ҲАМКОРӢ

БО САРҲАДБОНОНИ РУСИЯ

ВА ГУРӮҲҲОИ МАРЗБОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси бригадаи махсуси сарҳадӣ фаъолияти ӯ бо марзбонони гурӯҳи сарҳадии Русия дар Тоҷикистон дар заминаи муносибатҳои дӯстона сурат гирифта буд. Дар масъалаи ҳифзи сарҳад ба сарҳадбонони тоҷик аз ҷониби собиқ директори Хадамоти Федералии сарҳадии Русия генерали армия Николаев Андрей Иванович бисёр кӯмакҳои беғаразона расонда шуданд. Аввалин коре ки ӯ кард, пазируфтани пешниҳоди Зуҳуров С.З. оиди кушодани курсҳои кӯтоҳмуддат ва дар Маркази таълимии гурӯҳи сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон тайёр кардани афсарони хурди низомӣ мебошад. Ӯ ин пешниҳодро дастгирӣ карда, хароҷоташро ҳам ба ӯҳда гирифт, муаллимонашро аз Институти сарҳадии Голитсини шаҳри Москав ба Тоҷикистон фиристод. Ин муаллимон дар тӯли солҳои 1994 – 1995 дар муддати ду сол дар курсҳои шашмоҳа 4-гурӯҳ афсаронро дар риштаи сарҳад тайёр карданд. Илова бар ин соли 1995 дар Шӯрои фармондеҳии сарҳадии давлатҳои муштаракулманофеъ Андрей Николаев изҳор дошт, ки Русия тайёр аст дар асоси шартномаҳои соҳавӣ дар мактабҳои оливу миёнаи касбиаш сарҳадчиён-аъзоёни Шӯроро ба таҳсил қабул кунад.

Хушбахтона, ман бо сабаби мақоми раиси Кумитаи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш доштанам, бо ин марди шариф, инсони наҷиб аксар вақт сарукор доштам, нишасту бархост кардаам ва ин ҷо наметавонам, ки аз кордонию хислатҳои башардӯстии ӯ ёдовар нашавам.

Афроди некахтар бо наҷобати худ як мамлакатро бо мамлакати дигар, як халқро бо халқи дигар метавонанд дӯсту маҳбуб гардонанд. Бархӯрди ҳасанаи ӯ, илтифоти ӯ, нерӯҳои навташкил ва бетаҷрибаи сарҳадии тоҷикро пайваста дастгирӣ кардани ӯ маро мафтун мекард. Хаёл мекардам, ки ӯ мутафаккирони тоҷикро хуб омӯхтааст ва гӯё мувофиқи фармудаи Хоҷа Ҳофизи бузург амал мекарда бошад:

       Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

       Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Воқеан ҳам, собиқ директори Хадамоти федералии сарҳадии Русия, генерали армия Андрей Иванович Николаев дар қалби мо – марзбонони тоҷик дарахти дӯсти биншонд, муҳаббати моро ба халқи бузурги рус даҳчанд афзуд ва ин халқи дурандешро ҳамчун некхоҳи тоҷикону Тоҷикистон ҷилвагар сохт. Ман дар шахсияти ин марди бузург сиёсатмадори борикбин ва дурандешро дарк намудам. Мо чандин маротиба ҳамроҳи ӯ дар дафтари кории Президенти мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов ҳамроҳи С.З. Зуҳуров дар боби бисёр масъалаҳои сарҳадӣ гуфтушунидҳо доштем, бо баъзеи он розӣ мешудем, баъзеи дигаршро рад мекардем. Масалан, Андрей Иванович намехост, ки сарҳадбонони тоҷик бо сарҳадбонони Русия муштаракона дар хати аввали марзи бо Давлати исломии Афғонистон қарор дошта бошанд. Ӯ борҳо тавсия кард, ки лашкариёни сарҳадии тоҷик дар шакли баталёнҳои зарбзании мутамарказ ташкил карда шаванд. Хушбахтона, Президент ин андешаи Николаевро рад карданд. Дурандешии Президентро воқеаҳои соли 1997 ба вуқӯъпайваста, ки бо кору фаъолияти исёнгароёнаи Маҳмуд Худойбердиев ва исёнхоҳони дигар иртибот доштанд, собит намуд.

Агар сарҳадбонони тоҷик дар навоҳии Колхозобод ва Ҷиликӯл бо ҳамроҳии органҳои қудратӣ аз пушт ба аскарони Маҳмуди исёнгар зарба зада ӯро ба шикаст ва фирор ба ҷониби Ӯзбекистон маваҷеҳ намесохтанд, худо медонист, ки чӣ гуна хунрезиҳои шадид пеш меомад.

Тасаввур мекунам, ки агар пешниҳоди А.И.Николаев пазируфта мешуду мо фақат дар Қӯрғонтепаю Кӯлоб як баталонӣ ташкил мекардем, ҳолу аҳвол чӣ мешуд. Гап дар ин ҷост, ки дар солҳои 1992-1993 дар сарҳадҳои ҷанубии кишвар, ки таҳти назорати сарҳадбонони Русия қарор доштанд, силоҳу аслиҳаи ҳангуфте ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардида буданд. Агар ҳақиқатро бигӯем, сарҳадбонони Русия дар баъзе манотиқ назоратро аз даст дода буданд ва аз нигоҳи дигар аксари афсарони сарҳадии Русия вазъро равшан тасаввур карда наметавонистанд ва возеҳ дарк намекарданд, ки кадом ҷонибро тарафдорӣ кунанду кадомашро не.

Хулоса, мо бо Андрей Иванович дӯсту рафиқи шафиқ шуда будем.

Ӯ соли 1993 бо салоҳдиди Вазорати дифоъи Русия ба мақоми директори Хадамоти фидералии сарҳадӣ таъин шуда буд. Андрей Иванович дар таҳким бахшидани сарҳадоти чӣ дохилӣ ва чӣ берунии Русия хидматҳои шоён кардааст. Ӯро ҳам фаҳмидан лозим. Николаев фарзанди сарсупурдаи миллаташ мебошад ва дар ҳар қадам ӯ манфиатҳои геополитикии Русияро мадди назар мегирифт.

Андрей Иванович дар давоми фаъолияти корӣ ва то ба Думаи давлатӣ рафтанаш, дар рӯзҳои вазнинтарини Тоҷикистон ба ин ҷо меомад, ёриҳои беғаразонаи моддию маънавӣ мерасонд, ки сарҳадбонони тоҷик ин хубиҳои ӯро, ин дастгириҳои ӯро фаромӯш нахоҳанд кард.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳад ҳамкориҳои моро чандин шартномаи байни давлатӣ ба танзим медароранд. Аз ҷумла оиди ҳифзи муштараки сарҳади давлатӣ мобайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (аз 25 май соли 1993) шартнома ба тасвиб расидааст. Мувофиқи ин шартнома муҳофизати хати аввали сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба ӯҳдаи марзбонони Хадамоти фидералии сарҳадии Руссия вогузор шудааст. Марзбонони Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 минтақаҳои Дарвоз ва соли 2003 Мурғобро, ки хати аввали марз бо Афғонистону Ҷумҳурии Хитой аст, ба зимма гирифтанд. Ин вазифа ба дӯши ду муфризаи сарҳадӣ гузошта шудааст. Марзи давлатии моро инчунин баталёнҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Қирғизистон дар ноҳияи Ишкошим, Ҷумҳурии Қазоқистон дар ноҳияи Дарвоз ва Ӯзбекистон дар ноҳияи Шаҳритус тибқи Протоколи оштии миллӣ, ки дар шаҳри Маскав соли 1997 ба имзо расида буд, муҳофизат мекарданд. Баробари беҳ гаштани вазъи ҷумҳурӣ ба нигоҳ доштани онҳо зарурате боқӣ намонд.Охирин баталёни марзбонони Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи январи соли 2000 қаламрави кишвари моро тарк намуд. Баталёни сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, соли 1999 худсарона баромада рафт.

Мо иттилооти дақиқ доштем, ки дар вилоятҳои Боткенту Ӯш вазъият ноором аст, баровардани баталёнҳои сулҳҷӯи сарҳади Қирғизистон ба нафъи онҳо нест. Аммо Президент Аскар Акаев инро ба инобат нагирифт, ки билохира бо айби онҳо дар ин сарзамин солҳои 1999-2000 хунрезиҳои пай дар пай ба амал омаданд. Ташкилкунандагони ин хунрезиҳо онҳое буданд, ки дар Афғонистон парастиш ёфта, тавассути пайраҳаву роҳҳои кӯҳӣ ба Қирғизистон рафта, дар он ҷо вазъи сиёсиро номӯътадил гардонданд. Ман Хоҷаев Ҷумъа (Ҷумъаи Намангонӣ), зердастони ӯ ва онҳоеро дар назар дорам, ки аз дохил истода ба ин қувваҳо ёрии амалӣ мерасониданд. Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Русия ба гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон мавқеъият дошта, аҳамияти ҷиддӣ медод. Баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ин гурӯҳ ягона сохтори мукаммале буд, ки ба маънои томаш дар ҷумҳурии мо фаъолият ва амалиёт дошт ва ҳоло ҳам дорад. Пеш аз ҳама дар сохтори ӯ тамоми раёсатҳо ва шӯъбаҳое, ки дар замони шӯравӣ буданд, амал мекунанд. Онҳо аз Айвоҷ сар карда, то Ишкошиму Мурғоб, дар тамоми минтақаҳои сарҳадӣ вуҷуд доранд. Гурӯҳи сарҳадии лашкариёни дар Тоҷикистон будаи Русия чӣ аз нуқтаи назари техникӣ ва чӣ касбӣ то андозае ҷиҳозонида шудаанд, ки имконияти пурраи гузаронидани амалиёти иктишофӣ, ҳарбӣ ва ҷангиро дороянд. Тамоми нуқтаҳо ва гузаргоҳҳои назорати сарҳадӣ зери тасарруфи онҳо буданд. Ҳуқуқи сохторҳои мо дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Афғонистон, ба истиснои минта-қавии Дарвоз ва Мурғоб (сарҳад бо Чин), сарфи назар аз он ки оиди гузаронидани амалиёти муштарак чандин суратҷаласа ба имзо расида буданд, маҳдуданд. Агар чунин набошад, пас чӣ навъ зиёда аз 10 ҳазор шаҳрвандонии Афғонистон бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Тоҷикистон маскан гирифтаанд ва ҳуқуқи гурезагиро соҳиб шудаанд?! Онҳо аз кадом нуқтаҳои сарҳадӣ гузаштаанд, то ҳол ҳеҷ кас дар ҷумҳурӣ маълумоти дақиқ надорад. Фақат соли 2000 нуқтаи назорати сарҳадии аэропорти Душанбе аз ҷониби Кумитаи Ҳифзи сарҳадии ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта шуду бас. То ба имрӯз низ нуқтаҳои сарҳадии назоратии гузаргоҳҳои Ишкошим, Дарвоз, Фархор ва Панҷи Поён таҳти тасарруфи онҳо мебошанд. Сарфи назар аз он, ки соли 1996 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар ҳамоҳангӣ фаъолият кардани сарҳадбонони тоҷик бо марзбонони Русия суратҷаласа имзо шуда буд. Афсӯс, ки то ба имрӯз он суратҷаласа татбиқи худро наёфтааст.

Фармондеҳони гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон будаи марзбонони Русия Чичулин А.Т., Тарасенко П.П., Резниченко Н.С. ва билохира Маркин А.С., ки аз соли 1993 инҷониб кору фаъолият менамоянд, ҳар кадоме ба қадри имкон барои ба эътидол овардани вазъи сарҳади Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардаанд. Албатта, хизматҳои шоёни онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик сабт хоҳанд ёфт. Аз назардиди ман самимият ва дилсӯзии генерал-полковник Резниченко Н.С. (ҳоло сардори сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Русия) чӣ нисбати сарҳадбонони тоҷик ва халқи ин сарзамин хеле меҳрубонона буд. Бо дастгирии бевосита ва дар давраи фаъолияти ӯ ба мо кӯмакҳои зиёде дар соҳаи тайёр кардани сарҳадбонони касбӣ ва мутахассисон расонида шуданд. Мо чандин гурӯҳҳои миначиён, мерганҳо ва дигар мутахассисонро дар марказҳои таълими Хадамоти сарҳадӣ тайёр кардем. Бо ёрию дастгирии ӯ ва кӯмакҳои бевоситаи собиқ директри Хадамоти федералии сарҳадии Русия генерали артишӣ Тотский К.В. ҷавонписарони зиёдеро ба Институти сарҳадии Голитсина, Омӯзшогоҳи сарҳадии вилояти Калининград барои хондан фиристодем.

Дар солҳои 1994-1998 фармондеҳии гурӯҳҳои сарҳадии Хадамоти федералиро генерал Тарасенко П.П. ба зимма дошт. Ӯ мағрур бошад ҳам, назди Хадамоти фидералӣ обрӯи хубе дошт. Шояд, ки ба ин он бадабахтиҳое, ки ба сари мардуми мо омад, сабаб шуда бошанд. Мо нағз дарк мекардем, дар назди онҳо вазифа гузошта шуда буд, ки ҳарчӣ камтар талафоти ҷонӣ диҳанд ва аз лиҳози дигар оромии сарҳад барои онҳо аз дигар муноқишаҳое, ки дар дохили кишвар ба вуқӯъ меомаданд, авлотар буданд. Ба ҳар сурат ақидаҳои худро оиди ин масъала возеҳу равшан намегуфт ва мо дарк мекардем, ки ин шахси низомӣ баъди набардҳои шадиду хунини соли 1993 дар постгоҳи марзии № 12-и ноҳияи Шӯрообод ҷой дошта, аз консепсияи мудофиавии сарҳад рӯй гардонида, стратегияи ҳифзи онро пеш гирифтааст. То солҳои 1994 задухӯрдҳо бештар дар хати сарҳад мегузаштанд.

То имзо шудани суратҷаласаи Оштии миллӣ (июни соли 1997) ба ғайр аз сарварони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дигар кулли гурӯҳҳои силоҳбадаст (ба истиснои якчанд гурӯҳ) дар қаламрави Тоҷикистон мавқеъ гирифта буданд. Театри ҷанг кайҳо боз аз сарҳад ба дохили кишвар гузашта буд. Ман ҳеҷ вақт зидди мавҷудияти сарҳадбонони рус дар Тоҷикистон набудам ва нестам. Лекин, костагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофии он имконият намедод, ки мо сад дар сад ҳифзи марзу буми кишварамонро ба дӯши Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ вогузор намоем. Аз ин хотир бояд ҳарчи бештар проблемаҳои сарҳад дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ бо онҳо ҳалли худро меёфтанд.

Фишанги иктишофӣ дар дасти сарҳадчиёни тоҷик ки нест, имконияти ҳифзи истиқлолияти кишвар низ хоҳу нохоҳ ба монеаҳо дучор мешуд. Набудани робитаҳои иктишофӣ бо Давлати исломии Афғонистон имконият намедиҳанд, ки ақалан дар бораи ҷинояткории муташаккил, дар бораи гурӯҳҳое, ки дар ду тарафи соҳили дарёи Панҷ солиёни дароз ба қочоқи маводи нашаъовар машғуланд, хабари аниқ дошта бошем. Пас чӣ гуна, тавассути кадом фишангҳо Кумитаи сарҳадии ҷумҳурии назди Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди қоҷоқбарӣ, алайҳи маводи нашаъовар метавонист мубориза барад?! То айёме ки ин масъала ҳалли худро наёфт, аз байн рафтани мавҷудияти маводи қочоқбарӣ амри маҳол буд. Аз лиҳози дигар омӯзиши масъала моро водор месозад, ки чунин савол ба миён гузорем: Оё дуруст аст, ки расонаҳои ахбори оммавӣ дар сатҳҳои пасту баланди ҷомеъа сабабгори асосии паҳншавии ин «вабои асрро» дар шахсияти афсарону сарбозони сарҳадии тоҷик мебинанд? Фикр мекунам, ки ин андеша саропо ғалат аст. Пеш аз ҳама дар хати аввали сарҳади ҷумҳурӣ бо Афғонистон (ба истиснои Дарвоз ва Мурғоб) сарҳадбонҳои рус меистоданд. Сохторҳои Кумитаи ҳифзи сарҳадӣ дар хати дуюм ва фарсангҳо дуртар аз марзи кишвар мебошанд. Пас, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва шартномаи соли 1993 ба имзорасида, масъулият ба дӯши сарҳадбонони рус буд.

Саволе ба миён меояд, ки оё дар чунин шароит нигоҳ доштани сарҳадбонҳои тоҷик дар қисми ҷанубии кишвар ягон фоидае дошт? То солҳои 1998 мумкин ки ба ин зарурат буд. Дар як сарҳад ба нигоҳ доштани ин қадар қувва ҳоҷат намонд. Азбаски сарҳадбонҳои рус мақсади аз ин марз рафтан надоштанд, хуб мешуд, ки як қисми қувваҳо ба сарҳади дохилии кишвар, янеъ барои мустаҳкам кардани сарҳад бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон доштаамон кӯчонида мешуданд, маблағҳои озодшуда, барои тайёр кардани мутахассисони соҳа равона мегардид, ё Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба таври куллӣ маблағгузориро аз ҳисоби дигар имкониятҳо барои рушду нумӯи Кумитаи сарҳад равона карда, марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Афғонистон ба салоҳияти кумита медоданд. Дар ҳолате, ки дивизияи 201 аллакай ҳамчун базаи ҳарбӣ шинохта шудааст, шояд зарурияти мондани хати аввали сарҳади ҷумҳурӣ бо Давлати исломии Афғонистон дар тасаруфи Хадамоти федералии сарҳади Русия оҳиста-оҳиста аз байн мерафт.

Ҳар вақте ки бо сарварони Хадамоти федералӣ ҳамсӯҳбат мешудам, як чиз маро ба ҳайрат меовард. Такрор ба такрор шикоят мекарданд, ки сарҳадбонони тоҷик ба қочоқи маводи нашъовар сару кор доранд. Худ ба худ суол мекардам, ки чӣ гуна дар хати дуввуми сарҳад истода сарбозони тоҷик ба ин кор машғуланд? Ҳеҷ вақт ман аз ҳақикат дур рафтанӣ ва иштироки баъзе афсаронро дар қочоқи маводи нашаъовар инкор карданӣ ҳам нестам. Дар тӯли фаъолияти кориам тибқи ахбори иктишофӣ даҳҳо афсаронро, ки дар ин самт «фаъолият» доштанд, аз кор сабукдӯш кардаам. Онҳое ки ба ин ҷиноят даст задаанд, сад фисад бо шахсҳои ваколатдор муштаракона амал мекунанд.

 Баъди ба истеъфо рафтани директори Хадамоти федералии сарҳадии Русия генерал Николаев А.И., ба ҷои ӯ Бордюжа Н.Н. таъин шуд. Аввалин сафари ӯ ба ҷумҳурии мо ба ҳайси директори Хадамот моҳи сентябри соли 1998 сурат гирифт. Ин ҳамон лаҳзаҳое буданд, ки толибон қариб тамоми самтҳои Шимолии Афғонистонро забт карда, ба сарҳадбонони рус таҳдид мекарданд. Вазъияти ба амаломада дар назди роҳбарияти Хадамоти сарҳадии рус зарурияти дар якҷоягӣ бо сарҳадбонони тоҷик гузаронидани чорабиниҳоро барои мустаҳкам кардани хати аввали марзи ҷумҳурӣ бо давлати Афғонистон гузошт.

 Барои амали гардонидани ин пешниҳод, Бордюжа Н.Н.-Директори хадамоти Федералии сарҳадии Русия, дар рафти вохӯри бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тобеъяти баъзе воҳидҳои сарҳадии ҷумҳуриро ба гурӯҳи сарҳадии дар Тоҷикистон буда таклиф намуд. Дар сурати тезу тунд шудани вазъияти таъҷилӣ ё таҳдиди толибон ба сохторҳои дар хатти аввали марз ҷой дошта, сарҳадбонони Кумита ва сарҳадчиёни Руссия бояд якҷоя амалиёт карда, ҳифзи ӯро таъмин менамуданд. Ё дар ҳамоҳангӣ гузаронидани корҳои таъҷилӣ, кофтӯковӣ, таҳқиқӣ ва дигар проблемаҳое, ки бехатарии вазъро дар сарҳад эмин медоштанд, бояд муштаракона ҳаллу фасл карда мешуданд. Натиҷаҳои ҷамъбасти ин вохӯриҳо фармони Президенти кишвар таҳти № УП – 1051 аз 4 сентябри соли 1998 оид ба тобеъяти гурӯҳҳои сарҳадии дар Тоҷикистон будаи Хадамоти Федералии Русия додани баъзе воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ гардид. Тибқи талаботи ин фармон бригадаҳои 1-4-и сарҳадии кумита ба тобеъияти таъҷилӣ шомил гардиданд. Дар асоси фармони Президент низомномаи ба танзим овардани муносибатҳои тобеъияти 9-декабри соли 1998-ӯм бо фармони дигари Президент таҳти № УП – 1124 тасдиқ карда шуд ва худи ҳамон сол 82 км. хатти марзи ҷумҳурӣ бо Давлати исломии Афғонистон дар минтақаи Дарвоз ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик гузашт.

 

ҲАМДИЛӢ БО МАРЗБОНОН

 

 Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷик дар суханрониашон дар ҳузури устодон ва шунавандагони Донишгоҳи СММ дар Токио 15 майи соли 2001 таъкид карданд, ки: «Сиёсати бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Конститутсияи нави соли 1994 қабулшуда зикр ёфтааст, воситаи асосие буд, ки ғояҳои сулҳ, ҷараёни истиқрори он ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро муттаҳид сохт. Ин тарафҳои муқобилро дар масъалаи сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакат ба сомон овард.

 Имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр қариб 130 мамлакати ҷаҳон эътироф кардаанд. Аз ин ҷумла қариб 100 давлат ба мо муносибатҳои дипломатӣ доранд».

 Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр имрӯз сиёсати беруниву дохилии худро мустақилона муайян менамояд, ки он ба ҳамгироии ҳамаҷонибаи мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

 Лашкариёни сарҳадии Тоҷикистон, ҳамчун узви вобастаи ҷомеъа, дастуру нишондодҳои Президенти кишварро дастуруламали кори худ намуда, дар ҷараёни ташаккулёбиашон бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои зичи ҳамкорӣ доштанду доранд.

КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда соли 1994-ӯм ба Шӯрои фармондеҳони сарҳадбонҳои Давлатҳои муштаракулманофеъ қабул карда шуд. Дар машваратҳое, ки 47 маротиба дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барпо гардиданд, намояндагони мо ҳамеша иштирок доштанд. Се маротиба: солҳои 1996, 1999 ва 2002 ҷаласаи ин Шӯро дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе гузашт. Дар чандин машқҳои ҳарбии гузаронидаи ин Шӯро афсарону сарбозони мо бевосита иштирок намуда, баҳои сазовор гирифтанд.

 Самараи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки аз ҳисоби сарбозони нерӯҳои сарҳадии кишвар барои таъмини ҷузъу томҳо бо афсарони соҳибмаълумот ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Украина барои таҳсил ашхоси зайл фиристонида шудаанд.

 

 

РӮЙХАТИ

фиристодагони КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои Оли ҳарбии ДММ

таҳсил кардаанд:

 

т/р

Номгӯи мактабҳои олӣ

1997

1998

1999

2000

2001

2002

1.

 Институти ҳарбии ХФС ФР ш. Москва.

5

6

10

8

-

8

2.

 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарҳадии ш. Калининград

-

3

2

4

-

2

 3.

 Омӯзишгоҳи сарҳадии ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистон

19

19

22

24

-

-

4.

 Академияи миллии сипо-ҳиёни сарҳадии Украина.

-

12

4

-

-

10

5.

 Академияи сарҳадии ХФС ФР (шӯъбаи ризоия).

-

-

-

4

-

3

6.

 Академияи сарҳадии ХФС ФР (ғоибона).

-

1

5

6

7

-

Ҳамагӣ: 158 курсант ва 26 нафар шунавандаи Академия.

Дар давоми фаъолияти кории Кумита дар ин ҷода кормандони раёсати ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ (сарвараш полковник Тоҷибоев Э.) хеле саҳмгузорӣ карданд. Роҳбарияти Кумита дар назди Шӯро ва роҳбарони сипоҳиёни сарҳадӣ, аъзоёни Шӯро эътибори хуб доранд. Дар вазнинтарин рӯзҳо аксарияти онҳо ба мо ёрии моддӣ расониданд. Чандин маротиба: солҳои 1994, 1999 кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Хадамоти Федералии Русия ба қӯшунҳои сарҳадии мо расонида шуданд.

 Бо сабаби авҷ гирифтани бемории домана дар ҷумҳурӣ соли 2000 аз ҷониби роҳбарияти Департаменти сарҳадии Гурҷистон (генерал-лейтенант Чхеидзе В.А.) ба бемористони ҳарбии сипоҳиёни сарҳадӣ – ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА ёрии беғаразона – доруворӣ расонида шуд.

 Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони сафорати Хитой муносибати хуби корӣ барқарор карда буданд. Натиҷаи ин робитаҳо буд, ки соли 1999-ум барои бемористони ҳарбии КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Чин ба маблағи 120 ҳазор доллари ИМА таҷҳизоти тиббӣ, ҳамчун ёрдами башардӯстона, оварда шуд, ки он ба ҳифзи саломатии афсарону сарбозон гузошта шудаанд. Чунин кӯмаки башардӯстона аз ҷониби сафоратхонаи Чин ба КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тирамоҳи соли 2001 расонида шуд: 14 адад компютер ба мо тақдим гардид. Мо тавонистем, ки Хадамоти иттилоотамонро аз рӯи меъёрҳои имрӯза ҷиҳозонем.

 Баъди ба арсаи сиёсӣ баромадани толибон дар Давлати исломии Афғонистон ва густохиҳо дар назди тавлидгаронашон-амрикоиҳо, кормандони сафоратхонаи ин кишвари пуриқтидор эҳтиёткорона барои барқарор намудани робитаҳои ҳамоҳангӣ ба Раёсати дар боло зикршуда бо сафир ва атташеи низомии Амрико чандин вохӯрӣ гузарониданд. Албатта, пеш аз ҳама барои суръат гирифтани ин ҳамкориҳо, сафари сарвари давлат ба ИМА такон шуд. Президенти кишвари мо қаблан дар Иҷлосияи Ассамблеяи генералӣ огоҳ карда буданд, ки дар Афғонистон хавфи ба вуҷуд омадани давлати террористӣ вуҷуд дорад. Ба хотири пешгирии ин хавф пешниҳод карда буданд, ки дар атрофи Афғонистон аз ҳисоби қувваҳои сулҳҷӯ ҳалқаи бехатарӣ барпо карда шавад. Дар ибтидо ин пешниҳодро ба инобат нагирифтанд. Афсӯс, ки баъди ду –се сол дурустии ин пешниҳодро дарк карданд, вале он бо ёрии силоҳ ҳаллу фасл гардид.

 Америкоиҳо бо мақсади истеҳком бахшидани марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 2001 як барномаи мушаххаси кӯмакҳои моддӣ ва маънавиро пешниҳод карданд. Тибқи он нақшаи бо техника ва технологияи ҳозиразамон ҷиҳозонидани КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида шуд ва ба ин мақсад 7,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карданд, ки давра ба давра амалӣ гардид. Солҳои 1999-2001 кормандони КҲСД назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи кормандони роҳбарикунанда ва дараҷаи раёсату фармондеҳон бо намояндагони сарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон зиёда аз 120 вохӯриҳо гузаронданд. Чунин як вохӯрӣ соли 2001 бо намояндаи сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳои вилояти Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон дар муфризаи сарҳадии Дарвози Вилояти Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Он вақт намояндагии афғонҳо 64 идораи Давлатии Исломии Афғонистонро дар бар мегирифт. Аз ҷониби мо намояндаи Вазорати амнияти ҷумҳурӣ ва гурӯҳи Хадамоти федералии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Тарафайн як суратҷаласаи муҳими таърихиро ба имзо расониданд. Тибқи ин суратҷаласа тарафи Афғонистон дар ду ҷода кафолати пурсамари ҳамкориҳоро ба ӯҳда гирифта буд. Мувофиқи банди аввали суратҷаласа сарҳадбонон ва волиҳои вулусволиҳо кафолат доданд, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро мегиранд. Дар банди дуюм бошад, имзои онҳо оиди роҳ надодан ба гурӯҳҳои Ҷумъа Ҳоҷиев дар минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи онҳо мебошанд. Ин нахустин ҳуҷҷати расмие буд, ки баъди мустақилияти ҷумҳурӣ байни қӯшунҳои сарҳадии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя ба имзо расид.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид