РӮЗҲОИ ҲАМВАЗНИ АСР

 

Ҳеҷ чизи ниҳон нест, ки ошкор нагардад ва ҳеч чизи махфӣ нест, ки маълум нашавад.

 

– Душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳад буд.

– Ҳар ки ҷони худро дар роҳи ҳифзи Ватану миллат нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод ва ҳар ки ҷони худро дар ин роҳ аз даст диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳанд кард.

Ҳамаи пешгӯиҳо роҷеъ ба бадбахтиҳое, ки охири асри ХХ давлати абарқудрати Идтиҳоди Шӯравӣ мебоист рӯ ба рӯ мешуд, ба сари ҷумҳурии мо рехт.

Дар ин сол бутуниву якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолият ва таркиби давлатдории тоҷикон зери хатар монд. Ваҳшати сарнавиште, ки тоҷиконро таҳдид мекард, чору ночор мамлакатро ба варта мебурд. Ва ин бӯҳроне буд аз тӯфон ҳам шадидтар. Ҳукумати ба ном мусолиҳаи миллӣ, қудрати канор задани ин пешомади махфиро надошт. Мавқеи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ равшан набуд. Бозиҳои паси пардагие, ки ин Ҳукуматро ба саҳна овард, идома мекард. Аз вакилони халқ, ки шаҳру ноҳияҳои гуногунро намояндагӣ доштанд, бӯе аз якдиливу якпорчагӣ намеомад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Қӯрғонтепаву Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳур гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва худрайъ бо майлу хоҳиши худ ҳукм меронданд. Мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои худидорӣ аз фаъолият бозмонданд. Дар ҳар нафас фалаҷиву бефаъолиятӣ эҳсос мешуд. Пеши назари бисёриҳо равшан буд, ки давлату миллати тоҷик дар вартае қарор дорад. Ба қавли бузургвор Бедил қатрае буд, ки сари мижгон овезон. Дар чунин як ҳолати нобоб нерӯҳои солими ҷомеа баҳри наҷоти истиқлолият ва соҳибдавлатӣ ба набард пардохтанд.

Тирамоҳи соли 1992 намояндагони ҷабҳаи халқӣ ва Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар қалъаи қадими Ҳисор гирд омаданд. Дар мамлакат бӯҳрони сиёсӣ ҳукм меронд. Дар маҷлиси якҷоя баҳри ба эътидол овардани вазъияти бӯҳрони сиёсии дар мамлакат пешниҳод шуд, ки ҳукумати мусолиҳаи миллиро вожгун гардонида ва сессияи Парламент даъват карда шавад.

Ҳодисаҳои фоҷиаангези ба сари Ҷумҳурии Тоҷикистон омада давлатҳои ҳамсоя ва иттиҳодияҳову ҷомеаҳои ҷаҳониро бетараф нагузошт. Тоҷикон аз сидқи дил ба Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки ба мақсади аз варта наҷот додани Тоҷикистон ба роҳбарони давлатҳои мустақилманофеъ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ оварду хоҳиш намуд, ки миллати тоҷикро бо фоҷиаҳои ба сараш омада яккаву танҳо нагузоранд.

Дар вохӯрии моҳи октябри соли 1992-юми президентҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин вазири умури хориҷии Федератсияи Русия дар шаҳри Алма-Ато аз назари таҳқиқ оиди тасбити вазъият дар Тоҷикистон баҳсу мунозира намуданд. Ва онҳо пешниҳодро роҷеъ ба даъвати Сессияи вакилони мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд. Ҷои гузориши Сессия ба хотири амнияту бехатарӣ маркази вилояти Ленинобод (феълан Суғд), шаҳри Хуҷанд интихоб шуд.

Пешгӯиҳои аввал ниҳоят маъюсиовар буданд. Кам одамон ба гирифтани адади овозҳое, ки барои қонунӣ шудани қарори Сессия зарур аст, боварӣ доштанд ва мегуфтанд, ки кворум гирифтан дар гумон аст.

Хушбахтона рӯзи сеюми Сессия аз 230 вакили халқ дар кори он 193 вакил ширкат дошт.

Сессияи тақдирсоз дар қасри маҳаллаи Арбоби хоҷагии ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев мегузашт. Сессияи 16 ноябри соли 1992 ба кори худ шурӯъ кард. Рӯзи чоруми ҷаласаи Сессия Акбаршо Искандаров аз вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш гардид. Бо овоздиҳии пӯшида раиси чилсолаи кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба сарварони ҷанговарони мухолифин муроҷиат намуд, ки яроқро гузоранд, ӯ гуфт: «Мову шумо як Ватан, як модар дорем. Биёед гунаҳкор кардану, кина варзидани ҳамдигарро як сӯ гузорему бародарона аз дасти якдигар гирем ва ба меҳнати осудаҳолонаву созанда шуғл варзем. Мо танҳо дар иттиҳод ва ягонагӣ қудрат пайдо мекунем. Тоҷикистони азизро аз варта ва порашавиву парешонӣ бозмедорем. Онро ба давлати мутараққӣ, сарватманд, воқеан ҳам соҳибистиқлол табдил медиҳем» (Э.Ш. Раҳмонов. «Таджикистан, 10 лет независимости» Лондон, 2001 с. 14). Ин даъватро ҳамаи иштирокдорони Сессия бо дарки комилу ормонҳои наҷиб писандиданд. Намояндаи Ҳизби наҳзати ислом ин даъватро, ки нахустин пешниҳоди таърихӣ ба сулҳу салоҳ ва оромиву осудагӣ буд, бо як эҳсосоти гарму ҷӯшон пазируфт.

Дар ин маврид барои ҳарчӣ зудтар қатъ кардани муқовимати шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳи хоса таъкид намуд: «То вақте ки охирин гуреза ба Ватан баргардонда нашавад, ман оромона хуфта наметавонам. Ман тайёрам барои пойдор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардондани ҳамаи гурезаҳо ҷони худро қурбон кунам» (аз китоби зикраш дар боло рафта).

Он гоҳ миқдори гурезаҳо ва одамони маҷбур тарки хонаву ҷой карда ё худ ба қавле муҳоҷирони иҷбории дур аз ёру диёр аз Тоҷикистон, наздик ба як миллион мерасид. Пас аз анҷоми Сессияи ХVI Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Шӯрои Олии мамлакат баргузида шуд ва ӯ бо вертолёт ба Душанбе омад. Ва ин ҳодисаи таърихӣ 12 декабри соли 1992 ба вуқӯъ пайваст. Вертолёт дар стадиони «Динамо» фуруд омад. Ва аз ҳамин ҷо ӯ бо заҳмати кормандони созмони бехатарии миллии ҷумҳур ва дивизияи 201-уми Русия ба бинои собиқ Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти мамлакат омад.

Ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба мардум барномаи якуми аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳо додани ҷумҳуриро пешниҳод намуд. Дар вазъи воқеии он рӯзҳо чунин муроҷиат ба мардум мисли обу ҳаво зарур буд. Чунки мардуми кишвар тӯли ду соли пурраи нокомиҳо дар ҳавасу орзуи ҳаёти осудаҳолона буданд. Аз дигар ҷиҳат овозаҳое ҳам домон мегустурданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати бунёд ниҳодаи ӯ ба сабаби хавфу хатар ва ҳаросонӣ аз ҳаёти хуб ба Душанбе намеояду пойтахти ҷумҳур ба Хуҷанд кӯчонда мешавад. Сарфи назар аз ин ҳарфҳои беҳудаву хаёлбофиҳои дурӯғин, ки заминаи воқеие надоштанд, Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда ба Душанбе омад. Аз паи ӯ пас аз муддати мадиде дигар аъзоёни ҳукумати нав дар пойтахт ҳозир шуданд.

Асоси барномаи пешниҳод намудаи сарвари нави давлат чунин муқарраротро дар бар мегирифт:

– Ҳарчӣ зудтар ва дар ҳама ҷо пойдор гардонидани фаъолияти тамоми сохторҳои идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроия;

– Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар маҳал ва ҷойҳои кор;

– Таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳаёти осоишта дар мамлакат;

– Бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои истиқомати пештара ва таъмин намудан бо хонаву ҷой, либос, маводи хӯрока ва фароҳам овардани шароитҳои зарурии зиндагӣ ва меҳнат;

– Ҳарчӣ зудтар барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва муасиссаҳову хоҷагиҳо;

– Қабули қонунҳои нави ҷумҳурӣ, ки тавонанд иқтисодиёт ва дигар муносибатҳои ҷамъиятиро дар шароити бозори иқтисодӣ ва такмил додану мукамал гардондани заминаи қонунбарорӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқ таъмин намоянд;

– Таъсиси Артишӣ миллӣ, мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Ҳарчӣ зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем;

– Дар маҳалҳо сохтори органҳои амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем, то ки онҳо ҳаёти халқ ва амнияти шаҳрвандони ҷумҳуриро мутобиқи равандҳои умумибашарӣ, ки дар ҳуҷҷати хотимавии Маҷлиси амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, баёнияи Париж ва дар дигар шартномаҳои байналхалқӣ сабт шудаанд, таъмин намоянд;

– Гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонда, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин намуда, барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам оварем;

Ҳарчӣ зудтар кори корхонаҳо, муасиссаҳо, хоҷагиҳоро барқарор карда, одамонро ба кори фоидабахши ҷамъиятӣ ҷалб кардан зарур аст. Дар як вақт фаъолияти корхонаҳои хурд ва муносибати бозоргониро инкишоф бояд дод.

Барои иқтисодиёти ҷумҳуриро зина ба зина ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаронида, мунтазам фаъолият карда, дар бораи ислоҳоти хоҷагии қишлоқ, молия, шабакаи бонкӣ, истифодаи боигариҳои зеризаминӣ, таълими кадрҳои баландихтисос, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус одамони камбизоат, барномаи махсус қабул кардан зарур аст.

Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол масъалаҳои зеринро ҳаётан муҳим мешуморам:

а) Аз ҷумла, асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонда, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан мумкин аст.

б) Таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд;

в) Аъзо шудан ба ҷамъиятҳои байналмилалӣ;

г) Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

 

СОЛ АЗ ПАСИ СОЛ

 

Роҳбарони нави сиёсие, ки дар Сессияи ғайринавбатӣ дар шаҳри Хуҷанд интихоб шуданд, мақомоти ҳукумативу давлатиро аз нав ташкил намуданд. Раиси Комитет оиди бехатарии миллӣ полковник Саидамир Зуҳурович Зуҳуров таъин шуд.

Саидамир Зуҳуров дар байни роҳбарони ба тозагӣ интихобшуда нахустин шахсиятест, ки баъди Сессия 4 декабр ба Душанбе омад. То ин замон ҳайати асосии кормандони бехатарӣ ба амалҳои беҳисоби фитнаву таҳрик ва шӯру шаромезиҳои мухолифин нигоҳ накарда, матонат ва хунсардӣ зоҳир намуда, тавонистанд, ба иғвову васваса дода нашуда бошарофона вазифаи касбии худро ба ҷо оварданд. Чунки ба аксарияти кулли ходимони мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ тақдири Ватану мардум азиз буд. Онҳо ҳарчӣ ки аз дасташон меомад, талош меварзиданд, вале вазъияти дилшикастагӣ дар тамоми мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин фаъолияти созмонҳои амнияти давлатӣ таъсир дошт.

Ба ҳайати нави роҳбарии комитети давлатӣ оид ба амнияти миллӣ дохил гардиданд: полковник А.С. Купсов, полковник Б.Н. Абдуллоев, полковник И.С. Раҳматов ва подполковник Ш.Б. Ҷобиров.

Ҳарчанд созмонҳои амнияти давлатӣ дар давраи тайёрӣ ба гузаронидани Сессия ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ кор мебурданд, вале дар шаҳри Душанбе, вилояти Қӯрғонтепа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур онҳо аз фаъолият бозмонда ва фалаҷ гардида буданд.

Сарфи назар аз ин ходимоне ҳам буданд, ки мавқеи бетарафӣ доштанд, ё барои тезутунд гардонидани вазъият кор мебурданд.

Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳбарони нави Кумитаи амнияти миллӣ, ба онҳо зарур буд, ки сулҳу осоиштагӣ ва ҳамдиливу якдилиро дар дохили худ пурзӯр намоянд.

Ба раёсати нави Кумитаи амнияти миллӣ рӯйхати иборат аз 32 нафар кормандоне пешниҳод шуд, ки онҳо ҳамчун ҳамкосаву ёрдамчии фаъоли мухолифин ё ин ки ҷанговарони давлатӣ барои бартараф ва беяроқ кардани қисмҳои ҳарбии давлатӣ разманда ишора мешуданд.

Замона пӯрошӯбу истиробангез буд. Надидани чораҳо баҳри амнияти ин қабил кормандон оқибатҳои нохуши сангин дар пай дошт. Фаҳмондани саҳву хатоҳои онҳо осон набуд. Бо вуҷуди ин бо онҳо сӯҳбатҳои эзоҳотӣ доир намуда, оқибати амалҳои содирнамуда ва нохушиҳои дар пай дошта ба онҳо фаҳмонда мешуд. Онҳоеро ки ҳаёташон воқеан ҳам зери хатар буд, ба рухсатии меҳнатӣ ё мувақатан ба рухсатии хизматӣ ба дигар минтақа, ҳатто берун аз ҷумҳурӣ мефиристоданд. Тавассути амалӣ кардани тадбирҳои оҷил муяссар гардид, ки ихтилофҳои дохилӣ аз байн бардошта шаванд. Билохир, соири зиёди аз ин кормандон, дар айёми худ бо қувваи ҷавонӣ, вале ҳанӯз ҳаёт камозмуда дар рафти сангарҳои мусаллаҳонаи рӯ ба рӯ ҳадафу мақсадҳои шахсии худро аз даст дода, бо даъвати дил ва иродаи хеш ба маҷрои фаъолияти аҳли кошифони амнияти кишвар омехта, дар роҳи мубориза барои пойдор гардонидани сохти Конститутсионӣ бевосита ширкат варзиданд. Аз байни онҳо одамони алоҳида сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва дар рутбаву хизмат боло рафтанд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо аслан ба татбиқи қарорҳои Сессия ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ оиди тасбиту устуворӣ ва босуботии сулҳу ризоияти миллӣ нигаронида шуда буданд.

Табиист, ки ҳар як роҳбар, бахусус роҳбари ба тозагӣ таъин гардида, пеш аз ҳама сохтори худро ба шакли муайян медарорад ва хамиртуруши самараноки амалӣ гардонидани вазифаҳои хоси идораи худро возеҳ месозад. Дар ин сурат интихоб ва ҷо ба ҷо гузории мутахассисон, бо назардошти эътибору таъсир ва амали онҳо, нақши муҳим мебозид. Ин равишу ҷараёни мураккабест, ки самара ва комёбиҳо минбаъд дар ҳар як кор ба ҳалли дурусти он марбут аст. Дар вазъи мухолифатҳои мусаллаҳона ҳама гуна амал, қадру қимати бузургтар пайдо мекунад.

Ҳама гуна ҳалли дуруст, ё ғалат ба мавқеи шахс дар ҷомеа марбут аст. Ва худи мавқеъ аз ақидаву ҷаҳонбинӣ ва нуқтаи назар бармеояд: дар кадом тараф истодаӣ, ба суди кӣ кор мекунӣ, билохира, ба кадом сохту тартибот хизмат дорӣ.

Маҳз ба ҳамин хотир моҳи декабри соли 1992 ва январи соли 1993 дар созмонҳои Кумитаи бехатарии давлатӣ баъзе тағйироти сохторӣ ворид гардид ва роҳбарони нави зерсохторҳои муҳимтарин таъин шуданд.

Тамоми ҳайати бехатарии давлатӣ дар ҳолати фавқулода қарор доштанд. Ба онҳо зарур меомад, ки дар вазнинтарин шароит фаъолият намоянд ва аз суботу ҷавонмардӣ ба зуҳур оваранд.

Баробари ҷорӣ гардонидани навигариҳо дар сохтору ташкили меҳнат, кормандони Кумитаи амнияти миллӣ барои ба амал тадбиқ намудани қарору барномаҳое, ки дар Сессия ХVI ғайринавбатии таърихӣ тарҳрезӣ шуданд, шурӯъ намуданд. Дар ин роҳ, ба роҳбарони нав, пеш аз ҳама, дар асоси қарору нишондодҳои мазкур нақшаи амал муратаб сохтанд.

Барои иҷрои он зарур меомад чунин корҳоро сару сомон диҳанд:

– таъмини роҳу равиши босубот дар ҷумҳурӣ;

– алоқадри ҳол гузоштани саҳми худ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ;

– боло бурдани рӯҳияи ахлоқиву сиёсии кормандон ва сафарбар намудани онҳо ба иҷрои муҳимтарин вазифаҳои хизмативу оҷилӣ;

– амалан то ба сифр расонидани дастгоҳи ёварони махфӣ муқаррар ва васеъ карда шавад;

– ҳифзи оҷилии сарҳади давлатии ҷумҳуриро бо Афғонистону Ҷумҳурии Халқии Чин ба ӯҳдаи худ гирифтан;

– дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи сарҳадбонони Федералии Хизмати Сарҳадии Федератсияи Русия ҳифзи сарҳадҳои давлатиро (бо нерӯи лашкари марзбонони Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар таъсис дода шуданд;

– чорабиниҳои оиди иктишоф ва алайҳи иктишоф дар дохили мамлакат ва берун аз хати сарҳад фаъол гардонда шаванд;

– нисбати ҷинояткорони махсус хавфноки давлат террористҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ чорабиниҳои оҷилӣ-таҳқиқӣ судбахши чекистӣ гузаронида шавад;

– иштироки бевоситаи кормандони соҳаҳои хизмати Кумитаи амнияти миллӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ таъмин карда шавад;

– ба баланд бардоштани самараи корҳо оиди равшану возеҳ, ошкор ва таҳқиқи ҷиноят ҳамчун шарти ҳатмиву воҷиб ба пуррагӣ тадбиқ намудни раванди ҳатман ҷазо фаъолияти зидди давлатӣ мусоидат карда шавад;

– зерсохторҳо бо мутахассисони муносибу сазовор таъмин карда, интихобу ҷо ба ҷо гузорӣ беҳтар такмили ихтисос ва дараҷаи касбии кормандони онҳо баланд бардошта шавад;

– барои беҳтар намудани шароити меҳнативу маишӣ беҳтар ба фаъолият пардохтан лозим;

– таъминоти ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҳайати шахсӣ ба танзим дароварда шавад;

– дар кору такмилу мукамалгардонии заминаҳои ҳуқуқгузорӣ, ба вуҷуд овардани маҷмӯи меъёрҳои идораи ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок карда шавад;

– ҳамкории амалии тарафайн бо мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар давлатҳои соҳибистиқлол нигоҳ дошта шавад.

 

ИСТИҚРОР. ГУФТУГӮИ ТОҶИК БО ТОҶИК

 

 Ҳама орзуи гуфтугӯи тоҷик бо тоҷикро дошт. Ҳарчанд ояндаи мамлакат ба натиҷаҳои ниҳоии ин гуфтугӯ марбут буд, вале давоми он, рӯз то рӯзу моҳ то моҳ дароз мекашид. Ва он се сол идома ёфт. Орзуи тӯлонӣ. Ва он орзу мисли биное буд дар бешаи хушманзар. Гуфтугузор дар қиёс бо амалиёти ҳарбӣ, кирдорҳои бераҳмонаи террористиву ваҳшатангезӣ, ҳамла ва шабохунҳои мусаллаҳона ва ҷосусиву фитнаангезӣ дар сарҳад содир мешуд.

 Бисёр мураккаб буд ин гуфтугузор. Баъзан қатъ мешуду ба вақти дигар вомегузоштанд. Гоҳе кандаву вайрон мешуд. Мухолифин дар дархости худ устувор буд ва аз фишори рӯирост худдорӣ намекард. Дар робита бо ин сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону аъзоёни вакилони ҳукумат доим ба иттилооти оҷилӣ дархурд барои қабули қарор ва интихоби роҳу усули дуруст бурдани мунозира эҳтиёҷ доштанд. Табиист, ки ин гуна иттилоотро пайдо кардан лозим. Ва он ниҳоят бо нерӯ ва тариқу василаи худӣ ба даст меояд. Вазъи ҳол ҳунари нозуку заҳмати мутахассиси баландихтисоси хизмати оҷиливу таҳлилии созмонҳои амниятро тақозо мекард. Ин вазифа бо сарбаландӣ иҷро гардид. Ва шаҳодат бар ин баҳои баланди роҳбарони вакилони ҳукуматӣ дар идомаи раванди гуфтугӯй ва баҳсу мунозираҳост.

 Ба мақсади таъсир расондан ба роҳбарони мухолифини тоҷик аз муносибат ва равобити оҷилӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистон, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Раббонӣ, А. Дӯстум ва дигарон дақиқназарона истифода бурда мешуд. Далели равшани ин муддао мулоқоти моҳи декабри соли 1996-уми ҳукуматӣ ва мухолифин аст. Вохӯрӣ дар мавзеи Хостдеҳ бо иштироки роҳбарони Афғонистон ва миёнравии Ташкилоти Милали Муттаҳид ба дараҷаи олӣ баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба қатъ кардани амалиёти ҳарбӣ дар ноҳияҳои шарқии Ҷумҳурии исломии Афғонистон муҳимтарин ҳуҷҷатҳо имзо гардиданд. Ва ин барои гуфтугӯи минбаъда заминаи боэътимод фароҳам овард. Ба натиҷаи вохӯрӣ дар Хостдеҳ мавқеи намояндагони олимақоми Афғонистон ва ҳамчунин вохӯрии онҳо бо роҳбарони мухолифини муттаҳидаи тоҷик таъсири бузург расонд.

 Он замон ва он рӯзҳо роҳбарону кормандони фаъоли Кумитаи амнияти миллӣ, ин суханони Раиси худ Саидамир Зуҳуровро пайравӣ мекарданд: ҳар қавме, ки бар зидди худ аз худ ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад. Ва ин мисли он аст, ки ҳар шаҳр ё оилае, ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.

 Агар иблис, ки миёни мардуми тоҷик даромад, иблисро берун мекард, бар зидди худ аз ҳам ҷудо мешуд салтанаташ вожгуну қавмаш пароканда ва гумном мешуд.

 Тоҷик тоҷикро аз хонааш берун кард ва сарсону саргашта гардонид. Ваҳдати тоҷик аз қавми иблис мазбуту устувортар мешуд. Тоҷик салтанати иблисро вожгун месохту пароканда ва худ муттаҳиду муттафиқ мегардид, рӯ ба ободониву осудагӣ меовард.

 Ҳарчӣ буд, шуд. Айёми сухани нек, кори нек, хушбиниву хушмандӣ фаро мерасид. Зеро ҳар кӣ бо сухани худ сафед мешуд, замони сухани неку амали неку гузашт кардани ҳамдигар буд.

 Таърих то кунун Суқрот ва саромадҳои талхи ӯро дар ёд дорад. Пургӯву серҷоғтарин зани олам зани ӯ буд. Ва Суқрот ҳама феълҳои тоқатнопазири ҳамсарашро медиду гузашт мекард ва оилаи ӯ пойдор меистод. Ва ӯ гузаштаро дараҷаи олии қаҳрамонӣ медонист.

 Ба чунин қаҳрамонӣ ҳукумати Конститутсионии тоҷик кайҳо боз омодагӣ мегирифту тайёр буд. Вале ба кошонаи ин қаҳрамонӣ баровардани мухолифини мусаллаҳи тоҷик бори сангине буд бар дӯши роҳбарони нав ва кормандони Кумитаи амнияти миллӣ.

 Иттилооти оҷиле, ки зерсохторҳои амнияти миллӣ давоми тамоми давраҳои равиши гуфтугузор ба даст меомад, мувофиқи мақсад ба ҷомеаи кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагон, гурӯҳҳои ҳамкору ҳамсоз ва ҳамчунин ба Комиссия роҷеъ ба назорати қатъӣ истифодаи силоҳ, ки аз рӯи шартномаи ҳарду тараф таъсис ёфта буд, расонда мешуд. Мақсад аз истифодаи самараноки иттилоот, огоҳондани тарафдорони моҷарохоҳи қаноти мухолифин буд. Онҳо на танҳо бояд мефаҳмиданд, балки возеҳ медонистанд, ки муборизаи мусаллаҳона ба муқобили ҳукуматӣ ҷумҳурӣ, инкор намудани зарурати ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардондани гурезаҳо, нодида гирифтани талошу иқдомҳои роҳбари қонунӣ интихобшудаи мамлакат барои расидан ба сулҳи устувор ва ризоияти миллӣ бемаънист.

 Дар рафти корҳои оҷил аз таъсири калони сиёсии ҳизби мухолифин ба вазъи воқеии мамлакат аз мухолифатҳое, ки дар сафи он байни аъзоён ва гурӯҳҳо пайдо мешуданд, ба хотири нигоҳ доштани қисмати боэътимоди он истифода мешуданд.

 Далели ин муддао, амали муносибат бо Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Амнияти миллӣ ихтилофҳоеро, ки байни аъзоёни ин ҳизби он замон бонуфуз доштанд, бараълоина дарк намуд. Ва онҳоро ба риштаи таҳқиқу таҳлил гирифт, натиҷаҳои дақиқу хушбинона эҳсос кард. Ҷудоӣ дар байни роҳбарони ҳизб имконият дод, ки қаноти солими он, ки барои бо роҳи сулҳу салоҳ ҳал кардани мухолифату низои байни тоҷикон иддао дошт, дастгирӣ ёбад. Билохир, тавассути заҳмати пурҷӯшу хурӯш ва оҷил бо яке аз роҳбарони ин қанот ҳамчун ҳизби мустақил бо номи платформаи Алма-Ато ба қайд гирифта шуд.

 Қисмати дигари ҳизби демократӣ бо рӯҳи моҷароҷӯӣ бадному беобрӯ шуд ва пасон аз фаъолият монд.

 Ва ин зарбаи вазнине буд баҳри мухолифин. Чунки ҳамзамон роҳи кӯмак аз хориҷа баста шуд.

 

                    Раият дарахтест агар парварӣ,

                    Ба коми дили дӯстон бархӯрӣ.

                    Ба бераҳмӣ аз бару бораш макан,

                    Ки нодон кунад, ҳайф бар хештан.

 

 Солҳои муқовимати мусаллаҳона дар мамлакат ҳукумат барои ба эътидол овардани вазъият, бахусус дар ноҳияҳои «даргир»-и Вилояти Худмухтори Бадахшон кӯҳистони ва Қаротегин ба мардум фаҳмондани сиёсати сарвари ҷумҳур таваҷҷӯҳ ба даст кашидан аз задухӯрд, супурдани яроқҳои ғайриқонунӣ нигоҳ дошта ва гузаштан ба меҳнати созанда диққати бузург медод. Ва барои ҳалли ин мушкилот иҷрои вазифаҳои муҳим ба пеш мегузошт. Чекистон дар роҳи ба ҷо овардани ин мақсадҳо иштироки фаъолона доштанд.

 Ва ноҳияҳои пуризтиробу нотинҷ дар авҷи муқовиматҳои мусаллаҳона сарзамини ВХКБ боқӣ мемонд. Сарвари мамлакат ба мардуми вилоят бо даъват муроҷит кард, ки бесару коргирии Қувваҳои Мусаллаҳи ҳукумат масъалаҳои солиму устувор гардондани вазъият; бекор ва пароканда намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро ҳал намуда, яроқи нигоҳдошташударо гирд оварданд, дар якҷоягӣ бо марзбонон ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро таъмин намоянд. Баҳри ба амал баровардани ин нишондодҳои сарвари давлат аз дастгоҳи марказӣ ва дигар созмонҳои минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кормандони оҷил ва дар навбати аввал зодагони Бадахшон ба рухсатии хизматӣ фиристода шуданд.

 Бо назардошти он, ки қисмати зиёди сокинони Бадахшон шохаи мазҳаби Исмоилияи дини исломро пайравӣ мекунанд, зери таъсири хизматчиёни махсус бо роҳи намояндагӣ аз яке аз давлатҳои ҳамсоя тавассути Афғонистон ва Тоҷикистон сарвари обрӯманди исмоилиён Саид Мансур Нодирӣ хонда шуд. Саид Мансур Нодирӣ байни ҳаммазҳабони Бадахшонии худ таъсири бузург дошт. Баъди анҷоми як қатор тадбирҳо шайх Саид Мансур Нодирӣ озими Помир шуд. Ва ӯ тӯли як моҳ дар деҳаҳову ноҳияҳои Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон бо муридони худ вохӯрду сӯҳбатҳо орост.

 Шайх муридони худро ба канор задан аз муборизаи мусаллаҳона ба муқобили давлат, бас кардани зулму зӯроварӣ, супоридани аслиҳаи ғайриқонунӣ нигоҳдошта даъват намуд. Муроҷиатҳои ӯ ба муридон самараи дилхоҳ дод. Алакай дар вохӯриҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудогона бевосита ба яроқсупорӣ оғоз намуданд.

 Ба дараҷаи муайян ин тадбир ва дигар чорабиниҳои оҷил ба мӯътадиливу устуворгардии вазъият дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон шароитҳои мусоид фароҳам овард.

 

МАРЗИ ҲАЁТ ВА МАМОТ

 

       Як қадам роҳ аст, Бедил аз ту то домони хок,

       Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!

 

 Бо назардошти қадру қимати бузурги боздиди сарвари давлат ба Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дидорбинӣ аз сокинони он дар заминаи изҳороти созмони ҷаҳонии Милали Муттаҳид роҷеъ ба ин ки вилояти мазкур, гӯё таҳти назорати ҳукумат нест ва мардуми он ба роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат намекунанд, чекистон дар шароити вазнину сангин ба ин кишвар рафтанд ва бехатарии Эмомалӣ Раҳмонро таъмин намуданд. Ва ин коре буд аз диди таъҷилӣ бисёр ҳам мураккаб. Чунки вилоят аз гурезаҳои аз дигар ноҳияҳои ҷумҳур омада пур буд. Ва қисмати калони онҳоро гурезаҳои мусаллаҳи хашмгин ташкил медод. Байни онҳо ҷанговарони зархариди кирояи аз Афғонистон омада ҳам буданд.

 Кордониву коршиносӣ ва амалҳои дақиқназаронаи чекистҳои ин давраро дар Помир худи гурӯҳи силоҳшӯрони мухолифини солҳои 1993 эътироф мекарданд. Замоне ки нахустин боздиди кӯтоҳмуддати сарвари давлат бо сабабҳои маълум ба Хоруғ доир шуд, ин барои мардони ҷангии мухолифини мусаллаҳ чунон ғайричашмдошт буд, ки танҳо аз нотавонии худ саргарангона сахт ба хашму ғазаб омаданд.

 

РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ ЧӢ ГУНА БА ДАСТ ОМАД?

 

Солҳои мухолифи ҳамдигар рӯбарӯшавӣ дар Тоҷикистон ва таърихи давлати ҷавони соҳибистиқлол ва нӯкарону ходимони хизмати махсуси амнияти миллии он давраи басо мураккабе буд. Мухолифати дохилии миёни тоҷикон ба тадриҷ интернатсионалӣ мешуд ва қувваҳои хориҷ аз кишвар ба он ҷалб мегардид. Ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту созмонҳои бисёри тарафдорони тундраву (моҷароҷӯву) ваҳшатангез, гурӯҳҳо зери роҳбарӣ ва дастгирии хизмати махсус, ё саҳеҳтараш, идораҳои махсуси ҷосусии як қатор давлатҳо фаъолият мекарданд. Афғонистони ҳамсоя он замон майдони терроризми байналхалқӣ буд. Ва Тоҷикистон давлати мобайнӣ ва ё возеҳтар аз ин, садди мавҷшикан байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Табиист, ки дар чунин шароит созмонҳои бехатарии Тоҷикистон, амсоли дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз ҳама бештар ва дар навбати аввал, ба тадбиру чорабиниҳое аҳмият медод, ки оҳанги сиёсиву ҳарбӣ доштанд. Ва мақсади асосии ҳама тааммуқу илоҷҷӯӣ ба фоидаи ҳар чӣ зудтар озод намудани Тоҷикистон аз қувваҳои моҷароҷӯй (экстримист), нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва қатъ кардани хунрезиву таъмини бехатарии мардум, ҳифзи обйектҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ буд. Ба замми ин хизматчиёни хосаи тоҷик анъана ва шаклу услубҳои фаъолияти чекистиро (қабл аз ҳама амалҳои оҳанги иктишофу алайҳи иктишофдоштаро) моҳирона дар кори ҳамарӯза тадбиқ мекарданд. Ва ин замоне буд, ки мутахассисон мисли парандаҳои муҳоҷир аз кор мерафтанд. Бахусус солҳои 1990-1992. Вале дар сафҳои Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон миқдори ба ҳадди андоза кифояи мутахасисони кордону коршинос боқӣ мемонанд. Ва онҳо устухонбанд, ё худ мояи асосии созмонҳои амнияти миллии мамлакат буданду соҳиби таҷрибаи гаронбаҳо дар сохторҳои Кумитаи давлатии бехатарии СССР.

Инсонҳое буданд, ки аз нигоҳи сипоҳӣ ва бо назардошти муҳити ҳарбиву сиёсӣ ва оҷил дар минтақа ва тамоми мамлакат маҷмӯи тадбиру чорабиниҳои чекистонро ба амал мебароварданд. Ва маҷмаи чорабиниҳоро, шартан ба чанд самти асоси тақсим кардан мумкин буд:

– таъмини нерӯҳои фаврӣ ва воситаҳои бо муваффақият гузарондани амалиёти ҳарбӣ роҷеъ ба ошкорсозӣ ва барҳам додани гурӯҳҳои террористиву моҷароҷӯйӣ ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

– таъсир расондан барои қатъ кардани амалиёти мусаллаҳонаи бародаркӯшӣ;

– кӯмак расондан баҳри ҳар чӣ зудтар ба ҷойҳои зисти доимӣ баргаштани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо;

Пӯшида нест, ки ҳанӯз ҳам на аз боби ҳама амалу чорабиниҳои ба ҷо овардаи он рӯзҳои чекистон кушоду равшан ҳарф задан мумкин аст. Танҳо мехоҳам зикр намоям, ки ҳамашон дар барқарор шудани сулҳу осоиши мардуми Тоҷикистон саҳми бузургу шоиста доранд.

Ва ин лаҳза самтҳое ба ёд меояд, ки зикрашон дар боло рафт. Бахусус самти аввал.

Аз ҳама муҳимаш хотирнишон месозам солҳои 1992-1993-юмро. Дар оғази давраи муқовимати мусаллаҳона, замоне аз зарби тир хун мерехт ва мардум ҳалок мешуд, чекистҳо мубориза бурданд, ки ба домон густурдану васеъ шудани зиддияту душманӣ ва порча-порча шудани Тоҷикистон аз рӯи нақшаи душманон роҳ надиҳанд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи қонунӣ бо роҳи худ мерафтанд. Вале гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам кам набуданд. Маҳз ҳамин гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ яке аз сабабҳои ҳамагуна бадбахтиҳои Тоҷикистону мардуми он буд. Ва мо ба таҳқиқ дарёфтем, ки домонзанони оташи ҷанги бародаркуш ва ба варта бурдани Тоҷикистони азиз киҳоанд. Омилҳои бадхоҳ бисёр буданд. Ва яке аз ин омилҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Коршиносони амнияти миллӣ паст кардани шиддати вазъияти басо нохуши онрӯзаро дар зарурати ҳарчӣ тезтар аз байн бурдани гурӯҳу дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тоза кардани мамлакат аз онҳо диданд.

 

ШАРҲИ ОН РӮЗҲО

 

Он рӯзҳо ҳукумати Кониститутсионии Тоҷикистон лашкари доим амалкунанда ё чуноне имрӯз мегӯянд, артиши милливу қувваҳои мусаллаҳ надошт. Шояд аз ин рӯ дар ҳайати ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи ҳукумат амалиётҳои ҷангиро ҷузъу томҳои ҷабҳаи халқӣ мебурд. Ба ин хотир созмонҳои бехатарӣ ба тарзи таъҷилӣ аз ҳисоби кормандони пур аз ҷӯши ғайрат ва корозмуда гурӯҳи начандон бузурги фаврӣ таъсис доданд Иштирокдорони гурӯҳи фаврӣ дар ҳайати ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи ҳукумат ба иҷрои вазифа пардохтанд. Онҳо аслан байни мардумони сокини ҷумҳурӣ корҳои фармондеҳӣ мебурданд, дуздиву ғоратгариҳоро аз ҷониби ҷабҳаи халқӣ пешгирӣ менамуданд ва ахбори таъҷилӣ ба даст меоварданд. Далели ин мудао натиҷаҳои фаъолияти аъзоёни гурӯҳ: сарбозони қисми махсуси ҳарбӣ Н. Асадов, К. Пояндаев, П.Хуршед мебошанд. Муборизаи онҳо дар моҳҳои аввали соли 1993 дар вазъияти мураккабу басо фавқулодаи онвақта дар мавзеъҳои ноҳияҳои Кофарниҳону Нуробод ва шаҳрҳои Роғуну Норак корномаи қаҳрамонона буд. Онҳо ҳангоми иҷрои ҳар як вазифаи хизматӣ, ҷасорат ва мардонагии беҳамто аз худ ба зуҳур меоварданд. Тавассути амалҳои оҷили онҳо бехатарии бисёр объекту корхонаҳои ҳаётан муҳим таъмин гардид. Ҳамчунин ҳодисаҳои зиёди дуздиву ғоратгариву роҳзанӣ дар либоси ҳарбӣ пешгирӣ шуд. Аз файзи амалҳои неки онҳо аҳолии осоишта аз амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ пуштибонӣ карданд.

Қисмати зиёди иштирокдорони гурӯҳи фаврии созмонҳои бехатарӣ захмҳои гуногун бардоштанд. Баъдан амали гурӯҳи мазкур ба кормандони идораи ҳарбии алайҳи иктишоф гузашт. Ба ҷои ин худи муҳити фаврӣ аз чекистон, барои иҷрои корҳо ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар мамлакат, зарурати бевосита иштироки онҳоро дар амалиёти ҷангии зидди гурӯҳҳои роҳзанону яғмогарон тақозо намуд.

 

Мақсади мо барқарор намудани сулҳ ва оромӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳарчанд агар ин барои ман ба ивази ҷон бошад ҳам, ман аз роҳи интихобкардаи худ барнамегардам.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

ХУДӢ ДАР БАЙНИ ХУДИҲО

 

Гурезаҳо… Чӣ қадар тақдиру сарнавиштҳои фалокатзадаи инсон? Фоҷиа ва азобу азиятҳо! Чӣ қадар ғаму андӯҳ ва сели ашк!

 

       Тири ошиқкуш надонам бар дили Хофиз кӣ зад,

       Ин кадар донам, ки аз шеъри тараш хун мечакид.

 

Дар домони шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҷоест биёбони беобу гиёҳ. Он замон улусволӣ ин ҷойро чун паноҳгоҳи ятимон бо дили кушод ба бист ҳазор нафар тоҷикони гурезаи иҷборӣ дод. Ин пораи биёбон бо номи «КЕМПИ Сахӣ» шӯҳрат дорад. «КЕМПИ Сахӣ» замини хушкест иборат аз паноҳгоҳҳои кандашудаву заминканҳо. Ва занҳои азиятдидаву пирону кӯдакон. Ва дар шафати онҳо байни регу хорбутаҳо мазори калоне. Мазор баробари паноҳ ёфтани гурезаҳо дар хандакҳову заминканҳо миёни рӯзҳои ангуштшумор пайдо шуда. Баробари по ниҳодани гурезагон ба ин гӯшаи биёбон маргу беқадрӣ ҳам аз паси онҳо расид. Гӯё маргу беқадрӣ якдигарро думбол гирифанд. Акнун на мурда қадр дошту на зинда ва ин ҳама пеши назари гурезаҳо яксон буд.

Азобу азиятҳои гурезаҳои дур аз Ватан, беқадриву беқурбии онҳо назди касе эътибор надошт. Аз байни онҳо ҳар кас одами даркории худро меҷӯст. Хонасоз лойкору хиштрези муфт мекофт. Хонакор – дегу табақу ҷомашӯй. Ва ташкилоту созмонҳои гуногуни моҷароҷӯю террористӣ гурезаи дархури худро.

Ва ин пӯшида нест. Гурезаи тоҷик дар мулкҳои Афғонистону Эрону Покистон ва як қатор мамлакатҳои дигар, барои пур кардани ҷойҳои холӣ дар идораҳои махсуси ҷосусии хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои террористиву моҷароҷӯй замина ба ҳисоб мерафт. Охирҳои соли 1992 ва оғози соли 1993 чунон шуд, ки ба ҷуз Кумитаи амнияти миллӣ дигар ҳама мақомоти қудратӣ аз фаъолият бозмонданд ва дар ҷумҳур пешвои ҷабҳаи халқ Сангак Сафаров обрӯи баланд пайдо кард. Ҳамзамон аз сабаби овозаҳои зиёд нисбати бераҳмии Сангак Сафаров бисёр одамоне, ки ӯро намедонистанд, аз ҷазо тарсида ба Афғонистон гурехтанд. Оғози соли 1993 муяссар гардид, ки Сангак Сафаров назди гурезаҳое, ки дар сарҳади давлатии қисмати Панҷи Поён ба нияти гузаштан ба Афғонистон гирд омаданд, баромад кунад. Ба мардум муроҷиат кард ва зорӣ намуд, ки маҳали азизи худро тарк накунанд, дар Ватан монанд ва мисли пеш ҳаёт ба сар баранд.

 Замона мубҳаму норавшан буд. Як қисми мардум боз гаштанд ва боқимонда беруни сарҳад монданд. Байни онҳо кам набуданд одамоне,ки ба ин ё он дараҷа дар ходисаҳои хунине,ки дар вилояти Қӯрғонтепа ба вуқӯъ пайваста буд, даст доштанд. Ба мақсади ҳар чӣ зудтар бозовардани гурезаҳо аз Афғонистон, таҳқиқу омӯзиши тағйироту табадулоте, ки байни онҳо бурда мешуд, соли 1993 Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ташкил намудани гурӯҳи корӣ бо чунин одамон пешниҳоде кард. Пешниҳод ба хушнудӣ пазируфта шуд. Ва барои амалӣ гардондани он аз рӯи Қарори Ҳукумат ва парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду гурӯҳи кории Маҷлиси Олӣ барои фаъолият намудан дар ҷойҳои муқимии гурезаҳо дар қасабаҳои Хайратон ва Шерхонбандари сарҳади Афғонистон таъсис ёфт. Дар ҳайати гурӯҳҳо намояндагони парламент, Чамъияти «Пайванд» (оид ба робитаи ҳамватанони берун аз марзи Тоҷикистон). Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони вилояти Хатлон дохил мешуданд. Мояи асосии гурӯҳҳо кормандони фаврии зерсохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.

 Дар ин самт кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои гирифтани хабарҳои арзишманди фаврӣ нисбати нақшаву амали хизмат махсуси тарафи мухолиф, алалхусус роҳбарони бахшҳои моҷароҷӯйи иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ҳамчунин дигар ташкилотҳои шӯрангезу бадхоҳ, таҳқиқу вазъи воқеӣ дар лагерҳои гурезаҳо ва гузаронидани таъсири мусбат ба онҳо тадбиру чорабиниҳои муҳиме ба амал мебаровард.

 Дар роҳи иҷрои ин мақсад бо намояндагони ҳукумати Афғонистон бахусус бо роҳбарони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, аз ҷумла А.Дӯстум, ки ӯҳдадор шуда буд, бехатарии гурезаҳои тоҷикро дар лагери «КЕМПИ Сахӣ», ки калонтарин ба ҳисоб мерафт, таъмин намояд, алоқаи қавӣ барқарор буд.

 Баъдан гурӯҳи чекистҳо ба тоза кардани гурезаҳо ҳангоми ба Ватан баргаштанашон шуғл варзиданд. Онҳо барои таъмини амнияти гурезаҳои ба ҷойҳои зисти доимӣ баргашта, корҳои муҳимеро сомон доданд ва аз худ нақши носутурдание боқӣ гузоштанд.

 Бо ташаббуси идораи Кумитаи бехатарии амнияти миллии вилояти Хатлон, баҳори соли 1993 барои аз музофоти Шимоли Афғонистон овардани гурезаҳо иборат аз шахсиятҳои обрӯманд, ки асосан собиқ раисони колхозҳои минтақа буданд, намоянда сафарбар шуданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки аксарияти ҳамватанони худро баҳри бозгашт ба Ватан ҳамроҳи оилаҳояшон розӣ намоянд. Ходимони амният шабу рӯз заҳмат мекашиданд. Нооромӣ ва бесаранҷомии мардум ба гумонам беш аз пеш онҳоро ба ташвиш меовард. Дар хориҷи ҷумҳур гумоштагони созмонҳои моҷароҷӯй ва террористӣ байни тоҷикони бурунмарзӣ аз пашша фил месохтанд. Ва то ҷое аз дасташон меомад, аз дилҳои сиёҳашон ба забонҳое, ки аз дӯзах оташ мегирифт, суханони талх мерехтанд ва шӯру ваҳшат мебехтанд. Ва ин ҳамаро кормандони амният дар ҷону хуни худ эҳсос мекарданд. Эҳсосоти дардовар. Аз ин рӯ, бо тамоми ҳастӣ баҳри ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ талош меварзиданд. Баъзан онҳо шаклу усули ғайрианъанавии корро пеш мегирифтанд. Онҳо аз имкониятҳое, ки рӯҳониёни соҳибмартаба доштанд, ҳамчунин аз барномаи фарогири радиои <<Хоки Ватан>>моҳирона баҳра мебардоштанд.

 Дар чунон як замони пуризтироб ба кормандони амнияти миллӣ муяссар гардид, ки ба тарзи хеле фаврӣ уламои маъруфи олами ислом Мулло Муҳаммадиро барои бозгашт ба Ватан моил ва шавқманд созанд. Ва ин заҳмати осон набуд. Китоби қиссаи <<Бозгашт>>-и муаллифи ин сатрҳо аз ин боб баҳс мекунад.

Мулло Муҳаммадӣ байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳбубияти хоса дошт. Ин аз тарафи масъулини Кумитаи Давлати амнияти миллӣ иқдоми беназире буд, ки тӯли он аз ду сол мегузарад. Вале дар чунин як давраи доғи рӯз ба Тоҷикистон бозгаштани чунин ходими барҷастаи дини мубини ислом баҳри кормандони амнияти миллӣ комёбии азим буд. Аз паи Мулло Муҳаммадӣ дусад ҳазор муридону ҳамдиёрони ӯ ба Ватан бозгаштанд.

Дар мураккабтарин сангинтарин шароитҳо кормандони онрӯзаи созмонҳои аҳмияти миллӣ мамлакат ва имрӯз шодравонон – Т.Ҳасанов, Н.Қурбонов, Ф.Маҳкамов, Т.Аҳмедов, У.Назаров ва чанде дигар дар хоки Афғонистон миёни гурезаҳо корҳои басо шоистаеро сару сомон доданд.

Обҳое ки даҳаи охири асри бист аз сари ходимони фаврии созмонҳои амнияти миллӣ гузашт, дар қиёс бо муборизаҳои даҳаи дуюму сеюму чоруми он даҳшатангезтар буд. Мубориза аз зуҳури пойдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мерафт. Ва дараҷаи охири он баҳри нигадорӣ аз фурӯравие буд, ки душманон давлати ройгон бадастовардаи истиқлолиятро ба парешонӣ мутаваҷеҳ гардонда буданд. Ва ин бори сангине бар дӯши Кумитаи амнияти миллӣ мегузошт. Кормандони фаврӣ оромии рӯҳиву ҷисмониро аз даст дода буданд. Якпорчагии давлати Тоҷикистон дарди онҳо шуд. Ва танҳо ин дард ба онҳо таскин мебахшид. Умед ба сулҳу оромии мардуми кишвар кормандони фаврии созмонҳои амнияти миллиро барпой нигоҳ медошт. Бо ин боварӣ онҳо пайваста бо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ, сарфи назар аз тарафдор ё мухолиф будани размандагон, робита доштанд. Онҳо вазъиятро на камтар аз қумандон медонистанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ва амалиётҳои ҷангӣ ислоҳот ворид мекарданд.

Барҷастатарин далели ин огоҳӣ ва ворид намудани ислоҳот дар робитаи кормандони фаврии амнияти миллӣ бо сарварии гурӯҳҳои мусаллаҳи самти Бадахшон Саламшоҳ Муҳаббатов возеҳу равшан зоҳир мешуд. Ва ҳамкории якҷоя натиҷаҳои мусбати худро медод. Тамоил ва мавқеи Саламшоҳ Муҳаббатов барои пойдор гардонидани сулҳ ва ризоияти миллӣ нисбат ба дигар қумандонҳои саҳроӣ афзалтар буд.

Соли 1994 баҳри шиносоии авзои рӯҳӣ ва фикру таҳамули мардуми вилояти Кӯлоб аз ҳисоби шахсони обрӯманди размандагони самти Дарвозу Ванҷ гурӯҳе ташкил дода шуд. Гурӯҳ ба шаҳри Кӯлоб расид. Аъзоёни гурӯҳ дар чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ширкат варзиданд. Дар ҳама ҷо онҳоро бо шодии бузург ва эҳсосоти гарму ҷӯшон истиқбол мекарданд.

Сафари шиносоии байни намояндагони мухолифин фоидаи калон дод. Аксарияти онҳо эътимоди комил ҳосил карданд, ки сокинони сарзамини Кӯлоб ҳам ташнаи сулҳу рӯзгори осоиштаанд. Ва ҳамон сол Саламшоҳ Муҳаббатов бо майли дил тавассути Москва ба Эрон ва аз он ҷо ба Афғонистон парвоз кард. Мақсад аз намояндагии ӯ ҳарҷӣ зудтар бастани сулҳи тоҷикон буд.

 

ВОСИТАЕ КИ САМАРАИ НЕК ДОД

 

Дар роҳи пойдоргардонии истиқрор дар қатори шаклҳои фаврии кор ходимони амният бо мақсади дар шароити фавқулодаву ногаҳонӣ ба даст овардани самараи нек аз меъёри қонунҳои амалкунанда моҳирона истифода мебурданд. Соли 1993 ҳангоме ки шоири маъруф Бозор Собир барои иштирок дар ташкили ба ном ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба ҳабс гирифта шуд, раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саидамир Зуҳуров масъалаи озод кардани ӯро доир намуд. Ҳарчанд Рӯдакӣ беш аз ҳазор сол пеш бо сабаби душманӣ дар дарбор ба чашмонаш нил кашида шуд, вале он алам ҳанӯз ҳам дар дилҳост.

Саидамир Зуҳуров баҳри пешгирӣ аз чунин ҳодисаи нангини ба он монанд, ба Ҳукумати Ҷумҳур гузориш дод, ки ҳабси Бозор Собир дар ҷомеа ангезаи нохуш пайдо кардааст. Он замон ҷонишини раиси Ҳизби демократи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова дар маҳбас ва раиси ҳизб Шодмон Юсуф ба Ҷумҳурии исломии Эрон гурехта буд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар як вақт бо ҳамроҳии Бозор Собир Ойниҳол Бобоназарова ҳам ба озодӣ барояду Шодмон Юсуфро авф намоянд. Мақсади ниҳоӣ аз ин амал, танҳо устувор гардондани мавқеи роҳбарони ба тозагӣ интихобшудаи ҳукумати ҷумҳурӣ буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин натиҷабардориҳои Саидамир Зуҳуровро шунид ва бо камоли майл писандаш омад ва супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои дархури ин заруратро тайёр намоянд. Хеле бо зудӣ супориши сарвари давлат иҷро шуд ва ҳуҷҷатҳо дар мувофиқа бо прокурори генералӣ моҳи июли соли 1993 ба имзо расиданд. Чунин амали инсонпарваронаро зиёиёни мамлакату мухолифин ва тамоми сокинони ҷумҳур хеле бо хушӣ пазируфтанд.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар ӯро Саидамир Зуҳуров ҳамроҳӣ намуд. Ин аввалин вохӯрии сарвари давлати тоҷикон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ҳангоми мулоқот сухан аз бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба Ватан рафт. Ҳарчанд ватанаш нисбати кирдорҳое, ки Ҳикматёр дошт, авлотар медонист, дар рафти вохӯрӣ гуфт: «Ҳама имконот ва ғайриимконотро барои бастани сулҳ истифода баред, вагарна ҷанги партизании тӯлонии шаҳрвандӣ шуморо интизор аст».

Аҳмадшоҳи Маъсуд аз нерӯи харобиовари ҷанг сухан ронда комбинати хонасозии шаҳри Кобулро мисол овард, ки иморати он солҳо давом кард ва барои харобу валангор гардониданаш қариб бист кило моддаи тарканда истифода шуд. Акнун, ҳоло баҳри аз нав бунёд кардани он маблағҳои бузург зарур аст.

Бедор кардани эҳсосот ва таваҷҷӯҳи Вазири мудофиаи Давлати Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд нисбати сулҳи пойдору осудагии мардуми сарзамини Тоҷикистон аз пешомади бузурги давлати тоҷикон башорат дод.

Ҳангоми бозгашт бо хоҳиши сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дахолати бевоситаи Аҳмадшоҳи Масъуд аз Бадахшони Афғонистон чор хизматчии ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва як нафар капитани сарҳади Русия, ки асири қумандонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Давлатии Исломии Афғонистон буд, ба Кобул оварда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамроҳи худ гирифт. Замоне ҳавопаймо аз дарёи Панҷ мегузашт, Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мужда дод, ки ба Тоҷикистон омаданд. Капитани рус аз шодӣ гиря кард.

Кумитаи амнияти миллӣ чандин бор дар ҳайати вакилони расмии давлатӣ ба лагери «КЕМПИ Сахӣ» рафтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо гурезагон дар шароити начандон созгор сӯҳбату вохӯриҳо доир карданд ва баҳри ба Ватан баргаштани онҳо корҳои зиёди мақсаднокро сомон доданд.

Бо ин роҳ ва дигар воситаву тадбирҳо кормандони фаврии созмонҳои амнияти миллӣ барои бо роҳи сулҳ ҳал намудани зиддияти ҳарбӣ зина ба зина замина тайёр мекарданд. Дар ҳалқаи сарварони мухолифин аз ҳисоби атрофиёни наздики онҳо, одамони хирадманд, дар ақидаву ҷаҳонбинии худ устувор, ки соҳиби эътибори баланд буданд, созмонҳои амнияти миллӣ такягоҳи боэътимод доштанд.

Андешае ба сарам меояд ва мехоҳам, ки ин ҷиҳати фаъолияти созмонҳои амнияти миллӣ ошкор карда шавад, то он дороиву сарвати таърих гардад.

Санаву ҳуҷҷатҳое, ки кормандони созмонҳои миллӣ аз гуфтугӯҳо ва усулҳои корбариву иктишоф дар роҳҳои ноҳамвори истиқрори сулҳ, бас кардани амалиёти ҷангӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва ризоияти миллӣ ба даст дорад, комилан ҷолиб, рангорангу аз самтҳои варта нигоҳ доштану ба ваҳдат бурдани на танҳо миллати тоҷик, балки тавҳиди умумиинсонӣ ибратбахш аст. Ё бигирем корҳоеро, ки ба нияти канор задани қаноти ҳизби демократӣ аз размандагони исломӣ ва иртиботу вохӯриҳои пайваста бо намояндагони он – Давлат Худойназаров, Шодмон Юсуф, Тоҳир Абдуҷабборов, ки дар Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои муштаракулманофеъ сукунат доштанд.

Аввали баҳори соли 1994 заминаи зарурӣ барои раванди минбаъдаи сулҳ ба вуҷуд оварда шуд. Аллакай ба ин раванд ақидаи мухолифин ҳам рост мегирифт.

Саҳме ки дар ин роҳ кормандони фаврӣ ва хизматчиёни ҳарбии идораи Кумитаи амнияти миллии вилояти Хатлону Бадахшон А. Азимов (ҳоло генерал-лейтенант), Х. Абдураҳимов (генерал-полковник), шодравон М. Ҳасаналиев (генерал – майор) ва полковникҳо Ғ. Аслонов, А. Парфиёнов, Ф. Эгамбердиев ва аз вилояти Суғд полковник И. Полвонов, полковник И. Файзуллоев, аз минтақаи Рашт полковник Д. Назаров, Ю.И. Федюшкин ва Н. Саидшарифов гузоштанд, басо назаррас аст.

Ҳанӯз соли 1993 равшан буд, ки ба воситаи силоҳ ҳаллу фасли зиддият байни тоҷикон қатъиян мумкин нест. Роҳи дигари мусолиҳаро ҷӯстан зарур меояд. Дар зимни таҳлилу хулосабарориҳои дақиқу вазъияти умумӣ дар мамлакат, табиат, хислату характер, сабаб ва доираи мухолифат, ки алакай қувваҳои беруна ва хизматчиёни махсуси онҳо фаъолона сарукор мегирифтанд, Сохторҳои давлатии амнияти миллӣ нисбати баҳо додани вазъият ва роҳу тариқи ба эътидол овардани он ба сарвари давлат ҳуҷҷат пешниҳод карданд.

Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки баъдан, дар роҳи ҳалли сароғози гуфтугӯ байни тоҷикон, ки ба моҳи апрели соли 1994 рост омад, сарвари давлат ҳуҷҷати пешниҳоднамудаи созмонҳои давлатии амнияти миллиро ба ҳисоб гирифт. Ва ин ҳам тасодуфӣ набуд, ки охири соли 1993, намояндаи созмонҳои давлатии амнияти миллӣ дар ҳайати гурӯҳи на он қадар калони олимақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину амнияти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба гузаронидани корҳои пешакӣ (то оғози гуфтугӯ) берун аз марзи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Оқибат ду тан аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҳайати намояндагии ҳукумат оид ба гуфтугӯи байни тоҷикон ҳамроҳ карда шуданд. Ва ҳарду дар гуфтугӯҳо то имзои созишномаи умумӣ доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

ДЕСАНТИ АВВАЛИН

 

Моҳи декабри соли 1992 дар қисмати шарқии пойтахт, дар хоки собиқ ноҳияи роҳи Оҳан (феълан Шоҳмансур) ҷангҳои бераҳмона мерафт. Дар мақомоти давлатӣ дар марказ ва маҳаллаҳо, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ҳанӯз ҳам ходимони пештара меистоданд. Бештари онҳо дар мавқеи нигаронӣ буданд, ё ин ки худро бетараф мегирифтанд. Сарфи назар аз ин, аксарияти кул ба умед ва боварӣ ба фардо, барои бартараф намудани вазъияти баамаломадаи моҷароҷӯёна, корҳои аз дасташон меомадаро дареғ намедоштанд. Ба ин хотир ходимони созмонҳои Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони ҷабҳаи халқӣ дидаву дониста аз қурбон кардани ҷони худ намеҳаросиданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангии соли 1992 ноҳияҳои вилояти Хатлон озод карда шуд. Бисёре аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷони худ тарсида ба хоки Афғонистону минтақаи Қаротегин гурехтанд.

Моҳи феврали соли 1993 яке аз пешвоёни фаъоли бунёдгарои исломӣ, узви Ҳизби эҳёи исломии Тоҷикистон Саъдидин Рустамов сардори ба ном «Шӯрои инқилобии ноҳияҳои Ғарм» таъин шуд. Сарвари бевоситаи ин шӯро қумандони саҳроии нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ризвон Содиров буд.

20 феврали ҳамон сол дар маҳали Сафедораки ноҳияи Ғарм (феълан Рашт) зери фармондеҳии Амиршо Ҳасанов десанти ҳарбӣ фаромад. Вазифаи асосии десант сулҳхоҳӣ буд. Мебоист онҳо бо роҳи сулҳу салоҳ ташкилотҳои ҳукумати қонуниро созмон медоданд.

Барои гуфтугузор бо десант сардори штаби нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини Ғарм Н.Хоҷаев ва аъзоёни штаб Саъдидин Рустамову тарғиботгари машҳури ваҳобизм, пештар роҳбари ҷанговарони мухолифин дар маҳаллаи «Асфалт»-и шаҳри Душанбе мулло Азам омаданд. Дар рафти гуфтугӯ фиристодагони штаби нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ба қумандони десант Амиршо Ҳасанов ваъда доданд, ки баъди паймони оштӣ ва расидан ба маркази ноҳияи Ғарму вохӯрӣ бо Ризвон Содиров имконият пайдо мешавад, ки намояндагони мухолифин тавассути Ҷиргатол бо Кирғизистон раванд. Ва баъди ин худашон бояд ба Тоҷикистон баргарданд.

Фармондеҳи десант Амиршо Ҳасанов ба ин паймон розӣ шуд. Ва ҳамаи аъзоёни десантро ба чойхона-мачите воқеъ дар шаҳраки Ғарм, оварданд.

Чойхона аз чор тараф дар иҳотаи ҷанговарони мухолифин буд. Амиршо Ҳасанову ҳамяроқонаш фаҳмиданд, ки онҳоро фиреб додаанд. Алакай десантчиён талаби намояндагони штаби нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини Ғармро роҷеъ ба беяроқсозӣ ба ҷо оварда буданд. Он лаҳза дар чойхона-мачит одамони зиёди рӯзгори осоишта ва берун аз ҷангу ҷанҷол ҳузур доштанд. Десантчиён ба хотири ин мардум, муқобилият нишон надоданд. Хавф дошт, ки ба сабаби тирпаронӣ мардуми тамом бегуноҳи ба намоз омада осеб мебинанд.

Ҳамон бегоҳӣ гурӯҳи десантчиёнро бо роҳнамоии ҷанговарони мусаллаҳи мухолифин ба маркази ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Дарбанд) оварданд.

Шабона бо амри Ризвон Содиров гурӯҳи десантчиёнро ба ду қисм тақсим карданд ва баробари фаро расидани сапедадам онҳоро паронданд.

Ҳамаи ҷасадҳои десантчиёнро ба ҳавзи ҳавлии милисахона партофтанд. Онҳо аз байни гурӯҳ, танҳо ба хоҳари шавқат раҳм оварда, ӯро зинда гузоштанд.

Соли 1993 муаллифи ин сатрҳо сардори идораи муфатиши Кумитаи амнияти миллии ҷумҳур буд ва худаш бевосита ба пажуҳиши ин ҷиноят роҳбарӣ кард. Андак пеш рафта, мехоҳам дар ин сол ҳамаи сарварони шӯрои инқилобии ислом, ба ҷуз Ризвон Содиров, ҳама боздошт шуданд ва сазовори гуноҳ ҷазо гирифтанд. Вале дар охири сол аз рӯи шатрнома бо мухолифин ба ҷанговарони дар асоратбудаи ҳарбиёни ҳукуматӣ иваз гардиданд. Пас аз ин асирони мухолифин аз ноҳияи Ишкошим ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузаронда шуданд.

 

ЭҲЁ

 

Миёнаҳои зимистони соли 1993 вазъият маҳз дар минтақаи Қаротегин мураккаб шуд. Мухолифини мусаллаҳ дар ин ҷо таҳти роҳбарии Шӯрои Инқилоби Исломӣ нисбатан фаъол буд. Ғарм муҳимтарин халқаи доругирҳои мухолифин дар минтақа ба ҳисоб мерафт. Ба эътидол овардани ҳаёт дар ҳамаи қисмати шарқии Тоҷикистон бевосита марбут ба вазъияти он буд. Аз ин рӯ, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони созмонҳои амнияти миллӣ муроҷиат намуд.

Ӯ ба кормандони соҳа супориш дод, ки барои озод кардани Ғарм аз мухолифини мусаллаҳи ғайриқонун бевосита дар амалиёти ҷангӣ иштирок намоянд. Роҳбарони Кумитаи амнияти миллӣ масъулияти ба ӯҳдаи онҳо гузоштаи сарвари давлатро возеҳу равшан эҳсос намуданд. Онҳо ҳамаи кормандони созмонҳои амнияти миллиро дар атрофии худ муттаҳидтар гардонда, таъсиси гурӯҳҳои фавриро ба нақша гирифтанд. Гурӯҳҳои фаврӣ мебоист аз ихтиёрион ташкил меёфтанд. Ҳамин хел буд супориши роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Ихтиёриён чунон бисёр пайдо шуданд, ки илоҷи нафас рост кардан намемонд. Вале ҳамаи онҳоро ба рӯйхат даровардан аз имкон берун буд.

Дар Ғарм бо роҳбарии Ризвон Содирову Мазорӣ ҷанговарони аз ҳад зиёди мухолифин гирд омада буданд. Ба ин сабаб қарор дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони фаврӣ ва сохтори махсуси «Алфа» дар Ғарм десант фароранд.

Қабл аз фаровардани он бо сардории майор Д. Зайниддинов дастаи десантчиён ташкил дода шуд. Онҳо ҳамагӣ аз чордаҳ нафар иборат буданд. Ва ҳар кадоме соҳиби таҷрибаи зиёди хизматӣ. Гурӯҳ вазифадор буд, ки вазъиятро дар маҳалҳо омӯзад ва бо мардуми маскуни минтақа муҳимтарин корҳои тайёриро анҷом диҳад. Ҳамин тариқ майор Д. Зайниддинову ҳамроҳони ӯ роҳҳои фуровардани десантро муайян мекарданд.

Мутаассифона ба гурӯҳ муяссар нашуд, ки вазифаи худро то охир ба ҷо оварад. Бисёриҳо онҳоро шинохтанд… Вале фиристодагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мисли қаҳрамонони воқеӣ, ҷасорату мардонагӣ зоҳир мекарданд. Баъдтар зимни гузоришу пешниҳоди онҳо дар марказ ду гурӯҳи десантчиён ташкил шуд. Ва вазифаи роҳбари гурӯҳҳоро ба ӯҳдаи полковник Файзалӣ Саидов (ҳоло дар ҳаёт нест) ва подполковник Д. Бобоев (имрӯз генерал-майори муставфӣ) гузоштанд.

Ба ёд меояд он лаҳзае, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидамир Зуҳуров сафи афсаронеро, ки ба Ғарм мерафтанд, аз назар гузаронд, вазифаҳои дар пеши онҳо истодаро фаҳмонд ва бо таъкид намуд, ки:

– Вазифа сахт вазнин аст. Ҳар кас ки ба қувваи худаш боварӣ надорад, метавонад ин ҷо бимонад.

Аз сафи афсарон садое набаромад. Ҳеҷ кадоме аз онҳо аз нияти худ гаштан намехост. Саидамир Зухуров пеши яке аз афсарони дар сафбуда истод. Ва хоҳиш кард, ки худро шиносонад.

– Майор Маҳмадалӣ Шафоатов, ҷонишини сардори зерсохтор, – гуфт ӯ.

Саидамир Зуҳуров се бор ба ӯ амр дод, ки аз саф барояд ва барои иҷрои вазифаи худ ба зерсохтори тафтишотӣ баргардад. Маҳмадалӣ ба нишони эҳтироми фармони раис хар се бор ҳам аз саф баромад. Вале, ҳамин, ки Саидамир Зуҳуров аз назди сафи афсарон дур шуд, Маҳмадалӣ сӯи автобусе, ки ба фурӯдгоҳи шаҳраки Айнӣ мерафт давид. Он ҷо десант ба парвоз омодагӣ мегирифт. Дар фурӯдгоҳ ҳам талаби Саидамир Зуҳуровро қатъиян напазируфт ва ба вертолёт нишаста, ҳамроҳи гурӯҳ ба роҳи иҷрои вазифа рафт.

Ҳамин тақдир насиби корманди идораи алайҳи иктишоф (контрразведка) Ш. Сангинов низ гардид. Раиси кумитаи амният ӯро ба сабаби норасоии қаду қомат ба рӯйхат дохил кард. Аммо ӯ ба ақидаи худ истод. Ва сад афсӯс, ки дар ҷанги бародаркуш ба шаҳодат расид.

Вале вазъи рӯҳии афсар Эркин Холдоров ҳеҷ аз пеши чашм дур намеравад. Ӯ аз ҳама афсарони бо амри раиси Кумита Саидамир Зуҳуров саф ороста ҷавон буд. Ба ҳамин хотир раис баъди Шафоатов ӯро аз саф хориҷ кард. Эркин ботинан дар худ мепечид. Ҳазорҳо гумонҳои нохуш мисли гург дили ӯро тала мекард. Ҳар қадар ки сири аз саф хориҷ шудани худро меҷуст, эҳсосоти ӯ зиёдтар ба ҷӯш меомад. Ашк дар чашмони Эркин чарх мезад. Ва ӯ бо мижгони тар ба зорӣ даромад.

– Аз Шумо хоҳиш дорам, ба ман рухсати рафтан диҳед, – гуфт.

Вале раис дар амри худ устувор истод.

Эркин байни афсарони сафороста ҷавонтарин афсар буд. Ӯ таҷрибаи казоии мубориза бо рақиб надошт. Ба ҷавонӣ ва бетаҷрибагии ӯ дили Саидамир Зуҳуров сӯхт ва дар назараш ҳаёти Эркин бас азиз намуд. Нотинҷӣ ва нанги ба сари ҳукумати қонунӣ омада номуси Эркинро ба шӯр оварда буд. Ҷӯшу ғайрати ҷавонӣ нагузошт, ки ӯ аз мақсади раис пай барад. Дили ба хурӯшомада ба гӯши ӯ мегуфт, ки: Эркин, дар саркӯб кардани ҳариф аз дасти ту ҳам шояд корнамоӣ барояд. Аз ин рӯ ба худ саволҳо медод: аз дигарон чӣ камӣ дорам? Қаду қомати расо. Бозувони пурзур. Аз саломатӣ шикояте нест!..

Дар ҳоле ки дар чашмони Эркин ашк медамид, чеҳраи ӯ шукуфтаву дилкаштар мегардид.

Ногоҳ ба ёди Эркин зад, ки ӯ бадахшонӣ аст. Ака, айби ман дар куҷо? Хун дар рагҳои Эркин ҷӯшид. Ӯ сӯи дафтари кори раис шитофт. Чун ворид шуд, бо оҳанге ки аз изтироб орӣ набуд, гуфт:

– Мӯҳтарам, раис. Ман айби худ донистам. Ба сабаби бадахшӣ буданам, маро аз сафи ихтиёриён бароварден?

Аз ин ранги рӯи Саидамир Зуҳуров канд. Чӣ мегӯяд ин бача? Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл!.. Душмани ашадии ақидаҳои маҳалгароӣ аз ин сухан такон хӯрд. Гӯё як нерӯи пурзӯри худӣ, ҷисми ӯро ларзонд. Аммо сир бой надод. Бо таҳаммул ва орому хунуксардона гуфт:

– Намедонам куҷоӣ ҳастӣ. Вале медонам, аз ҳар ҷо, ки бошӣ, фарзанди манӣ! Ин ҷо, аз хурд то калон, ҳама фарзандон мананд. Танҳо дили падар, нигоҳи падар ба фарзанди худ дигархелтар аст… Агар ту бисёр мехоҳӣ, ки бо ихтиёриён бошӣ, рухсат?

Оҳанги суханони раис гӯшнавозу рӯҳнавоз буд. Эркин аз шунидани «рухсат» чун гул шукуфт. Ошуфтаҳолӣ дарҳол ӯро тарк кард. Мисли уқобчӯҷаи аз қафас раҳоёфта, худро ба сафи ихтиёриён зад. Чархбол ба парвоз омад.

 

НАҚШЕ ДАР ДИЛҲО

 

                   Чун ба ёдат хона дар кӯи фаромӯшон кунам,

                   Ёд кун гоҳе фаромӯшони кӯи хешро.

 

Аз се гурӯҳи десантчиён, ки ба ҳар гурӯҳе сад нафарӣ рост меомад, ҳама афсарону прапоршикҳо буданд. Аз муҳориба бо мухолифини мусаллаҳи ғайриқонунии Қаротегин на ҳама ба пои худ баргаштанд. Ба ёд меоянд афсарон Маҳмадалӣ Шарифову Шавкат Сангинов ва Эркин Холдоров, ки онҳоро раиси Кумита Саидамир Зуҳуров аз сафар боздошта буд. Он гоҳ аз дили раис чӣ гузашт, касе намедонад. Вале оқибат фоҷиабор шуд. Дар задухӯрдҳои аввалин ҳар се ба шаҳодат расиданд.

Дар муҳорибаҳои шадид бисту ду десантчии шуҷоъ ба шаҳодат расиданд. Ва аз ҷумлаи онҳо: подполковник Г.Х. Қодиров, майор Д . Зайниддинов, капитанҳо Х.А. Ибодов, Ш. Х. Сангинов, Э.У. Холдоров, лейтенантҳои калон Диловар Холназаров, Н.С. Ҷобиров, Ф.Ф. Нидоев, лейтенант К.В. Мухин, прапоршикҳо Г.Х. Давлатов, М.А.Каримов, А.А.Вайсов, Д.Р.Мӯсоев, Ю.А.Муродов, А.Х. Наҷмид-динов, А.Р. Толибов, О.Х. Умаров, С.Г. Файзуллоев.

Десантчиёни созмонҳои амнияти миллӣ на танҳо бо роҳи муҳориба, балки бо истифода аз василаҳои дигар, бахусус корҳои фаҳмондадиҳӣ барои озод кардани минтақаи Қаротегин аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии моҷароҷӯй мусоидат намуданд. Онҳо ҳазорҳо нафар сокинони ноҳияҳои воҳаи Қаротегин, ҷамоатчиён ва рӯҳониёни обрӯмандро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуданд. Пас аз омехтани десантчиён бо мардум гурӯҳҳои мусаллаҳи моҷароҷӯй тани танҳо монда, дар такопӯи роҳи наҷоти ҷони худ шуданд. Чунки мардум дигар онҳоро аз нафрати бузург чашми дидан надошт. Акнун идораи вазъият зери назорати ташкилоту созмонҳои ҳукумати қонунӣ буд. Дарахти зулм решагардон шуд. Замина барои зулму дуздиву ғоратгарии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии моҷароҷӯ аз беху бун барбод рафт. Бӯи ҳаёти осоишта димоғи мардуми сулҳхоҳро муаттар сохт. Ва ин ҳама табиист, ки миёни мардум нисбати ташкилоту созмонҳо ва мақомоти ҳукуматӣ ангезаи меҳру муҳаббати самимие ба вуҷуд овард. Ва сокинони тамоми шаҳраку маҳаллаҳои воҳаи Қаротегин сари ҳар қадам аз ҳукумати Конститутсионӣ пуштибонӣ мекарданд.

Ба ёд меояд баҳору тобистони соли 1994. Вазъияти ҳарбиву сиёсӣ дар ноҳияҳои гурӯҳи Рашту минтақаи Тавилдара хеле тезу тунд шуд. Вале аз ин дигаргунӣ бадхоҳони ҳукумати қонунӣ ба ҷое нарасиданд. Ҳама такопӯ ва ҷонканиҳои онҳо мисли давидани гӯсола то каҳдон шуд. Мардуми минтақаи Тавилдара алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба по хест. Ва балвогарони мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи ҳуҷум ба Ғарм, ки гурӯҳи маҳдуди ҷанговарони созмонҳои амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳофизат мекарданд, набаромаданд. Ноумед роҳи ақибнишиниро пеш гирифтанду бемурод дарёи Панҷро убур карданд.

 

МУҲОФИЗОНИ БОИГАРӢ

 

Минтақаи Рашт ва он замон машҳур бо номи Ғарм, на танҳо маркази зиддиятҳо ва задухӯрдҳои гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шурангезу балвогар буд. Балки ҳаштод сол муқадам, замоне ки дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳукумати шӯравӣ ҳукмрон буд, дар води Ғарм дастаҳои балвогари босмачиён амал мекарданд. Таъби сардорони дастаҳо шоҳу худашон вазир буд. Мардумро ғорат мекарданд.

Ва мардумони аз рӯи дастур ва назару ақидаи онҳо гунаҳгорро ба дор мекашиданд. Ва он гоҳ аввалин десанти ҷангии Ҳукумати Шӯравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ғарм фароварда шуда буд. Ва боз 70 соли баъди он. Такрори таърих. Ва бисёр ҳам монанд. Ҳафт даҳсола қабл дар пойтахти ҷавони Ҷумҳури Шӯравии Тоҷикистон анҷуману пленумҳои ҳизби ягона ва ҳукумрон мешуд, қарору директивҳо қабул мекард, мақомоти қонунгузор қонун мебароварданд. Ин ҳама қарору қонунҳо ба ҷузъ водии Ғарм дар тамоми минтақаҳои ҷумҳур таъсиру амал дошт. Ва боз такрори таърих. Десантчиёни созмонҳои давлатии амнияти миллии давлати соҳибистиқлоли тоҷик бо он роҳҳое ба ғалаба расиданд, ки ҳафт даҳсола қабл ҳукумати инқилобии шӯравӣ расида буд. Танҳо байни замона ва фарогирии бархӯрдҳо тафовут эҳсос мегардад. Он замон дар водӣ ин қадар мактабу чойхона-масҷид, роҳҳои мумфаршу автомобилҳои рангоранги беҳисоб, ҳавопаймоҳо набуданд. Кӯпрӯке ҳам аз болои дарёи Сурхоб намегузашт. Дороии мардум ҳам ночиз буд. Ғарм маркази ҷаҳонии заминларза ҳам надошт.

Тӯли садсолаи асри бист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои истеҳсолӣ ду бор тағйир ёфт. Ба ҷои муносибатҳои сотсиалистӣ муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ арзи вуҷуд кард. Ва ҳарду дигаргунӣ ҳам ба сабаби мухолифати гурӯҳҳои муқобил, ки дар роҳи дуздиву ғоратгарӣ меис­тоданд ва қурбониҳо низ доштанд. Сабаб чист, ки лонаи охири гурӯҳҳои ба шикаст мавоҷеҳ водии Қаротегин мешавад?

Вале мақсади се гурӯҳи десанти сесаднафараи созмонҳои давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол таҳқиқи таърих набуд. Онҳо ғирболи худро доштанд ва ғаллаи худро дар анбори худ захира мекарданд. Баралоина медонистанд ва аз сарвари давлату раиси Кумита баробари таъмину барқарор намудани ҳаёти осоиштаи мардум ва пойдор гардонидани созмону ташкилотҳову мақомоти ҳукуматӣ ба тозагӣ соҳибистиқлоли тоҷикон барои ҳифзу нигаҳдории боигарии зери замин маҳфузбудаи дастовардҳои олимони маркази ҷаҳонии заминларза дар ноҳияи Рашт, супориш доштанд.

Рашт на танҳо минтақаи охирин зиддиятҳои инқилобӣ ва табаддулотест, балки маркази заминларза дар Осиёи Марказист. Дарозтарин хатҳои зилзилаҳои ҷаҳонӣ аз Ҷопон то Халиҷи Форс аз ин минтақа мегузарад. Ва филиали хурди пажӯҳишгоҳи тадқиқоти миллии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори директори он академик Неъматуллоев дар ноҳияи Рашт таъсис ёфт, дар як муддати мадид ба маркази ҷаҳонии заминларза табдил ёфт. Ва тӯли солҳои бардавом таги замини мавзеъҳои Қазноку Шул аз қабили лабораторияву истгоҳҳои пажӯҳиши илми заминларза бунёд гардиданд. Олмони барҷаста ва дорои таҷрибаи басо ғанӣ ба тадқиқу мушоҳида бо умеди дарёфти далелу бурҳонҳои мубрами соат, рӯз ва моҳи рӯйдиҳӣ заминларзаро пешгӯӣ кардан ва наҷоти одамону дастбурди ранҷи онҳо аз ин даҳшати табиат, машғул буданд.

Онҳо барои равшан кардани сабаб ва паҳлӯҳои гуногуни заминларза далелҳои фаровони илмӣ гирд оварданд. Таҳлили натиҷаҳои пажӯҳишгарон дастовардҳое буданд, ки аз рӯи қадру қимат на камтар аз дастгоҳу асбобҳои камёби зилзиласанҷӣ. Асбобу анҷом, ҳисоботу нақшаҳои зери замин буда хазина ва ё боигарии пурарзишу нотакрори илмро мемонд. Ва ин ҳама дар якҷоягӣ сарвати қиматбаҳои миллат ба ҳисоб мерафт.

Ва аз рӯи огоҳии сарварони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бӯи ин бойгон ба димоғи кормандони баъзе идораҳои хизмати махсуси мамлакатҳои хориҷӣ расида буд. Хавфи ғорат шудани маводҳои арзишманди илмӣ, ки аз натиҷаҳои ҷустуҷӯ ва мушоҳидаҳои солҳои тӯлонӣ барои ҷунбишу ларзиши замин башорат медоданд, то рафт наздик мешуд. Ҳифзи ин хазинаи гаронбаҳои илмиро кормандони созмонҳои амнияти миллӣ бо сарварии сардорони ташкилотҳои амнияти миллии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт Д.Назаров ва А. Саидшарифов ба ӯҳда гирифтанд. Хушбахтона онҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифа сарбаландона баромаданд. Калонтарин истгоҳи илмии заминҷунбӣ ва боигарии арзишманди зилзиласанҷии Осиёи Марказӣ воқеъ дар ноҳияи Рашт бидуни ҳама хавфу хатар ҳифз гардид. Зилзиласанҷии мамлакат ин хизмати шоис­таи десантчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумхуриро ҳамеша дар ёд нигоҳ хоҳанд дошт.

 

ИДҲО – ТАҶАЛЛИИ СИМОИ НЕКМАРДОН

 

Он рӯзҳо идҳо аз ёд рафта буданд. Чунки ҳаёти вожгун ид надорад. Дар пойтахт ва аксар шаҳрҳои саноатӣ шабонгоҳ садои пистонакҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз Чин овардаи тоҷирони пулпараст гӯшҳоро кар мекард. Вале 27 июни соли 2007 бо амри Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт иди тантанаи Рӯзи якдилӣ ва даҳумин солгарди имзои Шартномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Акнун водии Рашт он води даҳ сол қаблӣ набуд. Деҳаҳо, боғу роғҳо ва марғзорони ду ҷониби дарёи Сурхоб чун арӯсон симои худро дигар кардааст. Дар чеҳраҳои сокинони он гули шодӣ мешукуфт. Минтақа аз нав эҳё шудааст. Аз ҳодисаву даҳшатҳое, ки ҳангоми ба амалиёт сар кардани се гурӯҳи саднафараи десантчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуд доштанд, нишоне нест.

Танҳо дар хотир зиндаанд онҳо. Ва ҳам ҷавонмардоне, ки баҳри имрӯз хонаву дар, падару модар, бародарону хоҳарон, занону фарзандон ва ин дунёи равшанро абадан тарк карданд. Баҳри ба ин рӯзи шодӣ расидани миллати азиз ҷони худро нисор намуданд, то мардум аз бадбахтӣ раҳо ёбанд ва ба чунин идҳои бошукӯҳ расанд. Акнун барфу боронҳои паи ҳам ва обҳои зиёд чангу ғубори ҳама гуна бадбахтиҳоро аз кӯчаву ҳавлиҳои мардумон, марзҳои боғоту киштзорон кайҳо рӯфтааст ва ба зоҳир аз бадиҳо нишонае нест. Бахусус аз он васвасаву шӯрангезиҳо даҳшату вартаҳое, ки идҳоро аз ёди мардум бурда буд, бӯе ба димоғ намезад.

Вале дар идҳо одамони барои муҳаё кардани зиндагии хушҳолонаи хоҳарону бародарон ва ҳамватанони азиз ҷони худро дареғ надоштанд, аз нав эҳё мешаванд. Ба фавҷи мардуми дар тан либосҳои идона назар меандозам. Вақте шодии онҳо моро ба ваҷд меовард, аз пеши чашм симои шаҳидони амалиётҳои шадиди ҷангии солҳои 1994-1996 дар ноҳияи Тавилдара мегузарад: подполковник С.К. Ҷӯраев, майор Б.Т. Усмонов, капитанҳо Д.Н. Сангинов, С.Ф. Тю, С.О. Муллоев, Н. Салимов, Д.А. Қайюмов, М.Г. Сатторов, А.Н. Холов, лейтенантҳо М.М. Салимов, В.Ф. Кожанов, прапорщикҳо К.М. Каримов,К.Ю. Калинников, А.А. Алиев, М. Гумаров, Т.Х. Шарифов,Д.И. Ҷумъаев, С.Д. Давлатов нуздаҳ нафар кормандони созмонҳои давлатии амнияти миллӣ буданд онҳо. Ва ба ивази ҳаёти хеш чунин рӯзҳои некро баҳри ҳамватанони азиз инъом намуданд. Қурбониёни созмонҳои давлатии амнияти миллӣ дар амалиёти хунин, дар роҳи маҳв намудани ғоратгарони мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаи ҷанг бисёранд. Шумораи онҳо аз сад ҳам мегузарад. Корномаи ҳамаи шаҳидони он ҷангҳо бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.

Дар саҳни бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ёди шаҳидони роҳи мубориза барои пойдор гардонии ҳукумати Конститутсионӣ маҷмаи ёдгорӣ қомат афрохтааст. Аҳли оилаҳои онҳо бо ғамхориҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо ба қадри ҳол ёрии модиву маънавӣ мерасад.

Корномаи нотакрори кормандони шӯҷои созмонҳои амнияти миллӣ барои сулҳ ва ризоият дар ҷумҳур, ҳамчунин баҳри ҳаёти хушбахтонаи ҳамватанони азизашон, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда намегардад.

Симои шаҳидони ҷанг дар дили ҳамаи онҳое ки имрӯз ва фардо ҳам корномаҳои онҳоро давом медиҳанд, то абад боқӣ мемонад.

 

ИКТИШОФ ДАР АЙЁМИ МУХОЛИФАТ

 

Ба хотири мӯътадилгардонии вазъият ва қатъи ҷанги мусаллаҳона зерсохторҳои иктишофи созмонҳои амнияти миллии ҷумҳурӣ имконияти амали фаврии худро байни сарварони дини исломи кишварҳои хориҷӣ, ки баромадашон аз ин ё он минтақаи Тоҷикистон буданд ва мухолифини моҷароҷӯи тоҷикро муаррифӣ мекарданд, дақиқназарона истифода мебурданд. Ба кормандони амнияти миллӣ қисман муяссар гардид, ки баъзе аз онҳоро бо роҳҳои фаврӣ ва пӯшида ба Тоҷикистон оваранд. Баъди таълиму тайёрии махсус онҳо боз баргардонда шуданд то байни ҳамватанони дар Афғонистон будаи хеш кор баранд. Ин амал натиҷаҳои дилхоҳ дод. Таҳдиду қасдҳои бади моҷароҷӯёнаи ҷанговарони мухолифин камтар шуд ва ҳамзамон бозгашти тадриҷии гурезаҳо ба Ватан оғоз гардид.

Вале дар роҳи ҳалли ин вазифаи муҳим такмили иктишоф, сохтору ташкили идоракунӣ ва шаклу усулҳои кор марбут ба онро талаб мекард. Солҳои 1992-1999 сохтори иктишофи созмонҳои амнияти миллӣ аз нав таҷдид гардид.

Ва мақсад аз ин тағийрот баланд бардоштани самараи фаъолият ва ҷустуҷӯи шаклҳои созгори идора дар шароити вохӯриҳои мақсаднок буд. Такмили сохтору шаклҳои фаъолияти иктишоф кори саҳл набуд. Як манбаъ имконияти худро бой медод ва манбаи дигар аз ҳамкорӣ даст мекашид ва чунин меҳисобид, ки бо шикасти СССР ба он зарурате намондааст. Буданд одамоне ҳам, ки дар шароити нави моҷароҷӯиҳо аз ҳамкорӣ бо иктишоф худдорӣ мекарданд.

Пеш аз оғози амалиёти ҳарбӣ ҳолати ҷомеа ногаҳон дигаргун шуд. Сарфи назар аз ин иктишофи ҷумҳурӣ ба хотири ба даст овардани ахбори огоҳидиҳанда нисбати бисёр самтҳо, аз ҷумла сиёсиву ҳарбӣ, имкониятҳои хуб дошт.

Вале шароити берун аз тасаввур мушкил барои бунёди дастгоҳи гумоштагӣ ва дар доираи васеъ даст ёфтан ба дигар объектҳо, пеш аз ҳама ба ташкилоту созмонҳое, ки муқобили ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои мусаллаҳи мухолифин ташкил менамуданд, осон набуд. Ба ҷуз ин он мебоист шабакаи худро дар мамлакатҳое, ки гумоштагӣ надошт, васеъ паҳн менамуд.

Сарфи назар аз ҳамаи ин мушкилиҳо иктишофи созмонҳои амнияти миллӣ вазифадор карда шуд, ки роҳбарони мамлакатро бо ахборот дар бораи нияту қасд ва нақшаи мухолифин дар хориҷи дурру наздик таъмин мекунад. Аз ин рӯ, ба нияти таъсир расондан ба сарварони мухолифини тоҷик бо сарварони соҳибнуфузу эътирофшудаи Афғонистон: профессор Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва генерал Дӯстуму нафарони зиёде вохӯрӣ баргузор гардид.

Иктишофи тоҷик аз нақша ва фаъолияти роҳбарони созмонҳои мухолифин огоҳи ёфтанд. Доир ба таъсис додани ҳукумати мухолифин, ки роҳпаймо буд, ахбори огоҳикунанда гирифта шуд. Сарварони мамлакат ба ин ахбор баҳои баланд доданд.

Ҳанӯз дар давраи пеш аз маъракаи интихобот иктишофи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маълумот гирифт, ки давлатҳои ҷудогона аз мушкилоти ҳақиқатан ҳам сахти ин иқтисодиёти Тоҷикистон истифода бурда, ба мақсади боз ҳам вазнинтар гардондани он тадбирҳои ғаразнокро ба амал мебароранд. Аз рӯи ахбороти иктишоф ба қисмати чорабиниҳои бо ин ният ба нақша гирифта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар ворид намудани ғалла, орд ба вуҷуд овардани монеаҳо барои ба хориҷа баровардани мавод, ҳамчунин ба фурӯши техникаву технологияи кӯҳнашуда дохиланд.

 

АСЛИҲАИ НАВИ ҚАТЛИОМ

 

Вазифаи кормандони иктишоф дар он давраи масъули таърихӣ, на танҳо ба даст овардани ахбор ва донистани нақшаи мухолифин буд, балки онҳо бо воситаву имкониятҳои хоси худ, муқобили қасдҳои душманон фаъолият мекарданд. Ҳамин тавр иктишофчиён аз муносибату равобити худ бо арбобони сиёсӣ ва роҳбарони як қатор мамлакатҳо истифода бурда, баҳри нигоҳ доштани иқтисодиёти мураттаб корҳои муҳимеро сомон доданд.

Амалҳои зиёди моҷароҷӯиву ваҳшатангезӣ дар рафти муқовиматҳои мусаллаҳона зарурати дар шабакаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани зерсохтори махсусро ба миён гузошт. Ба тарзи ногаҳонӣ бад шудани вазъи сиёсии ҷомеа, ташкили шӯъбаи махсуси бехатарӣ, ҳамчунин ҳолати мураккаб гардидани илми ҷиноятшиносӣ, ташкили шӯъбаи бехатарӣ ва сохторҳои ба он мувофиқро дар маҳалҳо тезонд. Кормандони шӯъба дар роҳи мӯътадилгардонии шароитҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ нақши муҳим бозиданд. Гурӯҳи фаврии шӯъбаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб оғози соли 1993 дар рафти таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ аъзоёни ҳизби эҳёи исломӣ, дар бораи он ки мухолифин дар фаъолияти худ шакли нави мубориза, терроризмро қабул кардааст, маълумот гирифт. Се нафаре, ки ба ин сабаб ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида буданд, иқрор шуданд, ки онҳоро ба Кӯлоб равон кардаанд, то мулло Ҳайдар ва дигар фаъолони ҷабҳаи халқиро қатл кунанд. Барои хариди иҷрокунандагони амали террор бо роҳи қочоқ, аз сарҳади давлатӣ маводи зиёди мухаддир гузарондаанд. Мақсади фурӯши ин мавод, ривоҷ додани ваҳшатангезиҳо дар Тоҷикистон буд. Он замон дар олам бисёриҳо намедонистанд, ки зуҳуроти нави ҷаҳонӣ зоҳир мешавад. Ва ин зуҳурот, шакли нави терроризм, аслиҳаи нави қатлиом: паҳн намудани маводи мухаддир аст. Он воқеан ҳам қодир аст, одамонро маҳв созад.

 Паҳнкунандагони ин яроқи террористону ваҳшатангезон шахсоне буданд, ки бевосита бо тӯдаҳои ҷиноятпешаи пинҳонкори марказҳои маводи мухаддири хориҷӣ алоқа доштанд. Шароити ба вуҷуд омада, зарурати такмили шаклу услуб ва сохтори муборизаро дар созмонҳои амният эҷод мекард. Бо назардошти ин омилҳо ноябри соли 1996 дар ҳайати Вазорати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати мубориза бо терроризм таъсис дода шуд.

 Раёсати мубориза ба гурӯҳҳои муташакили мусаллаҳ ва вайронкорону ваҳшатангезон, ҳамчунин ошкор намудани силсилаи амалҳои террористӣ корҳои некро анҷом дод. Шаҳодати барҷастаи ин муддао ба нақша даровардану ташкили чорабиниҳои фаврӣ нисбати дастаи мусаллаҳи терроризми байналхалқӣ Ризвон Содиров ва пайравони ӯст. Дар давраҳои соли 1997 аз манбаҳои гуногун роҷеъ ба пайдо шудани Ризвон Содиров дар атрофии шаҳри Душанбе ва он ҷойҳое, ки аъзоёни даста бо роҳбарии ӯ як қатор амалҳои террористӣ анҷом медоданд, хабарҳо мерасид.

 Дар рафти доир кардани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ва пажӯҳишиву тафтишотӣ ва ба амал баровардани корҳои чекистӣ-ҳарбӣ Ризвон Содировро кормандони зерсохтори махсуси «Алфа» дар таҳхонаи бинои пинҳон шудааш нест карданд ва дастаи ӯ торумор гардид.

 Иктишофчиёни шӯъба дар яке аз хонаҳои бинои калон роҳе ёфтанд, ки аз он ҷо рост ба таҳхона мерафт. Агар зиракиву ҳушёрии кормандони фаврӣ намешуд, ёфтани роҳи пинҳонӣ, ки онро бо ҷевонҳо пӯшидаанд, ғайриимкон буд.

 Дар рафти амалиёт 13 нафар аъзои фаъоли гурӯҳ ва 9 нафар ҳамкосагони онҳо дастгир ва ҳабс карда шуд ва 5 нафар ба ҳалокат расид. Ба зудӣ ҷиноятҳои даста ошкор шуд. Онҳо 15 таркиш дар шаҳри Душанбе ва 3 амали террористӣ, 2 амали вайронкорӣ, 24 куштор, 7 далели гаравгонгирӣ ва 5 ҳодисаи мошиндуздӣ, инчунин дигар ҷиноятҳо содир намудаанд. Яроқу аслиҳа ва асбобу маводҳои зиёди таркиш мусодира гардид. Аз ҳама муҳимаш, роҳи амалҳои гурӯҳи пинҳонии моҷароҷӯӣ ҳизби «Ал Ҷиҳод» пешгирӣ шуд.

 

ТӮРИ НАҶОТ

 

Идораи алайҳи иктишоф бахши алайҳи кошифии ҳарбӣ, аз соли 1992 роҳи тӯлониеро тай намуданд ва таҷрибаи зиёд ҳосил карданд. Маҳорати баланди ҳунари алайҳи иктишофӣ даст дод, ки ҳарду ришта ба зерсохтори мустақил табдил ёфт. Роҳбарону кормандони зерсохтор даъват шуданд, ки пеши ҳар гуна фаъолияти барқасдонаро ба муқобили мамлакату одамони он гиранд. Ва ба ин васила, амнияти халқу кишварро таъмин намоянд ва тури наҷот аз зуҳуроти гумоштаҳои созмонҳои душманона ва нукарони хизмати махсус густариш диҳанд. Василаи асосӣ дар ин ҷода ворид шудан ба хизмати махсусу маркази зариф, ё одами худӣ гардондани гумошта ва гузаронидани бозиҳои фаврӣ ба ҳисоб меравад. Ба кори алайҳи иктишоф баҳо дода, гуфтан мумкин, ки он бас пурсамар буд.

Дар давраи мухолифати мусаллаҳона имконият пайдо шуд, ки ба шабакаи васеи гумоштаи душман ворид шуда, аз амалиёти он инчунин муайян намудани объектҳое, ки ба он ҷойҳо ҳариф дохил шудааст, то мақсадҳои худро амалӣ гардонад.

Мувофиқ ба талаботи пӯшида нигоҳдории якҷоя бо дигар зерсохторҳои фаврии Кумитаи амнияти миллӣ дар доираи васеъ, оиди безиёнгардонии тӯри гумоштагони душман корҳои муҳим анҷом пазируфтанд.

Гурӯҳҳои террористӣ, яроқу аслиҳа ва маводи тарканда, созмондиҳандагони амалҳои ваҳшатангезӣ аз куҷо ба ҷумҳурии мо меоянд? Ин суолу ҷавоби аниқу дақиқро тақозо дошт. Ба тарзи фаврӣ маҳкам пӯшидани хатҳои сарҳадҳои давлатӣ ва коркарди иншоотҳои он, ин масъалаи оҷилиро ҳаллу фасл намуд. Роҳбарону кормандони зерсохтор сабаби асосиро ёфтанд. Рахнаҳои хатҳои сарҳад ва иншооти номукаммал собит намуданд, ки аз рӯи амру нишондоди хизматчиёни махсуси давлатҳои хориҷӣ, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ, яроқу асбобҳои маводҳои тарканда гузаронда мешаванд.

Баҳри иктишофчиёну алайҳи иктишоф қимати пайдо кардани заминаи ҳодиса на камтар аз воқеъ гардидани он аст.

Рахнаҳо дар хатҳои марзи давлатӣ ва иншоотҳои сарҳадӣ пӯшида шуданд. Ва роҳ ба гузарондани гурӯҳҳои террористӣ, яроқу маводи тарканда танг ва баста шуд.

Ин мушкилотро идораи мубориза алайҳи иктишофи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бевосита паси сар кард. Ва ҳамаи ин комёбиву натиҷабардориҳо, мисли гулҳои мақсуде буданд, ки муҳақиқони идораи алайҳи иктишоф танҳо начидаанд. Чунки:

 

                    Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

                    Чида нашуд бе мадади дӯстон!

Кормандони идораи мубориза алайҳи иктишоф дар ҳамдастӣ ва пайвастагӣ бо дигар зерсохторҳо фиребӣ мухолифону гурӯҳҳои ваҳшатангез (террористон), дар доираи васеъ ва фарогир муҳимтарин корҳоро анҷом доданд.

Ба ҷуз ин шаклҳои класикии мубориза алайҳи иктишоф ҳам аз фоида холӣ нест. Балки он самараи худро дорад. Чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ва пажӯҳишие, ки нисбати подполковник Шариф Шарифов (корманди дивизияи 201 Федератсияи Русия) ном одам, кормандони алайҳи иктишоф дар ҳамдастӣ бо зерсохторҳои тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаронданд, намунаи беҳтарин аст.

Шарифов ба қасди душманӣ аъзоёни як дастаи террористиро бо ҳама воситааш – асбобу анҷом ва мавод таъмин намуда, аз хати сарҳад гузаронд. Бо истифода аз шакл ва тарзу усулҳои класикии мубориза Шарифов ва ҳаммаслакони ӯ сари вақт дастгир ва безиён гардонда шуданд.

Боз як далел: қабл аз ҳодисаи зикршуда, моҳи марти соли 1995 дар Душанбе кормандони Бозрасии давлатии автомобил Б.Ҳусейнов ва М.Тоҳиров дар ҷои кор, ҳини иҷрои вазифа паронда шуданд. Дар ҷараёни пажӯҳиши фаврӣ риштаи ҷигили ҳодиса пайдо шуд. Ва он пажӯҳишгаронро ба суроғаи хизматчии ҳарбии дивизияи моторикунондаи тирандозӣ 201-и Русия Шарифов овард. Онҳо собит намуданд, ки соли 1994 Шарифов бо «вазири мудофиа» ном шахс забон як карда, аз бинои штаби дивизияи моторикунондаи тирандозии 201-и Русия гуфтугӯи хоинона мебарад. Пажӯҳишгарон ҳама паҳлӯҳо ва гуфтугуи душманона доштани хизматчии ҳарбӣ Шарифовро возеҳу равшан намуданд.

Иктишофчиёни вазири мудофиаро аз «нохунак» бароварданд. Маълум шуд, ки ӯ мухолифини оштинопазири тоҷик Ризвон Содиров будааст. Ризвон аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарҳадбонони Русия якдилу якзабонӣ дошт. Ӯ тавассути хизматчии ҳарбии ин сохтор, аз ҷои барои мухобира камхатар, ҷиҳати тадбиқи амалҳои ваҳшатангезӣ, инчунин амалиёти харобкорӣ, муттасил маълумот мегирифтааст.

Ризвон Содиров ба мақсади тадбиқи амалҳои ваҳшатангезӣ ва валангорсозӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 13 нафар дастаи мусаллаҳ таъсис дода буд. Аъзоёни даста 9 автомати Калашников, туфангчаҳои тамғаҳои «Браунинг-2» «Макаров» ва «ТТ», ҳамчунин асбобу олоти идорашавандаи реактивӣ, гранатомёту овозкушаки аслиҳаи тирандозӣ доштаанд.

Бо амри Ризвон Содиров ба даста хизматчии ҳарбии дивизияи моторикунондаи тирандозии 201 Русия Шарифов ва кадом як «ГП» маъруф бо номи Павлик сардорӣ мекардаанд.

Таҳқиқи кормандони идораи алайҳи иктишоф нишон дод, ки Шарифов барои гирифтани маълумот аз гурӯҳи Федералии сарҳадбонони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба бозиҳои бадқасдона Ризвон Содиров даромада буд, то ӯро дар оянда муқобили штаби мухолифин истифода барад, баҳра мебардошт.

Гурӯҳи Федералии сарҳадбонони Федератсияи Русия ният дошта, ки мувофиқи супоришҳои Шарифов нисбати Ризвон Содиров амалеро тадбиқ намояд, ки аз ҳолу аҳвол, ҳолату вазъияти мухолифин, ки дар тӯли сарҳади давлатии Тоҷикистон, дар музофоти шимоли Афғонистон мавқеъ дошт, ахбороти зарурӣ ба даст оварад.

Бори аввал моҳи сентябри соли 1994 дар роҳи иҷрои ин мақсад Шарифов даст ёфт, ки тавассути роҳравӣ ташкилнамудаи сарҳадбонони Русия аз сарҳади давлатии Тоҷикистон бо роҳи Вилояти Худмухтори кӯҳистонии Бадахшон ба Афғонистон гузарад.

Шарифов баробари ворид шудан ба хоки Афғонистон бо Ризвон Содиров вохӯрд. Дар мавриди вохӯрӣ Ризвон ба ӯ супориш дод, ки дастаи мусаллаҳ ташкил намояд. Шарифов ҳамчун сардори дастаи таъсисдодаи худ мебоист дар сарзамини Тоҷикистон амалҳои ваҳшатангезӣ ва амалиётҳои харобиоварро ба ҷо оварад. Вале амалҳои Шарифов бо ин поён намёефт. Ӯ супориши дигар ҳам дошт. Шарифов вазифадор буд, ки баробари бозгашт дар Тоҷикистон одамони боэътимодро интихоб намояд ва онҳоро ба воситаи сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристонад. Дар он ҷо онҳо тарбияи махсуси ҳарбӣ мегирифтанд.

Шарифов ҳамаи ин супоришҳоро мебоист ҳатман бо кӯмаки Павлик иҷро мекард.

Баъдан моҳҳои октябру ноябри соли 1994 Шарифов боз ду бори дигар бо кӯмаки сарҳадбонони Русия ғайрирасмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафт.

Бори охир Ризвон Содиров дар Тахор ба Шарифов туфангчаи «Браунинг» мукофот дод. Вале иктишофчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни нахустин пажӯҳиш туфанги мазкурро бо шаст тири он аз Шрифов мусодира карданд.

Пажӯҳишгарони алайҳи иктишофи тоҷик паҳлӯи дигари амалҳои Шарифовро, ки аз сардори Раёсати иктишофи сарҳадбонҳои Русия пӯшида буд, ошкор намуданд. Маълум шуд, ки ӯ ҳам дар мех мезадасту ҳам дар кунда. Аз онҳо супориш гирифта ба фоидаи шахсии худ ба хизмати Ризвон Содиров пардохтааст. Ӯ дар ҳар сафар аз Ризвон ба ивази хизмат мукофотҳои арзишманд мегирифту намояндагони иктишофи Гурӯҳи Федералии сарҳадбонони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон бехабар.

Дар ин ҷо феҳрести нопураи амалиёти террористии иштирокдорони ин дастаро солҳои 1994-1995 бо сардории хизматчии ҳарбии дивизияи 201 Русия дар хоки Тоҷикистон Шарифов меоварем:

– 17 феврали соли 1995 аъзоёни даста ба хотири аз худ кардани мошини тамғаи «РАФ»-и машқгоҳи дивизияи 201 Русия дар Лоҳур ронандаи он С.Б. Кортуковро куштанд;

– аъзоёни ин даста хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Шӯҳрат Бозоровро ба ҳалокат расонданд;

– 5 марти соли 1995 бо сардории Шарифов ва Павлик кормандони Бозрасии давлатии автомобил Тоҳиров ва Ҳусейнов шаҳодат ёфтанд;

– 23 феврали соли 1995 бо супориши Шарифов ва Павлик автобуси хизматчии пизишгоҳи ҳарбии Гурӯҳи Федералии сарҳадбонони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон тарконда шуд. Ҳамшираи шафқат Н.А.Ли ҳалок шуд, якчанд нафар захм бардоштанд;

– дар ҳамон моҳи феврал бо амри роҳбари мухолифини тоҷик Павлик мушовири собиқ Президент Раҳмон Набиев доир ба дин С. Абдураҳимов ба марг маҳкум гардид;

Дар натиҷа амалиёти якҷояи дастаи Шарифову Павлик 14 нафар кушта ва миқдори зиёди ҷиноятҳои дигар содир гардидаанд.

 

КИТФ БА КИТФ

 

Аксарияти мухолифини ҳукумати қонунӣ пас аз шикаст ба Афғонистони ҳаммарзи мо панаҳ бурданд. Ташкилотчиёни табаддулоти давлатии дар мулки ҳамсоя ҷойгирифта яроқу аслиҳаро ба замин нагузоштанд. Онҳо аз мавқеъ ва ба фоидаи нерӯҳои сиёсии ҷудогона аз ҷумлаи давлатҳои мисли Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, ки мухолифини ҷангхоҳро бо маблағ таъмин менамуданд, ба амалиёти ҳарбӣ омодагӣ мегирифтанд. Ин нерӯҳо дар якҷоягӣ барои доир намудани амалиётҳои ҳарбӣ, амалҳои ваҳшатангезӣ, қоҷоқи яроқу маводи мухадир дар Тоҷикистон мебоист аз сарҳади давлатии он истифода мекарданд. Ба ин мақсад онҳо аз соли 1992 сар карда дар сарҳади ҷанубии ҷумҳурӣ ба хароб намудани иншоотҳои техникӣ даст заданд.

Аз ин рӯ, ҳифзи баъзе қитъаҳои сарҳадӣ ба мушкилот мутаваҷеҳ мешуд. Миқдори вайронкунандагони сарҳад аз ҳар ду тараф рӯз аз рӯз меафзуд.

Дар лаҳзаҳои вожгунии СССР моҳи декабри соли 1991 ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ба ӯҳдаи гурӯҳи фаврии «Душанбе», ки аз чор отряди марзбонӣ:Тирмиз, Панҷ, Москва (Ҳамадонӣ), Хоруғ ва Панҷ қисмҳои ҷудогона иборат буд, вогузошта шуд. Ва ин замоне буд, ки аллакай дар Тоҷикистон равандҳое оғоз гардиданд, ки мамлакатро ба варта мебурд.

Нерӯҳои қаноти чапи мухолифини мусаллаҳи гирдомада дар шимоли Афғонистон, ки худро тарафдорони бунёди сохту тамсилаи давлати динӣ мешиносанд, дар атрофии гурӯҳи Ҷунбиши эҳёи исломии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Ҷунбиши эҳёи исломӣ соли 1993 дар шаҳри Толиқони Афғонистон таъсис ёфт. Мақомоти марказии он Шӯрои ҷиҳод (ҷанги муқаддас) ба ҳисоб меравад.

Намояндагони Ҷунбиши Эҳёи исломӣ дар шаҳрҳои Пешавари Покистон, Кобули Афғонистон, Дубай, Шаунифи Аморати Муттаҳидаи Араб ва мамлакатҳои Шӯрои давлатҳои муштаракулманофеъ кор мекарданд. Дар назди штаби Ҷунбиши эҳёи исломии Тоҷикистон рӯзномаҳои «Садои муҷоҳид», «Чароғи рӯз», радиои «Садои Тоҷикистони озод» ва синамо фаъолият дошт.

Дар сохтори Ҷунбиши эҳёи исломӣ, ки баъдан дар заминаи он соли 1996 Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ташкил ёфт, кумитаи бехатарии муҷоҳиди эҳёи исломии Тоҷикистон амал мекард, ки соли 1993 дар Толиқон таъсис ёфта буд, асосан собиқ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва милитсия фаъолият доштанд.

Иттиҳодияи мухолифини тоҷик бо ҳизбҳои исломии минтақавӣ ва ҷунбишҳои Покистону Эрон ва Судан, ташкилоти радикалии тарафдори чорабинӣ ва назарияҳои қатъиян байналхалқии «Бародарони мусулмон», «Тансик» (якҷояамалкунанда»), «Маҷлис-ан-тансик ал-исломӣ», «Шӯро роҷеъ ба ҳамоҳангсозии исломӣ» равобити наздик дошт, ҳамчунин бо ҷунбиши «Толибон» бевосита алоқа барқарор карда буд.

Ҳамаи ин ташкилотҳо ба «ҳукумати дар бадарға»-и тоҷик ёрии моливу ҳарбӣ ва маънавӣ мерасонданд. Ташкилотҳои мададгор барои тайёр кардани ҷанговарони ҷунбиши эҳёи исломӣ дар ихтиёри худ бештар аз даҳ лагер ташкил намуданд.

Муқовиматҳои асосии иттиҳодияи мухолифини тоҷик ба нерӯҳои ҳукуматӣ аз январи соли 1993 то июни соли 1997 идома ёфт.

Ҷанги панҷсола. Ва ин маҳсули душманӣ, ҷудоиандозӣ, моҷароҷӯиҳои ғаразнок, марази маҳалгароёну мансабхоҳон буд. Сирояти ин касофатҳо хеле барвақт ва пеш аз соли 1993 ибтидо гирифта буд. Ҷанги гумном. Ба он номҳои зиёде ҳам ниҳоданд: «Сангар», «муқовимат», «ҷанги шаҳрвандӣ», «ҷанги бародаркуш». Вале номи аслӣ кадом аст? Шояд ҳамаи ин номҳоро дар як деги калони забони тоҷикӣ ҷӯшонӣ ва қиёме гирӣ, ки номи ин ҷанги беъманӣ барои тоҷикон ва сермаънову пурмазмун барои душманон ҳосил шавад. Нафратовар ҷанге буд ин ҷанге, ки аз ҷиҳати тӯлу андоза ба ҷанги муқаддас – Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баробар. Аммо харобиовартар ҷанге ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати қиёси иқтисодиву сиёсӣ, рӯҳиву маънавӣ ва бахусус талафоти ҷонӣ маҳсуб мешавад.

Дардҳои ин ҷанги гумному вале нанговар беҳисобу беқиёс аст. Бигирем ташвишҳои роҳбарону кормандони созмонҳои амнияти миллиро дар бобби бунёди сарҳади давлатӣ. Ва ҳамчунин вазъи соли 1992 ба вуҷуд омадаро сентябри ин сол, дар доираи ҳуқуқҳои Федератсияи Русия лашкари марзбонони дар Тоҷикистон будаи он ҷойгардон шуданд. 19 октябри соли 1992 Гурӯҳи федералии марзбонони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Асоси ҳуқуқии марзбонони Русия дар Тоҷикистон ин укази Президенти Федератсияи Русия «Доир ба гузаштани лашкари марзбонони дар хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи ҳуқуқҳои Федератсияи Русия» ва «Дар бораи дар ҳайати лашкари марзбонони Федератсияи Русия ташкил намудани гурӯҳи Байрақи сурхдори лашкари сарҳадбонони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Тартиби таъмини зиндагии Гурӯҳи сарҳадбононро Қарордоди 25 майи соли 1993 ба имзо расидаи Президентҳои Русия ва Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи ҳуқуқҳои лашкари марзбонони Федератсияи Русия дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамуд.

Оғоз гардидани муқовимати мусаллаҳона дар Тоҷикистон назди марзбонони Русия вазифаҳои нав мегузошт: онҳо мебоист, на танҳо сарҳадро посбонӣ мекарданд, балки сарҳади давлатиро аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳифз менамуданд. Ба ин сабаб роҷеъ ба зиёд намудани ҳайати гурӯҳи ҷанговарони марзбони Русия қарор карда шуд. Ба ҳайати марз­бонон отряди сарҳадӣ дохил гардид ва отрядҳои марзбонии Хоруғ ва Ишкошиму Қалъаихум ташкил шуд.

Отряди марзбонии Тирмиз ба Ӯзбекистон дода шуд. Қитъаҳои сарҳади заставаҳои Тоҷикистонии Новоовражну Айвоҷи отряди марзбонии Тирмизро ба отряди сарҳадии Панҷ доданд. Шароит рӯз то рӯз вазнинтар мегардид. Дарду даҳшатҳое, ки фардо ба сари мардуми мамлакат меомад, аз дили сарҳадбонон мегузашт. Амалҳои ҳарбие, ки дар ҷумҳурӣ ҷараён доштанд, марзбононро ба душвориҳо, ҳатто нокомиҳо рӯ ба рӯ мекард. Онҳо аз қабили муҳосираи постгоҳҳо, мусодираи яроқу хароб кардани иншооти муҳандисии сарҳадӣ ва ба тарзи издиҳому тӯдагӣ вайрон намудани сарҳади давлатӣ ба ҳодисаҳое дучор мешуданд, ки дар пай қурбониҳо доштанд. Дар чунин вазъият марзбонони Русия корнамаву қаҳрамонии ғайриодӣ нишон медоданд.

Вале беқонуниву худхоҳие, ки торафт ҷомеаро фаро мегирифт, ба марзбонони Русия дар танҳоӣ ба ҷо овардани хизмат бениҳоят сахтӣ мекард. Мушкилиҳо то дараҷае расиданд, ки онҳо дигар аз ӯҳдаи посбонии тамоми тӯлу арзи сарҳади давлатӣ намебаромаданд.

Пас аз анҷоми Сессияи ХVI дар шаҳри Хуҷанд, вазъият дар сарҳад таъсиси сохторҳои нав назди ҳукумати нав тавлидёфта, вазифаи муҳим гузошт. Ба он зарур омад, ки барои мустаҳкам кардани қитъаҳои ҷудогонаи марзи давлатӣ, бахусус ҳудудҳои Шаҳритусу Панҷ, ки вайронкориҳову қонуншиканиҳо шакли оммавӣ гирифта буданд, чораҳои иловагӣ бинад.

Нахустин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ дар роҳи ҳалли ин масъала қарори Шӯрои Олии ҷумҳур аз 18 декабри соли 1992 (№981) шуд. Дар асоси ин қарордод Бригадаи таъиноти махсусе иборат аз 1200 нафар дар назди Кумитаи амнияти миллӣ таъсис дода шуд. Пас аз даҳ рӯз, 28 декабри ҳамон сол, Қарори Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳур (рақами 989) «Дар бораи дар назди Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Идора доир ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Ин ҳарду ҳуҷҷат дар кори ба вуҷуд овардани лашкари марзбонони мамлакат нақши тақдирсоз бозид. Аз байн ду сол сипарӣ шуд. 28 майи соли 1994 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 273 «Дар бораи таъсис додани лашкари сарҳадӣ дар ҳайати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» указ баровард. Ин санаи таърихӣ тавлиди лашкари марзбонии ҷумҳурӣ гардид. Ва ҳар сол 28 май чун иди сарҳадбонони тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯи адолати таърихӣ мебоист чун санаи тавлиди лашкари марзбони мамлакат 18 декабри (соли 1992) ҷашн гирифта мешуд. Чунки 18 декабрро чун асос бояд қабул кард.

То ба истиқлолият соҳиб шудан, Тоҷикистон лашкари марзбон ва вазорати мудофиа надошт. Аз ин рӯ, лашкари марзбон ва вазорати мудофиа, дар сурати мавҷуд набудани инфраструктураву заминаи зарурии моддӣ гуфтан мумкин, дар ҷои холӣ ба вуҷуд оварда шуданд.

Нахустин қумандони Бригадаи марзбонони тоҷик полковник Сафаралӣ Сайдуллоев (ҳоло генерал-лейтенант) ва нахуст роҳбари Идораи марзбонони тоҷик полковник Александр Иванович Рогов (феълан генерал-майор) таъин гардида буданд.

Чораҳое ки қариб дар заминаи холӣ андешида шуданд, қадамҳои аввалин дар роҳи эҷоди лашкари сарҳадбони тоҷик, бунёду такмилёбӣ ва мукаммалгардии он шуд. Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо Бригада ва Идораи марзбонони ҷумҳурӣ дар ихтиёри Вазорати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Лашкари марзбонони миллии мамлакат ба камии миқдор нигоҳ накарда, дар давраи басо мушкили таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар, шароити сангини муқовимати мусаллаҳона, ҳифзи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади давлатиро зери назорати худ гирифт.

Ба туфайли таъсиси Бригадаи марзбонон корҳои бузург – ҳифзи сарҳади давлатӣ оғоз ва такмил ёфт ва нисбатан мустаҳкам гардид. Вале ин ҳади охир не, балки оғози корҳои бузург дар роҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ буд. Агар таъсиси Бригада ва идораи ҳифзи сарҳадро, чун қадамҳои аввалини ҳукумати тозаистиқлол гӯем, он гоҳ ташкили Саридораи лашкари марзбонии мамлакат, ки 5 майи соли 1995 дар ҳайати Вазорати амнияти миллии ҷумҳурӣ таъсис ёфт, дастёбӣ ва комёбиҳои бузург дар риштаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар тамоми давраи ҳукумати шӯравӣ (балки дар тӯли таърихи ҳазорсола) дар мамлакат чунин як саридораи ҷавонони ғайратманд арзи вуҷуд кард. Ва бо нерӯи ҷавонӣ Саридора нақшаҳо тарҳрезӣ мекард ва барои ба даст гирифтани қулфу калиди сарҳади давлатӣ дар тамоми арзу тӯли он тадбирҳо меандешид.

Ду бригадаи сарҳадбонон: як қисми ҳарбии таъиноти махсус аз ноҳияи Қумсангир, комендатураи ноҳияи Шаҳритус ва комендатураи ноҳияи Қалъаихуму отряди марзбонии ноҳияи Рӯшон ба итоати Саридораи ҳифзи сарҳади назди Вазорати амнияти миллӣ дода шуд.

Ба ҷуз ин ба Саридораи лашкари марзбонон рухсат доданд, ки ротаҳои махсуси алоқа, сохтмону нақлиёт ва дар шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи сарҳадӣ, маркази тайёр кардани қумандонҳои хурд, базаи таъмини моддӣ, гурӯҳи фолклории «Фалак», ки қабл аз он дар ихтиёри Идораи лашкари сарҳадӣ зери фармондиҳии Александр Иванович Рогов буд, таъсис диҳанд.

Воқеъият собит кард, ки тоҷикон қудрат доранд, сӯхтори хонаи худро худ хомӯш кунанд. Яъне яроқ барои тоҷикон васила барои ҳалли ҳама мушкилот дар ҷомеа нест.

Рӯзҳои баду неке, ки тӯли таърихи ҳазорсолаҳо ба сари мардуми кишвари мо омадаанд, возеҳу равшан собит мекунад, ки Худои мутаол миллати тоҷикро дӯст медорад ва нисбати ин қавм бениҳоят меҳрубон аст: табиати зебо, боигариҳои бекарон далели ин аст. Ва боз далелҳои бисёре, ки дар шумор оварданашон ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Бигирем далелҳои беҳамто дар рӯи замин. Пеши назар оварем ҷадвали Менделеевро. Элементҳои наве баъди сари ин олими оламшумул дар Тоҷикистон ёфт шуданд.

Ва сарварони додааш низ. Нахуст пайғамбар аз ин миллат буд ва номаш Зардушт. Намоёнтарин арбобони давлативу сиёсие, ки Худованд ба сари роҳбарии халқҳо овард ва беҳамто буданд, аз тоҷикон аст. Тоҳириён кӣ буданд, ки аз сиёсаташон халифаҳои араб дар дил ларза доштанд. Ва Сосониёну Сомониён Аҳмаду Исмоили Сомонӣ ба олам намунаҳои олии давлатдориву раиятпарвариро намоиш доданд. Дур намеравем, солҳои 90-умро пеши назар меоварем: вақте ки дар хонаи мардуми тоҷик оташ буду дуди ғам ба ҳаво мепечид, Худои мутаол ба ин миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба садри сарварии давлат овард. Ӯ баҳри паст нишондани алангаи оташ ва парешон сохтани дуду ғубори ғам, таъмини сулҳу ягонагии халқи муқобили худ сангар гирифтаву рӯ ба парешонию варта оварда, аз ҳамаи имкониятҳо бас оқилонаву ҷасурона истифода кард, сулҳу осоиштагиро пойдор гардонид ва миллатро аз парешонӣ нигоҳ дошт. Ӯ дар тӯли вохӯриҳои чандинкарата бо мухолифини оштинопазир, барои расидан ба ормонҳо: бастани Шартномаҳои сулҳ ва ризоияти миллӣ замина тайёр кард. Ҳарчанд, ки муқовимати мусаллаҳона ва ҷудоиандозӣ дар ҷумҳурӣ идома дошт. Вале аз таъсири заминаҳои бунёд ниҳодаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шиддати муқовимат паст фаромадаву суст шуда ва оташи моҷароҷӯиву ҷудоиандозӣ ҳам аз аланга задан бозмонд.

Вале вазъият дар сарҳад шиддатнок буд, мустаҳкамгардонии самтҳои марзи давлатии тоҷиконро тақозо мекард. Аз ин рӯ, бо укази Президенти мамлакат феврали соли 1997 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комитети оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис дода шуд.

Ва ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳад» қабул шуд. Мувофиқи Қонун самтҳои асосии фаъолияти давлатии лашкари марзбони мамлакат роҷеъ ба таъмини равандҳои тасбиду устувори ҳифзи тӯлу арзҳои сарҳади Тоҷикистон, муайян гардиданд.

 

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ

 

Мегӯянд, ки ҳар сухан сесаду шасту шаш паҳлӯ дорад. Яъне паҳлӯҳои бешумор. То имрӯз муҳақиқе инро аниқу дақиқ дарк накардааст. Кам нестанд олимоне, ки бо андак камиву зиёдӣ медонанд, ки дар сари одам ба ҳисоби миёна чӣ қадар мӯй ҳаст. Ё шумори узву пайвандҳо – фалон миқдор.

Ба ҳамин монанд аст, самти паҳлӯҳои фаъолияти пажӯҳишгарони идораи иктишоф ва зерсохторҳои он. Ҳар рӯз чӣ андешаҳое аз тафаккури ин мардум мегузоранд. Ҳарчанд дар мамлакат вазорати молия, саридораву идораҳо ва шӯъбаҳои махсуси он тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакатро фаро мегирад. Бар иловаи ин боз бахшу идораҳои зиёди тафтишу ташхисгари фаъолияти молиявии хоҷагиҳо, муассисаҳову ташкилотҳо ва бозорҳо вуҷуд доранд. Сарфи назар аз ин, самти фаъолияти давлатию сиёсати иқтисодӣ, савдо ва молия ҷои иктишофчиён холист. Ва ҷои онҳоро ба ҷуз худашон ташкилоти дигаре дар ҷомеа пур карда наметавонад.

Қисми зиёди шӯру шар, ҷангу хунрезиҳоро сабаб ҳамин аст. Ва ҳатто ҷангҳо дар миқёси як шаҳр, як мамлакату якчанд мамлакат ва доираи ҷаҳонӣ ҳам. Ин ҷо ҳодисае аз таърих ба ёд меояд. Хеле камтар аз оғози ҷанги дуюми ҷаҳон, даргириҳо дар Чехословакия қисмате аз мамлакатҳои Балкан ва хуруҷҳои Ҷопон дар Шарқ. Бисёр равшанфикрони олам сари ин ҳодисаҳо, ки дар осмони Ғарб медурахшид ва дар осмони Шарқ намоён мешуд, ба андеша мерафтанд. Форд сарватмандтарин сокини Америка, забона задани оташи ҷангро дар он кошонаи сайёра таҳаммул кард ва сабаби онро хост донад. Форд ҳайрон буд, ки ба инсонҳои олам чӣ намерасад, ки қасди рехтани хуни якдигар мекунанд? Чӣ суд аз ҷанг, ки хонумонсӯз аст? Вай осори бад дорад: хонаҳо месӯзанд, корхонаҳо ба коми оташ мераванд, шаҳру шаҳракҳои зебо хароб мегарданд!..

Ӯ ба нияти таҳқиқи сабабҳои шӯъла задании оташи ҷанг дар ҷо-ҷои олам киштие сохт ва ба сафар баромад. Дар яке аз саҳарии барвақти рӯзҳои аввали сафар, ки ба ҷуз фаррошон ҳама дар киштӣ хуфта буд, ӯ чашм аз хоб боз кард ва ба саҳни киштӣ баромад. Фалоҳе саҳни киштиро латташӯй мекард. Форд ба ӯ наздик шуд. Салом дод. Ва аз баҳри беканор, ки мисли осмони бекарон буду кап-кабуд, чашм набардошта, аз маллоҳ ҳолу аҳвол пурсид. Вай радди пурсиш кард ва бо ҳайрат гуфт, ки «ҳарчанд андеша меронад, мақсади сафари киштиро намефаҳмад». Форд аз мақсади сафар ба ӯ дарак дод. Маллоҳ ба содагии Форд тааҷуб кард ва гуфт:

– Ният ҳамин бошад, ҳоҷат ба сафари ин қадар роҳи дур нест. Ҳамаи сабаб дар Ватани худамон.

– Чӣ хел? – ҳайрон шуда пурсид Форд.

– Ҳамин хел. Банкирҳо, боз як даста давлатмандон талош доранд сарвати худро зиёд кунанд. Аз нокомҳои гирдобҳои ҷанг ком мебардоранд.

Форд ба фикр фурӯ рафт. Ҳар қадар сапеда медамиду баҳру кайҳонро офтоб фаро мегирифту фурӯзонтар мешуд, дили Форд аз сафари ҷаҳонии пеш гирифтааш сардтар мегардид. Ва ҳине ба Америка бозгашт ва аз рӯи ғояи он саҳаргоҳони фар­роши саҳни киштӣ ба пажӯҳиш пардохт ва ҳақиқатеро, ки меҷуст, пайдо кард ва китобе ҳам навишт.

Ба ҳамин монанд иктишофчиён ҳам сабабҳои асосии ҷангро дар иқтисодиёт, савдо ва молия пайдо карданд. Ва ин беҳуда набуд. Чунки манбаи ҳаёти ҷомеа ва бақои давлату сиёсат ҳам ҳамин се калима аст: иқтисод, савдо ва молия. Сабаб маълум. Вале сабабгорон ниқобпӯшу паси пардаанд. Ба давлат зарур ояд, иктишофчиён онҳоро бениқоб мегардонанд ва аз парда берун меоваранд. Вале асли мақсад дигар буд: онҳо ҳамаи нерӯи ақливу рӯҳӣ ва ҳаргуна воситае, ки дастрас мешуд, баҳри ҳифзи иқтисодиёт, савдо ва молия сафарбар менамуданд. Вазифаи наздиктарини созмонҳои амнияти миллӣ пажӯҳиши бозори стратегӣ ва вазъият дар бозори асъор, фош сохтану пешгирӣ намудани талошҳои фирмаҳои хориҷӣ барои рӯирост ва бо роҳҳои пӯшида расондани зарбаҳои иқтисодӣ ба манфиатҳои содиротии мамлакат, равона намуданаст. Пажӯҳишҳои фаврӣ буданд. Фарқи фаъолияти онҳо дар солҳои 90-ум, бахусус1992 танҳо дар таносуб ва рабти корҳо аз мавқеи пинҳонӣ ва ошкоро ба чашм мерасид.

Муқовимат на фақат ба иқтисодиёту савдои берунӣ, балки ба иқтисодиёту савдои дохилӣ зарбаҳои маргбор мезад. Маҳсулоти зиёдатии сокинони водии Рашт,ки асосан аз картошкаву себу асал иборат буд, дар анбору таҳхонаҳо талаф меёфтанд.Вазъи ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои водиҳои Вахшу Кӯлоб, Кофарниҳон ва вилояти Суғд муташаниҷ буд. Зарари онҳое ки ба ин иқдом даст мезаданд, аз фоида зиёдтар мешуд.

Беинсофӣ аз дасти сардорону посбонони посбонгоҳҳо аз ҳаду андоза мегузашт. Онҳо қонунро ба эътибор намегирифтанд. Танҳо мувофиқи табъу хоҳиши хеш амал мекарданд.

Иктишофчиён ягона роҳи халосӣ аз ин вартаро дар бунёди сулҳу осоиш медиданд. Аз ин рӯ, онҳо тамоми саъю талоши худро ба ин самти фаъолият нигаронда буданд. Дар ин роҳ мутобиқати корҳои пинҳонӣ ва ошкорои онҳо натиҷаҳои дилхоҳ медод.

Ба бахши ҳифзи иқтисод, савдо ва молия солҳои 90-ум, бахусус соли 1992 полковникҳо Х.К.Бобоев ва Н.К.Дабуров сарварӣ мекард. Охирҳои соли 1992 ва оғози соли 1993 ба доираи фаъолияти бахши мазкур дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар қатори устуворгардонии вазъи сиёсиву фаврӣ, ба эътидол овардани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ буд. Аҳвол махсусан дар Душанбе аз ҳама беш шиддат дошт. Тирамоҳи соли 1994 дар ҳамаи корхонаҳои иттиҳодияи нонпазӣ захираи орд ҳамагӣ 30 тона буду халос.

Сари як далел таҳаммул намоед. Аз рӯи меъёрҳо, аҳолии пойтахт ҳар шабонарӯз ба 120 тонна орд эҳтиёҷ дошт. Ин куҷову 30 тонна орд куҷо? Истеҳсоли орд се баробар коҳиш ёфта буд.

Аз ин вазъи ташвишовар ба ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки он замон мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқро назорат мекард, хабар доданд. Ва ин рӯзҳое буд, ки аз намояндагони қонунӣ интихобшудаи давлат Ҷабҳаи халқ афзалтар буданд. Ва ин нуфуз баъди барҳам додани Ҷабҳаи халқ дар симои сарварон ё худ кормандони ҷудогонаи гурӯҳҳои мусаллаҳ таъсисдода барҷо монд. Яке ба қонунҳои давлат итоат дошту мувофиқи онҳо амал мекард. Дигаре дар шахсияти худ ҳокими маҳалро медид.

Чунин ҳолат пеши сохторҳои амнияти миллӣ садди ҷиддӣ мегузошт. Ва онҳо якҷоя бо ходимони Вазорати корҳои дохилии мамлакат садшиканӣ карданд. Вале дар шикастани ҳар садде, ки пеш меомад, хеле дақиқназарона таҳаммул менамуданд. Билохир, саъйи комил ба икшофиёни созмонҳои амният имкон дод, ки танзими масъалаҳои маводи хӯрока ё бозори истеъмолиро ба дасти худ гиранд.

Истеҳсоли нону маҳсулоти нон, бозрасонӣ ва тақсим ба мағозаҳои савдои шаҳри Душанбе ба ӯҳдаи мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ва зерсохторҳои даврии созмонҳои амнияти миллӣ гузошта шуд.

Дар он рӯзҳои бӯҳронии шадид кормандони зерсохторҳои фаврии «Алфа» ки дар қитъаҳои амалиёти ҷангӣ иштирок надоштанд, ба таъмини низоми тартиботи ҳуқуқӣ дар Душанбе ва корхонаву иншоот машғул буданд. Навбатпоиҳо барои гирифтани нон аз ёдҳо зудуда нагардидаанд. Ва ҳодисаҳое ҳам дар ёд мондаанд, ки чӣ хел дар талотӯби навбатпони нон одамон ҳалок мешуданд. Кор осон набуд. Зарур меомад 24 соат сари пой истиву заҳмат кашӣ.

Заҳмати сардори штаби ба эътидол оварандагони таъминоти сокинони пойтахти мамлакат ба маводи хӯрока мӯхтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ин кам не, балки дучандон буд. Ӯ фарқият байни шабу рӯз намедид. Пайваста гузоришҳоро роҷеъ ба натиҷаҳои корҳои ҳарлаҳзаӣ, ба бартарафсозии мушкилоти ба эътидолдарории таъминоти маводи хӯрока, махсусан нону ордро мешунид. Ва ӯ роҳбарони созмонҳои амнияти миллиро гирд оварда, ба ӯҳдаи ҳар кадоми онҳо вазифаҳои мушахас ва аниқу дақиқ мемонд.

Сардор ва аъзоёни штабу масъулини мушкилоти ба эътидоловарии маводи хӯрока, бахусус орду нон нерӯву саломатии худро дареғ намедоштанд. Ҳамчунин коре ба фоидаи худ анҷом намедоданд. Суди худ аз дилу ёдҳо кайҳо рафта буд. Шабе аз шабҳое, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотир зудуда намегардад ва шояд он шаб гуруснатарин сокини шаҳр ғунуда буд, дар дафтари кории ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъомад мегузашт. Дар он сухани асосӣ аз нон ва хариди гандум мерафт. Садри маҷлис Маҳмадсаид Убайдуллоев эътимоди комил дошт, ки иктишофчиён воситаву имконияти фаъолияти фавриро ба роҳ меандозанд ва дар ҳалли бӯҳрони нон мадад мекунанд.

Он шаб сухан аз бобби хариди гандум мерафт, вале маблағи хариди ғалла аслан набуд. Роҳҳои хариду овардани гандум инчунин робита бо намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон маълум буд, ки ба фурӯши гандум масъул будаанд. Печидагии кор ба сари набудани асъори хориҷӣ гиреҳ мезад.

Дар чунин ҳолат одаме зарур буд, ки ҳангоми имзои шартнома соҳибони гандумро бовар мекунонд, ки онро бе пули нақд диҳад. Ин хел одам ёфт шуд. Ӯ Шариф Исомов буд. Дар он шаби соли 1993 баҳри ҷустуҷӯи шахси дигаре фурсат тангӣ мекард. Вазъият амали фавриро тақозо дошт.

Ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев номзадии Шариф Исомовро маъқул донист. Шариф Исомов дар Тошкент шартномаро бо намояндагони фирмаҳои Қазоқистон имзо намуд. Ва онҳо ба таври таъҷили эшелонӣ 1500 тонна гандумро ба Душанбе фиристоданд.

Бо ҳамин дастур масъалаи нону маводи хӯрд ба мардуми Душанбе роҳи ҳалли худро меёфт. Ҳарчанд мушкилоти гандуму дигар маводҳои хӯрд солҳои минбаъда ҳам вуҷуд дошт, аммо бӯҳрони шадид ба чашм намехӯрд. Кормандони фаврии Кумитаи амнияти миллӣ бо ҳар роҳу восита ба маскунони пойтахти ҷумҳур дар таъмини нону маснуоти нон то давраи дар мамлакат пурра бартараф шудани ин мушкилот таъсир расонданд.

Доир ба ҳамкории созмонҳои давлатии амният бо гумоштаҳои давлатҳои Шарқи наздик ва хориҷаи дур ҳаминро бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои бардавоми ҳамкорӣ бо Русия чунон алоқаҳои зичи ҳаматарафа пайдо кардааст, ки комилан ногусастанист. Ҳатто дар давраи мураккаби таърихӣ, ки ҷанги хунин мерафт ва ҳазорон ҳазор одамон талаф меёфтанд, ҳамагуна алоқаҳо барқарору устувор буданд. Тоҷикистон бо ҳама бадбахтиҳои ба сараш омада танҳо монд. Русия нахустин шуда ба ӯ дасти мадад дароз кард.

Хизмати як давлат ба давлати дигар ин мероси таърихист, ки ҳамчун ёдгории гаронбаҳо аз насл ба насл мегузараду аз камёфтарин дурру гавҳар зиёдтар қимат пайдо мекунад. Наслҳои пасоянда нисбати мардуми имрӯза чандин баробар зиёд ба он арҷ мегузоранд.

Ба ҳамин хотир Президенти мамлакат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуд, ки Федератсияи Русия дар барқарору устувор гардондани сулҳ дар сарзамини ҷафодидаи мо нақши асосӣ дорад. Маҳз Федератсияи Русия шарики стратегӣ, кафилу замонатдори сулҳ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Бесабаб нест, ки марҳилаи аввали гуфтугӯи тоҷикон дар Москва доир шуд ва 27 июни соли 1997 дар ҳамон ҷо ҷамъбаст ва шартнома дар бораи ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар ин комёбӣ ҳамкории созмонҳои амнияти Тоҷикистон бо Русия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Украина нақши боризе доранд. Ташкилотҳои бехатарии ин давлатҳо ба чӣ гуна мушкилоти сангин рӯ ба рӯ шудани созмонҳои давлатии амнияти миллии тоҷиконро эҳсос мекарданд ва баҳри мадад ҳарчӣ, ки аз дасташон меомаду дар доираҳои имкониятҳояшон мавҷуд буд, дареғ намедоштанд.

Ба ёд меояд соли 1993, соли пурташвиш, пурмоҷаро, соле, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Дар чунин солу рӯзу ҳафта ва моҳҳояш дардовар роҳбарони созмонҳои давлатии бехатарии идае аз мамлакатҳои муштаракулманофеъ дар сатҳи ҷонишинони раисони кумитаҳо ба Душанбе омаданд то ин ки мададу ёрӣ ба мамлакатро мувофиқа намоянд.

Ба онҳо аз вазъи он рӯзҳои ҷумҳурӣ маълумоти муфассал доданд. Он гоҳ роҷеъ ба мубодилаи иттилоот ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ шартномаҳо ба имзо расиданд.

Дар ин боздид Шӯрои мувофиқа таъсис дода шуд. Солҳои минбаъда ёрӣ дар доираҳои имрӯз амалкунандаи Шӯрои роҳбарони амнияти мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил амалӣ мегардид. Он шабу рӯзҳо мадади бузурги ҳамкасбон аз ФСБ ва СВР РФ роҷеъ ба пайдо кардани роҳҳои муфиди қабули шартномаи сулҳу истиқрор байни тоҷикон эҳсос мегардид.

Вақте ақлҳо ақлҳоро ёрӣ медиҳанд, дари варта пӯшида ва роҳи ҳаёт кушода мешавад. Ва пайдо кардани роҳи ҳаёт осон нест. Далели ин истиқрори сулҳ миёни тоҷикон аст. Ва дар ин роҳ дӯстони мо директории ҳамонвақтаи ФСБ Н.Ковалев (ҳоло вакили Думаи давлатӣ) тобеони ӯ А.Е.Сафронов, Ю.И.Риков, В.И.Колмагоров, ҳамчунин аз СВР А.Т.Голубев, А.А.Карендясов, А.Чикунов, И.А.Егоров, П.А. Купрянов ва чандин касони дигар саҳми назаррас доранд.

Хизмати бародар ба бародар қарз аст. Қарзи виҷдон, қарзи имон, қарзи нангу номус. Рӯзҳои сангине, ки тоҷик аз беваҳдатӣ ба сари тоҷик овард, тӯли таърихи оянда дигар ягон халқу миллат ба чунин ҳодисаи пурфоҷеъ рӯ ба рӯ наояд.

Дастгирӣ, ки мо аз дӯстони роҳҳои дуру наздик дидем, як китоби панд аст. Вақте ки соли 1999 дар марзи бародарони қирғиз балво хест, сипоҳиёну сарҳадбонони тоҷик ором наистоданд. Гап дар сари он аст, ки дастаҳои мусаллаҳи моҷароҷӯи исломӣ ба Қирғизистон ҳуҷум оварданд. Вазорати амнияти Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса як гурӯҳи калони афсарону кормандони сохторҳои таъминоти махсусро сафарбар кард.

Фиристодаҳои созмонҳои давлатии амнияти Тоҷикистон дар давоми якчанд моҳ ба ҳамкасбони қирғизи худ бар зидди моҷароҷӯёну гурӯҳҳои ваҳшатангез (террорист) мубориза бурданд ва дар майдонҳои амалиётҳои ҷангӣ сангарнишинӣ карданд.

Тоҷикистон бо кӯмаку дастгирии дӯстони ҷонӣ мисли мурғи самандар аз хокистари худ эҳё шуд. Давлати соҳибистиқлоли худро аз нав бунёд кард. Обрӯи ҷаҳонӣ ёфт. Аз тангии иқтисодӣ баромад. Савдо ва молия рӯ ба рушд ниҳод. Он рӯз ҳам дур нест, ки ба тадриҷ соҳиби технологияи муосир мегардад ва мамлакат ба майдони истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ табдил меёбад.

Дар тамоми зинаҳои пешбурди ҷомеа иктишофчиёни созмонҳои амният ба давлату миллати худ содиқ мемонанд.

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид