САНГАР

(Қиссаи таърихӣ)

 

БОБИ 1

 

 Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

 Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

 Шайх Саъдӣ

 

Ҳуҷҷатҳои тӯли қариб ду даҳсола рангпарида ва моил ба зардиро ба даст мегирам. Ҳар гуна бастаҳои қоғазиро аз назар мегузаронам. Боз варақҳо, расму феҳристҳои иборат аз садҳо барг. Ҳамаи инро рӯгардон мекунам ва шабу рӯз, ҳини кор, нишасту хез, гуфтугӯҳои хушу нохуш аз худ мепурсам: чӣ шуд ба мардуми мо он замон? Мардуме ки асрҳои аср боз созандаву офаранда буд, хонаву фарзандон, диёри дилрабо ва марзи худро дӯст медошт, ногоҳ дар як соат аз ду тараф муқобили ҳам сангар гирифтанд ва ба якдигаркушӣ оғоз намуданд. Дигар ака додару писар падарро чашми дидан надошт.

Бечунучаро, аз нуқтаи назари сиёсиву иҷтимоӣ, ин тасодуфӣ набуд. Ба дараҷаи маълум ба ин омилҳои воқеӣ ва дар баъзе ҳолатҳо гумоштаҳои бадхоҳ мусоидат намуданд. Ҳар як давраи таърих хислатҳои махсус, фарқияти роҳу равиш ва ҳадди афзалияти ба ҳамон аҳду гардиш хоссаи худро дорад. Бо ин мақсад ба муаллифи ин сатрҳо зарур омад мунтазам, далелҳои мушаххаси таърихӣ гирд оварад, аз диди таҷриба баҳра бардорад, то ки ба андозаи қудрату тавоноӣ мураттаб созад ва тасниф намояду ба ҳукми доираи васеи хонандагон ҳавола кунад, то ки он хатову амали нодурустеро, ки насли мо содир намуд, наслҳои оянда раво набинанд. Ҳикмате ҳаст ва онро ҳамеша дар ёд бояд дошт: Ҳар кӣ гузаштаро аз ёд барорад, оянда надорад. Ин ҳикмат бевосита таъкидест ба нас­лу хонадони имрӯзаву оянда:

 

                   Фикри рӯзи оянда кардаам зи сар берун,

                   Аз абад наметарсам, бим аз азал дорам.

 

БенизомӢ

 

Ҳамаи мо иштирокдору шоҳиди он ҳодисаҳое ҳастем, ки тӯли панҷ сол мардум ва тамоми мамлакатро имтиҳон кард.

Ба ақидаи муаллиф, агар солномаи он рӯзҳои даҳшатборро имрӯз мураттаб насозему тасниф накунем, фардо таърихнависон ба тариқи худ шарҳу маънидод мекунанд.

Бо дарки ин масъулият мусанниф хома ба даст гирифт, то ки рӯзҳои пурфоҷиаи низову пайкори миёни ҳамдигарӣ, ҳамчунин сабабҳоеро, ки ба сар задани ҷанги бародаркуш созгор буданд, тасниф намояд.

Баъди ба сари қудрат омадани Михаили холдор ва апрели соли 1985 доир шудани Пленуми КМ КПСС дар радифи бисёр шиорҳои мавҷудаи марксистӣ-ленинии Ҳизби Коммунистӣ гуфторҳои «бозсозӣ», ки бо мурури замон ба «бозтирандозӣ», «ошкорбаёнӣ», ки ба авомфиребӣ табдил ёфт, плюрализм (гунонунандешӣ) ва ғайра қабул гардиданд...

Аз як тараф пайдо шудани ин гуна гузоришу дастурҳо ба салоҳияту фаъолияти тоифаи пиронсоли узви Бюрои Сиёсии КМ КПСС, ки тамоми мардуми мамлакат шубҳа мекард, таъсир дошт. Дар чунин як вазъияти арзи вуҷуд кардаи ҷомеаи шӯравӣ ба вазифаи Котиби Генералии КМ КПСС интихоб шудани М. Горбачевро хуш пазируфтанд. Чунки ҳеҷ набошад, синну соли ӯ мардумро таскин медод. Он вақт ӯ 54 сола буд. Дар симои ӯ нушуру эҳёи Исои Масеҳро медиданд. Мардум эътимод кард, ки гуфтори ӯ ба мазмуни авомфиребӣ не, балки фалсафӣ аст. Дар ҷомеа касе пай намебурд киштие, ки сукундор М. Горбачев аст, ба қаър меравад ва умеди наҷот нест. Зери шиори «Бозсозӣ» ва «бештар сотсиализм» гурӯҳу табақаҳои махсуси аҳолӣ барои ба амал баровардани қасди худ нисбати аз байн бурдани комёбиҳои мардуми шӯравӣ ба фаъолият пардохтанд. Бисёриҳо донистанд, ки дигар чунин вазъи сиёсӣ дар мамлакат ба он доираву нишони тангу хатарноке расид, ки масъалаи роҷеъ ба тақдири мамлакати сосиалистӣ меистод. Дар бозсозӣ аз нерӯ ва амали онҳое истифода мебурданд, ки барои барҳам додани Ҳукумати Шӯравӣ, сохти сотсиалистӣ ва вожгун сохтани давлати федералӣ нигаронда шуда буд. Аз силоҳи авомфиребонаи сиёсӣ тарс, тӯҳмату бӯҳтон, таҳдиду найранг, даҳшатандозиҳои (террори) рӯҳиву маънавӣ истифода бурда, вазъи ҷомеаро шиддатнок мегардонданд ва истибдод, худсариву бетартибӣ фаъолияти созмонҳову идораҳои давлатиро бенизом мегардонданд.

 

                   Парешон бигардам дусад сол беш,

                   Чунин дидаам ҳолу аҳволи хеш.

 

Дар чунин ҳолат ҷинояткории муташаккил ва иқтисоди пинҳонӣ (теневаю эканомика) маккорону найрангбозони иқтисодӣ соҳиби маблағҳои калони пулӣ гардида, рӯирост барои забти ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат ҳамла оварданд. Ҳақиқатан дар амал созмонҳои ҷиноятпешаи бо ҳам муттаҳид ва бо тоифаи айёшони муртад дар сатҳи гуногуни таркиби идоракунӣ пайдо шуданд.

Муносибатҳои байналмилалӣ аз андоза берун тезутунд гардид. Хуни одамони бегуноҳ рехт. Фишори тарс, таҳдиди доимӣ дар як қатор минтақаҳо воқеан ҳам Ҳукумати Шӯравиро фалаҷ, бедаступо гардонд ва намояндагони онро маҷбур карданд, ки ҳамроҳи нерӯҳои миллатгарову моҷароҷӯ фаъолият намоянд.

Чекистон ё худ кормандони чекаи (аз номи комиссияи фавқулоддае, ки ҳукумати Шӯравӣ солҳои 1917-1922 барои мубориза бар зидди аксулинқилобӣ, ҳаннотиву ҷаллобӣ ва коршиканӣ таъсис дода буд, гирифта шудааст) мамлакат ба роҳбарони дастгоҳи ҳукумат нисбати наздик шудани зуҳуроти манфӣ ё худ бӯҳрони сиёсӣ маълумоти огоҳикунанда доданд.

Вале онҳо ошкорову рӯирост аз қабули амали муҳими сиёсӣ дер монданд, дудилагиву беҷуръатӣ карданд, дар тааҷҷубу ҳайрат афтоданд.

Вазъияти хоҷагии халқ рӯ ба таназзул овард. Мардум эҳсос карданд, ки зиндагӣ рӯз то рӯз вазнин мегардад.

Байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ дилмондагиву ноумедӣ меафзуд, ҳарҷу марҷ ва бесарусомонии иқтисодиву иҷтимоӣ ривоҷ меёфт. Қабули як қатор қонуну аснодҳои барои ҷомеа воҷиб, аз ҷумла роҷеъ ба пурзӯр кардани мубориза алайҳи ҷинояткориҳои муташаккил бар зидди давлат, ҷиноят муқобили ҷаҳон ва инсонҳо тӯл мекашид. Набудани ин қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ роҳбарону кормандони мақомоти ҳуқуқиро аз мубориза бар зидди ҷинояту хиёнатҳо, аз ҷумла алайҳи намудҳои аз ҳама бештар хатарноки ҷиноятҳои муташаккилона, ришвахӯрӣ, ҷиноятҳо дар доираи фаъолияти содироту иқтисодиёти беруна маҳрум месохт, имкон намедод амнияти давлату одамон пурсамар таъмин гардад. «Тарбиятгарон»-и баландовоз аз барномаи «бозсозӣ» ва «ошкорбаёнӣ» сӯиистифода карда, мафҳумҳои ба ҳама инсонҳо азизи Ватан ва Интернатсионалро бадном намуданд. Дар тафаккури одамон боисрор безобитагиву изтироб, таҷовуз, оҳанги бадқасдӣ, беҳурматӣ ба қонун, омодагӣ ба зулму таҷовуз ҷо мекарданд. Дар ин ҷарида воситаҳои ахбори омма дар чунин замони муташанниҷ ё ки сару калобаро гум кард, ё ки дидаву дониста дар мавқеи хизмат ба фоидаи гурӯҳҳои ҷудогонаи худхоҳу ғосибе истоданд, ки худро аз номи тамоми халқ сухан рондан ҳақдор медонистанд. Маҳз инҳо маъракаи мақсадноку ҳамоҳангӣ, беэътиборсозиву бадномгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, созмонҳову мақомоти ҳарбии ВКД ва КДБ, ходимони суду прокуратура, институтҳои иҷроия, додгустариву ҳукумати қонунбарориро, ки яке аз замонату кафолатгарони муҳиму зарурии амнияти давлату мардуманд, мебурданд. Имзои ҳукмнома дар Беловежи Ҷумҳурии Белорус оиди барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи фаъолияти омилу унсурҳои дар боло зикрашон рафта аст. Аз харитаи ҷаҳон мамлакати муқтадире, ки беш аз 70 сол вуҷуд дошт, ба таври абадӣ сутурда шуд.

 

Таназзул

 

Дар чунин мавқеъ мусанниф зарур медонад, ки аз фаъолияти КДБ СССР дар замони бозсозӣ чанд сатри хотирмон сабт намояд.

Таъмини амнияти Давлатӣ Шӯравӣ ва ҷомеаи сотсиалистӣ вазифаи конститутсионии созмонҳои бехатарии давлатӣ буд. Тамоми нерӯи чекистон аз ҳама пеш, ба сари вақт муқобилият ва решакан кардани амали зараровару тахрибкоронаи хизматчиёни махсуси хориҷӣ, ҳамчунин мубориза бар зидди фаъолияти душманонаи шахсони дохилие, ки бар зидди Шӯравӣ ва ҷомеаи сотсиалистӣ, резонидани обрӯ ва барҳам додани сохтори мавҷуда нигаронида шуда буд.

Яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи бехатарии давлатӣ ҳифзи сарҳади давлатӣ буд.

Мувофиқи қонунгузории СССР таҳқиқи амалҳо оиди хиёнат ба Ватан, ҷосусӣ, кору кирдорҳои террористӣ, вайронкорӣ, қочоқ, вайрон кардани қоидаи муомилоти пули хориҷӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва дигар ҷиноятҳои давлатӣ ба ӯҳдаи созмонҳои КДБ вогузор гардида буд.

КДБ таъмини бехатарии ҳифзи ҳама намудҳои илми назариявӣ, махфӣ доштани алоқаро дар мамлакат аз кошифону (разведкачиёну) хизматчиёни радиоэлектронии махсуси хориҷӣ, коркард ва ташкили раванди ҳифзи амният ва назорати ҳолати ин алоқаро ба зимма дошт. Масъала одӣ набуд. Дар ҳалли он мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни илму техника кор мекарданд.

Ба ибораи ягона созмонҳои амният дар ҳама замонҳову асрҳо ҳимоятгари асосҳои иқтисодиву сиёсии давлат буданд. Вале баробари эълони бозсозӣ роҳбарони КДБ СССР ба ҷои бовар кунондану фаҳмондани ин шакли кор ба КМ КПСС зуд аз паи тадбиқи ин гуфтор дар фаъолияти ҳаррӯзаи созмонҳои амният шуданд. Набояд аз хотир баровард, ки амният ин созмони ҳифзи ҳуқуқ нест, балки хадамоти махсусест бо ҳама бартариҳои услуби махфии фаъолият. Аз дигар ҷиҳат, бисёр роҳбарон, аз раис то поён дар идораҳои собиқ кормандони ҳизбӣ хизмат мекарданд. Ва билохир, дар давраи солҳои 1985-1990 КДБ филиали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттифоқи Шӯравӣ шуд.

Ба чӣ натиҷа овард ин фориғболӣ, аллакай мо медонем.

 

бетарафӢ

 

Ҳодисаҳои баъди Пленуми апрелӣ нишон дод, ки созмонҳои давлатии бехатарӣ аз ӯҳдаи нигоҳдории сохти конститутсионӣ набаромаданд, баъдан онҳоро ҳам пароканда карданд. Ин мукофоте буд ба қимати фориғболӣ. Сухани В.М. Достоевскии бузургвор аз китоби «Преступление и наказание» («Ҷиноят ва ҷазо») ба ёд меояд: «Аз ҷинояткорон не, балки аз бетарафон битарс» ва сари ин гуфта ба андеша меравем. Дар ниҳоди беғаразӣ на тарсу бим асту на ҷасорату қаҳрамонӣ. Ва дар ниҳоди беғаразӣ на муҳаббат асту на нафрату ғазабу ошӯб. Дили одам ба чунин талаботи берангу бӯ ва ғайритабиӣ набояд тоб оварад. Ба назарам, беғаразӣ аз беҷуръатӣ падид меояд. Чунки беҷуръатии роҳбарони КДБ мамлакатро ба харобӣ ва пош хӯрдани мақомоти сохторӣ овард.

Он чи ба Тоҷикистон мансуб аст, ин аст, ки он ҳамчун ҷумҳурии Шӯравӣ, ки ба ҳайати СССР дохил мешуд, табиист, ки рафти ҷараёни дар боло сабт шуда дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши худро гузошт. Ба дараҷаи маълум фаъолияти сиёсӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷон гирифт. Пеш аз ҳама, шиддати тезу тунди ақидаҳои сиёсӣ дар барномаҳои амалиётӣ, ба хусус зиёиён, ба мушоҳида расид. Зарурати эътибори ҳизбҳову иттиҳодияҳои гуногун, ки аз кору вазифаҳои худ огоҳӣ медоданд, ба миён омад. Соли 1989 иттиҳодияҳои ғайрирасмии «Рӯ ба рӯ», «Растохез» аз мавҷудияти худ хабар доданд. Дар ин созмонҳои кӯчак роҷеъ ба демократикунонии институтҳои гуногуни ҳокимият таври «ошкорбаёнӣ» дар воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ мерафт.

Бисёре аз онҳо тартиботи мавҷударо зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Аз «озодӣ» сухан меронданд ва таври мушаххас пешниҳоде надоштанд. Дар соире аз пешниҳодҳои онҳо ба дараҷаи муайян фикрҳои мусбат буд, вале ҷомеа намепазируфт.

Бисёр афсӯс, ки ба хатоҳо роҳ додани Марказ дар ҷумҳурӣ такрору идома дошт.

Сохтори пештара амалан умри худро ба поён мерасонд, чунки қобилияти ҳимояи манфиатҳои худро надошт, аммо ба ҷои он ки бо ҳам роҳи аз вазъияти мавҷуда раҳоӣ ҷӯянд, камбудиҳои Ҳизби Коммунистиро, ки он ҳам хурӯҷи мушкилиҳоро аз сар гузаронида бо ҳар гуна восита роҳи наҷот меҷуст, мекофтанд. Ҷомеа дар вазъи бӯҳрони шадид қарор дошт. Ва ҳама гуноҳҳоро ба сари ҳизби коммунистӣ бор мекарданд.

 

КӢ ГУНАҲКОР?

 

22 сентябри соли 1991 нерӯҳои мухолифин ҳайкали В.И. Ленинро дар майдони Ленини шаҳри Душанбе афтонданд. Як рӯз қабл аз ин бо талаби қатъии гирдиҳам-омадагони мухолифин иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Совети Олӣ Қадриддин Аслонов Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президентро роҷеъ ба пароканда кардани Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва миллӣ гардондани дороии он хонд. Ин Фармон сабаби асосии аз вазифа рафтани Қадриддин Аслонов шуд. Ӯ 23 сентябри соли 1991 истеъфо дод. Ҳайати вакилони халқ нисбати ӯ нобоварӣ изҳор карданд.

Фикре ба сари касе намеомад, ки пайкор байни Кумитаи Ҳизби Комунисти мамлакат ва иттиҳодияи ғайрирасмӣ ба нерӯи ҷомеае манфиат мебахшад. Ҳеҷ касро ба фикр намерасид, ки наҷоти истиқлолияти иқтисодиву сиёсӣ дар дасти одамонест, ки Худованд ба онҳо қобилияти фикр кардан додааст. Моҳи сентябри соли 1991 тоҷикон истиқлолияти сиёсии худро эълон намуданд, вале истиқлолияти иқтисодиро аз ёд бароварданд.

Ба чӣ ваҷҳ ҳама ҳизб ва дигар нерӯҳои сиёсӣ якдигарро таъқиб намуда, ҳар яке мекӯшид бартарии худро бар дигаре нишон диҳад? Ҳол он ки дар бораи ояндаи ҷумҳурӣ ва сохтори сиёсии он тасаввурот надоштанд.

Оё он рӯзҳо имкон набуд, ки аз таҷрибаи Хитоӣ истифода баранд? Бешубҳа, чунин имконият буд, лекин онро ба инобат нагирифтанд.

Мусанниф эътимод дорад, ки соли 1991 Ҳукумат қудрат дошт ғуруру ҳавобаландиро як сӯ гузошта, ба маҳалгароӣ зарба зада, барои ризоияти миллӣ муҳити созгор ба вуҷуд оварад, асоси тартиботи сиёсии мо – иқтисоди бозаргониро бояд амалӣ мекард. Албатта, ин аз рӯи шартнома ва тарафдории барномаи амал то як давраи муайян мебуд. Он гоҳ Ҳукумат метавонист тартиботи сиёсиро нигоҳ дораду ҳизбҳову иттиҳодияҳои расмиро ба ифоқа орад, дар якҷоягӣ иқтисодиёти мурдаистодаро ба ҳаракат дарорад, минбаъда ҳамаи масъалаҳоро, мисли дигар мамлакатҳои мутамаддин, бо роҳи интихобот ҳал намояд. Мутаассифона, ба ҷои созмон додан мо роҳи харобиоварро пеш гирифтем. Аз соли 1991 ба тақсими мансаб пардохта, фаромӯш кардем, ки масъалаҳои сиёсиро босаводона бо роҳи муколама ҳал намоем. Дар давраи солҳои 1991-1992 сайъ мекарданд, ки проблемаҳоро бо ёрии издиҳом – одамони майдон ҳал намоянд. Дар натиҷаи бозиҳои пасипардагӣ, мамлакат ба ҷанги бародаркуш расид. Саволе ба миён меояд, куҷо буданд сиёсатмадорон, иқтисодшиносон, ки доир кардани ислоҳоти сиёсиву иқтисодиро пешниҳод мекарданд?

Ноустувории тартиботи давраи солҳои 1990-1992 давраи шиддатноки фирори беҳтарин нерӯҳои ақлонӣ-техникӣ ва дигар нерӯҳо буд.

Айни ҳол, бисёре аз муҳоҷират рафтагон дар дигар давлатҳо кору зиндагӣ доранд ва он ҷо бо аҳли оила муқимӣ шудаанд. Чаро мамлакат сари вақт ғами онҳоро нахӯрд? Ва имрӯз онҳо баҳри дигарон месозанду месӯзанд!..

Оё дуруст аст, ки дар ҳамаи камбудиҳову ноқисиҳои дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи кишвар ҷойдошта, дигаронро гунаҳкор созему ба ҳар восита худро ҳақ барорем?!.

 

КАРАХТӢ

 

Ҳама кӯшиш намуданд исбот кунанд, ки пастравии афзоиши иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба мавқеи ҷуғрофии мамлакати мо алоқаманд аст. Мусанниф эътимод дорад, ки ин муддао аз ҳақиқати воқеӣ комилан дур аст. Одилона мебуд гӯем, ки ҳамсояи наздики мо ҳар гуна носозиву монеаҳоро ба вуҷуд меоварад, то ки ба дараҷаи муайян инкишофи бозори дохилиро паст нишонад. Вале ин ҳам асоси пастравии иқтисодиёт намешавад. Куҷо буд давлат, ки аз соли 1991 технологияи истеҳсолот, техникаи автомобилӣ дар ҳаҷми бузург берун аз ҷумҳурӣ бурда шудаанд? «Шикор»-и оҳанпора то дергоҳ давом кард.

Чунон ки дар рафти таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори генералии корхонаи заршӯии «Маяк»-и шаҳри Душанбе Иванов А.И. муқаррар гардид, дар давраи солҳои 1990-1991 ба ҷуз технологияи заводи шифери шаҳри Душанбе 4600 воҳиди техникӣ ба Краснодар бурда шудааст. Солҳои 1990-1991 бисёр заводу фабрикаҳоро ғорат карда, берун аз ҷумҳурӣ кашонданд. Ҳеҷ кас инро назорат намекард.

Дар он замон мардум дар майдон байни худ сару кор гирифта, мусобиқа дошт кӣ аз кӣ баландтар дод мезанад!.. Дар натиҷа заводу фабрикаҳои мо аз кор монда, як қисми аҳоли маҷбур шуд барои маош берун аз ҷумҳур равад.

Охирҳои соли 1989 ва аввали соли 1990 вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар бисёр ҷойҳо амалан идоранашаванда гардид. Ҳамарӯза воситаҳои ахбори омма аз гирдиҳамоӣ, аз бархӯрдҳои сарҳади собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ хабар медод. Ин ҳама ба проблемаҳои дохили давлатӣ таъсири бади худро мегузошт, то дараҷае хотири ҷомеаро ошуфта мегардониду мардумро ба изтироб меандохт.

Барпо шудани ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ва барномаҳои амал ҳам дар иттиҳодияҳои расмӣ ва ҳам иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ демократикунонии ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакатро илқо мекард. Вазъи бавуҷудомада ҳама шохаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро амалан бесилоҳ гардонид.

Аз Марказ сар карда то мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ, ҳамчунин хадамоти махсус аз таъсири рӯҳафтодагиву дилмондагӣ мавқеи бетарафӣ гирифтанд.

23 августи соли 1991 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи қатъ кардани фаъолияти ташкилотии сохтори сиёсии ҳизб ва ҳаракати оммавии ҷамъиятӣ дар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин дастгоҳи Президенти РСС Тоҷикистон имзо шуд.

Сохтори бехатарии давлатӣ, ки мувофиқи қонун вазифаи ҳифзи пояҳои конститутсионии ҷомеаро ба ӯҳда дошт, дар шароити тартиботи бисёрҳизбӣ маълум шуд, ки ба кор тайёр нест.

Ҳамаи ин ба ҳадду андозаи комил хоси ҷумҳурии мо буд. Ба муҳофизони ҳифзи қонун рӯирост даҳонӣ амр шуд, ки ба ҷараёну раванди хуруҷҳо кор набаранд. Таназзул фаъолҳоро карахт кард. Ин дағалтарин хатои таърихӣ буд.

Дар чунин замони барои ҷумҳурӣ тақдирсоз мавқеи Кумитаи давлатии бехатарӣ ҳам ба ин шабоҳат дошт. Ахбороту огоҳиҳо ҳар рӯз бе амал мемонданд. Раиси онвақтаи КДБ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал В.В. Петкел ба фаҳмидани муносибатҳо бо муовинаш, ба хусус Ризо Шарифович Турсунов машғул буд.

Ӯ кӯшиш мекард, ки ба рӯйдодҳо ҳамроҳ нашавад ва ҳар чӣ зудтар молу сарвати ғункардаашро фиристонаду ба ватани худ равад. Ба сабаби ин гуна бемасъулиятӣ ва бесаранҷомӣ маълумоти таъҷилӣ роҷеъ ба бетартибиву бенизомии мардумӣ моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе беэътибор монд ва барои пешгирии он чорае ҳам надиданд.

 

РИЁКОРӢ

 

Мусанниф андаке пешдастӣ карда хотирнишон месозад, ки ҳодисаҳои февралӣ дар шаҳри Душанбе таркише буд дар ҷомеа ва хашму ғазаби зоҳидона дар ҷавоби сиёсати дурӯғин. Даҳсолаҳо боз ба Марказ маърӯза мекарданд, ки пеш аз ҳама, бо роҳбарии Ҳизби Коммунистӣ мо ба коммунизм, он ҷое меравем, ки миллат нест ва танҳо муносибати умумии одамон вуҷуд дорад. Натиҷаи ин чашмбандӣ ҳамон шуд, ки мамлакатҳои назди Балтикаву Балкан аз даст рафт ва хуни бегуноҳони Қарабоғ рехт ва талафотҳои дигаре бошад, ки пеши таърих касе ҷавоб намегӯяд. Рӯйдодҳо дар мамлакат собит карданд, ки империяи бузург аз сиёсати нодурусти маъракаороиҳои ботантана, ки дар он раванди интихобу ҷобаҷогузории мутахассисон риоя намешуд ва порагириву ришвахорӣ (коррупсия) ривоҷ дошту қонунҳои иқтисодӣ мешикаст ва дар маҷмӯъ як қатор омилҳои воқеиву ғаразнок давлати федералиро вожгун сохт. Низоми давлате, ки дар он ҷомеа порагириву ришвахориро мазаммату маҳкум намекунад, балки баръакс ҳавасманд мегардонад, дар он ҷое, ки қонун ҷазо намедиҳад, он ҷо оянда надорад.

Натиҷабарориҳои мусанниф, асосан аз таҳлили маълумотҳои тӯли як қатор солҳо аз созмонҳои давлатии бехатарӣ расида манша мегиранд. Зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона бо сохтори давлатӣ, пешниҳоди шахсон ба вазифа на аз рӯи сифатҳои кордонӣ, балки аз рӯи нишонаҳои хешу таборӣ, ҳамдиёрӣ, ғорати молу амволи давлатӣ ё ҷамъиятӣ, махсусан дар ҳаҷми калон аз соли 1980 ибтидо меёбад. Иштироки бевоситаи муаллифи ин сатрҳо дар тадқиқи парвандаҳои як қисм гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дар ғорати моликияти ҷамъиятӣ гунаҳкор (солҳои 1974-1977); ҳайати профессорону омӯзгорони донишкадаҳои олӣ (солҳои 1980-1982); шахсони масъули мансабдори Ӯзбекистон (солҳои 1984-1986) дар ҳайати гурӯҳи муфаттишони Г. Х. Гдлян ва Иванов, кумитаи оид ба маводи нефт ба мусанниф ҳуқуқ медиҳанд, ки аз боби ин гуна ҷузъиётҳо сухан ронад. Ва ин хел зуҳурот бисёр буданд.

Замоне ба ёд меояд, ки ӯ ба вазифаи муфаттиши КДБ таъин шуд. Он замон раиси Кумитаи давлатии бехатарии кишвар Е. И. Первенсев буд. Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон Евгений Иванович Первенсев дар солҳои 1977-1985 масъулияти ин вазифаро ба ӯҳда дошт.

Дар аёми ӯ беҳтарин ходимони салоҳиятдор, кордону соҳибэътибор аз ҷумлаи Холбобо Шарифов, ҷонишини аввали раиси КДБ Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, чекисти касбӣ, генерал-майор Шарифов Қурбон Шарифович аз вазифа сабукдуш шуданд. Ба ростӣ қ. Ш. Шарифов дар байни аҳолии таҳҷоӣ нахустин генерал буд. Евгений Первенсев ба дараҷаи даҳшатангез кормандони кордону бофазилатро дӯст намедошт, ба хусус онҳоеро, ки ба ӯ рақобат мекарданду бартарӣ ҳам доштанд. Малики кор гоҳо ба мақомоти болоӣ ахбори риёкорона медод.

Дар ёд мондааст, ки бисёр маълумотҳо оҳанги содир шудани ҷинояти давлатӣ доштанд. Ҳанӯз аввали соли 1984 ба созмонҳои давлатии бехатарӣ далелҳое дастрас шуданд, ки аз ташкили анҷумани кӯчак, ё гурӯҳи хурде башорат медод, ки ният доранд бо роҳи осоишта ё дигар василаҳо шакли давлатдориро тағйир диҳанд.

Барои он замоне ки ҳама дар сотсиализми баркамол сокин буданду ба сӯи ҷомеаи бесинфӣ мерафтанд, маълумоти ба­дастомада хеле ҷиддӣ буд.

Бо мақсади аниқу дақиқ кардани он маълумоти таъҷилӣ дар ҳайати кормандони соҳибтаҷрибаи КДБ Саймумин Ятимов (феълан Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳамроҳхон Зарифов (ҳоло вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Икромиддин Неъматов корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва мусаннифи ин сатрҳо Саиданвар Камолов комиссион созмон доданд. Комиссион ӯҳдадор буд, ки маълумоти дастрасшударо тасдиқ ва ё рад кунад. Роҳбарии комиссионро ҷонишини якуми раиси КДБ, шодравон полковник Комил Пӯлодов ба ӯҳда дошт.

Давоми шаш моҳ мо маводҳои мавҷударо омӯхтем ва қарор додем, ки аз оғози солҳои 80-ум дар ҷумҳурӣ гурӯҳи махфии экстремистии диние гардиш дорад ва дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки сохти давлати мавҷударо вожгун ва давлати исломиро пойдор созад.

Ба ин ният онҳо ҳизби ғайрирасмии наҳзати исломии (ҲНИ) Тоҷикистон таъсис доданд. Санаи арзи вуҷуд кардани онро ба соли 1989 нисбат додан мумкин аст. Ҳарчанд бисёр намояндагони он, аз ҷумла пешсафи ин ҳизб Давлат Усмонов даъво мекунад, ки ҲНИ ҳанӯз соли 1978 ташкил ёфтааст. Ин ба ҳақиқат рост намеояд ва танҳо аз баҳри худнамоист. Солҳои минбаъда, солҳои на он қадар дур, солҳои 1990 дар рафти таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускорони ҳодисаҳои февралӣ шаҳодатномаи узви ҲНИ гирифта шуд, ки дар он соли 1989 сабт буд. Баъдан иштирокдорон дар идомаи мурофиа изҳор доштанд, ки санаи таъсиси ҲНИ соли 1989 ба ҳисоб меравад.

Аъзоёни комиссион маводҳои гирдовардаро таҳлил намуда, оиди анҷоми тафтиш далелҳои ҳуҷҷатӣ пешниҳод карданд.

Ташхиси аниқи ҳуқуқӣ тайёр гардид, ки дар он гуфта мешуд: Дар шаҳри Душанбе ва атрофи он, ҳамчунин дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмонҳое таъсис ёфтаанд, ки мақсадашон дигар кардани сохти мавҷуда аст. Аъзоёни созмонҳо дар кори худ аз «бозсозӣ» ва мафҳуми демократия хеле моҳирона истифода бурданд. Аснод барои шиносӣ ба Комитет пешниҳод шуд. Баъди як моҳ, замоне ки ҳамаи аъзоёни комиссионро роҳбарони комиссия назди худ даъват карданд, гуфтанд: хоҳиш аст, мазмуни аслии ҳуҷҷатро дигар кунанд ва нишон диҳанд, ки дар ҷумҳурӣ созмони зидидавлатӣ вуҷуд надорад, вале ба ивази он баъзе камбудиҳо мавҷуданд. Яке аз далелҳо барои дигар кардани матни ҳуҷҷат ҳамин шуд, ки дар чунин шакл ба сохтори Марказӣ фиристондани мактуб мумкин нест, чунки метавонад боиси гуфтугӯи нохуш гардад, ки дар 67-умин солгарди Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ин хел мушкилот ҳаст.

Хушбахтона, ҳамаи аъзоёни комиссия собитқадамона дар мавқеи худ устувор истоданд. Бояд хотирнишон сохт, ки то имрӯз тақдири он ҳуҷҷате, ки аъзоёни комиссия мураттаб намуданд, маълум нест. Роҳбарони Комитет аз расондани ахбор ба ҷойҳои зарурӣ тарсиданд, вале ҷараёни махфии ошкоршуда қувват гирифт ва ба ҳизби тавонои сиёсӣ табдил ёфт.

 

Гумоштаи роҳпаймоӢ

 

Далели ҳамкории роҳбарони созмонҳои барпошудаи ҷараёни динии «Фундаменталӣ» (тарафдорони исломи ифротӣ) бо дигар мамлакатҳои исломӣ ва боздошти гумоштаи аз Покистон баргашта Абдулҳамид Давлатов шаҳодати муддаои зикраш дар боло рафта аст. 18-уми феврали соли 1989 Абдулҳамидро созмонҳои бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ба ҳабс гирифтанд.

Моҳи июли соли 1988 Абдулҳамид сарҳадшиканӣ кард ва аз яке аз қитъаҳои мушкил ба Афғонистон гузашт. Он ҷо зуд ба дасти мухолифини афғон афтид. Ӯ ба муҷоҳидҳои афғон изҳор кард, ки ҷонибдори ҷанги муқаддаси «ҷиҳод» аст ва тайёр аст бар зидди бединон мубориза барад. Пас аз ин Давлатов ба Покистон, маркази аксулиқилобчиёни роҳпаймо фиристода шуд. Дар он ҷо ҷонишини сарвари ҳизби исломии Афғонистон, қумандони саҳроӣ дастпарвари умури хизмати махсуси Покистон, муҳандис Латиф ва шогирди чолоки ӯ Мираҳмад ӯро таги чашм гирифт. А.Давлатов розигӣ дод, ки бо ҷосусони байниидоравии Покистон ба вазифаи гумошта бо тахаллуси «Абдураҳмон» ҳамкорӣ мекунад. Ба ӯ силоҳ ва аслиҳа доданд. Баъди чор моҳ ӯ ба Маркази пойгоҳи ҷосусии Латиф омад. Сардорони нави ӯ дар хотир гирифтанд, ки шахси ба васоят гирифтаашон ӯҳдадор шудааст, ки ба тариқи махфӣ ва пӯшида ба Тоҷикистон боз гардад ва мусулмонони сокинони он ҷоро ба хуфия, яъне фаъолияти пинҳонӣ ҷалб намояд.

Пеш аз он, ки «Абдураҳмон»-ро ба сарҳади шӯравӣ ҳамл кунанд, ӯ супориш ва дастури хаттӣ гирифт. Ба доираи вазифаҳои ҷосусии ӯ инҳо дохил мешуд: таҳқиқ ва гирд овардани далелҳое, ки оҳанги сиёсӣ доранд, моил кардани шаҳрвандони шӯравӣ ба амали ба хусус хавфноки ҷинояти давлатӣ, пахши адабиёти зиёновари маънавӣ ва дар Тоҷикистон бунёд кардани пойгоҳ барои тезутунд гардондани вазъият.

Замоне ки ӯ ба хоки шӯравӣ пой ниҳод, объекти мушоҳидаву таҳқиқи чекистони Тоҷикистон шуд. Барои кормандони бехатарии давлатӣ аз ҳама муҳимаш зери назорат гирифтани ҳама ҳалқаҳое буд, ки ба ӯ алоқа доштанд. Равобити ӯ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Москва (Ҳамадонӣ), Восеъ, Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) ва дигар ҷойҳо аз назари чекистҳо пинҳон намемонд. Ба зудӣ аз болои роҳпаймо маълумоте расид. Дар он вақт Давлатов аз расидани худ ба соҳибон хабар дода пул мепурсид…

Аз чор тараф ӯро танг карданд. Аз афташ ӯ инро ҳис кард. Аз ҳабс тарсида, хост аз ҷумҳурӣ берун раваду пайҳои худро кӯр созад. Вале тавассути тадбирҳои пайгиронаи кормандони бехатарии давлатӣ ва дигар омилҳо ӯ ҷои сафарашро ба мулки бегона бо роҳи фиреб пеш гирифт ва ҳамчун гунаҳкор барои вайрон кардани сарҳади СССР худаш ҳозир шуд. Мазмуни ин амал маълум: кӯшиш баҳри раҳоӣ аз масъулияти ҷинояти вазнин. Вай баъди маҳбас ҳам, далели гумоштаи кироя будан ва супоришҳои ҷосусии Покистонро пинҳон дошт.

Вале он замон чекистон ва дигар иштирокдорон гурӯҳи ҷосусиро безиён гардонда буданд. Ба зудӣ дар яккахонаи (камераи ҷудонигаҳдории) КДБ РСС Тоҷикистон дастёрони Давлатов, шаҳрвандони Афғонистон Абдураҳим валади Хоркаш, Давлатманд валади Рустам ва сокини деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Москва (феълан Мирсаид Алии Ҳамадонӣ) Ҳасан Азимов пайдо шуданд. Нишондодҳои онҳо ҳамчун далели шайъӣ оҳанги ҷинояткоронаи бо роҳи махфӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ бозгаштани Давлатовро исбот кард. Бо вуҷуди ин гумошта ниҳон доштани асрорро идома дод. Абдулҳамид ҳақиқатро пинҳон медошт. Номи шахсонеро, ки дар киро кардани ӯ шарик буданд, ба забон намеовард. Ва ҳамчунин қитъаеро, ки ӯ ба хориҷа убур карда буд, намегуфт. Аз хусуси қочоқ, яроқу аслиҳа, пулу мол низ ба маблағи бештар аз даҳ ҳазор сӯм хомӯш меистод.

Давлатов нишондодҳои худро дар парвандаи ба номаш кушода, дам ба дам тағйир медод. Билохир, худро гум кард.

Сарфи назар аз ин парванда аз далелҳое, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнини давлатӣ гунаҳгор мекарданд, пури дар пур шуд. Байни далелҳои бисёр дастури хаттӣ, варақаҳои дафтар бо мӯҳри муҳандис Латиф, диктофон бо микрокассет барои сабти сӯҳбатҳои кироя, таппонча – аслиҳаи тамғаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳуҷҷат оиди ходими ихтисосманди сафоратхона будани ӯ, ки аз чашмаки ҷевони қуттиҳои хонаи ҳифзи бағоҷи мусофирони Вокзали роҳи оҳани Душанбе, аз махфигоҳи махсус сохтаи ӯ, ёфт шуданд. Ба болои ин ҳама боз баёноти зиёди шаҳрвандони шӯравию афғон, ки ба созмонҳои КДБ баҳри фош намудани кӣ будани Давлатов мадад расонданд, ба даст омаданд. Ҳине ки ҳамаи ин далелҳо ва баёнот ба ӯ пешниҳод шуд, ӯ ҳама кору кирдорҳои худро ба гардан гирифт. Дар таҳқиқи якум Давлатов иқрор шуд, ки моҳи феврали 1990 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии бисёрҳазорнафарӣ барпо мегардад ва аҷаб нест, ки он бо табаддулоти давлатӣ анҷом ёбад. Ин нишондоди муҳими ӯро ба ҳисоб нагирифтанд ва Давлатов ҳақ баромад.

 

БОБИ 2

 

ИСЁН

 

Охирҳои моҳи январ ва аввалҳои феврали соли 1990 аъзоёни ҷудогонаи созмони ғайрирасмии «Растохез» қисмате аз рӯҳониёни мусулмони мустабиду худсари иртиҷоъпараст (бунёдгаро), унсурҳои ҷиноятпешаву моҷароҷӯй овоза паҳн карданд, ки чанд ҳазор армании Қарабоғ ба Душанбе омаданд.

Овозагарон аз проблема ва мушкилиҳои ҳалнашудаи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили манзилгоҳ ва ғайра, ки дар шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ ҷой доштанд, истифода бурда, мардумро муқобили роҳбарони мамлакат ангехтанд. Онҳо қарор доданд, ки дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии беиҷозат доир мекунанд.

Роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятпеша 8 феврали соли 1990 дар маҷлисчаи навбатӣ дар мавзеи бозори Маяковский қарор доданд, ки дар ин гирдиҳамоӣ иштирок мекунанд. Барои иҷрои қарор роҳбари яке аз ин гурӯҳҳо аз деҳаҳои Авулу Испечаку Учқӯл ҳамфикронашро иборат аз 150-200 нафар дар атрофи худ ҷамъ овард. Ва шаби ҳамон рӯз дар хонаи армание, ки дар Душанбе чанд даҳсола боз истиқомат дошт, барномаи хуруҷ сохтанд, то мардум бинад, ба омадани арманҳо бовар кунад, донад, ки ин тарси даҳшатнок не, балки дар асл воқеист. Ҳама иштирокдорон худсарона барои иштироки фаъолона ба гирдиҳамоии оммавии 12 феврали соли 1990 дар саҳни бинои КМ ПК Тоҷикистон даъват шуданд.

Ташаббускорони эътироз бар зидди арманҳо дар дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин донишкадаҳои оливу миёнаи махсус, ноҳияҳои атрофи Душанбе, масҷидҳои маҳаллаҳо маҷлисҳо доир намуда, аҳолиро барои иштирок дар гирдиҳамоии оммавӣ даъват карданд.

Вале сарварону аъзоёни фаъоли ҳизби ғайрирасмии «Растохез» аз майдони гирдиҳамоии саҳни КМ ПК Тоҷикистон, ки шумораи он то рафт зиёд мешуд, дур намерафтанд ва бозори хуруҷро метафсонданд. Сарварони гурӯҳҳои кӯчак дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва дигар маҳалҳо ҷамъомадҳои эътирозӣ, тарсу ваҳшатангезӣ барпо карда, мардумро ба гирдиҳамоии шаҳри Душанбе даъват мекарданд.

Ду-се ҳарф аз таърихи арзи вуҷуд намудани ҳизби «Растохез» зикр медорем.

Ҳаракати «Растохез» аз охири соли 1989 дар заминаи ташкилоти ғайрирасмии «Рӯ ба рӯ» сар шуд. Конфронси таъсиси он 14 сентябри соли 1991 баргузор гардид. Оиннома ва Барномаи амал қабул карданд.

Тоҳири Абдуҷаббор раиси он интихоб шуд.

(Тоҳир Ҷабборов соли 1946 таваллуд ёфт, соли 2009 аз дунё гузашт. Номзади илми иқтисодӣ. Якчанд сол аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии СССР дар Эрону Афғонистон кор кард. Ӯ якҷоя бо сарварони ҳизби эҳёи исломӣ дар муттаҳид кардани нерӯҳои мухолифин нақш мебозид).

Акнун мегардем ба идомаи нақли ҳодиса.

Рӯзи 12 феврали соли 1990 дар гирдиҳамоии ғайрирасмии саҳни бинои КМ ПК Тоҷикистон иштирокчиёни роҳпаймоии ду рӯз пеш, яъне 9-уми феврал, ширкатдорони худсару бадкирдори ғоратгариву куштори 10-уми феврали хонаҳои арманиҳо бо муллоёни касбӣ А.Боев, С.Бедимоғов ва Ҳакимову дигарон, ҳамчунин ба даъвати онҳо ҳамроҳшудагону хонандагони донишкадаҳо ва дигар ҷавонон ба майдони гирдиҳамоии оммавии саҳни КМ ПК Тоҷикистон омаданд.

Ҳозирини гирдиҳамоӣ бо таҳдид, аз роҳбарони сиёсии ҷумҳур, талаб карданд гурезаҳои арманиро, ки гӯё ба онҳо бенавбат хона ҷудо кардаанд, аз мамлакат берун кунанд, вагарна дар акси ҳол хун мерезад ва онҳо ба ҷазо расонда мешаванд.

Гирдиҳам омадагон ба далелу маълумотҳои роҳбарон, ки даъвои нодурусту дурӯғину беасосро рад мекарданд, эътибор надода, дар даъвои худ зиёда истодагарӣ мекарданд ва маҳз бо ҳамин сабаб, барои тафтиши овоза, аз ҳисоби созмонҳои давлатӣ, рӯҳониёни мусулмон ва иштирокдорони гирдиҳамоӣ комиссион ташкил шуд.

Аз нав рӯзи 12-уми феврали 1990 дар майдони назди КМ ПК Тоҷикистон одамони бисёр тӯда шуданд. Издиҳоми калон баробари дархости зидди арманҳои гуреза дигар даъвоҳо, қабл аз ҳама, талабҳои сиёсӣ: истеъфои ҳатмии Қаҳҳор Маҳкамов, қатъи ғорати сарвати ҷумҳур аз «Марказ», тоза кардани ҳукумат аз лӯттиёну фиребгарон, зиёноварону гурӯҳбозон (мафиоз) пешниҳод карданд. Дар ин сурат бетартибӣ ва хуруҷ сар шуд.

(Қаҳҳор Маҳкамов соли 1982 Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 1985 то 4-уми сентябри соли 1991 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд. Аз апрел то ноябри соли 1991 Раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, баъд Президенти РСС Тоҷикистон интихоб гардид ва 30 августи соли 1991 ба истеъфо рафт).

Ҳамаи ин баъдтару пештар воқеъ гардид. Вале он рӯз, яъне 12-уми феврали соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов бо талаби гирдиҳамомадагон, ки тоқати интизор шудани хулосаи тафтиши комиссион роҷеъ ба масъалаи «арманиҳо»-ро накарданд, ба мақсади орому осуда гардондани издиҳоми калони майдон ва пешгирии бетартибие, ки рӯ заданаш сари сӯзан буд, ба дари даромадгоҳи асосии бинои КМ ПК Тоҷикистон омад, то ба мардум ба гуфтугӯ дарояд.

Оғози ин гуфтугӯ ба ҷурми гирдиҳамомадагоне, ки микрофону баландгӯякҳо пештар бо ташаббуси ҳукумат дар майдон ва даромадгоҳи бинои КМ ПК Тоҷикистон гузошта буданд, барои гуфтугӯ, ҳамчунин ба сабаби он ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дигар созмонҳои давлатӣ дарҳол ба байни гирдиҳамомадагон баромадани Қаҳҳор Маҳкамовро манъ мекарданд, чунки амали зидди қонуну ҷинояткоронаи гирдиҳам­омадагон ба ҳаёти ӯ таҳдид мекард.

Ба ҳамагуна хавфу хатар эътино надода то оғози хурӯҷ Қ.М.Маҳкамов ҳамроҳи ҷонишини раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон шодравон Отахон Латифӣ ба назди гирдиҳамомадагон баромаданд ва сайъ намуданд, ки ба гуфтугӯ пардозанд. Вале гирдиҳамомадагон ба Қаҳҳор Маҳкамову Отахон Латифӣ, ки мехостанд ба гуфтугӯ дароянд, гоҳ-гоҳ аз дасти ҳарду микрофонро мерабуданд, дашном медоданд, қувва ба кор бурданӣ мешуданд, сангу ҳар чизи дигар партофта имконияти ҳарфзанӣ надода, шароите ба вуҷуд меоварданд, ки воқеан ҳам барои ҳаёти онҳо хатар дошт. Аз ин рӯ, Қаҳҳор Маҳкамову Отахон Латифӣ ночор пас гашта, ба бинои КМ даромаданд ва муваққатан гуфтугӯ қатъ шуд.

Боз ду бори дигар соатдармиён Қаҳҳор Маҳкамов дар арафаи хуруҷи бенизомӣ барои гуфтугӯ пеши намоишгарон баромад. Ҳар бор ҳам ӯ аз гирдиҳамомадагон даъват ба миён овард, ки ба худ оянду андеша намоянд, оромӣ ва тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ доранд. Ба мӯҷиби халалҳои зикршуда, чору-ночор гуфтугӯ бурида мешуду меканд.

 

       Тақдир қатъи риштаи тадбир мекунад,

       Тадбири соддалавҳ чӣ тақдир мекунад.

 

ХурУҷ

 

Нимаи дуюми рӯз, гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ба бенизомии оммавӣ, ғорату куштору сӯхтор табдил ёфт. Аз биноҳои КМ ПК Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об ва биноҳои атрофи онҳо, ҳамчунин мошинҳову троллейбусҳо алов аланга мезаду дуд ба осмон мепечид. Ба муқовимати нерӯҳои хурди нигаҳдорони тартиботи ҷамъиятӣ ҳамроҳи дигар шаҳрвандон зӯроварӣ нишон медоданд.

Қувваҳои иловагии ҳифзи низоми ҷомеа ва ҷанговарони Вазорати корҳои дохилаи СССР ҷалб гардиданд. Истифодаи воситаҳои махсус ва тирзанӣ ба ҳаво пеши маҷрои бенизомии оммавиро дар майдони бинои КМ ПК Тоҷикистон ва гирду пеши он нагирифт.

Шабона бо зӯри нигаҳдорони тартиботи ҷамъиятӣ бенизомӣ дар назди бинои КМ ПК Тоҷикистон қатъ гардид.

Воқеан ҳам аз рӯи миқдори кам ва ғайрикофӣ будани нерӯҳои ҳифзи низоми ҷомеа бетартибии оммавӣ ба бисёр маҳаллаҳои истиқомативу кӯчаҳои шаҳр паҳн шуд.

Вазъияти ба амал омадаро ба эътибор гирифта, бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе Вазъияти фавқулодда эълон ва соати комендантӣ ҷорӣ шуд. Ва он тавассути воситаҳои ахбори омма ва баландгӯякҳо таври фарогир васеъ пахш шуд.

Барои таъмини тартиботи вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ, ҳамчунин бехатарии ҷомеа дар шаҳри Душанбе мувофиқи қарори идораҳои мақомотҳои дахлдор аз дигар минтақаҳои СССР, аз ҳисоби ҷанговарони Вазорати корҳои дохилии СССР, қувваҳои сарҳадии КДБ СССР ва Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нерӯҳои иловагии ҳифзи низоми ҷомеа оварда шуданд.

13-уми феврали соли 1990 бенизомии тартибот тамоми шаҳри Душанберо фаро гирифт. Соати 11 издиҳоми бисёрнафара, сарфи назар аз вазъияти фавқулодда, ки ҳамагуна ҷамъшавию чорабиниҳоро манъ мекард, ба гирдиҳамоии ғайрирасмӣ дар майдони назди бинои КМ ПК Тоҷикистон омаданд.

Дар рафти гирдиҳамоӣ (гирдиҳамомадагон) ҳар гуна дархост пешниҳод менамуданд, аз ҷумла, истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Совети Олӣ Ғоибназар Паллаев, Раиси Совети Вазирон Иззатулло Ҳаёев ва дигар роҳбаронро талаб намуданд. Гирдиҳамомадагон ба нишони роҳбарон, намояндагони ҳифзи тартиботи ҷомеа суханони носазо мегуфтанд ва қисмате бадқасдиву гуноҳҳои ҷиддӣ зоҳир мекарданд.

Иштирокдорони фаъоли ин бенизомиҳои оммавӣ тавассути аъзоёни раёсати «Растохез» К.Холиқов ва Х.Ҳабибуллоев ба тартиб додани «Кумитаи муваққатии халқӣ» пардохтанд ва ба воситаи он пешниҳод намуданд, ки талабномаи гирдиҳамомадагонро ба роҳбарони ҷумҳур супоранд. Бо роҳи доду фарёдҳои бетартиб аз байни издиҳом хат бо қайди номи номзадҳои ин комитет, рӯйхати аъзоёни «Комитети муваққатии халқӣ» тартиб дода шуд.

Рӯйхати аъзоёни «Комитети муваққатии халқӣ» ба чунин тартибе буд, ки аз 17 аъзо 8 нафараш узви «Растохез», қариб ҳамаи роҳбарони ин созмон: Т.Абдуҷабборов, М.Мирраҳимов, С.Мастонзода, О.Заробеков, Ҳ.Файзуллоев, К.Холиқов буданд.

Бегоҳӣ иштирокчиёни гирдиҳамоии ғайрирасмӣ ва бенизомиҳои оммавии майдони КМ ПК Тоҷикистон мувофиқи мақсади худ ба вазифаи сарвари ҷумҳур бо доду фарёд номи ҷонишини Раиси Совети Вазирон, Раиси Госплани Тоҷикистон Бӯрӣ Каримовро гирифтанд ва талаб доштанд, ки ӯ дар пеши онҳо баромад кунад.

Ҳамон бегоҳӣ Бӯрӣ Каримов пеши онҳо сухан ронд. Ӯ тақозо кард, ки ҳама проблемаҳо бо роҳи сулҳ ҳал шавад. Сипас ӯ бо талаби гирдиҳамомадагон рӯйхати қатъии аъзоёни «Комитети муваққатии халқӣ»-ро иборат аз 17 нафар навишт ва бо пешниҳоди аъзоёни узвияти «Растохез» ки ба ин Комитет дохил буданд, ӯ роҳбари «Комитети муваққатии халқӣ» шуд.

Рӯйхат ба Қаҳҳор Маҳкамов пешниҳод шуд ва ба ҷуз ин Бӯрӣ Каримов гуфт: мардум мехоҳад ӯ Раиси «Комитети муваққатии халқӣ» шавад. Қаҳҳор Маҳкамов розигӣ дод. Вале баъдан Қаҳҳор Маҳкамов бо ҳамроҳии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Г.Г.Веселков ва аъзоёни ҳукумати ҷумҳур аз Бӯрӣ Каримов талаб карданд, ки ҳамчун коммунист ва аъзои Ҳукумат барои ором кардани вазъият ва воқеӣ фаҳмондани аъзоёни «Кумитаи муваққатии халқӣ», ҳамчунин гирдиҳамомадагон мавқеи сиёсии роҳбарони давлати ҷумҳуриро нисбати талабҳои пешниҳодкардаи гирдиҳамомадагон ва бо роҳи сулҳ ва қонунӣ ҳал кардани онҳо мадад расонад.

Иштирокдорони бенизомии оммавӣ ва аъзоёни «Комитети муваққатии халқӣ» ба тарзи қатъӣ аз давлат ва роҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ талаб карданд, ки ҳама шахсонеро, ки нерӯҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гирдиҳамоии ғайрирасмӣ ва бетартибии оммавӣ дар шаҳри Душанбе боздоштанд, озод намоянд, дар акси ҳол хунрезиву бенизомии оммавӣ идома меёбад.

Бо сабаби воқеият доштани ин таҳдид ва мақсади қатъи бетартибии оммавию хунрезӣ котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва вазири корҳои дохилӣ М.Навҷувонов бо ризоияти прокурори Тоҷикистон Г.С.Михайлин аз боиси ҳадди охирини зарурият дар бораи озод намудани ҳамаи шахсони боздоштаи нерӯҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гирдиҳамоии ғайрирасмӣ ва бетартибиҳои оммавии шаҳри Душанбе қарор қабул карданд. Бегоҳии 13 феврали соли 1990-ум 61 нафар боздоштшудагон озод карда шуданд.

 

фИШОР

 

Бенизомии оммавӣ дар шаҳри Душанбе 14-уми феврал ҳам давом кард.

Ба ҳама чорабиниҳои зарурии роҳбарони ҷумҳурӣ ва нерӯҳои ҳифзи низоми ҷамъиятӣ барои мӯътадил гардондани вазъият бо роҳи сулҳу салоҳ нигоҳ накарда иштирокдорони бетартибии оммавӣ дар дигар қисматҳои шаҳри Душанбе даст ба куштору ғорат, сӯхтору таҷовуз зада, воқеан ба сар задани бедодгариҳои тозаи худсарона ё тавассути аъзоёни «Комитети муваққатии халқӣ», бахусус Б.Собир, М.Мирраҳимов, Н.Мӯсоев, О.Заробеков, Х.Ҳабибуллоев, С.Мастонзода ва дигар сарони «Растохез», ҳамчунин А.Боев, ки рӯҳониёни мусулмонро намояндагӣ мекард, ба Қаҳҳор Маҳкамов ва дигар роҳбарони ҷумҳурӣ, ҳам дар гуфтугӯ ва ҳам берун аз он, ба мақсади комёб шудан ба иҷрои талабҳои гирдиҳамомадагон аз ҷониби роҳбарони ҷумҳурӣ зарурати ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов фишори доимӣ меоварданд.

Ба ин мӯҷиб бегоҳии 14 феврали соли 1990 роҳбарони ҷумҳурӣ: котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев, Раиси Совети Вазирони ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев ба хотири раҳоӣ аз тезутундшавии вазъият ва қатъи хунрезиву зуҳур накардани дигар ҷиноятҳои оммавӣ, маҷбур шуданд протоколро оиди аз вазифа рафтани худ имзо намоянд.

Дар он рӯзҳо барои ёрӣ расондан ба КМ ПК Тоҷикистон аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС Б. К. Пуго омад. Дар анҷом Пленуми XVI КМ ПК Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳодисаҳо баҳои сиёсӣ дода шуд, бисёр иштирокчиёни фаъол изҳори пушаймонӣ намуданд, ки вазъияти дар шаҳри Душанбе ба вуҷуд омада, онҳоро маҷбур сохт!

Аз ҳамон вақти ҳодисаҳои февралӣ, раванди минбаъдаи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ манша мегирад.

 

* * *

Дар таълифи ҳодисаҳои февралӣ, аслан маводҳои тафтиши пешакиро ба асос гирифтем. Дар архиви Совети Олии РСС Тоҷикистон ахбори комиссияи Шӯрои Олӣ доир ба санҷиши ҳодисаҳои 12-14 феврали соли 1990 мавҷуд аст. Раиси ин комиссия С. Кенҷаев буд. Мусанниф ба бисёр хулосаву қарордод ва мавқеи ин комиссия розӣ нест. Вале ин мавзӯи ҷудогонаи таҳқиқ аст.

 

БОБИ 3

 

ЗАВОЛ

 

Гуфтем ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба давлатҳои мустақил табдил ёфтани ҷумҳуриҳои собиқи иттифоқӣ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон маҳалгароӣ, мисли тарошаи аз бом афтода, басо тааҷҷубовар фаъол шуд. Баъзе шахсон дастгириро аз дохил ва берун эҳсос карда, ба мақсади забти ҳукумат муборизаи яроқнокро пеш гирифтанд.

Гурӯҳи мансабдӯсту сарватпараст зери ниқоби «бозсозӣ» сайъ намуданд мақсади махфиву пурасрори сиёсии худро, ки дар он пош додани ҷумҳурӣ ниҳон буд, амалӣ гардонанд. Касоне ки «доҳиён»-и ба тозагӣ арзи вуҷуд кардаро пайгирӣ менамуданд, моҳияти мақсади пӯшидаву махфии зери ниқоб будаи онҳоро намедиданд. Чунки «доҳиён» ба зоҳир, барои расидан ба нияти хайрхоҳона, истиқлолияти давлати худ шитоб доштанд.

Нуқтаи олии шиддати тамаъҷӯиву озмандӣ дар кишвар гирдиҳамоии моҳи сентябри соли 1991 шуд. Ин гирдиҳамоӣ ба мисли донаи гӯгирде буд, ки алови он ба зарфи бузурги пур аз бензин меафтад, ё оташи детонатор ба моддаи таркандаи зери кӯҳпора захирашуда. Оташи зарфи бузурги бензин як маҳаллаи калонро бо тамоми зебоиву дороӣ ба коми худ мегирад. Аз худ хокистар боқӣ мегузорад. Ва кӯҳпора ба осмон бардошта мешавад ва замоне ки «фуруд меояд» замин меларзад!..

Гирдиҳамоиҳое, ки аз оғози даҳаи аввали моҳи феврали соли 1990 манша гирифт, мисли боронҳои сели пай дар пай буданд ва якдигарро тақвият медоданд. Нерӯҳои мансабхоҳу сарватпараст, тӯли як солу ҳашт моҳи баъди гирдиҳамоии феврали соли 1990-ум, боз дар худ зӯру қудрат эҳсос карданд. Гурӯҳҳои манфиатҷӯи кӯчак, ки пайваста анҷуманҳои кӯчак меоростанд, сарварони онҳо ҳарчанд мақсадҳои худро пинҳон медоштанд, вале бо ҳамдигар дар равобит шуданд ва даромехтанд, чун қатраҳои калон-калони борони сел. Ва моҳи сентябри соли 1991 боз гирдиҳамоӣ дар майдони КМ ПК Тоҷикистон бо номи «Шаҳидон» сурат гирифт.

Баъди ҳашт моҳ, яъне апрели соли 1992 гирдиҳамоии 3-юм (апрели соли 1992 баъди тайёрии ҳаштмоҳа дар майдони «Шаҳидон». Ва пас аз камтар аз як моҳ – гирдиҳамоии чорум дар майдони Ленини Душанбе (бо номи майдони «Озодӣ») пур аз садо, доду фарёдҳои оммавӣ!.. Ду гирдиҳамоӣ муқобили ҳам. Ин рӯйдод дар асл миллатро ду пораи ба ҳам мухолиф кард ва фоҷиае шуд барои ҷумҳурӣ.

 

ИБТИДОИ ТАНАЗЗУЛ

 

Тақдир пешомади кишвару миллатро ба ду паллаи тарозӯ гузошт. Дар яке қисмати миллат ва дар дигаре қисмати Ватан. Ду қувваи муқобили ҳам истода миллатро дар Ватани аслиаш ба хунрезӣ расонд. Дар ин давра ҳукумат фалаҷ шуд ва дар баъзе ҳолатҳо вазъият дар ҷумҳурӣ бе назорат монд. Дар қисмате аз ноҳияҳои мамлакат гурӯҳҳои зидди конститутсионӣ ташкил ёфт.

Ба ростӣ ҳам, ба ҳодисаҳо зеҳн мемонем ва худро ҳақдор медонем бигӯем: рӯйдодҳои феврали соли 1990 оғози озмоишҳои минбаъда шуд. Ба чунин ранг мисли фаввораи оташи вулқонзада баромадану гардиш хӯрдани сиёсатро бисёриҳо намефаҳмиданд.

Вале эҳсос мешуд, ки озмоишҳои сангине, ки зуҳур кардани онҳоро аксар одамон пай намебурданд, дар пеш мунтазири мо будаанд. Ақли аксар касон тира шуд. Омилҳои пурзӯртарини фаъолияти ғайрисохторӣ серҳаракат гардиданд. ГКЧП (Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодда) ташкил шуд, ки онро нафақахӯрони Бюрои Сиёсии КМ КПСС созмон додаанд.

Г.И.Янаев 19-уми августи соли 1991 аз набудани Президенти СССР М.С.Горбачев, ки ба рухсатии хизматӣ баромада буду дар Фарос бо аҳли оилааш дам мегирифт, истифода бурд ва эълон кард, ки сардори давлат ба сабаби бад шудани саломатиаш аз ӯҳдаи идораи мамлакат баромада наметавонад ва мувофиқи моддаи 127 (3) Конститутсияи СССР аз 19-уми августи 1991 худи ӯ ба иҷрои вазифаи Президенти СССР шурӯъ менамояд.

Барои идораи мамлакат ва татбиқи пурсамари талаботи Комитети фавқулодда Комитети Давлатӣ оид ба вазъияти фавқулодда (КДВФ – ГКЧП) таъсис дода шуд. Ба ҳайати КДВФ ё ГКЧП дохил шуданд: Г. И. Янаев – ноиби Президенти СССР, В. С. Павлов – сарвазири СССР, О. Д. Бакменов – ҷонишини якуми вазири мудофиаи СССР, В. А. Ключков – раиси Комитети давлатии бехатарии СССР Б. К. Пуго – вазири корҳои дохилии СССР, Д.Г.Язов – вазири мудофиаи СССР, В.С.Стародубев – раиси Шӯрои колхозчиёни СССР, А.И.Тизяков – Президенти Ассотсиатсияи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ. Вазъияти фавқулодда ба мӯҳлати 6 моҳ муқаррар шуд.

Ҳамаи ин дар Москва. Вале дар Душанбе баъди 10 рӯзи рӯйдоди Москва, яъне 29-31 августи соли 1991 дар рӯзи кушодани Сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар майдони назди ҳукумати ҷумҳур гирдиҳамоии қувваҳои мухолифин оғоз ёфт. Ва ин замоне буд, ки рӯйдодҳои августӣ дар Москва баҳонае шуд барои фаъол гардидани нерӯҳои мухолифин ва муттаҳид шудани онҳо.

Гирдиҳамоӣ бо намозгузорӣ ба хотири рӯҳи шаҳидони рӯйдодҳои февралии соли 1990 дар майдони КМ ПК Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) шурӯъ шуд.

Яке аз сарварони «Растохез» Халифабобо Ҳомидов бо муроҷиатнома ба Шӯрои Олии ҷумҳурӣ баромад кард. Муроҷиатнома аз 17 модда иборат буд. Талаби асосӣ истеъфо додани роҳбарони ҷумҳурӣ ва пароканда шудани онҳо буд. Инчунин пешниҳод шуд, ки РСС Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шавад.

Гирдиҳамомадагон истеъфои Президент Қаҳҳор Маҳкамовро, ки дар як вақт котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон ҳам буд, талаб мекарданд.

 

САНГАР

 

30-юми август дар маҷлиси сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон баробари рӯзномаи кори сессия яке аз масъалаҳои асосии шарикии Қаҳҳор Маҳкамов дар рӯйдодҳои 19-21 августи шаҳри Москва буд. Отахон Латифӣ баромад кард ва гуфт, ки Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз аввал ГКЧП-ро ҷонибдорӣ мекард. Қаҳҳор Маҳкамов дар навбати худ сухан ронд ва гуфт, ки аз мансаби Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон меравад ва дар вазифаи Президенти ҷумҳур мемонад.

Ба ин ваҷҳ бисёриҳо тасдиқ мекунанд, ки ин иқдоми ӯ сабаби шубҳа шуд ва бовариноктарин одамони ӯ аз ҳайати вакилони халқ ӯро тарафдорӣ накарданд ва пешниҳод намуданд, ки ба истеъфо равад.

Қаҳҳор Маҳкамов ба парламент (даҳонӣ) изҳор кард, ки хоҳиши ӯро барои рафтан ба истеъфо қонеъ гардонанд. Вале ҳини овоздиҳӣ миқдори зарурии овозҳо нарасид. Вакилон дарҳол дар Конститутсияи амалкунанда тағйирот дароварданд ва пас аз овоздиҳӣ (172 овоз) Қаҳҳор Маҳкамовро ба истеъфо фиристонданд ва дар ҳамин сессия ба Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доданд.

Истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов вазъи шароити мавҷударо, ки дар боло зикраш рафт, беҳ накард.

Ин ҳосили мухолифати бозиҳои сиёсии пушти саҳнагии ҳайати вакилони халқие буд, ки ба фоидаи гурӯҳҳо, ҳаракат ва ҳизб дарҳол Қонуни асосии мамлакатро шикастанд ва фаврӣ баъзе муқаррароти Конститутсияро тағйир доданд. Ва ин гузашти навбатии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба нерӯҳои мухолифине буд, ки дар он рӯзҳо гирдиҳамоӣ дошт ва талабҳои худро ба ҳайати вакилони халқ илқо мекарду амр медод. Ва талабҳои онҳо яке паси дигаре иҷро мешуданд.

Баъди ба истеъфо гуселондани Қаҳҳор Маҳкамов, 23 сентябри соли 1991, Раҳмон Набиев ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ солҳои 1982-1985 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд. Дар ин сессия ба ҷуз раиси Шӯрои Олӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи Президенти мамлакатро ба ӯҳда дошт.

Аллакай моҳи сентябри соли 1991 аҳолии ҷумҳурӣ тақсим шуд. Гурӯҳҳои ҷудогона зери ниқоби ислом паноҳ бурда, баромадҳо мекарданд. Дигаре таҳти шиори демократия онҳоро ҷонибдорӣ мекард ва пурра аз онҳо вобастагӣ дошт. Аввалинҳо маблағ доштанд ва «демократҳо» аз минбари майдон дар талаби раҳоӣ аз асорату озодии сиёсӣ фарёд мезаданд. Ва табақаи сеюм ҳам буд, ки мисли он афсари мушоҳидакоре аз кинофилми «Кронштад» ки воқеан ҳам, ҳангоми ҳуҷум ба мавқеи сафедҳо ё сурхҳо погонҳои сари китфашро иваз мекард, дар муоина истода буданд. Аксарияти шоирону нависандагон мувофиқ ба мақоли «хомӯшӣ тилост» одоби муоширатро вайрон намекарданд.

 

Гирдоб

 

Набуд роҳбаре, ки масъулиятро ба дӯши худ гирад ва мардумро аз қафои худ барад. Ба ёд меояд одамоне, ки аз иллати вазъият метарсиданд, ки бори масъулиятро бар ӯҳда гиранд. Мусаннифи ин сатрҳо аз хона ба кору аз кор ба хона аз майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» рафтаву омада, он рӯзҳои тираро, ки мурғи тӯфони харобиҳои иқтисодӣ ва сиёсати ларзонаки ҷумҳурӣ шуд, ба ёд меовард ва парешону ошуфта мегардид. Ҳанӯз ҳам баромадҳои шоир Бозор Собир, олимон Мирбобо Мирраҳимов, Шодмон Юсуфов дар гӯш садо медиҳанд, ки мардумро ба «корномаҳои азими дарпешистода» даъват мекарданд. Мусанниф ҳеҷ гоҳ пеши худ мақсад нагузоштааст, ки одамони ба ин ё он барномаи амалиёти сиёсӣ мансубро, ё барои ҷаҳонбиниву ақидаашон муҳокима намояд. Бисёр одамон хато мекунанд.

Дар оғози солҳои 90-ум кӣ тасаввуроте дошт, ки чӣ моро дар пеш интизор аст ва пешвоёни асосии издиҳоми майдон мардумро ба кадом роҳ ҳидоят менамоянд?

Бале, дар симои масъулини вазифаҳои муассисаҳои давлатӣ ва кумитаҳои иҷроия (чун раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе шодравон Мақсуд Икромов) мебинем, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои сиёсӣ мавқеи муайян интихоб карда натавонистанд. Ба ёд меояд, ки барои изҳори ҳамфикрӣ бо гирдиҳамомадагон раиси шаҳри Санкт-Петербург А. Собчак омад ва дар ивази шаҳодати дарпешистодаи ҳазорон тоҷикон мувофиқи созишнома 2000 тонна пиёз аз Душанбе бурд. (4-уми октябри соли 1991 А. Собчак ва Ноиб-Президенти Академияи фанҳои Федератсияи Руссия Е. Велихов ба Душанбе омад. 6-уми октябри соли 1991 раиси шаҳри Санкт-Петербург Анатолий Собчак ва раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов дар бораи бародаршаҳрии Санкт-Петербург ва Душанбе протокол имзо карданд).

Ҳанӯз ҳам тоза аст дар хотир омадани раиси Ҳизби навтаъсиси Демократии Федератсияи Русия Николай Травкин, ки аз минбари гирдиҳамоии сентябри соли 1991-уми шаҳри Душанбе сухан ронд ва барои ҳар чӣ зудтар ғалаба кардани демократияи иштирокчиёни гирдиҳамоӣ «дуои хайр» дод. Лекин пеш аз бозгашт аз сафар дар вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи давлатии бехатарии РСС Тоҷикистон изҳор кард, ки аз ин майдон таҷдиди демократӣ чашмдор нашавед. Аз он ҷо бӯи тантанаи асримиёнагӣ меояд.

Мутаассифона, бояд қайд кард, ки ба қавле «беҳтарин равшанфикрон»-и мо мисли Тоҳир Абдуҷабборов, Мирбобо Мирраҳимов, Шодмон Юсуфов, Отахон Латифӣ ва бисёр дигарон, сари вақт, моҳияти зуҳуроти рӯйдодҳоро нафаҳмиданд ва билохира ба сатҳе фурӯ рафтанд, ки дараҷаи ақлонии онҳо паст буд. Хайр, ин аз бебарории онҳо буд...

Дар он рӯзҳои баҳри мардуми мо фоҷиабор воситаҳои ахбори омма муттасил тухми душманӣ мекошт.

Дар ҳама ҷо, аз минбарҳои баланд, аз демократикунонии ҳамаи сатҳҳои ҷомеа ҳарф мезаданд, аммо касе андеша намекард, ки демократияи мо бояд хатирбинию хешутаборӣ ва маҳалгароиву ҳамшаҳрипарастиро аз миён бардорад, оиди мақсадҳои олӣ мулоҳиза намояд. Як қисмати зиёиён вақти зиёди худро дар гирдиҳамоиҳо мегузаронданд. Фикре доштанд, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, мо – тоҷикон давлати ҳуқуқбунёди демократӣ месозем. Ба сари касе ҳам фикри он намеомад, ки издиҳоми гирдиҳамомадагон ба сӯи демократия намеравад, балки онҳоро ҷанги думболадори шаҳрвандии бародаркушӣ мунтазир аст. Ба хотири адолат бояд ёдовар шуд, ки мамлакати мо капитализмро аз сар нагузаронда якбора ба сотсиализм гузашт. Аз ин мавқеъ хулоса бояд кард, ки барои демократӣ кунондани ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, на як садсола зарур аст. Дар чунин мамлакатҳои мутараққӣ, мисли ИМА, Фаронса, Англия зиёда аз дусад сол институти давлатӣ демократи ва ҳаёти ҷомеа бунёд намуданд.

Баҳри исботи муддао мансуб ба навиштаҳои боло, мехоҳем дар асоси далелҳои мушаххас нишон диҳем, ки чӣ хел мо ба дигаргуниҳои бузург дар ҷомеа тайёр набудем. Соли 1991 Ҳизби демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

 

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО

 

Конференсияи муассисони ҲДТ 10-уми августи соли 1990 доир шуд. Дар он Оиннома ва Барномаи ҳизб қабул гардид. Раиси ҳизб, собиқ котиби ташкилоти ибтидоии КПСС-и Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми фалсафа Шодмон Юсуф ва ҷонишинон – Виктор Перелский, Абдулло Очилов, Раҳим Мусулмонқулов ва Имомназар Холназаров интихоб шуданд.

(Шиноснома: Шодмон Юсуф соли 1949 таваллуд ёфта, дастпарвари Университети Саратов, аспиранти институти философия ва ҳуқуқи Академияи фанҳои СССР буд, дар Институти педагогии шаҳри Душанбе дарс медод).

Оинномаи дар конфронси муассисон қабулшуда ҳамаи аъзоёни ҳизбро вазифадор мекард, ки дар демократикунонии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Вале ба ҷурми кӯтоҳназарии Шодмон Юсуф аксар аъзоёни ҳизби демократӣ барои аланга додани оташи маҳалгароӣ ва низои миллӣ мавқеъ гирифтанд. Ба ёд оваред тирамоҳи соли 1992 чӣ хел штаби ин ҳизб бо номи «Наҷоти Ватан» омӯзгорону хонандагони мактаби русии рақами 8-и шаҳри Душанберо гаравгон гирифтанд. Аввалин хуне, ки соли 1992 дар майдони «Озодӣ», маҳаллаи Оли Сомони ноҳияи Ленин, собиқ вилояти Қӯрғонтепа ва даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб рехт, дар гардани Шодмон Юсуфу роҳбарони ҳизби демократӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 1990-1992 дар ҷумҳурӣ ҳаракатҳое буданд бо номи ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯи миқдори аъзоён ва суроғаи муайян таъсис меёфтанд. Бигирем «Лаъли Бадахшон»-ро (раисаш Атобек Амирбеков). Қариб ҳамаи аъзоёни ин ҳизб бадахшониён буданд. Чунин бармеояд, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату ташкилотҳо дар мавқеи зидди давлатӣ муттаҳид мегардиданд: Ҳизби демократии Тоҷикистон, Қозиёти мусулмони ҷумҳурӣ, ҳаракати «Растохез», Ҳизби эҳёи исломии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои «Лаъли Бадахшон», «Носири Хусрав» ва «Иттиҳоди озодихоҳи ҷавонон»… Ин тӯдаҳо аз ҳама баландтар аз демократия ҳарф мезаданд. Аммо баростӣ дар амал намояндагони онҳо дар аввал бо фитна мардумро тавассути гирдиҳамоиҳову роҳпаймоиҳо ба хуруҷ мехонданд ва билохира ба дасти гаравгирони гурӯҳи ҷинояткорони мусаллаҳ афтоданд. Ва онҳо ҳамфикру ҳамрайъи иштирокчиёни куштору ғоратгариҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ шуданд.

Соли 1992 роҳбари ҳизби демократии «Лаъли Бадахшон» ва Ҳизби эҳёи исломӣ гаравгон гирифтани вакилони халқ дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва азият додани онҳо, куштани ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Санговро хеле хуб медонистанд. Фаъолияти гурӯҳи қотилонро дар соли 1990 имом-хатиби масҷиди маҳаллаи «Южний»-и шаҳри Душанбе Мулло Абдуғаффор Худойдодов танзиму роҳбарӣ мекард. Хуни Сайфиддин Сангови бегуноҳ ва бисёр ҳаммиллатони дигар ба гардани сарварони ин ҳизб абадӣ бор аст.

Дар солҳои 1990-1992 ба мақомоти қудратӣ одамони комилан белаёқату бебунёд роҳбарӣ мекарданд. Раиси КДБ А.А. Стройкин ба вазъияти сохтори сиёсӣ, ки дар дами марг меис­тод, эътибор надода, таъиноти вазифаро дар Тоҷикистон қабул кард. Ӯ аз рафти ҷараёни сиёсӣ дар ҷумҳурӣ хурдтарин тасаввуроте надошт ва тартиботи нерӯҳои сиёсиро дар ҷомеа намедонист.

Ӯ бисёр наистод. Аз ноябри соли 1990 то апрели соли 1992 сари вазифа буд.

Вале дар як мӯҳлати кӯтоҳ тавонист як қатор кормандони масъулу бо маърифати КДБ-и ҷумҳуриро аз вазифа озод кунад.

Дар он рӯзҳо нерӯҳои сиёсӣ дар ҷомеа чунин таркиб ёфта буд. Чунон ки ҳатто вакилони халқ мувофиқ ба вазъят ва рӯҳияи гирдиҳамомадагон фаъолият мекарданд. 13-уми сентябри соли 1991 нахустин Президенти дар сессия интихобшуда Қаҳҳор Маҳкамовро ба истеъфо бароварданд. Ягона омили мусбат, ки комёбии халқи тоҷик шуд, ин ба даст омадани истиқлолият буд. Дар таърихи нави тоҷикон ин рӯз ба 9 сентябри соли 1991 рост омад. Ин хизмати иштирокдорони гирдиҳамоӣ не, балки воқеъияти ногузири таърихӣ аст, ки ба иродаи мо вобаста нест.

* * *

23-уми сентябри соли 1991 назди бинои комиҷроияи шаҳри Душанбе ҳизбу нерӯҳои «Растохез», Ҳизби эҳёи исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва ҷонибдорони онҳо ба ҷамъшавӣ оғоз намуданд. Бегоҳӣ ҷамъомадагон ба майдони «Озодӣ» гузаштанду то 7-уми октябр шабонарӯз он ҷо монданд.

Боз аз нав дар назди бинои Шӯрои Олӣ, саҳнаи аллакай ба мо шинос! Пеши назари тамошобинон – роҳнамои гирдиҳамоӣ Мирбобо Мирраҳимов ва пайравони ӯ дар гирдиҳамоии навбатӣ. То ҳозир дил месӯзад, ки шоира Гулрухсор Сафиева чӣ хел дар хайма гуруснанишинӣ кард. Қариб тамоми шабонарӯз дар пойгаҳ Мирбобо Мирраҳимов меис­тод. Ба Мирбобо шоирону олимоне, ки ҳеҷ гоҳ сиёсатмадор набуданд, вале танҳо аз сиёсат сухан меронданд, доим пайравӣ мекарданд. Баъзеи онҳо ҳатто шеърҳои сиёсӣ навиштанд.

Пеши назар аст, ҷаласаи сентябрии Шӯрои Олӣ, ки Президенти имрӯза Эмомалӣ Раҳмон муқобили мухолифин баромад кард. Бисёриҳо тамоман мавқеи бетарафӣ гирифтанд. Ҳарчанд ба ҳамагон маълум буд, ки дигаргунии демократӣ интизори мо нест. Моро инқилоб не, дурусттараш табаддулоти давлатӣ дар пеш буд.

 

БОБИ 4

 

ТАБДИЛИ ДАВЛАТ

 

                                          Табдил ба майли хушдилӣ ёфт,

                                          Андӯҳ қасру роҳаташ кам.

 

Ёдрас мешавем аз он чӣ нописанд ва баъдан боиси андӯҳи бузург шуд. Чунки дар ҷомеа овози хирад қадре надошт. Буданд одамоне, ки симои худро гум накарданд. Онҳо огоҳона пешомадро диданду таҳлил намуданд ва гуфтанд, ки чӣ моро интизор аст. Лекин садои даъвати онҳоро нашуниданд. Ба ин муносибат бамавқеъ аст ёдовар шавем аз одами поктинат, шоир, файласуф, собиқадори ҳизбу созмонҳои Бехатарии давлатӣ, бахусус полковники мустаъфӣ шодравон Қосимҷон Насимов. Ӯро раиси Кумитаи давлатии бехатарии РСС Тоҷикистон генерал-майор В.В. Петкел ба нафақа баровард. Ин инсони наҷиб тамоми ҳаёти ақлонаи худро дар ҷабҳаи паси парда барои хизмати Ватани азизаш бахшид. Ӯ кошиф (разведкачӣ) буд. Тақдир бо роҳи худаш рафт. Умри ӯ нарасид, то он рӯзҳое, ки менавишту андеша меронд. Мо дар поён, аз навиштаҳои ӯ дар матбуоти даврӣ дар бораи проблемаҳои ҷудогона ва одамони мушаххас, ки вобаста ба муҳит, мисли буқаламун мавқеъ ва симои худро дигар мекарданд, чанде иқтибос меорем. Ва сараввал ин аст:

 

                   Соқиё ин сипеҳри буқаламун,

                   Ҳар дам орад ҳазор нақш бурун.

 

«Ба сабаби хиёнати Калугину Бакатин ва иддаи дигаре аз кормандони масъули созмонҳои бехатарӣ, таҳти байрақи ошкорбаёнӣ, қисмати зиёди сирри давлативу ҳарбӣ ба дасти душманони синфӣ расид. Натиҷаи заҳмати бузурги бисёр наслҳои чекистонро барои ҷосусони Ғарб ба савдои: «кӣ зиёд?» бароварданд.

Он рӯз дар Тоҷикистон, мисли як қатор мамлакатҳои мусулмонӣ, хун мерехт ва ин ҳосили «бозсозиву ошкорбаёнии яковлевӣ» буд. Ҳамчунин натиҷаи фаъолияти бунёдгароёни исломӣ, аз ҷониб сионизми байналмилалӣ ва аз дигар тараф, оқибати ин боиси зуҳури васвасаи бузурги миллатгароёни ҷанговару моҷароҷӯён шуд.

Охир мо тоҷикон, тавассути мадади беғаразонаи бародарони дар ҳақиқат содиқамон: русу украин, ӯзбеку қазоқ, белорусу арман, яҳуду тотор ва дигар халқҳо аз занҷиру завлонаи ғуломӣ, таассуби асримиёнагӣ раҳо ёфтем ва дар киштии инкишофи ҳозиразамони техникӣ мавқеи сазовор пайдо кардем. Аз ин рӯ, ӯҳдадорем, ки ҳамеша аз самими дил эҳтироми онҳоро ба ҷо оварем ва пайваста дар ҳаққашон танҳо суханони нек гӯем».

Мусанниф хотирнишон месозад, ки минбаъд мисли садҳо чекистон қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизи хеш ба ҷо меоварад. Бояд қайд кард, ки дар рафти хизмат, табиист, ба мушкилиҳои бузург рӯ ба рӯ ва ба он чӣ мехосту орзу дошт, ҳатто ба ормонҳои шахсиаш расида наметавонист. Дар идомаи заҳматаш комёбиҳо буду нокомиҳо, умедвориҳову ноумедиҳо, фарозиҳову нишебиҳо ва шикасту печзаниҳо. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда ба нияти суду тамаъ пеши сарварон ҳеҷ гоҳ сар хам накард ва ба худ рухсат надод, ҳамчунин дасисаву хархашае ба хеш раво надид.

БАРХӮРДҲО

 

Аввалин бархӯрдҳои мусаллаҳона, ки ҳанӯз ба миқёси васеи бархӯрд наомада буд, шакли сиёсӣ дошт. Як қисм барои бунёди тартиботи исломӣ ва соири дигар баҳри ҳифзи сохтори Конститутсионӣ набард доштанд. Вақте дар рафти мубориза яроқу аслиҳаи вазнини оташангез истифода шуд, мафҳуми сиёсии бархӯрд аз байн рафт ва ҷои онро маънои қабилавии маҳалгароӣ гирифт.

Ба ақидаи мо, аз рӯи воқеияти таърихӣ Таърихи нави Тоҷикистон қобили се давраи таърихӣ аст.

Давраи аввал: солҳои 1989-1991. Давраи бавуҷудоии замина барои тағйир додани тартиботи сиёсӣ дар мамлакат ва расидан ба истиқлолият бо истифода аз вазъи норозигии шахсиятҳо ба фоидаи шахсии худ.

Давраи дуюм: ибтидои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1994. Гузаштан аз моҷарои сиёсӣ ба хуруҷи яроқнок ва ҷанги қабилавӣ.

Давраи сеюм: давраи таҳқиқу таҳлили сиёсӣ, замима, шумури маълумотҳо ва ҷанг барои ҷой дар сохтори ҳукумати тарафҳои ҷанганда.

Хотирнишон кардан зарур аст, ки масъала роҷеъ ба ҳокимият дар фаъолияти ҳар кадом ҳизб ва барномаи амал дар мавқеи марказӣ меистад. Далели ин муддао соли 1992 ба мансаби ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ расидани раиси ҳизби эҳёи исломӣ Давлат Усмон мебошад. Ба назар ин дуруст аст.

Дар ҳама давру замонҳову асрҳо ҳамагуна иттиҳодияҳои расмиву ғайрирасмии сиёсиву ҳарбӣ барои гирифтани давлати сиёсӣ талош карданд.

Дар ҷомеа ҳам мисли табиат ҳама зуҳурот оғозу анҷом дорад. Оғоз зуҳурёбиву инкишофи воқеа (бигузор инқилоб, ё табаддулот) ва боз ба мақсади зоти ҳукумат.

Мехостем зикр намоем, ки кӯшиши якум барои тағйир додани тартиботи мавҷуда ба моҳи феврали соли 1990 рост меояд. Давраи дуюми бемувозинатии сиёсӣ ба соли 1992 рост меояд. Боз нерӯҳои асосии ҳаракати сиёсӣ тарафдорони таъсиси давлати исломӣ буд.

Гирдиҳамоиҳои сентябрӣ ва минбаъдаи солҳои 1991-1992 дар майдони назди Шӯрои Олӣ ва «Шаҳидон»-ро ба зоҳир зиёиён мебурданд, вале дар асл ин нерӯҳои иртиҷоие буданд, ки дар паси саҳнаи сиёсӣ меистоданд ва аз он ҷо иштирокдорони гирдиҳамоиро рӯҳбаланд мекарданд. Онҳо ба дохил намудани ду-се намоянда ба ҳайати Шӯрои Олӣ, аз бесалоҳиятии вакилони халқ истифода бурда, ба воситаи гумоштаҳои худ талабҳои берун аз қонуни издиҳоми гирдиҳамомадагонро ба ҷо меоварданд.

Барои он ки ҳеҷ набошад масъалаи интихоби Президенти нав андаке ба низом ояд, вазъи ҷамъиятиву сиёсии охири соли 1991-ро ҳал намуданд. Интихоб ба сари собиқ Котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, шодравон Раҳмон Набиев афтод.

 

Шиносномаи он айём

 

30 сентябр дар Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари дигар масъалаҳо, «Дар бораи супурдани ваколати Раиси Шӯрои Олӣ дар давраи пеш аз интихоботи маъракаи Раҳмон Набиев оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъала меистод. Ҳамон рӯз вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ҷонишини ӯ Акбаршо Искандаров гузошта шуд.

Моҳи ноябри соли 1992 Комиссияи интихоботӣ оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қайдгирии номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард:

1. Қадриддин Аслонов, соли таваллуд 1947, вакили халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Юсуфҷон Аҳмедов, соли таваллуд соли 1950, директори заводи асбобҳои тормози шаҳри Конибодом;

3. Исмоил Давлатов, соли таваллуд 1946, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Акбар Нусратуллоевич Махсумов, соли таваллуд 1928, Президенти ташкилотчии Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ;

5. Раҳмон Набиевич Набиев, соли таваллуд 1930, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Ҳикматулло Насриддинов, соли таваллуд 1938, раиси комитети Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ ва шуғли аҳолӣ;

7. Бӯрихон Салимов, соли таваллуд 1936, иҷоракор-мудири анбори Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб;

8. Сайфиддин Тӯраев, соли таваллуд 1945, Президенти консерни «Хизмат»;

9. Давлат Худойназаров, соли таваллуд 1944, раиси Иттифоқи кинематографистони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Бобошо Аслонович Шоев, соли таваллуд 1943, ҷонишини директори фабрикаи трикотажи шаҳри Душанбе.

Дар рафти маъракаи пешазинтихоботӣ Қадриддин Аслонов, Юсуфҷон Аҳмедов ва Исмоил Давлатов бо сабабҳои гуногун номзадии худро гирифтанд.

 

БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ

 

Раҳмон Набиев инсони наҷибе буд. Ӯро гурӯҳи мансабпарасту ҷоҳталаб пешниҳод карданд. Ҳарчанд маълум буд, ки новобаста ба он ки пештар ба ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард, вале айни ҳол ва дар он давра ӯ чунон ҳолате надошт, ки сарвари халқ шавад ва халқро аз паси худ барад, ё давлатро идора намояд. Аллакай синну соли ӯ ба ҷое расида буд. Сафаралӣ Кенҷаев ва Нарзулло Дӯстов, ки номзади ӯро ба вазифаи Президент пешбарӣ карданд, аз зумраи ҳизбиёни солхӯрда буданд, вазъи ӯро медонистанд. Аз ин рӯ, махсус ӯро ҷонибдорӣ карданд, аз баҳри он ки баъди интихоби ӯ дар сафинаи ҳукумат мансаб гиранд.

12 сентябри соли 1991 пешбарии депутатҳо ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сар шуд. Дар маҷлиси умумии коллективи меҳнатии автобазаи-2-и ноҳияи Ленин (директор Нарзулло Дӯстов) ва заводи маводи ғайримаъдании ноҳияи Ленин аввалин шуда номзади Раҳмон Набиевро ба вазифаи Президентӣ пешниҳод карданд.

24 январи соли 1991 нахустин бор дар таърихи мамлакат интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раҳмон Набиев 58, 52 фоиз, Давлат Худойназаров 30,05 фоиз, Сайфиддин Тӯраев 4,48 фоиз, Ҳикматулло Насриддинов 1,28 фоиз, Бӯрихон Салимов 0,52 фоиз, Бобошо Шоев 0,37 фоиз, Акбар Махсумов 0,23 фоизи овозҳоро гирифтанд.

2 декабри соли 1991 дар сессияи Х Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба Раҳмон Набиев, ба ифтихори Президент интихоб гардиданаш, матни шаҳодатнома супурда шуд.

Тақдири Сафаралӣ Кенҷаеву Нарзулло Дӯстов омад кард: 2 декабри ҳамон сол дар сессияи Х даъвати дувоздаҳум Сафаралӣ Кенҷаев Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Нарзулло Дӯстов ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Дуюмӣ аз сиёсат дур, аммо чунон ки мегӯянд – «бозӣ ба бозӣ ё амали бозӣ».

Сафаралӣ Кенҷаев аз беқатъиятии Раҳмон Набиев сӯиистифода карда, боз ба бурдани бозиҳои хавфноки сиёсии паси саҳна, ки аз онҳо бӯи моҷароҷӯӣ меомад, даст зад. Аз он бозӣ бӯи хун меомад. «Комиссар Катанӣ»-и оянда, дар шахсияти худ, Президенти ояндаи мамлакатро дида, ба худнамоӣ шурӯъ намуд. Набуд рӯзе, ки телевизион ва воситаҳои ахбори омма, аз вохӯрии ӯ дар донишкадаҳои олӣ ё ҷомеаҳои меҳнатӣ намоиш надиҳанду нанависанд.

Албатта, ин ҳама пеши чашми Раҳмон Набиев доир мешуду ишораҳоеро, ки дар баъзе ҳолатҳо барои резондани обрӯи ӯ корманди пуртаҷрибаи ҳизбӣ ворид мекард, намедид. Лекин дар он шароит Сафаралӣ Кенҷаев ба Раҳмон Набиев ҳамчун силоҳе зарур буд барои истифодаи худ муқобили мухолифин. Ин ҳама табиист. Сафаралӣ Кенҷаев қасосгир ва бераҳм буд, ба хусус дар ҳолате, ки ба шахсияти ӯ дахл медошт.

25 марти соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раёсати Сафаралӣ Кенҷаев масъалаи иҷрои Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 1991 «Дар бораи вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанбаи ҳуқуқии вазъи ихтилоф дар заводи равған ва маркази шаҳри Қӯрғонтепа ва ноҳияи Қумсангир» дар Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ шуд. Дар Ҷаласаи Президиум қайд шуд, ки вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов нисбати иҷрои қарори мазкур муносибати хунукназарона кард. Рафти ҷаласаро ба воситаи телевизиони марказӣ намоиш доданд. Сафаралӣ Кенҷаев ҷаласаро хеле дағалона бурд. Ба назар чунин менамуд, ки мурофиаи судӣ рафта истодааст. Дар идомаи ҷаласаи Президиум Мамадаёз Навҷувонов дид, ки таҳқиқ ғайри воқеӣ сурат мегирад, ба тамоми мамлакат эълон кард: «Ман роҳ намедиҳам, ки кӯҳистониро таҳқир кунанд».

Ҳамзамон Сафаралӣ Кенҷаев ба Президиум пешниҳод кард, ки барои роҳ додан ба вайронкунии дағалона ҳини интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисони роҳбарикунанда, аз ӯҳдаи роҳбарӣ ба тобеон набаромадан саҳлангорию барбод додани воситаҳои нақлиёти автомобилии давлатӣ вазир Мамадаёз Навҷувонов аз вазифа озод карда шавад.

26-уми марти соли 1992 соати 6-7 пагоҳӣ наздики 60 нафар одамон, аслан одамони вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саҳни бинои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба сабаби мурофиаи судии дар телевизион намоиш дода) нисбати вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов гирд омаданд. Пас аз як соат шумораи гирдомадагон ба 100-150 нафар расид. Ба ин ранг, гирдиҳамоии ғайрирасмӣ шурӯъ ёфт. Гирдиҳамомадагон, аслан шиносону хешони Мамадаёз Навҷувонов буданд. Онҳо ду шабонарӯз бинои ҳукуматро посбонӣ намуда, талаб доштанд, ки намояндаҳояшонро Президент Раҳмон Набиев қабул кунад.

Талаби асосии онҳо дар вазифа монондани вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов буд. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сабаби қабул накардани онҳоро аз тарафи Президент бидонем. Охир, дар мудати ду рӯз Раҳмон Набиев пурра метавонист намояндагони гирдиҳамоиро пазироӣ намояд ва фаҳмонад, ки Мамадаёз Навҷувонов, мисли пештара, вазири корҳои дохилӣ мемонаду кор мекунад.

Вале Президент махсус ба ин роҳ нарафт. Чунки ӯ ба назар гирифт, ки эътирози ин мардум то дараҷае обрӯ ва эътибори Сафаралӣ Кенҷаевро паст мезанад. Ин ҳама бозиҳои пасипардагии Президент ва роҳбарони мақомоти қонунбарори мамлакат буд. Раҳмон Набиев дар навбати худ ба ҳисоб нагирифт, ки ҳамаи ин бозиҳои нолозимро ҳизбҳову иттиҳодияҳои мухолифин: ҳизби демократӣ, ҳизби эҳёи исломӣ, «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ки аз нав майдони «Шаҳидон»-ро фаро гирифтаанд, истифода мебаранд.

Ба воситаи телевизион намоиш додани ҷаласаи Президиуми Шӯрои Олӣ, ки дар он иҷрои Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони он муҳокима мешуд, бе шаку шубҳа бо розигии Раҳмон Набиев буд. Вагарна бо чӣ собит месозӣ, ки спикери (Раиси интихобшудаи палатаи намояндагон) мақомоти қонунбарор дар ҷаласаи Президиум масъалаеро, ки танҳо ба доираи салоҳияти ҳукумати иҷроияи мамлакат ё Президент мансуб аст, дида барояд. Ин дар ҳақиқат дар рафти бозӣ барои резондани обрӯи Сафаралӣ Кенҷаев нигаронида шуда буд.

11 апрел сессияи 13-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 11 ба кор шурӯъ кард. Ва ин замоне буд, ки вазъият торафт шиддат мегирифт. Пагоҳӣ як қисми гирдиҳамомадагон аз майдони «Шаҳидон» ба майдони «Озодӣ»-и назди бинои парламент гузаштанд. Дар як вақт дар майдони 800-солагии Москва, назди меҳмонхонаи Вахш ба тарафдории Сафаралӣ Кенҷаев гирдиҳамоӣ баргузор гардид. 21-уми апрел бо талаби гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» вакилони халқ Сайфиддин Тӯраев ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Аслиддин Соҳибназаров ба ҳайати Президиуми Шӯрои Олӣ дохил карда шуданд.

22 апрел, баъди гуфтушуниди тӯлонӣ байни роҳбарони ҷумҳурӣ ва намояндагони мухолифин, сессияи Шӯрои Олӣ кори худро давом дод. Дар аввали ҷаласа Раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев роҷеъ ба истеъфои худ сухан ронд. Ӯ изҳор кард, ки ба хотири ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аз парламент хоҳиш дорад истеъфои ӯро қабул намоянд. Хоҳиши ӯ доир ба истеъфо пазируфта шуд.

Ҳамаи ин ба гаравгон гирифтани вакилони халқ ҳамрадиф гардид. Раиси Кумитаи телевизиону радио Отахон Сайфуллоев маҷбур шуд ба истеъфо барояд.

Дар ин ҷаласа Акбар Тӯраҷонзода ва як гурӯҳ вакилон пешниҳод карданд, ки бо даъвати сессияи навбатӣ иҷрои вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ба ӯҳдаи ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров гузошта шавад. Дар натиҷаи овоздиҳӣ (бо 159 овоз) Акбаршо Искандаров муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб гардид. Ҳамон рӯз бо фармони Президенти мамлакат А.А.Стройкин аз вазифаи раиси Комитети амнияти миллӣ озод ва ба ҷои ӯ Сафаралӣ Кенҷаев таъин шуд.

Қарори қабулкардаи сессияи 13-уми Шӯрои Олиро аҳолии ҷумҳурӣ якранг напазируфтанд.

 

Боби 5

 

ИБТИДОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

 

23-24 апрел дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Гирдиҳамомадагон нисбати қарори парламент изҳори норозигӣ намуданд. Дар майдони марказии шаҳри Кӯлоб ба тарафдории Президенти ҷумҳурӣ ва раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев гирдиҳамоии пурҷӯшу хурӯш барпо гардид. Дар он Ҳайдар Шарифов, Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов ва дигарон баромад карданд.

Бегоҳӣ чандин автобус, ки дар онҳо қариб ду ҳазор одам буд, ба майдони «Озодӣ»-и назди бинои Шӯрои Олӣ омаданд. Ин аз оғози маъракаи нави сиёсӣ башорат медод.

25 апрел дар рӯзи шанбе мухолифин донистанд, ки гирдиҳамоии навташкил ба муқобили онҳо нигаронида шудааст, аз пагоҳӣ тарафдорони худро ҷамъ оварданд.

Дар майдони «Шаҳидон» аз хаймаву долонҳо як шаҳри том пайдо шуд.

Ба майдони «Озодӣ» аҳолии дигар ноҳияҳо ба омадан шурӯъ карданд. Иштирокдорон талаб намуданд, ки қарори Сессияи 13-уми ғайринавбатӣ бекор карда шавад. Дар қатори ҳама талабҳои онҳо барқарор кардани Сафаралӣ Кенҷаев ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ буд. Онҳо маҷбур мекарданд, ки намояндаи мухолифин, қозии мусулмонони Тоҷикистон, ки айёшии бунёдгароӣ ба номи ӯ алоқаманд аст, аз ҳайати Президиуми Шӯрои Олӣ бароварда шавад.

Дар майдони «Озодӣ» асосан сокинони шаҳрҳои Кӯлоб, вилояти Ленинобод ва шаҳри Душанбе гирд меомаданд. Роҳбарону фаъолони гирдиҳамоӣ Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов, Ҳайдар Шарифов, Лангарӣ Лангариев, Саид Салимов, Абдулло Очилов буданд.

Аъзоёни ҳукумат ва қисми муайяни ҳайати вакилони халқ гирдомадагони майдони «Озодӣ»-ро дастгирӣ мекарданд. Аммо ин марҳаме буд ба ҷони роҳбарони гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон». Онҳо дар гузаронидани гирдиҳамоӣ дар ҳавои кушод таҷрибаи кофӣ доштанд. Бо аввалин даъваташон аз Душанбе, Кофарниҳон, Ҳисору водии Рашт ба дараҷаи кофӣ кворум пайдо шуд.

Ҳамин тариқ апрели соли 1992 ташаккули нерӯҳои сиёсӣ пурра ва аз рӯи нишонаҳои маҳал ба анҷом расид.

Ҳамин зайл, ҷобаҷошавии нерӯҳои сиёсӣ анҷом ёфт ва ба шакли маҳал қаротегиниҳову бадахшониҳо майдони «Шаҳидон»-ро гирифтанд. Кӯлобиҳову ленинободиҳо ва мардумони ҷойҳои дигар, ки онҳоро ҷонибдорӣ доштанд, дар майдони «Озодӣ» монданд.

Як мардум, ки бо як забон гуфтугӯ мекарданд, аз ду тарафи боғ муқобили ҳамдигар сангар гирифтанд.

Мо самараи заҳмати хешро аз рӯи раванди «тақсим куну ҳукмрон» чашидем. Сарварони ҳарду майдон ба якдигар нишон доданӣ мешуданд, ки дар мусобиқаи байни онҳо кӣ баландтар фарёд мезанад.

Аз вазъи вожгунии сиёсӣ ва асосҳои иқтисодии дарпешистода ва ягонагии миллату давлат касе сари андеша намерафт. Вазъияти сиёсӣ то ҳадди охирин тафсида буд.

Ибтидои моҳи май дар ҳарду майдон, аз ҳисоби ҷавонон, гурӯҳҳои ҳарбии ҷанговар ташкил гардиданд. Онҳо дар хиёбони Ленин машқ мекарданду қадам мезаданд. Ситоди иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» ташкил шуд. Эшони Қиёмиддин сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ва мулло Мамадҷон ҷонишини ӯ таъин гардид. Аз издиҳом ҳарду рутба гирифтанд: ба эшони Қиёмиддин рутбаи генерал-полковник ва ба мулло Мамадҷон рутбаи генерал-лейтенант доданд.

Дар майдони «Шаҳидон»-и назди бинои қароргоҳи Президенти ҷумҳурӣ намояндагони мухолифин ҷамъ омада талаб карданд, ки Фармони Президент оиди таъин намудани собиқ спикери Парламент Сафаралӣ Кенҷаев ба вазифаи раиси Комитети амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ва гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» пароканда карда шаванд.

Пайкор шиддат мегирифт. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев, бо мақсади ба маром даровардани вазъи сиёсӣ бо роҳбарон – иштирокдорони гирдиҳамоӣ, гуфтугӯи фаъолона рафт. Дар амал мақомоти иҷроия, суд ва дигар мақомоти давлатӣ ба ихтиёри гирдиҳамомадагон буд.

Сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор намекарданд. Бисёр кормандони ин сохторҳову мақомот, ки мавқеи муайян доштанд, дар навбати худ дар ин майдонҳо то серӣ хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд ва то фаро расидани вақти хӯроки нисфирӯзии фардо фароғат мекарданд. Дар ҳарду майдон дегҳои калон меҷӯшиданд. Бӯи хӯрок иштиҳо меовард. Иғвогарон байни ҳарду майдон гардиш намуда, ҳаргуна маълумоту овозаҳо паҳн карда, вазъи бе ин ҳам шиддатнокро, боз ҳам тезутунд мегардонданд. 4-6-уми майи соли 1992, аллакай гирдиҳамомадагони ҳарду майдон яроқ ва оғози задухӯрдро интизорӣ доштанд.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумат аз ҳисоби гирдиҳам­омадагони майдони «Озодӣ» баталиони таъиноти махсус таъсис ёфт (қумандон шодравон Бӯрӣ Ҷабборов) ва бо яроқу аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ гардонда шуд. Ҳини кашонидани яроқу аслиҳаи навбатӣ, дидаву дониста ё ки ба сабаби беэҳтиётӣ, мошини пур аз лавозимоти ҷангии майдони «Озодӣ» ба дасти иштирокдорони майдони «Шаҳидон» афтод. Яроқу аслиҳаи мусодирашударо ба бинои қозиёти ҷумҳурӣ бурда доданд, ки он ҷо аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷангӣ қарор доштанду дар боло нисбати он ишора рафт.

 

БОБИ 6

 

ВОҚЕАҲОИ БЕВУҚӮЪ

 

Дар як давраи масъули ҳассосату эҳтироси сиёсӣ, посбонии бинои Ҳукуматро ба ӯҳдаи Горди миллии навтаъсис, ки қумандонаш инсони ғайриҷиддӣ ва беаҳамият Баҳром Абдураҳмонов буд, супориданд.

Моҳи декабри соли 1991 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев Сарфармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири давлатӣ оид ба амнияти миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ генерал-майор Баҳром Маннонович Раҳмонов таъин шуд.

Раҳмонов Баҳром Маннонович, таваллуд соли 1949. Зодаи шаҳри Янгиюли Ҷумҳурии Ӯзебкистон. Соли 1984 раиси Комитети Марказии ДОСААФ-и РСС Тоҷикистон буд. Баъдан ба кор ба дастгоҳи ҳукумат гузашт. Вале одами дилпури ҳукумат набуд.

Ба ҳукумат пешниҳод шуд, ки ӯро аз фармондеҳии қисми ҳарбии посбонии бинои ҳукумат гиранд. Чунки мувофиқи маълумот Баҳром Раҳмонов посбононро бе – яроқ гардонда, худаш тарафи мухолифин будааст.

Ин маълумотро ба эътибор нагирифтанд ва натиҷа он шуд, ки шаби 5 маи соли 1992 Баҳром Раҳмонов пеши гирдиҳамомадагон баромад кард, ки қисми ҳарбии ба ӯ боваркарда ба тарафи майдони «Шаҳидон» мегузарад. Сухани ӯро телевизиони марказӣ намоиш дод. Дар ёдам мондааст, ки ӯ мегуфт: «Ман – набераи Шайх Абдураҳмон, тамоми умри ақлонаам, интизори ин рӯйдод будам».

Ба Баҳром Раҳмонов мухолифин зуд унвони «генерали халқӣ» доданд ва ӯро сардори штаби мухолифин таъин карданд. Ҳайати шахсии бригадаи ӯ ба ихтиёри худ гузошта шуд. Техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа (4 БТР, 450 автомати Калашников, 26000 дона тир) ба дасти мухолифин расид. Баъдтар бо супориши ӯ боз се БТР, ки дар ихтиёри ДОСААФ-и ҷумҳурӣ буд, ба мухолифин дода шуд.

Дар ҳамин давра кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба ду қисм ҷудо карда шуданд. Ба як қисмаш сардори идораи УБХСС (УБНОН) полковник Қувват Султонов роҳбарӣ мекард. Ба ин қисм, асосан зодагони гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтепа (баромадашон аз Кӯлоб) дохил мешуданд. Қисмати дуюмро штаби муттаҳидаи «Наҷоти Ватан» идора мекард.

Ба болои ин, ба ҳамаи қисмҳои махсуси навташкили Вазорати корҳои дохилӣ (ОМОН ва ғайра) командирон аз одамони доираи наздики Мамадаёз Навҷувонов ё сардорони мухолифин таъин шуданд. Комитети амнияти миллӣ ягона сохторе, ки истодагарӣ кард, кормандони асосӣ буданд, ки онҳоро асоси бандубаст (устухонбандӣ низ мегӯянд) нигоҳ дошт. Чунон ки дар масал мегӯянд: «Оила бе аҷоибхилқат нест». Дар Комитети амнияти миллӣ ҳам аҷоибхилқатон буданд. Бисёриҳо тарсиданд ва аз ҷумҳурӣ рафтанд. Қисми асосии кормандоне, ки анъанаҳои ЧК-ро мӯҳтарам медонистанд, то рӯзҳои охир ба раванди – принсипи худу Оиннома ва Ватан содиқ монданд. Ҳанӯз ҳам оҳанги суханони ходимони Кумитаи амнияти миллӣ: сардори шӯъбаи пажӯҳиш – Мамадалӣ Шафоатов, корманди фаврӣ-Даврон Мирзоев, шодравон Файзалӣ Саидов ба тозагӣ дар хотирам мондааст. Аз рӯи арзёбии он давра, суханрониҳои онҳо хеле ҷасурона буданд. Онҳо ба вазъи мавҷуда баҳои сиёсӣ дода, гунаҳкорони асосии моҷароро дар ҷомеа ном бурданд ва тарафҳои муқобилро даъват карданд, ки ҳама масъалаҳоро муттафиқона ҳал намоянд.

Мутаассифона, дигар хел кормандон ҳам буданд, ки ба раванду маҷрои ҳодисаҳои дар ҷомеа ба вуқӯъ омада аҳамият намедоданд. Аҷаб не, муаллиф дар натиҷагирии худ ҳақ набошад. Мумкин аст, онҳо ҳама чизро дониста ба мавқеи дигар гузаштанд. Тасаввур мекунам, ки онҳо худро баҳри ғоя не, балки худпарастиву мансабхоҳӣ курбон карданд.

Ҷӯрабек Аминов аз ҷумлаи онҳо буд. Мусанниф бо ӯ муносибати хеле дӯстона дошт. Корманди баркамол буд. Баъди сафари ӯ тобистони соли 1990 бо ҳам вохӯрдем. Ин дидорбинӣ пас аз чопи мақолаи «Садои Зангӯлаҳо» (дар рӯзномаи «Правда») ба вуқӯъ омад. Ҷӯрабек Аминов дар ҳайати комиссиони КДБ-и СССР омада буд. Ӯ ва комиссион ба далелу иқтибосҳои дар мақола роҷеъ ба нерӯҳои асосии иғвоандози ҳодисаҳои февралӣ овардашуда тавваҷӯҳ зоҳир карданд. Дар мақола нишон дода мешуд, ки қисми истибдод ё қаноти исломӣ қасди забт намудани ҳукумати сиёсии ҷумҳурӣ карданд. Мусанниф он гоҳ ба таҳқиқи кори ҷиноятӣ марбут ба далелҳои бетартибии оммавӣ дар шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекард. Аминов бо далелҳои дар парванда гирдоварда ва ба рафти рӯйдодҳо дар ҷомеа ошно шуда, дар маҷмӯъ бо фикру далелҳои мақолаи «Правда» розӣ шуд.

Вохӯрии дуюми мо ба соли 1992 рост омад. Ҷӯрабек Аминов изҳор кард, ки ба ҷумҳурӣ бармегардад ва корро дар созмонҳои бехатарӣ давом медиҳад, вале на поёнтар аз вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ.

(Шиноснома: Ҷӯрабек Мирзомиддинович Аминов зодаи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат), собиқ корманди КМ ЛКСМ Тоҷикистон; 1974 корманди созмонҳои Комитети амнияти миллӣ; 1980-1992 корманди КДБ СССР дар шаҳри Москва; 11 маи соли 1992 Ҷӯрабек Аминов ҷонишини аввали раиси КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон; 11 май аъзои ҳайати ҳукумати Оштии Миллӣ; ин ҳукумат 11 май бо укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд).

Ҳамаи ин баъдтар шуд. Вале рӯзи вохӯрии дуюм ӯ талаби ҷонишини аввал не, балки Раиси комитети амнияти миллӣ дошт. Ба ӯ тавсия шуд, ки ба Сафаралӣ Кенҷаев (он гоҳ раиси Шӯрои Олии ҷумҳур буд ва аз ӯҳдаи ҳалли ин масъала мебаромад) муроҷиат намояд.

Пеш аз рафтан ба Москва Ҷӯрабек Аминов хабар дод, ба ӯ тавсия кардаанд, ки дар радифи миёнаи Комитети амнияти миллӣ кор кунад. Ҷӯрабек Аминов баъди як силсила кӯшишҳои бебарор, барои соҳиб гардидани вазифаи раиси Комитети амнияти миллӣ сару сомон гум кард ва аз ин боис тарафи мухолифин гузашт.

Дидорбинии сеюм ба охирҳои соли 1992 рост омад. Ва ин замоне буд, ки ӯ бо пешниҳоди нерӯҳои мухолифин вазифаи ҷонишини аввали Раиси Комитети амнияти миллиро ба зимма дошт. Ва акнун ақидаҳои сиёсии ӯ тамом дигар шуда буд. Ҷӯрабек Аминов ҳолати сиёсиро ҳамчун вазъияти инқилобӣ шарҳ медод. Гирдиҳам-омадагони майдони «Шаҳидон»-ро иштирокдорони ҳаракати озодихоҳии миллӣ ҳисоб мекард.

Ҷӯрабек Аминов дар вазифаи ҷонишини аввали раиси Комитети амнияти миллӣ барои ғалабаи нерӯҳои мухолифин дар моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе саҳми ба назар намоён гузошт. Аз рӯи пешниҳоди ӯ аз 6 май сар карда, муҳимтарин объектҳои стратегӣ: аэропорт, телевизион, шоҳроҳҳои омадурафти шаҳри Душанбе зери назорати гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин қарор гирифт.

Ӯ чандин бор мусаннифи ин сатрҳоро даъват кард, ки вазифаи сардори идораи контрразведкаро (алайҳи кошифӣ) ба ӯҳда гирад. Он замон дар Саридораи гумрукӣ ифои вазифа доштам. Дар сӯҳбат доим мегуфт, ки ӯ аз ин роҳи дар пеш гирифтааш ягон илоҷи пас гаштан надорад ва хоҳиш дошт мо, дӯстони ӯ, баъди маргаш ба фарзандонаш дасти мадад дароз кунем.

Ҷӯрабек Аминов хуб медонист, ки ӯро чӣ интизор аст. Моҳи ноябри соли 1992 ӯро куштанд. Ва ин замоне буд, ки дӯстони ӯ дар Душанбе набуданд. Яксара ҳамашон ғайб зада буданд.

 

БОБИ 7

 

ТАБАДДУЛОТ

 

                    Чӣ кунад банда, ки бар ҷабр таҳаммул накунад,

                    Дил агар танг шавад, меҳвар табаддул накунад.

 

Мувофиқи протоколи миёни Президент, дафтари Вазирон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракати мардумии Тоҷикистон ба имзо расида аз 7 майи соли 1992 аз саҳар иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» хаймаҳоро ҷамъ оварданд. Аз вилояти Кӯлоб як қатор автобус ба раҳнамоии милиса ба шаҳри Душанбе омаданд, то ки гирдиҳам омадагони майдони «Озодӣ»-ро баранд. Вале дар ноҳияи Кофарниҳон ба онҳо тарафдорони мухолифин ҳуҷум оварданд. Якчанд автобусро гирифтанд, шишаҳои автобусҳои дигарро шикастанд. Милисаҳоро заданд. Як милисаро куштанд.

Автобусҳои боқимонда ба майдони «Озодӣ» пасгаштанд. Қисми асосии гирдиҳамомадагон (сокинони вилояти Кӯлоб) бо корвони автобусҳо ва мошинҳои боркаш (тахмин 50-60 нафарӣ) аз шаҳри Душанбе баромаданд.

Аммо дар он лаҳзаҳое ки одамон ба автобусу мошинҳо менишастанд ва аз шаҳри Душанбе мебаромаданд, ягон роҳбар дар ҷои кор набуд. Мусофирон мехостанд барои бехатарии роҳ кафолат гиранд. Онҳоро Давлати Худойназар ва эшони Қиёмиддин Ғозӣ бо роҳи ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) то ба қасабаи Султонобод ва сарҳади ноҳияи Ёвон бо БТР гуселониданд. Ноиби Президент Назрулло Дӯстов (он вақт ноиби Президент набуд) бо онҳо роҳи Кӯлобро пеш гирифт.

Давоми чанд рӯзи пай дар пай ба Кӯлоб, аз қасабаи Оли Сомони сари роҳи Душанбеву Ёвон, инчунин аз Душанбе, ҷасади шаҳидонро бурданд. Ва ин нафрат, қаҳру ғазаби одамонро овард.

Ҳине ки иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» пойтахтро тарк гуфтанд, гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» ба амали ҳалкунанда гузаштанд. Онҳо ба бинои Шӯрои Олӣ зада даромаданд ва ҳама мизу курсиҳо, бисотро тит карданд, қулфи дарҳоро шикастанд, дӯконҳои доруву савдоро ғорат намуданд.Онҳо ба қароргоҳи Президент ҳам раҳм накарданд.

Мухолифин дар назди бинои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиши нигора ва осорҳои гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» ба воситаи телевизиони марказӣ, ки аллакай дар дасти онҳо буд, шурӯъ карданд. Дар даромадгоҳи бинои Шӯрои Олӣ намоиши хоси мухолифин – «Осоргоҳи Озодӣ» ташкил намуданд. чӯби калтаку мех, шикастаҳои арматур, варақа ва шишаҳои холии нӯшокиҳои спиртӣ, либосҳои занона ва дигар чизҳои ба фикри барпокунандагони «намоиш» баъди рафтани иштирокдорони майдони «Озодӣ» ғаниматмондаро гузоштанд. Назди ин «нигораҳо» ҷавоне истода мегуфт, ки ба чӣ мақсад ин ашёҳо истифода мешуд. «Осоргоҳ» то 11 май фаъолият кард. Ва он мавзӯи барномаҳои телевизиони мухолифин шуд. Дам ба дам онро нишон дода, аз «бемаданиятӣ»-и иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» сухан меронданд.

Ба ин кору кирдори намоишдиҳандагон пирони рӯзгордида хандаи ғамангез ва пур аз афсӯс ба лаб оварда мегуфтанд: шармандагии миллат аз ҳад гузашт. «Бемаданиятӣ»-и киро ба кӣ намоиш медиҳанд? Оё ҳарду ҷониб як миллат нестанд?

Дар чунин шароит ходимони Шӯрои Олӣ ва дигар муассисаҳое, ки ҷои корашон дар ин бино буд, имконияти аз дар даромадан надоштанд.

 

Тухми адоват

 

Сарварони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» Сангак Сафаров бо бародараш Давлат Сафаров ва Рустам Абдураҳимов, иштирокдорони гирдиҳамоиро ба Кӯлоб фиристода, худ дар шаҳри Душанбе монданд. Мухолифин онҳоро меҷӯст. Онҳо ба қароргоҳи гурӯҳи ҷанговарони сарҳадии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон панаҳ бурданд. Қумандони гурӯҳ генерал-лейтенант Гритсан нисбати паноҳбурдагон бешарафӣ кард. Сангак Сафарову ҳамроҳонашро хоинона ба дасти мухолифин дод. Онҳоро ба театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оварданд.

Мухолифин таҳхонаи бинои театрро ба ҷои истинтоқи маҳбусон табдил дода буданд. Сангак Сафаров зери таҳдиди марг гузориш дод, ки гӯё аз кардаи худ пушаймон аст ва аз чунин сурат гирифтани ҳодиса афсӯс мехӯрад. 12 май бо мадади Раҳим Нуруллобеков ва рухсати Давлат Худойназаров Сангаку Давлат Сафаровҳо ва Рустам Абдураҳимовро озод карда, бо чархбол ба шаҳри Кӯлоб расонданд.

(Шиноснома: Сангак Сафаров, таваллуд 1929, зодаи деҳаи Шукнов, ноҳияи Ховалинг; 1935 падари ӯро ба ҷазо расонданд. Сангак Сафаров дар маҷмӯъ 22 соли умрро дар муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ гузаронд. пас аз ба озодӣ баромадан аз асорати мухолифин ҳикоят карданд, ки чӣ хел онҳоро ваҳшиёна азобу шиканҷа доданду таҳқир карданд. Сангак Сафаров изҳор кард, ки «ба ин бадбахтӣ хотима бояд дод.»)

(Раҳим Нуруллобековро соли 1993 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куштани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев гунаҳкор донист ва ба ҷазои олӣ-қатл ҳукм кард.)

Тарафи ғолиб 7 май бинои Шӯрои Олиро ишғол кард. Нишонаҳои демократия ба чашм намерасид. Ҷанговарони мусаллаҳ дар сар латабандакҳои сиёҳ ва навиштае бо ҳуруфи арабиасос: «Фидоиён» дар кӯчаҳои пойтахт мегаштанд.

Ҳамаи намоишҳои телевизиониро уламову шайхҳо ва муридоне мебурданд, ки дар асл ношинос буданд. Иҷрои нақшаи барномаҳоро ҷонишини раиси Комитет доир ба телевизион ва радио Маҳмадалӣ Ҳаитови шарқшинос ва аз кӯчаи журналистӣ ногузашта ба ӯҳда дошт. Барандагони дигар Юсуф Ҳаким ва Аҳмадшоҳи Комил буданд. Ҳар бор ҳам намоишҳоро бо номи Худо ва Қуръони олишон оғоз мебахшиданд. Ҳама интизорӣ доштанд, ки онҳо чӣ хел аз расидан ба ризоияти миллӣ мегӯянд.

Аммо ҳайҳот! Тамоми намоишҳо ба ривоҷ бахшидани ихтилофу зада пора-пора кардани ҷомеа ва шиддатнок гардондани вазъияти оммавӣ-сиёсӣ нигаронда шуда буд.

Ва намоиши барномаҳо ҳам ба ҳамин мақсад хизмат мекард. Ҳодисаҳои мавриди намоиши тамошобинон қарорёфта ҳар як кас ва ҳамаро ба изтироб меандохт. Воҳима ва изтироб кулли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратиро фаро гирифта буд. 4 майи соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаев аз мансаби раиси Комитети амнияти миллӣ рафт ва фардояш – 5 майи соли 1992 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ш. Турсунов, се рӯз пас А. Солибоев ва Ш.Н. Шарифов ба курсии раиси Комитети амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастанд.

 

Тақдирҳои сӮхта

 

Бисёр аъзоёни ҳукумат ва мақомоти ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла шодравон прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ба вилояти Ленинобод рафтанд.

Онҳое ҳам, ки ба вазъият сарфаҳм нарафтанд, бо ҳаргуна роҳҳо тарки пойтахт карданд.

Дар ин давра ҳукумати иҷроия дар дасти нерӯҳои муттаҳидаи мухолифин буд ва дар бинои Қозиёти ҷумҳурӣ қарор дошт. Мусанниф шоҳиди аз ин ҷо озод кардани кормандони созмонҳои бехатарие буд, ки дар ноҳияи Кофарниҳон (феълан Ваҳдат) гаравгон гирифта буданд. Рухсатномаи ба номи Қозиёт роҷеъ ба озод кардани онҳоро ходими дастгоҳи Марказии Комитети амнияти миллӣ майор Аноят Сулаймонбеков аз кинотеатри ба номи Ҷомӣ ба даст овард.

Мутаассифона, қобилияти бисёр мансабдорони ҳукумати иҷроия ба муайяну пешбинӣ кардани вазъият намерасид.

Аз беқобилиятии полковник Р.Ш. Турсунов, ки се рӯз раиси Комитети амнияти миллии ҷумҳурӣ буд, архиви созмонҳои давлатии бехатарӣ ба коми оташ рафт. Се шабонарӯз маводҳои таърихии солҳои сол ба ивази хуну чакраҳои арақ гирдоварда сӯхта дуд баровард. На танҳо маводҳову парвандаҳо, балки саҳифаҳои таърихи созмонҳои бехатарии мамлакат месӯхт ва ба хокистари сиёҳ табдил меёфт. Баъди рафтани иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» телевизион аз ин ҷо муттасил намоишҳои гуногун медод. Ва ин намоишҳоро боз ҳамон Маҳмадалӣ Ҳаитову Юсуф Ҳаким ва Аҳмадшоҳи Комил мебурданд ва боре ҳам ёдовар намешуданд, ки мухолифату пайкор ба оқибатҳои гиряовар мерасонад. Майдони «Озодӣ» тоза ба тоза ҳамчун «осорхона» намоиш дода мешуд. Ва дар муқобили он қасидаи тавсифу офарин ба суроғаи ғолиб боз аз нав ва такрор ба такрор садо медод. Мусанниф чунин мешуморад, ки аз ин барандаҳои ғайрикасбӣ малол шудан арзише надорад. Аз афташ замона ҳамин хел буд, ки роҳи интихоби дигаре надошт.

Дар майдони «Шаҳидон» иштирокдорони гирдиҳамоии он шодии пурҷӯшу хурӯш доштанд ва якдигарро ба ғалаба муборакбод мегуфтанд.

 

матонат

 

7 майи соли 1992 маҷлиси афсарони Комитети амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе муроҷиатнома қабул кард. Дар он хоҳиш карда мешуд, ки дар сурати ҳуҷум ба кормандони Комитети амнияти миллӣ онҳоро ҳимоя намояд. Ва дар муроҷиатнома нерӯҳое фош мешуданд, ки бо роҳи зӯриву маҷбурӣ ҳукуматро забт карданд ва дар амал ин вожгун намудани сохтори Конститутсионӣ аст.

Бо назардошти муроҷиатномаи қабулкардаи ҳайати афсарони КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қумандони дивизияи савораи тирандози 201 полковник В. Заболотний ба гурӯҳи броневикҳо иборат аз панҷ танк, се БМП ва як БТР фармон дод, ки даромадгоҳи бинои Комитети амнияти миллӣ, хонаҳои кормандони онро таҳти ҳимоя гиранд ва кӯчаҳоеро, ки ба шаҳракҳои ҳарбӣ мераванд, банданд. Амр шуда буд, ки бо нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ба ҷанг надароянд.

То 9 майи соли 1992 ба ҷуз бинои Комитети амнияти миллӣ дигар ҳама объектҳои стратегие, ки фаъолияти ҳаёти шаҳри Душанберо таъмин мекард, зери назорати силоҳбадастони мухолифин буд. Ҳамаи кормандон, ба ҷуз онҳое ки ҷонибдори шӯришгарон буданд, бо омодабоши рақами 1 дар бинои КАМ меистоданд.

Тамоми афсарон омодагӣ гирифтанд, ки то охир истодагарӣ мекунанд.

Маълумоти таъҷилӣ гирифта шуд, ки «муҷоҳидҳо» (худро ҳамин хел ном ниҳоданд,) ният доранд, ки 10 май ба бинои КАМ ҳуҷум меоваранд.

Аниқ соати 16.00 рӯзи 10-уми май чандсад нафар силоҳбадастон бо техникаи зиреҳпӯш ба сӯи бинои КАМ омаданд. Вақти хуруҷ аз яроқҳои оташфишон истифода бурданд. Кормандони Кумитаи амнияти миллӣ мавқеъ гирифтанд ва ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд. Дар тирпарронии аввал аз гранатапартоӣ ду БТР аз кор баромад. Аз ҳисоби ҷанговарон 9 нафар ба шаҳодат расид ва 24 кас захм бардоштанд.

 

фирорӢ

 

Дарвоқеъ, ҳамаи раставу майдонҳои шаҳри Душанбе холӣ буд.

Дар ин рӯзҳо Раҳмон Набиев розӣ набуд, ки пайкори мусаллаҳона давом ёбад. Метарсид масъулиятро ба гардани худ гирад. Дар ҳақиқати ҳол мумкин буд бо талафоти андаке дар пойтахт ва ҷумҳурӣ тартибот ҷорӣ гардад. Дар навбати худ раиси навбаромади КАМ Турсунов пинҳонӣ ҷумҳуриро тарк кард ва танҳо баъди ду рӯз ходимони созмонҳо донистанд, ки ӯ ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Москва аст.

Зодгоҳи занаш дар рӯзҳои барои мардуми мо сангин ӯро наҷот дод. Агар ҳамон вақт сарваре пайдо мешуд, ки мардум аз қафои ӯ мерафт, он гоҳ имконияти ҷорӣ намудани тартибот дар пойтахти мамлакат ва имконияти пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандие, ки ваҳшонияти он панҷ сол тӯл кашид ва ҷони ҳазорон ҳазор ҳаммиллатони моро рабуд, пайдо мешуд.

Мансуб ба рӯйдоди назди бинои КАМ раиси ҳизби демократӣ Шодмон Юсуфов изҳорот дод, ки агар ҷанговарони Русия бинои КАМ-ро муҳофизат намоянд, мухолифин барои кӯмак ба Афғонистон ё Эрон муроҷиат мекунад. Дар сурати минбаъд дахолат кардани ҷанговарони Русия ба корҳои дохилии ҷумҳур Шодмон Юсуфов огоҳ кард, ки аҳолии забонашон русӣ гаравгон гирифта мешаванд. Тамоми он шаб ин ба воситаи телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Боз дар ҳамон вазъият изҳороти Давлат Усмонов ҷонишини раиси ҳизби эҳёи исломӣ дар бораи миллӣ кунондани дороии гарнизони Душанбе фирори мардуми забонашон русиро аз ҷумҳурӣ ногаҳон афзоиш дод.

 

БОБИ 8

 

НАҲС

 

Дар даҳаи дуюми маи соли 1992 шиддати вазъи сиёсӣ дар майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ» ором шуд. Иштирокдорони гирдиҳамоӣ ба хонаашон рафтанд. Аз назари шоҳидони ҳодисаҳое, ки соли 1992 рӯй дод, он соли сиёсат ва таъсиррасонии табиӣ буд.

9 майи соли 1992 бегоҳӣ, наздики намози шом, дар ноҳияҳои Ховалингу Мӯъминобод борони шиддатноки сел ба боридан сар кард. Аз зӯри садои борону ҷӯю шаршараҳо дараҳои мубҳами ин ноҳияҳо пур шуданд. Ва дарёчаҳои тезоби қаъри дараҳо, ки оби худро ба дарёи Оқсу мерезанд, одамро аз пой меафтонданд. Борони сел тӯл кашид ва наздик то субҳдам борид. Сапедадам дарёи Оқсу ба дамидан даромад ва аз маҷрои худ берун шуд. Ва ба сӯи деҳаҳои калону сераҳолии дуру наздики шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ маҷрои сел кушод. Маҷрои нав пур аз оби лойолуди даҳшатовар соатҳое, ки мардум ғарқи хоби ширин буданд, дарахтони боғҳоро кандаву сарнагун, заминро аз решаҳои дарахтон бо хоку сангаш тоза карда, ба ҳавливу хонаҳо даромад.

Сел бисоти хонаҳо – гилему қолин, кӯрпаву намадҳоро мисли дока дар мошини ҷомашӯӣ дар оби тираи хашмин ба бозӣ даровард ва мардум аз ин хуруҷи ногаҳонии аз осмон омада ба даҳшат афтоданд. Сел ҳазорҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои деҳқонон, садҳо гектар боғҳоро ба коми худ фурӯ бурд. Ва одамони зиёде бе хонаву ҷо монданд. Даҳшат бузург буд ва қурбонӣ ҳам. Вале аз ҳисоби ҷонҳои зинда (одамон) қурбонӣ камтар буд.

Аз саҳарии рӯзи 9 май одам дар шаҳри Кӯлобу қасабаи Восеъ ва деҳоти гирду атроф ба мисле меҷӯшид, ки гӯё ба хонаҳои мӯрчагон об даромадааст.

Ин даҳшати табиат дар Кӯлоб буд. Вале дар Душанбе ҳам оромӣ набуд. Даҳшатафкании одам ба одам вазъи сиёсиро шиддатнок мегардонд. Ризоияти миллие, ки ҳукумат қабул кард, натиҷаи дилхоҳ надод. Аз дасти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам кори назаррас анҷом напазируфт. Муҳити сиёсӣ дар вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтепа ва баъзе ноҳияҳои онҳо риққатовару таассуфангез гардид. Нобоварии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ (аз рӯи нишонаҳои маҳал) дар ҷумҳурӣ қувват гирифт. Ихтилоф дар ҷомеа дар заминаи сиёсати маҳалгароӣ ва миллатчигӣ амиқтар реша давонд. Дастаҳои гуногуни мусаллаҳ дар аксар ҳолатҳо ба мақомоти ҳуқуқӣ ва ҳамчунин ба онҳое, ки ин дастаҳоро ташкил намуданд, итоат намекарданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ дар аксар ҳолатҳо ба силоҳи марг­бор даст мебурданд.

Мухолифати майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шуд.

Дар вилояти Қӯрғонтепа иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» ва тарафдорони онҳоро ва дар вилояти Кӯлоб иштирокдорони гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» ва ҷонибдорони онҳоро таъқиб мекарданд.

 

Маҷро дигар шуд

 

Аввали моҳи июн Президенти Ҷумҳур Раҳмон Набиев ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд. Бисёр аъзоҳои ҳукумат, аз ҷумла прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ба пойтахт баргаштанд. Алиҷон Абдуллоевич Солибоев раиси нави Комитети амнияти миллӣ таъин шуд. Вале мисли пештара мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ фалаҷ буданд ва мувофиқи талаботи қонун кор намекарданд. Дар сарҳади собиқ вилояти Қӯрғонтепа ҷузъҳои мусаллаҳи ташкилёфта чашмдори бархӯрдҳои нав буданд.

Дар ибтидо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти фармондеҳии Қорӣ Мамадҷон дар стадиони шаҳри Қӯрғонтепа ҷобаҷо мешуданд ва онҳоро аз Душанбе идора мекарданд. Ҳамзамон сарварони нерӯҳои мухолифини ҷумҳур штаби ситоди «Наҷоти Ватан» таъсис доданд, ки ба он раиси ҳизби демократи ҷумҳур Шодмон Юсуфов роҳбарӣ мекард. Ба ҳайати фармондеҳии штаб роҳбарони ҳизбҳову ҳаракатҳои Тоҷикистон: Ш. Юсуф (раис), Т. Абдуҷаббор, М. Ҳимматзода, А. Амирбеков (ҷонишинони раис), К. Шариф, С.А. Нурӣ, А. Соҳибназаров, Р. Назаров, Ҷ. Буйдоқов, О. Бобоназарова ва чанде дигарон шомил буданд. Сабаби таъсиси штаб вазъияти мураккаби сиёсӣ дар ҷумҳурӣ буд. Штаб дар бинои штаби мудофиаи шаҳрванди пойтахт ҷо шуд ва амалиёти нерӯҳои мухолифинро барои минбаъд мустаҳкам намудани мавқеи худ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Филиалҳои штаб дар якчанд ноҳияи ҷумҳурӣ, ки он ҷо мухолифин таъсири сахт дошт, бахусус вилояти Қӯрғонтепа, шаҳри Кофарниҳон (феълан Ваҳдат) ва қасабаҳои Ғарм (ҳоло Рашт) ва Комсомолобод (Нуробод) таъсис ёфт. Ташкили штабро ҳизби эҳёи исломӣ, ҳаракатҳои мардумии «Растохез»-у «Лаъли Бадахшон» ҷонибдорӣ мекарданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти штаб аз тарафи қисме аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Комитети амнияти миллӣ дастгирӣ меёфт.

Ҳамчунин штаб бо намояндагони дигар идораҳо низ ҳамкорӣ мекарданд. Баъдтар Шодмони Юсуф дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ иштирок мекард ва дар бинои ҳукуматӣ дафтари корӣ дошт.

Ба ҷуз вилояти Кӯлоб қонунияти штабро баъзе мақомоти давлатии дар маҳалҳо буда эътироф мекарданд.

22 июни соли 1992 ба қароргоҳи мухбирони Агентии ахбори Тоҷикистон «Ховар» изҳороти раиси комиҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб, вакили мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Мирзоалиев расид, ки ба сабаби ба вуҷуд омадани вазъияти мураккаби оммавӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва ташкили штаби «Наҷоти Ватан» ба ҳамватанон муроҷиат карда мешуд.

«Ҳамватанони мӯҳтарам! Вақтҳои охир вазъияти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҳадди эътидол гузашт. Рӯз аз рӯз манбаҳои шиддатнокӣ беш аз пеш арзи вуҷуд мекунад, бархӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои гуногун зиёд шуда истодааст. Дар натиҷаи ин бархӯрдҳо одамони бегуноҳ ба шаҳодат мерасанд.

Сабаби асосии ин вазъияти хатарнок дар ҷумҳурӣ талоши гурӯҳҳои муайян барои бо ҳар роҳ забт намудани ҳукумат ва ба амал баровардани ғояҳои моҷароҷӯёнаи худ мебошад. Гирдиҳамоиҳои моҳи май дар Душанбе, вақте зери фишори мухолифин, ки омирона худро «иттиҳоди нерӯҳои демократӣ» эълон дошт, бо чунин як номе «Ҳукумати ризоияти миллӣ»-и зидди Конститутсионӣ таъсис дода буд. Дар чунин ҳолат Президенти ҷумҳурӣ тарсончакӣ кард ва бозии сари дасти нерӯҳои ғайрисохторӣ, ҳамонҳое ки ӯро маҷбур намуданд указҳое барорад, ки зидди Конститутсияи ҷумҳурӣ бошад.

Дар чунин шароити мубориза барои ҳукумат аз гирдиҳамоии пурэътирозу ваҳмовар ба шакле расид, ки омили асосии он ҷисман нест кардани муқобилони фаъолияти зидди Конститутсионии мухолифинанд.

Решаҳои рӯйдодҳо ба феврали соли 1990 мерасад, ки он вақт демократҳои бардурӯғу сохта ва рӯҳониёни худсару худком бисёр ҳамватанони моро қурбони ҷанги хунин карданд. Сиёсати мухолифин бо усули зурӣ ва амали харобиовар ғасб кардани ҳукумат аст, ки ин моҳи сентябр ҳам мушоҳида шуд. Рӯҳониён ба ғайрирӯҳонӣ будани хислати давлат эътибор надода, бешармона ба дахолат кардан ба ҳаёти сиёсии ҷомеа оғоз карданд. Ва натиҷаи ин дахолат пеши чашм аст.

Вакилони халқии ҳамаи зинаҳои вилояти Кӯлоб ин гуна амали зиддихалқиро маҳкум мекунанд. Дар вазъияти баамаломада Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб қарор қабул кард, дар он аз ҷумла зикр мешавад, ки указҳои зидди Конститутсионӣ баровардаи Президент ва қарори ҳукумат таъсири қонунӣ надоранд ва дар ҳудуди вилояти Кӯлоб эътироф намешаванд.

Шӯрои вакилони халқи вилоят дар як вақт ташкилотҳову корхонаҳо, муассисаҳову хоҷагиҳоеро, ки дар вилоят аст, дар доираи ҳуқуқҳои худ мегирад. Вакилон ҳамчун талаб намуданд, ки дар ҷои бехатар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳуриро даъват карда дар он вазъияти баамаломадаи ҷомеавию сиёсӣ ҳаматарафа муҳокима карда шавад.

Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ қарори сессияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлобро ба назари эътибор нагирифт. Ба ростӣ ба фаҳмиши ин намерасиданд, чунки дар ҳайати ҳукумат одамоне буданд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба сари ҳокимият омаданд.

Эълони аз даҳони Шодмон Юсуф 24 июни соли 1992 ба василаи радиои ҷумҳур дар бораи таъсис додани ҳамин хел як штаби «Наҷоти Ватан» садо дода, вазъиятро дар ҷомеа боз ҳам шиддатноктар кард.

Ҳеҷ аз хотир намеравад, изҳороти беандешаи ӯ, ки ба аҳолии забонашон русӣ рӯирост таҳдид намуд ва дар натиҷа ҷараёни ба ватани авлодии худ пас гаштани мардуми ғайритаҳҷоӣ ривоҷ гирифт. Ин изҳороти Шодмон Юсуф ба обрӯи байналхалқии давлати мо зиёни зиёд расонд.

Маҳз ба ҳамин сабаб мутахассисони баландихтисоси пуртаҷриба кам шуд, ки аз ҳама бадаш ба пастравии иқтисодиёти мамлакат боис гардид.

Ин боз як ҳуҷуми зиддихалқии Шодмон Юсуф буд.

Ҳамчунин маълум нашуд, ки ин сарвари ҳизби демократиро, ки мардуми Тоҷикистонро наҷот додан хост, кӣ ваколатдор кардааст? Ӯ киро аз кӣ, кадом халқро аз кадом халқ наҷот медиҳад?

Баромади ӯ аз оғоз то анҷом даъвати рӯирост ба тақаррубу ҷанги шаҳрвандӣ аст.

Мутаассифона, аз ҳад зиёд ба эълон намудани муҳосираи иқтисодии вилояти мо даъват мекунанд. Ва ҳамаи ин дар он замонест, ки бо сабаби сели фалокатбор зиёну талафоти бузург дид, ки зарари он бо чанд миллиард сӯм мерасад. Вақте мардум бе хонаву ҷой, бе як нола нон ва бисоту сару либос мондааст, куҷост раҳму шафқат ва одамдӯстӣ?

Норозигии одамон аз он чӣ рӯзҳои охир радио ва телевизион матбуот вазъияти воқеии оммавию сиёсиро бадқасдона бардурӯғ шарҳ медод, пурзӯр мешуд.

ғаммозиҳои фиребу макрҳои сиёсӣ, ки дар пай на танҳо талафоти ахлоқӣ, балки иқтисодӣ ҳам дорад, ба мардум гарон меафтад. Аз ҷумла, ба мардуми вилояти Кӯлоб, ки айни замон вобаста ба маводи хӯрокӣ, сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ, молҳои дархӯри ҳаррӯзаи омма шароити изтиробомез ба вуҷуд омадааст. Ҳатто он чи ки ҷумҳурӣ медиҳад, вилоят бо сабаби муҳсираи роҳҳо гирифта наметавонад.

Кӯлобиҳо ба ҳамаи онҳое ки аз Бадахшони Кӯҳӣ, Ленинобод, Қӯрғонтепа ва дигар ноҳияҳо дасти ёрӣ дароз доранд, арзи сипос мекунанд.

Аз ин муроҷиат истифода бурда, ба коллективҳои меҳнатӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат мекунем, ки дар чунин як лаҳзаҳои мушкил мадади маънавию моддии худро аз мо дареғ надоранд.

Кӯлобиҳо ба қадри некӣ мерасанд.

Мо ҳамеша ҷонибдори бо роҳи сулҳу салоҳ ҳал намудани ҳамагуна масъалаҳоем. Мо барои ба гуфтугӯ нишастан сари мизи ҳама ҳизбҳову ҳаракатҳо ва созмонҳои давлатие, ки ба мӯътадил гардидани вазъият манфиатдоранд, тайёрем. Талабҳои мо 2-юми июни соли 1992 дар сессияи Шӯрои вилоятӣ ба расмият дароварда шуд. Ва ин талабҳо бетағйир ба ҷомеа расидааст.

Ба наздикӣ дар шаҳри Қӯрғонтепа, миёни ду вилояти ҳамсоя ва ҳукумати оштии миллӣ, гуфтушунид гузаронда шуд. Аз 11 пешниҳод 9 пешниҳод қабул гардид. Аммо мутаассифона, ба ким-кадоме ин гуфтугузори сулҳхоҳона ва ризоият хуш наомада, фитнаангезона дар бархӯрди мусаллаҳонаи байни гирдиҳам­омадагони ду майдони шаҳри Душанбе кӯлобиҳоро гунаҳгор медонанд.

Ман бояд бо тамоми масъулият изҳор намоям, ки дар ин ҳодисаи ногувор гунаҳкор кӯлобиҳо нестанд, балки нерӯҳои иғвоандозе айбдоранд, ки барои ҳар чӣ зиёдтар шиддатнок кардани вазъият талош варзиданд. Далелҳое ҳам кам нестанд, ки кӯлобиҳоро ҳақорат медиҳанд, таҳқир мекунанд, мезананд ва ҳатто мекушанд. Пурсида мешавад, ки ин ҳама ба хотири чӣ?

Барои он ки онҳо демократияи ҳақиқиро тақозо доранд? Ё барои он ки онҳо Президенти қонунӣ интихобшударо дастгирӣ мекунанд?

Андеша дорем, ки ҳам барои ин, ҳам барои дигар ва барои сеюм, кулли кӯлобиҳо ба ростиву дурустии худ боварии комил доранд. Ягон нафари онҳо аз паи мақсади шахсӣ нест. Як сайъу кӯшиш доранд: пойдор гардондани қонуну тартибот ва осоиштагии оилаҳо.

Ба ҳамаи ин танҳо дар сурати вазъи мӯътадили сиёсӣ, дар натиҷаи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҳуқуқӣ ба давлати дунявӣ расидан мумкин аст.[1]

Шабеҳ ба ин, дар як радиф аз ҳисоби одамони собиқ, аз вилояти Кӯлоб дар ноҳияҳои Бохтару Вахш ва Калининобод (феълан Сарбанд) гурӯҳҳои мусаллаҳ ташкил меёфтанд. Баъди ба озодӣ баромадани Сангак Сафаров, ки мухолифин ӯро дар шаҳри Душанбе дастгир карда буд ва дар бозгашт ба шаҳри Кӯлоб, ситоди худмудофиа таъсис ёфт, аъзоёни фаъоли он С. Саидов, И. Исломов, Л. Лангариев, Р. Абдураҳимов ва дигарон буданд. Дар як муддати мадид ин гуна штабҳо дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восею Москва (ҳозир ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ), Совет (Темурмалик), Фархор ва дигар ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб ташкил гардид.

Созмонҳои ба ин монанд дар гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм таъсис ёфтанд. Вилояти Ленинобод (Суғд) дар ибтидо, ба ҷуз сокинони баъзе қишлоқҳои ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳи Кӯҳӣ мавқеи бетарафӣ гирифт.

Дар худи шаҳри Душанбе зери ҳимояи Қозиёт ва ситоди «Наҷоти Ватан» дар аввал гурӯҳҳои мусаллаҳи паҳлавон Мӯсо Исоев, Р. Нуруллоев, Р. Содиров, мулло Абдуғаффор Худойдодов (дар маҳаллаи «Южний»), мулло Файз (маҳаллаи «Асфалт»), М. Каримов (ноҳияи Роҳи Оҳан) фаъолият доштанд ва ситод дар автобазаи рақами 3 буд. Дар қатори ин гурӯҳҳо, ки онҳоро муҷоҳид мегуфтанд, дар шаҳрҳои Душанбе ва Кофарниҳон (Ваҳдат) гурӯҳҳои хурди мусаллаҳе буданд, ки аслан ба дуздиву ғорат ва дигар амалҳои ҷинояти вазнин шуғл доштанд. Ин гурӯҳҳои кӯчак ба касе итоат намекарданд. Ҳамин гуна гурӯҳҳои ҷинояткор дар вилояти Қӯрғонтепа ва ноҳияҳои гурӯҳи Ғарм низ фаъолият мекард. Аэропорти Душанбе шабонарӯз зери назорати силоҳбадастон (ба ибораи онрӯза «боевикҳо») буд. Роҳи мошингард ба сӯи шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯлоб таҳти назорати гурӯҳи мусаллаҳи қумандон Нозим қарор дошт. Дар ағбаи Чормағзак дидбонгоҳи пурқуввати муҳосира амал мекард. Ҳамин гуна дидбонгоҳ дар километри нӯҳуми баромадгоҳи самти ҷанубии сарҳади Душанбеву ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) ва баромад ба ноҳияи Ҳисор фаъолият дошт.

Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳо одамонро нигоҳ медоштанд, таҳқиқ мекарданд ва дар баъзе ҳолатҳо мепарронданд, вале на аз рӯи оҳанги ғоя. Ҳамаи ин маҳсули воқеии хуруҷи пайкоре буд, ки на як солу ду сол давом кард.

 

изҳорот

 

Тобистони соли 1992 одамон дар шаҳри Душанбе дар муҳити пурраи тарсу ларз ва нобоварӣ ба фардо рӯз ба сар мебурданд. Тарс ва нобоварӣ мисли тори анкабут ҷони одамонро печонда ва кишан зад, ки заминаи воқеӣ дошт. Дар шаҳри Душанбе прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев кушта шуд. Ӯ ҷавонмарде буд нотарс ва ба муҳити бавуҷудомадаи бесарусомонӣ нигоҳ накарда, ҷасурона пеши беадолатӣ сархам накард ва аз таҳдидҳо бим ба дил наовард, то охирин рӯзҳои умр худро қурбони халқу қонун кард. Ҳувайдуллоевро хоинона ба шаҳодат расонданд. Ва ӯ бо сари баланд аз ҳаёт рафт.

(24 августи соли 1992, соати 8,30 пагоҳӣ дар кӯчаи Ломоносов (ҳоло кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев) прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоевич Ҳувайдуллоев ва ронандаи мошини хизматии ӯ Довуд Мӯсоевро ба шаҳодат расониданд).

То давраи ба бор омадани ин ҷинояти вазнин изҳороти прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев бо чунин мазмун паҳн шуда буд:

«Рӯзҳои охир дар доираҳои муайяни ҷумҳур дар бораи ҷисман нест кардани ман муҳоботу овозаҳо зиёд шуда истодааст. Хатари ин ҳақиқат ба дараҷае воқеӣ ва ҷиддӣ аст, ки ман қарор додам бо ин изҳорот баромад кунам. Ана як сол шуд, ки дар воситаҳои ҷудогонаи ахбори омма маъракаи дурӯғу тӯҳмат ба суроғаи ман ҳамчун прокурори генералӣ дар авҷ аст. Баъди ҳабси прокуратуравии М. Икромов ва ҳодисаи маълуми моҳҳои апрелу май дар шаҳри Душанбе, онҳо (муболиғони овозаҳо С.К.) якбора авҷ кард.

Мақсад ин аст, ки маро наҳ зада бадном кунанд, то ки аз вазифа гиранд ва ба ҷои озодшуда одами маъқулеро монанд, ки беқонунии дар ҷумҳурӣ рафтаистодаро «табаррук»-у «муқаддас» гардонад. Таҳдиде, ки ҳозир овоза шудааст, анҷоми мантиқии маъракаи дар матбуот торафт васеъ паҳн гардида аст. Барои доғдор кардани ман ягон асоси қонунӣ наёфта, доираҳои муайяни сиёсӣ азм карданд, ки ба чораи охирин даст зананд.

Чӣ чиз ба ин мардум халал медиҳад? Мавқеъе, ки ман дорам, ҳамчун прокурори генералӣ ва ин ки ман ҳамеша истодам ва меистам баҳри ҳифзи қонун ва ба ҳеҷ кас рухсат намедиҳам онро вайрон кунад; он чӣ ман аз ҳар як ҳизбу ҳаракат талаб дорам, новобаста ба он ки бо кадом шиор баромад мекунад, бечунучаро иҷрои қонун ва эҳтиром ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ маро бовар кунонда наметавонад, ки бо шиор ҳамаи он чӣ ба кадом як ғоя мансуб ва ба хотири расидан ба он меарзад ҳаёти инсонӣ, умри одам қурбон гардад, сафед кунам. Ба назарам ҳамин намефорад.

Вазъият дар ҷумҳурӣ то ҳадди охирин мураккаб аст. Имрӯз ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ бояд аз худ бардошт ва хирадмандии бузургтарин ба зуҳур оварад, то ки ҷомеаи мо чошу пош нахӯраду ҷанги шаҳрвандӣ сар нашавад. Маҳз ба ин хотир аз ҳама муҳимтар он аст, ки қонун риоя шавад ва ниҳоят зарур аст, ки созиш ҷӯста ва пайдо карда шавад. Вале дар аксар ҳолат тамоман акси ин ба чашм мерасад. Барои кадом як сиёсати мутакабирона қонун поймол мешавад ва одамони тамоман бегуноҳ маҳв мегарданд.

Ҳозир прокуратураи ҷумҳурӣ бисёр корҳоро карда истодааст, ки ин равандро нигоҳ дорад. Ва лаҷоми поймолкунандагони қонунро мекашад. Аммо дар сурати ин фишоре, ки ба мо мерасонанд ва дар сурати он аксуламале, ки кормандони мо рӯ ба рӯянд, прокуратура баъзан бечора мемонад. Роҳи ягонаи баромадан аз ин мушкилӣ ин гуфтушунид бо иштироки намояндагони вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтепа, Ленинобод, ҳамаи ҳизбҳову ҳаракатҳо ва тамоми шахсони манфиатдор аст. Ва ин гуфтушунидҳо бояд таҳти сарварии Президенти қонунӣ интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.

Дар раванди мӯътадил гардондани шароит воситаҳои ахбори омма ва қисман телевизиони мардумӣ ба ҷои ин тарсу ваҳму ваҳшат, ҳама корро мекунад, ки гуфтушунид қатъ ёбад, шароит тезу тунд гардад ва ҷомеаро ба пора-порашавӣ ва эҳтимол сар задании ҷанги шаҳрвандӣ мерасонад.

Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳам барои ҳалли ин масъалаҳо на чандон фаъолият мекунад. Охир, имрӯз бисёр кор кардан мумкин аст. Д. Худойназаров аъзои ҳукумат нест, вале ҳамеша дар байни ҷӯши ҳодисаҳост. Худаш тани танҳо масъалаҳои доғи рӯзро ҳал мекунад, вазифаи мураккабу муҳими намояндагии башардӯстонаро ба ҷо меоварад.

Барои ҳамаи мо сулҳ, оромӣ ва тартибот зарур.

Дар акси ҳол, мо ояндаи халқи мамлакати худро маҳв месозем. Касе ба надонистани ин ҳақ надорад».

 

КӮшишҳои бенатиҷа

 

27 июн дар сарҳади ноҳияи Вахшу шаҳри Калининободи (Сарбанди) вилояти Қӯрғонтепа байни тарафҳои муқобил ҷанги бераҳмона рафт.

Аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ 54 одам ҳалок ва 18 нафар ярадор гардид ва 60 нафар асир гирифта шуд.

Мувофиқи ахбороти маркази матбуоти комиҷроияи вилояти Қӯрғонтепа, соати 5 ва 30 дақиқаи саҳарӣ гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз 200 нафар аз совхози «Туркманистон» ба замини савхози «Вахш» зада даромад. Гурӯҳи мусаллаҳ дар ин совхоз ба ҷанг омода буд. Тирпарронӣ сар шуд ва 5 соат давом кард. Ба ҷои ҷанг қувваҳои ОМОН-и назди идораи умури дохилаи комиҷроияи вилоят омад ва байни тарафҳои даргир мавқеъ гирифт. Аз минтақаи задухӯрд ҳазорҳо нафар мардуми осоишта тахлия (холӣ) карда шуд.

Ҳамон рӯз Давлат Худойназаров бо намояндагони ёрии башардӯстона ба шаҳри Қӯрғонтепа омад. Баъди вохӯриҳои тӯлонӣ бо намояндагони тарафҳои даргири ноҳияҳои Вахшу Бохтар созиш ба даст омад.

Тарафҳо розӣ шуданд гаравгононро, ки дар савхози «Туркманистон» ва шаҳраки Вахш буданд, озод намоянд.

Иштирокчиёни гуфтушуниди тарафҳои мухолиф дар бораи ташкили комитет оиди барқарор намудани сулҳ ва мусолиҳа дар вилояти Қӯрғонтепа қарор қабул карданд. Ба ҳайати он намояндагони ҳар ду гурӯҳ дохил мешуд. Раиси комитет якдилона Давлат Худойназаров таъин гардид.

Дар доираи вазифаҳои комитет дохил мешуд: озод кардани гаравгонон, барҳам додани ҳамаи посбонгоҳҳои мусаллаҳ, бесилоҳ гардондани аҳолӣ.

Давлат Худойназаров изҳорот дод, ки то вазъият мӯътадил нагардад, ӯ аз Қӯрғонтепа намеравад.

Дар ҳайати комитет инҳо дохил буданд: қорӣ Иброҳим, Саид Абдуллои Нурӣ, мулло Муҳаммадӣ, раиси комиҷроияи ноҳияи Бохтар Абдулмаҷид Достиев, иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи умури дохилаи вилоят С. Саидасанов. Дар қатори қадамҳои аввалин баъди бархӯрди мусаллаҳона роҷеъ ба мӯътадил гардондани вазъият шартнома байни тарафҳои мухолифин, нисбати додугирифти гаравгонон, ки ҳарду тараф нигоҳ медоштанд, ба имзо расид.

Комитет дар якҷоягӣ бо штаби вилоятӣ роҷеъ ба тасбити вазъияти минтақа ба иваз кардани посбонгоҳҳои ҷанговарони мусаллаҳи нерӯҳои худмудофиа шурӯъ намуд ва дар роҳҳову кӯпрукҳо аз ҳисоби хизматчиёни ОМОН посбонгоҳҳо монд. Ҳамчунон бо намояндагони отрядҳои мусаллаҳ дар шаҳри Калининобод гуфтушунид анҷом дод. Комитет дар пеши худ вазифа монд, ки фирориёнро ба ҷумҳурӣ боз гардонанд. Вале на ҳама ба иродаи онҳо вобастагӣ дошт.

Дар ин вақт тарафдорони сохти ҳукумати Конститутсионӣ дар вилоят ташкил ёфт ва ба штабе, ки дар шаҳри Кӯлоб буд, итоат мекард. Қумандонҳо Ф. Саидов, Ҳ. Каримов, Н. Фақиров, Ш. Сабзов ва бисёре аз дигарон буданд. Дар ноҳияҳои Бохтару Вахш ва худи шаҳри Қӯрғонтепа, аллакай ҷанги шаҳрвандӣ бо тамоми қонуну қоидаи хоси худ оғоз ёфт. Ҳар шабонарӯз шаҳидону маъюбон дошт. Телевизиони ҷумҳурӣ ин ҷангро яктарафа намоиш медод. Ҳама таънаву маломат ба нишонаи одамони гузаштаашон аз Кӯлоб равона мешуд. Барои муносибати ғайривоқеӣ намоишҳои телевизиони марказиро дар вилоятҳои Қӯрғонтепаву Кӯлоб қатъ гардонданд. Шаҳри Кӯлоб ва тамоми ноҳияҳои вилоят дар ҳолати муҳосираи иқтисодӣ буд. Маводи хӯрокае, ки аз вилояти Ленинобод ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерасид, ба воситаи ҳавопаймо меомад. Аз мураттаб нахӯрдан ва ё истеъмоли хӯрокҳои бесифат, бемориҳои умумии сирояткунанда паҳн мегардид. Дар ноҳияи Фархор ва қисман ноҳияи Восеъ бемориҳои даҳшатангези гелиатроп миқдори хеле зиёди одамонро ба гӯр бурд.

Барои ба сулҳу салоҳ, ё оштӣ додани тарафҳо ду бор кӯшиш ба харҷ дода шуд. Бори якум вохӯрӣ бо роҳбарони мухолифин ва тарафдорони сохти Конститутсионӣ дар бӯстонсаройи Шӯрои иҷроияи вилояти Кӯлоб баргузор шуд. Ба вохӯрӣ Қ. Мирзоалиев ва С. Сафаровро даъват намуданд. Барои қатъ кардани ҷанг паймон ҳосил гардид. Вале дар Қӯрғонтепа аз нав фитнаву иғвои мусаллаҳона зуҳур кард ва боз амалиётҳои ҷангӣ сар шуданд.

Бори дуюм барои оштӣ додани ҳар ду тараф вохӯрии роҳбарони штаби шаҳри Кӯлобу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва нерӯҳои ба ҳамин шабеҳи мухолифин дар шаҳри Хоруғ доир гардид. Ба гумоне ба як қарор омаданд, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва боз иғвогарии мусаллаҳона дар шаҳри Қӯрғонтепа, боз ҳама кӯшишҳои оштиандозӣ барбод рафт.

Якуми август комиссияи таъсис додаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалӣ кардани Ризоият дар шаҳри Хоруғ дар бораи сулҳ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба шаҳри Қӯрғонтепа намояндагони вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод ва Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва рӯҳониён омаданд.

Аъзоёни комиссия ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба ноҳияҳои Вахшу Бохтар ва шаҳри Калинобод баромаданд. Дар қишлоқҳову шаҳракҳо бо одамони ба бадбахтӣ дучор-омада вохӯрданд.

Мардум аз аъзоёни комиссия хоҳиш карданд, ки то ба иҷро расидани ҳамаи нуқтаҳои шартнома роҷеъ ба сулҳ аз водии Вахш нараванд.

Мардум аз ҷанги бародаркуш шалпару дар изтироб буданд. Онҳо мехостанд ҳар чӣ зудтар сулҳу салоҳ шавад.

Мисли пештара қишлоқҳо аз одам холӣ буд.

Вохӯрӣ натиҷаҳои мушаххас дошт. Гурӯҳи калони фирориён бо роҳбаладии аъзоёни комиссия ба ҷойҳои муқимиашон, совхози «Вахш» баргаштанд.

Баробари аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Калининобод омадани штаби ҳаракати халқӣ Сангак Сафаровро ба хоинӣ гунаҳгор донистанд. Дар маҷлиси штаб бо ёрии симоҳои ҷиноятпеша Сангак Сафаров аз вазифа барканор карда шуд. Ба вазифаи раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб корманди мақомоти корҳои дохилӣ Ҷиёнхон Ризоев интихоб гардид.

Сангак Сафаров ба шаҳри Қӯрғонтепа рафт ва дар он ҷо штаби тарафдорони сохти Конститутсиониро муттаҳид кард ва сарварии онро ба ӯҳдаи худ гирифт.

Аз рӯи адолат бояд қайд кард, ки тавассути хӯю хислати сахтгириву сангинии Мирзоалиев собиқ вилояти Кӯлоб пойдор монд ва бисёр мушкилиҳо паси сар шуданд.

Дар ин байн штаби шаҳри Кӯлоб дар таҳхонаи омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникӣ қарор дошт ва роҳнамои ғоявии он Рустам Абдураҳимов буд.

Пас аз истеъфо Сафаралӣ Кенҷаев то миёнаҳои моҳи сентябр дар пойгоҳи комбинати Анзоб буд. Аз моҳи майи соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳуриро Акбаршо Искандаров ба ӯҳда дошт. Ӯ дар рафти иҷрои вазифа кӯшиш мекард, ки ба вазъяти мавҷуда ягон ислоҳот дароварад, вале натиҷае ҳосил намешуд. Ва сабаби ин надоштани обрӯ ва нуфузе буд, ки мувофиқи менталитети халқи тоҷик бе ин кор кардан мушкил аст. Ба ҷуз ин ӯ дар мавқеи ғайри-сохторӣ буд.

Мисоле меоварем, ки чӣ хел аз рӯи мусолиҳакориву бепарвоии ӯ аз Афғонистон силоҳ оварданд.

 

қонуншиканӢ

 

Моҳи октябр чархболе, ки ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» тааллуқ дошт, аз Душанбе ба Хоруғ парвоз кард. қолинҳоро бор кард ва бо чор нафари мусаллаҳ сӯи Афғонистон парвоз намуд. Мувофиқи маълумоти сардори идораи бехатарии миллии Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ полковник З. Мукаиршоев чархбол бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Давлати исломии Афғонистон фуруд омад. Чархбол баъди чанд вақт бо яроқу аслиҳа ба қафо баргашт ва онро дар яке аз майдонҳои эҳтиётии парвозҳои назди шаҳри Хоруғ фароварданд.

Аз рӯи ахбороти фармондеҳи Гурӯҳи ҷанговарони сарҳади давлатии Вазорати бехатарии Федератсияи Русия, генерал-майор Виталий Гритсан ба мухбири ИТАР ТАСС ҳукумати маҳаллии сарҳадӣ ва шахсан худи ӯ дар бораи парвози ғайриқонунии ин чархбол аз сарҳад ба ҳукумати вилояту роҳбарони хизмати бехатарӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ маълумот додааст, вале аз тарафи онҳо ягон ишорате нашуд. Ҳамчунон ба пешниҳод дар бораи таъсиси гурӯҳи якҷояе, ки мебоист дар бозгашт чархболро дастгир мекард, ризоияте гирифта нашуд.

Ба замми ин, ҳангоме ки қисми сарҳадбонон кӯшиш карданд мустақилона чархболи дар аэродроми эҳтиётӣ фуруд омадаро дастгир намоянд, ногаҳон яроқбадастон ва аҳолии таҳҷоӣ пайдо шуда, чархболро муҳосира карданд. Намояндагони комиҷроияи вилоят ва милиса, ки он ҷо ҳозир буданд, бетараф истоданд. Силоҳбадастон барои гаравгон гирифтани сарҳадбонон кӯшиш ҳам карданд.

Барои он ки гурӯҳи дастгиркунандагон аз яроқ истифода бурда натавонанд, қонуншиканон байни мардуми бисёри ҷамъомада даромаданд ва бо издиҳом омехтанд.

Ба чунин муносибат генерал тааҷҷуб мекард. Ӯ ба мавқеи чӣ роҳбарони вилоят ва чӣ шахси якум дар ҷумҳурӣ, ки дар ҷавоби талаби супурдани роҳзанони ҳавоӣ ва ҳамчунин ҳайати чархбол барои таҳқиқ ба далели вайрон кардани минтақаи сарҳаде, ки ба онҳо бовар намуданд, мухолифат нишон медод, зиёдтар ҳайрон мешуд.

Ҳамзамон маркази матбуоти Шӯрои Олӣ ба маркази матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ такя карда, ба мухбири Агентии Тоҷикистон «Ховар» чунин гуфт: «Гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз чор нафар дар аэропорти Хоруғ қумандони чархболро аз ҷазо тарсонда, маҷбур кардааст, ки онҳоро ба Давлати исломии Афғонистон барад.

Тақдири минбаъдаи чархбол ва ҳайати он маълум нест».

Ба ин сабаб 23-юми октябр фармондеҳи гурӯҳи ҷанговарони сарҳадии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон генерал-майор В. Гритсан аз рӯи далели чархболи «МИ-8» ба иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов ва иҷрокунандаи вазифаи прокурори генерали С. Ҷӯраев муроҷиат кард. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки: «19-уми октябр, соати 12,45 дақиқа аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» (рақами борташ 25149) тахмин соати 14,30 ҳамроҳи ҳайати парвоз чор нафар шахсони мусаллаҳ баъди бор кардани қолинҳо дар соати 15,05 ба ҳаво бархост. Дастаи сарҳад-бонони отряди сарҳадии Хоруғ соати 15,15 аз хати сарҳади давлатӣ гузаштани чархболи мазкурро ба хоки Афғонистон ба қайд гирифт. 20-уми октябр, соати 09,30 дақиқа иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи Комитети амнияти миллии Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ З. Мукаиршоев ба воситаи телефон ба фармондеҳи отряди сарҳадии Хоруғ хабар дод, ки чархбол бо супориши роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Файзобод парид ва хоҳиш кард, ки ба фурӯ нишастани он монеъ нашаванд.

Вале бо сабаби вайрон кардани қонуни дар амал буда, дар бораи сарҳади давлатӣ қисми ҷанговарони сарҳад барои дастгир кардани чархбол, дар сурати бозгашти он дар сарҳади Тоҷикистон ҳамаи чораҳоро диданд.

Соати 13,20 дақиқа чархбол ҳангоми парвоз ба аэропорти шаҳри Хоруғ роҳи парвозро тағйир дода, дар майдончаи назди қишлоқи Тоюг фуруд омад. Дар вақти муҳосираи ҷанговарони сарҳад ҳайати чархбол сайъ кард, ки парвоз кунад. Аммо ҳангоми тирпарронии огоҳидиҳанда аз ин қасди худ гашт.

Бо талаби сарҳадбонон, ки чархболро барои тафтиш омода созанд, дастгиршудагон гуфтанд, ки яроқ овардаанд. Ва онҳо иддаои ҷиддӣ намуданд, ки барои пешгирии хунрезӣ ҳозир овардани намояндагони ҳукумати расмии Вилояти Худмухтори Бадахшонро ташкил намоянд.

Дар вақти гуфтугӯи онҳо чархболро силоҳбадастони ҷабҳаи миллии Бадахшон (ҶМБ) мусаллаҳ бо автомат, РПГ, шишаҳои пур аз моеъи даргир мудофиа карданд. Ҳамроҳи онҳо аҳолии таҳҷоӣ (миқдори умумӣ то 500 нафар) буданд. Баъди омадани ҷонишини раиси комиҷроияи ВАКБ ба ҷои нишасти чархбол ва намояндаи ҷабҳаи миллии Бадахшон дар бораи супурдани яроқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вазорати корҳои дохилӣ ва расондани яроқҳо ба шаҳри Хоруғ шартнома ҳосил шуд. Додани яроқро ба шахсоне, ки чархболро дастгир намуданд яъне ба сарҳадбонон қатъиян рад карданд. Алоқа ба ин яроқро ба миқдори: АН-11 дона, ПК-1 дона, РПД-3 дона, АКС-1 дона ПТМ-6 дона лавозимоти ЛПГ-7 дона, як қуттӣ тир ва моддаҳои тарканда ба сардори ҷустуҷӯи ҷиноятии идораи корҳои дохилии вилояти Худмухтори Кӯҳистони бадахшон Т.Алифбеков супурданд. Зери фишори издиҳоми хашмӣ ва таъсири комиссариати ҳарбӣ мошини яроқ бар зери назорати намояндаи сарҳадбонон ба шаҳри Хоруғ омад ва дар штаби ҷабҳаи миллии вилоят аслиҳаи ҷангиро фароварданд.

Баробари бозгашти чархболу ғасби он дар аэропорти Хоруғ аъзоёни гурӯҳи Ҷабҳаи миллии Бадахшон ва мардуми таҳҷои қатъияи изҳор карданд, ки онҳо тамоман муқобили намояндагони ҷанговарони сарҳад, яъне дастгиркунандагони чархбол ва иштирокчиёни парвоз мебошанд. Агар шарт риоя нагардад, ҳайати парвозро нест мекунанд. Шахсоне, ки чархболро дастгир намуданд, бо ёрии аъзоёни Ҷабҳаи миллии Бадахшон, Комиссариати ҳарбии вилоят ва милиса дар шаҳри Хоруғ пинҳон карда шуданд ва иштирокчиёни парвози чархболро дар меҳмонхона ҷой доданд.

Далели дуздии чархбол имконият дошт, чунки роҳбарони комиҷроия, идораи Комитети амнияти миллӣ ва прокуратураи вилоят аз иҷрои вазифа оиди тартиботи ҳуқуқи ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар канор гирифта буданд.

Қисми ҷанговарони сарҳад барои пешгирӣ бо роҳи қочоқ ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани яроқу аслиҳа тамоми чораҳоро диданд. Аз ин рӯ, гурӯҳи ҷанговарони сарҳади Федератсияи Русия ҳамаи гуноҳоро ба гардани роҳбарони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшони».

 

бенизомӢ

 

Пас аз қатли Нурулло Ҳувайдуллоев прокурори генералӣ С.Д.Ҷӯраев, ки ҳамаи давраи ҳаёти ақлонаи худро ба таҳқиқи пешакии ҷиноят бахшида буд, таъин шуд. С.Д.Ҷӯраев аз муфаттиши қаторӣ то сардори идораи тафтишотӣ ба камол расид. Дар давраи сарварии ӯ мақомоти Прокуратура кӯшишҳо ба харҷ медоданд, ки тарафҳо оштӣ шаванд, хунрезӣ қатъ гардад. Ва ҳама масъалаҳо бо василаи роҳи Конститутсионӣ ҳал гардад. С.Д.Ҷӯраев дар бораи озод кардани вазири корҳои дохилӣ ва раиси Комитети амнияти миллӣ пешниҳод ба табъ расонд. Ӯ, ки ҳанӯз иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералиро ба ӯҳда дошт, қонунӣ будани укази иҷрокунандаи Президентро «Дар бораи таъсиси Шӯрои Давлатӣ» эътироф накард.

Ӯ ба таҳдиди ҳамарӯза ба ҳаёти худ аҳамият надода то нафаси охирин барои қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ истодагарӣ кард.

Тирамоҳи соли 1992 фаро мерасид ва қисми асосии сокинони ҷумҳурӣ донистанд, ки ҳукумати мухолифин аз ӯҳдаи ҷорӣ намудани низоми ҷомеа намебарояд, дар шаҳрҳои Душанбеву Кофарниҳон (Орҷеникидзобод) одамонро бо нишонаи баромади маҳал таъқиб мекарданд.

Ин амал то ба шармандагӣ расид: ба востаи идораи хонаҳо муайян мекарданд, ки дар куҷо ва бо кадом суроға одамони авлодонашон аз вилояти Кӯлоб ва тарафдорони сохти Конститутсионӣ маскунанд. Ин гуна одамонро махсус меҷӯянд, ногаҳон мегирифтанд ва онҳо ғайб мезаданд. Муддати тӯлоние тақдири вакили Шӯрои Олӣ Мавлон Олимов, корманди гумрук Назирмад Гулмадов, мудири кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Нуралӣ Гадоев ва бисёр дигарон номаълум монд.

Танҳо баъди барқарор кардани сохти Конститутсионӣ, соли 1993 ва солҳои минбаъда аниқ карда шуд, ки одамони дар боло зикри номашон рафта ва ҳамроҳони онҳо зиёда аз сад одамро гурӯҳҳои мусаллаҳ куштанд. Амалан, аксарашон аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва онҳое буданд, ки доғи судӣ доштанд.

 

Ҷабҳаҳои бо ҳам муқобил

 

Дар шаҳри Душанбе телевизион ва радио (Садо ва Симо) ба Мирбобо Мирраҳимов, ки Раиси таъин шуда буд, итоат мекард. Мисли пештара мавзӯи намоишҳо, танҳо ба як тараф-оташ додани маҳалгароӣ нигаронда шуда буд. Моҳи августи соли 1992 дар яке аз барномаҳои шабҳангом ҷанозаи одаме бо номи Абдусалом, (аз ноҳияи Кофарниҳон) мерафт, ки дар рафти амалиёти ҷангӣ дар Қӯрғонтепа ба қатл расида буд. Баранда аз паси кадр дар чӣ гуна шароит ҷон додани ӯро шарҳ дода мегуфт, ки: Абдусалом муҷоҳид дар рафти ҷанги муқаддас аз дасти хоин кушта шуд ва ӯ муқаддас шуд.

Оё ин ҷо шарҳ зарурият дошт? Андеша дорам шарҳ барзиёд буд. Чунки ҳамаи одамони маърифати дунявӣ медонад, ки дар давлати демократии бо зӯри силоҳ ташкилёфта, аз қаъри асрҳо баҳодурон, дворянҳо, афсарон буданд, вале дар лашкари давлати мутамаддин рутбаи ҳарбие мисли муҷоҳид дар феҳрист нест.

Бо ҳамин рӯҳия: Барои шиддатнок гардондани вазъят рӯзномаҳои мухолифин «Растохез», «Адолат» бо тамоми қувва мебаромаданд. Рӯзноманигорони соҳибтаҷрибае монанди Салим Айюбзода, Соҷида Мирзоева ва дигарон мутаассифона, истеъдоди худро на барои созандагӣ, балки барои харобсозӣ сарф мекарданд.

Он чӣ ба тарафҳои даргир мансуб аст, ин аст, ки аз рӯзи аввал одамонеро, ки баъди рӯйдодҳои моҳи май сари давлат буданд, хуш намедиданду чашми дидан ҳам надоштанд. Қулфу калиди бисёр бунгоҳҳои муҳим, аз қабили телевизиону радио, нақлиёт, роҳи оҳан, ба ихтиёри мухолифин буд.

Кумитаи Марказӣ чанд бор кӯшиш кард, ки бо роҳбарони штаби муттаҳидаи ҷонибдорони сохти Конститутсионӣ ба гуфтугӯ дарояд. Бо ҳамин мақсад комиссия аз ҷумлаи одамони обрӯманд дар мисоли И. Ҳаёев, Д. Худойназаров, намояндагони созмонҳои ҷумҳур, ки дар вилояти Қӯрғонтепа буданд, таъсис дод. Вале мутаасси-фона ба онҳо муяссар нашуд, ки вазъиятро тағйир диҳанд.

Файзалӣ Сайидов дар ҷавоби азият дода куштани падараш дар штаби совхози «Туркманистон» ба мухолифин бо раванди «чашм ба ивази чашм, дандон ба ивази дандон» кор гирифт.

Қисмати зиёде аз ҳарду тарафи даргир, аз вазъят истифода карда, ҳисобу китоби ғаразҳои шахсии худро мебурд. Чӣ қадар одамони бегуноҳ қурбони хабаркашиҳо шуданд.

 

ҷабҳа

 

Майдони ҷуғрофии амалиётҳои ҷангӣ дар вилояти Қӯрғонтепа васеъ мешуд. Пайкори шаҳрвандӣ қумандонҳои нав мезоид. Ба майдони ҷанг Саидшо Шамолов, Қурбону Султон Чоловҳо, Маҳмуд Худойбердиев, Иззат Куганов баромаданд. Онҳо қумандонҳои муборизони тарафдори сохти Конститутсионӣ буданд. Ба штаби Қӯрғонтепа Сӯҳроб Авғонов сардорӣ мекард. Пас аз марги фоҷиавии ӯ октябри соли 1992 Сангак Сафаров сардори штаби ҷабҳаи халқ, Нуралӣ Шералиев, ки комиссари эътирофгардида дар хизмат буд, таъин гардиданд.

Ба ҳамин монанд дар тарафи муқобили хуруҷ як зумра қумандонҳои нави саҳроӣ, аз ҷумлаи Ҳаким Қаландаров, Мирзо Зиёев, Худойдод Худойдодов, Алӣ Ҳалимов ва дигарон пайдо шуданд. Аммо дар ягон гурӯҳ хилофи ҳам дар пайкор сохтори тафтишотию судие вуҷуд надошт. Командир чораҳои ҷазодиҳиро медод ва ҳамаро бе ҳукми судӣ, дастёрони ӯ ба ҷо меоварданд. Аз ҷониби дигар, кирдори ғайриқонунӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур доир мешуданд, байни шаҳрвандон норозигӣ ба вуҷуд меовард. Дар навбати худ, ин вазъият мавҷи эътирозҳоро зиёд мекард ва манбаъҳои муқобил пайдо шуданд. Ҳамзамон дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав, Турсунзодаву Ленин штабҳои тарафдорони сохти Конститутсионӣ таъсис ёфтанд. Ташкилотчиёни ин штабҳо дар ноҳияи Шаҳринав – М.Солиҳов, ноҳияи ҳисор – Ҷамолиддин Мансуров, Ҳабиб Насруллоев, Файзулло Абдуллоев (сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ), Шариф Шарифов, дар ноҳияи Турсунзода – Ибод Бойматов, Иброҳим Кунишев буданд. Дар Искандаркӯл бо роҳбарии Амирқул Насимович Азимов (ҳоло котиби Шӯрои амният) тайёрии ҷангии гурӯҳи десантию ҳуҷум мегузашт. Бисёре аз ин мардум айни замон дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хизмат кардан доранд. Моҳи сентябр ҳамаи сохторҳо ба сарштаб, ки дар шаҳри Қӯрғонтепа қароргоҳ дошт, итоат мекарданд. Ҳама сохторҳои муттаҳид номи Ҷабҳаи Халқӣ гирифт. Баъдан оиннома, мақомоти матбуот, телевизион ва радио кор карда шуд. Ташкилоти мусаллаҳона бо номи Ҷабҳаи Халқӣ ба ҷанговарони доимӣ табдил ёфт.

Сароғоз таъсисдиҳандаи Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон (ҶХТ) А.Н.Азимов ва раиси он сарвари ҳаракати ҷонибдорони давлати Конститутсионӣ Сангак Сафаров буданд. Мардум ба Сангак Сафаров ҳар хел баҳо медоданд. Яке ӯро ҷиноятпеша ва дигаре роҳзан меномид. Ба ростӣ, ӯ замони Шӯравӣ суд шуда буд. Ва бояд эътироф кард, ки ӯ сарвари ҳаракати халқӣ буд ва ба он роҳбарӣ мекард. Дар зинаи аввали арзи вуҷуд кардани штабҳо дар фаъолият ва кору кирдорҳои ӯ хато кам набуд. Ӯ ба худсудкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ дод. Вале дар охир намояндагони созмонҳои амният, сиёсатмадорони корчаллон атрофи ӯро гирифтанд ва бо таъсири онҳо дурусткору хушмуомила гардид ва қонунро риоя мекардагӣ шуд. Аз ёд намеравад, ки чӣ хел ӯ аз самти сарҳади давлатии ноҳияҳои Шаҳритусу Панҷ, вақте ки даҳҳо ҳазор одамон ночор ба Афғонистон фирор мекарданд, шахсан ҳалли проблемаи бозгардондани фирориёни маҷбуриро зери назорати худ гирифт ва дар баргардондани гурезаҳо ба Ватан бевосита иштирок кард.

Ӯ нисбати онҳое ки дуздию ғоратгарӣ доштанд ва ҷабру ҷафо, таҷовузро раво медиданд, бераҳму оштинопазир буд. Ӯ иштирокдорони ин ҷиноятҳоро ҷазо медод, гунаҳкор мекард ва ҳатто ҳолатҳое ҳам буданд, ки ин гунаҳкоронро мепарронд, то ба дигарҳо сабақ шавад. Ба дараҷаи нафратангез бад медид одамонеро ҳам, ки маҳалгароӣ ё рафтори нодурусти миллатпарастӣ мекарданд. Асосан ӯ ба забони русӣ ҳарф мезад ва ба русҳову мардуми русзабон эҳтиром дошт.

 

Боби 9

 

ХИЁНАТ

 

Тобистон ба поён омад ва тирамоҳ фаро расид. Дар шаҳри Душанбе монанди пештара вазъият шиддатнок буд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз ӯҳдаи мураттаб сохтани вазъият намебаромад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият надоштанд. Президенти мамлакат фаъолият дошт ва пас аз рӯйдодҳои моҳи май лаҷомро соҳибӣ карда наметавонист. Ӯ чанд бор баҳри қатъи қонуншиканӣ ва хунрезӣ талош варзид, вале натиҷае ҳосил нашуд. Аслан президент дар ҳалқаи одамоне буд, ки дар ҳар гуна ҳолат метавонистанд ӯро иваз кунанд, ё хиёнат намоянд. Роҳбарони бахши вакилони халқ, аз ҷумла Акбаршо Искандаров, пешниҳод доштанд ҳамроҳи намояндагони мардумӣ ба Хуҷанд парвоз кунанд ва он ҷо баҳри гирд овардани роҳбарони тарафҳои даргир кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ба онҳо шартнома пешниҳод намоянд.

Дар вақти таъиншуда дар аэропорти Душанбе аз вакилони халқ касе ҳозир нашуд. Президент Раҳмон Набиев танҳо бо сардори посбонони худ Анатолий Амоев омад. Ӯ мебоист, мувофиқи қонуну қоидаи амалкунандаи ҳифзи роҳбари ҷумҳур, ду соат пеш аз парвоз бо Комитети амнияти миллӣ мувофиқа мекард, то ҳамаи чораҳоро оиди бехатарии ҳаёти президент медиданд ва ба набудани таҳдиде ба ҳаёти президенти эътимоди комил пайдо карда, ӯро ба ҷои таъин гардида меоварданд.

Вале ин тавр нашуд. Бӯи хиёнат меомад. Ҳине Раҳмон Набиев ба аэропорт расид, ки дар толори вакилони халқ ӯро гурӯҳи мусаллаҳи қумандон Исмат Ҳабибуллоев (лақабаш Исмати Авулӣ) истиқбол гирифтанд. Ба одами рақами якуми ҷумҳур таҳдид карданд, ки протоколро дар бораи истеъфои худ имзо кунад. Раҳмон Набиев маҷбур буд, протоколро имзо кунад ва ба истеъфо равад. Анатолий Амоев рӯзи дигар ба Москва парвоз кард. Ва ӯ то парвоз фурсат ёфта, хонаашро фурӯхт. Баробари расидан ба Москва роҳбари хизмати амнияти «Росконтракт» шуд. Аз рӯи суръати ҳодиса Анатолий Амоев барои ба вуҷуд овардани шароите, ки ба рафтани Раҳмон Набиев аз курсии президентӣ мусоидат кард. Ӯ аз намояндагони мухолифин «мукофот»-и калон гирифт. Вагарна чӣ хел шуд, ки дар аэропорт Президентро танҳо гурӯҳи мусаллаҳи ҷанговарон «интизорӣ» доштанд.

Ҳамин тавр, ҳукумати ба ном мусолиҳаи миллӣ барои барканор намудани президенти қонунӣ интихобшудаи мамлакат нуқта гузошт. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президент Акбаршо Искандаров шуд.

Барои ҳосил кардани боварӣ аз баромади Раҳмон Набиев дар сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобан иқтибосҳо меоварем. Нисбати бахши вакилони халқ ӯ изҳор кард: «Вақте ки маро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд, ҳамагӣ ду нафар муқобил овоз дод. Вале ҳамин ки аз маҷлисгоҳ баромада ба гирдиҳамомадагон ҳамроҳ шуданд, ду нафар не, балки чандин баробар зиёди вакилон, бо як овоз, истеъфои маро талаб карданд. Маълум мешавад, дар толор дурӯяҳо бисёр будаанд».

Ӯ ба вазъиятҳои дигар низ дахолат кард ва гуфт: «Дар як вохӯрӣ Аслиддин Соҳибназаров гуфт, ки: «Агар Набиев Президент шавад, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз меёбад». Ҳоло оиди суханҳои Аслиддин Соҳибназаров мулоҳиза ронда мехоҳам гӯям, ки нақшаи ҷанги бародаркуш барвақт тайёр будааст. Зарур аст, ки ба ҳодиса баҳои зарурӣ дода, гунаҳкорони онро рӯи об бояд баровард. «Роҳбарони вилоятҳо барои вохӯрӣ бисёр исрор карданд ва мо қарор додем дар Хуҷанд вохӯрем. Рӯзи рафтан 7-уми сентябри соли 1992 муқаррар шуд. Ман бо Искандаров маслиҳат кардам ва аз ӯ пурсидам: «Агар аъзоёни президиум нахоҳанд, ки ба Хуҷанд парвоз кунанд, оё ӯ ҳамроҳи ман парвоз мекунад?» Ӯ гуфт: «Ман тайёрам». Мо дар ду мошин нишаста, ба аэропорт рафтем. Зане ки дар толори вакилон навбатдорӣ мекард, моро истиқбол кард ва гуфт: «Аҷоиб, – шумо ба аэропорт меоед, одамоне, ки шумо интизоред инҷоанд, агар дар мошини худатон биёед... Аз толори вакилон ман дидам, ки болои боми биное, ки бо бинои аэропорт часпидааст, снайпер истодааст».

Моҳи июли ҳамон сол, баъди куштори оммавии сокинони ноҳияи Вахш, аз Душанбе Ёқуб Салимов ниҳонӣ рафт ва ҳамроҳи наздики Сангак Сафаров шуд. Ва Сангак Сафаров ӯро сардори гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи ноҳияи Вахш таъин кард.

Дар давраи аз моҳи сентябр то октябри соли 1992 сафарбар кардани нерӯҳои захиравӣ аз Кӯлоб ба Турсунзода шиддат гирифт. Ин корро чархболҳои қҲҲ-и Ӯзбекистон анҷом медоданд. Чархболҳо маводи хӯрока, яроқу аслиҳаи ҳарбӣ, мунисия барои ҷанговарони ҷабҳаи халқӣ»-и ҷумҳурӣ меоварданд. Ва аз аэропорти Кӯлоб барои ташкили ҷабҳаи халқӣ дар ноҳияҳои Турсунзодаю Ҳисор ва дигар ноҳияҳо аз ҳисоби ҷавонон ҷанговарон мебурданд.

Масъули ин кор Сафаралӣ Кенҷаев буд, ки бо шахсиятҳои вазифадори Ӯзбекистон равобити доимӣ дошт. Дар навбати худ масъалаи бо яроқу аслиҳа ва маводи хӯрока таъмин намудани Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон зери назорати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал Рустам Аҳмедов буд. Моҳи октябри ҳамон сол мувофиқи пешгӯиҳо дар ҳама тараф, ки амалиёти ҷангӣ мерафт, вазъият тасаллибахш буд.

Аз Қӯрғонтепа ва дигар ноҳияҳои наздик ҷанговарон аз сарҳади давлатӣ гузаштанд. Амалиёти ҷангӣ дар ноҳияҳои Қумсангиру Ҷиликӯл давом дошт.

 

 

Боби 10

 

РАХНА

 

25-уми октябри соли 1992, пагоҳии барвақт, ҷабҳаи халқии ташкилёфта таҳти фармондеҳии Сафаралӣ Кенҷаев, Рустам Абдураҳимов ва А. Азимов ба пойтахти мамлакат ворид шуданд ва муассисаҳои давлатӣ: бинои Шӯрои Олӣ, телевизион ва радиоро гирифтанд. Бо радио ва телевизион Сафаралӣ Кенҷаев ва Рустам Абдураҳимов сухан ронда мардумро огоҳ намуданд, ки оромиро нигоҳ доранд, гӯё ҳукумати қонунӣ барқарор гардид. Дар як вақт мебоист бо роҳи Кӯлоб-Норак гурӯҳҳои ҷанговарон ба мавқеи силоҳшӯрони самти Чормағзак ҳуҷум мекарданд. Ба онҳо раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев роҳбарӣ мекард. Вале дар даромадгоҳи қишлоқи Найзирак ҷабҳаи халқии муташаккили мусаллаҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин тамоман шикаст ёфтанд. Дар ин ҷанг яке аз қумандонҳои ҷанговарони мусаллаҳ, Лангарӣ Лангариев, ки сари сарчашмаи ташкил додани гурӯҳҳои тарафдорони ҳифзи сохти Конститутсионӣ меистод, захми вазнин бардошт.

Аммо баробари аз самти Ҳисор даромадани ҷанговарони ҷабҳаи халқӣ чунин таассуроте пайдо шуд, ки гӯё мухолифин Душанберо тарк карда бошанд. Вале маълум шуд, ки ин доми фиреби бисёр оқилонаи ниҳоние буд, ки мухолифин гузошт. Ҳамон рӯз дар кӯчаҳои шаҳр амалиёти ҷангӣ сар зад. Дар рафти ҷанг аз ҳар ду тараф ҳам куштаҳову захмиҳо бисёр буданд. Яроқбадастони ҷабҳаи халқӣ шаҳрро монда сӯи Ҳисор рӯ ба гурез оварданд.

Яке аз роҳбарони асосии ҷабҳаи халқӣ, ташкилотчии фаъоли гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» Рустам Абдураҳимовро ҷанговарони мухолифин асир гирифтанд ва ӯро ваҳшиёна кушта, ҷасадашро алов заданд. Ин ҷиноят дар қитъаи автобазаи сеюми Роҳи Оҳан содир гардид. Ин амали ваҳшиёнаро гурӯҳи силоҳбадастони Ризвон Садиров анҷом доданд. Ҷисми сӯхта ва хоки Рустам Абдураҳимов соли 1993 дар рафти таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати қатли ӯ ёфт шуд.

Рустам Абдураҳимов куштаи фитнаву дасиса ва хиёнат гардид. Ӯ қарибтарин дӯст ва ҳамсангари Сангак Сафаров буд. Ва Сангак Сафаров то лаҳзаи охири умр ӯро ба ёд меовард, гап мезаду ба марги Рустам Абдураҳимов мегирист.

Дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили ҷабҳаи халқӣ ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин, ки дар шаҳри Душанбе штаб доштанд, иштирок намуданд. Ин штабҳо дар автобазаи рақами се (сардораш Маҳмадалӣ Каримов), масҷиди маҳаллаи «Южный» (сардор Абдуғаффор Худойдодов) , маҳаллаи Авул (сардор Исмат Ҳабибуллоев) ва гурӯҳи яроқбадастони Ҷумъа Бӯйдоқов буданд.

Зарару зиёне, ки 24-25 октябр ба шаҳри Душанбе расид, бузург буд. Ва он ба садҳо миллион сӯм мерасид. Биноҳои Шӯрои Олӣ, филармонияи давлатӣ, дигар иморатҳои маъмури вайрон гардиданд.

Таҳқиқу таҳлилҳо собит намуданд, ки дар гузарондани ин моҷарои ҳарбӣ гунаҳкорони асосӣ Сафаралӣ Кенҷаеву Ҷиёнхон Ризоев ва штабҳои ҷабҳаи халқии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба ғайр аз Кофарниҳону воҳаи Ғарм буданд. Аввал шароитро надониста, ба вазъят дуруст баҳо надода, нерӯҳоро ҷо ба ҷо накарда, мебоист ба чунин амалиёти мусаллаҳона даст намезаданд.

Бачаҳои ҷавон таҷрибаи ҷангӣ надоштанд ва бисёре аз онҳо истифодаи яроқро намедонистанд. Ба диди мусанниф, ин амал аз хиёнат ҳам холӣ набуд. Вагарна ба чӣ мефаҳмонӣ, ки вақти ба шаҳр даромадани нерӯҳои мусаллаҳи ҷабҳаи халқӣ муқовимате ҷой надошт, вале баъд ҳамаи кӯчаву роҳҳои асосӣ муҳосира шуданд.

Сабаби дигари торумор гардидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷабҳаи халқӣ, дар ҳолати парокандагии қувваҳо бо гурӯҳҳои хурд-хурд даромадан ба шаҳр буд.

Иллати сеюм, гӯш надодану ба инобат нагирифтани фикру андешаи ҳамдигар буд. Нақшаи ҳуҷуме, ки онҳо омода сох­танд, қобили қабули Сафаралӣ Кенҷаев нашуд. Ӯ чунин ҳисоб кард, ки ҳанӯз шароит барои ҳуҷуми шаҳри Душанбеву Кофарниҳон пухта нарасидааст. Лекин сардорони штабҳо, аз ҷумла штаби шаҳри Кӯлоб, мулоҳизаи ӯро ба инобат нагирифтаанд. Аз рӯи боварии Сангак Сафаров мебоист, баъди барқарор кардани сохти Конститутсионӣ дар вилояти Қӯрғонтепа амалиёти мазкурро ба ҳуҷум аз се самт: Кофарниҳон, Ҳисор ва Ҷануб гузарондан мумкин буд. Ӯ исбот кард, ки агар қувваҳои асосиро аз самти Колхозободу Қумсангир ва Шаҳритус мегирифту барои ҳуҷум ба шаҳри Душанбе сафарбар мекард, дар он сурат зарур меомад, ки Қӯрғонтепаро ба ҳоли худ монанд. Илова бар ин, дар чунин ҳолат мебоист ҷанговаронро иҳота карда, дар ҳалқа гирифта, дар охир мешикастанд.

Вазъият баъди шикастани штабҳои халқии Кӯлобу Ҳисор ва Регару Шаҳринав дар ҳуҷуми шаҳри Душанбе низоми дохилиро тезутунд кард ва дар натиҷаи он Сангак Сафаров дар шаҳри Қӯрғонтепа раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро паронд. Чунон ки худораҳматӣ гуфта буд, ҳисобу китобро ба аламе, ки ба ӯ расида буд, баробар кард.

Сангак Сафаров аз телевизион сухан ронда, Ҷиёнхон Ризоевро барои хиёнат ва хоинӣ гунаҳкор донист. Ҳамзамон барои нест кардани мулло Ҳайдар, М. Ҳасаналиев ва Қурбон Зардаков, ки аз рӯи исботи ӯ дар ҳалқаи Ҷиёнхон Ризоев буданд, амр дод. Ба асари ин гунаҳкорӣ онҳо аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Собиқ ҷонишини он замонаи сардори идораи Кумитаи амнияти миллии вилояти Кӯлоб – подполковник Сайдамир Зуҳуров, ки ба ӯ Сангак Сафаров беҳад эҳтиром ва боварӣ дошт, дар сӯҳбат Сангак Сафаровро бовар кунонд, ки амали ӯ нисбати талафи ҳаёти дигарон ба ҷуз худхоҳӣ чизи дигаре нест ва ба ягон ҷиҳат ҳақ намебарояд.

 

СИТОРАИ умед

 

Бозиҳои пасисаҳнавӣ барои курсии раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб аз нав ривоҷ ёфт ва Сангак Сафаровро маҷбур сохт ба рафти ин бозиҳо дахолат кунад.

Дар худи собиқ вилояти Кӯлоб одамонро ба соҳили росту чап тақсим мекардагиҳо пайдо шуданд. Аммо то ҳол маълум нест, ки онҳо дар ин тақсимот кадом рӯдро ба асос гирифта буданд. Дар чунин вазъият зарур дониста мешуд одамеро ёбанд, ки на аз ин соҳил бошаду на аз он соҳил. Интихоб ба сари Президенти феълӣ ва он вақт директори савхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон афтид.

Он замон Эмомалӣ Раҳмонро, баъди баромадаш дар сессияи Шӯрои Олӣ нисбати мухолифин, ҳамчун инсони ҷасур на танҳо дар вилояти Кӯлоб, балки берун аз ҳудуди он, дар тамоми ҷумҳурӣ мешинохтанд.

Аз 2-юми ноябри соли 1992 ба вазифаи раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи нав кушода шуд. Ҳукми тақдир ин буд, ки ӯ ба хонаи ҳар тоҷик сулҳу салоҳ, оромиву осоиш овард.

Моҳҳои октябр-ноябри соли 1992 дар ҳама самти арсаи амалиёти ҳарбу зарб ва хуруҷу пайкор, ҷабҳаи халқӣ бартарии бузург дошт. Бартарият то дараҷае камол ёфт ва ба чунон ҳолате расид, ки роҳбарону қумандонҳои саҳроии мухолифин ба танг омада, маҷбур шуданд давра ба давра тарки мамлакат намоянд.

Барои аз нав ба вуҷуд овардани амалиёти ҷангӣ дар пешомад ба онҳо замина зарур меомад, вале ин замина фақат дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд буд.

Аз рӯи маълумотҳои фаврӣ соли 1992 Абдулло Нурӣ, Абдураҳим Каримов, эшони Қиёмуддин, мулло Маҳмадҷон, мулло Абдуғаффор, Шодмон Юсуф, қумандонҳои саҳроӣ Мирзо Зиёев, Ҳаким Қаландаров, Алӣ Ҳалимов ва бисёр дигарон сарҳади давлатиро вайрон карда, ба Афғонистон гузаштанд. Ин вақт дар ҷумҳурӣ барои барқарор кардану ташкил додан ва ба шакли муайян даровардани сохти Конститутсионӣ фаъолона тайёрӣ мерафт.



[1] Шаҳри Кӯлоб, 22 июни соли 1992. Д. Назаров, И. Сатторов. Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи истиқлолият, соли 1992 «Хроника событий», ҷилди 2, саҳ. 219-221.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид