Зиндагинома

 

Табиати дилписанди Ховалингро дӯст бад-ин ваҷҳ дорам, ки бо ҳавои атрбезу мавзеъҳои дилнишин ва биҳиште дар рӯи замин аст. Меваҳои шаҳдбору оби зулоли чашмаҳои муссафояш аз ҳавзи Кавсар камӣ надошта, сарсабзии раёҳину гулу буттаҳояш ба фасонаи олами муъҷиза афсонаест.

Дарахтони ар-ари чун сарв сафкашида ба раставу гузарҳои Ховалинг ҳусн бахшида, гӯё омадани меҳмононро интизор мекашанд. Талу теппаҳои ин диёр давоми чор фасли сол дилрабоянд. Ховалинг баҳори хушу хуррам, тобистони салқину тирамоҳи серборишу тира ва зимистони сербарф дорад. Худованди Карим ин қаламрави пурфайз ва гирду атрофи онро барои кишту кор, боғдорӣ ва зироатпарварӣ офарида аст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ давру замон мардуми ин сарзамин қаҳтӣ ва гуруснагиро аз сар нагузаронида, ҳатто солҳои мудҳиши ба истиллоҳ “барфи одамкуш” чандин маротиба аз водии Қаротегин, Дарвозу Ванҷ одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба Ховалинг омада, наҷот ёфтанд. Қисмати зиёди онҳо дар ноҳия маскан гирифта, бо мардуми маҳал омехта шуда, зисту зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Оилаҳое ҳастанд, ки то ҳол онҳоро бо номи қавми гузаштаашон ёд мекунанд: Олими дарвозӣ, Одинаи Шуғнӣ, Момаи дарвозӣ ва ғайра. Сокинони деҳаи Хонақоҳи шаҳри Мунк ҳама мардуми таҳҷоӣ нестанд. Яке аз Ёзғанду дигаре аз Тавилдара, сеюмӣ аз Ванҷу чаҳорумӣ аз Дарвоз қарин гаштаву дар пастиву баландии рузгор ғамшарику мададрасонад. Маҳалгароӣ дар вуҷудашон бегона аст.

Аҷаб хислати хуб дорад мардуми қишлоқ. Бахиливу ҳасудро намедонад. Одоби ҳамидаро мо аз мардуми деҳот омӯхтаем. Дар ин муҳит боғчаву фароғатгоҳи фарҳангӣ набуд. Аз волидони худ якум шуда салом додан, пеши калонҳо хестан, дастобгирӣ дар маъракаҳо, дар роҳҳо барои гузаштани онҳо роҳ додан, пеш аз рафтан пойафзоли онҳоро пеш гузоштан омилҳое буданд, ки дар деҳот риоя мешуд. Донишкадаи ин анъанаҳо хиради волои мардум аст.

Умри то ин масофа гузаронро таҳлил намуда, сари хулосае мерасам, ки тарбияи волидон беҳтарин мактаби зиндагӣ будааст. Дар айёми наврасӣ ба гуфте вақти сархорӣ надоштем. Субҳи содиқ то саршавии дарс як дарза беда оварда, баъд ба дарс мерафтем. Аз дарс омада, маркабҳоро ҷилу банд зада, барои ҳезумчинӣ мешитобидем. Кадом ҳин бармегаштем, назди фонусҳо нишаста, дарс тайёр мекардем. То аввали солҳои шастум чароғи барқӣ набуд. Дертар чароғҳои дизелӣ пайдо шуданд, ки то соатҳои даҳи шаб кор мекарданд. Баъди ин ҳама ҷоро пардаи торикӣ таҳти тассаруф гирифта, ӯлоси гургону даррандаҳои ваҳшӣ баланд мешуданд. Дар ин ҳақиқати зиндагӣ бофтае нест.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе бонавбат заминҳои наздиҳавлигии ҳамсояҳоро нарм мекардем, ё ин ки юнучқаву алаф медаравидем, похсадевор мебардоштем, ва ё бомҳои хонаҳоро ҳамроҳи калонсолҳо андова менамудем. Пешқадамтарин технологияи мо-ҳашарчиҳо “дори чӯбин”, досу теша ва белу каланд буданд. Ду тираки на чандон ғафсро пайваст намуда, дар нӯги тираке, ки омили борбардорӣ буд, чангак мекардему сатили пур аз гилро ба он овехта, арғамчинро ҳамчун фишанги пасту баланд истифода намуда, сатили лойро бо навбат болои бом мерехтем.

Анъанаи дигар ҳар сокини деҳ подаи қишлоқро рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба адир бурда, то шом мечаронид. Ҳеҷ кас  ҳуқуқи саркашӣ  кардан надошт ва падарон назорагир буданд. Бо мурури замон гумон мекунам, ки ин ҳама як намуди тарбияи меҳнатӣ, омӯхтани ақлу фаросат аз ҳамдигар будааст. Дар муҳите, ки  на чароғ буду на мошин, аммо хирад буд. Китобу дафтарҳоямонро дар халтае, ки модарон медӯхтанд, ҷой мекардем. Курта ва эзори мо аз либосе, ки номаш тик буд дӯхта мешуд. Зимистон ҷомаҳои пахтагӣ мепӯшидем. Ҷавонон бо роҳнамоии пирони рӯзгор ба созандагӣ даст мезаданд, иморатҳо, каналҳои об, роҳҳои мошингард месохтанд. Ҷумла корҳо бо қувваи бозу анҷом меёфтанд. Дар тани аксари мардҳои деҳа, ки аз ҷанг баргашта буданд, либоси низомиро медидӣ. Мардуми деҳа ҷавононеро,  ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешуданд, бо як шукӯҳи хосса ва тантана гусел мекарданд. Модарон ва занҳои ҳамсоя  ашк мерехтанд. Охир аз ин ҷанги хонумонсӯз бисёриҳо рафтанду барнагаштанд.

Новобаста аз паст будани сатҳи иқтисодӣ талабот ба дониш ва илм бештар буд. Наврасону ҷавонони ташнаи илм китоб мехонданд. Беҳтаринҳо ба донишкадаҳои олӣ дохил шуда, пас аз хатми ба истеҳсолот мерафтанд. Агар завқи донишомӯзии ҷавонони имрӯза дар замони шӯравӣ мебуд, ба пешравиҳои бештаре ноил мешудем. Шукрона мегӯем, ки имрӯз дар давлати мустақилу озод умр басар мебарем.

Деҳае, ки ман дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодам, аз ду соҳили дарёчаи болооби қишлоқи Ҷонбахт ибтидо мешавад ва бо оби чашмаҳои зулоли атрофи он пур мешавад. Чашмаҳои Қалбак, “Новаи тиллоӣ”, Хонақоҳ, Ҳавзи Далӣ тамоми фасли сол дарёро шодоб мегардонанд. Ҳар як чашма қиссаи худашро дорад, ки аз даҳон ба даҳон то замони мо расидааст.

Чашмаи “Новаи тиллоӣ” дар баландии теппаи хушманзаре, ки онро дарахтҳои сояафкани қароғоч ва буттаи татум зебои хосса медиҳанд, ҷойгир аст. Оби зулол ва сарди чашма аз таги сангҳои булурини теппа монанди моеъи газноки маъдан фаввора зада мебарояд. Ривоят мекунанд, ки замоне новаи ин чашма тиллоӣ будааст ва як марди рус омада, обсабзаи болои онро тоза карда, новаро гирифта бурдааст. Дарозии нова зиёда аз як метр будааст. Дар кадом давру замон ин кор ҷомаи амал пӯшидааст, маълум нест.  Чашмаи дигар, ки дар таги теппаи мазори деҳа чойгир аст, аз ҳад беш оби хунук дорад ва ягон кас аз 10-15 сония зиёд андарунаш истода наметавонад. Деворҳо ва гирду атрофи ҳавз аз маводи  симонтӣ сохта шудааст.

Чашмаи савум, ки аз таги дарахтони садаи мазори Мир Сайид Алай- Шафеъи Алайҳи Раҳмар аз даруни чор ё панҷ қубури кулолӣ фаввора мезанад, оби зулоли хунук дорад ва ин ҳам ба дарёчаи деҳа мерезад. Боз чашмаҳое ҳастанд, ки бо қубурҳои кулолӣ пайваст мешаванд. Деҳа Хонақоҳном дорад, вале онро шаҳри Мунк мегӯянд. Дар бораи ба кадом аср мутааллиқ будани бозёфтҳои зиёде шаҳодат медиҳанд.

Ҳар гоҳе, ки дар масофаи ду ё се метр заминро чуқур мекованд, роҳҳо ва растаҳои симонтӣ, хиштҳои пухтаи секунҷа ё чоркунча ёфт мешаванд, ки дар асл нишонаи маданияти баланд доштани шаҳрсозии ҳамон давраро нишон медиҳанд. Булдозеру экскваторҳо роҳҳои мошингард, каналҳо барои обёрӣ месохтанд, чандин хумҳои калону кӯзаҳои хурди кулолӣ ёфт шуданд. Дар дохили онҳо тангаҳои мисин, маҳфуз буда, аз қадима будани давраи шаҳри Мунк башорат медоданд. Аз ҳикояти калонсолон, ки мутаассифона, аксарияти онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, шунидаем, ки ба ҳангоми  коркарди минтақаҳои наздиҳавлигӣ зарфҳои миссин, олотҳои тилоӣ ва нуқра ҳам ёфт шуда буданд.

Дар хонаи мо як косаи калони биринҷӣ буд, ки раҳматии падарам онро ҷом мегуфт ва оби софи чашмаро фақат аз ҳамон коса менӯшид. Чойҷӯше аз маводи биринҷӣ бо нақшу нигори зебо ҳоло низ дар хонаамон ҳаст. Ба кадом аср тааллуқ доштанашро намедонам. Аз падарам мепурсидам, ки чаро косаро ҷом мегӯянд?- Посух медоданд, ки ин ҳамранги косаи обнӯшии Ҷамшед будааст. Дар оҳанги гуфтораш як навъ болидагиро ҳис мекардам. Оид ба шаҳри Мунк дар асл дар китоби “Тоҷикон”-и алома Б. Ғафуров маълумот оварда шудааст. Мутаассифона, то имрӯз бо сабабҳои номаълум кофтукови бостоншиносӣ анҷом дода нашудааст.

Осори деворҳои қалъаи валангоре, ки дар шафати мазори Мир Сайид Алайҳ Шафеъи Алайҳ Раҳмар, ки дар соҳили тарафи рости дарёчаи шаҳри Мунк ҷой дорад, аз хишти пухтаи секунҷа сохта шуда, то замони мо боқӣ мондааст. Эҳтимол меравад, ки қалъа дар замони истилои муғул ба хок яксон шудааст.

 

Мунк

 

Аз сарчашмаҳои таърихӣ мехонем, ки яке аз маркази калонтарини Хуттал дар асрҳои IX-XI шаҳри Мунк будааст. Бори авал шарқшиноси барҷаста А.М.Беленский оид ба шаҳри Мунк маълумот дода, менависад, ки ҳанӯз дар шаҳри Сталинобод ӯ бо харитаи бостоншиносии Тоҷикистон ошно гардид. Дар харита харобаҳои Мунк дар мавзеи Ховалинг нишон дода шуда, аз тарафи кормандони Институти таърих ин ақидаро тасдиқ карда буданд. Аз ин рӯ, бостоншиносон бе душворӣ харобаҳои Мункро пайдо намуданд. То аз чоп баромадани ин мақола дар илм ақидае вуҷуд дошт, ки Мунк дар Балҷувон воқе аст. Аммо баъди гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки шаҳри Мунк дар қисми шимолу ғарбии маркази ноҳия, дар қишлоқи Хонақоҳ доман густурдааст. Дарёчаи Мунк аз ҳамин ҷо ҷорист. Ба ақидаи А.М.Беленский шаҳр дар қисми рости дарёчаи оби мазор ҷойгир шуда, номи шаҳр Мунк боқӣ мондааст. Шояд шаҳр Мунк ном дошта буд, аммо дар фолклори диёри Ховалинг номи ӯро Мунг мегӯянд.

Ибни Ҳавқал навиштааст, ки шаҳри Мунк дар бузургӣ ба шаҳри Андароба баробар аст, Ҳулбук аз он хурдтар аст, биноҳои ин шаҳрҳо аз лой, аммо девори Мунк аз сангу гаҷ сохта шудааст.1

 Аз канданиҳои бостоншиносии Мунк маводи сохтмонӣ, сафолу шишапораҳои мансуб ба асрҳои IX-X дарёфт гардиданд. Баъдтар аз дохили шаҳри Мунку Хонақоҳ маводи зиёди ба давраҳои мазкур мутааллиқ буда, ёфт гардида ҳоло ҷамъашон дар осорхонаи мактаби миёнаи №3, ноҳияи Ховалинг нигоҳ дошта мешаванд. Маводи маҳфуз иборат аст қариб аз 1000 сафолу шишапора, 100 тангаи қадима, 6 чароғи сафолин, 30 сафолпораи симобдон ё атрдон, 2 тири пайкон, 8 тири манҷаниқ ва ғайра.2

Ба ақидаи дӯстдори маҳал Амирхони Сайидзода шаҳри Мунк ҳудуди ҳозираи шаҳраки Ховалингро низ фаро мегирифтааст. Ва ба ин номи гузарҳои Ховалинг аз қабили: гузари Паранак, гузари Қозӣ, қалъагоҳҳои Надиму Бегим шаҳодат медиҳанд.3

Аз шаҳри Мунк ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонию саҳроӣ ба миқдори зиёд қубурҳои обрасонӣ ёфт гардиданд, ки дар як қисми онҳо чун ҳазор сол об ҷорӣ буд ва ба воситаи онҳо то ба Мунк об расонида мешуд.

Як қисми он қубурҳо тақрибан ним метрӣ дарозӣ дошта, қутрашон аз як тараф 24 см ва аз тарафи дигар 17 см-ро ташкил медоданд. Қисми дигари қубурҳо 40 см дарозӣ ва қутрашон аз як тараф 12 см ва аз тарафи дигар 8 см-ро ташкил медод.4

Дар охирҳои асри X соли 983 дар “Ҳудуд-ул-олам”-и муаллифи номаълум Мунк “шаҳрак” номида шудааст: “Борсориғ, Мунк, Тамлиёт шаҳракҳоеянд хурд ва бисёр неъмату ободон ва мардумони ҷангӣ”.5

Мунк дар асрҳои X-XII бисёр ободу калон гардида, дар чоряки якуми асри XIII аз тарафи муғулҳо хароб карда шуда буд. Ба сабаби салқину сабзу хуррам будан ва оби фаровону чарогоҳҳои хуб доштан амири муғул Қазаған дар солҳои 758-759/1357-58 зимистонро дар Солисарой (ноҳияи Панҷ) “ва тобистону хазон (тирамоҳ) дар шаҳри Мунк ройяти таваттун афрохтӣ дар шаҳри Мунк” (яъне дар он ҷо зиндагӣ мекард).6

Дар ин бора “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз (таърихи сиёсӣ ва ҷуғрофиёи таърихӣ), Душанбе: Дониш, 2006с., саҳ.906” маълумот медиҳад.

Дар асари Муҳаммад Сидиқҳоҷии Гулшанӣ “Таърихи Ҳумоюн”, ки ҷамъбасти натиҷаи сафарҳои бисёрсолаи ӯро дар қаламрави аморати Бухоро, ноҳияҳову вилоятҳои онро дар бар мегирад  омадааст: - “Ӯ тавонистаст, ки аз ин сафарҳо бо зисту зиндагӣ, рӯзгори мардуми қаламрави аморати Бухоро аз наздик ошно шавад, маълумоти зиёде пайдо кунад ва дидаҳову шунидаҳояшро рӯи қоғаз биоварад, асарҳо бинависад”.7

_______________________

  1. Ибни Ҳақал, Сурат-ул-арз. саҳ.374
  2. Сайидзода Амирхон, Ховалинг-чашмаи меҳр. Дар маҷмӯаи Давлати Даврон “Эҳёи зебоӣ” Душанбе, “Адиб”, 1995с. саҳ.91
  3. Ҳамон ҷо, саҳ.92
  4. Ҳамон ҷо. саҳ.96
  5. Ҳудуд-ул-олам. саҳ.119
  6. Шарафуддини Алии Яздӣ, Зафарномаи темурӣ. Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ №622, в.94а.
  7. Таърихи Ҳумоюн. саҳ.24

 

Дар ҳамин асар, ки охирҳои асри XVIII ва авалҳои асри XIX навишта шудааст, дар боби “Иёлоти Бухорои шариф вилояти Хатлон” нисбати Ховалинг чунин навиштаҷот омадааст. “Зироати ин вилоят дар ҳадди вуфур аст. Арозии ин ҷо бағоят ҳосилхез аст, обӣ ва лалмии он хушрез аст. Қозии он аз давлатхонаи олӣ сарафроз шуда меояд. Маҳкуми ин қазо нуҳ амлок аст, ҳукумати он муқобили ҳукумати вилояти Сариҷӯй мебошад, балки аз он васеътар аст. Аҳолии ин қазо тамоман тоҷиканд, дӯшизагони ин вилоят машҳуранд ба ҳусну ҷамол. Ва маъруфанд ба ғунҷу далол. Лекин саҳлу-л-ҳусуланд.1 Бо вуҷуди ин ҳама авсоф падару модари онҳо ба муқобили маҳри андак бар кас медиҳанд. Аспи ин вилоят низ ба суръату сират мавсуф аст. Ба ҷомеи амсор марғуб ва ба тамоми билод маҳбуб аст. Ба ғайрат ва давандӣ мумтоз ва ба куҳнавардӣ беанбоз аст. Сайду шикори вуҳушу тулори инҷо бисёр аст. Хусусан сайду шикори ғазанфар ва хирси он ҷо дар ниҳоят дараҷа бешумор аст. Сайду шикори вуҳуш кааннаҳу ба аҳолии ин ҷо касбу пеша аст. Тамоми аҳолии кӯҳистон ба тирандозӣ шуҳрат доранд ва аксар сайёданд. Аз камоли ҷасорат баъзеи онҳо хирсро бо ханҷар сайд низ менамудаанд. Аҳли талабаи илм ва машоихи ин вилоят низ бисёранд.

Ба аксар қарияҳои азим мадрасаҳои чӯбин дорад. Мударриси онҳо аксар шайханд. Таълими илми қолу ҳол низ менамоянд. Ховалинг низ шаҳри қадим аст.

Дар замони худсарии ин ҷо низ як қӯрғон ва ҳукумат масҳуб будааст. Масофаи ин вилоят то Ҳисор бист фарсах аст. Ва масофаи он то Бухорои Шариф ҳаштоду шаш фарсах аст”.2

Эҳтимол аст, ки муаллиф “қурғон ва ҳукумат масҳуб будааст”-гуфта шаҳри Мункро, ки дар ҳудуди қишлоқи Хонақоҳ (Гулзор) ҷой дорад, дар назар дошта бошад.

Ҳашар

Дар айёми пиронсолӣ албатта, қисмати зиёди лаҳзаҳои зиндагӣ фаромӯш мешаванд. Хотираи инсон имкони ҳамаи ҳодисаҳои ҳаётро ба ёд гирифтан надорад. Осори даврони наврасӣ ва ҷавонӣ тоза шуданд. Хонае, ки ман ба дунё омадам, деворҳои гилинаш хеле кӯҳна ва фарсуда буданд. Ин солҳои панҷоҳуми асри гузашта буд. Боми хона рӯпӯш надошт ва ҳар тирамоҳ ёру ҳамсояҳо ҷамъ шуда, бо навбат боми он ва аз они ҳамсояҳоро  андова карда болояшро намак мепошиданд. Маҳлули барои мустаҳкам шуданашро иборат аз коҳи хушки гандумӣ ё пахоли зағер омехтаро як ду рӯз дам медоданд. Дар ин муддат кулӯхчаҳо дар об маҳлул шуда, монанди хамир часпида шуда болои бом мустаҳкам ва обногузар мешавад.

Бачаҳои деҳа хурд ва кунҷков будем. Ҳар пагоҳӣ рафта аз чашмаи тилоӣ оби хунук меовардем. Дар саргаҳи ҷӯйбор назорат мекардем, ки то омода намудани маҳлули лоин пеши обро набандад. Белу каландҳоро шуста, то  овардани хӯрок дастони ҳашарчиҳо об мерехтем. Дар деҳа ҳамаи корҳо аз ҷониби калонсолон аз тариқи ҳашар оғозу анҷом мегирифтанд. Ин чорабинӣ

___________________

  1. Саҳлу-л-усул – осон ба даст даровардан
  2. Таърихи Ҳумоюн Муҳаммад Сидиқхоҷаи Гулшанӣ. Душанбе 2006. саҳ.146-147

 

дар миёни бонувон ҳам анъана шуда, бо маслиҳати пешакӣ, бо навбат, вобаста ба мавсими сол ҳамҷоя меҳнат мекарданд.

Занҳо дар тӯю маросимҳо нон пӯхта, барои алов тапак тайёр мекарданд. Хишоваи палҳои пиёзу шолӣ хеле мушкил ва дилгиркунанда буданд. Ягона роҳи халосӣ аз алафҳои бегона ҳашар ба шумор мерафт. Ин анъана аз аҷдод мерос омада, дар иҷрои он касеро маҷбур намекарданд. Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, дасти ҳамдигарро гирифтан, як бурдаи нонро бо ҳам хӯрдан падидаҳое ҳастанд, ки то ҳол фаъоланд. Ин меъёри ҷомеа дар ягон кодексу қонун сабт нашудааст.

Хушбахтона, хурду калони деҳаи мо ва умуман кӯҳистон ин меъёри нонавиштаро риоя ва эътироф менамуданд. Дастгирии анъана аз насл ба насл гузашта, то замони мо омада расидааст. Бидуни ин, аҳли деҳ нисбати  бадахлоқҳо, хусусан зинокорон, дурӯябозон ҷазоҳои сахт муқаррар карда буданд.

Дар он солҳо деҳаи мо на он қадар калон буд. Як қисми сокинони он дар болооби дарёчаи шаҳри Мунк тахминан 20 хонавода, қисми дигараш дар соҳили чапи он 15 хонавода ва қисми сеюм дар тарафи рост дар поёни мазори деҳа иборат аз 8 хонавода буданд. Дар мавқеи қисмати сеюм масҷиди деҳа то солҳои 1920 фаъолият доштааст. Ҳамзамон, то кушода шудани мактабҳои замони шӯравӣ дар бинои масҷид наврасони деҳа таълими динӣ мегирифтанд. Аз ин масҷид фақат деворҳои бо мурури замон вайронаву якчанд болочӯбҳои кандакорӣ шуда ва дари дутабақаи аз чӯби чормағз кандакорӣ боқӣ мондаасту халос. Баъди барқарор шудани низоми шӯравӣ масҷидро бастанд. Аз гуфти пиронсолоне, ки кайҳо зиндагиро падруд гуфтаанд, номи кӯҳнаи қишлоқ аз ҳамин масҷид Хонақоҳ шудааст.

Дар мактаби ибтидоӣ, ки мударрисаш як давра падари устод Сайидалӣ Вализода будааст, наврасон аз қишлоқҳои Доробӣ, Ҷаълӣ таълим мегирифтанд. Сокинони ҳамин қисмати деҳаро эшонҳои Хонақоҳ меномиданд. Мегӯянд, ки ин мардум аз қишлоқҳои Боғи зоғон ва Тутигулак кӯчида омада, дар ҳамин ҷо маскан гирифтанд ва шумораи зиёди одамонаш солҳои сиюм ба ноҳияи Вахши вилояти Қурғон-теппа кӯчонида шуданд. Дар асл хешу табори онҳо то ҳол дар деҳоти ноҳияи Вахш кору фаъолият доранд. Дар қишлоқ ба ғайр аз инҳо ванҷиҳо бобои Олим бо оилааш, акаи Ғафор, Абдулло Саттор, язгуломиҳо бобои Аюб, Азимаҳмад, шуғниҳо Одинамаҳмад, Ғарибшо ва чанд оилаҳои дигар зиндагӣ мекарданд. Қисме аз онҳо дар қатори даҳҳо ҷавонмардони қишлоқи мо ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, берун аз Ватан шаҳид шуданд. Бобои Мирзо Табар, усто Ҳусайн, Сабур Одина, Муродалӣ Маҳмадалӣ ва як зумра мардҳои деҳа,ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буданд, тақдир онҳоро насиби обу дони Ватан карда будааст, ки соқу саломат ба хона баргаштанд.

Муродалӣ Маҳмадалиев, (ёдаш бахайр) дар қатори садҳо ҷавонмардони ватандӯст ду карат бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуда буд. Чӣ қадар одами хоксору заминӣ буд. Ӯ мегуфтанд, ки барои истифодаи имтиёзҳо аз дигарон шарм медошт ва ягон маротиба як кило ангишт ҳам аз ҷамоат намегирифт. “Ман ҳам мисли дигарон бояд зиндагӣ кунам”,-мегуфтааст ӯ. Ҳар сол аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ имтиёзҳои гуногун пешбинӣ мешуд. Пеш аз ҳама барои фароҳам овардани шароити хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иштирокчиёни ҷанг бо сӯзишвории ройгон соле як бор таъмин карда мешуданд, нафақаи хуб мегирифтанд. Дар ноҳияҳое, ки онҳо зисту зиндагӣ доштанд, аз ҷониби шӯроҳо ва ҷамоат ҳаргуна кӯмакпулӣ мегирифтанд. Аз супоридани маблағи барқ, андози замин ва ғайра озод буданд.

Мардуми қишлоқи мо ба деҳаҳои ҳамсоя Шехмизон, Доробӣ, Ҷонбахт, Чайпевол хеле равуои хуб ва дӯстии мустаҳкам доштанд. Дар тамоми чорабиниҳои дар қишлоқи мо ва ҳамсояқишлоқҳо чӣ туй бошад, чӣ азодорӣ аз як гиребон сар бароварда, онҳоро мегузарониданд. Аз гуфти пиронсолони деҳа, ин сарҷаъмӣ дар давраи ҷанг ба миён омада буд. Мусибати ба сари аҳолии Иттиҳоди Шӯравӣ омада одамонро муттаҳид намуд. Қисмати зиёди ҷавонмардон ба ҷанг сафарбар шуда буданд ва тамоми корҳои хоҷагии қишлоқ зироаткунӣ, дарави ғалла, ҷамъоварии коҳу беда ва ҷобаҷогузории онҳо ба зиммаи занҳо ва наврасон вогузор буд. Тракторҳо ва мошинаҳоро дар саҳро занҳо идора менамуданд. Якчанд кампирҳои қишлоқ монанди апаи Ҳакима, Рӯзигул, Ҷиёнбӣ ва дигарон дар солҳои 40-50-уми асри гузашта тракторчӣ буданд. Пиру кампирҳо аз шабдаравҳо ҳикоят мекарданд. Баъзе занҳо дар саҳро фарзанд мезоиданд. Дар тамоми талу теппаҳои бекорхобида гандуму зағиру нахуд, мошу лубиё мекоштанд. Ин ҳама барои фронт буд. Дар колхози “Коммуна”, ки ду се қишлоқ тобеаш буданд, ҳамдеҳаи мо Қосимов Иброҳим-марди аз ҳад зиёд серталаб, сахтгир ва масъулиятшинос раис будааст. Ҳамин хислатҳои ӯро ба назар гирифта, бо хоҳиши сохтори давлатии ҳамонвақта дар ақибгоҳ раиси колхоз таъинаш намуданд. Ӯ то соли 1956 ҳамин вазифаро ба ӯҳда доштааст.

Аз соли 1929 то 9 сентябри соли 1991 ҷумҳурии мо Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ном дошт. Солҳои 30-40-уми асри гузашта садҳо зиёиён ва уламои босаводи минтақаҳои Ховалинг, Балҷувон, Сари Хосор, Шугнов дар натиҷаи бӯҳтон ва туҳматҳои бисёр ҳамчун душманони миллат, аксулинқилобчӣ, ҷосусони империалистӣ аз тарафи мақомоти Сегона (тройка) ба ҳабс гирифта, иддае маҳв ё ба тарафҳои Шарқи дур, Қазоқистон бадарға шуданд. Мутаассифона, аксарияти онҳо дар куҷо ба хок супорида шудаанд, то имрӯз ягон маълумот нест. Дар қатори садҳо таъқибшудагон падари шоири халқӣ Сайдалӣ Вализода бо аҳли оилааш ҳамчун кулак ба Қазоқистон бадарға шуда буд. Раҳматӣ бо падарам, ки ҳамқишлоқ буданд, дар суҳбатҳояшон оид ба машаққатҳое, ки дар қаламрави бегона аз сар гузаронида буданд, нақл мекарданд. Намедонам шӯхӣ мекарданд ё ҷиддӣ мегуфтанд, баъди навиштани шеъри “Ленин бародар раҳнамо” аз назорати макомоти кудрати раҳо ёфтанд.

Устод Вализода ҳар сол як бор ба Ховалинг ташриф меовард. Дар миёни халқ эҳтиром ва нуфузи хеле баланд дошт. Вақте ки пир шуда, сари роҳи калон истода, рӯ ба мазори Чуқурак (тақрибан се километр аз қишлоқ дур буд) ва бобову бобокалонаш дар мазори ҷои зисти аҷдодҳояш будааст, дастон ба дуо, шӯхиомез мегуфтааст “бобоҳо ва модаркалонҳо, шумо хафа нашавед, ман пир шудам ва имкони ба баландӣ баромадан надорам, дуову дурудамро қабул фармоед”.

Авали солҳои 50-ум айёме буд, ки мардум мехост каме бошад ҳам қомат рост намуда, озодона нафас гирад. Аммо чунин фурсат набуда, шаҳрҳои валангори ба хок яксоншудаи Иттиҳоди шӯравиро барқарор кардан лозим буд. Дар ҷумҳуриҳои Руссия, Белоруссия, Украина мардҳо аксаран дар ҷангҳо кушта ва ё гумном шуда буданд. Мардуми заҳматкаши тоҷик баробари дигар миллатҳо паҳлу ба паҳлу харобазорҳоро эҳё мекарданд.

Занҳо мисли пештара дар саҳроҳо, заводу фабрикаҳо дучанд заҳмат кашида, маҳсулот мебароварданд. Барои шаҳрҳои Москва, Ленинград, Сталинград маҳсулоти тару хушк аз Тоҷикистон фиристода мешуд. Ёд дорам, ки дар хоҷагии деҳоти Ховалинг, хусусан, дар заминҳои обиву корами шаҳри Мунк, деҳаи Доробӣ шолӣ мекориданд. Ҳосили фаровон аз ин заминҳо ба каф меомад. Навъи биринҷи машҳури девзираро ҷамъ меоварданд. Дар ин бобат деҳқонони варзидаи хоҷагӣ раҳматии падарам, шодравон бобои Абдуллои Сироҷ, Қодир ва дигарон саҳмгузор буданд ҳосилро ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) мефиристоданд. Дар заминҳои лалмӣ гандум, ҷав, нахуд, зағер мекориданд. Як ваҷаб заминро холӣ намонда, дар қитъаҳои байни оби мазору дарёи Мунк барои санҷиш пахта корида буданд. Вале ин зироати нодир бо назардошти обу ҳавои салқини Ховалинг хом монда, баъдҳо аз пахтакорӣ даст кашиданд.

Гумон мекунам, ин шуҷоат ва меҳнатдӯстии мардуми диёр аз муҳаббаташон ба Ватан сар мезад. Бо вуҷуди он, ки ҳазорон ҷавонмардон аз набардҳо барнагаштанд, хешу ақрабо фақат хати сиёҳи онҳоро гирифтанд, тифлакони бешумор ятиму бепадар, занҳо бева монданд, мардум барои фардои нек заҳмату ҷонфидоӣ мекарданд. Рӯҳафтода нашуда, садҳо километр роҳҳову каналҳо сохта, шаҳрҳои ноободро обод, заводу фабрикаҳоро барқарор ва иншооти нав бунёд намуданд.

Дар чунин як давраи вазнини камбизоатӣ, шаби шанбеи соли 1950-ум дар кулбаи фақиронаи падар ба дунё омадам. Он солҳо таваллудхона фақат дар маркази ноҳияи Ховалинг буд. Бо сабаби набудани нақлиёт маро ба таваллудхона набурданд. Аз гуфти аппам шодравон Бибигул баъди таваллуд манро духтари аммаи падарам кампири Соро гирифтанд, нофамро ҳамин кас буриданд. Худи ҳамон сол хешони падарам, аммаи Соро бо фарзандонаш Мирзоҳаёт, Сафар ва Саидаҳмад ба ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ) кӯчонида шуданд. Дар қатори онҳо холабачаву амакбачаҳои падарам бобои Наим, Раҷабалӣ Шамсиддинов дар қишлоқи Раҳмонбердӣ замин гирифта, хона сохтанд. Хоҳари падарам аммаи Шарифгул ҳам дар Раҳмонбердӣ умр ба сар мебурд. Машғулияти ҳамаи онҳо пахтакорӣ буд.

Фарзандони аммаи Соро Мирзоҳаёт ва Сафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Акаи Мирзоҳаёт дар колхоз тракторчӣ буд, Саидаҳмад ронанда, боқимондаҳо деҳқонӣ мекарданд. Тамоми сокинони Раҳмонбердӣ аз қишлоқҳои Дийангур, Сияҳлояк ва Кулолони Ховалинг муҳоҷир омада, бо ҳамдигар хешу таборӣ доранд. Аслан мардуми Ховалингу Балҷувон дар ободу зебогардонии қишлоқи Раҳмонбердӣ азхуд кардани заминҳои қишлоқҳои Ғелот, Раҳмонбердӣ, Учқун, Кафтархона, боғи ангури ба номи Ленин ва дигар деҳаҳои ноҳияи Восеъ саҳми калон доранд. То маскан гирифтани мардум заминҳо ботлоқзор ва қамишзор буданд. Бо амри тақдир синфи шашумро дар мактаби ҳаштсолаи Раҳмонбердӣ хондам. Ҷои зистам хонаи апаам буд. Шавҳарашон шодравон Абдураҳимов Бобо сарагрономи колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Восеъ буданд.

Ҳоҷӣ Тағоймурод писари Усмон ва Қодир писари Раҷаб буда, Усмон ва Қодир писарони акаи падарам мебошанд. Номи бобоям Қосим будааст.  Бобои Сайзуҳур падари Сайдамир Зуҳуров писари аммаи бобои Қосим будаст. Аҷдоди падариам бо аспбозӣ ва човандозӣ машҳур буд. Хусусан, дар ин ҷода падарам дар ноҳияи Ховалинг, Балҷувон ва қишлоқҳои гирду атроф бузкаши моҳир будааст. Дар ин хусус худаш чизе намегуфт, худситониро бад медид. Саргузаштҳои падарамро Ҳоҷӣ Тағоймурод ва бобои Қодир мегуфтанд. Ҳоло аз Ҳоҷӣ Тағоймурод ду писар ва як духтар боқӣ мондааст. Давлатхӯҷа дар шаҳри Мунк, Абдулло-писари хурдиаш дар Душанбе кору зиндагӣ доранд. Зинатгул духтари хурдии ӯ бо шавҳараш ва фарзандонаш сокинони пойтахт ҳастанд.

Бобои Қодир зиёда аз ҳаждаҳ зан гирифта будааст. Дар шаҳри Мунк писараш Ҳасан зиндагӣ дорад. Мирзо писари калони вай чанд сол пеш аз ҳаёт гузаштанд. Духтаронаш Зулайхо дар ноҳияи Восеъ ва Хониш дар Кулоб зиндагӣ доранд. Писари хурдиаш Ҷӯра дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ гум шуда, то ҳоло зинда ё мурда буданаш маълум нест.

Падарам саводи динӣ дошта, муҳандиси хуби обёрӣ буданд. Каналҳое, ки ба баландиҳои заминҳои Чуқурак об баровардааст, ҳоло низ ҳастанд. Математика ва геометрияро хуб медонистанд.

Падарам қисса мекарданд, ки солҳои зиёд дар шаҳри Қуқанд кору фаъолият доштааст. Дар бозори он дукони гуштфурӯшӣ дошта, қассобӣ ҳам мекардааст. Ин кадом солҳо буд, хабар надорем. Баъди бозгашт таи ду сол дар Раштонзамин қассобӣ карданд. Дар қишлоқи Кулолон, ки дар талу теппаҳои байни Дийангуру Чуқурак ҷой дорад, ягон ҷо заррае хоки кулол нест. Падарам нақл карда буданд, ки ин номи қишлоқи бобояш дар Яхсу мебошад. Вақте ки якчанд оила бо падарам аз Дийангур ба инҷо кӯчида меоянд, ба ҳамин мавзеъ номи қишлоқи гузаштагонашонро монданд. Дар кадом давра ба вуқуъ пайвастани ин амалро намедонем. Падарам хизмати ҳарбиро дар баталиёнҳои ақибгоҳ гузаронида, роҳ ва купрук месохтанд. Ӯ то солҳои шастум ба деҳқонӣ машғул буд. Соли 1963 дар синни шасту се солагӣ ногаҳон фавтиданд. Кадом сол бо модарам издивоҷ кардааст, дақиқ нест.

 

Айёми тифлӣ ва наврасӣ

Хонае, ки ман таваллуд шудам, дар мобайни деҳаи шаҳри Мунк ҷойгир буда, ҳамагӣ се ҳуҷра ва пешдолон дошт. Оғилхона дар масофаи қарибии чиҳил метр дуртар дар канори замини наздиҳавлигӣ воқеъ буд. Аз пушти хонаи мо роҳи мошингузар, аниқтараш барзаговҳо бо чигинаҳои каҳкашон мегузаштанд. Дар ду тарафи нишебии хона ду чашмаи соф аз зери сангҳои лаби дарё ҷӯшида мебаромаданд, то андозае обашон хунук буд, ки як коса обро дам гирифта як қултӣ менушидем. Дар паҳлӯи чапи мо хонаи муаллим Абдуллоев Саттори ванҷӣ ҷойгир буд. Падарам мегуфтанд, ки он кас дар зимистон омада буданд ва ин хонаро ба ӯ тӯҳфа кардаанд.

Дар оянда Абдуллоев хонаи нав сохтанд. Аҷоиб инсони зарифу ширинсухан буданд. Бародарону духтараш бибии Нигор дар Ванҷ зиндагӣ мекарданд. Бародараш акаи Сурх дар ноҳияи Ванҷ пизишки ҷарроҳ, домодаш Олимов дар он чо раиси колхози “Коммунизм” буданд. Гардиши фалакро бинед, ки солҳои 1998 айёме, ки фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ будам, набераи акаи Саттор-Рамазон писари апаи Нигорро ба кор гирифтам, ки то ҳоло дар қисми навбатдорӣ бо рутбаи подполковник ифои фаъолият дорад.

Падарам мегуфтанд, ки падарашон дар маҳаллаи Диитахи Яхсу зоида шуда, дар давраи инқилоб кӯчида ба Ховалинг омаданд. Бобоям Соҳибназар дар деҳи Кулолони Яхсу гӯронида шудааст. Ин мавзеъ дар болооби қишлоқи Панҷариюни Яхсу ҷойгир аст. Бо кадом сабаб бо хешу ақрабояшон кӯчидани бобоямро намедонам. Аз нақли падарам, амакҳояшон бобои Усмон, Раҷаб ва якчанд амма ҳам доштанд. Писарамакҳояшон дар шаҳри Мунк дар ҳамсоягии мо зиндагӣ ва фаъолият мекарданд.

Баъди солҳои сиюм одамон аз таъқиб тарсида, тамоми китобҳои ҳуруфоти арабӣ ва форсӣ доштаро бурда, ба дараву чуқуриҳои талу теппаҳо пинҳон кардаанд. Бо мурури замон ин китобҳои нодир таги хок монда, несту нобуд шуданд. Дар қатори китобҳои зикргардида, одамон шаҷараҳои авлодӣ ва насабишонро низ нест намуданд. Сабаби чунин рафтори одамон мавҷи таъқибҳо буд, ки аз тарафи мақомоти НКВД ва Сегона (тройка) баррасӣ мешуд. Дар аксари ин шаҷараҳо ба кадом табақаи ҷамъият мансуб доштани ин ё он авлод дарҷ ёфта будааст.

Аксарияти одамони босавод аз ҳисоби муллоҳо, эшонҳо, мударрисҳо, сайидзодаҳо буданд. Албатта, мавҷудияти чунин далелҳо барои несту нобуд сохтани гурӯҳ-гурӯҳ одамони босаводу бофарҳанг далели илова талаб намекард. Ҳамин сабаб шуду кулли мардуми кӯҳистон бешаҷара монданд. Дар асл ақидае, ки туфайли таъқиби истилогарони муғул аз Даҳбеди Самарқанд ба кӯҳистони Хатлону водии Рашт ва Дарвоз кӯч бастани тоҷик омада расидааст, аз гуфти калонсолон бо далели шайъи шаҷараҳо асоснок будааст.

Оид ба ин масъала солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо зарурияти фаъолияти хизматӣ аз Аҳмадшоҳи Мақсуд шунида будам, ки кулли мардуми дараи Панҷшери Афғонистон дар асрҳои XI аз таъқиби муғулҳо аз Даҳбеди Самарқанд гурехта, тавассути қаламрави Кулоб гузашта, ба Афғонистон рафтанд. Бо кӯмаки бевоситаи Зуҳуров Сайдамир, собиқ вазири амнияти ҷумҳурӣ, шодравон барои зиёрат ба ватани аҷдодиашон ба Самарқанд сафари серӯза доштанд.

Ҳоло дар мавзеи Сари Хосор деҳаҳое ҳастанд, ки аз рӯи ривоятҳои аз насл ба насл то замони мо расида, номи деҳоти дар вилояти Самарқанд бударо гузоштанд. Масалан, Боғи зоғон, Тутигулаки Ховалинг ва ғайра.

 

Симои модарам

Модарам Озодамоҳ Иброҳимова дар деҳаи Хосиён таваллуд шудааст. Баландии ин деҳа қариб ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр буда, байни Ховалингу Яхсу чойгир аст. Ба гуфти раҳматии холаам дар синни 18-солагӣ туйи арӯсияшонро гузарониданд. Аз ҳама фарзанди калонияшон раҳматии апаам Бибигул буданд, ки соли 1931, акаҳоям Камолов Саймузаффар соли 1934, Сайвалӣ соли 1941 таваллуд шудаанд. Фарзандони модарам Моҳинав дар синни ҳафтсолагӣ, акаи Қурбоналӣ дар нуздаҳсолагӣ фавтиданд. Кадом касал сабаби фавти онҳо шудаст ман намедонам. Апаи Султонбиро ёд дорам, ки се сол аз ман калон буд. Ба гумонам дар синни даҳсолагӣ аз дунё гузаштааст. Рӯзи аз хона баровардани раҳматӣ ва ҷанозааш дар хотирам монда, то ҳол симои модарамро меҷӯям. Ман фарзанди хурди хонадон будам. Модарам қомати баланду чеҳраи зебо дошта, ҳамаи занҳои қишлоқ эҳтиромаш мекарданд. Барои тӯйҳои арӯсиву домодӣ сӯзанӣ қалам мезад, нақш медӯхт. Гулҳое, ки ба рӯи матоъ тасвир мекарданд, зебову нотакрор буданд. Либосҳои арӯсӣ, чодарҳои арӯсон, болиштҳои нақшини рангоранг, пора кардани куртаҳои арӯсӣ инҳо маҳсули ҳаррӯзаи дасти модарам буданд. Кампирҳои сину солашон аз ҳаштод гузашта дар қайди ҳаёт ҳастанд. Ҳар гоҳе, ки ба ноҳия меравам, онҳоро хабар мегирам. Онҳо дугонаҳои модарам буданд. Соатҳои дароз бо онҳо менишинаму гаштаву баргашта хоҳиш мекунам, ки дар бораи модарам гап зананд. Агар қудрат медоштам, ба хотири меҳре, ки ба модар дорам ин занҳои меҳрубонро то абад зинда мемондам. Хусусан, аммаи Қурбонгул ва холаи Иронбиро, ки яке дар шаҳри Мунку дуюмӣ дар қишлоқи Доробӣ иқомат доранд.

Ёд дорам, ки айёми наврасӣ аҳли хонавода маро бо номи аслӣ неву Кабуд гуфта фарёд мекарданд. Баъди ба балоғат расидан сабабашро аз раҳматии апаам пурсидам. Вай гуфт, ки то чорсолагӣ чашмонат кабуд буданд, бо ҳамин куния туро фарёд мекардем. Дар синни чорсолагӣ модарам аз акаҳоям талаб кардаст, ки дигар маро кабуд нагӯянд, “бачаамро “раис” ном баред”.

Овони мактабхонӣ, донишҷӯӣ ҳамаи хешу ақрабо, ҳамқишлоқиҳо номи аслиямро намегирифтанд, “раис” гуфта гап мезаданд. Ҳар вақте, ки бо аммаи Қурбонгул ҳамсӯҳбат мешавам, аз модарам ёд мекунаду бо сӯзу гудоз мегӯяд: “Раис, дуои модарат мустаҷоб шуду ту як умр раису вазир шудӣ, кадом фариштаи даргузар “омин” гуфта будааст. Сад ҳайф, ки модарат дар ҷавонӣ касал шуду аз сад гулаш як гулаш нашукуфта рафт”. Дар асл модарам дар синни чилу шашсолагӣ, охирҳои соли 1959 вақте, ки ман нуҳсола будам, аз дунё даргузашт. Ӯ ба ҷое рафт , ки дигар аз онҷо барнамегарданд. Қариб, ки дар ҳамаи маъракаҳои қишлоқ ман аз думболаш будам. Монанди ман чунин як думраваки модар писари апаи Моҳинав-Баҳром Сатторов буд.

Ёд дорам, модарам ду-се рӯз пеш аз синфи якӯм рафтан бароям тупии нақшин ва куртаву шарвори бо дастони худаш дӯхтаро ба ман мепӯшониду болои суфа бароварда, хурсандӣ мекард. Ба апаи Моҳинав, ки ҳамсояи дарбадевор буд, муроҷиат карда мегуфт: - Моҳинавбӣ, рост бигу бачаи ман чӣ хел хушруякай. Ҳамаи чизҳояша то китобхалтааш худам дӯхтам.

Апаи Моҳинав механдиду мегуфт, ки “Апаи Озодамоҳ, ҳамин бачата аз ҳад зиёд дӯст медорӣ, эркааш кардаӣ”. Худо нигоҳ дорад, ки дар зиндагӣ хор нашавад. Моҳи сентябри соли 1957, як рӯз пеш аз дарс модарам дар қатори дигарон маро ба мактаби ибтидоии шаҳри Мунки ҳамшафати мазори деҳа бурданд. Мудири мактаби ибтидоии ба номи Зебуниссо Хоркашов Саид буданд. Илоҳо, ҷояш ҷаннат бошад. Яксаду як сол умри бобаракат дида, ба тамоми наслҳои қишлоқ дарс гуфтанд. Инсони нотакрор буд.

Маро ба синфи муаллима Ятимова Оламбӣ дар қатори авал шинонданд. Ин зани ҳалиму серталаб, меҳрубону сахтгир ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳамсинфони ман Сайшариф Мирзоев, шодравон Мирзоширин, Дона Иброҳимов, раҳматии Сафаралӣ, Дустова Гулшанбӣ, Назарова Ороста, Мирзоалӣ Маҳмадалиев, Алӣ Муродалиев, Ҳасан Хучаков, Ҳасан Қодиров, Иззат Исматов ва дигарон буданд.

Рӯзи нахустини дарс ва дар оянда то хатми синфи чорум ишқи хондану ҳисси масъулиятро дар вуҷуди ман муаллима Оламбӣ Ятимова бедор кардааст. Вақте ба балоғат расидам, мустақил шудам, гузаштаро таҳлил намуда дарк намудам, ки шодравон дар ҳақи ман заҳматҳои зиёд кашидааст. Аз рӯи қоида талабаҳо баъди хатми синфи чор аз мактаби ибтидоӣ ба дабистони ҳаштсолаи қишлоқи Доробӣ барои таҳсил мерафтанд. Ногуфта намонад, ки дар синфи дуюм таи шаш моҳ Саймуҳаммад Одинаев ҳоло узви вобастаи Академия фанҳои физика ва математика, доктор-профессор ба мо дарс гуфтанд. Он кас аз худ як таассуроти нек дар хотираи мо боқӣ монданд. Дар синф аз писарҳо дида духтарҳо болаёқат буданд. Онҳо синфи ҳаштумро хатм намуданд, вале падару модарҳояшон идомаи таҳсилро дигар ба онҳо иҷозат надоданд. Гӯё дар мактаби олӣ хондани духтарҳо барои хешу ақрабо, ҳамқишлоқиҳо нанговар буд.

Рости гап, вазъи иқтисодии кишвар аз ҳад зиёд паст буд. Оилаҳое буданд, ки моҳҳо инҷониб хӯроки ғизодор ё гуштро намедиданд. Ғалларо дар хирманҷо мекӯфтанд. Дар деҳаи мо одамон самараи меҳнати худро ба ҳисоби рӯзбайъ, яъне ба ҷои сӯм гандум, нахуд ё зағер мегирифтанд. Бо вуҷуди ин душвориҳо дар чорабиниҳои давлатӣ, рӯзҳои интихобот, намоишҳои якум ва нуҳуми май, шашуми ноябр фаъолона иштирок ва низоми мавҷударо ҷонибдорӣ мекарданд. Дар майдонҳо дегҳоро қатор намуда, шӯрбо ва аксаран палави бе сабзӣ мепухтанд.

Рӯзҳои интихобот бо карнаю сурнай, рақсу бозӣ карда, гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мешитобиданд. Дӯздиву дурӯғ, макру ҳила кам буд. Дар Ховалинг ҳамагӣ як милисаи минтақавӣ лейтенанти калон Саидов фаъолият мекард. Дару тирезаҳои сокинони деҳаҳо қулфу калид надоштанд.

 

Нафасҳои вопасин

Модарам таи чанд муддат дар хона бистарӣ шуда, рӯз ба рӯз рангаш кандаву зард мешуд. Падарам фаҳмид, ки аҳволи модарам бад шуда истодааст, ӯро ба бемористони ноҳия бурд. Синфи сеюмро хатм намудам. Ҳар вақте бо акаам ба аёдати модарам мерафтем, хомӯш сарамро дастмол намуда, ба оғӯшам гирифта, гиря мекард. Ман сарфаҳм намерафтам, ки модарам абадан хайрбод мегӯяд. Намедонистам, ки он ҳама меҳрубониҳои вопасинаш будааст.

Ҳанӯз дарк намекардам, ки дар саҳрои зиндагӣ, вақте ки  нуҳуним сол доштам, ӯ маро бо падарам танҳо монда меравад. Агар инро медонистам эътироз мекардам, дасташро гирифта бо ӯ мерафтам. Ақлам намерасид, ки падарам дар синни панҷову ҳаштсолагӣ хору зор мешавад. Барои мардон дар ин синну сол ҷудои аз ҳамсар ҳолати вазнинест.

Вақте ки марг меояд тифл ё наврас ятим мемонад, оянда хору зор мешавад. Барояш гиряи мо беасар, нолаи мо норасост, ҳукмашро нисбати ҳамаи мавҷудоти зинда амалӣ мекунад. Сину сол, ҷинс барои марг ҳеҷанд. Дар ин бора Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст: 

Шунидам марг бо Яздон чунин гуфт:

Чӣ беном чашми он к-аз гил бизояд?

Чу ҷони ӯ бигирам, шармсорам,

Вале ӯро зи мурдан ар н-ояд.

 

Ҳамин тариқ марги хонумонсӯз аз бӯстони зиндагӣ модарамро канда бурд ва манро аз муҳаббати нотакрори дунё – меҳри модар ҷудо сохт.

Тани танҳо мо ду кас мондем: ман ва падарам. Дигар ман дар паҳлуи падарам қади расои модарам, зебоии нотакрорашро намедидам. Назар ба ҳоли зораш менамудам, ки дарунакӣ месӯхт, оҳи сард мекашид. Ботинаш пур аз ғуссаву ғам буд. Тирагиро дар табъаш дарк менамудам. Чархи гардун орзуву хаёлҳои ӯро ба хок яксон карда буд.

Дар оилаи мо падарам, акаи калониам Саймузаффар бо ҳамсараш Мирзоева Алоҳида, фарзандонаш, акаи дуюмам Камолов Сайвалӣ зиндагӣ мекарданд. Акаи Сайвалӣ дар сохтмон кор мекард ва доимо дар сафар буд. Аз ҳама фарзанди калонии падару модарам Камолова Бибигул дар деҳае, ки мо мезистем, дар хонаи шавҳараш Абдураҳимов Бобо бо фарзандонаш Неъматулло, Кароматулло зиндагӣ доштанд. Муддате гузашта, онҳо кӯчида, ба қишлоқи Раҳмонбердии колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Восеъ рафтанд.

Саргардониҳо

Ману ҳамсинфонам баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа синфи панҷумро дар мактаби ҳаштсолаи қишлоқи Доробӣ хондам. Бо тавсияи падарам ва талошҳои ҳаррӯзаи апаам розӣ шудам, ки дар оянда таҳсилро дар мактаби миёнаи деҳаи Раҳмонбердии ноҳияи Восеъ давом диҳам. Дар асл худам аз падарам илтимос кардам, ки маро ба ягон мактаб-интернат барад. Мутмаин будам, ки дар онҷо нисбат ба мактабҳои ҳаштсола таҳсил ба таври бояду шояд ҷавобгӯи талаботи замона аст.

Дар он давра компютеру интернет, таҷҳизоти муосир мавҷуд набуд. Пешқадамтарин техника тракторҳои тасмачарх, автомашинаҳои “Зис-5”, “Зил” ва “Зим” ягон-ягон дар ноҳияҳо пайдо шуданд. Нахустин маротиба шӯълаи чароғи барқро дар деҳаамон соли 1963-юм дида, чӣ қадар хурсандӣ намудем. То як ҳиссаи шаб дар кӯчаҳо сайру гашт доштем. Авалин самолёте, ки бо сайрхати Кӯлоб-Ховалинг мепарид номашро “Кукурузник” мегуфтанд. Ӯро як сарнишин идора менамуд ва дар дохилаш барои ду мусофир ҷой омода буд. Як нафар дар паҳлуи сарнишин ва дуюмаш дар қафои ӯ нишаста бо тасма худро сахт мебастанд. Тамошои ӯ барои мо чӣ қадар лаззат дошт. Ман ва дӯстонам Баҳром, Сайидшариф, Ҳамрохон, Давлатхӯҷа дар нишебиҳои теппаҳои деҳа аз чӯб ва фанера шакли ин самолётро сохта, самолётбозӣ мекардем. Чӣ қадар ширин буданд, лаҳзаҳои кӯдакӣ. Мо дарк мекардем, ки кадом як қувва ҷомеаро ба сӯи фардо бурда истодааст.

Одамон ташнаи илм буданд. Муаллимон аз мо талаб мекарданд ва дар навбати худ хуб мехондем. Китобҳои дарсӣ, адабиётҳои бадеиро аз худ мекардем. Сохторҳои давлатӣ аз таҳти дил кор мекарданд. Тарбияи насли наврас дуруст ба роҳ монда шуда буд. Новобаста аз иқтисодиёти паст одамон рӯҳияи баланди фарҳангӣ доштанд. Албатта, ин авҷ таъсирашро ба мо низ мерасонид.

Тибқи маслиҳат маро падарам барои идомаи таҳсил ба деҳаи Раҳмонбердӣ, ба хонаи апаам бурданд. Ин моҳи сентябри соли 1962 буд. Нахустин маротиба ман ғӯзапоя ва пахтаро дар заминҳои колхози ба номи Карл Маркс дидам ва тирамоҳи ҳамон сол авалин ғӯзаҳоро бо дастони худ чидам. Ин барои ман як ҷаҳони нав буд. Мо ба дарс мерафтему баъди дарс ба пахтачинӣ. Ба ақидаи ман ин як самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ҳам буд. Аллакай аз наврасӣ дарк мекардем, ки меҳнат чист ва ба қадри як бурда нон мерасидем. Аз дигар лиҳоз заҳмати пурмашаққати марду занро қадр менамудем. Тамоми ҳосили пахтаро бо даст мечиданд. Дар ин кор талабаҳои аз синфи шаш боло ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ сафарбар мешуданд. Мошинаҳои пахтачинӣ дар истеҳсолот мавриди истифода қарор надоштанд.

Як сол чӣ хел тез гузашт, нафаҳмидам. Чун пештара ман талош доштам, ки ба мактаб-интернат равам. Аз як тараф мактаб муаллимони хуб дошт, аз дигар тараф гумон мекардам, ки барои ман интернат хуб аст. Аз нав фикрамро ба падарам гуфтам. Ӯ муқобилат накард ва ҳуҷҷатҳоямро ба мактаб-интернати ба номи Ш.Шоҳини ноҳияи Ховалинг супорид. Авал пешниҳод кардам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба интернати Лучоб супорад, вале падарам гуфтанд, ки бароям он ҷо дур аст ва тез-тез туро хабар гирифта наметавонам, зиқ мешавам. Розӣ шудам, ки дар ноҳия бимонам, дилам ба падарам сахт месӯхт. Вақтҳои охир тез-тез сари манзили модарам мерафтему ӯ сиришк мерехт. Дар паҳлуи қабри модарам, апаам Моҳинав, акаам Қурбоналӣ ва апаи дуюмам Султонбӣ гӯронида шуда буданд. Раҳматӣ падарам ҳар вақте ки меомадем, ба ин манзилгоҳи муқаддас авал оят хонда, дуо мекарданд. Сипас, нола карда гиря мекарданд. “Доғи фарзанд вазнин аст”,- мегуфтанд.

Зиндагӣ тақозо мекард, ки хубро аз бад қиёс намоям, хулоса барорам. Моҳи сентябри соли 1963 ман ба номи директори мактаб-интернати ба номи Ш. Шоҳини ноҳияи Ховалинг Қаландаров Давлатшо ариза навиштам, ки маро ба интернат қабул намояд. Ҳини суҳбат он кас дар бораи аҳволи иҷтимоии ман, дараҷаи донишам саволҳо дода, ҷавобҳои саҳеҳ гирифт. Сипас, ба аризаам имзо гузошта, қабул шуданамро табрик намуданд. Бо сабаби нарасидани миқдори хонандагони синфҳо, толибилмони мактаб-интернат дар мактаби миёнаи Ховалинг бо талабагони шаҳраки Ховалинг мехонданд. Бинои интернат дар мавқеи Чинор, мактаб бошад, дар гузари шуъбаи алоқа ҷойгир буданд.

Якуми сентябри соли 1963-юм ман вориди синфи ҳафтуми мактаби миёнаи ба номи Ш.Шоҳин шудам. Ҳуҷҷатҳои мактабиам дар мактаби Раҳмонбердӣ буданд. Раҳматӣ падарам тасмим гирифта буданд, ки онҳоро рафта меоранд. Таи ду ҳафта ман дар синфи 7-уми “А” хондам.

 

Шикасти дуюм

Роҳбари синфамон шодравон Сафаров Юсуф таъкид намуданд, ки ҳарчӣ тезтар парвандаи шахсиямро биёрам. Супоришро ба падарам расонидам. Гуфтанд, ки ҳамин ҳафта ба хонаи апаам рафта, рӯзи душанбе ҳуҷҷатҳоро аз мактаб гирифта меоранд. Мо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе пас аз дарс ба хонаҳоямон мерафтем.Чун ҳарвақта рӯзи шанбе ҳамроҳи ҳамсинфон Сайидшарифу Сайидикром, ки як синф боло буданд, баромада, ба қишлоқ рафтем. Ин рӯзе наҳсро барои он фаромӯш накардам, ки падарам рафту дигар барнагашт.

Рӯзи якшанбе пагоҳии барвақт аз хона баромадем. Аз чӣ бошад, ки баъди 50-100 қадам истода, ба гирду атроф назар меандохт. Ман ҳайрон мешудам ва худ ба худ мегуфтам: “Падарам ҳеҷ вақт чунин рафтор намекард”. Вақте ки ба балоғат расидам, сарфаҳм рафтам, ки ӯ пеш аз марг ба гирду атроф, одамон, манзараҳои деҳа хайру манзур мекардааст.

Дар он солҳо нақлиёт кам буда,  сафаракиҳо ним рӯз, як рӯз мошин мепоиданд. Мисли ҳозира таксиву мошинҳои мусофиркаш бешумор набуданд. Вақте ки ба сари роҳ расидем, падарам ҷониби ман гашта таъкид кард: - “Биё бачам, пеш аз сафар як сари манзили модарат рафта дуо кунем”. Мо ҳамроҳ ҷониби мазори бобои Ҳоҷӣ роҳ пеш гирифтем. Баъди чил дақиқа ба гӯристон расидем. Падарам ба ман фармуданд, ки оят хонам. Ӯ аз хурдӣ ба ман хондани “Ҳафтяк”-ро омӯзонда буд ва ҳамаи оятҳояшро азёд медонистам. Дар фарҷоми ояти Ҳазрати Таборак худашон фотиҳа гирифтанд. Оби чашмонашро бо руймолча пок намуда, аз ҷой хеста роҳро нишеб шудем. Дар бозгашт ягон сухан нагуфтанд. Боз сари роҳи калон баромадем. Ягон мошин ҳам набуд. Таги сояи тут нишаста, таклиф кард, ки “биё бачам, дар паҳлуям бишин”. Ман аз тарафи рости падарам болои сабза нишастам. Ӯ рӯяшро суям гардонида, чунин гуфт:

-Бачам, новобаста аз оне, ки ман ҳастам ё не,  ту ақлатро кор фармо. Модарат аз сар рафт. Ман ҳам пир шудам. Ту бояд, ки хонӣ. Агар ҳамин суханҳои маро дар зиндагӣ фаромуш накунӣ, иншааллоҳ, ҳар куҷое бошӣ, хору зор намешавӣ. Ҳамин хел ҳам шуданаш мумкин, ман раваму барнагардам. Вале новобаста ба норасоиҳои зиндагӣ ту бояд соҳибилм шавӣ. Меҳнат кун, бачам. То ранҷ набарӣ, ганҷ намебарӣ.

Ҳамин лаҳза аз ҷониби роҳи Ховалинг автомашинае ҳаракат намуда, ба мо наздик шуд. Рӯ ба рӯи падарам қарор дода, саломалек намуд. Падарам ҳам дар навбати худ саломашро алейк гирифт. Ронанда шодравон акаи Гадо буд. Вақте ки падарам гуфтанд, ки нияти сафар дорам, акаи Гадо “биё, бобои Камол”- гӯён дарро кушода ӯро дар паҳлуяшон шинонданд. Падарам бо ман хайру манзур карда рафтанд.

Бо назардошти он, ки дар авалҳои солҳои шастуми асри гузашта бо сабаби набудани телефонҳои мобилӣ муошират фақат аз шабакаи алоқа имкон дошт, таи ду-се рӯз ягон маълумот дар бораи падарам надоштем. Ба акаам Сайфузаффар, ки дар базаи автомобилии ноҳия кор мекард, аз Кӯлоб язнаам Абдураҳимов Бобо хабари марги падарамро расонида будааст. Як рӯз пас роҳбари синфамон маро ба хонаи муаллимон даъват карда, супориш доданд, ки ба хонаамон равам, кадоме бемор шуда будааст. Китобу дафтарҳоямро бурда, дар хобгоҳи интернат дар ҷои хобам мондаму баромада ба хонаамон рафтам.

Қарибиҳои намози аср ба роҳи мошингарди сангфарши қишлоқ ворид шудам. Сари роҳ аз пешам ҳамсинфам Ҳасан Қодиров баромад. Маро дида бо овози баланд гуфт:-“Эй, хабар дорӣ, ки падарат дар Раҳмонбердӣ мурдааст, одамон барои оварданаш рафтанд”. Якбора пеши чашмамро пардаи сиёҳӣ гирифт. Ёрои сухан гуфтан надоштам. Ҳис кардам, ки ин пардаи сиёҳ гирду атрофро ба оғӯши тирафомаш мекашид.

Вақте ба худ омадам, ки шумхабар аз наздам рафта буд. Ҳамон лаҳза тайёр будам, ки барои хабари шумаш ӯро бӯғӣ кунам. Баъди он, ки ба балоғат расидам, фаҳмидам, ки ӯ дар марги падарам гуноҳ надорад. Ҳама мавҷудоти зинда миранда аст. Сипас, сӯи хонаамон раҳсипор шудам. Ҳис мекардам, ки қадамҳоям устувор нестанд, сарам чарх мезад, дилам намехостпеш биравам. Хаёле ба сарам омад, ҷое биравам, бознаоям. Бо ибораи Лоиқи бузургвор “Зери лаб худ ба худ ва бо Худо гап мезадам”. Худоё, гуноҳи ман чист, ки ин қадар дар саҳрои бепоёни зиндагӣ аввал сарпушаи сарам модарамро ва ҳоло бошад, сутуни зиндагӣ падарамро рабудӣ. Онҳоро ба гулшани ҷаннат ворид сохтиву маро танҳо гузоштӣ. Ба гуфти Муҳаммад Иқбол:

 

Басе гузастӣ,ки одам дар саҳрои кӯҳан,

Мисоли дона таи санги осиё будааст.

 

 

Акаи Сайвалӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекард ва дар бораи фавти падарам намедонист.

Оҳиста-оҳиста бо вуҷуди ларзон вориди ҳавлӣ шудам. Болои суфа, таги тути бедона, ки дастниҳоли модарам буд ва мо акаву додарҳо азизаш медоштем, пур аз ёру ҳамсояҳо буд. Болои суфа мӯйсафедони деҳа ва мардҳо нишаста, интизори овардани падарам буданд. Маро раҳматӣ янгаам Алоҳидамоҳ, ки ӯро то барҳаёт буданаш апа мегуфтам, истиқбол намуда, ба оғӯш гирифту гиря кард.

Ӯ худаш ҳам дарк намуда буд, ки ман бе ҳиссиёт, зиндаи мурда менамудам, фақат пурсидам: - Апа, отам касал шуда буд? Ӯ посух дод, ки “Акаат дина шаб барои оварданаш рафта ва сабаби фавташро аниқ намедонем”. Апаам аз дастам гирифту маро даруни хона бурд, ки ягон хӯрок бихӯрам, вале рад кардам.

Дар воқеъ, нисбати раҳматии апаи Алоҳидамоҳ дар дили ман як меҳри беандоза ҷой дорад. Албатта, ӯ ҷойи модарро иваз карда наметавонист, чунки меҳри модар дигар аст, вале то рӯзи фавташ ӯро модар мехондам. Бисёр одами хуб буда, Худо ҷояш ҷаннат бошаду гӯраш пурнур. Чун модарам дар айёми ҷавонӣ дар синни чиҳилу ду солагӣ аз дунё гузашт. Дер фаҳмидам, ки сабаби маргаш хунукназарии ҷарроҳон будааст.

Қарибиҳои шом садоҳои “Омаданд”, “Оварданд”, баланд шуд. Автомашинаи ГАЗ-53, ки ронандааш акаам Саймузаффар буд, вориди ҳавлӣ шуд. Якчанд мардҳо ҳам аз ҳисоби хешу табори падарам ва тағоҳоям, ки сокинони Раҳмонбердӣ буданд ҳамроҳ омада буданд. Тобутро оҳиста бардошта, даруни хона дароварданд. Раҳматии апаам ҳам, ки падарам дар хонаи онҳо касал шуда фавтидааст, маро дар паҳлуяш шинонда, барои падарам бо сӯзу гудоз мегирист. Ман ҳам бо ӯ гиря мекардам. Ба рӯи падарам зеҳн мондам. Риши сафеди миёна, абрӯвони сиёҳ ва рӯи сафеди покиза дошт. Дар зиндагияш аз китоби адабиёт расми Синоро, ки ба падарам шабоҳат дошт, хеле дӯст медоштам. Гоҳ-гоҳ ба падарам шӯхиомез мегуфтам: - Отаҷон, шумо ба Абуалӣ-ибни-Сино ягон хешӣ доред? Ӯ табассум мекарду чизе намегуфт. Аз ҳад зиёд шеърдону шеърдӯст буд. Маслиҳати ӯро дар маъракаҳои деҳ мепазируфтанд ва эътироф мекарданд. Ӯ ҷаҳондида буд.

Қарибиҳои чошт домуллои қишлоқ тавсия доданд, ки маитро барои хондани ҷаноза ба намозгоҳ бароранд. Ба ёдам нест, ки падарамро дар хона шустанд ё дар хонаи апаам. Наздики пешин тобуташро аз хона бароварда, ба ҷанозагоҳ бурданд. Ману акаам аз қафои тобут мерафтем. Баъди ба итмом расидани ин маросими мазҳабӣ, тобути падарамро дар мошин бор намуда, ба мазори Бобои Ҳоҷӣ, он ҷое, ки модарам ва бобоям дафн карда шудаанд, бурданд. Падарам васият карда буданд, ки гӯрашонро дар қабати гӯри модарам кананд. Ҷасади бе тапишу бе ҳиссиёти падарамро ба хок супоридем. Ҳама бозгашта дар ҳавлиамон дуо карданду аз паси корҳои зиндагӣ ва рӯзгор шуданд.

 

Зиндагӣ давом дорад

Тассавур намекардам, ки аввалин шаби бе падарам, шаби нахустини ятимиро чӣ гуна рӯз мекарда бошам. Вале зиндагӣ қонунҳои худашро доштааст. Ҳамаро ҷобаҷо мекунад, тибқи сарнавишт саришта менамояд. Ҳаёт дар ҳаракат аст, оҳиста-оҳиста ба тақдир тан додам. Ҳар ҳафтае, ки аз интернат ба хона меомадам, аввал ба сари қабри падару модарам рафта, дуо мекардаму пас ба хона меомадам. Баъди гуру чӯби падарам аз апаам сабаби маргашона фаҳмидам. Вақте ки ба қишлоқи Муғулон колхози Карл Маркси ноҳияи Восеъ ворид мешавад, аз акаи Гадо илтимос мекунад, ки ӯро фарорад. Аз мошина фаромада, хонаи бобои Давлатдиёр, ки хеле бо ҳам наздик буданд, даромада ӯро хабар мегираду бегоҳӣ ба хонаи апаам меравад. Масофаи байни Раҳмонбердӣ ва Муғулон тақрибан як километр роҳ аст. Ба гуфти апаам, вақте ки ба хонаашон омаданд, шикоят карданд, ки тарафи чапашон дард мекунад. Ҳамин зайл ду рӯз азият кашиданд. Рӯзи сеюм аз мактаби деҳа парвандаи шахсии маро гирифта ба хонаи апаам оварданд ё ба язнаам супориш доданд, ки ин корро мусбат анҷом диҳад. Худи ҳамон рӯз ё душанбе ё сешанбе падарам аз дарди нобаҳангом аз дунё гузаштанд. Эҳтимол аст, ки аз сактаи дил фавтида бошад.

Ба сину солам нигоҳ накарда ҳис намудам, ки дар вуҷудам гӯё як табадуллот гузашта бошад. Муниси ҳаррӯзаву ҳарнафасам китоб шуд. Дар танҳоӣ мехондам, дар роҳ ҳама ҷо ҳушу гӯшам ба хонишу дониш буд. Мехостам, ки бароям дунёи нав, дунёи худамро созам. Дар синфи ҳафтум тамоми асарҳои устод Айнӣ, “Ғуломон”, “Одина”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ёддоштҳо”, Ҷ.Икромӣ “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, Р.Ҷалил “Одамони ҷовид”, “Шӯроб” ва дигар шоирону нависандагонро хондам. Фанҳои дӯстдоштаам ботаника, зоология, анатомия, химия, физика ва астрономия буданд. Илмҳои дақиқро ба ҳади супоридани имтиҳонҳо мехондам.

Устодон ва ҳамсинфон

Як чизро бояд қайд намуд, ки талабагони синфи мо хубу аъло мехонданд. Ҳамсинфҳоям Мирзоалиев Саидҷон-ҷарроҳ дар ноҳияи Ховалинг, Ғоибназаров Абдуллохоҷа-собиқ директори совхози Восеъ, ҷонишини аввали раиси ноҳия, Мирзохонова Ситора-котиби комсомоли совхози Ховалинг, шодравон Ҷабборова Шаҳрбону-раиси ҷамоат буданд. Мухтасар гӯям, аз 26 нафар ҳамсинфон зиёда аз 20 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Албатта, дар ин ҷода саҳми роҳбари синфамон шодравон Сафар Юсуф, муаллимон Хайруллоев, Аловуддин Миров, Мирзобек Исоев, Нусрат Раҳмонов, Муртазо Ҳалимов, Ҳалим Ҳакимов хеле калон аст. Аз ҳад зиёд сахтгиру серталаб буданд. Талаба ва толибаҳои синфи мо дар чандин азмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, аз фанҳои химия, адабиёт, таърих сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Дар баробари серталаб буданашон чӣ қадар инсонҳои бо ахлоқи ҳамида, меҳнатӣ буданд. Падарвор рафтор мекарданд, мефаҳмонданд, мебахшиданд. Аҳсант ба онҳое, ки дар қайди ҳаётанд. Гузаштаҳоро Худои бузург биёмурзад.

Дар айёме, ки мо дар мактаби миёна мехондем, директори мактаб Абдураҳимов Абдусаттор буд. Ҷавонмарди зардинаи қоматбаланд, бисёр сахтгиру адолатпарвар. Ҳеҷ вақт беасос ба хонандагон ҷазо намедод. Аксарияти талабагону муаллимон ӯро ҳурмат ва эътироф менамуданд. Ба ҳар ҳол дар таълиму тарбияи насли мо заҳматҳои зиёде кашиданд. Фикр мекунам, ки аз сахтгирӣ ва бо масъулияти баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматияш буд, ки ҳар сол 15-20 нафар талабагон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд. Ҳамзамон, то 20 нафар ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд. Ҳоло, ки дар нафақа ҳастанд мо ба устоди арҷманд саломатӣ ва умри дароз хоҳонем.

Ҳаёти берун аз мактабии мо дар интернат мегузашт. То таъсиси мактаб-интернатҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи хонаҳои кӯдакон, ки онҷо ятимон мехонданд аз ҳад зиёд буд. Бо сабаби ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ҷои онҳоро оҳиста – оҳиста мактаб-интернатҳо гирифтанд. То аввалҳои солҳои шастум чунин шабакаҳои таълимӣ дар Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, Кадучии ноҳияи Восеъ, Кангурти ноҳияи Совет ва шаҳру навоҳии вилояти Қурғон-теппа ба кор шурӯъ намуданд.

Сабаби дигари рушди онҳо пеш аз ҳама бисёр будани мактабҳои ҳаштсола буданд. Аҳолӣ дар қишлоқҳо, ки кам буд, талаба намерасид. Аз ҳамин хотир аз қишлоқҳои гирду атроф талабагонро барои давом додани хониш ба мактаб-интернатҳо мебурданд. Дар мактаб-интернати Ховалинг бачаҳо аз қишлоқҳои Сари Хосор, Балҷувон, Чашмаи Нигор, Шехон, Чуқурак, Боғча, Лоҳутӣ, Даҳана, Раҳмонбердӣ, Кадучӣ мехонданд. Масалан ҳайати ҳамсинфони мо ҳамаҷоӣ буданд. Саидов Сайдумар аз Чашмаи Нигор, Одина Ҳасанов ва Абдуллохоҷа Ғоибназаров аз Чуқурак, Муҳаммадӣ Фаттоев аз Қармишак, Ғоиб Раҷабов аз Даҳана буданд.

Масъулини тартибу интизом дар интернат аз ҳисоби муаллимони тарбиятгар буданд. Дар ин самт мутасаддӣ шодравон муаллим Зарифов Ҳаёт буданд. Ӯ худаш омӯзишгоҳи омӯзгориро хатм карда бошад ҳам, вале собиқаи бойи корӣ дошт. Солашон аз чил гузашта буд. То андозае чолоку ҳушёр буд, ки аз тамоми самтҳои зиндагии талабаҳо бохабар мегашт. Ягон чизро аз устод пинҳон карда намешуд. Аз ҳисоби талабаҳо айёрак дошт. Сиёсаташ сахт буд, ҳама аз ӯ метарсиданд. Дар қафояш ӯро бо ҳаргуна тахаллусҳо ёдовар мешуданд. Синфҳои болоӣ ӯро “Берия” меномиданд, синфҳои поёнӣ бошанд, хона ба хона хабар мерасониданд аз омаданаш. Рамзи наздикшавии ӯ “пӯст омад”, “пӯст омад” гӯён якдигарро огоҳ мекарданд. Харобҷусса буд, барои ҳамин “пӯст”-аш мегуфтанд. Риояи тартибро сахт талаб менамуд. Низоми рӯз чунин муайян шуда буд. 6 пагоҳӣ аз хоб хестан, то соати ҳафт тарбияи ҷисмонӣ, 7,50 шустушӯӣ, аз 7 то 9 субҳона. Касоне, ки дар навбати якум то соати як мехонданд аз соати 7-и пагоҳӣ хӯрок мехӯрданд ва сипас ба мактаб мерафтанд. Аз соати 1-и рӯз  то 3 хӯроки нисфирӯзӣ, то 5 дамгирӣ, аз 5 то 7 иштирок дар сексияҳои варзишӣ, хондани китобҳои бадеӣ, омода намудани сару либоси мактабӣ машғул будем. Аз соати ҳафт то ҳашти бегоҳӣ вақти хӯроки шом буд. ва баъд то соати даҳи шаб ҳама вазифаҳои хонагиро иҷро мекарданд.

Иҷрои низомро устод Зарифов Ҳаёт назорат мекард. Шахсоне, ки реҷаи низомро риоя намекарданд, хусусан аз ҳисоби талабаҳои синфҳои болоӣ ҷазо мегирифтанд. Ҷазоҳо мисоли ҷазоҳое буданд, ки дар хизмати аскарӣ ҷой доштанд. Масалан “се наряд”-и бенавбат барои шустани косаву табақи ошхона, шустани фаршҳои хобгоҳ, тоза кардани ҳоҷатхона ва амсоли инҳо буданд.

Солҳои 1964-1965 бошад, дар интернат “дедовщина” пайдо шуд. Талабаҳои синфҳои болоӣ синфҳои поёниро таъқир намуда, саҳар дар ошхона равғани маскаву қанди онҳоро мегирифтанд, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва шом ҳақи гӯшти онҳоро мехурданд. Ин ҳолат дароз давом накард. Муаллим Зарифов аз ин огоҳ шуда, ба директор Давлатшо Қаландаров (рӯҳашон шод бод) хабар дод. Дар маҷлиси умумии интернат саркардаҳои ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, аз интернат хориҷ намуданд.

Ҳамаи хонандагон директори интернатро эҳтиром мекарданд. Шодравон қобилияти ташкилотчигӣ дошта, нисбати талабаҳо бисёр ҳалиму меҳрубон буд. Вобаста ба талаботи давр тавонист, ки ваҳдатро дар байни талабагон ба хотири татбиқи сиёсати замона мустаҳкам кунад. Бисёр суханҳои неку хирадпеша мегуфт. Доимо таъкид менамуд, ки мо сарҷаъм бошем, дар рӯзи сахтӣ дасти якдигарро бигирем. Аз ӯҳдаи вазифаҳое, ки ба зиммааш гузошта шуда буд, сарбаландона мебаромад.

Таи муддате, ки ман дар интернат хондам ягон ҳодисаи дуздӣ ё қонуншиканӣ ҷой надошт. Дарҳои ҷойҳои хоби мо талабаҳо қулфу калид надоштанд. Ҷойҳои хоб ду ва чоркасӣ буданд. Ба фикрам, ки низоми интернати дар шароити сохти шӯравӣ ба таъиноташ ҷавобгӯй буд ва истифодаи он дар шароити мавҷуда аз манфиат холӣ нест. Фақат барномаи фаъолияташро вобаста ба замони муосир омода кунанд, аз гимназияву дигар литсейҳое, ки имрӯз ба майдон омаданд пурқуввату пурзӯр мешавад.

Бартарии мактаб-интернатҳо дар он аст, ки дар баробари донишомӯзӣ ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба қонун, Президент, халқу Ватан тибқи барномаҳои махсуси ҳарбӣ-ватанпарастӣ онҳоро тарбия намоянд. Мактабҳои хусусӣ оид ба ин мушкилот аҳамият намедиҳанд. Ҳамзамон, давлат имконият пайдо мекунад, ки барномаи мактаби Суворовчиёнро дар ҳамаи мактаб-интернатҳо ҷорӣ намуда, афсарон ва мутахассисҳои ояндаро дар асоси барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ таҳия намояд.

 

Занги охирин

Замоне, ки дар саҳни мактаб ва интернат маҷлис доир мешуд, муаллимон, директори мактаб, як ё ду хатмкунанда ва як нафар аз синфи якум сухан мегуфтанд. Маҷлис ҷамъбаст мешуду ҳар кас аз паи кораш мерафт. Мазмуни асосии маҷлисҳо дар мактаб ва интернат аслан аз табрикот ва сипас, ояндаи хатмкунандагон иборат буд. Бо ибораи дигар гӯем муаллимон дар баромадҳояшон ба мо хайру манзур намуда, ҳамаи моро даъват менамуданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, сарбаландона ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шавем.

Дар интернат як анъанаи хуб буд, ки бахшида ба занги охирин мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, ба талабагон зиёфати идона медоданд. Баъд таи даҳ-дувоздаҳ рӯз ҳама ба имтиҳонҳо тайёрӣ медиданд. Ягон хотирбинӣ нисбати талабаҳо намешуд ва ҳама аз таҳти дил тайёрӣ дида, имтиҳонҳои давлатиро месупориданд. Зерсохторҳои маорифи даврони шӯравӣ хеле бақувват буда, талабот ҳам ба хондан зиёд буд. Талабаҳо вобаста ба дараҷаи савияи донишашон метавонистанд касби ояндаашонро интихоб кунанд. Вобаста ба дониш ва дараҷаи саводнокӣ шароити дохилшавӣ ҳам фаррох буд.

Донишгоҳҳову донишкадаҳо, муассисаҳои техникии миёна, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ барои дохилшавандагон омода буданд. Фикр мекунам, ки сохтори Вазорати маориф бояд таҷрибаи фаъолияти сохторҳои маорифи шӯравиро дар замони ҳозира ҳатман истифода намояд. Махсус фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро ба роҳ монад, ки имрӯз аксари тахассусҳои хоҷагии қишлоқ тракторчиҳо, комбайнчиҳо, сантехникҳо, барқчиҳо ва ғайра аз байн рафта истодаанд.

 

Ҳар ончӣ мекардем, сидқан буд

Аз назари инҷониб, Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои рушди иқтисодиёти Иттиҳоди шӯравӣ такони сахте шуд. Агар дар рӯзҳои саршавии ҷанг роҳбарияти Иттиҳод дар ғафлат монда бошад ҳам, вале баъди як моҳ новобаста аз даст рафтани Белоруссия, Киев, қисми Кавказ ташаббусро ба даст гирифта, артиши мағлубнашавандаи Олмонро аллакай дар чандин самтҳо торумор карда, собит намуд, ки нақшаи “Барбарос” хаёли хом аст. Тамоми заводу фабрикаҳо аз қисми ғарб ба Уралу республикаҳои Осиёи Миёна кӯчонида шуда, барои фронт маҳсулот, тиру туфанг истеҳсол менамуданд.

Аҳолии бисёр шаҳрҳое, ки таҳти тасарруфи немисҳо буд, ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ кӯчонида шуда буданд. Дар Душанбе чандин госпиталҳои саҳроӣ ё ки сайёр маҷруҳонро табобат мекарданд. Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ буд, чӣ дар давраи ҷанг ва чӣ баъди он маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пахта, гандум, мева, хушкмева, консерваҳои гуштиву мевагӣ истеҳсол менамуд. Як ида заводу фабрикаҳо аҳамияти стратегӣ дошта, дар вилояти Ленинобод, шаҳри Исфара ва Чкаловск сохта шуда буданд, ки истеҳсоли маводи кайҳонӣ ва ракетаҳо ба роҳ монда шуда буд. Шабакаҳои тарбиявии октябрятҳо, пионерӣ ва комсомолӣ наврасонро дар рӯҳияи коммунистӣ, садоқат ба Ватан тарбия менамуданд. Душмани асосии ҷомеаи сотсиалистӣ ин сохти капиталистӣ буд. Ӯро пӯсида, мурда муаррифӣ менамуданд. Мо ҳама бовар мекардем. Новобаста ба ин ҳаёт пеш мерафт ва тараққиёти ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Ҷои тику карбос ва калӯшро шиму курта, костюму пойафзоли замонавӣ иваз намуд. Самолётҳои “Ил-14” ва “Ил-18” аз Душанбе ба ҷумҳуриҳои Иттиҳод бо хатсайрҳои муайян ба парвоз омаданд.

Саноати сабуки Тоҷикистон пеш рафта, заводҳои “Тоҷикселмаш”, “Тоҷикагрегат”, комбинати “Текстил”, фирмаи “Гулистон” ва як қатор корхонаҳои дигар ба кор шурӯъ намуданд. Ҳазорон ҷавонону ҷавондухтаронро бо ҷои кор таъмин мешуданд. Дар чунин як шароити рушду нумӯи иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ ва тараққиёти ҷомеа мо низ имтиҳонҳои давлатиро соли 1967 бомуваффақият супоридем ва ҳама омода будем, ки саҳми худро дар оянда барои боз ҳам гул-гулшукуфонии қаламрави худ гузорем ва қатори садҳо, ҳазорон садоқати худро нишон диҳем. Ин чиз хаёлот набуд, чунки мо ҳам фарзанди замони хеш будем ва шарики ҳамаи буду набудаш шудем.

Ҳар он коре мекардем сидқан буд ва мо ба ояндаи дурахшон бовар доштем. Дар он айём мо пастиву баландии зиндагиро дарк намуда, ба таъбире “фидоӣ” будем ва агар лозим меомад барои ҳифзи манфиатҳои низоми мавҷуда ҷонамонро дареғ намедоштем. Ман дар рӯҳияи ватандӯстҳои Павлик Марозову Зоя Космедиянская қаҳрамонони “Молодая гвардия”, ҷоннисориҳои Неъмат Қарабоеву Александр Матросов тарбия меёфтам. Ҳоло бошад, ин самтҳоро мо ба ӯҳдаи интернету телефонҳои мобилӣ гузоштем. Садҳо муаллимони собиқадор аз кор рафтанд. Насли ояндаро дар рӯҳияи солим кӣ тарбия мекарда бошад? Беҳтарин мутахассисҳоро ба нафақа равон кардем. Ҷои онҳоро занҳои бешавҳару ҷавонони бетаҷриба пур карданд. Оё аз ӯҳдаи тарбияи насли наврас мебаромада бошанд? Гумон дорам, ки на ҳама ин корро метавонад анҷом диҳанд. Хусусан, ин иқдом дар деҳот хеле паҳн шудааст. Ниҳолро ҳамвора об додан лозим, талабаро бошад, бо китобу дониш муддати даҳ соли хониш мутобиқ гардондан зарур аст, ки одат кунад.

 

Дар шоҳроҳи зиндагӣ

Мактаби миёна ба итмом расид. Номаи камолу натиҷаи ранҷи даҳсола дар дастам. Ҳуҷҷатҳои лозимӣ хислатнома, маълумотномаи тиббиро ҷамъ оварда, ҷобаҷо намудам. Ман дар синфи ҳаштум ба кадом мактаб барои таҳсил рафтанамро интихоб карда будам. Қавл дода будам, ки  ҳуқуқшинос мешавам. Вале ҳамон сол имкони ба Душанбе рафтану имтиҳонҳои дохилиро супоридан надоштам.

Барои ин мақсад маблағи лозимӣ набуд. Ба ҳамин хотир ба бригадае, ки бригадир шодравон Валиев Булбул буданд, ба кор даромада то моҳи июни соли 1968-ум меҳнат кардам. Моҳонаам нағз буд. Аз 80 то 100 сум ба даст мегирифтам. Ин маблағ бо ченаки ҳамон давра пули хуб буд. Чилсумӣ пасандоз мекардаму дигарашро дар хона ба акаам барои харҷ медодам. Як сол ҳам ноаён гузашт. Ман ҳуҷҷатҳоямро барои супоридан омода намудам.

Акаам тавсия доданд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқ супорам. Ба ин хотир аз маъмурияти совхози Ховалинг бароям роҳхат ҳам гирифтанд. Барои он, ки акаам наранҷад, ваъда додам, ки ҳатман ба донишгоҳи тавсияшуда меравам.

Аввалҳои июн бо хонавода хайру манзур кардаму роҳи Душанберо пеш гирифтам. Дар он шабу рӯзҳо бо сабаби кам будани мошинхои сабукрав мо тавассути мошинҳои боркаш сафар мекардем. Аз Ховалинг ба Кӯлоб ва аз вокзали Кӯлоб дар як мошинаи Зил ба Душанбе рафтам. Дар меҳмонхонаи дуошёнае, ки дар даромадгоҳи бозори колхозии Шоҳмансур воқеъ буд, ҷой гирифтам. Ҷойи хобро як рафиқам, ки дар бозор савдо мекард, барои ман банд карда буд. Рӯзи дигараш ба бинои факултаи таърих, ки наздики вокзали рохи охани ш.Душанбе вокеъ буд, рафтам. Дар он чо маъмурияти комиссияи кабул ба университети давлати ҷой дошт.

Ба эълонҳо, тартиби қабули имтиҳонҳо шинос шудам. Санадхои лозимиро сабт намуда, ҳуҷҷатҳоямро ҷобаҷо кардаму рӯзи дигар ба назди даричаи қабули ҳуҷҷат омадам. Як духтар ба гумонам донишҷӯ буд, ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро як-як варақ зада, онҳоро қабул кард. Сипас, расиди қабули онҳоро ба ман дод. Таъкид намуд, ки аз ҷадвали расмӣ рӯзҳои машваратро барои тайёрӣ ба имтиҳонҳо ва рӯзҳои имтиҳонҳоро навишта гирам.

Вақти санҷиши сарнавишти ҷавонӣ ҳам расид. Нахустин имтиҳон рӯзи дуюми август иншо буд. Синф пур аз довталабон буд. Муаллим мавзӯи иншоро эълон намуд. Саволи якум панду ахлоқ дар ашъори Абуабдуллои Рӯдакӣ, саволҳои дигар дар кадом мавзӯҳо буд, ба ёдам намондааст. Барои чӣ саволи якумро фаромӯш накардаам? Чунки иншоро дар ҳамин мавзӯъ навиштам. Қариб аксари эҷодиёти Рӯдакиро аз ёд медонистам. То ҳоло ҳам шеърҳои “Шикоят аз пирӣ”, “Модари май”, “Бӯи ҷӯи Муллиён” аз ёдам нарафтаанд.

Хушбахтона, баъди се рӯз рӯйхати иншо супоридаҳо баромад. Ному насаби онҳое буданд, ки аз имтиҳон нагузаштанд. Се маротиба рӯйхатро аз назар гузаронидам, вале худро наёфтам. Боварӣ ҳосил намудам, ки аз имтиҳони якум бахои мусби гирифтам. Аммо  баҳои чанд буданашро то саршавии имтиҳони дуюм намедонистам. Одатан пеш аз имтиҳони навбатӣ варақаи имтиҳониро ба даст доданд. Имтиҳони дуюм аз фанни таърих буд. Муаллими имтиҳонгиранда Бобоев буд. Дар вақти аз комиссияи имтиҳонӣ гирифтани варақа дидам, ки аз иншо баҳои панҷ гирифтаам. Оҳ, чӣ қадар шодӣ кардам!

 Барои супоридани имтиҳони дуюм ба толор даромада, билетро гирифта, дар пушти мизе нишастам. Ногаҳон садои муаллим баланд шуд:

-Кӣ Камолов?

-Ман,- гуфта аз ҷоям хестам.

-Кадом мактабро хатм намудед?

-Мактаб-интернати ноҳияи Ховалингро.

-Мактаби боқувват будааст,-гуфтанд. Кам нафарон дар имтиҳон аз иншо баҳои панҷ мегиранд.

-Саволҳои имтиҳониро медонӣ?

-Бале,- гуфта посух додам.

Сипас, манро ба наздашон даъват намуда, таъкид карданд, ки агар бе тайёрӣ ҷавоб гӯӣ, баҳои панҷ мемонам!

Саволҳо то ҳоло ҳам дар ёдам ҳастанд. Якумаш дар бораи Иван Грозний, дуюмаш муҳорибаи Курск ва сеюмаш “Тоҷикистон хамчун республикаи автономӣ дар ҳайати Узбекистон” буд. Ба ҳар се савол ҷавобҳои қаноатманд додам. Якчанд саволҳои иловагӣ доданд. Аз ҷумла, пурсиданд: Пестел кӣ буд? Наполеон дар куҷо шикаст хурд? Ҷанги Туркия ва Руссия дар Қрим кай буд? Ушаков кӣ буд? Ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам. Имтиҳонгирандагон ду кас буданд. Ҳарду бо як овоз “Раҳмат ба падарат” гӯён дар варақаи имтиҳонӣ баҳои панҷ гузоштанд. Имтиҳони сеюм низ даҳонӣ аз фанни забон ва адабиёт буд. Ин имтиҳонро ҳам бо баҳои панҷ супоридам. Аз сабаби он, ки мо забони хориҷӣ нахонда будем, аз имтиҳони ин фан маро озод намуданд. Охирон имтиҳон рӯзи 16-уми август буд.

 

Ноумедӣ

Аз рӯи меъёрҳои амалкунанда баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ бояд комиссияи мандатӣ баргузор шавад. Баъди ҷамъбасти имтиҳонҳо барои фаҳмидани рӯзи комиссияи мандатӣ ба бинои комиссияи қабул омада, ба эълонҳо шинос шудам. Тибқи эълон баррасии он дар рӯзи 21-уми август дар назар дошта шуда буд. Фосилаи холиро истифода намуда, рӯзи 17-уми август ба хона рафтам. Ду-се рӯз дар ончо истодаму ба хотире, ки қафо намонам боз ба Душанбе баргаштам. Омадан замон ба бинои комиссияи қабул рафтам, ки ягон тағйирот нашуда бошад. Вақте ки аз намояндаи маъмурияти комиссияи қабул оид ба ин масъала пурсидам, посух доданд, ки ҷаласаи комиссияи мандатии ҳуқуқшиносҳо рӯзи 19-уми август баргузор шуда буд. Сабабашро пурсидам тавсия доданд, ки ба назди декани факулта рафта саҳеҳ кунам.

Бинои факултаи ҳуқуқшиносҳо дар рӯбарӯи универмаги “Олами кӯдакон” дар кӯчаи Айнӣ воқеъ буд. Кабинети декани факулта дар ошёнаи сеюми хамин бино буд. Декани факултаи хукукшиноси бахши рӯзона Косимов будааст. Бо хотири парешону афсурда ба қабулгоҳи декан омадам. Довталабон аз ҳад зиёд буданд. Дар навбат истодам. Навбатам расиду ба ҳуҷраи кории декан даромадам. Вақте ки иҷозат пурсидам, садои “гӯш мекунам” гуфт. Ин садои гӯшхарош дар хотирам мондааст. Суханаш самимӣ набуд, саломамро ҳам алейк нагирифт. Матлабамро гуфта, варақаи имтиҳониро ба дасташ додам. Як шинос шуду “Чаро ба комиссияи мондатӣ ҳозир нашудӣ?”-гӯён савол дод. Посух додам, ки ман тибқи эълони комиссияи қабул амал кардам. Намедонистам, ки комиссияи мандатиро пеш аз мухлат мегузаронанд.

Муддате ба рӯям синча намуда, баъд варақаи имтихониро ба дастам дода, гуфт:

- Ту бача, бо айби худат аз комиссия қафо мондаӣ. Ҳамаи ҷойҳо пур шуданд. Рафта тайёриатро бину соли дигар биё, худам дастгирӣ мекунам.

Фаҳмидам, ки ҳоҷати истодан нест. Ҳис кардам, ки гуё пойҳоям шикастанд, дигар ёрои қадамзанӣ надоштам. Худамро ӯҳда намуда, оҳиста-оҳиста аз кабинет баромадам.

Ин баъди гузаштани падару модарам сеюмин шикастам дар зиндагӣ буд. Худам ҳис намудам, ки ноадолатӣ дар хаёт бисёр будааст. Чӣ тавр ба ҷои хобам омадам, дар хаёлам нест. Чӣ кор карданамро намедонистам. Хаёле ба сарам зад, ки ба акаам занг занам, вале аз райъям гаштам. Ӯ намедонист, ки ман ба институти хоҷагии қишлоқ неву ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супоридам. Агар мегуфтам, ки аз комиссия қафо мондам, эҳтимол таъна мезад, ки гапи як калонтарро, ки нагирифтӣ, сазои сарат ҳамин.

 

Такон

Дар ҳамон шабу рӯзҳо тасодуф дар назди бинои факулта шодравон Раҳимов Абдулхайрро дидам, ки аввалин шуда, аз ноҳияи мо донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносӣ буд. Наздаш омада салому алейк кардам. Ӯ манро шинохт. Худаш се сол пеш аз мо мактаби миёнаи моро хатм карда буд. Ман ҳолати аз сарам гузаштаро ба ӯ нақл намудам. Тавсия дод, ки ба шуъбаи шабона гузарам ва барои он назди ҷонишини ректор Азимов Азимқул дароям. Он кас аз ҳад зиёд одами хубанд, гуфтанд.

Рости гап, дар вуҷудам як эҳсоси боварибахш пайдо шуд. Ба акаи Абдулхайр миннатдорӣ намуда, рост ба бинои рақами яки Университети давлатии Тоҷикистон рафтам. Онҷо дар бораи куҷо будани кабинети Азимов пурсидам. Ба ман гуфтанд, ки дар иморати қафои бинои асосӣ қисми таълимӣ ҷойгир аст, ҳамон ҷо мешинанд.

Соати сеи рӯз рафта, ба қабулгоҳашон даромадам. Дар ҳақиқат ҳеҷ кас набуд. Ба дари ҳуҷраи корияш ангушт задам.

-Дароед, -гӯён аз ҷой хеста, - ҳа, бачам, ту нағз-мӣ? – гӯён салом карданду таклиф намуданд, ки шинам.

Ман шарм доштам, ки марди калонсол наздам бархост. Мӯйҳои ғафс ва абрӯвони сиёҳ доштанд. Қадашон навчаи миёна, сабзинарӯй. Аз чӣ бошад, ки нисбаташон дар дилам як меҳри гарм пайдо шуд. Азимов рӯяшро ҷониби ман гардонда суол кард:

- Ҳа бачам, кӣ туро хафа кард?

Аз дил гузаронидам, ки ӯ илми ҳолро медонад, ки дардмандонро зуд мефаҳмад. Ман ҳам аз фурсат истифода намуда, бо тафсил ҳар чӣ, ки аз сарам гузашта буд, нақл намудам. Дар бораи имтиҳонҳо, қафо монданам аз комиссияи мандатӣ, ба назди декану ректор рафтанҳо гуфтам. То охир маро гӯш кард.

-Варақаи имтиҳонӣ бо худат?-гуфта пурсид.

Ман аз ҷой барои эҳтиромашон хеста, варақаро ба дасташон додам. Он кас варақаро гирифта, шинос шуданд. Аз дил гузаронидам, хайрият инсонҳои наҷиб ҳам дар дунё будаанд. Худамро тасалло дода гуфтам: - Агар корам барор нагирад ҳам, ман аз ин одами наҷиб якумр миннатдорам. Риштаи хаёлоти маро сухани устод бурид.

-Э бачаҷон, ту ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои панҷ супоридаӣ-ку?

-Ту худат супоридӣ ё ба ту ёрдам карданд?

- Устод, ман худам супоридам.

-Ман бовар кардам, аммо якчанд савол медиҳам, агар ҷавоб диҳӣ, туро ба шуъбаи шабона мегузаронам, ҳамин ҳам ба хотири он, ки ятим калон шудаӣ.

Сипас, якчанд суол доданд. Аз ҷавобҳоям қаноатманд шуда, таъриф ҳам карданд.

-Бачам, нағз хон, ту ояндаи хуб дорӣ.

Баъд, тавсия доданд, ки ба номи ректор ариза нависам. Худашон тарзи навиштро ба ман гуфтанд ва дарҳол аризаамро гирифтанд. “Фармонат дар шӯъбаи шабона мебарояд”,- гуфт. То якуми сентябр ягон ҷой рафта корба даро.

Аз хурсандӣ намедонистам чӣ гӯям, фикре ба сарам омад, ки ҷаста ин марди адолатпаноҳро ба оғӯш гирам, бӯса кунам, вале шарм доштам. Вақте ки миннатдорӣ изҳор намудам, оби чашмам рехт. Ҳарчанд кардам худамро дошта натавонистам. Аз ҷояш хеста, наздам омаду сарамро сила карда, гуфт:

-Писарам, хафа нашав, зиндагӣ чизи мушкил аст. Ростқавлу ҳақиқатпараст бош. Айби ту нест, ки бетолеъ ва ятим шудаӣ.

Баъди се шикаст вохӯрӣ бо инсони ҳақиқӣ ва ҳақиқатҷӯ таконе шуд, ки маро сӯи оянда ҳидоят намуд.

 

Ба армонам расидам

Якуми сентябри соли 1968-ум дар нахустин дарси факултаи ҳуқуқшиносии бахши шабона иштирок намудам. Ҳамагӣ 26 нафар донишҷӯ буд. Қариб 80 фисади онҳо русҳо буданд. Декани бахши шабона Ҳасанов Солеҳбой Ҳасанович буданд. Низоми дарс аз соати 1830 бегоҳӣ то 2300 шаб буд. Аксарияти донишҷӯён дар муассисаҳои шаҳрӣ, якчанд нафар дар мақомоти шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба ҳайси прапоршик кор мекарданд. Ман ҳам бояд дар ягон ҷо ба кор медаромадам. Аммо дар қайди шаҳр, ки набудам ба кор дохил шудан мушкил буд. Дар кучаи Шодмонӣ иҷоранишин будам. Соҳиби хона ҳар сари моҳ иҷорапулӣ талаб мекард.

Вазифаи аввалиндараҷаи ман бояд, ки дар ягон ҷо шиносномаамро ба қайд мегирифтам. Аз рӯзҳои аввали хониш бо ҳамкурсам акаи Садриддин Мудинов дӯстӣ пайдо кардам. Ӯ нисбат ба ман калонсол буд. Якҷоя дарс тайёр мекардем. Дар яке аз нишастҳо ӯ аз ман пурсид:

-Саидҷон, ту барои чӣ ягон ҷо кор намедароӣ? Агар кор кунӣ, ҳаштод сум ҳам, ки гирӣ рӯзи худата мегузаронӣ.

-Акаи Садриддин, дар шаҳр шиносе надорам, ки шиносномаамро ба қайд монам.

-О, ҳамин гапа ба ман мегуфтӣ намешуд,- гӯён сарзанишам кард.

-Ростӣ, ака шарм доштам.

-Пагоҳ шиносномаатро гирифта биё. Дар хонаи худамон, деҳаи Ҷӯйбодом ба қайд мегирем. Як маълумотнома ҳам аз деканат даркор, ки дар шӯъбаи шабона хонда истодаӣ.

Ҳарду аз ошхонаи шафати бино хеста, ба дарс рафтем. Дар вақти танаффус ман ба кабинети декан даромада, маълумотномаи донишҷӯи курси якуми бахши шабонаи факултаи ҳуқуқшиносӣ буданамро гирифтам. Тибқи ҷадвал дарсҳои мо аз рӯзи душанбе то шаби шанбе мегузашт. Ду рӯз истироҳат доштем.

Дар байни ду-се рӯз бо акаи Садриддин ҳуҷҷатҳоямро ба тариқи расмӣ дар қайди хонаи онҳо мондам. Як чизро бояд қайд кунам, ки некии акаи Садриддин ҳиммату ҷавонмардияшро доимо қадр мекунам. Ҳоло ҳам бо ҳамдигар дӯстӣ дорем. Аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар ҳастем. Дар давраи раиси Ташкилоти Ҷамъияти Мададгори Мудофиаи ҷумҳурӣ буданам ӯро даъват намуда, ба ҳайси ҳуқуқшиноси ҷамъият таъин намудам.

Баъди қайди шаҳрвандӣ дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ афтодам. Ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе чандин бор рафтем, вале ҳама гӯё маслиҳат карда бошанд, бо як овоз ходимони шуъбаи кадрҳо мегуфтанд, ки ту ҳоло ҷавонӣ, собиқаи корӣ надорӣ. Дар ҳақиқат фаҳмидам, ки корёбӣ дар шаҳр мушкил будааст.

Ҳамон шабу рӯзҳо як дӯстам дар заводи хишти шаҳри Душанбе кор мекард. Ҳини сӯҳбат гуфт, ки “биё ба заводи мо равем, он ҷо коргарон намерасанд. Ба кор медароӣ, моҳона мегирӣ...”. Таклифи ӯро пазируфтам. Ҳарду аз чойхонаи Роҳат хеста, ба шуъбаи кадрҳои заводи хишт рафтем. Корманди кадр русзанак буд. Матлабамро фаҳмида, шиноснома талаб намуда, пурсид, ки дар қайди шаҳр ҳастӣ?

Шиносномаро варақ зада, дид, ки ба расмияти шаҳрдорӣ ҷавобгӯст. Фармуд, ки ба номи директори завод ариза нависам. Навиштам.

Русзанак фаҳмонид, ки дар басти сеюми шабона аз соати дувоздаҳи шаб то соати ҳашти пагоҳӣ кор мекунӣ. Розӣ шудам, чунки рӯзона имкони дамгирӣ доштам. Хурсандиям ҳадду канор надошт. Вақт ҳам хунук шуда, либосҳои гарм надоштам. Моҳи ноябри соли 1968 баъди дарс ба завод рафтам. Аз рӯи гуфти бригадир бояд хиштҳои пухтаро бо чанд коргарони дигар болои оҳанҳо (падон) тал мечидем. Ду соат пас ман бо як ҷавони дигар болои хумдонҳо баромада ба оташдонҳо ангишт меандохтем, ки ҳарорати гармиро нигоҳ медошт. Аз қазо, зимистони соли 1968-умро касе ёд дошта бошад, сербарфтарин зимистон буд. Дар кӯчаҳои шаҳр баландии барфи ду канори роҳҳо то 2-3 метр мерасид. Ангиштро ба оташдонҳо меандохтем, сипас, даруни хумҳои хиштпазӣ медаромадем. Гармии хоктуда то 60 дараҷа мерасид. Аъзои бригада болои хоктудаи гарм дароз мекашидем. Баъди сардӣ чӣ қадар лаззат дошт ин гармӣ. Пойҳоямонро аз мӯзаҳо кашида, таги хоктуда меандохтем.

Оҳиста-оҳиста маҷрои зиндагиям дуруст шуд. Сад сӯм моҳона мегирифтам. Баъзан пасандози сӯмҳоямро ба хона ҳам равон мекардам. Акахоям ронанда шуда кор мекарданд. Зимистон, ки кор набуд 30-40 сӯмӣ мохона мегирифтанд. Рӯзона то нисфирӯзӣ дам мегирифтаму боқии рӯз то саршавии дарс рафта дар китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ мутолиа мекардам. Адабиёти асосӣ ва иловагии ҳуқуқшиносҳо бидуни кодексҳо ба забони русӣ буданд. Аз ҷиҳати донистани забон танқисӣ мекашидам. Тасмим гирифтам, ки ҳатман бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намоям. Дарк намудам, ки дар оянда бе донистани забони русӣ мушкили зиёдеро паси сар кардан лозим меояд. Имтиҳонҳои нимсолаи якӯмро бо баҳои хуб ҷамъбаст намудам.

 

Сарбоз шудам

Моҳи майи соли 1969 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Роҳи оҳан даъватнома гирифтам. Дар ин давра дар қайди кӯчаи Шодмонии шаҳри Душанбе мезистам. Имтиҳонҳои нимсолаи дуюмро насупорида ба хизмати аскарӣ рафтам. Намояндаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки онҳоро харидор мегуфтанд, аз Прибалтика буданд. Даъватшавандагони ноҳияи Роҳи оҳан дар ду вагони охири ҳайати вагонҳо буданд. Мо 12 шабонарӯз роҳ гаштем. Рӯзи сенздаҳум моро аз вагонҳо фароварда, ба қисми ҳарбӣ бурданд. Ҳамон ҷо мо аз афсарон фаҳмидем, ки ду вагони охиринро ба шаҳри Тартуи Республикаи Советии Сотсиалистии Эстония оварданд.

Мо, сарбозон дар низоми “карантин” қарор доштем. Дар байни як ҳафта тоҷикписаронро ба гурӯҳҳо ва взводҳо ҷудо намуда, барои хизмат ба дигар қисмҳои ҳарбӣ фиристоданд. Ман, ки забони русиро медонистам, бо се нафар душанбегӣ барои хондан дар бахши сержантӣ дар маркази таълимӣ мондем.

Қисса кӯтоҳ, баъди шаш моҳ рутбаи сержанти хурдро гирифта, аз хамон чо рост ба шаҳри Советский вилояти Калининград интиқол шудам.  Дар тавсияномаам ба ҳайси командири туп (орудия) сафарбар шудам. Тибқи роҳхат ман ба қисми ҳарбии 36550, ки дар шаҳри Советский, вилояти Калининград ҷой дошт, барои ифои хизмати ҳарбӣ омадам. Командири баталиён подполковник Колмичков А.И. баъди суҳбат маро командири шуъбаи 3-юми гаубитсии қутраш 120 мм таъин намуд. Моҳи декабр аввалин маротиба ротаи мо, ки дар он 6-гаубитс ва ду взвод, (ҳар взвод иборат аз 3-гаубитсӣ буд) ба ҷониби машқгоҳҳои ҳарбӣ, ки Доброволский ном дошт, ҳаракат намудем.

Дар чунин лаҳзаҳо ҳама дар ҳолати омодагии ҷангӣ мустақилона ба мавқеъ ва муҳлати муқаррарӣ бояд ҳозир бошанд. Дар роҳ онҳо ба монеаҳои сунъӣ вомехӯрданд, дар ҷойҳои танг дарахтон бурида мешуданд, аз ботлоқзорҳо мегузаштанд. Харитаи амалиётҳо пеш аз қисми ҳарбӣ баромадан ба командирҳои орудияҳо дода мешуд. Вақти ҷамъбастӣ натиҷаи машқҳои ҳарбӣ аз рӯи иҷрои амалиёти нақшавӣ ва иштироки бевоситаи онҳо дар машқгоҳ, ба нишон расидани тирҳо баҳо мегузоштанд. Инчунин ҳар як командир дар масофаи то як километр бояд нишонаҳои ҷангиро маҳв менамуд. Як нишон беҳаракат буд ва дуюмаш дар сонияҳои муайян пасту баланд мегашт. Барои задани онҳо се тир ҷудо мешуд. Ин раванд хеле мушкил буд. Мебоист дар чил сония масофаи байни орудия ва нишон муайян мегардид ва дар ҳамин муддат тири аввал ба ҳадаф мерасид. Кадоме, ки ин амалиётро бо баҳои аъло иҷро мекард, сазовори ҷои якум ва 10 шабонарӯз рухсатӣ барои ба хонаашон рафтан мегирифт.

Албатта, дар ин машқ баробари командир ҳама кор мекарданд. Мо сеюмин шуда тир паррондем. Ҳарду нишонро бо ду тири аввал парронда маҳв намудем. Баъди даҳ рӯзи ҷамъбасти натиҷаи машқҳо дар байни полкҳои пиёдагард, танкчиҳо, алоқачиҳо, минамиётчиҳо ротаи мо ҷои якумро гирифт. Аз шаш ҳайати гаубитсчиҳои рота панҷтояш сазовори ҷои якум ва яктояш дуюм шуданд.

Ба ҳамаи панҷ нафар командирҳо қумандони дивизия генерал-майор В.Сергеев даҳ шабонарӯз неву понздаҳ шабонарӯзӣ рухсатӣ эълон намуд. Ман ҳам дар ҳамон ҳайат шомил будам. Ба ҳамаи командирҳои гаубитсҳои рота унвонҳои ғайринавбатӣ сержант дода шуд. Гирифтани унвон ё ҷои намоён чӣ қадар хурсандиовар буд барои сарбозон. Намояндагони ҳамаи миллатҳо аз 15 республикаи Иттиҳоди шӯравӣ дар қисмҳои ҳарбӣ хизмат мекарданд. Мо ҳаракат менамудем, ки шарафи миллатамонро дучанд бардорем. Ҳини суҳбат намегуфтанд, ки фалонӣ ҷои якӯмро гирифт. Дар дивизия мегуфтанд, ки “таджик лучше всех стрелял и занял первое место, молодец!”. Дар варақаҳои ҷангӣ ва рӯзномаҳои округ менавиштанд, таъриф мекарданд. Чӣ андоза фараҳбахш буд айёми хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ! Ин мактаби мардонагӣ буд. Ҳамин хел низоми кор нағз ба роҳ монда шуда буд, ки баъди адои хизмат бо оби дида аз ҳам ҷудо мешуданд.

Буданд баъзе мушкилотҳо, вале чандон зиёновар не. Вақтҳои охир вожаҳои “старики”, “молодые” ба миён омаданд, ки пинҳонӣ садо медод. Дар он қисмҳое, ки интизом сахт буд, ин падидаҳои номатлуб тез аз байн мерафтанд. “Старики” онҳое буданд, ки аз як сол зиёд хизмат карда буданд. “Молодые” бошад, то як сол хизмат доштаро мегуфтанд. “Старики” баъзан қонуншиканиҳо мекарданд, ҳақи хӯроки наваскаронро мехӯрданд, онҳоро кор мефармуданд. Чунин рафтори номақбулро афсарон, масъулони ташкилотҳои комсомолӣ, контразведкаи ҳарбӣ пешгирӣ менамуданду гунаҳкоронро ба ҷазо мекашиданд.

Баъди ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ полки мо ба ҷои муқимияш ба шаҳри Советский баргашт. Барои дар машқҳои ҳарбӣ ҷои якум гирифтани ротаи 1-уми артилерӣ, командири моро ба Ситоди дивизия гузарониданд. Ба ҷои ӯ майор Галинский Александр таъин шуд.

Ман ҳангоми рухсатии ғайринавбатӣ ба хона нарафтам. Чунки роҳ хеле дур буд: аз Калининград ба Москва, аз он ҷо ба Душанбе рафтан лозим меомад. Бо пешниҳоди командири пештараамон маро командири взводи якуми ротаи артилерӣ таъин намуданд. Моҳи феврали соли 1970 ротаи артилерии моро бо фармони командири округи ҳарбии Прибалтика ба шаҳри Лугаи вилояти Ленинград кӯчониданд. Дар ин шаҳр Академияи ҳарбии артилерии Артиши шӯравӣ фаъолият менамуд.

 

Бозгашт

Тамоми санҷишу озмоишҳоро ходимони артилерия бо тӯпҳои ҷангии мо мегузарониданд. Ҳамин ҷо моҳи январи соли 1971 ба номзадии ҳизби коммунист қабул шудам. Бо тавсияи командири рота маро барои афсари эҳтиётӣ шудан ба шаҳри Калининград фиристоданд. Баъди супоридани имтиҳонҳо бо фармони командири дивизия ба ман рутбаи лейтенанти хурд доданд. Моҳи майи ҳамон сол боз ба қисми ҳарбӣ баргаштам ва як моҳ пас баъди адои хизмати ҳарбӣ ба Тоҷикистони азизам баргаштам.

Анъанае роиҷ буд, ки вақти бозгашт дар аэровокзал ё вокзали роҳи оҳан соҳибони таксӣ ва мошинаҳои шахсӣ шабонарӯз роҳи аскарбачаҳоро мепоиданд. Ҳангоме, ки аз қатора ё тайёра мефаромаданд, ронандаҳои мошинаҳо омода буданд, ки онҳоро ба ноҳияҳо, ба хонаҳои падару модарашон бурда расонанд. Ин хизмат албатта бемузд набуд. Онҳо барои ин на кам аз дусад сум “шодиёна” меситониданд. Мавридҳое мешуд, ки байни онҳо муноқиша сурат мегирифт. Пеш аз сафи артиш ҷавоб шуданам ба акаам ва ягон кас чизе нагуфта, дар шаҳри Тошканд шиму пиҷҷак харида, либосҳои хизматиямро дар ҷомадон ҷобаҷо намуда, бо тайёра ба Душанбе парвоз кардам.

Тасмим гирифтам, ки сараввал ба назди декани факултаи ҳуқуқшиносӣ рафта, мушкили аз нав барқарор карданамро дар факулта ҳал мекунаму баъд ба хона меравам. Аз фурудгоҳ таксӣ гирифта, рост ба хонаи амаки Сергей, ки ман онҷо пеш аз аскарӣ иҷора менишастам, рафтам. Қарибиҳои нисфирӯзӣ буд. Амаки Сергей ва хонумаш Елена-апа маро хеле хуб пешвоз гирифта, бароям як пиёла чой ҳам омода карданд. Ман барои онҳо як шиша коняк ва як қуттӣ конфет тӯҳфа оварда будам. Хуллас, то як ҳиссаи шаб нишаста, суҳбат кардем. Онҳо аз боби дар куҷо хизмат карданам суолҳои зиёде доданд. Аз хизматам дар аскарӣ бошавқ маълумот додам. Чӣ одамҳои нек буданд. Ҳарду ҳам охирҳои солҳои ҳаштодум аз дунё гузаштанд. Иллоҳо, рӯҳашон шод бошад! Дар вазнинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ба ман дасти ёрӣ дароз карданд. Ман ҳам дар ҳаққи онҳо каму беш қарзи инсониямро адо кардам. Дар айёми пиронсолӣ дасташонро гирифтам.

Рӯзи дигараш қарибиҳои соати нӯҳ ба назди декани шуъбаи шабона рафтам. Дарро кушода, дидам, ки паси миз Солеҳбой Ҳасанов нишастааст. Салом дода баъди иҷозат ба курсӣ нишастам, матлабамро гуфтам. Устод пурсиданд, ки оянда дар кадом бахш хонданиям? Бахши рӯзонаро ном бурдам. Тавсия доданд, ки моҳи август омада, ҳуҷҷатҳоямро барои барқароршавӣ ба декани факулта пешниҳод намоям.

Дар давраи хонданам бо устод муносибати наздик доштем. Дар ҳамаи нишастҳо дар бораи аъло хондани ман нақл мекарданд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӯчида ба Хуҷанд рафта, ҳамон ҷо мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ шуда кору фаъолият карданд. Як маротиба дар давраи раиси Кумитаи сарҳадии ҷумҳурӣ буданам бо он кас вохӯрда, гузаштаро ба ёд овардем. Бо диабети қанд аз дунё гузаштанд. Иллоҳо, ҷояшон ҷаннат бошад!

Инсони наҷибе буд, устод Солеҳбой Ҳасанов! Ба тасаввурам, як фарди нотакрор мондааст.

Баъди сомони мушкилоти мутааллиқ ба худам азми хонаравӣ кардам. Як мошини сабукрави “москвич”-ро бо се мусофири дигар киро намуда, то Кӯлоб рафтем ва аз фурӯдгоҳи шаҳрӣ барои парвоз ба Ховалинг чипта харидам. Аз фурудгоҳи Кӯлоб тайёраҳои тамғаи “АН-2”-и як матора бо 12 ҷои нишаст ба ҳамаи самтҳо парвоз мекарданд. Агар хато накунам, тахминан бист дақиқа то Ховалинг роҳ буд. Дар вақти таъинӣ тайёраи мо ба фурудгоҳи Ховалинг фуруд омад. Ман ҷомадонамро гирифта пиёда-пиёда ҷониби деҳаамон роҳ пеш гирифтам. Ба деҳа нарасида, дар гӯшае либосҳои мулкиро ба либосҳои ҳарбӣ иваз намудам.

Ҳар андоза ба деҳа наздик меомадам, дилам хиҷил мешуд. Худ ба худ мегуфтам: кошкӣ очаам ё падарам ягонтояшон зинда мебуданду ба қади расову либосҳои низомиям менигаристанд. Ҷои шубҳа набуд, ки акаҳоям ва янгаҳоям аз омаданам хурсанд мешуданд, вале касе ҷои модар ва падарро иваз карда наметавонист. Дар урфият мегӯянд, ки “хола ба ҷои модарай, вале ҷои модар дигарай”. Бурду бохтҳои тақдирро паёпай медидам. Аҷабо, то хона наздик шуданамро касе нафаҳмид. Вақте ки аз “Чашмаи тиллоӣ” гузаштам, апаи Моҳинав, очаи Баҳром аз дур маро шинохта, “Оҳ бачам, ту раисӣ, аз хизмат омадӣ?”-гӯён китфҳоямро модарвор бӯсид. Лаҳзае тассавур намудам, ки дар оғӯши модарам бошам. Аммо ин тӯл накашид ва аз дунёи хаёлот баромадам. Аз ӯ бӯи модарам меомад. Ӯро чун очаам тамоми умр дӯст медорам. Ӯ ҳамсинни модарам, ҳамсояи дасти росташ, розгӯи ӯ буд. Ҳар вақте ки ӯро медидам, ба машомам бӯи модарам мерасид. Раҳматӣ, аҷоиб инсони хуб ва зани меҳрубоне буд. Айёми наврасӣ, рӯзҳои шанбе, вақте ки хона меомадем, писараш дӯсти тифливу наврасиям Баҳромро оғӯш карда, дӯстдорӣ мекарду маро мисли фарзандаш навозиш менамуд.

Вақте ба балоғат расидам, сарфаҳм рафтам, ки ӯ мехост, ки ман дилшикаста набошам ва ба ҳамин хотир дар баробари Баҳром маро дӯстдорӣ мекард. Ҳамин меҳри беандозааш буд, ки пас аз даргузашти ӯ гиря кардам. Агар дуои ман мустаҷоб гардад, иллоҳо, ҷояш ҷаннат бошад! То абад меҳри модарияш дар қалбам ҷой дорад.

Баъди пурсупоси апаи Моҳинав ба хона даромадам. Аллакай дар як лаҳзаи кӯтоҳ омадани ман овоза шуду ҳамдеҳаҳо барои дидорбинӣ меомаданд. Дар деҳа ёру ҳамсояҳо аскарбачаҳоро ҳар шаб ба хонаҳояшон ба меҳмонӣ даъват менамуданд.

Як сол пеш аз омадани ман акаи хурдиям бо зану ду фарзандаш аз хонаи падарам баромада, барои аҳли оилааш хонаи нав сохта будааст. Бино ба гуфти раҳматии акаам Сайвалӣ занакҳо бо ҳамдигар соз нагирифтаанд.

 

Ба қуллаҳои дониш

Дар ҳалқаи хешу таборон як моҳ чихел гузашт, нафаҳмидам. Моҳи август ба шаҳри Душанбе рафтам. Бо тавсияи Солеҳбой Ҳасанов ариза навиштам, ки маро дар бахши шуъбаи шабонаи ҳуқуқшиносӣ барқарор кунанд. Устод пурсид, ки чаро рӯзона не? Танқисии вазъи иқтисодии хонаводаро фаҳмондам. Беҳтар он аст, ки шабона мехонаму рӯзона дар ягон ҷо кор мекунам. Ба аризаам имзо гузоштанд, ки аз якуми сентябр ба дарс биоям. То ин дам дар Раёсати сохтмонии №12 (СУ-12) ҷои кор ёфта будам. Ба хотире ба сохтмон рафтам, ки коргаронро бо ҷои хоб таъмин мекарданд ва ба қайд мегирифтанд. Дарсҳо сар нашуда, ба сифати деворгари дараҷаи II ба кор даромадам, хобгоҳ гирифтам. Маълумотномаро пеш аз дарс оварда, ба Ҳасанов додам. Устод маро табрик намуда, гуфт, ки ректори донишгоҳ фармони дар курси якуми бахши шабона хонданамро имзо кардаст. Хурсандиям ҳадду канор надошт.

Рӯзи якуми сентябр соати шаши бегоҳӣ ба бинои факултаи ҳуқуқшиносӣ, ки ҳамон бинои пештара буд, ба дарс омадам. Дар гурӯҳ ҳамагӣ 30 нафар донишҷӯ буд. Дарсҳо бо забони русӣ ҷараён мегирифт. Баъди чанд рӯзи таҳсил Солеҳбой Ҳасанов - мудири кафедраи “назарияи давлат ва ҳуқуқ”, ҳамзамон ҷонишини декан оид ба шуъбаи шабона, пеш аз оғози дарс ба толор даромада, аз таъини сардори гурӯҳ сухан ронд. Сипас, номзадии маро пешниҳод намуда, иҷрои ин вазифаро ба ӯҳдаам гузошт. Дар байни мо як ё ду нафар дар мақомот кор мекарданд, дигарон дар муассисаву идораҳои гуногун, заводу фабрикаҳо ва сохтмон фаъолият доштанд.

Таи се моҳ шогирди усто будам. Моҳи чорум устои дараҷаи III-юм шудам. Ҳаштод сӯм моҳона мегирифтам. Вобаста ба он давру замон ин маблағи калон буд. Барои зиндагии як нафар мерасид. Тассавур кунед, ки як кг гушт 1 суму 90 тин, картошка 14 тин, нон 10 тин, як коса лағмон 45 тин, оши палав 50 тин буд. Дар баробари дар истеҳсолот кор карданам бо баҳои “аъло” мехондам. Ҳамаҷониба ҳаракат мекардам, ки намуна бошам. Он солҳо факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон аз беҳтаринҳо дар миқёси Иттиҳоди шӯравӣ маҳсуб меёфт. Донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори ИҶШС дар ин факулта таҳсил менамуданд. Бештари толибилмон аз Узбекистон омада буданд. Беҳтарин олимони Маскаву Саратов, муаллифи “Ҳуқуқи гражданӣ”, Иоффе-директори институти ғоибонаи ҳуқуқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Саратов, Сахаров, собиқ муаллимони факултаи ҳуқуқи Тоҷикистон буданд. Як идда олимони машҳур Раҷабов Солибой Ашӯрович, аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои СССР Гимпелеевич Р.В., муаллифони китобҳои дарсии “Назарияи давлат ва ҳуқуқ”. Яковлевҳо, “Ҳуқуқи Рим” ва мудири кафедраи “Ҷиноятҳои ҷинсӣ”-и Университети ба номи М.В. Ломоносов дар донишгоҳҳои олии шаҳри Москва дарс мегуфтанд.  

Нимсолаи аввал ва дувуми солҳои таҳсили 1971-1973-юмро бо баҳои аъло ҷамъбаст намудам. Соли 1971 номзадӣ аъзои ҳизб қабул шудам. Дар ҷои корам ба ҳайси бригадири сохтмон таъинам карданд. Соли 1973 тибқи тавсияи ташкилоти ибтидоии СУ-12 аъзои ҳизби ноҳияи маркази шаҳри Душанбе таъин ва соли 1974 депутати шӯрои шаҳри Душанбе, ҳамзамон, узви ҳизби кумитаи шаҳри Душанбе интихоб шудам. Ду навбат депутати шаҳрӣ будам. Моҳонаи хуб мегирифтам. Ба қадри ҳол ба иқтисодиёти хона ёрӣ мерасонидам. Дар ташаккули шахсиятам дар факулта шодравон Солеҳбой Ҳасанов, Шариф Розиқов, Ойгензихт В.А. дар сохтмон, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе Мамадназаров М., сардори Раёсат Сикоев А.И., муҳандиси сохтмон Степанян А. саҳми босазо гузоштаанд. Ба пайвандонашон як ҷаҳон ташаккур мегӯям.

Ҳаёт мактаб аст, зиндагӣ-омӯзиш. На ҳар кас қудрат дорад, ки ба шебу фарози он тоб оварад. Яке дар нимароҳ, дувумӣ дар охири он аз масофа мебарояд. Оне, ки иродаи қавӣ, имони комил дорад, ба қуллаи мурод мерасад. Алома Муҳаммад Иқбол хеле хуб гуфтааст:

 

Шабе зор нолид абри баҳор,

Ки ин зиндагӣ гиряи пайҳам аст.

Дурахшид барқи сабуксайру гуфт:

“Хато кардаӣ”, хандаи як дам аст.

 

Маҷрои худамро ёфта будам

Кайҳо ба муҳити ҷомеа ворид шуда, мисли ҳазорон ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аъзои комсомолу ҳизби коммунист буданд, барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон, мардуми диёр дар қатори онҳо хурсанд кор мекардам, шабона мехондам. Дар рӯҳияи ғояҳои Марксизм, Ленинизм насли ҷавон тарбият мегирифт. Ман ҳам акнун дар зиндагӣ маҷрои худамро ёфта будам. Дар вуҷудам худмухториро ҳис намуда, рӯзгорамро аз меҳнати поку ҳалол таъмин менамудам, аз касе вобастаи моддӣ ва маънавӣ набудам. Ҳамин худмухторӣ ба тақдири ояндаам латма ворид сохт.

Дар бахши сеюму чоруми донишҷӯӣ, акаам дар қатори аълочиёни факулта овезон буд. Ният доштам, ки баъди хатми Университет ба аспирантура дохил шавам. Инзамон дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар бахши такмил ширкат варзида, бо роҳбарии дотсент В.А. Ойгензихт дар омода намудани асари илмии “Проблемы риска в гражданском праве” саҳм гузошта будам. Аммо боз тақдир хаёлу орзуҳои маро ба дигар самт бурд. Шарикдарсам прапоршик Козлов А.А. дар курси чорум якчанд маротиба пешниҳод намуд, ки ман корманди амният шавам. Ӯ дар ин хусус бо ходими кадри Кумита машварат кардааст.

Тобистони соли 1974 дар сессияи навбатии Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии шаҳри Душанбе, ки баромад карда будам.  Ин лаҳза тавассути барномаи “Ахбор”-и Телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардид. Корманди шуъбаи кадрҳои Кумита шодравон Умурзоқ Шерматов ба зердастонаш супориш додааст, ки маро барои суҳбат таклиф намоянд.

Бегоҳӣ ҳангоми дарс Козлов гуфт, ки пагоҳӣ барои суҳбат ба шуъбаи кадри амният биравам ва афзуд, ки худаш маро истиқбол мекунад. Саҳарӣ либосҳои расмӣ пӯшида, ба назди бинои Кумитаи бехатарии давлатӣ омадам. Бинои нави панҷошёна ва иншоотҳои гирду атроф набуданд. Шуъбаи кадрҳо дар ошёнаи якуми бинои куҳнаи дуошёна ҷойгир буд. Ҳамроҳи Александр ҷониби дохили бино рафтем. Ӯ пешакӣ рухсатномаи даромаданро ҳал карда, маро ба ҳуҷраи кории Умурзоқ Шерматов бурд.

Ҳамсуҳбатам аз тариқи саволу ҷавоб гоҳе бо русӣ гап зада, хоҳиш менамуд, ки бо ин забон гап занам. Пай бурдам, ки ӯ савияи забондониямро омӯхтанист. Дар бораи аз ҳисоби синфи коргар таъмин намудани сафи кормандони амният сухан ронда, таъкид намуд, ки дар ин ҷода беҳтаринҳоро ду-се сол омӯхта, баъд ба кор мегиранд. Хизмат ба Ватан дар сафи кормандони амниятро шарафмандӣ арзёбӣ намуд.

Мароми дар оянда корманди соҳаи илм шуданамро фаҳмида, баён дошт, ки шумо баринҳо барои амният заруред, метавонед корҳои таҳқиқотиро давом диҳед. Ахиран розигиямро нисбати оянда дар мақомоти амният кор карданам додам ва тарҷумаи ҳол, варақаи шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимиро тавассути Александр ба шуъбаи кадрҳо супоридам.

Инак, баъди ду соли омӯзиш маро  дар мақомоти амният ба кор пазируфтанд. Ҳамон сол дар курси панҷуми шӯъбаи шабона таҳсил мекардам. Фармони раиси Комитети бехатарии давлатии СССР оид ба таъин намуданам ба ҳайси муфаттиши шуъбаи тафтишотии КБД РСС Тоҷикистон 19-уми июли соли 1976-ум содир шуд. Хурсандиям ҳадду ҳудуд надошт. Зеро, дар доираи талаботи самт ҳанӯз дипломи ҳуқуқшиносро нагирифта, сари ин вазифа омадан саҳл набуд.

Гумон доштам, ки маро ба кори фаврӣ мегузаронанд, вале фикрам нодуруст баромад. Рӯзи 20-уми июл соати  нуҳи пагоҳӣ, ҳамроҳи Умурзоқ Шерматов аз бинои дуошёнаи Кумита рафтем. Дар ошёнаи якум шуъбаи тафтишот, шуъбачаи панҷум, ташхис ва шафати рости поликлиникаи Кумита ҷойгир буданд.

Сардори шуъба полковник Фирстов Николай Павлович, ҷонишинашон полковник Ҷамолов Абдураҳмон Насибҷонович ходимони Раёсати тафтишотиро даъват намуда, ҳамаро бо фармон оид ба таъиноти ман шинос намуда, табрикам гуфт. Подполковник Ляхов И.Г. бо супориши роҳбарият нақшаи ба кори мустақил омода карданамро тартиб дод. Аслан вазифаи муфаттиш тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ бурдани тафтишоти пешакӣ мебошад.

 

Кори мустақил

Тибқи низоми ҳамон давра то шурӯъ ба кори мустақил муфаттиш амалиёти пурсиши шоҳидон, ҷабрдидагон, гумонбарон, таъини ҳар гуна ташхис, азназаргузаронии ҷои ҳодисаро бояд, хуб медонист. Баъди ин мустақил ё дар ҳайати ягон гурӯҳи тафтишотӣ сафарбар мешуд. Роҳбарият таъкид менамуд, ки ба тақдири одамон бозӣ накунед, Худо накунад, ки ягон фардро бегуноҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашем, ё беасос таъқиб кунем. Талабот ба риояи қонун аз ҳад зиёд баланд буд. Барои ҳаракатҳои ғаразнок ва баҳои нодуруст додани ҷиноят танбеҳи сахт медоданд. Масъалаи риояи қонун ва меъёрҳои амалкунанда зери назорат қарор дошт.

Таҳти сарпарастии Фирстов беҳтарин ҳуқуқшиносҳо, сармуфаттишҳо оид ба корҳои махсус подполковник И.Г.Ляхов, подполковник А.Тесёлкин, подполковник Ф.Н. Ҳасанов, сармуфаттишҳо майор А.Г.Жгутов, капитан М.И.Осин, майор Ҷ.Ибодов, майор К.Т.Султонов, муфаттишҳо лейтенант А.И.Козлов, лейтенанти калон Ю.Н. Касухин ва лейтенант С.Қ.Камолов дар марказ кор мекарданд. Дар сохтори шӯъба 14 муфаттиш, 2 роҳбар ва 2 тарҷумон буд. Мебоист яке аз тарҷумон забони қирғизӣ ва уйғуриро медонист. То сари қудрат омадани Денсяопин дар Хитой роҳбари онвақтаи Республикаи Халқии Хитой Мао Тсе Зедун тамоми муносибатҳоро бо Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ гардонда буд. Сабаби асосии ба миён омадани чунин вазъият пеш аз ҳама маҳкум намудани И.В.Сталин дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Н.С.Хрушев буд. Мао бо Сталин дӯстии наздик дошта, аз ҳамин лиҳоз сиёсати пешгирифтаи Хрушевро напазируфта аст. Ҷумҳурии мо бо Хитой аз минтақаи Мурғоб ҳаммарз буда, аз он тарафи сарҳад вилояти автономии Уйғурҳо ҷойгир аст. Дар ин вилоят қабилаҳои турк забон, уйғурҳо, узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва дар ноҳияи Ката-Қӯрғон тоҷикзабонҳо мезистанд.

Хадамотҳои махсуси Хитой аз ҳисоби аҳолии округи автономӣ барои ҷамъ намудани ахбори мазмуни сиёсиву иқтисодӣ ва ҳарбӣ дошта, онҳоро ба қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон мефиристоданд. Онҳо дар вақти гузаштан аз сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун гумонбар дастгир ва нисбаташон амалиёти фаврию тафтишотӣ гузаронида мешуд. Будани тарҷумонҳо дар сохтор ба хотири ҳамин амалиётҳо буданд.

Нахустин маротиба соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар ҳайати се гурӯҳи тафтишотӣ фаъолият намуда, ду парвандаи ҷиноиро нисбати ҷой доштани қаллобии аз ҳад калон анҷом додам. Баъд як силсила парвандаҳои дигарро тафтиш намуда, барои бо муваффақият ва бе ягон камбудӣ дар Суди Олии ҷумҳурӣ баррасӣ шудани онҳо унвони капитанро сазовор шуда, ба ҳайси сармуфаттиш таъин гардидам.

 

Тафтишот тайёр нест

Соли 1979 полковник Н.П.Фирстов ба нафақа баромад. Ба ҷои ӯ подполковник Ковтун А.Г. сардори Раёсати тафтишотӣ таъин шуд. Ӯро аз шуъбачаи Раёсати тафтишотии вилояти Киеви Украина ба Тоҷикистон интиқол доданд. Дар сохтори тафтишот ва техникию фаврӣ то давраи солҳои 1985-ум ягон тоҷик сарвар набуд. Албатта, сабабҳои ин падидаи номаълумро роҳбарияти Кумитаи бехатарии Иттиҳод медонист. Мо оид ба ин масъала ахбори аниқ надоштем, вале пай мебурдем, ки ба мутахассисони маҳаллӣ чандон эътимод надоштанд. Ҷамолов Абдураҳмон Насибҷонович, ки собиқаи зиёда аз 30-солаи корӣ дошт, ҳамчун ҷонишин фаъолият мекард. Инсони поквиҷдон, ростқавл ва соҳибақида буд, муфаттишҳо аз сиёсати он кас метарсиданд.

Ёд дорам, шоҳидеро пурсидам ва дар қатори дигар саволҳо ибораи “марҳамат карда гӯед”-ро истифода бурдам. Сахт танбеҳам дода, гуфт, ки ту чӣ ба театр барои кор омадӣ, ки чунин саволҳо мегузорӣ? Барои ислоҳи ин ибораи номувофиқ ду маротиба ба ноҳияи Шаҳритуз аз ҳисоби маблағи худам сарф кардам.

Бо гузашти айём, чандин сол пас дар яке аз нишастҳо пурсидам:

-Абдураҳмон-ака, ёд доред, ки шумо барои истифодаи як ибораи “марҳамат карда гӯед” чӣ қадар азобам додед? Як табассум карду посух дод:

-Агар дирӯз ҳамин хел сахтгирӣ намекардам, имрӯз чунин як корманди пешсаф намешудӣ. Вазифаи ман шуморо дар як чорчӯбаи муайяни меъёрҳои ҳуқуқӣ тарбия кардан буд. Шукри Парвардигор, ки ба мақсадам расидам.

Дар зиндагии даргузар бо чӣ қадар одамони нек вохӯрдам. 12 сол таҳти сарпарастии ин марди наҷиб кор кардам. Аз вай омӯхтам. Мактаби ин марди бузург, мактаби садоқат ба кору қонун буд. Касоне, ки ин мактабро гузаштанд, дар зиндагӣ баракат ёфтанд. Боре қарори ба айбдоргаванда эълон намудани айбномаро шаш маротиба пас гардонида, гуфт:

-Писарам, худатро дар ҷои ҳимоятгар гузору хатоҳое, ки ту мекунӣ ва ӯ истифода мебарад, ислоҳ кун, ки ба суд наравад. Таъсири хиради ҳамин марди бузург буд, ки тули 18 соли собиқаи тафтишот ягон парвандаи ҷиноӣ аз суд барои тафтишоти иловагӣ барнагашт. Чӣ қадар эҳтиром нисбаташон доштаму дорам. Ин кас аввалин устоди ман буд. Дар зиндагӣ ва фаъолияти корияшон ягон корро бе маслиҳати ҳамдигар анҷом намедодем. Вай дар байни мо монанди ҷарроҳ буд. Рӯҳаш шоду манзилаш обод бод!

Вазнинтарин парвандаи ҷиноиро нисбати ашхоси муташаккил-гурӯҳи соҳибмансабони ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Абдураҳмон Насибҷонович соли 1986 ба анҷом расондам. Ин парванда нисбати раиси Кумитаи нафти ҷумҳурӣ Қ.Я.Амонов, директори нефтебазаи ҷумҳурӣ Ҷ.Солибоев ва дигар мансабдорони соҳа буданд. Дар ҳамон солҳо бо супориши Марказ дар гузаронидани амалиёти тафтишотӣ нисбати собиқ кормандони Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон Раҷабов ва Саидов ширкат варзидам. Солҳои 1984-1985-ум дар гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки сарварии он ба ӯҳдаи сармуфаттиш оид ба корҳои махсус Т.Х.Гдлян гузошта шуда буд, дар тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати мансабдорони Узбекистон муддати шаш моҳ кор бурдам. Дар раванди тафтиш аз хешу табори собиқ котиби аввали ҳизби коммунистии Самарқанд А.Каримов 183кг тилло дарёфт ва мусодира намудам.

Рости гап, мо кормандони амнияти солҳои ҳаштодум, нисбати ояндаи ҷомеа фикру ақидаи худро доштем. Аммо, ҳеҷ кас дар ин масъала дар нишастҳо ё ҷамъомадҳои расмӣ гап намезад. Ҳизби коммунист ваколат ва салоҳияти ҳамаи сохторро таҳти тасарруф гирифта, сиёсати созандагӣ қариб ки аз байн рафта буд. Маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ дар мадди аввал меистод.

 

Ҷиноятҳои муташаккил

Солҳои 1980-1983-юм якҷоя бо кормандони Прокуратураи ҷумҳурӣ ҳайати муаллимон ва профессорони донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе барои содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Ин ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил содир гардида, барои дохил намудани довталабон дар мактабҳои олии шаҳри Душанбе аз хешу табори онҳо, шахсони мутасаддӣ ё миёнарав ришва меситониданд.

Баъди ворид шудани қисми Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1979) ба Афғонистон барои расонидани ёрии интернатсионалӣ гурӯҳҳои муташаккили трансмиллӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Шумори содир намудани қочоқи маводи мухаддир ва дигар молҳо ба тариқи ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз ҳад зиёд шуд. Солҳои 1982-1983 нисбати қочоқчиёни Поршнёви ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим, парванда боз намуда, нисбати 30 нафар шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон баъди тафтиш ба Суди Олии ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Дар қатори ин парвандаҳо тафтишро нисбати комиссари ҳарбии вилояти Ленинобод ва корманди масъули Кумитаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1984-ум ба итмом расонида, ба Суди Олии ҷумҳурӣ фиристодам. Худи ҳамин сол ба ҳайси сармуфаттиш оид ба корҳои махсус таъин шудам.

Баъди сари қудрат омадани М.С.Горбачев, ба миён омадани мафҳумҳои “бозсозӣ”, “гуногунақидагӣ” (плюаризм) ва аз фаъолият бозмондани моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки салоҳияти Ҳизби коммунист дар он сабт шуда буд, дар ҷомеа нобасомонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳизбҳо ба миён омаданд. Баъди солҳои 1985-ум ҳар кас гардиши чархи фалакро ба фаҳми худаш тафсир медод. Мансабдороне, ки дар Кумитаи бехатарии давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон хизмат менамуданд, 90 фисади онҳо аз дигар гӯшаю канорҳои Иттиҳод ба хотири гирифтани рутбаҳои баландпоя интиқол шуда буданд. Онҳо вазъияти ба миён омадаро дарк намуда, паи ҳам рахти сафар бастанд. Дар қатори онҳо сардори мақомоти тафтишоти Амнияти ҷумҳурӣ А.Г. Ковтун низ шомил буд. Соли 1987 ӯ ба ватанаш шаҳри Киев рафт. Ба ҳайси муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори тафтишоти КБД РСС Тоҷикистон Ҷамолов А.Н. таъин гардид.

 

Сабзиш

Соли 1988-ум бо тавсияи раиси Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон В.В.Петкел номзадии ман ба Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси сардори тафтишот пешниҳод карда шуд. Барои гузаштани санҷиш ба шаҳри Маскав рафтам. Дар давоми гуфтугузорҳо 13 зинаи расмиро паси сар кардам. Бо Пономарёв - ҷонишини раиси КБД СССР, генерал-майор Латишев, ки то ба кори кадрӣ гузаштанаш корманди тафтишот будааст, вохӯрдам. Дар давоми суҳбат аз ман пурсид, ки оё рақиб дорӣ дар Кумитаи Тоҷикистон? Аз ин савол ҳайрон шудам. Вай шарҳ дод, ки аз ҳисоби роҳбарияти КБД-и ҷумҳуриятон яке аз ҷонишини раис занг зада, илтимос кард, ки таъиноти шуморо пас гардонем. Ҳатто номашонро ҳам гуфтанд. Ба хотири эҳтиром ному насаби ӯро ин ҷо намеоварам. Ӯро ба Худо месупорам. Генерал-майор Латишев нисбати корманди тафтишот таваҷҷуҳи зиёде дошта, дар дилаш ишқи тафтишот метапидааст. Аслан дар тафтишот бе ишқ кор кардан номумкин аст. Муфаттиш ошиқи соҳаи худ аст. Баъди суҳбати тӯлонӣ мо ба назди ҷонишини раиси КБД-и Иттиҳоди Шӯравӣ генерал-полковник Пономарёв рафтем.

Пономарёв дар бораи таъинот ва вазифаҳои амният дар давраи бозсозӣ сухан ронд, ки мо бояд ба синфи коргар такя намоем ва мутахассисони маҳаллиро пайваста дастгирӣ намоем ва ин иқдомро дар оянда давом диҳем. Барои таъин шуданам маро табрик гуфт ва бо ҳамдигар хайру манзур кардем.

Дар чунин вазъи мураккаби ба миён омада, кору фаъолият намудан хеле мушкил гардид. Ҳизбу ҳаракатҳо монанди замбурӯғҳои баҳорӣ пайдо мешуданд. Роҳбарияти сиёсии мамлакат аз ӯҳдаи идораи зуҳуроти нав намебаромаданд. Вале новобаста аз низоми мазкур вазифаи тафтишот тибқи ваколатҳои қонунҳои амалкунанда бо кушодани ҷиноят ва ошкор намудани сабабҳои он боқӣ мемонад. Дар ин фосила солҳои 1988-1990 якчанд парвандаҳои гуногун оид ба қочоқчиён, сарҳадшиканон ва як силсила ҷиноятҳо аз рӯи қонун ба салоҳияти мақомоти амният мансуб, тафтиш ва ба суд интиқол шуданд. Якеи ин парванда шаҳодати мазмуни ақидаи гурӯҳҳои манфиатдори давраи “бозсозӣ” буд.   

Далели ҳамкории роҳбарони созмонҳои барпошудаи ҷараёни динии “Фундаменталӣ” (тарафдорони исломи ифротӣ) бо дигар мамлакатҳои исломӣ ва боздошти гумоштаи аз Покистон баргашта Абдулҳамид Давлатов башорати муддаои болост. 18-уми феврали соли 1989 Абдулҳамид Давлатовро созмонҳои бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ба ҳабс гирифтанд.

Моҳи июли соли 1988 Абдулҳамид сарҳадшиканӣ карда, ба Афғонистон гузашт. Он ҷо зуд ба дасти мухолифини афғон афтид. Ӯ ба муҷоҳидони афғон изҳор кард, ки ҷонибдори ҷанги муқаддаси “ҷиҳод” аст ва бар зидди бединон мубориза мебарад. Пас аз ин Давлатов ба Покистон, маркази аксулинқилобчиёни роҳпаймо фиристода шуд. Дар он ҷо ҷонишини сарвари ҳизби исломии Афғонистон, қумандони саҳроӣ, дастпарвари умури хизмати махсуси Покистон, муҳандис Латиф ва шогирди чолоки ӯ Мираҳмад ӯро таги чашм карданд. Давлатов розигӣ дод, ки бо ҷосусони байниидоравии Покистон ба вазифаи гумошта бо тахаллуси “Абдураҳмон” ҳамкорӣ мекунад. Ба ӯ силоҳ ва аслиҳа доданд. Баъди чор моҳ ӯ ба Маркази пойгоҳи ҷосусии Латиф омад. Сардорони нави ӯ дар хотир гирифтанд, ки шахси ба васоят гирифтаашон ӯҳдадор шудааст, ки ба тариқи махфӣ ва пӯшида ба Тоҷикистон боз гардад ва мусулмонони сокинони он ҷоро ба хуфия, яъне фаъолияти пинҳонӣ ҷалб намояд.

Пеш аз он, ки “Абдураҳмон”-ро ба сарҳади шӯравӣ ҳамл кунанд, ӯ супориш ва дастури хаттӣ гирифт. Ба доираи вазифаҳои ҷосусии ӯ инҳо дохил мешуд: таҳқиқ ва гирд овардани далелҳое, ки оҳанги сиёсӣ доранд, моил кардани шаҳрвандони шӯравӣ ба амали ба хусус хавфноки ҷинояти давлатӣ, пахши адабиёти зиёговари маънавӣ ва дар Тоҷикистон бунёдкардани пойгоҳ барои тезутунд гардондани вазъият.

Замоне, ки ӯ ба хоки шӯравӣ пой ниҳод, объекти мушоҳидаву таҳқиқи амниятчиёни Тоҷикистон қарор гирифт. Барои кормандони бехатарии давлатӣ аз ҳама муҳимаш зери назорат гирифтани ҳама ҳалқаҳое буд, ки ба ӯ алоқа доштанд. Равобити ӯ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Москва (Ҳамадонӣ), Восеъ, Орҷеникидзеобод (Ваҳдат) ва дигар ҷойҳо аз назари коркунони амният пинҳон намемонд. Ба зудӣ аз болои роҳпаймо маълумоте расид: Давлатов аз расидани худ ба соҳибон хабар дода, пул мепурсид...

Аз чор тараф мавқеи ӯро танг карданд, аз афташ худаш инро ҳис кард. Ҳабс балои ҷон, хост аз ҷумҳурӣ берун раваду пайҳои худро кӯр созад. Вале тавассути тадбирҳои пайгиронаи кормандони бехатарии давлатӣ ва дигар омилҳо, ӯ ҷои сафарашро сӯи мулки бегона пеш гирифт ва ҳамчун гунаҳгор барои вайрон кардани сарҳади СССР худаш ҳозир шуд. Мазмуни ин амал маълум: кӯшиш баҳри раҳоӣ аз масъулияти ҷинояти вазнин. Бинед, баъди маҳбас ҳам далели гумоштаи кироя ва супоришҳои ҷосусии Покистонро пинҳон дошт.

Вале он замон амниятчиён ва дигар иштирокдорон гурӯҳи ҷосусонро безиён гардонда буданд. Ба зудӣ дар яккахонаи (камераи ҷудонигоҳдорӣ)-и КДБ РСС Тоҷикистон дастёрони Давлатов, шаҳрвандони Афғонистон Абдураҳим пури Хоркаш, Давлатманд пури Рустам ва сокинони деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Москва (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) Ҳасан Азимов маҳбас шуданд. Нишондодҳои онҳо ҳамчун далели шайъӣ оҳанги ҷинояткоронаи бо роҳи махфӣ ба Иттиҳоди шӯравӣ бозгаштани Давлатовро исбот кард.

Дар таҳқиқи якум Давлатов иқрор шуд, ки моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии бисёрҳазорнафара барпо мегардад ва аҷаб нест, ки он ба табаддулоти давлатӣ анҷом ёбад. Ин нишондоди муҳими ӯро ба ҳисоб нагирифтанд ва Давлатов ҳақ баромад.

Баъди ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 кормандони Кумитаи бехатарӣ гурӯҳ-гурӯҳ аз Тоҷикистон интиқол мешуданд. Дар баробари онҳо низ Раиси кумита В.В.Петкел ва ҷонишинҳояш рахти сафар бастанд. Ба ҷои ӯ аз Маскав собиқ корманди шуъбаи дуюми Кумитаи ҷумҳурӣ, ки охирҳои солҳои ҳафтодум ифои вазифа менамуд, А.А.Стройкин раис таъин шуд. Ин кас одами тассодуф буда, вазъиятро тамоман намедонист. Вақте ки собиқ директори кооперативи “Маяк” Иванов (заводи шифери Душанбе) барои ғайриқонунӣ интиқол намудани 4700 воҳиди техникаи корӣ ба шаҳри Краснодари Руссия аз ҷониби ман ҳабс карда шуд, ӯ рӯирост зид баромада, санҷиши хизматӣ таъин намуд. Зиёда аз ин мо санадҳоро оид ба оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ҷонишинҳои Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Муравев ва Кошлаков омода намудем. Ӯ боз санҷиши хизматӣ таъин намуд. Ин ду шахси масъул ғайриқонунӣ иҷозати аз ҷумҳурӣ баровардани шоху сумҳои оҳуро бо ченаки аз ҳад зиёд иҷозат дода буданд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ ҳашт санҷиш таъсис дод. Хушбахтона, ман, ки тоза будам, ягон чизе, ки ба фаъолияти кориям иснод биоварад, ёфт нашуд. Аз ноилоҷӣ чӣ кор карданашро надониста, аз ҳисоби ҳаммаслаконаш ду-се нафарро тайёр намуд, ки дар ҷаласа зидди ман баромад намоянд. Дар ҷаласаи мушовара мӯҳтавои масъала дигар буд, вале саволи дуюмро сари ман гардонида, хостанд, ки айбдорам намоянд. Музакирачиёни аз кӯчаи ҳуқуқ нагузашта маълумоти омӯзгорӣ доштанд.

Ин тавр сурат гирифтани корро ба назар гирифта, аз ҷаласа баромада рафтам. Таи ду рӯз ягон нафар аз кормандони сатҳи боло аз тарс наздам наомад. Фақат Ҳ.Зарифӣ наҳаросида, ба ҳуҷраи кориям омаду “нағз кардӣ” гуфта ба рафторам баҳо дод. Баъди ду рӯз Стройкин маро ба наздаш хонда, илтимос намуд, ки асноди марбут ба парвандаҳоро ба ҳоли худ гузорам ва нисбати Иванов, ҷонишинони сарвазир қатъ намоям. Ман фаҳмондам, ки ин одамон дар рӯзи сафед ватани моро ғасб карда истодаанд, чӣ тавр ман дахолат накунам? Хуласи гап, розӣ нашудам.

Баъди аз наздаш баромадан мазмуни суҳбатро ба Зарифӣ нақл намудам. Ӯ гуфт, ки дигар туро ба фикрам пешравӣ намемонад. Ба Ҳамрохон посух додам:

-Ҷураҷон, дида истодаӣ, ки замона чӣ хел шуда истодааст. Ба наздикӣ ҷомадонашро гирифта, худаш гурехта меравад. Дар асл баъди чанд моҳ ҳамин хел ҳам шуд. Пеш аз гирдиҳамоии моҳи сентябр гурехта, ба Маскав рафт. Дар ин муддат ман ҷонишини сардори Сарраёсати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда будам. Дар сохтор ҳамагӣ 36 нафар коргар буд. Таи шаш моҳ Кодекси гумрук ва меъёриҳои хизматии сохторро таҳия намудам. Кодекси гумрук аввалин шуда дар Иҷлосияи XVI-и шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Ҷойизи қайд аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №------------ Ҳамроқулов Х., шодравон Олимов М. ва ман аввалин генералҳои соҳаи гумрук мебошем.

Моҳи декабри соли 1992 дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанги шаҳрвандӣ ман боз ба Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштам. Аввалҳои соли 1993 дар вазифаи пештараам сардори Раёсати тафтишоти Кумитаи амнияти миллӣ таъин гардидам. Кор аз ҳад зиёд буд. Қариб ки тамоми номгӯи ҷиноятҳои вазнинро тафтиш мекардем. Нахустин парвандаҳо оид ба бандитизм, терроризм, хиёнат ба Ватан, сӯиқасдҳо ва ғайраҳоро анҷом дода, ба суд фиристодем. Дар баробари корҳои тафтишотӣ тамоми масъалаҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти Фронти халқиро якҷоя бо сардори Ситоди ин ҷабҳа полковник (ҳоло генерал-майор) Н.Шералиев ва шодравон роҳбари ин ҷабҳа С.Сафаров танзим менамудем.

Соли 1994 ба вазифаи ҷонишини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва августи соли 1995 бошад, вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудам. Моҳи январи соли 1997 ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудам. Тамоми паҳлуҳои фаъолиятам дар амният ва Қушӯнҳои сарҳадӣ дар асарҳоям “Дар ҳифзи марзу буми кишвар”, “Граница”, қиссаҳои “Моҷарои гаравгонгирӣ”, “Ҳар оғоз анҷом дорад”, “Сангар” ба тафсил навишта шудааст.

 

 

 

Шарики зиндагӣ

Қавл дода будам, ки то донишгоҳро хатм накунаму дар ягон ҷо ба кор надароям, зан намегирам. Хушдорҳо якчанд нафар буданд, аммо тасмим гирифтам, ки аз деҳаамон зан мегирам. Айёми дар бахши чорум хонданам, тобистони соли 1974, вақти аз хона баромаданам як гурӯҳ духтарон аз лаби чашма омада, аз пушти хонаи мо мерафтанд. Назарам ба завҷаи ҳозираам афтод ва рости гап, як меҳри гарм нисбаташ дар дилам пайдо шуд. Ӯ аз дигарон фарқ мекард. Вақте ки онҳо аз чашм дур шуданд, аз раҳматии апаам Алоҳидамо пурсидам, ки ин духтар ягон номзад дорад ё не? Аппам як хандиду “Чӣ?-Маъқул шуд? Агар маъқул шуда бошад, ҳаминро келин мекунам”- гуфт. Дуои кадом фариштае мустаҷоб шуду апаам баъди як сол барои хостгорӣ рафт. Маслиҳат байни калонҳо пухту Ҷамила фотиҳа шуд. Ин аввалҳои соли 1976-ум буд. Тибқи маслиҳати пешакӣ рӯзи туйи арӯсиву домодиро 6-уми август монданд.

Розигии Худованд будааст, ки дар ҳамин рӯзи саид мо издивоҷ кардем. Имсол чилу ду сол мешавад, ки ману оилаам таги як бом хушбахтона зиндагӣ мекунем. Ҳаёти хушу хушбахтонаи моро ниҳолҳои ҳамешабаҳори мо – фарзандон доимо сабзу хуррам кардаанд. Ҳоло онҳо чормағз шудаанду фарзандонашон мағзи чормағз. Онҳо давоми умри мо ҳастанд. Оилаам аз ҳад зиёд одами хубу ба нону намак аст. Ин гапро ҳамаи хешу табор, ёру ошноҳо мегӯянд. Охирон бурдаи нонро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ тақсим мекард. Рӯзҳое буданд, ки аз кор меомадам, дар дастархон баъзан нон ёфт намешуд. “Ба бенавоёни омада додам”-мегуфт. То ҳоло 7-9 кампири бенаво гирду атрофи хона ҳар ҳафта меоянд. Завҷаам ба дасти дигарон барои онҳо сару либос, хӯрока ва ба қадри зӯррас маблағи ночиз медиҳад. Ҳиммат ва саховати баланди одамгарӣ дорад. Доимо фарзандонро таъкид мекунад, ки ба мардумони камбизоат дасти ёрӣ дароз кунанд.

Аз никоҳи якҷоя панҷ духтару се писар дорем. Ҳамаи фарзандон маълумоти олӣ дошта, дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе кору фаъолият мекунанд. Агар дар зиндагиям чунин ақибгоҳи мустаҳкам намедоштам, фикр мекунам, ки расидан ба мартабаҳо ва унвонҳои баланд аз эҳтимол берун буд. Бузургони мо бесабаб нагуфтаанд, ки “Хонаам аз синҷай, дилам тинҷай”. Дар ҳақиқат, вақте ки одамизод хонаи ободу ҳалол дорад, хушбахт мезияду андешаи расидан ба мақсадҳои олиро ба сар мепарварад.

 

Зани хубу сариштакору порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид