўрои Олии

         Љумњурии Тољикистон                       Э. Рањмонов

 

 

            18 декабри соли 1992

                 шањри Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

            ПРЕЗИДИУМИ                                                                      ПРЕЗИДИУМ

            ШЎРОИ ОЛИИ                                                                ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН                                                РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

 

Дар бораи ташкили Управленияи оид ба

муњофизати Сарњади давлатии Кумитаи

давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон

 

 

            Мувофиќи Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва ба маќсади пурзўр намудани муњофизати Сарњади давлатї, расонидани ёрии амалї ба ќўшунњои сарњадии Федерацияи Россия ва таъмини њамкории самараноки онњо бо маќомоти мањаллии њокимият, инчунин роњ надодан ба њодисањои вайрон кардани сарњади Тољикистону Аф ва ба маќсади пурзўр намудани муњофизати Сарњади давлатї, расонидани ёрии амалї ба ќўшунњои сарњадии Федерацияи Россия ва таъмини њамкории самараноки онњо бо маќомоти мањаллии њокимият, инчунин роњ надодан ба њодисањои вайрон кардани сарњади Тољикистону Афѓонистон ва пешгирї намудани амали бадхоњонаи гурўњњои мухталиф ба муќобили сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

 

            1. Раёсати оид ба муњофизати Сарњади давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон бо шумораи 79 нафар ташкил карда шавад:

            Сохтор ва номгўи вазифањои Раёсати оид ба муњофизати Сарњади давлатї тасдиќ карда шавад (замимањои № № 1 ва 2).

 

            2. Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати ду њафта аз њисоби хизматчиёни њарбии Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, инчунин афсарони мустаъфї ва ўњдадорони њарбї, аз љумла дар асоси шартнома мукаммал намудани Раёсати оид ба муњофизати Сарњади давлатї таклиф пешнињод кунад.

            Ба кормандони Раёсати оид ба муњофизати Сарњади давлатї имтиёзоти барои хизматчиёни њарбии бригадаи таъиноти махсуси назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда дода шавад.

            3. Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон (рафиќ Абдуллољонов А.) дар мўњлати дањ рўз масъалаи љойгиронї, бопултаъминкунї, таъминоти моддию техникии Раёсатиро њал кунад, инчунин Низомномаи Раёсати оид ба Сарњади давлатиро тањия ва бо тасдиќи Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод кунад.

 

 

 

 

          РАИСИ ШЎРОИ ОЛИИ

       ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН    Э. РАЊМОНОВ

 

           

 

 28 декабри соли 1992,

                 шањри Душанбе.

                         № 989                                                                                                         

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ќ О Н У Н И

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРЊАДИ ДАВЛАТИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

            Мутобиќи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќаламрави Љумњурии Тољикистон таќсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

            Ин Ќонун асосњои њуќуќии муќаррар намудани Сарњади давлатї, хати гузариш ва њимояи он, инчунин ваколатњои маќомоти давлатї, маќомоти худидора, Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбиро оид ба масъалањои сарњадї муайян ва таќвият менамояд.

 

Б О Б И  I

МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

            Моддаи 1. Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон

            Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон (минбаъд – Сарњади давлатї – хат ва сатњи амудии аз ин хат гузарандаест, ки њудуди ќаламрави давлатии (хушкї, обњо, ќаъри замин ва фазои њавоии) Љумњурии Тољикистон, яъне њадди фазоии амали соњибихтиёрии давлатии Љумњурии Тољикистонро муайян менамояд.

            Сарњади давлатї бо санадњои ќонунгузории Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон, ки Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расондааст, муайян карда мешавад.

            Моддаи 2. Сиёсати сарњадии Љумњурии Тољикистон

            Сиёсати сарњадї љузъи сиёсати давлатии дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки онро маќоми олии њокимияти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

            Сиёсати сарњадї бо назардошти принципњои байналхалќии эњтироми соњибихтиёрї, тамомияти арзї ва дахлнопазирии сарњадњои давлатї ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Љумњурии Тољикистон:

            Сарњади давлатиро њамчун хати муайянкунандаи њудуди фазоии ќаламрави (хушкї, обњо, ќаъри замин, фазои њавоии) аз љињати њуќуќї таќвиятгардидае, ки дар он Љумњурии Тољикистон аз соњибихтиёрии комил ва тамоми њуќуќњо бархурдор мебошад, арзёбї менамояд;

            дар асоси ворисияти њуќуќии эълонгардида нисбати собиќ СССР, хати Сарњади давлатии худро, ки дар рўзи эътибор пайдо кардани њамин Ќонун ањдномањои амалкунандаи байналхалќї, аз љумла санадњои оид ба таќсимоти маъмурию њудудии Љумњурии Тољикистон ва дигар давлатњо – собиќ љумњурињои Иттифоќи РСС муќаррар намудаанд, тасдиќ мекунад;

            њангоми муќаррар намудан ва таѓйир додани хати Сарњади давлатї, муќаррар ва ба роњ мондани муносибатњои њуќуќии Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамсоя дар сарњад, танзими муносибатњои њуќуќї дар ноњияњои наздисарњадии Тољикистон ва дар роњњои алоќаи байналхалќї дар ќаламрави Тољикистон, тадбирњои мутобиќ ба маќсадњои таъмини амнияти Љумњурии Тољикистон ва амнияти байналхалќї, манфиатњои њамкории мутаќобилан судманди њамаљониба бо давлатњои њамсоя, принципњои њаллу фасли осоиштаи бидуни зўрии масъалањои сарњадиро анљом медињад;

            муќарраркунии низоми Сарњади давлатї ва фаъолиятї оид ба њимоя ва муњофизати онро бо давлатњо – иштирокчиёни Иттињоди Давлатњои Мустаќил њамоњанг месозад.

            Моддаи 3. Њимоя ва муњофизати Сарњади давлатї

            Њимояи Сарњади давлатї њамчун љузъи системаи таъмини амнияти Љумњурии Тољикистон ва татбиќи сиёсати давлатии сарњадии Љумњурии Тољикистон аз фаъолияти мувофиќашудаи маќомоти њокимияти давлатї ва худидора, ки онњо дар доираи ваколатњои худ бо роњи андешидани тадбирњои сиёсї, ташкилию њуќуќї, дипломатї, иќтисодї, мудофиавї, сарњадї, разведкавї, зиддиразведкавї, оперативї-љустуљўї, гумрукї, њифзи табиат, санитарию эпидемиологї, экологї ва дигар тадбирњо ба роњ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиќи тартиби муќарраргардида корхонањо, муассисањо, ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї ва шањрвандон иштирок менамоянд.

            Тадбирњои оид ба њимояи Сарњади давлатї мутобиќи статуси Сарњади давлатї, ки ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд.

            Љумњурии Тољикистон бо давлатњои хориљї дар соњаи њимояи Сарњади давлатї дар асоси принципњои эътирофнамудаи умум ва меъёрњои њуќуќи байналхалќї, ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон њамкорї менамояд.

            Њимояи Сарњади давлатї манфиатњои њаётан муњими шахсият, љамъият ва давлатро дар Сарњади давлатї, дар доираи ќаламрави наздисарњадї (минтаќаи сарњадї, ќисми тољикистонї, дарьёњо, кўлњо ва обанборњои дигари сарњадї, гузаргоњњои Сарњади давлатї, инчунин ќаламрави ноњия ва шањрњои маъмурии назди Сарњади давлатї, минтаќаи сарњадї, соњилњои дарьё, кўлњо ва дигар обанборњо ё гузаргоњњои сарњадї) таъмин менамояд ва аз љониби тамоми маќомоти њокимияти иљроия мутобиќи ваколатњои онњо, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, сурат мегирад.

            Муњофизати Сарњади давлатї ќисми таркибии њимояи Сарњади давлатї буда, дар доираи ќаламрави наздисарњадї дар хушкї, дарьёњо, кўлњо ва дигар обанборњо аз љониби ќўшунњои сарњадї, дар фазои њаво бошад – аз љониби ќўшунњои мудофиаи зиддињавої анљом дода мешавад.

            Муњофизати Сарњади давлатї бо маќсади роњ надодан ба ѓайриќонунї таѓйир додани хати Сарњади давлатї, таъмини риоя гардидани низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ва низом дар гузаргоњњои Сарњади давлатї аз љониби ашхоси воќеї ва юридикї анљом дода мешавад. Тадбирњои муњофизати Сарњади давлатї дар њамин Ќонун њамчун тадбирњои сарњадї арзёбї мегарданд.

            Тадбирњои сарњадї ба системаи тадбирњои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба тањдид ба манфиатњои њаётан муњими шахсият, љамъият ва давлат мутобиќ мебошанд, дохил мегарданд.

            Моддаи 4. Ќонунгузорї оид ба Сарњади давлатї

            Ќонунгузорї оид ба Сарњади давлатї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин ба ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз њамин Ќонун ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки мутобиќи он ќабул мегарданд, иборат мебошад.

            Агар дар ањдномаи байналхалќии Љумњурии Тољикистон ќоидањое муќаррар шуда бошанд, ки аз ќоидањои дар њамин Ќонун ва дигар асноди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи Сарњади давлатї муќарраршуда фарќ дошта бошанд, дар ин сурат ќоидањои ањдномањои байналхалќї истифода мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Б О Б И  II

МУЌАРРАР НАМУДАН ВА ТАЃЙИР ДОДАНИ

САРЊАДИ ДАВЛАТЇ АЛОМАТГУЗОРИИ ОН

 

            Моддаи 5. Муќаррар намудан ва таѓйир додани Сарњади давлатї

            Хати Сарњади давлатї бо ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррар ва таѓйир дода мешавад.

            Аснод дар бораи таѓйир додан ва аниќ кардани хати Сарњади давлатї дар мањал, ки ба тариќи тафтиши Сарњади давлатї дар асоси ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон гузаронида шудаанд, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар амал љорї карда мешаванд.

            Хати Сарњади давлатї, агар дар ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад, чунин муќаррар карда мешавад:

            а) дар хушкї – аз рўи нуќтањои махсус, хатњои релеф ё нишонањои доимии аниќ дидашаванда;

            б) дар дарьёњои киштигард – аз миёнаи асосї ё талвеги дарё; дар дарьёњои ѓайрикиштигард ва дарёчањо – аз миёнаи онњо ё аз миёнаи шохоби асосии дарё; дар кўлњо ва дигар обанборњо – аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоњи Сарњади давлатиро бо кўлњо ё дигар обанборњо мепайвандад.

            Сарњади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кўл ё дигар обанбор мегузарад, чи њангоми таѓйирёбии суроби соњилњои онњо ё сатњи об ва чи њангоми ба ин ё он тараф майл кардани маљрои дарё ва дарёча таѓйир намеёбад;

            в) дар обанбори гидроузелњо ва дигар обанборњои сунъї – мутобиќи хати Сарњади давлатї, ки то зери об мондани он мегузашт;

            г) дар пулњою сарбандњо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кўл ва дигар обанборњо мегузаранд, - аз миёнаи ин иншоот ё мувофиќи мењвари технологии онњо, сарфи назар аз гузаштани Сарњади давлатї аз об.

            Ба обњои дохилии Љумњурии Тољикистон оби дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњое мансубанд, ки соњилњои онњо ба Љумњурии Тољикистон тааллуќ доранд.

            Моддаи 6. Аломатгузории Сарњади давлатї

            Сарњади давлатї дар мањал бо аломатњои аниќ дидашавандаи сарњадї ифода карда мешавад.

            Шакл, андозањо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатњои сарњадї бо ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд.

Б О Б И  III

НИЗОМИ САРЊАДИ ДАВЛАТЇ

 

            Моддаи 7. Нигањдорї ва муќаррар намудани низоми Сарњади давлатї

            Низоми Сарњади давлатї мутобиќи њамин Ќонун, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мудофиа», дигар асноди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ё бо тартиби муайяннамудаи он муќаррар карда мешавад ва ќоидањои зеринро дар бар мегирад:

- нигањдории Сарњади давлатї;

- аз Сарњади давлатї гузаштани ашхос ва воситањои наќлиёт;

- ба воситаи Сарњади давлатї интиќол додани борњо, молњо ва њайвонот;

- аз Сарњади давлатї гузарондани ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот;

- пешбурди фаъолияти хољагидорї, шикор ва дигар фаъолият дар Сарњади давлатї ё дар наздикии он дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

- якљоя бо давлатњои хориљї њаллу фасл кардани њодисањое, ки бо вайрон намудани ќоидањои мазкур вобастаанд.

Бо назардошти манфиатњои муштараки Љумњурии Тољикистон ва давлатњои њамњудуд муќаррар накардани баъзе ќоидањои низоми Сарњади давлатї мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятњои ќоидањои муќарраршаванда соддатар карда шавад.

Моддаи 8. Нигањдории Сарњади давлатї

Бо ќоидањои нигањдории Сарњади давлатї тартиби гузоштан, њифз ва дар њолати дуруст нигоњ доштани аломатњои сарњадї ва муоинаи санљишии онњо; љињозонидан ва нигоњ доштани пайроњањои сарњадї, якљоя бо давлатњои њамњудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарњади давлатї дар мањал танзим карда мешавад.

Њуљљатњои тафтиши якљояи гузариши Сарњади давлатї, ки таѓйирдињии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд.

Бо маќсади ба таври зарурї нигоњ доштани Сарњади давлатї аз љониби Ќўшунњои сарњадии Љумњурии Тољикистон (минбаъд – Ќўшунњои сарњадї) бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон минтаќаи замине, ки бевосита ќад-ќади Сарњади давлатї дар хушкї ё ќад-ќади соњилњои ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї мегузарад, мутобиќи меъёрњои муќарраршуда ба истифодаи бемўњлат (доимї) дода мешавад.

Моддаи 9. Аз Сарњади давлатї гузаштани ашхос ва воситањои наќлиёт

Аз Сарњади давлатї дар хушкї гузаштани ашхос ва воситањои наќлиёт ба воситаи роњњои оњан ва мошингарди байналхалќї ё ба воситаи дигар љойњое, ки бо ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ё ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо њамин аснод ваќти убур аз Сарњади давлатї муайян шуда метавонад, тартиби њаракат аз Сарњади давлатї то нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатї ва баръакс муќаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молњо, борњо, њайвонот ва ба воситањои наќлиёт шинондан ё бор кардани онњо мумкин нест.

Нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатї маънии ќаламраверо дар њудуди вокзал, истгоњњои роњи оњан, автомобил, њамчунин бандари дарёї, майдони њавої, аэродроми барои алоќањои байналхалќї (парвозњои байналхалќї) кушода, њамчунин љои дигари махсус љињозонидашуда, ки дар он љой назорати сарњадї, гумрукї, дар мавриди зарурат дигар навъњои назорат бурда ва аз Сарњади давлатї ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот гузаронда мешавад, доранд.

Ба Ќўшунњои сарњадї њуќуќ дода мешавад, ки бо мувофиќаи њокимияти давлатњои њамњудуди Љумњурии Тољикистон тартиби дигари аз Сарњади давлатї гузаштани хизматчиёни њарбии ин ќўшунњо ва дигар ашхосро њангоми иљрои вазифаи онњо оид ба муњофизати Сарњади давлатї истифода баранд.

Киштињои дарёии ѓайринизомї ва низомї Сарњади давлатиро аз дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњо мутобиќи њамин Ќонун ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон убур мекунанд.

Киштиронї дар дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї бо убури Сарњади давлатї бе дохил шудан ба бандарњои (рейдњои) Љумњурии Тољикистон ва давлатњои њамњудуд тавассути ањдномањои Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамњудуд танзим мегардад.

Ба киштињои ѓайринизомї њангоми њаракат аз Сарњади давлатї то нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатї ва пас гаштан ба Сарњади давлатї, ба киштињои ѓайринизомии хориљї њангоми шинои осоишта дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва обанборњои сарњадї бе ворид шудан ба бандарњои (ба рейдњои) Љумњурии Тољикистон (ба ѓайр аз њолатњои пешбининамудаи њамин Ќонун) инњо манъ карда мешаванд:

а) даромадан ба бандарњои (ба рейдњои) Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои алоќањои байналхалќї ва даромадани киштињои хориљї кушода нашудаанд;

б) баромадан аз бандарњое (аз рейдњое), ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои алоќањои байналхалќї кушода нашудаанд;

в) даромадан ба минтаќањое, ки шино дар онњо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти њама хабар дода шудааст;

г) таваќќуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холї (бор) кардани борњо, молњо ва њайвонот дар љойњое, ки барои чунин корњо муќаррар нашудаанд ё дар љойњое, ки муќаррар шудаанд, аммо барои анљоми чунин корњо иљозати дахлдор мављуд набошад, ба об сар додани воситањои шинокунанда, ба њаво сар додани таљњизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онњо, шикор кардан, анљом додани фаъолияти тањќиќотї ва дигар фаъолият;

д) дигар амалњое, ки тавассути ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон манъ карда шудаанд.

Киштињои хориљии ѓайринизомї ва низомї њангоми шино кардан ва ќарор доштан дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї вазифадоранд, ки ќоидањои алоќаи радиої, киштиронї, бандарї, гумрукї, санитарию карантинї ва дигар ќоидањоеро, ки ќонунгузорї ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар кардаанд, риоя намоянд.

Њавопаймоњо Сарњади давлатиро аз хати махсус људокардашудаи парвоз бо риояи ќоидањое, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигационие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарњади давлатї берун аз хатњои њавоии људокардашуда, ѓайр аз њолатњое, ки дар ќисми ёздањуми њамин модда зикр шудаанд, танњо бо иљозати Њукумати Љумњурии Тољикистон мумкин аст.

Барои њавопаймоњо њангоми парвоз аз Сарњади давлатї то нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатї ва баръакс, њамчунин њангоми парвози транзитї ба воситаи фазои њавоии Љумњурии Тољикистон (ба ѓайр аз њолатњои пешбининамудаи њамин Ќонун) инњо манъ карда мешаванд:

а) нишастан дар майдонњои њавої ва аэродромњои Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон барои парвозњои байналхалќї кушода нашудаанд;

б) парвоз аз майдонњои њавої ва аэродромњои Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон барои парвозњои байналхалќї кушода нашудаанд. Дар њолатњои људогона њангоми иљрои парвозњои махсуси байналхалќї парвози њавопаймоњо аз Љумњурии Тољикистон, њамчунин баъди парвоз ба Љумњурии Тољикистон дар майдони њавої ва аэродромњои барои парвозњои байналхалќї кушоданабуда нишастани онњо танњо бо иљозати Ширкати давлатии њавоии «Тољикистон»-и Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, ки бо Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон мувофиќа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад;

в) парвоз карда даромадан ба минтаќањои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онњо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;

г) дигар амалњое, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон манъ карда шудаанд.

Ба манфиати таъмини амнияти Љумњурии Тољикистон, њамчунин бо хоњиши давлатњои хориљї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон убури Сарњади давлатї аз ќитъањои људогонаи он муваќќатан мањдуд ё ќатъ шуда метавонад ва дар ин бобат њокимияти давлатњои манфиатдор огоњонида мешаванд.

Њангоми рўй додани њолатњои фавќулодда, ки дар натиљаи садамањои бузург, фалокат ё офатњои табиї ба миён омадаанд, љузъу томњои (нерўњои) рафъи садамаю наљотдињї, барќароркунї барои пешгирии чунин њолатњо бо тартибе, ки ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамоянд, аз Сарњади давлатї убур мекунанд.

Ноилољ аз Сарњади давлатї гузаштани ашхос, воситањои наќлиёт ба воситаи хушкї, даромадани киштињои дарёии хориљии чи ѓайринизомї ва чи низомї ба ќисми тољикистонии оби дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњо, маљбуран ба фазои њавоии Љумњурии Тољикистон парвоз карда даромадани њавопаймоњо, ки дар натиљаи њолатњои фавќулодда: фалокат, садама, офати табиї, ки ба бехатарии киштињо тањдид менамояд, кашидани киштињои вайроншуда, расонидани одамони наљотдодашуда, расонидани ёрии таъљилии тиббї ба аъзои экипаж ва мусофирон, њамчунин бо дигар сабабњои ноилољ рўй додаанд, вайрон кардани ќоидањои убури Сарњади давлатї намебошанд.

Капитани киштї, командири киштии њарбии дарёї, командири њавопаймо дар њолати убури ноилољи Сарњади давлатї ё ноилољ вайрон намудани тартиби ќарор доштан дар обњо ва фазои њавоии Љумњурии Тољикистон, ки бо њамин Ќонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тољикистон, майдони њавої, аэродром бетаъхир хабар дињад ва минбаъд мувофиќи дастурњои онњо ё дастурњои капитани киштии дарёї ва њавопаймои Љумњурии Тољикистон, ки барои ёрї ё муайян кардани сабабњои њодисаи рўйдода омадааст, амал намояд.

Моддаи 10. Аз Сарњади давлатї гузаронидани борњо, молњо ва њайвонот

Аз Сарњади давлатї гузаронидани борњо, молњо ва њайвонот дар љойњо ва бо тартиби муќаррарнамудаи ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон, ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.

Моддаи 11. Гузарондани ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот аз Сарњади давлатї

Гузарондани ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот аз Сарњади давлатї ба воситаи нуќтањои муќарраршудаи гузариш аз Сарњади давлатї сурат мегирад ва аз эътирофи ќонунї будани убури Сарњади давлатї аз љониби ашхос ва воситањои наќлиёти ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшуда, аз Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон гузаронидани борњо, молњо ва њайвонот ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё иљозати убури Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон аз тарафи ашхос ва воситањои наќлиётие, ки аз њудуди Љумњурии Тољикистон хориљ мешаванд, аз Сарњади давлатї гузаронида, берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон бурдани борњо, молњо ва њайвонот иборат аст.

Мављуд будани асноди њаќиќие, ки њуќуќи ворид шудани ашхосро ба Љумњурии Тољикистон ё хориљ шудани онњоро аз Љумњурии Тољикистон медињанд, аснод барои воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот љињати ба воситаи Сарњади давлатї иљозат додани убури ашхос воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот асос мебошанд.

Шањрвандони њориљї ва ашхоси бетабаият, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба онњо барои ворид шудан ба Љумњурии Тољикистон иљозат дода нашудааст, инчунин ашхосе, ки нисбати онњо мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба манъ намудани хориљшавї аз Љумњурии Тољикистон ќарор ќабул гардидааст, аз Сарњади давлатї гузаронида намешаванд.

Тавассути ањдномањои Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамњудуд мумкин аст тартиби соддатари убури Сарњади давлатї аз љониби шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлати њамњудуд дар мавриди муайян намудани санадњое, ки ба хориљ шудан аз Љумњурии Тољикистон ва ворид шудан ба Љумњурии Тољикистон њуќуќ медињанд, муќаррар карда шавад. Нуќтањои убури соддакардашуда бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќи пешнињодоти вазоратњо ва идорањои манфиатдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иљозати гузаронидани борњо, асъор, арзишњо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда њаракаткунанда тааллуќ доранд, берун аз љойњое, ки маќомоти гумрук ќарор доранд, аз љониби намояндагони Ќўшунњои сарњадї анљом дода мешавад.

Иљозат додан ба ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонот барои убури Сарњади давлатї аз назорати сарњадї (тафтиши санадњое, ки ба воридшавї ба Љумњурии Тољикистон ё хориљшавї аз Љумњурии Тољикистон њуќуќ медињанд, муоинаи воситањои наќлиёт бо маќсади ошкор намудани вайрон-кунандагони ќоидањои убури Сарњади давлатї) ва дар мавриди зарурат њамчунин назорати гумрукї, санитарию карантинї, ветеринарї, фитосанитарї ва дигар навъњои назорат иборат аст.

Моњият, воситањо ва усулњои назорат, тартиби истифодаи онњо дар асоси њамин Ќонун бо асноди меъёрии маќомоти дахлдори њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон, ки бо Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Кумитаи гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дар мавриди таъмини бехатарии њаёт ва саломатии одамон, њайвонот ва наботот – њамчунин бо Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти манфиатдори њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон мувофиќа кунонида шудаанд, муќаррар карда мешаванд.

Убури Сарњади давлатї ба њавопаймоњои Тољикистон, ки аз майдонњои њавої, аэродромњои барои парвозњои байналхалќї пўшида парвози махсуси байналхалќиро анљом медињанд, њамчунин њавопаймоњои хориљї ва Тољикистон, ки дар љойњои муќарранашуда ноилољ фуруд меоянд, аз љониби љузъу томњои дахлдори маќомоти амният якљоя бо маъмурияти майдонњои њавої, аэродромњо ё фармондењии ќисмњои авиационии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон иљозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Ќўшунњои сарњадї ва дигар маќомоти манфиатдори Љумњурии Тољикистон хабардор карда мешаванд.

Моддаи 12. Ситонидани бољ барои барасмиятдарории сарњадї

Њангоми ба роњ мондани назорати сарњадї барои барасмиятдарории сарњадї бољ ситонида мешавад.

Бољ барои барасмиятдарории сарњадї ба андозањои зерин ситонида мешавад:

1) аз ашхосе, ки аз Сарњади давлатї мегузаранд – 0,8 баробари маоши њадди аќал;

2) аз соњибони воситањои наќлиёт ва борњо:

барои тафтиши наќлиёти автомобилии мусофиркаши дорои то дањ љои нишаст, аз љумла љои ронанда – ду маоши њадди аќал; дорои дањ ва зиёда љои нишаст, аз љумла љои ронанда – се маоши њадди аќал;

барои тафтиши наќлиёти автомобилии боркаши ќобилияти борбардориаш то панљ тонна – се маоши њадди аќал; дорои ќобилияти борбардориаш аз панљ то бист тонна – њафт маоши њадди аќал; дорои ќобилияти борбардориаш бист ва зиёда тонна – сездањ маоши њадди аќал. Њангоми тафтиши автопоездњои иборат аз ду ва зиёда ядак (прицеп), њар як ядак њамчун воситаи наќлиёти алоњида њисобида мешавад;

барои тафтиши њавопаймоњои мусофиркашон ва бору мусофиркашони дорои то дањ љои нишасти мусофир – њафт маоши њадди аќал; дорои аз дањ то панљоњ љои нишасти мусофир – сездањ маоши њадди аќал; дорои аз панљоњ то сад љои нишасти мусофир – бист маоши њадди аќал; дорои аз сад то дусад љои нишасти мусофир – бисту шаш маоши њадди аќал; дорои дусад ва зиёда љои нишасти мусофир – сию се маоши њадди аќал. Барои њар сад килограмми пурраи бори кашондашаванда, ки тибќи њуљљатњои алоњидаи молию наќлиётї кашонда мешавад, баробари 0,5 маоши њадди аќал бољи иловагї ситонида мешавад;

барои тафтиши њавопаймоњои боркаш аз њар сад килограмми бори кашондашаванда – 0,5 маоши њадди аќал;

барои тафтиши боре, ки бо наќлиёти роњи оњан кашонда мешавад, барои њар як вагон – цистерна – як маоши њадди аќал, барои њар як вагони дигар – 1,5 маоши њадди аќал;

барои тафтиши киштињои мусофиркаши дарьёї барои њар як љои мусофир – 0,5 маоши њадди аќал, барои њар сад килограмм бор – як маоши њадди аќал, барои њар сад килограмм бор – як маоши њадди аќал.

Тартиби ситонидани бољро барои барасмиятдарории сарњадї Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 13. Кушодани гузаргоњ дар Сарњади давлатї

Гузаргоњњо дар Сарњади давлатї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон, ки бо Ќўшунњои сарњадї мувофиќа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатњои давлатњои њамњудуд ва дигар давлатњои хориљї ташкил карда мешаванд.

Кушодани гузаргоњ дар Сарњади давлатї баъди сохтмон, таљњизонидан ва аз тарафи Вазорат ва идораи манфиатдори Љумњурии Тољикистон ба истифода ќабул шудани биноњо, утоќњо ва иншоотњо аз рўи лоињањое, ки бо Ќўшунњои сарњадї, њамчунин маќомоти гумрук ва дигар маќомоти дар назорат дар гузаргоњи Сарњади давлатї ширкаткунанда мувофиќа кунонида шудаанд, анљом дода мешавад. Њангоми тањияи ин лоињањо бояд биною иншоотњое, ки барои ташкили назорати сарњадї ва назорати дигар заруранд, пешбинї карда шаванд. Сохтмон ва таљњизонидани иншооти мазкур аз њисоби маблаѓњои буљети давлатии Љумњурии Тољикистон ва маблаѓњои вазорату идорањои манфиатдори Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.

Корхонањо, муассисањо, ташкилотњо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти маќомоти назорати сарњадї ва дигар навъи назорат, маќомоти корњои дохилї, ки дар анљом додани назорати риояи низом дар гузаргоњњои Сарњади давлатї иштирок менамоянд, метавонанд беподош иморатњои хизматї, иншоот, таљњизоти заруриро дињанд.

Моддаи 14. Анљом додани фаъолияти хољагї, шикор ва дигар фаъолият дар Сарњади давлатї

Фаъолияти хољагї, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарњади давлатї ва ба тариќи дигар ба манфиатњои Љумњурии Тољикистон ё давлатњои хориљї дахолаткунанда, ки ашхоси юридикї ва воќеии Тољикистон ва хориљї, аз љумла якљоя, бевосита дар Сарњади давлатї ё дар наздикии он дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон анљом медињанд, набояд:

ба саломатии ањолї, бехатарии экологї ва ѓайраи Љумњурии Тољикистон, давлатњои хориљии ба он њамњудуд зиён расонад ё дорои тањдиди расонидани чунин зиён бошад;

ба нигоњ доштани Сарњади давлатї халал расонад.

Фаъолияти дар ќисми якуми њамин модда зикргардида мутобиќи ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ё ќарордоди дигар бо давлатњои хориљї, бо риояи ќоидањои убури Сарњади давлатї ва огоњонидани Ќўшунњои сарњади аз љой, ваќти убури Сарњади давлатї ва иљрои корњо, шумораи иштироккунандагон, киштињои шикорї ва киштињои дигар, воситањои наќлиёт ва ѓайра, механизмњои истифодашаванда анљом дода мешавад.

Моддаи 15. Њаллу фасли мољароњои вобаста ба вайронкунии низоми Сарњади давлатї

Тартиби њаллу фасли мољароњои вобаста ба вайронкунии низоми Сарњади давлатї, ба салоњияти намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон, Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон мансуб донистани онњоро ањдномањои Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамњудуд дар бораи Сарњади давлатї ва низоми он, дигар ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон, њамин Ќонун, дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунанд.

Ашхос, њавопаймоњо, киштињои дарёии низомї ва ѓайринизомї, дигар воситањои наќлиётие, ки њангоми убури Сарњади давлатї ќоидањои бо њамин Ќонун муќарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарњади давлатї дониста мешаванд.

Шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон сукунатдошта ё муваќќатан истиќоматдоштаро надоранд ва аз ќаламрави давлати хориљї Сарњади давлатиро убур кардаанд, њангоми дар амалњои онњо мављуд будани аломатњои љиноят ё ќонуншикании маъмурї ба љавобгарии пешбининамудаи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон кашида мешаванд.

Дар њолатњое, ки нисбати вайронкунандагони Сарњади давлатии дар ќисми сеюми њамин модда зикршуда оѓоз кардани парвандаи љиноятї ё истењсолот оиди њуќуќвайронкунињои маъмурї асос набошад ва онњо мутобиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуќуќи гирифтани паноњгоњи сиёсї надошта бошанд, Ќўшунњои сарњадї онњоро ба таври расмї ба маќомоти давлате, ки аз ќаламрави он Сарњади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарњад ба маќомоти давлати хориљї дар ањдномаи Љумњурии Тољикистон бо ин давлат пешбинї нашуда бошад, Ќўшунњои сарњадї онњоро аз њудуди Љумњурии Тољикистон аз љойњои муайяннамудаи Ќўшунњои сарњадї берун мекунанд. Дар бораи аз њудуди Љумњурии Тољикистон аз гузаргоњњои Сарњади давлатї берун карда шудани шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаият маќомоти давлате, ки ба (ба воситаи) ќаламрави он онњо берун карда мешаванд, агар ин дар ањдномаи Љумњурии Тољикистон бо давлати дахлдор пешбинї шуда бошад, огоњонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарњади давлатї, ки ба љавобгарии маъмурї кашида шудаанду нисбати онњо ќарори берун кардан ќабул шудааст, низ бо њамин тартиб аз њудуди Љумњурии Тољикистон берун карда мешаванд.

Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар давраи дар хориља буданашон њуљљатњои ба воридшавї ба Љумњурии Тољикистон њуќуќдињандаи худро гум кардаанду ба гузаргоњи Сарњади давлатї расидаанд, дар гузаргоњи Сарњади давлатї то ваќте, ки маќомоти салоњиятдор шахсияти онњоро муќаррар менамоянд, нигоњ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарўз. Тартиб ва шароити дар гузаргоњњои Сарњади давлатї будани онњо аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 16. Намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон

Барои њалли масъалањои риояи низоми Сарњади давлатї, танзими мољароњои сарњадї Њукумати Љумњурии Тољикистон мутобиќи ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон дар минтаќањои муайяни Сарњади давлатї намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон (комиссарњои сарњадї, ашхоси ваколатдори сарњадї ва муовинони онњо)-ро таъин мекунад.

Намояндагони сарњадї дар фаъолияти худ њамин Ќонун, дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон, ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон, Низомномаи намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистонро, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд, дастури амал ќарор медињанд.

Мољароњои сарњадии вобаста бо амали њавопаймоњои њарбї ва киштињои њарбии дарёии Тољикистон ё давлати хориљї, дигар объектњои њарбї ё хизматчиёни њарбї (ба истиснои объектњо ё хизматчиёни њарбии Ќўшунњои сарњадї, дар сурати дахл надоштан ба манфиатњои пешгирї намудани фаъолияти хатарноки њарбї) аз љониби намояндагони Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон ва дар мавриди зарурат бо ширкати намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон танзим карда мешаванд.

Масъалањо ва мољарањое, ки аз љониби намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон танзим нагардидаанд, бо роњњои дипломатї њаллу фасл карда мешаванд.

 

 

 

Б О Б И  IV

НИЗОМИ САРЊАДЇ

            Моддаи 17. Минтаќаи сарњадї ва хати сарњад

            Бо маќсади таъмини шароити зарурї дар Сарњади давлатї барои њифзи он бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон минтаќаи сарњадї ва хати сарњад муќаррар карда мешаванд.

            Минтаќаи сарњадї, чун ќоида, дар њудуди ќаламрави шањр, ноњия, шањрак ва дењае, ки аз хати Сарњади давлатї дар масофаи 50 километр ќарор дорад, муќаррар карда мешавад. Ба таркиби минтаќаи сарњадї, дар љое, ки он муќаррар карда мешавад, њамчунин обњои дохилии Љумњурии Тољикистон, ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњо ва љазирањои дар он обњо љойгиршуда дохил карда мешаванд.

            Хати сарњадї ќисми таркибии минтаќаи сарњадї мебошад ва бевосита ќад-ќади Сарњади давлатї дар ќитъањои хушкии он ё ќад-ќади соњилњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї дар хати арзаш то ду километр муќаррар карда мешавад.

            Моддаи 18. Моњияти низоми сарњадї ва муќаррар намудани он

            - Низоми сарњадї аз ќоидањои зерин иборат аст:

            - дохил шудан (гузаштан), будубоши муваќќатї, њаракати ашхос ва воситањои наќлиёт дар минтаќаи сарњадї;

            - фаъолияти хољагидорї, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабинињои оммавии љамъиятию сиёсї, фарњангї ва дигар чорабинињо дар минтаќаи сарњадї;

            - шикор кардан, машѓул шудан бо фаъолияти тањќиќотї, љустуљўї ва фаъолияти дигар дар ќисми тољикистонии оби дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї.

            Муќаррар намудани дигар ќоидањои низоми сарњадї мумкин нест. Њама гуна мањдудсозии њуќуќ ва озодињои шањрвандон танњо дар асос ва бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонунњои Љумњурии Тољикистон мумкин аст.

            Дар даромадгоњњои минтаќаи сарњадї ва хати сарњад аломатњои сарњадї гузошта мешаванд.

            Бо назардошти хусусияти муносибатњои Љумхурии Тољикистон бо давлати њамњудуд дар ќитъањои алоњидаи Сарњади давлатї муќаррар накардани хати сарњад мумкин аст.

            Муайянкунии њудуди минтаќаи сарњадї ва хати сарњад, гузоштани аломатњои огоњкунанда бо мувофиќаи маќомоти њокимияти иљроияи мањаллї аз љониби Ќўшунњои сарњадї анљом дода мешавад.

            Моњияти мушаххас, њудуди фазої ва заминии амалї бо њамин Ќонун пешбинишудаи ќоидањои низоми сарњадї, доираи ашхосе, ки ба онњо ин ё он ќоидаи зикршуда нисбат дорад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд.

            Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтаќаи сарњадї ва хати сарњад

            Ба минтаќаи сарњадї дохил шудани (гузаштани) ашхосе, ки дар он минтаќа доимї зиндагї намекунанд, агар тартиби дигар муќаррар нашуда бошад, бе иљозати маќомоти корњои дохилї мумкин нест.

            Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситањои наќлиёт ба хати сарњад мувофиќи њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсият сурат мегирад. Љойњои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомнокї ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситањои наќлиёт дар хати сарњад аз љониби Ќўшунњои сарњадї муќаррар карда мешаванд.

            Барои ба хати сарњад дохил шудан, будубоши муваќќатї, истиќомат ва иљрои корњо дар хати сарњад Ќўшунњои сарњадї иљозат медињанд. Дар мавриди зарурат онњо метавонанд барои ба хати сарњад дохил шудан ва иљрои корњо мањдудиятњои муваќќатии иловагї љорї намоянд.

            Моддаи 20. Фаъолияти хољагї, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабинињои оммавии љамъиятию сиёсї, фарњангї ва дигар чорабинињо дар минтаќаи сарњад

            Фаъолияти хољагї, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, љангал, ќаъри замин, обњо, гузаронидани чорабинињои оммавии љамъиятию сиёсї, фарњангї ва дигар чорабинињо дар минтаќаи сарњад тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї танзим мегарданд. Корњо ва чорабинињои мушаххас бо иљозати Ќўшунњои сарњадї гузаронида мешаванд.

            Иљозат барои гузаронидани корњо ва чорабинињо, ѓайр аз масъалањои пешбининамудаи моддаи 19 њамин Ќонун, муайян намудани љой, ваќти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онњоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корњо ва чорабинињои мунтазам љойњои доимї муќаррар кардан мумкин аст.

            Моддаи 21. Нигоњ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарњади давлатї

            Бо маќсади роњ надодан ба гузаштани беморињои сирояткунанда ба воситаи Сарњади давлатї, нигоњ доштан ва чарондани чорворо дар хати мањал (хати карантин) ќад-ќади Сарњади давлатї дар хушкї манъ ё мањдуд кардан мумкин аст.

            Хати карантин, арзи он, тартиби ињотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Нигоњ доштан ва чарондани чорво дар хати сарњад њамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 њамин Ќонун сурат мегирад.

            Моддаи 22. Бањисобгирї, нигоњдорї ва истифодаи киштињои (воситањои) камзарфи Тољикистон

            Киштињои (воситањои) камзарфи худгард ва ѓайрихудгарди Тољикистон, ки дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї истифода мешаванд, бояд ба таври њатмї дар бандар, дарёбанд, истгоњњо ва дигар нуќтањои љойгиршавии онњо ба њисоб гирифта ва нигоњ дошта шаванд. Тартиби баромадани ин киштињо (воситањо) аз нуќтањои љойгиршавии онњо ва баргаштани онњо бо огоњонидани Ќўшунњои сарњадї муќаррар шуда метавонад ва ваќти баромадан, ќарор доштан дар об, дур шудан аз нуќтањои љойгиршавї ва соњилњо мањдуд карда шуда метавонад.

            Моддаи 23. Шикоркунї, анљом додани фаъолияти тадќиќотї, љустуљўї ва фаъолияти дигар дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї

            Шикоркунї, анљом додани фаъолияти тадќиќотї, љустуљўї ва фаъолияти дигар дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї танзим мегарданд ва бо тартиби тибќи талаботи моддањои 9, 20, 22 њамин Ќонун муќарраргардида анљом дода мешавад.

            Фаъолияти дар ќисми якуми њамин модда зикршуда дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї бо иљозати Ќўшунњои сарњадї анљом дода мешавад.

 

Б О Б И  V

НИЗОМ ДАР ГУЗАРГОЊЊОИ САРЊАДИ ДАВЛАТЇ

 

            Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоњњои Сарњади давлатї ва муќаррар намудани он

            Низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї аз ќоидањои дохил шудан ба ин гузаргоњњо, будубош ва баромадан аз онњо барои ашхос, воситањои наќлиёт, даровардан ба гузаргоњњо, ќарор доштан ва баровардани борњо, молњо ва њайвонот аз онњо иборат аст, ки танњо ба манфиати фароњамсозии шароити зарурї љињати пешбурди назорати сарњадї, гумрукї ва дигар намудњои назорат муќаррар карда мешавад.

            Низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї аз љониби вазорату идорањои наќлиётии Љумњурии Тољикистон мутобиќи муќаррароти њамин Ќонун ва ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон, тибќи санадњои меъёрии њуќуќие, ки бо Ќўшунњои сарњадї ва Кумитаи гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа кунонида шудаанд, муќаррар карда мешавад.

            Дар асоси санади меъёрии њуќуќии вазорату идорањои наќлиётии Љумњурии Тољикистон, сардори майдони њавої, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоњњои роњи оњан ва автомобил, роњбари дигар корхонаи наќлиёти бо назардошти шароити мањаллї амре (дастуруламале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Ќўшунњои сарњадї, маќомоти гумрук ва дигар маќомоти назоратї мувофиќа кунонида шуда, низоми ин гузаргоњи Сарњади давлатиро муќаррар менамояд.

            Низом дар он гузаргоњњои Сарњади давлатї, ки берун аз объектњои наќлиётии дар ќисми сеюми њамин модда зикршуда љињозонида шудаанд, аз љониби Ќўшунњои сарњадї мутобиќи талаботи ќисми дуюми њамин модда бо мувофиќаи маќомоти гумрук ва дигар маќомоте, ки аз ин гузаргоњњои Сарњади давлатї убур кардани ашхос, воситањои наќлиёт, борњо, молњо ва њайвонотро назорат мекунанд, муќаррар карда мешавад.

            Моддаи 25. Тартиби дохил (хориљ) шудани ашхос, воситањои наќлиёт, даровардани (баровардани) борњо, молњо ва њайвонот тавассути гузаргоњњои Сарњади давлатї

            Дохил шудани ашхос, воситањои наќлиёт ба гузаргоњњои Сарњади давлатї ва хориљ шудан аз онњо, њамчунин даровардани (баровардани) борњо, молњо ва њайвонот дар љойњои махсус ба ин маќсад људокардашуда мувофиќи рухсатномањое, ки аз тарафи маъмурияти майдонњои њавої, аэродромњо, бандарњои дарёї, дарёбандњо, вокзалњо ва истгоњњои роњи оњану автомобильњо ва дигар корхонањои наќлиётї бо мувофиќаи Ќўшунњои сарњадї дода мешаванд, амалї мегардад.

            Моддаи 26. Дар гузаргоњњои Сарњади давлатї ќарор доштани ашхос ва воситањои наќлиёт

            Љойњо ва мўњлати дар гузаргоњњои Сарњади давлатї таваќќуф кардани воситањои наќлиётие, ки ба хориља мераванд, аз љониби маъмурияти майдонњои њавої, аэродромњо, бандарњои дарёї, дарёбандњо, вокзалњо ва истгоњњои роњи оњан ва автомобилњо, дигар корхонањои наќлиётї бо мувофиќаи Ќўшунњои сарњадї ва маќомоти гумрук муайян карда мешаванд.

            Ба воситањои наќлиёт наздик шудани ашхос ва роњ додани ашхос ба воситањои наќлиёте, ки ба хориља мераванд, дар ваќти тафтиши сарњадї, гумрукї ва дигар намудњои назорат мањдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаи наќлиёт шинондани мусофирон њангоми аз Љумњурии Тољикистон рафтан ва фаровардани онњо њангоми расидан ба Љумњурии Тољикистон, њамчунин бор кардани (фаровардани) баѓољ, почта ва борњо бо иљозати Ќўшунњои сарњадї ва маќомоти гумрук анљом дода мешавад.

            Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонањои наќлиётї, соњибони воситањои наќлиёт вазифадоранд, ки мувофиќи талаби намояндагони Ќўшунњои сарњадї бо ширкати кормандони маќомоти гумрук дар сурати зарурат љињати муоинаи вагонњо, автомобилњо, трюмњо ва дигар љойњои воситањои наќлиётро, ки сурѓуч (мўњр) карда шудаанд ва борњои дар онњо кашонидашавандаро кушоянд.

            Воситањои наќлиёти ба хориља раванда барои берун рафтан аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё дохил шудан ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, њамчунин таѓйири љои таваќќуф танњо бо иљозати Ќўшунњои сарњадї ва маќомоти гумрук ба њаракат оѓоз мекунанд.

            Дар гузаргоњњои Сарњади давлатї ќарор доштани шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки барои дохил шудан ба Љумњурии Тољикистон њуљљатњои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи ќисми панљуми моддаи 15 њамин Ќонун танзим мегардад.

            Моддаи 27. Ба бандарњо ва дарёбандњои Љумњурии Тољикистон даромадан ва ќарор доштани киштињои дарёии хориљии ѓайринизомї ва низомї

            Киштињои дарёии хориљии ѓайринизомї ба бандарњо ва дарёбандњои Љумњурии Тољикистон, ки барои воридшавии чунин киштињо кушодаанд, даромада метавонанд. Ќоидањои даромадан ва ќарор доштан дар ин бандарњо, дарёбандњо, иљрои амалиёти боркашонї ва мусофиркаш, алоќаи киштињо бо соњил, ба соњил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба киштї даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар ќоидањои вобаста ба даромадани киштињои хориљї ба бандару дарёбандњои Љумњурии Тољикистон ва ќарор доштан дар онњоро њамин Ќонун, асноди дигари ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамоянд.

            Киштињои дарёии хориљии ѓайринизомие, ки ба тарафи бандарњо ва дарёбандњои Љумњурии Тољикистон њаракат мекунанд, ба маќомоти бандар ё дарёбанди таъинот ваќти омадани худро хабар медињанд.

            Киштињои дарёии хориљии ѓайринизомие, ки тартиби иљозат ё огоњкуниро барои воридшавии киштињои Тољикистон ба бандарњои худ муайян кардаанд, ба бандарњо ва дарёбандњои Љумњурии Тољикистон баъди гирифтани иљозати маќомоти салоњиятдори Тољикистон мувофиќи принципи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.

            Киштињои дарёии хориљии низомї, агар тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, мувофиќи иљозати пешакии Њукумати Љумњурии Тољикистон ба бандарњо ва дарёбандњои Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандњои Љумњурии Тољикистон ва ќарор доштани киштињои дарёии хориљии низомиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад.

            Моддаи 28. Ќоидањои иловагии низом дар гузаргоњњои Сарњади давлатї

            Дар гузаргоњњои Сарњади давлатї минтаќањо ва биноњое, ки дар он бевосита назорати сарњадї, гумрукї ва назорати дигар анљом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин љойњо мањдудиятњои иловагии низом, ки дар доираи ќоидањо ва бо тартиби пешбининамудаи моддањои 24, 25, 26 ва 27 њамин Ќонун муќаррар карда мешаванд, љорї мегарданд.

 

Б О Б И  VI

ВАКОЛАТЊОИ МАЌОМОТИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТЇ

ДАР СОЊАИ ЊИМОЯИ САРЊАДИ ДАВЛАТЇ

 

            Моддаи 29. Ваколатњои маќомоти олии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон

            Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон:

            Ќонунњоро дар соњаи њимояи Сарњади давлатї њамчун ќисми таркибии амнияти давлат ќабул менамояд;

            Ањдномањои байналхалќиро оид ба таќсимоти њудудии Љумњурии Тољикистон, аз љумла ањдномањоро оид ба гузариши хати Сарњади давлатї ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соќит менамояд.

            Президенти Љумњурии Тољикистон:

            фаъолияти мувофиќашудаи тамоми шохањои њокимияти давлатиро дар соњаи њимояи Сарњади давлатї таъмин менамояд;

            музокирот доир менамояд ва ањдномањои байналхалќиро доир ба масъалањои њимояи Сарњади давлатї ба имзо мерасонад.

            Њукумати Љумњурии Тољикистон:

            тадбирњои оид ба таъмини њимояи Сарњади давлатиро тањия ва татбиќ менамояд;

            иљрои њамин Ќонунро аз љониби вазорату идорањо ва маќомоти мањаллии њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон ба роњ мемонад.

            Маќомоти њокимияти судии Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколатњои худ, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, дар таъмини њимояи Сарњади давлатї иштирок менамояд.

            Моддаи 30. Ваколатњои Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

            Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон:

            муњофизати Сарњади давлатиро дар хушкї, дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњо, инчунин дар гузаргоњњои Сарњади давлатї таъмин менамояд;

            ба Ќўшунњои сарњадї, фаъолияти намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистонро роњбарї менамояд;

            дар муайян кардан ва амалї гардонидани сиёсати давлатии сарњадии Љумњурии Тољикистон иштирок менамояд;

            концепцияи муњофизати Сарњади давлатиро омода месозад, соњањои асосии фаъолияти Ќўшунњои сарњадиро муайян менамояд, барномањои маќсадноки комплексии такмили фаъолияти онњоро тайёр ва механизми њуќуќї, ташкилї, иќтисодї ва роњњои дигари дар амал љорї намудани ин барномањоро тањия менамояд;

            фаъолияти маќомоти давлатиро, ки дар Сарњади давлатї њама гуна назорати риояи низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ва низомро дар гузаргоњњои Сарњади давлатї ба роњ мемонанд, њамоњанг месозад;

            якљоя бо Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон њамоњангсозии фаъолияти ќўшунњои мудофиаи зиддињавоиро оид ба њимояи Сарњади давлатї аз љониби Ќўшунњои сарњадї таъмин менамояд;

            дар кори аз љониби маќомоти њокимияти давлатї тањия гардидани санадњои меъёрї ва дигар санадњои њуќуќии марбут ба фаъолияти ашхоси юридикї ва воќеї, ки ба манфиати њимояи Сарњади давлатї алоќаманд мебошанд, иштирок менамояд;

            дар делимитация, демаркация, редемаркацияи Сарњади давлатї, тањияи санадњои меъёрии њуќуќї, ки низоми Сарњади давлатиро муќаррар мекунанд, иштирок менамояд;

            дарёфт ва тањлили ахборотро оид ба тањдид ба амнияти Љумњурии Тољикистон дар соњаи њимояи Сарњади давлатї, пешнињод намудани онро ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, огоњонидани вазорату идорањои манфиатдорро таъмин менамояд;

            ба манфиати њимояи Сарњади давлатї бо идорањои дахлдори сарњадии давлатњои иштирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва дигар давлатњои хориљию ташкилотњои байналхалќї њамкорї намуда, робита барќарор менамояд.

            Ваколатњои дигари Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро ѓайр аз ваколатњои њамин Ќонун пешбининамуда, Низомномаи дахлдор, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ кардааст, муайян менамояд.

            Моддаи 31. Ваколатњои маќомоти соњавии њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон

            1. Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон:

            дар асоси ќарорњои маќомоти олии њокимияти давлатии Љумхурии Тољикистон бо роњњои дипломатї таъмин намудани њифзи истиќлолият, амният, тамонияти арзї ва дигар манфиатњои Љумњурии Тољикистонро амалї мегардонад, доир ба муќаррар кардан ва таќвияти Сархадї давлатї, барќарории низом дар Сарњади давлатї музокирот мегузаронад, аснод ва маводи заруриро тањия менамояд;

            дар доираи салоњияти худ татбиќи роњи сиёсати хориљї, ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистонро дар масъалањои њимояи Сарњади давлатї анљом медињад;

            дар доираи салоњияти худ асноди шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаиятро барои дохил шудан ба Љумњурии Тољикистон ва хориљ шудан аз Љумњурии Тољикистон ба расмият медарорад;

            дар муќаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарњади давлатї ширкат мекунад, дар њудуди салоњияти худ мољароњои дар Сарњади давлатї рўйдодаро, ки аз љониби намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон ё Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон танзим нашудаанд, њал менамояд.

2. Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон:

            дар доираи ваколатњои худ ахборотро оид ба тањдид ба амният дар соњаи њимояи Сарњади давлатї дарёфт, тањлил ва ташхис менамояд;

            дар њамкорї бо Ќўшунњои сарњадї фаъолияти разведкавї, зиддиразведкавї ва оперативию љустуљўиро ба манфиати њимояи Сарњади давлатї анљом медињад;

            дар њамкорї бо Кумитаи гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бобати мубориза бо ќочоќ тадбирњо тањия намуда, онњоро амалї месозад;

            таъминоти зиддиразведкавии дохилшавї ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ва аз ќаламрави Љумхурии Тољикистон хориљ шудани шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаият, инчунин низомї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон будани шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаиятро ба роњ мемонад;

            њамкориро бо маќомоти марказии њокимияти иљроия ва иттињодияњои љамъиятии Љумњурии Тољикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотњои хориљї ба манфиати њимояи Сарњади давлатї ба роњ мемонад;

            дар таъмини амнияти чорабинињои оммавии дорои хусусияти љумњуриявї, вилоятї ё байналхалќї, ки дар Сарњади давлатї ё дар ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон гузаронида мешаванд, ширкат мекунад.

            3. Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон:

            њимояи Сарњади давлатиро дар фазои њавої таъмин мекунад ва масъули иљрои ин вазифа мебошад;

            њимояи мусаллањонаи Сарњади давлатї ва ширкати Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистонро дар бобати њимояи Сарњади давлатї дар хушкї, дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї дар њолатњо ва бо тартиби муайяннамудаи њамин Ќонун, дигар асноди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

            дар доираи салоњияти худ мољароњои вобаста ба вайронкунии низоми Сарњади давлатиро њаллу фасл мекунад;

            ба Ќўшунњои сарњадї дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкавї ва дигар таъминоти њимояи Сарњади давлатї дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва созишномањои байниидоравї кўмак мерасонад.

            4. Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон:

            ба Ќўшунњои сарњадї дар гузаронидани чорабинињои доир ба њимояи Сарњади давлатї, муборизаи зидди фаъолияти пинњонкорї ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарњади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши њолатњои ќонуншикании шањрвандоне, ки бо тартиби маъмурї ё љиноятї-мурофиавї дастгир шудаанд, кўмак мерасонад;

            Ќўшунњои сарњадиро аз њолати тартиботи њуќуќї дар ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон, амалњои ѓайриќонунии ошкоршуда, ашхос ва гурўњњои љинояткоре, ки нисбати Сарњади давлатї ва Ќўшунњои сарњадї кўшишњои ѓайриќонунї доранд, хабардор месозад;

            иштироки ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистонро дар њимояи Сарњади давлатї дар њолатњо ва бо тартиби пешбининамудаи њамин Ќонун таъмин менамояд;

            иштироки маќомоти корњои дохилиро дар назорати риояи низоми сарњадї дар гузаргоњњои Сарњади давлатї таъмин менамояд;

            бо пешнињоди Ќўшунњои сарњадї ба минтаќањои алоњидаи мањал ё объектњои назди Сарњади давлатї роњ додани шањрвандонро њангоми љустуљўи вайронкунандагони Сарњади давлатї, рафъи њуљуми мусаллањона ё ба таври оммавї ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон гузаштани шањрвандони давлати њамњудуд муваќќатан мањдуд ё манъ менамояд;

            њангоми гузаронидани чорабинињои оммавии дорои хусусияти љумњуриявї, вилоятї ё байналхалќї дар Сарњади давлатї ва ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон тартиботи љамъиятиро таъмин менамояд;

            њангоми дар ноњияњои наздисарњадї рўй додани њолати фавќулодда, љорї намудани низоми вазъи фавќулодда тартиботи њуќуќиро таъмин менамояд;

            дар тарбияи њуќуќии ањолии ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон, пешгирї намудани ќонуншиканињо дар Сарњади давлатї ва гузаргоњњои он якљоя бо Ќўшунњои сарњадї иштирок менамояд.

            5. Маќомоти дигари њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон, ки дар Сарњади давлатї назорати гумрукї, санитарию карантинї, ветеринарї, фитосанитарї ва дигар намудњои назоратро амалї менамоянд;

            дар бобати њимояи манфиатњои иќтисодї, экологї ва дигар манфиатњои шахсият, љамъият ва давлат дар Сарњади давлатї чорабинињо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;

            дар доираи салоњияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иљрои онњо дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон барои ашхоси юридикї ва воќеї њатмист;

            аз љониби корхонањо, ташкилоту муассисањо, иттињодияњои љамъиятї ва шањрвандон риоя шудани талаботи ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро аз рўи масъалањое, ки ба салоњияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;

            дар мавридњои зарурї дар гузаргоњњои Сарњади давлатї маќомоти назоратї (нуќтањо) таъсис медињанд ва кори онњоро ташкил менамоянд, мутобиќи талаботи ќисми шашуми моддаи 11 њамин Ќонун воситањо ва усулњои назоратро муќаррар мекунанд;

            бо њамдигар њамкории мутаќобила мекунанд ва ба Ќўшунњои сарњадї дар њимояи Сарњади давлатї кўмак мерасонанд;

            бо маќомоти дахлдори давлатњои хориљї дар њимояи Сарњади давлатї њамкорї мекунанд.

            Моддаи 32. Ваколатњои маќомоти њокимияти намояндагї ва иљроияи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва ноњияњои наздисарњадї

            Маќомоти њокимияти намояндагї ва иљроияи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва ноњияњои наздисарњадї;

            барои њимояи Сарњади давлатї ба ќўшунњо ва маќомоти ќонун ваколатдоркарда шароит муњайё мекунанд, бо ин маќсадњо дар доираи салоњияти худ ва мутобиќи талаботи њамин Ќонун асноди меъёрї ќабул менамоянд;

            мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои эњтиёљоти њимояи Сарњади давлатї ќитъањои замин људо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин ќитъањо риоя шудани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи муњити зист назорат мекунанд;

            Ќўшунњои сарњадиро оид ба масъалањои марбут ба вазъият дар ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон хабардор месозанд;

            барои ширкати ихтиёрии шањрвандон дар муњофизати Сарњади давлатї шароит муњайё мекунанд;

            дар ќаламрави худ аз тарафи тамоми маќомот, корхонањо, ташкилоту муассисањо ва њамчунин ашхоси мансабдор ва шањрвандон риоя шудани иљрои ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро дар бораи Сарњади давлатї назорат мекунанд.

 

 

 

 

Б О Б И  VII

ВАКОЛАТЊОИ ЌЎШУНЊОИ САРЊАДЇ, ЌЎШУНЊОИ

МУДОФИАИ ЗИДДИЊАВОЇ, ДИГАР ЌЎШУНЊО ВА

СОХТОРЊОИ ЊАРБИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДАР СОЊАИ ЊИМОЯИ САРЊАДИ ДАВЛАТЇ

 

            Моддаи 33. Ваколатњои Ќўшунњои сарњадї

            Ќўшунњои сарњадї Сарњади давлатиро дар хушкї, дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњо, дар гузаргоњњои Сарњади давлатї муњофизат мекунанд, њамчунин гузариш аз Сарњади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин маќсадњо онњо вазифадоранд:

            тавассути тамоми имкониятњои мављуда ба таври ѓайриќонунї таѓъир додани убури Сарњади давлатиро дар мањал роњ надињанд;

            њуљуми мусаллањонаро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон зада гардонида, мољароњои мусаллањона ва дигар мољароњоро дар Сарњади давлатї пешгирї намоянд, аз ин ќасдњои љинояткорона ањолї, моликияти давлатї ва дигар шаклњои моликиятро њимоя намоянд;

            вайронкунандагони Сарњади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

            аз тарафи ашхос ва воситањои наќлиёт берун аз гузаргоњњо ё бо тарзи ѓайриќонунї гузаштани Сарњади давлатиро пешгирї намоянд ва ба онњо роњ надињанд;

            иљрои ўњдадорињоеро, ки аз ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои низоми сарњадии Љумњурии Тољикистон бармеоянд, таъмин намоянд;

            риояи ќоидањои низоми Сарњади давлатиро, ки хислати иљозатї ё огоњкунї доранд, низоми сарњадї ва низоми гузаргоњњои Сарњади давлатиро назорат намоянд;

            фаъолияти ќўшунї, разведкавї, зиддиразведкавї, оперативию ќўшунї, низомї гузарондан ва њарбию техникиро анљом дињанд;

            пешбарии парвандањоро оид ба ќонуншиканињои маъмурие, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ихтиёри онњо вогузор намудааст, анљом дињанд, дар доираи салоњияти худ ин парвандањоро баррасї кунанд ва ќарорњои аз рўи онњо ќабулшударо иљро намоянд;

            аз рўи парвандањое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ихтиёри онњо гузоштааст, тањќиќ баранд;

            пешгирии ќонуншиканињоеро, ки мубориза бар зидди онњо ба салоњияти Ќўшунњои сарњадї дохил мешавад, ба роњ монанд;

            дар фаъолияти намояндагони сарњадии Љумњурии Тољикистон ширкат намоянд;

            дар мавриди зарурат љустуљў ва амалиёти сарњадї гузаронанд.

            Ќўшунњои сарњадї дар доираи ќаламрави сарњадї њуќуќњои зерин доранд:

            1) дар заминњое, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз рўи меъёрњои муќарраршуда ба истифодаи бемўњлат (доимї) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техникї бунёд намоянд, сохтмони хатњои алоќа ва коммуникацияро анљом дињанд, техника ва силоњро љойгир ва истифода кунанд;

            2) њангоми иљрои вазифањои хизматї дар њар минтаќаи мањал ќарор дошта бошанд ва дар он љой озодона рафту омад кунанд; аз моликон ва истифодабарандагони ќитъањои замин дар хати сарњад људо намудани љойро барои рафту омади ќисмњои сарњадї, таљњизонидан ва дар њолати дуруст нигоњ доштани гузаргоњњои миёни панљарањо, гузаргоњњои миёни дигар монеањо талаб намоянд; киштињои дарёии ѓайринизомї ва дигар воситањои наќлиётиро мушоират ва дар онњо ќисмњои сарњадиро љой кунанд; бо маќсади пешгирї ва рафъи вайронкунии низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї, низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї њуљљатњои зарурии ашхос, њуљљатњои воситањои наќлиётиро тафтиш намоянд, воситањои наќлиёт ва борњои дар онњо бударо тафтиш (муоина) кунанд;

            3) тавассути нарядњои сарњадї ашхосеро, ки нисбати онњо асос барои гумони вайронкунии Сарњади давлатї, низоми сарњадї, низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї мављуд аст, нигоњ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба ќароргоњи љузъу том, ќисмњои Ќўшунњои сарњадї ё љойњои дигар барои муайян кардани њолатњои сарњадшиканї баранд; тавассути ќайиќњои сарњадї нигоњ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштињои ѓайринизомиеро, ки низомњои мазкурро вайрон кардаанд ва бурдани онњоро ба бандар, дарёбандар ё истгоњи наздиктарини Љумњурии Тољикистон љињати муайян кардани њолатњои сарњадшиканї анљом дињанд. Њангоми муоина кардан ва бурдани киштї радиостанцияи он набояд кор кунад. Дар хусуси њар як њолати муоина ва дастгир намудани киштї протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштиронї ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;

            4) ашхосеро, ки низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ё низоми гузаргоњи Сарњади давлатиро вайрон кардаанд, љињати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмурї ва дар њолатњои зарурї барои муќаррар кардани шахсият ва муайян кардани њолатњои ќонуншиканї – то се шабонарўз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лањзаи дастгир кардан ба прокурор хаттї хабар дињанд ё бо иљозати прокурор ба мўњлати то дањ шабонарўз, агар сарњадшиканон њуљљати тасдиќкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, њамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи њамроњи онњо буда, дигар ашёе, ки онњо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва њуљљати онњоро анљом дињанд. Дар хусуси њар як њолати ба таври маъмурї дастгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи њамроњи ў буда, протокол тартиб дода мешавад;

            5) бо иљозати прокурор шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарњади давлатї ѓайриќонунї убур кардаанд ва дар мавриди онњо мувофиќи асосњои пешбининамудаи ќисми чоруми моддаи 15 њамин Ќонун, ќарор дар бораи ба маќомоти давлати њамњудуд супоридани онњо ё аз њудуди Љумњурии Тољикистон берун кардани онњо ќабул шудааст ва ё ќарор дар бораи аз њудуди Љумњурии Тољикистон ба таври маъмурї берун кардани онњо ќабул шудааст, то ваќти барои иљрои ќарор ва њалнома зарур боздоранд;

            6) ашхосеро, ки ба таври маъмурї боздошта шудаанд, дар биноњои махсус барои ин маќсадњо љињозонидашудаи Ќўшунњои сарњадї, ашхосеро, ки бо тартиби љиноятї-мурофиавї дар содир намудани љиноят гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онњо ба сифати чораи эњтиётї дар њабс нигоњ доштан истифода шудааст – дар њабсхонањои нигоњдории муваќќатї ё дар биноњои Ќўшунњои сарњадї, ки махсус бо маќсади нигоњ доштани ашхоси ба таври маъмурї дастгиршуда љињозонида шудаанд, дар њолатњои зарурї чунин ашхосро дар њабсхонањои тафтишотї, њабсхонањои нигоњдории муваќќатї ва дигар биноњои махсус љињозонидашудаи маќомоти корњои дохилї нигоњ доранд;

            7) ашхосро ба љузъу томњои Ќўшунњои сарњадї даъват намоянд ва аз онњо дар бораи њолатњои барояшон маълумбудаи убури ѓайриќонунии Сарњади давлатї ё дигар вайронкунии низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ё низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї баёнот гиранд. Дар њолатњои зарурї гирифтани баёнот доир ба њолатњои чунин сарњадшиканињо метавонад дар љойњои дигар анљом дода шавад. Дар сурати бо даъват њозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маљбурї овардан мумкин аст;

            8) дар њуљљатњое, ки барои убури Сарњади давлатї њуќуќ медињанд, ќайдњои дахлдор гузоранд ва дар њолати зарурї ин гуна њуљљатњоро муваќќатан гиранд, њамчунин асноди беэътиборро гиранд, мўњлати амали визањои тољикии ба шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаият додашударо дар мањалњое, ки намояндагињои хадамоти консулии Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон вуљуд надоранд, дароз кунанд. Барои дароз кардани мўњлати амали визањои тољикї, ки то дањ рўз мўњлаташон гузаштааст, ба андозаи дањ маоши њадди аќал пардохт ситонида мешавад; барои дароз кардани мўњлати амали визањои тољикї, ки мўњлаташон аз дањ рўз зиёдтар гузаштааст – њабдањ маоши њадди аќал;

            9) ќочоќи аз тариќи Сарњади давлатї интиќолдодашаванда ва дигар молњо, борњо ва воситањои наќлиётии ѓайриќонунї аз тариќи Сарњади давлатї интиќолдодашавандаро, ки онњо њангоми иљрои вазифањои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба њифзи Сарњади давлатї дар доираи ќаламрави наздисарњадї ошкор намудаанд, ба маќомоти гумрук супоранд, дар сурати мављуд набудани маќомоти гумрук бошад, онњоро боздоранд;

            10) њаракати ашхос ва воситањои наќлиёт, аз љумла киштињои (воситањои) камзарфи дарёиро муваќќатан мањдуд ё манъ намоянд, њамчунин шањрвандонро ба нуќтањои алоњидаи мањал роњ надињанд, онњоро вазифадор созанд, ки дар њамон љо ќарор дошта бошанд ё ин нуќтањоро бо маќсади њифзи саломатї ва њаёти одамон њангоми гузаронидани љустуљўю амалиёти сарњадї, амалњои дигари кофтуковї њамчунин њаракатњо аз рўи парвандањои љиноятї, ва парвандањо оид ба ќонуншиканињои маъмурї, тарк намоянд;

            11) њангоми ба вуљуд омадани хатар ба манфиатњои Љумњурии Тољикистон дар Сарњади давлатї бо огоњонидани маќомоти њокимияти давлатї дар мањалњо ва маќомоти худидораи мањаллї, корхонањо, муассисањо, ташкилотњои манфиатдор гузаронидани корњои гуногунро, ба истиснои корњои дорои ањамияти мудофиавї ва корњои вобаста бо рафъи офатњои табиї ё беморињои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваќќатан мањдуд намоянд;

            12) дар њар ваќти шабонарўз, ба манзили истиќоматї ва дигар биноњои шањрвандон, ба њудуд ва ба биноњои корхонањо, ташкилоту муассисањо, ба ѓайр аз онњое, ки масунияти дипломатї доранд, дароянд ва онњоро њангоми таъќиби ашхосе, ки нисбати онњо асоси кофї барои гумони вайронкунии низоми Сарњади давлатї мављуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиќоматї бе ризоияти ашхоси дар онњо муќим сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;

            13) бо маќсадњои хизматї воситањои алоќаро бемамониат истифода баранд ва њангоми зада гардонидани њуљум ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, монеъ шудан ба убури ѓайриќонунии оммавии Сарњади давлатї, гузаронидани чорабинињои љустуљўї, интиќоли ашхосе, ки ба ќонуншиканї гумонбар шудаанд – воситањои наќлиётиеро, ки ба корхонањо, ташкилоту муассисањо (сарфи назар аз шакли моликият), иттињодияњои љамъиятї тааллуќ доранд ва дар њолатњои зарурї воситањои наќлиётии ба шањрвандон тааллуќдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соњибони онњо мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун харољот ё зиёни расонидашударо љуброн кунанд. Воситањои алоќа ва наќлиёте, ки ба намояндагињои дипломатї, консулї ва дигар намояндагии давлатњои хориљї, созмонњои байналхалќї тааллуќ доранд ва воситањои наќлиётии таъиноти махсус аз ин ќоида истисно мебошанд;

            14) аз маќомоти давлатї, корхонањо, ташкилоту муассисањо ва иттињодияњои љамъиятї маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иљрои вазифањои ба дўши Ќўшунњои сарњадї гузоштаи ќонун зарур аст, ба истиснои њолатњое, ки ќонун тартиби дигари ба даст овардани маълумотро муќаррар намудааст;

            15) барои иљрои назорати нигоњдории низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ва низоми гузаргоњи Сарњади давлатї баќайдгирии ашхос, бањисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин маќсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо ќонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;

            16) ба маќомоти давлатї, корхонањо, ташкилоту муассисањо, иттињодияњои љамъиятї пешнињод доир ба бартараф намудани сабабњо ва шароити ба содир намудани ќонуншиканињо мусоидаткунанда, ки тањќиќї ё пешбарии парвандањо аз рўи онњо ба салоњияти Ќўшунњои сарњадї дохиланд, пешкаш намоянд;

            17) шањрвандонро ба таври ихтиёрї дар њайати иттињодияњои љамъиятї ба сифати кормандони ѓайриштатии Ќўшунњои сарњадї ва дар шаклњои дигар ба њалли вазифањои муњофизати Сарњади давлатї дар њудуди ќаламрави назди сарњадї љалб намоянд, инчунин шањрвандонеро, ки дар муњофизати Сарњади давлатї сањми арзанда гузоштаанд, њавасманд созанд;

            18) силоњ, техникаи љангї, воситањои махсус, ќувваи љисмонї ва сагњои хизматиро бо тартиб ва дар њолатњои пешбининамудаи њамин Ќонун истифода баранд;

            19) дар ќисми тољикистонии обњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои Љумњурии Тољикистон нисбат ба киштињои дарёии ѓайринизомї, ба ѓайр аз ин:

            агар байраќи киштї барафрохта нашуда бошад, пешнињод намоянд, ки масъулони он байраќро нишон дињанд;

            бозпурсии капитан (соњиб, команда)-и киштиро доир ба маќсадњои ворид шудани киштї ба ин обњо анљом дињанд;

            агар киштї байраќи худро набардорад, ба ишорањои пурсиш љавоб надињад, ба талаб доир ба таѓйири самти њаракат итоат накунад ё принципњои ба меъёрњои њуќуќи байналхалќии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиљаи тафтиши киштї ба он метавонад иљозат дода шавад, ки шинокуниро (ќарор доштан) дар обњои Љумњурии Тољикистон бо риояи ќоидањои муќарраргардида давом дињад ё пешнињод карда шавад, ки Љумњурии Тољикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиќи талаботи њамин Ќонун боздошта шавад;

            ашхосеро, ки љиноят содир кардаанд ва бояд тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида шаванд, аз киштї фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро, агар дар ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, ба маќомоти тањќиќ ё тафтишоти пешакї супоранд;

            киштиеро, ки дар обњои ќисми тољикистонии дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои наздисарњадї ќоидањои шинокунї (ќарор доштан)-ро вайрон кардааст, пеш аз ба ќаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин киштї, пас аз додани ишораи басарї ё бонги овозї барои истодан аз масофае, ки киштї ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъќиб кунанд ва боздоранд;

            20) љињати таъмини амнияти худии системаи Ќўшунњои сарњадї мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» тадбирњо андешанд;

            21) мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои ѓайриќонунї аз Сарњади давлатї гузаронидани ашхос љарима банданд. (Эзоњ: Пардохти љарима интиќолдињандагонро аз ўњдадории љуброн намудани харољоти воќеии фиристодани шањрвандони хориљї ё ашхоси бетабаияте, ки  бе њуљљатњои барои ворид шудан муќарраргардида ба Љумњурии тољикистон расонда шудаанд, ба нуќтае, ки шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаият сафари худро оѓоз намудаанд ё ба њар гуна љои дигаре, ки воридшавї ба онњо иљозат дода шудааст, инчунин аз харољоти воќеии нигоњдорї ва аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон рондани онњо озод намекунад).

            Њангоми иљрои љустуљўњо ва амалиёти сарњадї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон Ќўшунњои сарњадї  метавонанд њуќуќи ба онњо додашударо берун аз њудуди дар ќисми дуюми њамин модда муќарраршуда низ  истифода баранд.

            Дар ваќти иљрои вазифањои хизматї ба киштињо ва њавопаймоњои (чархболњои) Ќўшунњои сарњадї њуќуќи:

            истифода бурдани наќлиёти обї ва њавої, аэродромњо (майдончањои нишаст) дар ќаламрави Тољикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онњо;

            гирифтани маълумоти киштиронї , метеорологї, гидрографї ва дигар маълумот;

таъмин намудани  парвоз ва киштиронї дода мешавад.

            Њуќуќњои дигарро ба Ќўшунњои сарњадї танњо ќонун  дода метавонад.

            Аз тарафи Ќўшунњои сарњадї  истифода шудани њуќуќњои ба онњо додашуда барои иљрои вазифањое, ки  ќонун ба зиммаи онњо вогузор накардааст, мумкин нест.

            Ќўшунњои сарњадї ба иљрои дигар  вазифањо, ба истиснои рафъи оќибатњои офатњои табиї, садамањо ва фалокатњо љалб карда намешаванд.

Моддаи 34. Ваколатњои Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої

            Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої Сарњади давлатиро дар фазои њавої њимоя  мекунанд, бо ин маќсад онњо:

            риояи ќоидањои убури Сарњади давлатиро назорат мекунанд;

            пеши роњи парвози њавопаймоњоеро, ки  аз Сарњади давлатї ѓайриќонунї убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазои њавоии Љумњурии Тољикистон шинондани онњо чорањо меандешанд;

            ба њавопаймоњое, ки Сарњади давлатиро дар натиљаи њолатњои форс-мажорї        амалњои беѓаразонаи экипажи онњо ѓайриќонунї гузаштаанд, кўмак расонида, самти њаракати онњоро барќарор ва онњоро барои фаромадан ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё берун рафтан аз њудуди фазои њавоии Љумњурии Тољикистон роњнамої мекунанд.

            Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої њуќуќ доранд, ки :

            Њангоми ба вуљуд омадани тањдиди убури ѓайриќонунї ё убури ѓайриќонунии Сарњади давлатї воситањои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани њавопаймоњо дар фазои њавоии Љумњурии Тољикистон истифода баранд;

            дар  њолатњои зарурї барои муайян кардани вазъият дар фазои њавої ва андешидани тадбирњо оид ба пешигирї ё ќатъи убури ѓайриќонунии Сарњади давлатї аз фазои њавої бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ќуввањо ва воситањои дигар навъњои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистонро истифода баранд;

            њангоми ба вуљуд омадани тањдиди убури ѓайриќонунии Сарњади давлатї ё убури ѓайриќонунии он дар минтаќањои алоњидаи фазои њавоии Љумњурии Тољикистон парвози њавопаймоњоро пурра манъ кунанд ё мањдуд созанд;

            аъзои экипажи њавопаймоњоеро, ки аз Сарњади давлатї ѓайриќонунї убур кардаанд, баъди дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон фуруд омадани онњо ба љузъу томњои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ё љойњои дигар љињати муайян кардани њолатњои убури ѓайриќонунї ва ба маќомоти тањќиќ ё тафтишоти пешакї супоридани онњо, агар дар ањдномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад, даъват намоянд;

            техникаи њарбї ва силоњро мутобиќи њамин Ќонун ба кор баранд.

            Моддаи 35. Иштироки  Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, ќўшунњо ва сохторњои дигари њарбии Љумњурии Тољикистон дар њимояи Сарњадї давлатї

            Њимояи Сарњади давлатї дар ќитъањои људогона дар хушкї, соњилњои дарёњо, кўлњо ва дигар обанборњои сарњадї оид ба манъ намудани убури ѓайриќонунии сарњад дар мањалњои љойгиршавии объектњои њарбї, гарнизонњои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии  Тољикистон, ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбии Љумњурии Тољикистон, ки барои  даромадани (убури) ашхос ва воситањои наќлиётии бегона пўшидаанд, ба зиммаи фармондењии объектњои њарбї ва гарнизонњои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна ќитъањо аз љониби фармондењони (сардорони) Ќўшунњои сарњадї, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбї якљоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиќ карда мешаванд.

            Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбии Љумњурии Тољикистон ба Ќўшунњои сарњадї барои иштирок дар љустуљўњо ва амалиёти сарњадї бо тартибе, ки дар ќарорњои муштараки вазорату идорањои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян  карда мешаванд, ќувва ва восита људо менамоянд.

            Дигар намуди ширкати Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, ќўшанњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбии Љумњурии Тољикистон дар њимояи Сарњади давлатї танњо дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда мешаванд.

            Моддаи 36. Амали якљоя дар њимояи Сарњади давлатї.

            Ќўшунњои сарњадї ва Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої:

            њангоми  иљрои вазифањои ба зиммаи онњо гузошташуда дар њимояи Сарњади давлатї ба њамдигар кўмак мерасонанд;

            дар доираи ваколатњои бо њамин Ќонун муќарраршуда фаъолияти маќомоти давлатиро, ки  барои нигоњ доштани низоми Сарњади давлатї намудањои гуногуни назоратро амалї менамоянд, ба ин фаъолиятњо дахолат накарда, њамоњанг месозанд;

            амали якљояи ќуввањои худ ва маќомоти давлатї,  корхонањо, ташкилоту муассисањо (сарфи назар аз шакли моликият), иттињодияњои љамъиятиеро, ки дар њимояи Сарњади давлатї ширкат мекунанд ё  ба манфиати Сарњади давлатї  фаъолият менамоянд, бевосита дар  Сарњади  давлатї ташкил мекунанд. Фармондењони Ќўшунњои сарњадї ва Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої дар њудуди салоњияти худ оид  ба масъалањои риояи низоми Сарњади давлатї амрњое мебароранд, ки иљрои онњо аз љониби тамоми маќомот, корхонањо, ташкилоту муассисањо, иттињодияњои љамъиятї, ашхоси мансабдор ва шањрвандон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њатмист;

            дар њимояи Сарњади давлатї бо тартибе, ки ањдномањои байналхалќии дорои хислати байниидоравии Љумњурии  Тољикистон муќаррар мекунанд, бо маќомоти дахлдор ва ќўшунњои давлатњои хориљї амали якљояро анљом медињанд.

            Моддаи 37. Истифодаи  силоњ ва техникаи њарбї

            Ќўшунњои сарњадї ва Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої њимояи Сарњади давлатиро дар доираи ќаламрави наздисарњадї анљом дода љињати зада гардонидани њуљуми мусаллањона ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, пешгирї кардани кўшиши рабуда, ба хориља бурдани њавопаймоњо, киштињои дарёї ва дигар воситањои наќлиётии бемусофир, силоњ ва техникаи љангиро истифода мебаранд.

            Силоњ ва техникаи љангиро њамчунин дар ин мавридњо истифода бурдан мумкин аст: бар зидди ашхос, њавопаймоњо, киштињои дарёї ва восиатњои наќлиётие, ки сарњади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи њамин Ќонун мегузаранд (гузаштаанд), дар љавоби ќувваи истифодабурдаи онњо ё дар њолатњое, ки ќатъи сарњадшиканї ё дастгир намудани сарњадшиканон бо усулњои дигар имкон надорад; барои њифзи  шањрвандон  аз њамлае, ки ба њаёт ва саломатии  онњо тањдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон;  барои зада гардонидани њуљум  ба хизматчиёни њарбї, ашхосе, ки оид ба муњофизати Сарњади давлатї вазифаи хизматї ё ќарзи љамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онњо сурате, ки ба њаёти онњо хатар тањдид мекунад;  барои зада гардонидани њамла ба љузъу томњо ва объектњои Ќўшунњои сарњадї, Ќуввањои  Мусаллањи Љумњурии  Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбї, ки дар њимояи сарњади давлатї иштирок менамоянд, аз љумла барои расонидани кўмак ба киштињои дарёї, њавопаймоњо ва чархболњо дар ваќти баргардонидани њуљум ба онњо.

            Пеш аз истифодаи силоњ ва техникаи љангї дар бораи истифодаи онњо бояд огоњии аниќ дода шавад ва тирпаронии огоњкунанда сурат гирад.

            Силоњ ва техникаи љангї њангоми зада гардондани њуљуми мусаллањона, ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон њамлаи ногањонї ё мусаллањона бо хизматчиёни њарбї ва дигар шањрвандон, њуљум бо истифодаи техникаи љангї, њавопаймоњо, киштињои дарёї ва дигар воситањои наќлиёт, муќобилияти мусаллањона, бо силоњ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоњї ба кор бурда мешавад.

            Хизматчиёни њарбї њаќ доранд барои безарар сохтани њайвоноте, ки ба њаёт ва саломатии хизматчиёни њарбї ва  дигар шањрвандон тањдид мекунанд, њамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрї силоњро истифода баранд.

            Ба кор бурдани силоњ ва техникаи љангї ба муќобили занон ва ноболиѓон, ба истиснои њолатњои њуљуми мусаллањона аз тарафи онњо ё муќобилияти мусаллањона ва ё њуљуми гурўњие, ки ба њаёт тањдид мекунад; ба муќобили њавопаймоњо, киштињои дарёї ва дигар воситањои наќлиёте, ки мусофир доранд; ба муќобили ашхосе, ки Сарњади давлатиро ѓайриќонунї убур кардаанд ё ќасди убури онро доранд, агар ин амал аниќ тасодуфї бошад ё бо сабаби фалокат, тањти таъсири омилњои бартарафнашавандаи табиї ба амал омада бошад, манъ аст.

            Моддаи 38. Истифода воситањои махсус.

            Њангоми иљрои вазифањои марбут ба њимояи  Сарњади давлатї дар доираи  ќаламрави наздисарњадї  хизматчиёни њарбї воситањои махсус (дастбанд ё воситањои дигар барои дастбандї, калтаки резинї. Моддањои ашковар, воситањои садо ва рўшноидињандае, ки таъсири ба тарфи дигар љалб кардани диќќатро доранд, асбобњо барои манъи маљбурии наќлиёт), ќувваи љисмонї, аз љумла усулњои љангии муњориба ва сагњои хизматиро мутобиќи моддањои 15-17 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «дар бораи милиция» ба кор мебаранд.

 

 

Б О Б И  VIII

 

ШИРКАТИ   МАЌОМОТИ  ХУДИДОРАИ  МАЊАЛЛЇ, КОРХОНАЊО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАЊО, ИТТИЊОДИЯЊОИ ЉАМЪИЯТЇ

ВА ШАЊРВАНДОН ДАР ЊИМОЯИ САРЊАДИ ДАВЛАТЇ

 

 

            Моддаи 39. Ваколатњои маќомоти худидораи мањаллї, корхонањо, муассисањо, ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятии Љумњурии  Тољикистон дар њимояи Сарњади давлатї:

            Маќомоти худидораи мањаллї, корхонањо, ташкилоту муассисањо, сарфи назар аз шакли моликият, иттињодияњои љамъиятї ва ашхоси мансабдори онњо;

            ба Ќўшунњои сарњадї, Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої, маќомоти давлатие, ки намудњои гуногуни назоратиро дар Сарњади давлатї амалї менамоянд, кўмак мерасонанд, дастурњои ќонунии онњоро иљро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онњо заруриро пешнињод мекунанд;

            барои иштироки ихтиёрии шањрвандон дар њимояи Сарњади давлатї дар  доираи ќаламрави наздисарњадї шароит фароњам меоранд.

            Моддаи 40.  Иштироки шањрвандон дар њимояи Сарњади давлатї

            Шањрвандон дар њайати иттињодияњои љамъиятї, дружинањои ихтиёрї, ба сифати кормандони ѓайриштатии Ќўшунњои сарњадї ва дар дигар  шаклњо дар њимояи Сарњади давлатї дар доираи ќаламрави наздисарњадї дар асоси ихтиёрї иштирок менамоянд.

            Тартиби ба њимояи Сарњади давлатї љалб намудани шањрвандонро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

 

 

 

 

 

 

 

Б О Б И  IX

ЊИФЗИ ЊУЌУЌЇ ВА ИЉТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ

ЊАРБЇ ВА ШАЊРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ЊИМОЯИ

САРЊАДИ ДАВЛАТЇ ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

            Моддаи 41. Њифзи њуќуќии хизматчиёни њарбие, ки дар њимояи Сарњади давлатї иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онњо:

            Ба хизматчиёни њарбие, ки бевосита дар њимояи Сарњади давлатї ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни њарбии иљрокунандаи вазифањои махсус, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи статус, замонатњои њимояи иљтимої ва њуќуќии хизматчиёни њарбї ва ањли оилаи онњо» муќаррар намудааст, дода мешавад. Онњо намояндаи њокимият буда, тањти њимояи давлат ќарор доранд.  Талабњои ќонунии онњо бояд њатман аз љониби шањрвандон ва ашхоси мансабдор иљро карда шаванд. Њељ кас, ба ѓайр аз ашхосе, ки аз тарафи ќонун махсус ваколатдор шудаанд, њаќ надорад ба фаъолияти онњо дахолат намояд.  

            Монеъ шудан ба иљрои вазифањои хизматии хизматчиёни њарбї дар бобати њимояи Сарњади давлатї, сўиќасд ба њаёт ва саломатї, номус ва шараф, амволи хизматчии њарбї ё аъзои оилаи ў боиси љавобгарие мешавад, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст.

            Моддаи 42. Њифзи њуќуќии шањрвандоне, ки дар њимояи Сарњади давлатї иштирок мекунанд ва аъзои оилањои онњо:

            Барои амалњои ѓайриќонунї нисбати шањрвандон ва аъзои оилањои онњо бо сабаби расонидани кўмак ба Ќўшунњои сарњадї дар њимояи Сарњади давлатї боиси љавобгарие мешавад, ки ќонунгузории Љумњурии  Тољикистон  пешбинї намудааст.

            Моддаи 43. Њифзи иљтимоии хизматчиёни њарбї ва дигар шањрвандоне, ки дар њимояи Сарњади давлатї иштирок менамоянд

            Њифзи  иљтимоии хизматчиёни њарбї ва дигар шањрвандонеро, ки дар њимояи Сарњади  давлатї ширкат мекунанд, ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кафолат медињад.

            Моддаи 44. Муќаррар намудани кафолатњо ва љубронњои иловагї ва хизматчиёни њарбї ва дигар шањрвандоне, ки дар њимояи  Сарњади давлатї иштирок менамоянд

            Барои хизматчиёни њарбї ва дигар  шањрвандоне, ки дар њимояи Сарњади давлатї иштирок менамоянд, бо  ќонунгузории Љумњурии  Тољикистон,  ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидора дар доираи ваколатњояшон онњо ба ѓайр аз кафолатњо ва љубронњои дар њамин Ќонун пешбинишуда муќаррар намудани дигар кафолатњо ва љубронњо мумкин аст.

 

Б О Б И  X

ЉАВОБГАРЇ БАРОИ ЌОНУНШИКАНЇ

 ДАР САРЊАДИ ДАВЛАТЇ ВА НАЗОРАТИ

ИЉРОИ ЊАМИН ЌОНУН

 

            Моддаи 45. Љавобгарї барои ќонуншиканї дар Сарњади давлатї

            Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарњади давлатї, низоми сарњадї ва низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї гунањкоранд, ба љавобгарии љиноятї ё маъмурии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кашида мешаванд.

            Моддаи 46. Назорати иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон»

            Назорати  иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон» Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва прокурорњои тобеи ў, дар доираи ваколатњои худ анљом медињанд.

 

 Б О Б И  XI

БО  ЗАХИРАЊО  ТАЪМИН  НАМУДАНИ  ЊИМОЯИ

САРЊАДИ  ДАВЛАТЇ

 

            Моддаи 47. Таъминоти молиявии њимояи Сарњади давлатї

            Таъминоти молиявии њимояи Сарњади  давлатї аз њисоби маблаѓњои буљети давлатии Љумњурии Тољикистон ва маблаѓњои Фонди маќсадноки рушди Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати  Љумњурии Тољикистон, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис ёфтааст, анљом дода мешавад.

            Ба таркиби Фонди рушди Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон инњо дохил карда мешаванд:

            бисту панљ фоизи маблаѓњои њамчун љарима барои ќонуншикании Ќўшунњои сарњадї ошкорнамудае, ки бинобар вайрон кардани низоми Сарњади давлатї,  низоми сарњадї, низоми гузаргоњњои Сарњади давлатї ситонида шудаанд, инчунин маблаѓњои аз фурўши амволи барои чунин ќонуншиканињо мусодирагардида ва ќочоќ мутобиќи зербанди 9 ќисми дуюми моддаи 33 њамин Ќонун ошкор ва дастгиршаванда ба даст меоянд;

            маблаѓњое, ки Ќўшунњои сарњадї аз ситонидани бољ барои барасмиятдарории сарњадї њангоми иљрои назорати сарњадї  ва бољ барои дароз кардани мўњлати амали визањои муддаташон гузаштаи тољикии ба шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаият додашуда ба даст овардаанд;

            Маблаѓњои   фонди рушди Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бар замми маблаѓњое, ки аз буљети љумњурї барои таъминоти он дода мешаванд, манбаи иловагии маблаѓгузории системаи Ќўшунњои сарњадї мебошад ва бояд барои мувофиќи тартибе, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар менамоянд, барои ободонии Сарњади давлатї, љињозонї ва рушди системаи Ќўшунњои сарњадї, бењтар намудани таъминоти хизматчиёни њарбї, њаёти ѓайринизомии системаи Ќўшунњои сарњадї ва аъзои оилањои онњо истифода бурда  шаванд.

            Моддаи 48. Таъминоти  моддию техникии њимояи Сарњади давлатї

            Таъминоти моддию техникии њимояи Сарњади давлатї аз фондњои давлатии замин, моддию техникї ва фондњои дигари Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

            Меъёрњо ва тартиби таъминоти њимояи Сарњади давлатиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

 

 

 

 

 

Президенти Љумњурии Тољикистон                                             Э.Рањмонов

ш. Душанбе, 1 августи соли 1997.

№ 481                       

                                                                       _________________

 

 

 

 

 

 

ФАРМОНИ                                   П Р И К А З

       РАЁСАТИ ШЎРОИ ОЛИИ                             ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО СОВЕТА

    ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН                                   РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

 

Дар бораи таъсиси Ќўшунњои сарњадии

Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон

 

            Мувофиќи  Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мудофиа»

Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

            1. Дар заминаи Раёсати муњофизаи сархади давлатї, воњидњои низомии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон ва њарбиёне, ки аз њайати Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ва ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии  Тољикистон дода мешаванд, Ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон таъсис дода шаванд.

            2. Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон дар мўњлати се моњ ба тартиби муќарраршуда дар бораи сохтор ва шумораи умумї, мањалли љойгиршавї, наќшаи сохтмон ва такмили Ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод намояд.

            3. Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон барои таъмин ва таљњизонидани Ќўшунњои сархадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон воситањои зарурии молиявї ва моддию техникї људо намояд.

            4. рўзи 28 майро Рўзи сарњадчиён эълон намуда, он њар сол бидуни истироњат ќайд карда шавад.

            5. Ин фармон аз лањзаи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад.

            6. Фармони мазкур барои баррасї ба Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад.

 

            Раиси Шўрои Олии    

      Љумњурии  Тољикистон        Э. Рањмонов

 

шањри Душанбе, 30 маи

         соли 1994 №  273

 

Њ у к у м а т и     Љ у м њ у р и и     Т о љ и к и с т о н

 

Ќ  А Р О Р

Аз 1 феврали соли 1997                              № 57           ш. Душанбе

 

Дар бораи таъсиси Кумитаи њифзи сарњади

давлатии назди Њукумати  Љумњурии Тољикистон

 

Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор  мекунад:

            1. Дар заминаи Саридораи ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шавад.

            2. Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон дар мўњлати як моњ биною иншоот, воситањои моддию техникї, техникаи њарбї, силоњу муњимот, инчунин њайати шахсии Саридораи ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистонро мувофиќи тартиби муќарраргардида ба ихтиёри Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон гузаронад.

            3. Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мўњлати як моњ лоињаи Низомномаи Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро тањия намуда, љињати тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намояд ва дар хусуси ворид намудани таѓьирот ба ќонунњои Љумњурии Тољикистон таклифњои худро омода созад.

            4. Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон барои таъминоти Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маблаѓ људо карда, ба ин маќсад маблаѓњоеро, ки барои таъминоти Саридораи ќўшунњои сарњадии Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон дар соли 1997 пешбинї гардидаанд, равона созад.

 

 Раиси

 Њукумати Љумњурии

       Тољикистон                               Э. Рањмонов

 

 

 

Њ у к у м а т и     Љ у м њ у р и и     Т о љ и к и с т о н

 

Ќ  А Р О Р

 

Аз 15 июли  соли 1997                                № 318          ш. Душанбе

 

Дар бораи тартиби ба роњ мондани назорати

сарњадї дар  гузаргоњњои баъзе ќитъањои Сарњади

давлатии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар аэропортњое, ки

барои парвозњои байналхалќї кушода шудаанд.

 

            Љињати тањкими амнияти Сарњади давлатии  Љумњурии Тољикистон ва пешгирї намудани истифодаи каналњои алоќањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон бо маќсадњои душманона, инчунин зарурати фаъолияти танзимшудаю мувофиќашудаи маќомоти назорати сарњадї дар гузаргоњњои Сарњади давлатии Љумњурии  Тољикистон, инчунин дар аэропортњое, ки барои парвозњои байналхалќї кушода шудаанд Созишномаи Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россияро оид ба статуси њуќуќии Ќўшунњои сарњадии Федератсияи Россия дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон дастури амал ќарор дода, Њукумати Љумњурии Тољикистон     ќ а р о р     м е к у н а д:

 

 

            1. Назорати сарњадиро дар тамоми гузаргоњњои мављуда ва нав таъсисдодашавандаи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо Давлати Исломии Афѓонистон ва Љумњурии  Халќии Хитой, инчунин дар аэропортњое, ки барои парвозњои байналхалќї кушода шудаанд, Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон якљоя бо Гурўњи сарњадии Хадамоти федералии сарњадии Федерацияи Россия дар Љумњурии  Тољикистон мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба роњ монад.

 

            2. Раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Ленинобод ва Хатлон, шањри Душанбе барои муњайё сохтани шароити зарурї љињати таъмини фаъолияти гузаргоњњои дар банди 1 ќарори мазкур зикргардида иморат, иншоот, ќитъаи замин, воситањои алоќа ва мављудоти зарурї, инчунин барои њайати шахсї истиќоматгоњ људо намоянд.

 

            3. Вазорати иќтисод ва робитањои иќтисодии хориљии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон њангоми тањияи лоињаи будљети љумњурї барои соли 1998 љињати сохтани (таљдиди) гузаргоњњои дар банди 1 ќарори мазкур зикргардида ва таъсиси инфраструктураи зарурї аз рўи њисобњое, ки Кумитаи њифзи Сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Гурўњи сарњадии Хадамоти федералии сарњадии Федерацияи Россия дар Љумњурии Тољикистон, Кумитаи гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мутобиќи талаботи намунавї пешнињод намудаанд, лимити маблаѓгузории асосї ва манбаи бопултаъминкунї пешбинї намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Њукумати Љумњурии Тољикистон

 

Ќ А Р О Р

 

 аз 28 октябри с. 1998                      № 419-11                   ш. Душанбе

 

 

Дар бораи ворид сохтани таѓйироту

иловањо ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон

аз 12 сентябри соли 1998 № 368 «Оиди нуќтањои убур

аз тариќи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон»

 

 

Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

 

            Моддаи 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 368 «Оиди нуќтањои убур аз тариќи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон» бо сатрњои зерин пурра карда шаванд:

            Бо назардошти фаро расидани вазъи душвори њарбї ва љамъиятию сиёсї дар Давлати Исломии Афѓонистон Кумитаи њифзи сарњадоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати амнияти Љумњурии Тољикистон ба хотири ба ањолии давлати њамсоя, ки мубталои душворињои иќтисодї гардидааст, сари ваќт бору амволи башардўстона, хољагии халќ ва ѓайраро бурда расонидан, ки аз тариќи наќлиёт ба Ќаламрави Љумњурии Тољикистон дохил шуда истодаанд, фурудгоњи ноњияи Фархори вилояти Хатлонро муваќќатан истифода баранд.

 

 

 

 

 

 

Њ у к у м а т и     Љ у м њ у р и и     Т о љ и к и с т о н

 

Ќ  А Р О Р

 

Аз 12 сентябри  соли 1998                           № 368           ш. Душанбе

 

НОМГЎИ

 

ГУЗАРГОЊЊОИ   САРЊАДИ   ДАВЛАТИИ

ЉУМЊУРИИ   ТОЉИКИСТОН

 

I. Гузаргоњњои  байналхалќии сарњади давлатии

Љумњурии Тољикистон барои шањрвандони давлатњои хориљии дур

 

 

  1. Дар сарњади Љумњурии Тољикистон

бо давлати Афѓонистон

 

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњои бору мусофиркашони дарёи шањраки Панљи Поён ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлон.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњи бору мусофиркашони дарёи ќ. Кокули ноњияи Фархори вилояти Хатлон.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњи бору мусофиркашони дарёи ќ. Теми ноњияи Шуѓнони ВМКБ.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњи бору мусофиркашони дарёи ќ. Ишкошими ноњияи ВМБК.

 

 

  1. Дар сарњади Љумњурии Тољикистон

бо Љумњурии халќи Хитой

 

 

-          нуќтаи  назорати сарњадию гумрукї, ки дар гузаргоњи автомобилии ќ. Кулами ноњияи Мурѓоби ВМКБ.

  1. Дар сарњади Љумњурии Тољикистон

Бо Љумњурии Ќирѓизистон

 

            - нуќтаи  назорати   сарњадию   гумркуї   дар гузаргоњи автомобилии ќ. Ќизил-арти ноњияи Мурѓоби ВМКБ.

            - нуќтаи  назорати   сарњадию   гумрукї   дар гузаргоњи автомобилии ќ. Дањанаи ноњияи Исфараи вилояти Ленинобод.

 

 

  1. Дар сарњади Љумњурии Тољикистон

бо Љумњурии Ўзбекистон

 

            - нуќтаи  назорати   сарњадию    гумрукї   дар гузаргоњи автомобилии ќ. Патари ноњияи Конибодоми вилояти Ленинобод.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњи автомобилии ќ. Њаштяки ноњияи Нови вилояти Ленинобод.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар гузаргоњи автомобилгарди марказии Панљакент-Самарќанд.

            - нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар истгоњи    автомобилии  ќ. Ештеппаи ноњияи Турсунзода.

            -нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар истгоњи Конибодоми роњи оњани Љумњурии Тољикистон ноњияи Конибодоми вилояти Ленинобод њангоми ворид гардидани шањрвандон ба Љумњурии Тољикистон.

-нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар  истгоњи  роњи оњани ноњияи Нови вилояти  Ленинобод, њангоми ворид гардидани шањрвандон ба Љумњурии Тољикистон.

-нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар  истгоњи роњи оњани Пахтаободи ноњияи Турсунзода, роњи оњани Тољикистон.

-нуќтаи назорати сарњадию гумрукї дар  истгоњи роњи оњани Хошади ноњияи Шањритуси вилояти Хатон.

 

 

II. Нуќтаи назорати сарњадию гумрукї, дар гузаргоњи

Автомобилї дар сарњад бо Љумњурии Ўзбекистон барои

шањрвандони Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ

 

 

-          дар  ќ. Дањанаи ноњияи Исфараи вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Равоти ноњияи Конибодоми вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Навбунёди ноњияи Ашти вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Алтын-Топгани ноњияи Масчоњи вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Фотењободи ноњияи Масчоњи вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Комсомольская площадкаи ноњияи Масчоњи вилояти Ленинобод.

-          дар  ќ. Ќўштегирмони ноњияи Нови вилояти Ленинобод.

-          дар  шањраки Зафарободи ноњияи Зафарободи вилояти Ленинобод.

-          дар ќ. Баландчекири ноњияи Ўротеппаи вилояти Ленинобод.

-          дар ќ. Айвачи ноњияи Шањритуси вилояти  Хатлон.

 

  1. Гузаргоњњои сарњадии давлатии Љумњурии

Тољикистон дар роњњои парвози байналхалќї

 

-          майдони њавоии  ш. Хуљанд вилояти Ленинобод

-          майдони њавоии    ш. Душанбе

-          майдони њавоии    ш. Кўлоб вилояти Хатлон

-          Фурудгоњи њарбии шањраки Айнии ноњияи Ленин

 

 

 

 

    Раиси

Њукумати  Љумњурии

        Тољикистон                        Э.Рањмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Њ у к у м а т и     Љ у м њ у р и и     Т о љ и к и с т о н

 

Ќ  А Р О Р

 

Аз 16 феврали соли 1999                            № 47           ш. Душанбе

 

Дар бораи таъсиси љузъу томњои муваќќатии

Ќуввањои мусаллањи доимамалкунанда ва дигар

ќисмњои њарбии Љумњурии Тољикистон аз њисоби

воњидњои мусаллањи њарбии Иттињоди

мухолифини тољик

 

            Љињати иљрои Протокол оид ба масъалањои низомии Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ва бо  маќсади суръатбахшии љараёни реинтегратсия, халъи силоњ ва  барњамдињии воњидњои мусаллањи Иттињоди мухолифини тољик, ки аз баќайдгирї ва аттестатсия гузаштаанд, Њукумати Љумњурии тољикистон ќарор мекунад:

 

            1. Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи оид ба њолатњои фавќулодда ва корњои мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон:

 

            аз њисоби воњидњои мусаллањи Иттињоди мухолифини тољик, ки аз баќайдгирї ва аттестация гузаштаанд, љузъу томњои дахлдори муваќќатии Ќуввањои Мусаллањ ва дигар воњидњои њарбии Љумњурии Тољикистонро ташкил намоянд. Тартиби ба таври амудї тобеияти онњоро ба фармондењии дахлдори сохторњои соњибќудрати Љумњурии Тољикистон муайян намуда, нисбат ба онњо амали асноди дахлдори меъёрї ва ойинномањои њарбии Љумњурии Тољикистон татбиќ карда шавад;

 

            сохтори  ташкилию штатии љузъу томњои дахлдори муваќќатиро аз њисоби воњидњои мусаллањи Иттињоди мухолифини тољик тањия ва тасдиќ намоянд.

            Муќаррар карда шавад, ки баъди анљоми аттестатсия муттањидшавии пурраи воњидњои Иттињоди мухолифини тољик бо сохторњои соњибќудратї сурат мегирад.

            Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, Вазорати амнияти  Љумњурии Тољикистон,   Вазорати дохилаи  Љумњурии Тољикистон, Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба њолатњои фавќулодда ва корњои мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муаќќатан таъсисидодашуда манбаи маблаѓгузориро муайян намояд.

 

 

 

 

              Раиси

Њукумати Љумњурии

        Тољикистон                        Э. Рањмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

СОЗИШНОМА

миёни Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон

дар бораи вазъи њуќуќии сипоњиёни сарњадии Федератсияи

Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон буду бош  доранд.

 

 

 

            Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон, ки минбаъд Тарафњо номида мешаванд,

 воќеияти нави сиёсї – соњибихтиёрии давлатї ва истиќлолиятро, ки Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон  пайдо кардаанд,  ба даст овардаанд, ба назар гирифта,

бо андешаи густариш додани муносибатњои дўстї ва њамкории судманди тарафайн дар асоси усулият (принсипњо) ва  меъёрњои њукуќи байналмилалї,

њукуќи дахлнопазирии њамаи давлатњои соњибистиќлолро барои тадбирандешї нисбати сарњади давлатиаш эътироф намуда,

зарурияти таъмини амнияти дастаљамъии давлатњо-иштирокчиёни Иттињоди Давлатњои Мустаќилро ба роњбарї гирифта,

ањду паймони усулиро нисбати њифзи сарњадоти тољику афѓонї ва тољику чинойї аз љониби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар давраи гузариш, ки дар Суратљаласаи  натоиљи музокироти њайатњои давлатии Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон аз 21 июли соли 1992 акс ёфтаанд, ба назар гирифта,

бо хоњиши муњайё сохтани асоси шартномавї љињати буду боши Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ва њифзи сарњадот бо Афѓонистон ва Чинро таъмин кардани онњо

оиди масоили зерин мувофиќа намудем:

 

Моддаи 1

Барои њадафњои њамин Созишнома истилоњњои зайл чунин маънї доранд:

1) «Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия»-воњидњои бузург, ќисмњо ва  воњидњои Сипоњиёни Федератсияи Русия,  шўъбањои  зиддииктишофие мебошанд, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон воќеанд;

2) «ашхосе, ки  дар таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия шомиланд»:

а) хидматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия;

б) ашхоси шањрванде, ки аз љумлаи шањрвандони Федератсияи Русия буда, дар ќисмњо, муассисањо, ташкилотњо ва дар корхонањои Сипоњиёни Федератсияи Русия кор мекунанд;

3) «аъзои оилањое, ки  дар таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия шомиланд»-њамсарон, фарзандон, њамчунин хешовандоне мебошанд, ки њамроњ истиќомат доранд ва дар таъминоти эшонанд.

4) «мањали љойгиршавї»- ќаламравест, ки дар он љо Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия љойгир карда мешаванд, ба шумули љо ба љо намудани ќисмњои њарбї бо марказњои таълимї, майдонњои машќи тирандозї ва соири объектњо, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мавриди истифода ќарор медињанд;

5) «моли манќули Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия»- тамоми намудњои аслиња, муњимот, техникаи њарбї, ба шумули воситањои наќлиётї, њамчунин њар кадом воситањои моддии дигар, ки  барои таъминоти сипоњиён заруранд;

6) «моли ѓайриманќули Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия»- ќитъањои замине, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия тањти тасарруфи хеш ќарор додаанд, ва дар шањракњои низомии эшон љойгир шудаанд, фурудгоњњо, майдонњои машќи тирандозї ва соири биноњо ва иншоотњо мебошанд.

 

Моддаи 2

 

Љумњурии  Тољикистон дар давраи гузариш то анљом ёфтани љараёни ташаккулёбии Сипоњиёни сарњадии худї бо маќсади таъмини амнияти худ амнияти Федератсияи Русия ва амнияти дастаљамъии давлатњо-иштирокдорони Иттињоди Давлатњои Мустаќил  масъалањои њифзи сарњади  давлатиро бо  Афѓонистон ва Чин дар њудуди ќаламрави худ ба ихтиёри Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия медињад.

 

Моддаи 3

 

Сипоњиёни  сарњадии Федератсияи Русия дар давраи буду боши худ дар  ќаламрави Љумњурии Тољикистон њифзи  сарњади давлатии Тољикистонро бо Афѓонистону Чин  таъмин менамоянд.

Сипоњиёни  сарњадии Федератсияи Русия барои иљрои вазифањои дигаре, ки  ба њифзи сарњади давлатї бо Афѓонистону Чин марбут нестанд (ба истиснои рафъи оќибатњои офатњои табиї,  садамаву фалокатњо) сафарбар намегарданд.

 

Моддаи 4

 

Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар фаъолияти худ оиди њифзи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон мувофиќи шартномањои байналмилалии ИЉСШС собиќ бо Афѓонистон ва Чин, ки нерўи худро њифз кардаанд, зишномањои байни давлатњои иштироккунандаи Иттињоди Давлатњои  Мустаќилро  оид ба масъалањои  сарњадии байни давлатњо, ќонунгузорї ва асноди дигари меъёрї-њуќуќии Федератсияи Русияро, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат надоранд, ба рањнамойї мегиранд.

Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия њаракату амали хешро оид ба њифзи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо Сардори Давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа менамоянд.

Сипоњиёни  сарњадии Федератсияи Русия соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон,  ќонунгузории онро эњтиром мекунанд, ба корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дахолат наменамоянд. Маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии  Федератсияи Русия, ашхоси шомили таркиби он, аъзои оилаи онњоро эњтиром намуда, ба ягон гуна амале, ки иљрои вазифањои Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро мушкил намоянд, роњ намедињанд. Маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия тадбирњои зарурии мувофиќат кардашударо меандешад, ки онњо бехатарии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, њамчунин њифзи амволи онњоро, ба шумули чорабинињои пешгирикунандаи њама гуна амалњои зиддињукуќї, таъмин менамояд.

Моддаи 5

 

Сохтори ташкилї-штатии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия њини имзои њамин Созишнома, мањали љойгиршавии  онњо  то дар байни  Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон басташудани созишномањои махсус  нигоњ дошта мешаванд.

 

 

Моддаи 6

 Фаъолияти молиявї-хољагї дар ќисмњои њарбии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мутобиќи санадњои меъёрї-њуќуќие, ки дар Федератсияи Русия ќабул гардидаанд,  ба амал бароварда мешавад.

            Маблаѓгузорї љињати таъмини Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар асоси иштироки сањми њар ду тараф бо њисобу китоби минбаъдаи харољотњои воќеъї амалї мегардад.

            Тартиби маблаѓгузорї ва таъмини моддї-техникии сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро Тарафњо дар Суратљаласаи алоњида, ки ќисми таркибии њамин Созишнома мебошад, муайян  менамоянд.

 

Моддаи 7

 

            Ба манфиати њифзи сарњади давлатии Љумњурии  Тољикистон бо Афѓонистон ва Чин Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар њамкорї бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии  Тољикистон ва маќомоти дигари њифзи њукуќи Љумњурии Тољикистон корњои амалиётиву љустуљўї ва  тафтишоти  пешакиро доири корњои халалдор намудани сарњади давлатї пеш мебаранд. Амалњои таъхирнопазири  тафтишотї мутобиќи ќонунгузории   Љумњурии Тољикистон татбиќ карда  мешаванд.

 

Моддаи 8

 

            Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мутобиќи санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки тартиби гузаштани сарњади давлатиро ба танзим медароранд, гузаштани  ашхос, васоити  наќлиётї, бор ва ашёи дигарро аз тариќи нуќтањои гузаргоњии мављуда, ки дар сарњади Љумњурии  Тољикистон бо Афѓонистон ва Чин љойгиранд, амалї менамоянд.  Њаракати мусофирон ва васоити наќлиётї аз тариќи сарњади давлатии Љумњурии  Тољикистон дар нуќтањои гузаргоњии ба тозагї барпошударо Њукумати Љумњурии Тољикистон баъди анљоми њамаи корњои сохтмонї ( таъмири ин нуќтањо ва ба вучуд овардани иншоотњои кўмакрасонї (инфраструктурї), ки  лоињањои онњо бо Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мувофиќа шудаанд, кушода мегарданд.

 

Моддаи 9

 

            Федератсияи Русия ба Љумњурии Тољикистон дар ташкил намудани Сипоњиёни сарњадиаш мусоидат мекунад. Ба андозаи ташаккули ќуввањои сарњадии хеш  Љумњурии Тољикистон дар шахси фармондењии Сипоњиёни сарњадии он бо ризоияти Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ба тадриљ посбонии ќисмати сарњади давлатии Љумњурии Тољикистонро бо Афѓонистон ва Чин ба дўши худ гирифта, муњофизати онро дар њамкории зич  бо  Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ташкил менамоянд. Тартиби додани ќисматњои нишондодашуда бо Суратљаласаи алоњида, дар  сатњи роњбарияти Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва идораи њифзи сарњади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 10

            Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия дар њифзи сарњад аз ќувваю воситањои ќисмњои  њавопаймої, ки њам дар њудуди Љумњурии Тољикистон ва њам берун аз њудуди он љойгиранд, аз фурудгоњњои пойгоњї ва фурўдгоњњои љойгиршавии муваќ-ќатиашон истифода мебаранд.

            Љумњурии Тољикистон ўњдадор мешавад, ки ба парвози њавопаймоњо чархболњо ва дигар дастгоњњои парвозкунандаи Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия дар њудуди фазоии Љумњурии  Тољикистон мамониат накунад.

            Таъмини парвози њавопаймоњои Сипоњиёни сарњадии Русия бе мамониат ва ройгон амалї мегардад.

 

Моддаи 11

 

            Бо маќсади пайгирона ташаккул додани Сипоњиёни сарњадии худии Љумњурии Тољикистон Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия тибќи фармоишот ва дар асоси шартномавї ба Сипоњиёни сарњадии Љумњурии Тољикистон кўмакњои зарурї, аз љумла дар тайёр намудани кадрњои миллї, ёрї мерасонад.

            Тайёр намудани афсарон, прапорщикњо ва мичманњо барои Сипоњиёни сарњадии Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимии Федератсияи  Русия бо ризоияти Тарафайн амалї мегардад.

            Тайёр намудани мутахассисон барои сипоњиёни сарњадии  Љумуњурии  Тољикистон дар марказњои таълимии  Федератсияи  Русия ва Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.

 

Моддаи 12

 

            Тарафайн мутобиќи меъёрњои њуќуќи байналмиллалї  шахсону аъзои оилаи онњоеро, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия мебошанд, бо тамоми њуќуќњои сиёсї, иљтимої-иќтисодї ва њуќуќу озодињои дигар таъмин намуда, њамчунин манфиатњои ќонунии онњоро њимоя менамоянд.

            Љумњурии Тољикистон мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ашхосу аъзои оилаи онњое, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия мебошанд (ба хизматчиёни њарбї баъди љавоб шудан ба  эњтиёт ва ё ин ки ба истеъфо рафтан) њуќуќи ихтиёран гирифтани шањрванди Тољикистонро медињад. Дар  ин маврид Тарафайн мўътаќиданд, ки  мўњлати хизмати њарбї дар Ќуввањои  сарњадии Федератсияи  Русия ва кор дар  корхонањо, муассисањо ва ташкилотњои Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия дар њудуди Љумњурии Тољикистон ба мўњлате, ки  ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои гирифтани шањрвандї ва таъминоти нафаќа муайян намудааст, њисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13

 

            Суѓуртаи  њатмии давлатии хизматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи  Русия ва таъминоти нафаќавии собиќ хизматчиёни њарбии Сипоњиёни  сарњадї ва аъзои оилаи онњо мутобиќи Созишнома дар бораи тартиби таъмини нафаќавии хизматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадї, аъзои оилаи онњо ва суѓуртаи давлатии хизматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадии давлатњо-иштирокчиёни Иттињоди Давлатњои Мустаќил, ки 15 майи соли 1992 дар шањри Тошканд ба имзо расидааст, амалї мегардад.

            Таъминоти  тиббї ва санаторї-курортии нафаќахўрон аз њисоби хизматчиёни њарбии ќуввањои сарњадї, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон зиндагї мекунанд, додани ёрдампулї, љубронпулї ва дигар имтиёзот аз Тарафи Тољикистон бе њисоби мутаќобила амалї мегардад.

 

 

Моддаи 14

 

            Љумњурии Тољикистон њуќуќи Сипоњиёни сарњадии  Федератсияи Русияро дар истифодабарии шањракњои казармавию истиќоматї, фурўдгоњњо, марказњои таълимї ва майдонњо бо  таљњизоту дастгоњњо, биноњову иншоотњои истиќомативу ѓайриистиќоматї, ќитъањои замин, роњњои фаръии роњи оњан, наќлиёт, васоити почта, телефону телеграф ва алоќаи радиої, нерўи барќ, хизматњои коммуналї, бинокорї ва дигар хизматњое, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар ваќти имзои њамин Созишнома истифода менамоянд, нигоњ медорад. Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия аз супоридани њаќќи истифодаи замин, истифодаи њудуди фазої, фурўдгоњњо, роњњои фаръии роњи оњан, иншооту биноњои мухталиф, њамчунин аз тамоми намудњои андозњо, ба ѓайр аз андози даромад аз коргарону хизматчиён, озод мегарданд.

            Сохтмони асосии объектњои мавриди ниёзи Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия аз њисоби масъалањои Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.

 

Моддаи 15

 

            Дар њолати озод шудани иншооту биноњо, шањракњои казармавию истиќоматї, фурўдгоњњо, марказњои таълимї, майдонњои таълимї бо таљњизоту дастгоњњои статсионарї ва амволи ѓайри  манќули дигар, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия истифода менамуданд, Тарафайн принсипњои зеринро ба роњбарї хоњанд гирифт:

            - амволи ѓайриманќуле,  ки Сипоњиён  аз ашхоси њуќуќї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон ба иљора гирифтаанд ба Љумњурии Тољикистон баргардонида мешаванд;

            - амволи ѓайриманќуле, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия аз ашхоси њуќуќї ва фардї бо пул харидаанд, њамчунин иншоотњое (объектњое), ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар њудуди Љумњурии Тољикистон сохтаанд, баъди гузаронидани онњо ба доираи њуќуќии (юристиксияи) Федератсияи Русия (Фармони (Укази) Президенти Федератсияи Русия аз 24 августи соли 1992 № 921) моликияти Федератсияи Русия мебошанд.

            Тартиби додани амволи ѓайри манќул ба Љумњурии Тољикистон дар њолатњое, ки њамин модда пешбинї намудааст, бо Созишномаи алоњидаи Тарафайн муайян мегардад.

Моддаи 16

 

            Амволи манќули Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия  моликияти Федератсияи Русия  мебошад. Тартиби  фурўши он ба тарафи Тољикистон бо Суратљаласаи алоњида муайян мегардад.

 

Моддаи 17

 

            Љумњурии Тољикистон барои ашхосу аъзои оилаи онњое, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мебошанд, њуќуќи соњиби моликияти ѓайриманќули ба онњо тааллуќдоштаро (хонањои истиќоматї, боѓу заминњои берун аз  шањрї ва ѓайра) нигоњ медорад.

            Барои ашхосе, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мебошанд ва аъзои оилаи онњо, ки њудуди Љумњурии Тољикистонро барои истиќомати доимї тарк менамоянд, Љумњурии Тољикистон озодона фурўхтан ва ё бурдани моликияти ба онњо тааллуќдоштаро бидуни мањдудият, бидуни гирифтани бољ, андоз ва хирољ имконият медињад.

            Тарафи Тољикистон барои хизматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия барои то ду  маротиба дар як моњ равон кардани маблаѓњоро аз тариќи почтаву телеграф, берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон, ки аз музди мењнати моњонаи хизматчии њарбї зиёд набошад, њамчунин ба ройгон равон намудани мактубњо њуќуќ  медињад.

 

Моддаи 18

 

            Љумњурии  Тољикистон зиндагии ашхоси аъзои оилаи онњоро, ки ба таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия шомиланд, дар хонаву љойи ишѓол намудаи онњо дар ваќти имзои њамин Созишнома таъмин менамояд.

            Ба ашхосе, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар рўзи имзои њамин Созишнома њастанд ва ба бењтар намудани шароити манзил ниёз доранд, манзилгоњ мувофиќи тартиби навбатї дода мешавад.

            Ба хизматчиёни њарбии бо манзил таъмин нагардида манзили хизматчиёни њарбие, ки рафтаанд, новобаста аз тобеъияти идории онњо ва њамчунин аз њисоби фонди манзилии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки аз Љумњурии Тољикистон ба иљора гирифтааст, дода мешавад. Љумњурии Тољикистон ба фармондењии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар њудуди худ манзилгоњњоро ба иљора медињад.

            Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия бо ризоияти Тарафи Тољикистон метавонанд дар њудуди Љумњурии Тољикистон аз њисоби худ хонањои истиќоматї бисозанд, ки моликияти  Федератсияи Русия хоњанд шуд.

            Љумњурии Тољикистон манзилгоњи ишѓолкардаи Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро дар рўзи имзои њамин Созишнома, новобаста аз тааллуќи идориаш, дар тамоми давраи буду боши онњо дар Љумњурии Тољикистон ба онњо вобаста менамояд.

            Љумњурии Тољикистон ашхосеро, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия буда, мањалли зисти доимии худ шањру ноњия ва дигар нуќтањои ањолинишини Љумњурии Тољикистонро интихоб намудаанд ва дар рўзи имзои манзилии маќомоти идораи мањаллї мебошанд, бо манзил таъмин менамояд.

            Манзилгоњњои ишѓолнамудаи ашхоси шомили таркибии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онњо мутобиќи конунгузории Љумњурии Тољикистон ба моликияти шахсии онњо дода мешавад.

            Дар њолати ѓайриимкон будан ва фурўхтани амволи ѓайриманќулї ба ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онњо тааллуќдошта, Тарафи Тољикистон мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ашхоси мазкур љубронпулї мепардозад.

 

Моддаи 19

 

            Љумњурии Тољикистон ба ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онњо дар гирифтани маълумот дар  муассисоти таълимии олї, миёна ва миёнаи махсус, дар ќабул ва нигоњубин дар муассисоти томактабии кўдакон, дар таъминоти тиббї ва дигар намудњои таъминоти иљтимої њуќуќњои баробарро ба шањрвандони худ таъмин менамояд.                       

Моддаи 20

 

            Ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онњо сарњади давлатии Љумњурии Тољикистонро бо гувоњномаи шахсї, гувоњномањои њарбї, шиносномањо ва кўдакони ноболиѓи онњо бо сабтњо дар ин њуљљатњо мегузаранд.

            Таѓири мањалли хизматчиёни њарбї, аслиња, техникаи њарбї ва дигар васоити моддї, ки Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон таъмин мегардад, њамчунин њаракати онњо дар њудуди Љумњурии Тољикистон ва таѓйири мањалли онњо берун аз њудуди он ба  манфиати њифзи сарњади давлатї бемамониат сурат мегирад.

 

Моддаи 21

 

            Масъалањои доираи њуќуќии марбут бо њузури Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо тартиби зерин ба танзим дароварда мешавад:

            1) дар њолати содир кардани љиноят аз тарафи ашхоси шомили Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва ё аъзои оилаи онњо дар њудуди Љумњурии Тољикистон ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода мегардад.

            Корњои љиноятии содиркардаи  шањрвандони  Федератсияи Русияи шомили Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро маќомоти босалоњияти Љумњурии Тољикистон мавриди тањќиќ ќарор медињанд;

2)       банди 1 њамин модда истифода намегардад:

а) дар њолати содир гаштани љиноят аз тарфи ашхоси шомили таркиби

Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва ё аъзои оилаи онњо ба муќобили  Федератсияи Русия, њамчунин ба муќобили ашхоси  шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон ва ё аъзои оилаи онњо;

            б) дар њолати содир гаштани љиноят аз тарфи ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия њангоми иљрои вазифаи хидматї.

            Оиди корњои дар зербандњои «а» ва «б» - и њамин банд нишондодашуда, маќомотњои босалоњияти Федератсияи   Русия мутобиќи ќонунгузории Федератсияи Русия амал менмоянд.

 

Моддаи 22

 

 Федератсияи  Русия зарари моддии дар асари  амалњо ва ё хатогињои Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва ё шахсони алоњидаи шомили таркиби  он њангоми   иљрои  вазифањои хидматї ба Љумњурии  Тољикистон расонидаро љуброн менамояд.

Андозаи зарари расидаро Комиссияи махлуте, ки мутобиќи моддаи 28-и   њамин Созишнома таъсис дода мешавад, муайян менамояд.

Федератсияи Русия розї аст, ки мувофиќи меъёрњои байналмилалї њамчунин зарари дар асари амалњо ва хатоњои ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ба муассисаю шањрвандони давлатњои сеюм дар Љумњурии Тољикистон расонидаро низ,  ба Љумњурии Тољикистон талофї намоянд.

Моддаи 23

 

            Љумњурии Тољикистон товони зарари моддии ба моликияти Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва њамчунин ба ашхоси аз њисоби шањрвандони Федератсияи Русия, ки шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мебошанд ва ин зарар дар натиљаи  амалњо ва сањву хатоњои муассисањои мањаллии давлатї расонида шудаанд, ба андозаи муќаррарнамудаи Комиссияи махлут, ки мутобиќи моддаи 28 њамин Созишнома таъсис гаштааст, мепардозад.

            Љумњурии Тољикистон њамчунин товони зарари ба Федератсияи  Русия, ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онњо, ки дар натиљаи амалњо ва сањву хатоњои ашхоси алоњидаи  инфиродї расонида шудаанд, ба андозае, ки суд дар асоси даъво нисбати ашхоси зарароваранда муайян намудааст, медињад.

 

Моддаи 24

 

Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия њуќуќ доранд, ки бидуни супоридани бољ бе сабти махсуси объект васоити радиоэлектронии худро нигоњ доранд ва истифода намоянд.

Љумњурии Тољикистон њуќуќи Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро дар истифодаи басомадњои радиойї (радиочастот) аз тарафи хадамотњои амалкунандаи ин Сипоњиён, мутобиќи тартиби амалкунанда дар ваќти имзои њамин Созишнома нигоњ медорад.

Бо маќсади пешгирии халалрасонии радиойї, истифодаи якљояи басомадњои радиойї аз тарафи хадамотњои радиоии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон мутобиќи карордоди Тарафайн Гурўњи якљояи доимамалкунандаи коршиносон оиди ин масъала ташкил мегардад, ки ин масъалањоро ба танзим медарорад.

Моддаи 25

 

            Машќњо ва манёврњои Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия берун аз мавќеъи љойгиршавї бо органњои њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда гузаронида мешаванд. Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия њуќуќ доранд дар мавќеъи љойгиршавї ва њангоми њаракат чорабинињоро оиди муњофизати объектњои њарбї мутобиќи тартиботи дар Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия муќарраргардида, амалї намояд.

 

Моддаи 26

 

            Муќаррароти  њамин Созишнома, ки ба доираи њуќуќї ва масъулият барои зарари расонидашуда дахл дорад, ба Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки аз ќаламрави Љумњурии Тољикистонро ба таври транзистї мегузаранд, мутобиќан истифода мегардад.

Моддаи 27

 

            Хизматчиёни њарбии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия  мувофиќи тартиботи Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия муќаррар карда,  њуќуќи сару  либоси барои онњо муќаррар гардидаро дар бар намуда, гардонидан  ва нигоњ доштании аслињаро доранд.

            Техникаи њавопаймойи зирењтанкї (бронитанкї) ва автомобилии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ва  муассисањои он бояд раќамњои баќайдгирї ва   аломатњои возењи фарќкунанда дошта  бошанд.

            Раќамњои ягонаи баќайдгирї ва аломатњо аз тарафи фармондењии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия гузошта шуда маќомоти мањалии њокимияти  давлатї хабардор карда мешаванд.

            Маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон шањодатномањои ронандагии ашхоси шомили таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро, ки аз тарафи маќомоти њокимияти давлатии собиќ Иттињоди ЉШС ва Федератсияи Русия дода шудааст, бидуни санљиш ва пардохтани маблаѓ эътироф менамоянд.

Моддаи 28

 

            Бо маќсади њал намудани масъалањое, ки дар љараёни истифодаи њамин  Созишнома ба вуљуд меоянд, Комиссияи мухталат ташкил мегардад, ки њар  кадом аз Тараф се нафарї  намояндагони худро дар он таъин менамоянд.

            Комиссияи мухталат мутобиќи ќоидањои ќабул намудаи худ            ёамал хоњад намуд.

            Мањалли  љойгирии Комиссияи мухталат шањри Душанбе  мегардад.

            Дар њолате, ки Комиссияи мухталат аз њалли масъалаи пешнињодгардида  набарояд, њалли он ба роњњои дипломатї супорида мешавад.

Моддаи 29

 

            Њамин Созишнома бояд тасдиќ (ратификатсия) гардад ва аз рўзи ивази санадњои тасдиќї (грамотањои ратификатсионї) эътибор пайдо менамояд.

            Њамин Созишнома ба мўњлати  панљ сол баста мешавад. Дар сурати ба таври хаттї хабардор нанамудани ягон тараф оиди нияти ќатъ намудани амали он шашмоњ пеш аз тамом шудани давраи љорї, амали он худ ба худ даврањои панљсолањои минбаъда тамдид мегардад.

            Њамин Созишнома  муваќќатан аз рўзи имзошуданаш истифода мегардад.

            Њамин Созишнома дар ду нусха тартиб дода шудааст, њар кадоме ба забонњои русї ва тољикї, зимнан њар ду матн эътибори якхела доранд.

            Дар ш. Москва 25 майи с. 1993 сурат гирифтааст.

 


 

 

 

Замима ба Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољики-стон буду бош доранд.

 

 

Суратљаласа

дар бораи тартиби маблаѓгузорї ва таъминоти

моддї-техникии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи

Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошанд.

 

 

            Созишномаро дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошанд, ба рањнамойї гирифта, Тарафњо оиди масъалањои зайл ањду паймон намуданд:

            1. Маблаѓгузории нигоњ доштани Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро њарду Тарафњо дар асоси иштироки сањмї (Тарафи Русия 50 дарсад, Тарафи Тољикистон 50 дарсад) ба амал мебароранд.

            2. Харљномаи таъминоти Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро Тарафњо њар сол баррасї карда, бо Суратљаласаи алоњида тасдиќ менамоянд. Дар сурати дар љараёни сол пайдо шудани талабот нисбати маблаѓгузории иловагї масъалањои муайян кардани њаљми онњоро маќомоти Тарафњо баррасї менамоянд.

            3. Таъминоти моддї-техникии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мувофиќи принсипи људо кардани буља барои воситањои моддии њарду давлат дар њаљми зарурї ва фењрестї (номенклатурї) амалї карда мешавад. Наќшаи таъмини моддї-техникї њар сол баррасї шуда, бо Суратљаласаи алоњида тасдиќ карда мешавад.

            Тањвили воситањои моддї-техникї дар асоси њисобу китоби дуљониба, тибќи нархњои ба мувофиќа расида, аз њисоби нархномаи тасдиќшуда амалї карда мешавад.

            4. Тарафи Тољикистон дар амри ба Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия вобаста кардани мањсулоттаъминкунандагони дар ќаламрави он истењсолшаванда мадад мерасонад.

            5. Ашхосе, ки дар таркиби Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия шомиланд, мувофиќи меъёри муайянкардаи маќомоти дахлдори Федератсияи Русия тамоми намудњои таъминотро мегиранд. Агар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои онњо меъёри таъминот, ё ин ки имтиёзотро нисбат ба меъерњо ва ё имтиёзоти мушобењи дар Федератсияи Русия амалкунанда баландтар муќаррар карда бошад, иљрои онњо аз њисоби буљаи Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

6. Тарафи Тољикистон хидматрасонии њисобї-хазинавии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, аз љумла наќдинаи пулии (рублии) онњоро дар њаљми пуррааш таъмин менамояд.

            7. Љумњурии Тољикистон дар сурати ворид сохтани арзи миллии худ ба Федератсияи Русия бо њамин асъор маблаѓњои барои Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия зарурро, ки ба ќаламрави Тољикистон меоянд, љињати сарф намудан медињад. Њаљми ин маблаѓњо дар асоси мувофиќаи байни маќомоти босалоњияти Тарафайн муќаррар карда мешавад. Тартиби њисобу китобњо, њамчунин меъёри пардохт ба асъори миллї бо Созишномаи иловагї муайян карда мешавад.

            Суратљаласаи мазкур ќисми таркибии Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсия Русия мебошад, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њузур доранд. Ин суратљаласа тибќи шартњои дар Созишнома баён гардида, эътибор пайдо мекунад ва фаъолияти худро ќатъ њам менамояд.

            Мувофиќи ризоияти Тарафњо имкони дар Суратљаласаи мазкур ворид сохтани таѓйирот ва такмилот вуљуд дорад.

 

   

 

Илова ба Созишномаи байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошанд.

 

Суратљаласа

миёни Федератсияи Русия ва

Љумњурии Тољикистон дар бораи тартиби амалї

намудани назорати сарњадї дар нуќќоти убурї,

ки барои иттилооти байналмилалї дар ќаламрави

Љумњурии Тољикистон боз мебошанд.

            Хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки минбаъд Тарафњо номида мешаванд,

            Созишномаро миёни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Русияи Федеративї, ки 25 майи соли 1993 дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон буду бош доранд, ба рањнамойї гирифта,

            бо маќсади таъмин намудани амнияти худи Љумњурии Тољикистон, амнияти Федератсияи Русия ва амнияти дастаљамъї-ширкаткунандагони Иттињоди Давлатњои Мустаќил,

            ба хотири пешгирї кардани он ки аз канали байналмилалии њавойии огоњонии Љумњурии Тољикистон ба маќсадњои барои ИДМ хасмона истифода набаранд,

            бо зарурати њамоњанг сохтан ва муттафиќона амал намудани маќомоти назорати сарњадї дар нуќќоти убурї аз тариќи сарњади Љумњурии Тољикистон, баланд бардоштани эътимоднокї ва њифзи сарњадоти хориљии ИДМ рољеъ ба масоили зайл розї шудем:

            1. Гурўњи сарњадии Хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия њамроњи марзбонони Љумњурии Тољикистон тибќи асноди ќонунии амалкунанда, ки тартиби аз сарњади давлатї убур карданро ба низом медароранд, назорати сарњад (тафтиши њуљљатњо, азназаргузаронии воситањои наќлиётї) ва гузаронидани афрод, воситањои наќлиётї, бор, амвол ва чизњои дигарро аз тариќи нуќтањои гузаргоњии мављуд дар њудуди ќаламрави Љумњурии Тољикистон бо Афѓонистон ва Чин, њамчунин дар фурудгоњњои барои огоњонии байналмилалї кушода амалї менамоянд.

            Намудњои дигари назоратро дар нуќтањои гузаргоњї маќомоти салоњиятдори Љумњурии Тољикистон ба амал мебароранд.

            2. Њаракати мусофирон ва воситањои наќлиётро аз тариќи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон дар тамоми нуќтањои гузаргоњии ба тозагї муќарраршаванда, аз љумла дар фурудгоњњо, Њукумати Љумњурии Тољикистон танњо баъди анљом бахшидани тамоми корњои сохтмонии (азнавсозии) ин нуќтањо, барпо намудани инфрастрактурањои зарурї оид ба лоињањои бо хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия мувофиќашуда ба роњ монда метавонад.

            3. Кумитаи сарњадии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати бо фармондењии гурўњи сарњадии хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда, на дертар аз 1 июни с. 1997, маљмўи тадбирњоеро вобаста ба супурдани њифзи сарњади хориљии Љумњурии Тољикистон ва давлатњои иштироккунандаи ИДМ дар канали байналмилалии њавойии огоњонї дар фурудгоњи «Хуљанд» ба воњиди назорати сарњадии гурўњи марзбонони Федералии хадамоти сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон амалї намояд.

            4. Тарафи Тољикистон ўњдадор мешавад, ки барои фароњам овардани имконияти кор кардани воњидњои назорати сарњадии гурўњњои Федералї ва хадамоти сарњадии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон шароитњои зарурии истењсолї ва иљтимої-маиширо (ба шумули бо манзил таъмин намудани хидматчиёни њарбии ХСФ Русия) барпо менамояд.

            Њамин Суратљаласа ќисми таркибии Созишномаи Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мебошад, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 1993 буду бош доранд.

 

 

 

 

Суратљаласаи

байни Вазорати корњои хориљии

Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти Федералии

сарњадии Федератсияи Русия дар бораи тартиби

фаъолияти намояндагони сарњадии Федератсияи

Русия ва намояндагони Сипоњиёни сарњадии

Федератсияи Русия дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон.

 

            Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ва хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия

            принсипњои Созишномаи байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русияро дар бораи вазъи њуќуќии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия, ки аз 25 майи соли 1993 дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошанд ба рањнамойї гирифта, оиди масоили зайл ањду паймон намуданд:

            1. Хадамоти Федералии сарњадии Федератсияи Русия мабнї ба амрњои Њукумати Федератсияи Русия оид ба таъин кардани намояндагони сарњадии Федератсияи Русия намояндагони сарњадии Федератсияи Русия ва ходимони дастгоњњои онњоро таъин мекунад ва дар ин бора ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон иттилоъ медињанд.

            Фаъолияти намояндагии сарњадии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия мувофиќи шартномањои байналмилалии бо Чин ва Афѓонистон њифзшуда, ба амал бароварда мешавад.

            2. Барои таъмини иштироки Тарафи Тољикистон дар њайати дастгоњњои намояндагони сарњадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия намояндагони Тарафи Тољикистон низ метавонанд њамроњ шаванд.

            3. Дар бораи натиљањои кори хеш дар сарњад намояндагони сарњадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон иттилоъ медињанд.

            4. Намояндагони сарњадии Федератсияи Русия ва намояндагони Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия дар фаъолияти хеш шартномањои байнидавлатии бо Чин ва Афѓонистон њифзшуда, асноди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Федералии Федератсияи Русия «Дар бораи сарњади давлатии Федератсияи Русия», њамчунин санадњои меъёрии Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русияро дар бахши бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат надошта, ба рањнамойї мегиранд.

            5. Њамин Суратљаласа аз лањзаи ба имзо расиданаш дар тамоми давраи дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон буду бош доштани Сипоњиёни сарњадии Федератсияи Русия эътибор дорад.

            «4 марти соли 1996 дар Душанбе дар ду нусха ба забони русї ба љо оварда шуд, ки њарду нусха як сон эътибор доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9-уми декабри соли 1998 № УП – 1124 тасдиќ гардидааст

 

Дар бораи ба тобеъияти амалиётии Гурўњи

сарњадбонони Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия

дар Љумњурии Тољикистон додани баъзе ќисмњои низомї

ва воњидњои низомии Кумитаи њифзи сарњади давлатии

назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

            1. Њамин Низомнома мутобиќи Ќарордоди байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия аз 25-уми майи соли 1993 дар бораи маќоми (статуси) њуќуќии Ќуввањои сарњадии Федератсияи Русия, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон ќарор доранд ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4-уми сентябри соли 1998 № УП – 1051 дар бораи ба тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонони Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия дар Тољикистон додани баъзе ќисмњои низомї ва воњидњои низомии Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, тањия гардидааст.

            2. Њамин Низомнома тартиби ба тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонони Хадамоти сарњадии Федератсияи Русия (минбаъд Гурўњи сарњадбонон) додани ќисмњои низомї ва воњидњои низомии Кумитаи њифзи сарњади давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд Кумита) нисбати масоили дахлдор вобаста ба њифзи сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо давлати Исломии Афѓонистон ва Љумњурии мардумии Чинро ба танзим дароварда њамчунин бо маќсадњои:

            - посбонї ва муњофизати якљояи сарњади тољику афѓон дар шароити муташанниљ гаштани авзоъ дар вилоёти шимоли Афѓонистон ва њамчунин посбонии сарњади тољику Чин;

- бењтару боэътимодтар посбонї ва муњофизат намудани сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо Давлати Исломии Афѓонистон ва Љумњурии мардумии Чин;

- аз байн бурдани такрори якдигар ва ба таври мушаххас муайян намудани вазифањои ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита ва Гурўњи сарњадбонон дар посбонии сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо Давлати Исломии Афѓонистон ва Љумњурии мардумии Чин;

- њамкории мутаќобила дар фаъолияти амалиётї-кофтукобї ва тафтишоти пешакї доири ќазияњои (делањои) сарњади давлатї ва мубодилаи ахбор доири авзоъи сарњад ва манотиќи наздисарњадии Љумњурии Тољикистон;

- шинос намудани афсарону мутахассисони ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита бо таљрибаи амаливу методии ташкили њифзи сарњад, омодагии њарбиву сафарбаркунї, кори тарбиявї, пешбурди хољагии аќибгоњ, нигоњдории техника, наќлиёт, аслиња ва дигар масоили фаъолияти Ќушун.

3. Ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита ба тобеъияти амалиёти Гурўњи сарњадбонон дар шакли мављудаи сохтори ташкилї – штатї дода мешаванд.

4. Ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита, ки ба тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонон дода шудааст мувофиќи таъинот истифода мегарданд.

Идора ва истифодаи онњо дар посбонии сарњади давлатї мутобиќи ќарор ва наќшањои сардори Гурўњи сарњадбонон ташкил ва амалї мегардад.

Вазифагузорї ба ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита оиди посбонии сарњади давлатї аз тариќи интишори Дастури якљояи Сардори Гурўњи сарњадбонон ва Раиси Кумита, фармонњои (амрњои) сардори Гурўњи сарњадбонон, ки иљрои он барои фармондењон (сардорон), маќомоти идорї ва њамчунин барои њамаи хизматчиёни ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита, ки ба тобеъияти амалиёти дода шудаанд, њатмї мебошад.

Сардори Гурўњи сарњадбонон ба нафъи њифзи сарњади давлатї ба ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита, ки дар тобеъияти амалиётї мебошанд вазифањои љангї мегузорад, њамкории онњоро бо ќисмњо ва воњидњои Гурўњи сарњадбонон ва дигар ќисмњову воњидњои њамкорикунанда наќшагирї ва ташкил менамояд, онњоро дар њифзи сарњад ва амалиётњои љангї бо ќувваю воситањои худ дастгирї менамояд, идораи љангии онњоро амалї менамояд.

5. Ќисмњо ва воњидњои низомии Кумита, ки дар тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонон мебошанд дар ваќти иљрои вазифањои љангї дар шароити муташанниљ гаштани вазъият дар сарњад бо ќувваю воситањои Гурўњи сарњадбонон дастгирї ва бо воситањои зарурии моддї-техникї таъмин мегарданд.

6. Бо маќсади њамоњанг намудани кўшишњо дар њифзи сарњади давлатї бо ризоияти сардори Гурўњи сарњадбонон ва Раиси Кумита хизматчиёни њарбии Гурўњи сарњадбонон ва Кумита метавонанд ба маќомоти идории воњидњои бузург, ќисмњо ва воњидњои низомии Гурўњи сарњадбонон ва Кумита фиристода шаванд.

7. Фармондењии Гурўњи сарњадбонон, воњидњои бузург, ќисмњо, воњидњо дар њалли масъалањои омодабоши љангї ва сафарбаркунї, таълимоти љангї, такмилот, њифозат ва нигоњдории дурусти аслиња ва техника, љобаљогузории кадрњо, тарбияи интизоми њарбї, нигоњдории фазои солими ахлоќї-психологї, нигоњдории тартиботи муќарраргардида ба фармондењии Кумита, ќисмњо ва воњидњои низомї кўмак мерасонад, њамчунин ќисмњо ва воњидњои низомии Кумитаро, ки дар тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонон мебошад бо тамоми намуди амвол таъмин менамояд.

8. Маблаѓгузорї, таъминоти моддї-техникии ќисмњо ва воњидњои Кумита, ки дар тобеъияти амалиётии Гурўњи сарњадбонон мебошанд аз тарафи  Кумита амалї мегардад.

            9. Сардори Гурўњи сарњадбонон ва Раиси Кумита дар  якљоягї роњњои бењтарини љобаљогузории ќисмњо ва воњидњои Кумитаро, ки ба тобеъияти Гурўњи сарњадбонон дода мешаванд бо дар назардошти вазъияти  мављудаи амалиётї дар сарњад ва манотиќи назди сарњад, муайян менамоянд.

            10. Фармондењии гурўњи сарњадбонон, воњидњои бузург, ќисмњо ва воњидњо ба  хизматчиёни њарбии ќисмњо ва  воњидњои Кумита, ки ба тобеъияти амалиётї дода шудаанд дар ташкил намудани фаъолияти  хидматї-љангии Ќушун кўмаки амалї ва методї мерасонанд.

            11. Сардори гурўњи сарњадбонон бо ризоияти Раиси Кумита намояндагони дахлдори Кумитаро дар дастгоњњои (аппарат) намояндагони сарњадии гурўњи  сарњадбонон барои иштирок дар вохўрињои дастгоњњои намояндагони сарњадии давлатњои њамсарњад муайян менамояд.

            12. Гурўњи сарњадбонон дар ташаккули минбаъдаи Ќуввањои сарњадии Љумњурии Тољикистон ва њамчунин дар омода намудани мутахассисони хурд дар пойгоњњои марказњои таълимии гурўњи сарњадбонон мусоидат менамояд.

            13. Гурўњи сарњадбонон дар таъмини ќисмњо ва воњидњои Кумита, ки ба тобеъияти оперативї дода мешаванд, бо базаи нормативии дахлдор, ки њифзи сарњад ва фаъолияти хидматї-љангии Ќушунро ба  танзим медарорад ва њамчунин бо адабиёти методї мусоидат менамояд.

            14. Дар љараёни фаъолияти амалиётї-љангї гурўњи сарњадбонон ва Кумита оиди масоили зерин њармоња якдигарро хабардор менамоянд:

-          дар бораи вазъияити амалиётї дар сарњад ва манотиќи

назди сарњадї;

 

-          дар бораи далелњои дастгир шудани сарњадшиканон ва

ашхоси дигар, миќдори онњо ва чорањои андешида шуда;

- дар бораи  далелњои мусодираи аслиња, муњимот, маводи муходир, ашёи хоми стратегї, ашёву амволи дигаре, ки вориди (содири) онњо ба  Љумњурии  Тољикистон манъ аст, миќдори онњо ва чорањои андешида шуда;

-          дар бораи тактикаи амали сарњадшиканон, њиллаву

найрангњои  истифода мекардаашон, маќсад ва сабабњои сарњадшиканї.

            15. Њамаи шахсоне, ки аз тарафи сарњадбонони гурўњи сарњадбонон ва Кумита дастгири шудаанд тањти омўзиши (фильтрации) якљоя бо истифодаи меъёрњои Кодексњои маъмурї ва љиноятї-мурофиавї ќарор гирифта ашхоси дастгиршуда, амалї ќочоќ бо материалњои дастгир шуда бо акт ба маќомоти дахлдори њимояи њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон дода мешаванд.

            16. Кумита аз тариќи сардори гурўњи сарњадбонон бояд вазифањои амалиёте, ки њалли онњо ба  зиммаи ќисмњо ва воњидњои Кумита, ки ба тобеъияти амалиёти гурўњи сарњадбонон дода шудааст, донад ва барои таъмини иљроиши он чорањо андешад.

            17. Њаллу фасли масъалањои ташкилотии марбут ба тобеъияти амалиёти додани ќисмњо ва воњидњои Кумита ба гурўњи сархадбонон, љобаљогузорї ва истифодаи онњо дар муњофизати сарњад аз тарафи гурўњи кории якљоя (муштарак) мувофиќи наќшаи алоњида амалї мегардад.

 

 

 

 

 

 

              Директори                                                                  Раиси

       Хадамоти федералии                             Кумитаи њифзи сарњади давлатии

Сарњадии Федератсияи Русия            назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

           генерал-полковник                                             генерал-лейтенант

_________________ К. Тоцкий             ____________________ С. Камолов

       21 октябри соли 1999                                            21 октябри соли 1999

 

 

 

Њамбастагї ба  омма дар давраи

таъсиси ќўшунњои сарњадии љумњурї

 

«Ташакули давлатдории навин ва рушди њамаљонибаи он бо эњёи маънавї ва худшиносии миллї пайванди ногусастанї дорад».

                                               Э.Рањмонов

 

            Яке аз омилњои асосии мустањкам ва пойдор гардонидани давлати соњибистиќлол - ба вуљуд овардани эњсоси њамбастагии афроди љомеа дар тарњрезї ва бунёди сохторњои давлатї мебошад.

            Агар чунин эњёи маънавї ва худшиносии миллат намебуд, мо наметавонистем, ки дар кўтоњтарин муддат масъалањои сарњади дурударози хешро њаллу фасл намоем. Мо дар мисоли иштироки  фаъолонаи ањолии наздисарњадї, роњбарони навоњии наздисарњадї, ки артиши сарњадиро  аз њар  нигоњ хуб пазируфтанд, афсаронро дар њар бобат дастгирї карданд, вањдати воќеї, ягонагии халќу давлатро бо чашми сар дидем.

 Њукуматњои навоњии љумњурї, мардуми шарифи Тољикистон дар мушкилтарин  рўзњо- њангоми таъсису иашаккули сохторњои сарњадї зањмати зиёде кашиданд, ба мо  дасти ёри дароз карданд ва њалли як силсила масъалањои иќтисодиро ба дўш гирифтанд.

            Солњои 1993-1997, дар ноњияњои Шўробод (раисаш Салимов С.), Фархор (раисаш Неъматов Љ.), Москва (раисаш Одинаев С.), Ќумсангир (раисаш Нуров С.) ва дигар ноњияњои вилоятњои Хатлону Бадахшон (раисони вилоятњо Шарипов Д., Ниёзмамадов А.) аввалин сохторњо ва  воњидњои сарњадї таъсис меёфтанд. Бо дастгирии бевоситаи раисони ин ноњияњо ва мардуми зањматкаши ин вилоятњо дар корњои  сохтмонї, бунёди иншоотњои  сарњадї мо ба комёбињо шарафманд гардидем. Мардуми навоњии мазкур ба сахтињои рўзгорва бўњрони иќтисодї нигоњ накарда, дар лањзањои зарурї сарбозону афсаронро дар гармову сармо нигоњубин карданд, дар њифзи сарњади љумњури кўмакњои беѓаразона расониданд. Бо дастгирї ва ёрдами бевоситаи онњо садњо ќочоќчиён ва марзшиканон безарар карда шуданд.

            Дар давраи дуюми тарњрезии ќўшунњои сарњадї дар марзњои дохили мамлакат њам сањми мардуми ноњияњои Турсунзода ва вилояти Суѓд хеле калон буд.

            Баъди  њодисањои маълуми соли 1998 дар вилояти Суѓд ин маъракаи муњими сиёсї ба ављи баланди хеш расид. Тибќи  дастурњои  сарфармондењи олии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар тамоми  ноњияњои вилояти Суѓд Шўроњои њамоњангсозї амал мекарданд, ки дар њайати онњо  намояндагони њамаи идорањои ќудратї ва маќомоти њифзи њуќуќ шомил буданд. Роњбарони Шўрои њамоњангсозии вилоятро Ќосимов Ќ.С. ба дўш дошт. Шўроњо дар баробари њалли масъалањои доѓи рўз  ба проблемањои љобаљокунї, хўрондан ва пўшондани сарбозони сарњадии вилоят, ки  аз њисоби ќуввањои хукуматї ва неруњои  реинтегратсионї барпо карда  шуда буданд, хостан таваљљўњ зоњир мекарданд. Ба назарам  сабаби асосии дар  тайи ду сол ба итмом расидани бисёр масъалањои сарњадї дар вилоят, пеш аз њама хидмат ва  масъулияти   баланди   сарвари вилоят мўњтарам Ќосимов Ќ.С. мебошад. Ў шахсан дар тамоми чорабиниву машќњои њарбии сарњадбонон иштирок дошт.

            Дар тули солњои 1993-2001 фардњои бо нангу ор ва ватандўсти миллат барои рушду нумуи артиши сарњадї сањмгузорї намуда, дар њолатњои фавќулодда ёрињои моддиву маънави  хешро ба ќисмњои њарбии сарњадчиёни тољик дареѓ надоштанд. Дар ин амри хайр дастгириву мададгорињои  вазири    мудофиаи   љумњурї  генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х., вазири корњои дохилии љумњурї генерал-полковник Шарипов Њ.Њ., вазири амнияти љумњурї генерал-лейтенант Абдурањимов Х.С. ва генерал-майор Шералиев Н.Ш. дар амри љобаљокунї, мусаллањонидан хеле калон аст. Ман аминам, ки хидматњои ин арбобони сиёсии давлати тозаэљоди тољик дар сањифањои дурахшони таърихи навини халќи тољик абадї сабт хоњад шуд.

            Ногуфта намонад, ки низом фаќат дар чорчубаи Ќонун танзим мешавад ва интизому низом омилњои асосии нишонаи тавоноии давлат мебошанд. Дар мустањкам намудани интизом дар Ќуввањои Мусаллањи љумњурї аз нигоњи сиёсї фаъолияти   Додситони  кули љумњурї Бобохонов Б. додситони њарбии љумњурї  њарбї генерал-майор Олимов А.С., генерал-майор Ќурбонов Ш.Х. ќобили  ситоиш аст.

            Дар амри барпо кардан ва таъмин намудани рушду нумўи Сипоњиёни сарњадии тољик хидмати афроди ватандўст, чун Саидов Мўсо (раиси калли  комбинати орди Душанбе), Мирзоалиев Комил Љумахонович (сардори Раёсати Роњи оњани шањри Душанбе), Шамолов Сайвалї (корманди гумруки љумњурї), Одинаев Њикмат (нафаќахўр) ва бисёр дигарон калон аст. Ин номњо зинатбахши таърихи навини халќи тољиканд.   

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид