Саиданвар Камолов

 

СИТОРАИ УМЕД

 

Душанбе

«Адиб»

2012


ББК 84 Тоҷик 7-4

К-59

 

Муҳаррири масъул Истад Қосимзода

К-59    Саиданвар Камолов.  Ситораи умед (маҷмӯаи осор).

            – Душанбе, «Адиб», 2012, 480 саҳ.

 

Китобе ки дар даст доред, қиссаҳо ва очеркҳои солҳои охир ба риштаи тасвир кашидаи нависанда, собиқ Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиданвар Камоловро дарбар гирифтааст. Қиссаву очеркҳо саропо бо забони шевои адабию бадеӣ таълиф гардидаанд ва қимату арзиши таърихӣ касб кардаанд. Онҳо аз ҳақиқати воқеиву таърихи охири солҳои 80-уми асри ХХ ва оғози асри ХХI ҳикоят мекунанд.

 

ISBN 978-99947-2-190-0

 © Саиданвар Камолов, 2012

 


 
ҚИССАҲО

 

ГИРЕҲ ДАР ГУЛӮ

 

Шарҳи он қиссаи ҷонсӯз мапурс,

Рӯзе рафтаст, аз он рӯз мапурс.

 

* * *

Бо умеди ҷалоли Худо меболем. Ва на танҳо ба ин, балки ба мусибатҳо низ меболем. Зеро медонем, мусибатҳо сабрро ба вуҷуд меоваранд. Ва сабр ботаҷрибагиро ва ботаҷрибагӣ умедро.

Ва умед шарманда намекунад. Чунки дар умед муҳаббат ҳаст.

 

 

 

Махфӣ № 1

Ба сардори Раёсати КДАМ ҶТ

дар вилояти Хатлон

С. Маҳмудов

ФаврӢ

 

Аз рӯи ахбори аз шабакаҳои мӯътамад ба дастомада рӯзҳои наздик гурӯҳе ё фарде бо мақсади қочоқ сарҳади давлатиро бо Давлати Исломии Афғонистон дар минтақаи таҳти муҳофизати отряди сарҳадии Панҷ ғайриқонунӣ убур хоҳад намуд. Раёсати амнияти вилояти Хатлон вазифадор карда мешавад, ки низоми ҳифзи сарҳадро дар ин минтақа пурзӯр намуда, ҷиҳати боздошти вайронкунандагони реҷаи сарҳадӣ чорабиниҳои фавриро ба роҳ монад.

Сардори Раёсати

контрразведкаи ҷумҳурӣ

полковник Рамазон Ризвонов

 

Вақте ки барқияи мазкур ба воситаи алоқаи махсуси хизматӣ ба қисми навбатдори Раёсати амнияти вилояти Хатлон расид, ақрабаки соат болои рақами дуи шаб қарор дошт. Навбатдори масъул майор Боронов дар аввал, бо дарки садоқати касбӣ ва тартиби амал дар сурати қабули чунин барқияҳои фаврӣ, хост сардори Раёсатро аз мазмуни барқияи воридшуда огоҳ созад. Аммо чӣ фикре аз сараш гузашт, ки аз райъаш гашт. Бо гузашти чанд дақиқа матни барқияро дубора аз назар гузаронида, беихтиёр гӯшии телефонро ба даст гирифт. Аз дафтари сабти телефонҳои кормандони масъул рақами телефони манзили зисти сардорро пайдо намуд. Охир, ӯ ин рақами телефонро медонист-ку. Пас чаро аз дафтари сабти телефонҳо ин рақамро ҷӯё шуд? Шояд таъсири хастагӣ ва бехобӣ бошад? Ба ёдаш расид, ки то вақти ба рухсатӣ баромаданаш, чанд рӯзи дигар мондааст ва ҳатман аз рӯи нақшаи қаблан кашидаи худ истироҳат намуда, дубора бо нерӯи дучанд боз фаъолиятро дар ҷодаи масъул – таъмини амнияти миллӣ аз сар хоҳад гирифт.

Гӯширо рӯи дастгоҳаш гузошта, қатъӣ қарор дод, ки субҳ ҳангоми супурдани навбатдорӣ ва гузоришдиҳӣ ба сардор, ӯро аз барқияи воридшуда хабардор хоҳад намуд. Бе ин ҳам то оғози рӯзи нав чанд соати башумор мондааст ва бедор намудани сардор ҷои зарурат надорад.

Ҳар субҳ аз рӯи тартиби муқаррарӣ, афсарони навбатдори ҷузъу томҳои тобеъ ба навбатдори масъули раёсати амнияти вилоят оид ба чигунагии вазъияти минтақаи таҳти муҳофизаташон гузориш медоданд. Гузоришҳои афсарони навбатдори воҳидҳои сарҳадӣ, мисли ҳамарӯза, якранг буд: «Вазъи сарҳад орому босубот аст, ягон ҳодисаи ғайричашмдошт ба вуқӯъ напайвастааст». Аммо гузориши афсари навбатдори отряди сарҳадии Панҷ барои навбатдори масъули раёсат ғайри чашмдошт садо дод:

– Рафиқ майор, иҷозат диҳед арз кунам. Дар километри 2, заставаи 12, тахмин соати 4-15 дақиқаи шаб шахси номаълум хати сарҳадро (ғайриқонунӣ) вайрон намуда, ба ҷониби кишвари ҳамсоя гузаштааст.

 

Бонг

 

Баробари анҷоми гузориш аз дидбонгоҳ бонги хатар бархост. Аввалин гурӯҳи фаврӣ, вақти ба ҷои ҳодиса расидан, пайи сарҳадшиканро дид ва гирду атрофро аз назар гузаронид. Аз мардуми маҳаллаи дар наздикии посбонгоҳ истиқоматдошта нахустин касе, ки гурӯҳи махсуси сарҳадӣ бо ӯ вохӯрда дар мавриди он ҳодиса сӯҳбат намуд, посбон – танзимгари истгоҳи обкашонӣ буд. Ба қавли вай, як рӯз пеш марди ношиносе аз аҳолии деҳаи худашон набударо дучор омадааст, ки рафтору амал ва суолу кунҷковиаш шубҳанок ба назар мерасид. Бошандагони дигари маҳаллаи истиқоматии атроф, ки сарҳадчиён бо онҳо дар сари киштзорҳояшон сӯҳбат намуданд, гуфтаҳои пирамарди посбонро тасдиқ намуданд.

Нақши пойи марзшикан боиси тааҷҷуби сарҳадчиён гардид. Гӯё касе на сарҳади Тоҷикистонро вайрон карда, ба тарафи муқобил фирор намудааст, балки аз ҷониби Афғонистон ба қаламрави кишвари мо ворид гаштааст. Вақте аниқтар пай ва тарзи помонияшро омӯхтанд, равшан шуд, ки марзшикан ба хотири гумроҳ сохтани сарҳадбонон ақибнокӣ рафта, хостааст дигарон фикр кунанд, ки касе аз ҷониби давлати ҳаммарз ба хоки Тоҷикистон қадам гузоштааст. Лек ӯ дар ин тахмини худ хато карда буд: вақте инсон қафонокӣ ҳаракат мекунад, вазнинии қадаммонӣ ба пошнаи пой, вале дар ҳолати муқаррарии роҳгардӣ, вазн бештар ба қисмати ангуштони по рост меояд.

 

Машварат

 

Майор Боронов тамоми маълумоти фаврӣ ва ахбори ҷамъовардаи худро ба тартиб дароварда, рақами телефони манзили истиқоматии сардори раёсат полковник Сафаралӣ Маҳмудовро гирифт. Ӯ дар лаҳзаи аввал чӣ гуна ба сардор фаҳмонидани асли воқеаи рӯйдодаро надонист. Аммо баробари шунидани садои сардор аз ҳодисаи рӯйдода батафсил огоҳ намуд. Полковник Маҳмудов баъди шунидани гузориш фармуд, ки то омадани ӯ, ҳамаи шахсони масъули раёсатро таъҷилан даъват намуда, ба баргузории ҷаласаи фаврӣ омода бошанд.

ӯ гӯшии телефонро ба ҷояш гузошту чанд фарзияи эҳтимолиро аз мадди назар гузаронд. Полковник Маҳмудов, ки соҳиби собиқаи тӯлонии кор дар мақомоти амният буд, хост сабаб ва заминаҳои ин ҷиноятро дар зеҳни худ ҷой диҳад: оё марзро қочоқчиёни маводи нашъаовар рахна намудаанд, ки минбаъд нияти ба роҳ мондани интиқоли ғайриқонунии чунин маводро доранд? Оё чунин амал халалдор намудани амнияти сиёсии давлатро дар пай надорад? Аҷаб не, ҷинояткоре аз таъқиби қонун фирор намуда, дар кишвари ҳамсоя паноҳ бурданист? Ё имкон дорад, мисли ҳодисаи соли гузашта рухдода, кадоме аз мардуми маҳали наздимарзӣ, чунин амали ноогоҳонаро анҷом додааст? Пас чаро рӯзона не, маҳз шабона?

Саволҳои беҷавоб, фарзияҳои гуногун паи ҳам дар зеҳни полковник Маҳмудов якдигарро иваз мекарданд. Ӯ мисли ҳамаи кормандони варзидаи мақомоти амният дар мактаби олии кормандони сохторҳои бехатарӣ курсҳои бозомӯзиро гузашта, такмили ихтисос намуда, чунин самти андешаронӣ ва хулосабарориро дар лаҳзаҳои аввали баъди сар задани ягон амали қонуншиканӣ омӯхта буд. Дар чунин ҳолат корманди масъули соҳаи амният бояд ягон фарзияи эҳтимолиро барои худ ҳамчун тафсир – таври муносиб интихоб намуда, самти корҳои таҳқиқу иктишофиро аз рӯи он пеш барад.

Ӯ сари андешаҳои мухталиф либос пӯшиду аз дар баромад. Дар берун мошини хизматӣ, аллакай, мунтазири ӯ буд.

Дар даромадгоҳи бинои раёсати амнияти вилоят, баробари омадани полковник Маҳмудов, баъди амри «Низом!», навбатдор аз ҳодисаи рӯйдода гузориш дод ва илова кард:

– Гурӯҳи махсуси отряди сарҳадии Панҷ дар ҷои ҳодиса аллакай ба кор шурӯъ намуд. Дар дигар самтҳои сарҳад вазъият ором буда, авзои амниятии ноҳияҳои вилоят мӯътадил аст.

Сардори раёсат баъди гузориш аз Боронов пурсид:

– Масъулин ҷамъ омаданд?

– Оре, – гуфт навбатдор, – ҳама дар қабулгоҳ мунтазири шумоянд.

Маҳмудов ҷониби утоқи кориаш, ки дар ошёнаи дуюми бинои раёсат воқеъ буд, рафт. Ҳангоме ки иштирокчиёни ҷаласаи фаврӣ паси мизи дарозрӯяи корӣ нишастанд, ӯ ба курсӣ такя зада, гӯё ҳозирғоиб мекарда бошад, насаби сардорони шӯъбаҳои фаврӣ ва тафтишотро як – як ба забон гирифта, ба сари матлаб омад:

– Ҳамаи шумо огоҳед, ки дар хати марз чӣ ҳодиса рӯй додааст?

Ҳама, новобаста аз он ки сухани сардор чӣ оҳанг дошт, бо ишораи сар тасдиқ намуданд.

Сардор ба вокуниши тобеон аҳамият надода, аз сардори шӯъбаи тафтишот Зафар Ғафуров пурсид:

– Чӣ чора дидед?

Зафар Ғафуров, ки дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ дар раёсат ба чунин оҳанги гуфтори серталабонаи сардор одат карда буд, гоҳ ба варақи дар дасташ буда чашм давондаву гоҳ нигоҳи худ ба ҳамкорону сардор дӯхта, маълумоти дар ихтиёрдоштаи худро, ки аз лиҳози муҳимияти фаврӣ хабари қобили таваҷҷӯҳ буд, баён намуд:

– Рафиқ сардор, дар хусуси убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гурӯҳи фаврии раёсат дар ҳайати муфаттишон ва нозирони фаврӣ ба ҷои ҳодиса, барои таҳқиқи мукаммал, фиристода шуданд. Иттилооти дақиқро аз онҳо интизорем. Ахбороти аввалияи расида, натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ ва азназаргузаронии ҷои ҳодиса баёнгари он аст, ки ҷинояткор як нафар буда, бо роҳи кофтани чуқурӣ аз зери симхор гузашта, ба хотири гумроҳ сохтани сарҳадбонон қафонокӣ ҳаракат намуда, рӯди Панҷро гузашта, ба қаламрави давлати ҳаммарз рафтааст. Барои дарёфти хулосаи пешакӣ экспертҳо дар ҷои воқеа, яъне қитъаи рахнашудаи сарҳади давлатӣ кор бурда истодаанд.

Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, баёноти шоҳидон – мардуми маҳаллаи наздимарзӣ ва далелҳои пешовардаи сарҳадбони дидбонгоҳ, ҷинояткор тахминан 22-27 сола аст, андозаи пойафзолаш – 42. Бино ба гуфтаи корманди истгоҳи обкашии хоҷагӣ, ки аз ҷониби таҳқиқгарони отряди сарҳадии Панҷ бозпурс шудааст, рӯзи гузашта ҷавонмарди қадбаланди ба мардуми маҳал ношиноси тахмин 22-27 сола, чанд бор ба хати марз наздик шуда, он ҷоро назора намуда, боз пас гаштааст. Корманди истгоҳ аз ин ҳайрон шуда, вақти рӯ ба рӯ омадан пурсидааст:

– Дар ин ҷо чӣ мекобӣ, ака?

Марди ношинос аз пурсиши ногаҳонӣ ҳайрон шуда зуд посух намедиҳад. Баъд нимғурма мегӯяд: «Асп гум кардем. Ба гуфти одамон ба ин тараф омадааст»

Вай саросема хайрухуш кардааст.

– Ҳамин ҷузъиёти барои тафтишот муҳим, – иброз дошт Маҳмудов гузориши Ғафуровро шунида, – супориш диҳед зуд қиёфаи тахминии ҷинояткорро бикашанд.

– Мо ба ин кор шурӯъ намудем, қиёфаро мекашанд. Ҳамин ки ба итмом расид, ба идораҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ мефиристем.

– Бисёр хуб, – гуфт сардор.

Ғафуров бо қаноатмандӣ суханашро идома дод:

– Чунин фарзия, – гуфт ӯ, дар кори тафтишоти ин ҳодиса низ ҳаст, яъне ҷинояткор пеш аз ҳама, ғарази сиёсӣ дорад ва ба хотири амалӣ намудани он ба Афғонистон гузаштааст. Аз он ҷо ӯ, аҷаб не, сафари худро давом дода, ҷониби кишварҳои дигари исломӣ роҳ пеш гирифтанист. Аз рӯи нақли шоҳидон риши кӯтоҳ дорад, қиёфа ва лаҳни гуфтораш ба «муллобачаҳо» монанд аст. Фарзияи дуюм, ки низ қобили мулоҳиза аст, ин бо мақсади қочоқи маводи мухаддир сурат гирифтани ҳодисаи вайронкунии хати марз аст. Албатта, дар тафтишот, мо фарзияи бемори рӯҳӣ будани вайронкунандаи сарҳадро низ аз мадди назар дур насохтаем. Вобаста бо омӯзишу таҳқиқи ин ҳама фарзияҳои зикршуда мо бо сардорони шӯъбаҳои фаврӣ – Муҳаммадӣ Салимов, Сафар Каримов, ки ин ҷо ҳузур доранд, нақшаи пешакии фаъолияти ҷустуҷӯиро таҳия намуда, супоришҳои мушаххасро барои иҷрои он ба афсарони масъули шӯъбаҳои худ додаем. Чунон ки гуфтам, нозирони фаврӣ маълумотҳои ҷамъовардашуда ва фарзияҳо, дар ихтиёр доранд кайҳо ба кори амалӣ шурӯъ намудаанд. Мо кӯшиш мекунем, нақшаи гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ ва тафтишотро то бегоҳ анҷом дода, мувофиқа кунем. Баъди тасдиқи шумо – ситоди муттамарказ амал намуда, аз паи расидан ба натиҷаҳои воқеӣ шавем.

– Салимов ва Каримов! Шумо ба чӣ хулоса омадед? – Маҳмудов ба сардорони шӯъбаҳои фаврии раёсати амнияти вилоят рӯ овард.

Ҳар ду гузориши Зафар Ғафуровро тақвият дода изҳор намуданд, ки ин ҳама натиҷаи кори якҷояи онҳост. Инчунин онҳо ба хотири ҳамоҳанг ва муттамарказ сохтани ҷустуҷӯ ва фаъолияти ҳамаи сохторҳои бо тафтишот машғул, зарурати ҳар чӣ зудтар таъсис додани ситоди махсусро таъкид намуданд. Ба андешаи ҳар се таъсиси ситод амри саривақтӣ буд.

Маҳмудов баъди шунидани мудирони шӯъбаҳо самтҳои асосии амали онҳоро мушаххас намуда гуфт:

– Ба ин ман ҳам ҷонибдор. Қабл аз ҳама тамоми маълумотро дар компютер ҷой диҳед. Ва мутахассиси хуби соҳаро вазифадор созед, ки дар ҷараён қарор гирад. Маҳмудов майор Ғафуровро сардори ситод таъин намуд, то фаъолияти шӯъбаҳоро дар роҳи иҷрои ин мақсад ҳамоҳанг созад ва ҳамарӯза баъди соати панҷ ба ӯ ахбор диҳанд.

Ин лаҳза сардор бо андешаҳое ба Муҳаммадӣ Салимов (сардори яке аз шӯъбаҳои фаврӣ) рӯ овард:

– Ҳамкориро бо хадамоти амнияти миллии Афғонистон, сокинони қарияҳои ҷои рахнашудаи хати марзи давлатиамон ба роҳ монед. Ҳадаф: ба даст овардани иттилооти мукаммал аст. Агар ин ҳамкорӣ натиҷа диҳад, муайян намудани шахсияти ҷинояткор ҳеч гап не.

Давоми гап ба сардори шӯъбаи дигари фаврӣ – Сафар Каримов дахл дошт.

– Шумо Каримов, – гуфт ӯ, – дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳа ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ кӣ будани шахсияти ҷинояткор ва бо чӣ ҳадаф ба Афғонистон фирор намудани ӯро муайян намоед. Чораҳои лозимро барои пайдо намудани маълумот аз дохили гурӯҳҳои ифротии амалкунанда, ки ҳамаашон маълуманд, роҳандозӣ кунед. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо роҳҳои алоқаро бо дигар ташкилотҳои ифротгарои хориҷӣ ҷустуҷӯ намуда, шахси боэътимоди худро ваколат дода, ба берун аз ҳудуди мамлакат фиристодаанд. Барои муайян намудани шахсияти ҷинояткор ҳамкорӣ бо сохторҳои кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ натиҷа хоҳад дод. Аз рӯйхати хизматии онҳо маълумотро дар бораи онҳое ки дар қимор маблағи калонро бохтаанд ва ё барои содир намудани ҷинояти вазнин дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд, ҷамъоварӣ намоед. Агар чунин маълумот мавҷуд бошад, пас аз зумраи чунин нафарон, касе аз тарси таъқибу боздошт роҳи гурез ба қаламрави бегона пеш гирифтааст. Чунин фарзияро (дар кори убури ғайриқонунии марз) мо аллакай медонем.

Маҳмудов суханашро ба ин ҷо расонду занги телефонии «ВЧ» баланд шуд. Ӯ гӯширо бардошту соҳиби овозро шинохт:

– Рафиқ генерал!Полковник Маҳмудов – шуморо гӯш мекунам. Узр! Худам фаврӣ ба шумо занг заданӣ будам...

– Натиҷае доред? Ҷинояткор маълум шуд? Дар хусуси мақсади аз сарҳад гузаштани ӯ маълумоти дақиқ лозим.

Маҳмудов ба тобеонаш ишора кард, ки аз пайи иҷрои вазифа шаванд. Ба саволҳои генерал аз рӯи маълумоту фарзияҳо ҷавоб гардонид. Генерал амр дод, ки ӯро аз ҷараёни тафтишот ҳамарӯза воқиф созанд.

Маҳмудов баъди сӯҳбати телефонӣ пай бурд, ки вазорат аз маълумоти мавҷуда қонеъ нест.

Махфӣ №1

Ба сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии

Вазорати корҳои дохилӣ

полковники милитсия Қувватов С. Қ.

 

ФаврӢ

 

Мӯҳтарам Саид Қувватович!

Шӯъбаи тафтишоти Раёсати амнияти вилояти Хатлон нисбати вайрон намудани хати марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фарди шахсияташ (ба тафтишот) номаълум, ки шаби 1.06 соли равон дар минтақаи дидбонгоҳи №12 –и ноҳияи Панҷ аз марз убур карда, ба Давлати Исломии Афғонистон гузаштааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Тибқи маълумот шахси гумонбар тахмин 22-27 сола, қадбаланд, миёнаҷусса, риш дор. Барои истифодаи хизматӣ, расми шабоҳати ӯ, ки аз рӯи гапи шоҳидҳо кашида шудааст, фиристода мешавад.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки бо истифода аз маълумоти Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ба мо маълум намоед, ки аз байни гурӯҳҳои ҷиноятии дар ҷустуҷӯ қарордошта – дуздону ғоратгарон, қиморбозҳо, нашъаҷаллобону нашъамандон ва дигар шахсони шубҳанок кадоме эҳтимол дорад марзро убур намуда, барои раҳоӣ аз таъқибу ҷустуҷӯ ба хоки кишвари ҳамсарҳад – Афғонистон паноҳ бурданаш мумкин аст.

Сардори шӯъбаи тафтишоти

Раёсати амнияти вилояти Хатлон

майор Зафар Ғафуров

2001-2002

 

 

Андешаҳо, фарзияҳо

 

Чораҳои кофтуковӣ, амалиёти тафтишотии фаврӣ идома доштанд. Ҳар лаҳза далелҳои расида таҳлил ва фарзияҳо муқоиса мегардиданд. Баъди гурӯҳбандӣ ва арзёбӣ ба хотираи компютер вогузор мешуд. Санҷишҳо аз рӯи нақша идома доштанд. Натиҷаҳо дилхоҳ набуданд. Тамоми бозёфтҳои идораҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳлил мегардид. Аммо аз равшании охири нақб дарак набуд: шахсияти гумонбар мушаххас ба чашм намерасид.

– Чӣ бояд кард? Боз чӣ чорае андешем?

Зафар дар утоқи кораш худ ба худ суол медоду ҷавоб меҷуст. Ҷавоби дилхоҳ, ҳатто умедворсозе намеёфт. Ҳалқаи ин қазияи чигилу гиреҳхӯрдаро пайдо намудан мехост.

– Гиреҳи муамморо бояд кушуд! – мегуфт ба худ.

Садои занги телефон риштаи хаёлоти ӯро канд.

– Бале, сардор, гӯш мекунам.

– Аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барқия расид. Баъзе гапҳои барои мо муфид дорад. Онро мефиристам. Таҳлил кунед. Аз хулосаатон хабар диҳед.

– Ҳатман, баъди натиҷагирӣ гузориш медиҳем.

Ин вақт дари утоқи кории Ғафуровро касе бо ангушт туқ – туқ кард.

– Марҳамат дароед, – гуфт Зафар.

– Иҷозат, рафиқ майор, – нозири шӯъбаи умумӣ Садаф ворид шуд. – Барқия овардам.

Барқия махфӣ буд. Зафар имзо гузошт. Баъди берун шудани нозир вай барқияро ба даст гирифт:

 

 

Махфӣ №1

Ба сардори Шӯъбаи тафтишоти

Раёсати амнияти вилояти Хатлон

майор Ғафуров З.

 

Дар ҷавоб ба дархосте, ки аз ҷониби Шумо ба унвонии мо ирсол шуда буд, маълумоти зайлро пешниҳод мекунем ва ба фикри мо ҷиҳати самаранокии кори тафтиш бояд муфид ва қобили истифода бошад.

Тибқи ахбори фаврие, ки дар Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД мавҷуд асту онро моҳҳои март – апрели соли равон аз сарчашмаҳои боэътимод дарёфтем, Абдуманнон ном сокини шаҳри Ваҳдат дар қимор маблағи калони пулиро бохта, ду моҳ боз дар хонааш нест. Хешу табор ва ҳамсояҳо куҷо шудани ӯро намедонанд. Аз рӯи фарзияе ӯ ба доми нашъаҷаллобон афтодааст. Дар дасти мо чунин далелҳо зиёданд. Нисбати ҷои будубоши онҳо маълумот дорем. Вале аз куҷо будани Абдуманнон не.Аз наздикони ӯ низ роҷеъ ба ғайб задани ӯ арзу талабе ба шӯъбаҳои корҳои дохилии ҷумҳурӣ нарасидааст.

 

Бо эҳтиром,

сардори Раёсати кофтукови

ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ

полковники милитсия Қувватов С. Қ.

 

Зафар баъди хондани барқия ба хулосаи аниқ омад. Тақдири минбаъдаи ҷинояткорро равшан бояд кард. Ӯ кормандонашро аз мазмуни барқия огоҳ намуд. Гуфт, ки ҳамкориро бо Раёсати кофтукови ҷиноятии вазорат оиди паҳлӯҳои дигари амали Абдуманнон тақвият бахшанд.

Сафар Каримов пешниҳод намуд, ки бевосита ба маҳали зиндагии Абдуманнон бояд рафт ва омӯхт.

Зафар ба фикри ӯ розӣ шуд ва гуфт, ки «агар лозим ояд, ягон муфаттишро бо худ гирад».

– Беҳтараш аввал худам, – гуфт ӯ.

– Майлаш, – гуфт Зафар.

 

Алами МӮсоро аз Исо гирифтанд

 

Ҷаласаи ситод дер оғоз ёфт.

ҳамаи кормандони ба тафтиши парванда мутасаддӣ вақти таъиншуда ба қабулгоҳ омаданд. Бо сабаби барояшон номаълум хеле интизорӣ кашиданд. Наздикиҳои соати ҳашт ба утоқи кории сардор даромада, паси миз ҷой гирифтанд. Аз қошу қавоқи сардор гӯё барфу борон мерехт.

Ӯ аз эрод сухан сар намуда, қаҳри худ сари Ғафуров рехт:

– Ғафуров!

Зафар аз ҷо бархост.

– Аз рӯй додани ҳодиса чанд вақт гузашт?

– Ним моҳ, рафиқ полковник.

– Чаро ягон натиҷа нест?

– Шаба шабу рӯза рӯз нагуфта дар талошем. Бисёр ҳолатҳои муҳимро аниқ кардем.

– Гап, – мад кашид сардор, – сари натиҷа меравад!

– Натиҷаи дилхоҳ то ҳол нест.

– Салимов, Каримов, шумо чӣ? – сардор паст наомад.

Ҳар ду аз ҷой хестанд.

– Канӣ натиҷа? Ҷинояткор кист ва дар куҷост? Бо кадом мақсад ӯ ғайриқонунӣ хати сарҳадро шикаст? Набудани натиҷа нишонаи фориғболӣ нест магар? Аниқтараш – хунукназарӣ! Шумо аз ӯҳдаи иҷрои ин кор набароед, гап занед! Ман метавонам аз дастгоҳи марказии вазорат муфаттиш ва кормандони фаврӣ биёрам. Аммо онҳо чӣ фикр мекунанд нисбати мову шумо: «аз ӯҳдаи кор набаромаданд, дигаронро даъват карданд» намегӯянд? Оё аз ин мо обрӯ мегирем? Барои бефаъолиятӣ набудани натиҷаи назаррас ман аз генерал танбеҳ гирифтам. Акнун дарк намудед, ки сабаби мунтазирии шумо дар қабулгоҳ чӣ будааст?

Зафар ба хотири тағйир додани вазъи ҷаласа оҳиста ва бо таҳаммул гуфт:

– Рафиқ полковник, мо чораҳои фаврӣ дидем. Бо идораҳои дахлдор дар тамос ҳастем. Салимов ва ходимони шӯъба бо шахсони мутасаддии давлати ҳамсоя гуфтугӯ карданд. Интизори натиҷаем. Ситод ҷустуҷӯ дорад. Ҷинояткор маълум не, вале аз рӯи тасаввур шахси одӣ нест. Бинед, дар ҷое аз худ асаре нагузоштааст. Боз каме вақт лозим. Фарзияҳо низ дуруст барин.

 Аз ин гузориш сардор андак таскин ёфт, дар дил нисбати ҳозирин қаноатмандие эҳсос намуд. Оҳанги гапаш мулоимтар шуд.

– Хайр, малол нашавед. Худам ҳам аз калон гап шунидам...Ба қавле «Алами Мӯсоро аз Исо гирифтам». Хуб, ба сари мақсад оем. Чӣ пешниҳоде ҳаст? Марҳамат... Сафар Каримов, пешниҳоде дорӣ?

– Дорам. Мо барқияи аз пойтахт расидаро хондем. Пешниҳод ин, ки барои омӯхтани далелҳои барқия ба Душанбе рафтан лозим. Бо кормандони вазорат чанд кори дигарро ба анҷом расондан лозим, – гуфт ӯ.

– Қабул! Танҳо меравӣ? Ман аз сардори раёсати кофтукови ҷиноятӣ хоҳиш мекунам, туро қабул мекунад. Бо корманди масъули раёсат, ки барқияи моро санҷидааст, шинос шав. Ин ба фаъолияти якҷояи шумо мусоидат мекунад.

 

 

Робитаи судманд

 

Қариби соати нӯҳ Сафар ба қабулгоҳи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии вазорат расид. Котиба ба ӯ, ки дар курсии мулоим такя зада, дафтари сабти дасташбударо варақ мезад, рӯ овард:

– Марҳамат, Саид Қувватович шуморо интизор.

Сафар дари дутабақаи утоқро боз намуда, иҷозаи даромадан хост.

– Дароед, – гуфт Қувватов ва бархоста таомули саломро ба ҷо овард.

– Узр, ки худро муаррифӣ накардам, ман майор Каримов.

– Худро ташвиш надиҳед, аллакай хабар дорам. Мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти умумӣ, ба маҳви унсурҳои ҷиноятпешае, ки барои тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, ноил мегардем. Ҳа, дарвоқеъ медонед бо сардори шумо ҳамсабақ ҳастам. Якҷоя ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, хатм намудем. Аз айёми донишҷӯӣ хотираҳои зиёд дорем. Сафаралӣ Маҳмудов инсони ҳақшинос аст. Посдорандаи неъмати ошноист. Хайр ин ҳама баъд. Ҳоло биёед аз асли матлаб дур наравем. Медонам, ки ҳар дақиқа бароятон гарон аст. Ҳозир корманди фаврии раёсатамон Шарифовро даъват мекунам. Ӯ барқияи раёсати амнияти вилоятро омӯхта, барқияи ҷавобӣ таҳия намуда буд.

Полковник бо телефон корманди фаврии вазорат Ҳақдод Шарифовро даъват намуд. Фурсате нагузашта ӯ ҳозир шуд. Саид Қувватов онҳоро шинос кард, асли мақсадро фаҳмонд ва гуфт, ки ҳуҷҷатҳои мавҷударо якҷоя омӯзанд. Агар масъалае бо ӯ вобастагӣ дошта бошад, истиҳола накунанд, пурсанд.

Утоқи кори Ҳақдод Шарифов дар ошёнаи якуми бинои ВКД буд. Ӯ аз сейфаш бастаи ҳуҷҷатҳоро бароварда, назди Каримов гузошту «ман ҳозир меоям», – гуфта берун баромад.

Сафар танҳо монд. Хомӯшии утоқро танҳо садои кондитсионер халалдор менамуд. Ӯ парвандаро боз намуд, ҳуҷҷатҳоро як-як аз назар гузаронд. Миёни санадҳо ҳаргуна ахбору маълумот аз дуздону қиморбозон, нашъамандону нашъаҷаллобон ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятпеша зиёд буданд. Барои ӯ далеле лозим буд, ки ҳар чӣ зудтар гиреҳи ҷиноят кушода гардад.

Маълумоти мавриди таваҷҷӯҳи ӯ ҳамон буд, ки дар барқияи ҷавобӣ зикр ёфта буд. Бидид, ки сарриштаи боэътимод ба даст омадааст, парвандаро пӯшиду канори миз гузошт.

Ҳақдод ҳамроҳи марди ношиносе омад.

– Зиқ нашудед?.. Ягон чизи зарурӣ ёфт шуд? – пурсид ӯ.

– Не, – гуфт дар ҷавоб Сафар.

– Бо санадҳо шинос шудам. Мутаассифона, хеле мухтасаранд, – гуфт Сафар.

– Рости гап маводе, ки шуморо хурсанд кунад, кам аст. Барои шумо маълумоти муфассал лозим. Аз ин хотир, – Ҳақдод ба ҷавонмард ишора кард. – Ин касро овардам. Тафсилоти бештарро аз сӯҳбат бо ӯ пайдо мекунед. Зодаи шаҳри Ваҳдат – Ҳикмат... Дар истгоҳи обрасонии ноҳия кор мекунад.

– Чӣ гуфтание доред? – пурсид Сафар.

– Дар бораи Абдуманнон? – гуфт ҳикмат.

– Бале.

– Бо ӯ чандон шинос нестам. Боре ҳамсинфам Боқӣ Наботов гап зада буд, ки байни қиморбозону нашъаҷаллобон мегашт. Охирҳои май ё аввали июн буд,ба хонаи мо омад. Аз Абдуманнон ном рафиқаш ёдовар шуд. Гуфт ки дар Душанбе пулу молаша ба қимор бохтааст. Ман, ки Абдуманнонро намешинохтам, дигар чизе напурсидам. Ҳамон Боқӣ Абдуманнонро хуб мешиносад.

– Боқиро чӣ хел ёбам?

– Вай дар бозори Ваҳдат пули чипта ҷамъ мекунад?

– Шуғлаш сердаромад, ки қимор мезадаст... Бо савдои «дору» ҳам даст доштагист?

– Намедонам, аммо марди дасткушод, олиҳиммат!..

Сафар мехост ҳар чӣ зудтар бо Боқӣ вохӯрад.

– Аз кӯмакатон, – гуфт ӯ, – сипосгузорам. Дил гувоҳӣ медиҳад, маро ба роҳи дуруст ҳидоят фармудед. Агар иҷозат бошад, рафта Боқиро пайдо намоям...

– Барор мехоҳам, – гуфт Ҳақдод, – телефони маро навишта гиред. Мушкил пеш ояд, кӯмак мерасонем.

– Бисёр хуб, – гуфт Сафар. Рақами телефони Ҳақдодро навишт. Ӯ аз мадади кормандони он мақомот хушҳол берун шуд. Ба мошини худ нишаст ва ҷониби шаҳри Ваҳдат роҳ пеш гирифт.

 

Падидаҳо

 

Сафар суръати мошинро тезтар кард. Акнун ӯ барои ба даст овардани маълумоти бештар, ки ба парвандаи ҷиноятӣ равшанӣ хоҳад андохт, равон аст. Ҳамкорон натиҷаи кори ӯро интизоранд. Вай аз кӯпруки Кофарниҳон гузашт, бинои Ҳукумат паси сар шуду ӯ дар назди бозори калон мошинро нигоҳ дошта, ба андеша рафт: ба кӣ муроҷиат кунад?

Ин дам милисае рӯ ба рӯ омад.

– Мебахшед, чекчии бозорро чӣ тавр ёбем?-пурсид ӯ.

– Дар тарафи рости дарвозаи бозор, хоначае дорад, – бо даст ишора намуд милиса.

– Ӯро мешиносед?

– Чекчиҳо чанд нафаранд. Пештар акаи Боқӣ – сардорашон буд. Ҳозир каси дигар, ба тозагӣ таъин шуд.

– Боқиро аз вазифа гирифтанд? – пурсид Сафар.

– Боқӣ директори бозор шуд. Маълум ки Шумо меҳмонед...

Сафар худро ба нодонӣ зада пурсид:

– Боқӣ кай директор шуд?

– Хато накунам, қариб ду моҳ пеш.

– Утоқи кораш куҷост?

– Ака, Шумо савол медиҳед, худро шинос накардед, муфаттиш – ку нестед?

– Бале... Боқиро бояд бинам...

– Ин гапи дигар. Чаро аз аввал нагуфтед? Боқӣ дар утоқи кориаш дер намеистад. Ба қавли худаш, тоқати шиштан надорад. Навакак омада буд. Шояд ҷое нарафта бошад... Ҳамроҳатон равам?

– Не, ташвиш накашед. Ташаккур.

Дар қабулгоҳи ӯ, ғайр аз котиба, боз ду нафари дигар ҳузур доштанд. Котиба Сафарро кадом савдогари бозор ё харидори норозӣ пиндошта, беэътибор сар хам намуда, рӯйхатеро ба дафтаре мекӯчонд. Сафар хост аз котиба ҳузур доштани директорро пурсад. Аммо беэътиноии ӯро дида, аз раъаш гашт. Аз дигарон пурсиданӣ шуд, ки ӯ овоз баланд кард:

– Директор дар ҷояшон, аммо рӯзи қабулашон пагоҳ!

– Мебахшед, хонуми зебо! Ман бо масъалаи хизматӣ омадам, – гуфт Сафар, – вақт имкон намедиҳад, ки то пагоҳ...

– Шумо сабр кунед, ман мепурсам.

Фурсате нагузашта, котиба берун омад:

– Директор интизор!.

Ба он ду нафар бо қаҳр гуфт:

– Ба Шумо чанд бор гӯям, имрӯз қабул намекунанд... Директор банд… равед, назди сармуҳосиб дароед!

Директор кори худро як сӯ гузошту хавотир ба истиқболи Сафар бархост.

– Ассалому алайкум акаи Боқӣ, ман Каримов – аз Раёсати амнияти вилояти Хатлон.

– Ваалайкум ассалом. Хуш омадед, – даст дода вохӯрд. – Аз оҳанги гапатон маълум, ки ба ман гапи зарур доред, – гуфт рамузфаҳмона Боқӣ.

– Бале. Баъзе ҷузъиёти назарногир, кирои таваҷҷӯҳ намекунад.

– Не, рафиқ Каримов. Пӯшидагӯӣ накунед. Аз шумоён чизе пинҳон намемонад… Мефаҳмам, коратон мушкил. Вале ним сол шуд, ки ман бо қимор хайрухуш кардаам. Алвидоъ қимор!.. Овозаҳо оиди бо қочоқи маводи нашъаовар машғул буданам асос надоранд.

Боқӣ чизе пай бурд. Бо мақсади кам кардани гуноҳаш, ба иқрори он пешдастӣ кард.

– Чӣ хел алвидоъ? Магар аз қимору нашъа дил кандан осон аст?

– Дил кандан мушкил. Қимор дард аст. Нашъаҷалобӣ – аз сари ҳирс! Раҳоӣ аз ҳардуи ин бало иродаю вақтро талаб мекунад. Дурӯғ намегӯям. Ним сол шуд, ки шуғл надорам, – муфаттишро бовар кунонданӣ шуд Боқӣ.

– Ним сол не, аниқтараш чор моҳ.

– Чӣ хел чор моҳ? – бо ҳарос овоз баланд кардани худро надониста монд Боқӣ.

– Аз рӯи маълумот, моҳи феврал шумо бо Абдуманнон қимор зада будед.

– Шумо ӯро аз куҷо мешиносед? Магар ӯ ёфт шуд? – ба ҳаяҷон омад Боқӣ. – Кӣ ба шумо гуфт? Ҳа-а, мефаҳмам!.. Дар паи ман афтодаед...

– Баростӣ, ҳадаф аз ин ҷо омадани ман, бо шумо не, балки бо кори Абдуманнон ва ҳамкосаҳои ӯ иртибот дорад.

– Мӯҳтарам Сафар Каримов, бе асос шумо ин ҷо наомадаед? Талаби шумо аз ман чист?– каме худро сабук ҳис намуд ӯ.

– Маро дуруст фаҳмидаед. Мақсад дарёфти маълумоти мукаммал оид ба зиндагӣ, фаъолият, рафтору кирдори Абдуманнон! – курсии худро ба Боқӣ наздиктар оварда, асли гапро гуфт Сафар Каримов.

– Абдуманнон, – гуфт Боқӣ, – зодаи ҳамин ноҳия. Бо ӯ ду сол пеш дар маъракаи қиморбозҳо шинос шудам. Вай савдогар. Аввалҳо нағз бозӣ мекард.Борҳо варзидатарин қиморбозҳоро мебурд. Вале ин сол тез-тез бозиро мебохтагӣ шуд. Қимор бурду бохт дорад. Чанд бор, ки вохӯрдам, хотирпарешон буд. Моҳи апрел молу амвол ва хонаашро бой дод. Дар ин маҳфили (лигаи олии) қиморбозҳо, ки аз бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна омадаанд, ман набудам, дар сафари хизматӣ будам. Дар бозии дигараш иштирок доштам. Абдуманнон набуд. Аз ӯ пурсон шудам. Гуфтанд, ки ба доми гурӯҳи қочоқбарони маводи нашъаовар афтодааст, аз пайи дарёфти маблағ аст, то молу амволи бохтаашро бозпас гирад.

– Инро кӣ гуфт?

– Дар хотир надорам. Дар ҳалқаи қиморбозон қоидаи маслакии нонавиштае ҳаст. Ман ба ин маслак ҳуқуқи хиёнат кардан надорам. Шумо аз ин хафа нашавед. Гапи ман нисбати Абдуманнон – ҳамин. Танҳо тобистони ҳамин сол фаҳмидам, ки ба куҷое ғайб задааст.

– Акаи Боқӣ, аз оилаву авлоди ӯ, ҷои зисти онҳо огоҳӣ доред?

– Дорам. Дар деҳаи Чуқайшӣ занаш бо ду фарзандаш зиндагӣ доранд.

– Имкон доред, ки ҳамроҳ ба он ҷо равем?

– Дорам, танҳо бо як шарт.

– Чӣ шарт?

– Аз дур хонаашро нишон медиҳам. Худам намедароям. Урфи диёрдорӣ ҳамин. Гапу калоча мешавад. Мегӯянд, ки Боқӣ ба хонаи Абдуманнон муфаттиш овард!..

– Дуруст. Мо бояд шуморо аз назари дигарон пинҳон дорем.

Сафар шарти Боқиро пазируфт. Ба мошини ӯ нишаст. Раҳораҳ ба мақсади аз дили Боқӣ дур сохтани ҳар гуна шубҳаву хаёл гуфт:

– Чуқайшӣ чӣ маъно дорад?

– Намедонам. Хаёлам калимаи туркист, – гуфт Боқӣ.

Сафар Каримов забони туркиро медонист, чӣ будани маънои Чуқайширо низ. Ба хотири накандани риштаи сӯҳбат тавзеҳоти зерро зарур шуморид.

– Ин калима маънои каҷу килебӣ, чуқуриву пастиро дорад.

– Дар ҳақиқат, ин деҳа миёни пастиву баландиҳо ҷойгир аст, – гуфт Боқӣ.

То деҳаи Чуқайшӣ расидан Сафар маҷоли сӯҳбат надоштани Боқиро пай бурда, дигар ба идомаи он накӯшид. Боқӣ дарвозаи чӯбини калонро аз ҷониби рости кӯча ба Сафар нишон дод. Таъкид кард, ки баъди як соат бармегардад... Вале саволи навбатии Сафар ӯро аз роҳ боздошт:

– Ягон сурати танҳои Абдуманнон ё якҷоя бо ӯро надоред?

– Афсӯс, не. Аз ҳамсараш мегиред. Абдуманнон завқи суратгирӣ дошт. Баёзи суратҳо ҳам дорад.

– Ташаккур, – гуфт Сафар, – аз ҳамсараш мепурсам. Шояд не нагӯяд. Вале, шумо он чӣ ки ба ман гуфтед, хаттӣ нависед. Ҳамчун баёнот...

– Бе ин мумкин не? – пурсид Боқӣ.

– Не, – гуфт Сафар, – расмият чунин аст.

– Чӣ илоҷ, менависам. Танҳо хешу табори Абдуманнон аз ман гумонбар нашаванд шуд.

Сафар ғуруби офтобро диду хаёли шабгузаронӣ ба сараш зад. Вай аз Боқӣ хоҳиш кард, ки «агар малол наояд, як сари қадам ба шӯъбаи амнияти ноҳия даромада гӯед, ки аз Раёсати амнияти вилояти Хатлон Сафар Каримов омадаааст. Агар имкон бошад, дар меҳмонхона, барои ман, як ҷой хоҳиш кунанд...

– Хуб шудаст, мерасонам. Як ҷои хоб бошад, чӣ ҷои ташвиш? Худам дар лаби рӯд меҳмонхона дорам. Ҳамаи шароит ҳаст. Бемалол дам мегиред.

Сафар дигар ҳарфе нагуфт, бо қадамҳои устувор сӯи дарвозаи Абдуманнон рафт.

 

Тақдир ҳамин будааст

 

– Ягон кас ҳаст? – дарвозаро боз намуд Сафар.

Аз долон духтараки тахмин чорсолае ба шахси ношинос нигарист.

Сафар сархаму оҳиста то миёнҷои ҳавлӣ рафту гуфт:

– Аз ман натарс, духтарам. Модарат дар хона?

– Амакҷон, очам нон мепазад, – бо лаҳни ширин ҷавоб дод духтарак.

Зани қоматбаланди кушодчеҳраи тахмин 25-27 солае овози марди бегонаро шунида, аз ҷониби чапи ҳавлӣ, ки танӯр он ҷо воқеъ будааст, пештар омад.

Сафар Каримов бо хиҷолат гуфт:

– Узр янга, бе рухсат даромадам. Ба тақ-тақи дарвоза ҷавоб нашуд...

– Ҳеҷ гап не, ака. Ба меҳмонҳои ғайричашмдошт одат кардаем.

Сафар худро ба нодонӣ зада:

– Ин хонаи акаи Абдуманнон аст? – пурсид. – Шумо кӣ мешавед?

– Ман оилааш.

– Янга, ба хонаи шумо бо хоҳиши ҳамкорони Абдуманнон омадам. Баъзе дӯстон талаб доранд, ки Абдуманнонро ёбем. Аз ӯ сахт хавотиранд... Имрӯз ба ҷустуҷӯяш ин ҷо омадам. Танҳо шумо мушкили моро осон мекунед.

– Ба меҳмонхона дароед, ака, – зан ба ҳуҷрае ишора кард. – Як пиёла чой гиред.

– Не, хоҳарам. Ҳамин ҷо аз шумо ду даҳан гап мепурсам.

– Ихтиёратон. Ман нонамро мепечонаму мебиёям, – гуфт зан.

Сафар пеши кат истода, ҳавлиро аз назар гузаронд. Ҳавлӣ боҳашамат буд. Сутунҳои кандакориву қолинҳои калон-калони ду тарафи долон шаҳомате доштанд.

Соҳибхона дар даст дастархону нони гарм, ба долон омад. Маълум ки зан ба хонаи сермеҳмону қабулу гусели онҳо одат кардагӣ. Нонеро пора карда, назди меҳмон гузошт. Чойнику пиёла, мағзу чағз овард. Сипас интизори арзи меҳмон шуд... Сафар пай бурд, ки соҳибхона ботинан мушавваш аст. Ӯ аз рӯи таомул луқмае нон гирифту гап кушод:

– Хоҳарам, ғалат накунам, Моҳира ном доред?

– Бале.

– Шавҳаратон дар куҷо?

– Ака, ин ба шумо чӣ дахл дорад?

– Ман корманди мақомоти бехатарӣ, – ҳуҷчат нишон дод ва давом намуд. – Аз рӯи гапи дӯстонаш шавҳари шумо Абдуманнон қиморро бой дода, бо қарзи калон амволи бохтаашро харидааст ва худаш ғайб задааст. Ин рост аст?

– Пешонаи сахти ман дар гӯр, акаҷон, – инони гиряро сар дод соҳибхона, – аз кӯдакӣ рӯз надидам. Тақдир ҳамин будаст. Дар синни се солагӣ модарам аз дунё гузашт. Падарам зан гирифт. Аз модарандар фақат азобу шиканҷа медидам. Падарам дид, ки илоҷи дигаре нест, маро ба хонаи кӯдакон бурд. Баъди мактаб омӯзишгоҳи тиббиро (бо баҳои аъло) хатм кардаму ба беморхонаи ноҳия ба кор даромадам. Дар ҳамон ҷо бо Абдуманнон шинос шуда тӯй карда ба шавҳар баромадам. Ҳарду кор мекардем. Ӯ дар идораи савдо, ман дар беморхона. Зиндагии хуб доштем. Баъд соҳиби писар шудем. Духтарчаам чор сол пеш ба дунё омад. Чӣ бало зад, ки баъди таваллуди духтар Абдуманнон одатҳои нозебе пайдо кард: ҳеҷ наменӯшид, тез-тез ширакайф меомад. Одати кисакобӣ надоштам. Боре тасодуфан аз кисааш халтачаи хокаи сафедмонанд афтид... Аз ҳама бадаш ин шуд, ки чизҳои қиматбаҳо аз хона гум шудан гирифтанд. Пеш маблағҳои калон меовард. Хонаву ҳавлӣ сохт. Якчанд рӯз пеш аз ғайб заданаш ду марди ношинос омада аз ӯ талаб карданд: «Агар қарзашро нагардонад, хонаву дарашро мусодира мекунанд». Ӯ ҳаракат мекард, ки ман мазмуни гапро нафаҳмам... Аллакай сарфаҳм рафта будам. Он ду мард гуфтанд, ки дар муддати даҳ рӯз талаби онҳоро қонеъ насозад, ҳавлиамонро кашида мегиранд. Онҳо рафтанду табъи нохуши шавҳарамро дида пурсидам:

– Мардак, чӣ гап? Онҳо кӣ? Чӣ гуна қарз? Шукр, ҳарду кор мекунем, серу пурем. Ба чӣ мақсад аз онҳо қарз гирифтӣ?

Ӯ иқрор шуд:

– Занак, – гуфт, – рӯсиёҳу шармсор шудам. Аз ту пинҳон доштам, ман қимор мебозидам. Аз рӯи ҳавас ба маҳфили қиморбозҳо роҳ ёфтам. Бахтам омаду бурд кардам. Аммо дигар аз ин шуғли номатлуб дил канда натавонистам. Ҳушу ёдамро банд кард. Вақтҳои охир корам омад накард: пули калонеро бохтам. Ночор ҳавлиро ба гарав мондам. Ба ман даҳ рӯз мӯҳлат доданд. Агар маблағи бохтаро надиҳам, аз ҳавлӣ маҳрум мегардем. Қоидаи қимор ҳамин аст.

Маро таскин дод, ки ғамгин нашавам. Кадоме ба ӯ ёрӣ медиҳам гуфтааст. Пулро мегирам гуфту қарзро мегардонам. Ҳавлиро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст намедиҳам. Вале худам як муддати муайян ғайб мезанам. Ту хавотир нашав.

Баъди ин ҳодиса гӯё, ки ягон гапе нагузашта бошад, рӯзе ӯ ба ман гуфт, ки ҷанҷоли хонаву амвол аз байн рафт. Аз пагоҳи рӯзи дигар ӯро надидам.

– Аз хона чӣ бурд? – кунҷковӣ намуд Сафар.

– Ягон чиз набурд.

– Либосашро чӣ?

– Либосаш дар хона.

– Ӯ кай риш монд?

– Риш надошт? – ба ҳайрат афтод Моҳира.

– Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар хонаанд?

– Шиноснома не. Диплому шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар хона.

– Ягон расмаш ҳаст?

– Ҳа, ҳаст, суратҳои давраи донишҷӯӣ ва маросими хонадоршавиамон...

– Ӯ куҷоро хатм кард?

– Техникуми савдои пойтахтро.

– Куҷо буданашро намедонед?

– Не. Аз вақти рафтанаш хату хабаре нест.

– Хешу табор дорад?

– Ду акааш дар – Ваҳдат . Аз онҳо суроғ кардам. Куҷо буданашро намедонанд.

– Ба милиса хабар додед?

– Не. Боре ният кардам. «Як муддат ғайб мезанам, хавотир нашав» гуфтанашро ба ёд оварда аз фикрам гаштам. Зинда бошад, меомадагист?..

– Ба шумо нагуфт, ки куҷо меравад, кай меояд?

– Не.

– Шояд бародаронаш... ба милиса муроҷиат карда бошанд?

– Не. Ба пурсишам «Куҷо гум мешавад? Ягон рӯз бармегардад» – гуфтанд.

– Дар бораи дӯстону шиносҳояш чӣ медонед?

– Ҳеҷ чиз. Бештари вақти худро дар маркази ноҳия мегузаронид. Бо ҳамсояҳо дар ягон маъракаву чорабинӣ шинухез дошт.

Баъд аз ин ҷавоби ӯ ба Сафар чунин намуд, ки рӯз ба охир мерасад. Ва ӯ андаке бесаришта шуд. Гӯё ки тамоми рӯзро бо гуфтугӯи ин зан гузаронид. Ҷавобҳои зан акси садое буд, ки аз дили поку ботини беолоиши ӯ башорат медод. Хайрият, – гуфт зери лаб Сафар, – ин зан бе макру риёву дур аз дурӯғ аст...

«Хайр, боз чӣ монд? Аз ин зан боз чиро пурсад? Ҳа, сурат ва ҳуҷҷатҳои Абдуманнон. Шояд тавассути ҳуҷҷатҳо ба доираҳои ҳамкорону ҳамнишинони ӯ роҳ ёбем. Вале ба чӣ тариқ ин ҳамаро аз дасти завҷаи ӯ мегирам. Дар ҳузури ду – се шоҳид беҳтар! Ва ӯ аз болои коғазу ҳуҷҷатҳо сар бардошта гуфт:

– Як кори дигар монд. Аз ҳамсояҳо ду нафар меёфтед?

– Ҳамсояҳо чӣ лозим? – пурсид зан.

– Дар шоҳидии онҳо, – гуфт Сафар, – ду – се сурату ҳуҷҷатҳои рӯи даст бударо ба ман медодед.

Ранги янгаи Моҳира дигар шуд.

– Ҳамсояҳо чӣ лозим, ака? Агар ду нафар ба шоҳидӣ оянд, пагоҳ на фақат дар Чуқайшӣ, балки дар ноҳия овоза мешавад, ки ба хонаи Моҳира муфаттишу милисаву прокурор омад. Дарвозаи шаҳра баста мешавад ака, даҳони мардума не. Илоҷи дигаре меёфтед, беҳтар буд.

– Илоҷи дигар ҳаст, – гуфт Сафар, – сурату ҳуҷҷате мегирам, – ӯ ба коғазе ишора кард, – ин ҷо менависам. Шумо имзо мегузоред?

– Ин беҳтар, – гуфт Моҳира. Гӯё як пораи кӯҳ аз дӯши ӯ афтод.

Моҳира аз хонаи дарун ҳуҷҷат ва суратҳои шавҳарашро овард. Аз рӯи диплом маълум шуд, ки ному насаби шавҳараш Саидов Абдуманнон будааст. Сафар бар иловаи диплом аз суратҳо ду дона гирифту аз ҷой бархост.

Боқӣ андаке пештар аз вақти таъиншуда, дар гардишгоҳ интизори Сафар истода нақшаи меҳмоннавозии ӯро мекашид. Аз дидани ӯ хушҳол шуд. Ғайричашмдошти Боқӣ ӯ ба мошин даромаду гуфт:

– Маро пеши мошинам баред...

Дар дили Боқӣ шӯре афтод ва бо хотири озурда гуфт:

– Маслиҳат дигар хел буд-ку? Чӣ хел шуда як бор меҳмони мо шудеду аллакай дар фикри бозгаштед? Маро таги гап намонед. Мардум тайёрӣ диданд.Нону намак начашида гусел кунем?.. Охир, русуми мо инро намепарварад. Моро аз неъмати пазироӣ маҳрум накунед, ошно!..

– Барои лутфу марҳамататон ташаккур. Мебахшед, ягон бори дигар меҳмон мешавам. Ин дафъа корҳои таъҷилии бисёр дорам. Бо ҳеҷ ваҷҳ наметавонам ба таъхир андозам. Ҳозир маро назди мошинам бурда расонед. Як сари қадам ба шӯъбаи амнияти ноҳия медарояму пас мегардам. Хоҳиш дорам узри маро бипазиред, акаи Боқӣ.

Боқӣ дид, ки илоҷе нест ва меҳмонро аз райъаш гардонидан имкон надорад, ӯро ба назди мошинаш, ки дар истгоҳи назди бозор меистод, овард.

Сафар ба дилкашоливу умедвории зиёди Боқӣ нигоҳ накарда, бо ӯ худоҳофизӣ намуд. Ба идораи амнияти ноҳия даромад, сардори шӯъба Пир Солеҳовро, ки қаблан мешинохт, дар утоқи кориаш ёфт.Дар атрофи масъалаи корҳои фаврии иловагӣ, ки бо наздикону пайвандони Абдуманнон гузаронидани онҳо лозим меояд, гуфтугӯ кард. Баъдан ҳамроҳ нақшаи амалиёти муштаракро тарҳрезӣ намуданд.

Сӯҳбати Пир Солеҳову Сафар берун аз дафтар тӯл кашид. Ин вақт аллакай офтоб ба ғуруб мерафту нурҳои сурхрангаш ба домони пораабрҳои канори осмон мерехт. Пораҳои лоларанги меғ, мисли порчаҳои гудохтаи мис ҷило медоданд. Чашми Сафар ҳангоми хайрухуш ба ин манзараи шигифтангез афтод. Ӯ паси чамбараи рул то вурудгоҳи Душанбе як нигоҳ ба роҳу нигоҳи дигар ба абрҳои аҳмарии уфуқ, ба андеша мерафт. Субҳ вақте ки завҷааш Хайринисо бо нигоҳ ӯро то ба ҳамгашти растаи калони шаҳри Қӯрғонтепа ба самти Душанбе мегуселонд, дар самти шарқии осмон тепаҳои пушти шаҳраки Сарбанд анвори лоларанги шафақ қуллаҳои баланди Кӯҳи Хӯҷаро рангин месохт.

Бегоҳ, назди бозори «Саховат» он шӯру мағалро надид. Дар баромадгоҳи бозор, чанд қадам дуртар аз роҳи калони мошин танҳо зане пеши ду пояш лагани калони нима аз шушу ҷигарпораҳои пухта ва ду даст болои зону бо нонфурӯши паҳлӯяш сӯҳбат дошт. Сафар дар худ гуруснагӣ эҳсос кард. Мошинро нигоҳ дошт. Назди лагани гӯштпораҳо рафт.

– Бисёр бомазза, – гуфт ӯ, – баъде, ки ду – се пора аз гӯштпораҳо тановул кард, бо табъи болида бо фурӯшанда ҳисобу китоб кард. Ҳамин қадараш бас. Пурхӯрӣ бало дорад, намезебад. Меъдаи пур душман аст. «Ғизои кам давоангез бошад» гуфтаанд бузургон. Ғубори меъда заҳрогин аст. Пас аз як лаҳза хамёза мекашӣ. Коҳилӣ сар мешавад. Ва ин мисли хори по дар сафар аст, пурхӯрӣ. То ту хорро аз пой мегирӣ, мебинӣ, ки корвон ғайб задааст, – меандешид ӯ ва чолокона мошин меронд. Банди хаёлот суръатро ҳам аз меъёр зиёд кард, ки дар посбонгоҳи БДА–и ағбаи Фахробод ӯро ходими Бозрасии Давлатии Автомобилӣ нигоҳ дошт.

– Узр додар. Каме шитоб дорам, – гуфт ӯ, – ба ходими БДА маро интизоранд. Сафар аз ин зиёд ҳарфе ба забон наовард. Ҳарчӣ зудтар бояд бишитобад, зеро ҳам дар Раёсати амнияти вилояти Хатлон ва ҳам дар Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ чашм ба роҳи ӯянд.

Ходими БДА хирагӣ накард. Узри ӯро пазируфт ва роҳи сафед хост. Вале аз чӣ буд, ки Сафар дар ботин бори хиҷолат эҳсос кард. Шитоб чӣ зарур? – гуфт ба худ.

Сафар вақте мошинро дар саҳни бинои Раёсати амнияти вилоят қарор дод, ки як ҳиссаи аввали шаб ба охир мерасид, аммо чароғҳои дафтари кори кормандони масъули раёсат фурӯзон буданд. Партави рӯшноии аз ду тирезаи сардори шӯъбаи тафтишотӣ Зафар Ғафуров берун омада, ба шоху баргҳои дарахтони шамшоду ақоиқ мерехт. Ва Сафар ҷилои баргҳоро дид ва чеҳраи сардори дар интизори далелу бӯрҳонҳои тоза, ё худ калиди қулфҳои бастаи ҳодисаи халалдор шудани марзи давлатӣ пеши назараш омад: тираву хаста ва дилгир, вале Зафар ба он иртиботе надорад... Гуноҳи ӯ чӣ? Ҷаҳл чизи бад аст. Орифон ҷаҳлро зиндони худованд гуфтаанд. Агар амиқтар андеша кунӣ, ин ҳақиқат аст. Ҷоҳил умре дар зиндони худ маскун аст. То замоне аз ҷаҳл набарояд, ӯ зиндонӣ аст. Вале Зафар ин зиндонро намедонад. Ӯ ҳамеша сабур асту хунсард. Ва хунсардӣ дараҷаи камолоти ақл аст. Ӯ дар зиндони худо не, балки дар айвони ӯ сокин аст. Чунки ба илми криминалистӣ ва мантиқу фалсафа таваҷҷӯҳ дорад. Ходими амнияти давлатӣ бе огоҳӣ аз ин се илм ягон кори неке на барои худ карда метавонаду на барои миллат.

Сафар бо ҳамин андешаҳо дари дафтари кории Зафарро бесадову оҳиста тела дод. Зафар сар аз болои миз бардошт ва бо умед аз Сафар пурсид:

– Ху-у-б, – мад кашид ӯ, – шер ё рӯбоҳ?

– Шер, – гуфт Сафар.

Сафар дурӯғ намегӯяд, воҳима ҳам намекунад. Тафсилу сергапиро хуш надорад. Ҳине ки шер мегӯяд, дар ҳақиқат шер аст! Зафар бо шунидани ин гап ҳушёр шуд ва эҳсос кард, ки осори шалпарии фикру хаёл аз ӯ дур шуд. Ӯ сабук бархоста Сафарро ба оғӯш кашид, ба хотири нахустин сухани ба забон овардааш!..

Сафар ҷузъгирро, ки даруни он ҳамаи ҳуҷҷатҳои шиносоӣ бо Моҳира, шахсияти шавҳараш Абдуманнон бо низом чида шуда буданд, болои мизи сардори шӯъба монд. Зафар мисли марди мусофире, ки миёни биёбон, зери сели нурҳои сӯзони офтоб риштаи умраш ба як қатра об вобаста аст ё ба ранги гуруснае, ки дар шаб қурси моҳро қурси нон мепиндорад, ҳарисона ҷузъгирро кушуд. Бо тамоми ҳушу гӯш хонда сар бардошт:

– Шукри Худо, ки роҳи дурустро пеш гирифтаем, – гуфт Зафар. – Ту, Сафар, дар як рӯз кори даҳ рӯзу ду – се нафарро иҷро кардаӣ. Бародарони ҳамкор бояд ҳамин хел бошанд.

Мазаи гӯшти саросема аз лагани соҳибкори рӯи курсича нишаста хӯрдаи Сафар ҳанӯз аз даҳонаш нарафта буд. Ӯ хост гӯяд, ки ягона луқмаи аз субҳгоҳ то ин поси шаб ба даҳон бурдааш ҳамон буд...

– Ин заҳмати ту, Сафарҷон, – гуфта Зафар аз ҷузъгир суратҳои Абдуманнонро бароварда, – то дер дар ёд мемонад.

Зафар протокол ва варақҳои парешонро аз рӯи миз гирд овард қаноатмандона изҳор кард, ки аз қадами аввалини Сафар парвандаро оғоз мебахшад. Ӯ бори дигар ба суратҳои Абдуманнон чашм давонд...

– Чӣ хел ба расмҳои кашидаи эксперт – криминалисти мо монанд. Ин ҳам донишу ҳунар аст. Охир бубин, эксперти мо одамро аз рӯи гуфти шоҳиде кашид, ки дар умри худ ягон бор ҳам ӯро надидааст.

Ӯ расмро паҳлӯи сурати аслӣ гузошт:

– Як себи дукафон! Танҳо риш фарқ дорад. Агар сурати ришдори Абдуманнонро меёфтӣ, ин фарқ ҳам аз байн мерафт.

Дар фуроварди сухан Зафар гуфт:

– Аз ҳамаи ин суратҳо нусха бардоред. Ба идораҳои масъул мефиристем. Онҳо ҳам биҷӯянд. То кори якҷояи мо натиҷаи беҳтар диҳад.

Айни сӯҳбат сардори шӯъбаи дигари оперативӣ Муҳаммадӣ Салимов омад. Ӯ бо Каримов гарм вохӯрда, аз натиҷаи сафар пурсон шуд.

– Сафар бад нашуд, – гуфт Сафар, – худо ба Қувватов файз диҳад, хеле дастгирӣ кард. Хато накунам, сарриштаи гиреҳ ёфт шуд. Зафар дид. Шояд ҳамаша ҳазм кард, мисли палави хуҷандиён.

Аз ҳарфи охири ӯ Зафар лабханд зад. Дар ҷавоб Сафар байт гуфт:

       Сухан макун ба заифон, ки шуд табассуми барқ,

       Бадал ба нолаи ҷонсӯз дар наистонҳо.

Сафар соҳиби пайро ёфт. Аз ҳамин шаб парвандаи ҷиноии сарҳадшикан оғоз меёбад. Ту ҳам Муҳаммадӣ биҷунб. Ба ин тарафи соҳил Панҷ партави равшанӣ афтод, он тарафи соҳил торик. Акнун пайшиканро бояд ёбем.

Суханони Зафар дар гӯши Сафар садои мутантане дод. Ин дам дари утоқ кушода шуду Садаф даромад.

– Марҳамат, даро, – Зафар аз ғаладони мизаш як баста шоколад бароварду ба Садаф дароз кард, – ин барои барқияи се рӯз пеш овардаат, – гуфт.

Духтар аз ғояти қаноатмандӣ гул кард, онро гирифт ва бо шакарханд гуфт:

– Агар ҳар барқия ҳамин хел мукофот дошта бошад, ҳар рӯз меоварам.

– Ба барқияҳои ту, бонуи зебо, – гуфт Зафар, – қимат мондан мушкил. Хизмати ту хеле бузург аст.

– Ин хел бошад, – гуфт Садафмо бо фараҳмандӣ, – ана, боз як барқия. Ин ба номи Сафар. Дар ҷои кораш набуд, ин ҷо овардам.

– Хона намеравӣ-чӣ?

– Хона? – гуфт Садафмо бо ишва – сардорҳо медонанд, имшаб навбатдорем.

Сафар маънидор ба Зафар нигарист.

– Ба назарам, ман ҳам имшаб навбатдори масъул.

Садаф тартиби навбатдориро мисли панҷ панҷа медонад. Ҳар навбатдор дар набудани сардори раёсат зиёдтар аз нисфи ҳуқуқҳои ӯро дошта бошад ҳам, дар ҳолатҳои фавқулода ба навбатдори масъул итоат мекунад. Садафмо аз таҳти дил мехост, ки навбатдори масъули имшаба Сафар бошад. Вале ин умеди ӯ беҳуда буд, навбатдори масъул дигар кас... Бо оҳанге гуфт, ки аз алам холӣ набуд.

– Э, намуред шумо! Ҳеҷ аз шӯхиҳоятон намондед-дия!..

– Хайр, Садафмо, худат ҳам медонӣ, зиндагӣ бе ҳазлу шӯхӣ дилгир аст.

Сафар барқияро аз дасти Садаф гирифт ва ба Зафар рӯ овард:

– Биё, мукофоти ин барқияро ҳам бидеҳ.

– Ин, – гуфт Зафар, – ба номи ман не, ба номи Сафар. Мукофота худат медиҳӣ.

Махфӣ №1.

Ба сардори шӯъбаи оперативии Раёсати

амнияти вилояти Хатлон майор Каримов С.

 

Мӯҳтарам Сафар Каримов!

 

Абдуманнон Саидов сокини деҳаи Чуқайшӣ буда, завҷаи ӯ Моҳира Саидова аст ва ду фарзанди ноболиғ дорад.

Бародаронаш Ҳикматулло ва Ҳабибулло Саидовҳо дар ноҳияи Ваҳдат кору истиқомат мекунанд. Абдуманнон баҳори соли ҷорӣ қиморро бой дода, қарздор шуд, ба доми гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир афтида, тайи ду моҳ боз бедарак аст. Баробари гирифтани маълумоти иловагӣ ба шумо хабар медиҳем.

 

Сардори шӯъбаи амнияти

шаҳри Ваҳдат, полковник Солеҳов П.

 

 

– Шӯъбаи амнияти шаҳри Ваҳдат саҳлангорӣ кардааст, – аз дил гузаронд Сафар. – Шояд баъди вохӯрӣ бо ӯ, сардори шӯъба бесаранҷом шуда, бошитоб барқия фиристодааст. Сафар барқияро ба Зафар дароз карда гуфт:

– Фикр мекунам, аз шӯъбаи амнияти ноҳияи Ваҳдат талаб намоем, ки ба таҳқиқи ин мавзӯъ ҷиддитар пардозанд, – Вале барқия, ки ба назари Сафар хеле сабукбор буд, ба фикри ӯ рахна зад, – беҳтараш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дархост диҳем ва гӯем, ки шӯъбаи амнияти шаҳри Ваҳдатро аз хоби ғафлат бедор созад. Ақаллан бо дахолати онҳо доираи ҳаммаслакони қиморбози Абдуманнонро муайян менамудем, як ҷанбаи вазнини таҳқиқи парванда, ки бар дӯши мо бор аст, сабук мешуд.

– Охир, – гуфт Ғафуров андешаи Сафарро тақвият дода, – аз тафтиши анҷомдодаи мо равшан аст, ки доираи ҳодисаву воқеоти бо парванда алоқаманд, аз ҳудуди вилояти Хатлон берун рафта, ба маркази ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи он ҳамоҳанг мегардад.

Муҳаммадӣ, ки то ин дам ба гуфтугузори ду ҳамкасб гӯш медод, ба миён гузоштани натиҷаи корҳои барои ӯ муайяншуда фурсатро муносиб донист:

– Чанд рӯз аст, ки бо кормандони амнияти вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон дар иртибот ҳастем. То чӣ андоза ба онҳо бовар кардан мумкин, гуфтан душвор. Ҳамаи онҳо таҳти назорати қумандони Тахор – Шаҳобулло валади Соибҷони Аслиддин мебошанд, ки инжинер муаррифӣ мешавад. Алъон ахборе ирсол накардаанд. Алоқаи мо бо онҳо мухобиравист. Ба ин нигоҳ накарда, мо ноумед нашудем. Дар он тарафи рӯд, дар қишлоқи Анҷироб, айёраки мо истиқомат дорад. Дирӯз хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон як шаҳрванди тоҷик фирорӣ шуда, ба вилояти Тахор гузаштааст. Аз рӯи нишондоди сурату симо ӯ ба Абдуманнон монандӣ дорад. Агар имконият бошад, ба ман як расми Саидовро диҳед, ки тезтар ба он тараф фиристам, то шахсияти гумонбарро муайян намоем.

– Маълумоти дигар, – гуфт Муҳаммадӣ, – ки аз Раёсати кашшофии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба даст овардем, чунин аст. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш ҳоло муайян нест, муддатест, ки дар вилояти Тахор гаштугузор дорад. Ӯ дар қароргоҳи Аслиддин маскан гузидааст. Атрофиёни Аслиддин аз ваҷҳи ӯ ҳарф намезананд. Ба назарам, ки як сабаби ба мо ҳамдастӣ накардани кормандони Хадамоти амнияти Афғонистон (ХАД) аҷаб не, ҳамин бошад.

Аслан тамоми корҳои кашшофии инжинер Аслиддинро инжинер Латиф мегузаронад, ки ҳар ду ҳам намояндаи бевоситаи Хадамоти махсуси Покистон мебошанд. Тибқи маълумоти аз айёри мо расида ва аз хадамоти «Р» гирифта, аз минтақаи сарҳадии заставаи № 10 аз ин ҷониби марз, тавассути мухобира як мард бо инжинер Латиф тамос мегирад. Ӯ худро «Шоҳин» муаррифӣ мекунад. Шояд Абдуманнон дар амалӣ намудани нақшаи убури сарҳад ба танҳоӣ амал накарда, он нафаре, ки худро «Шоҳин» муаррифӣ мекунад, ҳамдасти ӯст. «Шоҳин», ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ба чӣ кор машғул аст? Ҳадафи иртиботи ӯ, ки гумоштаи разведкаи Покистон аст,бо инжинер Латиф дар чист? Оё дар паси ин ҳама ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳад ва алоқаи шаҳрванди Тоҷикистон бо гумоштаи разведкаи Покистон, ки дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон фаъолият дорад, ягон дасисаи сиёсӣ ниҳон нест? Магар ҳамаи ин ҳодисаҳо ҳалқаи як занҷир нестанд? Ин ҳама барои мо боз як муаммои дигар аст, ки таҳқиқ мехоҳад.

Махфӣ  №1

Ба раиси Кумитаи давлатии

амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Барқияи рамзӢ

 

«Гузориш медиҳам, ки сарчашмаҳои фаврии мо – «Шараф» ва «Ливо» паи ҳам ахборот гирифтанд, ки дар мавқеи дидбонгоҳи 10 – ӯми сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати исломии Афғонистон дар минтақаи Кричони ноҳияи Ҳамадонӣ ҳафтае як маротиба тавассути машкоб ду нафар аз қишлоқи Анҷизи вилояти Тахори Афғонистон аз дарёи Панҷ убур карда, бо баҳонаи шикор, бо истиқоматкунандаи қишлоқи Чила-бобои Карим вомехӯранд. Баъди меҳмонии дурӯза ҳарду сайёд боз бо роҳи омадаашон пас мегарданд. Бо худ телефони дастӣ доранд. Хадамоти «Р» муайян намуд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Афғонистон марде бо номи рамзии «Шоҳин» ба тамос мебарояд. Мухотаби ӯ худро «Лочин» меномад.

Дар робита бо сокинони деҳоти назди сарҳад манбаъҳои амнияти миллӣ аниқ карданд, ки бо шаҳрвандони Афғонистон бобои Карими 60-сола дидор мекунад. Ду бародари бобои Карим ҳамчун фирорӣ аз соли 1931 дар вилояти Тахори ДИА истиқомат мекунанд. Оё ҳамаи дидорбиниҳо ба ҳолу аҳволпурсӣ аз бародарони бобои Карим маҳдуд мегардад? Мақсади аслии вохӯриҳо аниқ нест. Мо ҳама мекӯшем, ҳар чӣ зудтар, инро донем. Дар сурати гирифтани ахбори иловагӣ ба шумо гузориш медиҳем».

 

Сардори гурӯҳи фаврии Кумитаи давлатии миллии

амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб,

полковник Маҳмадалӣ Ғоибов

 

 

Пайванди узвҳо

 

Оё байни ҳодисаи убури марз дар минтақаи дидбонгоҳи № 12 – и отряди сарҳадии Панҷ ва он чӣ дар минтақаи дидбонгоҳи №10 – и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ рух медиҳаду дар ин шифрограмма зикри он меравад, ягон пайвастагие вуҷуд дорад? Сарвари амнияти ҷумҳурӣ рӯи мизи корӣ тамоми ахбороти фаврии аз Қӯрғонтепаву Кӯлоб расидаро паҳлӯи ҳам гузошта, сайъ менамуд, ки риштаи ин пайвастагиро ёбад. Дар маҷрои андешаву хулосаҳои ӯ фарзияе тадриҷан ба ҳақиқати рӯнамо мубаддал мешуд. Ӯ дарк кард, ки дар ҷумҳурӣ кадом гурӯҳи пинҳонкор домони фаъолияти худро васеъ намудан дорад. Ба ҳамин хаёл ӯ андешаи сардорони Раёсатҳои контразведка ва тафтишоти Кумита, полковникҳо Рамазон Ризвонову Нурсаид Ҷамоловро ҷӯё шуд.

Ҳар ду афсарони коршиносу корозмуда ва калиди бандҳои гиреҳхӯрдаи Кумита буданд. Ҳамкорон, бахусус сардор ҳардуро ҳамчун кошифу муҳаққиқони моҳир қабул доштанд. Вақте ки онҳо ҳозир шуданд, раис аз паси мизи дарозу сербар, ки аз ду тараф курсиҳо дошт, бархоста ба ҳар ду даст дод ва ҳар се сари мизи машварат нишастанд.

Сардорони раёсатҳо барқияро ба навбат хонда, нигарони савол шуданд.

– Мӯҳтарам, Нурсаид Ҷамолов, – гуфт раис, – корҳои тафтишотӣ ва ҳамоҳангӣ бо кормандони фаврии идораҳои ҳифзи ҳуқуқ дар кадом ҳолатанд?

Нурсаид Ҷамолов аз ҷой бархост, вале раис ишора намуд, ки нишаста посух диҳад.

– Мӯҳтарам генерал!-гуфт Нурсаид Ҷамолов, – марбут ба ин барқия тамоми амалиёти аввлияи тафтишотро гузаронидем. Нишондодҳо, таҳқиқ ва таҳлили онҳо аз ҷониби тафтишот собит месозанд, ки ҷинояткор як кас буда, дар танҳоӣ хати марзи давлатиро шикаста ба қаламрави Афғонистон гузаштааст. Вале як нуктаи муҳимро бояд хотиррасон кунем, ки баъзе манбаъҳои фаврие, ки мо дар якҷоягӣ бо Рамазон Ризвонов ва гурӯҳи фаврии шаҳри Кӯлоб пайдо намудем, ба мо далели мӯътамад медиҳанд бигӯем, ки агар ҷинояткор Саидов бошад, пас ӯ ба чӣ мақсад ба Афғонистон гузаштааст.

– Шумо дар заминаи кадом далел ба чунин хулоса омадед? Асос доред? – сухани Ҷамоловро бурид генерал.

– Мӯҳтарам генерал, ба як ҳолати муҳими ин қазия диққат диҳед.

– Кадом ҳолат?

– Аввал ин ки шахси гумонбар амволи худро дар асоси гуфтаҳои боварибахши, чанд нафари алоҳида ҷумла ҳамсараш ва ҳаммаслаконаш, дар қимор бохтааст. Дуввум, занашро таъкид кардааст, ки ӯ қарзҳояшро мегардонад ва молу мулкашро бозпас мегирад.

Ҳамчунин ба занаш гуфтааст, ки барои бозпас гирифтани амволи бохтааш касе пул ваъда кардааст. Пеш аз нопадидшавӣ ҳамсарашро бовар кунонидааст, ки ӯ муддате ғайб мезанад ва аз ин дар ташвиш набошад. Аз ин ҳама хулосаи мантиқӣ бармеояд: Саидов зери таъсир ва раҳнамоии кадом як гурӯҳи ҷиноятпеша қарор дорад, ки ба ивази иҷрои кадом супорише қарз дода, бо ин роҳ ӯро таҳти тобеияти худ гирифтааст. Фарзияи аввал ин аст, ки шояд ҳамин гурӯҳи ҷиноятпеша Саидовро ба хотири қочоқи маводи нашъаовар аз қаламрави Афғонистон ба ҳудуди ҷумҳурии мо вазифадор намудааст.

Ҳолати дуюм низ қобили таваҷҷӯҳ аст ва барои тафтиши ояндаи парвандаи ҷиноӣ аз муҳимияти махсус бархӯрдор хоҳад буд. Дар асоси далелҳои дар парванда зикршуда ӯ дар хати сарҳад худро чун шахсияти исломӣ муаррифӣ кардааст. Ба ҳар ҳол, шоҳидон ӯро чун – марди ба муллобачаҳо монанди ришдор қабул кардаанд. Вақти аз хона баромаданаш риш надоштааст. Завҷааш ҳам инро тасдиқ мекунад. Аз ин хулоса баровардан мумкин , ки ӯ гаравгони гурӯҳи ифротиёнест, ки бояд супориши онҳоро иҷро кунад. Ба ҳамин хотир қиморбоз пӯсташро иваз карда, муваққатан муллобача шудааст. Як фикри дигар: шахси гумонбар эҳтимол бо мақсаде риш мондааст, ки худро аз ташвиши риштарошӣ халос кунад...

Нурсаид бо оҳанги қатъӣ ва мантиқи қавӣ фикрашро анҷом дод. Раис сухани ӯро мисле, ки дар оғоз буд, набурид. Ӯ гоҳ – гоҳ нӯги қалам ба қоғазу ҳуҷҷатҳо мерасонду хомӯш ба ҳар ҳарфи шунидааш ҷавоб меҷӯст, як ҷавобе, ки тавонад ҳама суханони Нурсаид Ҷамоловро чун пораи коҳ ба бод диҳад. Вале чунин ҷавоб наёфт. Ва ба маънои канӣ ту чӣ мегӯӣ, сар сӯи Рамазон Ризвонов гардонд ва ишорае ҳам кард.

– Мо ҳам дар ҳамин фикрем, – гуфт Рамазон Ризвонов – амалиётро нисбати ин ҳодиса, – ӯ ба Нурсаид Ҷамолов ишора кард, – якҷоя ба анҷом расонидем. Супоришу дастурҳо додем. Нозукиҳои масъаларо ба сарнозирон фаҳмондем. Тарафи афғониро аз ин рӯйдод огоҳ кардем ва ба ёрӣ даъват намудем. Он чӣ ки ин лаҳза дар даст доред, натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳои якҷоя аст.

Ба андешаи Рамазон Ризвонов байни ҳодисаи убури марз дар минтақаи дидбонгоҳи № 12-и отряди сарҳадии Панҷ ва он чӣ дар минтақаи дидбонгоҳи №10-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ ба вуқӯъ омада истодааст, пайвастагии ногусастанӣ вуҷуд дорад.

Генерал то ин лаҳза шарҳу баёни сарҳадшиканиҳоро дар риштаи андешаву гумонҳо меҷуст, то ки ҳарду сарварони раёсатҳоро ҳамчун раис мот кунад. Вале чунин банд пайдо намешуд. Вақте ки қиёси ду ҳодисаи сарҳадшиканӣ дар масофаҳои фарсахҳо аз ҳамдигар дур рафт, ӯ лаб ба сухан кушод.

– Воқеан ҳам, – гуфт ӯ, – ба фикри шумо онҳо ҳалқаи ногусастании як занҷиранд?

– Бале, – гуфт Нурсаид, – айни ҳол иттилооти мавҷуда собит мекунанд, ки байни онҳо пайванди ногусастание ҳаст. Мувофиқи далелҳои оперативӣ Абдуманнон, гӯё дар Анҷизи Афғонистон аст. Вохӯрии бобои Карим ҳам бо шаҳрвандони Анҷиз шурӯъ шудааст. Ба замми ин ба мо ахбор расид, ки бобои Карим бо мулло Зардӣ бевосита алоқа дорад. Мулло Зардӣ бо лақаби Усто бо бобои Карим зуд – зуд вомехӯрад. Аслан ҷои мулоқоташон Бодомак аст. Мо муддате атрофиёни усто Зардиро омӯхтем. Аниқ намудем, ки ӯ бо роҳи пинҳонӣ ба шаҳри Қӯрғонтепа рафта, бо мулло Пирӣ вохӯриҳо мегузаронад. Бо худ чанд нусха китоби «Ҷиҳод»-ро, ки нашри Покистон аст, бурда ба ӯ додааст. Фикр мекунам, ҳодисаи ба Афғонистон рафтани Абдуманнон бо фаъолияти шубҳабарангези шахсони зикршуда алоқамандие дорад. Дар асоси санадҳои фаврӣ Карим, Зардӣ, Пирӣ бо ҳам шиносанд ва дар навбати худ Пирӣ роҳбарии ҷараёни ифротиёнро ба зимма дорад, ки ҳадафи сиёсӣ, яъне ба даст овардани ҳокимиятро дунбол мекунад. Аз рӯи баъзе далелҳо, ба қочоқи маводи мухаддир низ роҳбарӣ мекунад.

– Андешаҳои ҳардуятон ҳам, – гуфт раис, – аз нигоҳи таъмини амнияти давлатӣ пурарзишанд. Хулосаҳои шумо маҳсули тафаккури густурдаанд. Танҳо чунин тафаккур ҳодисаву рухдоди ҷузъиро бо таҳаввулоти сатҳи васеътару босуботи амниятӣ пайванд медиҳанд.

Раис дар анҷоми таҳлилу қиёси ду ҳодисаи паиҳами сарҳадшиканӣ дар посбонгоҳҳои марзи давлатии ноҳияҳои Панҷу Ҳамадонӣ супоришҳои тоза дод. Дар ин бобат таваҷҷӯҳи ӯ ба Нурсаид Ҷамолов бештар буд.

– Мо, бародар Нурсаид, – гуфт ӯ, – набояд ба боло нигоҳ кунем. Боло чӣ мегӯяд, поён чӣ, чӣ фарқ дорад? Мо кошифони давлатием. Фарзандони ин сарзаминем. Осудагии мардум, ободии диёр бақои давлат-мақсаду мароми мост.

Зери шиори «Мустақилият» гурӯҳу табақаҳои махсуси аҳолӣ барои ба амал баровардани қасди худ, нисбати аз байн бурдани комёбиҳои мардуми тоҷик ба фаъолият пардохтанд. Аз силоҳи авомфиребонаи сиёсӣ, тарс, тӯҳмату бӯҳтон, таҳдиду найранг, даҳшатандозиҳои (террори) рӯҳиву маънавӣ истифода бурда, мехоҳанд вазъи ороми ҷомеаро халалдор созанд, истибдод, худсариву бетартибӣ ба роҳ андохта, фаъолияти созмонҳову идораҳои давлатиро бенизом гардонанд.

Дар чунин ҳолат ҷинояткорони муташаккил, маккорону найрангбозони соҳаи иқтисод соҳиби маблағҳои калони пулӣ гардида, рӯирост барои забти ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат амал карданианд. Ҳақиқатан ҳам созмонҳои ҷиноятпешаи бо ҳам муттаҳид ва бо тоифаи айёшони муртад дар сатҳи гуногуни сохторҳои идоракунӣ пайдо шудаанд.

Муносибатҳои байналмилалӣ то андозае тезутунд шуда мераванд. Фишори тарс, таҳдиди доимӣ дар як қатор минтақаҳо воқеан ҳам тартиботро фалаҷу бе дасту по гардонида, намояндагони онро маҷбур месозанд, ки якҷо бо нерӯҳои миллатгарову моҷароҷӯ амал намоянд.

Байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ дилмондагиву ноумедӣ меафзояд. Хараҷу мараҷ ва бесарусомонии иқтисодиву иҷтимоӣ ривоҷ мегирад. Истифодаи як қатор қонуну асноди барои ҷомеа зарур, аз ҷумла роҷеъ ба пурзӯр кардани мубориза алайҳи ҷинояткориҳои муташаккили зидди давлат, ҷинояти муқобили инсон ғайри қаноатбахш аст.

Дар тафаккури одамон безобитагиву изтироб, таҷовуз, оҳанги қасосгирӣ, беҳурматӣ нисбати қонун, ангезаи зулму таҷовуз падидоранд. Дар ин ҳошия воситаҳои ахбори оммавӣ, дар чунин вазъи муташанниҷ, ё сару калобаро гум карданд, ё ки дидаву дониста дар мавқеи хизмат ба фоидаи гурӯҳҳои ҷудогонаи худхоҳу ғосибон истоданд, ки аз номи халқ сухан меронанд ва худро ҳақ мешуморанд. Маҳз инҳо маъракаи мақсадноку ҳамоҳанги беэътиборсозиву бадномгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, созмонҳову мақомоти ҳарбии ВКД ва КДАМ, ходимони суду прокуратура, институтҳои иҷроия, ҳокимияти қонунбарорро, ки аз замонатдиҳандаву кафолатгарони муҳим ва зарури амнияти давлату мардуманд, пеш бурданианд.

Ҳамаи ин гӯё «мукофот» – ест ба ҷои беғаразӣ. Дар ниҳоди чунин «беғаразӣ» на тарс ҳасту на бим, на ҷасорату қаҳрамонӣ, на муҳаббат асту на нафрату ғазабу ошӯб. Дили одам ба чунин талаботи берангу бӯ ва ғайритабиӣ набояд тоб оварад. Ба назарам беғаразӣ аз беҷуръатӣ падид меояд. Беҷуръатӣ дар навбати худ мамлакатро ба харобӣ ва парокандагии мақомоти сохторӣ оварда мерасонад.

Нурсаид зери таъсири ҳамин гуна мулоҳизаҳои ҳавлнок, ки раис дар замир аз ҳассосияти вазъият бим дошт, калиди дар қулфи дари дафтари кори истодаро тоб дод. Калид тоб нахӯрд, чунки қулф кушода буд. Ӯ ба курсии миёни мизи корӣ нишаст. Ба назараш чунин менамуд, ки ҳассосияти вазъияти сиёсӣ, сари ҳар қадам ӯро хаста ва хотирпарешон кардааст. Ба дараҷае хавос аст, ки ба сари мақсади асосӣ: таҳқиқи робита байни ду ҳодисаи шикастани марзи давлатӣ дар ноҳияҳои Панҷу Ҳамадонӣ дуруст омада наметавонист. Андешаи таъмини осоиши мардуми кишвар бо тамоми ҳастӣ ӯро машғул медошт. Дилаш гувоҳӣ медод, ки ин ду ҳодиса замина барои эҷоди хатарҳост. Оқибати он бешубҳа ба тезутунд гардидани ҳолати имрӯзаи иҷтимоӣ таҳдид мекунад. Дар ин хел вазъияте, ки мардуми ҷумҳурӣ бо он рӯ ба рӯ аст, аз дасти як қиморбози одӣ чун Абдуманнон ва Пир бисёр корҳо меояд. Бешубҳа дар паси ин парда амали шубҳаноки кадом гурӯҳи муташаккили пинҳонкор маҳфуз аст. Аҷаб нест, ки гурӯҳ бо доираҳои моҷароҷӯи кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва ҳадафи онҳо ташаннуҷи вазъият аст. Ҳушёрии касбӣ, зиракии сиёсӣ маҳз дар чунин вазъ зарур аст. Аз ҳақиқати ҳол зудтар огоҳ бояд шуд. Бехабарӣ бад аст. Таҳқиқи парвандаи ҷиноии Абдуманнон дар ҳамбастагӣ бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо зарур аст. Вале дар нишасти се нафар раис гапи дигар гуфт. Ӯ таҳқиқи парвандаро ба кормандони Раёсати тафтишот супурд. Аз Нурсаид хоҳиш кард, ки танзими ҳамаи корҳои фаврии Раёсати контрразведкаро ба зимма бигирад.

 

Роҳи бебозгашт

 

Ӯ дудила шуд: гузарад ё не?

Симхорҳо – баланд ва дар пеш паҳнои дарёи Панҷ. Наход дар ин ҷо ҳам Панҷ шӯхоб бошад? Бурҷи дидбонӣ аз ӯ хеле дур буд. Вале дар партави маҳтоб тарҳу сурати онро медид. Дар умраш бори аввал қасди гузаштани марзи давлатӣ кардааст. Худо чӣ рӯзҳое меоварад бар сари одам!..

Ҳаво софу беғубор буд. Канори шарқии осмон серситора. Вале ахтарҳои миёни сипеҳрро партави моҳ фурӯ бурда буд. Аҷаб шаби хушу осмони беғубор. Вале дили Абдуманнон ғуборолуд. Тарс аз бурҷи посбонгоҳ вуҷуди ӯро фаро мегирифт. Аз он диловариву ҷасорате ки то назди симхорҳо расидан дошт, коста мегардид. Нияти пас гаштан кард. Бо ҳамон пое, ки омадам, – аз дил гузаронд ӯ, – пас мегардам. Ва ин дар бинои умри Абдуманнон якумин пасгардӣ буд. Аз бузургтарин бозиҳои қимор ӯ пас нагашта буд. Хайр чӣ? Мебурӣ ё бой медиҳӣ. Ин ҷо чӣ? Ё мемурӣ ё мегузарӣ. Ин соат ӯ худро таскин дод. Дер намешавад. Зинда гузаштан лозим.Ӯ чанд рӯз ба хотири омӯхтани тарзу усули ҳимояи ин қитъаи марз аз ҷониби сарҳадчиён, роҳҳои бехавфи убури сарҳадро зери мушоҳида гирифт. Эҳтиёткорона аз мардуми маҳал, ки аксарашон дар ин ҷо бо кишоварзӣ машғул буданд, ба саволҳои худ дар хусуси вақти ҳозиршавии сарбозон, масофаи зарурии роҳпаймоии онҳо ҳангоми навбатдорӣ ва ғайра, гоҳо ҷавобҳои дилхоҳ ва гоҳе нопураву ноқис мегирифт. Ҷавобҳои ноқис ӯро ба изтироб намеовард. Ҷустуҷӯву таҳкобӣ мекард. Аз онҳое ки таги косаи пурсишҳои ӯ гумони нимкоса мекарданд, худро канор мегирифт ва чунин вонамуд мекард, ки пурсиши ӯ ҳамту аз рӯи шавқ аст. Ҳавасаш омаду пурсид. Вагарна деҳ куҷову дарахтон куҷо? Абдуманнон бо ҳар гуна васила ҷузъиёти барояш муҳимро аниқ месохт. Аммо аз ин ки дар назари онҳо шубҳанок натобад, мавзӯи сӯҳбатро ба дигар тараф гардонд.

Ба минтақаи марзӣ нарасида, гумон дошт, ки ба осонӣ худро ба хоки давлати ҳамсоя хоҳад гирифт. Чун ба хати симхору иншооти муҳофизатии сарҳад наздик омад, дар дилаш як эҳсоси ҳаросафкан рӯ зад. Аз ин хотир хост, пеш аз таваккал, вазъи ҳифзи ин қитъаи сарҳадро омӯзад. Рӯзона ин мавзеъ чун кафи даст дар назари ҳомиёни марз намоён аст. Қарор дод, ки шабона, аниқтараш қарибиҳои фарорасии рӯз нақшаашро амалӣ намуда, ҳамин тавр худро ба он ҷониби сарҳад расонад.

Вуҷудаш, аз он ки тақдир ӯро дар дуроҳаи интихоб қарор додааст, ғалаён дошт. Дар ин торикии шаб ду фарзанди ноболиғи масти хоб ва ҳамсари умрашро ёд овард. Аз ду сар, ҳамсараш, аз чанд рӯз бедарак шудани ӯ хавотир шуда, шояд имшаб мижа таҳ накард?..

Не, Абдуманнон дар дуроҳаи интихоб қарор надорад. Барои ӯ як роҳ ҳаст. Роҳи бозгашт нест. Роҳи «наҷот» – и ӯ мулки бегона, дур аз даъвову таҳдиди соҳибони қарз. Агар ба қафо баргардад, пушти панҷараи маҳбас ҷо мекунанд. Ба табиати озодпарасту ҳарҷогарди ӯ чунин гардиши тақдир ҳамсони марг аст. Ҷои андешаву дилкашолӣ нест. Мардона бояд қадам ниҳод. Аз чанги зиндагии пуртаънаву саргум растан гиреҳкушои муаммои сарнавишт аст. Вақт мегузашт ва рӯзи чорум дилпурӣ эҳсос кард. Бори чорум ҳаст, ки вазъи шабонаи марзи давлатиро мепояд. Омӯхтан бас. Абдуманнон ба амал мегузарад. Ё зиндагӣ ё марг!.. Хаёлпардозӣ бас, амал бояд кард. Дар вуҷуди ӯ як қувваи ногаҳонии таҳрикдиҳанда мавҷ зад. Бо як чолокии ғайриинтизор худро он сӯи симхор гирифт.

Ӯ бо пайроҳае ба дарёи Панҷ наздик мешуд, ки дирӯз онро зери чашм намуда буд. Мушоҳидаҳои чандрӯзаи ӯ собит намуданд, ки он пайроҳа беҳтар аст: сарҳадбонон танҳо бо ин роҳ қамишзорҳои лаби дарёро гардиш менамуданд. Яқин аст, ки дар он мина ё дигар маводи тарканда набошад...

 

ФирорӢ

 

Афғони заврақрон ҳанӯз сафедии рӯз надамида, Абдуманнонро дар соҳили дарёи Панҷ интизор буд. Дар соати муайян аз миёни қамишзорҳо – ба торикии шаб нигоҳ накарда, суроби одамеро мушоҳида намуд, ки ҷониби ӯ меомад, бо нимовоз садо кард:

– Тоҷик ҳастӣ ва бояд аз марз убур кунӣ?

– Бале, – посух дод Абдуманнон.

– Зуд ба заврақ бишин, ки субҳ наздик ист. Эҳтимол, марзбонон ба таъқибат шурӯъ кунанд.

Оби Панҷ ором буд он ҷо. Тобистон рӯд пур ва пуртуғён буд, монанди Вахш. То дидбонгоҳи 10-и сарҳад вай пуртуғён аст. Вале байни ноҳияи Ҳамадонӣ ва вилояти Тахори Афғонистон дарё каме ором мешавад. Тарсу даҳшат таги дарё аст. Рӯди ба чашм орому сокит дар ботин гирдобҳо, ҷараёнҳои тунду тези мардафкан дорад.

Ронандаи заврақ белҳоро оҳиста гирифта, обро қафо тела дода, ҷониби соҳили худ ҳаракат кард. Заврақрон бе монеае ба соҳили рост (ки марзи давлати ҳамсоя буд) баромад. Заврақро даруни қамишзор пинҳон карда ба Абдуманнон гуфт:

– Аз дунболи ман биё.

Ҳамсафари ӯ марди чолок буд. Онҳо зиёдтар аз ду соат ҳаракат карданд. Абдуманнон инро аз соаташ дида, ҳисоб кард. Вақте ки онҳо ба маҳали аҳолинишин расиданд, субҳ дамид. Абдуманнон ба роҳбаладаш пешниҳоди адои намози бомдод намуд.

– Либоси ман тоза нест. Ту бихон, ман каме дам мегирам, – ҷавоб дод афғон.

Баъди адои намоз онҳо ба роҳ баромаданд ва наздики соати нӯҳи рӯз вориди деҳае гардиданд. Роҳбалад Абдуманнонро ба ҳавлие овард, ки атрофашро силоҳбадастон муҳофизат мекарданд. Ишора кард, ки ҳамин ҷо мунтазир бош ва худ ҷониби он ҳавлӣ рафт. Чун берун шуд овоз дод:

– Эй фирорӣ, биё! Ту ҳамин ҷо мемонӣ. Ман меравам. Дар ин хона туро мунтазиранд, ту ба чӣ коре шуғл мегирӣ, инҳо медонанд. Сафарат тӯлонӣ хоҳад буд. Худо мададгор!..

Дар саҳни ҳавлӣ марди тахмин биступанҷсолае ба истиқболи Абдуманнон баромад. Ӯро зери айвон монду худ ҷониби ҳуҷрае рафт. Бо ду нафари мусаллаҳ чизе гуфту худ дар зинапоя истод. Нафаре аз мардони мусаллаҳ ба ҳуҷра даромад ва зуд баромада амр дод, ки меҳмонро биёранд.

Абдуманнон, ки ҳамаи инро медид, дарк намуд, ки силоҳбадастон муҳофизони кадом як қумандон ва ё сарватманде ҳастанд, ки интизори омадани ӯро мекашад.

Силоҳдор таги дар либосҳои Абдуманнонро кофта, боварӣ ҳосил намуд, ки чизи шубаҳаоваре ҳамроҳ надорад, ба даромадан ба ҳуҷра иҷозат дод.

Дар ҳуҷра пешорӯи худ дари дигареро дид, аз ду ҷонибаш ду марди мусаллаҳ дошт. Яке аз онҳо дарро боз намуду ишора ба даромадан кард. Маълум шуд, ки аз ин ҳуҷра ба ҳавлии калони дигаре роҳ ҳаст. Абдуманнон рӯи суфаи зери дарахти маҷнунбед марди миёнсоли тануманди боришу пурсалобатро дид. Ӯ болои чанд қабат кӯрпача, ба болиштҳои нарм такя зада буду ду ҷавони сафедсурати 13-15 солае дар канораш мунтазири фармон буданд. Мард либосҳои низомӣ дар бар дошт. Ӯ аз дастархони ороста бо маром, ягон-ягон донаи меваи хушк ба даҳону бо таҳаммул пиёлаи чой ба лаб мебурд.

Ӯ ба саломи меҳмон беэътино алек гирифт. Абдуманнон ба атроф зеҳн монду дар дилаш ҳарос пайдо шуд. Акнун ӯ дарк кард, ки дар мулки бегона фирорист. Пай бурд, ки урфу одат, муомила ва одоби шишту хез ин ҷо дигар аст. Муҳофизон ҳар бор, ки даъват мешуданд: «лаббай сойиб», «ба чашм сойиб» гуфта, дастҳо пеши бару пуштнокӣ мерафтанд. Ин тарзи муомилаву рафтор барои Абдуманнон бегона... Дар соатҳои аввали дар мулки бегона будан эҳсос намуд, ки дурӣ аз Ватан чӣ нороҳативу азоби алим дар пай дорад.

– Он гуна, ки ба мо гуфтанд, шумо Абдуманнон валади Саид ҳастед? – ҳамоно ба болин такя оварда ногоҳ суол кард марди афғон.

– Бале, ҳамин тавр!

– Оё шумо аз ҳадафи ташриф ба мулки мо дар ҷараён ҳастед?

– Бале. Онҳое ки тавсияву ҳидоят намуданд, ба роҳ мондани робита бо одамони даркорӣ, бо дастгирии шумо ба Тоҷикистон интиқол додани маблағро бароям вогузор карданд.

– Он чӣ ба шумо ҳидоят фармудаанд, танҳо як қисмати масъулиятаст, ки ба дӯшатон бор мегардад. Ҳадафи аслӣ дигар хоҳад буд, – гуфт ӯ қомати худ рост намуда ба Абдуманнон нигарист марди афғон ва суханашро давом дод, – Исми ман Латиф. Намояндаи расмии кашшофии қумандон Аслиддин ҳастум ва тамоми амалиёт ва супоришҳое, ки шумо бояд иҷро кунед, танҳо тавассути ман муқаррар мегардад. Пешорӯи шумо хеле вазифаи мушкилу сангин қарор дорад. Барои то ҳадди комил пухтаву обутоб ёфтан, шуморо ба дастаи муҷоҳидин шомил хоҳем кард, то дарси ҳарбу амал биомӯзед. Дар хотир дошта бошед, ки шумо ихтиёрӣ ба суфуфи мо пайвастаед. Дарси такмилиро, ки гузаштед, худи мо шуморо пайдо мекунем. Кӯшиши гурехтан накунед. Ҷои гурез надоред. Шуморо ба гурӯҳи Хоркаш шомил месозум. Онҳо хело муҷоҳидини бонангу пурғайратанд. Бо онҳо унс бигиред.

Латиф ба муҳофизаш гуфт ки Хоркашро садо кунад. Ҷавонмарди қавипайкар – сарвари дастаи муҷоҳидин ҳозир шуд. Латиф омирона ба ӯ дастур дод:

– Ин ҷавонро, ки ҷонибдори ҷабҳаи ҷиҳоди мост, инҷинер Аслиддин фиристодаанд, то бо мо дар набардҳо ширкат кунад. Ӯ райъи ба сарзаминаш бозгаштанро надорад. Ба гурӯҳи худ шомил кун, сару либос муҳайё соз, кори мухобираро таълим деҳу таҳти назаруш бигир!..

Хоркаш фармони итоатро ба ҷо оварду ба Абдуманнон ишора намуд, то ӯро ҳамроҳӣ кунад.

 

Махфӣ  №1

Ба раиси Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БАРҚИЯИ РАМЗӢ

 

Манбаи бурунмарзии боэътимоди мо – «Сайёд» иттилоъ дод, ки моҳи июли ҳамин сол ӯ бо супориши ҷонишини расмии қумандон инженер Аслиддин-Латиф, ки намояндаи Хадамоти махсуси Покистон аст, аз соҳили дарёи Панҷи ноҳияи Панҷи ҷумҳурӣ Абдуманнон ном шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути заврақ аз дарёи сарҳадӣ ба хоки Афғонистон гузаронида, ӯро ба назди Латиф бурда расонидааст.

Ҳангоми сӯҳбатҳои тарафайн Абдуманнон ба ӯ арз доштааст, ки аз сиёсати ҳокимияти мавҷуда норозист ва ба ҳамин хотир тарки ватан кардааст.

Тибқи маълумоти аз «Сайёд» расида, Латиф наздики деҳаи Анҷиз маскан гирифта, реҷаи ҳифзи сарҳади ҷумҳуриро меомӯзад. Мақсади онҳо омода намудани замина барои оғози фаъолиятҳои марбут ба интиқоли маводи мухаддир ва дастгирии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Абдуманнон ба нерӯҳои қумандон Хоркаш шомил шудааст. Атрофиён ӯро чун сарбози фирорӣ мешиносанд.

Сардори Раёсати амнияти вилояти Хатлон,

полковник С. Маҳмудов

 

Раиси амният барқияро аз назар гузаронид ва ба ихтиёри раёсати контрразведка ва тафтишоти кумита барои истифода дод.

БоварӢ

 

Пагоҳии барвақт сардори Раёсати амнияти вилояти Хатлон Зафар Ғафуровро ба наздаш хонд. Ӯ чанд дақиқа пеш аз соати даъватӣ вориди қабулгоҳ шуд. Дар он ҷо ба ҷуз навбатдор, ки рутбаи капитанӣ дошт, каси дигареро надид.

– Капитан, – гуфт ӯ ба навбатдор, – сардор холӣ бошанд?

– Не, дар наздашон сардорони шӯъбаҳои фаврӣ.

– О, ҳаминро, – эътироз кард Зафар, – барвақттар намегӯӣ. Майлаш ман медароям, – гӯён дарро кушоду иҷозат хост.

– Биё, Ғафуров. Мо туро интизорем, – гуфт сардор.

Назди ӯ Каримов ва Салимов нишаста буданд.

– Ҳозирини мӯҳтарам! – гуфт сардор ба оҳанги расмӣ, – бо амри раис тафтишоти парвандаи Абдуманнон ба зиммаи Раёсати тафтишоти ҷумҳурӣ гузошта мешавад. Нисбати Абдуманнон аз манбаъҳои дигар низ хабарҳо расидан доранд. Ба фикрам, ин кор қобили дастгирист. Шӯъбаҳои фаврӣ чӣ хел, ки пештар дар ин ҷода фаъолият доштанд, бе ягон дудилагиву сустӣ, ҳамон самти кориро идома хоҳанд дод. Ҳамаи шумоён дар ситоди раёсати контрразведкаи ҷумҳурӣ вобаста ба самтҳои кориатон шомил мешавед. Ғафуров дар ҳайати бригадаи тафтишотӣ ҷустуҷӯро давом медиҳад. Масъалаи ба ҳайси роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ ё аъзои он амал намудани ӯро, сардори раёсати тафтишоти ҷумҳурӣ тибқи ваколатҳои қонунӣ муайян мекунад. Барои ҳамин ҳар чӣ тезтар парвандаро гирифта ба марказ баред. Як чизро қайд кардан зарур аст, ки шумо ин масъаларо бояд дуруст фаҳмед. Аз ихтиёри мо гирифтани тафтиши парванда шаҳодати бесамарагии кори мо нест. Он имконияте, ки дар кумита ҳаст, мо онро надорем. Аз дигар лиҳоз, ин парванда кайҳо ба масъулони ҷумҳурӣ маълум аст.

Ҳамагон қарори марказро бо хушӣ пазируфтанд. Ҷоннисори Ватан хилофи ин амр амал карда наметавонад. Ҳама бо як овоз «итоат» – гӯён аз ҷо бархостанд.

 

Таъинот

 

Ғафуров ба утоқи кориаш даромад, боз як бори дигар тартиби ҷамъу дӯхти маводи парвандаро аз назар гузаронид. Сипас парвандаро ба «кейс-атташе» ҷо карда, ба саҳни ҳавлии раёсат баромад. Мошини хизматӣ аллакай ӯро интизор буд. Ӯ дар курсии қафои мошин нишаст. Ронанда мунтазири муайян намудани самти ҳаракат буд.

– Ба пойтахт меравем, – амр дод Зафар.

Аз чӣ бошад, ки ин лаҳза Ғафуров худро ноҷӯр эҳсос мекард. Ҳамчун муфаттиши пуртаҷриба хуб медонист: дар ҳолатҳое ки ҳаҷми кор ҳаллу фасли сатҳи ҷумҳуриявиро металабад, албатта, ин ваколати сохторҳои ҷумҳуриявист. Ӯ кайҳо дарк карда буд, ки парванда аз дараҷаи убури ғайриқонунии марз гузаштааст. Ва таҳқиқи ҷиноятҳои хавфноктар пеш меоянд. Фақат дилаш месӯхт, ки шабу рӯз нагуфта, тамоми малака ва таҷрибаашро ба хотири ҳарчӣ тезтар аниқ кардани мақсади ҷиноят ва шахси содиркунандаи он истифода намуд. Ӯ риштаи хаёлашро бурида ба андеша рафт:

«Ҳар чӣ бодо бод. Ин дафъаи якум нест-ку! Соли гузашта ҳам бо ҳамин услуб парвандаи қочоқчиёнро марказ гирифт. Ин парвандаро ҳам, мисли соли гузашта, месупораму баргашта, аз паи корҳои дигар мешавам».

Ғарқи ин фикру андеша ӯ ба бинои Кумитаи амният расид. Вақте ки ронанда мошинро қарор дод, Зафар аз ӯ пурсид.

– Раҳим, чаро истодӣ.

– Рафиқ майор, расидем.

– Наход, мо ин қадар тез омадем?..

Ӯ «кейс» – ро гирифта аз мошин баромад ва ҷониби даромадгоҳи Вазорат роҳ пеш гирифт. Дарро кушода шаҳодатномаи хизматиашро нишон дод, ҷониби Раёсати тафтишот гузашт, иҷозати даромадан пурсид.

– Ҳо-о, даро Зафар, – гуфт сардор, – аҳволат чӣ хел? Нағз омадӣ? Келин ба хурсандӣ ҷавоб дод?

– Барои як – ду рӯз келин чӣ ҳам мегӯяд, одат кардагӣ.

– Зафар, – қиёфаашро ҷиддӣ намуда гуфт сардор, – ту ин дафъа якрӯза не, ба мӯҳлати тӯлонӣ омадӣ.

– Чӣ хел?, – изҳори тааҷҷуб намуд Ғафуров.

– Аллакай гузоришро бо раис ва раёсати кадрҳо мувофиқа кардем. Имрӯз бо ту сӯҳбат мегузаронанд. Пагоҳ ба ҳайси сармуфаттиш оид ба корҳои махсус таъин мешавӣ. Ман ба ҷонишин амр кардам, ки утоқи сеюмро бароят омода кунад.

Зафар аз бори масъулияти ба зиммааш афтода, дар аввал чӣ гуфтанашро надонист. Сипас, барои боварӣ миннатдорӣ изҳор карду назди ҷонишини сардори раёсат – подполковник Музаффар Раҳматов рафт.

Раҳматов ӯро хуш пазируфт, табрик намуд ва калидҳои утоқи сеюм ва сейфро ба дасташ доду ӯро то кабинет гусел кард. Зафар бодиққат утоқи кориро аз назар гузаронд: дару деворҳояш нав тармим шудагӣ. Назди тиреза омад. Як табақашро кушоду сели гармие аз берун ба рӯяш зад...

Ӯ паси мизи кораш нишаст ва аз худ пурсид:

«Зафар, агар соҳибихтиёр мебудӣ, ҷои гарматро хунук мекардӣ? Дар Қӯрғонтепа меистодӣ. Азбаски афсари мақомоти амният ҳастӣ, ҳар ҷо, ки лозим шуморанд, ҳаққи не гуфтан надорӣ. «Хуб» мегӯиву меравӣ. Бо нишони садоқат ба Ватан, ин хоку ин замин савганд ёд кардаӣ». Бо калиде, ки дар даст дошту аз Раҳматов гирифта буд, ҷевони оҳанинро кушода, аз назар гузаронд. Холӣ буд сейф. Ҳуҷҷатҳои аз «кейс» гирифта дар он монду қулф кард. Ҳамин лаҳза садои занги телефон баланд шуд. Ӯ гӯширо бардошт:

– Майор Ғафуров гӯш мекунад.

– Салом, Зафар.

Ӯ сардори Раёсати амнияти вилоят полковник Маҳмудовро аз овозаш шинохт.

– Гӯш мекунам, рафиқ сардор.

– Соқу саломат расидӣ? Барои таъинот табрик ва дар кору борат, дар ҷои нав, муваффақият орзумандем.

– Рафиқ полковник, шумо дар ин бора медонистед? – кунҷковӣ намуд Зафар.

– Сардор пеш аз Душанбе рафтанат розигии маро пурсида буд.

– Шумо лекин чизе нагуфтед.

– Вақте ки Ҷамолов аз ман пурсон шуда буд, гуфтам, ки садди роҳи Зафар намешам, аз худаш пурсед.. Фаҳмидам, ки розӣ шудаӣ, зангат задам. Ин барои раёсати мо аз ҷониби марказ боварии калон аст. На ҳар касро сазовор медонанд... Ситораи бахтат тофтааст!

Зафар миннатдорӣ изҳор кард. Дар ин асно Музаффар Раҳматов ӯро назди Нурсаид Ҷамолов хонд. Ҳар ду назди сардор даромаданд. Ҷамолов ҳар ду назди генерал меравем. Ӯ бо ту сӯҳбат мекунад.

Ҳар ду ба қабулгоҳи раис даромаданд. Котиба хабар дод, ки раис мунтазир. Ҷамолов дари вазнини булӯриро кушода иҷозат пурсид.

– Марҳамат дароед, – гуфт раис.

Даромаданд.

Зафар даст ба чака бурда, саломи низомӣ ба ҷо овард.

– Рафиқ генерал, майор Ғафуров бо амри шумо ҳозир шуд!

Раис ҷониби Зафар, ки ӯро ҳаяҷон фаро гирифта буд, даст дароз кард.

– Рафиқ Ғафуров, мо дар бораи фаъолияти пурсамар ва софдилонаи шумо иттилоъ дорем. Хуб заҳмат кашидед. Кирои қадршиносист, – ӯро иҷозати нишастан дод, худ сари курсӣ, пушти мизи дароз гузашт. Раис сардори раёсати кадрҳоро, ки қаблан даъват шуда буд, ба Ғафуров муаррифӣ кард.

– Ин кас сардори раёсати кадрҳо полковник Хуршед Пиров.

Раис суханашро давом дод:

– Бо пешниҳоди полковник Ҷамолов, бо назардошти лаёқат ва таҷрибаи коратон шуморо ба марказ оварем. Фикр мекунам, Ҷамолов оид ба ин масъала, ба шумо сӯҳбат дошт?

– Ҳамин тавр, рафиқ генерал, – Ғафуров аз ҷояш хеста ҷавоб дод.

– Худи ҳамин рӯз фармони шуморо имзо мекунам. Масъалаи таъмини хонаро рӯзҳои наздик ҳал мекунем. Беташвиш фаъолият мекунед. Нисбати он парвандаи ҷиноятӣ, кӯшиш кунед, ҳар чӣ тезтар гиреҳҳо кушода шаванд. Ягон дархост ё пешниҳод доред?

– Не, рафиқ генерал. Барои бовариатон ташаккур. Ҳаракат мекунам, сазовори ин боварӣ бошам!..

Раис дар фуроварди сухан ба Зафар комёбӣ орзу кард ва ба ҷои хайрухуш гуфт:

– Аз паи иҷрои вазифаҳои хизматӣ бошед. Ҳама озод.

 

Мулоқоти муфид

 

Муҳаммадӣ Салимов баъди гирифтани иҷозат аз марказ, барои дар мавқеи сарҳадӣ вохӯрдан бо шахси боэътимоде, ки бо ҳам зиёда аз ду сол ҳамкорӣ доштанд, ба ноҳияи Панҷ омад. Тибқи қоидаҳои мавҷудаи оперативӣ бо сардори отряди сарҳадӣ гуфтугӯ намуд, иҷозатнома пешниҳод кард. Муқаррароти ҳатмӣ ҳамин хел бояд риоя шавад: ба хотири роҳ надодан ба дасисаҳо, вохӯриҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ, бе рухсати марказ намегузашт.

Ҳар ду дар мошини сардори отряд аз дарвозаи дидбонгоҳи 12 – уми сарҳад гузашта, ҷониби дарёи Панҷ рафтанд. Онҳоро сардори дидбонгоҳ роҳбаладӣ мекард. Салимов баъди интихоби ҷои вохӯрӣ бо ҳамсафаронаш видоъ кард. Сардори отряд ба тобеъонаш амр кард, ки баъди ба итмом расидани кор Салимовро ба отряд биёранд.

Тибқи маслиҳати пешакӣ ӯ бо «Сайёд» вақти шом бояд вомехӯрд. Ин бо мақсади аз хавфи ошкоршавӣ эмин нигоҳ доштани айёр буд. То шом тахминан ягон соат вақт монд. Салимов ҷои нишастро омода намуд. Дар масофаи дусад метр дуртар аз ӯ, дар паноҳгоҳ, сержант ва ду сарбоз шинак гирифтанд. Тибқи дастурамалҳо ин амал барои бехатарӣ ва роҳ надодан ба дассисае пешбинӣ мешуд. Гирду атрофро пардаи торикӣ фаро мегирифт. Хомӯширо садои ба ҳам расидани найҳои найистон вайрон мекард. Оби дарё чун ҳарвақта ором буд. Аз рӯи тартиби муқаррарӣ «Сайёд» тахмин соати нӯҳи шаб бояд ба ҷои вохӯрӣ мерасид. Вале дар вақти муайян ӯ пайдо нашуд. Мутобиқи реҷаи маъмул ӯ моҳе ду маротиба ва дар вақтҳои зарурӣ се бор бояд ба робита мебаромад.

Натиҷаи вохӯрии имрӯза барои Салимов бояд хеле муфид ва тақдирсоз мешуд. Ба нияти шиносоӣ акси Абдуманнонро як ҳафта пеш ӯ гирифта, вазифадор шуд, ки суратро бо Абдуманнон муқоиса карда, аз натиҷааш хабар медиҳад. Ба ҳамин хотир ин корро ӯ фаврӣ бояд анҷом медод. Ба замми ин боз бояд аниқ мекард, ки Абдуманнон таҳти итоати кадом гурӯҳ қарор дорад.

Ӯ аз таъхир кардани «Сайёд» дар изтироб монд. Вале парешонхотириву ноумедӣ дер давом накард. Шӯлӯппӣ аз дарё баромадани касе водораш кард, ки ҳушёр бошад. Мувофиқи рамз, ӯ бояд се бор месулфид ва дар ҷавоб баъди шунидани ду сулфа ба назди Салимов меомад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Каси аз об баромада оҳиста назди Муҳаммадӣ омада, бо овози паст пурсид:

– Қумандон соҳиб, шумо ҳамин ҷоед?

– Бале, ман ҳамин ҷо, биё.

«Сайёд» пеш омад, бо Муҳаммадӣ вохӯрду интизори савол нашуда, худ ба гап даромад.

– Вақти ҷониби дарё омадан қариб, ки ба дасти одамони Латиф бандӣ шавам, маро дошта хеле истинтоқ карданд. Баҳона пеш овардам, ки заврақчаро тармим мекунам, супориши моҳидорӣ гирифтаам. Ба азоб ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки шабона тафтиш мекунем.

Муҳаммадӣ аз бими аз даст додани айёр ба ташвиш омад.

– Аз ҳад зиёд эҳтиёт кардан лозим, – гуфт ӯ, – Худо накунад, ки ба даст афтӣ. Бидон, дар кори мо, чораҳои эҳтиёт дар мадди аввал аст. Хайр, сари мақсад меоем. Ин аксро қиёс кардӣ, чӣ натиҷа дод?

– Қабл аз ҳама аксро бигир, – онро ба Муҳаммадӣ дароз намуда, аз кори анҷомдодааш ҳарф гап зад «Сайёд». – Ин акси Абдуманнон аст. Худам мешинохтам, Барои боварӣ як бори дигар қиёс кардам. Фақат тафовути акс аз симои кунунии соҳибаш дар он ки Абдуманнон имрӯз риш дорад.

– Ташаккур барои иттилои муфиду пурарзиш, бароят ба ивази заҳмат хизматона овардам. Воқеан, кори арзандаеро анҷом додӣ. Барои инҷониб натиҷаи қиёси акс бо Абдуманнон бисёр муҳим буд. Ба ҳар ҳол назоратро суст накун ва агар чизи қобили аҳамияте пайдо кардӣ, фаврӣ хабар деҳ. Чораҳои эҳтиётро фаромӯш накун. Хайр, то мулоқоти дигар.

«Сайёд» ба заврақ нишаст, ҷониби соҳили дигар рафт. Муҳаммадӣ чун боварӣ ҳосил намуд, ки «Сайёд» ба соҳил расид, ба дидбонгоҳ баргашт.

 

Махфӣ   №1

ба Раиси Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БАРҚИЯИ РАМЗӢ

 

«Сайёд» акси аз хонаи Абдуманнон гирифташударо бо симои шахсе, ки марзро ғайриқонунӣ убур намуда, дар Афғонистон қарор дорад, муқоиса кард. Маълум гардид, ки шахси ба он сӯи марз гузашта Абдуманнон ном дошта, ба сурати аксёфта монандии комил дорад. Фарқ танҳо дар он аст, ки айни ҳол Абдуманнон риш дорад. Дар расми аз ҳамсараш гирифта, бериш аст. Абдуманнон Саидов дар қишлоқи Чуқайшии ноҳияи Ваҳдат таваллуд ёфта, қабл аз фирор ба ҳудуди Афғонистони ҳаммарз дар ҳамин деҳа истиқомат дошт. Шоҳидоне, ки ба мо маълуманд, расми Абдуманнон будани онро тасдиқ намуданд.

 

Сардори раёсати амнияти

вилояти Хатлон Маҳмудов

 

 

Талвоса

 

Дар деҳаи Чила, ки дар қисмати поёни ҷамоати Бодомаки ноҳияи Шӯрообод байни ду тепа ҷойгир аст, сокинони он – зану мард, пагоҳиву бегоҳӣ дар подаҷо ҷамъ шуда, ҳамаи навигариҳои рӯзи гузашта ва хабарҳои шунидаашонро ба ҳамдигар нақл намуда, ростиву дурустии овозаҳоро ба риштаи муҳокима мекашанд. Баҳси ду зани миёнақад, ки яке Тобон ва дигаре Моҳбону ном аст, диққати занҳои дигарро, ки маътали омадани пода буданд, ба худ ҷалб намуд. Тобон ба Моҳбону таъна зад:

– Дар саргаҳи об мешинам гуфта, чаро пагоҳӣ оби ба зироат бастаи маро гардондӣ? Ту гумон дорӣ, ки аз дигарон дида болотарӣ? Фикр дорӣ, ки мо, ҳамсояҳо намедонем аз кадом ҳисоб рӯз мебарӣ?

Моҳбону ҳам паст наомад:

– Эҳа, ин қадар овозат баланд. Ба гумонат, ман аз ту ҳаросидам? Хоҳӣ – нахоҳӣ, ман дар саргаҳи об ҳастам ва кай хоҳам онро сар медиҳам. Агар нахоҳам чӣ кор ҳам карда метавонӣ? Ту чӣ давлату савлати маро ҳисоб кардӣ? Ё ягон доллар додӣ, ки ин қадар таъна мезанӣ? Зиндагии мо ҳам монанди дигарон. Мардакам як мӯйсафеди пир. Нони меёфтааш – аз меҳнати ҳалол. Монанди шавҳари ту, дар мағоза кор намекунад, ки ҷои дуздиву гургӣ бошад.

Тобон аз ин маломатҳо шиддат гирифт, бо бозии чашму абрӯ ҳозиринро ба идомаи баҳсу ҷанҷол шавқманд гардонид.

– Шавҳараш деҳқон будааст. Мо кайҳо медонем, ки ӯ бо чӣ ва кӣ сару кор дорад. Хаёл мекунӣ, ҳамсояҳо кӯру каранд. Дина қолини дабаданги нава мӯйсафедат аз куҷо овард? Афғонҳо аз он тарафи дарё доимо дар боғ барои чӣ бо ӯ вомехӯранд. Канӣ гӯй? Забонат лол гашт? Ҳа! Забонат гирифт-ку, булбули гӯё! Ту ҳоло ба собуни ман сар нашустаӣ! Ҳамаашро рафта гап мезанам. Аз ту ва шавҳарат сари тарс надорам. Инро ҳамаи ҳақу ҳамсояҳо медонанд.

Омадани пода сабаб шуду ҳамаи занҳо аз пушти гову молҳошон хона ба хона шуданд. Гӯё ки ин баҳсу мунозира, чун ҷанҷолҳои рӯзҳои пеш, ноаён фаромӯш гардид ва дигар касе дубора ёди онро накард.

Ин баҳси занҳо фақат Бобои Каримро ба ташвиш овард. Ӯ вақте ки аз ҷанҷоли занаш Моҳбону бо Тобон хабар ёфт, шаб занашро сарзаниш кард.

– Эй беақл, ту дигар кор надорӣ? Агар бори дигар подаҷо равӣ ё аз хона бароӣ, почаатро мешиканам. Аз куҷо ӯ дар бораи вохӯриҳои мо хабар дорад? Худат ягон ҷо налақида бошӣ?!.

– Э, Худо нишон надиҳад! Ман кори дигар надорам – чӣ, мардак? – сӯҳбатро қатъ намуд Моҳбону.

Тамоми шаб бобои Карим парешон буд. Саҳари барвақт ӯ роҳи ноҳияи Восеъро пеш гирифт.

Дар шаҳраки Восеъ аз мошини сабук фуромад¸ даст ба ҷайб бурд. Хост ҳақки хизматашро диҳад, вале ронанда:

– Бобо, ман мӯҳтоҷи пул нестам. Як дуои хайр диҳед, кифоя, – гуфт.

– Хайр, бачам, баракат дар касбу корат. Роҳат бехатар бод, – мӯйсафед даст ба дуо бардошту ба пеш нигоҳ кард. Дар атроф хатаре надид. Боварӣ ҳосил намуд, ки касе думболагир нест. Аз роҳи калон ба тангкӯча даромад. Аз тангкӯча ҷониби рост гашта, назди дарвозаи чӯбин ба ақиб нигарист: Кӯча беодаму ором. Вориди ҳавлие шуда дарвозаро пӯшид. Ин ҳавлии усто Зардӣ буд.

Зани усто ӯро дида пеш омад.

– Биё бобо, хуш омадӣ.

– Бачам, нағз ҳастӣ? Аҳлу байт чӣ хеланд? Усто дар хона ё не?

– Биё бишин, ӯ дар хонаи ҳамсоя. Ҳозир бача роӣ мекунум, фарёдуш мекуна.

Бобои Карим пойафзолашро кашида, болои суфаи долон баромад. Зани усто дастархон кушоду ба бачаш фармуд:

– Ориф, тез ба хонаи аммаат раву отата ҷеғ зан. Бигуш, ки бобои Карим омадааст.

Бачаи тахмин 10-солаи усто ба суроғи падар рафт. Усто Зардӣ ба зудӣ аз паси писараш ҳозир шуд. Бобои Карим ба ҳурматаш хест.

Канори суфа ҳар ду якдигарро ба оғӯш кашиданд.

– Хуш омаден ба даргоҳи мо, – гӯён усто Зардӣ сари дастархон нишаст.

– Усто, нағз ҳастӣ? Тайи чанд рӯз аст, ки ёдат мекунам. Хотирам каме парешон, – ташвишомез риштаи сӯҳбатро кушод бобои Карим.

– Боз чӣ гап гузашт? – усто Зардӣ хавотир шуд.

– Баъзе ҳолатҳои нав пайдо шуданд. Дар ягон ҷои хилват гуфтугӯ мекунем.

– Гап задан гиред, хонаи мо тинҷ.

– Не усто, дар урфият мегӯянд, ки «Девор муш дорад, муш гӯш». Беҳтараш ба келин гӯй, ки рӯи кат, таги тут ҷо партояд, ҳамон ҷо гуфтугӯ мекунем.

– Эҳ, бобои Карим аз Штирлитс ҳам гузарондӣ!..

– Усто, ин корҳо шӯхӣ не! Ману ту ба обу оташ даст задем. Оқибаташ бахайр бошад.

Зани усто Зардӣ зери тути калон ҷо омода кард.Идомаи сӯҳбат он ҷо тӯл кашид.

– Усто медонӣ-чӣ?

– Не, бобо.

– Ман барои маслиҳат омадам.

– Марҳамат, он чӣ аз дастам ояд, тайёрам.

– Дирӯз занам бо зани ҳамсоя ҷанҷол кардааст. Вай сари қаҳр гуфтааст, ки ҳама дар қишлоқ аз вохӯриҳои ман бо одамони бегона воқиф. Ҷои вохӯриро ҳам аниқ гуфтааст.

– Мумкин тасодуфӣ бошад?

– Не. Гумонам, мо зери назоратем, ки кадоме дар дохили мо кор мекунад. Аз ҳама ташвишовараш боз ин ки ҳамсояҳо аз «бор» сухан кардаанд. Ин чизро танҳо ману ту медонем – ку?

– Кадом «бор»-ро онҳо дар назар доранд?

– Аниқ нагуфтанду фикр мекунам, ки гап сари асноду вохӯриҳо не, сари фош шудани асрори фаъолияти мо меравад. Усто, ман пеш аз ҳама, бо пешниҳоди ту худро ба ин доми бало задам. Ҳозир гӯй, ки мо ба фоидаи кӣ ва барои чӣ бо афғонҳо робита карда, маводи нашъадор, китобу асноди ифротиро дарёфта, интиқол медиҳем? Ман аз ин чӣ бурд мекунам?

– Бобои Карим! Агар росташро гӯям, худам ҳам аниқ намедонам, кӣ моро роҳбарӣ мекунад.

– Не, ин нодуруст, – якравӣ намуд бобои Карим, – агар ту намедонистӣ, ҳеҷ вақт онҳо туро истифода намекарданд ва дар навбати худ ту маро. Кистанд онҳо? Ту бояд ба ман гӯӣ! Агар ошкоро нагӯӣ дигар ин сирро рӯпӯш намекунам. Фикр мекунам, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад. Магар аз бобати ҳамкориҳои мо бо муҷоҳидини афғон идораҳои дахлдор маълумот надоранд? Кӣ кафолат медиҳад? Ту ё каси дигар?!

– Дилпур бош, бобои Карим, ҳамааш пешакӣ санҷидагӣ, – шубҳаи бобои Каримро бартараф сохтанӣ мешуд усто Зардӣ.

– Не усто, – тан намедод бобои Карим, – нохушии гаронеро аллакай дар вуҷудам ҳис мекунам. Замоне ки ҳамсояҳо медонанд, ғайбат мекунанд ва ҳарф задаанд, албатта ба ёрдамчиҳои махфии мақомот ин чизро, начакондаву нарезонда мерасонанд. Шахсан худам якчанд маротиба нафарҳои ношиносро дар деҳа дидам. Ҳафтаи гузашта устоҳо барқхомӯшкунаки хонаамро иваз кардаанд. Фикр мекунам, ки ин тасодуфӣ нест.

– Э, бобои Карим, шуморо воҳима зер кардааст. Устои барқ ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ муносибат дорад. О, дастгоҳи барқӣ сурат нагирад, сӯҳбатро нанависад, чӣ метарсед?

– Усто, мумкин ки ман дар талвоса афтодааму гапҳои ту дуруст бошанд.

– Кошкӣ ҳамин хел мебуд.

– Аммо дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ин хел нест. То агар ҳақиқати ҳолро надонам, дигар кор намекунам.

– Хайр ихтиёрат. Он чӣ ки ман медонам, ба ту нақл мекунам. Аммо ману шумо дигар роҳи бозгашт ба қафо надорем, – усто Зардӣ ниҳоят ба хулосае омад, ки бобои Каримро аз асли мақсад хабардор созад, вагарна асрори фаъолиятҳои пинҳонкоронаи онҳо имкон дорад ошкор шуда, пайомадҳои нохуб дошта бошад, – ҳоло хез таҳорат карда пешина мехонем. Баъд он чӣ ки медонам, нақл мекунам.

Иқлими ноҳияи Восеъ моҳи июл хеле гарм ва тафсон мешавад. Эҳтимол он аз буғшавии рутубати элементҳои кимиёвӣ аз кони намаки Хуҷамӯъмин сарчашма гирад. Аммо гарм ҳам, ки бошад нафаскашӣ хеле сабук аст. Шояд сабаби сабукии нафаскашӣ боз ҳамон таъсиру эъҷози кони намак будагист. Дар ҳамин ҳавои гарм бобо ва усто намози пешинро хонда, боз рӯи кати таги тут нишастанд.

Завҷаи усто паи ташвиши худ буд. Ӯ сабзӣ реза кард... Бӯйи зираву сирпиёзу биҳӣ ҳангоми ҷӯшидани зирбак то таги тут ба димоғ мерасид. Ҳарчанд аз гӯшту нони чаппотиву шӯрбо сер буданд, вале нафс талаби оши палав дошт.

– Сири аз шумо пинҳон надорам, – гуфт усто Зардӣ. Пирӣ устодам аст. Худомӯз будам. Бо заҳмат савод баровардам. Чун хондану навиштан ёд гирифтаму саводам баромад, ноҳияи Вахш – назди домулло Пирӣ рафтам.

– Ҳамааш ҳамин.

Домулло Пирӣ ба ман ҳақи устодӣ дорад. Аз амри ӯ сар тобам гунаҳгор мешавам. Баҳори ҳамин сол, ба як шогирдаш гуфта, маро назди худ даъват кард. Ана ба ҳамин мошини «Опел» – и сабз, ки пушти дарвоза дидӣ, нишаста рафтам.

Аз бозори Қӯрғонтепа «майда – чуйда» харидам. (Устод дасти холиро хуш надошт). Дар хона будаст. Панҷ – шаш одами ба ман ношинос сари дастархонаш ҳузур доштанд. Домулло гарм вохӯрдӣ намуд. Интизор будам, ки домулло чӣ мефармояд. Як коса шӯрборо холӣ кардам. Аз афташ, меҳмононаш мунтазири сарфи таом будаанд, ки зуд даст ба дуои дастахон бардоштанд...

Домулло Пирӣ ғайричашмдошти ман, аз гусели меҳмонҳо дар беруни дарвоза, тез баргашт. Ман ду даст пеши бар ба таъзими устод бархостам.

– Хуш омадӣ, хуш омадӣ, – гӯён ҳолпурсӣ намуд...

Домулло марди хеле зирак аст. На бо ҳама чунин самимӣ... Инро хеле хуб эҳсос менамудам.

«Бо дуои Шумо, ҳазрат», – гуфтам.

Баъд ӯ мақсади даъвати бандаро равшан намуд.

– Кори зарур ҳаст, мулло Зардӣ. Як одама (моҳи июн) аз сарҳад гузаронидан лозим. Дар Афғонистон кори муҳиме пайдо шуд. Бе анҷоми он мову шумо гардани шайтонҳоро шикаста наметавонем. Одаме бояд гузарад. Мегӯянд, ки одами аҷиб аст. Ӯҳдабаро, чусту чолок, зираку рамуздон!..

Одами домулло Пирӣ Абдуманнон буд. Дар бораи кай ва аз куҷо аз марз гузаштанаш, шумо бо нафарҳои Анҷизӣ (барои истиқболи ӯ) маслиҳат кардаед. Дар ёд доред? Пӯсткандаи гап ин ки ману шумо дар банди як домем. Ҷараёни мо фаъолияти худро дар бобати ба роҳ мондани хати боэътимоди қочоқи маводи нашъаовар оғоз карданист. Оқибаташро андеша кунед. Дигар роҳи қафо гаштан нест. Агар дархости дигаре набошад, то истгоҳ шуморо мебарам ва бо ягон мошин ҳамон тараф баргардед.

– Не, ҳоҷат нест. Набояд моро якҷоя бинанд. Худам бо роҳи омадаам пас мегардам! Бобои Карим аз ҷо хест. Раҳораҳ аз баҳри пурталотуми андешаҳояш як ҳақиқати барояш талхро дарк намуд. Эҳсос кард, ки ба ботлоқе қадам мондааст, ки аз он хушку беосеб берун омадан даргумон аст.

 

Тавба

 

Таъмини бехатарии таҷҳизот ва дастгоҳҳои Гурӯҳи фаврии Вазорати амнияти дар шаҳри Кӯлоб бар дӯши корманди техникии гурӯҳ майор Ҳасан Амонов ва тобеъони ӯ вогузор буд.

Нахустин барқияро дар бораи вайронкунандагони хати марз дар ноҳияи Панҷ, ки барои пешгирӣ ба Қӯрғонтепа супорида шуда буд, мавҷдораки отряди сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ, охирҳои моҳи май ба қайд гирифт. Аз оғози он рӯз Ҳасан мунтазам ба отряд омада, ахбороти заруриро барои таҳлил дастрас менамуд.

Тибқи гузориши сардори отряд, дар соҳили чапу рости дарё, дастгоҳхои мухобира кор мекарданд ва доим, дар ҳар мавқеъ, реҷаи кори онҳо тавассути мавҷи кӯтоҳ сурат мегирифт. Муштариҳо аллакай маълум.

Баъди ба марказ гузаронидани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо тавсияи роҳбари гурӯҳи фаврӣ Ҳасан Амонов ҳам ба ситоди марказӣ шомил гардид. Ин албатта, масъулияти ӯро дучанд афзун гардонд.

Ӯ баъди санҷидани мавзеъҳои сарҳадии деҳаи Бодомак, як сари қадам ба отряди сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ даромад. Ба навбатдор занг зад ва барои даромадан иҷозат пурсид. Афсари навбатдор Ҳасанро аз назорат гузаронид ва пеши қумандони отряд Мансур Валиев бурд. Қумандон аз дидани ӯ шод шуда гуфт:

– Айни муддао! Ҳозир огоҳӣ расид. Дониста гир, рӯзи чоршанбе дар мавзеи боғ бобои Карим бо афғонҳо вохӯрӣ дорад.

– Вақти вохӯрӣ муайян аст? – пурсид Ҳасан .

– Бале. Шабона. Соату дақиқааш аниқ не. Муҳимаш вақту маконаш муайян...

– Дуруст, – посух дод Ҳасан .

– Чӣ гуна амал дар назар аст? – пурсид қумандон.

– Бо роҳбарон маслиҳат мекунам. Ку бинем, чӣ амр медиҳанд. Андак амали ноҷо корро вайрон мекунад. Ҳоло мо намедонем, ки фармоишгару муштариҳо – бозингарони паси парда киҳоянд. Қочоқчию ҷосусанд, ё хешу табори бобои Карим?

– Бале, Ҳасан, – гуфт қумандон, – ин суханонат қобили қабул. Бори дигар маслиҳат кун. Ҳоло вақт ҳаст, ман интизори ҷавоб.

Ҳасан оҷилан аз утоқ баромада, сӯи мошини хизматӣ, ки берун аз дарвоза меистод, рафт.

Мошин ба роҳи мумфарши самти Ҳамадонӣ – Кӯлоб баромад. Ҳасан амалиёти дурусти фавриро паи ҳам таҳлил карда ба хулоса омад, ки узви сусттарин ва ба ҳамкорӣ моили таҳқиқ бобои Карим аст. Бояд дар гирду атрофи ӯ кор бурд. Аз рӯи далелҳое, ки Ҳасан ва тобеъонаш бо кормандони шӯъбаи ноҳиявии амният доштанд, бобои Карим ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои навташкил шомил набуд ва фарзи бандагиро ба ҷо оварда намозашро мехонд. Аз рӯи тафсири фаврӣ, ӯ фақат ба хотири фаҳмидани саломатии бародаронаш (ки дар он сӯи марз сукунат доштанд) ва паст кардани шиддати сӯзу фироқи онҳо, бо пешниҳоди усто Зардӣ, ба ҳамкорӣ розӣ шуд. Айёри бо ӯ шиштухез дошта, аз хислатҳои хуби инсонии бобо, ёди висоли бародарон кардани ӯ маълумоти муфассал дастрас карда буд.

Айёр мисли бобои Карим, сайёд ва фалакисарои хубе буд. Ин ду шуғли дӯстдоштааш имкон доданд, ки ӯ ба боварии бобои Карим дарояд. Заррае аз сиру асрори ӯ аз айёр пинҳон намонад. Аз рӯзи бозгашт аз шаҳраки Восеъ ва мулоқот бо усто Зардӣ бобои Карим бе маслиҳати айёр, ки Шариф ном дошт, ба ягон кор даст намезад. Аз боздиди усто Зардӣ алангаи оташи ваҳме, ки аз моҷарои занҳо ба дили ӯ рехта буд, басанда нагардид. Бобо дар сарҳади тарсу шубҳа қарор дошт. Инро Шариф аз авзои бобо дарк мекард. Шариф супориши Ҳасанро ҳунармандона иҷро кард. Ӯ ба боварии бобои Карим даромад, пирамардро оҳиста-оҳиста ба доми худ кашид. Замоне ӯ камони додаи Ҳасанро ба мӯйсафед бахшид ва пурра ба эътимоду бовариаш даромад, мардак дигар харро бе рухсати Шариф аз мех намекушуд. Хурсандии бобо аз дӯстӣ бо Шариф ҳадду канор надошт. Ӯ ба фикри он афтод, ки чӣ гуна ба доми фиреби усто Зардӣ ва маслакони ӯ афтоданашро ба Шариф гӯяду роҳи халосиро ҷӯяд. Даҳон кушодани шуду ҷуръаташ нарасид. Тоқаташ тоқ мешуду забонаш намегашт.

– Амак, чанд вақт боз дар қишлоқ ҳар гуна овоза, гапу калоча пайдо шудаанд.

– Чӣ хел овоза?-яқ қад парид мӯйсафед.

– Гӯё, шумо бо якчанд афғон, ки хати марзро шикаста ба ин сӯи дарё меоянд, мулоқот доред.

– Росташа гӯям додар, – бо оҳи сабук гуфт мӯйсафед, – чанд рӯз боз ҳамин чиз майнаамро мехӯрад. Хеле хуб шуд, ки худат пурсидӣ. Ҳозир ҳамаша ба тафсил ба ту мегӯям. Аммо ту ба ман роҳи халосӣ, роҳи наҷотро аз ин бало маслиҳат деҳ.

Шариф ҳозирҷавобӣ карда, луқма партофт:

– Аввал-ку бишнавем, роҳи наҷот осон.

– Ин, – гуфт бобои Карим бо оҳи сарде аз дили пурдард, – Замони шикасти Иброҳимбек падар бо ду бародарам гурехта ба Афғонистон рафтанду ману модарам дар ҳамин қишлоқ мондем. Падару бародаронам дар қарияи Анҷизи Афғонистон маскан гирифтанд. Номи яке аз бародаронам Шараф ва дуюмаш Сахӣ. Ҳоло ҳар ду ҳам дар қайди ҳаёт. Дар бораи онҳо раҳматии модарам пеш аз фавт хикоят мекард.

Аслан сабаби асосии фалакхонии ман аз сӯзу фироқи бародаронам аст. То соли гузашта мо ҳамдигарро дар лаби дарёи Панҷ медидем. Онҳо дар соҳили рост ва ман аз чап гуфтугузор мекардем. Рафтуомад ва робита ба тариқи расмӣ қариб, ки номумкин буд. Шукронаи парвардигор, ки ҳозир ҳамин чиз имкон шуду онҳо ҳар ду, тирамоҳ, барои зиёрат ба сари қабри модарамон, тариқи расмӣ бояд биёянд.

Усто Зардӣ, ки хеши дури мо аст, аз ҳамин ҳолатҳо бохабар буд. Бо тавсияи ӯ ман ҳамин сол бо ду афғон, ки хату хабари бародаронамро меоварданд, ду маротиба мулоқот доштам. Дафъаи аввал моҳи апрели соли гузашта «Қуръон» ва боз як чанд китоб оварда ба ман доданд. Вохӯрии мо мутлақо тасодуфӣ гузашт. Ман дар боғ, ки наздики сарҳад аст, омодаи шикор будам. Аслан ба он мавзеъҳо бегоҳӣ ё пагоҳии барвақт ба шикори кабк меравам. Ҳангоме ки ба пастхамӣ фуромадам, лаби оби чашма ду марди ношиносро дидам. Маро дидан замон аз ҷо хестанд. Дуртар истодам. Онҳо ҳам дар бар милтиқҳои шикорӣ доштанд. Хомӯширо вайрон карда салом додам.

Сӯҳбатро низ ман шурӯъ кардам:

– Аз қиёфа ва сару либосатон, – гуфтам, – маълум ки шумо таҳҷоӣ нестед?

– Бале мо тоҷикони афғонистонӣ ҳастем, – ҷавоб дод яке аз онҳо, ки нисбатан калонсолтар ба назар мерасид.

– Дар ин тарафҳо чӣ гум кардед, – пурсидам аз онҳо, наметарсед, ки ба даст афтода бандӣ мешавед?

– Моро рӯзгор водор мекунад, ки ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ, худро ба сад кӯҳу даман занем. Мо шикорчӣ ҳастем. Дар кулли минтақаҳои сарзамини мо ҷанг. Аз садои ваҳмангези ҳаррӯзаи инфиҷору таркиши минаҳову гулӯлаҳо қариб, ки ҳамаи ҳайвоноти шикорӣ фирор кардааст. Дар ҷониби шумо мурғу кабку дигар сайд бисёр. Ба ҳамин хотир ин ҷо, ки хилват аст, мо аз дарё мегузарему як-ду рӯз монда, бо шикори бобарор бармегардем.

Дар асл суханҳо замина доштанд. Ин минтақа, ки Кричон ном дорад, қариб, ки таҳти назорати сарҳадбонон нест. Он аз талу тепа ва ҷангалзорҳое иборат аст, ки агар баъзан касро гум кунӣ, то худаш набарояд, ӯро ёфтан аз имкон берун аст. Ҳангоми сӯҳбат сайёдони афғон маро шинохтанд. Гуфтанд, ки ту ҳамон марде, ки лаби соҳили дарё фалакхонӣ мекунӣ. Аҷдодҳои онҳо ҳам аввалҳои соли бист аз Тоҷикистон фирор карда будаанд. Онҳо аз бародаронам нақл карданд. Ҳатто гуфтанд, ки хоҳиш дошта бошам, онҳоро дафъаи дигар бо худ биёранд. Напазируфтам. Ба онҳо хайру манзур карда рафтам.

Якчанд рӯз пас аз ин ба хонаам усто Зардӣ омад ва оид ба вохӯрии бо афғонҳо доштаам батафсил ба ӯ нақл кардам. Зардӣ ному насаби онҳоро пурсид. Баростӣ, ки ҳамон рӯзи вохӯрӣ ман номи онҳоро напурсидам, чунки ягон зарурат намедидам. Усто тавсия дод, ки имконият ёфта бо онҳо вохӯрам. Аз ӯ пурсидам: «барои чӣ боз бо онҳо вохӯрам?»

Усто Зардӣ ба оҳанги мулоим гуфт:

– Пеш аз ҳама, бо ёрии онҳо ту метавонӣ, ки аҳволи бародаронатро фаҳмӣ. Ба замми ин дар сарзамини онҳо ҳар гуна китобҳои нодири исломӣ ҳаст. Мо хоҳиш мекунем, ки онҳо барои мо китоб биёранд, ба хотири бехатарӣ ва пешакӣ донистани рӯзҳои мулоқот мо метавонем, ки аз дастгоҳи мухобира истифода кунем. Ин чизро ӯ аз Вахш оварда буд. Тибқи маслиҳате, ки мо кардем, ду-се рӯз пас ман боз ба ҳамон ҷои пештара Зардиро бо худ бурдам. Ҳар ду таги боғ нишаста, то бегоҳ дам гирифтем. Қарибиҳои офтобшин аз ҷониби чашма ду афғон сӯи мо омаданд. Азбаски мо шинос будем, ман усто Зардиро ба онҳо муаррифӣ кардам. Онҳо дар навбати худ яктоаш номашро Хоркаш ва дуюмаш худро Саид гуфт. Хамроҳ нишастем. Амин будам, ки дар ду – се рӯзи охир посбонҳои сарҳадӣ ба минтақае, ки он ҷо будем намеомаданд. Реҷаи гашти онҳоро ман медонистам. Агар оянд ҳам маро дида «Ҳа, бабай, как дела?» гуфта бетафтиш мерафтанд. Мо дастархон кушодем. Чандон нозу неъмат, ки набуд, нону кулчаву қанд, тут, гелос барин меваҳо буданд. Чойҷӯшро болои санг монда, оташ сар додам. Даҳ-дувоздаҳ дақиқа пас об ҳам ҷӯшид. Чойро дам карда назди меҳмонҳо мондам. Мисли аввала аз вазъи сиёсии Афғонистон, шароити зиндагии мардумаш пурсон кардем. Бародарҳоямро пурсидам. Онҳо бо дасти меҳмонон мактуб ва чанд метр коло ҳам фиристодаанд. Ин чизҳоро гирифтам. Усто ҳам дар навбати худ хоҳиш кард, ки дар оянда ба китобу асноди аёнии мазҳабӣ ва афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир эҳтиёҷ бузург хоҳад буд. Изҳори омодагӣ намуд, ки дар мавридҳои зарурӣ тавассути дастгоҳи мухобира, ахбори зарурӣ ирсол мекунад. Онҳо розигӣ доданд. Номҳои рамзии якдигарашонро интихоб ва сипас хайру манзур карданд ва байни талу тепаҳо ғайб заданд. Бо усто мо шабона дар боғ истода, пагоҳӣ ба қишлоқ омадем. Усто ба хонааш рафт. Як ҳафта пас ӯ ба хонаи мо боз омада, тавассути мухобира онҳоро даъват кард, ки пагоҳ дар мавқеи пештара бошанд. Аз рӯи ин маслиҳат рӯзи таъиншуда ману Зардӣ аз қишлоқ ба пайраҳа тарафи боғ рафтем. Роҳ тӯлонӣ буд. Қарибиҳои соати чори рӯз ба каппаи қамишии ман расидем. Шолчае густурдам.

Наздикии ғуруби офтоб Хоркаш ва Саид омаданд. Онҳо бо худ дар халтачаҳо хокаи сафедмонанд, ки героин буд, инчунин асноди динӣ ва якчанд китобчаи бо хати кириллӣ навишта оварданд. Болои муқоваи ин китобҳо бо ҳарфҳои калон «Ҷиҳод» навишта шуда буд.

Баъди пурсупоси тарафайн мо рӯбарӯ нишастем. Хоркаш ба гап даромад ва пурсид:

– Оқои Зардӣ, ин дафъа чӣ супориш барои мо мефармоед, то бамаврид баиҷро расонем?

– Зарурат ҳаст, ки шумо як шаҳрванди моро қабул кунед, – пайти муносиб ёфта, вазифа пеш гузошт усто Зардӣ.

Афғони дигар, ки Саид ном дошт, пурсид:

– Ӯ чӣ рақам одам аст?

– Бо амри сарвари мо ба хотири мустаҳкам намудани муносибатҳо бо ҳаракатҳои ифротии шумо бояд ба сарзамини афғон гузарад, – ҳадафашро равшантар намуд усто Зардӣ.

– Майлаш, хоҳиши дили шумо. Ин сафар кай сурат мегирад?

– Дар мавриди вақту маҳалаш ман тавассути мухобира бо шумо дар иртибот мешавам.

– Хайр, мо дар ҷараёнем. То ғуруби офтоб вақти кам монда. Иҷозат бошад, мо биравем?..

Хоркаш ва Саид худоҳофизӣ карда, боз ба роҳи омадаашон, миёни байни қамишзори анбӯҳ нопадид шуданд. Ману усто шабро дар боғ рӯз карда, пагоҳӣ ба хона бозгаштем.

Шариф, ин аст оғози қисмати пурдаҳшаттарини рӯзҳои зиндагиам. Ту одами рӯзгордидаӣ, як умр дар корҳои ҷамоат фаъолият дорӣ. Аз ин муаммои печдарпеч чӣ гуна халосӣ ёбам? Дар охири умрам шармсори дунёву қиёмат шудам. Зардӣ чанд бор таҳдидомез маро таъкид кард, ки дигар роҳи ақибгардӣ нест. Фикр мекунам, ки ҳоло ҳам то андозае имкони халосӣ бояд дошта бошам. Ё худам рафта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар расонам? Тавре нашавад, ки худамро бурда ба маҳкама супорам?

– Бобои Карим, инашро ҳам аз мадди назар дур андохтан лозим нест, – гуфт Шариф, – агар зид набошӣ, ман дар милиса як рафиқ дорам. Аз ӯ маслиҳат мепурсам, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

– Мабодо ӯ пурсад, ин ба кӣ ва чӣ лозим. Пас чӣ мекунӣ? – ҳаросид бобои Карим.

– Ман намегӯям, ки ин ба ту алоқаманд аст. Барои инаш бигузор сари ман дард кунад, – ӯро таскин дод Шариф.

– Хайр ихтиёрат, – гуфт бобои Карим. Ҳар коре, ки мекунӣ – зайле кун, ки ман халосӣ ёбам. Дар хотир дошта бош, шояд илоҷе ёфт шавад. Вале зинҳор дар бораи сӯҳбати хосаи ҳардуямон намегӯям, сир накушо. Бояд, ки ӯ аз муносибати ҳар дуи мо ягон чиз пайхас накунад. Фаҳмидӣ, бобои Карим?

– Э Шариф, дар урфият як мақол ҳаст: «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу». Ман хурд нестам – ку! Ҳамаашро мефаҳмам.

 

Ман туро интизор

 

Ҳасан вақте аз минтақаи наздимарзӣ бармегашт, тарҳи фаъолияти минбаъдаро барои муайян намудани шахсияти мухобирачиёни пинҳонкор, мақсадҳои ниҳонии онҳоро дар равиши хулосабарориҳои худ равшан сохтан мехост. Ӯ қарор дод, ки пешниҳодҳои худро дар сӯҳбат бо сардори шӯъбаи фаврӣ дар миён хоҳад гузошт. Чӣ амреро, ки роҳбарият салоҳ шуморад, аз рӯи он нақшаи минбаъдаи фаъолиятро тарҳрезӣ мекунанд.

Вақте мошин дар даромадгоҳи бинои шӯъбаи фаврӣ қарор гирифт, ӯ ба ронанда гуфт:

– Либосҳои низомӣ ва ҷиҳози сафариро ба утоқи корӣ бурда мон, баъди лаҳзае худам меоям.

Аз мошин баромада, ҳамёза кашид. Ӯ ба лаби ҳавзи пушти бино, ки дар шанбегиҳо бо дастони афсарон бунёд шудааст, омад. Ин барои ӯ анъана шуда буд: аз куҷое ё кадом вақте бошад – баҳор аст ё тобистон, ӯ аввал дар ҳавз оббозӣ мекард, баъд аз дунболи кору бор мешуд.

Либосҳояшро кашида, даруни оби каб-кабуд ғӯта зад. Баъд аз муддате оббозӣ, ба бинои гармоба гузашт. Куртаи тобистона ва тагпӯшҳояшро, ки ронанда он ҷо оварда буд, пӯшиду ҷониби утоқи корӣ рафт, то як пиёла чой гираду сардорро бинад. Садои занги телефонии рӯи миз риштаи хаёли ӯро канд.

Гӯширо бардошта «гӯш мекунам» – гуфт.

– Ассалом, акаи Ҳасан. Ин ман, Шариф.

– Ҳа Шариф, тинҷӣ?

– Тинҷӣ-тинҷӣ, ташвиш накашед, акаи Ҳасан. Бо шумо фавран бояд вохӯрам.

– Дар куҷоӣ! – пурсид Ҳасан.

– Дар хона!

– Баъди ним соат ба роҳ мебароям. Маро дар ҷои муқаррарӣ интизор шавед. Хуб акаи Шариф.

– Майлаш, то боздид.

Ҳасан ба фикр афтод. Чӣ ҳодиса рӯй дода бошад, ки Шариф новақт ба алоқа баромад.

Ӯ ба қароре омад, ки аввал назди сардор даромада, оид ба ин «барқияи радиоӣ» хабар диҳад, баъд назди Шариф хоҳад рафт. Тез либос пӯшида ба қабулгоҳи сардор омад.

Ҳасан дарро кушоду иҷозат пурсид.

– Даро Ҳасан , туро интизорам. Нағз рафта омадӣ? Чӣ навигарӣ ҳаст?

– Бале, – ҷавоб дод Ҳасан, – ҳаст. Вай ахбореро, ки дар отряд оид ба вохӯрии навбатии бобо дастрас карда буд, ба сардори гурӯҳи фаврӣ бозгӯ намуд.

Муҳаммадалӣ ғоибов бодиққат гӯш доду бархӯрди шубҳаомез намуд:

– Ягон бозии навбатӣ набошад боз, Ҳасан? – гуфт.

– Фикр мекунам, ки набояд ин хел бошад, – қотеъона ҷавоб дод Ҳасан .

– Ба ҳар ҳол, тавассути имконияти дигаре аниқ санҷидан лозим.

– Ҳоло то рӯзи вохӯрӣ вақт ҳаст, – гуфт Ҳасан. Бори дигар таҳлил кунем, баъд ба ягон хулоса меомадагистем.

– Бале, ман ҳам дар ҳамин андеша.

– Ба ман лозим, ки худи ҳамин рӯз боз ба Бодомак равам, – оид ба сафари пешистода иҷозати сардорро хоҳиш намуд Ҳасан .

– Боз чӣ гап?

– Шариф занг зад, фаврӣ вохӯрӣ таъин кард.

– Ҳамоне ки бо бобо кор мебарад?

– Ҳо, ҳамон, рафиқ сардор.

– Ҳатман рафтан даркор. Мумкин, ягон гапи нав дорад?

– Хайр, бо иҷозати шумо.

– Дар роҳ эҳтиёт шав!

– Майлаш, Маҳмадалӣ Ғоибович. Агар бегоҳ барвақт гардам, гузориш медиҳам.

– Ҳар вақт ки омадӣ ва маълумоте гирифтӣ, ҳатман занг зан, туро интизор мешавам.

 

Сирри мард – сари мард

 

Латиф ба наздаш қумандони гурӯҳи робитачиён Хоркашро даъват намуда гуфт:

– Хоркаш!

– Бале соиб!

– Аз қумандон Аслиддин амр шудааст, ки ту бо худ як нафари дигарро гирифта, ба замини ҳамсоя гузарӣ. Бо ҳамон фалаксаро, ки бародаронаш дар Анҷизанд, шинос шавӣ. Бо худ се-чор китоби исломӣ ҳам бибар, то ба ӯ тӯҳфа кунӣ. Ин роҳ дар оянда барои мо лозим мешавад. Фаҳмидӣ?

– Бале соиб! – фармони итоат ба ҷо овард Хоркаш

– Баъде, ки робитаҳои дӯстона барпо кардед, дар бораи вазифаи шумо дар оянда боз машварат мекунем. Эҳтиёт шавед, ки ба даст наафтед. Мабодо сарҳадбонҳо дастгир кунанд, роҳгум задем ё ин ки барои ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ омадем, гӯед. Зинҳор аз ҳадафҳои мо ҳарф назанед. Мо бар зидди онҳо «ҷанги сафед» эълон мекунем. Яъне, ки роҳҳои заминиву осмониро истифода мекунем, ки маводи мухаддирро он ҷо интиқол диҳем, то ки кулли мардум заҳролуду мӯътод шаванд. Хушбахтона, падидаи нав рӯнамост, ки дар Осиёи Марказӣ ҷараёни нави исломгарой дар заминаи рушд аст, ки он дар симои Ҳаракати Исломии Туркистон зуҳур кардааст. Онҳо фақат аз маблағ камбуд доранд. Вазифаи мо таъмини онҳо бо маводи мухадддир аст, то аз ҳисоби фурӯши он маблағ ба даст оварда, ҳадафҳои аслиашонро пеш баранд. Кунун фаҳмидед, ки мақсади марзшикании мо чист?..

– Бале соиб. Дарёфтам.

– Ин пайраҳае, ки мову шумо мекушоем, – таъкид намуд Латиф, – пайраҳаи нави интиқоли маводи мухаддир дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мешавад. Тоҷикистон барои мо гузаргоҳи транзитии интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупост.

Хоркаш, бидон ки оид ба ин супориш, вазифаи масъул ба дӯши ману туст. Агар лозим шавад, дар оянда туро боз дар ҷараён мегузорам. Ту худат қумандони гурӯҳ ҳастӣ. Усули коратро бо онҳо худат танзим бикун. Сари вақт барои анҷоми натиҷаҳои робита ба ман гузориш деҳ, то доим дар ҷараён бошам. Барои атрофиёнат ту дар он тарафи дарё шикор мекунӣ. Дар ҳолати иҷрои супоришҳо дар ин самт ту мукофотпулиҳои калон хоҳӣ гирифт. Бори дигар таъкид мекунам: сар раваду сир не, Хоркаш! Суол дорӣ ба ман?

– Не, инҷинер – соиб! Сирри марду сари мард яканд.

Хоркаш худоҳофизӣ карду аз ҳузури Латиф баромад. Баъди гузашти чанд рӯз тибқи мувофиқа бо Латиф, баъди вохӯрии нахустин бо бобои Карим ва тавассути ӯ шиносоӣ бо усто Зардӣ, Хоркаш ахбори муфассал дод, ки усули робита бо мухобира ба роҳ монда шуд.

Латиф изҳори миннатдорӣ карда, ба ӯ як қабза доллари амрикоӣ дод ва таъкид сохт, ки омодаи кор бошад.

 

Сарбоз

 

Хоркаш Абдуманнонро аз назди Латиф бо худ гирифта баромаду худаш пешопеш, меҳмон аз қафои ӯ ҷониби қароргоҳи гурӯҳе, ки шумораи онҳо на аз сӣ кас зиёд буд, бурд. Вақте ба айвони хоначае, ки деворҳои гилӣ дошт, ворид шуданд Хоркаш фарёд кард:

– Саид, ту дар куҷо!

– Соиб, ман ҳамин ҷо.

– Наздам биё.

Аз зери долон, аз байни гурӯҳи муҷоҳидин, ҷавонмарди тахмин биступанҷсола ба назди Хоркаш омад.

– Ин сарбози нав аст, – Абдуманнонро ба ӯ муаррифӣ намуд Хоркаш, – бо супориши қумандон Аслиддин ту дар кӯтоҳтарин муддат тарзи мухобираро ба ӯ меомӯзӣ, усули ҷангиданро ёд медиҳӣ. Дигар ягон кас бо ӯ кор намегирад. Суол ва пурсиши ӯ манъ аст. Фаҳмидӣ? Ҳозир бо худат гиру либос пӯшон. Натиҷаи коратро худам санҷиш мекунам. Вақт кам аст, мӯҳлат кӯтоҳ.

Саид Абдуманнонро хуш пазируфт. Аз борхалтааш як либоси низомии саҳроӣ бароварда ба ӯ дод.

– Гир, ин моли амрикост. Дар ҷанг ман аз тани як ҷасад гирифта будам.

Аз шунидани ин сухан ба тани Абдуманнон хуни сард давид. Вале ӯ худ мефаҳмид, ки ин Афғонистон аст, шӯъбаи савдои Ваҳдат не, майдони набард аст. Ҷои ноз фарсангҳо дур мондааст. Ӯ либосро гирифта дохили хона шуд ба бар кард.

– Вақте ки дараҷаҳои назариявиро аз бар кардӣ, баъд силоҳ мегирӣ.-гуфт Саид ва илова намуд, – ман масъулам, ки туро ба ҳайси мухобирачӣ омода кунам. Қабл аз ҳама бо супориши қумандон дар ин варақа фомилу ном, ҷои таваллудатро навис.

Абдуманнон дар варақи сафед ному насаб, ҷои таваллуд ва истиқоматашро сабт карда ба дасти Саид дод.

Бегоҳӣ Хоркаш аз Саид иҷрои супоришро пурсид. Саид варақаро доду изофа намуд:.

– Қумандон соҳиб, фикр мекунам, ки ин нафари нав худ низомист. «Калашник»-у усули истифодаи онро хуб медонад.

– Саид, ту ӯро таҳти назорати қатъӣ нигоҳ дор, – таъкид намуд Хоркаш ва нақшаи ояндаи амалро рӯзи дигар, бо Латиф, дар миён хоҳад монд.

Хоркаш баъди адои намози бомдод ҷониби мавқеи Латиф рафт. Ӯ субҳона мехӯрд. Амали Хоркашро мушаххас сохт.

– Тавассути бобои Карим ва шиносҳои ӯ ҷои зисту таваллуд ва наздикони Абдуманнонро дақиқ кунед, ки ягон дасисакор набошад. Сайъ кунед, то ӯ воқиф нагардад. Ин талаби интизом аст. Аз натиҷааш иловатан иттилоъ хоҳӣ дод.

 

Ҷаҳиш

 

Ҳасан паси фармони мошин нишаста, ҷониби деҳаи Бодомак роҳ пеш гирифт. Роҳ начандон тӯлонӣ буд. Ҳасан ба хотири таъмини бехатарӣ бо Шариф пешакӣ маслиҳат намуд, ки берун аз деҳа вомехӯранд. Ҷои мулоқоти онҳо – фермаи хоҷагӣ буд. Шариф ба ҳайси мудир кор мекард. Ҳар бор, ки Ҳасан меомад, ӯ ба саволҳои кунҷковонаи зердастонаш мегуфт, ки меҳмон аз шаҳр аст ва барои роҳбарият қаймоқ мебарад. Ин то андозае воқеӣ буд, Ҳасан ҳар дафъа, вақти бозгашт, бо худ ширу қаймоқ мебурд.

Тахмин баъди чил дақиқа Ҳасан ба ферма расид. Рост ба утоқи Шариф даромад.

– Акаи Шариф, баростӣ маро дар изтироб мондӣ, – гуфт ӯ баъди саломуалейк ҳақиқати ҳолро фаҳмиданӣ шуда.

– Тинҷӣ, акаи Ҳасан? Як ҳолати нав, ака. Маслиҳату иштироки шумо лозим.

– Чӣ будааст?

– Ҳозир ҳамаашро мегӯям.

Ҳасан диктафонро наздаш монд. Бо розигии Шариф тугмачаи сабтро пахш карду омодаи шунидан шуд. Шариф сӯҳбатро бо бобои Карим аз аввал то охир сабт карда буд.

– Шариф, боз аз ҷониби бобо ягон дасиса, барои ошкор кардани сири ҳамкории мову шумо набошад? – фаҳмиданӣ шуд Ҳасан .

– Не, ҳини сӯҳбат, дар чеҳраи бобо, аз сохтакорӣ нишонае набуд. Ӯ аз зумраи ифротгароёни Ҳаракати исломии Туркистон ё гурӯҳи нашъаҷаллоб нест. Боварӣ дорад, ки бародарҳояш тариқи расмӣ имсол ба дидорбинӣ меоянд. Мо имкон дорем, ки ӯро бори дигар санҷем.

– Дуруст. Агар он чизро, ки ба шумо нақл кардаасту дар коғаз ҳам нависад, бовар мекунем, ки дурӯғ намегӯяд. Аз ин хотир пагоҳ, то нисфи рӯз омадани маро интизор шавед. Ман баъзе ҳолатҳоро бо марказ мувофиқа мекунам, натиҷаашро ба шумо гап мезанам.

Ҳасан таври таъҷилӣ, ба хотири бо марказ мувофиқа намудани нақшаи оянда, назди сардори гурӯҳи фаврии шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Ғоибов баргашт. Сабти сӯҳбати боборо бо Шариф ба Ғоибов шунавонд. Баъди гӯш кардан ӯ аз Ҳасан пурсид:

– Ягон фиреб набошад?

– Ман ҳам чунин гумон доштам. Вале Шариф кафолат дод, ки ҳамааш ба ҳақиқат наздик аст.

– Бо ин роҳ ӯ боз ба шабакаи самти махфии кори мо, бо супориш, даромаданӣ набошад?

– Боварам намеояд. Мо имкон дорем назорат кунем, омӯзем, фаҳмем. Ҳоло назди мо ду масъалаи муҳим ҳаст, Маҳмадалӣ Ғоибович: вохӯрии афғонҳо бо бобо ва усто. Мо метавонем амал намоем. Ё бо бобо вомехӯрем ё бо ӯ бозиҳои таъҷилӣ оғоз мекунем. Дар ҳар ду маврид, таври мушаххас, дар бораи мақсади вохӯрии ӯ аз Шариф мефаҳмем. Шариф аз рӯи дастурҳои мо бо ӯ кор мекунад.

– Ҳасан , пешниҳодҳоятро дастгирӣ мекунам. Аммо масъаларо мо бо марказ бояд ҳаллу фасл кунем. Агар парванда ҷиноятӣ намебуд, худамон ҳал мекардем. Биё, бо Душанбе маслиҳат кунем. Чӣ тавсия диҳанд, тибқи ҳамон амал мекунем.

Ғоибов аз телефони ҳукуматӣ ба кумита занг зад. Раис гӯшакро гирифт. Ӯ аз вазъи имрӯза гузориш доду маслиҳат пурсид.

– Барқия равон кунем? Итоат, мӯҳтарам генерал, – гуфту гӯширо монд.

Ҳасан бетоқатона интизори қабули қарор буд. Вале аз рӯи одоби ҳарбӣ суол надод.

Ғоибов ба Ҳасан мавқеи вазирро шарҳ дод:

– Раис фармуданд, ки ба Ҷамолов маслиҳат карда, худамон чора бинем.

Инро гуфту боз гӯширо бардошта занг зад.

– Саломатӣ мехоҳам, Нурсаид Ҷамолов! Шумо нағз ҳастед? О, шаб рӯз шуда истодаасту ҳоло ҳам нишастед. Шумо кай дам мегиред?

Ғоибов гӯширо монду ҷониби Ҳасан нигариста таъкид кард:

– Меҳмонхонаро бояд омода кард, Ҷамолов бо гурӯҳи корӣ ҳамин шаб ба Кӯлоб сафар мекунанд. То омадани онҳо хона рафта, шустушӯӣ карда меоям. Ту маводи муҳокимаро омода соз. Ошпаза гап зан, ки то омадани онҳо, хӯроки гарм тайёр кунад. Ҳозир соат ҳашту ним, онҳо соати яки шаб мерасанд.

 

Муғҷаҳо во мешаванд

 

Ҷамолов ба сардори Раёсати контрразведка Ризвонов занг зад. Гуфт, ки бо гурӯҳи муфаттишҳо азми сафари Кӯлоб дорад. Ризвонов гуфт:

– Мо ба хулоса омадем, ки ҷиҳати ҳуқуқии масъалаҳоро худатон дар ҷояш санҷида бинед. Агар зарур донед, ман ҳам бо шумо меравам.

– Не-не, ҳоҷат нест, – гуфт Нурсаид Ҷамолов. – Ягон зарурат пеш ояд аз Кӯлоб занг мезанам.

Ҷамолов бо гурӯҳи кормандони тафтишот шомгоҳ ба роҳ баромаданд. Дар сафар ӯро Зафар ва эксперт-криминалист Фаттоҳ Шарифов ҳамроҳӣ карданд. Ҳамсафарон соати дувоздаҳи шаб ба Кӯлоб расиданд. Муҳаммадалӣ Ғоибов, Ҳасан Амонов меҳмононро пешвоз гирифтанд. Вохӯрӣ дар назди ҳавз сурат гирифт. Ҳаво (шаби июни Кӯлоб) тафсон буд. Нурсаид гуфт:

– Маҳмадалӣ, мо як оббозӣ кунем, чӣ мегӯӣ?

– Биёед, аввал таом, баъд оббозӣ.

– Ин ҳам пешниҳоди хуб, – гуфт Нурсаид, – рости гап, Маҳмадалӣ, мо ҳам хӯроки шом нахӯрдаем.

Ҳама даст шуста, сари дастархони рӯи миз, ки лаби ҳавз ороста шуда буд, нишастанд. Баъди таом Ҷамолов ҷониби ҳавз рафт. Ду – се бор ғӯта заду либос пӯшид. Аз Зафар хоҳиш кард, ки сабтро бори дигар гӯш мекунанд...

Зафар диктафонро омода ва тугмачаашро пахш кард. Баъд аз шунидани сабт Нурсаид самти кори рӯзи дигарро тарҳрезӣ намуд.

– Албатта, аз нуқтаи назари қонунҳои амалкунанда бобо аллакай розигиашро барои ҳамкорӣ додааст. Мо метавонем дар ҳамин мавқеъ фурсатро аз даст надода, ӯро истифода барем. Ҳасан субҳи барвақт бо Зафар ва Шариф якҷоя мераванд. Ғафуров тавассути Шариф ба бобо мерасонад, ки дар асоси қонунҳои ҷорӣ, дар ҳолате ки шаҳрванд розигии худро барои ҳамкорӣ додаасту то ҳол ҷинояте содир накардааст, аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Вақте ки ӯ розигӣ дод, Зафар , Ҳасан ва Фаттоҳ бо бобо вохӯрда, аризаашро мегиранд. Худашро пурсида гуфтаҳояшро Фаттоҳ дар диктафон сабт менамояд. Ин кор ки шуд, дар наздаш масъала мегузоред, ки тамоми вохӯриҳои ӯ дар оянда, чӣ бо афғонҳову чӣ бо устову дигарон таҳти назорати Ҳасан ва зердастони ӯ мегузарад. Дар раванди кор муфаттиши гурӯҳи фаврӣ Аламшоҳ Аҳмадов вазифадор мешавад, ки он паҳлӯҳоеро, ки ба парвандаи ҷиноятӣ алоқаманд аст, бо иштироки бобо протокол кунад. Албатта, оид ба истифодабарии бобо ба прокуратураи генералии ҷумҳурӣ мо ахбори хаттӣ навишта розигӣ мегирем, то оянда далелҳои ҷамъшударо дар рафти тафтишот ва суд истифода карда тавонем. Ин амалиёт аз имрӯз иборат, ба хотири ошкор нашудани асрору ҳифзи махфияти он, «Каждум» ном мегирад. Агар савол набошад, дигар дам мегирему пагоҳӣ, соати ҳафт, гурӯҳ бо Ҳасан ва кормандони техникиаш ба сафар мебарояд.

 

Фотиҳа

 

Усто Зардӣ техникуми шаҳри Сарбандро хатм карда, дар муассисаи таъминоти техникии кишоварзии ноҳияи Восеъ, ба сифати муҳандис фаъолият дошт. Ӯро атрофиён ҳамчун мулло ҳам мешинохтанд. Солҳои сиюм падарашро ба ҳабс гирифта, ба Сибир бадарға карда буданд. Ӯ дар деҳаи Бодомак домулло будааст. Эҳтимол, ҳамин сабаб шуду дар вуҷуди Зардӣ ҳисси бадбинӣ, баъди ба балоғат расидан, пайдо шуд. Баробари дар техникум хондан ӯ дониши диниро назди домуллоҳо сайқал медод. «Қуръон»-ро назди домулло Пирӣ хатм намуд, аз ӯ фотиҳа гирифт. Дар байни муридони Пирӣ усто нуфузи хоса дошт. Пуртамкинӣ, ӯҳдабароӣ барин хислатҳои усто ба домулло маълум буд, ки пеш аз фотиҳа додан таъкид кард:

– Ман ба шумо ва имони комилатон бовар дорам. Шумо фарзанди олим ҳастед. Ислом дар рагу хуни шумост. Солҳои 30-ум бо баҳонаи «душмани халқ» чӣ қадар уламоро нест карданд. Мову шумо, дар пайти муносиб, бояд интиқом гирем. Чи тавре ки дар сураи Имрон омадааст:

«Шуморо бо мол озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикин озори фаровон хоҳед шунид. Агар шикебоӣ кунед ва парҳезкор бошед, нишони қудрат иродаи шумост». (ояти 186, сураи Имрон).

Мулло Зардӣ, ин айём, бо хости худованд расид. Шумо аз пайи кору боратон бошед ва фаромӯш накунед, ки аксари атрофиёнатон ба даҳони шумо нигоҳ мекунанд. Онҳоро ҷамъ кунед, хононед, парвариш кунед, растохез наздик аст!..

«Аз они Худост фармонравоии осмону замин ва Худо ба ҳар чиз тавоност» (ояти 189, сураи Имрон).

Усто бо рӯҳияи шод ва хурсандии бемисл аз устод дуо гирифта, ба хона баргашт. Ӯ аз пинҳонкорӣ қариб, ки ба тарғибу ташвиқи ошкоро гузашта буд. Як зумра ҷавононро дар атрофаш ҷамъ кард, ки ҳама ҷонибдори бунёди давлати исломӣ буданд. Ӯ ба тариқи пинҳонӣ, дар назди домулло Пирӣ, аз корҳои анҷомдодааш ҳисобот медод. Чунин гурӯҳҳо, ки пинҳонӣ амал мекарданд ва дар барномаи амали онҳо ҳадафи ба сари қудрат омадан қарор дошт, дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд. Усто Зардӣ ҳам яке аз узвҳои вобастаи ҳамин ҳаракат буд. Ӯ чун муриди босадоқати домулло Пирӣ, аввалин шуда дар ҷануби кишвар пайраҳаи робитаҳоро бо ҳизбу ҳаракатҳои Афғонистону дигар давлатҳои исломӣ устувор намуд. Нахустин дастур, ки мардумро зидди сохти мавҷуда даъват мекард, «Ҷиҳод»-у дигар китобҳое буданд, ки тавассути одамони усто Зардӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешуданд. Хизмати шоистаи дигари усто Зардӣ дар назди домулло Пирӣ аз он иборат буд, ки ӯ аввалин шуда Абдуманнонро тариқи пинҳонӣ ба хоки Афғонистон гузаронид. Усто Зардӣ аз ҳамин нигоҳ то андозае ба боварӣ даромад. Ҳатто домулло Пирӣ барои алоқаи доимӣ бо ҳаммаслакони бурунмарзӣ барояш дастгоҳи мухобира пайдо намуд.

 

Ӯ РОҲИ ХАЛОСӢ МЕҶӮЯД

 

Ҳамон шаб Ҷамолов ва муфаттишҳо ҳарчанд барояшон меҳмонхона омода буд, бо хости худ ҷойҳояшонро дар лаби ҳавз партофта хобиданд. Соати шаши пагоҳии, тобистон, аллакай рӯз равшан мешуд. Ҳама аз хоб хестанд. Дар ошхона субҳонаро то бедоршавии онҳо тайёр намуда буданд. Ҳама бо пешниҳоди Ҳасан сари дастархон омаданд. Ошпаз табақчаҳои ширбиринҷро рӯи хон гузошт. Пас аз наҳорӣ ба мошини Ҳасан нишаста, ҷониби Шӯрообод роҳ пеш гирифтанд.

Мувофиқи дастур Ҳасан меҳмонҳоро ба отряд бурду худаш назди Шариф рафт. Вай бояд пешакӣ, пешниҳоди шаб қабулшударо ба Шариф мерасонид, то бо бобои Карим вохӯрда, фаъолияти ояндаи ӯро аниқ созад.

Шариф баъди нисфирӯзӣ аз ферма баромада, мошинашро ҷониби қишлоқи Чилла, рост ба ҳавлии бобо ронд. Бобо дар саҳни ҳавлӣ ба истиқболаш баромад.

– Бие-биё, Шариф. То фаҳмидам, ки туӣ, қариб буд заҳракаф шавам. Нав пешинро хондам. Овози мошина шунида гумон бурдам, ки барои ҳабси ман омаданд. Ин чӣ рӯзи сиёҳ буд, ки худамро гирифтор кардам. Ба ҷои худопарастӣ, аз дунболи худпарастӣ шудам. Ба хона медароем ё ки рӯи суфа?..

– Беҳтараш хона, – гуфт Шариф. – Аз чашм дуртару салқинтар.

Бобо пеш-пешу Шариф аз дунбол ба ҳуҷра даромаданд. Ҳар ду болои кӯрпача рӯ ба рӯ нишастанд. Шариф танҳо будани боборо пай бурда пурсид:

– Янгаам наменамоянд?

– Пагоҳӣ ба хонаи духтараш – Бодомак рафт, – гуфт бобои Карим.

– Хайр, ин ҳам аз як ҷиҳат хуб шуд, ки сӯҳбати мо бешоҳид мегузарад. Беҳтараш вақтро беҳуда нагузаронида, ба сари мақсад меоем: масъала хеле ҷиддӣ, то андозае хатарнок ҳам шудааст. Ман бо рафиқам – корманди милиса сӯҳбат доштам. Мутаассифона, ӯ гуфт, ки ягон ёрдам карда наметавонад. Ин масъала ба доираи ваколати мақомоти бехатарӣ медаромадааст...

– Ба ман фарқ надорад: милисаай, бехатариай, ё дигар. Ба куҷое ки роҳи халосӣ бошад, розӣ ҳастам, ки арз кунам. Тайёрам, ки барои равшанӣ андохтан ҳамкорӣ кунам, – ба изтироб омад бобои Карим.

– Ин хел бошад, тайёр шавед. Бегоҳӣ бо ман меравед.

– Куҷо? –бо ҳайрат пурсид ӯ.

– Барои вохӯрӣ бо рафиқи ман – корманди амният. Розиед?

– Шарифҷон, гуфтам-ку, барои ман мутлақо фарқ надорад.

Ин гуфтугузори кӯтоҳро Шариф дар диктафони ҷайбӣ сабт намуд. Баъд аз ҳавлии бобо берун омада, сӯи отряди сарҳадӣ, ба маркази ноҳия, роҳ пеш гирифт.

 

Пуф аз сина нафаси сӮхтаву дуди дил аст

 

Сардори отряд Мансур Валиев барои Ҳасан як утоқи корӣ ҷудо карду ӯ меҳмонҳои марказро он ҷо монда, худ дар хонаи навбатдорӣ интизори Шариф шуд. Наздики соати ҳафт Шариф омад. Ҳасан ӯро ба Зафар ва ҳамроҳонаш муаррифӣ намуд.

Шариф мазмуни сӯҳбати бо бобо анҷомдодаашро кӯтоҳ ба ҳозирон баён ва сабти овозро пешниҳод кард. Онро то охир шунида Зафар ба Шариф рӯ овард:

– Ҷои вохӯриро бо мӯйсафед дар куҷо таъин кардед?

– Фикр мекунам, ки аз ҳама ҷои беҳтар ферма аст. Доим ману Ҳасан ҳамон ҷо вомехӯрем ва шабона, ба ғайри посбон, дигар ҳеҷ кас нест. Мошини Ҳасанро ҳама мешиносанд ва шубҳае намебаранд, – пешниҳод намуд Шариф.

– Ин хел бошад, шумо боборо биёред. Мо дертар, баъди шумо ба ферма меравем.

Шариф рафт. Ҳасан бо ҳамроҳонаш баъди як соат ба ферма омад. Чароғи утоқи кори мудир равшан буд. Рӯбарӯи Шариф муйсафеди миёнаҷусса менишаст. Ҳангоме ки касони барояш ношинос даромаданд, мӯйсафед хеста, таомули салому эҳтиром ба ҷо овард. Ҳама нишастанд. Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.

Зафар Ғафуров сармуфаттиши Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ дигаронро шиносонда якбора ба асли мақсад гузашт: – Бобо, ана ин ака Шариф нисбати шумо ва азматон гапҳои хуб гуфт. Қарор додем, ки шахсан бо шумо вохӯрем. Чунки дар асоси қонунҳои ҷиноятӣ, шумо аллакай, аз меъёрҳои муайян гузашта, омодаи содир кардани ҷиноятҳои давлатӣ ҳастед. Аз ин, ки шумо хоҳиш кардаед, ки мо садди роҳи ин амал гардем, ба наздатон омадем. Аз наздик шинос мешавем, қарори муайян қабул мекунем.

– Писарам, ман чӣ кунам? – муомилаи хуби онҳоро дида, ҷуръати бобои Карим бедор шуд.

– Шумо ҳозир ихтиёрӣ ариза менависед, ки дар оянда ҳамаи фаъолиятатон бо мо мувофиқа мешавад. Ҳамаи ҳамкории мову шумо махфӣ сурат мегирад. Ҳаммаслакон дар ин бора набояд огоҳ бошанд. Мо розигии прокурори ҷумҳуриро мегирем. Аз ин рӯз иборат, ҳар як вохӯрии шумо, ҳуҷҷатгузорӣ мегардад. Мо тарафҳои қонунии ин корро мебинем. Масъалаҳои дигарро бо акаи Шариф ва таври истисно, бо Ҳасан ҳаллу фасл мекунед. Розӣ ҳастед?

– Агар розӣ намешудам, ба ин ҷо намеомадам? Ман фиреб хӯрдам. Ба доми Зардӣ афтидам. Аз ҳукумат заррае зарар надида бошам, чаро зидди он мубориза барам? Ман худро ислоҳ мекунам ва исбот мекунам, ки гумроҳ шудаам.

Ғафуров протоколи пурсиш ва санадҳои даркориро тартиб дода, барои имзо пеши бобо монд. Баъди шиносоӣ бобо имзо гузошту оҳи сарде аз дил баровард.

– Бобо, беғам бошед, ҳамааш хуб мешавад, – ӯро аз ғам раҳо карданӣ шуд Ғафуров.

– Э, бачам, баръакс сабук шудам. «Пуф аз сина – ин нафаси сӯхтаву дуди дил аст».

Роҷеъ ба вохӯрии пешистодаи бобои Карим бо афғонҳо, ки ходимони амниятӣ аз он хабардор буданд, гап накушоданд. Онҳо самимӣ будани амалҳои боборо санҷидан мехостанд.

Баъди рафтани онҳо Шариф боборо савор карда ба хонааш бурд. Дар роҳ бобо худ дар бораи вохӯрии рӯзи чоршанбе, ки дар боғ бо афғонҳо мегузашт, нақл намуд. Шариф баъди мулоҳизае чашм аз роҳ наканда, гуфт.

– Бобои Карим, фикр мекунам, ки мо аз ҳассостарин марҳила гузаштем. Хайрият, кормандони бехатарӣ ҷавонмардҳои асил будаанд. Дар оянда бояд мову шумо ҳаракат кунем, ки қилро аз хамир ҷудо созем. Бигузор онҳо донанд, ки бобои Каримро ба доми бало ва коми дассисаҳо кашидан осон нест!..

Бобо ки аз натиҷаи сӯҳбат димоғаш хеле чоқ буд, гуфт:

– Э Шариф, хайрият, ки дар тақдири ман ту будаӣ. Набошад, дар сари пирӣ шармсор мешудам!

Рост аст, ки сӯҳбат роҳро кӯтоҳ мекунад, гуфтаанд. Саргарми гуфтугӯ онҳо ба хонаи бобо расиданд. Шариф мошинро дошт. Пеш аз хайру хуш, бобо вақти мулоқоти ояндаро аниқ намуд.

– Рӯзи чоршанбе бо афғонҳо, ки вохӯрдам, баъди боздид Зардиро мебинам. Вобаста бо ахбори аз афғонҳо гирифта ва супоришҳои навбатӣ дар намози ҷумъаи масҷиди Бодомак ҳардуямон гап мезанем.

 

 

Кушоиши кор

 

Субҳи барвақти рӯзи чоршанбе бобои Карим милтиқи шикориашро гирифта, мотосиклсавор азми сафари боғ намуд. Масофаи тайнамудаи ӯ то макони ҷойгиршавии боғ наздики даҳ километр буд. Ҳангоме ба боғ расид, мотосиклашро қарор дода, борхалтаашро гирифт ва ҷониби каппаи хасинаш рафт.

Вохӯрӣ бояд шабона доир мегашт. Ӯ саросема нашуда, даруни боғ чарх зада дарахтҳое, ки меваашон пухта буд, зери чашм кард, қарор дод, ки баъди вохӯрӣ, бо кампиру набераҳо, меваро чида мехушконад. Ӯ аз даруни боғ бо пайраҳае, ки рӯ ба нишеби ҷониби чашма тӯл мекашид, фаромад, дар оби ҷӯи чашма таҳорат гирифта, бо роҳи фуромадааш баргашт. Таги каппа даромад. Миёнбандашро, ки ба ҷои ҷойнамоз истифода мекард, болои шолча паҳн намуда, ба хондани намози аср пардохт.

Агарчӣ ҳавои лаби чашмаву даруни сой тафсон буд, вале рӯи суфа салқин. Шаббодаи дарёи Панҷ, баъди соати чори рӯз, дар соҳил ва даруни боғи бобои Карим гармии тобистонро мешикаст.

Боғи бобо аҷоиб як мавқеъ дошт. Аз соатҳои сеи рӯз рӯи он соя меафтид, ки ба зебоии табиати ин водӣ ва манзараҳои дилпазираш ҳусни нав ато мекард. Боғ маҳсули дастранҷи чиҳилсолаи бобо буд. Ӯ ҳар як ниҳолро аз завқи дил ном монда буд. Ин порчаи замин «дафтари шеър» – ҳои умри ӯ ба шумор мерафт. Себу гелос, олуву чормағз, туту олуча, ҳар кадом дар якҷоягӣ ва алоҳида маҷмӯи мунтахаби меҳнати қариб нимасраи ӯ буданд. Бобо худро бе ин боғи сабзкардааш тасаввур карда наметавонист. Ба қавли худаш, ӯ шоҳи ҳайвоноту набототи ин мавзеъ буд. Аллакай ҳамаи ҳаққу ҳамсояҳо ин гӯшаи зеборо боғ меномиданд, боғи бобои Карим. Ҳатто замоне тартибдиҳандагони харитаи ҳамин маҳал бобои Каримро барои иҷрои кори худ ҷалб намуданд. Дар муддати зиёда аз ним аср, дар ҳолатҳои ногувори вазъияти сарҳад, марзбонон бо ӯ маслиҳат мекарданд, ёрӣ мепурсиданд.

Ӯ танҳо нишаста, андармони фикру хаёл буд. Ҳаёти гузаштаашро ба ёд оварда, гӯё ба фарзандонаш- – ниҳолҳои боғ гунаҳкорона чашм дӯхта, зери лаб мегуфт:

– Фарзандонам! Қариб, ки бо васвасаи шайтон ба шумоён хиёнат кунам. Хайрият, ки имонам заифӣ накарду бо дастгирии одамони нек, боз қадам ба роҳи рост мондам.

Ҳамин асно аз сӯи чашма Хоркаш ва Саид ҷониби бобо омаданд. Чун анъана салому алейк карда, рӯи суфа нишастанд. Баъди пурсупос Хоркаш як банд китобҳои динӣ ва майда – чуйдаҳои бисёрро аз борхалтае бароварда, «савғо» гуфта дод. Рӯмолчаеро, ки гиреҳ дошт кушода, назди бобо монд. Бобои Карим нигоҳ кард, ки борхалта пури бастаҳои героин аст.

– Ин барои чӣ? – пурсид аз Хоркаш.

– Ин ҷо панҷоҳ кило героин ва панҷоҳ ҳазор пули Амрико . Даҳ ҳазораша худат бигир, дигарашра ба усто супор. Инҳо чизҳои дархостии домулло Пирӣ. Ана ин мактуба ба дасти усто медиҳӣ, то давоми се рӯз муайян кунад, ки ин фард дар куҷо истиқомат мекард.

– Шумо кия дар назар дорен?

– Абдуманнона.

– Ҳа, фаҳмидам!

Бобо ба хотири ин, ки афғонҳо шубҳае накунанд, дигар суол надод.

Хоркаш вақти мулоқоти навбатиро таъин намуд:

– Се рӯз пас дар ҳамин ҷо вомехӯрем. Дар бораи шахсияти Абдуманнон маълумоти дақиқ лозиманд.

– Хоркаш, се рӯз барои иҷрои кор кам аст. Ақаллан то чоршанбеи оянда мӯҳлат лозим. – пешниҳод намуд бобои Карим.

– Бобо, ҳеҷ илоҷ нест! Се рӯз неву бигзор чор рӯз бошад. Рӯзи якшанбе...

Ҳар ду хеста, бо пайраҳаи омадаашон фуромада, нопадид шуданд.

 

чизи ҳаром лозим нест

 

Бобо намози бомдодро хонду дучархаашро савор шуда, ба хона бозгашт. Ӯ бегоҳӣ бо усто бояд вомехӯрд. Аммо мазмуни мулоқот бо Хоркаш ва Саид, бидуни назардошт, ранги дигар гирифта буд. Касе умедвор набуд, ки афғонҳо ҳамроҳи худ маблағҳои калон меоранд. Ба хона расид. Баъд ба мактаб рафта, аз муаллими навбатдор пурсид.

– Додарҷон, телефон кор мекунад?

– Ҳа бобӣ, даро, кор мекунад? – гуфт муаллими навбатдор. Бобо узр пеш овард:

– Як-ду дору зарур шуд. То шаҳр роҳ дур. Осонаш ба шиносам занг занам, ки биёрад!

– Марҳамат бобӣ, чӣ қадар мехоҳӣ, гап зан!..

Бобо гӯширо бардошта аз навбатдори телефони деҳа илтимос кард, ки ӯро бо фермаи Бодомак пайваст созад. Баъди чанд сония садои овози шиносро шунид, номи Шарифро нагирифта кӯтоҳ пурсупос кард:

– Каме тобам не, – гуфт бобо. – Сарам чарх мезанад, вақт дошта бошӣ, омада маро бибар.

– Дар хона бош. Баъди ним соат мерасам, – гуфт Шариф.

Бобо гӯширо монд ва миннатдорӣ намуд.

Ним соат нагузашта, овози мошинро шунид. Шариф дарро кушода ба ӯ ишора кард, ки ба мошин шинад... Бобои Карим ҳамаашро ба Шариф гуфт, дар охир пурсид:

– Имрӯз усто Зардӣ наздам меояд. Агар бор барад, ман чӣ хел исбот мекунам, ки онро аз афғонҳо гирифта ба усто додам?

– Бобо, вақт танг аст! Рост ба Кӯлоб меравем. Ин корро ману ту ҳал карда наметавонем, – гуфт Шариф бо оҳанги қатъӣ.

– Ихтиёрат, лекин коре кун, ки боз ман дурӯғгӯ нашавам.

Шариф аз роҳи мобайни деҳа ба роҳи калон баромад. Бо гузашти як соат вақт дар назди меҳмонхонаи рӯбарӯи бозори марказии шаҳри Кӯлоб мошинашро нигоҳ дошта, вориди бино шуд. Баъди панҷ дақиқа баргашта боборо дунболи худ бурд. Ҳамроҳ ба ошёнаи дуюм баромад, дар айвон рӯи диван нишастанд. Дар телевизор барномаи варзишӣ мерафт. Фурсате баъд, Ҳасан бо се одами барои бобову Шариф ношинос, пеши онҳо омад. Ҳасан дари тарафи чапро кушода, бобо ва Шарифро даровард.

– Аламшоҳ, – гӯён Ҳасан муфатишро, ки бо ӯ омада буд, ба бобо муаррифӣ намуд.

– Бобо! Ин кас ҳамон муфаттиши Ғафуров гуфтагӣ. Ҳамоне ки гузарондани чораҳои қонунӣ ба зиммаи ӯ буд. Ду каси дигар кормандони амният буданд ва чун одамони холис даъват шуданд. Вазифаашон ин ки ба ҳақиқати маводи дидаашон гувоҳӣ медоданд. Сир аз ин ҷо берун наравад! Аслан ин корро одамони тамоман холис бояд анҷом диҳанд. Аммо барои фош накардани сири мо, кормандони худамонро хондем.

Бобои Карим ба суханҳои Ҳасан хомӯш гӯш дод ва борхалтаи овардаашро рӯи миз гузошт. Аламшоҳ дар шоҳидии ду одами холис расми китобҳо, героин ва пулҳоро гирифт. Амали гузарондаашро ба протокол сабт карду дар ҳузури ҳозирин бо овози баланд хонд. Баъд бо таклифи ӯ бобо ва шахсони холис зери ҳар як варақ имзо гузоштанд. Бо илтимоси Ҳасан бобо ва Шариф монданду дигарон аз дар баромаданд.

Ҳуҷра аз бегонаҳо холӣ шуду Ҳасан ба бобо рӯ овард ва аз пул пурсон шуд:

– Бобои Карим, акаи Шариф гуфтанд, ки даҳ ҳазор доллараш ҳақи шумост?

– Додарам Ҳасан, ман як сӯмашро ҳам намегирам. Ҳамаашро ба усто медиҳам. Барои ман чизи ҳаром лозим нест.

– Инаш ихтиёратон. Аз афғонҳо супориш гирифтед, ки дар муддати чор рӯз нисбати Абдуманнон маълумот диҳед. Дар хусуси ин ба усто ҳарф назанед. Ҳозир маълумотро дар бораи Абдуманнон ба шумо медиҳам. Дар навбати худ, шумо онҳоро, рӯзи вохӯрӣ, ба афғонҳо медиҳед. Ана ин варақҳо – бозгӯи ҷои таваллуд ва дигар маълумот оид ба Абдуманнон. Гиред, ба афғонҳо медиҳед. Ҳамааш расмӣ. Ягон дархост ё хоҳиш набошад, то боздид.

Бобо ва Шариф аз меҳмонхона баромаданд. Аллакай рӯз пешин шуда буд. Бобо дар дуроҳаи Бодомак ва роҳи калони Восеъ аз Шариф хоҳиш кард, ки ӯро ҳамин ҷо фурорад, то бо мошини раҳгузар хонаи усто равад. Шариф мошинро боздошт. Бобо сари роҳ фуромад.

 

Интихоб дуруст буд

 

Домулло Пирӣ ба саҳни ҳавлӣ омада, даст дар оби ҷӯе, ки аз пеши хона мегузашт, шуст. Аз ҷо хест. Ӯ баъди аз усто гирифтани маълумот дар хусуси бомуваффақият рафта расидани Абдуманнон, интизори иҷрои супоришҳо мешуд. Бо дасти Абдуманнон барои қумандон Аслиддин муроҷиатнома фиристода буд ва бояд, ки аз ҷониби муҷоҳидини афғон, тавассути бобои Карим дастуру варақаҳои таблиғотӣ ва пулу маблағ мерасид. Ӯ дар ташвиш буд, ки чаро як моҳ сипарӣ шуду то ҳол ахбори тозае оид ба ин масъала надорад. Домулло дар айвон ба адои намози шом пардохт. Баъд донаҳои тасбеҳашро гардонида, ба фикр рафт.

Андешаву гумонҳо хотири ӯро мушавваш месохтанд. Фикр мекард: оё интихоби фарде, ки барои иҷрои супориш пешниҳод шуд, дуруст бошад? Аз рӯи тавсияҳои воситачиён Абдуманнон чун муборизи роҳи ислом муаррифӣ шуд. Аммо чӣ андоза ӯ имони мустаҳкам дорад? Оё ба вазифаҳое, ки ба дӯши ӯ гузоштаанд, тоб меоварад? Аз гуфти атрофиён ӯ қиморбози зӯр... Мо фақат бародари ӯро медонем, ки «Абдуманнон дар ақидааш устувор» гуфта, кафолат дода буд. Чаро то имрӯз натиҷае нест? Андешаҳои домуллоро тақ-тақи дарвоза бурид. Домулло писарашро ҷеғ зада, фармуд:

– Бачам, буро, бубин кӣ омадааст?

Писараки 10-12-сола дав-давон таги дарвоза омад, пушти дар – усто Зардӣ... Писарак, ки ӯро мешинохт, ба ҳавлӣ хонд. Ӯ ворид шуда, ҷониби айвон рафт. Домулло аз ҷо хест.

– Биё-биё, Зардӣ. Ин қадар ҳаял кардӣ. Ба сар фикрҳое парешон зада, ташвишам медод. Ду ҳафта шуд, ки аз худат хату хабар нашуд. Беҳад хавотир шудам. Чӣ гап шуд? Замона нотинҷ. Одам аз боварӣ баромадааст. Усто, ин гуфт ба ту дахл надорад, боз ба дил нагир.

– Устод, осуда бошед, ягон гап нагузаштааст, – гуфт усто Зардӣ, – баъзе корҳо баромаданд, ки саришта кардан лозим буд. Аз ин хотир сари вақт шуморо хабар гирифта нашуд. Пайти муносиб шуду фаврӣ омадам.

– Хайр чӣ навигарӣ? – интизори навиди тоза буд домулло.

– Устод, гап бисёр. Ман мағзашро ба шумо мегӯям. Пайроҳаи нави мо, пайраҳаи ислом, густариши ғояҳои Ҳаракати исломии Туркистон, барқароршавии муносибатҳои нав бо бародарони олами исломӣ. Заҳматҳои мо барабас нарафт. Баробари китобҳои таблиғотӣ, боз интиқоли ҳаҷми зиёди маводи мухаддир ба роҳ монда шуд. Аз фурӯши он сармояи зиёди пулӣ ба даст хоҳем овард. Худованд тараҳҳум кард. Муноҷоти мо мустаҷоб шуданд. Иншооллоҳ кори мо бобарор!

– Хайр усто, бе ин ҳам чанд вақт шудааст, ки дилам ғаш... Пӯсткандаи гапа гӯю мон, – аз пӯшидагӯии усто дилгир шуд домулло.

– Эҳ, устод! Аз нӯги хамир фатир, ана ин борхалтаро кушоед. Дарунаш бастаҳои героин, ки бобои Карим аз шарикони бурунмарзии мо гирифтааст. Дина бегоҳӣ ба хона овард.

Усто Зардӣ борхалтаи гиреҳдор ва чанд нусха китобро назди домулло монд.

Домулло Пирӣ китобҳоро як-як аз назар гузаронда дар паҳлӯи росташ монд. Сипас, гиреҳи борхалтаро кушода, бастаҳои героинро берун овард.

– Усто, чанд килло ин ҷо?

– Панҷоҳ килло героин ва панҷоҳ ҳазор доллар.

– Усто, шукронаи парвардигор мекунем, ки дуову оятҳои хондаи мо ба даргоҳи таборак ва таъоло расиданд. Ман боварӣ доштам, ки мо танҳо нестем, дастгирӣ меёбем. Боз ҳам фаъолтар дар ин ҷода кор кардан лозим. Барои мо чӣ қадар, ки героин бошад, камӣ мекунад. Аз фурӯши он маблағ ба даст меоварем. Ба тарафи афғонӣ гӯед, ки ба китоб зарурат нест. Дар аввал ин барои барқарор намудани робитаҳо буд. Маблағ бошад, китобро худамон ҳам чоп мекунем. Героинро бисёртар фиристанд. Ва охирон, – овозашро паст кард домулло, – усто, дар оянда эҳтимол, силоҳ лозим мешавад, силоҳи бисёр. Ё худат, ё бобои Карим сари ин масъала ба афғонҳо гап бизан. Дар ҷойҳои бобо ҷои пинҳон кардани ин чиз бисёр. Аз он ҷо, махфӣ овардан имкон дорад.

– Ин дар фикри ман буд. Бояд бародарҳои бурунмарзӣ ин масъаларо ҳисоб гиранд, – далолат намуд усто Зардӣ

– Усто, ману ту ҳаммаслакем. Ҳама пушти қуллаҳои пирӯзии Ҳаракати исломии Туркистон истодаем. Ками дигар ғайрат лозим. Аз ту ҳам дар ин ҷода бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Ин роҳи пеш гирифтаат бояд мафод оварад, фаҳмидӣ. Як чиз, – бо шубҳа пурсид домулло, – то чӣ андоза ба бобо боварӣ кардан мумкин, номаълум аст.

– Пирам! Ману бобо хешу таборем. Солҳост, ки рафтуо дорем. Шумо метавонед ба бобо, худи ман барин бовар кунед.

– Хайр, майлаш корҳоро бо ӯ худат ҳал кун. Бо дӯстони мо, ки дар ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор хеле афзудаанд, ҳамкорӣ кардан лозим. Онҳо оиди ҳамбастагӣ бо шумо, аз ман дастур гирифтанд. Шумо бо амри ман ба онҳо сарвар таъин шудед.

Усто аз шунидани ин ба ҳаяҷон омад. Аз ҷо хеста, ду даст пеши бар, бо овози ларзон сипоси худ баён дошт.

– Пири бузургвор! Агар сазовори боварии шумо шуда бошам, то қиёмат миннатдор. Он чӣ ки шумо фармудед, ҳамаашро аз рӯи холисалиллоҳ иҷро мекунам. Дар роҳи ҳадафҳои Ҳаракати исломии Туркистон лозим ояд, ҷонамро фидо мекунам.

– Ташаккур усто. Туро чун бародари қиёматӣ медонам. Шумо барин шермардҳои ислом аз ӯҳдаи ҳама кор мебароед. Барака ёбед усто! – домулло суханашро ба охир расониду хоҳиши нишастан кард.

Пас аз сарфи хӯроки шом, усто дуо гирифта, ба мошинаш, ки беруни дарвоза монда буд, нишаст, рӯ ҷониби Кӯлоб овард.

 

Ҳиҷрат

 

Латиф Хоркашро наздаш хонда, аз рафти иҷрои супориш пурсон шуд. Хоркаш варақаеро, ки бо ҳуруфоти арабӣ навиштаҷот дошт, аз киса баровард. Инҷинер Латиф муддати ду – се дақиқа бо варақ бодиққат шинос шуду гап накушод, вале Хоркаш чунин амр намуд:

– Ту он нафарро имрӯз ба наздам биёр. Худат ё Саид роҳбалад шавед.

– Хуб, соиб, – итоат ба ҷо оварда, Хоркаш ба қароргоҳ рафт. Саид ва Абдуманнонро болои машғулият ёфт. Ҳардуро ба наздаш хонд ва фармуд, ки сару либос ба тартиб биёранд. Баъди як соат якҷоя назди инҷенер мераванд. Саид ва Абдуманнон либосҳои ҳарбӣ иваз намуда, назди Хоркаш омаданд. Ҳар се ҷониби қароргоҳи инҷенер Латиф рафтанд. Вай омодаи сафар будаст. Ҳангоме ки ҳозирбошҳо дар хусуси омадани даъватшудагон гузориш доданд, инженер амр кард, ки мӯтарҳои «Доксан»-ро ба сафар омода кунанд.

Дар мошини аввал Латиф бо Хоркаш ва дар ду мошин дигарон нишастанд. Аз деҳаи Анҷиз бо роҳҳои пурхоку даштҳои пур аз хору хас мошинҳо ҷониби шаҳри Толиқон пеш рафтанд. Қарибиҳои намози шом дар назди девори биное мошинҳоро қарор доданд. Латиф ба Хоркаш фармуд, ки Абдуманнон, Саид ва худаш аз қафои ӯ биёянд.

Ҳине ки ба пешдолон расиданд, муҳифзони ҷони қумандон Аслиддин ба Латиф таъзим оварданд. Ӯро чун муовини қумандони худ мешинохтанд. Аслиддин бо Латиф вохӯрд ва фармуд, ки ҳамроҳони ӯ пеш оянд. Хоркаш, Саид ва Абдуманнон наздик шуда, расми таъзим ба ҷо оварданд. Аслиддин ишораи нишастан намуд. Рӯи гилеми шоли суфа гузаштанд.

Аслиддин ба Абдуманнон рӯ овард:

– Мо аниқ кардем, ки ту, дар ҳақиқат, аз Тоҷикистон будаӣ ва дар роҳи интихоб кардаат устувор ҳастӣ.

– Бале, соиб, – Абдуманнон аз ҷо хеста даст пеши бар кард.

– Тибқи номаи овардаат, – суханашро идома дод Аслиддин, – мо баъзе кӯмакҳо кардем ва ҳамзамон аниқ сохтем, ки ту дасисакор нестӣ. Аз рӯи гузориш, масъулияти фарогириву азхудкунӣ ҳам доштаӣ. Аммо барои муҷоҳидини аслу қочоқбари моҳир гардидан, ту бояд, зиёд машқ (тамрин) кунӣ. Барои таблиғи ғояҳои Ислом бояд малака ҳосил намоӣ. Мубориза дар ин роҳ тӯлонист. Шахсияти туро ҳамин се нафар медонанд. Вақти баргашт аз сафар, корро бо ҳаминҳо идома медиҳӣ.

Сипас Аслиддин ба Латиф дастур дод.

– Пагоҳ Абдуманнонро бо нафарҳое, ки ҷониби Покистон сафар доранд, ҳамроҳ кунед. Ӯро ба Карочӣ мебаранд. Дархосту пешниҳоде надошта бошен, худо ҳофизу мададгоратон!

Рӯзи дигар баъди ба Покистон гуселондани Абдуманнон Латиф, Хоркаш ва Саид ба қароргоҳи худ баргаштанд.

 

Боздошт

 

Аллакай ду моҳи тафтишот сипарӣ шуда буд. Тамоми чораандешиҳое, ки қонун талаб мекард, аз ҷониби муфаттишон ба анҷом расид. Тибқи маълумот Абдуманнон аз минтақаи шимоли Афғонистон ҷониби Покистон рафтааст. Ҷамолов Ғафуровро даъват намуда пурсид:

– Нақшаҳо оянда дар тафтишоти парванда чӣ гуна хоҳанд буд?

– Рафиқ полковник, – гуфт Ғафуров, – мо тамоми чораҳоро нисбати Саидов андешидем. Атрофиён, хешу таборашро пурсидем. Яқин шуд ӯ марзи давлатиро вайрон намуда, ҷониби Афғонистон гузаштааст. Мо акнун бояд супориш диҳем, ки он корро идома диҳанд. Дар сурати расидани маълумоти тоза, корро давом медиҳем.

– Фикр мекунам, масъалае, ки таҳлилу таҳқиқ нашуда бошад, боқӣ намонд, – ҷамъбаст намуд Нурсаид, – ҳоло тафтишро бозмедорем. Амалиёте, ки кормандони оперативӣ мегузаронанд, бо иҷозати Прокурори генералии ҷумҳурӣ, аз нуқтаи назари истифодаи онҳо чун далел, протокол мешаванд. Онро мо пайваста назорат карда, маслиҳат медиҳем. Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби раиси кумита тасдиқ шуд. Назорат аз болои раванди фаъолияти кормандон ба дӯши ману полковникҳо – Ризвонов ва ғоибов гузошта шуд.

Моҳи август бо қарори сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти Вазорати амнияти Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванд Абдуманнон Саидов боздошта шуд.

 

Супоришҳо ҷиддӢ мешаванд

 

Ҳасан чор моҳ боз аз нарасидани маълумоти дақиқ аз Шарифу бобои Карим дар ташвиш аст. Мисли пештара Хоркаш ва Саид чанд бор бо бобо вохӯрӣ доштанд. Аммо ғайр аз гирифтани маблағҳои пулии начандон калон, дигар маълумоте нисбати Абдуманнон набуд. Ин норавшанӣ ҳамаро аз сардор сар карда, то коргари қаторӣ, ки дар ин ҷода фаъолият доштанд, нигарон сохта буд. Ҳама интизор, ки як рӯз не, як рӯз ин гиреҳ кушода мешавад.

Ба ин минвол як сол аз байн гузашт. Аммо хабари тозае нисбати куҷо будани Абдуманнон набуд. Робитаҳо, вохӯриҳо, омаду рафти афғонҳо ба назди бобо ҳам, ғайр аз асноди ба мо маълум, чизи тозае ба армуғон наоварданд. Дар вохӯриҳои худ бо бобо, усто низ аз тақдири Абдуманнон ҷӯё мешуд. Ин масъала домулло Пириро ҳам дар изтироб андохта буд. Домулло бо усто Зардӣ гоҳе аз Абдуманнон ёд намуда, айни ҳол бо чӣ кор машғул будани ӯро дар он сӯи марз донистан мехост.

Бегумон, дар оянда, супоришҳо ҷиддӣ мешаванд.

 

Ҳамроҳатро шинос накардӢ?

 

Тобистон фаро расид. Бобои Карим чанд рӯз аст, ки бо кампираш дар боғ меваҳои расидаро дар сояи ду тути калон ҷамъ оварда, пора мекарданд. Вақти намози аср шуд. Бобо ба лаби чашма рафта хост, ки таҳорат кунад. Акнун дастҳояшро барзада об мегирифт, ки садои сулфаи Хоркашро шунида, ба қафо нигарист. Хоркаш, Саид ва як марди ба ӯ ношинос наздик омаданд. Бобо мисли пештара бо онҳо гарм вохӯрда, ба зери каппа фаро хонд. Аммо Хоркаш рад намуда гуфт, ки барои гуфтугӯ вақти бисёр лозим намешавад. Онҳо ин сафар барои шикор омадаанд. Ва бо нимовоз ба бобо гӯшакӣ намуд:

– Бобо, имконияти қабул ва пинҳон кардани воситаҳои ҷангӣ ва миқдори зиёди маводи мухаддир ҳаст?

Бобои Карим каме ба андеша рафт, вале худро гум накарда, ҷавоб дод:

– Оқои Хоркаш, ин кори хеле ҷиддӣ ва масъул аст. Заҳмати бисёр талаб мекунад. Мабодо ба дасти идораҳои дахлдор афтам, маро меовезанд. Бояд фикр кунам. Албатта, он чӣ ки шумо мегузаронед, байни кӯҳу камар ба осонӣ ҷо намешавад, корношоям мегарданд. Ба ҳар ҳол, қабулаш осон... Вале фурсат бошад, фикри пинҳон кардани онҳоро дидан лозим.

– Бобо, чоршанбеи оянда мо панҷоҳ адад «Калашников», 200 киллӯ маводи мухаддир меорем, – омирона гуфт Хоркаш ба бобо имкони сӯҳбат надода. – Худат пинҳон мекунӣ. Дар ин бора ҳеҷ кас намедонад. Ба усто ҳам гап намезанӣ.

– Ху-у-б, то овардани шумо, ягон илоҷ мекунам, – ночор розӣ шуд бобо. – Нафари сеюматро шинос накардӣ, Хоркаш?

– Ҳа, аз ёд баровардаам. Ӯ шикорчӣ аст, – аз кунҷковии бобо лаҳзае чӣ гуфтанашро надониста, оҳанги рафтан намуд.

Бобои Карим таҳорат кард, намози асрро хонду гуфт:

– Очаш, анҷомота бигир, хона меравем. Кор баромадаст...

Кампир чалаку риштаҳояшро, ки вақтҳои бекорӣ мересид, гирифта, аз паси мӯйсафед ба роҳ даромад. Онҳо шаб ба хона расиданд. Пагоҳӣ, баъди адои намози бомдод, бобо назди Шариф омад ва ҳарду ба шаҳри Кӯлоб роҳ пеш гирифтанд.

 

 

Махфӣ №1

Ба раиси Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФаврӢ

 

«Дар асоси ахбори бадастомада, рӯзи чоршанбеи ояндаи ҳамин моҳ, дар мавқеи ба мо маълум, объектҳои шинос, панҷоҳ адад силоҳ ва миқдори зиёди маводи нашъаоварро ба тариқи қочоқ аз марз ба дохили ҷумҳурии мо интиқол медиҳанд. Бо назардошти нақшаи чорабиниҳои дар «Каждум» омада иҷозат диҳед, ки бо иштироки муфаттиш, бо дастрасии меъёрҳои ҷории қонунҳои мавҷуда, ин лавозимоти ҳарбӣ ва маводи нашъаоварро ба хотири оянда чун далели истифодабарӣ гирифта, ҷобаҷо кунем.

Ҳамзамон хоҳишмандем, ки ба қумандони отряди Ҳамадонӣ амр диҳед, то таъмини бехатарии амалиётро ба ӯҳда гирифта, рӯзи гузарондани амалиёт, ба мо халал нарасонанд».

Бо эҳтиром, Сардори гурӯҳи фаврии

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ

дар шаҳри Кӯлоб М. Ғоибов

 

 

Раис баъди шиносоӣ бо барқияи ба тозагӣ расида, Ҷамолов ва Ризвоновро наздаш хонда, ҳардуро бо мазмуни он шинос намуд ва фармуд, ки таҳти назорат гиранд.

 

 

Махфӣ №1

Бо эҳтиром, Сардори гурӯҳи фаврии

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ

дар шаҳри Кӯлоб М. Ғоибов

 

ФаврӢ

 

«Масъалаи банду басти меъёрии чорабиниҳоро бо сардори Раёсати тафтишот полковник Ҷамолов мувофиқа кунед. Қумандони отряди сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ полковник Валиев амрро оид ба таъмин намудани бехатарии гурӯҳи амалкунанда ва дахолатнопазирӣ ба амалиёти онҳо гирифт. Амалиётро тавре гузаронед, ки душманони дохилӣ ва берунӣ воқиф нашаванд».

Раиси Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Аждаҳодара

 

Муҳаммадалӣ Ғоибов баъди шиносоӣ бо ҷавоби барқияи фиристодааш Ҳасан Амонов ва Аламшоҳ Аҳмадовро даъват кард. Ҳарду дар вақти таъиншуда ҳозир шуданд. Ғоибов онҳоро бо мазмуни барқия шинос намуда, бори дигар таъкид кард, ки ҳамаи чорабиниҳо дар чорчӯбаи меъёрҳои амалкунанда гузаронида шаванд.

– Боборо эҳтиёт кунед, ки барои мо манбаи муҳим ҳисоб меёбад. Дар тӯли фаъолияти кориам чунин рафтори ҷавонмардонаро надидаам. Ин марди куҳансол то андозае садоқат доштааст, ки мо бояд аз ӯ чунин садоқату ватанпарастиро омӯзем. Бубинед, ки чӣ қадар дилаш барои ин сарзамин месӯзад. Ҳатто аз он маблағҳо, ки барои ӯ ирсол мешавад, ягон танга намегирад. Ҳасан ӯро эҳтиёт кунед. Агар имкон бошад, бори дигар ташкил кунед, ки мисли тирамоҳи соли гузашта, бародаронаш раводид гирифта ба вохӯрӣ биёянд. Ӯ барои хизматҳояш ба ҳар чиз арзанда аст. Инро ҳам аз мадди назар дур накунед, ки дар «ташриф» – и ин дафъаи афғонҳо, шахси ношиноси дигаре ҳам будааст. Ин бечиз нест. Дар бораи ӯ маълумот лозим. Дар чунин чорабиниҳо, ки аз ҷониби разведка гузаронида мешаванд, шахсони тасодуфӣ намешаванд.

– Шумо, – ба Аламшоҳ нигарист сардор, – баъди аз назар гузарондани силоҳҳо, рақаму намуд, қутру мили тирҳоро ба протокол шомил созед. Ҷамолов ваъда доданд, ки криминалист Назар Хосабековро мефиристанд, то ки аз силоҳҳо пайи дастҳоро гирад. Боборо таъкид созед, ки пайи ангуштонашро рӯи силоҳҳо нагузорад.

Баъди дастурҳои гирифта Ҳасан пагоҳии чоршанбе ҳамаи шахсони мутасаддиро ҷамъ кард. Омодагии онҳоро худаш санҷид. Сипас, ҳамаашонро ҷавоб дод, ки рафта дам гиранд. Худи ҳамон бегоҳ криминалист Назар Хосабеков ҳам аз Душанбе омад. Ҳасан баъди занги Шариф бояд, ки бо гурӯҳи фаврӣ баромада, ба назди ӯ меомаду натиҷаи корро фаҳмида, баъд барои расмӣ кунонидани чорабиниҳои оперативӣ, ба боғи бобо мерафт. Ҳасан ва аъзои гурӯҳ, рӯзи чоршанбе, то шаб интизорӣ кашиданд. Фақат қариби соати ёздаҳи рӯз занги телефони хизматии Ҳасан баланд шуд.

Шариф дар хати алоқа қарор дошт.

– Шуморо дар ферма интизорам. Ҳатман «ГАЗ-69»-ро биёред.

Ҳасан аз ҷо хеста, аъзои гурӯҳро, ки дар лаби ҳавз билярд мебозиданд, ҷамъ намуда фармуд, ки зуд анҷомҳояшонро гирифта, ба мошин нишинанд. Назару Аламшоҳ ва ду корманди гурӯҳ, ки ба ҳайси одамони холис бояд истифода мешуданд, ба мошине, ки Ҳасан идора мекард, нишастанд. Аз ҳавлӣ гурӯҳи фаврӣ баромада, бо роҳи калони Кӯлоб-Душанбе то гардиши роҳ рафта, аз он ҷо ҷониби Бодомак тоб хӯрданд. Ҳасан мошинро чун ҳарвақта ҷониби ферма гардонд. Вақте ки онҳо ба ферма расиданд, Ҳасан мошинро рӯбарӯи дари даромади утоқи мудири ферма манъ кард. Ҳама фаромада ҷониби утоқи Шариф рафтанд. Бобои Карим ва Шариф онҳоро мунтазир буданд.

– Бобо, шерӣ ё рӯбоҳ? – луқма партофт Ҳасан нимшӯхиву нимҷиддӣ.

Бобои Карим ҷавоб дод:

– Шерам, Ҳасанҷон. Силоҳҳоро бо халтаҳои маводи нашъадор гирифта, даруни ғоре ҷо кардам. Болояшро бо хасу хошок пӯшонидам. Мошин то қариби чашма меравад. Ҷое ки силоҳ пинҳон аст, мошинраҳа надорад. Аз ин хотир мошинро дар Аждаҳодара мондан лозим, ки аз он тараф набинанд!..

Аъзои гурӯҳ аз ин пешниҳод хурсанд, мошинсавор ба дидбонгоҳи Кричон расиданд. Мошинро дар Аждаҳодара монда, назди ғор омаданд. Бобо хасу навдаҳоро гирифту автоматҳои «Калашников» ва халтаҳои маводи нашъадор намудор шуданд. Ҳар кадоми онҳоро Аламшоҳ, ки дар дастҳояш дастпӯшаки резинӣ дошт, гирифта рақам, мил, тирдон ва қутри тирашро дар «протокол» сабт кард. Назар Хосабеков онҳоро аксбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар видеотасвир сабт кард, тавассути «доктакартаҳо» паи ангуштони болои автоматҳо ёфтшударо гирифт. Баъди имзои ҳамаи санадҳои мавҷуда гурӯҳ силоҳҳоро бо худ бурда, ба мошин бор кард. Бобову Шарифро дар наздики ферма фароварданд. Дигарон сӯи Кӯлоб рафтанд.

 

ОмодагӢ

 

Аз байн чанд рӯз гузашт. Бобо чун пештара дар боғ буд. Ӯ намози шомро хонда, болои шолчаи зери каппа кӯрпача партофта, болишти пахтагӣ таги сараш монда, ситораҳои осмонро назора мекард. Шаб салқину моҳтобӣ буд. Бобо рӯзи дароз даруни боғ кор карда хаста шуда буд. Зуд хобаш бурд. Чӣ қадар хоб рафт, намедонист. Садои сулфаи мард хоби ширини ӯро халалдор кард.

– Бобо бихезед, ин манам – Хоркаш, – гуфт оҳиста.

Бобо ҳушёрхоб буд. Фаврӣ чашм во карда, нимхез шуд. Дар моҳтобшаб Хоркашу Саидро шинохт. Ҳарду рӯи кӯрпача нишастанд. Чун ҳарвақта, Хоркаш ба гап даромад:

– Бобо, ин сафар мо бо супориши Латиф ва қумандон Аслиддин омадем. Мақсад аз сафари мо чист? Мо дастур гирифтем, ки тавассути шумо се рӯз пас ба ҳамин роҳ, ки хеле бехатар аст, Абдуманнонро ба Тоҷикистон баргардонем. Ина ғайри ману шумо касе набояд пай барад. Ӯро қабул мекунед, ба хонаатон мебаред. Ҳамин ки дар маркази ҷумҳуриатон маскан гирифт, сипас мо барои ӯ дастгоҳи мухобираву пул ва дигар васоили лозимро, тавассути шумо, таъмин менамоем. Сараввал, бигузор Зардӣ ӯро истиқбол гираду роҳбаладӣ кунад. Баъдан тамоми супоришотро ба ӯ мерасонед ва дархостҳояшро бо мо дар миён хоҳед гузошт. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар бораи силоҳ ягон кас, ғайри мову шумо, нафаҳмад. Фаҳмидӣ бобо?

– Бале! Хоркаш, бояд бигум, ки оё Абдуманнон ҳам дар ин бора набояд огоҳ бошад?

– Э не, бобо, ӯ медонад!..

– Чӣ хел?

– Дафъаи гузашта бо мо омада буд-ку!

– Ҳе, ҳамон ҳамроҳи сеюмат, ки шикорчӣ гуфтӣ-а?

– Бале, ӯ ҳамон Абдуманнон аст, ки мо барои шинос кардануш оварда будем.

– Пас, чаро кӣ будани ӯро пинҳон доштӣ?

– Муқаррароти сарвари мо ҳамин тур буд. Ин сафар, ки онҳо иҷоза фармуданд, мо ӯро ба ту ошкор кардем.

– Хоркаш, вақте ки силоҳ овардӣ, амр кардӣ, ки усто набояд донад. Абдуманнон ҳам, ки омад, ту мегӯӣ, ӯро усто истиқбол кунад. Ин чӣ хел мешавад? – ҳайрон шуд бобо. – Ман нафаҳмидам. Чӣ хел усто асрори силоҳро набояд донад, аммо Абдуманнонро бояд истиқбол гирад?

– Бобо, ин хосту хоҳиши Абдуманнон аст. Чаро ӯ ин рақам мехоҳад, намефаҳмам. Шояд, ӯ худ рӯзе ба ту ошкор мекунад... Қумандон бароят маблағи калон фиристод.

Хоркаш инро гуфту аз киса як баста доллар бароварда ба бобо дод.

– Бобо, шояд ки ту сазовори ҷоизаи аз ин ҳам калон бошӣ!

– Э, Хоркаш, ман барои тӯҳфа хидмат намекунам, – хоксорӣ кард бобо.

– Не бобо, дар зиндагӣ заҳмати одамӣ бояд қадр шавад, – гуфт Хоркаш. – Дар ин ҷо даҳ ҳазор... Бигиру костагиҳои рӯзгоратро рост кун, бобо.

Бобои Карим дигар баҳс накарда, онро гирифту таги болишт монд. Пас аз гуфтугузор Хоркашу Саид хестанд, бо бобо худоҳофизӣ кардаву пас гаштанд. Бобои Карим то аз чашм дур шудани онҳо аз пушташон нигоҳ кард.

Баъд аз ҳамин вай рӯи ҷойгаҳаш дароз кашид. Дер гоҳ хобаш набурд. Андеша меронд, ки хайрият Абдуманнон пайдо мешавад. Ҷони худаш меосояд. Аз ин муаммоҳои сарбаста раҳо меёбад. Аз ҷо хест, милтиқи шикориашро як сӯ гузошту таҳорат гирифт ва хуфтанро хонду боз рӯи ҷогаҳ дароз кашид. Боди фораме, ки аз ҷониби дарё мевазид, ришу рӯи боборо гӯё сила мекард. Баъд хобаш бурд.

 

Бозгашт

 

Бобо дар асоси мувофиқааш бо кормандони бехатарӣ Абдуманнонро бо мошини Шариф аз хонаи худ гирифта, бояд то хонаи усто мебурд. Рӯзи қабули ӯ Шариф дар хонаи бобо ба ҳайси писари тағои ӯ, ки аз Кӯлоб ба меҳмонӣ омадааст, ҳозир мешуд. Бобо Абдуманнонро ба Шариф чун корманди матлубот, ки барои бастани шартномаи хариди меваи хушк омадааст, муаррифӣ мекард. Ҳасан гаштаву баргашта дар иштироки Аламшоҳ Аҳмадов, рафтори шартии бобову Шарифро аз онҳо талаб мекард, то хатое содир накунанд. Ҳасан бовар дошт – бобову Шариф кайҳост, ки як узви ба ҳам пайвастанд. Баъди итминон ҳосил намудан ба муваффақияти амалиёт ӯ аз утоқи кори Шариф ҳақи ширу қаймоқашро гирифта, ба онҳо хайру манзур карду баромада рафт.

 

* * *

Раиси Кумита Ҷамолов ва Ризвоновро даъват карда, онҳоро бо барқияи аз Кӯлоб расида шинос намуд ва амр дод:

– Тамоми чораҳоро бинед, ки ин палид аз даст наравад, зери назорат бошад. Куҷо меравад, бо кӣ робита дорад. Тез нагиредаш. Имкон диҳед, ки озод гардад. Гӯё, ки мо дар бораи ӯ ҳеҷ чиз намедонем. Хадамоти пайгирон шабу рӯз ӯро дунболагирӣ кунанд. Ҳамзамон эҳтиёт шавед, набояд ӯ аз ин чизҳо бохабар бошад. Дар хориҷа ӯ як сол мулло – имом набуд. Фикр мекунам, ки ӯро хонондаву омода намуда, ин сӯ фиристодаанд. Назоратро аз худи Бодомак оғоз кунед. Дар ҳар даҳ-дувоздаҳ километр ходимон якдигарро иваз намоянд. Фаҳмо!

– Бале, рафиқ генерал, – гуфтанд ҳарду якбора.

– Ягон илова ё пешниҳод ҳаст?

Ҷамолов ба генерал рӯ овард:

– Рафиқ генерал, мо парвандаи ҷиноиро баъди муқаррар шудани бозгашти Абдуманнон аз нав боз мекунем.

– Майлаш. Масъалаҳои мурофиавиро худ ҳал кунед. Дар робитаҳои мухобиравӣ барои фош нашудани сири амалиёт амр кунед, ки ҳама номи амалиётро истифода баранд. Фикр мекунам, ҳоло мафҳуми «Каждум» аз ёдатон нарафтааст, – бо оҳанги шӯхӣ гуфт генерал.

Воқеан, қариб ки аз ёдам равад: Аз Маскав, аз ҳамкасбони худ – аз Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия маълумот расид. Гумоштаи онҳо дар Покистон, дар машқгоҳи муҷоҳидин як нафар шаҳрванди Тоҷикистонро дидааст, ки баъди гузаштани даври омӯзиш, дубора ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргаштааст.

– Яқин, ки Абдуманнон аст, –гуфт Ҷамолов.

– Бидуни шакку шубҳа! – омирона ва бо лабханд илова кард генерал.

Ҷамолов ва Ризвонов табассум намуданд, вале чизе нагуфтанд. Ҳарду рухсат гирифта, аз утоқи раис берун омаданд.

 

Меҳмони нав

 

Аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо афғонҳо, бобо дар боғ аз пагоҳӣ боз интизорӣ мекашид. Қарибиҳои соати чори рӯз аз ҷониби дарё Хоркаш, Саид ва шахсе, ки ӯро Хоркаш Абдуманнон гуфта буд, ба каппаи бобо омаданд. Баъди салому алейк Хоркаш расман ҳамсафарашро муаррифӣ кард:

– Бобо, ин кас Абдуманнон аст.

– Хуш омадӣ, додарам, – ҷониби ӯ нигарист бобо, – албатта, ёру диёрро ёд кардӣ? Ба сарзамини аҷдодӣ хеле пазмон шудагистӣ? Хоки Ватан азиз аст. Хуб кардӣ бачам, ки омадӣ. Туро фарзандону хешу ақрабоят хеле ёд кардаанд... Ман ҳамин хел туро мебарам, ки ягон нохалаф хабар наёбад. Барои эҳтиёт ҳуҷҷате дорӣ? Бо номи асли худат омадӣ?

Абдуманнон ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонид. Бобо бо Хоркашу Саид худоҳофизӣ кард ва ба ӯ гуфт, ки борхалтаашро гирифта, аз дунболаш равад.

Абдуманнон борхалта дар даст, аз паси бобо ба мотосикл савор шуд. Бобои Карим бо як чолокӣ муҳаррики онро ба кор андохта, ҷониби деҳа биронд. Наздикиҳои хуфтан, ки деҳаро торикӣ фаро гирифта буд, ба ҳавлии бобо расиданд. Дар ҳавлӣ Абдуманнон «Жигули»-еро дида зуд аз бобо пурсид.

– Ин мошин аз кӣ?

Бобо гӯё, ки онро нашинохта бошад, ба мошин наздик шуду нимғурма ҷавоб дод:

– Э, мошини тағобачаи худам аз Кӯлоб. Ягон кораш будагист ба ман. Ту омадан гир. Туро ба ӯ корманди «Тоҷикматлубот» гуфта шинос мекунам. Ба фикрам, омаданаш айни муддаост. Пагоҳии барвақт моро то Восеъ мебарад. Аз мошини роҳгузар дида, барои мо ӯ беҳтар аст.

Абдуманнон, ки як андоза ваҳмида буд, бо ин гапи бобо таскин ёфт. Ҳарду ба айвон баромаданд. Аз меҳмон хабар набуд. Бобо аз кампираш пурсид:

– Шариф дар куҷост?

– Шуморо суроғ кард. Гуфтум, ки бобо дар боғай, мошина монду бай хонаи духтараш рафт.

– Хайр, чой-пой кун. Дастархон биёр, баъд фарёдуш мекунем.

Бобову меҳмон даст шуста, ба долон гузаштанд. Кампир дастархон орост, коса – косаи қаймоқу ҷурғот овард. Чойро дам карду аз бобо пурсид:

– Мардак, шӯрбо кашам?

– Ман намехӯрам, барои меҳмон биёр, – гуфт бобо.

Кампир як коса хомшӯрбо овард. Абдуманнон косаро пеш кашиду ва аз чӣ бошад, ки аз чашмонаш ашк рехт. Ба машомаш гӯё бӯи хӯроке, ки ҳамеша модараш мепухт, расид. Ёди модар, ёди зану бачаҳо якбора гулӯгираш кард. Ӯ лаҳзае лол монд. Бобо, ки рӯзгордидаву зирак буд, аз ин вазъи меҳмон пай бурд. Халал нарасонд. Абдуманнон бо баҳонае борхалтаашро кушода, рӯмолчае баровард, чашмонашро пок кард. Рӯмолро ба гардан партофт, як бурда нон шикаста ба дида молид, баъд хоида фурӯ бурд. Ҳаяҷоне ки ӯро пеш аз гузаштани симхори марз зер карда буд, боз, чун як сол пеш, вуҷуди ӯро фаро гирифт. Ӯ дарунокӣ мегирист. Агар бобо дар наздаш намебуд, чун тифл ҳунгос мезад. Ларзиши баданашро торики шаб панаҳ карда буд. Туғёни вуҷудашро бобо бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекард. Вале вонамуд мекард, ки ҳеҷ чиз намефаҳмад ва дар рӯшноии чароғи хира чашмонаш нағз намебинанд. Абдуманнон оҳиста-оҳиста ба худ омаду ба хӯрдани шӯрбо пардохт. Ӯ чунон ба завқ мехӯрд, ки гӯё дар умраш аввалин бор шӯрбо мехӯрад. Баъди хӯрок ӯ оҳиста ба гап даромад:

– Бобо, фикр мекунам, ки дар бораи ман маълумот дорӣ. Фаҳмидам, ҳамаи тафтишу таҳқиқ тавассути худат буд. Ман намехостам дур аз Ватан бошам. Аммо зиндагӣ маҷбур кард. Ҳамаи силоҳҳоро, ки худат медонӣ ман ба ивази қарзе, ки дар қимор бохта будам, овардам. Онҳоро мефурӯшаму қарзҳоямро меканам. Бо худ каме пул ҳам овардам. Розӣ бошӣ, як ҳиссаашро медиҳам.

– Не-не, бачам, ба худат насиб кунад. Ба ман дар ин қишлоқ пул чӣ лозим, – бобо аз гирифтани пул сар кашид.

– Абдуманнон «кейс-атташ» – еро кушод. Тапонча, диктафон ва чанде майда-чуйдаро як тараф монда, китоби «Қуръон» ба бобо ҳадя кард.

– Бобо ин чопи Покистон аст, қимати хуб дорад.

– Ҳо, ана ин чизро мегирам, бачам. Аз пул дида, бароям ин авлотар аст.

Бобо аз ҷояш хеста, Қуръонро ба дидаҳояш молид, рӯи кӯрпачаҳо монд. Абдуманнон бо нигоҳи ҷиддӣ ва таъкид арз намуд:

– Бобо, номи ман барои шумо – Абдумалик. Ин ба хотири нигоҳ доштани сири махфии робитаҳои ману шумо бо афғонҳост. Вақте ки ҷоямро гирифтам, тавассути шумо бо Хоркаш дар робита якҷоя кор мекунем. Усто ва Пирӣ дар оянда аз бозӣ бадар мешаванд. Боқимондаи супоришҳо баъд. Ҳоло вақти хоб шуд. Меҳмонатро бигӯ, ки пагоҳӣ, баъди намози бомдод омада, моро то Восеъ барад. Шумо хонаи усторо ба ман нишон дода, худ пас мегардед, омодаи робита мешавед.

– Майлаш бачам, шабат хуш. Ман рафта ба Шариф гап мезанам, ки пагоҳӣ барвақт биёяд.

Бобо баромада ба суроғи Шариф рафт.

Шариф ӯро дар хонаи ҳамсоя интизор буд. Маслиҳат карданд, ки субҳ соати шаш ба роҳ мебароянд.

Бобо ба хона – назди кампираш баргашт.

 

Таъқиб

 

Гурӯҳи кории пайгирҳо аллакай вақти ба Ҳасан таъинкардаи Шариф дар нуқтаҳои муайян мавқеъ гирифта буданд.

Субҳи барвақт бобо ва Абдуманнон бомдодро хонда, сари дастархон нишастанд. Шариф ҳам, айни муддао, расид. Кампир ширчойро тайёр карда буд. Шариф фарёд кард:

– Э янга! Тез ягон чиз биёр, ки дер шуд. Ман бояд соати ҳашт дар Кӯлоб бошам.

– Ҳозир меёрум, ширчой тайёрай, – гуфт аз ошхона зани бобо.

– Янга ман дар ин гармӣ ширчой намехӯрум. Ай биним хун мерава. Агар дошта бошӣ, ҷурғотум биёр ё маска.

– Ҷурғоти полонда дорум.

– Ёфтӣ янга, биёруш, миҷозуш гармай.

– Ина ҳозир, Шариф.

Коса назди Шариф фуромад. Баъди нонушта омин карда хестанд, ба мошини Шариф нишастанд. Дере нагузашта ба шоҳроҳи Бодомак-Кӯлоб расиданд.

Пеш-пеши онҳо мототсикле аз деҳа баромад, ба мошин роҳ дод. Вақте ки мошин нишеб шуд, ронандаи мототсикл дар гардиши роҳ истода хабар дод:

«Якум-якум?». Ман чорум. «Каждум» «Жигули» ба шоҳроҳи Кӯлоб-Восеъ-Душанбе наздик мешавад. Якум? Маро чӣ хел фаҳмидӣ?

«Чорум, чорум! туро фаҳмидам. Объект ба шоҳроҳ наздик мешавад!.. Ман ӯро қабул мекунам. Охири алоқа. Чорум, охири робита».

Шариф ба гардиши роҳи Бодомак расиду мошинро тарафи чап – ҷониби ноҳияи Восеъ гардонид. Жигулии тамғаи 07 аз мошини Шариф фосилаи муайян гирифта, аз қафои он хатсайр гирифт. Дар ин мошин Ҳасан ва Аламшоҳ нишаста буданд ва дар сурати сар задани ҳолати фавқулоддае онҳо аз рӯи нақшаи амалиёт бояд Абдуманнонро дастгир мекарданд. Ин «тадбири эҳтиётӣ» ба шумор мерафт.

Ҳасан мухобираро ба даст гирифта, ба мавҷи фазо баромад:

– Чорум, чорум, ман якум, маро мешунавӣ?

«Якум-якум, ман чорум, шуморо мешунавам».

«Чорум, ту дар мавқеат ҳастӣ?»

«Якум, ман дар мавқеи худ».

«Мавқеъро иваз кун, рост ба кӯпруки ноҳия рав. Аз ақиб «Каждум»-ро худам гусел мекунам. Чорум-чорум, фаҳмидӣ?»

«Якум, шуморо фаҳмидам».

Шариф мошинро аз рӯи 80-90 км дар соат меронд. Ӯ кӯпруки ноҳияи Восеъро аз болои дарёи Ёхсу гузашта, то ҳайкали Восеъ нарасида, ба тарафи чап гашт. То бинои комиссариати ҳарбӣ чанд қадам боқӣ монда буд, ки бо хоҳиши бобо мошинро манъ кард. Бобои Карим пеш-пешу Абдуманнон аз қафо, ба тангкӯчае даромаданд, ки рост ба хонаи усто Зардӣ мебурд. Бобои Карим аз дуртар хонаи усторо нишон доду худ қафо гашт. Назди Шариф, ки ӯро даруни мошин интизор буд, баргашт.

Абдуманнон ба пушту пеш нигоҳе карда, ба ҳавлии усто даромад. Дар қарибии хонаи усто, ки пагоҳӣ сими барқ канда шуда буд, болои симчӯб устои барқ кор мекард. Абдуманнонро усто Зардӣ истиқбол намуда, ба хона бурд.

Устои болои симчӯб гиребонашро оҳиста бардошта, бо муштарӣ тамос гирифт. «Якум-якум, ман усто. Ду фаза тайёр. (Ин маънии онро дошт, ки ҳар ду вохӯрданд). Барқ, ки омад, боз равшанӣ мешавад (мазмун: агар бароянд, боз ба алоқа мебароям). Маро чӣ хел фаҳмидӣ?»

«Усто-усто, назоратро идома диҳед! Ҳозир мошини шабакаҳои барқӣ наздатон меояд. Ду устои дигар ба ёрдам меоянд. Усто, вақти гузаштани «Каждум» симои ӯро ба ёд гирифтӣ (яъне, аксбардорӣ кардӣ)?»

«Якум-якум, ҳамаашро ба ёд гирифтам».

Дере нагузашта, ба назди симчӯб мошини махсуси оперативӣ, ки дар паҳлӯҳояш навиштаҷоти русии «Электросет» дошт, омад. Мошин истоду усто зуд вориди он шуд. Дастгоҳи суратгириро ба дасти «эксперт» дод. Дар 10-15 дақиқа Назар Хосабеков сурати Абдуманнонро баровард. Ин нусхаи санҷишӣ буд. Равшан баромад. Усто аз мошин фаромада, назди симчӯб рафт. Аз мошин як баста сим назди ӯ монданду ба роҳи худ пас гаштанд. Онҳоро Ҳасан дар назди бинои вокзал интизор буд. Мошинро дар пушти истгоҳи вокзал, назди симчӯби барқ манъ карданд. Гӯё барои тармим омада бошанд, як нафар ба симчӯб баромад. Ҳасан дар дохили мошин. Фаттоҳ зиёда аз бист сурати Абдуманнонро омода сохта. Онҳоро Ҳасан гирифта миёни мошинҳои сарнозирони пайгир кард, ки гӯё барои бурдани мусофирон навбат меистоданд, яктогӣ дод, таъкид кард, ки то ба охир расидани чорабинӣ гум накунанд!..

Дастгоҳи мухобира садо баровард.

«Якум-якум! Ман усто. Аз ҳавлии «З» худаш бо мошини «Опел» (рақами давлатиаш В 3986 РТ 03) баромад. Ҷониби нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ рафт».

«Усто» қабул! Назоратро давом диҳед».

«Якум-якум, ман чорум. «З»-ро қабул кардам. Дар нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ ӯ ба мошинаш бензин мерезад. Эҳтимол сафар мекунад...»

«Чорум-чорум, ман якум, вазифаи ту хулосабарорӣ не, назорат аст! Хулосаро суд мебарорад».

«Якум, фаҳмидам, узр».

Усто Зардӣ мошинро пури бензин кард, пулашро доду ба хонааш баргашт.

«Якум, ман усто, «З» ба ҳавлиаш баргашт. Ман ба симчӯби сари кӯча меравам».

«Усто амал кун.».

Усто анҷомҳояшро гирифта, ҷониби симчӯб равон шуд. Ҳанӯз мобайни кӯча нарасида буд, ки «Опел»-и «З» аз наздаш гузашт. «Объект» дар дохили мошин буд.

Усто ба алоқа баромад.

«Якум-якум, «Каждум» ва «З» ба роҳ баромаданд».

«Усто, фаҳмидам. Бо чорум бош!»

«Ба ҳама-ба ҳама! Ман якум! Омода бошед. «Каждум» дар роҳ аст. Гузориш диҳед.

Аз дуюм то бистум, ҳама гузориш доданд.

Якум боз ба алоқа баромад:

«Ба ҳама! Тибқи нақшаи чорабинӣ «Каждум»-ро то хонааш мебарем. Гузориш».

Боз ҳама аз омодагӣ хабар доданд.

Усто Зардӣ аз ҳавлиаш баромада, дохили маркази ноҳия шуд. Якчанд кӯчаро гузашта, аз мошин фаромад, атрофро омӯхт, ба дигар кӯча ронд. (Эҳтимол, ӯ барои муайян намудани пайгирон ин корро мекард. Дид, ки ҳеҷ кас ӯро думболагир не, ба шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе баромад. Бо суръати 80-90 км дар як соат, ҷониби Данғара ва аз он ҷо ба Қӯрғонтепа роҳ пеш гирифт.

Ба хӯрдани таоми нисфирӯзӣ дар ҷое наистод. Қарибиҳои соати дуи рӯз ба сероҳаи Сарбанд омаду ҷониби Қӯрғонтепа гашт. Дар нуқтаи муайян пайгирҳо ӯро ба ҳамдигар месупориданд, то ки аз мадди назар дур нашавад. Зардӣ аз маркази Қӯрғонтепа ба роҳи мошингарди Бохтар баромад.

Дастгоҳи мухобира бо мавҷи фазо пайваст.

«Якум-якум, ман бистум. «Каждум»-ро қабул кардам. «З» ҷониби Бохтар равон аст».

Ҳасан дар шаҳри Қӯрғонтепа «Каждум»-ро ба Сафар Каримов – корманди масъули Раёсати амнияти вилояти Хатлон супорид. Каримов аз самти ҳаракат фаҳмид, ки усто «Каждум»ро хонаи домулло Пирӣ мебарад. Ба ҳамин хотир пайгирон роҳи Бохтарро то хонаи Пирӣ зери назорат гирифта буданд.

Усто Зардӣ меҳмонро рост хонаи Пирӣ бурда, мошинро аз дарвоза дароварда, дар саҳни ҳавлӣ қарор дод.

Пайгирон интизор. Аз гармии ҳавои тобистон дар воҳаи Вахш ҷои паноҳ набуд. Пайгирон, ба тасфи гармӣ нигоҳ накарда, дар нуқтаҳои бовар кардашуда пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ буданд. Оҳиста-оҳиста ҳама ҷоро торикии шаб фаро мегирифт. Чароғҳои хонаи Пирӣ фурӯзон шуданд. Вале аз хати минбаъдаи сафари меҳмонон хабар набуд. Баъди соати дувоздаҳ Каримов дар ҷои ноаён дидбонгоҳ монду дигаронро ба истироҳат фиристод. Маълум ки Пирӣ устову «Каждум»-ро шаб меҳмон мекунад.

 

кор Боз оғоз шуд

 

Субҳ аллакай тамоми ваколатҳояшро истифода карда, зулмоти торикиро даронд. Каримов ба алоқа баромад:

«Ба ҳама – ба ҳама. Ҷобаҷо мешавем. Корро оғоз мекунем».

Аллакай ҳамаи ходимони шӯъбаи пайгири вилоят дар мавқеъҳошон буданд. Тибқи нақша, баъд аз баромадани «Каждум», ӯро то ҷои лозим бурда, сипас ба пайгирҳои кумита бояд месупориданд.

Соати ҳафти пагоҳӣ дарвозаи ҳавлии Пирӣ кушода шуд. Аз он ҷо «Опел»-и усто ба кӯча баромад. Дар паҳлӯи Зардӣ Абдуманнон менишаст. «Опел» бо роҳи калон ба маркази шаҳр, аз он ҷо (тавассути роҳи бозор) ба шоҳроҳи Қӯрғонтепа-Душанбе баромад.

Гурӯҳҳои пайгир ба хулоса омаданд, ки «З» объектро ба Душанбе мебарад. Аммо ғайричашмдошт, Зардӣ мошинро назди вокзал дошт. Абдуманнон баромад. Дар дасташ борхалта набуд. Зардӣ мошинашро пас гардонда ба роҳи Қӯрғонтепа –Кӯлоб баргашт. Ӯро пайгирҳои гурӯҳи фаврӣ қабул карданд.

Абдуманнон рост ба бинои вокзал даромад, назди ғурфаи чипта рафт. Баъди хариди чипта, аз буфет як шиша лимонад хариду болои харак нишаста, як қулт-як қулт нӯшид.

Садои баландгӯяки вокзал мусофиронро огоҳ сохт:

– Аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш мекунам, касони чиптадошта, ба автобуси рақами «21-23 А 01 РТ» ки ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекунад, ҷойҳои худро ишғол кунанд.

«Каждум» аз ҷояш хеста, аз дари пеши автобус ворид шуд. Бо амри Каримов корманди оперативии шӯъба ҳам ба автобус даромада, дар паҳлӯи Абдуманнон ҷой гирифт. Баъди ҷобаҷо шудани мусофирон автобус ба роҳ даромад.

Сафар Каримов бо Зафар Ғафуров ва ду тани дигар дар автомашинаи ходими Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аз дунболи автобус мерафтанд. Ба ронанда амр шуда буд, ки то вокзали шаҳри Душанбе дар ягон истгоҳ манъ накунад. Соати ёздаҳи рӯз автобус дар автовокзали Душанбе қарор гирифт.

Абдуманнон аз автобус фуромада, ба истгоҳи таксиҳо рафт.

Дар тамоми дидбонгоҳҳо, ки пайдошавии ӯ имкон дошт, садои амри сардори ситоди амният Рамазон Ризвонов баланд шуд:

– «Зуҳал», «Ситора», ман «сифр-як» («Зуҳал» – раис, «Ситора» – Ҷамолов буданд) «Каждум» дар остона аст ва мехоҳад, ки «қуттӣ» гирифта равад (инҳо аломатҳои шартӣ буданд, яъне ӯ «таксӣ» гирифта меравад).

Пайгирҳо ӯро таҳти назорат гирифтанд. Ба «қуттӣ» нишаст. Дунболагирҳо мераванд. Дар назди бинои Вокзали роҳи оҳан қуттиро нигоҳ дошта фаромад. Вориди бино шуд. Аз издиҳоми назди кассаҳои чиптафурӯшӣ гузашта, ба таҳхона даромаду ба боғоҷхона рафт. «Кейс-атташе» – ро кушода, як қабза пул гирифта, ба кисса андохту «кейс»-ро дар қуттӣ маҳкам карда баромад.

«Сифр-як, сифр-як! Ман дуюм!»

«Дуюм, сифр як – дар робита. «Каждум» ба қуттӣ даромад. Қуттӣ ба роҳ баромад.

«Дуюм, ман сифр-як, сифр-як, чӣ хел? Мешунавӣ?»

«Сифр-як, сифр-як, нағз мешунавам».

«Ба ҳамаи суроғаҳое, ки «Каждум» меравад, пайгир монед, ки фаврӣ аниқ кунанд. Дар ҳолатҳои фавқулодда гузориш диҳед».

«Сифр-як, сифр-як, фаҳмидам!»

Дар назди меҳмонхонаи Душанбе дар тарафи рости кӯча Абдуманнон, таксиро дошт. Ба ронанда роҳкирояшро доду ҷониби истгоҳи троллейбус рафт. Дар троллейбуси рақами 7 «Обшорон-Комбинати равған» нишаст. Дар истгоҳи назди мағозаи «Моҳи нав» фуромад. Пушту пешашро нигоҳ карду дохили мағоза шуд. Маълум ки ӯ пайгирҳоро аниқ карданист. Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа аз мағоза баромада, ҷониби бинои чорошёнаи истиқоматӣ раҳсипор шуд. Ба вурудгоҳи якуми бино дохил шуда, баъди фурсате боз берун омад. Ба гирду атроф нигарист. Боварӣ ҳосил кард, ки таҳти таъқиб қарор надорад. Рост ба даромадгоҳи сеюм гузашт. Аз он ҷо то бегоҳ дигар набаромад.

 

Бо иҷозати Прокурори Генералии ҷумҳурӣ Ғафуров дар иштироки ду одами холис ва Назар Хосабеков дар бағоҷхонаи вокзали роҳи оҳан, бо истифода аз хизмати мутахассис ниҳонхонаро кушода кейсро гирифтанд. Бо дастрасии меъёрҳои амалкунандаи қонун тамоми амалиёти тафтишотро гузаронида, ниҳонхонаро маҳкам намуда, «кейс-аташе»-ро бо худ бурданд.

Қарибиҳои соати нӯҳи шаб Абдуманнон ҳамроҳи як ҷавонзан берун омад. Аз назди хона ба таксие (эҳтимол онро фармоиш дода буданд) нишаста, ҷониби ноҳияи Ваҳдат рафтанд. Вақте ки таксӣ ба тангкӯча даромад, пайгирҳо ба сабаби ошкор нашудан дар сари кӯча истода, бо Ризвонов дар робита шуданд. Ӯ таъкид кард, ки Абдуманнон ба хонаи акааш рафтааст. Таксӣ баъди ним соат ба қафо баргашт. Абдуманнон ва ҳамсафараш якҷоя буданд. Онҳо боз ба манзили ҳамон ҷавонзан баргаштанд. Дар утоқи ошёнаи сеюм чароғ равшан шуд.

Таксиро дар назди бинои мағоза нозири автомобил боздошт. Дар паҳлӯяш нишаста фармуд, ки сӯи бинои Бозрасии давлатии автомобили шаҳр (ки дар кӯчаи Островский 12, ноҳияи Шоҳмансур воқеъ аст) ҳаракат кунад.

Бегоҳӣ дар ҷаласаи ситод, ки то соати дуи шаб таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузашт, оид ба корҳои анҷомгирифта навидҳо шунида шуданд. Ғафуров, ки ба ҳайси роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ таъин шуда буд, хабар дод, ки ронандаҳои ҳарду таксӣ мавриди пурсиш қарор гирифтанд, соҳиби хонае, ки шаб баъди омаданаш «Каждум» аз Ваҳдат чароғ дар он фурӯзон шуд, аниқ гардид. Нисбати кӣ ва чӣ кора буданашон таҳқиқ идома дорад. Далелҳо аз боғоҷхона гирифта шуданд.

Раиси Кумита таъкид кард, ки корро давом диҳанд. Ҳамаи атрофиёни «Каждум», касони вохӯрдаи ӯро аниқ карда, чора андешанд.

Қарибиҳои соати нӯҳи саҳар аз даромадгоҳ ҷавонзани тахмин биступанҷсола берун шуд ва сӯи ошёнаи якуми бинои «Моҳи нав» ки он ҷо мағозаи хӯрокворӣ буд, рафта ширу қаймоқу нон харид. Ӯ муддате бо фурӯшанда сӯҳбат дошт ва бо лабҳои пуртабассум ба хона баргашт. Ходими пайгир аз роҳбари ситод иҷозат пурсид, ки бо фурӯшанда ҳамсӯҳбат шавад.

Фурӯшанда хеле ширинсухан буд. Баъди шиносоӣ пайгир шӯхиомез пурсид:

– Ҳамин занро, ки ҳозир аз наздатон рафт, мешиносед?

– Албатта, чӣ буд?

– Не, ҳеҷ гап не. Росташа гӯям як чанд бор дидам. Ба ман писанд аст, касеро намешиносам, ки дар борааш пурсам.

– Шумо мардҳо ҳама як хел, – посух дод зан ишваомез. – Модари ин зан русу падараш тоҷик. Дар ана он бинои чорошёна зиндагӣ мекунад. Номаш Ситора. Бечораи бебахт.

– Чаро ин хел мегӯед?

– Як сол пеш ба кадом як корманди савдо зани дуюм шуда буд. Бечора тақдири бад доштааст. Ҳамон мардаки дар қимор бой дода, ба куҷое гурехтааст ё ҳабс шудааст, инашро аниқ намедонам.

– Э хоҳар, дидед? Мо берӯзием. Дар куҷо кор мекардааст?

– Дар фабрикаи «Ширин». Аз рӯи баст кор мекунад.

– Хайр, раҳмат ба шумо. Дигар аз дунболаш кашола намешавам. Хотирам ҷамъ шуд.

Дар ситод аллакай тамоми маълумот нисбати Ситора ҷамъ оварда шуда буд. Фақат пайти муносиб ёфта, ӯро пурсидан лозим меомад.

Шаби сеюм ба назди бинои истиқоматӣ мошини «Жигули»-е омад. Аз рӯи рақами давлатиаш аз вилояти Хатлон буд. ҷавони тахмин биступанҷсола аз мошин фаромад ва рост ба даромадгоҳи биное, ки он ҷо Абдуманнон мезист, ворид шуд. Баъди се-чор дақиқа ӯ ба назди мошинаш баргашт, савори он дар назди бинои мағоза қарор гирифт. Абдуманнон низ аз пайи ӯ аз хона берун шуд ва дар назди мағоза ба «Жигули» нишаст. Ҳине мошин ҳаракат намуд, пайгирҳо онро дунболагир шуданд. Сабукрав аз меҳмонхонаи «Душанбе» гузашта, ба самти Ваҳдат рафт. Пайгирон мошинро то гардиши деҳаи Чуқайшӣ ҳамроҳӣ карданд. Баъд маълум шуд, ки Абдуманнон ба хонаи худ, назди зану фарзандонаш меравад.

 

Ман гунаҳкорам

 

«Жигулӣ» рост ба ҳавлӣ даромад. Болои айвон духтари Абдуманнон, ки аллакай панҷсола шуда буд, марди ношиносро дида «оча, оча» – гӯён сӯи хона давид. Абдуманнон дар саҳни ҳавлӣ истода, чӣ карданашро намедонист. Мехост, ки пеш равад, аммо ёрои рафтан надошт. Хаёлоти айёми гузашта паҳнои сарашро фаро гирифтанд. Худашро гунаҳкор медонист, ки чӣ қадар бадбахтиҳоро ба сари ин хонадон овард. Чӣ гуна рӯзгори хуше доштанд бо Моҳира.

Аз тарафи танӯрхона ҳамсараш Моҳира намудор шуд. Баробари дидани Абдуманнон тозон ба назди ӯ омад. Аз марди ношинос шарм дошт. Агар мешинохт, худро ба оғӯши шавҳар мепартофт ва гириста дилашро холӣ мекард... Ниҳоят, Моҳира бо чашмони гиряолуд ба шавҳараш салом дод. Ба хона даромаданд. Абдуманнон сархам писарашро пурсид:

– Салимҷон, – гуфт Моҳира, – дар хонаи бибияш. Соҳибҷамол ҳамин ҷо.

– Соҳибҷамол аз ман гурехт, – бо таассуф хабар дод Абдуманнон

– Ба хона дароед, баъди ним соат унс мегирад. Як сол зиёд шуд, ки шуморо надидааст.

Абдуманнон ба ронанда, ки дар назди дарвоза меистод, рӯ овард:

– Исмат, биё, ба хона дароем.

Моҳира кӯрпача партофта, дастархон орост. Таом тайёр шуд. Бо хоҳиши Абдуманнон Моҳира сари дастархон нишасту Соҳибҷамол сари зонуи модар. Абдуманнон чолокона Соҳибҷамолро аз сари зонуи завҷааш гирифта, ба бағалаш шинонд. Соҳибҷамол оҳиста-оҳиста одат кард. Баъди муддате бо як лаҳни ширини кӯдакона пурсид:

– Дадаҷон, шумо дигар намегурезед?

– Не, бачем, ман ҳеҷ вақт нагурехта будам. Кӣ гуфт, ки ман гурехтам?

– Дар кӯча дугонаҳоям ба ман мегӯянд, ки дадаи ту гуреза, аз хонаатон гурехтааст.

Абдуманнон ба Моҳира нигарист. Моҳира мақсади ӯро фаҳмид.

– Ин овоза дар деҳа аз рӯзе, ки шумо рафтед, пайдо шуд. Ҳар кас ҳар хел гап мезанад. Бачаҳоро кӯдакҳои ҳамсоя таъна мекунанд. Барои ҳамин писарамонро ба хонаи бибияш фиристодам. Ӯ бисёр ғам мехӯрад.

– Хайр, занак ғам нахӯр. Қарзҳоямро баробар мекунаму дигар шуморо зери бори маломат намегузорам, – гиря Абдуманнонро гулӯгир кард. – Ба хонаи акаам рафтам, модарам набуд. Хостам, ки ӯро бинам, гуфтанд, ки ба Файзобод – хонаи апаам рафтааст.

Моҳира дар бораи вафоти хушдоманаш ба Абдуманнон чизе нагуфт. Дар асл кампир ним сол пеш бандагиро ба ҷо оварда буд.

– Акаам ба ман ҳам як ҳафта пеш ҳамин гапро гуфта буд, – сухани ҳамсарашро тақвият бахшид Моҳира.

– Хайр, баъзе корҳо мондааст. Ҳамонҳоро анҷом диҳам, баъд рафта хабар мегирам, – гуфт Абдуманнон. –Ҳа, як чизро пурсам: маро, баъди рафтанам, накофтанд?

– Як моҳ баъд аз рафтанатон кормандони амният пурсиданд ва ду – се расмро омада аз хона бурданд, – гуфт Моҳира.

– Аз ин мебарояд, ки ман дар кофтуковам?

– Аз эҳтимол дур нест, – гуфт Моҳира.

– Хайр, Моҳира, мо мехезем.

– Ақаллан шаб намеистед?

– Як-ду кор мондааст. Ба итмом, ки расондам, баъди ду – се рӯз бармегардам. То ин вақт писарам – Салимҷонро ба хона биёр.

Абдуманнон аз кисааш як қабза пул ба Моҳира дароз намуд.

– Ин ҷо панҷоҳ ҳазор доллар. То омаданам... дар рӯзгор сарф мекунӣ.

Моҳира пулҳоро гирифт, боз ашк дар чашмонаш чарх зад. Абдуманнон хайру маъзур кард, Соҳибҷамолро бардошта аз пешонааш бӯсид. Баъд ба мошин нишаста ба ронанда:

– Исмат, ҳай кун, – гуфт.

Чун аз ҳавлӣ баромаданд ба Исмат фармуд, ки тавассути ағбаи Чормағзак ба ноҳияи Восеъ равад. Аз назди кӯпруки дарёи Ваҳдат Исмат ба тарафи чап – ҷониби Кӯлоб гашт. Пайгирҳо онҳоро дар Себистон интизор буданд...

 

Боз гурехтан лозим

 

Абдуманнон тайи чанд рӯзи ба ватан баргаштанаш, аз корҳои гузашта дарун – дарун афсӯс мехӯрду месӯхт. Аммо барояш пул лозим буд. Ӯ бовар ҳосил кард, ки дар кофтуков қарор дорад. Қарор дод, ки аз фармоишгарон пул талаб намуда, боз як бор аз қаламрави ҷумҳурӣ берун хоҳад рафт.

Бегоҳӣ ба хонаи бобои Карим расиданд. Бобо нав аз боғ омада, баъди адои намоз, дароз кашида дам мегирифт. Садои мошинро шунида, сарашро бардошт.

– Бобо, куҷоед шумо?

Бобо соҳиби овозро шинохт:

– Э, биё, биё пазмон кардӣ, на хату на хабар. Бача, беэътиқод будаӣ, – гуфт.

Абдуманнон ба Исмат фармуд, ки ӯро дар мошин интизор шавад.

– Бобо ин мактубро ба Хоркаш диҳед, то ки дар ду – се рӯз ҳал кунанд. Баъди чор рӯз ман хабар мегирам. Агар супорише набошад, мо бармегардем, – гуфт Абдуманнон.

Онҳо ба пойтахт бозгаштанд. Дар назди мағоза Абдуманнон аз мошин пойин омаду Исмат роҳашро идома дод. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ барои баланд намудани суръати ҳаракат мошини ӯро боздошта, ҳуҷҷатҳояшро гирифтанд, Фармуданд, ки аз ақиби онҳо биёяд.

Бобо ва Шариф бо Ҳасан вохӯрда, мактуби Абдуманнонро кушода бо мазмунаш ошно гаштанд. Тавассути Аламшоҳ бо дастрасии меъёрҳои тафтишот протокол тартиб дода, сипас ба бобо бозпас доданд, то ки ҳини вохӯрӣ бо Хоркашу Саид, ба онҳо расонад.

Нисбати мактуб ва дархостҳои Абдуманнон ба марказ барқия фиристода шуд ва ҷавоб омад.

 

Махфӣ №1

Ба Сардори гурӯҳи фаврии шӯъбаи

вилоятии Кумитаи амнияти миллии ҶТ

дар ш.Кӯлоб полковник ғоибов М.

 

«Дар ҳолати иҷрои дархостҳои «Каждум» аз ҷониби фармоишгаронаш Хоркаш ва Саид дастгир карда шаванд. Имконият диҳед, ки дар ин чорабинӣ бобо ҳам бошад ва гӯё ки онҳоро якҷоя ба ҳабс мегиранд.»

Сардори Раёсати тафтишоти

Кумитаи амнияти миллии ҶТ

полковник Ҷамолов Н.

 

 

Дастур ва усули ташкили чорабинӣ бо бобо маслиҳат шуд . Ҳасан фармуд, ки вохӯрӣ дар хонаи бобо баргузор гардад. Аз рӯи маслиҳат бобои Карим дар боғ бо Хоркаш ва Саид вохӯрда, мактубро дода, арз дошт, ки баъди се рӯз онҳоро шабона дар хона интизор мешавад.

 

Ҳар оғоз анҷоме дорад

 

Хонаи бобо дар паҳлӯи мактаб буд. Рӯзи шанбе гурӯҳи «Набат» дар синфхонае шабона мавқеъ гирифт. Вазифаи он дастгир намудани афғонҳо буд. Аз рӯи гуфти бобо, афғонҳо бо худ силоҳ доштанд. Рамзи огоҳкунандаи оғози амалиёт хомӯш шудани чароғи долони бобо таъин гашт. Дар ҳамин лаҳза «Набат» бояд гумонбаршудаҳоро дастгир менамуд. Ҳамзамон бо боздошти афғонҳо дар Душанбе ҳамвора Абдуманнон низ дастгир мешуд.

Соати сеи шаб Ҳасан ба саҳни ҳавлии мактаб омад. Ӯ дид, ки чароғи долони бобо хомӯш гашт. Оҳиста ба сардори гурӯҳ Хуршед Пиров гузориш дод, ки амалиётро сар кунанд. Бо фармони Хуршед Пиров аъзои гурӯҳ барқвор худро ба ҳавлӣ заданд. Шаш нафари онҳо оҳиста ба дари даромад наздик шуда, якбора дарро кушода даруни ҳуҷра ҷаҳиданд. Хоркаш хост, ки аз паҳлӯяш автоматро гирад, вале фурсат наёфт. Дар як миҷҷа задан дастҳои Саид, Хоркаш ва боборо баста ҳар сеяшонро қатор шинонданд. Муфаттиш Аламшоҳ Аҳмадов ва Ҳасан дар иштироки ду одами холис ба азназаргузаронӣ шурӯъ карданд. Аз борхалта 13 кило героин, як миқдор доллари амрикоӣ, як дастгоҳи мухобира, даҳ тӯфангчаи тамғаи «ТТ» ёфт шуд. Ду автомате, ки Хоркаш ва Саид бо худ доштанд, ҳамчун далели шайъӣ мусодира шуданд. Ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ ба мошинҳо шинонда, ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Ҳамадонӣ, барои бозпурс бурданд. Боборо Ҳасан ба мошини худ шинонда, ба шӯъба овард.

Бо амри Ҷамолов гурӯҳи дуюми «Набат»-и Кумита низ барои дастгир намудани Абдуманнон омодаи амал шуд.

Маълумот расид, ки Абдуманнон чипта харида, бо қатора ба Русия рафтанист. Вақте аз Кӯлоб дар хусуси анҷоми муваффақонаи амалиёти якум ба раиси кумита гузориш расид, Ҷамолов Ғафуровро даъват намуда, амр дод:

– Зафар, амалиётро оғоз кунед. Беҳтараш, ки аз рӯи имкон дар кӯча номаълум дастгир шавад!

Гурӯҳи кофтукови тафтишотӣ дар назди бинои мағозаи «Моҳи нав» қарор дошт. Абдуманнон аз хона баромада ба таксие, ки фармоиш дода буд, нишаст. Аз баромадгоҳи якӯми мағоза се тан аз «Набат» оҳиста таксиро иҳота намуда, аз ду тараф дарҳоро кушода, ду нафарашон Абдуманнонро миёнагир намуданд. Сеюмӣ – паҳлӯи ронанда нишаст. Аз атрофиён ҳеҷ кас пай набурд. Таксӣ рост ба ҳавлии Раёсат ворид шуд. Дарҳои мошинро кушоданду Абдуманнонро ба ошёнаи якуми бино – Раёсати тафтишот бурданд.

Нурсаид Ҷамолов онҷо худ ва ҳамкоронашро ба Абдуманнон шинос намуд.

– Ман Нурсаид Ҷамолов – сардори Раёсати тафтишотии Вазорати амнияти миллии Тоҷикистон, ин кас полковник Ризвонов – сардори Раёсати контрразведка, шахсе, ки дар муқобил нишастааст, майор Ғафуров – сармуфаттиш оид ба корҳои махсус. Парвандаи ҷиноӣ нисбати шумо дар дасти ӯст. Агар хато накунам, шумо Саидов Абдуманнон, зодаи қишлоқи Чуқайшии ноҳияи Ваҳдат, соҳиби ду фарзанд, боз давом диҳам?..

– Лозим нест, рафиқ полковник, – гуфт бо ҳаяҷон Абдуманнон, ки дар дақиқаҳои аввал худро бой доданӣ набуд. Ман худам ҳамаашро батафсил мегӯям. Аммо пеш аз ин, савол дорам.

– Марҳамат!

– Сабаби ба ин идора овардани ман дар чист?

– Шумо ҳоло ҳам пай набурдед? – пурсид Нурсаид Ҷамолов.

– Мебахшед. Мумкин, саволро нодуруст мондам. Аниқтараш пурсиданиам, ки тақдири ояндаам чӣ мешавад?

– Инаш ба худи шумо вобаста. Илоҷи сарнавиштатон дар дасти худтон!..

– Маро ба чӣ айбдор мекунед?

– Шумо ҳоло айбдор не, гумонбар шудаед, – ба гуфтугӯ ҳамроҳ шуд Ризвонов.

– Ман ҳуқуқ дорам, ки адвокат дошта бошам?

– Албатта, – посух дод Зафар Ғафуров.

– Агар иҷозат бошад, худам маълумот медиҳам, – бофтаҳои худро ба миён гузоштанӣ шуд Абдуманнон.

– Ихтиёр доред, – далолат намуд Нурсаид Ҷамолов.

– Як сол пеш бо оилаам гапамон гурехту қаҳр карда аз хона баромадам, ба нақли худ ҳусни оғоз бахшид ӯ. – Аз вокзали роҳи оҳани Душанбе чипта харидаму ба Тошканд сафар кардам. Ҳамон ҷо дар Чирчиқ як ҷӯраам дар заводи самолётбарорӣ кор мекард. Пешаш рафтаму аз ӯ илтимос намудам, ки ёрӣ диҳад, то ягон ҷо кор ёбам. Гуфтам, ки то ба қадри иззатам расидани оилаам ҳамин ҷо мемонам.

– Ин кай буд? – пурсид Ғафуров.

– Тобистони соли гузашта.

– Шумо он ҷо чанд вақт мондед?

– Як сол.

– Кай баргаштед?

– Се рӯз шуд.

– Аз рӯи нишондодҳои Боқӣ шумо як сол пеш дар қимор бой додед. Ин ҳақиқат аст?

– Ин ҳамон Боқии чекчини бозор бошад? – худро ба нодонӣ зад Абдуманнон.

– Аз мо мепурсед? – ҷавобан гуфт Нурсаид.

– Ҳа, мебахшед. Як вақт бо онҳо қиморбозӣ мекардам, – ноилоҷ эътироф намуд Абдуманнон

– Ҳамсаратон Моҳира Саидова гуфтанд, ки шумо пеш аз рафтан ба он кас хабар додаед, ки қарздор шудед ва барои ҳамин муваққатан аз хона меравед. Оё гуфтаи ҳамсаратон дуруст аст?

– Бале, рафиқ полковник. Ман сабаби ҷанҷоламонро ба ҳамсарам нагуфтаам. То андозае гуфтаҳои Боқӣ ва Моҳира дурустанд. Мақсади сафари ман ҷамъоварии маблағ ва бозпас додани қарз буд.

– Гумонбаршуда Саидов! – Ҷамолов хост гуфтугӯро аз маҷрои аслӣ берун норафта, бар асли ҳақиқат пойбанд дорад. Мо далелҳое дорем, ки бар хилофи гуфтаҳои шумоянд. Шумо то ҳоло сарфаҳм нарафтед, ки ҷиноят содир кардаед?

– Мебахшед, чӣ хел ҷиноят? – худро ба нодонӣ зад Абдуманнон.

– Марҳамат, бо ин протокол шинос шавед.

Абдуманнон бо протоколи пешниҳоди суратҳо шинос шуда, он ҷо баёноти шоҳид – корманди истгоҳи обкаши ноҳияи Панҷ, ки дар расм шинохтани чеҳраи марзшиканро тасдиқ намуда буд, бодиққат хонду дилаш якбора таҳ зад. Ба хотири пӯшида нигоҳ доштани ғалаёни сарди вуҷуди худ об пурсид:

– Агар иҷозат бошад, як қулт об медодед.

Полковник Ризвонов дар пиёла аз суроҳӣ (графин) об рехта, ба ӯ дод. Абдуманнон ки дар ҳаяҷони сахт буд, обро нӯшиду дар ҷавоб ба теғи нигоҳҳои ҷавобҷӯёнаи кормандони амният чӣ гуфтанашро надонист.

– Мебахшед, ҳар гуна андеша халал мерасонанд, то фикрамро ҷамъ созам.

– Шумо саросема нашавед, – таҳдор гуфт Ризвонов. – Мо дар болои саҳнаи театр қарор надорем, ки ҳунарнамоӣ кунем. Ин ҷо мақомоти бехатарӣ аст ва сухан дар бораи ҷиноят меравад. Наход ки то ҳол дарк накарда бошед?

– Мебахшед, мебахшед. Ҳозир ҳамаашро мегӯям, – норозигии Ризвоновро эҳсос намуд Абдуманнон, – Дар ҳақиқат аввалҳои баҳори соли гузашта қиморбозӣ карда, давлату савлатамро бой додам. Дар аввалҳо бозӣ омад мекард ва бурдҳои калон доштам. Вале ҳар ҷое, ки бурд ҳаст, бе бохт намешавад. Охирон, мо бо «лигаи олӣ» – бозидему он ҷо хонаамро ба гарав гузоштам, мутаассифона, бохтам. Омад накард. Онҳо пул талаб карданд. Ман вақт пурсидам ва ба ҳамин хотир ба хулоса омадам, ки ба Афғонистон меравам. Он ҷо ҷанг рафта истодааст ва ба ягон гурӯҳ шомил шуда меҷангаму маблағ, ки ҷамъ кардам, бармегардам. Муддати се – чор моҳ дар Толиқон будам. Барои муҷоҳидини афғон обу хӯрок мекашидам ва қумандони онҳо вақти баргаштанам бист ҳазор пули амрикоӣ дод. Баъди се ё чор моҳ баргаштаму қарзҳоро, ки даҳ ҳазорро ташкил мекард, баргардонидам. Вақте фаҳмидам, ки дар кофтуков ҳастам, ба Тошканд рафтам. Ман дар ҳақиқат гунаҳкор ҳастам. Дигар илоҷ надоштам. Агар имконият бошад, ба хотири фарзандонам маро бубахшед ва ҷазо надиҳед.

– Додан ё надодани ҷазо ин ваколати суд аст, на аз мо, – гуфт Нурсаид Ҷамолов.

– Шумо дар кадом минтақа марзи давлатиро шикастед? – пурсид Ғафуров.

– Дар дидбонгоҳи 12-ум. То оғози субҳ гузаштам.

– Чаро пуштнокӣ рафтед?

– Барои он ки сарҳадбонҳо фикр кунанд, марзро нафаре аз Афғонистон вайрон карда, ба ҳудуди Тоҷикистон омадааст.

– Шуморо чӣ хел бе ягон санҷиш, ба гурӯҳи муҷоҳидин дохил карданд?

– Рафиқ майор, инашро намедонам.

– Шумо ҳини бозгашт аз кадом минтақа ба ҷумҳурӣ ворид шудед? Расмӣ ё ғайрирасмӣ?

– Ман боз тавассути ҳамон дидбонгоҳи 12-и ноҳияи Панҷ, ғайрирасмӣ баргаштам.

– Чаро ба ягон мақомот муроҷиат накардед?

– Росташ, ки тарсидам. Ҳозир, ки диламро холӣ кардам, худро сабук ҳис мекунам. Дигар тақдири ман дар дасти шумост.

– Не домулло, тақдири шумо дар дасти қонун аст!..

Баъди омода кардани протоколи пурсиш Нурсаид Ҷамолов фармуд, то Абдуманнонро баранд.

 

Талвоса

 

Бинои маҳбас. Ғафуров ҷузъдонашро монду ба назди сардор омад, хоҳиш намуд, ки чой фармояд. Худаш аз нонвой ду нони гарму қаймоқ оварда буд. Онҳоро рӯи миз, чойники чойи нав дамкардашуда ва пиёлаҳоро наздаш гузошт. Дастур ба дасти маҳбусон додани ашёи шишагин, оҳанӣ ва дигар лавозимоти сахту буррандаро қатъиян манъ менамуд.

Ӯ гӯширо бардошта, аз назоратчии навбатдор хоҳиш кард, ки Саидовро ба утоқи панҷум биёранд. Дар кушода шуду назоратчӣ иҷозати ворид шудан пурсид.

– Марҳамат, дароед, – гуфт Зафар.

Назоратчии якум ба утоқ даромаду аз пушташ Саидов ва баъди ӯ назоратчии дуюм.

Саидов гузашта дар пушти миз нишаст. Зафар ба назоратчиён миннатдорӣ изҳор намуд. Онҳо баромада рафтанд. Зафар ҷониби Абдуманнон Саидов нигарист ва таклиф намуд, ки ягон чиз хӯранд. Худаш аз ҷо хеста нонро шикаст ва қаймоқи пиёларо ба назди ӯ монд. Абдуманнон чунин муомиларо чашмдор набуд. Таи ду-се рӯзе, ки ҳабс шудааст, нигарон буд, ки кай ӯро таги шиканҷа мегиранд. Аммо ба ҷои он – муомилаи хуб... Обу нону хӯрок медиҳанд. Духтур аз саломатиаш хабар мегирад. Дар он тарафи дарё ба ӯ гуфта буданд, ки маҳбасхонаи амният бадтар аз зиндони амир аст, он ҷо азоб медиҳанд. Барои гап гирифтан аз симҳои барқӣ истифода мекунанд. ин гапҳо дурӯғ. Риштаи хаёлоти ӯро гапи Зафар бурид.

– Абдуманнон – шарм надор. Гир, ягон чиз бихӯр.

Зафар нон шикаста, бо қаймоқ мехӯрд. Абдуманнон худро каме озод ҳис намуд, чой нӯшид, ба қаймоқу нон ҳам даст бурд. Пас аз поёни субҳона, Зафар ба ҷояш гузашта, коғазҳоро аз ҷузвдон берун овард.

– Оқои Абдуманнон, корро сар мекунем.

Абдуманнон бо ишораи сар розӣ шуд.

– Баъди чанд рӯз ба шумо айб эълон мешавад, метавонед, адвокат гиред.

– Ҳатман, адвокат мегирам, – гуфт ӯ.

– Мо аз бародаратон хоҳиш кунем, ки дар ин кор кӯмак расонанд?

– Илтимос, ҳамин корро накунед. Онҳо аз омадани ман ҳанӯз бехабар, – илтиҷо намуд Абдуманнон.

– Оё бо таксӣ, ҳамроҳи маъшуқаатон Ситора Каримова ба хонаи бародаратон нарафта будед?

– Рафта будам. Хонаи худам ҳам рафтам. Фикр доштам, ки шумо аз ин бехабаред. – Абдуманнон тадриҷан рамуз мегирифт, ки аз ҳамаи ҳаракату амалҳои ӯ кормадони амният бохабаранд, – Ситора маъшуқа не, зани дуюми ман буд. Ҳоло бо ӯ зиндагӣ намекунам.

– Чӣ хел? Баъди бозгашт аз Афғонистон, чанд рӯз дар хонаи ӯ будед-ку?

– Ҳа, дар хонаи ӯ будам, – иқрор шуд вай.

– Таъкид мекунам: аз рафтори шумо дар тафтишот, бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳама, мӯҳлати ҷазо. Шумо ҷиноят содир кардед. Чаро намехоҳед ҳақиқатро гӯед? – қотеона суол кард Зафар.

– Рафиқ муфаттиш, он чӣ ки медонам, гуфтам. Баъзе чизҳо аз ҳаяҷон фаромӯш мешавад.

– Аз Афғонистон бо худ чӣ ашёву лавозимот овардед?

– Якчанд китоби динӣ. Бист ҳазор доллар. Дигар ҳеҷ чиз...

– Дар бағоҷхонаи роҳи оҳан ягон чиз нагузоштаед?

– Ба фикрам, не.

– Аниқтар ҷавоб диҳед.

– Не, надоштам.

– Марҳамат, ба ин суратҳо нигаред. Онҳо бо иҷозати прокурор аксбардорӣ шудаанд. Баёноти ронандаи таксӣ Ҳаёт Умаровро низ хонед. Ӯ шуморо то вокзали роҳи оҳан бурда буд... Чӣ гуфтание доред?

– Ин дуруст аст. Хостам, пулҳоро он ҷо пинҳон кунам, вале аз райъам гаштам. Тарсидам, ки медузданд. Бо ҳамин мақсад он ҷо будам.

Ғафуров ба назоратчӣ занг зада фармуд, ки муфаттиш Аламшоҳ Аҳмадовро ҷеғ занад. Аламшоҳ бо ҳамроҳии Назар Хосабеков ҳозир шуданд. Дар ҳузури онҳо Ғафуров аз Абдуманнон пурсид:

– Шумо бо худ «кейс-атташе» доштед?

Саидовро лаҳзае ҳаяҷон зер кард. Ӯ мадори сухан кардан надошт. Қатраҳои арақи сард пешонаашро пахш кард. Забонаш ба комаш часпиду ҳаяҷонашро фурӯ бурда, худро ба даст гирифт.

– Не, «кейс-атташе» надоштам.

Ҳолати зоҳирии Абдуманнонро мушоҳида намуда, Зафар қотеона гуфт:

– Аз рӯи хулосаи эксперт «кейс» ва аз дастаи он пайи ангуштони шумо ёфт шуд. Эксперт ҳамин ҷост. Фаттоҳ, бо хулоса ӯро шинос кунед!

Фаттоҳ хулосаро барои шиносоӣ назди Абдуманнон гузошт.

– ... Кейс азони ман аст, – ба ҷуз иқроршавӣ барои Абдуманнон илоҷи дигар намонда буд.

– Дар дохилаш чӣ буд?

– Пистолети тамғаи «ТТ», диктафон.

– Баъди бозгашт аз Афғонистон ба тарафҳои ҷануби кишварамон сафар доштед?

– Ҷануб? Ин кадом ноҳияҳо?

– Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва ғайра.

– Не, ман дар он тарафҳо шинос надорам.

– Шоҳид Исмат Собиров баёнот додааст, ки бо Шумо ба он тарафҳо сафар дошт. Марҳамат, бо гуфтаҳояш шинос шавед.

Абдуманнон баъди шиносоӣ гуфт:

– Дар ин дунё ба касе бовар кардан лозим набудааст. Ҳамин бача – ҷияни худам. Пеш аз Афғонистонравӣ, чанд рӯз дар хонааш будам.

– Шумо ба хонаи кӣ рафтед?

– Як марди ношинос...

– Мӯҳтарам Аламшоҳ Аҳмадов, протоколҳо бо шумоанд?

– Бале, рафиқ майор.

Саидов боз безобита шуд.

– Пешниҳод кунед, як қисматашро.

– Марҳамат, – Аламшоҳ чанд протоколу суратро, ки рӯзи дастгиршавии Хоркашу Саид сабт карда буд, ба Саидов пешниҳод намуд. Ӯ Хоркашу Саид ва боборо зуд шинохт, даступо хӯрд. Пеши чашмонашро сиёҳӣ зер кард. Забонаш лол гашт. Лабҳояш пиррас заданд. Об пурсид, об доданд. Гиря гулӯгираш кард.

– Маро бубахшед, раҳгум задам, – гуноҳҳои худро пеши назар меовард Абдуманнон. – Ба ман вақт диҳед. Дар ду рӯз ҳамаи гуноҳҳои содиркардаамро ба шумо навишта медиҳам. Коғазу қалам диҳед.

– Марҳамат, хоҳиши дилат, – гуфт Зафар.

Назоратчиён Абдуманнонро бурданд. Ғафуров аз сардори маҳбас Хурсанд Неъматов хоҳиш намуд, ки ба Абдуманнон коғазу қалам диҳанд.

 

Сирри тафтишотро эҳтиёт кунед!

 

Ҳар бегоҳӣ гузарондани ситод кайҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ситод таҳти раёсати Нурсаид Ҷамолов мегузашт. Натиҷа ва чорабиниҳоеро, ки дахолат ё дастгирии кумита лозим мешуд, бо раиси кумита мувофиқа мекарданд. Дар дигар ҳолатҳо масъалаҳо дар ситод ҳаллу фасл мешуданд.

– Хоркаш ва Саид ҳам аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба маҳбас оварда шуданд. Нурсаид аз Зафар пурсид:

– Айбномаро тайёр кардед?

– Бале, рафиқ сардор.

– Як бор қарорро барои шиносоӣ биёред. Эҳтиёт шавед, ки ин ду нафар иштирокчиёни асосии парвандаанд. Рад ё тасдиқшавии ҳар як сухани Саидов ба онҳо вобастааст.

Нурсаид аз Зафар боз пурсид:

– Ба гардан намегирад? Иқрор намешавад-чӣ?

– Дар мавқеъ сахт истодагарӣ дорад. Барои ҳар як даъво ҳатман далел пешниҳод кардан лозим меояд. Далел, ки пешниҳод шуд, бебаҳс фаврӣ тасдиқ мекунад. Ба ҳар ҳол, бо риояи қонуни амалкунанда айбномаро таҳия кардем.

– Тайи сӣ соли охир, – сухани тобеашро тақвият дод Нурсаид, – дар таҷрибаи тафтишоти кумитаи бехатарӣ ин қабил парванда набуд. Сирри тафтишотро эҳтиёт кунед, ки фош нашавад. Аз рӯи маълумоти фаврӣ, ки ба даст овардем, баъзе гурӯҳҳо ҳаракат доранд, ки ин корро ба манфиати худ истифода баранд. Кӯшишҳои додани пора ҳам ҳаст. Ба ин мақсад маблағҳои зиёд ҷудо шудаанд. Се рӯз пеш худи Саидов барои ба дом афтондани назоратчиёни маҳбас кӯшиш намуд. Барои ба берун аз маҳбас баровардани «мактуб» ӯ даҳ ҳазор доллар ваъда кард. Ҳушёр бошед. Ин ҳам бурди мо, ки назоратчӣ одами поквиҷдон будаст. Хаёл накунед, ки дар атрофи шумоён кор намебаранд. Онҳо аз ҳар як хатои шумо агар содир кунед, истифода менамоянд.

Сипас, ҷилави суханро Рамазон Ризвонов гирифт:

– Таъкиду роҳнамоиҳои Нурсаид Ҷамолов бисёр бамаврид аст. Вақте ки дар хонаи усто Зардӣ кофтуков мегузарондем, чанде аз муридҳояш бетартибӣ карданд. Онҳо аз ҳеҷ монеа намеҳаросанд. Ҳадафҳои ифротгаро доранд. Мубориза мебаранд, рақобат мекунанд. Барои ҳамин як бори дигар таъкид кардан аз фоида холӣ нест. Воқеан, пурсиши усто Зардӣ чӣ натиҷа медиҳад? – ба муфаттиши масъули ин кор Раҷабалӣ Рустамов рӯ овард Ризвонов.

– Дирӯз кор сар кардем. Пешравӣ ҳаст. Нисбати Зардӣ бобои Карим, домулло Пирӣ баёнот доданд. Ӯ сарвари ҳаракати ифротии ҷануби кишвар будааст. Аз гуфти ӯ ин ҳаракат аз фидоиёни оянда таркиб меёфтааст. Дар фурсати мувофиқ онҳо мусаллаҳ шуда, барои ба даст овардани аҳдофи худ мубориза мебурдаанд. Чунин аст маълумоти кӯтоҳ дар бораи усто Зардӣ. Нисбати домулло Пирӣ, ки роҳбари ҷабҳа ё ҳаракат аст, таҳқиқ давом дорад.

 

Ба тақдир тан додам

 

Рӯзи нӯҳуми ҳабс шудани Абдуманнон буд. Ба хотири ин ки қонун ин мӯҳлатро даҳ рӯз муқаррар намудааст, Ғафуров бо иштироки адвокат Ниёз Сафаров нисбати гумонбар айбнома эълон кард.

Баъди ба итмом расонидани чораҳои мурофиавӣ Абдуманнон аз Зафар хоҳиш намуд:

– Адвокатро, ки гуселонидед, маро қабул кунед.

Зафар Ғафуров назоратчиро хонд ва хоҳиш намуд, ки то баргаштанаш бо Саидов бошад. Худаш бо адвокат ба дидбонгоҳи назоратии маҳбас рафт. Ғафуров ба утоқи корӣ баргашт. Ба назоратчӣ изҳори ташаккур карду худ ба курсӣ нишаст. Абдуманнон акнун хеле ором шуда буд, содатар карда гӯем, пай бурд, ки бар ҳукми тақдир истодагарӣ аз имкон берун аст.

– Рости гап ин ки рӯзгори хуб доштам, – ба нақли тӯлоние шурӯъ намуд ӯ, – бо ҳамсарам хушбахт будем. Аз мактаби миёна буҷулбозиву қиморбозӣ даст задам. Байни ҷӯраҳоям дар ин ҷода як сар боло будам. Теҳникуми савдоро бо баҳои аъло хатм намудам, лек қиморбозиро давом медодам. Аллакай дар давраи онҳо маро эътироф мекарданд. Дар идораи матлуботи ноҳия кор мекардам. Даромади хуб доштам. Моҳе як маротиба дар Душанбе, дар бозӣ ширкат меварзидам. Бурдҳоям бисёр буданд. Бохтҳо аслан аз зимистони соли гузашта сар шуданд. Умуман, он сол бароям соли бебарор шуд. Хонаву дарамро гарав мондам... Омад накард, бохтам. Шариконе, ки бозиро ба онҳо бохтам, шарт карданд дар муддати як моҳ бист ҳазор доллар пул диҳам ё ки хонаро супорам. Намедонистам, ки он вақт гурӯҳҳое ташкил шудаанд, ки мақсадашон бо роҳи табаддулот ба сари ҳокимият омадан будааст. Агар шумо зид набошед, дар оянда ҳамаи рӯйдодҳои аз сар гузаронидаамро тарзе ки буд, баён кунам.

– Ман розӣ, – гуфт Зафар, – Фақат чизи шударо аз рӯи асли воқеияташ нақл кунед. Инро ҳам бояд гӯям, ки Хоркашу Саиду бобову усто Зардӣ – ҳама ҳабс шуданд.

Абдуманнон ин хабарро бе ягон вокуниш қабул намуд. Аз ботинаш маълум буд, ки ӯ ба тақдир тан додааст.

– Ман ҳам тахмин дарк мекардам, ки – гуфт ӯ, – ин муаммо, мантиқан, ҳамин хел ҷамъбаст мешавад. Агар то як вақти муайян дастгирам намекардед, худ ҳис мекардам, ки таҳти назорат ҳастам. Сари мақсад меоем. Ба воқеияти сарнавишти ман, ки бо дасти худ, бар хилофи амри дил талх сохтам, гӯш фаро диҳед.

 

Тори анкабут

 

Шиносҳоям – Латиф ва Зариф моҳи майи соли гузашта, баъди бохти калон дар қимор, ба Душанбе даъватам карданд. Дар кӯчаи Чехов вохӯрдем. Вақте суроғаи ҳавлиро ёфта омадам, он ҷо чанд нафари бароям ношинос ҳузур доштанд. Ҳавлии кӣ буд, то ҳол намедонам. Латиф аз дарвоза маро дида, пеш омад:

– Даро Абдуманнон. Моро интизор кардӣ.

– Акаи Латиф, то аз паскӯчаҳо гузашта ин хонаро ёфтам, ки як соат вақт гузашт.

– Ҳеҷ боке не. Муҳим ин, ки омадӣ, яъне масъулият ҳис мекунӣ.

– Ман ҳеҷ гоҳ дудилаву буздил набудам. Дар сар тоқӣ дорам, ҷавонмардам! – гуфтам.

– Воҳима накун, Абдуманнон. Гапи бисёр – як хара бор. Аввал қарзро бидеҳ, баъд калон гап зан. Ё то охири моҳи май қарзҳоро меканӣ, ё ки хонаву даратро мегирам. Дар ин бора се – чор рӯз пеш, дар ҳавлиат, назди оилаат мо гап зада будем. Ту худ медонӣ, – омадани маро дида, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Зариф.

– Акои Зариф, ин маблағ як доллару ду доллар нест, ки ман ба зудӣ баргардонам. Гап дар бораи бист ҳазор меравад. Ақаллан вақт лозим, ки...

Марди ришдори миёнсоле, ки аз ҳама боло нишаста буду бо ӯ ҳама «устод» гуфта муроҷиат мекарданд, ба гап даромад.

– Домулло Зариф, шумо ӯро ин қадар сахт гирифтед? Ман ба ӯ роҳи осони халосиро аз қарз меёбам.

– Чӣ роҳе будаст? – тоқат накарда пурсидам.

– Саросема нашав, батафсил ҳамаашро мефаҳмонам. Бародарҳоятро, ки узви ҳаракати моанд, нағз медонам. Онҳо тавсия доданд, ки роҳи ягонае, ки шуморо ба ростӣ ҳидоят мекунад ва аз қимор халос мешавед, ин ҳамкорӣ бо мост.

– Чӣ хел ҳамкорӣ ва шумо кистед? – пурсидам ман.

– Дар вақти зарурӣ, ҳамаашро мефаҳмонем. Фақат ба мо забонхат медиҳед, ки агар лозим шавад, ҷонро ҳам дар ин ҷода фидо мекунед. Мо туро ба содир намудани ҷиноят далолат намекунем. Розӣ ҳастӣ?

– Агар фоидае дошта бошад, чаро не! – аз пайдо шудани роҳи бозпас додани қарз қувват гирифта, ҷавоб додам.

– Латиф, марҳамат, дар ин дафтар забонхат нависад.

Латиф дафтарро кушода ба дастам дод.

– Чӣ нависам?

– Нависед, ки «ҷону ҷисмамро фидои ин ҳаракат мекунам» ва имзо.

Забонхатро навишта, зери он имзо гузоштам. Ҳамон мард бароям чанд муқаррароти ҳатмиро пеш гузошт:

– Ба ҳамсаратон гӯед, ки барои пардохти қарзҳо як муддат ғайб мезанед ва воҳима накунанд. «Бародарҳоятон» оиди ин масъала медонанд. Ба ягон милиса ариза барои кофтукоби шумо наменависанд. Баъди ду рӯз шуморо ҷиянатон Исматулло аз Қӯрғонтепа омада мебарад. Дар ҳолати пурра иҷро намудани супоришҳои пешистода авфномаи қарзҳоро мегиред.

Рӯзи дигар рӯи кати долон дароз кашида, фикр кардам:

«Инҳо чӣ гуна одамонанд? Ҳаракаташон кай ташкил ёфта бошад? Ва чӣ хел ҳаракат? Чаро муддати дароз бо тавсияи «акаҳо»-ям махсус ба давраҳо кашола карда мебурданд, ки бой диҳам. Хайр, вақт ҳамаашро нишон медиҳад.

«Жигули» – и Исмат аз рӯи таъини пешакӣ субҳи рӯзи дигар омад.

Моҳира Исматро дер боз надида буд, пурсупоси гарм намуд.

Ҳа, Исматҷон нағз ҳастӣ? Келин саломат аст? Дер боз намеоӣ. Қаҳр кардӣ ё ягон саги бегона почаатро газид? – гуфт.

– Не, янга, ҳамааш дуруст. Баҳор, корҳои деҳқонӣ, ташвиш бисёр, – баҳона пеш овард Исмат.

Моҳира хост чой дам кунад, вале Исмат нагузошт.

– Янга, як сари қадам омадам. Вақт нест, кор дорам.

Вақте ки Моҳира дур шуд, Исмат оҳиста ишора кард:

– Тағо, амр шуд, ки шуморо ба Қӯрғонтепа барам. Барои он ки янгаам аз ман гумонбар нашавад, дуртар рафта меистам. Шумо зудтар биёед.

Ӯ ба мошинаш нишаста рафт.

Моҳира баъди рафтани ӯ пурсид:

– Исмат рафт? «Хайр» ҳам нагуфт-е!..

– Мумкин, боз гашта меояд, – гуфтам.

Оҳиста ба ҷои хоби фарзандонам даромада, онҳоро бӯсида аз ҳавлӣ баромадам.

Дар кӯча рӯ ҷониби хона гардонда, зери лаб, чанд бор: «алвидоъ, алвидоъ, то боздид!» – гуфтам. Ба мошин нишастаму Исматулло ба роҳи калон баромад, ҷониби Душанбе роҳ пеш гирифт. Аз маркази пойтахт гузашта, тарафи комбинати нассоҷӣ ва аз он ҷо бо роҳи комбинати гӯшт, ҷониби ноҳияи Рӯдакӣ, сипас сӯи Қӯрғонтепа ҳаракат намудем.

Ба хонаи Исматулло омадем. Сару рӯямро шуста, камтар дам гирифтам. Баъди шом бо пешниҳоди Исматулло ба Вахш рафтем. Мошинро дар кӯча назди як дарвоза нигоҳ дошт. Ҳарду ба ҳавлӣ даромадем. Болои айвон ду кас болиштҳо зери китф, каҷпаҳлӯ зада сӯҳбат доштанд. Чунон саргарм, ки омадани моро пай набурданд.

– Ассалому алайкум, пирам! – наздик шуда даст дод Исмат.

– Э, Исматулло, биё. Дар тафси сӯҳбат бехабар мондам, – бо Исмат салом намуд марди миёнсоли муллонамо. Шахси дуюм ҳам аз ҷо хест.

– Хуш омадед, Абдуманнон, – ба ман муроҷиат кард соҳиби хона.

Дар аввал ҳайрон шудам, ки номи маро ӯ аз куҷо медонад. Чун рӯи кӯрпача нишастем, дар рӯшноии чароғ зеҳн монда ӯро шинохтам. Ӯ марде, ки дар Душанбе аз ман забонхат гирифта буд.

– Домулло нағзед. Аҳли байт саломатанд? – гуфтам.

– Худоро шукр. Канӣ мулло Зардӣ як фотеҳа кунед.

Баъди фотеҳа домулло ба ман Зардиро муаррифӣ кард.

– Исматулло рав бачам, ёрдам кун, хӯрока кашанд.

– Хуб шудаст, пирам, – Исматулло пайи овардани хӯрок рафт.

Домулло санҷишкорона пурсид:

– Бача, аз аҳдат нагаштаӣ?

– Не, домулло. Қавл, ки додем, вафо мекунем, – гуфтам.

– Қанд занед! Дидӣ усто, ман дар интихоби одам кам хато мекунам. Ту бояд ягон ҳафта дар Қӯрғонтепа дам гирӣ. Риш мемонӣ. Баъд Исмат туро ба ноҳияи Панҷ мебарад. Худ ҷои ба Афғонистон гузаштанро меомӯзӣ. Мавзеи «Қаравултепа» – ро интихоб мекунӣ. Аз он тараф қамишзор бисёр аст. Тез меравӣ. Аллакай Зардӣ тавассути дастгоҳи мухобира бо дӯстони афғон робита барқарор кардааст. Рӯзи рафтанат дар лаби дарё туро истиқбол карда, назди қумандон мебаранд. Ба ту як мактуб медиҳам. Онро ба Аслиддин мерасонӣ. Ту ҷараёни интиқоли маводи мухаддирро ба роҳ хоҳӣ монд. Барои ҳаракату муборизаи мо маблағ лозим, маблағи зиёд. Туро мехононанд. Барои мо асноди таблиғӣ даркор мешавад. Шароит фароҳам омадааст. Фаҳмидӣ Абдуманнон? Барои мо шумо барин ҷавонони боҳавсала ва бо дилу гурда лозим. Шумо такягоҳи имрӯзу ояндаи моед. Акнун навбати мо. Боз камтарак ғайрат лозим. Дар оянда ҳамаи корҳое, ки ба шумо вобастаанд, усто Зардӣ ба ӯҳда мегирад. Ин кас муриди ман. Шумо барои он аз ноҳияи Панҷ сарҳадро убур мекунед, ки идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамон ҷо ба таҳқиқу ҷустуҷӯи худ андармон шаванд, мо бошем, пайроҳаро робитаву ҳамкориамонро бо дӯстони афғон дар самти ноҳияҳои Шӯроободу Ҳамадонӣ мекушоем.

Баъди хӯроки шом ману Исмат бозгаштем...

Лаҳзаҳои кай ва дар куҷо аз марз гузаштани маро шумо аллакай медонед. Аз ҳамин лиҳоз кай ба Покистон сафар карданам ва бо кадом мақсад рафтанамро қисса мекунам.

 

Сафар ба Покистон

 

Будубоши ман дар Афғонистон тӯлонӣ набуд. Маро ба маркази аксулинқилобчиҳои роҳпаймои Покистон фиристоданд. Шабона сарҳади Афғонистону Покистонро гузаштем. Баъди чанд рӯзе дар наздики Карочӣ берун аз шаҳр барои дамгирӣ таваққуф кардем. Он қароргоҳи машқу тамрини муҷоҳидин буд.

Роҳбалади ман Абдураҳим дохили хаймае шуд, ки дар пештоқи он бо ҳуруфоти арабӣ «Ситод» навишта шуда буд. Аз байн чанд фурсат гузашту ӯ аз хайма ҳамроҳи нафаре, ки дар либоси низомии афсарӣ буд, берун омад. Абдураҳим ишора кард, ки наздик равам. Вақте ки наздик шудам, Абдураҳим муште ба шикамам зада фарёд кард:

– Ту оҷиз ҳастӣ, ки қат намешавӣ! Э фирории бадбахт! Чӣ тур бо қумандон муомила мекунӣ?

Аз шиддати дард нафасам гашта буд. Тоқат кардам. Як лаҳза пас миёнамро рост намудам. Хуни тоҷикӣ ба сарам заду худро идора карда натавонистам. Аз ҷоям ҷаҳида аз гардани Абдураҳим гирифтаму бо сар ба даҳону биниаш задам. Сару рӯяш хуншор шуд. Ӯ бо даст рӯяшро дошта, ба замин нишаст.

Чунин ранг гирифтани корро афсар интизор набуд, ки ҳар дуямонро танбеҳ дод:

– Айб аст, ки шумо бо якдигар меҷангед. Ҷои ҷанг майдони набард аст. Абдураҳим, ба ту ҷавоб. Ман ин нафарро бо худам мебарам. Биё ба мӯтар бишин!

Дар паҳлӯи афсар нишастам. Мошин чанд кӯчаро гузашта, дар назди бинои боҳашамате бозистод. Аз даромадгоҳи бино ба утоқе ворид шудем. Он ҷо низомии дигаре нишаста буд. Ӯ аз ман суол кард:

– Чи тур ба ин ҷо афтодӣ?

– Бо тавсияи қумандон Аслиддин, ҷонишини Ҳизби исломии Афғонистон ва муовини ӯ Латиф. Ин роҳхати Аслиддин аст, – мактубро додам.

Ӯ баъди хондани мактуб муомилаи мулоимтар кард:

– Хеле хуб. Тавсия шудааст, ки ту дар маркази мо таълим мегирӣ. Дар набардҳо тибқи иттилооти мо иштирок менамоӣ. Мухобираро азбар мекунӣ. Бо файри тир ҳам балад мешавӣ. Ҳамаро, ки аз худ намудӣ, барои ташкили амалҳои азбаркардаат ва сарварии ҷараёни интиқоли маводи мухаддир ба ватанат меравӣ. Бо мо ҳамеша дар тамос мешавӣ. Ба ин шартҳо розӣ ҳастӣ?

– Бале соиб! Ман аллакай ин роҳро интихоб кардаам. Имрӯз, ки душманони дини ислом мусалмонҳоро мекушанд, чаро мо хомӯш бошем? Шукронаи худованд, ки имрӯз шумо барин ҷоннисорҳо ин қадар ҷаҳд мекунанд. Агар зарурат пайдо шавад, ҷонро ҳам дареғ намедорам, – дар ҷавоб суханони афсарро таъйид намудам.

– Ҷавонмарди ҷасур ҳастӣ. Аз рӯи нақли имрӯз шунидаам баномус ҳам будаӣ. Номус чизи хуб аст. Тарсуӣ ин хоси занҳост. Ту имрӯз бо ҳамин афсари бо ту омада рафта, ба таълим шурӯъ мекунӣ.Он ҷо аз чечену ӯзбак низ теъдоди зиёд ҳаст. Зуд ошно мегардӣ.

Номи афсареро, ки бо мошинаш маро ба ин бино оварда буд, пурсидам:

– Ӯ сарвари таълимгоҳ, номаш Молик.

Маро дар хайма ҷо карданд. Аслан дар қароргоҳ машқҳои мингузорӣ, усулҳои таркиш, тирандозӣ ва омӯзиши намудҳои гуногуни тирандозиро меомӯзанд. Устодон покистониҳо, арабҳо ва амрикоиҳо буданд. Дарсҳо тавассути тарҷумон сурат мегирифт. Шаш моҳ сипарӣ шуд.

Вақти ба Афғонистон баргаштан ҳуҷҷати хатми маркази таълимии «Лигаи мусулмонҳои Ал-Эмом Абӯ Ҳанифа»-ро гирифтам.Ҳамзамон Молик бароям гуфт:

– Ҳамаи ахбору гузоришҳоро тавассути Аслиддин ё Латиф мо мегирем. Нақшаи минбаъдаи амалу фаъолияти туро Аслиддин бароят муайян хоҳад кард.

Хадамоти ҷосусии байниидоравии Покистон забонхат гирифта, ба ман номи рамзии «Абдумалик»-ро доданд. Силоҳ ва дигар лавозимоти ҷосусӣ низ.

Баъди бозгашт ба Афғонистон маро Латиф ва Аслиддин қабул намуданд. Ман, ки тарбиятдидаи хадамоти иктишофии Покистон будам, дар симои ин ду шахс наҷотдиҳандагони Тоҷикистонро медидам. Бе ягон сохтакорӣ ба ҳарду таъзим кардам. Аслиддин сӯям қадам ниҳода, сахт ба оғӯш кашид.

Онҳо ба ман чун ба «умедгоҳ»-и худ бовар доштанд. Дар сангарҳои ҷангҳои ноаёни байни давлатҳо, ки тарҳи онҳоро дар сар мепарвариданд, ман барин чандин гумоштаи худро омӯзонда, омодаи амал сохта буданд. Дар паси ин ҳама фитна хоҷагони покистониву амрикоии Аслиддину Латиф қарор доштанд, ки ҳадяҳои афзуни пулии худро ба ин мақсадҳо фаровон ирсол менамуданд. Аслиддину Латиф аз сад як ҳиссаи ин маблағҳоро харҷ намуда, боқимондаашро сарфи ишрат ва ҷоҳу ҷалоли худ месохтанд.

– Як-ду рӯз дам бигир, – меҳмонпазирии худро нишон доданӣ буд инженер Аслиддин, – Латиф! Ду бачаи чордаҳсоларо бо ӯ ҳамроҳ кун, ки хизматашро ба ҷо оранд. Гурӯҳи Хоркашу Саид минбаъд таҳти амри туянд, «Абдумалик». Ҳамаи амру фармонҳои ту бо онҳо амри қонунист. Тарзи гузарондани пайса, силоҳ, усулҳои робитаро худат бо онҳо машварат кун. Баъде ки ҷобаҷо шудӣ, дигар чизҳои заруриро талаб мекунӣ. Дар он тарафи соҳил бо бобо кор мекунӣ. Ба онҳое ки туро ирсол кардаанд, баъди баргаштан вомехӯрӣ ва худат сарвари ҳаракат мешавӣ.

Ту ӯҳдадор мешавӣ, ки интиқоли маводи мухаддирро ба роҳ андозӣ. Барои рушди ҳаракати ифротгароӣ талошу кӯшиш менамоӣ!

Дар машқгоҳи муҷоҳидин ҷангиёни зархарид, ки арабу чечен ва ӯзбак буданд, маро иҳота намуда, суолу ҷавоби зиёдро радду бадал карданд. Миёни онҳо нафаре аз ҳама зиёд кунҷкобиву рамузфаҳмӣ нишон медод, ки ба гумонам гумоштаи кадом хадамоти кашшофӣ буд.

 

ПушаймонӢ

 

– Рафиқ Ғафуров чунин ранг дорад саргузашти ман ва роҳе, ки аз баландӣ маро ба кӯи пастӣ овард, – гуфт Абдуманнон.

– Чаро дар аввал аз ин хусус лаб накушодӣ?

– Ҳам дар Покистон ва ҳам дар қароргоҳи Аслиддин тавсия доданд, ки агар ба даст афтодам, яъне ки маҳбус шудам, марзшиканиро ба гардан гирам, ҷазояш на он қадар калон аст. Дар байни ду – се сол мебароям. Боз робитаҳоро барқарор карда кор мекунем. Дар хусуси дастурҳои дар Покистону Афғонистон гирифта, бояд ягон ҳарф намегуфтам.

– Аз нишондодҳои усто Зардӣ бармеояд, ки шумо ба хонаи домулло Пирӣ борхалта бурдаед. Дар он чӣ буд? – ҷузъиёти барояш норавшанро аниқ карданӣ шуд Зафар Ғафуров.

Абдуманнон гуфт:

– Аслиддин сад ҳазор доллар дода таъкид карда буд, ки онро ба домулло расонам, то дигар маблағ гуфта, ташвиш надиҳад. Ваъда намуд, ки минбаъд маводи мухаддир мефиристад то аз фурӯши он маблағ ба даст оварем. Ҳамаи маблағҳои овардаамро додам. Вале мебоист маблағҳоро худам истифода мебурдам ва роҳбариро оҳиста-оҳиста ба даст мегирифтам. Дидам, ки хато кардам ва ба даст афтодам. Сад пушаймонам. Вале пушаймонӣ суд надорад. Агар зери бори гарони ин қадар далел намеафтидам, ҳеҷ вақт дар бораи супориш гирифтанам даҳон намекушодам. Ҳис мекунам, ки дар остонаи тӯфонам. Рафиқ Ғафуров, як савол дорам.

– Марҳамат.

– Гуфта метавонед: оид ба силоҳ ва пинҳонгоҳи маводи нашъаовар афғонҳо ягон чиз гуфтанд?

– Оид ба шаст автомату?

– Не!..

– Дигар гап надорам! – гуфт Абдуманнон. Вай пай бурда буд, ки автоматҳо ва халтаҳои героин низ зери назари тафтишот қарор доранд. Ӯ гумонашро аниқ карданӣ шуд:

– Шумо онҳоро гирифтед?

– Бале, онҳо дар анбори мо..., – ҷавоби боварибахш дод Зафар.

– Тақдири мӯйсафед чӣ мешавад? – пурсид ӯ.

– Киро дар назар доред?

– Боборо.

– Чӣ, дилатон месӯзад?

– Одами хуб аст. Илоҷ бошад, ҷавобаш диҳед... Дархости дигаре аз шумо дорам: зану фарзандон, модар ва акаҳоямро пазмон шудам. Иҷозат диҳед, бубинам.

Зиёда аз чор моҳ боз тафтишот идома дошт, онҳоро надида буд.

– Майлаш. Ин хоҳишатро рӯзи шанбе иҷро мекунем, – гуфт Ғафуров

 

Гиреҳ дар гулӮ

 

Рӯзи шанбе дар утоқи вохӯриҳо Абдуманнон бо зану фарзанд ва акаҳояш дидор дид. Модарашро ҳамроҳи онҳо надида, хавотиромез аз акааш пурсон шуд:

– Очам канӣ?

Акааш оби чашм пок кард, гиряолуд парда аз рӯи сирри нуҳуфта бардошт.

– Очам баъди ним соли рафтанат, дар фироқи ту, кӯр шуд, аз дунё гузашт.

Абдуманнон сар рӯи миз монда, аз қаъри дил нолаи ҷонсӯз намуд.

– Оҳ, очам, очам!

 Деворҳои бинои маҳбас аз «Очам, очам!» – гӯии ӯ акси садо медоданд.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид