Сенарияи

Филми бисёрсериягии «Таќдир»

 

1

Субњидам. Дењаи  н.Ёвон. Навори умумии дења. Дења ба навор гирифта мешавад. Њавлии акаи  Мурод Рањимов. Соњиби хона ва  њамсараш болои кат сари дастархон нишаста, сўњбат доранд.

Мурод: Занак, аз Худои  мутаол хоњиш дорам, ки пеш  аз њама соќу саломат чашмат равшан шаваду барои хона як  духтарчаи дустрўяк зоида, ба ман тўњфа кунї.

Хосият: - Мардак, ин хости худост. Фарзанд пеш  аз њама ин меваи  зиндагист. Новобаста аз он, ки писар  аст ё духтар.  Ба  љинсаш нигоњ накарда, хеле  ширину азиз мешавад. Ба дунё омадани писар ё духтар албатта бо хоњиш намешавад. Худованд касеро лоиќ бинад, њамон мешавад.

Мурод: - Занак. Инро ман наѓз медонам. Киро намефорад, ки фарзанд солим набошад. Дар њамин бегоњи рўз, ваќти фуруѓи оламоро, пеш аз намози шом биё як фотиња кунем, ки њамин тифлаки дар ќадат буда пеш аз њама солим ва худат соќу саломат монї. Баъдан дуоям мустаљоб шавад, ки номбурда духтар бошад. Њарду бо умед омин гуфта, аз љой хестанд.

 

2

 

Аз байн ду-се моњ гузашт. Акаи Мурод Рањимов бо њамсараш болои њавлї рўи суфа хобида буд. Пеш аз субњидам ў  як ќад парида аз хобаш бедор шуд. Занаш низ ин њолро пай бурда, аз љояш нимхез шуд. 

Хосият: - Чї шуд мардак? Ягон хоби ганда дидї ё сиёњї зер кард?

Мурод: - Занак хоби хуб надидам. Хоб бинам, ки мўйсафеду нобино шудам. Њарду аз пайроњае мегузаштем, ки тагаш  љарї буд.  Ногоњ дар нимаи роњ дастам аз дастат канда шуду ба љарї афтидам. Таъбири ин чї бошад,  нафањмидам.

Хосият: - Мардак, ман таъбири  хоби  туро намедонам.

Мурод: - Шояд, ки сабаби хастагї  бошад. Хайр майлаш, занак ваќти ба кор рафтан ба об мегўям.

 

3.

Аллакай субњ дамида  буд. Акаи Рањимов Мурод баъди хондани намози бомдод, писари калониашро аз хоб бедор намуда, таъкид кард:

Мурод: - Бачам, ман дар љойи кор мешавам. Мабодо дарди модарат сар шавад, њатман телефон кун. Агар маро наёфтї, ба бунгоњи тиббии хољагї занг зан.

Бача: - Майлаш падарљон.

Акаи Рањим баромада рафт.

 

 

4.

 

Ќарибињои соатњои 9-и пагоњї Хосият писарашро ба наздаш хонда, супориш дод:

Хосият: - Тез ба бунгоњ занг зан ва гўй, ки модарам дард кашида истодааст. Њамзамон  ба падарат ин хабарро расон. 

 

5.

 

Бача давида ба идораи љамоат, ки дар наздикии хонаашон буд, раќами телефони бунгоњро гирифта, гуфт:

Бача: - Ало, беморхона.

Духтур:- - Лаббай, гўш мекунам!,

Бача: -  Апаљон,  ман бачаи акаи Мурод. Модарамро дард задаст. Агар имконият бошад, мошини ёрии таъљилї фиристед.

Духтур: - Эй додар, канї он замонањое, ки ба як ишора мебаромадем. Агар илољ дошта  бошї, дар ягон мошини рањгузар ё њамсоя ўро тез гирифта биё.

 

6.

 

Писар давида ба хонаи акаи  Сафар, ки хушбахтона њоло ба кор нарафта буд, даромад. Даромадан баробар, баъди  салому аллейк мурољиат кард:

Бача:-  Акаи Сафар, падарам  дар кор телефон  мекунам, љавоб намедињад. Модарам д дард  кашида истодааст. Ба таваллудхона занг задам, ягон мошин надоранд.  Акаљон чї кор кунем?

Сафар: - Тез рафта,  модаратро гўй омода бошад, ман њозир мошинро ба њавлиатон медарорам.

Бача: - Майлаш, акаљон ман дарвозаро боз мемонам.

 

 

 

 

7.

Бача: - Оча, очаљон, камтар тоќат кунед. Њозир акаи Сафар мову шуморо бо мошини худаш ба беморхона мебарад. 

Баъди ду-се даќиќа  акаи Сафар мошинашро ба њавлї дароварда, ба писар фармуд, ки:

Сафар: - Очаатро гирифта биёр.

Бача: - Оча,  тайёр шудї?

Хосият: - Бале,  бачам

Бача: - Худат роњ гашта метавонї?

Хосият: - Ња бачам.

Бо дасти росташ шикамашро дошта, оњиста-оњиста ќадам монда рафта, ба ќафои салони мошин нишаст. Писараш дар пањлўяш љо гирифт. Дарњо пўшида  шуданд. Акаи Сафар ба кўча баромада, мошинаро љониби маркази хољагї ронд. Бунгоњи  тиббї дар поёни ќишлоќ воќеъ буд. Дар наздикии бинои беморхона Сафар мошинро манъ кард.

 

 

8.

 

Сафар: -  Хосият фуро, расидем.

Сафар ба писар:

- Дасти модаратро гир.

Ва худаш тез даруни бино даромад.

Сафар: Бо навбатчї мурољиат кард:

- Њамшира, беморро овардам.

Њамшира хилъаташро ба бар  намуда, тез барои ќабули бемор берун баромад.

 

9.

Хосиятро ба ќабулгоњ,  баъди ташхис ўро ба утоќи таваллудхона бурданд.

Сафар аз бино баромад  ва бачаро таъкид кард:

Сафар: - Ман аз паси корам рафтам. Њатман падаратро ёфта хабар дењ.

Бача: Майлаш, акаљон. рањмат ба Шумо.

Сафар дар мошин нишаста рафт.

 

10.

Бача  ба њамшираи шафќат мурољиат намуда, илтимос кард:

- Апаљон, агар иљозат бошад ман ба падарам занг занам.

Њамшира: Агар раќамашро донї, занг зан?

Бача  гўшии  телефонро бардошта бо кадом марди ношиносе гуфтугузор  намуда, аз ў  куљо будани акаи Муродро пурсид.

Муштарї посух дод:

- Додарљон, падарат аз пушти кор баромада рафтааст. Чї расонам?

Бача: Гўед, ки модарам  дар беморхона сабабашро худашон медонанд.

 

11.

 

Утоќи таваллудхона:  Духтурзани миёнасол ба назди апаи Хосият, ки баъди омода намудани санадњои бемор ба утоќ оварда шуда буд медарояд:

Зулфия: - Салом  Хосият, дугонаљон  хуб њастї, Муборакии љойњои мо.  Аз кай боз дард  кашида  истодаї?

Хосият: - Салом  Зулфияљон,  худат хуб њастї. Шукронаи парвардигор, ки офиятам. Аз соатњои 8-и  пагоњї дард оѓоз шуд.

Зулфия: - Агар хато накунам, ин фарзанди дуюмат.  Ултрасадо нагузашта будї. Киро интизорї. Духтар ё писар?

Хосият: - Не ман ин ташхисро нагузаштам. Худованд касеро, ки лоиќ бинад. - Фаќат шавњарам сахт духтарро интизор аст.

Зулфия: - Фикр мекунам, ки бояд духтар бошад, чењраат равшан аст. Дардат он ќадар сахт нест. Дар чунин њолатњо бачањо бисёр инљиќанд. Духтарон њалиму мулоиманд ва осон ба дунё меоянд. Майлаш. Биё, барои сабукии кор сўзандору гузаронам.

Зулфия сўзандоруро гузаронду дар пањлўи Хосият њамшираи шафќатро шинонда,  таъкид кард:

Зулфия: - Њалима, дар њолати шиддат гирифтани дард ё њаракати тифл маро љеѓ зан.

Зулфия инро гуфта баромада рафт.

 

12.

 

Ќарибињои соати 12 дард шиддат гирифт. Њалима фањмид, ки ваќти аз батни модар берун шудани тифл расидааст. Тез баромада Зулфияро даъват кард.

Тифл ба дунё омад. Зулфия ўро болои дастонаш гирифта, Хосиятро муборакбодї кард.

Зулфия: - Хосият,  муборак бошад, мењмони нав, дуои шавњарат мустаљоб шуд. Барои шод кардани хотири ў дар њаќиќат ту духтар зоидї. Ин ќадар зебоякак. Худо агар умраш боќї бошад хеле арўси хуб мешавад.

 Баъди гузаронидани чорањои  анъанавї тифлакро ба яктањи сафед печонида, аз назди модараш бурданд.

 

13.

Утоќи мудири бахши духтури таносули занона.

Зулфия баъди муайян намудани љинси тифл ва азназаргузаронии ў айни кушодани чашмони  тифл, ки рўшноии офтоб аз тиреза ба чашмонаш мезад, дид, ки тифлак рўшноиро њис намекунад. Ба хотири аниќ кардани шубњаи ба миёномада ў тез духтури чашмро даъват кард.

Апаи Гулчењра баъди муоинаи чашмони тифл љониби Зулфия мурољиат кард:

Гулчењра: - Зулфиябону, шубњаи шумо асос дорад. Ин тифлаки бегуноњ дар њаќиќат ба дунё нобино омадааст. Ин ќадар зебоякаку дустрўяк таќдираш њамин будааст. Ба модараш гуфтед?

Зулфия: - Не њоло

Гулчењра: Њаќиќат талх аст. Вале чї илољ. Дер ё наздик онњо бояд донанд. Албатта ба модараш, ки  аз дарду ранљ рањо наёфтааст,  даррав гуфтан лозим набошад. Ба  њар њол як рўз-ним рўз сабр кардан даркор.

Њар ду тасмим гирифтанд, ки маслињати худро ба мудири шўъба мувофиќа кунанд.

 

14.

 

Кабинети мудири шўъба:

Зулфия ва Гулчењра ба утоќ даромада хабар медињанд.

Зулфия: - Саида Бобоевна, тифлаки дина ба дунёомада нобино мебошад.

Мудири шўъба: Оё падару модари тифл никоњи хешутаборї надоранд?

Зулфия: Ман падару модарашро мешиносам. Онњо амакбачаанд.

Мудири шўъба:

- Дар илми тиб  никоњи хешутаборї сабаби бо нуќсонњо  таваллуд шудани тифл мешавад. Ин масъаларо як бор равшантар кунед.

Зулфия ва Гулчењра баромада мераванд.

 

15.

Рўзи дигар. Утоќи бемор:

Њамшира Њалима бегоњирўзї тифлакро барои маконидан ба утоќи модар меорад. Хосият, ки болои кат дароз кашида буд, баробари ба утоќ ворид шудани Њалима аз љояш нимхез шуда, дастонашро  барои гирифтани фарзандаш дароз карда, бо як нозукии фаќат барои модар хос, тифлаки навзодашро бўсида, онро сари синааш пахш кард.

Кўдак бо овози паст ѓаш мекард ва њангоми пистони модарашро ба дањонаш гирифтан аз гиря кардан бозмонд.

Њамин лањза дари утоќ боз шуду духтур Зулфия, ки ба Хосият робитаи дугонагї дошт, даромад.

Ў шодию фарањи чењраи Хосиятро дида, аввал нахост, ки ин хабари шумро дар бораи нобино будани тифлаш ба модар расонад. Вале чї илољ. Худ ба худ аз дил гузаронд њаќиќатро бояд гуфт. Тамоми вуљудаш, ки дар њаяљон буд ва барои модари хушбахт, ки дар бораи носолимии фарзандаш њељ чизро намедонист, худашро ба даст гирифта мурољиат кард:

Зулфия: - Хосият, хоњарљон, ту худатро ба даст гир.

Авзои Хосият яку якбора таѓйир ёфт.

Хосият: - Чї гап шуд. Тинљї њаст? Ягон њодиса рух дод. Тифлаки ман зинда аст ку.

Зулфия:  - Не ягон њодиса рух надодаст.

Ту фаќат ба суханони ман мардонавор гўш кун. Чунки ту модар њастї. Мо модарон барои фарзанд як умр месўзем. Шояд, ки ман ба ту ин хабари нохушро намегуфтам. Аммо ќарзи касаба  намегузорад, ки ман хабар надињам.

Хосият: - Апаи Зулфия, њарчи бошад гап занед, ки дилам зада аз ќафаси синаам берун меравад.

Зулфия пеш аз он ки дар бораи носолим будани тифл хабар расонад, ба Њалима ишора намуд, тифлакро аз синаи модараш гирад:

Зулфия: - Хосият, ин духтараки нозанин, ин тифлаке, ки монанди шабнами сањарї шаффоф аст, худованд ўро аз дидаи бино мањрум кардааст.

Баъди шунидани ин хабари љонхарош Хосият:

Хосият: - Оњ, бачам! - гуфту лањзае аз худ рафт.

Аз њар ду чашми бинояш, аз дили софи модари зор ќатрањои ашки шўр чун таќдири шурбањои кўдак шашќатор љорї шуданд. Лањзае худро идора карда наметавонист. Зулфия ба наздаш омада, сари ўро модарвор сила карда, тасалло медод!

Зулфия: - Хосиятљон, хоњари ширинам. Шукрона кардан даркор, ки фарзанд ба дунё омадааст ва худованди азза ва љалла ўро дар њамин сурат ба дунё овардааст. Таърих шоњид аст, ки нобиноёни бисёре шахсони бузург ва ба ору номус дар даврањои гуногун зистанд, сохтанду эљод карданд. Кї медонад, мумкин ки толеаш баланд бошад, дар љомеа соњибмаќом шавад. Гиря накун, шукрона кун.

Хосият: - Ташаккур апаљон барои дилбардорї. Чархи гардун тобишњо дорад ва ман аз таќдиру толеъ наменолам. Хайр чї илољ насибаш њамин будааст. Таъбири  нобино шудани падараш дар хоби  дишаба њамин  будааст. Падараш, ки ин ќадар дар орзуи духтар буд, дар ин бора чї мегуфта бошад. Хайр таваккалаш ба Худо.

Хосият баъди ором шудан аз Зулфия эњтиромона хоњиш кард:

Хосият: - Апаљон то аз беморхона баромада, ба хона рафтанамон дар ин бора чизе нагўед, аз он љумла ба падараш. Худаш нисфирўзї омада, табрик карда рафт. Ваќте, ки мо ба хона рафтем худам ба ў мефањмонам. 

 

16.

 

Мурод Рањимов пагоњии барваќт аз љойи хобаш хеста, баъди адои намози бомдод њамсояш Сафарро ба хона даъват намуд. Ба ў супориш дод,  ки чорвои барои соќу саломат ба дунё омадани фарзанд ва саломатии зављааш харидоришударо забњ кунад. Хоњараш Садафро, ки дирўз аз Маркази ноњия барои табрики акааш омада буд, фармуд, ки хонаро ба тартиб дарорад, пояндозро аз даруни љевон гирифта, тайёр монад ва ваќте, ки янгааш бо духтарчааш ба њавлї ќадам монад, партояд.

Мурод Рањимов либосњову парпечи духтаракро гирифта, ба беморхона рафт, Зулфияро љеѓ зада, либосњоро ба ў дод. Худаш берун баромада дар њавлии беморхона интизор шуд. Баъди лањзае њамсараш њамроњи Зулфия пеш-пешу њамшираи шафќат Њалима аз  кафояш дар баѓалаш кўдак берун омаданд. Акаи Мурод наздик шуда бисмиллоњ гуфта, тифлакро аз баѓали Салима гирифта падарвор ба оѓўш гирифт. Њама бо як овоз

-Муборак бошад, муборак бошад, акаи Мурод.

Ў бо занаш ба мошин нишасту тифлро ба баѓали занаш  доду гуселкунандагонро даъват кард, ки нисфирўзи ба хонаи онњо биёянд. Ба ронанда фармуд, ки љониби хонаи онњо роњ гирад.

 

17.

 

Дар дохили мошин  аз  зављааш пурсид:

Мурод: -Духтарамонро чї ном мемонем - ягон номи муносиб ёфтї?

Хосият:-  Не, отааш

Ва акаи Мурод  дарк кард, ки занаш ким чї хел ѓуссаманд аст, њамвора пурсид:

Мурод: -Очаш, зиќ менамої, Худат офият њастї, касал – ку  нестї?

Хосият:- Не,   шукри худо, ки худамро наѓз њис мекунам. Ба фикрам камтар бехобї кашидам. Шаб кўдак  камтар ѓаш кард, хоби дуруст нарафт.

 

18.

 

 (Сўњбаткунон чї гуна ба хона расиданашонро нафањмида монданд. Мошин дар назди њавлї ќарор гирифт).

Акаи Мурод тифлакро аз дасти занаш гирифт. Хоњари акаи Мурод Садаф , хешу аќрабои наздик, ки ќариб њама љамъ омада буданд, Хосият ва Муродро табрику муборакбод намуда, пояндозро барои гузаштани онњо партофтанд.

Садаф янгаашро аз болои пояндоз гузаронд.

 Акаи Мурод ба Садаф фармуд, ки

Мурод: -Занњоро дар  пешайвон, мардњо дар рўи суфра љой кунед.

 Ќариб, ки то бегоњии рўз њамаи њамдењагону њамкорону онњое, ки оидаи акаи Рањимро медонистанд, барои муборакбод меомаданд.

Баъди анљоми намози шом дар хонаи акаи Мурод хоњараш Садаф ва хоњари занаш Њилола монданд. Мардуми ќишлоќ аљоиб як хислате доранд, ки то чињил рўзагии тифл модару тифлро танњо намегузоранд ва чароѓро равшан нигоњ медоранд.

 

19.

 

Хосият баъди рафтани мењмонону ёру њамсояњо ба хоњараш Њилола ва Садаф дар бораи ољиз будани тифлак хабар расонид:

Хосият: - Таќдирам шўр будааст, кўдак аз дидани дунёи равшан мањрум аст. Мурод дар ин хусус намедонад.

Занњо баъди шунидани ин хабар Хосиятро таскин дода бо ў оби чашм карданд ва тавсия доданд, ки ба акаи Мурод њатман ин чизро гуфтан даркор аст.

Садаф: - Ин таќдир аст. Хости худо њамин будааст. Фикр мекунам, ки акамон аз Худо талбидааст, Худованд барои ќавигии имони ў њамин сарнавиштро лоиќ донистааст.

 

 

20.

 

Баъди адои намози шом акаи Мурод назди занаш омада, болои курпача нишаста тифлакро ба баѓалаш гирифту ба гушаш се маротиба азон гуфт:

Мурод: -Азбаски ман аз худои мутаол духтар хоста будам ва хости ман мустаљоб шуд, ба њамин хотир номи духтарамро Матлуба мемонам.

Њамагон писандиданд. Ва боз барои тасдиќи фикраш љониби занаш пурсид:

Мурод: -Занак, зид нестї?

Хосиятро аввал гиря гулугираш намуд. Оби чашмонашро пок карда, лањзае  пас сухан кард:

- Номи муносиб. Лек оташ, амри таќдир будааст, ки Матлубаи аз худованди мутаол талабкарда аз рўи муоинаи духтурњо ба дунё нобино омадааст.

Инро гуфту боз инони ихтиёрро ба гиря дод.

Дар мобайн хомўшї афтод.

Акаи Мурод тифлакро сахттар ба оѓўшаш пахш кард, ва оњиста гуфт:

Мурод: -Гиря накун занак, хости Худо њамин бошад, худованд њаминро лоиќ дида бошад, чаро мо гиря мекунем. Мо ўро калон мекунем. Ва боз аз худованд хоњиш мекунем, ки аќлу хирадаш зиёд шавад. Аќлу њушаш ба љо бошад, дар њама љо аз ўњдаи зиндагї мебарояд. Худованд барои ман санљиш њам офарида бошад, аммо ман шукрона мекунам. Барои он ки дигар њама узвњояш соќу саломат њастанд. Агар бепою бедаст меомад,-чї?  Гиря накунед. Фикр мекунам, ки њамин тифл ягон мартаба дорад ва худо хоњад дар оянда мањбуби мардум мешавад.Сабаби ѓамгиниву дар чењраат осори ѓусса будан њамин будааст, занак. Ин рафторат нодуруст аст. Ману ту ўро њамчун гул мепарварем ва мепарастем.

 

21.

 

Матлубаи хурдсол дар беруни дарвоза рўйи харак нишаста, найи кўдакона дар лаб онро менавохт, ки нохост кўдаки њамсоя омада, бо шаст онро гирифта гурехт.

Матлуба гирён аз љояш хеста:

Матлуба: -Найамро дењ, ту кї будї, ки онро гирифтї, бозгардон.

Ў гирён чанд ќадам ба пеш гузашт, ки пойи росташ ба кунљи роњрави сементпўш бархўрда, рост ба замин афтид, дањону биниаш зарб хўрда, хунолуд гардиданд.

Бачањои кўча, ки ки ин њолро мушоњида мекарданд ќоњќоњ зада хандиданд.

Њамин ваќт модарашу падараш аз дохили њавлї тозон баромада ўро аз замин бардошта ба њавлї дароварданд.

Модараш хунњои сару рўи Матлубаро пок мекарду ў бошад гиряолуд мегуфт:

Матлуба: -Очаљон, отаљон чаро найи маро бачаи њамсоя гирифта гурехту пешпо нахўрд, ман бошам ду ќадам нагузошта, пешпо хўрдам.Чаро бачањои кўчаамон ба њоли ман механданд? Барои чї ман санги сари роњамро намебинам?

Њамин ваќт зани њамсоя аз дарвоза медарояд:

Њамсоя: -Апаи Хосият кори нохуб шуд, бачаи ман найи Матлубаро гирифтааст. Ман ўро сахт гушмол додам. Бубахшед, ки чунин кор шуд.

Хосият бо нўги рўймолаш ашки кунљи чашмонашро пок карда:

Хосият: -Њељ гап не њамсоя, бачагї-дия, Љойи хафагї надорад.

Падари Матлуба ба гуфтугузори занњо ањамият надода, ўро гирифта ба хона медарорад.

22.

Баъди хотима ёфтани гиряи Матлуба ба падараш савол кард:

Матлуба: -Отаљон чаро бачањои њамсоя маро кўр меноманд. Магар чашмони ман мисоли чашмони онњо нест. Оё онњо дунёро дигар тавр мебинанд. Ман фаќат сиёњию сафедиамро дар пеши чашмонам мебинам. Чаро худованд маро бе дидаи бино ба дунё овардааст?

Њар як сухани  Матлуба бе ин њам љигари садпораи Муродро реш-реш мекард.

Ў худро ба даст гирифта аввалин маротиба кўшиш кард, ки ба Матлуба њоли воќеии чашмони ўро фањмонад:

Мурод: -Духтарљон ту гиря накун, Худованд фаќат ба бандањои дўстдораш дарду ѓам медињад, то ки онњо аз ин санљиш гузаранд.

Матлуба: -Отаљон, (гапашро бурид Матлуба), агар ман аз ин санљиш гузарам чашмонам боз мешаванд.

Мурод: -Шояд, ки њамааш дар дасти Худованд, банда ољиз аст. Бе ризои парвардигор барг аз шохи дарахт намеафтад. Ту зиќ нашав, ману модарат чашмони ту. Аз њамин лањза иборат ягон сў бе иљозати мо ва бе мо ќадам намон.

Матлуба: -Отаљон, чї ман мактаб рафта наметавонам.

Мурод: -Чаро наметавонї, бачам. Њастанд мактабњои махсус, ки ба одамони нобино хондану навиштанро меомўзонад.

Матлуба: -Отаљон ин хел мактабњо дар ќишлоќи мо њаст?

Мурод: -Не бачам, ин фаќат дар ноњияи Њисор фаъолият дорад.

Матлуба: -Оњ отаљон, (боз гиря карда) нобиноиям бас набуд, ки боз маро зиндаљудо мекунанд.

Падараш ба суолњои пурдарди духтараш тоб наоварда, аз хона берун бармомад.

 

23.

 

Матлуба танњоиро њис карда ду дасти хурдакаки худро боло бардошта, бо овози гиряолуд илтиљо кард:

Матлуба: -Эй худољон, ман чї гуноњ кардам, ки маро ољизу нотавон офаридї. Чї ман як умре, ки дорам асири дунёи тор ва дарди сари падару модарам мешавам. Оё ман дунёи рушанро ранги дигарон бо каромати ту медида бошам.

Оњиста дастонашро поён карда сарашро болои фарши хона гузошта хобаш бурд ва дар хобаш ба гўши ў садо омад:

-Духтари азизам, њељ дилшикаста нашав, ояндаи ту хуб аст. Нобиної барои ту санљиш аз тарафи парвардигор аст. Ту бояд, ки ба њамааш тоб оварї.

Падараш баргашта ўро гирифта болои курпача хобонид.

Матлуба бо рўњияи дигар аз хоб бедор шуда, овози падарашро шунида, садо кард:

Матлуба: -Отаљон, ман хоб дидам, ки дар гумонам кадом  малоикае бо ман гуфтугузор дошт. Ў гапњои шуморо такрор намуд, ки нобиної бароям  санљиш аст. Ман фањмидам, ки барои њаёт мубориза бурдан даркор. Отаљон мисли пештара шумо њар шаб ѓазалњои Саъдию Њофизро ба ман мехонед, ман гўш мекунаму аз ёд мекунам. Боз як илтимос дорам.

Мурод: Чї илтимос?

Матлуба: -Аз оятњои Ќуръон бароям хонед, то аз ёд кунам.

Мурод: -Майлаш, Духтарљонам, канї аз ѓазалњои азёд кардаат яктоашро хон.

Матлуба яке аз онњоро мехонад.

24.

Субњидам хонаи Рањимов Мурод. Хосият анљомњои сафари духтарашро, ки шабона ѓундошта буд, назди дарвоза овард. Сипас аз болои долон назди Матлуба рафт.

Хосият:-Матлубаљон, духтарљонам, хўроката хўрда шудї?

Матлуба:-Бале очаљон, чой нўшидам, иштињои хуб надорам.

Хосият:-Баам аќќалан ширро мехўрдї, роњ дароз аст гурусна мешавї.

Матлуба:- не очољон, намехўрам.

Хосият:-Духтарљонам, агар нахўрї набошад, биё ман туро назди мошин барам, падарат туро он љой интизор аст.

Ба хотире, ки дили Матлуба озурда нашавад, ў гиряи ба гулўяш омадаро фурў бурда, аммо ашки чашмонаш болои рухсорањояш паињам ќатор шуд.

Матлуба:-Очаљон, дилам намехоњад, ки аз хона равам.

Инро гуфту аз љояш хеста, дасти модаршро гирифта:

Матлуба:-майлаш меравам, чизе дар таќдир бошад.

Ў оњиста-оњиста дар пањлўи модараш ба назди дари кушодаи мошин омад. Аз нав гиря карда,

Матлуба:-ман намерам ба њељ куљо

Ў аз ба мошин нишастан саркашї кард. Падараш, ки то ин дам сари хам њељ чиз намегуфт, гуфт:

Мурод: -Майлаш духтарам, мактаб њам, ки наравї биё бо ман њамроњ ба Душанбе ба хонаи амакат меравем.

Матлуба:- Майлаш, отаљон фиреб намекунї.

Мурод:- Не, духтарам.

Матлуба:- Майлаш ба Душанбе меравам.

Њама ба мошин нишаста ба роњ баромаданд.

25.

Баъди якуним соати сафар онњо ба маркази ноњияи Њисор ба хонаи додари Мурод расиданд.

Хонаи Саид. Зани Саид мењмононро ба хона даъват кард. Тез дастархон партофта, хўрок овард. Баъди адои хўрок Мурод аз љояш хеста додараш Саидро аз оринљи дасташ гирифта ба тарафи муќобили њавлї бурда гуфт:

Мурод:-Саид њељ дилам нашуда истодааст. Аз шаб то имрўз љигарам садпора шуд. Аммо чї илољ, бояд ў навиштану хонданро ёд гирад. Ман оњиста баромада меравам, ту худат ўро ба мактаб мебарї.

Мурод баромада меравад. Баъди фосилае Саид Матлубаро даъват мекунад.

Саид:-Матлубаљон, омода бош, њозир њардуямон як љо меравем.

Матлуба:-амаки Саид, отам канї?

Саид:-Акам куљое кор доштанд, рафтанд ва бегоњ бармегардам гуфтанд.

Матлуба аз љояш хеста њамроњи амакаш аз њавлї берун баромаданд, њарду нобиноро зани Саид роњбаладї мекард.

26.

Мактаба нобиёни љумњуриявї:

Бинои якошёна. Саид ва Матлуба тањти сарпарастии зављои Саид вориди мактаб мешаванд.

Тибќи маслињати пешакї директории мактаб аз дасти матлуба гирифта ўро ба хобгоњ бурд. Саид мурољиат кард.

Саид:-Матлуба, ман њозир дастонамро шуста медароям.

Дар асл ў баромада рафт.

 Директории мактаб:- Духтарњо, ин толибаи навамон Малуба, аз ноњияи Ёвон. Ў бо шумо меистад. Матлуба сарфањм меравад, ки ўро бо роњи фиреб амакаш ва падараш ба мактаби нобиноён овардаанд, якбора њиссиёти љойи бегона андешаи ўро изтироб меандозад.

Худ ба худ:

Матлуба:-Худоё аз хона бўи бегона меояд. Ба бўи хонаи падару модарам шабоњат надорад.

Аввалин бор њис кардам, ки ман ятим бошаму дар ятимхона афтидам.

Аз таъсири муњит бошад ё љойи бегона дилаш сахт хиљил шуду гиря кард. Духтаракони гирду атроф ўро тасалло доданд. Яке аз онњо худро муаррифї кард:

Зарина:- Дугонаљон гиря накун, мо дар ин љо бисёрем. Муаллимањои мо одамони хубанд. Њоло одат мекунї. Номи ман Зарина. Биё дугона мешавем.

Матлуба баъди шунидани суханони Зарина гиряро бас карда, болои кат дароз каши два тез хобаш бурд.

****

Матлуба тайи чор аз соли 1995 то соли 1999 дар мактаб тањсил мекунад.

Лањзањои раванди тањсилро дар синф ва бозињои фаќат ба худи нобиён хосро дар мактаб ва синфхонањо ба навор гирифтан лозим меояд.

Масалан яке аз бозињои шавќовари онњо. Дарёфт намудани пойафзоле, ки ба кадоме аз онњо мансубият дорад. Ё ин ки туббозї ва муайян намудани дастањои туббоз аз љониби мухлисони онњо.

Лањзањои ба санъат ишќ варзидани Матлуба.

Дар хона ва мактаб пайваста радио гўш додан ба сабти сарояндањои дўстдошта. Аз ёд намудан ва такрори онњо ин њама ба навар гирифта мешавад.

Монеагињое, ки аз корманди фарњанги ноњияи Ёвон нисбати Матлуба эљод мешуданд. Дар лањзањои навар ба тариќи сабт намудани номи ў ва роњ надодан дар баромадњо.

Ба ин нигоњ накарда муборизаи бевоситаи ў барои худмуаррифї дар санъат аз љониби кормандони фарњанги вилоят.

Дар озмун нахустин баромади ў дар идораи фарњанги ноњия ва баромадан бо суруди «Модар»

Аввалин маротиба дар ќабати навозандагону созандагони ноњияи Ёвон дар озмуни «Андалеб».

Раванди дар кохи «Тољикистон» дар њузури њакамон бо иљрои суруди «Модар» ба навор гирифта мешаад.

Давлатманд Холов – сарояндаи мардуми баъди озмун барои њамкорї дар ансамбли ФАлак Матлубаро барои кор даъват мекунад. Барои ин ў ризоияти падарашро мегирад.

Наворњо дар бораи баромадњо дар консертњо ва дигар љойњои фарњангї. Дастгирии сарвари давлат ва барояш људо кардани манзилгоњ.   

 

Дохил намудани шарҳ


рамзи ҳимояви
Боздид